Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
Jimin Pak, 17-05-2020 17:17 (ссылка)

Корейский - легко и просто

Уроки корейского от действующего преподавателя в языковой школе в Сеуле. Если хотите бесплатно и профессионально выучить корейский, подписывайтесь, ставьте лайк и ждите следующих уроков~Они будут загружаться каждую неделю!

현직 한국어 강사가 강의하는 한국어 수업.
한국어를 전문적으로 공부하고 싶다면 참여해 보세요~매주 업로드됩니다!
구독과 하트 꼭 눌러주세요~

https://youtu.be/j1TM578icPw

Метки: корея, корейский, грамматика, бесплатно

дунёи ошикон

Шуморо ё Расулаллох саллаллоху алайхи васаллам мечуям аммо пайдоятон намекунам дар хеч кучое  дунё Дунё дар назарам тангу торик гаштааст бе буданатон зиндаги бароям дигар  асло маъно надорад кулли ошикони дунёро мебинам аммо  ба ишки онхо хавасам намекунад маънои ишкро дарк намудам дидам ки дуст доштан чи будааст ишкбохтан чи  ба сайёра менигарам ва  мехохам чехраи зебоятонро дар руи мохтоб бубинам маро ба хайрат меорад муъчизахои осмони  ва ахлоки волои шумо Ё Расулаллох саллаллоху алайхи васаллам рафтори хоксоронаи шумо дили касро ба хайрат меорад мехрубониву навозишатонро касе надорад ё ХАБИБИ  Аллох дунё бе буданатон тангу тираву торик аст Мехохам чехраи нурониву мохтобатонро дар шаби хобам бубинам дилам ба хеч чизи дунё дил набохтам мехр ба дунё набстам дунё дуруза аст зиндаги бошад санчиши як вакта будааст лек хар кас будани худродархамин дунё намедонанд барои чи умр ба сар мебаранд шабу руз аз хаёти мо инсонхо мегузард аммо мо ба кадри умри пурбаракати худ намерасем умр вакти худро бехуда зоеъ месозем ошики дунё ошики пулу моли беасос хастем

Метки: дар бораи пайгамбар

Бузқргдошти Рузи Арафа!

Бузургдошти рўзи Арафа
Яке аз раҳматҳои илоҳӣ ва яке аз фарохиҳои баҳри беканори лутфу марҳамати илоҳӣ бар мо бандагон ин аст, ки Худованд барои мо имкон дода ва осон намуда, то роҳату осуда касби ҳасанот намоем ва тавассути ин роҳ савобу подоши бузургеро соҳиб гардем. Худованд ин фурсати муносибро бад-он хотир муҳайё намуда, ки мову шумо чӣ марду зан чӣ пиру ҷавон чӣ молдору фақир метавонем аз фазилати ин рӯзи бузург шарафёб ва соҳиби касби ҳалолу бобаракат гардем. Гуноҳони яксола муртакибшударо маҳв созем ва ин фурсати хубу хотирмоне, ки дар ихтиёр дорем, истифода намоем. Рӯзи Арафа, рӯзи 9-уми Зилҳиҷҷа буда, мутобиқ ба рӯзи душанбе 14 октябри имсол муродиф меояд.
Ин рӯзро аз даст бояд надиҳем ва онро бо рӯза доштан зинда дорем, ва пас аз намози Зуҳр дуо намуданро шуруъ намоем, то поёни он рӯзи муборак боварии комил дорам асароти онро хоҳем ёфт.

http://www.wasatiyat.tj/2011-07-11-17-02-32/2674-2013-10-12-20-14-02.html

Без заголовка

                       Аз номи шоираи ширинкалом дуо мекунам:           
                    Занонро хусни шарму покиихур,
                    Ба мардон мардии вичдон бихохам.
                    Ба тифлон гармии огуши модар,
                    Ба пирон мурдани осон бихохам.

Маколахои Сомонаи Васатият дар мохи Апрел

Ба иттилоъи ҳама хонандагони гиромӣ мерасонем,ки Сомонаи Васатият дар моҳи Апрел ин мақолаҳоро дар худ ҷой дода буд. Агар дар тули моҳ гузаратон наафтода буд, метавонед аз рӯйи ин лист мақолаи дилхоҳатонро интихоб намуда аз он истифода намоед. www.wasatiyat.tj www.wasatiyat.com 
1-)Аҳамият ва ҷойгоҳи хона дар Қуръон
2-)Сураи Ғошия
3-)Гавҳари покӣ
4-)Мехоҳи ба осонӣ дар вақти намози бомдод бархезӣ?
5-)Паёмадҳои шуми гуноҳ
6-)Ислом дини салом ва амон
7-)Ҳеҷ чизро беҷавоб нагузор
8-)Хақиқати талхро бинед, шунавед, фаҳмед ва ислоҳ гардед!
9-)Дар баёни лаънати шахсе, ки нишонаи хоси заминро тағйир бидиҳад
10-)Занги хатаре, ки муҷаррадҳо намешунаванд!!!
11-)Саломатии занон-солимии ҷомеъа
12-)Сураи Фаҷр
13-)Дармоне барои ғам ва андуҳ
14-)Маҳдудаи ҳиҷоби зан дар баробари дигар занон
15-)Паёмадҳои шуми гуноҳ
16-)Беҳтаринҳо дар ҳадис
17-)Ҳар кас он чизеро бо дигаре тақсим мекунад, ки аз он бештар дорад
18-)Ҳамомҳои шустушӯи гуноҳон
19-)Инро ҳам бояд биёмӯзем.
20-)Беҳтаринҳо дар ҳадис.
21-)Ихлос дар амал
22-)Занҳои «тахтабанд» ва ё ҳамсарони муҳоҷирон дар чи ҳолатанд? 
23-)Чанд донистанӣ аз паёмбарон.
24-)Беҳтаринҳо дар ҳадис.
25-)Занон дар тамаддуни бостон
26-)Сирри ибтило ва озмоиш!
27)Аз раҳмати Худо ноумед мабош
28-)Дустӣ бо ҷинси мухолиф: ҷозибаҳо, монеи шинохти комил
29-)Сураи Балад
30-)Шашсолагии “Бунёди Ҷамъиятии Васатият” ба кулли мухлисону ҳаводорон гиромӣ бод!!!
31-)Имонро ҳам бояд об диҳем
32-)Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст.
33-)Наҷоти ҷасади Фиръавн



Хуш омадед ба Cомонаи Васатият - Хона
www.wasatiyat.tj
Joomla! - the dynamic portal engine and content management system



3-е Вдохновение Кораном.

СУРА 68 ЧАСТЬ ВТОРАЯ

(34) Истинно, набожным у Господа блаженные сады.

(35) Поступим ли Мы с Подчиненными как с теми, что грешны?
(36) Что с вами и каково суждение?
(37) Или у вас писание, а в нём учение
(38) Что вам, поистине, любое предпочтение?
(39) Или у вас Наши клятвы вплоть до Дня Предстояния о том, что вам – плод вашего суждения?
(40) Спроси их, кем будут клятвы подтверждены?
(41) Или у них – святые? Пускай же приведут своих святых, если правдивы они.
(42) В тот день, когда откроются все тайны, и призовут земной поклон вершить, они не смогут сделать преклонение –
(43) Опущены их взоры и их постиг позор, а ведь могли они пасть ниц, (когда спустилось повеление).
(44) Оставь Меня с теми, кто ложью считает этот рассказ – когда они не будут знать, их жизнь постигнет завершение –
(45) Я дам отсрочку им, ведь замыслы Мои прочны.
(46) Или ты просишь награды и у них от платы отягощение?
(47) Или, быть может, пишут они тайное откровение?
(48) Ты дотерпи! Господь решит! Не будь подобен спутнику кита. Вот он воззвал, когда его постигло заточение.
(49) И если б не Господня милость, то был бы выброшен он на пустырь, его постигло б унижение.
(50) Избрал его Господь и сделал человеком правоты.
(51) А те, кто отвергает, своими взорами тебя готовы опрокинуть, и, слушая Упоминание, говорят: «Его коснулось бесов проникновение»
(52) Но это - не что иное, как Упоминание для народов, (ниспосланное с Божьей высоты).


Тимур Джумагалиев - ответственный за перевод.


Источник: http://blogs.mail.ru/mail/timjum/62F437EA42AA03A5.html

БОНУИ МУСАЛМОН БЕҲТАРИН ПАРАСТОРИ КӮДАК ДАР ФАРОНСА

Изабелла Котию, зани фаронсавӣ, ки нав ба дини ислом рӯ овардааст, дирӯз дар сабқати миллии Академияи парасторони кӯдак дар Фаронса беҳтарин парастори кӯдаки ин кишвар эълон шуд. 
Бинобар иттилои расонаҳои ғарбӣ, Изабелла Котию, ки бо риояи пӯшиши исломӣ дар ин сабқат ширкат кард, дар байни 999 парастори кӯдакон аз Фаронса, баъд аз чандин шарти ин озмун, ба ҷойи аввал сазовор дониста шуда, бо қарори ҳайати доварони сабқат беҳтарин парастори кӯдак дар ин кишвар интихоб гашт. 
Ҳайати доварон эътироф карданд, ин бонуи мусалмон кори пешгирифтаи худро ба таври ҳирфаӣ анҷом медиҳад ва пас аз он ба тамоми саволҳои ҳайати ҳакамон ҷавобҳои мусбат дода тавонист, ҳамаро дар ҳайрат гузошт ва ба ин хотир, мақоми аввалро ба ӯ сазовор донистанд,- менависад www.ajib.fr. ;
Изабелла Котию, бонуи мусалмоншудаи фаронсавӣ, пас аз беҳтарин парастори кӯдаки Фаронса интихоб шудан бо 4000 евро мукофот қадрдонӣ шуд.
Бинобар хабари нашрияҳои фаронсавӣ, ғалабаи бонуи мусалмон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки соли гузашта ҳукуматдорони ин кишвар ба ҳузури парасторони кӯдак дар оила бо либоспӯшии исломӣ мухолифат нишон медоданд. 

Имя АЛЛАХ облаками - Альфа и Омега - Знамения!!!

Кто-то взломал почту и удалил предыдущий ролик "Альфа и Омега - знамения Аллаха", поэтому видео было загружено заново. Это видео дополнено сведениями из древнейшей Библии, названной "Синайским кодексом".
Смотрите, удивляйтесь, делитесь с другими! Оставляйте комментарии к ролику.


Для тех, у кого медленный интернет лучше выключить высокое разрешение внизу плеера для более быстрой загрузки видео, еще можно нажать на паузу, чтобы ролик загрузился полностью.

Эълони сайти илми ва фархангии "Андеша"


Дӯстони гиромӣ! Сомонаи www.andesha.tj
тасмим гирифтааст, ки китобхона ва хазинаи маводи таълимӣ ба забони
тоҷикӣ ташкил диҳад. Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои
ҷамъоварии мавод ба мо кӯмак намоед.
Агар Шумо мехоҳед, ки китобҳои
илмӣ, бадеӣ, дарсӣ, динӣ, корҳои дипломӣ ва курсӣ, реферат ва ё ягон
маводди хонданибоб ва муфидро дар сомонаи мо ҷой диҳед, лутфан онҳоро ба
суроғаи электоронии мо info@andesha.tj ирсол намоед. Пас аз тафтиши маъмурияти сомона, маводи шумо дар сомонаи мо ҳатман ҷой хоҳад гирифт.

Уважаемые друзья! Сайт www.andesha.tj
желает создать электронную библиотеку и базу данных обучающего
материала на таджикском языке. Поэтому, просим Вас помочь нам в сборе
материала.
Если Вы хотите разместить на сайте научную,
художественную, учебную или религиозную литературу, дипломные и курсовые
работы, рефераты или другой интересный и полезный материал, пожалуйста
высылайте его на наш электронный адрес info@andesha.tj. После проверки администрацией сайта, ваш материал обязательно будет размещен на нашем сайте.





KUHISTONI _, 02-09-2012 06:57 (ссылка)

Без заголовка

ТАВБАИ ДУХТАР АЗ МУҲАББАТ





Тавбаи зани саркаш



Ҳасани Басри (разияллоҳу анҳу) чунин ҳикоят мекунад, ки зане буд ниҳоят бадкору саркаш ва дар ҳусну ҷамол ҳамто надошт. Дар бадали сад динор иззату иффати худро ба ҳар кас мефурўхт. Рузе обиде ўро диду мафтуни ҳусн ва ҷамолаш гардид.
Обид, ки фақир буд ва қудрати сад динорро надошт баҳри пайдо намудани он бакор машғул гардида сад динор пайдо намуд, назди он зани саркаш омада гуфт: Рости ҳусну ҷамоли нозанини ту маро моту
маҳбут сохт ва ман ба хотири висоли ту заҳмати зиёд кашидам, то сад динор ба даст овардам. Зани бадкор ба он обиди мафтун гуфт: Ба хона даро.
Обид дохили хона гардида болои кате, ки онҷо буд нишаст. Зани саркаш гуфт: Наздик шав.
Вақто, к и о бид б а з ан наздик ш уд, ф ардои қ иёмат истоданашро назди Худованд чунин ба ёд овард, аз тарс ба ларза даромад.
Ба зан гуфт: Ин сад динор аз они ту бигзор маро ки
берун равам.
Зан гуфт: Туро чи шуд?
Чун маро диди ошиқ шудию худро хаста сохта сад динор ҷамъ намуди ва акнун, ки ба мақсад расиди…?
Он марди обид гуфт: Аз Худо тарсидам ва саволу ҷавоби наздаш чун ба ёдам расид, ба назарам хело бад гашти ва ҳоло ту дар назарам бадтарини инсонҳо мебоши.
Зан гуфт агар дар ин гуфтаи худ рост боши, барои ман ғайри ту дигар шавҳаре нест ва нахоҳад буд.
Марди обид гуфт: Маро бигзор, ки берун равам.
Зан гуфт: На, то бо ман аҳд набанди берун нарави.
Обид гуфт: На он зан гуфт: Ман болои ту ҳаққе дорам ва о н и н аст, чун пешат омадам маро никоҳ куни марди обид гуфт: Шояд.
Баъди ин марди обид бо сад надомату хиҷолат ба шаҳри худ баргашт.
Зан низ аз корҳои кардаи худ сахт пушаймон шуда, бо тавбаву надомат шаҳри худро тарк намуду дар суроғи шаҳри обид баромад.
Чун ба он шаҳр расид ва аз ному нишонаш пурсид, ўро пайдо кард. Ба обид гуфтанд, ки маликае дар суроғи ту омадааст.
Вақто, ки обид ба истиқболаш баромаду ўро бидид, он манзараи ҳозир шуданаш назди Аллоҳ таъоло ба ёдаш расид аз тарси он руз садое кашиду бимурд.

Тавбаи духтар аз муҳаббат


Бакр писари Абдуллоҳи Мазани чунин ривоят мекунад : Қассобе духтари ҳамсояашро бениҳоят дўст медошт.
Рўзе аҳли хонаи духтар ҷиҳати кадом коре духтарро ба деҳаи ҳамсоя фиристоданд.
Қассоб танҳо духтарро ғанимат дониста, аз дунболи ў
бирафт. Дар нисфи роҳ аз духтар талаб намуд, ки бо ў ҳамбистар шавад ва ин хоҳишашро рад накунад.
Духтар гуфт:
Ин кори бадро бо ман анҷом мадеҳ! Зеро ман низ туро бениҳоят дўст дорам, вале аз Худованд метарсам.
Қассоб гуфт:
Ту аз Худо метарсию ман не!
Сипас аз кори худ сахт пушаймон шуда бо тавбаву надомат ба тарафи деҳааш баргашт. Ҳаво гарм буд қассоб дар роҳ сахт ташна шуда, аз ташнаги қариб бимирад. Ногоҳ пайғамбаре аз пайғамбарони бани Исроил ўро дида пурсид:
Туро чи шудааст?

Қассоб гуфт:
Бисёр ташнаам.
Пайғамбари бани Исроил ба ў гуфт.
Биё дуъо намоему аз Худованд бихоҳем, ки абре моро то расидани деҳа соябони кунад.
Қассоб гуфт:
Маро ҳеҷ амали неке нест, то онро восита бисозам ва дуъо бикунам.
Пайғамбар гуфт:
Ман дуъо мекунам ва ту омин бигу. Пайғамбар дуъо намуду қассоб омин гуфт.
Баъди ин абре пайдо шуду онҳоро то деҳа соябони намуд.
Пайғамбари бани Исроил гуфт:
Хаёл намудам, ки туро ҳеҷ амале нест, локин ман дуъо намудаму ту омин гуфти, ки ин абр болои мо соя меафканад.
Бароям бигў, ки чи амали неке анҷом додаи?

Қассоб саргузашти худро бо духтари ҳамсояаш баён кард.
Пайғамбари бани Исроил гуфт:
Тавбакунандаро пеши Худо мақому манзалатест, ки ҳеҷ касе онро надорад!


Дар охир аз Худованд илтиҷо мекунем,ки ҳамаи хоҳарон ва модарони моро ,аз ҷумлаи тавбакунандагону растагорон ва ҳидоятёфтагон гардонад.Омин!Худованд ҳофизатон бошад модарону хоҳарони ғамхору  меҳрубон!!

KUHISTONI _, 02-09-2012 06:51 (ссылка)

ТАВБАИ ХОҲАРОН

 







Тавбаи Хоҳарон

Саид писари Омир мегўяд, ки Ҳасани Абуҷаъфар бароям чунин ҳикоят кард.
Луқмони ҳабаши ғуломе буд.
Рузе хоҷааш ўро барои фурўхтан ба бозори ғуломон овард. Ҳар касе, ки барои харидани вай меомад, Лумон аз ў мепурсид, маро ба хотири чи мехари?
Марди харидор мегуфт, туро ба фалон ва фалон корҳо машғул месозам.
Луқмон мегуфт, маро нахар. Дар охир харидоре барояш гуфт, ки туро дарвозабон месозам. Ба ў гуфт, маро бихар. Мард ўро харид. Он мард се духтар дошт, ки ҳар сеи он фоҳишаву бадкор буданд. Мард ба киштзори худ берун рафту ба ғуломаш, Луқмон чунин таъкид намуд. Ман таъому шароби онҳоро додаам. Вақто, ки берун шудам, дарро баста кун ва дар пушти дарвоза биншин ва то омадани ман дарро боз накун.
Ҳангоме, ки мард берун шуд, духтаронаш омада, ба Луқмон гуфтанд, дарро боз кун.
Ғулом аз амри онҳо саркаши намуду дарро боз накард. Онҳо бо ғазаб омада, сари ғуломро кафонданд. Ғулом сару руи худро аз хун пок карду пушти дар нишаст.
Он мард аз киштзораш омад, вале ғулом ўро чизе нагуфт. Боз рўзи дигар мард ба киштзори худ рафту ба ғулом таъкиди пешинаро кард. Вақте, ки мард берун шуд, духтаронаш омада ғуломро ба кушодани дар маҷбур намуданд. Аммо ў дарро барои онҳо накушод. Боз онҳо ба қаҳру ғазаб омада, сарашро кафонданд. Вақто, ки хоҷааш омад ўро аз моҷаро
хабар кард.
Ин ҳолатро духтари калониаш дида гуфт, чаро ин ғуломи ҳабаши ба итоъати Худо аз ман беҳтар аст?
Савганд ба Худо аз ин кори худ тавба намуда, ба худо боз мегардам. Инро гуфту тавба кард.
Хоҳари хурди низ чунин гуфта аз кори бади худ тавба намуду ба Худованд боз гашт.
Хоҳари с еюми н из г уфт, ч аро и н ҳарду ва ғуломи ҳабаши дар тоъати Худо аз ман беҳтаранд? Савганд
ба Худо ҳатман тавба намуда ва ба итоъати худо боз мегардам.
Ва ба итоъати Худо боз гашт. Ҳамаги тавба намуданд ва аз ҷумлаи бетарин занони обиду порсо гаштанд.

Тавбаи канизаки подшоҳи Басра


Аз Молик ибни Динор чунин ривоят шудааст. Рўзе Молик писари Динор дар кўчае аз шаҳри Басра мерафт, ки ногаҳ канизе аз канизони подшоҳеро дар асп савор дид, ки ҳамроҳаш ходимони зиёд буданд. Вақте, ки Молик ўро бидид, гуфт: Эй каниз, оё туро
хоҷаат мефурушад?
Каниз гуфт: Эй шайх чи гуфти?
Шайх гуфт: Оё туро хоҷаат мефурўшад?
Каниз гуфт: Агар маро фурушад, шахсе мисли ту маро мехарад?
Шайх гуфт: Оре, беҳтарин шахс!
Каниз аз ин сухан ба ханда омаду сипас амр кард, то шайхро ба хаймааш биёрад.
Каниз ба назди хоҷаи худ даромада, ўро аз моҷарои байни ў ва шайх огоҳ намуд. Подшоҳ хандиду ба дохил шудани шайх иҷозат дод.
Шайх назди Подшоҳ даромад. Каниз бошад кайҳо ҳайбати ўро дар дили хоҷааш андохта буд.
Подшоҳ гуфт: Чи ҳоҷат дори? Шайх гуфт: Канизи худро ба ман бифуруш.
Подшоҳ гуфт: Оё қудрати адои қиматашро дори?
Шайх гуфт: Қимати ў назди ман аз ду донаи пуч беш нест.
Аҳли маҷлис ҳама ханда намуданду гуфтанд: Чи гуна нархи ў назди ту ин аст?
Шайх гуфт: Зеро айбҳои бешумор дорад.
Гуфтанд: Чи айб дорад?
Гуфт: Агар ба баданаш атр накунад, аз ў бўи бад ояд. Агар мисвок накунад, аз даҳонаш бўи бад ба машом расад. Агар сарашро рўғану шона накунад жулида гардида, шапуш кунад. Агар каме аз умри ў равад, пир гардад. Туро шояд дўст надорад, магар барои нафсаш бо ту муҳаббат накунад магар барои меҳри дилаш, на ба аҳди ту вафо кунад ва на дар муҳаббат бо ту содиқ бошад. Ҳар ки мисли ту баъди ту ўро соҳиб шавад, ўро мисли ту бидонад. Ман бидуни қимате, ки ту дар канизи худ пурсиди канизе хоҳам гирифт, ки аз насли куфур халқ шуда аст. Агар оби даҳонаш бо оби шур омехта гардад, ширин шавад. Агар бо суханаш мурдаеро фарёд кунанд, лаббайк

бигўяд. Агар банди дасти ў ба офтоб зоҳир гардад, пеши нури он хираву торик намояд. Агар дар шаб зоҳир шавад, нураш дурахшад. Агар офоқро бо зару зевараш ороста сози, зебо гардад . Миёни боғи мушку анбар ба воя расидаасту дар кунчи бўстон хайма задааст. Ғизояшро оби тасним бошад (обе дар ҷаннат). Ба аҳди худ хилоф накунаду меҳру муҳаббаташро табдил насозад. Пас кадом инҳо
шоистаи қимати гаронанд.
Подшоҳ гуфт: Оне, ки сифат карди.
Шайх гуфт: Қимати ў мавҷуд ва қариб аст.
Подшоҳ гуфт: Раҳмати худо бар ту бод, қимати ў чист?
Гуфт: Осону дастёб, шаб барои Парвардигорат холис ду ракаъат намоз бигзор. Вақто, ки таъоматро гузоштанд гуруснагиатро ёд кун ва розигии худоро бар шаҳвати худ ихтиёр намо. Аз роҳ сангу чизҳои азият диҳандаро дур бисозу, рўзҳои худро бо доштани як луқма нон сипари кун . Ҳиммататро ба ғайрат биёр ва худро аз дори ғафлат берун ор. Дар дунё ба иззати қаноъат зиндаги намо, то фардо ба мақоми каромат саломат биёиву дар биҳишти ҷовидона дарои!
Подшоҳи Басра гуфт: Эй каниз шуниди, ки шайх чи  гуфт?
Каниз гуфт: Оре 
Подшоҳ гуфт: Рост гуфт ё дурўғ?
Каниз гуфт: Бале рост гуфту нек гуфт ва хайр хоҳи кард.
Подшоҳ гуфт: Пас ту ливаҷҳиллоҳ (аз барои худо) озод шуди ва фалону фалон киштзорро бар ту садақа кардам.
Каниз гуфт: Эй хоҷа маро баъди ту зиндаги набошад .
Ҳарду тарки ишрату хушгузарони дунё карда, ба ибодат пардохтанд. Ҳардуи онҳо бақияи умри худро дар тоъати дини Аллоҳ таъоло сипари намуданд ва дар ҳоли ибодат ҷони хешро ба ҷонофарин таслим карданд в а а з о лами ф они б а о лами б ефано раҳти сафар бастанд

sad sda1, 11-07-2012 10:42 (ссылка)

2-ое Вдохновение Кораном

СУРА 68 ЧАСТЬ ПЕРВАЯ

(1) Нун-буква. И записью и тем, что пишут клятва!
(2) Не ты охвачен бесом по милости Господней (необъятной)!
(3) И не иссякнет для тебя награда (и как она приятна)!
(4) Великим нравом обладаешь ты.
(5) Ты увидишь и они, (и станет понятно),
(6) В ком из вас безумие (было вероятно).
(7) Истинно Господь твой знает сбившихся, и знает идущих по Его пути.
(8) И тем, кто не поверил, не поддавайся ты.
(9) Они бы хотели, чтоб ты не противился, и они бы отнеслись халатно.
(10) И не поддавайся ничтожному, чьи клятвы пусты,
(11) Клеветнику, разносящему сплетни (для вражды),
(12) Препятствующему Добру, беззаконнику, тому, чьи поступки дурны,
(13) Тому, чьи действия грубы, а после этого низки,
(14) Хоть у него сторонники, а карманы деньгами полны.
(15) Когда ему читают знаки Наши, он говорит: «Благодаря сказаниям древних они сочинены»
(16)Мы поставим ему клеймо на рыло его (за слова, адекватно).
(17)Мы испытали их, подобно испытанию владельцев сада, когда те поклялись, что утром соберут плоды,
(18) Не захотев воздать хвалу, (что было б благодатно).
(19) Когда же спали - налетел на сад от Господа тайфун (внезапно).
(20) Наутро сад стал землею пустоты.
(21) И утром звали, (не зная постигшей беды):
(22) «Ступайте на участок, если хотите собрать плоды»
(23) Они отправились, шепча между собой (отвратно):
(24) «Пускай сегодня не входит к вам туда достигший бедноты».
(25) И стали сердиться они.
(26) Когда ж увидели свой сад, сказали: «Ведь, что мы сбились - (нам понятно).
(27) Напротив! Мы лишены плодов - (невероятно)!»
(28) Лучший средь них промолвил: "Что Бога восхвалить должны - не я ли говорил вам внятно?"
(29) Они сказали: "Господу хвала! Деяния наши злом омрачены".
(30) И стали упрек бросать друг другу (безрезультатно).
(31) Они сказали: "Горе нам! Произвол вершили мы
.
(32) Возможно, Господь наш заменит сад лучшим, чем он
. Ведь с просьбой к Господу мы возвращаемся обратно".
(33) Таково страдание. Страдание ж Последнего мира больше, если б знали они (знатно)!



Тимур Джумагалиев - ответственный за перевод.

Обсуждение здесь:
http://blogs.mail.ru/mail/timjum/369691C599B070A7.html

KUHISTONI _, 19-06-2012 21:55 (ссылка)

ПАНҶОҲ АМАЛЕ,КИ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД(4)

ПАНҶОҲ АМАЛЕ,КИ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
...................(давомаш)
ПАНҶОҲ
АМАЛЕ,КИ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД(4)

4.
Манъи зан аз холкўби бо сўзан (вашм)



Холкўбӣ ин
задани сўзан ё монанди сўзан дар кафи даст ё банди даст ё дигар ҷойи бадани зан
аст, то ин ки хун ҷорӣ шавад, баъд аз он ҳино ё ғайри онро дар он ҷо мемоланд
ва гоҳҳо бо ин кор нақш мекашанд.



Ин тағйир
додани хилқати Худованд аст, лизо ҳаром аст.



----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------


_*
Ин ҳадисро имом Молик ривоят кардааст.



 


Аз
Абиҷуҳайфа ривоят аст, ки мегўяд: «Паёмбар (с) аз гирифтани пули хун, пули саг
ва касб аз роҳи фаҳшу фуҷур манъ намуда, зани холкўбанда ва сўзанзадашударо
лаънат гуфтааст*».



------------------------------------------


 Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.


 


 


 


5.
Манъи зан аз чидани мўйи рўй ва абрў



(намс)


Дар ҳадиси
Паёмбар (с) лафзи намс омадааст, ки он чидан ва дур намудани мўйҳои рўй аст ва
ин амр манъ шудааст, магар мўе, ки дар макони риш ё мўйлаб барояд.



Пас, дур
намудани ин гуна мўй барои зан равост, то аз монанд будан бо мардон худдорӣ
шавад. Чидани мўйи рўй ҳаром аст, зеро он тағйир додани хилқати Худост.



Аз
Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки «Худованд зани сўзанзан (холкўбикунанда) ва
сўзанзадашуда ва заноне, ки мехоҳанд абрўяшонро ислоҳ кунад ва зане, ки миёни
дандонҳояшро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир



медиҳад,
лаънат гуфтааст».



 


6.
Манъи зан аз кушод намудани байни



дандонҳо


 


Калимаи
фалҷ ба маънои кушод намудан байни дандонҳои пеш аст. Занон ин амалро меписанданд,
то синну соли худро камтар нишон дода, ҳуснашонро афзоянд. Бо ин мақсад
дандонҳоро метарошанд. Инро вашр низ мегўянд. Ин



амал ҳаром
аст, чунки дар ин кор тағйири хилқати Худост.



Дар ҳадиси
гузашта омадааст, ки лаънат кардааст Худо занони сўзанзанандаро. Ва инчунин
занонеро, ки миёни дандонҳояшонро кушод намуда, хилқати Худоро
тағйир медиҳанд.



Аммо,
кушод кардани миёни дандонҳо ба хотири муъолиҷа ҳалол аст, зеро таҳрими он
вобаста ба талаби ҳусн аст, на талаби муъолиҷа ё айбе, ки дар дандон аст.



 


7.
Манъи зан аз пайванд задани мўйи сар



Аз Асмоа
(р) ривоят аст, ки мегўяд:



- Зане
назди Паёмбар (с) омада гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с) духтарам ба бемории «Хисба»
(сурхак, сурхча) гирифтор шуда ва мўйҳояш рехта, оё мўйҳояшро пайванд занам?»



Расули
акрам (с) фармудаанд: «Худованд мўй пайвандкунанда ва мўй пайвандкардашударо
лаънат кардааст*». Аз Оиша (р) ривоят аст, ки духтаре аз
ансор издивоҷ намуд ва бемор шуда мўяш рехт. Пас, хостанд, ки



мўяшро
пайванд кунанд, биноан аз расули Худо (с) инро пурсиданд, пас Ў (с) мўй
пайвандкунанда ва мўй пайвандкардашударо лаънат кард».



--------------------------------------------------------


*Ба
ин ҳадис муҳаддисон иттифоқи назар доранд.



 


8.Манъи
зан аз хилват (танҳоӣ)



 


Аз
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегўяд:



Паёмбар
(с)–ро шунидам, ки дар хутбае мегуфтанд: «Ҳеҷ марде бо зане хилват нашавад,
магар ки маҳраме аз зан ҳамроҳаш бошад».



Аз Уқба
ибни Омир (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) гуфтанд: «Барҳазар бошед аз дохил
шудан бар занон», пас марде аз ансор гуфт: «Агар ҳевар (бародари шавҳар) бошад
чӣ?» Фармуд: «Ҳевар ҳалокат аст». Яъне Паёмбар (с) аз хилват
шудани
мард бо ақориби занаш ва зан бо хешонӣ шавҳараш



шадидан
барҳазар доштааст ва ин амрест, ки мардум бисёр дар он воқеъ мешаванд ва сабаби
мусибатҳое мешавад, ки андозаи онро ғайр аз Худо касе намедонад. Баъзе аз
мардум ба худ гумон мекунанд, ки маъсум ҳастанд ва воқеъ шудани корҳои зиштро
дар хилват нисбат ба худ дур медонанд, лекин умури зеринро ба эътибор бояд
гирифт:



1. Хилват
дар «ҳадди зоташ», яъне худи ин кор, ҳаром аст, гар чанде дар он ҳангом ҳодисае
рух надиҳад;



_2. Барои
дур нигоҳ доштани худ аз шубҳаҳо ва гуфтугўзорҳои беҳуда моро лозим меояд, ки
аз хилват шудан барҳазар бошем;



3. Даъво
намудан бар маъсумият ботил аст. Паёмбар Юсуф (а) ба Парвардигори худ мегўяд:



Каломи
Худованд:



«Гуфт: «Эй
Парвардигори ман, барои ман зиндон дўстдоштанитар аст аз он чӣ маро ба он
мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар
шумори нодонон дармеоям (ҳар мўъмине, ки гуноҳе содир мекунад аз ҷаҳолат ва
нодонии ўст)».(Сураи Юсуф,ояти 33)



4.Хилват
шудан ғаризаҳои инсониро
ба ҳаракат меорад ва майли ӯро ба чинси дигар меангезад;



5.Хилват ба суханпардозию
мулотафат ва ламс намудан ташҷиъ мекунад,ки оқибати инҳо аз хатар холӣ нест;



6.Шайтон дар хилват маҷоли
хубе барои амал меёбад.



 


_7.Хилват
шудан сабаби шаку тардиди зиёде дар нафси валии зан мешавад, ки мушкилоти
бепоён барои зан ба бор меорад;



8. Ҳаёти
имрўзаи мо ва он чӣ дар атрофи мо рўх медиҳад моро водор мекунад, ки ҳушёр
бошем саҳлангорӣ накунем, хусусан дар корҳое, ки марбут ба дин ва шарафу номуси
мост;



9. Агар
зарурате барои амали мубошир (коргузор) байни марди бегона ва зан бошад, бояд
ки он дар ҳудуди муайян бошад ва ба миқдори зарурат. Масалан барои волии зани
бемор воҷиб аст, ки аввалан табиби зан ҷустуҷў кунад пеш аз ин, ки ўро назди
табиби мард бубарад ва агар табиби мард занро муъолиҷа кард, бояд дар хилват
набошад ва ҳадди заруратро аз нигоҳи тиббӣ таҷовуз накунад.



 


9.
Манъи зан аз сафар намудан бе маҳрам



Мусофир ба
бисёр ҳолатҳои ногувор ва хатарҳо рў ба рў мешавад. Шаръи ҳаким хостааст, ки
занро аз чунин мушкилот дур нигоҳ дорад. Вуҷуди маҳрам ҳангоми сафар тарсу
ҳароси зиёдро аз ў дур месозад. Маҳрами зан ўро кўмак



мерасонад
ва масъулияти ўро ба душ дорад ва ба ҷои вай бо мардум муомила мекунад. Ҳамаи
ин нишонаи эҳтироми зан, ҳифозат ва нигаҳбонии шарафу номуси вай мебошад.



Паёмбар
(с) мефармоянд: «Сафар намекунад зан, магар ҳамроҳ бо маҳрами худ». Аз
масъулияти волидайн ва хешони наздик ин аст, ки занону духтаронро ба донишгоҳҳои
наздиктар равонаи таҳсил кунанд ё ба ҷои кори наздиктар гузоранд, то аз ўҳдаи
ҳифозат ва нигоҳубини онҳо бароянд.



 


10.Манъи
зан аз бе зарурат хориҷ шудан аз манзил



Каломи
Худованд:



 


«Ва дар
хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои
худро ошкор макунед».(Сураи Азҳоб,ояти 36)



 


 


Дар асл занон бояд дохили
хонаи худ бимонанд ва берун нашаванд,магар дар ҳоли зарурат якҷоя бо шавҳар ё
валии ӯ.Зан ҳангоми берун шудан либосе бипӯшад,ки аврвти ӯ ё зинати ӯро намоён
насозад ва ё танг набошад,ки бадани ӯ маълум шавад ва ё нозук (тунук)
набошад,ки баданаш дида шавад.



Имрӯз зан ба хотири касби
илм ва кор кардан,ки аз ҷумлаи заруриёт ба ҳисоб меравад,берун аз манзили худ
меравад,лекин ин амр ҳоҷат ба танзим дорад.Зарурат ва воҷиб аст,ки зан дар
ҳамаи марҳилаҳои таълим дар мадрасаҳо ва донишгоҳҳои духтарона,бидуни омезиш бо
мардон таълим бигирад ва воситаи нақлиёти хосе барои рафтуомади онҳо хидмат
кунад.Аммо,манҳаҷи таълимии эшон бояд чунон бошад,ки модари ояндаро тарбия
мекунад,ки офаридагори худро мешиносад ва ӯро бо маърифати ҳақиқи
мепарастад,ҳуқуқи шавҳараш ва чӣ гуна муъомила кардан бо ӯро,ки сабаби ризои
Худо мегардад медонад,ва  медонад ки чӣ
гуна тифли худро ба роҳи ҳақ тирбия кунад ва чӣ гуна ӯро муъолиҷа кунад,агар ба
беморие гирифтор шавад.Мутахасис монанди табиби занон ё муаллима будани зан ҳам
ба манфиати зан аст ҳам ҷомеъа.Зани соҳибкасб аз мӯҳтоҷӣ дар амон аст ва ба
занони бемор ба ҷои мардони номаҳрам хидмат мекунад.Ба ҳамин шакл масъалаи
берун шудани зан барои таълим ва кор ба танзим дароварда мешавад.Аммо,барои
берун шуданашон ба бозорҳо,пас лозим меояд,ки бозори хос барои занон ва дигаре
барои мардон ташкил шавад,ки занон идар бозори худ ва мардон дар бозори алоҳида
харидуфурӯш кунанд.Дар ин амр манъ намудан аз омезиш,ҳифзи каромати зан ва
адами барангезиши шавҳати мардҳост.Баъд аз ин воситаҳои нақлиёти мусофирбар
боқӣ мемонад,ки бояд дар он низ байни ҳарду ҷинс монеа бошадҲангоме ки ба он чӣ
гуфта шуд пойбандӣ сурат гирад,зан  барои
ҳоҷоташ орому осуда ва бо шарафу иззат берун мешавад.Аз ҷумлаи умре,ки зан бояд
риоя кунад ин аст,ки шабона аз хона берун нашавад,магар дар ҳоле ки ҳоҷату
зарурати шадид дошта бошад.Шахси соҳибкоре,ки коргари зану мард дорад ва шабона
низ кор мекунад бояд иҷоза диҳад,то занон дар басти рӯзона кор кунанд ва ба
кори шаб маҷбурашон накунанд.



Аз ҷумлаи эҳтиётҳо ин аст,ки
зан бояд бо роҳи хилват ва бе кас наравад,то ба хатаре рӯ ба рӯ нашавад. (давом
дорад)..............



 


Муаллиф:


Ҳасан Закариёи Фулайфул


Аз арабӣ тарҷумаи:


Муҳаммадиқболи Садриддин

KUHISTONI _, 11-06-2012 21:37 (ссылка)

ХУШБАХТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ (3)


Хушбахтарин зан дар олам (3)




............(давомаш)
Нигинҳо

      Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари намозхону рўзадор, ибодаткунанда ва тарсанда аз Кирдигор; сатрдору шармдор, бовиқору нармгуфтор; таълимгиранда ва таълимдиҳанда, огоҳшавандаву ҳифзкунанда, ростпўян- даву ростраванда.
       Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари вафокунанда бар аҳду амина, муҳаббатпарвари бекина; ростгў- яндаву тасдиқкунанда, ҳақбинандаву ҳақшунаванда.
    Хушо ба ҳолат, эй модар ва хоҳаре, ки ту сабркунанда дар мусибату сахтиҳо, савобҷўянда аз роҳи сахо, тавбакунанда аз гуноҳҳо ва ислоҳшаванда аз хатоҳо ҳастӣ. Хушо ба ҳолат, ки зикркунандаиву шукргузор, даъваткунандаиву ширингуфтор. Офарин бар дидаиҳақҷўят ва фаросати некўят, ки пайравии Осия, Маряму Хадича ва Оишаву Фотимаро интихоб кардаӣ. Туӣ тарбиятгари қаҳрамонон ва созандаи мардони майдон; ғамхору парастори шавҳару фарзандон, нигаҳбону муҳофизатгари арзишҳои хонадон; ғаюру ҷасур бар маҳориму
муфсидон, дур аз ҳаромҳову палидон.
       Оре, офарин бар туву хушо ба ҳолат! Офарин бар  табассуми ту, ки муҳаббату дўстиро ба дигарон бармеангезад. Аҳсан ба сухани зебоят, ки садақаҳои шаръиро бунёдгузорӣ мекунад ва кинаҳоро аз байн мебарад.
       Марҳабо ба садақаи қабулшудаат, ки мискинро хушбахту фақирро хурсанд мекунад ва ба гурусна серӣ мебахшад. 
     Марҳабо ба ту, ки ҳамнишинии Қуръони маҷидро баргузидаи, онро тиловат мекунӣ ва дар маънии он амиқ андеша меронӣ, корро дар асоси он ба роҳ монда, тавбаву истиғфор менамоӣ. Аҳсан ба зикру истиғфори бешумор, дуоҳои ҳамешагӣ ва тавбаи содиқонаат, ки пешаи кори худ қарор додаӣ.
         Офарин ба ту барои тарбияи фарзандонат дар партави дини мубини ислом ва омўзиши суннати хотимабахши рисолати илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) ва роҳнамоӣ карданат ба ҳамон чизе, ки ҷавобгўи манфиати онҳост.
      Аҳсан ба виқору ҳиҷобат, ки Худованд ба он амр намудааст ва ту онро истиқбол намудаӣ, ҳамин аст роҳи ҳифзи номусу нанги ту.
     Марҳабо барои сўҳбат оростанат бо занони некрафторе, ки аз Худо метарсанд ва динро дўст медоранду шавҳарро эҳтиром мекунанд.
     Офарин ба ту, ки некўӣ кардан ба падару модар, силаи раҳм нигоҳ доштан, ҳурмати ҳамсоягон ва ҳаққи ятимон риоя карданро хуб ба ҷо овардаӣ.
      Аҳсан ба ту, ки хонданро судбахшу мутолиаро муфид сохтаӣ ва истифодаи китобҳоро ба унсури роҳнамову ҳидоятгар
табдил додаӣ.


На, чунин макун !

– Тамоми умратро дар роҳи баҳсу мунозираҳои бефоида ва дўст доштани интиқомгирӣ сарф макун.
– Ҷамъ кардани молро аз саломатию хушбахтӣ ва осоишу роҳатат болотар мадор.
– Хатоҳои дигаронро пайгирӣ карда, ба ғайбати онҳо макўш ва айбҳои худро фаромўш макун.
– Гирифтори доми нафси саркаш машав ва ҳама гуна талабу хоҳиш худро тўъмаи он масоз.
– Вақти худро бо фориғболон зоеъ макун ва лаҳзаҳои умрро беҳуда сарф манамо.
– Нисбат ба покии бадан, манзилу ҷой, хушбўиҳо ва тартибу низом беаҳаммият мабош.
– Ба машруботи ҳаром ва сигору тамоми палидиҳо наздикӣ макун.
– Аз мусибату нокомиҳои гузашта, фоҷиаву бадбахтии анҷомёфта ё хатоҳои содиршуда ёдоварӣ макун.
– Охират ва барои дарёфти он амал карданро фаромўш манамо ва аз расидани он рўз ғофил мабош ва дар ибодатҳо кўтоҳӣ макун.
– Молро барои анҷом додани корҳои ҳаром зоеъ масоз, дар амалҳои мубоҳ ба исроф роҳ мадеҳ ва бахилию нотавонбиниро пеша макун.(давом дорад)..................


Муаллиф: Оиз ибни Абдуллоњ ал-Қарнӣ
Тарҷума ва таҳияи : Муҳаммадиқболи Садриддин


Эълони сомонаи "Андеша"


Дӯстони гиромӣ! Сомонаи www.andesha.tj
тасмим гирифтааст, ки китобхона ва хазинаи маводи таълимӣ ба забони
тоҷикӣ ташкил диҳад. Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои
ҷамъоварии мавод ба мо кӯмак намоед.
Агар Шумо мехоҳед, ки китобҳои
илмӣ, бадеӣ, дарсӣ, динӣ, корҳои дипломӣ ва курсӣ, реферат ва ё ягон
маводди хонданибоб ва муфидро дар сомонаи мо ҷой диҳед, лутфан онҳоро ба
суроғаи электоронии мо info@andesha.tj ирсол намоед. Пас аз тафтиши маъмурияти сомона, маводи шумо дар сомонаи мо ҳатман ҷой хоҳад гирифт.

Уважаемые друзья! Сайт www.andesha.tj
желает создать электронную библиотеку и базу данных обучающего
материала на таджикском языке. Поэтому, просим Вас помочь нам в сборе
материала.
Если Вы хотите разместить на сайте научную,
художественную, учебную или религиозную литературу, дипломные и курсовые
работы, рефераты или другой интересный и полезный материал, пожалуйста
высылайте его на наш электронный адрес info@andesha.tj. После проверки администрацией сайта, ваш материал обязательно будет размещен на нашем сайте.





KUHISTONI _, 09-06-2012 06:03 (ссылка)

Хушбахтарин зан дар олам (2)



Хушбахтарин зан дар олам (2)
-----------------Ҳадя-------------

– Ба ҳар зани мусулмоне, ки ба парвардигории Аллоҳ Таъоло, ба пайравии дини мубини Ислом ва ба паёмбарии Муҳаммад (с) розӣ ва хушнуд аст;
– Ба ҳар ҷавондухтаре, ки роҳи ростро мепаймояд ва рисолати ростиро интихоб кардааст ва растагориро орзу дорад;
– Ба ҳар тарбиятгаре, ки бо каломаш ҷињод мекунад ва қадру қимат ва шарафу иззаташро ҳифз намуда, дилу динашро пок медорад;
– Ба ҳар модаре, ки фарзандонашро дар рўҳи парҳезкорӣ, Худотарсӣ ва ахлоқи нек тарбият мекунад, дар пайравӣ аз суннати Паёмбар (с) парвариш менамояд ва анҷом додани амалҳои нек ва писандидаро барояшон маҳбуб мегардонад.
– Ба ҳар зани мусулмоне, ки мушкилоти замона, нобасомониҳои рўзгор, дурии маҳбуби ғамгусор ва хорию зиллати бешумор ғамгину маҳзунаш кардааст:

Мужда бароят хушхабар, эй модари хунинҷигар,
Ай хоҳари лахти ҷигар, эй духтари гулбарги тар.
Хушбахтии мову шумо, дар явми дин рўзи ҷазо,
Мақбули Яздон гаштан аст, андеша мебояд туро.
Аввал, ки ҳаст он муддао, имону ихлос бар Худо.
Ҳам бар малоику русул, баъдан кутуб омад қабул,
Бар рўзи охиру қадар, зиндашавӣ омад дигар,
Ҳафт рукни имон аст ин, роҳи яқин ислом гузин.
Хушбахтию хурсандиро доим намо ту ҷустуҷў,
Дар тоати Парвардигор, ҳам дар ризомандии Ў.

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.

---------------Муқаддимаи муаллиф--------------
Сипос Худойро Парвардигори оламиён ва дуруду салом ба пайғамбари Худо, бар хонадону ёрон ва бар ҳар касе аз дўстдоронаш бод. Ва аммо баъд:
Ин китобест, ки занонро даъват мекунад, то ба пайравӣ аз дини худ хушбахт шаванд, ба фазлу карами Худо фараҳманд гарданд ва ба он чи аз неъматҳо, ки дар онҳост, башорат ёбанд. Ба дурустӣ, хандаи орзуҳо,
насими хоҳишҳо ва дурахши муждаҳо барои ҳар занест, ки дилаш танг, ташвишаш бисёр ва андўҳаш зиёд гардидааст. Ин китобест, ки занро барои интизори кушоиш ва нигарони осонии баъд аз мушкилӣ будан нидо мекунад; ба ақли закӣ, қалби пок ва равони беолоишаш хитоб карда, ба ў мегўяд: сабр кун, розию қонеъ бош, маъюсу  навмед машав, некбин бош! Ҳамоно Худо бо туст, Худо туро басанда ва Худо туро кифояткунанда аст ва Ў соҳибу нигаҳбони туст.

Хоҳараки азизам! Ин китобро бихон, зеро дар он оятҳои муҳкам, ҳадисҳои ростин, суханони қатъӣ, қиссаҳои илҳомбахш, абёти муассир ва фикрҳои нишонрасу таҷрибаҳои дурустро хоҳӣ дарёфт. Ин навиштаҳоро бихон, то аз ту зарбаҳои шадиди ғаму андўҳ ва фишорҳои тарсу
нороҳатиро дур андозад. Ин девонро мутолиа кун, то дар пок сохтани хотиротат аз хаёлҳои аброгин ва анбўҳи васвасаҳо ба ту ёрӣ расонад ва туро ба равзаҳои унсу офият ва бўстонҳои хушбахтӣ, диёри имон, боғҳои фараҳу шодӣ ва биҳишти барин роҳнамоӣ кунад. Бошад ки Худо туро ба
фазлу карамаш дар ҳар ду олам хушбахт гардонад. Ҳамоно, Ў Кариму Бахшанда аст.

Ба ростӣ, ман ин китобро монанди хазинае сохтаам, ки зару зевари дурахшанда дорад ва ту бо он худро зебу зинат медиҳӣ. Дар он ҷилои ҳусн, дурахши ҷамол ва ҷил- ваи (ҷамоли) Ҳақ аст, ки аз ҷилои тилло ва ҷазобати нуқра бартар аст. Ва фаслҳои ин китобро бо номи гулу зеварҳо, мисли: садбаргу гарданбанд, дурдонаву марҷон, марвориду гавҳар, ҳалқаю алмос, забарҷаду ёқут, дурдонаву лўълўъ, зумуррад ва тилло номгузорӣ кардам.

Чун ин китобро бо худ дошта бошӣ, пас туро ба ҳеҷ ороиши дунявӣ ва зинати беҳуда, худнамоиҳои сохтако- рона ва мўдҳои ночиз зарурат нест. Пас, худро ба ин зевар ороста намо, онро дар ҷашнҳои ҳаётиат бипўш,
дар тўйҳои арусию идҳои хурсандӣ ва мавсимҳои шодмонию шабҳои сурур худро бо он ороиш бидеҳ, то агар Худо хоста бошад, ту хушбахттарин зан дар ҷаҳон буда бошӣ!

Эй хушбахттарин мардум, дар дину ҳам дар адаб,
Бе гавҳару бе марҷон, ҳам бе ёқуту заҳаб.
Балки бо тасбеҳотат ҳастӣ ту муждарасон,
Монанди субҳу хуршед, ба мисли абру борон.
Дар саҷдаву дар дуо саъю кўшиш бинамо,
Зинат бароят гардон, тарсу ҳаёи Худо.
Аз гуноҳ дурӣ биҷўй, гарчанде ҳастӣ хушрўй,
Бо ашкҳои надомат, рўйи зебоят бишўй.
Илму ҳикмат биомўз, фазлу шараф биандўз,
То ки бошӣ сарбаланд, ҳам имрўзу ҳам он рўз.
Ризои Парвардигор, бошад бароят шиор,
Ҳам ризои Паёмбар, мақсади аслӣ шумор.
Эй модари меҳрубон, эй хоҳари дилу ҷон,
Насиҳат гар пазирӣ, доим бошӣ дар амон.

Дар ҳақиқат, роҳи хушбахтӣ дар сафои маърифати ту ва покии фаросатат ҷойгузин аст. Ва он бо хондани қиссаву романҳои хаёлӣ, тамошои сериалҳои телевизионӣ ва филмҳои синамоӣ, ки хонандаро аз воқеият берун мебараду аз олам дур меандозад, ҳосил намегардад. Ту, ба ростӣ, дар он ҳолат орзуҳои рангин ва мастии хаёлҳои дилфиребро пайдо мекунӣ, валекин самараи он, пастию фанои шахсият ва андўҳи марговар аст. Балки он ҳолат аз ин ҳам хатарноктар, ба мисли қиссаҳои Агата
Кристе аст, ки танҳо хиёнату ҷиноят ва ғорату тороҷро меомўзад. Ман силсилаи «Гузидаи қиссаҳои беҳтарини олам»-ро мутолиа кардам, ки асарҳои тарҷумашудаи интихобӣ аз байни қиссаҳои дилфиребу ҷаззоб
мебошанд, ки сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардидаанд. Пас дар мўҳтавои онҳо омехтагии зиёде бо ғалаткорӣ ва тундравӣ пайдо намудам. Бешубҳа, силсилаи «Гузидаи қиссаҳои беҳтарини олам» аз мавқеи санъати қиссапар- дозӣ ва насрнависӣ, ба мисли романи «Пирамард ва
баҳр»-и Эрнест Ҳемингуэй ва амсоли он, ки аз тасвири фаҳшу разолат худдорӣ намуда, раҳоӣ аз бадбахтии пастравии одобу ахлоқро пазируфтаанд, намунаи роман- ҳои беҳтаринанд.

Пас, ҳақ бар ҷониби ҳар зани некўкор аст, ки мероси ривоятии некў, ба мисли китобҳои Тантовӣ, Кайлонӣ, Манфалутӣ, Рофеъӣ ва амсоли онҳоро мутолиа мекунад, ки тараннумгари покӣ ва замири зиндаанд. Зикри ин матлаб аз он буд, ки хостам китобам тоза аз олоишҳои аҷнабӣ, таъсири заҳри инҳироф ва ташнагии бехирадӣ бошад. Пас чӣ миқдор қурбониҳо дар мақолае ва куштаҳо дар романе васф шудааст, Худои Нигаҳдоранда медонад.
Ба ҳар бобат ҳеҷ чизе беҳтару хубтар аз қиссаҳои Худо дар Китобаш, гуфтаҳои пайғамбари Ў (с) дар сунннаташ ва таърихи пуршарафи хулафо, олимон ва солеҳони баргузидааш нест. Пас мо ба баракати Худо нигоҳ мекунем. Ва ту зани хушбахтӣ, ки дорои дину ҳидоят ҳастӣ ва дар тасарруфи ту ақида ва мероси гаронбаҳост.(давом дорад).........

Доктор Оиз ал-Қарнӣ  



Муаллиф: Оиз ибни Абдуллоњ ал-Қарнӣ
Тарҷума ва таҳияи : Муҳаммадиқболи Садриддин

KUHISTONI _, 29-05-2012 00:07 (ссылка)

пАНҶОҲ АМАЛЕ,КИ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД (3)





пАНҶОҲ АМАЛЕ,КИ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД

..........(давомаш)

-----------Хатари зино-----------------

Зино аз бузургтарин офатҳоест, ки дар ҷисми фард ва ҷомеъа асар мекунад, он ҳам ба сабабҳои зерин:
1. Зино сабабгори омезиши насабҳо ва паҳн шудани мафосидест, ки аз ин омезиш ба бор меояд.
2. Зино нашркунандаи касалиҳоест монанди сузок ва спид, ки вабои аср аст.
3. Дар бисёр мавридҳо зино сабаби кушта шудани инсонҳо мегардад. Гоҳе мешавад, ки марди зонӣ занро ба хотири пўшидани ҷурмаш ё даст надодани зан ба зино мекушад, ё ҳангоме ки таҷовузи дастҷамъона барои як зан
сурат мегирад, зан аз беқуввати мемирад. Гоҳо соҳибини зан марди зонӣ ва ё занро ва ё ҳардуи онҳоро ба қатл мерасонанд. Дар шариъати ислом зан ё марде, ки хонадор шудааст ва ба зино даст мезанад, то мурдан сангсор мешавад.
4. Аксаран ҳодисаҳои зино байни ҷавонон рух медиҳад, пас, ба ҳамин шакл ҷавонони уммат ба ҷинояиҳои бузург: қатл, таҷовуз ва ғайра рў ба рў мешаванд, дар ҳоле ки ҷавонон ба бозўи неруманди миллат, пойдевори иқтисод ва қувваи асосии он, ба шумор мераванд. Ҳар вақто ҳоли ҷавонон чунин бошад, миллат аз тараққию пешрафт боз мемонад ва ҳар кас ба он тамаъ мекунад.
Бинобар ин мебинем, ки шариъат аз зино ва аз ҳар чизе ки сабаби он мешавад наҳй мекунад.
Каломи Худованд:
«Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва
шевае нописанд аст!»
(Сураи Исро,ояти 32)


1. Манъи зан аз намоиш додани зебу зинат
Ҳангоме ки зан бо шавҳар худ дар хилват бошанд ва шавҳараш занро хоҳад, пас наздиктари роҳ баро зан ин аст, ки зинату  зебоияшро барои  ў нишон диҳад. Ҳарвақто, кизан зинату  ҷамолашро дар роҳи омма ё пеши рўимарде, ки барояш ҳалол нест нишон диҳад, пас ин зан би ин амалаш чӣ
мехоҳад?
Зани мусалмон аз чунин феълу  рафор шарм медорад. Ў бо таҳқиқ медонад, ки гуле нест, ки ҳар кас ўро бибўяд. Дар ҳақиқат медонад, ки шарофату каромоти  ў ин аст, ки танҳо барои шавҳараш бошад.
Ба таҳқиқ пӯшидани 
зинат ва сатри аврат ин неъте аз немъматҳои Худованд аст,ки ба бандагони худ арзонӣ доштааст.

Каломи Худованд:

«Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипўшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд».(Сураи Аъроф,ояти 26)

Оятҳои хосе дар Қуръони карим барои либоси занива сатри ӯ бисёр возеҳ ва қотеъ омадааст,чунки риоя накардани ин фаризаи илоҳӣ хатар ва оқибатҳои ногувореро дар пай дорад.
Каломи Худованд:

«Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодари худро бар сар пўшанд».(Сураи Аҳзоб,ояти 59)

«Ва миқнаъаҳои (рўймолҳои) худро то гиребон фурў гузоранд»(Сураи Нур,ояти 31)

«Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад».(Сурати Нур,ояти 31)

Барои чӣ за ба мухолифати фармудаҳои Худо чанг мезананд,дар ҳоле ки дар ин мухолифат ҳалоки ӯст?Ба таҳқиқ аз ҷаннат маҳрум мешавад ва дохили оташи дӯзах мегардад.
Паёмбар (С.А.В.)мефармоянд:
«Ду гурўҳе аз аҳли дўзах ҳастанд, ки ман онҳоро надидаам: гурўҳе, ки ҳамроҳ бо худ қамчин доранд, монанди думи гов ва мардумро бо он мезананд, ва заноне, ки пушидаъурёнанд ва моилкунанда, сарҳои онҳо мисли кўҳони уштур аст, на вориди
ҷаннат мешаванд ва на бўйи ҷаннат ба машомашон мерасад».*
---------------------------------------------------------------------
* Ин ҳадисро имом Муслим ривоят кардааст.

2. Манъ аз берун шудани зане, ки атр истеъмол намудааст

Дар ҳақиқат мард агар атри занро бибӯяд асари бузурге дар ӯ мегузорад ва ба тарафи зан ҷалб мешавад.Биноан,Шариат берун шудани занро дар ҳоле,ки атр истеъмол намудааст ҳаром гардонидааст.

Паёмбар (С.А.В) мефармоянд:
«Ҳар зане, ки атр истеъмол мекунад ва аз назди мардум мегузарад, то аз он атр бибўянд, пас он зан зинокор аст».
Ин чизи мантиқист,оё зан ҳарис нест,ки хушбӯиро пеш аз мулоқот бо шавҳараш истеъморл намояд,то рағбати ӯро нисбати худ барангезад?Аҷабаш ин аст,ки зан одат кардааст,ки худро ороста,атр истеъмол карда,аз хонааш берун меравад,ва ҳангоми мулоқот бо шавҳараш,бисёр вақтҳо инро фаромӯш мекунад.


3. Манъи зан аз даст додан бо мардон
Дасти зан ҷузъе аз бадани ӯст ва ҳар кӣ дасти занеро ламс карда бошад то кадом андоза нарм будани ҷасади ӯро медонад.Аз ин ҷост,ки бо ин кор дар ба рӯи амали шайтон кушода мешавад.Пас,манъ намудан аз даст додан,манъ намудан аз кушодашавии дарҳои бузурги фитнаву шар аст.Бинобар ин Ислом даст додани занро ба мардони бегона ҷоиз намедонад,вале гурӯҳе аз маҳоримро мустасно намудааст:монанди падар,бародар,амак ва таго барои зан ва модар,хоҳар хола ва амма барои мард.

Паёмбар (С.А.В.)фармудаанд:
«Агар сўзани оҳанине дар сари яке аз шумо халонда шавад,беҳтар аст барояш аз ин, ки дасти занеро, ки барояш ҳалол нест мисос намояд».
 
Ба таҳқиқ собит шудааст,ки Расули Худо (С.А.В.) бо занон мусофаҳат намекардаанд.Аз Амима бинди Рақиқа ривоят аст,ки мегӯяд:
Бо гурӯҳе аз занон назди Паёмбар (С.А.В) омадем,ки бо эшон (С) бар Ислом байъат кунем,пас занон гуфтанд:
--Эй Расули Худо (С.А.В.)  бо ту байъатмекунем бар ин ки ба Худо шарик намеорем,дуздӣ намекунем,зино намекунем,фарзандонамонро ба қатл намерасонем,бӯҳтону тӯҳмат намекунем ва дар ҳар кори неке,ки амр мекунед нофармонӣ намекунем.
Пас,Паёмбар (С.А.В.0 фармуданд:
--Дар ин корҳо тавоноӣ ва тоқат доред?
Занон гуфтанд:
--Худованд ва Расули Ӯ бар мо аз худи мо дида раҳимтар ҳастанд,биё то бо ту байъат кунем,эй Расули Худо (С.А.В.).Пас,Расули Худо (С.А.В.)гуфтанд:
--Ман ба занон даст намедиҳам,ба таҳқиқ суханони ман барои сад зан монанди сухани ман барои як зан аст.*
Пас,бояд зан аз даст додан бо мардон имтиноъ варзад.
Агар бо дастпӯш ё ғайри он бо мардон салом кунад,беҳтар аст аз ин ки бидуни он даст диҳад.лекин хубтар аст,ки аслан даст надиҳад.Ҳеҷ зарурате нест,ки занро ба даст додан маҷбур созад.

Муаллиф:
Ҳасан Закариёи Фулайфул
Аз арабӣ тарҷумаи:
Муҳаммадиқболи Садриддин

(давом дорад)...................

KUHISTONI _, 26-05-2012 17:39 (ссылка)

ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ (1)


Пешгуфтори мутарҷими китоб



Бисёр хушнуд аз он ҳастам, ки тақдир барои ман
тарҷума ва нашри китоби нависандаи мумтоз ва шаҳири
ҷаҳони ислом, доктор Оиз ал-Қарнӣ «Асъаду имраатин
фи-л-олам» (Хушбахттарин зан дар олам)-ро ба забони
тоҷикӣ муяссар гардонид.
Мавзўъҳои интихобкардаи муаллиф бештар хусуси-
яти панду ахлоқӣ ва аҳамияти тарбиявӣ доранд, ки ин
ҷиҳат мўҳтавои ин китобро бо ганҷинаи осори гаронба-
ҳои бузургони назми форсу тоҷик тавъам сохтааст. Аз
ин сабаб мо тасмим гирифтем, ки зимни таҳияи тарҷу-
маи китоб барои дилчаспу хушзавк омадани мавзўъҳо
дар поёни ҳар мавзўъ мутобиқи мазмуну мундариҷаи он
намунаҳои шеърӣ аз осори намояндагони фарҳанги
миллии форсу тоҷик замима намоем. Хушбахтона вақте
як-ду мавзўи интихобшударо ҳамчун намуна ба
муаллифи мўҳтарам доктор Оиз ал-Қарнӣ пешниҳод
намудем, бисёр писандашон омад ва барои такмили он
иҷозати расмӣ доданд.
Бояд гуфт, ки Оиз ал-Қарнӣ дар ин китоби худ ба
баррасии мавзўъе таваҷҷўъ зоҳир намудааст, ки метавон онро интихоби олӣ дар матни фарҳанги ҷаҳони муосир маънидод кард. Зеро Зан-Модар дар ҷаҳони ҳастӣ ва дар тамоми фарҳангу тамаддунҳо нақши созанда, тарбиятгар, омўзандаи мушфиқу меҳрубонро таҷассум мекунад.
Бешак, тарбияти мукаммал гирифтан ва ҳамвора
баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии Зан- Модар мўҷиби ба вуҷуд омадани насли солим ва рушди маънавиёт, назму тартиб ва тараққию пешрафти илму техника мегардад. Дуруст ҳал гардидани масъалаҳои зикршуда худ нишондиҳандаи ба вуҷуд омадани як ҷомеаи комилан солим, бомаърифат, амну ором ва дур аз ҳар гуна каҷравию фасодҳо мебошад. Шоир ва мутафаккири олами ислом, аллома Иқболӣ Лоҳурӣ устуворӣ ва назму тартиб, ободонӣ ва амну оромии ҷаҳони ҳастӣ ва тарбияву таълими насли башариро ба Зан-Модар сахт вобаста дониста, бо забони назм онро дар эҷодиёташ чунин баён кардааст:
Ҷаҳонро муҳкамӣ аз уммаҳот аст,
Ниҳоди-шон амини коинот аст.
Агар ин нуқтаро қавме надонад,
Низоми кору бораш бесубот аст.
**********************************
Зи шоми мо бурун овар саҳарро,
Ба Қуръон боз хон аҳли назарро.
Ту медонӣ, ки сўзи қиръати ту,
Дигаргун кард тақдири Умарро.
Баррасӣ ва пазируфтани тарҷумаи ин китобро ба
муҳокимаи алоқамандон ва дўстдорони фарҳанги миллӣ
ва исломӣ ҳавола намуда, таманнои онро дорем, ки кў-
шишу заҳматҳои хоксоронаи ману ҳамкоронам дар ғано-
вати фазои маънавии кишвари соҳибистиқлоламон ҳам-
чун иқдоми некў пазируфта шавад ва барои хонандаи
гиромии ин китоб шавқу рағбати хондан ва ибрат ги-
рифтан аз панду андарзҳои ганҷи пурбаҳои ниёгонамон-
ро насиб гардонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Шиносоӣ бо муаллифи китоб

1. Оиз ибни Абдуллоҳ ибни Оиз Оли Маҷдуъ ал-
Қарнӣ.
2. Соли таваллудаш – 1379 ҳиљрии қамарӣ.
3. Дорандаи шаҳодатномаи факултети усули дини
Донишгоҳи исломии Имом Муҳаммад ибни
Саъуд.
4. Барои соҳиб шудан ба унвони «Магистр» китоби
«Ал-бидъату ва асаруҳо фӣ-д-дирояти ва-р-
ривояти»-ро соли 1408 ҳиҷрии қамарӣ таълиф
намудааст.
5. Дар соли 1422 ҳиҷрии қамарӣ китоби «Ал-мафҳа-
му ли мо ашкала мин талхиси «Саҳеҳу-л Муслим»
ли-л-Қуртубӣ»-ро таҳқиқ намуда, сазовори
унвони докторӣ гаштааст.
6. Беш аз ҳаштсад фитта ва CD-ҳои ў дар мавзўъҳои
мухталиф сабт ва паҳн карда шудааст.
7. Дар мавзўъи тафсир, ҳадис, фиқҳ, адаб ва сират
чандин китобҳо ба табъ расонидааст. Маҷмўи
китобҳои нашркардааш беш аз чиҳил китобро
дарбар мегирад.
8. Дар даҳҳо ҳамоишҳои илмӣ, ҷамъомаду вохўриҳо,
аз ҷумла гирдиҳамоии ҷавонони мусулмони араб
дар Амрико суханронӣ намудааст.
Андеша ва дархости муаллиф аз хонанда
Доктор Оиз ал-Қарнӣ дар китоби худ «Асъаду
имраатин фӣ-л-олам» ба хонандагон ва алоқаман-
донаш муроҷиат карда гуфтааст:

Андеша ва дархости муаллиф аз хонанда
Доктор Оиз ал-Қарнӣ дар китоби худ «Асъаду
имраатин фӣ-л-олам» ба хонандагон ва алоқаман-
донаш муроҷиат карда гуфтааст:


Хонандаи гиромӣ!
Ин китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби
пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан
модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи
пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати
исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар
як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии
беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие
мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту
осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи
зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору
ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо
зикру ёди Худои меҳрубон мебошад. Ва агар ин китоб
бо диққат ва андешаи амиқ мутолиа шавад ва бо
иродаи устувор амалӣ гардад, шояд орзуву муроди ман
таҳаққуқ пазирад ва ҷомаи амал пўшад. Аз ин ҷиҳат
шояд ин китоб роҳи ҳалли бисёре аз мушкилоту
гирифториҳои ҷомеаи имрўзаро нишон диҳад ва барои
пайдо кардани ҷавоби дурусти он мусоидат намояд.
Доктор Оиз ал-Ќарнӣ


(давом дорад)..............


KUHISTONI _, 23-05-2012 22:29 (ссылка)

ПАНҶОҲ АМАЛЕ,КИ ШАРИАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД(2)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

..............(давомаш)
Панҷоҳ амале,ки шариат занонро аз он боз медорад


--------------------Муқаддима----------

Ҳамду сано мар Парвардигори оламиёнро, ва дуруду салом бар имоми паёмбарон ва беҳтарини оламиён ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с).

Дар ҳақиқат шариъати боҳикмати Ислом ба хотири он омадааст, ки инсонро ба сўи фоидаву маслиҳати ў дар дунёву охират ҳидоят намояд ва аз ҳар чизе, ки дар дину дунёи ў зарар меорад, барҳазар дорад. Пас шахсе, ки роҳи тоъатро ихтиёр намуд комёб шуд ва ҳар ки саркашиву нофармонӣ намуд зиёни бузурге кард. Рисолаи хурдеро, ки дар даст доред хосатан занонро мухотаб қарор медиҳад, ва сабаби ин махфӣ нест, чунки зан дар айни замон нисфи ҷомеъа ва мураббияи тамоми ҷомеъа дар оянда ба ҳисоб меравад. Пас, ҳар вақто ҳоли зан ислоҳ шуд, ҳоли ҷомеъа ислоҳ мешавад ва таърих бар ин гувоҳ аст.Пас, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки ислоҳкорону тахрибкорон ба хотири расидан ба мақсадояшон ба масъалаи зан ааммият медиҳанд. Аз Худованд (ҷ) хоҳонем, ки умри моро тўлонӣ гардонад ва ҳосили аъмоли хайрамонро зиёд гардонад ва аз Ў (ҷ) зорию тавалло мекунем, ки барои мо ихлос насиб кунад вапоёни кори моро некў гардонад, то дар иҷрои амали хайр умрамонро сипарӣ намуда, аз дунё реҳлат кунем.

Ҳасан Закариёи Фулайфул

------------Таваҷҷуҳи Ислом ба зан---------

Тавре ки аз аҳаммияти нақши зан дар ҷомеъа огоҳ шудед, ҷои тааҷҷуб нест, ки аз инояти хоси Ислом бархурдор аст.Биёед ба Қуръони карим гўш медиҳем, ки чи гуна мардон ва занонро дар якҷоягӣ хитоб мекунад, ҳине ки мегўяд: 
«Эй,он касоне ки имон овардаед». Баъд аз он дар бисёре, аз оёти Китоби ҳаким занонро махсус хитоб мекунад:

Каломи Худованд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурўҳе аз мардон гурўҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурўҳе аз занон гурўҳи дигарро масхара кунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷўӣ макунед ва якдигарро бо лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба
намекунанд, худ ситамкоронанд».

(Сураи Ҳуҷур,ояти11)

«Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рўймолҳои) худро то гиребон фурў гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё
писари хоҳари худ (дар баробари писари амак, писари тағо, писари хола ҳиҷоб бояд риъоя шавад) ё занони ҳамдини худ (зеро зани кофир дар ҳукми марди бегона аст) ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони
хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд (Ибни Ҳаҷар фармудааст, ки агарчи иннин (ҳиз) ё хасишуда ё марди хеле солхўрда дар ин лафз намедароянд, яъне дар баробари ҳамаи инҳо ҳиҷоб лозим аст. Мурод аз ин
мардони туфайлӣ ё муғаффал, ки дар хонаҳо ба хўрду нўш рафту омад дошта бошанд, зеро онҳо ба сабаби адами дурустӣ дар ҳаввос ё шаҳват ба сўи занон таваҷҷўҳ надошта бошанд, онҳо мустасноанд. Яъне зан набояд дар баробари ҳамкорон ё хидматгоронаш беҳиҷоб бошад) ё кўдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад (яъне садои зевар ба гўши мардони бегона нарасад). Эй мўъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед(вагарна маъсият монеъи комёбии шумо, хоҳари азиз, хоҳад гардид)».
(Сураи Нур,ояти 31)

«Худо барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мўъмину занони мўъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгўву занони ростгўй ва мардони босабру занони босабр ва мардони
Худотарсу занони Худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рўзадору занони рўзадор ва мардоне, ки шармгоҳҳои худро ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳҳои худро ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, омўрзиш ва музде бузург омода кардааст!».

(Сураи Аҳзоб,ояти 35)

Дар ин ояти карима Худои ,таъоло калимаҳои ал-
Муслимин, ал-Мўъминин, ал-Қонитин, ас-Содиқин, ас- Собирин, ал-Хошиъин, ал-Мутасаддиқин, ас-Соимин, ал- Ҳофи(ина фуруҷаҳум ваз-Зокиринал-лоҳа касиран-ро бо сиғаи ҷамъи музаккар (мардона зикр намудааст ва тибқи усули наҳвии забони арабӣ шомили ҳоли занон низ мебошад, вале бо вуҷуди зикри ин калимот Худои мутаъол калимаҳои ал-Муслимот, ал-Мўъминот, ал-Қонитот, ас- Содиқот, ас-Собирот, ал-Хошиъот, ал-Мутасаддиқот, ас-
Соимот, ал-Ҳофизот ваз-Зокирот-р оварда занонро махсусан мавриди таъкид қарор додааст.



Дар аҳодиси нааавӣ низ аваҷҷуҳ ба зан бисёр аст, ҳатто Паёмбар (с)ба зан хабар додааст, ки ў нигаҳбони хонаи шавҳараш ва бошандагони он аст. Муаллифи ин рисолаи хурд кўшидааст, ки ба тафсил баён кунад, ки ин ояту
таваҷҷўҳи Ислом ба зан чӣ гуна аст ва аз амалҳое, ки ба ў лоиқ нест ва шаъни ўро паст карда, аз роҳи росст дураш мекунад, занро барҳазар доштааст.

Пас, ҳар вақто зан итоъат намояд, ин кори ў сабаби обрў ва каромату наҷоташ хоҳад шуд ва агар исёну нофармонӣ кунад, Худованд иқоби сахте дорад. Ба таҳқиқ дунё гузарон аст ва ҳеҷ бақое ба ҷавонӣ ва молу ҷоҳ нес, ва ҳеҷ давоме ба ҳоле нест ва марг ҳамеша дар интизори ҳамагон аст. Пас, зани ҳушманду боақл барои ояндаи худ кор мекунад ва вақти имрўзаи худро бефоида намегузаронад. Ҳеҷ бақое нест, магар барои амали нек ва ҳеҷ наҷоте нест магар бо амали нек. Пас,зани мўъмину мусалмон бояд пойбанд ба фармудаҳои Парвардигорӣ худ бошад ва аз муҳаррамот худдорӣ намояд.
Худованд худ муваффақгардонанда аст.

------------------Таъсири зан-------------

Мард монанди зан дорои василаи ҷалбкунанда нест.
Муҷарради назар кардан ба зан ғаризаҳои мардро ба ҳаракат медарорад, аммо ғаризаи зан танҳо бо ламс кардану сухану ғазалҳои ошиқона гуфтан бедор мешавад. Бинобар ин Худованд либоси занро мавриди таваҷҷўҳ қарор дода, зинати ўро танҳо ва танҳо барои шавҳараш равову ҷоиз донистааст
ва аз ммезиш бо мардони бегона ўро манъ намудааст. Ҳар мамнуъияте, ки вобата ба зан ҳаст дар ҳақиқат он барои ҳимояти ўст, то ин ки чашмони бегона ба ў нанигаранд ва дасти бегонае ба ў нарасад ва гургони гурусна ўро нарабоянд.Ба таҳқиқ ҳар монеъае, ки вобаста ба зан ҳаст мардро кўмак
мекунад,то пойбанд ба покию тозагӣ бошад ва худро азшаҳватҳои ҳаром ва ангезаҳое, ки ўро аз ҷодаи амали нек дур мекунад, нигоҳ дорад.

Ин амр боиси хушбахтию саодати ҷомеъа ва пешравию тараққии он аст. Дар сафҳаҳои оянда кўшиш менамоем, ки он чиро, ки зан аз он бояд дур бошад барояш равшан намоем.


(давом дорад)........

Муаллиф:
Ҳасан Закариёи Фулайфул

Аз арабӣ тарҷумаи:
Муҳаммадиқболи Садриддин




Номи китоб: Панҷоҳ амале, ки шариъат
занонро аз он боз медорад
Муаллиф: Ҳасан Закариёи Фулайфул
Аз арабӣ тарҷумаи: Муҳаммадиқболи Садриддин
Муҳаррири масъул: Файзуллоҳи Аҳё
Муҳаррири матни тоҷикӣ: Шараф Атоӣ
Ҳуруфчин: Меҳрубонуи Раҳимбек
Тарроҳ: Диловари Бобохон

МУХОЧИРАТИ ЗАНОН.

МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН.
Ҳар сол ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо барои таъмин намудани рӯзгори аҳли оилаи хеш рӯ ба мусофират меоранд. Солҳои пеш танҳо мардон ба ин кор даст мезаданд, оҳиста-оҳиста сафи муҳоҷирин аз ҳисоби занҳо низ афзуд. Бонувони тоҷикро сатҳи пасти зиндагӣ, набудани ҷои кор ва маоши ночиз ба мусофират мебарад.

Тавре ки мегӯянд, зиндагӣ маҷмӯаи пастиву баландиҳост. Ин аст, ки инсони комил ва пухта аз пастиҳои рӯзгораш шукргузорӣ мекунад ва аз баландиҳояш худро дар кӯчаҳои саргумӣ қарор намедиҳад.
Бӯҳрони иқтисодӣ, ки саросари оламро фаро гирифтааст ва имрӯз ин падида ба Тоҷикистони мо низ бетаъсир намондааст. Гурӯҳе аз занҳо ба мардикорӣ рафтани шавҳаронашонро, ки солҳост аз худ дарак намедиҳанд, баҳона оварда танфурӯширо пешаи худ қарор додаанд. Ин гурӯҳ бехабар аз онанд, ки қадами наҳси онҳо дар ин ҷода чӣ касофатиҳоеро ба сари авлодашон ва хешону наздиконашон меорад. Натиҷаи даҳшатбораш он аст, ки бо «шарофати» ин гуна занҳо фасоду фисқ дар ахлоқи ҷомеа роҳ меёбад ва сафи ин қабил занҳо зиёд мегардад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки агар мард зинокор гардад, наҳси он ба як пушташ ва агар зан ба зино даст занад, касофатии он ба ҳафт пушташ таъсир мерасонад. Бо касофатии як ё якчанд зани бадкора исми шарифи занҳои порсову боиффат доғдор мегардад, ки ин барои аксарият аламовару дарднок аст.
Занҳоро камақлу кӯтоҳназар хондану таҳқири рӯирости онҳо аз рӯи инсоф нест. Модоме, ки мо дар бораи ин гуна занҳо мисол меорем, бояд дақиқу мушаххас исмашро зикр кунем, то боиси ранҷишу озори аксари занҳо нагардад. Шахсан, аъмоли ношоистаи гурӯҳи занҳоеро, ки боиси бадномии дигарон гардидаанд маҳкум менамоям.
Ба хотири покии рӯзгору саодати ҳамешагии мову шумо пеш аз ҳама аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамоям, ки дилу нияти ҳар кадоме аз мо зану мардро пок нигоҳ дорад ва фисқу фасод, зинову риёро аз мо дур гардонаду зану мард мавқеи муҳими худро дар ҷомеа пайдо кунанд, фисқу фасод аз байн биравад. Ҳар гоҳ мардҳо занҳои нимбараҳна ва бадтинатро бубинанд, астағфируллоҳ бигӯянд ва васвасаи шайтониро аз худ дур созанд. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи ахлоқии ҷомеа саҳми босазо бигирем ва дар солимгардонии муҳит фаъолона кӯмак расонем. Иффату покдомании насли мо ва умуман ахлоқи башарӣ мегардад.


Метки: ислом.зан

KUHISTONI _, 14-05-2012 23:43 (ссылка)

ПАНҶОҲ АМАЛЕ КИ ШАРИАТ ЗАНОНРО БОЗ МЕДОРАД(1


Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

ПАНҶОҲ АМАЛЕ,КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРОАЗ ОН БОЗ МЕДОРАД


Муаллиф:
Ҳасан Закариёи Фулайфул

Аз арабӣ тарҷумаи:
Муҳаммадиқболи Садриддин


Сарсухан


Рисолае, ки хонандаи гиромӣ дар даст дорӣ ба модарону хоҳарони
арҷманд ихтисос дорад ва аз забони арабӣ аз
ҷониби камина тарҷума шудааст. «Хамсуна наҳян шаръиян
ли-н-нисо» (Панҷоҳ амале, ки шариъат занонро аз он боз
медорад) ном дорад. Мурод аз ин хидмати хоксорона ҷалб
намудани диққати бонувони миллати бошарафи тоҷик ба
масоилест, ки ислоҳи он боиси ислоҳи ҷомеъа ва рушду
такомули ахлоқии он мегардад. Зеро дар кишвари мо 52%
аҳолиро бонувон ташкил медиҳанд, бар замми ин дар ҳар
хонадон зан-модар дар тарбияи фарзанд нақши асосӣ дорад.
Бинобар ин ислоҳи зан, бе шак, ислоҳи ҷомеъа аст.
Чуноне ки гуфтаанд агар як зан роҳи ростро интихоб
намояд бешак хонадон ислоҳ мегардад ва ислоҳи ҳар як
хонадон ба манфиъати ҷомеъа аст. Ҳамзамон ислоҳи ҷомеъа
ба рушду инкишофи мамлакат асар гузошта, шароите
фароҳам меорад, ки бо истифода аз он дар домони модари
тоҷик, иншоаллоҳ, фарзандоне ба воя мерасанд, ки
номбардорони ин миллати сарбаланд хоҳанд гашт ва боз
дубора моро ба ҷаҳониён муъаррифӣ хоҳанд кард, чуноне ки
аҷдодонамон карда буданд. Хоҳарону модарони азиз огоҳ
бошанд, ки фарзанди солим аз зани солим ба дунё меояд ва
дар хонадони солим ба воя мерасад ва фахри аҳли хонавода
ва тамоми миллат хоҳад гашт.
Ба ин хотир рисолаи мазкур ба масоиле бештар таваҷҷўҳ
қоил аст, ки дар аксари авқот аз ҷониби афроди ҷомеъа
мавриди саҳлангорӣ ва бетаваҷҷўҳӣ қарор мегирад.
Дини мубини Ислом ба зан мақоми хоссе қоил аст. Ҳатто
дар Қуръони карим Худованд бо номи «Нисо», яъне занон
сура нозил фармудааст, вале бо номи «риҷол», яъне мардон
сурае нест. Худованд мардро дар зиндагонии заношавҳарӣ
масъули нафақаи зан ва фарзандони ў ҳукм кардааст, ки ин
ҳам нишонаи лутфи Худованди ҳаким нисбат ба занон аст.
 Каломи Худованд:

«Ва ин нишонаҳои қудрати Ўст, ки бароятон аз
ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш
ёбед ва миёни шумо дўстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта,
дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки меандешанд».(Сураи Рум ояти 21)
Расули Акрам (с)дар ҳадиси муборакашон фармудаанд:
«Занро озор намедиҳад, магар марди лаим (паст, нокас)»
лутфу карами Худованд ва расули гиромиаш нисбат ба занон
ҳадду канор надорад, зеро занон, хоса занони мўъмин дар
ҳама давру замон номбардори номуси миллат будаанд ва
ҳастанд.
Имрўз, ки дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ бўҳрони маънавӣ ба авҷи
аълояш расидааст ва фаҳшу фасодӣ ошкоро тарғиб карда
мешавад, занону модарони моро лозим аст, ки бо риъояти
амру наҳйиҳои илоҳӣ, зиракиро аз даст надода, дар шаръи
шариф устувор бошанд.
Бо овардани панҷоҳ наҳйи шаръӣ мехоҳам диққати
бонувонро ба масоиле ҷалб намоям, ки иртикоби он гуноҳи
азим аст, вале аз сабаби нодонӣ ва ё камтаваҷҷўҳию нодида
гирифтан аксари занон худро гунаҳгор месозанд.
Масалан, имрўз дар байни хоҳарону модарон одати баде
амсоли ғайбат ривоҷ ёфтааст, ки барои содиркунандаи он
гуноҳи кабира маҳсуб мегардад. Вале аз бисёрии муртакиб
шудан ба ин гуноҳ баъзеҳо онро чандон гуноҳ ҳам
намеҳисобанд ва ё пеш аз шурўъ кардан ба ғайбати хоҳар ё
бонуи дигари мусалмон худро таскин дода, сухани фиребои
«Сифаташ шаваду ғайбаташ нашавад»-ро пеш аз оғози ғайбат
зикр мекунанд.
Маълум аст, ки ин гуноҳ боиси душманию адоват ва гоҳо
ҷангу ҷидоли шадид мегардад ва муносибати афроди
ҷомеъаро муташанниҷ месозад. Ё худ манъ намудани зан аз
даст додан ба марди бегона, ки мутаассифона, дар ҷомеъаи
мо ривоҷ дорад.
Ин одати бадро ҳатто занони ғайримусалмон низ
намеписанданд ва қабул надоранд. Даст додани зани
мусалмон ба марди номаҳрам ҳодисаи нангин ва шармовар
аст. Аввалан ин кор аз ҷониби шариъати боҳикмати Ислом
манъ гардидааст. Сониян, салом бо забон аст ва даст додан ё
надодан ягон нақш намебозад, хоса ҳангоми вохурии зан бо
марди бегона даст дода салом кардан гуноҳи ошкоро аст.
Солисан, имрўз бисёр вирусҳои касалиоваре ҳастанд, ки
тавассути салом аз шахси бемор ба дигарон сироят мекунанд.
Бинобар ин занон бояд ҳамдигарро ислоҳ намуда, аз содир
намудани ин гуноҳ худ ва фарзандонашонро эмин нигаҳ
доранд.
Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба
қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо
истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват
менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо
диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин
гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони
худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди
мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин
бонуи афифа дорад.
Дар фароварди сухан аз Худованд оҷизона дархост менамоем
ки модарону хоҳарони моро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва
аз ҷумлаи умматони ҳақиқии Расули акрам (с) гардонад.



Муҳаммадиқболи Садриддин.


Номи китоб: Панҷоҳ амале, ки шариъат
занонро аз он боз медорад
Муаллиф: Ҳасан Закариёи Фулайфул
Аз арабӣ тарҷумаи: Муҳаммадиқболи Садриддин
Муҳаррири масъул: Файзуллоҳи Аҳё
Муҳаррири матни тоҷикӣ: Шараф Атоӣ
Ҳуруфчин: Меҳрубонуи Раҳимбек
Тарроҳ: Диловари обохон
Ношир: Нашриёти «Суннатулло»

(давом дорад)......................


В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу