Все игры
Фотографии

Шуаро

Гузаштам аз падар аз модари худ аз барии уммат, Бидех. ё Раб, ба дастам рузи махшар дафтари уммат. Дилам доим барои умматон чун дог месузад, Набинам кош дар хар ду чахон дарди сари уммат. Чи шуд ахволи зори умматонам рузи чон додан? Набудам як даме, афcус, болои сари уммат. Зи ранчу шури дунё омаданд дар хоки хорихо, Намедонам, чи бошад холи рузи махшари уммат. Чи пеш ояд ба девони амал номасиёхонро? Надорам тоб гар бинам суёи чашми тари уммат. Ба гармои киёмат гар зи ачзи хеш дармонанд, Ливои хешро созам зи шафкат чодари уммат. Шавад дармондаи вазни амал аз касрати исён, Шавам андар тарозуи киёмат лангари уммат. Ба холе агар афтода бинам очизонамро, Бигирам даст бикшоям зи гам болу пари уммат. Нигохи мархамат бар ранги зарди ин Чунуни кун, Кушои чашми шахло гар ба суйи манзари уммат. (Мавлави Чунуни)