Все игры

    Отписывайтесь от событий, которые не интересны

    Чтобы отписаться от новостей другого пользователя, щелкните на значке настроек в этом событии и выберите нужный пункт.

      Радиои Озодӣ  поделился ссылкой
      share-add.html
      Як манбаъ аз ниҳоди интизомии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, Ҳабибҷон Юсуфов яке аз се маҳбуси фирорӣ, ки ба ҳангоми кӯшиши фирор захмӣ ва билофосила дастгир шуда буд, даргузашт. Ин манбаи радиои Озодӣ гуфт, ки Юсуфов "се рӯз пеш дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд аз захмҳои бардоштааш даргузашт". Вай гуфт, ба ҳангоми кӯшиши фирор Юсуфов аз ҷониби яке аз зиндонбонҳо бо тири туфанг захмӣ шуд ва натавонист фирор кунад. Баъди боздошташ дар бемористони зиндон нигоҳдорӣ ва муолиҷа мешуд ва ниҳоят се рӯз пеш даргузашт.