Все игры
Запись
Это спам

МУБОРАКИИ МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН !!!


Написать комментарий


     18-07-2012 18:56 (ссылка)
Re: МУБОРАКИИ МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН !!!
Ин чи шурест,ки дардаври Камар мебинам,
Хама офок пур аз фитнаю шар мебинам.
Хар касе рузи бехи металабад аз айём
Иллат он аст ки хар руз батар мебинам.
Аблахонро хама шарбат зи гулобу канд аст,
Кутти доно хама аз хуни чигар мебинам.
Аспи този шуда мачрух ба зери полон,
Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам.
Духтаронро чанг асту чадал бо модар,
Писаронро хама бадхохи падар мебинам.
Хеч рахме на бародар бо бародар дорад,
Хеч шафкат на падарро бо писар мебинам.
Панди Хофиз бишунав,хоча,бирав,неки кун,
Ки ман ин панд бех, аз дуру гухар мебинам
     18-07-2012 18:57 (ссылка)
Re: МУБОРАКИИ МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН !!!
Биё, эй толиби чаннат,дуруди Мустафо мегу,
Шунида номи Он Хазрат,дуруди Мустафо мегу.
Сахар аз хоб чун хези,зи дида ашки хун рези,
Диле бо дард омези,дуруди Мустафо мегу.
Паси хар тоату одат,фароги шодиву хасрат,
Чу майлат хаст ба хазрат,дуруди Мустафо мегу.
Чу рафти чониби масчид,ки то гарди дар он сочид,
Гирифтори рохи Хак бо чид,дуруди Мустафо мегу,
Агар мушкил ба сар дори,тарики пурхатар дори,
В-агар майле бар зар дори,дуруди Мустафо мегу.
В-агар уро талаб дори,на охи нимашаб дори,
Чу калбу кому лаб дори,дуруди Мустафо мегу.
Ба хар махфил, ки биншини, чамоли дустон бини,
Баро як дам зи худбини,дуруди Мустафо мегу.
Чу бар бустон гузар карди, ба руи гул назар карди,
Машоматро хабар карди,дуруди Мустафо мегу.
Агар хохи шафоатро,наъими хулду рохатро,
Шунида номи Он Хазрат,дуруди Мустафо мегу.
Ту,Наккош аз сабукчони, нарафти рохи Рахмони,
Барои рузи хайрони дуруди Мустафо мегу.
     18-07-2012 19:01 (ссылка)
Re: МУБОРАКИИ МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН !!!
Тавофи каъбаи дил кун агар диле дори,
Дил аст каъбаи маъни ,ту гил чи пиндори.
Тавофи каъбаи сурат хакат бад-он фармуд.
Ки то ба воситаи он диле ба даст ори.
Хазор бор пиёда тавофи каъба куни,
Кабули Хак нашавад гар диле биёзори.
Бидех ту мулкату молу диле ба даст овар,
Ки дил зиёд дихадат дар лахад шаби тори.
Камар ба хидмати дилхо бубанд чокарвор,
Ки даркушояд дар ту тарики асроре.
Гарат саодату икбол гашт матлубат,
Шави ту толиби дилхову кибр бигзори.
Чу хамъинони ту гардад инояти дилхо,
Шавад янобеи хикмат зи калби ту чори.
Равон шавад зи лисонат чу сел оби хаёт,
Дамат бувад чу Масехо давои бемори.
Хамуш,васфи дил андар баён намегунчад,
Агар ба хар сари муе дусад забон дори.(Чалолиддини Руми)

Написать комментарий