Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

НАВРУЗИ РЕВАД РУЗИ 12-УМИ МАРТ АСТ...

Мардумшиноси
НАВРУЗИ РЕВАД РУЗИ 12-УМИ МАРТ АСТ...
Исфандиёри Назар

Ревад яке аз дехахои вилояти Фону Фалѓари ќадим аст. Номи ин деха низ чун асомии дехоти дигари нохияи Айни аз ќадим то кунун таќрибан бетаѓйир ва хамоно суѓдии точики боќи мондааст. Дар холе, ки дехоту шахрхои бузургеро метавон номбар кард, ки бар асари хучуми ѓосибонаи маќдунихову тасаллути ѓуломони турку чингизихову амсоли онон, ба туркиву муѓули таѓйири ном кардаанд.
Ба ќавли сокинони дехаи мазкур вожаи «Ревад» дорои чандин маънист. Аз чумла, иддае бар ин боваранд, ки вучуди рангорангии хоки талу теппахо (зард, сурх, сиёх, сафед...) марбут ба маънии Ревад аст.
Зумрае мегуянд: чун ин деха аз рохи калони убуру мурури ќадима хамаги 5 километр дур аст ва табиъат онро дар миёни куххо чунон сохта, ки ба як дижи мустахкам мемонад. Рохи вурудии он низ дар гузашта чунон саъб буда, ки танхо як нафар бо чой гирифтан дар болои шахпорае метавонист, рохро комилан зери назар гирифта, вуруди бегонагонро монеъ шавад. Вурудгохи ин деха то кунун «шахи Дарвоза» номида мешавад. Инак, оне, ки ба хатаре (дар ќадим) мувочех ва аз рох «рев- реб – уреб- вуреб» мешуду ба ин деха ворид мегардид, барои худ панохгохи боэътимоде меёфт. Аз ин чихат Ревад пайдо шудааст.
Аммо ба назари инчониб, вожаи мазкур ба ончи мегуянд таќрибан иртибот надорад. Вачххои худро меорам: 1. Ровад – домани сарсабзи кухро гуянд. Ба назарам бо ин холу ин маъни дар «Тухфат-ул-ахбоб»-и Хофизи Убахи омадааст. 2. Дар яке аз таронахои наврузии дехаи Вору омадааст:
Ман дар чаќили Ровад,
Додома гу наковад.
3. Номи яке аз мавзеъхои худи дехаи Ревад – Катроват ном дорад, ки мегуянд изи хонахои маскунии ќадими дар он то хол пайдост ва эхтимол бошгохи ќадимаи ревадиёни кунуни ончо будааст.
Бо такя ба ин далоил метавон хадс зад, ки асли вожа аз Ровад ба Ревад таѓйир кардааст ва маънояш хамон «хамвориву доманаи сарсабзи кух» бояд бошад.
Ѓайр аз ин, тибќи гуфтаи сокинони деха куххои Ревад макони растании «рова» низ хаст ва дар мавсими руйишу пухтану чидани он тамоми дехаро буйи он пахш мекунад. Дар дигар манотиќ «рова»-ро «ров» ва дар гуйиши худи ревадиён «роба» талаффуз мешавад. Дар дехаи Дарѓ ба он «рова» мегуянд. (Ниг. Саидмирзои Назар: Бо лахчаи дарѓи. «Ирфон»-2009)
Ревад аз 5 гузари калон иборат аст бо номхои «Сафариён (мобайн», «Кухи Боло», «Навва», «Ури Сой» (он тарафи Сой) ва «Обидиён».
Дехаи мазкур хамчунин аз дарахову яйлоќоти бисёр иборат аст, ки бархе чангалхои бурсу арчаи он то кунун боќи мондааст. Номхои ин дарахо низ бояд мавриди омузиш ќарор гирад: Хаснова, Пишкат, Нахори Пшор, Пойканда, Катроват (дар ин мавзеъ мазори Хочаи Хушкокулон мавчуд аст), Мундагон (аз номи растании бехмеваи бо номи «мунда» - албатта дар гуйиши хамин деха), Давришк (пасванди «ишк» ќобили таваччух аст. Бо истифодаи ин пасванд мавзеъе дар дехаи Дарѓ бо номи Рунишк аст. Ниг. Бо лахчаи дарѓи), Сахтканда, Кафтархона, Нови Нистон (шояд Найистон, чун ба ќавли эшон аз он обе чористу най хам зиёд меруяд), Беди Ѓав (шояд марбут ба сифати беде бошад, ки табиъатан ба сифати «ѓав» - яъне, «садд» истифода шудааст, ниг: «ѓавчуб»), Ойиши, Испина (имкон дорад ба вожаи «испон» - сари чуйбор, он чойе, ки чуй аз дарё чудо мешавад, марбут бошад. Ниг: «Бо лахчаи дарѓи), Вима, Дуоба, Алисузани, Чоре, Мустеѓар (муќоиса шавад бо номи мавзеъоте чун «Кашиѓар» - дар дехаи Дарѓ ва Утоѓар – номи рустои дигар дар Фалѓар), Ѓиреканда (бо хамин ном мавзеъе дар дехаи Дарѓ), Шорочор (шояд тахфиф аз калимаи Шохрохчор), Мистик (вобаста ба вожаи «муста» - гуште, ки барои гирифтани сайд дар дом мегузоранд, яъне шикоргох), Хрута, Боши, Талоќи Панои Резѓар («пано» - вайроншудаи «панхо» - пахно; Резѓар – чойе, ки хокаш резон аст), Гарданга (Гардангох), Ѓути Лула («ѓут» вожаи суѓдист ба маънои санг, Дар Дарѓ мавзеъест бо номи «Кафидаѓут», ки ба он Санги Дукаф хам мегуянд ва низ мавзеъест бо номи Ѓутвара. Хамон маъхаз), Нови Мардако, Гачако ва ѓайра.
Дар худуди ин деха се ќалъа мавчуд аст бо номхои «Ќалъаи Шоиб», «Ќалъаи Хисорак» ва «Ќалъаи Чоре».
Инак, дар хамин деха Наврузро бо расму ойине чашн мегиранд, ки дар дигар дехот шояд намунаи он набошад. Хадафи мо аз ин маќола баёни Наврузи ин деха аст.
Мардуми ин деха ин чашни ниёгони худро бо номи «Наврузи Муллоабдуллои Вали» ид мекунанд. Ба ривояти эшон, Муллоабдуллои Вали яке аз наберахои Хоча Ахрори Вали буда, даромадани соли Навро, ки хамон Навруз аст, аз руйи таќвими худ муайян мекардааст. Ривоят аст, ки амири Бухоро барои даќиќан ворид шудани рузи ид хар сол ба назди эшон нафареро мефиристодааст. Боре чунин иттифоќ меафтад, ки расул ба Ревад мерасаду Муллоабдулло мегуянд: Ваќте шумо ба Бухоро баргаштаву мерасед, Навруз хам ворид мешавад. Тули рох аз Ревад то Бухоро шаш руз будааст. Расул рузи 12-уми март ба ин деха омада ва рузи 18-ум ба Бухоро пиёда мерасид.
Таваччух мекунед, чашнро рузи 18-уми март таъин намудааст, аммо ин амр бар мабнои «дуруѓи маслихатомез бех аз рости фитнаангез» сурат гирифта. Зеро домуллои мазкур наметавонист ба расул гуяд, ки хамин руз, ки 12-ум асту ту ба ин деха расиди, аллакай Навруз аст.
Холо чихати аслии фарќкунандаи Наврузи Ревад дар торихи баргузории он аст. Яъне ин деха садсолахост, ки (таќрибан 400 сол вобаста рузгори ин набераи Хоча Ахрор) рузи 11, 12 ё 13-уми мартро хамчун рузи воридшавии Навруз ид мекунанд. Ба аќидаи эшон ва бино ба таќвими Муллоабдуллои Вали, Навруз хечгох дар рузхои якшанбеву душанбе намеояд. Хамеша дар сешанбе, чоршанбе, панчшанбе... ворид мешавад.
Имсол низ, ба аќидаи эшон, Наврузи Ревад рузи 1-уми рабеъулохир, ки мутобиќ ба 13-уми март аст, ворид мешавад.
Шаби 11-уми март занону мардони ботачриба то соати 12 осмонро назора мекунанд. Аломати ворид шудани иду нав шудани сол он аст, ки осмон комилан ниливу рушан ва ситорахо чунон медурахшанд, ки гуйи ба замин наздик шудаанд. Ба аќидаи ин мардум, хеч гох дар Навруз хаво абриву борониву ѓуборолуд намешавад.
Инак, ваќте осмон софу чунон холро пайдо кард, пир соати 12-и шаб дар деха эълон мекунад: Навруз омад, сол нав шуд, муборак бошад!
Ќабл аз дамидани бомдод мардуми ин дех – хуроду бузург, - хама пойлуч аз дохили дарёи деха мегузаранд. Ин расми ќадимии эшон аст. Сипас, хама аз кудак то пири барчоймонда аввал ба об, ба ойина, ба сахифаи Ќуръон, ба корд ва хатман ба руйи нек (марде, ки дидораш мояи хушхоливу пешрафту барори кори дигарон мешавад) назар карда, он гох аз хафт чизи ширин мисли: ќанд, себ, сабзи, суманак ва ѓайра мечашанд, то сол барояшон хамеша ширину гуворо бошад.
Як руз ќабл аз Навруз бо пули умумии мардум гандуму нахуду боќилову гусфанд харида, гандумро ба хамаи гузархо барои шустану пок кардану куфтан медиханд. Гандум тавассути «Санги ѓармич» (дар дехаи Дарѓ «санги умочмол» мегуянд) куфтаву омода мешавад. Номи таоми умумии наврузии ин деха «ѓармич» ном дорад, ки аз хафт намуди хубубот, аз ќабили гандум, нахуд, наск, боќило бо гушти гусфанду дунбаи он омода мешавад.
«Ѓармич»-ро дар дегхои калони гузар, ки «деги дарвешон» ном дорад, дар Наврузгохи Ревад, ки манзараи зебое дораду «Боѓи Посара» номида мешавад, мепазанд. Мардуми деха вобаста ба синну соли худ руйи курпаву гилемхои овардаашон менишинанд. Пири махосинсафеде тиловати Ќуръон мекунад, сипас огарди аввалро дар замини мераванду маросими «Чуфтбарорун»-ро ифтитох мебахшанд. Сипас, таќсими хуроки «ѓармич» оѓоз мешавад. Чун дигар дехот инчо низ тамоми кудакон бо дулчаву косахо омада ба хар хона хурок мебаранд.
Мардхо ба сурудхониву бозихои наврузи оѓоз мекунанд: кураш (кушти – гуштин), чилакбози, сангчабози (духтархо), бучулбози, хурусчанг, бандкаши, зарбазани ва ѓайра аз бозихои наврузии ин деха аст.
Аз таронахои наврузие, ки дар ин деха ичро мешавад, яке матни зер аст:
Бойчечаки лойќанди,
Ту аз шахри Самарќанди.
Шохаки дарвоза ѓур-ѓур мекунад,
Бибичон косачаро пур мекунад.
Аз ин Лангар ба он Лангар,
Али домоди пайѓамбар.
Ба пайѓамбар салом гуйем,
Авал номи Худо гуйем...
Кудакон ба идгардак шуруъ мекунанд. Онхо дар китфхошон «Ойинахалта» доранд, ки аз раѓза духта шудааст...

Без заголовка

КИССАИ ГУЛХОИ ХАНДОН ВА ОКИБАТИ КОРИ ВАЗИРОН

КИССАИ ГУЛХОИ ХАНДОН ВА ОКИБАТИ КОРИ ВАЗИРОН

Буд, набуд, дар як маконе, дар як замоне шохе буд. Ун шох, бо адлу дод хукм меронд. Кораш ба равнак. буд. Аз ин боис лабонаш хама руз мамлун ханда, намедонист, ки гам чисту андух кадом аст. Дар хама холат табассум мекард. Хамин шукуфтаруие, ки дар шох буд, вазиронашро мегирёнд. Хар гох гирди лабони шох гулхои хандонро медиданд, сад бор мемурданд унхо. Дигар тобу токаташон намонд. Ба кавле корд аз устухонхо гузашта буд. Батамом кимоб шуданд ун ду тан аз гулхои хандони гирди
лабони шох. Шох бехабар, як шаб ун ду вазир бо хазор нолаву ох, дар гушаи узлат нишастанд ва то дергох майна об карданд аз он боис, ки чи сон, бо кадом шева ун гулхои хандонро аз гирди лабони шох бидузданд. «Ох" кош, ба чои ун гулхо, ки чихати ранчу азоби мо гашта, дар кунчи лабони шох хори гам бируяд ва шох ун хорхоро бо ашки талхи чашмонаш об бидихал!» -- орзу карданд унхо. Окибат вазири дасти рост баъди мукорабаи тулонй сар аз гиребони тафаккур бароварда ба вазири дасти чап нигохи тахдоре кард. Чашмонаш шарорарез буданд. Вазири дасти чап аз чояш каме ковок шуда лаб ба сухан кушод:
Хазратам, аз афташ сари калобаро ёфтанд?
- Бале, ёфтам!
- Хуш, хуш! - пешру хам шуд вазири дасти чап.
- Мо бояд писари шохро аз бай н бардорем! - бо тантана эълон кард вазири дасти рост.
- Ун вакт шох хун мегиряд.
Ха, хун мегиряд шох ва он гох гулхон хандони гирди лабонаш махв мешаванд
... гулх,ои хандони гирди лабони шох махв мешаванд!, такрор кард вазири дасти чап, бо тантана. Писари шох,ро хамон шаб куштанд.
Чуноне ки ун ду вазир чашмдор буданд, ин тур нашуд. Шох нагирйист, мотам нагирифг. у ба марги фарзандаш, зеро хамон соат аз зани дигари шох, писаре ба дунё омад.
Боз хам шох табассум мекард, механдид. Гулхон хандони гирди лабони шох дар умки лилхон ун ду тан сиёхй тавлид мекарданд. Вазирон месухтанд дар худ ... Вазири дасти рост ва вазири дасти чап боз дар хил вате нишастанд. Боз маслихату машварат карданд. Мавзуи сухбаташон ин дафьа хам шох буду гулхон хандони гирди лабони у.
- Тир ба нишон нарасид, - бо андух ба гап огоз кард вазири дасти рост. - Эдун чи тадбире бояд андешид?
- Ман, - гуфт вазири дасти чап, - бар онам, ки ин бор зани дусгдоштаи шохро бояд кушт. Хеч мумкин нест, ки ба марги занаш шох нагиряд!
- Рост мегуй, хамин тавр мекунем, - розй шуд вазири даст и рост. За ни дустдоштаи шохро хамон шаб аз байн бардоштанд. Чуноне ки ун ду вазир чашмдор буданд, он тур нашуд. Шох нагирйист, Ба марги зани дустдоштааш мотам нагирифт у. Зеро занхои дигар дошт шох. Боз хам шох табассум мекард, механдид. Гулхои хандони гирди лабони шох дар умки дилхои он ду тан сиёхй тавлид мекарданд. Вазирон месухтанд дар худ ...
Билохир ба хамин карор омаданд, ки аз дустони наздиктарини шох якеро бикушанд. Хамин тавр хам карданд. Яке аз дустони наздиктарини шохро куштанд. Шох хабари марги дусгашро шунида ин дафъа тахаммул карда натавонист. Ин бор ихтиёр аз даст дод. Нола огоз карду хун гирифт.Вазирон диданд, ки шох, дарун-дарун месузад, банд-банди дилаш об мешавад, кухи гам миёнашро тазйик медихад. Хамчунин диданд, ки гулхои хандони гирди лабони шох бахамешагй уро тарк мекунанд. Аз ин руйдод вазиран шод шуданд. Вале нишоти унхо дер давом накард, зеро шох аз дасисах,ошон хабар ёфта сазояшонро дод ...

МЕХИ ТИЛЛОИ

МЕХИ ТИЛЛОИ

Ду дуст буданд: яке узбак, дигаре точик. Рузе фориг аз кор ду дусти некхол пахлу зада дар лаби чу, канори кокуву хулбу дари бахс кушоданд, ки: Кй бой?»
Узбах гуфт:
-Манбой!
Точик гуфт:
-Ман бой!
Узбак мушт ба боми си на куфт:
-Сад гусфанд дорам. Ман бой!
Точик бог-бог шукуфт:
- Сад мехи типпой дорам. Ман бой!
Хар ду нахуст гом бардоштанд чониби манзили узбак. Точик дид, ки дар вокеъ бародари узбакаш сад гусфанд доштааст. Пасон омаданд ба хавлии точик.
Узбак гуфт:
-Канй, бародари чун, ун сад мехи тиллоият?
Точик сад дарахти зардолуро нишон дода гуфт:
- Ана, сад мехи тиллой!

ПАЛАНГ БА БЕША БАРМЕГАРДАД

ПАЛАНГ БА БЕША БАРМЕГАРДАД

- Салмон, ба ёдат хаст, хануз кабл аз чанг хар се ахди бародарй доштем, ки хар чо бошем, бо хам бошем. Акнун ...
-Охирман ...
- Чй ту? Мефахмам туро. Ту гуфтанй, ки мани маслук ба кй даркор. Вале фаромуш макун, ки худ сихат монданат як давлатест. Биту, ки дигарон аз ману ту чи камй доштанд, ки "он ба сало мат набурданд?! Магар унхо зиндагй кардан намехостанд? Не, мехостанду лек ботлоки чанг эшонро ба ко маш фуру бурд. Шукр, ки мо амон мондем. Пас чй чои тафаккур? Биравем ба хона, ки моро интизоранд.
- Дуруст мегуй, аммо ман чй гуна равам, ки сахт маъю- бам?! Чанг кори маро кардааст, "ура.
- Эх, Салмон, Салмон! Ту бехуда гам мехурй. Ин корат хуб нест. Туро чашм ба роханд.
-Кй?
-Шарифа.
- Шарифа, Шарифа гуфта алоби диламро тоза макун.
Мон 6ечора чуфти муносибашро ёбад. Ману у тугрй намоем.
Мани кунда ба вай дарди сар шуданй нестам. Бе ин хам хуб азоби бемардиро кашид!
- Ин тур магу, дустам. Вай аз он духтароне нест, ки чун хавои бахор хар лахза тагйир ёфта истад. Охир ман вайро медонам. Солеха аст вай. Дар хотир дорй, дар як мактубаш чи навишта буд? Навишта буд, ки: «Салмончон, умеди дилу мадоричону равшании чашму боиси сари баланди ман туй. Як ормон дорам: туро зинца бинам. Ха, факат зинда биёй шуд. Дигар ба маи хеч чиз лозим нест!»
- Хамин тавр навишта бу д, вале мани аз ду пой махрумщу- даро надидани у бехтар. Мефахмй?'
***
... - Хайр, ту чй, Умед?
- Ман ... ман дигар ёди зодгох намекунам. Занам баромада шавхар кардааст.
-Кй гуфт?
- Як рафикам хамин тавр навишта буд. у хеч гох дуруг намегуяд.
- Пас кучо рафтанй ту?
- Дар хамин шах,1? мемонам ...
- Не, бародарон, ман меравам ба Точикистонам. Садхо чашмон маро интизорй мекашанд. Ман ба мардуми дар акибгох азияткашидаам аз анчоми ин чанги нахс иттилоъ додаву мужда аз пирузй ва голибиятамон мебарам. Паланг ба даштхо ру оварда бошад хам, имруз ба беша бармегардад. Лекин як чизро фаромуш накунед, ки бо нарафтани шумо назди азизонатон барои унхо чанги дигаре огоз мешавад! Ха, унхоро дар фирокатон насузонед! Хоху нохох дар хаёт будани шуморо мефахманд' Ун вакт гарон меафтад ба харду тараф! .. Хайр, ман рафтам!

-Хайр!
-Хайр! ..

***

... - Умеди маро надидй?
- Дидам. У сихат аст.
- Барои чй бо ту наомад?
_ Касе навиштааст, ки занат шавхар кард.
- Вай хонасухта кй будаст?
- Номашро нагуфт.
- Умед бовар кардаст?



- Ха, Нихол.
- Дар вакташ хам бедил буд ба ман. Акнун шу мекунам, ки сухта-сухта мурад ...
- Ин кори ту, лекин хуб нашуд ...
***
... - Баробар чавоб доданд мегуй, Канй вай? Агар сихат бошад, ба мучиби чй наомад?

- Салмонат ба офият аст. То ба ин '{о омадани ман хамрох будем.
- Баъд чй шуд ба вай, ки танхо омадй? Магар ходисае ба у рух дода? Росташро гуй!
- Не, Шарифа. Ба у хеч чиз нашудааст, факат ...
- Чй факат?
- Факат ду пояш ...
- Фахмидам, баъд чй?
- Аз хамин боис дар хичолат аст. Мегуяд, ки мани маслук, мани кунда ба Шарифа сарборй нашавам ...

- А?! Бепо шудам гуфта аз ман ру гардонд? Кучо шуд мухаббати вай? «Туро дуст медорам», гуфтанхош хама дуруг будаанд, жож буданд. Шумо мардхо ...
- Не, не, Шарифа, ин тавр хукм накун. Вай туро аз чонаш хам зиёдтар дуст медорад. Бовар кун!
- Хуш, Човид, гуш кун. Вай, ки наомад, ман меравам. Нишониашро ба ман навишта дех.
- Ба ростй меравй?
- Чаро наравам? У дар ун чо мухточи касе бошаду ман дар ин чо бахузур гардам. Гапам якта, ако!
- Хуб, агар ман туро барам - чй?
- Ох кошкй! Исто, ки вайро меёбем?
- Албатта, меёбем, хохарчон' ..

МАРО АЗ ХЕШТАН ЧУЕД, МАРДУМ!

МАРО АЗ ХЕШТАН ЧУЕД, МАРДУМ!
(Ба хотири амакам Холов М ухиддии, яке аз 20 миллиёи мардони
гаюру шариф, ки чун пайкон аз камони чанг ба хок рафтаанд )
- Амакчон, мегуянд, ки ту ба синни мубораки 80 расидай. Оё ин дуруст аст?
- Ох" агар маро намекуштанд. Маро куштанд. Вале ман танхо набудам. Мо бисёр будем: 20 миллиён! .. Ту хам медонйки ун чанг чанги ману ту набуд, балки чанги ду ниру: хаёт ва мамот буд. Замин ба харос афтода чун дилаки гунчишк огашта дар хуни инсон метапид. Кувваи ахриманй дар су рати Гитлер ва аскаронаш тантана дошт, бонг аз пирузй мезад, вале мо ... дар аввалхо саргум будем. Сони садои Модархудои Замину Осмон, ки гурриши раъдро дошт, моро ба по хезонд. Чанги каттола кардему эшонро ба мурдоби худкомиашон фуру нишондем. Мурда-мурла куштем, то бадиро сар ояд... Мурдем мо, то дигарон зинда монанд ... Хар бахорон бо дилбарони худ ба сайри лола бароед. Чун лолахои дилхунро бубинед, аз мо ёд кунед ...
- Рост мегуй, амакчон! Он лолахо косахои хуни шумоянд, ки руида аз хок, кисса мекунанд бо забони безабонихо аз он рузхои сиёх,.. .
- Ман хам ту барин чавон будам. Духтареро дуст медоштам бо номи Б ... хайр, ном ин чо ахамият надорад. Миодгохи мо лаби дарё буд. Чи орзухое надоштем ... Дар Беди Гав дарав мекардам.
Чегзаданд,омадам,Гуфтанд:
- Ба чанг меравй!
Падарам илтичо доштанд:
- Либос иваз кунад ...
Намонданд. Аз нуги камчини раис хун мечакид ... Бо ягон кас... хатто бо дилдодаам, натавонистам хушбошй бикунам. Чахор сол размидам. Барои он, ки маро накушанд, куштам, бисёр куштам ... Сони ...
- То хоп як лаб нони нимгазат дар шифти хона и бобой овезон аст. Биёву насибаатро хур, Махбубаат як умр бо ёди ту зист, наомадй, у, хам ...
- Чи сон равам ба Захматободам, ки ...
- То лахзахои вопасини умр бобочонам рохи туро мепоиданд. Хама руз сари санги 'чода имруз хам ревадихо ин сангро санги Муллохол мегуянд/ нишаста, аз кири Беди Гав чашм намеканданд. Дилашон ба ёди ту гум мезад.
- Умедатонро канед, ота, - мегуфт падарам, ки у аз чанг захмй шуда омада буд, - Мухиддин зинда мешуд, кайхо меомад.
- Ту чиро медонй? Мухиддин дар хаёт аст. Як руз не, як руз меояд, - мегуфтанд боисрор бобоям.
Бобоям мурданд, падарам хам, Баъди чандин сол каси номаълум сурататро ба мо фиристод. Дар либоси аскарй лабханд зада меистодй. Гуё ба риши дунё механдидй ки ин кадар дун аст ... Ха, боре аз худ иттилоъ надодй - дия. Хатти сиёхат низ наомада буд ... Ин кадар вакт ту дар кучой, амакчон?' ..
- Ман дар дунёи ёдхо! Агар маро мечуй, дар кабристонхои бародарй бичу' Маро дар оташи човид дарёб! Ба мардум гуй:
Марову хамярокхоямро, ки 20 миллиёнем, аз лолахои руи ошикон, аз хештан чуянд ... Мо намурдаем, мо зиндаем дар бекаронахо!'!

БЕКИ ФАЛFАР БА ЗАНИ У РАШКИКАМАР

БЕКИ ФАЛFАР БА ЗАНИ У РАШКИКАМАР
Нокилони ахбор ва ровиёни асрори кухан овардаанд, ки замоне кулолон дар дашти Беди Урметан зиндагй доштанд. Эшон аз гил хар гуна ва ба хар шева маснуот сохтаву ба фуруш мебароварданд ва мояи ишраташон хамин дастмуздашон буд. Вале хикояти мо на дар ин хусус ает ... Миёни кулолон марде буд, ки Эшонхоча мегуфтандаш. У
духтаре дошт Рашкикамар ном - мурчамиён, садафдандон, абрукамон, ороми чон, гулпарй, райхонпарй, дар хиром кабки дарй. Рухош себи хубонй, лабхош дар холати нимвой моно ба качнули гадо. Обшори мухош шорида аз пушт то пошнаи пош ... Хомидбек ба як дидан ошик шуд ба Рашкикамар ва уро ба зинй хоет аз падарш Эшонхоча. кй хад дошт ун вакт, ки миёни гапи Хомид-ин беки Фалгарзаминро бишканад?! Хама дар пеши у чун му дар оташ печутоб мехурданд. Чун Хомидбек дар
хар кучо пайдо мешуд, ларза ба та ни мардум меафтод. Агар мехост то эзорпочаи занхошонро оварда медоданд ба у ... Тир ба Хомидбек кора намекард. Хар гох аз корзорхо бармегашт, бари чомаашро меафшонд, тирхо ба замин мерехтанд. Аммо хикояти мо дар ин бора набуда ...
Эшонхоча туи хабарй карда духтарашро ба Хомидбек дод. Рузе фар о расид, ки Рашкик.амараш ба у гулписаре хадя кард. Хомидбек тифлакро ба хотири чияни чавонмаргаш Хайдар ном гузошт. Чиянаш Хайдари заркокулро дар яке аз набардхо дар дашти Вота аду кушта буд. Хамон рузи ин фочиа Хомидбек печида дар тури аламу кахр сафи душманро шикает ва думболи гурезагон асп тозонда ашкрезон навха дошт, зорй дошт, ки: «Хайдари кокулдорам %алам! Ба чои ту маро мекуштанд бехтар набуд?! ох чияни гагош! Кахрамони тагош! ..»
У, Хомидбек эдун хотири чияни чавонмаргашро зинда гардонид. Ха, чи хуб кард, ки номи уро ба фарзандаш дод ... хар бор тифлакашро ба огуш кашад, чиянашро дидагй хисоб мешавад. Лекин ин хикояти мо на дар ин бобат аст ... Хомидбек рузе худро болои тавсани чиранаш гирифта аз рули Зарафшон убур кард ва ба Ёвон омад, ба назди хеш они занаш. Азизхоча пеши мехмони азизаш гусфанд кушт. Чун табаки
кабобро оварда руи дастархон монданд, Хомидбек даст дароз карда порае гушт гирифта хурд ва алъон гуфт:
- Азизхоча, ба гуштбирёнат магар захр андохтай, ки талх аст?
- Унту нагуед, бекам, - бо тавозуъ сар хам кард Азизхоча ва рафту дар табаки дигар боз кабоб овард.
Хомидбек хурду боз гуфт:
- Гушт дар дах.онам талх аст. Аз афташ, мемирам ... Ин замон марде омад ва хабар дод, ки Асрор дар дашти
Бед уро интизор аст. Хомидбек гуфт:
- Тагоям ба табрики Хайдари ман омадааст. Зуд биравам.
Ба асп савор шуду рафт ...
Хамон руз, баъди пешин Асрор уро парронд дар лагчи
Урметан ...
Хеле пас Асрорро ба чурми Хомидро парронданаш дастгир карда ба Самарканд бурданд ва ба катл расонданд ... Баъдтар Рашкикамарро ёвоние ба занй гирифт ...
Хайдар то солхои наздик зинда буд. Уро дар ун тарафи агба дидаанд, ба кавле дар Зомин ...

АНОРИ АФШУРДА

АНОРИ АФШУРДА

- Гур хамин нодорй шавад!
- Магар инсон факат барои азоб кашидан ба дунё меояд?
- Дари хушихои руэгорро ба руи у кй баста?
- Аз чунин ранг зиндагй кардан оё мурдан авлотар нест?
Духтарак дар хавои гарм аз «хунукй» меларзид. Ботинаш исён дошт. Дилаш камчин мезад, вале .... вале тани бемадорашро хеч наметавонист ба гушае бикашад. Нируи инсониашро гум кардаву шабех ба хусае буд ин лахзахо. Хаёле хис кард, ки ташна аст, бисёр ташна аст. Забонашро бароварда лабхои хушкашро лесид. Наме нест. Халкаш ба комаш часпида. Мехост тамоми дарду аламашро чун туф ба замин аф канад ва бо тамоми овоз фарёд занад, ки ин гуна зиндагии берангу бемазмун ба кй даркор аст ... Ба атроф нигарист. Мардум аз паи рузгори худ мурчасон дар равуоянд. «Ин зохири шумо чи назарфиребона аст, - андешид духтарак. - Чи бешарафед, инсонхо . Кайхо матои одамигариро ба калобаи шахвату шухрат иваз кардаед. Ха, як ба ман нигаред,эй махлуК,они соддамугамбир. Мо инсон мегуеду суи пигтрон лагад мепартоед. Бигуед, ки чаро аз хастии ман чашм мепушед?
Барои чи аз пахлуям мегузареду маро намебинед? Ку, чашми биниятон? Ман хам чун шумо магар инсон нестам? Оё вазъи бади ман шуморо ба ташвиш намеорад? Намепурсед, ки ба чи вачх ман ба ин руз гирифтор шудаам. Ё тавба, ин кадар ба шикам мехр мондаед. Як дунё хурданиву ошомиданиро фуру мебареду боз конеъ нестед. Охир боре дасти иноят ба суи ману манбаринхо дароз кунед намешавад?' ... Дар асл шум о морс ба ин рузхои сиёх гирифтор кардед Хатто хайвонхо ба якдигар мурувват мекунанд, вале шумо. Ох, чй тур бо худу «худохстон» дунёро танг гирифтаед! Бо чаш ми сузан ба олам нанигаред ... Ман аз шумо кам набудам. Манзил доштам, бо дугонахо рузхои милодам махфилхо эчод мекардем. Мегуфтем, механдидем. Олам бароям чи зебо метофт. Волидайнам соябони болои сарам буданд. Хар чй мехостам, хамон мешуд. Ун вактхо зиндагй дусгдоштанй буд. Вале баъдтар чун падар аз «марги сафед» фавтиду модар аз бегизой бо хаёт бидруд гуфт, дар хами кучаи бунбасте мондам бо хазорон печидагихои нодориву гурбат. Бародарам сохиби мерос шуд ... Чавонеро дуст медоштам, духтари хамсоя варо аз ман рабуд. Пасон афтодам ба доми зане. Дар аввалхо нисбати ман мехрубон буд. Гуфтамаш: «Ту ба чои модарам». Чанд гох, дар ошхонааш хидмат кардам. Баъдтар маро мачбур кард, ки шабхо бо мардхо хамхоба бошам. Аз хисоби ману дигар танфурушон тавонгар мешуд. Чун аз касрати «ишрат» - и бисёру бардавом хусну тароватам коста гардид, маро монанди хасруба аз дараш беру н афканд. Меваи аноре, ки обашро афшонда гирифтаанд, ба кй даркор аст?! Ман моно ба хамон анори афшурда будам ... Хеле пас, баъди оворагардихои зиёд бозичаи дасти «Укоб» шудам. Мачбурам кард, ки боре як микдор маводи мухаддирро дар чои ногуфтаниам пинхон карда аз чанд посгох бигузаронам. Дафъаи дигар розй нашудам. Пату куб карда ба ин шахр оварда партофт ... Холиё дар "ода истодаам. Мардум мегузаранд аз наз= ди ману намебинанд маро. Ё мебинанду нодида мегиранд? Ва ё ор мекунанд аз чунин хамчинс доштанхо?.. Каблан ба чандин идорахо сар халондам. Касе чои кор надод. Бахонаашон ин буд: ё маълумот надорй ва ё алхол чои банд. Чй илоч! Дар мухочиратимехнатй низ будам. Хама чизамро берун аз марз, дар ун чо гур карда омадам. Донистам, ки зан хеч чи одам набудааст. Кадри саг аз зан боло будааст. Барои саг чои хоби алохида, Хар руз се
вакт хуроки сергизо медиханд. Ба сайр мебароранд сагро. Дар гарданаш занчираи тилло. Хатто гурба эътибор дорад пеши иддаеву вале ман барин занхо бошанд патаки по. Mexoхад мепушанд, мехоханд медарранд, мехоханд мехурад ... Факат як шабе! ..
Духтарак дастхояшро суи рахгузарон дароз мекунад.
- Дираме садака кунед, барои худо, ки аз гушнагй меми- рам, мегуяд.
- Дафъ шав аз назарам, - нидо мекунад яке.
- Ин кадар шилкинй чун магас, - фарёд дорад дигаре. Мошинхои гуногунтамгаи хоричй ва ватанй мегузаранд аз пешаш. Мегузаранд занхои танноз бо ишваву ноз, ки серанду буи гушнагй ба димогашон нарасидааст, хамчунин аз пахлуяш. Касе ба чонибаш туф мекунад бо нафрат. У низ бо карохат туф мекунад ба чунин зиндагй, ба чунин мухит, ки уро ба ин холат афканд ...
Духтарак бефарк, менигарад ба атроф. Сардие тани уро фаро гирифтааст. Аз тангии дипаш дарёи хун мегузарад. Рухаш бехолона фарёд дорад ва у канда-канда ин вожахоро ба забон меорад: «Наход инсон ба хотири хор шудан ба дунё меояд?»
Ин вакт барксон фикри худкушй ба сараш омад. Вале бо кадом шева? Дар миёни ин мардум, ки шахрро пур кардаанду кори дилхохашонро мекунанду чизи дилхохашонро мехуранд, зиндагй кардан осон набудааст. Зиндагй кардан, ки натавонй, бояд бимирй. Ана, бо чи хулоса мешудааст ин дунё ... Хайр - чй, мурдан бошад мурдан - дия! ..
Чанд кадам ба пеш монд духтарак, ба зону нишаст ва ... ва пушт ба девори кахвахона ниход. Байни уву кахвахона факат як девор. Андаруни он шиштаанду фарогате доранд турухе. Мехураидмеошоманд, сархуш аз буданашон. Боре у мехост ба ин даргох ворид шавад, то лукмае ба даст орад. Сагворй аз ун чо рондандаш
У холиё берун аз девор зору низор, танаш куфтаву калбаш афгор, домани чонаш месузад чун пилтаи шамъ, якин ноаён об мешавад ... Ин дам дид, ки кулаке чашму абрусиёх аз домани марде дошта мегуяд: «Хайр кунед, амакчон!» Мардак дасти кудакро аз дома наш чудо карда, дуртар рафт ва бо чи хаёле бозпас омада як 50 дирамй ба бача дод. Аз ин харакати мард дар гушаи калби хазини духтарак, ки худро ба фаромушй дода буд, чуге бархост. Як лахза, факат як лахза гармие ба тамоми аъсобаш давид. Акнун пузханд мезад духтар. Лабонаш мечунбиданд: «Чи мачбур карда, ки ин бача хамчун у ба куи гадой афтода? Бепадарй?.. Танхой?.. Нодорй?.. «Банй одам аъзои якдигаранд», - шунид аз фитае. Алъон хотифе овоз баланд кард дар бехи гушаш, ки:» Банй одам аъзои якдигаранд. Агар не, пас кушторхо барои чй?» Аз ин садои гайб ба лар за омад танаш. Рухаш боз нола огоз кард ... Духтар бо азоб аз чояш хеста чониби сохил чанд кадам гузошт. Ба ангора рафт, ки: «Бехтараш худро ба об меандозад. Ин сабуктарин рохи худкушист».
Ба кучаи хил вате расида дид, ки ду гунчишкак пархоро фаххак карда бозй доранд. Аз афтударафти гунчишкакон хушаш омад, ки гом нигох дошт ва мутаваччех ба гирудори чонваракон шуд муддате. Чун фарри карда яке ба хаво париду дигаре чанд дона хасро дар нул гирифта ба шохе нишаст, духтарак худ ба худ гуфт: «Чй саодате насибашон гаш та ин гунчишкаконро. Кош, у низ чун онхо гунчишкак мебуд, ки азоб намекашид. Рузгори обод медошт. Аз шох ба шох мепарид, чирик-чирик мекард аз хуш- холй. Таоми замин мулки у мебуд, ба кучо мехост мерафт, дар кучо мехост зиндагй мекард, чуфти худро меёфт. Барои у марзбандихову чахонтаксимкунихо бегона мебуд. Хеч кас ба номуси у намерасид, бадном намешуд, гадой намекард. Вале чи кор кунад, ки аъмоли инсонхо дигар аст ... Хайр, аз умри вай кам мондааст. у меравад аз дунё, бо хасрат меравад ...
Духтарак тани гарону сангинашро базур кашола карда то сохил омад. Дарё талотум дошт. Сохипро газидаву газида кафк- кунон равон буд. Духтарак ба шаш су нигарист
Офтоб майли гуруб дошт. Охирин нурхои зардашро аз ои. наи обу шерозаи сохил бармечид. Духтарак ба дард гуфт зери лаб: «Имруз хам гузашт. 21 бахор зиндагй кардам. Хануз дар хукми гул будам, ки хеч чиэ надида хазон гаштам. Надонистам, ки чи сон ин кадар зуд умрам. ро сар омад. Хаётам орй аз шаффофият сипарй шуд. Факат ме- гуянд, ки як фохишае буд ... » Духтарак бо як таш нагие ба худ нигарист ва бо харос тафаккур кард:
«Баъди чанде ба ин пайкари кашангу зебо ва синахои бардамида чи мегузарад. Хайфи ин кадду боло!» Духтарак пироханашро кашид, чониби дарё гом партофт.
Як, ду, се ...
Лабонаш меларзиданд:
- Хай, дунёи букаламун! Аз ту колои хубе ба ман дастрас нашуд. Ба чуз охи надомату дуди хасрат дигар чизе надидам, ки надидам. Гандагиат аз сарат монад! Бидруд он хама будаву набуда, омадаву наомада! Ба чое нарасидам, ки нарасидам, афсус, афсус ...
Худро ба об партофт ... Дигар надонист, ки дар у чй мегузарад ...
Чашм кушод, ки нимурён руи реги сохил ёзидаасту марде
дар болои сараш. Хоет бипурсад, ки: «Магар у гарк нашуда буд?
Мард кист? Чаро ва кай дар ин чо пайдо шуда у?» Натавониет ...
Духтарак хаёле эхсос кард, ки мард аз у чашм намеканад. у низ ба мард табассуми малех хадя кард. Хамзамон бо садои паст гуфт: - Ман ... ман бадномшуда хастам. Бехуда ба ин зани фосик умед мабанд. Мон буд, ки бимирам.
- Ту аз они манй. Ман ба ту хушбахтй ато мекунам, - посух додмард.
... Дар ин шомгох ахиран мардро шинохт духтарак. Вайро пеш аз ними руз дар чодаи назди бозор хангоми ба бачаи чашму абрусиёх 50 дирам салака доданаш дида буд ...
Лахзае нигоххо ба хам бархурдаву лабхо ба хам часпиданд ...
Духта рак охи сабук кашид
Хар ду аз сохил дур шуда ба хиёбони сердолу дарахти чарогон ворид гаштанд.
Духтарак сар ба китфи мард гузошта ба начво гуфт:
- Зиндагй чй дустдошганист. Хамту - не?
- Хамту, азизакам! - аз рухи зан буса гирифт мард.

Хикояхо КУТАНИ СИЁХ

Хикояхо
КУТАНИ СИЁХ

Гуяидагони ахбори хазин ва нокилони хикоёти ширн овардаанд, ки дар дехаи Ревад замоне марде зиндагй мекар, ки Нураш мехонданд. У хурдчусса буд, лек чолок ба хадде, ки назир надошт: сайдро аз хаво мезад. Аз гурс - гурси похояш талхаи замин мекафид. Ба осмон чун теги нигох мепартофт, муи тавсани зарринёли хуршед сих мешуд. Манзилаш лонаи укобон буд. Дар камархо буду бош мекард. Дар даррондан гург пеши у хакки шогирдй дошт. Дар шикастану афтондани дарахтони азим назди
вай хирс шарманда буд ... Нур аз Ревад то Бухоро рафта меомад. Дар артиши Амир Олимхон ба хизмат даромада дар як разм яке аз порсиёнро зада думбаашро овезон мекунад ...
Дар Вору номзад дошт. Чун ба Вору назди маъшукааш зуд-зуд мерафт, ба ворутихо намефорид. Байни уву хафтод воругй харб мешавад, хамаашонро маглуб карда, аз думи асп часпида, русторо тарк мекунад ...
Нур ба шаххои баланди чукка мебаромад, аз рафи Уреб осон мегузашт. На аз хирс таре дошту на аз паланг. Мехост, сояи офтобро аз шонаи куххо метарошид. Мехост, аз пои охувон дошта гушташонро ба руи лахча мекашид. Мехост, аз танури само ситора меканд ... Бубинед, ки хамин гурди далер, дарег, ки осон ...
Рузхои охир Нур бо Узбакбой чупонй мекард. Дар багали куххову гулуи обшорон, дар кафи адирхову канори арчазорон будан, аз паи рама шабу руз дар маргзорон асо задан, аз оби сарду ширин и чашмахо нуши чон кардан, бар и мохчехрахоиохул ёзидан, лаф - лаф руи дегй хурдану шикори мурги хилолу кабкхоро хуш дошт у. Хамон руз Нуру Узбакбой молро гирди кутали Сиёх мегардонданд. Гашти пешин буд. Нур дид, ки ду тан тарафи кутан меоянд. Ба истикболашон рафт ва алъон аз вачохаташон дарёфт, ки дузданд. хеч. нагуфт ва бо ишора эшонро ба кушхона таклиф кард. Хеле шиштанд. Нур гуфт:
- Ин моли чакана. Агар розй бошетон, ба Суруни Об бира- вем ва моли Зобитбойро дуним бизанем ва ин ч.о биёрем.
- Аброр розй шуд, ки бо Нур ба Суруни Об биравад. Мухриддин бошад, бо Узбакбой дар кутан монд. Нуру Аброр рафтанд ба Суруни Об. Чупону сагхои мол гирди кутан чарх задан доштанд. Руз шуд, Нуру Аброр бо дасти холй баргаштанд ба Лайлокча. Рун як шахи баланди тахту хамвор ба дил ёзида ба хар су чашм давонданд. Пайти мувофик ёфта Нур аз ду пои Аброр гирифт ва чуссаи уро аз шах таг партофт. Худ гуйё хеч вокиае рух надода бошад, часпида-часпида аз танаи шах поин фуромад то он чое, ки часади Аброр пахну парешон огаштаи хун мехобид. Нур чоркои мактулро аз пояш канда пушиц ва омад ба кутани Сиёх.
Мухриддин пурсид:
- Аброр канй?
- Як булак молро ронда меояд, - гуфт Нур бо як бепарвоие. Баъдтар Мухриддин чун дид, ки чоркои Аброр дар пои Нур аст, дилаш раг зад ва аз кадом як пайомаде нохуш танашро ларза фаро гирифт, нафасгириаш вазнин шуд. Нур бошад, дар даст асои шацшарнуг гирди мол мегардид ва дар сар тадбири чи тур куштани Мухриддинро мечуст ... Мухриддин барои эхтиёт таппончаашро аз гилоф бароварда байни кафхояш бозй медошт ... Барои хар ду хам лахзаи дар сари му бозй кардан фаро ра- сида буд. Холаташон ба масал киссаи мушу гурбаро мемонд ин лахзахо. Нур ноаён якта - якта кадам монда худро ба Узбакбой расонд ва бехи гушй кард:
- Ман Аброрро куштам. Мухриддинро низ аз байн мебардорам.
Узбакбой ба дард лаб газид... Нур аз у дур шуда гирди мол як рах гашт ва ба чои нишасти Мухриддин наздик омад ва тунд чахиду бо асои шашпарнугаш ба сари Мухриддин зар ба зад паи хам. Мухриддин бо осемасарй тир парронд, хато рафт ...
Нур баъди он, ки кори Мухриддинро тамом кард, ба Узбакбой гуфт:
- Кумак кун, мактулро ба танаи бурс баста алоб сар дихем.
Узбакбой саркашй кардан хост, Нур гуфт:
- Тура низ саг барин хохам кушт.
Узбакбой ларзон-ларзон рафта расани пашмй овард. Нур тани бечони Мухриддинро ба дарахт баста ба коми оташ дод ...
Баъдтар гузари Зобитбой ба ин тараф уфтод, хаворо буй кашида гуфт:
- Ачабо?' Буи гушти сухтаи одамй меояд ...
***
Чуноне ки нокилони хикоёти ширин ва ровиёни ахбори хазин мегуянд, чанд сол аз ин вокиа гузашту як рузи зимистон Нуру Абдулло ба дехаи Артуч паи коре рафтанд. Дар сафар Мирзовалию Зокири Ой низ ба унхо харох шуданд. Чун ба Артуч расиданд, унхоро дар як хона чой карданд. Хамун шаб хар чахор дар хамун маъво монданд. Мирзовалию Зокири Ой, ки аз Нуру Абдулло аламхо доштанд, сари казияи куштори эшон дар хил ват маслихат карданд. Мирзовалй гуфт:
- Чун хар ду ба хоб рафтанд, ту болои бом мебарой. Маи ба Нуру Абдулло дармеафтам. Агар аз мурй баромаданй шаванд. пеши рохашонро мегирй.
- Майлаш, - розй шуд Зокири Ой.
Як пос аз шаб гузашта буд, ки Нуру Абдулло ба хурросзанй даромаданд. Зокири Ой худро ба болои бом гирифт. Мирзовалй бошад, табар дар даст зери лаб гуфт:
- Ба дом афтодед? Холо ба чашми хар дуят чи хел тарафи занхои дигарон нигох карданро нишон медихам! Ха, чандин сол боз ин соатро интизор будам. Фурсат омад. у чанд зарба ба сару тани Нуру Абдулло зад. Нур ваххосзанон худро ба мурй гирифт, ки Зокири Ой аз боло ба сари у тег зад. Мирзовалй Абдуллоро кушт. Хар ду хамон шаб часади Нуру Абдуллоро ба чувлохо андохта ба камишзори сохили дарё бурда партофтанд ва чашми руз накафида аз деха фирор карданд. Хамон субх барф бориду пайхо гум шуд ... Бахор омаду барф хест ва буи ганда дехаро фаро гирифт. Мардум мурдахоро ёфта таги хок карданд .... Хабар ба Ревад расид, хешу табори фавтидагон чанд руз азо гирифтанд ...
Мирзовалй дар даст асо хай мегирист, мегиристу: «Во алам!» - мегуфт ба марги Нуру Абдулло, ки худ яке аз котилон буд ...

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ БИСТУМ

БОБИ БИСТУМ
Акнун бармегардем боз ба Реватк. Канй, бубинем дар ун чочи ходисахо рух дода. Мухаммадсафарро дар деха хабари нохуше интизор буд. Чун бо Исмоилхон ба кишлок омад дар хона хамона гуфтанд, ки мири Могиён талаби Сафия кардаасту духтар бо бачаи тагояш, Боймурод ба кучое баромада рафтаанд ...
Мухаммадсафар гуфт:
- Дар аввал маълум буд, ки Сафияву Боймурод дилдо. даанд. Медонистам инрову ... Мири Могиён барои онхо факат як бахона шуд, ки ... Хайр, сари зулфи у набошад, сари зулфи дигаре. Атифаро мегирам ба занй. Тараддуд кунед, хамин хафта, бегохи
чумъа туй. Туй огоз шуд. Домодро рост карданд, баъди акди никох чурахояш уро то дари хонаи арус бурданд. Дар дахони дар пойандоз доштанд, домод бо як чахиш аз он гузашта ба таги чимилик даромад, пои арусро зер кард. Бо нишондоди занхо домоду арусмухаммадсафаре'Атифа су рати худро дар оина диданд. Домод пеши багалашро бароварда ба чурахош дод. Шамъ.лор пеш-пеш, туйдорон бо раксу бозй арусро оварданд ба хавлии домод. Чурахои домод рахравон каф зада бо зарби доира суруд мехонданд:
Мохи тобон меравад,
Сарви равон меравад.
Дили очаш гандае.
Дида гирён меравад.
***
Пистадахон меравад,
Мурчамиён меравад,
Пурсед аз учи шудаст,
Ки парешон меравад.
***
Ороми чон меравад,
Дардаш ба чон меравад,
Пеши рохаш нагиред,
Тахти paвон меравад ...

Дар сахни хавлй оташ афрухта буданд. Арусу домодро гирди алоб гардонданд, пеш-пешашон хазориспанд дуд карданд, баркадашон танга пошиданд. Пасон дугонахо арусро ба суруди «ёр-ёр!» ба таги тор дароварданд ... То дергох чурахои домод раксу бозй карданд, хурсандй карданд.
Мухаммадсафар баъд аз гусел кардани чурахояш назди арус даромад. Занхо нух кабат курпача густурда, гирдогирд болиш гузошта, баромада рафтанд. Арусу домод танхо монданд. Тахти шуъои шамъ хусни биришта., яъне сабзи тахгулгуни ару с Мухам-мадсафарро девона кард, ки тахтаку бурраки сабрро як су чамъ намуда уро бо як ташнагие танг ба огуш кашид ва аз рухсорахои моно ба ранги себи хубонеш буса ситонда ба начво гуфт:
Ай лабшакари маи, аз лаб шакарам дех,
В-аз себи бари рут, эй. себи тарам дех!
Хар ду хамогуш шуданд ва масти висол руи бистар афтоданд.
Атифа зери бозувони Мухаммадсафар тоб гашта, об гашта беху дона мегуфт:
- Чи кадар ман ин даму ин фурсатро интизор будам!
Мухаммадсафар мегуфт:
- Ана, он чи мехостй, хамон шуд. Муборакат бошад ин шабу ин дам! Арусу домод ба хам дарафтоданд ва як поси шаб буд, ки сари фатила чарб шуд ...
***
Яке аз рузхои мохи асад буд. Ду аспаки кариби пешин дар дами дари Мурод Азиз пайдо шуданд. Мизбон, ки дар хона буд, зуд аз омадани мехмонхо иттилоъ ёфта баромад ва унхоро таклиф кард. ки дароянд. Розй нашуданд. Яке гуфт:
- Мо аз тарафи мири Могиен вакил шуда омадем. Мир гуфт, ки чониби духтар омодагиро бинанд, бай ни хамин се-чор руз корро чамъбаст мекунем. Агар ягон гапи зиёдатй мешавад холи эшонро бо чумла ахли дара танг мекунам, таъкид кард '/
Чавоби ха ё неро дихед, биравем, ки рох дур аст. Мир моро нигарон мешавад.
Мурод Азиз даст ба кабзаи риш бурда, муддате тафаккур сокин монда, сонй гуфт:
- Як духтар садкаи сари мирам. Лекин асли вокеа ин аст, ки духтар чун аз талабгор баромадани мири Могиён вокиф шудаст, ба кучое гурехта рафтааст, ки то хануз пайдо нест. Дигаре, ки то хол хомуш буд, гуфт:
- Мири моро шумо хануз намедонед. Хохад хокатонро бехта ба турбахо бардошта мебарад, аз ин ру, ин гапхоро як су монеду аз паи тараддуди туй шавед.
Мурод Азиз гуфт:
- Дуруг торикии имон, гуфтаанд. Хакикати холро баён кардам. Дигар шум о донед!
Хар ду гуфтанд:
- Фарз кардем, ки он чи гуфтед, рост аст. Оё ягон далеле аз гурехтани духтар доред?
Мурод Азиз дар посухи ин савол ПО хурд. «Чи хел исбот кунам, ки духтар дар хона нест?» - аз дилМёгузаронд у. Ин дам аз пушти дарвоза овози Бону баланд шуд:
- Хает далел, дадеш, ана, ин когазро гиред.
- Хозир, - гуён Мурод Азиз даромада вараки чоркадшудаеро аз дасти занаш гирифта оварда ба одамони мир дод, Яке когазро гирифта каташро кушода ба хамрохацг, ки хатхон будааст, дароз карда гуфт:
- Ку, бихон, чи навишта шудааст?
Мардак як ба хат нигариста баъд баланд - баланд кироат кард:
«Аз Сафиямох бинти Мурод Азиз ба мири Могиён. Эй он, ки ба ман талабгор шудай, дониста бош, ки ман се шарт мондаам. Хар касе ки шартхои маро ичро кунад, ман аз они хамон. Шарти аввал, аспро бо як по бозй доронад: дуввум, дах тирро ба танаи дарахт дузад; саввум, аз дарё бо галбер об биёрад. Агар шартхои маро ичро карда тавонй, биёву маро бигиру бибар. Нишонии ман таги камару горхо. Мабод он руз, ки барои маи шуда мардуми дара, ба вижа волидайнамро озор бидихй. Гапат бошад ба ман туй! Туро интизор мешавам!»
Одамони мир бо тааччуб ба якдигар нигаристанд.
Яке гуфт:
- Он чи аён шуд, хочат ба шарх нест. Мо ин когазро ба мир мерасонем. Хукм аз уст! Хар ду рафтанд бо Мурод Азиз хушбошй накарда. Мурод Азиз коматашро рост гирифта бо як сарфарозие зери лаб гуфт:
- Каблан хамин вазъиятро пеши назар оварда хат навишта монданашро гуед?' Хушбахт бошй, духтарам, ки балоро аз сари мо дур кардй! Сафиямохи дадеш, доногет боз кор дод-дия! ... Лекин ту холо дар кучой? Пазмон шудамта!
Ба риккат омад муйсафед, ки руймолчаашро аз багал бароварда ноаён оби чашмашро пок кард ва ба хавлй даромад. Баъди ин дигар гарди пои мири Могиён ва одамонаш ба Реватк нарасид. Ба кавле чашми бад батамом дур гардид ...
***
Навиштам ман дар ин девори хона,
Зи ман моидаст ду мискин нишона.
Чун чувозкашро ба чурми куштани Додвар муттахам намуда, якумрй ба зиндон махкум карданд, байти фавкро дар девори хона навишта ба занаш х,ини видоъ гуфта буд:
- Чилкокул, бачахоро эхтиёр кун! Уро пеш-пеш карда бурданд ба он рохе, ки у дигар хеч гох барнамегашт ...
Хар руз ду бача аз домони модар мекашиданд ва ин вожахо байни эшон радду бадал мешуд:
-Э она!
- Чони она!
- Мискин кучо рафт?
- Ба зиндон рафт аз дасти ин шурзамона! ...
***
Бачахо рохи падар мепоиданд. Аз дур аспи сефедро медиданд, фарёдкунон медавиданд.
- Дадем омад! Дадем омад!
Наздик меомад савора, ки '" дигар кас аст. Тарбуз аз багалашон меафтид. Ханда лабонашонро бидруд мегуфт. Ашк гулугирашои мекард. х,иЮ\осзанон пеши модарашон медавиданд.
-Эона!
- Чони она!
- Мискин кучо рафт?
- Ба зиндон рафт аз дасти ин шурзамона!
***
Чашмошон мудом чониби кири Беди Гав. Хар мусофир меомад, гумон мекарданд, ки падарашон аст, вале хайхот: Бо умед мепурсиданд:
- Ай мусофир, гашт аз кучо?
- Аз шахрхои дур, - чавоб медод у.
- Надидй Абдунозирро?
- Кадом Абдунозирро?
- Абдунозири падари моро?!
- Неъ, надидаам!
- Боз меравй ба шахр?
- Маълум нест.
- Агар биравй, ин дафъа падари моро бо худ биёр.
-Хуб.
***
Чилкокул шавхар кард. Падари угай ба бачахо руи хуш на- дод. Гушнаву ташна, пои луч мерафтанд ба хезум. Хохар мегуфт:
- Ака чон, мемирам аз гушнагй. Нонам бидех!
Акош мегуфт:
- Хохарчон, ку, нон, ки ба ту дихам? Чулингон хур'
- Наметавонам, бисёраш дили одама бехузур мекардаст.
- Хайр, ками дигар сабр кун, хамин холо меравем ба хона ...
- Ака, мегум, дигар токатам намонд, чи кор кунам?
-Ревоч мак!
- Ревоч дандонх.оямро мезанад.
- Ками дигар хорча чинем, тамом ...
***
Хона меомаданд гурбат. Падарандар мегуфт:
- Дар танатон либос дихам, шикаматонро сер кунаму боз меовардагетон хамин ду чинга?! Дафъ шавед, набинаматон дигар шум о бехосиятхои сархурро! Мушт-мушт оби дида мекарданду мебаромаданд ба куча, мефуромаданд лаби дарё, менигаристанд, менигаристанд ба кири Беди Faв. Аспакие пайдо мешуд, дар танашон чон медаромад.
- Дадем омад! Дадем омад! - гуён медавиданд. Вале, ку, падарашон?
Чун бо мусофир ру ба ру мешуданд, мепурсиданд:
- Ай мусофир, гашт аз кучо?
- Аз шахрхои дур, - чавоб медод у.
- Надидй Абдунозирро?
- Кадом Абдунозирро?
- Абдунозири падари моро?!
- Неъ! Надидаам!
- Боз меравй ба шахр?
- Маълум нест.
- Агар биравй, ин дафъа падари моро бо худ биёр.
-Хуб .
***

Хиккосзанон пеши модарашон медавиданд.
-Эона!
- Чони она!
- Мискин кучо рафт, ки хеч намеояд?
- Ба зиндон рафт аз дасти ин шурзамона! ...
***
Окибат бачахо аз дасти падари угай ба дод омада ба хонаи амакашон рафтанд. У аз унхо ру гардонд. Тагохо ба панох.ашон гирифтанд. Акнун як лаб нони беминнат аз хонаи тагохо мехур. данд, ба кори онхо дастёрй мекарданд. Хамин ки аз кор фориг
шуданд, меомаданд сари куча. Нигох мекарданд ба кири Беди Гав. Аспакие пайдо мешуд, кийгосзанон медавиданд.
- Аспи сафед ... аспи сафед меояд. Падарамро меорад! Хамин ки аспакй наздик мешуд, медиданд, ки падарашон нест вай. Тарбуз аз багалашон меафтид. Ашк гулугирашон мекард. Ханда гирди лабонашоро тарк мегуфт. Кухи андух китфашонро зер мекард. Бо ранги парида, калби реш-реш мепурсиданд:
- Ай мусофир, гашт аз кучо?
- Аз шахрхои дур, - посух медод мусофир.
- Надидй Абдунозирро?
- Кадом Абдунозирро?
- Абдунозири падари моро?!
- Неъ! Надидаам!
- Боз меравй ба шахр?
- Маълум нест.
- Агар биравй, падари моро ин дафъа бо худ бисёр.
-Хуб ...
Бахманмохи соли 2004.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ НУЗДАХУМ

БОБИ НУЗДАХУМ
- Боймурод, мегум!
- Чи мегуй, Сафия?
Хобам намебарад.
Барои чи?
- Шояд барои он, ки ин ЧО хонаамон нест.
- Ба чои нав бояд одат кунй, дигар илоч надорй.
- То кай дар камари кух зиндагй мекунам?
- То он вакте ки масъалаи мири Могиён яктарафа нашавад .
... - Боймурод!
- Чй мегуй, Сафия?
- Чй кор кунам, ки хобам барад?
- Ба пилкхои чашмат оби дахон мол, тез пушица мешаванл.
- Хайр, чунин кардам, пилкхои чашмонам пушида шуданд.
Пилкхои дили бедорамро чи тур пушонам?
- Боймурод! чи мегуй, Сафия?

- Чаро хомушй? Охир ба са воли охирини ман чавоб надоди- ку!
-Боймурод!
- Чй мегуй, Сафия?
- Мегум, ки, бачаи того, балои ту!
- Чй хел?
- Худатро ба нодонй мазан. Дар хоти рат хает? Дар охул дар як каппа мехобидем. Ту ... маро бусида буди.
- Бедор будй?
- чи, хоб будам - ми? Даетамро ба тарафат бурдам ... охиста гирифта ба пахлуям гузоштй, баъд ... лабонатро ба рухоям наздик овардй. Албатта, бо тарсу харос, ки ... ман чашмонамро Пушида худро ба хоб андохта будам ...
- Ох, маккорае ... аз хамааш хабар дорам мегут. Ман бо- шам мепиндоштам, ки духтари тогояш дар хобасту буса медуз- дам аз рухош..
-Боймурод!
Чй мегуй, Сафия?
Дунё ачиб аст - а?!
- Чй хел?
- Дар таги як камару чй кадар аз якдигар дурем. Намешавад, ки ...
- Чй намешавад, ки?.
-Боймурод!
- Чи мегуй, Сафия? Охир хоб кун, субх кариб аст.
- Аз ким - чй мех,аросам. Таги камар чои хуб набудааст.
- Ман хастаму ту аз чи метарсй?
- Аз хеч чй наметарсам. Ман хамту дар омади гап гуфтам.
Гу, чи кор кунам, ки хобам барад?
- То дах дах бор шумур, чашмонат пушида мешаванд.
- Чашмонам пушида, дилам бедор, мефахмй?

-Боймурод!
- Чи мегуй, Сафия?
- Дилам гуфтос, ки ...
- Дилат чи гуфтос?
- Гуфтос, ки шумоён чи хел писари аммаву духтари таго ки ...

- Чй, ки?
- Ягон чизро мефахмй ё не?

-- Боймурод!
- Чй мегуй, Сафия?
- Мегум, ки ту хануз аз хоби дидаи ман бехабарй, Хеле вакт шуд ин хобро. Хоб дидаам, ки ба об афтидааму шумоён се кас барои начоти ман талош мекардетон. Шояд пурсй, ки се кас кист? Ту, Мухаммадсафар ва хамун мири Могиён, ки ба ман даъво дорад. Унхо натонистанд, ки маро аз об бароранд. Ун вакт дасти унхо ба ман нарасид. Ман ба ту даст дода будам. ки кашида аз об баровардй. Мегуям, ки мири Могиён хеч гох ба максадаш намерасад. Ба Мухаммадсафар хам аз руи соддагй розй шуда будам. Дар пешонемо навишта шуда будаст, ки ...
- Чй навишта шуда будаст?
- Такдир чунин аст, чи тадбир кунам, гуфтаанд, яъне худо ману туро як чо кард. Ин як неъмати ноёб аст, набояд аз даст дихем мурги бахтро
- Мушаххастар гап зан. Сафия.
- Мушаххастараш хамин, ки, бачаи того ба саодате расидаем, ки хеч чашмдораш набудем.
- Акнун чи бояд кард?
- Ин хел зиндагии оворагй дар камар барои ман бегона яст. Муросо кардан аз дастам намеояд. Пагох ба деха раву ба модарам гуй, ки Сафия дар кух, гунчида наметавонистааст, мерафтааст ба дурихон дур, ба бекаронахо, албатта, бо Боймурод.
Дигар кас аз ин сирр огох нашавад, хатто падарам. Каме харчи рох ёфта биё ...

***

Рузи дигар Боймурод Сафияро дар таги камар танхо монда ба деха фуромад. Бонуро дида он чи Сафия гуфта буд, фахмонд, ба хонаашон рафт, бо волидайн хушбошй карда аз Мурод Азизу Бону фотиха гирифта бо туша баргашт ба кух. Шаб хар ду ахду паймон карданд, ки то зинда хастанд бо хам бошанд. Рузи дигар Гардани Масчидро гузашта ба оби Киштуд расиданд ва тарафи Самарканд асп тозонданд. Ду шабонаруз
харакат карда бар-бари куххои каноти чапи дарёи Кува то Багашт омаданд. Хостанд, ки шабро дар масчид гузаронанд. Муйсафеди нуроние ба онхо вохурда пурсид:
- Кй хастетон? Дар ин бевактй аз кучо меоетон?
Боймурод гуфт:
- Аз Фалгар меоем, намедонем кучо биравем.
Муйсафед эшонро ба хонааш бурда баъди иттилоъ ёфтан аз холашон фарзанд хонд ва гуфт:
- Бачахои ман паррончак шуда рафтаанд. Ману кампирам танхо. То бошем, бо мо бошед! Баъди хафтае муйсафед ду-се пири дехаро чамъ карда дар
шохидии онхо Сафияро ба Боймурод никох кард. Барои арусу домод хонаи алохида чудо намуданд. Ду чавон зиндагии тоза огоз карданд

"Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ХАЖДАХУМ

БОБИ ХАЖДАХУМ

Хамон шабе, ки Додвар интизори аз чувозхона, аз пеши шавхараш баргаштани Камола буду тасодуфан бо Мухаммадсафар ру ба ру омада хини афтударафт Исмоилхон чонхаридаш шу д, зану шу чиддй гуфтугу доштанд.
Камола тарафи шавхараш мегуфт:
- Мардак, хамин Додвар чанд гох аст, ки маро таъкиб мекунад, гап мепарронад. Мегуяд, ки шабе кошонаи маро бо партави чамолат равшан кун. Таспи ошдони дили сухтаи маро, ки ба ёди ту адо мешавад, аз чашмаи нигохат об зан ва боз кимчихову
ким-чихо ... Дидам, ки сабрамро сар омад, ба шумо ин роз кушодам, то дар ин казия хар ду бомаслихат ба ягон кароре биёем.
- Хайр, холо хамту гапхо туй?' Надонистам, ки ин Додвар ин кадар обкур аст. Ба ростй, бисёр вакт уро лаби сою сари рохи чувозхона медидам, лекин гумони бад набурдаам.
- Сириштатон, ки покиза аст, дигаронро худатон барин хисоб мекунед.
- Тугрй гуфтй. Хуш. чй кор кунем бо ин чашмзог?
- Ман аз шум о пурсиданиам, ки илоче ёбед, то аз ин сангру халос шавем. Вагарна магас барин шилкин аст у.
Чанд дакика хар ду хомуш монданд. Хар яке банди олами андешахои худ буд.
Баъди фосилае мардак сар аз гиребони тафаккур берун ка-
Illида гуфт:
-Гуш кун, Чилкокул, вай занашро бинобар чилбоф кардани кокулонаш хамин тавр ном мебурд, як фикр ба сарам омад. Чун ин бор бо ун риши гов вохурдй, руи хуш дех ва бо забони чарб бигуй, ки: «мани мудароз хам мубталои шумоям. Лекин зан буданам имконият намелихал. ки бо шумо руирост изхори ишк кунам. Чи мешавад, ки дар набудани шавхарам ба чувозхона биёед ва коми дил аз ман ситонед.
- Пурсад: «Аз кучо донам, ки шавхарат хает ё нест?» чи чавоб дихам.
-Гуй, ки шумо чун пештара лаби сою сари рохи чувозхона худро нишон дода истед, дар набудани шавхарам четатон мезанам бо. чунин вожахо: «Фалонй биёед, загиратонро кашидем, равган тайёр», Маслихат пухт. Зану шавхар дари чувозхонаро баста ба хона омаданд.

***

Рузе рас ид, ки дарёи бахти Додвар лаб зада кунда овард. Шом кур шавам, нашавам, Додварро, ки дар сари рохи чувозхона исто да буд, Камола чег зада гуфт:
- Загиратонро кашидем, равган тайёр!
Додвар ба кух,тали бари сой рост шуда буд, ки замзамаи занакро шунид:
- Махгоби сари равзан,
Гах торику гах равшан.
Шуям ба бозор рафто,
Оэхой, биёедо! ..
Додвар дилтаппон ба дари чувозхона расид.
Камола уро дида бо гамза гуфт:
- Ин кадар оусткадамед! Чег мезанам, таъхир мекунед.
Додвар гуфт:


- Садоятро шунидаму ба танам чон даромад ва давидак, то хамин чо. Камола гуфт:
- Шавхарам нест. Дидед, ки дастам ба кор, чувоз ме. гардонам. Шумо, ху, лаби ошдон, руи пустак шишта обро чушондан гиред. Ками дигар чувоз кашам, баъд ман ...
Додвар гуфт:
-Ба чашм
Рафт, сари ошдон шишт, ба алоб чанд пароха партофта ба Камола, ки тахти партави мох, зебо менамуд, чангаки нигох партофт «Парй бошад, хамин кадар мешавад-дия!» - аз дил тузаронд у. Камола як ба равзан, ки аз он нури мох, ба чувозхона ме- рехт, нигариста аспро нигох дошт ва загирдонахои лаби кундаро бо каф дарун карда, оби чуш рехту тарафи Додвар гуфт:
- Ин чо шиштан наомадаед. Биёеду маро каме дам дихед. Хунари шуморо хам як бинем. Додвар омад, то як рах чувоз кашад. Камола фахмонд, ки чи кор кардан даркор. Додвар ду-се давр гардонд аспро. Вакте ки дасти у андаруни кунда буд, Камола ба саграи асп сахт камчин зад. Асп чахид, тир тез гашта китфи Додварро зер кард. Фигонаш баромад. ин вакт аз равзан хез карда фуромад шавхараш. Хар ду мардакро кушта дар гушаи чувозхона гур карданд ва дам гаштан гирифтанд ...
**
Чанд руз Додвар пайдо нашуд. Ин хабар ба гуши беки Урметан расид. Чанд кас шу да омаданду аз Исмоилхон шубха карда уро ба махкама кашиданд.
Мухаммадсафар карор аз даст дода буд. Майна об мекард, вале ба чое намерасид. «Ин чи гуфтагй гап, - мегуфт худ ба худ.Додвар кучо гум шуд? Ачаб не, Саъд барои апааш касос гирифта бошад? Не, вай аз казияи ба Ситора расидани Додвар хеч хабар надорад. Факат уву Исмоилхон огаханд вале хамун хам хануз фарзия, далеле нест. Пас Додварро кй аз байн бардошт? Каси дигаре хаст, ки аз у, яъне аз Додвар бадй дида? Кй вай? ... Ба бегунохбудани Исмоилхон итминони комил дорад у. Хайр, дар Оби Борик ба хуни Ситора хун мегирам гуфт, гуфт-дия! Аз алам гуфт, аз дард гуфт Исмоилхон ин гапхояшро. Мардаки баорият хамин тавр мегуяд. Лекин ин чунин маъно надорад, ки махз Исмоилхон додварро куштааст. Хайр, Додвар зинда бошад-чй? Мумкин аст, ки ба чое рафтааст. Кй медонад? .. Ба Исмоилхон чабр шуд. Бехуда вайро шинонданд. Коре карда уро халос кардан даркор. чи хел? Бо кадом рох? Мард ба тухмат сухтааст мегуянд. Тапиш накунем, Исмоилхон аз даст меравад. Ду мушти пар: модарашу
занаш Нихол чи кор хам мекунанд?! Дигар кй дорад Исмоилхон? Чуз у ... аз дасти вай хам коре баромаданаш ба гумон ... Мухаммадсафар падарашро розй кунонд, ки ба Урметан рафта дар казияи Исмоилхон бо бек гап занад. Муйсафед савори асп рафта як шаб дар хонаи Шамсиддин хоб карда рузи дигар баргашт.
- Беки Урметанро дидам, - гуфт падараш ба Мухаммадсафар баъди омадан, - мегуяд, ки то масъала хал шудан Исмоилхонро нигох медорем. Дар сурати муайян нашудани котили асосй Исмоилхонро хамчун гунах,гор ба Самарк.анд бурда ба зин мепартоем, зеро ба мо аник аст, ки Додварро куштаанд, лекин кй кушт: Исмоилхон ё шахси дигар хануз барои мо торик аст. Дар як гушаи дили тираи Мухаммадсафар нури заифе
пайдо шуд. «Нагз, ки то хол Исмоилхонро ба Самарканд нафиристодаанд. Маълум мешавад, ки бо у хамчун ба гумонбар муносибат мекунанд. Далел надоранд барои шинондан. Пас чи бояд кард?» - андешид у ва окибат ба чунин карор омад: «Шабхо мегардам дар кучахову гузархо. Шояд аз ягон тараф парохае парад?!» Чугихо се нафар буданд: ду зан хурчин ба китфу яке кудак дар багал. Асозанон ба хавлии Мулло Афзал даромада ба айвон наздик шу данд.
- Мулло, хастй? - овоз баланд кард кампири Чаман, - баро охир, мо омадем.
- Хозир, хозир, - шунида шуд аз даруни хона садои Мулло Афзал ва худ лахзае пас ба айвон баромад.
- Бачаат канй, ки бо хамсолаш куштй гирад? - гуфт кампири Чаман, - мана бачаи мо, намебинй, дар канори очеш?! Барор охир!
Мулло Афзал баъди андаке хомушй паст-паст гуфт:
- Бачаи моро умраш кутох будааст, Чаман, мохе пеш фав. тид.
- Наход?! Кори хуб нашудаст, - гуфт кампири Чаман. - Мебоист бачаи мо мемурд, на аз они ту. Охир хамон рузи тирамох ба хотират хаст?
Гуфтам, ки келинамро дарди зоидан гирифтааст, берун хунук, сарпанохе дех, то азоб накашад. Гуфтй, ки занам таваллуд кардагй, хонем чилладор. Келин дар куча зоид. Бубин, бачаам чур~ша даъват мекунад барои куштингирй, вале у ...
Мулло Афзал ноаён ашки чашмонашро пок карда гуфт:
- Мебахшй, Чаман, ман х.а/Он вакт беаклй кардам.
Кампири Чаман гуфт:
- Хеч гап нест. Мо, чугихо одат кардаем, ки хама умри худро дар сафар гузаронем. Барои do кучаву хона бефарк аст. Хайр,
чи медихй Еадака гуён?
Бо амри мулло занаш ба чугихо каме гулунт ва нимта нон бароварда дод. Онхо дуокунон аз дарвоза баромаданд ...
Занак гуфт: - Фахмидед, мардак? Атифаро ба Боймурод медодаанд.
Мулло Афзал гуфт: - Чи хел? Боймурод.Сафияро нагирифт?
Занак гуфт:
- Мегуянд, ки Са фи яро ба Мух.аммадсафар нон шикас- таанд.
Мулло Афзал гуфт:
- Хамту гу? Ачаб шудаст. Хама бар он буданд, ки Мурод Азиз духтараш Сафияро ба чиянаш медихад ...
***
Дар хакикат овозахо дуруст буданд. Дар хонаи Атифаино ба туй омодагй медиданд. Аз тарафи Боймурод ду нафар омаданду забони ширин гирифта рафтанд, баъди ду рузаш ноншиканон, яъне фотиха карданд, гуфтагии чониби духтарро бурда доданд.
Имруз туи занхо буд. Ба чихозбуррон омада буданд. Диккати занхоро сандукчаи чанохирот ба худ чалб кард. Падари домодки заргар буд, барои келини ояндааш тавк. халка, дастпона. ангуштарин, кишмичакхо, тумор фиристодааст. Ин ороишхои зано-
на, ки махсули дастони пурэъчози усто - падари Боймурод буданд, хам дилхоро мебурду хам чашмхоро хира мекард.
- Э коил мане! Ана ороишу мана ороиш! - мегуфт зане.
- Заргарбача - дия домод! Чашм наканам мегум аз ин гулубанду гушворахо. Хама аз оби тилоянд! - ба вачд меомад диrари.
- Акнун Сафия бошад, ки бинаду об шавад. Атифа бало баромад, - мегуфт саввумй ...
То туйи Боймуроду Атифа як хафта монда буд ...

***

Дар хонаи Мухаммадсафарино низ ба туй тараддуд медиданд.
Падараш мегуфт:
- Хамин хафта келина гирифта мебиёем. Хама корро анчом додем, факат никох монд.
- Ота, то кори Исмоилхон яксара нашавад, туй намешавад,
- яктарафагй мекард Мухаммадсафар.
- Дар кори хайр истихора набояд кард. Маълум не, ки казияи Исмоилхон ба чи меанчомад. Аз ягон су кушоише ба чашм намерасад. Ба кафо партофтани туй асосе нест. Баъд аз чанд руз дарав сар мешавад, вакти сархори намемонад. Хуб мешуд, келинро меовардем.
- Ота, хайр, ягон хафта кафо партоем. Дилам гувохй дода истодааст, ки сарриштаро меёбем. Имсоилхон озод мешаваду котили Додвар чазо мебинад. Бе Исмоилхон туй кардан тугрй намебиёд. Чй хел мешавад, ки дар хонаи унхо дидагирёнанду мо дар гами туй бошем ... Бардошт мекунем ... не, нагуед, зори мекунам ...
- Ин тавр бошад, гуфтагии ту мешавад, як хафта пеш не, кафодия! - розй шуд падар.
- Рахмат, ота! - обчашмакон шуд Мухаммадсафар
***
Шабхангом Мухаммадеафар аз хонаи Боймуродино хавлиашон мерафт, ки гуфтугуи як за ну як мардро шунида дар чо яш иетода шу д. Зан мегуфт:
- Мардак, ин чи кори кардагемо буд?
- Чи кор кардем? Ту чиро дар назар дорй? - мепуреид
Мардак.
- Додварро мо куштему Иемоилхонро шинонданд.
- Ту чихо мегуй? Девор муш дорад, муш гуш, гуфтаанд. Магу дигар ин сафсатахотро.
- Баъди xамон шаб дар хобам метарсидаги шудаам. Ба хар навъ кори хуб нашуд.
- Охир аз худаш гузашт, Чилкокул. Ба рохи кач намерафт, ба ин руз гирифтор намешуд.
- Тугрй мегуед. Бо бад бад бош, гуфтаанд, лекин дилам ба Исмоилхон месузад, ки тамоман бегунох аст. Кампири модарашу занаш, ки мохи мавлуди кудакаш фаро расида, хун мегирянд. Худо дар болои сар, охеву ногохе гуфтаанд.
- Бегунохни Исмоилхон исбот шавад, чавобаш медиханд. Набояд сирри мо куча барояд ...
* * *
Сирри онхо ба куча баромад ва аз тарики Мухаммадсафар то ба Урметан расид. Омаданд аз Урметан чанд тан аз тарафи бек, бо хамрохии Мухаммадсафару Боймурод ва аз чувозхона часади Додварро ёфта бароварданд. Рузхои пурсиш хам Камола ва хам шавхараш икрор шуданд, ки унхо куштаанд Додварро. Хамчунин дар тафтишоти пешакй мукаррар карда шуд, ки ба сари Ситораи бечора хамин Додвар об рехтаву мехостааст боз даст и худро ба тарафи домони поки Камола ба кавли шавхараш Чилкокул дароз кунад, ки чувозкаш уро ба катл расондааст. Чувозкашро ба хайси як муттахам бурданд. Мухаммадсафар рафт, ки аз он су Исмоилхонро гирифта биёрад

***
Як шабу руз дар деха факат гапи Камолаву шавхараш буд, ки чи хел Додварро кушта дар гушаи чувозхона тур кардаанд. Исмоилхон бегунох будааету чавобаш медодаанд. Мухаммадсафар рафтаает, ки ч,урааш Исмоилхонро биёрад. Хар кучо мерафтед, сухбат сари хамин масъалахо метасфид.
***Дар саратон раъду барк? Туфон? . Мардумро гулдурроси раъд аз хонахо берун партофту барк, задашон, ки чон аз танашон баромаду бо дахони воз хангу манг монланд. Дар вокеъ, ахли деха хабареро шуниданд, ки гуррандатар аз раъд буду буррандатар аз барк" хамчунин зуртар аз туфон. Хабар чунин буд: «мири Могиён боре Сафияро дида ошик шудааст. Гуфтаст, ки рафта духтарро ё ба зар, ё ба зур гирифта меорам». Мурод Азиз чои шиштан намеёфт. Бону, хамон оймуллое, ки насихатгару рохнишондехи зану духтарони русто буд, хисобашро гум карда зор-зор мегирист. Сафия бошад, ба хайронй банди хаёлот аз он андеша мекард, ки мири Могиён кай уро дида ошик шуда бошад. Банохоет иди Наврузро ёд кард. Хамон руэ
каландаре ба дари хонаашон наомада буд? Ха, ха, каландар як чавони чашму абрусиёх буд. Вакте ки миёнашро ба пеш хам карда косаи тутмавизро ба качкули у мерехт, Каландар чашм аз руи вай наканда мегуфт: «Ох, чи хел хуш хастам аз буи диловези мухот, духтар. Сало мат бош, соли нав ба туву ахли оилаатон накуихо oрад!» Наход, хамин мири Могиён буд, ки дар еурати каландар паидо шуда?. Боз хоби як шаб дидагешро ба хотир овард. Хоб лила буд, ки дар об гарк шудаасту хеч наметавонад начот ёбад. Се кас дар сохил пайдо шуданд. Шинохт Мухаммадсафару Боймуродро. Шахси сеюм бегона буд. Вай худро муаррафй мекард, ки ман мири Могиёнам, дастатро ба ман дех, то туро аз об барорам. Вале уву Мухаммадсафар натавонистанд ба у имдод кунанд. Вайро Боймурод аз гарк шудан начот дода буд ... Акнун мири Могиён ба у даъвогар баромадааст. Хоп он, ки ба карибй уро баМухаммадсафар забони ширин доданд. Кори Иемоилхон дар пещ намебуд, аллакай арус шуда ба хонаи Мухаммадсафар мерафт. Пагох, тарафи шаб туи арусии Боймуроду Атифа. Номзадащ
- Мухаммадеафар ба рои халое кардани Иемоилхон ба Урматанi рафтаает, ки даракаш неет ... Боз ин гап аз кучо баромад? ...
Сафия хаёле аз банди тафаккур рахо шуда ба даст хома гирифт. Нуги онро ба сиёхй тар карда ба вараке ким - чихо навишт. Сони когазро кат карда, ба чайбаш халонда, гуфт: «Ба мо, дарам медихам, лозим шуда мемонад».
Шаб дар хонаи Мурод Азиз такдири Сафия хал мешуд.
Мурод Азизу занаш Бону ва Боймурод оиди маеъалаи додан ё надодани Сафия ба мири Могиён, ки намедонед кй аету аз кадом пал ает, хеле мунозира карданд. Дар охир Мурод Азиз хулоеаашро эълон дошт:
- Духтарро гурезондан даркор ает. Дигар илоч неет. Хама чанд лахза ба лабхо мухри хомушй заданд. Мурод Азиз баъди тахаммули тулонй боз гуфт:
- Духтарро ба ягон чои дур бурда пиихон кардан ба ухдаи Боймурод. Тушаи рох тайёр кунетон барои ягон мох. Хамин ки аз тарафи мири Могиён омада гурехтани Сафияро фахмида ноумед бармегарданд, боз мебиёремша ...
Хануз хурус чег назада Мурод Азиз аепро зин зада хурчини либоеу тушаро ба он бор кард. Боймурод омад. Сафия хам тайёр шуд.
Мурод Азиз 6а Боймурод гуфт:
- Шери тагош, ба асп еувор шаву апаатро ба пуштат гир.
Ягон гор ё камари кухро, ки ба об наздик бошад, баргузинед. Сафия то аз еарамон дур шудани бало дар он хо мемонад. Ту омада меравй. Хайр, то боздид! Сафия аввал падар, баъд модарашро бусида бо ёрии Боймурод худро ба пушти асп гирифт.
То аз чашм пинхон шудани саворахо Мурод Азизу занашаз паси онхо нигох карда истоданд ...

"Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ХАБДАХУМ

БОБИ ХАБДАХУМ

-Саъд!
- Гушам ба шумо, додо!
- Наздиктар биё. Шин, - чой нишон дод падараш усто Басир.

Саъд дузону нишаст ру ба руи падар, болои пустак.
Усто Басир оби чашмашро бо руймолча пок карду бо алам гуфт:
- Дидй, апаат чи кор кард? Бекорд кушт, шармандаи ду щохон кард моро. Намедонам ба худо чи бадиро раво дидаам, ки дар соли пирй чигархунам мекунад. Мехурдагиам захр. Аслан очет гунахгор, Ба умеди у шудаму номусам рафт.
- Ба хамаамон осон нест зери ин бор тахаммул кардан.
Модарам бистарй шуд аз гам. Дигар чи илоч:?! Кори намешудагй
Рух дод.
- Хамтуву ... лекин ба ин масъала нукта гузоштан даркор.
- Чи хел?
- Сигора харомй зоид. То кай кудакашро нинхон ниго медорем. Рузе ошкор мешавад. Капами номуборакаш мумнин аст, ки ба ин диёр балбахтихо биёрад. Казияи Ситора ангушти зиёдатй, яъне шашум барин шуда монд. Набуррй айб аст, буррй дард мекунад. Аз ин ру, пагох, бачем, субхи содик надамида апаату тифлакашро ба пуштат савор карда, ба тарафи Вема бару дар ягон чо партофта биё. Мон, ки хуроки даррандагон шавад. Ха, модарат нафахмад.
- Ситора наравад-чй?
- Пурсад кучо меравем, гу, ки ба Ёре, пеши хешо мебарам, Чун савор шуд, сари аспро ба дигар тараф гардон.
- Хуб, додо, - ашкарезон аз дар баромад Саъд.
***
Савора беист камчи н ба саграи асп мезад. Асп дараро убур карда тарафи Вема тоб хурд. Дар ин чо каме дави асп суст шуд. Чашми руз мекафид. Галаи сапеда маргзори сиёхиро зер карда, то домани ёнахову жарфи камархо меомад. Онхо ба лаби оби борике расиданд. Савора чилавро сахт
кашид.
- Омадем, фуро аз асп, апа, - гуфт Саъд. Овозаш меларзид.
Ситора бо кумяки Саъд худро ба поин гирифт.
- Мах, - тифли андаруни парпеч хобидаро дароз кард
Саъд.
Ситора дар багал тифлак бо тааччуб ба Саъд чашм духт. Нигохаш олудаи дард ва таассуф буд.
- Акнун чи мешавад?
- Ман меравам, ту хамин чо мемонй. Амри падар хамин аст.
- Майлаш, рав. Аз худам гузашт ...
Хар ду гиристанд ва сиришки талх аз чуяхон рухсорахо ра- вон шуда то домани хок расид ... Саъд сари аспро ба кафо гардонда камчин зад.
***
Модагург инони сабр аз даст дода буд. Девонавор худро аз лонааш берун гирифта, ба шаш су нигарист, хаворо буй кашид ва боз даромад ба гор. «Ку, бачахош?» Окибал донист, ки ин давиданх.о бенатичаанд, фукашро ба осмон карда нула кашид ...
Аслан айб аз худаш гузашт. Гурги нар паси кути лоямут рафта буд. Вай, яъне модагург пеши бачахош меистод, хеч вокиа набуд. Гургбачах.оро лесид, буид ва фахмонд, ки аз лона набароетон, маи дур намеравам, хамин холо бармегардам. Аз теппа гузашт, нагузашт, садои тирро шунид. Дид, ки сайёде аз баландй фуромада тарафаш меояд. Хост сайёдро фиреб дихад, аз ин ру, чониби мукобил лукка гирифт. Сайёд чанд тири дигар аз пасаш парронд. Бай, ки як тиррас дур буд, беосеб худро ба зове кашид, баъд надонист, ки сайёд кучо рафт, чи кард. Пас аз чанде похояшро кашола карда ба манзилаш омад. Дар дахони гор паи одами диду гуё чонаш баромад. Даруни гор даромад, ки изи хуну бачахош нестанд. Донист, ки байни одамиву гургбачахо талош шудааст, талош барои хаёт талош барои начот ... То омадани гурги нар пеши бачахош меистоду бо шабнам ва хаво каноат мекард, намемурд. Гур хамин нафси у шавад! Бачахояшро аз даст дод ... Акнун модагурги ба чунунй рас ида медавад ба поинхо, вале намедонад кучо меравад ва ба чи меравад ... Модагург аз чангал гузашта ба тегае расид. Тагоби Вема пеши назараш чун дар руи каф менамуд. Ба хар су чаш м давонд, то аз бачахош нишоне ёбад. Баногох дид, ки чуфташ гурги нар аз ёнае гузашта ба оби борик наздик мешавад. Дар лаби об сиёхие менамуд. Модагург хам думашро хобонда ба он су давид ...
* * *
Гурги нарро баъд аз он, ки тамоман наздик омада буд, Ситора дид. Фахмида буд, ки гург хайвонест шухчашму дапер, вале бадсигол. Агар чашми гург аввал ба одами афтад, мегуфтанд, пирузй аз уст. Ва агар одам нахуст гургро бинад, зафар Урост. Якин гург пештар уро дида буд. Ситора кудакашро ба кафаси синааш чафс карда чашм аз гург намеканд. Барои умафхуми минбаъд зинда будан бегона буд. Аз ин ру, бефарк ме.
нигарист ба котилаш. Интизорй мекашид маргашро, ки хараю; ти гурехтан намекард ... Ва кучо хам мегурехт? Гург расиду ба дандон аз кифти у гирифт ва думаш катй зад. Ситора як су па. риду кулак тарафи дигар. Гурги нар шиками Ситораро дарид, дилу чигарашро хурдан гирифт. Ин дам модагург хам омад, То аз гушти одамй бихурад, ки аз поёнтар гиряи кулак уро аз рафт боздошт. Худро ба тифлак расонд. Акнун дар майнааш ду неру ба хам мубориза доштанд: мехр ва газаб. Мехр мегуфт, ки ту
модари фарзанд гумкарда бошй, ин модар гум кардааст. Fазаб мегуфт, ки эй гург, одамй бачахои туро рабуд, лонаатро сард гардонд, бихур наели уро, ки душмани туст. Касос хам паллаи тарозуи газабро зер мекард. Гурги мода хаёле гаранг монд. Чй
кунад?. Окибат Мехри модарй чумбид ва газабро дар чояш шинонда монд. Касос музлам шуд. Модагург тарафи чуфташ, ки ханузам, гушти одамй мехурд, нигохе накарда тифлакро ба дахон гирифту тарафи лонааш давид ...

***

Хануз офтоб ба киём наомада буд, ки Нихол ашкрезон ба хавлиашон даром ада омад. Кузаи обро ба токи хона гузошта ба шавхараш, ки машгули чорукдузй буд, гуфт:
- Шиштан мегиред-мй хамин хел? Хезеду куча бароед, ки як арасот.
- Чи шудаст?
- Ситораро бо кудакаш Саъди укояш бо исрори падар ба оби Борики Вема бурда партофтааст. Модараш фахмида аз хуш рафтааст, нафасаш намебарояд, мегуянд.
Исмоилхон чома ба тан карду давид.
- Биист, - пеши рох,ашро гирифт Мухаммадсафар. - Хонан усто рафтан катй мурод хосил намешавад. Дар ун чо халк чамь шудааст. Намедонанд чи кор кунанд.
- Мулло Афзалу Арбоб Ниёз дар хамун чоанд? - пурсид Исмоилхон.
- Бошанд-чй?' Аз дасти унхо чй хам меояд!
Пас чи бояд кард? - бо назари суол чашм духт Исмоилхон ба руи Мухаммадсафар.
- Ситораро начот додан даркор. Ба ду чон дилат намссузад? Мегуям, ки ба оби Борики Вема рафтанамон лозим аст. Дер монем аз даст медихем унхоро. Ин фочиаи инсон аст. Нодида гирифтан нашояд, - гуфт Мухаммадсафар. - Дуруст мегуй. Рафтем! - гуфт Исмоилхон.
***
Баъди фурсате ду савора аз деха баромада сари аспашонро чониби Куи Рубару гардонданд. Хар ду асп хам дар тоз аз якдигар монданй надоштанд. Фаркашон факат дар ранг буд. Яке турук дигаре саманд. Аслан асп дар су рату сират аз бехтарин ва зеботарин хайвонхост, Фаросатеро коил аст. Хар садоро дуруст ва тез дарк мекунад. Дар хилкат асп аз одам баландтар аст, мегуянд. Агар омухта бошад, чун овоз диханд, биистад ва ё гашташро дигар кунад, навиштаанд дар кутуби кадим. Вале аспхои бадраг хам хастанд, ки намонанд, ки савор бишавед. Хушбахтона, хам аспи Мухаммадсафар. хам аспи Исмоилхон аз чинси Рахши Рустам буданд. Хар як ишораи сохибашонро мегирифтанд. Аспхо гуё аз вокиаи нохуш огох ёфта бошанд, хай метохтанд. Шояд метохтанд гуфтем, хато бошад, мепарриданд чонвархо. Саворахо сархоро ба пеш хам карда чашм аз рох, намеканданд ... Ба Оби Борик расида аз аспхо фуромаданд. Он чи диданд, ногуфтанй ва ношуниданй буд. Аз Ситора чанд лахт гушту устухонхош мондаву халос. Маълум, ки даррандае уро хурдааст. Мардхо токату сабрро аз даст дода ба зону нишастанд ва домани гиряро рахо карданд. «Кй ба ту ин зулмро раво дид Ситорап аз бекаронахо ба канора афтидаам! - мегуфт Мухаммадсафару мушт ба сина мекуфт. «Ба хунат хун нагирам, аз пушти падарам
нашуда бошам!» - мегуфту аз алам гиребон медарид Исмоилхон. Ду мард баъд аз он, ки гиристанд, гиристанду каме таскин ёфтанд, ба чустучуи тифлак даромаданд. Аз хеч чой пайдо на карданд уро. Абри таассуф дар чабин, хуноба дар дил тег дар чигар
оху вовайлогуён Ситораи рузнадидаи лахту пора ва мушти усту, хонро миёни латтапорае гирифтанд.
Исмоилхон мегуфт:
- Ситора туъмаи даррандае шудаает, аз афташ.
Мухаммадсафар мегуфт:
- Тифлакро чизе ё касе бурдааст, вагарна аз у низ ягон чи бокй мемонд.
- Шояд ба даети одами афтода бошад, - худро тасаллй медод Исмоилхон.
- Кй медонад? Олами гайб бошад, мегуфт Мухаммадсафар.
Онхо аз Оби Борик нишеб шуданд. Аз тарафи кишлок одамон меомаданду меомаданд.
Хар кй ба онхо наздик мешуд, хамин як чизро мепурсид:
«Ку, Ситораву тифлакаш?' Оё зиндаанд?» Ва чавоб хам якта буд:
«Афсус, дер мондем ... дер мондем. Ситора андаруни латтапораву вале кулак гум ... »

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ШОНЗДАХУМ

БОБИ ШОНЗДАХУМ

Яке аз рузхои охирини мохи хамал ба кавли муйсафедон Нофи хаво гирифта буд. Бои деха Абдулваххоб як ба тарафи кибла нигариста ба хизматгоронаш гуфт:
- Дидед, дар сари Хирсхона як пора абри сиёх хаво вайрон мешудагй барин. Зуд ба сари мол равед, хамрохи Ансору Ризокул рамаро дур набаред, дар гирди кутан поед.
- Хуб - гуфтанд Миратову Ахалкуя ва асо ба даст гирифта ба кух рост шу данд.
- Х,ай воХ,има мекунед - дия! - бо табассум гуфт Мулло Афзал, ки мехмони бой буд. - Осмон софу шумо аз як лак ка абр борон оварданиед.
Эй мардак, - бо нуги ангушти ишоратй кухи Хирсхонаро нишон дода гуфт Абдулваххоб, - намебинед он пора абрро? Нофи хаво гирад, бориш мешавад, гуфтаанд гузаштагон. Мо аз унхо шунидаем, ки метуем.
- Бошем, мебинем. Лекин як чизро фаромуш накунед, бой, ки факат худо худаш доно. Куфр гуфтан хатост.
- Ниёгонамон аз хаво гирифтаryфтаанд, аз тачрибаашон гуфтаанд, мулло. Худо аклро барои чй додааст? - Аз медонистагиатон дар.намонед, - гуфта Мулло Афзал хавлии бойро тарк кард. Абдулваххоб бошад, хаёле ба андеша рафта якбора чи фикре ба сараш омад, ки як лаби чомаашро ба сари китф партофта чониби Чукиин равон шуд,
Баъди соате ба лаби Чукиин расид. Араки сару руяшро бо остини чомааш пок карда дид, ки чуфтгаронаш ду чуфти говроюгу омоч баста замин меронанд. Хар замон садояшон баланд мешавад, ки мегуянд: «Чу, чонвар, чу! Бош - бош! Гард!»
Абдулваххоб ба унхо наздик омад ва гуфт:
- Монда набошанд'
- Саломат бошанд! - чавоб доданд чуфтгароп. Яке, ки Ворис ибни Сайид ном дошт, гуфт:
- Замин заранг. Чони барзаговхоро мегирад, бойбобо.
- Дам дих,етон - дия! - гуфт Абдулваххоб.
Ин дам, аз чониби кибла шамоли сахт хеста, чангу хокро ба хаво бардошт. Абдулваххоб бо чашмони нимрог ба осмон нигариста худ ба худ гуфт: «Нагуфтам"!»
Ворис ибни Сайид тарафи бой гуфт:
- Ба таги бурс равед, он чо шамол кам мерасад. Абдулваххоб чанд кадам монда буд, ки чакраи борон ба руяш расид. «Аз афташ, сахт меборидагй барию>, гуфта ба само
чашм духт, Осмонро абрхои сиёх фаро гирифта буданд. Абдулваххоб то таги бурс омадан тар шуд.
Борон ба барф табдил ёфт. Абдулваххоб тарафи чуфтронон фарёд кард:
- Тез югу омочхоро аз говхо чудо карда чонвархоро ба таги бурсхо ронед!
Бориш ист намекард. Замин сап - сафед шуд. Ин замон овози Ворис ибни Сайид боз баланд шуд, Абдулваххобро чег мезад:
- Бойбобо, кордатонро зуд биёред, ки гов харом нашавад.
Абдулваххоб кордро аз гилоф кашида давид.
Чонагов базур ба корд расид.
- Хайрият, х,аром нашуд, - гуфт Абдулваххоб.
Ворис ибни Сайид ва хамрохонаш аз паи аз пуст фуровардани чонагов шуданд.
Чашм аз кори кассобхо наканда Абдулваххоб меандешид: Дар вакти гули кавар яха буридаанд ба табар, гуфтани мардум бехикмат набудааст». Кассобхо говро пуст канда ду нимта мекарданд, ки офтоб дурахшид
Ё тавба, кай барф бориду кай хаво кушод?' - даст ба гиребон бурд бой аз тааччуб. - Дар як руз хам зимистонашро дидему хам тобистонашро. Э аз Кудратот гардам Худо!
***
Рузи дигар овоза шуд, ки чупонхои Абдулваххоб кутани молашон катй гум шудаанд. Бой Мухаммадсафар ва ду бародар Тохиру Зохирро ба кофтукови гумшудагон фиристода гуфт:
- Гашта биёед, хакки хизмататонро медихам. Баъди ду руз баргаштанд. Мухаммадсафар гуфт:
- То як буттаву дарахт буд, дидем. Агбаро сар то по аз назар гузарондем. Бешаи палангонро чарх задем, на пай хасту на хайдар.
Бой аз гами чупонхову молхояш бемори бистарй шуд. Абдулваххоб писар надошт. Се духтар дошт. Духтари хурдиаш ятимакро, ки дар хонаи унхо калон шудаву акнун чупонй мекард, дуст медошт. Онхо пинхонй аз бой вомехурданд. Миодгохи ин ду дилдода болои боми дарвозахона буд. Шаб, ки мешуд, ятимак охистакак болои бом баромада чашм ба рохи духтар менишаст. Духтар бошад, хамаро хобонда дертар меомад. Ва онхо ру ба осмон ёзида изхори ишк мекарданд.
Боре духтар гуфт:
- Ту чи хел сангдилй?! Дур мегардй, маро аз фирокат месузонй.
Ятимак гуфт:
- Хеч намехохам, ки аз ту лахзае чудо бошам, лекин чи кор кунам, ки хучаин дорам. Бе амри у кадаме бечо гузошта наметавонам.
- Хучаинат падари маъшукаат бошад, пас аз чи мета рей?
- О, азизакам, нони хучаинро хурдам, намакашро чашидам, чи сон битавонам, ки носипосй кунам?! То хастам, гуломи халк.абаргушам!
- Хайр, донистам, ки содик астй ба хучаинат. Боре ба ман хам садок.ататро нишон дех!
- Чи кор кунам?
- Ошикон чи кор мекунанд? Месузанд, чон медиханд
- Чй, мехохй, ки худро бисузам. бикушам барои ту?
- Э, соддаяки ман, хазил кардам. Унхое месузанд, ки дастнорасанд барояшон маъшукахо. Ту бошй маъшукаат катй хар шаб дар бозй ...
- Пас чи бояд кард?
- Сухан аз ишк гу. Байтхои ошикона хон. Дарвокеъ, байт медонй?
- Чаро надонам?
-Ку, бихон!
Ятимак пастак-пастак замзама кард:

Арак гирди лабат шабнам гирифтаст.
Дили бедарди манро гам гирифтаст.
Ту мехохи, ки ман пешат биёям,
Сари рохи маро душман гирифтаст.

- Душман? Кадом душман? - пурсид духтар.
- Чй, ман душман надорам? Бо ту будани маро дигар хизматгорон медонанд. Рашк мекунанд.
- Наход? Хайр, боз хон!
Ятимак:

Маи бед шавам, кадди туро соя кунам,
Булбул шаваму хазору як нола кунам,
Ман чуб ша вам, равам ба пеши усто,
Шона шаваму зулфи туро шона кунам.

- Ин кадар байтро аз кучо ёд гирифтй?
- Молпой, ки рафтем, кори мо байттуй аст.
- Акнун биё, байтбарак, шарташ катй,
- Метониста бошам?! Шарташ чй?
- Касе ки бой дихад, як буса карздор.
- Ачиб, хайр, сар кун.
- Не, аввал ту.
- Намешавад. Духтар гуяд, писар чавоб дихад.
- Донои кам нести. Хайр, саifардам.
Духтар:



Аком таги кухи ман таги дарвоза.
Аком гули сурху ман бунафши тоза.
Ятимак:

Ало, чонони чонон, бандаат ман,
Багал бикшо, ки сармобурдаат ман,
Багал бикшо, маро кунчи багал гир,
Хамон ёру рафики кухнаат ман.
Духтар:

Не токати он ки дер - дерат бинам,
Не сабру карор шишта серат бинам.
Меойиву нонишаста бармегардй,
Дар ними нафас чи гуна серат бинам!

Ятимак:
Ман садка шавам чаигали серзаргуша,
Маи садка шавам духтори камзулпуша,
Камзулпушай, рангу ба рангай пушад,
Ойина шавам, ки у бубинад руша.

Духтар:
Аком таги куху ман таги кухпора.
Аком рахи дуру чигарам садпора.

Ятимак:
Ало, духтар, таманнои ту дорам,
Назар бар кадди болои ту дорам,
Тамоми мева дар боги чахон хаст,
Умед аз меваи боги ту дорам.

Духтар:
Ман садка шавам химчаи санговдавака,
Ин бачаи кадпастаки девлакравака.

Ятимак:
Ало, духтар, танат чу нукраи хом,
Манам ошик ба он чашмони бодом

Духтар:

Ман мор ша вам, халка залам гирдаки бед,
Бечора касе ошики духтор бошад.

Ятимак:

Духтар, духтаре, аз чашма об овардй,
Дардат занадо, мулка ба дод овардй.

Духтар:

Ин кутали качмакача мери боло,
Як бор нигох намекуни ту бар мо.

Ятимак:

Oху ба сари куху бари ёла чарид,
Ин куртаи ёр мисли гули лола дарид.
Мардум гуянд куртаи ёр аз чи дарид,
Чоиона кашиду мо кашидему дарид

- Шуд, шуд, шартро бурдй, - гуфт духтар, - акнун бибус маро!

Ятимак аз рухсорахои зебои духтар бусиду худро аз бом поён партофт.
Гавхар завк, кард ... Вале ин гапи чанд руз пеш ...

***

Ва холо Гавхар аз гум шудани чупонхову рамаи гусфандон иттилоъ ёфта хисобашро гум карда буд. Охир ошики у-ятимак, ки Ансор ном дошт, катори дигарон пайдо нашуд. Магар метавонад ин талафоти_моливу чониро тахаммул кардаву хомуш
бошад. Бе Ансораш чик ор мекунед гирди сар печонда бо руймолак бает, чорук бапо кард, асо ба даст гирифт ва пинхон аз падар як субхгох, чашми руз накафида «ху!» - гуён баромада ба суроги яти маку хамрохонаш рафт. Дар Гардани масчид буд, дар
Барракуш буд ... Ба бешаи Палангон омад, руи санге нишаст. нишаету дар ёди гумшудагон, ба вижа ошикакаш мушт-мушт оби дида рехт. Хаёле ганабаш бурдааст. Садои «хей-хей! хей-хей!» бедараш кард. Ба атроф нигарист, гушу хуш шуд. Садо аз шохи да-рахТ меомад. Мургаке «хей-хей!» мегуфт. Суи дарахт чанд кадам партофт, ки сад о аз дигар чониб шунида шуд: «хей-хей!» Ба он тараф гашт, ки садоро аз пахлу шунид: «хей-хей!» Девона шуд гуё ... Ин чи садост, ки ин кадар аз су зу дард манша гирифтаст? Магар чупонест, ки «хей-хей!» - гуфта молашро меронад? Худоё, баз ятимаку хамрохош набошанд, ки дар су рати мургак то хануз молхои дар рузи барф гумкардаашонро мечуянд?' Хеч чои шубха неет, мургак хамон ошики у, яти мак аст!» Гавхар аз худо илтичо кард, ки вайро хам ба мургак табдил дихад, то бо дилдодааш як чо бошад. Дуояш мустачоб ШУД. Духтар ба мургаке мубаддал шуда, парида ба шохе нишаст ва баробари дигар мургони «хей» - гуяк «хей!» - гуфтан гирифт ... окибат якдигарро ёфтанд Гавхару Ансор ...

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ПОНЗДАХУМ

БОБИ ПОНЗДАХУМ

Дар кухистон як хикмате хаст: «Аз хубон бог монаду аз бадон дог. Хамааш ба хисоб аст. Нагуй, ки ман чунинаму чунон. Ман ин мекунаму он мекунам гуфтанат аз камаклист. Ха, хамааш каблан аз олами боло тархрезй шудааст. Кампири Сор о дируз
буд, имруз нест. Лекин аз худ номи неке гузошта рафт. Бог не, купрук не, баёзи афсона ба мерос монд. Он кадар афсонахояшре дар баёзи ёдхо навиштаанд духтаракону писаракон, ки ... Аз хасрати марги ростаи /хашгод сол умр дид/ кампири Соро деха дуд мекунад имруз. Калби хама хуншору дидахошои ашкбор. Абруи Эшон гирех хурдаву ангуштони инсу чинсдонахои тасбехи хасрат мегардонанд. Кухи Олисузанй бо сузан и гам кафан медузад. шохахои бурс тобут мешаванд. Сабзахо дар ин рузхои бахор ба чои соикахо рост кардан ба пои оби равои меафтанд. Мургакон хомушанду гулхо гиребончок. Сахрахо ба сукут рафтаанд. Аспон шиха мекашанд, сагхо зуза мезананд. ки: «Аз мо касе рафт, ки танхо буд, аз шавхар чудо буд, ба фарзанд гад о буд. у кампири Соро буд, бо хама нодорй доро буд. Афсона мегуФт. Не, не, афсона кучо? Сесона мегуфт. Аз кабку аз бедона мегуфт. Зор мегуфт, хор мегуфт, гурезае афтода дар гор мегуфт. Вак'Т рафт, накд рафт мегуфт. Як кали айёр мегуфт, донову маккор мегуфт ... Поён мегуфт, боло мегуфт, аз киссахои Юрти Лоло мегуфт ... Зар мегуфт, заргар мегуфт, аз маъшуки бедарду ошики пушти дар мегуфт ... Охе буду, мохе буд мегуфт, то сари кух рохе буд мегуфт, як шох буд мегуфт, он шох дилогох буд мегуфт, лекин фарзанд надошт мегуфт, пай ванд надошт мегуфт чун ман ... »
Имруз кампири Соро бахамешагй лаб аз сухан баставу олами набот, чамод ва инсу чинс забон кушода буданд дар сифати майита. Хор мегуфт:
- Соро, маро гул мепиндошт ва сарамро сила мекард, харчанд ки ба доманаш мехалидам. Гул мегуфт: - Бусаам мекард, гарчи руи хуш намедодамашу мегуфтам «хохам, ки маро духтарон бибусанд, на ин, ки ту. Бирав, ки чи бадруй!» Посухам медод: «Бале ту чи хушруй!»
Арча мегуфт: -Соро, донахоямро мечинд, аз ришта гузаронда ба гулуяш меовехт. Буи кокулони мушкбораш мастам мекард.
Чашма мегуфт: - Соро, куза сари китф барои об меомад, соатхо дар оинаам худро тамошо мекард. Боре дар уребии Гардяна кузаро афтонд. Куза гелон шуд. Баъд ун маконро Кузагалтон ном гузоштанд. Бузаки шохчуккааш мегуфт: - Ку, кампирак, ки ширмуро душаду мост хобонад? Писгонхоям пури ширанд, хумори пистонкяшихояш мегирад - ма! Алопар, саги хамсоя мегуфт:
- Соро, хар бегохии душанбеву ч.умъа нонам медод, ку, вай?
Духтаракону писаракон сиришк аз дида рехтаву мегуф, танд:
- Афсонагуякамон алам!...
***
Он кадар дар чанозаи кампири Соро одам чамъ шуда буд, ки хисобашро касе намеёфт.
Мулло Афзал даст ба гиребони хайрат гирифта худ ба худ мегуфт:
- Як бефарзанд занакро бинеду пои чанозешро. Мумкин, ки намозхон хам набуд. Аз корхот гардам худо! Ту худат доно, ту худат ... Чи хел мемурда бошам - а?! Такдир мекарда бошад, ки хами н кампири Соро барин бообру равем?! Пои чаноземоба хамин кадар одам чамъ мешуда бошад?.
-Чи ба фикр рафтед, мулло? - наздик шуд ба у Мурод
Азиз.
- Хамту ...
- чи гуфтанашро надонист Мулло Афзал.
- Кампири гарончон буду беозор. Бинед, ки аз хасрати у
ашки чашмони мардум хеч хушк намешавад, - гуфт Мурод Азиз ва афзуд. - Ба руяш хок кашида бошанд хам, то ханузам хама мегирянд.
- Ха, хамин тавру лекин дигар тарафаш низ хает.
- Боз кадом тараф?
- Хар кас, ки дар ин руз мегиряд, барои худ мегиряд, чи тавр мемурда бошам гуфта.

- Дуруст фармудеду ... - бо чи хаёле давоми гапашро нагуфта аз дигар чо даромад кард Мурод Азиз. - Ба хар навъ Соро занаки хуб буд. Дар дарозои умраш бисёр ранч кашид. Шавхар кард, дар аввал фарзанд нашуд. Баъди хафт сол писар ёфт, он хам бошад, аз касрати як беморй оламро ладруд гуфт. Дигар шу накард. Ба бевагй умраш хазон шуд бечораро ... Мана, дунё ба худаш хам бевафой кард. Чи монд аз у?
- Як кулбаяки тангу мурии сиёх - гуфт Мулло Афзал.
- Не, мулло, мухаббати уро дар дилхои мардум эхсос накардед?
Ба хама ин чиз даст намедихад! - гуфт Мурод Азиз
Дуруст, ман ин тарафашро фикр накардаам. - сурх шуд Мулло Афзал. Мулло Афзал кореро бахона карда рафт. Мурод Азиз зери лаб гуфт: - Мулло токати гапи хак.ро шунидан надорад ...

«Сару бар шуда хафту чилашро гузаронем, рухаш шод мешул Як буз дopaд Нарасад, худам медихам. Бисёр дасташ ба мо расидаасг», - аз дил гузаронд рохравон Мурод Азиз.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ЧАХОРДАХУМ

БОБИ ЧАХОРДАХУМ

- Мегуянд, ки шиками за ни чупон Рачаби пупак дам ида баромадааст.
- Хайр чй? Шу гирифт, дам ида мебурод-дия!
- Ту манро нафахмидй, Исмоилхон.
- Чй хел фахмам, Шариф?
- Охир аз шугирии Ситора ду хафта нагузаштааету аллакай бачаи шикамаш панч - шашмоха будает, мегуянд.
-Кй мегуяд?
- Занхои хамсоя-дия! Боз кй мегуфт?!
-Ба ту?
- Наход, ба ман? Ба занам гуфтаанд, у ба ман гуфт. Чй хел шудаст-а?! Кадом модарбахато ба Ситора расида бошад? Кори усто Басир тамом шуд гуфтан гиред.

- Шояд дуруг бошад. Ба мучиби фарбехй хам шикам дамида мебарояд.





- Дуруст, ако. Лекин то шамол набошад, шохи дарахт намечунбад. Бехуда гап накардаанд. Савобу вуболи хамсояро азхамсоя пурс мегуянд. Афсус, афсус ...
Кайфи Исмоилхон парид. «Ин чо шахр нест, - мегуфт худ ба худ дар танхоя. - Як рустои кухистон. Шахр хар хел омад дорад. Дузд хает, гар хаст, Аммо деха дигар, Ин мардум харчанд аз чанд авлод хастанд, хар руз калла ба калла мезананд. Шарики шодиву гами якдигаранд. Туй ё мавриде дошта бошанд, бе иш, тироки хамдигар намегузаронанд. Пас ба ин чо чи, бало зад? Дар байнашон гармард хам будааст-дия! Чи зохири фиребанда доштаанд илдае аз инхо! Шармандагй! Ин догро факат метавонба хун шуст, - гирех кард муштонашро аз кахр Исмоилхон. - Хеч кас ёд надорад ин пастира! як духтаракро балнем. кардан, волидайнашро сархаму Музлам гардондан магар мусалмонест?Е. Дар як муддати ба шахр рафта омаданам оё тагйир ёфтаанд ин мардум? Ё дар' асл хамин тур будаанд? ... Холати- усто Басир- падари Ситораро хаёле тасаввур карда дар худ нагунчидд, ларзид, такон хурд чун бабри тирхурдя, Муяш сих зад, араки сард тамоми аъсобашро фаро гирифт. - Ситора-чй? Холо дар чй вазъ бошад? ... Агар ба сари Ни.\оли ман чунин руз биёяд, чй кор мекардам? Рачаби чупан душмаи доштааст-дия! Хурданду зиёдатиашонро ба у доданд ... Не, не, ман ин корро хамту намемонам .Меёбем ун масти ... Ха, агар сарам равад х.ам, намегардам аз рохам ... Ох ир ин чо масъалаи нангу номуси диёрдорй хаст, Орияти дех -дорй хает ... Ба хона омад Исмоилхон. Бедимог буд. Дасташ ба коре на- мерафт. Чизе Гулуяшро ноаён мефушурд. Чашмонаш аз газаб хун гирифтаву тасфаш баланд шуда буд.
- Чи шуд ба шумо? - пурсид бо харос Нихол. - Ягон вокиа рух дод? Ё нотобед?
- Рав - е, рав - е дурар, ки набинамат! _ сахт омад ба занаш Исмаилхон. - Шумоён, занхоро сангсор кардан даркор!
Мизочи шавхарашро, ки медонист, Нихол хомушона лаб газип ва ба хушдоманаш ишора кард, ки пеши баччеш бишинад.
- Бачем, ягон чиз мехурй? - пурсид кампир баъд аз он, ки келинаш аз дар баромад.
- Не, оча, дилам хеч чиз намекашад, - гуфт Исмоилхон такя ба болин карда.Хайр. чи шуд ба ту?
-Хеч чиз не. Хамту ... мегузарад. Баъдтар. кариби вакти хоб Исмоилхон Нихолро чег зад. нихол давида омад.
-Чи мегуед? Ба хоп омадед?
-Бе хол будам - чй? - захрханда кард Исмоилхон суи занашу боз гуфт: - хамон дудамаи маро ёфта мон.
- Чи кор мекунед?

-Ба шикор равам, даркор шуда мемонад.
- Ба шикори кабку щу?
- Шикори ... Занака ба шикори мард чи кор?! - гуён аз чой хест, пибоси.шабравешро пушил, ду дамаро гирифт ва аз дар баромад.
- Кучо меравед?

Ба суолаш ч:авоб нагирифт Нихол. Хаёлолуд дар чояш чанд лахза истода баъд ба чогахандозй машгул шуд.

***

Хамон шаб кучагарлиаш натича надод. Пас аз ду руз дар кариби боги Тамошо бо Рачаби чупон, ки пупакаш низ мегуфтанд, вохурда уро ба гушае кашид. Гуфт:
- Рачаббой, занатро сар додай, рост аст?
- Ха, нафорид, пеш кардам, - гуфт Рачаби пупак.
- Хамун овозахо хакикатанд? - пурсид Исмоилхон.
- Рост, - икрор шуд Рачаби пупак.
- Шаби аввал нафахмидй, ки духтар буд?
- Ун вакт ахамият надодам.
- Ха ... Баъд чи хел маълумат шуд, ки у бачадор?
- Куча баромадаст, пайхас кардаанд, ки шикамаш пешру. Дахон ба дахон то ман расид.
- Аз таги зам ин мор чунбад, ин мардум мефахманд. Хуш, акнуи чи кор карданй ту?
- Сар амон бошад, кулох ноёб нест, гуфтаанд.
- Хамтую .. , Модарат дар чи хаёл?
- Аз шармашруи кучабарой надорад.

- Исто, ки барои Ситораро ба эани гирифтанат касе рахна. муд карда буд туро? Дар хотират хаст?
- Наход, фаромуш кунам? Додвар.
-Додвар?
- Ха, худи худаш.
-Ха…

Дили Исмоилхонро гурги изтироб тала мекард. «Наход, хамон расида бошад? О вай кадхудо - ку! Мардаки зандор, фар. зандхо дорад ... Ситораро ... Хеч мумкин нест. Мардак як дало. лати хайр карда тунахгор шуд? Дар хама тую маъракахо пещ. рав. Насихатгар ... Бо рохи шайтон раф т? Хуб, гуфтем, ки вай ба духтар расид, вале кай? Дар кучо? Модараш хабар дошт? Аввая бо у гапро пазонда бошад - чй? Не, не, бо марди зандор чи хел гап пазонда мешавад? Ин фарзия хатост, Исмоилхон, ба худ мегуфт у. Кобили кабул намебошад ... Ба хар навъ сари калоба ёфт шудагй барин. Боз мебинем ... Исмоилхон рохи хонаи Мухаммадсафарро пеш гирифт. Рафт, ки Мухаммадсафар замин побел мекунад.
Мухаммадсафар Исмоилхонро дида белро ба танаи дарахти гелос рост монда гуфт:
- Тинчй?
- Ха, тинчй, - чавоб дод Исмоилхон, ки худро хеле гиронда

- Хайр, гап зан, чи ин кадар таги рангат сиёх метобад?' Бахор асту ту хенузам нашукуфтай. Фасли дай барин хушку урён мебинамат, - гуфт Мух,аммадсафар, ки хар замон бо кираи даст араки чабинашро пок мекард. - Хато намекунй. Он чи гуфтй, хамонам, - ба атроф нигариста паст-паст гуфт Исмоилхон.
- Аз кисмаги Ситора бохабар будагистй, Вайро хамун ....
- Чй, хамун? - норох.ат шуд Мух.аммадсафар.
- Хамин холо бо Рачаби пупак сУх.бат доштам. Мегуяд, ки
Ситораро пеш даромада ба ман додагй х.амун Дедвар аст.
- Хайр, чи гуфтанй ту? Долвар ба Ситора расидааст?
- Ха, хамин тавр.
- Ин хануз тахмин, дустам, на хакикати хол. Аз кол то хол фарсаххо рох аст!
Аспо бовар накун. Вале ман муътакидам, ки махз Додвар ба ситора даст дароз кардааст. Ха, ин расвой аз у сар зада! Исмоилхон рафтанй шуд. Мухаммадсафар гуфт:
Исто, ягон чиз хурда баъд рав.
-Дигар бор биёям, бахузур мешинам, - рад кард таклифи дусташрО Исмоилхон.

***

Шаби саввум буд, ки Исмоилхон куча ба куча, гузар ба гузар мегашт. Бай ба кариби Сой омад, ки дар дамгахи гангкуча ду кас дар афту дарафт. Худро ба хамй кашида туш ба кимор шуд. Яке мегуфт:
- Чй аз паи ман чакка шудай? Нонатро нимта кардам? Аспатро дуздидам?
- Ту, модарбахатои говриш, дар лаби сою гузари мо чи гум кардай, ки хар бегох дар хамин чохо мебинамат?
- Чй, чувозхона наравем? Аз хад нагузарон!
- Ту аз хад берун по манех' Даркор шавад, мешиканам поятро!
- Пошикан хануз наруидааст!
- Fармард, ки хастй, гаррй мекунй? Холй нигох кун!
- Кй гуфт, ман ... Гумони бад мабар! Вай мегуфтагиат ман не, ха, масчохи!
Исмоилхон аз «масчохи», гу тани яке донист, ки дигаре Мухаммадсафар аст. Ракибаш кй бошад? Хам - хами девор омад то пеши онхо. Ин дам дасти кордцор баланд шуд, тегаш тахти нури мох, хаёле дурахшид. Исмоилхон бо як чолоки зарба ба дасти корддор зад, корд афтид руи рох. Яке хайрон монду дигаре гурезон шуд.
- Ин туй, Исмоилхон? - шинохт дусташро Мухаммадсафар, ки тез- тез нафас мегирифт. - Чи кор кардй? Мекуштам - ша!
- Кй буд вай? - пурсид Исмоилхон, ки корд аз замин мебардошт.
- Додвар. Муфт хал ос шуд - дия!
- Хайр, рафтем ...
Додвар даричаро кушода хишшосзанон ба хавлй даромад «Хама дар хоб будагистанд. Дар айвон мехобам монд, гуфту либосхои руяшро накашида болои пустак дароз кашид. Хамоно дар майнааш ин фикр чарх мезад:» Кй буд вай, ки боиси начоти у шуд? Агар дар вакташ намеомад, масчохй корашро мекард ... Маълум, ки аз муносибати ману Ситора Мухаммадсафар бохабар аст. Аз кучо фахмида бошад? Ё тахмин мекунад? ... Рузхои охир Исмоилхон хам ба ман бо шубха менигарад ... Ситораро шуяш пеш кард, ки кори хуб нашуд. Окибаташ ба хайр шавад - дая! ... Лекин ин Камола дигар. Мекушадда! Чанд бор аз паяш чакка шудам, тан намедихад. Аён, ки аз шуи чувозкашаш метарсад занак. Ин мургакро як бор донхурак мекардам, дигар армон намемонд. Хамин шаб аз полези Камола харбуза хурдан мехостам, ки аз кучое ин масчохй садди искандарй шуд. Хуб занозанй хам карда гирифтем. Аммо каси сею м намеомад, мумкин буд ба бикинам корд мехурдам. Хайрият! ... Додвар гарки тафаккур надониста монд, ки чи тавр пилкхои чашмонаш пушида шуданд.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ СЕНЗДАХУМ


БОБИ СЕНЗДАХУМ

Мувофики гуфтахои пирони деха Офтоб ба бурчи хамал дохил шуда Наврузи хучасгапай кадами муборакашро ба домани талу теппахо ва ёнахои кухсорон мегузошт. Замин аз сабзаву гулхо колин ба бар дошт. Дар чаману богот мургакони хушилхон чун тутиву сор, булбулу саъва ба наво хеста аз омад _ омади руз!! нав мужда медоданд. Обаки чуйборон дар пои анвои рустанихо афтода намози шукрона мехонд. Дар вучуди дарахтон инк:илобе шудаву хок гиребон чок мекард, ангушти сабо атри гулхон ёсуман, лолаву бойчечакро ба хар чониб пош медод.

Мардхо дар лаби дарёву канори боги Тамошо сайри идоиа доштанд Чавонхо аспхои худро дар хар чо-хар чо хунук мекарданд. Занхо гирди Ошдонхо нишаставу сумавак ва гуна-гуна кулчакаиду ширинихо мепухтапд.Мурчае аз хонааш баромада ба атроф чашм давонд на аз паси дарёфти гизое ба тадорук даромад. Мегуянд, ки мурча дар
талаби рузй харис аст. Барои он, ки дона сабз нашавад, ду пора карда нигох медорад. Хатто галлаашро бароварда дар офтоб ошта боз мебарад, ки аз рутубати замин ганда нашавад. Гароибтар он асг, ки мурча аз буи дона сер мешавад, на аз хурдан. Кувваи шоммааш агоят тез аст, мегуянд ... Сафия дар богашон бо дугонахояш бод мегирифтанд. Кахкахаашон рахна карда аз девори баланди бог то ба дурихо мерасид. Дугонахо бо навбат ба руи ресмон менишастанд, аргуштак мерафтанду аргуштак мерафтанд. Аз харакати ресмон шохи дарахт меларзид, мугчахояш аз таре дахон во мекарданд. Баробари пасу пеш рафтани ресмон Фуруг хонд:
Се мохи зимистон асту се мохи бахор,
Гул дар гами борон асту мо дар гами ёр.
Шабафруз идома дод:
Аз агба фуромадиву нолиш кардй,
Сангои дари хонема болиш кардй.
Атифа чур кард: шукия фармудас худои олам,

Дар ёди хамун бача бихохам нолам ...
Сафия ин дам гуфт:
- Бетон, хонаёбак!
- Майлаш, майлаш! - гирди Сафия ч:амъ шуданд дугонахо,
- Кй аввал мегуяд? - суол партофт Фуруг.
- Дар мушт сангча руст мекунем, касе ёбад, хамон аввал мегуяд, - эълон кард Сафия ва сангчаеро аз зам ин гирифта, дастхояшро ба пушт бурда, баъд муштхояшро нишон дод. - кани, ки мезанад?

- Ман-гуён Атифа бо даст ба мушти рости Сафия зад. Сафия мушташро кушод, ки сангча дар он аст. Гуфт:
- Ёфтй, Атифа. Навбати ту. Гу, мо ёбем. Атифа чашмонашро пушида хаёле фикр карду гуфт:
- Ёбед, дар як хона як кас. Кист вай?
Шабафруз лахзае нагузашта даст боло кард: -- Ман ёфтам.
Кампири Соро.

- Дуруст, -- гуфт Атифа. - Акнун ту гу, мо ёбем.
Шабафруз гуфт:

- Дар як хона ду зану ду мард. Ёбед, канй, хонаи кист?
Ин дафъа Сафия чавоб дод:
- БоЙмуродино.
- Хато нест, дуруст, -- гуфт Шабафруз ва афзуд. - Акнун I
ту гу. Сафия гуфт:

- Ёбед, дар як хона шаш кас: ду марду чахор занак.
Дугонахо ангушт ба дахон бурда лахзае гарки хаёл монданд.
Атифа гуфт:
- Мулло Афзалино.
- Не, - розй нашуд Фуруг. - Онхо панч касанд. Мулло Афзал, занаш, писараш ва ду духтараш.

- Ёфтам, ёфтам! - Бо завк гуфт Шабафруз. - Мухаммад- сафарино.

- Ха, - тасдик, кард Сафия ва илова намуд. - Акнун ракс мекунем.
Атифа ба даст доира гирифт, чанд духтар ба мобайн баромада бо зарби доира раксидаид.
Фуруг гуфт:
- Сафиямщ як пайт партояд. Хушру мераксад.
- Ха, ха, навбати уст, -- кафкуби карданд дугонахо.

Сафия шармгинона дохили давра шуду ба духтарон нигохе гарм хадя кард ва лабханде шанг гирди лабон охиста чарх зад, баъд дасгхояшро ба ду тараф Кушода пайкари рехтаашро ларзондаву реза-реза по монда сабук-сабук раксидан гирифт.
- Бах, бах! Чи ракси зебо! Мегуед, ки товус аст, мехиромад,
- ба вачд омад Шабафруз.
- Не, не, гизол аст, ки мечамад, -- нидо кард кафзанон Ати- фа.
Духтарони дигар хам ба ракс даромаданд ... Сафияро чег заданд. Давида рафт, ки модараш Бону.
- Духтарам, падарат нестанд, дар беруни дар овози мард.
Бубин, ки кисту чй мегуяд, - гуфт Бону. И н дам шунида шуд:
Ё дуст. ё оллох! Хак дуст, ё оллох!
Ё дуст, ё оллох' Хак дуст ё оллох]
- Ин овози каландар-ку! Каме тутмавиз бароварда дех, холи наравад бегохи иду арафа, -- супориш кард Бону ба духтараш.
- Хуб, очачон! - гуён Сафия дар коса тутмавиз гирифта тарафи гардишгох рафт. Дарвозаро кушод, ки марде кошу чаll1мсиёх., дар тан чакман такя ба асо карда истодааст.
- Ба качкулам рез, духтар, - гуфт бо мулоиматй чашм аз Сафия наканда.
Сафия комати чун сарвашро каме ба пеш хамонда тутма- визро ба качнули мард рехт. Ин вакт катори кокулони дарозаш шорида аз ду бараш ба пеш нишеб шуданд. Буи мушкомези кокулон ба димоги мард зад, ки мастона гуфт:
- Ох, чи хел хуш хастам аз буи диловези мухот. Саломат бош, соли нав ба туву ахли хонадонат накуихо орад. Омин! Каландар рафт ...
Сафия табакаи дарвозаро пушида, косаи холиро дар лаби айвон монда, пеши дугонахояш омад. Онхо руи сабзахои наврустаи бог гирд нишастанд. Дар хал-
каи дугонахо у офтобро мемонду духтарон шабех ба ситорахо буданд.
Фуруг ба Сафия нига риста гуфт:
- Дугоначон, то кай хамту мегардй? Мо барин ягонта ёб!
Атифа гуфт:
- Сафия дорад. Боймурод-дия!
- Э моне, Боймурод аз Сафия се сол хурду ... - ба сухбат хамрок шуд Шабафруз.
Сафия аз ин гуфтугузори дугонахо ба танг омад, ки гуфт:
- Дигар гап наёфтетон чй, ки ба ман часпидетон?! Ман аз шу безор!

- Ин гапхот намегузарад, Сафия. Шояд Мухаммадсафар маъкул аст? - боз гуфт Фуруг.

- Мумкин, Мухаммадсафар муйлабхои чун пари зог сиёх дорад, -- гуфт А тифа.
Баногох Сафия тамоман дигар чиз гуфт:
- Хамонеро бигирам, ки се шарти маро ичро кунад!
- А? Чй? - махви хайрат шуданд духтарон. Чанд дакика на. фасхо дар гулухо ях бает. Ин гашти гайричашмдошт буд баРОI1 хама, ки ба лабхои сухаигу мухр зад, лашкари кахкахаро зиндони кард ва лахзае бошад хам ба хомушй имконият ДОД, ки тантана кунад.

Духтарон хангу манг монда буданд •... уфтода дар Муродбой хаёлоти вахим. Хеч дар гурфаи хотироташон намегунчид ин эълг; ни Сафия. «Ин духтар чй мегуяд? Девона нашудает-ку?!»
... Булбуле ба шохе нишаета чах-чах зад. Фохтае аз хамиц наздиких,о такрор ба такрор хондан гирифт: «Ку-ку! Ку-ку! Ку. ку!»
Яхи хомушй бишкаст. Ба тани мурдаи духтарон чон дамид, Рухашон нагма огоз кард. Дар рагхо хуни гарм чушид. Дилхо ба тапар-тупур даромаданд. Ба рухсорахо сурхй давид. Лабхо боз чун гунча во шуданд.
- Ин гапат чиддй буд, ё шухй, дугона? - ба гап еар кард
Атифа.
- Э К,оил кардй-ку! - афзуд Фуруг.
- Шохдухтар барин шарт гузоштй-а! - хандид Шабафруз.
- Хайр, Сафия аз кадом шох.духтар кам ает? - еуол партофт Фуруг ва илова кард. - Духтарони шох пеши хусни у бечораанд. Харидороша бинед, адад надоранд. Шарт монданаш то чое дурует.
- Хайр, бубинем ун шартхо кадомхояцд?' - гуфт А тифа.
- Ха, ха, гуй, бишнавем, - хохиш кард Фуруг саволи Атифаро таквият дода.

Сафия окибат бо исрори дугонахояш лаб ба сухан дуним кард:

- Духтарони ширин, бояд бигуям, ки гапро ё чиддй мегуянд, ё шухй ба шухй. Ман хазил намекунам. Кайхо ин шаргхоре ёфта мондаам: Каее ки аепро бо як пой бозй доронда тавонад, хафт тирро ба Ta~ дарахт дузад, аз дарё бо галбер об биёрад, го-
либ хисоб мешавад.

- Бай, вай! Ана шарту мана шарт! - тааччуб карданд духтарон ва баъд ба мунозира гузаштанд.
Фуруг гуфт:
Хайр, гуфтем, ки довталабе пайдо шуд.
_ Аллакай хаст, ха, якта не, ду-сета, - ба миёни сухани Фу-
уг пагад зад Атифа.
Фуруг худро ислох кард:
- Хуб, пайдо шуд наметуему ... чй буд ... х,аст метуем. Фарз кардем, талабгор аспро ба як пой бозй доронда тавонист дар майдон пеши хангомахохон, яъне шарти аввалро буррид. Боз ...
- Боз, - ин они суханро гирифта гуфт Шабафруз, - тирандо- зи мохир бошад, тирхоро ба танаи дарахт духт гуед, яъне шарти дуввумро хам ичро кард.
- Лекин дар ичрои шарти сеюм дармемонад, - гуфт Фуруг.
- Бо галбер чи тур об мебиёрад?
- Ха, ин номумкин, - ба андеша афтоданд духтарон. Сафия дид, ки хама ба ангора рафтаанд, бо лабханд гуфт:
- Э нодонако, аз хама осонаш шарти сеюм ... Хайр, акнун хона ба хона мешавем. Бегохи иду арафа ... Ин муамморо худи хаёт хал мекунад. Бехуда дилхун нашавед. Пагох боги Качак харифона хаст, барвактар чамъ шавед.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ДУВОЗДАХУМ

БОБИ ДУВОЗДАХУМ

Золи шаб гесувони сиёхи дарозашро дар болои дара пахну парешон партофта ба ганаб рафта буд. Ситорахо аз умки осмон бемадорона суи Замин чашмак мезаданд. Абрпорае сиёх рун мохи навро, ки ба карчи харбуза шабохат дошт, пушида буд.

Хопмухаммад - падари Мухаммадсафар чаш м аз осмон канда, дари хучраашро кушод ва да:ромада кунчи сандалй ни. шаст. Дар руи сандалй китоб ва чанд вараки сафед, сиёхидон, найкалам гузошта шуда буд. Шамъ базур-базур месухт. «Барои чй дер карданд? Боз байнашон чанчол нахеста бошад? Барои дупула гап бай ни ду кишлок ягои нохушй рух дихад, хуб намешавад.
Мухаммадсафарро таъкид карда будам, ки то тавонед ба муросо биёед. Ин хок ба хама мерасад», гарки хамин андешахо да дилаш ба ягон кор намерафт. Хуроки кампираш овардагй хам хунук шуд. Бори чандум буд, ки руи хавлй мебаромад, ба тарафв дар воза нигох мекард, ки садое меояд ё не. Боз бармегашт ба хучра ...
Чи шаби вахим ва пуртахлука. Бачаи хоб дар гахворая чашмаш намеорамид. Афкори гарон азияташ медоданд. Чи хел фикр накунад? Охир байни ду хамсоякишлок ба хотири як каф хок хун резад, чи хел мешавад? Магар айб нест?
Холмухаммад калобаи андешахои бесару нугашро як тааФ чамъ карда ба хамин хулоса омад! «Агар имшаб «бачахо» набоёянд, маълум мешавад, ки халли казия тул мекашад. Бехтар он ст ки пагох худаш ба Беди Гав равад. Барои худ кор бастан бас
аст.
Меравад, то инсонхоро ислох созад ...
Мабод он руз, ки хатогие руй дихад!
Холмухаммад баъди намози бомдод хизматгорро фармуд, ки маркабро зин зада биёрад. Офтоб хама чоро нагирифта ба Беди Гав расид. Аз Реватк, аз Урметан омада буданд. Хануз байни худ барои Fути Оча бахс доштанд. Хар ду тараф хам гузашт намекард, хар ду чониб хам мехост гапи худро гузаронад. Намояндаи беки Урметан чун дид, ки Холмухаммади реваткй, ба риши сафедаш нигох накарда, кухгали росту рохи морпечи Беди Гавро баромада омадааст, хамаро ба хомушй даъват карда тарафи муйсафед гуфт:
- Бобо, мо ду руз аст, ки хамин як масъалаи доги рузро хал карда натавониста истодаем. Инаш мегуяд, ки Fути Оча аз мо, дигараш даъво дорад, ки не, морост Fути Оча. Агар дар чояш ин казия халлу фасл нашавад, боз идома меёбад чанчол. Шумо, ки
дар хирад аз хамаи мо баландтар меистед, чи мефармоед? Хопмухаммад чанд суол доду аз одам они хар ду чониб посух гирифта андаке ба фикр фуру рафт, пасон ба чехрахои хама падарона нигариста гуфт:
- Агар розй бошетон, дар сари баландии Fути Оча об мерезем. Об ба ду тараф меравад. Хамту не? Ана, хамин чои об рехтаамон хатте мешавад, ки шуморо чудо мекунад, яъне аз хат ун тараф аз они Урметанихо, ин суи хат мутааллик ба Реваткихо.
Чои хатти об ура мекобед, тамом, вассалом!
- Ташаккур, - гуфт одами бек. - Дар вокеъ, хамин фикр ба сари мо наомадааст. Канй, метинхоро тайёр кунед. Ман об мерезам, нигох карда ура кофтан гиред!
Хама дасту остин барзаданд ...
Баъд аз он, ки ура кофта шуд, ду тараф ба хам дасти сулху ошти дароз карданд ..

Дар майдони назди боги Тамошо мардум чамъ омада бораи бе ягон нохушй халли худро ёфтани масъалаи Fути О харф мезаданд. То намози дигар хануз вакт буд. Ин дам Рач:а~ пупак пайдо шуда ба хама салом дод ва тарафи Шарифкамбагал.. гуфт:
- Канй ту? На карзамро медихиву на фоидаашро?!
- Хакки корамро аз Эшончон гирам, медихам, чавоб дoдШарифкамбагал.
- Не, не, аз хамин руз дер монад, аз худат гила кун.
- Исто, Рачаб, - ба гап хамрох. шуд Мухаммадсафар. Шариф аз ту чанд пул карздор?
- Дах танга, фоидааш баъд гуфт Рачаби пупак.
- Яъне дувоздах? - гуфт Мухаммадсафар - Кирой набу, дааст, бахшу мон.
- Ту худат бошй, мебахшй? - гуфт Рачаби пупак,
- Чаро набахшам? Хайр, ту як валинеъматй кун, Рачаббой,
-- боз гуфт Мух.аммадсафар.
- Ту ба миёнаи кори мо надаро. Ман карзамро талаб мекунам, на чонашро, - тез шуд Рачаби пупак.
- Биёетон, як фотиха гирем, - ру овард Мухаммадсафар,
- давлати Рачаббой боз хам зиёд гардад, аз Шарифкамбагал карталаб накунад. Омин!
- Эй Мухаммадсафар. аз худ нагузарон, мон карзамро дихад. Набошад хонешро метакснам, - гуфт Рачаби пупак.
- Гуш кун, гапи моро ба замин гузошта, чи ин кадар таккаи фисин барин «буъ! буъ-ъ-ъ! мегуй?' - раги шухиаш чумбид Мухаммадсафарро.
- Масчохй, дахонатро банд! - шурид Рачаби пупак.
- Масчохй шуда ту барин кулохи пупакдор ба сар кардам? Ё шаби арусй аз паси занам чорпо шуда давида «буъ - ъ - ъ! бу - ъ - ъ! гуфтам? - хамоно фош мекард Рачабро Мухаммадсафар.
- Э кабургаи додои ту, масчохиба ... - ба маркаби чахл савор шуд Рачаби путтак. Сангеро аз замин бардошт, ки ба сари ракибаш занад.
Чанд тан ба миёна даромада «Бас, бас! Айб аст!» - гуфтанд.

- Аз Шарифкамбагал карзатро талаб накунй, дигар Амегуям ин гапхоямро, BaraJHa дар хама "{О овоза мекунам. расво мешавii. Биту, ки мебахши? - ба чои ковоки Рачаби пупак боз чуб халонд Мухаммадсафар.
-Бо шумоен намоз хондан дуруст нест, -- гуён Рачаби пупак суи хона равон шу д.
Касони бехабар аз Мух.аммадсафар хохиш карданд, ки асли казияро баён кунад. Гуфт:
- Ин мардак як умр аз паси мол гашта намедонистааст, ки зан чи зот асту бо у чи гуна муносибат мекунанд. Як руз пеш аз зангириаш аз ман пурсид, ки чи кор кунам бо арус дар шаби аввал. Гуфтамаш, ки аз паси буз давидани таккаро борхо дидай,
ана, хамин тавр ту хам «бу-ъ-ъ! буъ-ъ-ъ!» - гуён ру-рун хона арусро сур мекунй, баъд худаш ром мешавад. Чанд руз пеш маро дар чода дида гила кард, ки axмак кард моро, кариб занам баромада рафта буд. Баъди ин баъзан мекобамаш. Хама завк карданд ва барои гузоридани намоз ба масчид даромаданд ...
***

Мухаммадсафар чун аз намоз фориг шуд, суи хонаи Ис- моилхон гом бардошт. «Як бубинам, ки ба чи кор машгул аст. Дар масчид набуд». Бо хамин фикрхо даричаро кушода даромад, ки дар рохрав Исмоилхон сари дупо нишаставу ба гусола чизе
мехуронад Гуфт:
- Ба хайр аст? Боз ин чи хангома?
- Э напурс, чура, - гуфт Исмоилхон ба пешвози Мухаммадсафар аз чой хеста. -- Сахар ба кух хай карда будем. Хабар оварданд, ки гелон шудаст. Рафта бо замбар бардошта овардем. Ордбирён додам каме. Намебинй Сайёхро бо согуи ордбирёну
Чумчаашон?!
- Дидам, дидам, - гуфт Мухаммадсафар. - Сайёд барин шу- ден-да, яке аз чар паридаасту дигаре аз асп.
- Э коил кардетоне, Сайёх гусопаву сайёд Мухаммадсафар! - Гуфт Исмоилхон.
Хар ду хуб хандиданд. Ин замон аз беруни хавли овози бачахо баромад: И лангар, он лангар, Али домоди пайгамбар. Ба пайгамбар дуо гуфтем, Аввал номи худо гуфтем.
. .. Мо гад о нестем, ки арзан мегирем, Тангаи тило кати зан мегирем. ... Дар осмон як порча абри кабуд, Ба деги намедодаги саг рида буд ...
- Дар вокеъ, имсол бахор барвакт омад, гуш ба сада!!
Сурудхонии бачахо, ки аз хонаи хамсоя шунида мешуд, дода гуфт Мухаммадсафар.
- Ха, боз дар Навруз аспдавони мекунем, Тайёретро дида истодай, бародар? - гуфт Исмоилхон.
- Ту барин-дия! ...
- Хайр, рафтем, як дам мешинем, таклиф кард Исмоип, хон Мухаммадсафарро ба хона.

- Майлаш, каме мешинам, баъд меравам,-розй шуд Мухам. мадсафар.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ЁЗДАХУМ

БОБИ ЁЗДАХУМ

Мухаммадсафар бисёр мехост, ки боре бо Сафия вохурад ва изхори ишк кунад. Хеч муяссараш намешуд. Баъди дар карибии Нашхирта уро аз наздик диданаш тири ишкашро хурда буд. МегуФт, ки чун ру ба ру шавам, танхо аз ишк гап мезанам.
Б~ре тасодуфан дар куча вохурд бо Сафия. Он чи мехост гуяд, тамаман фаромуш кард. Ба чои аз ишк гап задан гуфт: Сафия, хохари ман Сарвинозро хондану навиштан ёд дех, Сафия бо лабханде кашанг гуфт: кани, биёяд хохарат, ёд додан аз мо. хамааш хамин, Чй мехост гуяду аз дахонаш чи баром ад? Холо хам нагз, ки гап ёфт, вагарна лол монда буд пеши хусни Сафия. Хайрият, забонаш ба дуруг гуфтан часпид ... Хохараш хам хатхон шуд. Вале у ... тасодуфан боз Сафияро дида монд. Куча хилват буд. Дил даруни синааш бозй мекард. Аз паи Сафия, ки сари китф кузаи об дошту аз лаби дарё чониби хавлиашон мерафт, чанд кадам партофт, овоз дод, ки лахзае биистад, ки гапе дорад. Вале Сифия ба кафояш нигох намекард, гуиё садои уро нашунида бошад. Ногахон дид ки чизе аз дасти Сафия ба замин афтод. Пештар рафт, ки руймолча. Овоз дод: «Сафия, руймолчаат афтид, бигир», Духтар шитобон ба хавлиашон даромада рафт. Руймолча дар дасти у монд. Дар шерозаи руймолча навишта шуда буд: «М.С». Бусид руймолчаро, буйид руймолчаро. Лабо- наш мечунбиданд беихтиёр: «М.С яъне Мухаммадсафар. Са- фия?» Оё хамин тавр аст? Пас у ... у маро ... дуст медорад? Наход? Ох, агар чунин аст, зихй Мухаммадсафар! «Сафиямохи ман, ёри дилогохи ман!» Чй хел ман гулу содда будаам! То имруз намедонистам, ки бехтарин ва зеботарин духтари деха маро хуш кардааст. Хаёле" худро бо Сафия дар як чо тасаввур карда ба вачд омад. Ин байтхо вирди забонаш гаштанд:

Дарди сару дарди гушу дарди дандои.
Ошик шудаам ба духтари химчамиён.


***
Очаш гули сурху духтараш багдоди,
Як даста алоба бар дилам сар доди.

***

Ту кабк шавй, ман аз пасат сайёдам,
Буи хуши ту иамеравад аз ёдам

***

Руймолчои додагет гулу гулкори,
Дардат запада, овози булбул дори

***

Имруз хаво ранги ту печони манай,
Хар чо, ки рави, доги ту дар чони манай,
Хар чо, ки рави, оби равон пеш ояд,
Ин оби равон ду чашми гирёнц манай

Руймолча додан рамзи чи аст охир? Дуст доштан нест?! Пас у ... Мухаммадсафар хеле дар чода истод, мехост бо тамоми овоз ба оламиён итгилоъ дихад, ки у ошик аст. Ба кй? Ба Сафиямох духтари Мурод Азиз! Эй масчохД, чи хушбахтй! Имруз чу шохй,
ки дар тахтй!!! Ку, Мачнун, ки ба ту рашк кунад?! Ку, Фарход, ки кух канду чу овард, бинад Мухаммадсафарро, ки Саифяаш аз ишки худ Мужда дод!!!

-Ба фикри ту чй хел шавад? Багали ту дарод? Рав, ки хоб аст.
- Руирост гуй, ки дилам ба Мухаммадсафар.
- Ба ту чй, ки дили ман ба кист. Бо ту ахду паймон накарда бошам ...
_ Дуруст гуфтй, Нафахмида мондаем. Хайр ...
-Хайр!
Боймурод чун сайде, ки аз тири сайёди бемурувват захмй шудааст, ба худ печида бо як азоб ба сохил расид. Руи санге чуссаашро партофт. Рухаш нола огоз кард.
Дарё равон буд суи пастихо. Парвои касеву чизеро надошт.
Боймурод гуфт:
- Эй дарё, дил, ки надорй, чи донй, ки аз тангии дили мо чи мегузарад. Духтари таго, ки дусташ медоштам, имруз ба мухаббати ман хиёнат кард. Маро бе корд кушт. Ман холиё харч анд ки ба ту роз мегуям, зинда нестам, мурдаам. Лекин мумкин аст, ки аз худам гузашта бошад. Охир боре аз ишк ба туши у кисса нахондаам. Худаш мефахмидагист мегуфтам мани содда. Хоп он ки дар чодаи ишкварзй соддагй ба рох намерафтааст. Хилагарй даркор будааст. Таваккул мекардам, шояд ба ин руз намерасилам. Афсус, афсус, ки рафт аз дастам ... Дили Боймурод ба фигон омад. Чашм аз об наканда байтхони кард:

Эй духтари реваткй, гарибам кардй,
Аз холи лабат чи бенасибам кардй,
Аз холи лабат ташна ба дарё рафтам,
Бо тири мухаббатат шахидам кардй.

***

Маи мераваму нигори ман мемонад,
Сабри дили бекарори маи мемонад,
Чугзе ба сари кулбаи ман омаду гуфт:
Ин кулбаи вайрона ба маи мемонад.

***

Аз буи каланфури гулет ман мастам,
Афсус, пагох ту мерави аз дастам.
***

Ёрам меравад, кодом раха тай бизанам,
Зардоби сари дилма ба наштор бизанам,
Се сол шудай, ки дар гамаш месузам,
Гамхои дила ба тешахо пай бизанам.

***

Боймурод ба хотир овард хамон лах,заеро, ки бо Сафия пахлу ба пах.лу буданд. у хам шуду аз рух,ои Сафия бусид. хоб, ки буд, духтар, аз кучо медонист, ки вайро мебусанд ... Дилаш аз ботинй кафтарбача барин задан гирифт. Лекин бусаи дуздй дигар будаст. Таъми шур доштаст буса. Ширинеша намегуед. Хамон бусаи кардагеш монд-дия ... Атифаву Шабафруз ба у гап мепарронданд, ба Сафия намефорид. Дар назди у соидх.ои булурини хешро нишон медоданд, Сафияро хуш намеомад. Дар хамаи ин як чиз будааст, ки у хеч ба Фахмаш намерафтааст. «Ба чаи куи, балои ту», гуфтанхош маъия Доштаасту нафахмида будаам. Э вои ман. Охуяки худро рамондааму акнун чесузам. Дигар дастам намерасад ба доманаш! Агар ман марди хакики мешудам, намегурехт. Дид ки аз чониби ман харакате нест, майл ба дигар
су кард. Мухаммадсафар аз хар чихат дархури уст ... Не, не, ман осон уро аз даст намедихам! ..
Бо хамин хаёлхо таноби рох кашид чониби хонаашон. Базнин гом мебардошт, гуё бори гаронеро ба душ дошта бошад. Ин вакт мургаке ба наво бархост. Гуш ба овои мургак дод.
Мургак мехонд:

Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Ракиб низ чунин мухтарам нахохад монд.

Боймурод даст ба гиребони таа ччу б бурда гуфт:
- Воачабо, мувофики холи ман харф мезанад ин мургак. магар иттилоъе аз нобарории ишки ман дорад?!
Кадам нигох дошта боз мутаваччех ба навои мургак шуд.
Хамоно мургак идома медод:
Чи чои шукру шикоят зи накши неку бад аст, Чу бар сахифаи хастй ракам нахохад монд. Бой мур од, Боймурод! Ба ту чи шуд, ки ин кадар афсурдадилй? Агар азоби Мачнунро кашй, чи кор кунй! Дилшикастагй бахри чист? Хануз Сафия аз они каси дигар нест. Тавонй, ба даст ар дилашро! Ба чои дар рохи ИШК, мубориз будан либоси занон пушида шиква дорй?! Хай-хай! ..
***
Сафия баъд аз он, ки гапаш бо Боймурод гурехт, ба хона омада худро ба бистар партофт, сиришки талх аз дида рехт. Намедонист, ки ин кадар ашк аз кучо меояд. Магар дарёст, ки мерезаду мерезад аз хонаи чашм. Сарчашмааш оё дил аст?! Ба ман чи шуд, меандешид у дар танхой, Боймуродро бехуда ранчондам. Охир у чи айб дорад. Дуст ДОИ1Тан катй тунахгор аст магар? Дар хакикат, рузхои охир, баъд аз он, ки дар Нашхирта Мухамммадсафарро дидам, дилам тарафи у майл дорад. Чи кунам, ки дил аклро туш намекунад. Боймурод хам як чавони зебо, баходурсимо, лекин Мухаммадсафар дигар ...

Сафия хуроки шом хам нахурд ва банди хаёлоти парешон хобид ...у чашм аз оби рудяки пуртугён намеканд. Баногох куввае пайкари зебояшро ба каъри об афканд. Об лаб зада гирд гашта торафт вайро мепечонд ва мебурд ба поинхо, ки анчомаш нопай-
до буд. Талош дошт барои хаёт, метапид чун мохие ва мехост Худро ба сохил бигирад. Ин вакт дид, ки се нафар дар сохили Мурод пайдо шуданд. Яке бегона буд, ки нашинохт. Дуи дигар Мухаммадсафар буду Боймурод. Хар яке кушиш ба харч медод,
ки нахует даети Сафияро у бигирад. Як бор он, ки бегона будгуфт: «ман мири Могиёнам, бидех дастатро, ки наtЮтоваРа- манам». Дастхо ба хам наздик шуданд, вале ин вакт мавче .мида уро дуртар бурд... Баъд Мухаммадсафар хост ба сох кашад уро, вале нарасид дасташ. Окибат Боймурод худро ба партофта уро берун гирифт ...

Нисфи шаб бедор шуд. «Хайрият, хоб будааст», андешид у. Вале ин хобро таъбир чист? Мири Могиён кист, ки уро доданй шуд? Мухаммадсафар хам бисёр тапиш кард, натавонист. Боймурод уро ба руи даст бардошта баровард. Агар у намебуд ба умеди он мири Могиёну Мухаммадсафар холаш чи мешуд. Якин гарк мегашт ... Боз Боймурод ба имдод омад! Дар хоб xaлoлнекиаш расид ... Аз ман сахт ранчидагист. Ба хар хол дар интихо шитобзадагй ба фоидаи кор нест ...

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ДАХУМ

БОБИ ДАХУМ

- Рачаббой, туй!
- Ха, ман, Додвар.
_ Аз сари мол кай омадй?
_ Дина бегох.
_ Молхо баофиятанд?
_ Мол, ки х.аст, мемурад, ако.
Тугри. Гург назадаст ба мол?
_ Сагхои зури гургдар дорем. Чупонхомон хама хушёр.
Худам хам катешон хама вакт. Хад дорад, ки наздик шавад ГУРГ. - Ха, мол дорй, х.ол дорй, мегуянд. Хизмат накунй, намешавад.
- Тупи молат кай медарод?
- Мобайнои мизон таккакушкор карда будем, хисоб кун, мобайнои хамалба тугрй мебиёд.
- Хайр, биё, мон, худат хамту сари кок, мегардй?
- Чи кор кунам, ако?
- Зан гир, мегуям.
- Кй ба ман духтар медихад?
- Ба ту чй шудаст? Кутани мол дорй, аз бобову додот як лаб замини дехконй хаст. То кай кампири модарат танхо азоб кашида мегардад? Агар як сол дувоздах мох. бошад, дах мохаш дар куххо хастй. Ин хел зиндаги намешавад-дия! Мол гуфта кадом руз чонат мебарояду Гами ояндаро хур. Зан гир, фарзанд ёб, ки номбардоратбошад .
- Дарвокеъ, дуруст гуфтй. Мол гуфта модарамро хам баъзан фаромуш мекунам. Хайр, чй маслихат медихй?
- Розй бошй, ягон духтари очеш бусанакарцагиро ёфта ме-
дихам.
-Рост?
- Э, ба ман шухй накун. Хохам, ороми чон, дардаш ба чонеро дар багалат мебинй.
- Биту, кй вай?
- Ситораи духтари УСТО ... чй буд, номаш дар гур ... ха, усто Басир.
- Усто Басир мегуй? Медонам, вай аз ман як махсигй чарм
карздор.
-Карздор бошад, дахонаш бастагй гуву мон . Тайёрета ин, баъди иди Навруз, гул надаромада ..
- Хамин кадар тез? Туй бехарч намешавад, мон карзхоям-., чамъ кунам ...
- Ба ту чи мушкилй дорад! Ду-се думбакалон аз худам мебарояд. Мумсикй макун, чура, зуд аз паи кор шав.
--3, ту холи гуш кун. О, Ситора не гуяд-чй? Ин тараФI1 масъаларо хам фикр кардай?
- Содла-ку нести? Ситора гапи маро ду намекунад. Очаащро хам мулоим кардан хакки ман. Аз падараш ту чарматро талаб накунй, олам гулистон.
- Гуфтем, ки розй шуд Ситора. О духтардор духтарша хамту бароварда намедихад-ку' Бозор рафтан даркор ...
- Хамон ду-се куртавориву руймоли арус, ха, бо чи буд ...
-Попуш.
- Ёфтй, попуш, боз ширинй, чанд газ матоъро дар хамин чо хам меёбем.
- Не, туй, ки шуд, амини деха умедвор, муллои никохгар умедвор, ба падарвакил чиз додан даркор, ба ошпаз додан даркор, боз як гала кору ташвиш ...
- Душманат кора сар накунад, гуфтаанд. Факат дари дилатро кушо, дигар хамааш нагз мешавад.
- Ту тарафи духтара як бин, ман чорта мол ба бозор хай гуям, некй ...
-Майлаш.

***

- Додвар, мегум.
-Ха!
- Дар хона мурги курк барин мешинй-мй?
- Чй кор кунам дигар?
-Барову чуй кан катори мардум. Надидй, ки ахли де ха як хафта аст, ки чуи Мундагонро мекананд?
- Ман ун чо замин надорам.
- Медонам, ки замини ту дар Пистони хирман аст, пекии дастат расад, кам намешавй. Имруз агар чуи Мундагонро мека- нем, пагох чуи Пистони хирманро канданамон рост меояд.
3уратон факат ба ман расид, акои Мурод Азиз? Дигар кас нeст-чи
- Охир як кисм одамонамон дар пошнаи шахи Мисрон накб канда маъдан хосил мекунанд. Дигарон ба кандани туй баромадаанд. Ту хам аз катор намон мегуям. Хохй нашавй расво, хамранги чамоат бош, гуфтаанд. Дигар ту донй ...
Мурод Азиз аз Додвар чудо шуда тарафи хавлиашон мерафт, ки кампиРИ Чаманро дида монд. ~гиён се нафар буданд: ду зан хурч:ин ба китфу як нафар кудак дошт.
Кампири Чаман гуфт:
-Мурод Азиз, мегум, ки хами н инсоф дар дунё гум шуда рафтааст.
-Чи гуфтани ту, кампири Чаман, оё касе гам дод туро?
- гуфт Мурод Азиз.
-Хар бор ба ин тарафхо биёям, хонаи ту мерафтам. Дируз дар кучаи Беди х,айрон будем. Баногох келинамро дарди зоидан гирифт. Гуфтам, ки хавлии Мулло Афзал наздик аст, хамун чо меравем, панохгох медихал ба мо. Рафтем, ба айвонаш баромадем. Ман ба мулло гуфтам, ки хами н келинам дард дорад, берун хунук, хамин чо таваллуд кунад. Гуфт, ки занам зоидаги аст. Ба хонаи чилладор даромадани шумоён мумкин нест. Баромада раветон. Куча баромадем, ки келинам зоид. Намебини куда- ка? Дар багалаш. Акнун омадем ин тараф, ки шояд дар ягон чо имшабро руз кунем, балам.
-Чаман, хонаи мо хонаи туст. Дилат хохад, мархамат. Бону дар хизмати ту.
- Рахмат, Мурод Азиз! Диламон мекашад, ки ин чо по мемонем.
- Биёетон, биёетон! - таклиф кард унхоро ба хавлиаш Мурод Азиз.

***

... Мурод Азиз бо чи хаёле аз дамгахи дарвозаашон пас гашту ба суи хавлии язнааш Хафиз, падари Боймурод тоб хурд. «Чанд вакт боз аз унхо хабар нагирифтаам, як бинам, чи хоп доранд», гуфта ба хавлй даромад. Хохараш ба пешвозаш дави омад. Баъди пурсупос гуфт:
- Язнаам канй?
- Ун кас устохона. Ба хона дароед охир, ако, бача мефирио,l тонем, меоянд, - гуфт хохараш, модари Боймурод.
- Не, ман худам ба ун хо меравам.

Мурод Азиз аз гангкуча нишеб ба кадди дарё фуромад. Аз пули Зиёрато гузашт ва ба тарафи дасти рост тоб хурда пеши онхое, ки дар хумдонхо охан ва дигар фулузот об мекарданд омад. Дар дукони заргари язнааш Хафиз бо як шогирдаш кор мекард. у аз мис ва кургошим хар гуна ороишхои занона чун ангуштарин, тавки гардан, дастпона, халка, тумор месохт. Аз чавохирот хам истифода мекард. Харидораш зиёд буд. Хафиз Мурод Азизро дида даст аз кор боздошт. Онхо аз хар мавзуъ сухбат карданд. Ногах Мурод Азиз гуфт:
- Хафиз, ту ба кор он кадар дода шудай, ки хатто аз писарат Боймурод фаромуш кардай. Охир вакте фаро расидааст, ки аз у хам фикр кунй. Сари вайро чуфт кардан даркор, ту бошиэ ...

- Дуруст мегуй, доларарус. Ман дар хакикат ба чуз кори заргариам дигар хама чизро пушти по задаам. Лекин фикр мекунам, ки ту хастй, ун тарафи корро бубин.
- Ту чи гуфтанй?
- Гуфтаниам, ки барои Боймурод аз Сафия дида аруси муносиб нест. Ун тарафаш ба ту вобаста. Чихаги чихозу чизхои туй бошад хавотир нашав. Хамаашро аллакай тугрй карда мондаам.
- Хм ... ин тавр бошад, чаро тараддуд намекунетон? Чй маи пеш дароям, духтардор шуда ... Кори олам ин хел нест ... Мардум айб мекунанд ... Мурод Азиз аз назди Хафиз баромада ба охангархона сар халонда хохиш кард, ки метинхояшро сияхчин карда диханд ...

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ НУХУМ

БОБИ НУХУМ
- Дадеш, мегум, - дар бистари хоб лаб ба сухан кушод Бону.
- Чи мегуй? - ба пахлун дигар гашт Мурод Азиз.
- Мегум, ки духтаратон ба кавли Хофиз «Аз захми чаш ми дахр мабодаш газанд аз он-к, Дар дилбарй ба гояти хубй расидааст.»
- Хайр, матлаб аз ин гапхо чи аст?
- Ягон чои боб барояд, додан даркор.
- Мон, як-ду руз аз давлати мо давр ронад. Шавхар гурехта намеравад
- Хамту - куя. Лекин аз чи бошад, ки диламро гургон тала карда истодаанд.
- Дарвокеъ, гуш кун, занак, хамин руз, баъди улок гасоду. фан бо Мулло Афзал вохурдам. Хеле аз хар дар гап заду гуфт, ки охир духтаратонро ба ягон чо, барояд, дихед, Шариати дини мубини ислом мефармояд, ки духтар ба гунох лоик шуд, бояд
шавхар кунад. Мана писари мо хам зангир. Агар хеш шавем, магар бад аст?! Фахмондам, ки якум, хамсолонаш хам хануз ба шавхар набаромадаанд. Дуввум, дил-дили Зайнаб гуфтаанд. Розигии духтарро низ ба инобат гирифтан даркор. Тунд шуду гуфт, ки падару модар розй бошанд шуд. Духтар худаш кй аст, ки аз у ризоят пурсед. ~ Гуфтамаш: «Дил дин нест!» Гуфт: «Дин дилро фахмидан намехохад!» Гуфтамаш: «Дил ба дин итоат намекунад!» Як бари чомаашро афшон - афшон рафт ба кадом
сурохие.
- Ха, дируз зану хамшираи хамин мулло дар набудани шумо ба хона омада буданд. Гирди номи Сафия сухбат карданд ва арзи матлаб намуданду забони ширин хостанй шуданд. Бо нагзй фахмондам, ки мо хануз бо хешхо сари духтаршудихй маслихат
накардаем. Агар хости худо бошад, чи ч;ои сурху сафед шудани мову шумо. Духтаратон корро расво кард. Кафшхои занакхоро ба руи хавлй гуррондааст, яъне «ман аз руи шумоён безорам. Хостагии худро дорам» хануз ки хеч гап нест, лаълии овардагетона баред, гуфтам.
- Ачаб шудаст, - гуфт Мурод Азиз ва чанд лахза хомуш монд банди ким-кадом андешае, сони аз Бону пурсид. - Исто, исто, ки намедонй дили духтарат ба кист?
- Аз кучо донам? Боре напурсидаам.
- Як фахм. Охир духтари калониамон Обидаро ба як хеши вотагиамон додем, акнун ин дар пеши чашми худамон бошад, хуб-дия! Мусофирй мазза надорад. Се мох, аст, ки аз Обида хабаре надорем. Намедонем, чи хол дорад.
- Вай ба худаш тинч. Касе аз чониби Вота биёяд, пурсида меистам, ки Обидаи ман чи тур аст. Мегуянд, ки нагз.
- Хамин Боймурод бачаи бекора не, ба назарам, ки ...
- Боймурод аз Сафия се сол хурд.
- Хайр, чй? Боке нест
_ Аз тарафи Мухаммадсафари писари Холмухаммад хам омадаги буданд.
_ Чй гуфта чавоб додй?
_ Хеч чиз нагуфтаам.
_ Яъне на ха, на не.
_ Ха, кори додош гуфтам.
_ Дуруст. Ба ин казия руякй нигох кардан нашояд ... Сафия хамин Ч;О мебуд як ба миёна-мегирифтем.
_ Вай дар хонаи кампири Соро бо дугонахояш афсона мешунидагист .
_ Дигар ин тавр магузор, ки духтарат бевактихо ба хар ку-
чо равад.
_ Кай хар кучо рафт? Хонаи кампири Соро рафтанаш чи айб дорад? Деворбамиён мо. Худам мефиристонам, ки аз холи кампири танхо хабар гирифта истад. Хам бо дугонахояш афсона шунавад, зик намешавад.
- Хайр кори ту ...

***

Дар ин вакт аз сухбати падару модар, ки ба кисмати у хамбастагии амик дошт, бехабар Сафия дар хонаи кампири Соро бо дугонахову писаракони хамсоя афсона мешунид.
Кампири Соро мегуфт:
- Афсонаву сесона, се мурги дари хона, ба се мургак сй дона ... чор бародар буданд. Бародари хурдй, ки Ахмад ном дошт, хафтахо рафта шикор карда меомад. Ва хар бор бо дасти холи барнамегашт: гохе гушти ОхУ меоварду гохи дигар гушти кабк.
Рузе боз ба шикор рафтанй шуд. Ба бародаронаш гуфт:
- Зани ман дар хонаатон истад. Ман як шикор карда биёям.
Срчашро хамрох гирифта ба куххои баланду даштхои фа-
рох рафта шикор кард ва бо ганимати бисёр пеши бародаронаш
омад.
Пурсид:
- Зани ман канй?
Гуфтанд:
- Занат бадгашт будааст. Бо ошиконаш ба кучое гум шуда рафт. Аз холи падараш чуй шуд, гуфтанд:
-Деве хурд,
Суол кард:
- Макони дев кучост?
Гуфтанд:
- Хамин хавлиамон, дар хучраи чилу якум. Рафту бо шамшер девро кушта каллаашро ба шивдори хона овехту танашро дар таги остона гур кард. Ба модараш гуфт:
- Чихил хучраро кушоетон, майлаш, леки н чихилу якумашро не. Боз ба шикор рафт Ахмад. Ба дили модараш алоб афтод. «Барои чи Ахмад хучраи чихилу якумро накушоетон гуфт? Чи хаст дар ун чо? - андешид у ва калидро ёфту кушод, ки аз шифти хона каллаи дев тарафаш ханда кард ва гуфт: «Танамро, ки дар таги остона гур карда шу- дааст, аз хок берун кашу маро рахо кун он чи дев гуфт, модари
Ахмад ичро кард. Дев бар асли худ баргашт, яъне зинда гардид.
Деву модари Ахмад зану шу шуданд. Рузе дев гуфт:
- Ахмад аз шикор омада фахмад, ки ману ту дар айшу ишратем, хардуямонро мекушад.
- Чи кор кардан даркор аст? - пурсид модари Ахмад.
- Чун Ахмад омад, бифахм, ки чонаш дар кучои танаш аст? Агар гуяд, вайро аз байн мебардорем вв аз душмани чонамон эмин мешавем.
Ахмад омад аз шикор, модараш гуфт:
- Биту, баччем, чонат дар кучои танат аст?
- Ба ту чи даркор аст чони ман, оча? - хайрон шуд Ахмад.
- Ман модарат. Наход, ба ту ягон бадиро раво бинам? Хамту фахмам гуфтам.
- Хайр, агар хамин маълумот ба ту зарур бошад, бишнавЧони ман дар тори сарам аст. Чун токиро гирам, як вачаб дара мешавад чонам.баръакс токиро пушам, боз дар чояш карор мегирад ва ун вакт ман нируманд мегардам.
Кампир ин сирро ба дев ошкор кард. Як шаб, хамин Ахмад дар хоб буд, хар ду болои сари у пайдо шуданд. Диданв ки токй як су афтодаву чонаш болои болиш як вачаб ёзидааст Тахтаеро оварда ба таги «чон» монданд ва бо корди туппабу кима-кима карданд. Ахмад хестанй шуд, вале мадораш нарасид.
Донист, ки душман корашро кардааст, аз хоп рафт.
Дев часади нимчони Ахмадро ба гилем печонда ба як чои дуре бурда партофт ва омаду бо кампир дари ишрат кушод.
Ахмад баъди чанд вакт ба хуш омад ва дид, ки дар як маконе бегона, руи хоку таги осмони баланд хобидааст. Печи гилемро ба азобе кушод ва ба атроф нигарист. Сагчаашро дид, ки аз доманаш мекашад, инчиррос мезанад, зураш, ки намерасад, ак-ак мекунад, фигон мебардорад. Ахмад бо мехр сагчаашро навозиш кард, аз пешониаш бусид ва гуфт: «Донояки ман! Ту чи хел маро ёфтй? Хайрият, ту будай!» Ахмад хис мекард, ки баъзан сагчааш гайб мезанад муддатхову баъд пайдо мешавад дар дахонаш як лаб нон ё гуштпорае. Хатто як бор кузаи об хам овард. Ахмад мехурд аз чизхои овардаи сагчаашу руз ба руз бехтар мешуд. Баъди мохе чун пештара тамоман нируманд гашт. Аз чуби сахти заранг KjtMOH сохт, чанд чуба тир тайёр кард ва ба шикор машгул шуд. Рузе ба чое омад, ки чохе ва санги азим ба дахони он гузошта. Бо зури рустамона сангро ба як тараф гирифт ва аз пусти дарахтон аргамчин бофта як нугашро ба санг андармон кард, нуги дигарашро ба миён баста фуромад, ки духтаре гирифтори кафас аст. Уро рахо карда боло баровард на гуфт:

- Ба кучо мехохй, бирав!
Духтар гуфт:
- Ман духтари Туйгуншохам. Дев маро аз касри падар дуздида овард ва ба кафас андохт. Чилруза хурокамро пешам гузошт ва рафт. Ман акнун ба мулки падар меравам. Ана, ин ангуштарин барои ту ба ивази маро халос карданат.
Ба рафт духтару Ахмад монд бо сагчааш дар дашт.
Рузе подшохи мамлакат вазиронашро назди худ даъват карда гуфт:
- Чанд мулдат аст, ки чун аз гурфа ба дашт менигарам, сагчаеро мебинам, ки меояд ба шахру аз кучое чизе аз навъи хурдани ё ошомидани ба дахон гирифта бармегардад чониби дашт. Hе кор бе хикмат нест. Сагча, ки пайдо шуд, паи вай бигиред ва Убинед, ки кучо меравадРузи дигар вазирон бо чанд тан са вора аз паси саг шуданд
Ба Ахмаду сагашро ба каср оварданд. Ахмадро гуфтанд, ки дар хамин чо хизмат карда гард. Чанд вакт сипарй шуд. Як бегох духтари шох аз сайр омад ва Ахмадро гуфт:
- Ба дастам об рез!
Ахмад об рехт. Чашми духтар ба ангуштарини дасти Ахмад
афтод. Гуфт:
_ Ангуштарини ман дар дасти ту чй кор мекунад? Оё дуздидай?
Ахмад гуфт:
_ Духтареро аз кафас озод карда будам. Ин ангуштарин хадяи уст.
Духтар гуфт:
_ Ун духтар ман хастам ва шох.и кишвар Туйгуншох падарам мебошад. Ба ту гуфта будам.
Ахмад гуфт:
_ Ман, Ахмад, начотовари туям. Имруз хизматгори даргох.и падарат Туйгуншох.
Духтар гуфт:
_ Ба падар арз мекунам, мансаби сарлашкариро ба ту медихад, зеро ту басо нирумандй. •.
Шох тавассути духтараш аз холи Ахмад иттилоъ ёфта, уро ба вазифаи сарлашкарй баргузид ва духтарашро ба занй ба вай дод . Ишон ба саодате расиданд ... Як руз Ахмад аз шох ичозат гирифта ба Ватанаш омад ва дид, ки деву модараш хуш зиндагие доранд. Аз унхо фарзанде ба дунё омада, ки боиси шодмониашон гардидааст. Нахуст бо шамшер девро кушт, пасон бачаашро. Модарашро низ аз фарки сар то миён ду нима карду ба ду пахлуи дарвоза овехт ва ба мамлакати Туйгуншох, пеши занаш баргашт ва ба муроду максадаш расид ..

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ХАШТУМ

БОБИ ХАШТУМ
Чиллаи зимистон буд. Онхо, ду марду се зан, се маркабро хай карда ба нуги Агба расиданд. Ба Артуч ба кадом мавриде мерафтанд. Шамол барфро куртум карда буд, намедонистед, ки рох кадом аст. Мурод Азиз тарафи хамрохонаш гуфт:
- Ман рох мекушоям, ба изи пои ман нигох карда омадан гиранд занхо, ту, Навруз маркабхоро рон.
Баъди фурсате овози Навруз баланд шуд, ки мегуфт:
- Ако, зуд ба кафо биёед, хархо ба барф гутиданд, чумбида наметавонанд.
Мурод Азиз, ки хеле рох рафта буд, фарёди Наврузро шунида, баргашта омад ва харро таги каш гирифта то чои тунукии барф бурда монд. Боз омаду хари дигарро бардошт, бурд, монд. Х,амин тарик хари сеюмро низ гузаронд ...
Унхо аз миёнаи ду об гузашта чониби Рахна равон шуданд ...
***
Авлоди онхоро авлоди кархо мегуфтанд. Мурод Азиз хам баъзан дуруст намешунид, гушаш вазнин буд. Ирсият-дия. Лек чуссаи кирой дошт Мурод Азиз. Кадди баланд, пахнои шона, дасту бозуи рустамонааш вайро босалобат нишон медоданд. Аз дур
меомад, мегуфтед, ки пили чангй меояд. Мегуянд, ки дар чавониаш чун барои хезум мерафт, табар истифода намебурд. Даст да-р03 карда мекашид, дарахт аз решааш канда шуда меомад. Нам яст ки як вакг ба осиё меравад. Мебинад, ки осиёбон сан гро
тарошидаву бо чанд тан наметавонанд онро бардошта ба чояш
гузоранд. Бо пузханд тарафи осиё бону .. хонаш мегуяд:
_ Шумоён хам одам шудетону... - сиёбон, бигу, сангро кучо монам? Мурод Азиз сангро барду" а ба чои нишондодаи осиёбон гузоштааст.
Харро ба болои бом баровардаву фуроварданашро то хоп мегуянд .
.. , Баъди аз Артуч баргаштанаш дар куча мегузашт, ки дид одамоН сафедореро кашола карда меоранд. Пурсид:
- Ин сафедори тарро кучо мебаред?
_ Шониёз ном туркбача аз падар кахрй шуда омадааст ва мегуяд, ки кафорати касамам дар Реватк масчид мепушонам. Карор шуд, ки дар назди кабри хазрати Султон'Сурх сохтмон кунад. Шониёз ин сафедорро аз Абдулваххоббой гирвфтааст.
Мурод Азиз гуфт:
- Барои кори хайр будаст-ку! Нагз-нагз' .. Канй, дур истед, ман як бинам, ки ин сафедорро аз чояш чумбонда метонам ё не?
Мурод Азиз сафедорро, ки дах-дувоздах кас дар бурданаш хаста шуда буданд, хам шуда озод бардошту ба болои сурин гирифт ва кадам тез кард.
Хама дар кучаи Беди Х,айрон хайрон монданд. Яке гуфт:
- Гуё сафедор пеши у ассчубе бошад, ки сабук бардошту
рафт. Ин девзуриро бинед! ..
***
Пештар мурод Азиз дар куштигирй устухон надошт. Харифро осон меафтонд. Бай усули зуд тоб хурдану аз болои сар гузаронда афтондани харифро бисёр истифода мекард. Мегуфт, ки кувва як тараф бошад, зиракй тарафи дигар аст. Х,ар ду дар ту
бошад, хар чуту пахлавонро, меафтонй. Ха, дар аввал бисёр гирумон кунй, корат тамом. Мон, ки харифат талош кунад. Худро ба ~ надех., яъне наздик нашав. Аз дур хар як харакати хурдтарини уро тахти назар гир. Чун ба у часпидй, пайти муносиб по. Хамин ки дар гафлат ёфтй, бигир ба сурин. Ба сурин, ки омад, бизан б замин, маслихат медод ба чиянаш Боймурод хар гох.
Дар хотир дорад Мурод Азиз. Ун вакт Боймурод тифла буд. Модараш вайро чиллагурезон хонаи унхо оварда буд.
- Ако, ба дахони бача як суф кунед, шум о барин зур ша вад-гуфт хохараш.
Бай, Мурод Азиз чиянчаашро гирифта чанд бор болои са раш бардошту ба дахонаш ба чои суф туф кард.
Хохар аз ин амали ако хафа шуд, ки гуфт:
- Чи кор кардед шумо? Ман чи гуфтаму ...
- Натаре, ман ягон касалй надорам, ки ба бачаат гузарад.
Як айбам хаст, агар хамон сироят кунад, боке неет. Медонй - а? Девзуриву пахлавониам, - бо ханда гуфт Мурод Азиз.
- Кошкй, шумо барин гурду далер шавад! -орзу кард модари Боймурод ...
Ана, холо Боймурод тагош барин куштигир ...
Рузи аввали туи Абдулваххоббой ачаб зурсанчише шуд.
Довталабон хашт тан буданд. Ду-ду гуштй гирифтанд навбати
аввал, чахор кас монданд, дуи дигар майдонро тарк карданд. Боймуроду як артучй, ки пируз махсуб мешуданд, барои дастболо шудан хуб талош карданд. Дастафшониву тан ларзонданхо, наздик омадану дур шуданхо, якдигарро фиреб додаву ба дом
афтоданхо, ба пушти пой пой заданхо, аз миёнбандхо кашидану зури якдигарро санчиданхошон ачиб буд. Бале гайри чашмдошт як бора аз даетони пахпавони артучй доштаву тоб хурда уро аз пой афтондани Боймурод хамаро сонияе махву мот кард. Гиреви мардум ба осмон дакка хурд.
Мурод Азиз, ки чаш м аз майдон наканда куштигирии хар ду пахлавонро наззора мекард, галабаи чиянашро дида андешид: «Бисёр хушру зад, вале ... »
Ин вакт овози сархакам баланд шуд, ки мегуфт:
- Хисоб не, хисоб не, пушташ ба замин нарасид пахпавони артучиро!
Мардум бо нигохи суол тарафи Мурод Азиз чаш м духтанд. - Дуруст, - тасдик, кард Мурод Азиз, - аз нав куштй гиранд.
ИН дафъа пах.лавони артучй Боймуродро анг ёфта ба п:tх.лУ обоНД. Боз х.исоб накарданд. Дафъаи саввум Боймуроду пахпавони артучй баъди басе зурозмоих.о тар?озу афтиданд.
'Ба хар ду пахлавон чун пирузи ин мусобика чомаву яккабанд хадя карданд ... Мурод Азиз баъди ин кувваозмой хар ду паХ,лавонро дар ду паллаи тарозуи акл гузошта ба хамин хулоса омад, ки артучй зуртар аст, вале хила кам донад. Боймурод бо-
шад, хилагар асту зури бозувонаш сусттар. Ба хар нав хар ду бачое расидаанд.
.,. Шабаш дар хавлии бои деха Абдулваххоб, ки чандин таноб замин, галаи аспу рамаи гусфанд дошт, гирди алоб гароиб хангомае шуд. Мехмонону мизбонхо давра гирифта бозии Хизрхонро тамошо мекарданд. Мурод Азизу Боймурод, Мухаммадсафару Исмоилхон низ дар ин базм гохе ба хайси иштирокчй, гохи дигар хамчу тамошогар ширкат доштанд. ШИринкор Хизрхон токиро болои пешонй кач мондаву дастор ба миён бастабуд. Аввал у гирди алоб як чарх зада, дасташро-руи абрувони сермуяш дошта чаш мак задан гирифт. Баъд чанд навбат бо сар афтида бо ду по хест. Ба канори давра омад, нафас рост кард ва гуфт:
- Мехохам, шумоён хамовозй кунетон. Канй, сар кардем:
Чорбоги боло, чорбоги боло чинор баланд аст, ширинчон, чинор баланд аст, ширинчон, чинор баланд аст!
Чорбоги боло, чорбоги боло чинор баланд аст, ширинчон, чинор баланд аст, ширинчон, чинор баланд аст!
.. Хавзи сари пул, хавзи сари пул ба ёдам омад, ширнчон, ба едам омад, ширинчон, ба ёдам омад!
.. Хавэи сари пул, хавзи сари пул ба ёдам омад, ширинчон, ба едам омад, ширинчон, ба ёдам омад!
Хондани булбул, хондани булбул ба гушам омад, ширинчон, ба гушам омад, ширинчон, ба гушам омад!
Баъд ба ракс даромад ширинкор, чанд танро ба ракс кашида базмро тафсонд ...
_ .. Абдулвах.х.оббоЙ ба сари Хизрхон, ки «Лифт! Лифт! Хаъа! гуен даст чумбондаву чашму абруПарронд, як каф танга по-
Базм то дергох давом кард ...
Рузи дуввуми туй Абдулваххоб дар хамвории Пистони хир. ман улок дод. Хамон руз, ки офтобй буд, хурду калон, пиру барно ба тамошо баромада буданд. овандозони деха Мухаммадсафяь Исмоилхон, Боймурод дар катори турки кошонагй Сайидали
Шахобидцини урметанй солинг бароварданд.
Мири марра -"ар замон эълон карда меистод:
- Як чомаи зарбоф!
- Як навбаст!
- Ду кушкорбарра!
- Уштур!

Турки кошонагй Сайидалй дар майдондорй аз харифонаш як ангушт болотар буд. Бозии уву аспаш хамаро дар хайрат тузошт. Туркбача кам, вале сара метохт. Аз афташ, аспро эхтиёт мекард, ки насузад, Дар сари рохи тудае, ки бузголаро тиким
карда меомад, меистод. Хамин ки наздик меомаданд, ба саграи аспаш камчин зада як бор «Чу!» - мегуфт. Асп гушхояшро болои гарданаш хобонда гуиё ба парвоз меомад, ки дар як нафас тударо дарронда чапу рост гаштаву худро ба бузгола мерасонд.
Туркбача тани чандириашро хам карда чусту чолок бузголаро аз дасти хариф меканд, почаи онро гирди коши З!lШ печонда боз як бор «Чу!» мегуфт. Асп бо ишораи дастони личомдори сохибаш гохе рост, гохи дигар чап додаву баъзан дар хо яш таккй истодаву харифонро аз худ мегузаронда-ва рох дигар карда ба марра мерасид. Навбастро хам туркбача гирифту уштурро хам.

Духтарон, ки дар ёнае катор шишта аз баландй бузкаширо тамошо мекарданд, баробари анчоми он рахорах ба мухокима хусни матлаъ бахшиданд.
Фуруг гуфт:
- Хамин туркбача хуб чобуксавор будаст-да!
Атифа гуфт:
- Аспаш чй? мегуй, ки мург аст, мепарад. Хар ду чи тур мутаносиб афтода?!
Шабафруз гуфт:

- Гирифт, ба марра мерасонаде, шаввоз!
Сафия гуфт:
Омухтагй набошад, аз зин баромада болои як узангу асмедавонад ?' медавона ..
Гулбуй гуфт:
_ Чй туркбача, буркбача мегуед?' Аз Боймуроди худамон гап занед. Чанд бор баровард?!
Фуруг гуфт:
_ Лекин боре бузголаро афтонд.
Атифа гуфт:
_ Ха, бекора не Боймурод. Хануз, ки камтачриба аст, мегалтонад-дия аз осемасарй.
Шабафруз гуфт:
- Дуруст, ки Боймуроди мо дар бузкашихои калон кам иштирок мекунад, аз ин ру, хомихо дорад.

Атифа боз гуфт:
- Мепазонемша!
Сафия гуфт:
- Мухаммадсафар-чй? Бай хам тозандаи ганда не фуруг гуфт: •
- Маък.улат шуд? Боймурод фахмад, ки Мухаммадсафарро таъриф кардай, хафа мешавад.
Духтарон побанди сухбал чи тур ба деха омаданашонро надон иста монданд.
То рузи дигар хушбошй карда хона ба хона шуданд ...

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ХАФТУМ

БОБИ ХАФТУМ

Ин сахар дар чангал ба чои навои мургаксну гурриши
даррандагон садои хазину дардолуди одамиро шуниданд, ки ме-
гуфт:
- Эй он, ки аз ин рох мегузарй, аз бахри худо таваккуфе куну дасти мадад ба суи мо дароз намо, то бошад, ки туфайли ту аз ин вартаи бечорагй халосй ё~.
Нидо кудрате дошт, ки хар шунавандаро аз рохаш боздо- рад, рухашро такон дихад.
Дарвокеъ, кист у, ки ин кадар ба суз харф мезанад? Ба у чй шуда?.
Ситораи руз дар сари мижгони осмони кабуд хаёле тобиду
пасон нопадид гашт. Рамаи субх бисоти шаби сияхчомаро зер карда аз машрик
ба магриб пахн мешуд. Шабнами сахарй дар домани нафаси рустахо ва кафи барг-
хои зархалин панохида луълуьворй тахти анвори ташти пуроташ медурахшид.
Курси офтоб, ки аз сари китфони дашти Испена часпида бо- лотар мебаромад, шонахои куххои Хирсхонаву Мистегарро леси- да, бо дастони хинобастааш ба колини ёнаву адирхо гул партоф- та харисона, туй, ташна бошад, нами шаб мемакид. Мардум говхояшонро пеш-пеши подабон карда гусфанду бузхошонро, ки хамин шабу руз аз кух фуроварда буданд, тарафи талу теппахои сералаф меронданд.
Садои баъоси гусфандон бо маъоси бузхо омехт'а то ба ду_ рихо мерасид.
Харе хангос зад. Мухаммадсафар аспи турукашро этав карда ба гулу и те- гаи Чомак баромад, лахзае таваккуф кард, ба кафо гашт, ба гардани аракшори аспаш тап-тап зада сарашро ба огуш кашид, ба гушаш гуфт: «Ин кухтали роету тезро баромадан осон неет. Фикр мекунам, ки хар ду каме хаета шудем, як нафасхоро рост кунем, баъд ун тарафашро мебинем. Чй гуфтй?» Асп гуиё харфи сохибашро шунида бошад, бо маънии «Дуруст!» лаб чунбонд.
Муххаммадсафар нуги камчинро дар дает бозй доронда ието- да чаш м аз вусъати деха намеканд. Деха ба назараш монанди ше- ри бедор менамуд, ки дар пошнаи тегаи Чомак ба пахлу ёзидаву ду дасташро ба ду тарафи тега дароз карда танашро ба офтоб дода рохат дорад, Мух,аммадсафар бо як болидарухне пичиррос зад:
- Реватк, Реватк ... милоди лолахо, махди шукуфахо, омоч- гохи суми аспони орзухо, чиболи хавасхои гунг, манзари ормон- хон гиро, богчаи бузургон, кддамгох,и азизон ... пойандози духта- рони шанг, макони мардони гармхун .Реватк, Реватк ... дар хакикат моно ба дули осиёй. Хар як порасангу кургутатро, талу теппахову ёнаву адирхо ва кУх.х.ову шаххои баланду чуккатро, рудаку чашмасоронатро, арчазорону маргзоронатро мутаносибан чунон чобачо гузоштаанд, ки айбе намеёбй. Танхо хамин тегаи Чомак, ки холо дар гарданаш баро- мада шиштаам, бемавкеъ афтода, ки ба хуснат халал ворид мекунад.
Реватк ... Реватк ... ту барои ман хам гахвора, хам хона, хам механ астй. Дар доманат калон шудам, то будаму хастам, бо туам. Вале ...
Вале гузаштагони у аслан аз Ревомутки Масчох буданд. Дар ун Чо, ки як рустои обод ва маъмур буда, хамон солхо маркази дехоти офтобруи Масчох махсуб мешуд, ниёгонаш хонаву дар доштанд, заминхои кишт доштанд, чарогохо доштанд, бо амри хокими хамонвактаи Маечоху Фалгар Сайид Султон Абдуллох марзхои хар як русто, ба вижа чарогоххо муайян карда шуда буданд.

Хамон шабу руз, ки мо дар тасвираш хастем, Сафарбой бо се бародару як хохараш дур аз деха, дар сари кире каппа зада мол мепоиданд. Бародарон чупонй мекарданду хохар то омадани акохо нон мепухт, хурок тайёр мекард. Чун молро ба кутан меоварданд ду бародарон, хохар ба ширдушй медаромад. Хар хафта яке аз бародарон ба кишлок фуромада аз холи падару мо- дар, додаракону хохаракон хабар мегирифт. Гушт меоварду аз ин тараф орду намак ва дигар асбоби зарурии рузгорро мебурд. Рузе шамоли сахт хест, баъд борон борид ва як хафта тул кашид. Сафарбойро нисфи шаб садои баланди пуртахлукае сари чогах хезондж'Ин чи садо буд? !\Ух. канда шуд? Шахе азим паррид? А каппа ба берун нигох кард. Хама Ч:О торик. Хеч чизро дидану фарк кардан намешуд. Сахар хама дар тезии кир истода тараф деха нигаристанд. Дар чои деха парракухи азимеро диданд, ксойро пур карда чун мор халка зада мехобид. Як нируи нихони унхоро ба пеш х.аво дод. Гирёну нолон асо дар даст сарозер шу
данд. Фахмиданд, ки садои шабона хамон садои фуромадани ку будааст, ки Ревомуткашонро зер кардааст ...
Ашк мерехтанд чахор бародару як хохар, гиребон чок мека данд, ба руи хокистар мешиштанд, хуййок мезаданд, девонавобо ангуштон домани хоку сангро мекашиданд, ки шояд яке спхат бошад. Вале хайхот! Хама мурда буданд ...
Эсизих.~ ки аз хама аввал ба чои ин ходисаи шум омада бу- данд, Сафарбой ва бародарону хохараш-ягона нишонаи як кишлок , одамони бенишонрафтаро тасалло медоданд, мегуфтанд, ки кисмат хамин будааст. Аз казову кадар рохи гурез нест. Акнун ба мурдагон имон дихад гуеду аз оянда тафаккур кунед.
Пирони рузгор аз хаводиси мозй бо ояту хадис кисса мекарданд, ки ярч дар як шумо нест. Таърих бисёр дида ин гуна «шикастхоро», ин ранг маргхои муфочоро. Домани сабр гиред, бо «об» шудану сухтану бирён.гаштанхо мурод хосил намешавад.
Эсизихо бо навбат ин панч дида.гирёну «чигар.сухтаро» ба хонахошон мебурданд, пеши онхо гусфанд мекуштанд, вале хурдан кучо? Хатто шиштан малол буд ... Хеч чиз дар дили ин панч синабирён намегунчид. Медонистанд, мефахмиданд, ки эсизихо бо маслихатхову талбиданхошон бори андухи гарону сангин ва.
миеншикани онхоро кисмат карданианд, вале чи кунанд, ки ихтиёр аз даст рафтаву ханузам ашкашон шашкатор, хобу оромй бахамешагй пилки чашмонашонро тарк кардааст.

- Хай дод - а! Ин чи рузи сиёх буд! - навха дошт, зори дошт Сафарбой.
- Додоме! Очеме! Моро ба кй партофта рафтед? - Дилатон ба мо насухт? Бемехр набудетону ... Во аламе! Сад аламе! - фарёд мекард хохар.
- Падарам, .алам ! чи гуфта рафтед? Акнун кй дами дар ба пешвози мо мебарояд? Бе шумоён чй кор мекунем? - бардорузан мекарданд бародарони дигар.
Гардани якдигар гирифта хай мегиристанду мегуфтанд, мегуфтанду мегиристанд ...
Карори Сафарбой катъй буд. Тарафи хеш они эсизиаш мегуфт:
- Дигар дар ин чо будани мо маънй надорад. Меравем ба
ягон гуша Мулки худо васеъ. Дуртар равем ки на бинему на сузем ... Худро дошта натавониста ба риккат o~aд Сафарбой. Китфони х.узарбаш зери бори гиря еларзиданд. Ашкаш дарёи Уммон шуд
- Хайр, агар азмат хамин аст, кори ту. Мо чи хам мегуфтем. Факат як хохиш дорем. Дар кучое ки манзил ихтиёр кунед, аз худ ба мо иттилоъ дихед, то робита баркарор намоем, - гуфтанд эсизихо ва ба унхо фотиха доданд ...
Баъд омадаанд чахор бародару як хохар чониби Фалгар. Сафарбой, Абдулхайр ва Бобои Дуст дар Реватк чову манзил карданду як бародар дар Мадм. Хохарашонро ба як фонй ба шавхар додаанд ...
Холо Мухаммадсафар ибни Холмухаммад, ибни Чумъабой, ибни Сафарбой /номи бобокалонаш Сафарбойро ба у гузоштаанД/ чаш м аз Ревдод наканда хамоно аз он андеша дошт,ки инсон гавхари кобил аст, аммо бечора у пеши гардуни дун.
Чархи качрафтор мегардаду мегардад, вале ин хама вакт ба муроди инсонхо. Бобокалонаш Сафарбой ревомуткй буд. Боди гурбат вазиду ба мучиби кУх. лагжида кишлокро ба холати нестй овард~po ба Фалгар партофт ... Ва у аз силсилаи ун авлод як халкаест, ки дар Реватк чашм ба олам кушода ...
Мухаммадсафар як ба осмон нигарист. Офтоб кади найза баланд шуда буд. «Дер нашуд? Банди андешахо вактро гузарондаем» - тарафи асп гуфт у ва чонварро пештар ронда, худро болои зин гирифт ва охиста камчин ба саграаш зад ...
Мухаммадсафар аз пахлун охули Нашхирта мегузашт, ки дидандаш. Яке аз занхо, ки аз овозаш солхурда буданаш аён мешуд, чег зад: - Ах,у - у! Аспатро нигах дор. Хамту нагузар!
Мухаммадсафар инони аспашро тунд кашид. Турук каме ба ду по боло шуда дар як нукта бозистод. Мухаммадсафар аз асп фуромад, ки ду духтар х.ам пайдо шуданд. Яке сари китф куза дошту дигаре як лаб нону ду руи согу.
- Гиред, барои шумо овардем, - гуфт яке аз ДYX~~OH.
- Хеле шод хастам, - гуфт 1 Мухаммадсафар ва лаби нон каме шикаста хурду кузаро ба сар бардошт.
- Шири буз аст, бинуш, ки муфид бошад, - гуфт духтари дигар, ки аз ширхурии чавон завк мекард.
Боз духтари чашмсиёхак мазокаш кард:
- Хамин хел шир мехуранд? Нисфашро резондй - ку! Бори
дигар ойй, чи тур шир нушиданро ба ту ёд медихам
Мух.аммадсафар кузаро ба замин гузошта кафкхои шири ба пушти лабаш шиштаро бо остин пок карда гуфт:
_ Фаромуш кардаем, ки аввал аз духтарон тарзи чи тавр шир ошомиданро пурсида баъд тибки он амал кунем. Модарамон ёд надода бошанд?!
Духтарон дах.онашонро бо каф пушида пик-пик хандиданд. Хамон чашмсиёхак боз гуфт:
_ Моро чи махтал мекунй?! Охир ширро батамом бинуш, ки равем.
_ Не, бас, сер шудам, - гуфт Мухаммадсафар ва илова кард.
- Дар вокеъ, ба ивази ширу нон чи дихаматон?
- Ивазй нест. Мо х.амту ... х.амту ... - к.ах.раш омад, ки давоми суханашро гуфта натавониста хомуш монд чашмсиёхак.
- Бурафтем, Сафия, - кузаро аз замин бардошта гуфт дугонааш. - Ин чавон аклашро хурдагй барин.
- :Ха, меравем, Атифа, - гуфт Сафия.
Хар ду рафтанд. Мухаммадсафар монду аспаш. Ба гущи
чонвар гуфт:
- Дидй, беакл хам шудем. Хайр, ба дил намегирем, хамту не? ЯК,Ин духтарони кухисгон хамаашон хамив тур зудранчанд. Вале ба ростй зебоянд, кашанганд, Инхо аз кабкон абру мерос гирифтаанду аз лола сурхруй. Дар малохат назир Haдopa
хурданашон щу барин ... Сафияаш хуб хушру будаст. Ва ширин нигох. карданоша бинеду ... Тунд шуданош мезебад дия! .. Сафия, Сафия ... духтари ... духтари ... х.а ... х.а ... ёфтам, духтари Мурод Азиз, модарам мегуфтанд, ки .. Ха, ин уволако ха-
нузам накучида будаанд. Молашон, ки бисёр аст, то тангии тирамох, хатто то барфи аввал афтидан бойбуччагй мекунанд. Хам хошок посира мешавад, хам чаккаву к.урут. Равгани куппй - чй? .. Тавсани ман, чи лабат кашол? Истодан ба дилат зад магар?
Мумкии гуй, ки бо ин рафтанхо кай мерасем? Хайр, дер монем, камар хаст. Мистегар, ки расидем, ту дам мегирй, ман оху шикор мекунам. Албатта, бедасти холй барнамегардем ... Меравем - а?! ...
Руз гашт карда буд. Мух.аммадсафар аспашро хайдав карда, аз зове боло шуд :а дар уребруяе чанд охуро дид, ки мечаранд. У худро хам-хами хи ба сукутрафта то ба кирасанге расонд ва сар аз гиребони кирасанг бароварда тарафи охувон нигарист. «Фурсати муносиб», - лаб чунбонд у ва мили туфанги шикориро рост карда кулангро
зер кард. Садои тир хомуширо халалдор намуд. Охувон чорхез ги. рифтанд чониби ёнае, ки ба пошнаи шахи лайс часпида буд. «Ба нишон нарасидя.-бо таассуф гуфт Мухаммадсафар ва боз аз паи охувон шуд. Аз ёна мегузашт, ки паи хун дид. Изи хунро гирифта ба сари шахе омад. Аз ин чо истода охугарди дигарро дидан мумкин буд. Аз дили шах то пахнои нишеб пайрохаи борике кашола шуда мерафт. Онро паи кадам карда мегузашт, ки садоеро аз поён шунид. Нигох кард, як тиррас поён ду охубарра аз нова мегузаранд. Аз ёна гузашта шорида ба шах пой монд ва овезон шуда пасттар фуромад. Аз пахлу ба охувон наздик омада як тир холй кард. Ин дафъа бахташ хандид; оху чахиду ба зов гелон шуд. Аз паси сайд фуромад, сарашро бурид ва кашола карда кадди зов ба лаби сой расид. Зуд шиками охубарраро чок кард, шикамбаву
рудахояшро бароварда партофт ва ба пушт гирифту уреб рафт, рафт, ба камаре расид. Аз ин чо то хамвории Мистегар як кадам рох,и дигар ...

Ба назди аспаш расид. Турукаш уро дида суяш омад. Шаб хамин чо монам, ё биравам?» -- хаёле андешид у. Дар хона хавотир мешаванд. Мебиёям гуфта будам. Шикор барор гирифт, акнун таноби рохро кашам бехтар. Шом кур нашуда мерасам».
Офтоб майли гуруб дошт. Сояхо дароз шуда буданд. Мухаммадсафар маслукро ба асп бор карда сахтакак бает бо чилбур ва тагру этав кард. Кариби охул рох, уреб шуда ме- рафт. «Каме савор шавам, баъд дар нишебии тегаи Чомак боз мефуроям» -- гуён сари аспро гардонда як поро ба узангу монд, бо ду даст аз зин дошта пои дагарро аз замин канда боло шуд, то худро пушти асп гирад, ки ин вакт аз таги буттае нобахангом харгушаки тарсуе давида баромад. Асп як су турил, саворааш пари-
да ба нишебии таги рох афтод ...

Надониет, ки чи кадар вакт сипарй шуд. Чашм боз кард, ки дар кафи дает барин ёна хобидааету тамоми аъзои баданаш месузад. Даст-даст карда дид, бекора не, холо хам шукр. Хама чояш бутун. Хост нимхез шавад, натавонист. Боз руболо хобида кадре
ба х,ол омад. Аранге ба хотир овард: «Ба асп савор шуданй буд, ки ... баъд чй шуд? Куввае уро ба хаво бардошт, тамом. Дигар дар Ед надорад «Пох,ояшро ч:унбонданй шуд. Ба у итоат накарданд. ... _ _
«Ана, ин хуб неет, «пичиррос зад у ва там ом и нируашро чамъ карда аз ним боло рост шуд ва чуссаашро кашида-кашида тарафи гути на он кадар бузург омад ва пушт ба он монд. Каме ором гирифт. Баъд сарашро ба кафо, руи санг гузошта як ба само, ~и дар
ин бегох нилуй метофт, назар кард. «Акнун дар ин бевактй мани танхо чи кор мекунам? Кй аз ин вазъ маро мебарорад? Ба ман чи шуд? Ин сахар руи кадом нахсро дида будам? Рузи бобарор гуфтаму ин бебарориро бинед. Поям маиб намешуд, як навъ карда худро ба ягон чо мерасондам. Чумбидан имкон надорад. Сарам хам месузад. Мумкин ает зарб хурда бошад ... Ха, асп кучо рафту чи кард? Кош, турукаш дар пахлуяш мебуд! Мадори дил мешуд ... » -- меандешид чавон ба як нуктаи номаълум чашм духта.
Ин вакт садои шихаи асп шунида шуд. «Турук аз овозаш мешиносам, - лаб чунбонд Мухаммадсафар. - дар хамин атроф, ки хаст, меёбад маро.»
Боз асп шиха кашид, ин дафъа аз чои дигар. «маро мечуяд.гуфт зери лаб у. - Чй хел ба вай фахмонам, ки мар ин чоям. Фарёдамро намешунавад. Охир ман дар пастй, асп бошад ... »
Мухаммадсафар гарки тафаккур шуд. Баногох чи фикре ба сараш омад, ки дар як гушаи дилаш дар ин шомгохон чуге ру зад. Бо тамоми овоз хушток кашид. Ду ангушт ба дахон гирифта баланд-баланд нафир кашид ... боз ... ва боз ....

Севум бор аспи турукаш шиха кашид, ин бор тамоман аз наздик, аз пахлу ...
Баъд хиширроси буттахо ва карс - карс шикаетани шоху навдахои дарахтон ба гушаш расид ...
Ин дам турукро дида монд, ки меомад, ха, меомад турукаш чониби у.
Аз чи бошад, ки як даете ноаён гулуяшро фушурд, ашкаш равон шуд. Намедонист уро чй мегирёнд: вазъи бади худаш, ё хисси баландии кухи аспаш. Охир турук коре кард, ки баъзе инсонхо ба он кодир нестанд. Факат забон надорад ин рехтапо, дар
фаросат бебах,ост.

Асп болои сари сохибаш меиетод, фирик - фирик мекард, машкро ба сару гардани у мерасонд, гуиё мегуфт, ки «хавор ашав, ман б~уам. Мебинам, ки холатат хуб неет, вале _ Асп туридааст, -- чавсб дод Ансор. ризок.ул бо Мух.аммадсафар пурсупос кард ва гуфт:
_ Аз ох.ул ТО ин чо як кадам роху нафах.мида мондаем. Ансор гуфт:
_ Шихаи аспро байни ду намоз шунидем, вале росташ, ки
Ахмият надодем. Шаб дар дала мондаанд аком. Хайрият, асп бу-
даст ...
Ризок.ул сари дупо нишаста тарафи МуХ,аммадсафар гуфт:
_ Канй. пох.отонро каме дароз кунед, як бинам. Ман аз табибй як к.амчиН хабар дорам.
Чорк.оро кашид, аввал даст-даст карда дид, баъд гуфт:
Нашикастааст, лат хурдааст, хозир ман ...
Гирди буч:улакро молида-молида ногахон сахт кашид. Мухаммадсафар аз дарди чонкох ба фарёд омад ва дилаш гум заду араки сард вуч:удашро фаро гирифт.
Ризскул «Токат кунед, ако, ман хозир ... » -- гуён пои ди-

гарро низ муоина карда баъди андаке молиш кашида монд.Ана, тамом. Метавонед, хеста давед». У аз чой хест, аз миён ними ноне бароварда пеши Мух.аммадсафар гузошта ryфт:
_ Дируз боз ба дахон хеч чиз нагирифтагистед. - Хамту не?
_ Хамту, - Иl\рОР шуд МуХ,аммадсафар ва афзуд. - Алоб кунетон, аз гушги ох.у як сихкабоб пазем, нонхуриш мешавад. Ду чупон зуд ба кор часпиданд. Яке шохчахои хушки бурс оварду дар хами сан г оташ афрухт, дигаре аз чуб чанд сих тайёр
кард, кадре гуштро аз сони ох.у бурида аз сих гузаронда руи алоб дошт ...
Саихкабобро хар се бо нон хурданд.
Ансору Ризокуп аспро зин заданд.
Мухаммадсафар гуфт:
_ Дарди похо баъди муолич:аи Ризок.ул басанда шуд. Ердам кунетон, худамро болои асп гирам, ун тарафаш меравам. - чи гуфта истодаед, ако, шаб танхо мондагетон кифоя
аст. Яке аз мо бо шумо меравад, -- гуфт Ризокул бо к.атъият.
- Боятон Абдулваххоб фахмад, чанг намекунад?
- Одамгарии дунё ин тавр нест. Ин руз ба сари МО хам омаданаш мумкин, - гуфт Ризокуп.
Мухаммадсафарро ба асп савор карданд. Аз лачоми асп кашида пешру шуда тарафи шарикаш Ансор гуфт:
- То ман омадан молхоро саришта кунед, ако, зуд барме, гардам.
- Мухаммадсафарро бамаънекак бурда ба падараш супо. рида сонй биё, -- таъкид кард Ризокуп ба Ансор.

- Бубахшетон, ки ташвишатон додам, -- тарафи Ризокуп ру овард Мухаммадсафар. ки акнун савори асп буд.
- Ягон хел ташвиш нест, -- гуфт Ризокуп ва баъди хеле дур шудани Мухаммадсафару Ансор асозанон ба ёна рост шуд.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" БОБИ ШАШУМ

БОБИ ШАШУМ
- Оча, мегум, ки хамин келинатон дигар шудааст. Пеш аз
мардикорй рафтанам ин тур набуд. Сахт мегуфт, кардагеша аз би-
нй мебаровард. Холо мебинам, ки мум барин мулоим шудааст.
- Тугрй мегуй, баччем. Ман хам хис кардаам. Бо ман ду-
руст муросо намекард. Аз чи бошад, ки дилмонда буд аз касеву
аз чизе. Дар вакти набудани ту ба назди модараш фиристодам.
Мегуянд, ки ун ч;о бо Бону уне гирифтааст. Шояд таъсири хамин
занак бошад, ки Нихол зиндадил шудааст.
- Ха, бо мох. шинй, мох. шавй, бо дег шинй, сиёх шавй. Хуб
кардааст, ки Нихол бо оймулло хамнишин шудааст. Аз гушти
нагз шурбои нагз гуфтаанд. Бону охир духтари домулло-дия!
- Ба хар навъ тагйир ёфтани Нихол бурди хонадони мо аст.
Бо акли расояш келин гурбаи нахсу бахсро, ки пештар бадбахтй
меовард, кушт. Ба хонаамон нафаси тозаи зиндагии хушоянд во-
рид гардид. Ману ту хам ба Нихол руи хуш нишон дихем, файзу
барака худаш даромада омадан мегирад. Ба назарам занат гумон
дорад. Як писарак худо медод, як китфат ду китф мешуд, баччем.
Хонаи 6етифл сард асту вахим.
- Мешавад, худо агар хохад. Руи набераро мебинй, оча.
Орзуям хамин.
2.
***
Дар хакикат Нихол ун Нихоли пештара набуд. Хамон рузи аз хона и модараш баргаштан пеши пои хушдоманаш сар монда
мегуфт:
- Бубахшед, оча. Ман шуморо бисёр вакт меранчондам, озор медодам. Руям сиёх, ки хато кардаам, бад кардаам. Як умр хизмататона мекунам. Бачетон биёд, гарди пояшро ба дида мемо- лам. Иззаташро ба чо меорам. Намегузорам, ки хор шавад. Оси будаам, аз гунохам гузаред.
- Хез, келин, хез, - аз китфони аз таъсири гиря ларзони Ни- хол кашид кампир, - Ман туро мефахмам. Шукр, ки одам шудай. Хаминаш кифоя, ки туро бибахшам. Нихол намемонд, ки хушдоманаш даст ба оби хунук занад. Бо дугонахояш ба Давришк рафта хезум меовард дар сар. Чизе пазад, аввал пеши хушдоманаш мегузошт. Намехурд, уро меху- ронд. дна шавхараш ИСМОИЛХОН хам омад. Анча муавла овард. То хосили нав мерасад. Мавсими корхои сахрой ояд, зану шавхар баромада мувофики холашон мечунбанд. Зироат кишт мекунанд, чорво мепарваранд. fанй мегарданд. Исмоилхонаш йигити чор кас медидагй. Човандоз. Хамакора. Як дар хона мепушонам ме- гуяд. Нихолаш баробари у лой мехобонад, девор мебардорад. Ло- зим шавад аз кух. чуб кашола карда меорад. Ха, наметарсад аз кор.
Шаб дар бистар сар ба руи синаи шавхараш монда гуфт:
- Медонй, Исмоилчон?
- Чй Нихол?
- Гуям, нагуям?
- Гу, чонакам, гу!
- Дар балнам чизе мечунбад.
-Наход?
- Бовар кун.
- Хайр, чй вай? Канй, канй, -- дасташро ба руи шика ми Нихол гузошт Исмоилхон. хеч чиз нафахмидаму ..
- Не, чунбидос як чиз, - бо як эхтиросе гуфт Нихол.
- Хамту гу. Кулак бошад?
- Дигар чй аст?!
- Сохиби тифлак мешавем гу?!
-х,а.
- Чй хушбахтй! Лекин эхтиёт шав-дия!
-Азчй?
- Аз кори вазнин.
- Кй мекунад кори хоная?
- Ману модарам чй кор дорем?
- На чунбам намешавад.
- Начунб, нагуфтаам-ку. Корхои сабукро ух.да кун, дигарашро мо ба субут мерасонем. Фахмидй?
- Фахмидам.
Нихоп лахзае тасаввур кард ки дар багал тифлаке дорад ба хаво мепартояд баччешро гирд мегардад аз шоди ках-ках мезанад. Вай мисли додари кудакаш аст. Шавхараш мехохад бачаро аз дасти у гираду дусти кунад. Хушдоманаш даст дароз мекунад:
«Келин, ба ман дех тифлакро». «Боз наафтонетон», хавотир ме-
шавад у. Баъд мешунавад овози шавхарашро: «Наход, баччаи худамро афтонам?!» Хамчунин мешунавад садои хушдоманашро, ки мегуяд: «Бачая надидаам - чи, ки бозй дошта натавонам?!» ИН дам тифлак гаш мекунад. Нихол 'чонсарак огушаш мекаша
вайро, хап доронданй мешавад. Наметавонад. Ханузам бача гиря дорад. Фарёди чигарбандашро тахаммул карда натавониста ба робари вай ашк мерезад. Бо нигохи илтичоомез аз хушдоманаш имдод металабад. «Ту чи хел модарй, ки кудакатро ором карда наметавонй, охир маккон вая!» - мегуяд хушдоманаш. Хаёле ба худ меояд. Чоки гиребонашро калон кушода пистонашро ба да- хони тифлак мегузорад. Лаф-лаф мемакад бача. Гиряааш катъ мегардад. Нихол осуда мешавад. Ин вакт боз хушдоманаш хуш- дор медихадаш: «Бача бисёр гиряд, хоеш мефурод, аз ин ру, эх- тиёт шав. Духтар бошад, гиря бисёр кунад, чашму абруяш сиёх мешавад, ха, келин!» ...
- Нихол, ин кадар лаб чунбонда чихо мегуфтй? - пурсид Исмоилхон.
Аз олами ширини хаёлот рахо шуда Нихол паст-паст гуфт:
- КаЙ?. Ман гап задам?. Наход?! •• Ва пахлу гашта худро ба огуши Исмоилхон андохт.
Лабонаш лабони шавхарашро мечустаид.

Сирочиддин Шарофиддин "МЕХР БА FАЗАБ" Боби панчум

Боби панчум

Модару духтар дар Гардани Кабуд тоб хурда маркабро ронда ба лабгаи дашти Испена расиданд. Занак як нафас рост карда пушт ба Испена, болои санге карор нишаст. Деха дар поён монда буд. «ХО, ана, мебинй кулбаамон, мебинй?» - бо ангушт нИШОН дол занак. «Ха, мебинам, ростии дарахти чомак», - гуфт духтар.
«Хато накардй, канй, гуй, ки хонаи Нихолино дар кучост?» - пурсид модар. «Ху, чаптари кучаи Беди Хайрун, наздик ба дарё», _ ч.авоб дод духтар. «Дуруст, ёфтй, духтарам», -- тасдик кард модар. Вай-вай, боги Тамошоя бин, чй кадар зебо метобада, дар ин сах.арии тирамох.. Заб - зард тиллой баргхои дарахтон. Мегуй, ки аз тамоШОШ чашм наканам, - ба вачд омад занак. «Ха, ха, ачаб хушру» - бо хушх.олй гуфт духтар.
ОН вакт Реватк аз чихип хонавода зиёд набуд. Дар хамворие, ки аз пошнаи тегаи Чомак то лаби дарё паст шуда мерафту дар ду к,аноташ сою дарёча ба чашм метобид, кулбахои пастак _ пастаки ба хам часпида аз хастии худ дарак медоданд. Аз кул-
бахо дар ин сахарии солехон дуди кабуд ба хаво мехест ва пага _ пага ба хар тараф пахн мешуд ... Дар Навба хам, дар куи Боло хам чанд оила хоназу дар доштанд ... Аз мурих.ои онхо низ дуд мебаромад.
Модару духтар аз пайрохае, ки чониби Васрав туп мекашид, гузашта, ба мобайни дашт расиданд ва дар лаби воти заминашон, ки загир кишт карда бурданду холо ба дарави он омада буданд, карор гирифтанд. Бори харро фуроварда барои шиштану
хсбидан чой тахт карданд. Ин дам аз. замнии загирпая, ки он кадар дур набуд, саре баланд шуд.
_ Шумоён хам омадетон? усто канй?
Занак тарафи овоз нигох кард ва шинохт, ки гуфт:
_ Э, шумо додаракам Додвар-ку! Омада будед-да?
_ Ха, ман ду руз ает, ки дар хамин чо, кариб дара вида нисф кардам. Худо хохад имсол равгани загир дехконй мешад,
-- гуфт Додвар.
_ Мо хам омадем, ки загирамонро даравида гирем. Усто нотоб. Ба кай сихат шудани ун кас нигох накарда ин сахар бору бугча бастем. Хавои тирамох-лия, як пуф зада монад, ними хосил талаф мешад.
_ Дурует гуфтед, апа, ман хам тавонам дасти ёриро ба шу- моён мерасонам.
- Одам ба одам зинда гуфтаанд, Соя карда истед, шабхо натареем. Даравро худамон ух.да мекунем Дар дигар чойхои дашт низ одамон вобаста ба имконияти худ загиру нахуди лалмй корида буданд ва холиё медаравиданд, мекашонданд.
Нисфирузй занак, ки Комила ном дошт, ба духтараш Ситора каме гулунгу як лаб нон дод, ки бурда ба Додвар дихад.
Хантоме ки Ситора чизхои модараш додаро дароз мекард, дасташ ба дасти Додвар расид ва аз ин бархурд як кад парид.
Додвар чашм аз рухсори аз хичолат тафсидаи духтарак наканда гуфт:
- Чашми бад дур бод, чи кадар зебо будай, Ситора. Хеч хаёл намекардам, ки як духтари дехотй то ба ин гоят хушру мешавал, ана каду басту ана руву му. Чашмони нилобию зулфони тилоият ба забон омада мегуянд, ки ман соф сугдинажодам.
Духтар шитобзада ба кафо гурехт.
- Охуи вахшй барин. Зан гиред, аз хамин тоифааш гиред буд.
За ни уро ба чои малохат карохаташ бисёр аст. Афсус, афсус, Аз чй бошад, бо кадом андешае Додвар тамоми руз бекарор
буд. Бегох бо бахонаи «оби чуш доретон?» пеши модару духтар омад. Намонда гушаи шолак шинонда буёфташонро наздаш монданд. Хар бор чумча ба дахон мебурд, бо кираи чашм ба духтар менигарист. Духтар бошад, сархам, побанди кадом фикр ниго-
хашро аз замин намебардошт.
Додвар рафт, вале то дергох Ситора дар худ набуд. Дасташ бори аввал ба даст и мард расида буд ва хамин як бархурди кутох ботини уро ба галаён меовард ...
Рузи дигар, чег назада бошанд хам, Додвар омада ба модару духтар дар банд бастану гарам задан дастёрй кард.
Хини бандро ба Додвар дароз кардани Ситора боз дастхо ба хам расиданд ва ин дафъа на ин дасташро пас кашиду на он. Нигоххо ба хам бархурданд. Дили духтар шуввй карду ба пущташ часпид. Мардак хам хаёле инон аз даст дод, вале зуд худро
ба даст гирифта ба начво гуфт:
- Мебинанд моро. Шаб, хамин ки мох, баром аду моцарат ба хоб рафт, пушти хамин гарам биё. Ман туро интизор мешавам.
Хамои руз Ситора худро нашинохт. Тамоман дигар шуда буд.
_ Чй, хаёлихо барин саланг - саланг мегарди. Монда шуди магар? Кам монд, натарс, -- мегуфт модараш.
-г Хушу ёди Ситора ба дигар чиз банд буд. Худо мегуфт, ки тезтар шаб шавад. «Равам, ё наравам, андеша мекард у, -- Мардак чй мегуфта бошад? Вай зан дорад. Мо муносиби якдигар нестем. Не не намеравам! Ё ... ё равам-чй?! Агар биёяд, ки ман нестам, хафа н~мешавад? Хайр, меравам. Ягон гуфтание доштагист ... »
Шаб, чун мох рух намуду модараш хобид, охистакак лаби курпаи руйро чаппа карда аз чой хест ва сабук-сабук кадам монда пушти гарам омад, ки Додвар нигарони уст.
-Омадй?
-Омадам.
- Натарсидй?
Аз чй метарсам?!
- Хайр, бишин пахлуям,
- Не, ман дуртар ...
Мох дар осмон шино мекард. Ситора як ба тарафи кухи Девонакуш нигох кард. Тахти нурхои ширранги мох шаххои баланду чукка серочингтар менамуданд ва дар дили у андух тавлид мекарданд. Дар дилаш сиёхй пайдо шуд. «Барои чй омадам? Бо мардаки зандор мулокот кардани духтар оё айб нест?! Сабукпой аз ин зиёд мешавад? Меравам аз ин чо, ки ягон вокиа рух надодаст» -- андешид у.
- Ман ... ман ... меравам, -- базур гуфта тавонист Ситора ваиаз чой хестанй шуд, ки Додвар аз банди дасташ дошт ва ба суи худ кашид.
- Ба кучо?., Ин кадар зуд?
- Сар дихед мегум. Набошад фарёд мекунам.
- Хозир, хозир, -- духтарро ба тарафи худ кашида аз ду бари руяш буса ситонд Додвар. Дастонаш синачахои духтарро мекофтанд.

- Ман ... чй кор карда ист ... ист ... исто ... - нируи харф задан надошт, ки хомуш монд Ситора. Калбаш аз изтироби тарсолуд
мушт ба кафаси сина мезад Додвар духтарро руболо хобонда буд. Ба хар кучо, ки рост меомад, мебусид, мегазид.
Ситора бошад, ларзидан дошт, тапидан дошт. Xaёле хис кард, ки дастони мардак тарафи миёнаш меравад. Лаб чунбонд: «Лозим нест, монед ... »
Додвар девонагй дошт, ба нею нестони духтар гуш накарда хамоно дар х.аракат буд.
Ситора як бор гуфт: «Дард мекунад», баъд ором шуд. Дигар надонист, ки мардак ба у чй кард.
Баъди як вакти муайян Ситора бемадорона аз 'чой нимхез шуда домани гиряро сар дод.
- Чй кардед шумо?! Модарам фахмад, чи мегуяд?'
- Намефах.мад, -- бо дилпурй гуфт Додвар. - То руз холи хеле вакт х.аст. Шаб пайхоро гум мекунад. Сахар аз хоб мехезй, ки х.амааш нагз. Хез раву бе ягон хавотирй дам гир. Пагашаб боз биё хамин 'чО ие. Рузи дигар Комила духтарашро рангпарида диду гуфт: - Чй шуд ба ту, ки рангат пахта барин сап-сафед кандааст?
Касал-ку нестй?!
- Шаб сабзй хурда будам, то руз шикамам дард кард, -- ба нуктае чашм духта духура гуфт Ситора.
- Дигар ношуста нахур сабзиро, -- маслихат дод модари бехабар.
Сонитар, гашти руз Комила аз духтараш пурсид:
- Ба хешамон Додвар чй шуда, ки камнамо аст?
- Надонам, шояд корашон бисёр бошад ...
Шабхангом боз хар ду дар чои мукарраршуда дари сухбал кушоданд. Имшаб Ситора худро батамом дигар хел хис мекард. Ноз дошт, итоб дошт ... Механдид, завк. мекард. Чашмонаш барк. мепошиданд аз фарах. Калбаш чун шаби аввал бекарорй наме- кард.
Додвар гуфт:
- Ситора, дишаб азобат надодам? Ба ростй, худамро саришта карда натонистам. Хушамро бурдй, акламро куштй ... Ихтиёр аз даст рафт. Хайр, биту, ки нисбати ту сахт наомадам?
_ Аввал, дардеро эхСОС кардам, баъд як лаззате ширин тамоми аъсобамро фарогир шуд. Ачиб коре будаасг--сар аз замин набардошта гуфт Ситора.
_ Медонй, Ситора, ман хам чунин васлро хатто дар гушаи хаёлам наоварда будам.Худо дихад, хамин кадар медодааст. Мегуянд, ки се вакт малоик хозир мешудаанд: айни бозии зану мард, асп давондан, тир андохтан.
_ Пас дишаб хар се дар мо буд мутафаккирона гуфт Ситора.
_ чй тур, нафахмидам туро?! - хайрон шуд Додвар.
_ Э беаклак, туш кунед. Якум, -- ангушт кад кард Ситора. - Бозй кардем?
- х,а, -- сар чунбод Додвар.
_ Дуввум, кад-кади тагоби ман асп давондед?
_ Хамин тавр! - махви хай рат шуд Додвар.
- Саввум, ба хадаф тир паррондед?
Дахони Додвар аз тааччуб во монд. Ситораро б! канор кашид ва бусаборон карда гуфт:
_ Донояки ман, аз кучо ёфтй ин гапхоро? Биё, биё, ки танг бигирам ба бар!
Онхо дар ин шаби дерёз, руи пахол чун токи ангур ба хам печиданд ...
Хантоми видоъ Ситора ба гамза гуфт:
- Акнун минбаъд чй кор мекунем? Коратона кардед, меравед.
Ман чй? Ягон кас ба себи як лабаш газидагй нигох. намекунад. Бахти маро суэондед. Чй хел чуброи мекунед?!
Додвар гуфт:
- Ягон шу ёфта медихам. ки асло духтар ё нодухтар буданатро фарк намекунад. Исто, ки Рачаби пупакро медонй? Кутани мол дорад. Ба худаш тинч. Як умр дар куххо аз паси мол мегардад. Чй будану кй будани занро чй донад?! Розй бошй, худам пеш медаром.
- Майлаш, -. сар ба зер афканд Ситора

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу