Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
Firdavsi Azam, 28-05-2011 07:23 (ссылка)

Сигор мекашам


Сигор мекашам
Бубин чй бовикор мекашам
Ва бо танобу халка-халка дуди талхи он
Гаму кудурати даруни синаро ба дор мекашам
Чу гам маро ба чохи худ кашид ва гамгусори ман канори ман набуд
Худам тамоми ин алам ба душ чун катор мекашам
Асири Мисри ман ба дасти гургхо асир
Ки охи гамгусор мекашам
Губор мекашам

Azam Khujasta

Firdavsi Azam, 22-06-2011 09:32 (ссылка)

Ту мераксй



Ту мерақсию мебинам

Ки ман аз рақси танҳои Ту ғамгинам

Парешон мекунад муи парешонат маро ҳар дам

Ва бозии ду бозуят ба бозй мебарад тақвову ойинам

Ту мечархию танҳойи зи боғи доманат гулҳо ба фарши хона мепошад

Ва ман дар хилвату руъё шақоиқҳои домони Ту мечинам

Ту мерақсию чашмони пушаймони Ту мегуянд:

Ман он қурбонии ғамҳои деринам

Шуда ишқи ту озинам

Azam khujasta

Firdavsi Azam, 16-02-2012 12:25 (ссылка)

Кош рузе...


Кош рузе як нафар
Гул кунад ёди манаш дар калбу сар
Чойи манро холи бинад дар миёни ошикон
Шеьри ман хонад ва гуяд бехабар:
Дар кучойи, рахгузар?



کاش روزی یک نفر

گُل کند یاد منش در قلب و سر

جای من را خالی بیند در میان عاشقان

شعر من خواند و گوید بی خبر:

در کجایی، رهگذر؟




Аъзам Хучаста

Firdavsi Azam, 28-10-2011 07:03 (ссылка)

Назар

Оё Шумо аз сабки чадиди "Зулол" истикбол мекунед?

Лутфан назару андешахои худро инчо бинависед.

Firdavsi Azam, 20-02-2012 11:37 (ссылка)

Касам бар гул...


Касам бар гул


Касам бар нуктаю тирею  вергул



Аз ин имло дигар бо ман магу харфею эроде



Ки корам мешавад печидаву мул



Мисоли нул (о)


f.a

Firdavsi Azam, 28-05-2011 07:13 (ссылка)

Кабутари маро дуо кунед


Кабутари маро дуо кунед

Салом
 Салом
 Бахорро салом
 Насими гарми куйи ёрро салом
 Ба мулки сина накхати хуморро салом
 Нигори бекарори дар барам карорро салом
 Бахоррро салом

Парандахо ба лонахо расидаанд
 Ба пилки бом сабзахо чу мижжахо дамидаанд
 Ва обхо чу хун ба чони богхо давидаанд
 Суруди човидони чашмасорро салом
 Бахорро салом

Танам зи сабру интизор хаста аст
 Ба хар даре ки сар задам, баста аст
 Дилам зи бозихои зиндагй шикаста аст
 Кабутаре ки дар тала фитод, кабутари Хучаста аст
 Иродаи азими Кирдугорро салом
 Бахорро салом

Дуо кунед, кабутари ман аз кафас рахо шавад
 Таронахони чамъи мо шавад
 Ки чамъи мо дубора босафо шавад
 Ва шомили тараххуми Худо шавад
 Саодати сафои интизорро салом
 Бахорро салом

Azam Khujasta

Нигохи ошиконаат

 

Нигохи ошиконаат
Табассуми латифи шоиронаат
Маро ба юмни хукми лахза човидона мекунад
Ва нопадид мешавам зи худ ба зери обшори шонаат
Бахор дар ту ҳак шуда, ба як ишора мекунй
Маро асири лафзи чун таронаат-
Гуломи човидонаат


Аьзам Хучаста

Firdavsi Azam, 22-11-2011 07:56 (ссылка)

Китобфуруш

Китобфуруши пир

Ба қайди рафтаҳо асир

Нигоҳи у зи пушти панчара ба кучаҳо

Ба чустучуи издиҳоми гумшуда чу об дар кавир

Китобҳо ба зери пардаи ғубори бетаваччуҳй чу дар қафас

Зи чашми ин замона нопадиду зору мазлуму ҳақир


Дареғи рузҳои рафта дар бухори ашк

Ба шишаҳои панчара ҳарир

Биё, сабақ бигир

Azam Khujasta



Firdavsi Azam, 12-06-2011 08:34 (ссылка)

Аъзам Хуҷаста-шоири зулолсарои точик

Чашмаи зулол аввалин маҷмуаи чопии ашъор дар сабки зулол аст. Шоири ин китоби навин зулолсарои матрахи тоҷчикистонй ҷаноби оқои Аъзам Хуҷаста мебошад. Дустони азиз чунон ки мустахзаранд, шеъри зулол дар дувумми бахмани соли 1388 хичрии шамсй мутаввалид шуда ва ҷаноби Хуҷаста аввалин истикболкунандаи амалй дар ин замина мебошанд.

Дуруст ду руз баъд аз таваллуди зулол аввалин зулоли ишонро ки баррасй ва мутолиа кардам, барои пешрафти ин жонри ҷахони умедвор гаштам. Зухури ҷаноби Хуҷаста дар арсаи зулол барои ин ҷониб куввати калбй шуд то рафта рафта бар иштиёки хеш биафзоям. Алорагми мухолифатхои гуногуне ки аксараш реша дар хасодату чахолат доранд, ин марди бузургвор тавонистанд бо калами даввони хеш дар арсаи зулол, бар муваффакиятхои чашмгир даст ёбанд. Бандаи хакир бар худ меболам, ки бо бузургмардони сохибзавк ва эхсос хамасрам.Чашмаи зулол ба унвони аввалин асари чопй ки чорй аз калбе бидуни риё мебошад,таъсироти фаровоне дар шиносондани шеъри зулол дошта аст.

Хакир барои хар дакике аз замон ки барои захмат дар хусуси ин китоб сарф шудааст, арзиши тиллои коилам ва бар худ ифтихор медонам,ки шеъри зулол мавриди инояти донишмандоне чун саркорхонуми Сураё Хакимова қарор гирифта аст. Хонум , дуктур Хакимова нигохе муттахассисона бар ин китоб доштаанд ба тавре ки сухансароийии банда дар киболи ковиши он бузургвор, лозим намебошад.Лекин шоири ширинкаломи арсаи зулол, гавхари калимотро чунон сода ва шафоф бар канори хам чидаанд, ки харчи дар борааш бинависам, боз кам аст. Содагй ва шафофият иртибот ва пайём дар зулол чузви аслитарин хусусиёти ин сабк мебошад.Бинобар ин чаноби Хуҷаста ин хусусиётро доро хастанд.

Шеъри зулол калби зулол ва боимон мехохад.Банда ханузам дар хайратам ки чаро ҷаноби Хуҷаста теъдоди ашори аввалин китоби сабки зулолро чихил карор дода аст! Чи хикматеро дорост?! ва диккат дар интихоби номи китоб….! Инхо хама иллатанд.Эхсоси равон дар зулолхои ҷаноби Хуҷаста мавч мезанад ва ман аз так таки зулолхои эшон нихояти лаззатро мебарам.Суханро содда ва беолоиш мегуянд. Забонашон забони зулол аст. Зулол ташабусот ва такаббурхои бемаврид ва ифодахои сангини адабиро бар наметобад.Лизо,шоираш бояд чун Хуҷаста дорои калби зулол ва саршор аз имону маънавият ва лоики чунинин макоми воло бошад то асаре мондагор ба монанди Чашмаи зулол биофаринад. Дар сахфаи 118 хамин китоб зулолеро мехонем, бо унвони Маро бибус ки шеър аз сар то по хис дар рахиқи мухаббат аст ва шоир дар огуши калимот зулоли калбашро баён медорад.Шеър чунон худчуш ва мамлу аз эхсос аст,ки содагияш чашмае аз лаззотро чорй месозад.Таваччух фармоед:

Маро бибус!

Макун дигар ибо, бибус

Багал намо чу кудакони хунгарм

Ба руи ин замин ва зери ин само даро, бибус

Зи кайдхо фарор кун ба ман бирас

Ва нарму бесадо бибус

Биё, бибус


Китоби Чашмаи зулол асаре мондагор дар олами адабиёт мебошад. Ин муваффақиятро бар дусти бузургворам ҷаноб устод Хуҷаста вар бар мардуми бомухаббати кишвари Тоҷикистон табрик арз намуда ва бар эшон орзуи сарбаландй дорам.

Умед аст насли оянда бо улгугири аз чунин асароти навину таъсиргузор инкилоби зулол дар адабиёти оянда ба вуҷуд оварда ва мардумони курраи заминро аз лаззоти ҷорй бархурдор фармоянд.


Додо БИЛВЕРДИ, Эрон, Табрез.


Firdavsi Azam, 10-06-2011 06:42 (ссылка)

Сабки Хуҷаста

Паёме ба азизонам дар маҳфили адабии "Зарафшон"

  "Чашмаи зулол" дар фазои фарҳангии ҷавомеъи форсизабон як падидаи матлуб ва барозанда аст.Муаллифи он Аъзами Хуҷаста ,шоир ва нависандаи зубдатабъ ва борикхаёл ва фарзанди баруманди тоҷикзамин ба унвони бунёдгузори сабки наве шинохта шуд ва ин ҷои тафохур дорад,ки гуна ва шеваи нав дар адабиёти ҳазорсолаи форсӣ бо дасти ин меъмор бунёд ниҳода шуд,зеро шумори шоироне,ки дар адабиёти форсӣ соҳиби сабк будаанд,аз теъдоди ангуштони ду даст таҷовуз намекунад ва намунаи рӯшани он Устод Рӯдакӣ,Соиб,Нимо,Сӯҳроби Сипеҳрӣ...мебошанд,ки тариқи навро барои баёни андешаву эҳсосоти башар боз намуданд.Дарвоқеъ,тарҳи ҳар чизи нав -хоҳ дар адабиёт,хоҳ дар илм,хоҳ дар санъату ҳунар,варзиш,....ҷуръату ҷасорат ва ҳиммату дироят ва тааммулу таҳаммулро мехоҳад.Чаро?Зеро агар ин падидаи нав агар гурӯҳеро хуш ояд ва аз он истиқбол кунанд, дар муқобил сангандозоне ҳастанд,ки ҳар лаҳза метавонанд ба сӯяшон санг партоб кунанд ва бояд мубтакир омодаи ин зарбаю ҳамaлот бошад,ки намунаи боризи онро дар рӯзгори Сӯҳроби Сипеҳрӣ,яке аз барҷастатарин гӯяндагони бономи Эрон мебинем,ки дар омезиши шеъри ҳиндӣ бо қолиби нав шеъри ҷадид сохт.Сӯҳроб бо нашри нахустин таҷрибаҳои худ мавриди сарзанишу накуҳиш ва интиқоди шадиди мунаққидон ва саррофони гавҳарношинос қарор гирифт ва ӯ,ки рӯҳи отифӣ дошт,сукуту хомуширо дар баробари онон тарҷеҳ дод,сабр пеша кард,то инки шеъраш ҷо уфтод ва тибқи як назарсанҷии Донишгоҳи Теҳрон ин сарояндаи номовар имрӯз дар маҳофили адабии форсигӯён бештарин пайравонро дорад ва ҳамарӯза бар теъдоди алоқамандони шеъраш афзуда мешавад.Ин написандидани навандешиву навгароӣ падидаи наву тоза нест ва Рустами Фирдавсӣ ,ки зуҳури ҷараёни нав -Сӯҳробро наметавонад таҳаммул кунад, билохира бо теғи кўҳан хунашро мерезад ва ин aмр дар шеър низ мисдоқ дорад,ки собит шуда шеър ва гӯяндаи он монанди нофа,ки то оҳу намирад накҳати мушкосои он ба берун намеҷӯшад ,буда ва мисоли ин Иқболи Лoҳурӣ аст,ки дар ҳангоми зинда буданаш касе шеърашро эътироф намекарда ва дар маҳофили адабӣ ба унвони шоир эътироф намегардид ва ҷое ҳам худи Иқбол бо ҳасрат аз ин қазия ёд мекунад:

Эй хушо шоир,ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми кас кушод.

   Бигзарем,падид омадани сабки зулол бар пайкари шеъри форсӣ ҳеҷ зарба ва латмаеро ворид нахоҳад кард,балки ин сабк зойида аз мойидаи қойидаи шеъри равону сойидаи форсист ва дарвоқеъ шоху баргҳои дарахти азими он аст ва дар бистари он руйиш,болиш,нозиш,хезиш ва густариш дошта ва хоҳад дошт.Ин қонуни адабиёт ва ҳар илму санъати дигар аст,ки навгӯиву навҷӯӣ меҳвар ва ҳадафу рисолати фарзандони хушноми ин  марзу бум буда,ки ҳамагӣ бар ин амр иттифоқи назар доранд:Сухан нав ор,ки навро ҳаловатест дигар!

  Аъзами Хуҷаста бо кашфи ин шеваи нав нишон дод,ки аз тамомии ҳамнаслону ҳамзамонону ҳамангоронаш ба маротиб пештару пешгомтар аст ва ашъори ӯ бо сурудаҳои қабл аз омаданаш ба Эрон аслан қобили қиёс нест.Шеъри ӯ муждаи рӯшаниву огоҳӣ медиҳад ва аз рушду тараққии андешаву тахайюли бориктар аз нахи сапедаи гӯянда дарак медиҳад,ки он бо мутолиаи амиқу дақиқи адабиёти форсӣ ва осори гаронмоягони ҷаҳон ва аз чашмасорони сорию ҷории онон маншаъ мегирад.

   Зулол суханбозию бозӣ бо калимот нест,балки шоир бештару пештар муқайяд ва пойбанд бар муқаррароту мувозиноти шеър,алфоз, орояҳо ва саноеъи лафзӣ ва пайванди танготанги лафзу маънист,ки мисли гушту нохун дарҳам танидаанд  ва сароянда дар ин миён бо таваҷҷуҳ ба ин муҳим масъулияту рисолати фаротар дорад.Бубинед,як мисоли кучак:баррасиҳо нишон дода,ки сурудани шеъри суннатӣ осонтар ва саҳлтар аз шеъри зулол аст ва зулолсаро ба роҳатӣ шеъри суннатӣ мегўяд, вале касоне,ки шеъри суннатӣ месароянд, шояд ба сахтӣ зулол гўянд.Яъне дар маҷмуъ зулолсаро бояд сурату сирати шеърро дар ниҳояти камол орояд,вагарна беҳтар аст ба ин кор даст назанад.

   Ба ҳар сурат,сабки зулолро ҳарчанд Додо Билвердӣ поя гузошт,аммо Аъзами Хуҷаста онро ба ниҳояти камол расонид,ҳамчунонки Соиби Исфаҳонӣ сабки исфаҳониро бунёд ниҳод ва Бедили Деҳлавӣ онро ба авҷу камолу таъолӣ расонид ва ин сабк бештар ба номи сабки бедилӣ ёд мешавад.

  Бегумон ,агар ин падида дар ҳар кишвари дигари аврупоӣ ва ғарбӣ ба вуқуъ мепайваст, барояш бузургдошту ҷоизаҳоеро эҳдо мекарданд ва ин мавзўъ нуқли маҳфил ва мубтакири он шамъи маҷлисҳо қарор мегирифт,вале моро одат ин аст,ки ҳар чизи навро бо мушкилӣ ва эҷоди монеъа қабул мекунем,аммо шоири мо аз ин шуҳрату матраҳ шуданҳо орист ва табиати мағзҳои мутафаккир ҳамин аст:ибтикору халлоққият ба харҷ медиҳанд ва дигар корро дунбол намекунанд,яъне инҳо рисолати худро дар арсаи адаб ба ҷо оварданд.Аъзами Хуҷаста бо ин иқдом дарвоқеъ муҷассамаи худро гузошт.Чашмаи зулоли ў дере нагузарад,ки ба дарё табдил шавад ва ҳарчанд пеши ин дарё сангу харсангу хасу хошок андозанд ,аммо хислати дарё ин аст,ки дар вуҷудаш ҳазор тўфону туғён ба по мекунад,мавҷе сари мавҷи дигарро мехўрад,роҳашро ҳамвор мекунад ва равон асту соҳилнишинонро ба тапиш вомедорад ва равон аст ҷовидона,ҷовидона.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

шаҳри Теҳрон.

9 июни соли 2011

Метки: Sabki Khujasta, pajuhish

Firdavsi Azam, 06-04-2011 09:00 (ссылка)

Гузаре бар зулоли «Тараб» -и Хуҷаста


Абулфазли Додо: «Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»
Тараб

Чу шаб фаро расид

Қаробати ду лаб фаро расид

Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд

Ки дар замини бeкарон шаҳомате аҷаб фаро расид

Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт

Ва базми тобу таб фаро расид

Тараб фаро расид


Дар мавриди корбурди шеъри зулол барои аввалин бор аз шуарои Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста муваффақ ба эҷоди ин навъи шеър шудааст
Шеъри боло бо номи «Тараб» аз дусти бузургворамон ҷаноби Аъзами Хуҷаста буда ва аз навъи шеръхои зулоли арузи мебошад.Аз ин зулол худ ҷуши мутаассир гашта, хостам чанд каламе дар хусусаш дар ин маҷол дошта бошам, шояд муҷиби фоидат гашт.
Ҷаноби Хуҷаста аз ҷумлаи зулолсароёне хастанд,ки сай дар пардозиш,пироиш ва ороиши калимот дар чунин колаби хассосро дошта ва дар зулоли арузи ширини дар суханро ба хадди камол мерасонанд.
Дар ин зулол тасвирхои мутахаррике чун каробати ду лаб,тахайюри Кахкашон ва ситора ва базми тобу таб, холати руёии хосе ба мухотаб мебахшад.
Иборати «каробати ду лаб» дар ибтидои зулол, хисси хонандаро чун оханрабое мегирад ва мухотабро ба дунболи тасвир ташвик мекунад.Ин чунин тасвирхо ва ташбехоте дар зулол боиси ширинии оханг дар калимот низ мешавад.
Дар хар хол тасвире мондагор ва устодона дар ин шеър пайдост.Хар калима дар ҷои худаш гунҷонда шуда ва мафхуми амик дар пай дорад.
Каробати ду лаб,ки фаро мерасад, фирок ҷояшро ба базми пурҷуш ва тараб медихад.Мебинем,ки шури хосе дар ин зулол пайдост ва аз ибтидо то охир риштаи калом дар колаб махфуз аст.
Ман дар ин шеър хеҷ гуна нукси мафхуми ва хатто нукси сохтори колаби намебинам.
Барои огои Аъзами Хуҷаста ширинтарин зулолхоро орзу мекунам.

Firdavsi Azam, 22-01-2012 09:26 (ссылка)

Ин хиёнатпешаҳо

Ин хиёнатпешаҳо
Душмани озодии андешаҳо
Дар тану шохи дарахти худшиносї мезананд
Ҳар замон аз чорсў бас тешаҳо
То бихушкад решаҳо
ظفر صوفی فرغانی


Firdavsi Azam, 07-06-2012 07:15 (ссылка)

Аруси орзуи ман


Аруси орзуи ман
Бахор омад, биё раксида суи ман
Биё, дар бехудй бо накхати гулхо биомезем
Ки аз атри мухаббат пур шавад боги чавонихо ба куи ман
Биё, то интиком аз сарнавишти хеш бистонем
Шавад бикшода огушат ба руи ман
Ва лабхоят сабуи ман


A'zam Khujasta


Бо салом ва ташаккур аз таваччух ва алокаи Шумо чаноби Кодиршои Мурувват ба шеьри зулол!
Мо дастандаркорони ин пойгох чихати саривакт нашр нанамудани зулолхо аз шумои бузург пузиш металабем ва барои чуброн як зулоли тозаву тарро аз чаноби Хучаста такдими шумо мегардонем.
Муваффак бошед.


Башорат

Эй дидаам,
Дар хоби ноз афтидаам.
Бо илтифоти зиндаги ин  пардаро,
Аз зулмати шаб то сахар дар руйи дил пушидаам
Аз чашмахои гачзи дил намро басе,
Дар сина чаконидаам.
Хобидаам.

Firdavsi Azam, 07-06-2012 07:41 (ссылка)

Гуфтугуи хонуми Точбахш бо Аьзам Хучаста

در آستانه سالروز معرفي زلال به عنوان قالب و سبك جديد در عرصه شعر و ادب، كتاب «چشمه زلال» اولين كتاب چاپي در اين قالب به قلم اعظم خجسته شاعر خوشكلام تاجيكستان به چاپ رسيد. كتاب با مقدمه دادا بيلوردي شاعر خوشبيان تبريزي آغاز مي شود كه اين مقدمه در حقيقت معرفي زلال به عنوان يك قالب و سبك جديد عالم شعر و ادب مي باشد. مي توان گفت كه اين كتاب يك راهنماي خوب براي آن دسته ازعلاقمنداني است كه مي خواهند در سبك زلال قلم خودرا امتحان كنند.خواننده ي «چشمه زلال» بعد از آشنايي با قالب و سبك زلال، به زلال هاي آقاي خجسته مي رسد كه تعدادشان 40 مي باشد. اولين زلال شعري با نام «معراج» و زلال چهيلمين «شب قدر» است. اين همه بدون اغراق خواننده را به انديشه وا مي دارد و همين احساس كنجكاوي اين نيز حقيررا مجبور كرد به مولف كتاب رجوع كنم.در يك تماس تلفني از آقاي خجسته خواهش كردم به چند سوال در اين زمينه پاسخ بدهند. ايشان لطف كردند و پذيرفتند. بعد از آن كه چند باراين مكالمه را گوش كردم، تصميم گرفتم فشرده آن را در اختيار دوستان در كوچه شعر نو قرار دهم. آقاي اعظم خواجه اف (خجسته) از اعضاي فعال شعر نو هستند و براي اين كوچه جاي افتخار است كه نخستين كتاب در سبك زلال متعلق به قلم عضو اين كوچه با صفا است.
و اينك پرسش و پاسخي كه با آقاي خجسته داشتم:
- بفرماييد كه ايده چاپ كتاب چه گونه پيدا شد؟
- در اول قصد چنين كاري را نداشتم، منتظر بودم تا به اصطلاح تكليف اين سبك مشخص شود و صاحب نظران و پژوهشگران ابراز نظر كنند.اما جدا از اين، زلال به من خيلي خوش آمد، زيرا در برابر آن كه دست شاعررا باز مي گذارد، تكاليفي نيز براي شاعر تعيين مي كند و به عروض پايبند است.به بيان ديگر هم به شاعر امكان مانور مي دهد و هم وادار به رعايت مقررات وي‍ه اي نيز مي كند.شاعررا به كوتاه بياني دعوت مي كند، تا انديشه ي خودرا در يك قالب هم در ظاهر و هم در مضمون زيبا و دلنشين، بيان كند. روز 3 بهمن 1388 من اولين زلالم را با نام «زلال انديشه» انشا و روز ديگر در انترنت منتشر كردم. و همين طور مي نوشتم و هر بار از آقاي دادا، دوست خوبم كمك مي گرفتم. بعد از سفر به تاجيكستان در تابستان گذشته، مشاهده كردم كه تعداد كثيري از شاعران جوان و حتي با سابقه، به زلال علاقه پيدا كرده اند، اما منبع به خط سريليك در اختيار ندارند، تا بيشتر آگهي پيدا كنند.آن وقت بود احساس كردم نياز به كتابي در اين زمينه وجود دارد.البته قبل از اين همه دوست و همكارم بهروز ذبيح االله، از شاعران و پ‍وهشگران صاحب نظر تاجيكستان مرا ترغيب به زلالنويسي و چاپ كتاب كرده بود. با دوست گرامي جناب دادا تصميمم را در مورد چاپ كتاب در ميان گذاشتم. همين طور «چشمه زلال» ظهور كرد و دارد جاري مي شود.
- چرا «چشمه زلال» و چرا چهل زلال؟
- زلال اصولا از چشمه منشا مي گيرد و ديگر اين كه در روستاي «خودگيفِ سايه» زادگاه بنده چشمه اي با نام «چشمه ي شاعر» است، كه همه ساله در بهار فقط چند روز جاري مي شود و روايت مي كنند كه هر كس از اين چشمه بنوشد، شاعر مي شود. واژه ي «چشمه»- را از اين جا گرفتم و وا‍‍‍ژه ي «زلال»- را از ايران.اما «چل» منشا متعددي دارد و فقط هميت را مي گويم كه «چله نشستن» مسير تعالي در برخي سلوك است و «زلال» بايد كمال يابد.من قبول دارم كه در اين مجموعه شعرهاي بنده هرگز نتوانسته اند توان و ظرفيت هاي «زلال» را معرفي كنند.اين كتاب يك راهنما براي ديگران، به ويژه در تاجيكستان است.
- از قالب زلال استقبال چندان گرمي به عمل نه آمد، گذشته از اين برخي شديدا آنرا محكوم كردند. فكر مي كنيد ورود كتاب شما به بازار چه پي آمدي خواهد داشت؟
- من تقريبا همه نظرات منتشره در سايت «شعر نو» در مورد زلال را خواندم.اين جا وظيفه ام مي دانم از جناب آقاي صادقيان براي مطلبي كه باب بحث در مورد شعر زلال را باز كرد، تشكر كنم.ميدانيد، براي من مهم نيست اين سبك از طرف كه ابداع شد، كه آنرا معرفي كرد. يعني بنده هيچ پيوندي به جز تماس انترنتي، با آقاي دادا ندارم.ما دوستيم، همچنان كه با بسياري از اعضاي اين كوچه دوستم.من در مطالب منتشر شده طوست افراد مختلف در مورد «زلال»، نظري كه از مسير منطق، منصفانه و با دليل هاي علمي ارائه شده باشد، نديدم.برداشتم اين است كه نفي زلال بيشتر به روابط بين افراد برمي گردد.به بيان ديگر، اين جا كاربرد حكمت «منگر كه مي گويد، بنگر چه مي گويد»، به گونه ي ديگر بود:»بنگر كه مي گويد، منگر چه مي گويد».البته هر كس در بيان ديدگاه مختار است، ولي نبايد زحمت ديگران را ناديده گرفت و با گفتن اين كه: «چند نفر كه زلال مي نويسند، حرفي براي گفتن ندارند»، ديگران را محكوم كرد.اين حرف را عمدتا آن عزيزاني گفتنمد كه هنوز يك غزل يا رباعي و بيت در قالب قافيه نگفته اند و با سر هم چيدن واژه ها كه گاهي از ديگران «كپي» مي كنند، به اصطلاح شعر مي نويسند. يا اين كه با كار گرفتن از كلمه و عباره هاي «مدرن»، «غزل مدرن» خلق مي كنند. كاري ندارم، اما محكوميت هارا قبول ندارم.اين همه تقريبا تكرار سرنوشت نيما و سپهري است. بعدا ديدم كه منتقدان يوشيچ از اصلي ترين پيروان او شدند.مي گويند: زلال قالب نيست! وقتي اين قالب وجود دارد، آيا مي توان گفت كه «نيست»؟من حاضرم همه انتقادات سازنده را بپذيرم و براي اصلاح خود تلاش كنم و همين انتظاررا نيز دارم.
- آينده «زلال» را چه گونه مي بينيد؟
- من مطمئينم زلال رشد خواهد كرد.شايد امروز برخي موانع مصنوعي در اين مسير وجود دارد، اما آنهايي كه «زلال» را انكار مي كنند، مادام العمر نيستند، بلاخره وجدان هاي بيدار وارد عمل خواهند شد. از تاجيكستان خبر رسيد كه در استان «سُغد»، زادگاه كمال خجندي محفل «زلال» تاسيس شده و علاقمندان اين قالب را مي آموزند. در آينده ما بيشتر شاهد چنين رويداد ها خواهيم بود.
- از شم امتشكرم كه وقت خودرا در اختيار بنده قرار داديد.
- سلامت باشيد. بار ديگر از همه عزيزان خواهش مي كنم نظرات خودرا در مورد كتاب اين عضو كوچك «شعر نو» ارزاني دارند.

http://shereno.com/

Firdavsi Azam, 14-06-2011 11:52 (ссылка)

Эъчози танхойи


Дар канори руди Сир


Бонуе дар банди танхойи асир

Хотироташ дар кавири рафтахо пар мезанад

Чашмхояш хира бар танхойии зебои махтоби мунир

Мохи танхо рахнамойи мекунад ин бонуро:танхойи ин худ мактаб аст

Дар ями танхойи худро аз худии худ ту бишносу бигир

Як даме дар худ фано шав, хешро курбонй кун


То шавй дар зиндагонй бе назир


Бахт бодат дастгир


Аъзам Хучаста

Firdavsi Azam, 02-12-2011 10:45 (ссылка)

НАМО ВА НУМӯИ САБКИ ЗУЛОЛ

Аз он рӯзе, ки шеъри Зулол ба олами адабиёти муосири форсӣ ворид шуд чанд мудат гузашт. Сабки шеъри Зулол дар арсаи адабиёт ҳаводорони худро пайдо кард ва пайравонашро низ. Имрӯз бармало аст, ки шоирони порсигӯ аз мамолики Эрону Афғонистон, Тоҷикистон, Озорбойҷон, Арабистон ва соири давлатҳо дар ин сабк эҷод мекунанд.

Ҳамчунин бояд ёдрас шуд, ки моҷарои Зулол ҳам дар ин фурсат ба пеш омад ва чунин даъво низ ба миён гузошта шуд, ки сабки шеъри Зулол дархури адабиёти муоиср шуда наметавонад ва агар қобили қабул ҳаст чизе беш аз қолаби тоза нест.

Воқеан, сабки зулол бо баробари дар ҷаҳони адабиёт зуҳур карданаш аз ҷониби бештари муҳаққиқони Эрон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Ва яке аз мухолифон бар ин сабк шоир ва мунаққиди эронӣ Сайидсулаймонпури Урумӣ буд, ки зимни як нақди шадид сабки навзуҳуркардаи зулолро дар «Сомонаи шоирони порсизабон» қобили қабул надонист ва андешаҳо ва қавоиди бар ин сабк ихтисосёфтаро лағв кард. Ин шоири эронӣ иддао дорад, ки ҳудудан бисту чанд сол пеш ин ибтикор тавассути шоире ба номи Муҳаммади Фардин (1315–1389 ҳиҷрӣ) дар бархе анҷуманҳои адабӣ матраҳ шуда аст, ки гуё баъдан тавзеҳоти фаннияшро дар китобе бо номи «Оҳанги ишқи пуё» мунташир сохтааст. Муҳаққиқ Урумӣ ин қолабро як сабки ҷадид нахонда иддао дорад, ки қолаберо, ки Абулфазли Додо «Зулол» номидааст, аз тарафи Муҳаммади Фардин бо номи «Оҳанг» қаблан суруда шуда буд.

Саидсулаймонпур таъкид бар он дорад, ки «ҳар қоалби қадимӣ ё ҷадид, ки мӯҳтавои заиф ва такрориро дар забони заиф ироа диҳад роҳ ба ҷое намебарад». Комилан дурст аст. Новобастa аз он ки дар кадом қолаб шеър эҷод мешавад, ғазал, қасида, рубоӣ, шеъри сапед ва нимоӣ, ҳамзамон зулол агар мӯҳтавои ғанӣ ва забони нобу олӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ раҳ ба дили хонанда намеёбад ва дархури ниёзҳояш низ наметавонад бошад. Он баҳсе, ки дар ибтидо перомуни ҳамчун сабки тозаи адабиёт пазируфта шудан ва ё нашудани шеъри зулол ба миён омад муҳаққиқинро ба ду гурӯҳ мушаххас кард, ин ҳам мувофиқон ва мухолифони сабки ҷадид буданд. Мухолифони чун сабки тозаи адабиёти пазируфта шудани шеъри Зулол баронанд, ки Зулол дар хушбинонатарин ҳолат идао як қолб аст на эҷоди як сабк.

Ва аммо мувофиқон умеду бовар бар ояндаи неки Зулол доранд дар пазиро ва омӯзиши ин сабки тозаанд. Минҷумла бунёдгузори сабки ҷаҳонии «Зулол» Абулфазли Додо бар ин нақди усулии ҷаноби Сасидсулаймонпур посух навишта ва дурустию саҳеҳии ин сабкро бо истидлолҳои илмӣ ба исбот расонд Додо мӯътақид аст, ки «Агар дар ҷаҳон сабки адабие ироа шавад, ки бештар аз се нафар (донишмандон) амалан аз он сабк ҳимоят кунанд, пас он сабки муваффақ аст»

Додо қайд мекунад, ки аз таваллуди чунин як сабки ҷадид ифтихор бояд кард ва набояд ба он мухолифат кард.

Имрӯз теъдоди зулолсароён ва шумори он шоироне, ки бар ин сабк шеьр менависанд ҳар лаҳза дар ҳоли афзоиш аст ва ба тадриҷ зулолсароёни афғонию эронию тоҷик дар ҳоли зуҳур карданаст. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 200 нафар бо ин сабк шеър месароянд. Абулфазли Додо Билвердӣ, Марзия Хадир, Яздон Салоҳӣ, Маҳди Гурони Уримӣ, Тоҳира (Митро) Араб, Мухаммадрасули Бовандпур, Алиризо Азимӣ, Масъуди Ҷаъфарзода, Гита Тоҷпахш, Муҳаммади Ҷаҳонгирӣ, Сайид Сайиди Миртолибӣ, Беҳзоди Чаҳортангӣ, Марзия Авҷӣ, Маҳди Юсуфинажод (Луливаш), Ҳамид Ҳамидзода (Эрон), Сайид Мустафои Сойис , Фахими Орин, Карим Ҳайдарзода (Солик ), Сайидзоҳири Муссавӣ (Афғонистон), Аъзами Хуҷаста, Забеуллоҳи Сафо, Зафар Суфии Фарғонӣ, Абдулвоҳиди Зевар, Фирдавси Аъзам, Андар Хуросонӣ, Икроми Пулодӣ Фарзонаи Зарафшони шоироне ҳастанд, ки сабки ҷадидро хуш пазируфтанд ва бо камоли ҳунарварӣ зулолҳои ноб эҷод мекунанд.

Пас, ин ду сол ба Зулол чӣ дод ва ба мувофиқону муқобилонаш барои будан ва ё набуданаш чун сабки шеърӣ чӣ далоиле ба бор овард?

Мехоҳем инҷо танҳо ба як иддао такя бикунем ва ба ин пурсиш посух биҷӯем, ки оё сабки Зулол метавонад мӯҳтаво ва забони ноб дошта бошад, яъне хешро аз чунин хулосаҳо, ки «ҳар қоалби қадимӣ ё ҷадид, ки мӯҳтавои заиф ва такрориро дар забони заиф ироа диҳад роҳ ба ҷои намебарад»-дифоъ кунад.

Бо ҷустуҷӯ дар ин маврид таваҷҷӯҳ намудем ба ашъори чанд зулолгуёни Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон.

Аксари аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки шеъри нав аз шеъри суннатӣ, ки имрӯз дар адабиёти муосир чун сабкҳои маъмулии шеърӣ шинохта шудааст бо мухтассоти забонӣ, фикрӣ ва адабии хеш тафовут дорад. Сабки зулол чӣ?

Мувофиқон ва зулолсароён хасоиси куллии сабки ҷадид «Зулол»-ро бад-ин гуна мешиносанд ва чунин таъриф кардаанд: «Шеърест, бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои ду навъ (арӯз ва озод) аст, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хоса доранд. Ба таври кулли «Зулол»-ро ба чаҳор навъ тақсим кардаанд, ки а) Зулоли арӯзи қофиядор, б) Зулоли арӯзи бидуни қофия, в) Зулоли озод, г) Зулоли пайваста аз шумори онҳост.

Зулолшиносон таъкид бар он доранд, ки дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии Зулол муроот мешавад, лекин байни ҳам тафовут доранд ва ин фарқиятҳоро бадин гуна шарҳ додаанд.

-дар зулоли арӯзи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузӣ пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бадин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд.

-дар зулоли арӯзи бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзи пеш меравад, аммо шоир муқайад ба қофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду се сатр ба унвони орояи адабӣ ҷиҳати зебоӣ ба кор бубарад.

-дар зулоли озод аз оҳанги равони арӯзи барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам даркор нест.

-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд. Ба иборате, агар дар як мавзуе ду ё чанд зулол дар як навъ таърифшударо зери ҳам карор диҳем, ба он зулоли пайваста мегуянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо ҷуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷоӣ буда, ин худ се навъ мебошад:

а) зулоли пайвастаи арӯзи қофиядор

б) зулоли пайвастаи арузи бидуни қофия

в) зулоли пайвастаи озод

Ин муҳимтарин вижагиҳоест, ки бояд шоири зулолгӯ дар эҷоди Зулол риоя бикунад.

Шоирони зулолгӯ талош доранд, ки ин сабки тоза дар адабиёти муосир асолати воқеии шеърро ба ҷо оварда тавонад. Ва пайравони ин сабки шеърӣ новобаста аз баҳсҳои аҳли назар дар ин сабки нав эҷод мекунанд ва аксаран зебо ҳам эҷод кардаанд. Чунончи шоири тоҷик Беҳрӯзи Забеуллоҳ мегӯяд:

Зулолро дуруд

Хурӯши чашмаи гулобро дуруд

Фурӯғи шеьри ошиқони офтобро дуруд

Камоли маьниву фасоҳату балоғати сухан турост

Ба шеьри шоири замона-инқилобро дуруд

Зулоли сода, бениқобро дуруд

Зулоли нобро дуруд

Ҷанбаҳои ҳунариву вижагиҳои сабкии шеъри Зулол ва бурду бохтҳояш дар давоми ду соли ҳастӣ дар арсаи адбиёти порсӣ таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ кашид.

Омӯзиши мо низ дар қадами муқаддамотӣ буд барои шинохти воқеии ин сабк ва ҷустуҷӯи зебоиҳову маҳорати ҳунарии шоирон.

Додо Белевердӣ қайд мекунад, ки шеъре, ки Зулол бошад, аз дур мушаххас аст ва маълум мешавад, ки на аз сабкҳои клоссик аст ва на нав. Ин аз он аст, ки шеьри Зулол дорои навиштори хос, баёну забони хос ва дорои ритми мусиқиёии хос ва мунҳасир ба фард мебошад. Ба иддаои ин шоири эронӣ «он чӣ зулолро аз дигар шеърҳои муосир ҷудо мекунад доштани қолаби беназир ва қонунманд будани он аст ва ҳатто баррасии қолабаш аз сохтори берунӣ ва назм низ аз дигар шеърҳо фарқ мекунад. Бинобар ин шеъри Зулол наметавонад зермаҷмӯъаи сабкҳои дигар қарор гирад. Ва сабке ҳаст комил ва таърифшуда» (чашмаи зулол)

Пас шоирони зулолнавис аз ин сабке, ки забони хос ва навиштори вижаро тақозо дорад чигуна ҳунарварӣ намудаанд. Дар ин пажӯҳиши шогирдонаи хеш бештар дунболи ҳамин пурсиш будем, ки « Зулол дар арсаи адабиёти имрӯз чӣ дастовардеро ба пай овард ва чӣ кам дошт? »

Имрӯзҳо зулолҳои Абулфазли Додо Билвердӣ аз намунаи беҳтарин ин сабки тоза шинохта шудааст. Шоири тозагӯ дар зулоли «Fарибтар биҷӯш» чунин таасовири маъниро бо андешаҳои шоирона ба қалам мекашад ва мегӯяд:

Ситора шав

Ба шеърам истиора шав

Каме зи пардаи киноя дур бош

Ба ёдам, эй дили шикаста чун ҳазорпора шав

Гузори губтаҳои хурд ба зери абрувонат обшорҳо

Лаболаб ошиқона бош, аз ин хаёли вожгун ба авҷҳо савора шав

Fарибтар биҷӯш, то музоб санги ҷӯшро равона кун

Fарибтар бисӯз, то шаби башар шарора шав

Ва боз кун даҳони сарди боғро

Барои лола чора шав

Баҳора шав

Дар ин зулол нахустин падидае, ки хонандаро мутаваҷҷеҳ мекунад мусиқияти калом аст, ки дар натиҷаи риояти қавонини сабкӣ ироа шудааст. Ҳамин мусиқият хонандаро ба сӯи маънии шеър мекашад ва ба василаи шакли зоҳирӣ хонанда ба шакли зеҳнии навиштор таваҷҷӯҳ мекунад. Ошноии хуб бо қавонини сабкӣ ва мусиқияти калом, ки шоир бо он хуб мусаллаҳ аст, аз интихоби вожаҳо дар зулоли фавқ бармалоъ аст. Метавон гуфт, ҳуруфи «Ш» занҷираи пайвасткунандаи савтияти ин Зулол аст.

Мусаллам аст, ки бадеияти шеър, ҷанбаъҳои ҳунарии он – сабки бадеӣ, қонуниятҳои жанрӣ, ритму оҳанг, образнокии сухани бадеӣ аст. Таҳқиқу баррасии ҷанбаъҳои ҳунарии шеъри Зулол ковишҳои амиқу дақиқро тақозо дорад, зеро он ба асоси рушду такомули Зулол ба нерӯманд шудани ҷанбаъҳои ҳунарии шеър тавъам мебошанд. Зимнан бояд гуфт, ки офариниши шеър танҳо мазмуни олӣ кифоят намекунад ва гарчанде асоси шеър маънӣ аст, баёни зебову муассири мӯҳтаво зарурати шеърист. Ин зарурати шеърӣ пеш аз ҳама тасвири хаёл ва забони шеър аст. Албатта, таваҷҷӯҳ ба бадеияти шеър дар адабиётшиносии муосир бесобиқа набуд ва ин ҳунар аз адабиёти чандҳазорсолаи мо об мехӯрад.

Ва сабки тозаэҷоди зулол низ аз ин ҷанбаъ шодоб аст, дар ин зулол Дода Белевердӣ, ин корбурди ҳунариро густариш дода, маънии бикрро дар тасвири ноб ғуҷоиш медиҳад ва мегӯяд: «Гузори губтаҳои хурд ба зери абрувонат обшорҳо; Лаболаб ошиқона бош, аз ин хаёли вожгун ба авҷҳо савора шав». Ба ин василаи тасвир хонанда аз гузори губтаҳо и тасвири шоир лаболаб ошиқона мешавад, ки ҳадафои воқеии шоирам аз тараннуми ин зулол дар баҳорона намудани аторофиён аст. Таркибҳои воқеан шоиронаи «Гузори губтаҳои хурд», «ба зери абрувонат обшорҳо», «даҳони сарди боғ», «Барои лола чора шав» дар таъмини бадеияти суруда саҳми бориз доранд.

Риояти мушаххасоти сабкӣ барои баёни мӯҳтаво ва ба корбурди ҳунармандона аз васоили тасвирсоз- санъантҳои бадеӣ халале эҷод накарсдааст. Яъне, мӯҳтаво дар қафаси қолаб зиндонӣ нест, бал созиши зебои шакли зеҳнӣ ва зоҳирии суруда эҳсос мешавад.

Дар зулолие дигаре, ба унвони «Хакро бичин» (зулоли арузи пайвастаи қофиядор) Додо хеле шоирона мегӯяд:

Эй боғбон

Бархез аз хоби гарон

Об аз гулуи наҳр мерезад ба чоҳ

Раҳме барои ғунчаҳои ошиқи ширинзабон

Инак ту бели ишкро бар даст гир

Бозуи дил кун имтиҳон

Бархез, хон!

Дар ин зулол бар иловаи он ки шоир мушахассоти сабкиву адабиро риоят намудааст ба баррасии мавзуи иҷтимоъ мепардозад ва хулосаҳои хешро шоирона бозгӯ мешавад. «Бозуи дил кун имтиҳон; Бархез, хон!» «бели ишқ», «бозуи дил» тасвриҳои тозаву нобанд ва таъмингари поэтикаи мудерн.

Зимнан нақди зулолои зулолсароёни се кишвари ҳамзабон моро барон андеша наздик бурд, ки иддаои баъзе аз мунаққидон «ки дар чунин нигоштаҳо умумигӯӣ, сухани содда зиёд буда, онҳо замони муайян надоранд ва шоироне, ки дар ин қолаб эҷод мекунанд, суханваранд то ҷое, ки шоир» чандон ба ҳақиқат рост намеояд. Албатта, ҳастанд зулолҳое, ки чандон дархури ниёзҳои хонанда ва адабиёт шуда наметавонад ва шоир дар эҷоди зулол побанди қафаси қавонини сабкӣ мегардад, аммо ин далел наметавонад бар ҳузури сабки зулол хати батлон кашад, зеро чигунагии офариниш дар сабкҳои гуногуни шеърӣ ба маҳорати ҳунарии шоирон алоқаманд аст, на ба риояти қонуни матраҳшуда. Ва ҳамчунон мо наметавонем ба иллати хуб суруданашудани чанд зулолои омӯзишӣ зулолҳои воқеан шоирона ва дархури адабиётро аз маъди назар дур созем.

Шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста аз аввалин нафароне аст, пас аз Додо Белевердӣ ба истиқбои сабки Зулол оғӯш боз кард. Ин шоири тоҷик зиёд талош дорад, ки дар қолби Зулол андешаҳояшро ба тасвир ҳамонгуна ҳунармандона ва шоирона ба қалам диҳад, то Зулол низ рисолати шеърро ба ҷо оварда тавонад. ӯ мегӯяд:

Шоири шеъри зулолам

Ҳарфҳою вожаҳоям шарҳи ҳолам

Мисраҳоям обшорон, ҳар ҳичо чун мавҷи об

Байтҳои зина -зина ҳам вучудам ҳам заволу ҳам камолам

Нек бингар, шеъри ман чун акси дил ё қатра аст

Яъне ман дур аз фазои қилу қолам

Посухи садҳо саволам

Аъзами Хуҷаста, кӯшиш дорад паи иҷрои рисолати воқеии сабки ҷадид бошад. ӯ дар шумори шоироне аст, ки тавониста дар шеъри Зулолаш ҳис ва андешаи шоиронаро созиши зебову хуб диҳад.

Воқеан, агар мутаваҷҷеҳ шавем шеъре навиштан дар қолаби зулол ва ба хусус навъи арӯзӣ кори чандон осон нест ва диду назар ва истеъдоди ҷудогонаро тақозо мекунад, ки

Гиряҳо ханда шуданд

Ашкҳо ахтари рахшанда шуданд

Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат

Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд

Оре, оре, зи қадамҳои Ту дар олами ишқ

Орзуҳои дилам зинда шуданд

Маҳи тобанда шуданд

Дар зулоли мазкур андешаи маъмул бо диди мудернӣ омезиш ёфта, шоир тасвирҳои нобро эҷод мекунад. Воқеан, дар адабиёти классикиву муосир тасвири «гиряҳо ханда шуданд» зиёд ба чашм мехӯрад, аммо Аъзами Хуҷаста дар коргоҳи хаёли хеш ин тасвирро ҷилои мудернӣ бахшида, идоматан мегӯяд: «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» ва ингуна тахайюл ва офариниши тасвир башорат аз диди нави шоир аст. Ду мисраи мазкурро мисраи калидии тасвир дар зулоли мазкур шинохтан лозим аст. Меҳвари тасвири зулол -андешаи тоза дар мисраъҳои «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» гунҷоиш ёфтааст.

Шеърияти шеър яъне, созиши ҳис ва андеша пеш аз ҳама бурди ин Зулол аст. Қайд гардид, ки чигунагии ҷанбаъҳои ҳунарии шеър пеш аз ҳама ба иқтидори ҳунарии ҳар шоир сахт марбут аст. Ва зулоли зер бо номи «Қанд мехоҳам» аз ҳамин дид ва ҷаҳони ҳунарии шоир бозгӯ аст.

Лабат ку? Қанд мехоҳам

Гаминам, нозанин, лабханд мехоҳам

Забонатро макун чун барги истеҳзо арусаквор

Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам

Мазан қайчӣ ба гесӯят, ки гар ҷабри ту боло шуд

Барои куштани худ банд мехоҳам

Ва бо пайванд мехоҳам

Ин Зулол бо он ки ҳамаи хасисаҳои сабкиро риоят мекунад бархурди вижае аз ҳунари нигорандагии шоир ва диди мудерни ӯ гирифтааст. Савтият ва поэтикаи сурудаи мазкур низ зеҳни хонандаро навозиш мекунад. Шакли зоҳирӣ ва зеҳнии мӯҳаво ба ҳам павасти зебо ёфтааст. Сатри модар низ аз тасвири модерн сероб аст. «Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам». «Симкарти хушманд» маъмултатарин симкорте аст, ки дар Эрон мавриди истифода қарор дорад. Ва пайдост, ки симкортро ҷомеа барои тамос истифода мекунад ва ҳамин фановарии замонро шоири муосир ба тасвири Зулоли хеш мекашад ва мегӯяд «баҳри тамос бо қалби ту» «симкартаи ҳушманд мехоҳам». Ин тасвир мӯҳтаворо муассир ба ҷилва додаст.

Ҳамнгуна тасвири ҷолибу дар зеҳн монданӣ дар зулоли «Артиши қалб»-и шоири иронӣ Муҳаммадрасули Бовандпур хонандаро бо ҷозибаҳии тасвириаш мафтун мекунад:

То ки шудам масти ту

Ҷоми муҳаббат задам аз дасти ту

Шамс хиҷил гашти парешон ва нигоҳат намуд

Моҳиву бас муфтахирам гар бишавам чокари дарбасти ту

Дидамату артиши қалбам аҷабо гашта ба тасхири ду пилки кабуд

Чабҳаи ишқ омадаам то ки кунам буду набудам ба фадои ҳамаи хасти ту

Дилкашиву маҳвашиву боғчаи найшакар андар даҳанат бар суҷуд

Кушта шудам бо хами абрӯи гаҳе фавқу гаҳе пушти ту

Лаъли яман талъаташ аз гавҳари рӯят рабуд

Таркиши ҷоду равад аз шасти ту

Боиси пайвасти ту

Тасовири дилпазири мисраъҳои ин Зулол бемуҳобот метавонанд аз тавонмандии сабки ҷадид дифоъ кунанд. Агар ба ин Зулол мутаваҷҷеҳ шавем ба бовар метавонем, ки ба ояндаи неки ин сабк ҳадс занем. Фақат ҳамин мисраъ «Дилкашиву маҳвашиву боғчаи найшакар андар даҳанат бар суҷуд» метавонад бозгӯи паҳно ва имконоти ҳунарварӣ дар ин қавонини тозаи шеърӣ бошад.

Яке аз зулолҳои ҷаноби Маҳдии Юсуфинажод (Луливаш) ба номи «Шоирам кардӣ» низ намунаи широнатарин зулол аст:

Фазойи зеҳн ,ошӯб аст

Нигоҳи мунтазир ба ҷода маслуб аст

Тарак нишастааст бар сутуни сабри ман бону

Чи фикр кардаӣ, ки сабри аюб аст?

Бирас, ки буданат хуб аст


Fазал ғазал дуо кардам

Зулоли шеьр назри лаҳзаҳо кардам

Сапед то сапеда рух ба рух дахил шуд бар моҳ

Бубин кабӯтаронаваш чихо кардам

Ба шеьр иктидо кардам


Ин зулол дар сохтор ҳеҷгуна мушкиле надорад, дар ритми якнавохт ва дилнишин эҷод шуда, мӯҳтавояш низ шоистаи тақдир аст. Агар танҳо бар сутури модар назар дӯзем аз дид ва ҳунару истеъдоди шоир огоҳ хоҳем шуд: «Тарак нишастааст бар сутуни сабри ман бону», «Сапид то сапеда рух ба рух даҳил шуд бар мо». Гуфта мешавад, ки мафҳум дар сутури модарии зулол бар авҷи худ мерасад. Сутури модарии зулоли мазкур бо тасовири адабӣ тасвиркории зебо ёфтааст . Таркиби «гоми чашм» як истиораи зулол аст, ки ва мудерну шоирона аст, «нигоҳи мунтазир», «ғазал-ғазал дуо кардам», «кабутаронаваш», «иктидо бар шеър», «ба қафас нишастани ҳавас», «даруни осмони шеър» аз тарокибе ҳастанд,к и зулоли шоиро ба аслати шеъри паванд мезанад.

Ҳамнгуна тасвори олиро, ки дар рушди шеъри муосири адабиёти форсӣ таъсиргузор буда метавонад, ба нишони далел, зиёд пушти ҳам чид, аммо бо овардани чанд мисраъҳо иктифо мекунем:«Ало деҳқон биё бар дашту саҳро то зи дасти хок зар гирем; Зимисотон рафту гармо чашми сармасти дарахтонро дубора мекушояд, оҳ» (Фаҳими Орин, шоири афғон), «Фурсате деҳ то ки бо як бӯса аз нав, нав шавам», «Бо шукӯҳи як ҳамоғӯши сазоворам намо» (Яздон Солеҳӣ, шоири эронӣ), «Амон аз ин дили сангат, ки бемеҳр асту беоташ», «Чу испандам, ки дар оташ фитодастам» (Беҳзоди Чаҳортангӣ), «Рухро аён кай мекунӣ, бепарда гӯ пусида ҷон; Кай? Юсуфо гаште зани дар мисри ҷон» (Муҳаммади Ҷаҳонгирӣ, шоири эронӣ), «Манам то шаб ба ҷашне дар рухат мастона хуш будам ва гирён дида хандидам»(Муҳаммадрасули Бовандпур, шоири эронӣ), «Ту мечархию танҳойӣ зи боғи доманат гулҳо ба фарши хона мепошад», «Каломи ошиқонаро, нигоҳи шоиронаро, садои чун таронаро; Таҷассуму таровате зи боғи истихора омадӣ, салом», «Ва аз танини ӯ пиёлаи вуҷуди ман пур аз шароб», «Солуни ёҳдои ман; Аз коби акси ишқи сабзи ту пур аст» (Аъзами Хуҷаста, шоири тоҷик). Ин силсила мисраъҳои ноб бо касрати ҳузурашон сабки Зулолро ҷону равон бахшидаанд.

Воқеан, истиораву тасвири бикрро ба осонӣ ва бо камоли ҳунарварӣ метавон дар сабки Зулол ғунҷонид, аллакай ҳамин далоили Зулол аз ояндаи ин сабки ҷадид башорат медиҳад.

Омӯзиши ин сабк моро ба натоиҷе наздик бурд, ки дарунмояи Зулол аз мазомини зерин шакл додааст:

а) Ирфон ва ишқи Худо

б) ишқ, муҳаббат ва сарчашмаи зебоиҳо

в) иҷтимоъ ва ҳаводиси рӯзгор

г) тасовири зебоиҳои табиат

д) бархурди инсон бо ҷаҳон

Нуктаи муҳиме, ки ҳангоми таҳқиқи чунин ашъор равшан гашт, он аст, ки шуаро дар баёни мазмуну мӯҳтавои асосан ба ду тарзи баён такя намудаанд.

Аввалан, барои инъикоси мавзӯъ аз баёни ошкоро ва урёни андеша истифода мешавад.

Дувум, мавридҳое низ зиёданд, ки шуаро барои инъикоси мавзӯъ аз баёни самбулӣ мадад ҷустаанд. Ҳар ду тарзи баёни мавзӯъ ва мӯҳтаво дорои хасоиси хеш мебошанд.

Зулол дар бозтоби ҳаводис ва барои ифодаи мушаххаси дардҳои ҷомеа, бештар аз баёни самбулӣ суд ҷустааст ва мӯҳтаво бо диди шоиронаи ҷадид ва бадеияти олӣ пешкаши хонанда гаштааст.

Аммо зимнан бояд гуфт, ки ҳимояткунандагони пойдории зулолро зарур аст дар чунин мавқеият ба унвони таъсиргузорон ва бунёдгузорони сабки Зулол талоше бештаре дошта бошанд бо эҷоди ҳунармандонаи чунин ашъор арсаи адбиёти имрӯзи моро бо зулолҳои пурмаъно, ки сохторашон аз тасовири нобу дилнишин шодоб аст гуҳарбор кунанд. Яъне, метавон натиҷагирӣ кард бовуҷуди он ки сабки тозаэҷод дар ин ду соли ҳастӣ бо мухолифатҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд, имрӯз аз тарафи хонандагон чун як падидаи тозаи адабӣ пазируфта шудааст.

Дар назарсанҷие, ки ахиран дар яке аз шабакаҳои интернетӣ сурат гирифт бо ин суол, ки «Оё Шумо аз сабки ҷадиди «Зулол» истиқбол мекунед?» теьдоди аьзаме аз хонандагон ва ҳаводорони адабу фарҳанг аз ин сабк ба унвони қолабе зинда ва ҷадид ёд карда ва онро эътироф кардаанд.

Дар ин назарсанҷӣ анқариб 100 нафар ширкат намуд.

Қисме аз ин назардиҳандагон ошноӣ ва шинохташон аз зулолро тавассути хондани зулолҳои равони шоири тоҷик Аъзам Хуҷаста медонанд.

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки имрӯз дар шабакаҳои мухталифи интернетӣ саҳфаҳои вижаи Зулол амал мекунанд, ки дар он перомуни ин сабк, қавоиду қонуни он ҳарф мезананд. Саҳфаи «Шеьри зулол», ки дар саҳфаи Facӯӣook мавҷуд аст, теьдоди зиёде аз зулолсароён ва ҳаводоронашро гирди ҳам оварда ва зулолҳо ва дидгоҳҳои эшонро дарҷ мекунад.

Ин ҳама маҳбубият далел бар ривоҷу равнақ ва густариш ёбии ҷуғрофиёи ин сабки ҷадид аст.

Пас дар ҳоли ҳозир сабку зулол бо гомҳои устувор дар арсаи адабиёт барои фардои хеш пайроҳа боз мекунад ва роҳаш сапед бод.



Пайнавишт:

1 Аъзами Хуҷаста. «Чашмаи Зулол», Теҳрон: «».-111 саҳ.

2 Акбарзод Юсуф. Таҳқиқи шеър аз дидгоҳи нав. Мақолаҳо.-Душанбе:Адиб, 2004.-198 с.

3 Муваҳҳид З. Шеър ва шинохт.-Теҳрон: Марворид, 1377.-292 с.

4 Шамисо С. Сабкшиносии шеър.- Теҳрон, 1380.

5 http://shahresher.com/

6 http://shereyar.org/

7 http://www.sherenab2.com/

8 http://www.facebook.com/gro...

9 http://my.mail.ru/community...

Сурайё ҲАКИМОВА,

Фирдавси АЪЗАМ.

Firdavsi Azam, 17-06-2011 10:15 (ссылка)

Ман бо Шумо будам


Ман имшаб бо Шумо будам

Дар огуши Шумо аз худ рахо будам

Зи набзи фосила як лахза чони мо ба хам омехт

Ва дар гамгинаи гурбат даме дар сарзамини ошно будам

Дар ин шоми гарибона тулуъи тоза медидам

Даруни нури субхи босафо будам


Ва дар танхойи "мо" будам


Azam Khujasta

Хиёнат

Маро бегона месози,
Ту гуйё бекасу бехона месози.
Ки шаб дастам гирифта аз дари ин хона мебурди,
Хавасхои маро пеши маху исторахо афсона месози.
Чароги зулмати шаб мешавад ин дил хамон лахза,
Агар аз холи ман дурдона месози.
Абад девона месози.

Firdavsi Azam, 16-02-2012 12:29 (ссылка)

Зулоле аз Зафари Суфи

Зулоле аз Зафари Суфи

Нур нест
Шавқ неву шур нест
Коваро дигар ҳама аз ёд бурд
Пири роҳе, сарбаланде, саркашеву зур нест
Бо чунин ҳол интиҳо ҳам дур нест
Гарчи ин чо гур нест
Нур нест


Firdavsi Azam, 22-01-2012 09:24 (ссылка)

Он яке гуфто:"зулол

Он яке гуфто:"зулол
Хаст як сабки хашину родикол
Бояд онро аз харими шеъри мо ихроч кард
То шавад зиндонй дар гудоли тору тангу сарди либерол".
Ин ки як шоирнамо хасту хасуду кинатузи бадсиришту бадманиш
Мефитад бо хирсу бадхохии худ дар каъри гирдоби завол.
Лек ин сабки "зулол"и човидон то бекарон
Мегушояд суи кулла парру бол
Меравад суи висол

Firdavsi Azam, 21-10-2011 10:26 (ссылка)

Нигохи ошиконаат


Нигохи ошиконаат
Табассуми латифи шоиронаат
Маро ба юмни хукми лахза човидона мекунад
Ва нопадид мешавам зи худ ба зери обшори шонаат
Бахор дар ту ҳак шуда, ба як ишора мекунй
Маро асири лафзи чун таронаат-
Гуломи човидонаат


Аъзам ХУЧАСТА

Firdavsi Azam, 22-01-2012 09:28 (ссылка)

Ишқро ёрона кард

Гесувонро шона кард
Лашкари шаб"ро савори шона кард"
Чашмҳоро бода доду зулфҳо бар бод дод
Бехудонро бар худ овард, зоҳидонро сокини майхона кард
Бонуи болобаланд бо чакмаю шалвори танг
Зиндагиро ҳамчу дар роёна кард
Ишқро ёрона кард


Нафс


Ман икромам.
Зи нафси банда бадномам.
Шифохи гах-гахе руйи забон, аммо
Нихон дар калби хар як бандаву дар дида гумрохам.
Маро дар ёдхо кай мекунанд чое,
Агар биспурда анчомам,
Ки  ман хомам.

Овои танхои...

Биё борон,
Биёву соате мемон,
Биёву соате мебору мехон он суруди зиндагониро,
Ки ман дар катрахоят боз дарёбам сафои баччагиву навчавониро,
Биё то бо ту гуям орзуи нихониро,
Туро ман дуст медорам,
Биё борони ман,
Мебор...

Шайдо.

Firdavsi Azam, 25-10-2012 04:11 (ссылка)

Дар посух ба онхое ки шеьри моро ночиз мешуморанд.




Шеьри мо беранг нест

Аз табори чуби хушку санг нест

Шеьри мо гохе чу шерон наьра дармеоварад

Нотавоне чун паланги ланг нест

Ахли сулх аст, чанг нест


Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 04-04-2011 11:10 (ссылка)

ҶӯШИ ЧАШМАИ ЗУЛОЛ

Чанде қабл дар Эрон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи «Шеъри зулол» бо ибтикори шоири хушзавқи эронӣ Абулфазли Додо арзи ҳастӣ кард. Ин навъи шеър дар рӯзи 2-юми баҳманмоҳи соли 1388- мутобиқ бо 22-юми январи соли 2010 мутаваллид шуд. Ин шеър дар баробари сохторҳои классикии шеър ва шеъри сафед ё озод вориди адабиёти форсӣ шуд .
Ин иттилоъро аз сомонаи интернетӣ хонда будем ва чанде пас ҳамчунон хабари хуш расид, ки Аъзами Хуҷаста шоир ва рӯзноманигори тоҷик  аввалин маҷмӯаи зулолҳои хешро пешкаши ҳаводорони шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ гардонид. Маҷмӯа  зери унвони «Чашмаи зулол» аз тариқи нашриёти «Оҳанги қалам» бо теъдоди 1000 нусха, дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид ва  шеърҳои сабки зулоли Аъзами Хуҷастаро фаро мегирад. «Чашмаи зулол» дуввумин маҷмӯаи  шоир аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст. Шоиста ба ёдоварист, ки дар соли 2002 интишороти «Домина» маҷмӯи ашъори ӯро таҳти унвони «Соярӯшан» ба чоп расонида буд.
Аъзами Хуҷастаро метавон аз аввалин истиқболкунандагони сабки ҷадиди зулол шинохт. Миёни шоирони тоҷикистонӣ низ ӯ аз аввалин нафароне аст, ки ба ин сабки тозаи шеър таваҷҷӯҳи боровар дод.
Аксари аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки шеъри нав аз шеъри суннатӣ, ки имрӯз дар адабиёти муосир чун сабкҳои маъмулии шеърӣ шинохта шудааст бо мухтассоти забонӣ, фикрӣ ва адабии хеш тафовут дорад. Сабки зулол чӣ?
Хуб, шеъри зулол ба олами адабиёти муосир аз ҷумла адабиёти тоҷик  ворид гардид, он чӣ гуна сабк аст ва чӣ қавонини ба худ хосро ироа кардааст?
Паи посухи ин суол дарёфтем, ки зулолсароён ва пайравони ин навъ шеъри зулолро бад-ин гуна вижагиҳо муаррифӣ кардаанд:
Таърифи куллии «Зулол»: Шеърест, ки бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои ду навъ (арӯз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хосса доранд.
Қонуни куллии «зулол»
1) Сатри аввал ва охир дорои ҳаддиаксар, панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арӯзӣ ва ё ҳаддиаксар шаш адади ҳиҷо дар вазни мусалласи озод бошад;
2)Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути зинайи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи арӯз, фақат ду адад.
Ва теъдоди ҳиҷо дар вазни мусалласи озод ҳаддиаксар то шаш адад, ки бо як фосилаи мусовӣ ба таври зиндагӣ нузул ва сууд дошта бошад. (Мисол: яъне, агар теъдоди зарбоҳанги сатри севвум ҳам аз сатри дувум ду то бештар бошад, ба ҳамин тартиб ду ба ду ва зинагй сууд мекунад то сатри модар, баъд ба ҳамон андоза ба таври мутакорин ва бо фосилаи яксон коҳиш меёбад;
3) Ритми мусиқиёӣ аз ибтидо то охир ба таври равон ҳифз гардад;
4) Теъдоди сатрҳои ҳар зулол аз 5 камтар ва аз 11 бештар набошад;
5) Сатрҳо зери ҳам навишта шаванд;
6) Сатрҳои мутакорин аз лиҳози тӯлу вазни арӯз ё теъдоди ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам мусовӣ бошанд (теъдоди зарбоҳанг байни сатрҳо дар ҳамаи зулолҳои арӯзи фақат 2 -то аст.)
Анвои зулол. Ба таври кулли Зулол ба чаҳор навъ тақсим шудааст, ки иборатанд аз:
а) Зулоли арӯзи қофиядор;
б) Зулоли арӯзи бидуни қофия;
в) Зулоли озод;
г) Зулоли пайваста.
Дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии зулол муроот мешавад, лекин бо ин тафовут, ки -дар зулоли арӯзи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзӣ пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бад-ин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд. Дар зулоли арӯзӣ бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзи пеш меравад, аммо шоир муқайад ба кофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду- се сатр ба унвони орояи адабӣ ҷиҳати зебоӣ ба кор бубарад.
-дар зулоли озод аз оҳанги равони арӯзӣ барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам даркор нест.
-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд. Ба иборате, агар дар як мавзӯъ ду ё чанд зулоли дар як навъ таърифшударо зери ҳам қарор диҳем, онро зулоли пайваста мегӯянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо чуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷоӣ мебошанд ва ин худ се навъ мебошад:
а) зулоли пайвастаи арӯзи қофиядор;
б)зулоли пайвастаи арӯзи бидуни қофия;
в) зулоли пайвастаи озод.
Ин аст муҳимтарин вижагиҳое, ки  дар эҷоди зулол бояд риоя шавад.
Аслан чунонки шоири тоҷик Доро Наҷот таъкид мекунад «… шеър тафаккур аст, ки дар сатҳи баланди завқу дониш қарор дорад».  Ҳузури ана ҳамин завқи баланду дониш ва тафаккури uайримунтазира дар сабки зулол ба мушоҳида мерасад?
Имрӯз шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста  аз аввалинҳост, ки ба ин сабк эътимод ва эътиқод намуд.  Мо устодро роҷеъ ба сабки зулол пурсон шудем, ки посухҳои эшон андешаҳои  моро то андозае рӯшан хоҳад кард ва онҳо ингунаанд:
-Чӣ омиле боис шуда ки Шумо билофосила бар ин сабки ҷадиди шеър, яъне, зулол таваҷҷӯҳ  кардед  ва  ба эҷоди он шурӯъ намудед?
Аз рӯзи аввали ошнойӣ бо зулол, ин қолаб таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб кард, ба дилам нишаст. Ҳамчун ҳар чизи нав бар ҳисси кунҷковиам афзуд ва шурӯъ кардам ба мутолиаи қонуну қоидаҳои он. Намуди зоҳирии зулол то ҳадди зиёде ба қатраи об ва қалб монанд аст. Ин дар навъи худ як падида буд барои ман. Рӯзи 24 январи соли 2010 аввалин зулоламро бо номи “Зулоли андеша” навиштам.:
Дар сарам андешаҳо
Ҳамнавойи бо хати ҳампешаҳо
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон
Оташе андохта дар бешаҳо
Ман ба фикри решаҳо
Ва ҳамин тавр шурӯъ шуд зулолнависии ман. То он ҷо пеш рафтам, ки рӯзе ба фикри чопи китоб афтодам. Ҳамкорам Беҳрӯзи Забеҳулло, аз шоирон ва пажӯҳишгарони муваффақи тоҷик, мушаввиқи аслиам дар ин кор буд. Дӯстам Ҷӯра Юсуфӣ маслиҳат дод, ки китоб ҳатман бо ду хат бошад. “Чашмаи зулол”- аввалин китоб  дар қолаби зулол, 20 январи соли 2011 дар солрӯзи муаррифии зулол ба чоп расид. Аз ҳамаи онҳое ки дар чопи ин китоб ёрӣ  карданд, сипосгузорам. Албатта, ин китоб бештар хислати роҳнамоӣ дорад, барои ҳамаи онҳое, ки ба шеъру шоирӣ алоқаманд ҳастанд ва ман аз ин тариқ хостам, як китоби роҳнамо барои дӯстдорони қолаби зулол ба чоп расонам. Албатта, маълумоте, ки дар бораи зулол дар ин китоб омадааст, хеле мухтасар аст ва хоҳишмандон бояд аз интернет кӯмаки бештар гиранд.
- Ба андешаи Шумо, оё сабки зулол низ метавонад ба мисли шеъри нимоӣ, болотар  аз ҳама андешаҳо гардад ва чун сабки шеърӣ шинохта шавад?
Дар бораи зулол бояд бигӯям, ки ман агар ба ояндаи ин қолаб эътимод намедоштам, ҳаргиз ба суроuи чопи китоб намерафтам. Албатта, имрӯз зулол мисли ҳар чизи нав мувофиқон ва мухолифони худро дорад. Мувофиқон бо далелҳо зулолро ба унвони падидаи нав дар олами шеъру адаб муаррифӣ  мекунанд, аммо он чи ки то имрӯз мухолифон аз худ нишон додаанд, маҳкумиятҳои эҳсосотӣ ва пешдовариҳоест, ки бисёртар аз робитаҳои шахсӣ сарчашма мегиранд. Барои ман бисёр боиси таассуф буд, ки иддае аз шоирон бидуни овардани далел ва бурҳон, зулолро маҳкум карданд ва ин рафторашон хеле диктаторона буд. Ин дақиқан такрори ҳамон сарнавиштест, ки барои сабки нимоӣ шакл гирифта буд. Зулол ҳам сарфи назар аз он ки имрӯз фалонӣ мехоҳад ё намехоҳад, рушд хоҳад кард. Дуруст аст ки дар ин қолаб шеър гуфтан чандон осон нест ва ҳанӯз шеърҳои овозадоре дар ин қолаб гуфта нашудаанд, аммо “мушкиле нест, ки осон нашавад”.
- Аз шоирони тоҷик  Шумо аз аввалин гӯяндаҳои зулол ҳастед ва аввалин маҷмуа низ дар ин сабк аз ҷониби Шумо дастраси ҳаводорон гардид, муаррифии зулол дар ин ҷо ба василаи Шумо сурат гирифт. Оё гуфта метавонед, ки зулоли  Тоҷикистон соҳибмактаб мешавад?
То он ҷое ки ман медонам, имрӯз 9 нафар аз шоирони тоҷик, ки бештар аз ҷавонон мебошанд, дар ин қолаб ба истилоҳ “зурозмойӣ” мекунанд ва ҳамин худ фоли неки фардои зулол дар Точикистон аст. Бардошт ва интизори ман ин аст, ки зулол табдил ба як сабки созанда ва офаринанда хоҳад шуд ва дар ин замина ситораҳои дурахшоне дар самои шеъри тоҷик зуҳур хоҳанд кард.
Шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста ба ояндаи зулол эътимод дорад ва бар он бовар аст, ки рӯзе ин сабк метавонад  дар пешбурди адабиёт саҳм гирад.
Барои тасдиқи ин андешаҳо варақгардон мекунем китоби «Чашмаи зулол»-ро  ва қазоват мекунем …
***
Воқеан, шеъри  шоир дар варақҳои сабзи хаёлаш эҷод мешаванд, саодатманд ҳамон шоиреаст, ки гуфтааш дар зиёдамаврид бесобиқаанд.  Гузашта аз ин, ҳузури андешаҳои  ирфонӣ, фалсафӣ, ошиқӣ  ва иҷтимоӣ дар шеър  қимати онро боло мебаранд.
Кӯшишҳои Аъзами Хуҷаста низ шоири саодатманд будан аст, ба бовар метавон гуфт, ки  имрӯз ба ӯ ин саодат даст додааст:
Қанд мехоҳам
Лабат ку? Қанд мехоҳам
Uаминам, нозанин, лабханд мехохам
Забонатро макун чун барги истеҳзо арӯсаквор
Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам
Мазан қайчӣ ба гесӯят, ки гар ҷабри ту боло шуд
Барои куштани худ банд мехохам
Ва бо пайванд мехохам

***
Ту нагӯ, ки дур шудӣ аз ман
На!
Ҳамон гуна ки дар худат истодайӣ
Ту низ дар манӣ
Ва ман туро
Чу соя…
На!
Чу ҷон ҳамеша дар вуҷуди ташнаам
Дар ин сароби зиндагӣ
Нигоҳ доштаам
Ки дар кавири ноумедиҳо
Умеди рустани дубораам шавӣ
Ва атри хандаҳои ту
Тараннуми баҳор дар вуҷуди ман
Дар ин хазони зиндагӣ шавад
Чунин андешаҳои мудерну тасвирҳои хеле аҷибу дар хотирҳо монданӣ аз ҳунар ва диди шоирии Аъзами Хуҷаста далолат мекунад. Аммо ин ҷо мехоҳем ба  нигоҳ ва тасвирҳои шоиронаи шоир дар сабки ҷадид Зулол таваҷҷӯҳ кунем. Метавон гуфт, ки дар эҷод шоир  ба истиқлоли эчодӣ расидааст ва андешаҳои бикраш  дар сабки нави шеърӣ- зулол  ҳулул кардааст.
Аксари навиштаҳои зулоли  шоир соддаву самимиянд ва дар баробари ин ҳама соддагӣ дар жарф-жрафи ҳар вожа маъниҳои бикру олӣ нуҳуфта, ки бо тасвир ва тахайюли uайриинтизор таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ мекашанд:
Биҳишт
Урду зада
Бо лола дар ёла
Лаби чу сабза рақсон аст
Насиму атр мепечад бо ҳам
Ба саҳро абр мегиряд
Ва ман бе ту бо ёди ту
Урду задам
Бе ту
Воқеан, тасвирҳо самимиянд ва бо сабки тоза омезиши зебо ёфтаанд:
Бояд фаромӯшат кунам
Фарёдро чун ҳалқа дар гӯшат кунам
Ёди туро берун кунам аз тори пуди хотирам
Дар олами матрукае чун муртаде бо uам ҳамоuушат кунам
Берун шавам аз банди Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар ҷаҳони бешу кам
На, на! Мабодо инчунин, Ман бе ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ
Мастона о, бо бӯса гулпӯшат кунам
Чун ҷоми май нӯшат кунам
Дар ин зулол низ диди шоир вусъат ёфта, фалсафаи инкори инкорро тобиши зебои тасвир бахшида, ба василаи ин  мӯҳтавои кулл «Ман бе ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ» қувват бахшидааст. Санъати такрор низ ҳамин вазифаро ба дӯш гирифтааст «ҳечам, ҳеҷ, ҳеҷ».  Ба андешаи мо, дар оuоз гуфтани «Бояд фаромӯшат кунам» ва то чанд мисраи дигар тасдиқи тасмими ин гуфтаҳо  аҳдофи шоирро  аз маънии воқеии зулол, ки дар мисраи «На, на! Мабодо инчунин, Ман бе ту ҳечам, ҳеҷ, ҳеҷ» ҷамъ омадааст, рӯшану пуртаъсир мекунад.
Мутаваҷҷеҳ мешавем:
Гиряҳо ханда шуданд
Ашкҳо ахтари рахшанда шуданд
Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат
Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд
Оре, оре, зи қадамҳои Ту дар олами ишқ
Орзуҳои дилам зинда шуданд
Маҳи тобанда шуданд
Дар зулоли мазкур андешаи маъмул бо диди мудернӣ омезиш ёфта, шоир тасвирҳои нобро эҷод мекунад.  Воқеан, дар адабиёти классикиву муосир тасвири «гиряҳо ханда шуданд» зиёд  ба чашм мехӯрад, аммо Аъзами Хуҷаста дар коргоҳи хаёли хеш ин тасвирро ҷилои мудернӣ бахшида,  идоматан мегӯяд: «Чини пешонӣ уту шуд зи насими нигаҳат//Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» ва ингуна тахайюл ва офариниши тасвир башорат аз диди нави шоир аст. Ду мисраи мазкурро мисраи калидии тасвир дар зулоли мазкур шинохтан лозим аст. Меҳвари тасвири зулол -андешаи тоза дар мисраъҳои «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» гунҷоиш ёфтааст.
Ҷои дигар шоир мегӯяд:
Чора
Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунй, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Биҷустам аз Илоҳ
Мебинем андешаҳои воқеан шоирона  дар қолаби зулол гунҷоиши зебо ва тобиши дилрабо пайдо кардаанд. Пас сабки зулол метавонад бори шеъри муосирро бардорад.
Як далели дигар . Маълум аст, ки дар рушди ҷанбаи ҳунарии шеър эҷоди иборот ва таркибҳои тоза мавқеи хосса дорад. Фикр мекунем дар сабки  зулол низ бояд ана ҳамин нукта омили муҳими таъмини бадеияти шеър бошад. Дар зулолҳои шоири тоҷик ҳамингуна тарокиб бо касрати истифода имтиёз пайдо кардаанд: «қолабу қобу қилу қол», «табассум беибо гул карда дар боuи лабон», «дар зулфи шумо пои дилам овехт», «Муҳаббати пиёдаам зи сояҳои ҳисори ту гузашт», «рӯи барги нарми Марям», «кавири интизори  пурсароби бе уфуқ», «дарахти бенавои пайкарам  ҷавонаҳо зада ба шоху барги сабз», «пару боли хоби манро кас надид», «чини пешони уту шуд аз насими нигаҳат» ва uайра Ин тарокиб аз  диди мудернӣ ва тахайюли uайримунтазираи шоир ва аз вусъати имконоти сабки ҷадид гувоҳӣ медиҳанд.
Албатта, мо ин ҷо танҳо ба тасвир, тахайюл ва диди шоирона дар сабки зулол таваҷҷӯҳ кардем ва вижагиҳои қолабии он мавриди омӯзиши аҳли таҳқиқанд, аммо  фикр мекунем ба ҳар ҳол сабки зулол ба адабиёти муосир ворид шуд ва чӣ гуна қабул шудани ин сабк аз ҷониби ҳаводорон, пеш аз ҳама, ба маҳорати ҳунарии шоирони мо иртиботи ногусастанӣ дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
номзади илмҳои филологӣ

Нигор

Нигор мерасад

Нигори бовикор мерасад

Дилам барои у бахоначу намешавад

Дубора он карор мерасад

Хумор мерасад

Firdavsi Azam, 21-10-2011 10:25 (ссылка)

Ало, салом


Ало, салом
Биё, маро рахон зи дом
Зи доми сарнавишти дар сиришти у
Гаме нухуфта хамчу хуни руз дар уфуки шом
Биё, ки кучахои хокии масири сарнавишти кури ман
Зи рухи шодй холиву пур аз салои интиком
Ало, кучои ту ки радди пои мо
Зи пилла рафта руи бом
Ва ...бедавом


Аъзам ХУЧАСТА

Firdavsi Azam, 12-06-2011 10:29 (ссылка)

Назарсанчи

Дар бораи сабки чадиди Зулол ки чанде кабл вориди адабиёт шуд чи медонед ва оё онро  ба унвони сабки чадид кабул доред? Лутфан назару андешаатонро бинависед!

Бехтарин чиз барои мард.

Марде аз Абдуллоҳ ибни Муборак (раҳ) пурсид:

Беҳтарин чизе, ки барои як мард дода шудааст чӣ аст?

Ибни Муборак гуфт: неъмати ақл.

Гуфт: агар набошад пас чӣ?

Ибни Муборак гуфт: рафтори нек.

Гуфт: агар набошад пас чӣ?

Ибни Муборак: бародаре, ки ӯро машварати нек медиҳад.

Гуфт: агар набошад пас чӣ?

Ибни Муборак гуфт: хомушии дарозмудат.

Гуфт: агар набошад чӣ?

Гуфт: марги нобаҳангом.

Ҳамин гуна аз ҳакиме дар бораи беҳтарини мардон пурсиданд, ки киро метавон беҳтарини мардон номид?

Ҳаким гуфт: марде, ки чун бо ӯ сухан мегӯи дар шунидани суханат рафтори ҳакимона дорад.

Чун агар дар ғазаб ояд ҳалимсу порсоаст.

Чун агар пирӯз шавад ҷавонмарду бо муруват аст.

Чун аз ӯ бахшиш бихоҳанд бузургияш бештар ҳувайдост.

Чун агар ваъда диҳад дар ваъдааш ба ҳар ҳоле пойдор аст.

Чун ба ӯ шикоят баранд нармдилу меҳрубон аст.

Ҳамин гуна дар бораи мардони бузург гуфтаанд, ки марди бузург ҳамон аст, ки вақте ба ӯ панд гӯянд пандпазир аст.

Ва гуфтаанд касе аст, ки каҷиҳои худро ислоҳ менамояд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳи дуруст аст.

Ва гуфтаанд касе аст, ки чун суханашро бигӯяд мекунад ва чун ваъда диҳад вафо мекунад.



Метки: Назари худро нависед

Firdavsi Azam, 11-09-2011 07:45 (ссылка)

Зулол гуфтаам


(Дар посух ба навишатахои беимзо, ки маро аз зулол бархазар медоранд)

Гахе зулол гуфтаам
Гахе каломи лоубол гуфтаам
Гахе газал, гахе "сафед", гахе таронахои дил
Хама зи рамзу рози зиндагй, ба ёди Хофизу Камол гуфтаам
Зи хеш рафтаам бурун, ки бар худии худ расам,
Ва аз фироку аз висол гуфтаам
На килу кол гуфтаам

Azam Khujasta

Метки: Зулол гуфтаам

Хамфикрон

Хар сахар аз хоб хезу "Махзани хирад" биё,
Хам назар бо маърифат бар "Гулшани адаб" намо.
Фикри дунё дур кун бар даргахи "Дардошно",
Дар "Дилошно" худ бикун бо колаби дил ошно.
"Чашмаи Зулол" ову катрае аз ишк бинуш,
Аз ситам огох бош як лахза дар "Зебуннисо".
"Ошиёни мехр" дорам мисрахои дилкаше,
Хушдило байте зи он шоири "Лоик" саро.
Маст кунад "Туфони" ишк ошики мастонаро,
Гар "Хадиси ишк" хонди чон супор бахри вафо.
"Порсиро пос дорем" гум накарда як хичо,
Чун "Нигористон" шавад зебо Ватан аз кори мо
Мекуни гамгин маро "Кошонаи Шахло" чаро?
Охи мардум бишканад ин Охани бечораро.

Фарзанд

Нихоли ман. 
Шукуфти дар хаели ман. 
Агар панду насихат рад намуди. 
Зи ту бошад малоли ман. 
Камоли ман.

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу