Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

МТУ №4 (Маъдан) талаби бозгашти бинои худро аз Гимназия дорад!

Ба фикри Шумо, сабаб чист, ки бинои таълимии Гимназия 5 - ро гирифта истодаанд????

МАЪДАН ВА ДИГАР ЧЕХРАХОИ МАЪРУФИ ПОНГОЗ



Понгоз- яке аз дехаи калонтарини Точикистон буда, бо манзарахои нотакрору дилошуб, богзору куххои бехамто ва руди шухи кухияш дар тамоми чумхури маълуму машхур аст. Ин ватани бисёр олимон, ходимони давлати, хунарпешагон ва мутахассисони сохахои мухталиф аст, ки онхо дар ривочу равнаки илму хунар ва истехсолоту пешрафти чомеаи Точикистон хиссаи сазовори худро гузоштаанд. Хануз дар асри миёна Одинамухаммад Маъдани Понгози дехаи моро бо мухаммасхои баланду газалхои равонаш маълуму машхур гардонд. Дар замони навин Нурулло Хувайдуллоев, Абдулхаким Бойматов, Иброхим Усмонов, Абдукаххор Турсунов, Мухаммадчон Шодиев, Султон Вохидов, Бахриддин Камолиддинов, Абдуваххоб Собиров, Неъматчон Дустматов, Мамадчон Хайруллоев, Анвар Исомиддинов, Мадиброхим Норматов дар сохахои гуногуни чомеа фаъолияти баланд нишон дода, шухрати Понгозро дар чумхури овозадор кардаанд.
.













Диёнат рафт, ё раб, аз диёри мардуми Понгоз,
Ба дасти аблахон шуд ихтиёри мардуми Понгоз,
Ба вайрони мукаррар шуд киштукори мардуми Понгоз,
Сагон серанд аз сайди шикори мардуми Понгоз,
Ки ин номардакон хасми кибори мардуми Понгоз.


Саду си гурги золим бар хилофи кор чупон шуд,
Ба тахрики залолат дар масофи гусфандон шуд,
Балои Понгозу горатгари мулки Шахидон шуд,
Ки ин харду вилоят з-офати ин кавм вайрон шуд,
Намеруяд гиёхе аз канори мардуми Понгоз.


Макоми худ шуморад бартар аз Чамшеду Искандар,
Ситонад аз раоё тангаю тиллою симу зар,
Надонам, чун шавад холаш даруни хонаи бедар,
Саволи бандаги пурсанд аз вай Наккиру Мункар,
Шавад дур аз сараш он дам хумори мардуми Понгоз…



СУЛТОН ВОХИДОВ- ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ


Ба мардият, аё Султони Вохид,
Хама дар зиндаги хастем шохид,
На хар олим одам буд дар олам,
Ту олим будию хам чони одам.
Хамеша дар хама давру замонхо,
Бимонад номи ту вирди забонхо.
Эргаш Шоев, доктори
улуми филологи, хамкори
Султон Вохидов.



text>



Султон Вохидов(10.01.1937-29.11.1992, дехаи Понгози нохияи Ашт), аз оилаи дехкон. Баъди хатми мактаби миёнаи №4 ба номи Маъдани зодгохаш (1955) солхои 1955-59 дар факултети таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод (ихтисоси «Забон ва адабиёти точик») мехонад. Солхои 1959-61 дар мактабхои миёна ва хаштсолаи нохияи Чиргатолу дехаи Понгози нохияи Ашт аз фанни забон ва адабиёти точик дарс медихад. Солхои 1961-64 дар шуъбаи рузонаи аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти классикии точики Университети давлатии Точикистон тахсил карда, пас аз хатми он як сол дар сектори робитахои адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Рудаки хамчун лаборанти калон, солхои 1965-1992 дар кафедраи таърихи адабиёти классикии точики Университети давлатии Точикистон дар вазифахои муаллими калон, дотсент ва профессор фаъолият менамояд. Солхои 1982-84 барои анчом додани рисолаи докториаш у ходими калони илми таъин мешавад.
Омузиши робитахои адабии байни халкхои хамсоя яке аз масоили басо душвору мураккаб бошад хам, у тадкики ин сохаи адабиётшиносии точику узбекро ба ухда мегирад ва тахти рохбарии олими маъруф, Ходими хизматнишондодаи илми Точикистон, профессор Шарифчон Хусейнзода дар мавзуи «Хамсат-ул-мутахайирин»-и Алишери Навои ва накши он дар омузиши робитахои адабии халкхои точику узбек дар асри XV» рисолаи номзади дифоъ менамояд (1966).
У доир ба ин мавзуъ зиёда аз 20 маколаи илми, илмию оммави ва тахти унвони «Равобити адабии халкхои точик ва узбек дар асри XV» (Д., «Ирфон», 1974) монография таълиф кардааст. С.Вохидов минбаъд хам тадкикоташро давом медихад ва солхои 1982-1987 дар мавзуи «Лубоб-ул-албоб»-и Мухаммад Авфи ва инкишофи жанри тазкира дар адабиёти форсу точик» рисолаи доктори навишта (1989), дар ин муддат оид ба мавзуи мазкур 25 маколаи илми ба табъ мерасонад, дар конференсияхои илми доир ба масъалахои филологияи точик, проблемахои таъриху методологияи адабиётшиноси ва танкиди адаби, матншиноси, хонишхои солонаи чумхурияви бахшида ба Рудаки конференсияхою семинархои донишгохи 20 маъруза мехонад.
Тамоми мушохида ва чамъбасту хулосахои пажухиши чандинсолаашро дар монографияи «Хаёт ва фаъолияти адабии Мухаммад Авфи» (Д., «Дониш», 1989) ба ахли илму хонандагон ва дустдорони адабиётамон пешкаш менамояд, ки ба он донишмандону мутахассисони маъруфи адабиёти классикии точик ва накди адаби бахои баланд медиханд.
Мухаккик С.Вохидов солхои бисёр ба чустучу ва омузиши адибони асрхои XVIII ва XIX-и нохияи Ашт машгул гардида, намунахои нави шеърхои Маъдан ва девони ашъори шоири номаълуми асри XIX Мухаммадшокири Гарибии Аштиро пайдо менамояд ва дар бораи хаёту фаъолияти адабии шоир тавассути маколахои «Сухане чанд оид ба девони ашъори шоир Гариби» (рузномаи «Шухрати Ашт», 22.12.1990), «Гарибии Ашти» (м. «Илм ва хаёт», № 9, 1991, с. 19-30) маълумот дода, ба хонандагон аз газалиёти у 8 намуна пешкаш менамояд.
Ба С.Вохидов хонандагон, шунавандагону бинандагони Точикистону точикзабонони чумхурихои хамсоя хамчун публисисти хакикатчую хакикатгуй ва дилсузи мардуми захматкаш тавассути маколахои пурарзиш, суханхояш ба воситаи радиои чумхурияви ва барандаи доимии барномаи машхури тарбиявию ахлокии телевизиони точик «Бахс ва андеша» (1980-1987), ки мохе як маротиба намоиш дода мешуд, чун донандаи хуби забони шевою адабиёти баландсанъати точик, урфу одат ва хаёту захмати мардуми шахру дехот, омузгори хушгуфтор, ботамкин ва дурандеш, дилсузи ахли мехнат эътикоди зиёд доштанд.
Доктори илмхои филологи, профессор С.Вохидов дорандаи нишонхои «Аълочии маорифи халки Точикистон» ва «Барои муваффакиятхои аъло дар кори мактаби олии СССР» мебошад.
Устоди арчманди хазорхо муаллимон, мутахассисон ва олимони сохаи филологияи Шарк С.Вохидов дар айни авчи камолоти эчоди баъди бемории вазнин дар зодгохаш аз олам мегузарад, лекин ному кору осори илмию адабии ин омузгори фозил, инсони покдилу покният, дилсофу содики халку Ватан дар дили хамкорону хамкасбон ва шогирдони кадрдонаш абадист. Хислатхои ибратбахш ва корхои начиби у дар ёддоштхои онхо «Султони сухан» (Д., 1997), аз чумла порчаи зерини шеъри олим ва шоири хушбаён Эргаш Шоев самимонаю дилсузона ва софдилона тасвир шудаанд:
Ба мардият, аё Султони Вохид,
Хама дар зиндаги хастем шохид,
На хар олим одам буд дар олам,
Ту олим будию хам чони одам.
Хамеша дар хама давру замонхо,
Бимонад номи ту вирди забонхо.





В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу