Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

Овои танхои...

Биё борон,
Биёву соате мемон,
Биёву соате мебору мехон он суруди зиндагониро,
Ки ман дар катрахоят боз дарёбам сафои баччагиву навчавониро,
Биё то бо ту гуям орзуи нихониро,
Туро ман дуст медорам,
Биё борони ман,
Мебор...

Шайдо.

Firdavsi Azam, 17-06-2011 10:15 (ссылка)

Ман бо Шумо будам


Ман имшаб бо Шумо будам

Дар огуши Шумо аз худ рахо будам

Зи набзи фосила як лахза чони мо ба хам омехт

Ва дар гамгинаи гурбат даме дар сарзамини ошно будам

Дар ин шоми гарибона тулуъи тоза медидам

Даруни нури субхи босафо будам


Ва дар танхойи "мо" будам


Azam Khujasta

Firdavsi Azam, 14-06-2011 11:52 (ссылка)

Эъчози танхойи


Дар канори руди Сир


Бонуе дар банди танхойи асир

Хотироташ дар кавири рафтахо пар мезанад

Чашмхояш хира бар танхойии зебои махтоби мунир

Мохи танхо рахнамойи мекунад ин бонуро:танхойи ин худ мактаб аст

Дар ями танхойи худро аз худии худ ту бишносу бигир

Як даме дар худ фано шав, хешро курбонй кун


То шавй дар зиндагонй бе назир


Бахт бодат дастгир


Аъзам Хучаста

Firdavsi Azam, 12-06-2011 10:29 (ссылка)

Назарсанчи

Дар бораи сабки чадиди Зулол ки чанде кабл вориди адабиёт шуд чи медонед ва оё онро  ба унвони сабки чадид кабул доред? Лутфан назару андешаатонро бинависед!

Firdavsi Azam, 12-06-2011 08:34 (ссылка)

Аъзам Хуҷаста-шоири зулолсарои точик

Чашмаи зулол аввалин маҷмуаи чопии ашъор дар сабки зулол аст. Шоири ин китоби навин зулолсарои матрахи тоҷчикистонй ҷаноби оқои Аъзам Хуҷаста мебошад. Дустони азиз чунон ки мустахзаранд, шеъри зулол дар дувумми бахмани соли 1388 хичрии шамсй мутаввалид шуда ва ҷаноби Хуҷаста аввалин истикболкунандаи амалй дар ин замина мебошанд.

Дуруст ду руз баъд аз таваллуди зулол аввалин зулоли ишонро ки баррасй ва мутолиа кардам, барои пешрафти ин жонри ҷахони умедвор гаштам. Зухури ҷаноби Хуҷаста дар арсаи зулол барои ин ҷониб куввати калбй шуд то рафта рафта бар иштиёки хеш биафзоям. Алорагми мухолифатхои гуногуне ки аксараш реша дар хасодату чахолат доранд, ин марди бузургвор тавонистанд бо калами даввони хеш дар арсаи зулол, бар муваффакиятхои чашмгир даст ёбанд. Бандаи хакир бар худ меболам, ки бо бузургмардони сохибзавк ва эхсос хамасрам.Чашмаи зулол ба унвони аввалин асари чопй ки чорй аз калбе бидуни риё мебошад,таъсироти фаровоне дар шиносондани шеъри зулол дошта аст.

Хакир барои хар дакике аз замон ки барои захмат дар хусуси ин китоб сарф шудааст, арзиши тиллои коилам ва бар худ ифтихор медонам,ки шеъри зулол мавриди инояти донишмандоне чун саркорхонуми Сураё Хакимова қарор гирифта аст. Хонум , дуктур Хакимова нигохе муттахассисона бар ин китоб доштаанд ба тавре ки сухансароийии банда дар киболи ковиши он бузургвор, лозим намебошад.Лекин шоири ширинкаломи арсаи зулол, гавхари калимотро чунон сода ва шафоф бар канори хам чидаанд, ки харчи дар борааш бинависам, боз кам аст. Содагй ва шафофият иртибот ва пайём дар зулол чузви аслитарин хусусиёти ин сабк мебошад.Бинобар ин чаноби Хуҷаста ин хусусиётро доро хастанд.

Шеъри зулол калби зулол ва боимон мехохад.Банда ханузам дар хайратам ки чаро ҷаноби Хуҷаста теъдоди ашори аввалин китоби сабки зулолро чихил карор дода аст! Чи хикматеро дорост?! ва диккат дар интихоби номи китоб….! Инхо хама иллатанд.Эхсоси равон дар зулолхои ҷаноби Хуҷаста мавч мезанад ва ман аз так таки зулолхои эшон нихояти лаззатро мебарам.Суханро содда ва беолоиш мегуянд. Забонашон забони зулол аст. Зулол ташабусот ва такаббурхои бемаврид ва ифодахои сангини адабиро бар наметобад.Лизо,шоираш бояд чун Хуҷаста дорои калби зулол ва саршор аз имону маънавият ва лоики чунинин макоми воло бошад то асаре мондагор ба монанди Чашмаи зулол биофаринад. Дар сахфаи 118 хамин китоб зулолеро мехонем, бо унвони Маро бибус ки шеър аз сар то по хис дар рахиқи мухаббат аст ва шоир дар огуши калимот зулоли калбашро баён медорад.Шеър чунон худчуш ва мамлу аз эхсос аст,ки содагияш чашмае аз лаззотро чорй месозад.Таваччух фармоед:

Маро бибус!

Макун дигар ибо, бибус

Багал намо чу кудакони хунгарм

Ба руи ин замин ва зери ин само даро, бибус

Зи кайдхо фарор кун ба ман бирас

Ва нарму бесадо бибус

Биё, бибус


Китоби Чашмаи зулол асаре мондагор дар олами адабиёт мебошад. Ин муваффақиятро бар дусти бузургворам ҷаноб устод Хуҷаста вар бар мардуми бомухаббати кишвари Тоҷикистон табрик арз намуда ва бар эшон орзуи сарбаландй дорам.

Умед аст насли оянда бо улгугири аз чунин асароти навину таъсиргузор инкилоби зулол дар адабиёти оянда ба вуҷуд оварда ва мардумони курраи заминро аз лаззоти ҷорй бархурдор фармоянд.


Додо БИЛВЕРДИ, Эрон, Табрез.


Firdavsi Azam, 10-06-2011 06:42 (ссылка)

Сабки Хуҷаста

Паёме ба азизонам дар маҳфили адабии "Зарафшон"

  "Чашмаи зулол" дар фазои фарҳангии ҷавомеъи форсизабон як падидаи матлуб ва барозанда аст.Муаллифи он Аъзами Хуҷаста ,шоир ва нависандаи зубдатабъ ва борикхаёл ва фарзанди баруманди тоҷикзамин ба унвони бунёдгузори сабки наве шинохта шуд ва ин ҷои тафохур дорад,ки гуна ва шеваи нав дар адабиёти ҳазорсолаи форсӣ бо дасти ин меъмор бунёд ниҳода шуд,зеро шумори шоироне,ки дар адабиёти форсӣ соҳиби сабк будаанд,аз теъдоди ангуштони ду даст таҷовуз намекунад ва намунаи рӯшани он Устод Рӯдакӣ,Соиб,Нимо,Сӯҳроби Сипеҳрӣ...мебошанд,ки тариқи навро барои баёни андешаву эҳсосоти башар боз намуданд.Дарвоқеъ,тарҳи ҳар чизи нав -хоҳ дар адабиёт,хоҳ дар илм,хоҳ дар санъату ҳунар,варзиш,....ҷуръату ҷасорат ва ҳиммату дироят ва тааммулу таҳаммулро мехоҳад.Чаро?Зеро агар ин падидаи нав агар гурӯҳеро хуш ояд ва аз он истиқбол кунанд, дар муқобил сангандозоне ҳастанд,ки ҳар лаҳза метавонанд ба сӯяшон санг партоб кунанд ва бояд мубтакир омодаи ин зарбаю ҳамaлот бошад,ки намунаи боризи онро дар рӯзгори Сӯҳроби Сипеҳрӣ,яке аз барҷастатарин гӯяндагони бономи Эрон мебинем,ки дар омезиши шеъри ҳиндӣ бо қолиби нав шеъри ҷадид сохт.Сӯҳроб бо нашри нахустин таҷрибаҳои худ мавриди сарзанишу накуҳиш ва интиқоди шадиди мунаққидон ва саррофони гавҳарношинос қарор гирифт ва ӯ,ки рӯҳи отифӣ дошт,сукуту хомуширо дар баробари онон тарҷеҳ дод,сабр пеша кард,то инки шеъраш ҷо уфтод ва тибқи як назарсанҷии Донишгоҳи Теҳрон ин сарояндаи номовар имрӯз дар маҳофили адабии форсигӯён бештарин пайравонро дорад ва ҳамарӯза бар теъдоди алоқамандони шеъраш афзуда мешавад.Ин написандидани навандешиву навгароӣ падидаи наву тоза нест ва Рустами Фирдавсӣ ,ки зуҳури ҷараёни нав -Сӯҳробро наметавонад таҳаммул кунад, билохира бо теғи кўҳан хунашро мерезад ва ин aмр дар шеър низ мисдоқ дорад,ки собит шуда шеър ва гӯяндаи он монанди нофа,ки то оҳу намирад накҳати мушкосои он ба берун намеҷӯшад ,буда ва мисоли ин Иқболи Лoҳурӣ аст,ки дар ҳангоми зинда буданаш касе шеърашро эътироф намекарда ва дар маҳофили адабӣ ба унвони шоир эътироф намегардид ва ҷое ҳам худи Иқбол бо ҳасрат аз ин қазия ёд мекунад:

Эй хушо шоир,ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми кас кушод.

   Бигзарем,падид омадани сабки зулол бар пайкари шеъри форсӣ ҳеҷ зарба ва латмаеро ворид нахоҳад кард,балки ин сабк зойида аз мойидаи қойидаи шеъри равону сойидаи форсист ва дарвоқеъ шоху баргҳои дарахти азими он аст ва дар бистари он руйиш,болиш,нозиш,хезиш ва густариш дошта ва хоҳад дошт.Ин қонуни адабиёт ва ҳар илму санъати дигар аст,ки навгӯиву навҷӯӣ меҳвар ва ҳадафу рисолати фарзандони хушноми ин  марзу бум буда,ки ҳамагӣ бар ин амр иттифоқи назар доранд:Сухан нав ор,ки навро ҳаловатест дигар!

  Аъзами Хуҷаста бо кашфи ин шеваи нав нишон дод,ки аз тамомии ҳамнаслону ҳамзамонону ҳамангоронаш ба маротиб пештару пешгомтар аст ва ашъори ӯ бо сурудаҳои қабл аз омаданаш ба Эрон аслан қобили қиёс нест.Шеъри ӯ муждаи рӯшаниву огоҳӣ медиҳад ва аз рушду тараққии андешаву тахайюли бориктар аз нахи сапедаи гӯянда дарак медиҳад,ки он бо мутолиаи амиқу дақиқи адабиёти форсӣ ва осори гаронмоягони ҷаҳон ва аз чашмасорони сорию ҷории онон маншаъ мегирад.

   Зулол суханбозию бозӣ бо калимот нест,балки шоир бештару пештар муқайяд ва пойбанд бар муқаррароту мувозиноти шеър,алфоз, орояҳо ва саноеъи лафзӣ ва пайванди танготанги лафзу маънист,ки мисли гушту нохун дарҳам танидаанд  ва сароянда дар ин миён бо таваҷҷуҳ ба ин муҳим масъулияту рисолати фаротар дорад.Бубинед,як мисоли кучак:баррасиҳо нишон дода,ки сурудани шеъри суннатӣ осонтар ва саҳлтар аз шеъри зулол аст ва зулолсаро ба роҳатӣ шеъри суннатӣ мегўяд, вале касоне,ки шеъри суннатӣ месароянд, шояд ба сахтӣ зулол гўянд.Яъне дар маҷмуъ зулолсаро бояд сурату сирати шеърро дар ниҳояти камол орояд,вагарна беҳтар аст ба ин кор даст назанад.

   Ба ҳар сурат,сабки зулолро ҳарчанд Додо Билвердӣ поя гузошт,аммо Аъзами Хуҷаста онро ба ниҳояти камол расонид,ҳамчунонки Соиби Исфаҳонӣ сабки исфаҳониро бунёд ниҳод ва Бедили Деҳлавӣ онро ба авҷу камолу таъолӣ расонид ва ин сабк бештар ба номи сабки бедилӣ ёд мешавад.

  Бегумон ,агар ин падида дар ҳар кишвари дигари аврупоӣ ва ғарбӣ ба вуқуъ мепайваст, барояш бузургдошту ҷоизаҳоеро эҳдо мекарданд ва ин мавзўъ нуқли маҳфил ва мубтакири он шамъи маҷлисҳо қарор мегирифт,вале моро одат ин аст,ки ҳар чизи навро бо мушкилӣ ва эҷоди монеъа қабул мекунем,аммо шоири мо аз ин шуҳрату матраҳ шуданҳо орист ва табиати мағзҳои мутафаккир ҳамин аст:ибтикору халлоққият ба харҷ медиҳанд ва дигар корро дунбол намекунанд,яъне инҳо рисолати худро дар арсаи адаб ба ҷо оварданд.Аъзами Хуҷаста бо ин иқдом дарвоқеъ муҷассамаи худро гузошт.Чашмаи зулоли ў дере нагузарад,ки ба дарё табдил шавад ва ҳарчанд пеши ин дарё сангу харсангу хасу хошок андозанд ,аммо хислати дарё ин аст,ки дар вуҷудаш ҳазор тўфону туғён ба по мекунад,мавҷе сари мавҷи дигарро мехўрад,роҳашро ҳамвор мекунад ва равон асту соҳилнишинонро ба тапиш вомедорад ва равон аст ҷовидона,ҷовидона.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

шаҳри Теҳрон.

9 июни соли 2011

Метки: Sabki Khujasta, pajuhish

Firdavsi Azam, 28-05-2011 07:23 (ссылка)

Сигор мекашам


Сигор мекашам
Бубин чй бовикор мекашам
Ва бо танобу халка-халка дуди талхи он
Гаму кудурати даруни синаро ба дор мекашам
Чу гам маро ба чохи худ кашид ва гамгусори ман канори ман набуд
Худам тамоми ин алам ба душ чун катор мекашам
Асири Мисри ман ба дасти гургхо асир
Ки охи гамгусор мекашам
Губор мекашам

Azam Khujasta

Firdavsi Azam, 28-05-2011 07:13 (ссылка)

Кабутари маро дуо кунед


Кабутари маро дуо кунед

Салом
 Салом
 Бахорро салом
 Насими гарми куйи ёрро салом
 Ба мулки сина накхати хуморро салом
 Нигори бекарори дар барам карорро салом
 Бахоррро салом

Парандахо ба лонахо расидаанд
 Ба пилки бом сабзахо чу мижжахо дамидаанд
 Ва обхо чу хун ба чони богхо давидаанд
 Суруди човидони чашмасорро салом
 Бахорро салом

Танам зи сабру интизор хаста аст
 Ба хар даре ки сар задам, баста аст
 Дилам зи бозихои зиндагй шикаста аст
 Кабутаре ки дар тала фитод, кабутари Хучаста аст
 Иродаи азими Кирдугорро салом
 Бахорро салом

Дуо кунед, кабутари ман аз кафас рахо шавад
 Таронахони чамъи мо шавад
 Ки чамъи мо дубора босафо шавад
 Ва шомили тараххуми Худо шавад
 Саодати сафои интизорро салом
 Бахорро салом

Azam Khujasta

Хамфикрон

Хар сахар аз хоб хезу "Махзани хирад" биё,
Хам назар бо маърифат бар "Гулшани адаб" намо.
Фикри дунё дур кун бар даргахи "Дардошно",
Дар "Дилошно" худ бикун бо колаби дил ошно.
"Чашмаи Зулол" ову катрае аз ишк бинуш,
Аз ситам огох бош як лахза дар "Зебуннисо".
"Ошиёни мехр" дорам мисрахои дилкаше,
Хушдило байте зи он шоири "Лоик" саро.
Маст кунад "Туфони" ишк ошики мастонаро,
Гар "Хадиси ишк" хонди чон супор бахри вафо.
"Порсиро пос дорем" гум накарда як хичо,
Чун "Нигористон" шавад зебо Ватан аз кори мо
Мекуни гамгин маро "Кошонаи Шахло" чаро?
Охи мардум бишканад ин Охани бечораро.

Бехтарин чиз барои мард.

Марде аз Абдуллоҳ ибни Муборак (раҳ) пурсид:

Беҳтарин чизе, ки барои як мард дода шудааст чӣ аст?

Ибни Муборак гуфт: неъмати ақл.

Гуфт: агар набошад пас чӣ?

Ибни Муборак гуфт: рафтори нек.

Гуфт: агар набошад пас чӣ?

Ибни Муборак: бародаре, ки ӯро машварати нек медиҳад.

Гуфт: агар набошад пас чӣ?

Ибни Муборак гуфт: хомушии дарозмудат.

Гуфт: агар набошад чӣ?

Гуфт: марги нобаҳангом.

Ҳамин гуна аз ҳакиме дар бораи беҳтарини мардон пурсиданд, ки киро метавон беҳтарини мардон номид?

Ҳаким гуфт: марде, ки чун бо ӯ сухан мегӯи дар шунидани суханат рафтори ҳакимона дорад.

Чун агар дар ғазаб ояд ҳалимсу порсоаст.

Чун агар пирӯз шавад ҷавонмарду бо муруват аст.

Чун аз ӯ бахшиш бихоҳанд бузургияш бештар ҳувайдост.

Чун агар ваъда диҳад дар ваъдааш ба ҳар ҳоле пойдор аст.

Чун ба ӯ шикоят баранд нармдилу меҳрубон аст.

Ҳамин гуна дар бораи мардони бузург гуфтаанд, ки марди бузург ҳамон аст, ки вақте ба ӯ панд гӯянд пандпазир аст.

Ва гуфтаанд касе аст, ки каҷиҳои худро ислоҳ менамояд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳи дуруст аст.

Ва гуфтаанд касе аст, ки чун суханашро бигӯяд мекунад ва чун ваъда диҳад вафо мекунад.



Метки: Назари худро нависед

Чарогакхои зиндаги

Барои ширин сохтан ва дарёфти ҳақиқати зиндагӣ низ чароғҳое вуҷуд дорад, ки банда бо онҳо метавонад роҳҳои зиндагиро барои худ равшан кунад, аз ҷумла:

*

Ба ёд дошта бош! Худо мағфиратхоҳро мағфират мекунад.

**

Худо тавбаи тавбакунандаро мепазирад.

***

Худо ба сӯяш баргаштагонро қабул мекунад.

****

Ба нотавонон раҳм кун хушбахт мешави.

*****

Ниёзмандонро даст гир, шифо меёби!

******

Кина ба дил нагир, тандуруст мемони!

*******

Монанди дарахти хурмо қомат баланд бош, ба санг мезанандат хурмо партоб кун.

********

Оташи кинаро аз сина берун кун, бахшишро аз ҳеҷ кас дареғ надор.

*********

Дар хаёли нохушӣ набош, амну саломатӣ ва офиятро мунтазир бош.

**********

Гумон накун ҳамаи дунёро касе дарёфтааст, ҷустуҷӯи ҳамаи он кори беҳудааст.

**********

Касе дар дунё ба ҳамаи орзуҳояш нарасидааст, беҳтар ҳамон, ки охиратро дарёби.

***********

Андуҳ гузаштаро барнамегардонад, ғам хаторо ислоҳ намекунад, пас чаро ин ҳама ғаму андуҳ

Isfandior Khalilov, 10-05-2011 09:04 (ссылка)

15 май, Рузи байналмиллалии Оила

Як пурсиш дорам, хохишманда бо навиштани назаратон барои хатаномаи Озодагон кумаки худро расонед.

-оила ва фаъолияти оилави дар зиндагии Шумо чи накш дорад7
-пахлухои мусбати фаъолияти оилавиро дар чи мебинед7
- оё фаъолияти оилави  дар тичорату сиёсат зухуроти манфи дорад ё не, ба мисли фаъолияти оилахои хос дар Киргизистон7

ХАДЯ

Калб во кун
Ман даруни бистари гам
Лахзае оям ба дунёи дилат
Ошики пазмону шайдои дилат
Мегурезам суи ту аз олами танхои худ
Мерасонам бахри ту як хадяе аз тору пуд
Мохро гуям даме рав хонаи танхою тористон
Бар дили дардошно аз осиёбон навбате пурсам
Зухраро гуям ба пушти абри найсон лахзае биншин
Мурги шабро мегурезонам зи шохи буттаи хушк
Бар дари калбат расам дуздонаву пойлуч
«Чи раховарди муносиб» пурсам аз худ
«Мехр», шармам ояд аз ин химматам
«Дил», на у саршори дарду гам
Ёфтам, бахрат муносиб хадяе
Бехтар аз Чон нест, Чоно
Калб бикшо! D.

Фарзанд

Нихоли ман. 
Шукуфти дар хаели ман. 
Агар панду насихат рад намуди. 
Зи ту бошад малоли ман. 
Камоли ман.

Firdavsi Azam, 06-04-2011 09:00 (ссылка)

Гузаре бар зулоли «Тараб» -и Хуҷаста


Абулфазли Додо: «Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»
Тараб

Чу шаб фаро расид

Қаробати ду лаб фаро расид

Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд

Ки дар замини бeкарон шаҳомате аҷаб фаро расид

Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт

Ва базми тобу таб фаро расид

Тараб фаро расид


Дар мавриди корбурди шеъри зулол барои аввалин бор аз шуарои Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста муваффақ ба эҷоди ин навъи шеър шудааст
Шеъри боло бо номи «Тараб» аз дусти бузургворамон ҷаноби Аъзами Хуҷаста буда ва аз навъи шеръхои зулоли арузи мебошад.Аз ин зулол худ ҷуши мутаассир гашта, хостам чанд каламе дар хусусаш дар ин маҷол дошта бошам, шояд муҷиби фоидат гашт.
Ҷаноби Хуҷаста аз ҷумлаи зулолсароёне хастанд,ки сай дар пардозиш,пироиш ва ороиши калимот дар чунин колаби хассосро дошта ва дар зулоли арузи ширини дар суханро ба хадди камол мерасонанд.
Дар ин зулол тасвирхои мутахаррике чун каробати ду лаб,тахайюри Кахкашон ва ситора ва базми тобу таб, холати руёии хосе ба мухотаб мебахшад.
Иборати «каробати ду лаб» дар ибтидои зулол, хисси хонандаро чун оханрабое мегирад ва мухотабро ба дунболи тасвир ташвик мекунад.Ин чунин тасвирхо ва ташбехоте дар зулол боиси ширинии оханг дар калимот низ мешавад.
Дар хар хол тасвире мондагор ва устодона дар ин шеър пайдост.Хар калима дар ҷои худаш гунҷонда шуда ва мафхуми амик дар пай дорад.
Каробати ду лаб,ки фаро мерасад, фирок ҷояшро ба базми пурҷуш ва тараб медихад.Мебинем,ки шури хосе дар ин зулол пайдост ва аз ибтидо то охир риштаи калом дар колаб махфуз аст.
Ман дар ин шеър хеҷ гуна нукси мафхуми ва хатто нукси сохтори колаби намебинам.
Барои огои Аъзами Хуҷаста ширинтарин зулолхоро орзу мекунам.

Firdavsi Azam, 06-04-2011 08:51 (ссылка)

Ишк


Ишк аз нигоҳ

Аз рақси ноаёни дуди оҳ

Аз бодае, ки бе садо вале равон

Мерезад аз сабуи чашмҳои обиву сиёҳ

Бар чоми қалбҳо, оғоз мешавад, то баргу боду обу хок

Аз юмни у ҳама шавад ҳамчун мусофирони моҳ

Ин ишқи поки зиндагонй зинда бод,

У ҳастиро чалолу чоҳ

Ҳам як сипоҳ

Firdavsi Azam, 06-04-2011 08:43 (ссылка)

Навха(Шеъри зулол)


Озаро!
Эй чигаро!
Ғурамарго, писаро!
Баъди маргат на ба бому на даро,
Нест як лаҳза зи файзу зи хушиҳо асаро!
Мондаам зору парешону шикаста ба миёни ду саро,
Мунтазирам, ки биёяд магар аз ту хабаро.
Корам аммо шуда аз бад батаро!
Раҳм кун бар падаро!
Бехабаро!
Бидаро!

Firdavsi Azam, 06-04-2011 08:20 (ссылка)

Зулолсароёни ирони,точик ва афгони


Шеъри Зулол яке аз сабкхои комилан тоза дар адабиёти порси аст,ки муассис ва бунёдгузори он шоир ва мунаккиди машхури Иронзамин устод Додо Билвурди аст. Ин сабк баъд аз муддати як сол дар адабиёти порси ба расмият шинохта шуд ва то кунун теъдоде аз шоирони порсигуи ирони ва точики дар чоддаи пурхаму печи ин сабк гомхое ниходаанд,ки барои шинохти харчи бештари шеъри Зулол ва шоирони зулолсаро пешниход мекунам аз линкхои зер истифода намоянд. “Сабки зулол” устод Додо Билвурди, “Конуни кулии сабки зулол” устод Додо Билвурди, “Зулолхои Додо Билвурди”,  Зулолхо, шоирони зулолсарои ирони ва точики”, “Зулолхо ва болхо”-и Фирдавси Аъзам шоири точик, “Зулолхои точики” устод Аъзам Хучаста шоири точик.
Ва аммо, аз он чое ки дар Интернет ва нашрияхои мухталифи адаби ва фарханги мурочиа кардам, дидам то хануз хеч шоири афгони ба ин сабк шеъре насурудааст. Бинобар он ин часоратро ба худ раво доштам то аввалин шеьри зулоли порсии дари бар дунёи адабиёт дар чамъи зулолхои порси хузур ба хам расонад ки ин муваффакиятро барои тамоми шоирон ва фархангиёни порсигу ба вижа шуаро ва адабомухтагони кишварам табрик мегуям.
Ин хам шумо ва шеъре ба сабки зулоли арузи кофиядор ки якинан камбудихо ва костихои худашро дорад, аммо умедворам аз накдхо ва назархои арзишмандатон бахрамандам созед. Иродатманди хамаи шумо азизон, Мустаффо.

Замона
Замона аст ачиб
Бубин ачибахош ёри начиб
Якест шоху якест ба мехнат олуда
Касе расида ба авчи фарах, касест зиштнасиб
Ва шоире,ки дар ин чо гариб месузад
Зи дасти ин хама тарафанду фариб
Зи дил кашид нахиб

 

Firdavsi Azam, 05-04-2011 10:25 (ссылка)

Назарсанчи

Оё шумо бо сабки чадиди шеьр яьне Зулол ошно хастед, агар ха оё онро кабул доред ё хайр? Лутфан назару акоиди худро инчо бинависед.

Firdavsi Azam, 05-04-2011 08:48 (ссылка)

Ин бахорон

Аъзам Хучаста
 
Пойиз зи рах расид
Бар чоми бирка шири мах расид
Хар су хазони лех шуда чун боли офтоб
Бар панчахои нарми бод хамёзаи қавси қузаҳ расид
Гуё ки ин баҳор аз сабза ранги сабзро чун сабзй бурдаанду лек
Сабзйфуруши пир бо кулабори пур зи каҳ расид
Бозори коҳи у  ойинаи суқути кох
Ин кох  шиша куйи чаҳ расид
Умраш ба таҳ расид

Firdavsi Azam, 04-04-2011 12:42 (ссылка)

Дар истикбол аз аввалин китоби шеьри “Чашмаи зулол”


Додо Билверди

Зулолгуи аср хаста мабод
Навояш аз бахори ошикон гусаста мабод
Викори ахли ишкро хамеша дар чахон нигахдоранд
Нихоли бустони маьрифат ба куи човидонахо шикаста мабод
Варак-варак китоби “Чашмаи зулол” нуши чон бикунем
Даре ба руи кудсиёни мехр баста мабод
Гаме ба чониби Хучаста мабод

Firdavsi Azam, 04-04-2011 12:39 (ссылка)

Тадриси сабки зулол дар донишгоххои хорич аз Ирон.


Аз як манбаи муътабар огох шудем, ки сабкшиносoн ва шахсиятхои устод дар арсаи адабиёт баъд аз мутолиа ва баррасии “Сабки зулол” икрор доштаанд, ки ин жанри бесобика ва беназиру бикр буда, лизо шоиста аст аз соли оянда дар барномаи тадриси донишгоххо карор гирад то насли чавон нисбат ба ин сабки навпо ошноии комил пайдо бикунанд. Лозим ба зикр аст, ки як нафар аз он шахсиятхо аз асотиди донишгохи Точикистон мебошад. Дар навиштори оянда ба чузъиёти ин хабар хохем пардохт.
Манбаъ:   http://sherezolal100.blogfa.com/

Firdavsi Azam, 04-04-2011 12:33 (ссылка)

Дар истикбол аз аввалин китоби шеьри зулол


Махдии Гурон
 
Гуле нишаста ба бор
Ба фасли сардии дилхои хумор
Зулоли чашмаи чонат Хучаста барке зад
Биё бибор ту эй абри бахор
Нишин ба дидаи тор

Биёву нек бихон
Биёву тухфаи точик бихон
Биё,ки дасту калам чушиши зулоле кард
Биёву номаи табрик бихон
Ва дили шарик бихон

Firdavsi Azam, 04-04-2011 12:02 (ссылка)

از صفحه 86 « چž

از صفحه 86 « چشمه زلال »

(اولین کتاب شعر زلال اثر آقای دکتر اعظم خواجه اف خجسته از تاجیکستان)

در مزار مادر

(زلال قافیه دار پیوسته)

تـو را آغـوش می گیرم

و آنجا می روم از هوش، می میرم

درین دنیـا بــــه غیــر از تربت پاک تــو ای مــادر!

ز هرچیزی که بود و هست دلگیرم

و از این زندگی سیرم

نگر چون سخت مغمومم!

درین دنیا ز خود هم بی تو محرومم

پـدر رفت و تـو رفتـی و صفـا از خـانـه ی مـا رفت

تو گویی در جهان بر غصّه محکومم

عجب تنــها و مظلـومم

همیشه در سفر بودم

جــدا از صحبت گرم پـدر بـودم

نبودم تا بگیــــرم پـایـه ی تـابـوتت ای مــادر!

که روز مرگ تو من بیخبر بودم

مرا بخشا که کر بودم

رسیدم بر مـزار تـو

دعـا خـوانـدم ، نشستم در کنار تو

پـدر را در مــزارستـان،گمانـم زنـده می دیــدم

که می آورد بر « اعظم »، بهار تو

خوشا بر روزگار تو

بررسی فنی زلال ،خجسته،

از صفحه 86 « چشمه زلال »، اولین کتاب شعر زلال

( بتوسط آقای دکتر اعظم خواجه اف خجسته از تاجیکستان ):

در مزار مادر ( زلال عروضی پیوسته قافیه دار )

تـو را آغـوش می گیرم

و آنجا می روم از هوش، می میرم

درین دنیـا بــــه غیــر از تربت پاک تــو ای مــادر!

ز هرچیزی که بود و هست دلگیرم

و از این زندگی سیرم

نگر چون سخت مغمومم!

درین دنیا ز خود هم بی تو محرومم

پـدر رفت و تـو رفتـی و صفـا از خـانـه ی مـا رفت

تو گویی در جهان بر غصّه محکومم

عجب تنــها و مظلـومم

همیشه در سفر بودم

جــدا از صحبت گرم پـدر بـودم

نبودم تا بگیــــرم پـایـه ی تـابـوتت ای مــادر!

که روز مرگ تو من بیخبر بودم

مرا بخشا که کر بودم

رسیدم بر مـزار تـو

دعـا خـوانـدم ، نشستم در کنار تو

پـدر را در مــزارستـان،گمانـم زنـده می دیــدم

که می آورد بر « اعظم »، بهار تو

خوشا بر روزگار تو!

بررسی ساختاری در سبک زلال:

2- تـو را آغـوش می گیرم(4ض)

1- و آنجا می روم از هوش، می میرم(6ض)

+- درین دنیـا بــــه غیــر از تربت پاک تــو ای مــادر! (8ض)

1- ز هرچیزی که بود و هست دلگیرم(6ض)

2- و از این زندگی سیرم(4ض)

2- نگر چون سخت مغمومم! (4ض)

1- درین دنیا ز خود هم بی تو محرومم(6ض)

+- پـدر رفت و تـو رفتـی و صفـا از خـانـه ی مـا رفت(8ض)

1- تو گویی در جهان بر غصّه محکومم(6ض)

2- عجب تنــها و مظلـومم(4ض)

2- همیشه در سفر بودم(4ض)

1- جــدا از صحبت گرم پـدر بـودم(6ض)

+- نبودم تا بگیــــرم پـایـه ی تـابـوتت ای مــادر! (8ض)

1- که روز مرگ تو من بیخبر بودم(6ض)

2- مرا بخشا که کر بودم(4ض)

2- رسیدم بر مـزار تـو (4ض)

1- دعـا خـوانـدم ، نشستم در کنار تو(6ض)

+- پـدر را در مــزارستـان،گمانـم زنـده می دیــدم(8ض)

1- که می آورد بر « اعظم »، بهار تو(6ض)

2- خوشا بر روزگار تو! (4ض)

زلال فوق از نوع عروضی پیوسته قافیه دار بوده و

در طول وزن « مفاعیلن مفاعیلن » با دخالت « مفاعیلن » می باشد:

2- مفاعیلُن مفاعیلُن

1- مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن

+- مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن (سطر مادر )

1- مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن

2- مفاعیلُن مفاعیلُن

نوع ساختار نظم شعر : عروضی

فرم ضرباهنگ: 4-6-8-6-4

تعداد صرباهنگ بین دو سطر: 2

تعداد کل سطور هر زلال: 5

سطور مادر(+):

درین دنیـا بــــه غیــر از تربت پاک تــو ای مــادر! (8ض)

پـدر رفت و تـو رفتـی و صفـا از خـانـه ی مـا رفت(8ض)

نبودم تا بگیــــرم پـایـه ی تـابـوتت ای مــادر! (8ض)

پـدر را در مــزارستـان،گمانـم زنـده می دیــدم(8ض)

مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن (سطر مادر )

هر کدام دارای 8 ضرباهنگ با ریتم موسیقییائی یکسان با سطور قرینه

سطور قرینه(1):

و آنجا می روم از هوش، می میرم(6ض)

ز هرچیزی که بود و هست دلگیرم(6ض)

درین دنیا ز خود هم بی تو محرومم(6ض)

تو گویی در جهان بر غصّه محکومم(6ض)

جــدا از صحبت گرم پـدر بـودم(6ض)

که روز مرگ تو من بیخبر بودم(6ض)

دعـا خـوانـدم ، نشستم در کنار تو(6ض)

که می آورد بر « اعظم »، بهار تو(6ض)

مفاعیلُن مفاعیلُن مفاعیلُن

هر کدام دارای 6 ضرباهنگ با طول وزن موسیقییائی برابر

سطور قرینه(2):

تـو را آغـوش می گیرم(4ض)

و از این زندگی سیرم(4ض)

نگر چون سخت مغمومم! (4ض)

عب تنــها و مظلـومم(4ض)

همیشه در سفر بودم(4ض)

مرا بخشا که کر بودم(4ض)

رسیدم بر مـزار تـو (4ض)

خوشا بر روزگار تو! (4ض)

مفاعیلُن مفاعیلُن

هر کدام دارای 4 ضرباهنگ با طول وزن موسیقییائی برابر

نتیجه :

شعر فوق طبق قانون کلی زلال،

از نوع زلال عروضی پیوسته قافیه دار می باشد

Firdavsi Azam, 04-04-2011 11:10 (ссылка)

ҶӯШИ ЧАШМАИ ЗУЛОЛ

Чанде қабл дар Эрон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи «Шеъри зулол» бо ибтикори шоири хушзавқи эронӣ Абулфазли Додо арзи ҳастӣ кард. Ин навъи шеър дар рӯзи 2-юми баҳманмоҳи соли 1388- мутобиқ бо 22-юми январи соли 2010 мутаваллид шуд. Ин шеър дар баробари сохторҳои классикии шеър ва шеъри сафед ё озод вориди адабиёти форсӣ шуд .
Ин иттилоъро аз сомонаи интернетӣ хонда будем ва чанде пас ҳамчунон хабари хуш расид, ки Аъзами Хуҷаста шоир ва рӯзноманигори тоҷик  аввалин маҷмӯаи зулолҳои хешро пешкаши ҳаводорони шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ гардонид. Маҷмӯа  зери унвони «Чашмаи зулол» аз тариқи нашриёти «Оҳанги қалам» бо теъдоди 1000 нусха, дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид ва  шеърҳои сабки зулоли Аъзами Хуҷастаро фаро мегирад. «Чашмаи зулол» дуввумин маҷмӯаи  шоир аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст. Шоиста ба ёдоварист, ки дар соли 2002 интишороти «Домина» маҷмӯи ашъори ӯро таҳти унвони «Соярӯшан» ба чоп расонида буд.
Аъзами Хуҷастаро метавон аз аввалин истиқболкунандагони сабки ҷадиди зулол шинохт. Миёни шоирони тоҷикистонӣ низ ӯ аз аввалин нафароне аст, ки ба ин сабки тозаи шеър таваҷҷӯҳи боровар дод.
Аксари аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки шеъри нав аз шеъри суннатӣ, ки имрӯз дар адабиёти муосир чун сабкҳои маъмулии шеърӣ шинохта шудааст бо мухтассоти забонӣ, фикрӣ ва адабии хеш тафовут дорад. Сабки зулол чӣ?
Хуб, шеъри зулол ба олами адабиёти муосир аз ҷумла адабиёти тоҷик  ворид гардид, он чӣ гуна сабк аст ва чӣ қавонини ба худ хосро ироа кардааст?
Паи посухи ин суол дарёфтем, ки зулолсароён ва пайравони ин навъ шеъри зулолро бад-ин гуна вижагиҳо муаррифӣ кардаанд:
Таърифи куллии «Зулол»: Шеърест, ки бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои ду навъ (арӯз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хосса доранд.
Қонуни куллии «зулол»
1) Сатри аввал ва охир дорои ҳаддиаксар, панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арӯзӣ ва ё ҳаддиаксар шаш адади ҳиҷо дар вазни мусалласи озод бошад;
2)Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути зинайи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи арӯз, фақат ду адад.
Ва теъдоди ҳиҷо дар вазни мусалласи озод ҳаддиаксар то шаш адад, ки бо як фосилаи мусовӣ ба таври зиндагӣ нузул ва сууд дошта бошад. (Мисол: яъне, агар теъдоди зарбоҳанги сатри севвум ҳам аз сатри дувум ду то бештар бошад, ба ҳамин тартиб ду ба ду ва зинагй сууд мекунад то сатри модар, баъд ба ҳамон андоза ба таври мутакорин ва бо фосилаи яксон коҳиш меёбад;
3) Ритми мусиқиёӣ аз ибтидо то охир ба таври равон ҳифз гардад;
4) Теъдоди сатрҳои ҳар зулол аз 5 камтар ва аз 11 бештар набошад;
5) Сатрҳо зери ҳам навишта шаванд;
6) Сатрҳои мутакорин аз лиҳози тӯлу вазни арӯз ё теъдоди ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам мусовӣ бошанд (теъдоди зарбоҳанг байни сатрҳо дар ҳамаи зулолҳои арӯзи фақат 2 -то аст.)
Анвои зулол. Ба таври кулли Зулол ба чаҳор навъ тақсим шудааст, ки иборатанд аз:
а) Зулоли арӯзи қофиядор;
б) Зулоли арӯзи бидуни қофия;
в) Зулоли озод;
г) Зулоли пайваста.
Дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии зулол муроот мешавад, лекин бо ин тафовут, ки -дар зулоли арӯзи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзӣ пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бад-ин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд. Дар зулоли арӯзӣ бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзи пеш меравад, аммо шоир муқайад ба кофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду- се сатр ба унвони орояи адабӣ ҷиҳати зебоӣ ба кор бубарад.
-дар зулоли озод аз оҳанги равони арӯзӣ барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам даркор нест.
-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд. Ба иборате, агар дар як мавзӯъ ду ё чанд зулоли дар як навъ таърифшударо зери ҳам қарор диҳем, онро зулоли пайваста мегӯянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо чуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷоӣ мебошанд ва ин худ се навъ мебошад:
а) зулоли пайвастаи арӯзи қофиядор;
б)зулоли пайвастаи арӯзи бидуни қофия;
в) зулоли пайвастаи озод.
Ин аст муҳимтарин вижагиҳое, ки  дар эҷоди зулол бояд риоя шавад.
Аслан чунонки шоири тоҷик Доро Наҷот таъкид мекунад «… шеър тафаккур аст, ки дар сатҳи баланди завқу дониш қарор дорад».  Ҳузури ана ҳамин завқи баланду дониш ва тафаккури uайримунтазира дар сабки зулол ба мушоҳида мерасад?
Имрӯз шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста  аз аввалинҳост, ки ба ин сабк эътимод ва эътиқод намуд.  Мо устодро роҷеъ ба сабки зулол пурсон шудем, ки посухҳои эшон андешаҳои  моро то андозае рӯшан хоҳад кард ва онҳо ингунаанд:
-Чӣ омиле боис шуда ки Шумо билофосила бар ин сабки ҷадиди шеър, яъне, зулол таваҷҷӯҳ  кардед  ва  ба эҷоди он шурӯъ намудед?
Аз рӯзи аввали ошнойӣ бо зулол, ин қолаб таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб кард, ба дилам нишаст. Ҳамчун ҳар чизи нав бар ҳисси кунҷковиам афзуд ва шурӯъ кардам ба мутолиаи қонуну қоидаҳои он. Намуди зоҳирии зулол то ҳадди зиёде ба қатраи об ва қалб монанд аст. Ин дар навъи худ як падида буд барои ман. Рӯзи 24 январи соли 2010 аввалин зулоламро бо номи “Зулоли андеша” навиштам.:
Дар сарам андешаҳо
Ҳамнавойи бо хати ҳампешаҳо
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон
Оташе андохта дар бешаҳо
Ман ба фикри решаҳо
Ва ҳамин тавр шурӯъ шуд зулолнависии ман. То он ҷо пеш рафтам, ки рӯзе ба фикри чопи китоб афтодам. Ҳамкорам Беҳрӯзи Забеҳулло, аз шоирон ва пажӯҳишгарони муваффақи тоҷик, мушаввиқи аслиам дар ин кор буд. Дӯстам Ҷӯра Юсуфӣ маслиҳат дод, ки китоб ҳатман бо ду хат бошад. “Чашмаи зулол”- аввалин китоб  дар қолаби зулол, 20 январи соли 2011 дар солрӯзи муаррифии зулол ба чоп расид. Аз ҳамаи онҳое ки дар чопи ин китоб ёрӣ  карданд, сипосгузорам. Албатта, ин китоб бештар хислати роҳнамоӣ дорад, барои ҳамаи онҳое, ки ба шеъру шоирӣ алоқаманд ҳастанд ва ман аз ин тариқ хостам, як китоби роҳнамо барои дӯстдорони қолаби зулол ба чоп расонам. Албатта, маълумоте, ки дар бораи зулол дар ин китоб омадааст, хеле мухтасар аст ва хоҳишмандон бояд аз интернет кӯмаки бештар гиранд.
- Ба андешаи Шумо, оё сабки зулол низ метавонад ба мисли шеъри нимоӣ, болотар  аз ҳама андешаҳо гардад ва чун сабки шеърӣ шинохта шавад?
Дар бораи зулол бояд бигӯям, ки ман агар ба ояндаи ин қолаб эътимод намедоштам, ҳаргиз ба суроuи чопи китоб намерафтам. Албатта, имрӯз зулол мисли ҳар чизи нав мувофиқон ва мухолифони худро дорад. Мувофиқон бо далелҳо зулолро ба унвони падидаи нав дар олами шеъру адаб муаррифӣ  мекунанд, аммо он чи ки то имрӯз мухолифон аз худ нишон додаанд, маҳкумиятҳои эҳсосотӣ ва пешдовариҳоест, ки бисёртар аз робитаҳои шахсӣ сарчашма мегиранд. Барои ман бисёр боиси таассуф буд, ки иддае аз шоирон бидуни овардани далел ва бурҳон, зулолро маҳкум карданд ва ин рафторашон хеле диктаторона буд. Ин дақиқан такрори ҳамон сарнавиштест, ки барои сабки нимоӣ шакл гирифта буд. Зулол ҳам сарфи назар аз он ки имрӯз фалонӣ мехоҳад ё намехоҳад, рушд хоҳад кард. Дуруст аст ки дар ин қолаб шеър гуфтан чандон осон нест ва ҳанӯз шеърҳои овозадоре дар ин қолаб гуфта нашудаанд, аммо “мушкиле нест, ки осон нашавад”.
- Аз шоирони тоҷик  Шумо аз аввалин гӯяндаҳои зулол ҳастед ва аввалин маҷмуа низ дар ин сабк аз ҷониби Шумо дастраси ҳаводорон гардид, муаррифии зулол дар ин ҷо ба василаи Шумо сурат гирифт. Оё гуфта метавонед, ки зулоли  Тоҷикистон соҳибмактаб мешавад?
То он ҷое ки ман медонам, имрӯз 9 нафар аз шоирони тоҷик, ки бештар аз ҷавонон мебошанд, дар ин қолаб ба истилоҳ “зурозмойӣ” мекунанд ва ҳамин худ фоли неки фардои зулол дар Точикистон аст. Бардошт ва интизори ман ин аст, ки зулол табдил ба як сабки созанда ва офаринанда хоҳад шуд ва дар ин замина ситораҳои дурахшоне дар самои шеъри тоҷик зуҳур хоҳанд кард.
Шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста ба ояндаи зулол эътимод дорад ва бар он бовар аст, ки рӯзе ин сабк метавонад  дар пешбурди адабиёт саҳм гирад.
Барои тасдиқи ин андешаҳо варақгардон мекунем китоби «Чашмаи зулол»-ро  ва қазоват мекунем …
***
Воқеан, шеъри  шоир дар варақҳои сабзи хаёлаш эҷод мешаванд, саодатманд ҳамон шоиреаст, ки гуфтааш дар зиёдамаврид бесобиқаанд.  Гузашта аз ин, ҳузури андешаҳои  ирфонӣ, фалсафӣ, ошиқӣ  ва иҷтимоӣ дар шеър  қимати онро боло мебаранд.
Кӯшишҳои Аъзами Хуҷаста низ шоири саодатманд будан аст, ба бовар метавон гуфт, ки  имрӯз ба ӯ ин саодат даст додааст:
Қанд мехоҳам
Лабат ку? Қанд мехоҳам
Uаминам, нозанин, лабханд мехохам
Забонатро макун чун барги истеҳзо арӯсаквор
Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам
Мазан қайчӣ ба гесӯят, ки гар ҷабри ту боло шуд
Барои куштани худ банд мехохам
Ва бо пайванд мехохам

***
Ту нагӯ, ки дур шудӣ аз ман
На!
Ҳамон гуна ки дар худат истодайӣ
Ту низ дар манӣ
Ва ман туро
Чу соя…
На!
Чу ҷон ҳамеша дар вуҷуди ташнаам
Дар ин сароби зиндагӣ
Нигоҳ доштаам
Ки дар кавири ноумедиҳо
Умеди рустани дубораам шавӣ
Ва атри хандаҳои ту
Тараннуми баҳор дар вуҷуди ман
Дар ин хазони зиндагӣ шавад
Чунин андешаҳои мудерну тасвирҳои хеле аҷибу дар хотирҳо монданӣ аз ҳунар ва диди шоирии Аъзами Хуҷаста далолат мекунад. Аммо ин ҷо мехоҳем ба  нигоҳ ва тасвирҳои шоиронаи шоир дар сабки ҷадид Зулол таваҷҷӯҳ кунем. Метавон гуфт, ки дар эҷод шоир  ба истиқлоли эчодӣ расидааст ва андешаҳои бикраш  дар сабки нави шеърӣ- зулол  ҳулул кардааст.
Аксари навиштаҳои зулоли  шоир соддаву самимиянд ва дар баробари ин ҳама соддагӣ дар жарф-жрафи ҳар вожа маъниҳои бикру олӣ нуҳуфта, ки бо тасвир ва тахайюли uайриинтизор таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ мекашанд:
Биҳишт
Урду зада
Бо лола дар ёла
Лаби чу сабза рақсон аст
Насиму атр мепечад бо ҳам
Ба саҳро абр мегиряд
Ва ман бе ту бо ёди ту
Урду задам
Бе ту
Воқеан, тасвирҳо самимиянд ва бо сабки тоза омезиши зебо ёфтаанд:
Бояд фаромӯшат кунам
Фарёдро чун ҳалқа дар гӯшат кунам
Ёди туро берун кунам аз тори пуди хотирам
Дар олами матрукае чун муртаде бо uам ҳамоuушат кунам
Берун шавам аз банди Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар ҷаҳони бешу кам
На, на! Мабодо инчунин, Ман бе ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ
Мастона о, бо бӯса гулпӯшат кунам
Чун ҷоми май нӯшат кунам
Дар ин зулол низ диди шоир вусъат ёфта, фалсафаи инкори инкорро тобиши зебои тасвир бахшида, ба василаи ин  мӯҳтавои кулл «Ман бе ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ» қувват бахшидааст. Санъати такрор низ ҳамин вазифаро ба дӯш гирифтааст «ҳечам, ҳеҷ, ҳеҷ».  Ба андешаи мо, дар оuоз гуфтани «Бояд фаромӯшат кунам» ва то чанд мисраи дигар тасдиқи тасмими ин гуфтаҳо  аҳдофи шоирро  аз маънии воқеии зулол, ки дар мисраи «На, на! Мабодо инчунин, Ман бе ту ҳечам, ҳеҷ, ҳеҷ» ҷамъ омадааст, рӯшану пуртаъсир мекунад.
Мутаваҷҷеҳ мешавем:
Гиряҳо ханда шуданд
Ашкҳо ахтари рахшанда шуданд
Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат
Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд
Оре, оре, зи қадамҳои Ту дар олами ишқ
Орзуҳои дилам зинда шуданд
Маҳи тобанда шуданд
Дар зулоли мазкур андешаи маъмул бо диди мудернӣ омезиш ёфта, шоир тасвирҳои нобро эҷод мекунад.  Воқеан, дар адабиёти классикиву муосир тасвири «гиряҳо ханда шуданд» зиёд  ба чашм мехӯрад, аммо Аъзами Хуҷаста дар коргоҳи хаёли хеш ин тасвирро ҷилои мудернӣ бахшида,  идоматан мегӯяд: «Чини пешонӣ уту шуд зи насими нигаҳат//Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» ва ингуна тахайюл ва офариниши тасвир башорат аз диди нави шоир аст. Ду мисраи мазкурро мисраи калидии тасвир дар зулоли мазкур шинохтан лозим аст. Меҳвари тасвири зулол -андешаи тоза дар мисраъҳои «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» гунҷоиш ёфтааст.
Ҷои дигар шоир мегӯяд:
Чора
Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунй, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Биҷустам аз Илоҳ
Мебинем андешаҳои воқеан шоирона  дар қолаби зулол гунҷоиши зебо ва тобиши дилрабо пайдо кардаанд. Пас сабки зулол метавонад бори шеъри муосирро бардорад.
Як далели дигар . Маълум аст, ки дар рушди ҷанбаи ҳунарии шеър эҷоди иборот ва таркибҳои тоза мавқеи хосса дорад. Фикр мекунем дар сабки  зулол низ бояд ана ҳамин нукта омили муҳими таъмини бадеияти шеър бошад. Дар зулолҳои шоири тоҷик ҳамингуна тарокиб бо касрати истифода имтиёз пайдо кардаанд: «қолабу қобу қилу қол», «табассум беибо гул карда дар боuи лабон», «дар зулфи шумо пои дилам овехт», «Муҳаббати пиёдаам зи сояҳои ҳисори ту гузашт», «рӯи барги нарми Марям», «кавири интизори  пурсароби бе уфуқ», «дарахти бенавои пайкарам  ҷавонаҳо зада ба шоху барги сабз», «пару боли хоби манро кас надид», «чини пешони уту шуд аз насими нигаҳат» ва uайра Ин тарокиб аз  диди мудернӣ ва тахайюли uайримунтазираи шоир ва аз вусъати имконоти сабки ҷадид гувоҳӣ медиҳанд.
Албатта, мо ин ҷо танҳо ба тасвир, тахайюл ва диди шоирона дар сабки зулол таваҷҷӯҳ кардем ва вижагиҳои қолабии он мавриди омӯзиши аҳли таҳқиқанд, аммо  фикр мекунем ба ҳар ҳол сабки зулол ба адабиёти муосир ворид шуд ва чӣ гуна қабул шудани ин сабк аз ҷониби ҳаводорон, пеш аз ҳама, ба маҳорати ҳунарии шоирони мо иртиботи ногусастанӣ дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
номзади илмҳои филологӣ

Firdavsi Azam, 04-04-2011 10:50 (ссылка)

Чопи нахустин маҷмӯаи шеъри «зулол»

Дар Эрон бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик аввалин маҷмӯаи шеъри зулол, шакл ё сохти ҷадиди шеър дар адабиёти форсӣ, нашр шуд, ки муаллифаш шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста аст.
Мавсуф аз кормандони радиои «Садои Хуросон» аст, ки 15 сол ба ин сӯ дар Машҳади Эрон ба зиндагӣ мекунад.
Асосгузори шеъри зулол Додо Билвердӣ ё Абулфазли Додо, шоири эронӣ аст, ки аввалин зулолашро 22-юми январи соли 2010 гуфтааст. Ҳоло ҳудуди 100 нафар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо ин сабк шеър мегӯянд, аммо аввалин маҷмӯаро шоири тоҷик нашр кардааст.
Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Аъзами Хуҷаста пурсидем, ки оё ин чӣ шеър аст ва чӣ вижагиҳо дар қиёс бо назми анъанавиву шеъри сафед дорад?
-Агар ба таърихи нақлиёт нигарем, аввал, ароба буд, баъд мошину қатор ва ҳавопаймо пайдо шуданд, сабки зулол ҳам идомаи ҳамон навовариҳо дар шеъри классикии форсӣ аст. Як вижагиаш дар ин аст, ки аввал қолаби зулол пайдо шуд, баъд шеъраш. Масалан, аввал ғазал пайдо шуд ё рубоӣ, пас аз он муҳаққиқон гуфтанд, ки бо ин вазн ғазал сароида мешавад, бо фалон вазну қофия ва ҳаҷм рубоӣ.
Шеъри зулол ин тавр нест. Мисраи аввал ба як вазн аст. Мисраи дуввум ду-се, мисраи севвум севу чор ҳиҷо зиёдтар ва боз баръакс кам шуда меравад ва бо вазни мисраи аввал анҷом меёбад.
Суол: Маҷмӯаи аввалини Шумо нашр шуд. Таври маълум, эрониҳо ба шеър, ба қавле хеле сахтгир ҳастанд. Бахусус, агар гап дар бораи сабки нав равад. Оё то ба ҳол чӣ вокунишҳо шудаанд?
Хуҷаста: Рӯзи яксолагии шеъри зулол – 22-юми январи соли 2010, ростӣ, ба ин сабк як ҳамлаи густарда дар сомонаҳои интернетӣ аз сӯи бархе шоирон сурат гирифт. Вақте он матолибро хондам, хулоса кардам, ки дақиқан ҳамон сарнавишти Нимо Юшич, ки асосгузори шеъри озод ё шеъри сафед дар адабиёти форсӣ аст ва сарнавишти Сӯҳроби Сипеҳрӣ, ки як сабк, як равияи ҷадидро дар шеъри форсӣ ба вуҷуд овард, такрор шуд.
Додо Билвердӣ ба унвони муаллифи ин сабк мавриди танқидҳо, ҳатто на танқидҳо, балки маҳкумиятҳои шадид қарор гирифт. Мунаққидон мегӯянд, зулол на қолаб аст, на сабк аст. Маҳкумиятҳояшон ба ин бармегардад, ки ин шеъри нав нест, такрорист. Замоне касе бо номи Фардин дар Эрон ин гуна шеър гуфтааст. Мо таҳқиқ кардем ва ба хулосае расидем, ки як шеъри Фардин монандие ба зулол дорад, аммо қавоиди онро риоя накардааст. Аммо арзёбиҳо ҳанӯз чизи ҷадиди созандаеро ошкор накардаанд.
Аммо баъзе ҷо бардоштам ҳамин аст, ки ин маҳкумиятҳо ба муносибатҳои шахсии ҳамон нафаре, ки маҳкум мекунад ва асосгузори зулол — Додо Билвердӣ робита доранд. Ин барои ман шахсан муҳим нест. Барои ман худи сабк муҳим аст. Аммо интизорем, ки бархе виҷдонҳо бедор мешаванд ва холисона, ҷудо аз ин ки муаллифи ин сабк кӣ аст, мӯшикофӣ мекунанд.
Суол: Худи шумову шеъри зулоли шуморо маҳкум кардаанд?
Хуҷаста: Бале. Як бор маҳкум шудам, фақат ба он хотир ки шеъри зулол гуфтам, веблогамро дар яке аз сайтҳо бастанд ва вурудамро ба веблог мамнӯъ карданд. Як номаи муаддабона ҳам заданд, «ба далели он ки шумо аз фалонӣ пайравӣ мекунед, мо веблог ва имзои шуморо масдуд кардем, то иттилои сонавӣ мунтазир ва шикебо бошед.» Ҷаҳони маҷозӣ – интернет бепоён аст, ман омадам аз тариқи дигар ва боз шеър мегӯям.
Суол: Тавре мебинем, теъдоди маҷмӯаатон хеле кам аст. Сабаб мушкили молист ё ба қавле, рафтан ба иктишоф, тавре ки мегӯянд, «разведка»?
Хуҷаста: Вақте мехостам китоб чоп кунам, гуфтам, ки то рӯи кор омадани китобе ба ин сабк мунтазир шавам. Аммо дӯсти хеле наздикам, ки шоиру мунаққиди хубе ҳаст, Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ ва низ Ҷӯра Юсуфӣ аз Хуҷанд гуфтанд, ки чаро мунтазир мемонӣ, аввалин бош. Ман ҳам омадам майдон.
Машварат кардем, ки аз тарафи рост ба форсӣ ва аз тарафи чап ба сириллик шеърҳо ҷойгир шаванд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хулоса кардем, ки теъдодаш ҳазор нусха бошад. Бо ношир сӯҳбат кардам. Истиқбол кард, аммо вақте қарордод мекардем, баҳси теъдод омад, гуфтам, 1000 нусха. Ношир дар ҳайрат афтода, гуфт, барои 70 миллион нафар дар Эрон, 7 миллион дар Тоҷикистон ва беш аз 20 миллион дар Афғонистон, қаламрави Шӯравию Ховари миёна ҳамин 1000 нусха? Гуфтам, чизи ҷадид аст.
Ҳоло ҳамин теъдод ҳам ба фурӯш меравад ё не. Гуфтам, ин як нашри озмоишӣ аст, ку бубинем, чӣ тур мешавад. Омадем ба майдон ва ҳоло мунтазирем, ки аҳли адаб мепазиранд ё танқид мекунанд, ки инро ҳам қабул дорем. Аммо ҳеҷ гоҳ маҳкумиятҳоро қабул надорам, боз меравам ҷилавтар, ба пеш.
Суол: Оё мешавад як шеър аз ин маҷмӯаатонро барои мо бигӯед?
Хуҷаста: Сапедаро салом,
Маҳи зи нав расидаро салом,
Умеди зиндагӣ, навиди растани башар,
Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом,
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо,
Азизи ҷону дидаро салом,
Падидаро салом!

http://www.ozodi.org/default.aspx

Firdavsi Azam, 04-04-2011 10:26 (ссылка)

Зулолхои Аъзам Хучаста


Фоли зулол

Имрузи Зулол

Як шоирак чун козие
Шеъри зулол, ин кудаки навзодро
Парванда карду бехабар аз он ки бо дастони худ
Чун кирми абрешим ачаб зору низор
Фардои худро хабс кард

Фардои Зулол

Газал тарона мешавад
Ва хар касида ошикона мешавад
Ба боги шеъри порсй канори байту маснавй
Зулол хамчу як чавона мешавад
Ва човидона мешавад
 
Чакомаи ишк
 
Ишк аз нигох
Аз ракси ноаёни дуди ох
Аз бодае, ки бе садо вале равон
Мерезад аз сабуи чашмхои обиву сиёх
Бар чоми калбхо, огоз мешавад, то баргу боду обу хок
Аз юмни у хама шавад хамчун мусофирони мох
Ин ишки поки зиндагонй зинда бод,
У хастиро чалолу чох
Хам як сипох
 
Баҳори панчара
 
Вакте ки оҳи панчара
Ҳамчун чакидаи нигоҳи панчара
Аз рақси бод руи шишаҳо гулвожа мешавад
Охиста мерасй аз роҳи панчара
Монанди моҳи панчара
Муйи ту муйи панчара
Он тарҳи сояат, абруи панчара
Ҳамчун гуле ки бехазон, дар ҳар бахор човидон
Печида аз ту атру буйи панчара
Ҳар су зи куйи панчара
Болида руҳи панчара
Саркуб мекунад андуҳи панчара
Аз лолахои домани доимбахорат, эй азиз
Сад чом пур шуда дар куҳи панчара
Хошо, шукуҳи панчара
 
Пиёда мешавам

Пиёда мешавам
Савори роҳу чода мешавам
Ва меравам ба рағми дидаҳои ҳақнабин
Даруни ҳавзи чашмҳои ту дубора зода мешавам
Дар илтиҳоби ин баҳор, ки сабзаҳо пур аз хазони зарди пойизандКанори лолазори домани ту масти бода мешавам
Аз ин сафар, ки чархиши баҳори зиндагист
Чу ғунчаҳо кушода мешавам
Зиёда мешавам
 
Шоири шеъри зулолам
 

Шоири шеъри зулолам
Ҳарфҳою вожаҳоям шарҳи ҳолам
Мисраҳоям обшорон,ҳар ҳичо чун мавчи об
Байтҳои зина зина ҳам вучудам ҳам заволу ҳам камолам
Нек бингар шеъри ман чун акси дил ё қатра аст
Яъне ман дур аз фазои қилу қолам
Посухи садҳо саволам
 
Канд мехохам
 

Лабат ку? Канд мехохам
Гаминам, нозанин, лабханд мехохам
Забонатро макун чун барги истехзо арусаквор
Ки ман бахри тамос бо калби ту симкартаи хушманд мехохам
Мазан кайчи ба гесуят ки гар чабри ту боло шуд
Барои куштани худ банд мехохам
Ва бо пайванд мехохам
 

Ох борон!
 

Ох борон!
Омада аз рох борон
То биафшонад губор аз суратам
Панчааш бо панчахои модарам хамрох, борон
Обшори гесувонаш чорианд дар шишахои панчара
Дар мазори волидон дар катрахо оварда бо худ гуиё арвох, борон
Ин шабе,ки калби ман чун осмони шахр шуд хамранги мис
Мекашад манро зи умки чох суи мох, борон
Дар рикоби нолаи худ рухи манро
Мебарад чун кох, борон
Ох…борон!
 
Шиква ва даъват
 
Вайронаро монам гаҳе
Холй зи май паймонаро монам гаҳе
Бо ин ҳама дилбастагй бо ҳамзабону ҳамдилон
Дар чамъашон бегонаро монам гаҳе
Бехонаро монам гаҳе
Моро зи мо бибридаанд
Аз дида чун нуру зиё бибридаанд
Бигрифта обу хоки мо, аз реша дур андохта,
Бо фитнаву реву риё бибридаанд
Бо сад чафо бибридаанд.
Акнун, биё бо ҳам шавем,
Якчо шавем, чун қатра дар ҳам зам шавем
Дар сарзамини Ориён, орй шавем аз марзҳо
Мехмони хони хонаи Рустам шавем,
Сармасти чоми Чам шавем
 
Дасти ниёзи бод
 
Дасти ниёзи бод
Охиста муи ту кушод
Зулфи сиёх хат кашид бар сафхаи рухат
Гуи ки гурги гушнае бар руи барфи тоза по ниход
Он боди рахгузар аз атри муи ту гирифт
Харчо ки рафт буи мушк дод-
Ин бод зинда бод
 

Бодбони ишк
 

Ашки борон рафтааст
Хандаи абри баҳорон рафтааст
Дар хами хилватгаҳи парку хиёбонҳои шаҳр
Чилваҳои дустдорон рафтааст
Бо сад армон рафтааст
Эй дареғ аз ёдҳо
Аз сукуте дар дили фарёдҳо
Эй дареғ аз он баҳори рафта бар коми хазон
Аз фанои донаҳо дар бодҳо
З-ин ҳама бедодҳо
Барф омад, сард шуд
Чашми дил аз меҳи ғам пургард шуд
Ҳарчй эҳсоси баҳорй, шуд хазон дар боғи дил
Сабзазори ишқи гулхо зард шуд
Оби чуйҳо тард шуд
Эй хушо, ояд баҳор
Ояд он зебонигори бовиқор
Руди дил дарё шавад дар парниёни мавчи у
Заврақи мехру вафо гирад қарор
Бодбонаш ишқи ёр
 
Охи ман
 

Охи ман зиндони аст
Радди пояш чин дар пешони аст
Мекунам гамро парас дар хуну дар рагхои худ
Чисми ман тандиди ин курбони аст
Ё ки хар чи дони, аст
 
Зулолтарона гуфтаам
 

Зулолтарона гуфтаам
Ва холисона, содиқона гуфтаам
На гуфтаам, ки бори хотири гули касе шавад
Зулолу поку бебаҳона гуфтаам
Ва ошиқона гуфтаам
Зулолтаронаҳои ман
Ниҳоли бахтро чавонаҳои ман
Барои ҳасту буди зиндагй, алайҳи бардагй
Дар ин чаҳони тира хонаҳои ман
Дари хазонаҳои ман
 
Ман ва дил
 

Ман ва дил танҳо шудем
Вориди мачрои як дарё шудем
Ман шудам меҳмони дил, дил бишуд меҳмони ман
Лаҳзае мо ҳарду бепарво шудем
Ман ва дил якто шудем
Оҳ, ин олам гузашт
Хоби ширин як нафас, як дам гузашт
Дида во шуд, чанги мову дил зи нав оғоз шуд
Будани бе ранчу бе мотам гузашт
Аз сари Аъзам гузашт
Ин ману ин чанги дил
Мехурам ҳар лаҳза садҳо санги дил
Мекашад манро ба ҳар су, мекушад ҳар лаҳза манро
Бандиам ман, бандиам дар чанги дил
Дар селули танги дил
 
Ёди кудаки
 
Бо аёги кудаки
Масти атри кучабоги кудаки
Шаб хама шаб дар чахони гулфишони ёдхо
Меравам ман бар суроги кудаки
Бо чароги кудаки
У кучо рафт, у кучо?
Кай ба рохи хеш мегардад кафо?
Мегирам бехуда хар шаб ман суроги кудаки
Меравам дар кучахо бедасту по
Шояд у бинад маро…
 
Катори умр
 

Солуни ёдхои ман
Аз коби акси ишки сабзи ту пур аст
Бинандахо хама дар гурфахо дар хеш хираанд
Охиста мераванд аз худ ба суи худ
Монанди сояи гуруб
Инак катори хотира
Омад,вогуни ишки сабзи ту набуд
Ду рохи охани,яьне ки шархи ишки мову ту
Харду канори хам аз хам вале чудо
Дар хидмати катори умр
 
Гумшуда
 
Гуфти бихон,хондам Худо
Гумгаштаму худро зи худ рондам, Худо
То гум шудам дар худ зи худ пайдо намудам хешро
Гумгаштаро ин гуна хобондам,Худо
Дар хештан мондам, Худо
 
Шаби девона
 
Дар ин шаби девона
Дар валвалаи мактаби девона
Тақвову чунун бо ҳам, гаҳ наҳйу гаҳе нафйанд
Куфр омаду тақво шуд чун силсила дар мазҳаби девона
Ҳар дор шуда дору, ҳар дашт чу гулгашт аст
Дар хандаи тобу таби девона
Зери лаби девона
 
Симфуни ва опера
 
Симфунии сукут
Бо харфи чашми масти ту шикаст
Печид бар фазо садои калби хастаам
Рози мухаббати мову ту шуд
Оперои чадид
 
Эъчоз
 
Ин аст ин, ватан
Ин хилвати зебои ту ва ман
Дар чилва омада атри нигоҳи хоҳише
То бударо бақо дихад боре дар ин сафои тан ба тан
Дар умқи об ахтарон гулмоҳиҳо шуданд
Аз мавчи поки рақси ёсуман
Дар чашмаи чаман

Оё кй дида буд
Гулро ба руи об дар сучуд?
Аз Каҳкашон ба руи об сачодда омада
Ин гушаи чаман шуда ойинаи боғе даруни руд
У дар вучуди ман,ҳам дар вучуди мову ту
Бобе зи олами боқй кушуд
Ҳам гуфту ҳам шунуд
 
Агар он турки шерози
 

Агар он турки шерози
Камони абру аз чашмони худ гирад
Ва даст аз горати дилхои муштокон нигах дорад
Ба як гулхандаи зебои у бахшам
Хама дилхои шайдоро
Агар он турки шерози
Синони гамза аз мижгон барчинад
Надуздад хуш аз сархо, нагирад сабр аз дилхо
Фидои ишку нозу хусни у созам
Хазорон чашми шахлоро
Агар он турки шерози
Зи себи гамгабаш арзониям созад
Анори бозу бар чоми лабони ташна бифшорад
Ба як чурьа майи лабхои у бахшам
Чахони чому миноро
 
Чабри ту
 
Лабгиряам ожанг шуд
Дар роҳи ту пойи нигоҳам ланг шуд
Оҳам даруни синаам саркуб шуд в-аз дуди он
Ойинаи ду дидаам пурзанг шуд
Дунё бароям танг шуд
 
Дар коргоҳи ёди ту
 
Дар коргоҳи ёди ту
Дар гушаи хамуши оҳи ёди ту
Ман рондаам, фитодаам,бе худ ва бетуам, бубин
Дигар кучо шавам ман шоҳи ёди ту
Тардам зи роҳи ту

Одоби буса ин набуд
Дар соғари лабонат ангубин набуд
Лабро ниҳода бар лабам, чашмат ба суи дигаре
Оғушат он бирешами маҳин набуд
Оре, оре, чунин набуд!

Дер омадиву рафтй зуд
Расми рафоқату дилдорй ин набуд
Дар шаҳри хаста хастаам кардй ба ваъдабозиҳо
Дигар на ту, на ман, на шодию суруд
Ман монадаму сигору дуд
 
Эй сорбон
 
Эй сорбон, оҳиста рон
То роҳиён аз худ раҳанд, дар бехудй
Бори гарони чисмро аз чомаи тан баркананд
То дил тачаллигаҳ шавад,к-аз бедилй
Ҳарф аз забонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
К-ин роҳи пуршебу фарози зиндагй
Монанди ман дилдодае дар кишвари озодаҳхо
Ҳаргиз набинад,чун равам,ҳамроҳи ман
Ёду нишонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
То бори дигар буса бар чонон занам
В-он турки дилозорро оғуш гирам ончунон
Мо ҳарду дар ҳам гум шавем,дар хайли ту
Он дилситонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
То ман ҳама буду набудамро гирам
Ин чо намонам як нишон аз рафтану аз омадан
Оташ занам ин хонаро бо оҳи худ,
Фардо тавонам меравад
 
Ало ё айю ха соки
 
Ало ё айю ҳа соқй
Бигир манрову дар руди шароб андоз
Ва дар мастй зи худ бегонаам кун, то ки баъд аз ин
Расам бар соқии аслию май хоҳам
Ва ҳал созам мушкилҳо

Ало ё айю ҳа соқй
Биё, лабрез кун ин чоми Чамшедй
Даме бо ёди Дорову фалоти Ориён гирйем
Ки бо он қудрату шаъну чалоли худ
Фуру рафтанд дар гилҳо

Ало ё айю ҳа соқй
Дари майхона бикшо,пири мо омад
Биё, муғбача шуд хаста зи омоли хиёбонй
Варо аз нав ба куи майкашон орем
Ки ёбад роҳи манзилҳо

Ало ё айю ҳа соқй
Магу паймона сар омад,ки токистон
Ҳануз ангурҳо дорад,кулолй куза месозад
Ва Чоми Чам ба ҳукми чархаи таърих
Ба гардиш ҳаст чун дилҳо
 
Фоли ман бигир
 
Биёву фоли ман бигир
Ба чашми каҳвайи, ту ҳоли ман бигир
Маро бубар ба нокучо, зи хеш берунам бикун
Биафканам ба деги асли худ нишони қилу қоли ман бигир
Биё, бигу ки ман чаро ба ин диёр омадам?
Суроғи посухи саволи ман бигир
Раҳи уболи ман бигир
 
Иштибох шуд?
 
Магар чи иштибоҳ шуд?
Нигоҳи ман даричаи гуноҳ шуд
Зи роҳи дида омади маликаи дилам шудй
Ки ин ғуломи по бараҳна шоҳ шуд
Ва ҳамнишини моҳ шуд

Кунун биё канори ман
Ки човидона гул кунад баҳори ман
Магу ки иштибоҳбуд қаробати нигоҳи мо
Ба як назорае шуди нигори ман
Калиди ифтихори ман

Ману ту ёру ҳамзабон
Ки ҳамдилй ба ишқи мо шуда тавон
Биё, ки Тусу Суғдро дубора мо қарин кунем
Ва човидон шавад фалоти Ориён
Ба зери боми осмон
 
Чора
 
Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунй, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Бичустам аз Илоҳ
 
Дар мазори Модар
 
Туро оғуш мегирам
Ва он чо меравам аз ҳуш мемирам
Дар ин дунё ба ғайр аз турбати поки Ту, эй Модар
Зи ҳар чизе, ки буду ҳаст дилгирам
Ва аз ин зиндагй серам

Нигар чун сахт мағмумам
Дар ин дунё зи худ ҳам бе ту маҳрумам
Падар рафту Ту рафтию сафо аз хонаи мо рафт
Ту гуйи дар чаҳон бар ғусса маҳкумам
Ачаб танҳову мазлумам

Ҳамеша дар сафар будам
Чудо аз суҳбати гарми Падар будам
Набудам, то бигирам пояи тобутат, эй Модар
Ки рузи марги Ту ман бехабар будам
Маро бахшо, ки кар будам

Расидам бар мазори Ту
Дуо хондам, нишастам дар канори Ту
Падарро дар мазористон гумонам зинда медидам
Ки меовард бар Аъзам баҳори Ту
Хушо бар рузгори Ту!
 
Бе бахона
 

Биё, тарона гу
Зи ишқу ошиқй фасона гу
Канори ман нишин ва бесадо ба қалби ман
Зи рамзу рози Каҳкашон, зи панду фанди ин замона гу
Биёву обшори му ба шонаҳои ман бирез
Ҳадиси гунчаву чавона гу
Ва бе баҳона гу
 
Дили ман
 
Дилам парвоз мехоҳад
Дар ин орзукада ҳамроз мехохад
Ҳама ёри забониянд,ҳарфи муфт мегуянд
Дили хушбоварам эъчоз мехоҳад:
Яке ҳамсоз мехоҳад
 
Хаёлам бирақсад
 
Ба ёдат хаёлам бирақсад
Даруни сина боғи висолам бирақсад
Дар ин фасли поиз ба ёди канори баҳоронаат
Ниҳоли умеди безаволам бирақсад
Ва шеьри зулолам бирақсад
 
Болида биё
 

Хандида биё
Эй нури дилу дида, биё
Оғуши маро зи ишқу мастй пур кун
Бар хилвати ман чу нури маҳ наҳифу ларзида, биё
Аз қолабу қоби қилу қол берун шав
Дар бехудй печида биё
Болида биё
 
Шаби кадр
 

Хастихо хай шудаанд
Хама раххои дуо тай шудаанд
Аз чудои дигарам харфу хичое набувад
Хамаги шефтаи най шудаанд
Масти он май шудаанд
 
Меъроч
 
Сапедаро салом
Маҳи зи раҳ расидаро салом
Умеди ҳай шудан, навиди растани башар
Тулуи рузи растахез ва субҳи навдамидаро салом
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо
Азизи чону дидаро салом
Падидаро салом
 
Зулоли интизор
 

Канори рохи интизор
Умед баста бар нигоҳи интизор
Миёни ин замину осмон чу сояи сароб
Фитода бе садо ба чоҳи интизор
Кашида охи интизор

Касе садо намекунад
Варо зи чоҳи ғам раҳо намекунад
Дар ин кавири интизори пурсароби бе уфуқ
Барои чони у дуо намекунад
Ба у вафо намекунад

Биё, умед мерасад
Зи куйи ошно навид мерасад
Чароғи ишқи покро ба қалби хеш зинда дор
Ки пайки рафъати сапед мерасад
Чу нури шед мерасад
 
Шаробам бидех
 

Шаробам бидеҳ
Мачоли савобам бидеҳ
Шудам хаста аз худ биёву дигар
Дар ин рафту омад тавону шитобам бидеҳ
Биё соқй бехуд зи худ кун маро
Майи ноби нобам бидеҳ
Азобам бидеҳ
 
Дарахти пир
 

Дарахти пир
Ба зери осмон дилгир
Умед аз барфу боронхо надорад
Замона дар начоти у намуда бо чафо таъхир
Миёни шохахои зарду урёнаш дахшат нола мехонад
Бахору поизаш хамсон, такдираш бе таъбир
Надорад баргу бар чун мушти беангушт
Хама рафтанд мисли тир
Ба по занчир?
 
Бахори ту гузашт
 

Виқори ту гузашт,
Нигоҳам аз канори ту гузашт.
Ту шаҳсавори «Чип»-и ҳусн ва «Бенз«-и кибр,
Муҳаббати пиёдаам зи сояи ҳисори ту гузашт.
Ниҳода «линз»-и нописандй бар ду чашми маст,
Чй бе асар хумори ту гузашт,
Баҳори ту гузашт
 
Калби ман
 
Руд дарё мешавад
Гулшану гулгашт сахро мешавад
Абрхо беоб ташна, даргурез аз офтоб
Чашмаи беоб хамчун чашми чори куххо во мешавад.
Ин хама як гушае аз олами калби ман аст
К-ин чунин пойину боло мешавад,
Чамъу танхо мешавад
 
Гиряхо
 
Гиряхо ханда шуданд
Ашкхо ахтари рахшанда шуданд.
Чини пешонй уту шуд зи насими нигахат
Харчй ожанг ба рухсору чабин буд, хама ранда шуданд.
Оре, оре зи кадамхои Ту дар олами дил
Хама ормон зи нав зинда шуданд,
Махи тобанда шуданд.
 
Кош
 
Кош шабнам будаме
Бо лабони гунча хамдам будаме
Мегирифтам бусахо аз гунаи бобунахо
Руи боли шахпаракхо,руи барги нарми марям будаме.
Мепаридам дар рикоби абрхои нукрайи
Махви хусни чумла олам будаме,
Шоду бегам будаме
 
Чй шуд?
 
Сигор ба лаб гирифт,
Панох миёни боги шаб гирифт.
Рахо намуда халка – халка дуд ба осмон
Ту гуйи дар хисори дуд рахо бишуд ва сузу таб гирифт.
Магар гунохи у чй будаву чй шуд, инчунин
Зи довари замон адаб гирифт?
Дурй аз тараб гирифт?

Mаст мешавад

Майхона маст мешавад
Дар дасти у паймона маст мешавад
Чу мерасад ба хонаи дилҳои ошиқони ишқ
Девору бурчи хона маст мешавад
Кошона маст мешавад
 
Лаҳзае..
 

Чоми Чам лабрез шуд,
Рустами Дастон зи чо нимхез шуд,
Ибни Синo дар Бухоро набзи беморе гирифт
Нолаи най шуд баланд,чун ҳалқаҳо дар гушҳо овез шуд.
Ҳофизи Шерозу Саъдй масти ашъори Камол
Лаҳзае қалби замон Табриз шуд
Килки ман очиз шуд
 
Бо ман бимон
 

Бо ман бимон
Манро зи худ марон
Ин калбу рухи хастаро
Бо мехрубонй суи худ бихон.
Ман як гариби ошикам манро навоз
То зиндатар шавад фарханги кавми ориён.
Мо хамзабону хамдилем, як решаем,
Озодазодаем, инро бидон!
Огуши худ кушо, биё,
Сард аст ин чахон,
Манро марон
 
Мо ва ту
 

Марав,бишин,
Меравад замин.
Ва мову ту ду рохием,
Миёни сохили шаку якин,
Чу омадан ба мо набуд, кй дидааст
Чй гуна шакл мегирад набарди куфру дин?
Агарчй омадан барои рафтан аст,
Чаро ману ту мешавем гамин?
Дубора меравем, ба хок
Мешавем ачин,
Хамин,хамин!
 
Ман ёри хароботам
 

Ман ёри хароботам,
Дилдодаву дилдори хароботам,
Дар махбаси озодй дар банду ба У банда
Дар банду чунин озод, як чокари аброри хароботам.
Ин гуша чахоне хаст,гох Тур, гахе Каъба, гох нор, гахе фирдавс
Ёху бизанад хар шай,ин чо хама махшур в-ойинаи Мансуранд бар дори хароботам.
Аз худ хама бигзаштанд, то ёр шаванд бо ёр, то гумшударо ёбанд,
В-он гумшуда пайдо буд,дар партави анвори хароботам.
Ин чо хама танхоанд, ин чо хама дар У чамъ,
Хайратзадаи кори хароботам,
Тимори хароботам.
 
Маро бибус!
 
Маро бибус!
Макун ибо, бибус!
Багал бикун чу кудакон,
Хамушу нарму бесадо бибус!
Зи кайдхо фирор кун,ба ман бирас,
Ба руи ин замин, зери ин само бибус!
Нишотро ба мулки синахо бирез,
Насими поки гамзудо, бибус!
Маро ба буса маст кун,
Макун хаё, бибус!
Биё, бибус!
 
Бигзор бигирям!(Дар суги дустам Муллоназр)
 
Ман зор бигирям,
Бо дидаи хунбор бигирям
Дар марги азизе, ки азизи хамагон буд
Гампора шавам, бо дилу бо синаи афгор бигирям.
Марги ту ки ойинаи подоши накуйи ба разилону хасон буд,
Бишкаст дили чумлаи ёрон, ки аз ин кор бигирям.
Бовар накунад марги туро ин дили пора
Бо чашму дили чор бигирям,
Бигзор бигирям!

 

Бояд фаромушат кунам?
 

Бояд фаромушат кунамФарёдро чун халка дар гушат кунам
Ёди туро берун кунам аз тору пуди хотирам
Дар олами матрукае чун муртаде бо гам хамогушат кунам.
Берун шавам аз банди Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар чахони бешу кам
Бо он хама дорандагй,бечораву як хонабардушат кунам.
На,на! Мабодо инчунин,ман бе Ту хечам,хеч, хеч,
Мастона о, бо буса гулпушат кунам
Чун чоми май нушат кунам
 
 
Субх
 
Субх дамидааст
Ва рузи нав зи рах расидааст
Шамими ёди дилбаре чу атри ахтарон
Ба муя-муяхои олами сукути ман давидааст.
Дарахти бенавои пайкарам чавонахо зада, ба шоху барги он
Навиди сабз будани дигар зи богхо расидааст.
Бунафшазор гаштааст хазони марзи дил,
Маро гами наве харидааст,
Касе надидааст.
 
Шеърам зулол шуд
 
Шеърам зулол шуд
Ҳар сатру ҳарфу вожа бол шуд
Марзи замону фосила дар ҳам шикасту рафт
Ишқам ба мулки дил фаъол шуд
Ҳачрам висол шуд
 
Хоб
 
Ман хоб дидаам
Худро канори об дидаам
Марде фитода гушае бе ҳушу бе нафас
Дар гушaе як киштии шикастаро ғарқоб дидаам
Ин мард аз кучо в-ин киштии шикаста чист?
Як фоли ноби ноб дидаам
Арбоб дидаам
 
Ишки шумо
 
Дар ишқи шумо бандам
Дар бандаму озодаму хурсандам
Он лаҳза ки пойи дил дар зулфи шумо овехт
Аз он чй ҳавасҳо буд,бибридаму бо роҳатй дил кандам.
Акнун ки шудам маҳбус дар майкадаи чонон
Ман шокири алтофи Худовандам
Меболаму механдам
 
Бахор ояд хаме
 
Буйи баҳор ояд ҳаме
Аз боғҳо савти ҳазор ояд ҳаме
Дар ёлаҳо аз лолаҳо бишкуфта гулханҳои ишқ
Дар хилвати дашту даман ангезаи бусу канор ояд ҳаме.
Акнун табассум бе ибо гул карда дар боғи лабон
Ин туҳфаро чонҳо нисор ояд ҳаме
Дар сар хумор ояд ҳаме.
 
Барои наберахоям
 
Набераам
Ки ханда мекунад
Ба сеҳри хандаҳои пок
Маро ба хеш банда мекунад.
Ва қалби ман дубора гарм мешавад
Ба ин чаҳони сарду пуртазоди зиндагй
Ва шод мешавам, шукуфае ба боғи умри ман
Ба покии чавонаҳои моҳ во шуда
Ва рузҳои рафтаи ҳаёти ман
Ба қолаби хамин шукуфаҳо
Дубора эҳё шуда.
Ва мекунам дуо
Барои у.
 
Мехр ва мухр
 
Мехр
Дар калби мо
Чавона мезанад
Карордоди ишкро
Ману ту бо нигохи гарми худ
Таъйид кардa будаем
Ва бусахои мо
Дар ин санад
Мухр
 
Як шабе буд
 
Як шабе буд
Дар барам ширинлабе буд
Имтихону озмуни тобу табро
Кулбаи мо мактабе буд
…як шабе буд
 
Бачагй
 
Бачагй афсона буд
Чангбозй дар даруни хона буд
Додару хохар хама пахлуи хам, бе дарду гам
Модари гамхору мушфик субху шом дар гирди мо парвона буд
Дар камоли бениёзй, мо хама саргарми бозй дар хами лутфи падар
Чучахо будему шохи хар дарахти боги у чун лона буд
Муи моро чун насими богхо дар субху шом
Панчахои нарми модар шона буд
Олами чонона буд!
 
Дурй то чанд
 
Дурй то чанд
Эй Бухоро,эй Самарқанд?
Вақти он аст эй ду фарзанди ятим
Боз оеду шавед бо решахои хеш пайванд.
Гарчй теги чахлу гафлат, беадолат дуятон аз мо чудо кард,
Медихад ин дарси таърих бар тамоми наслхо панд
Об агар садпора, аммо бо хам аст
Окибат хукми Худованд
Бишканад банд!
 
Ман интизор

Абри бахор
Ба марзи синаам бибор
Бибор ки калби ташнаам ба ишки пок
Зи дасти чохилони дун дар ин кавир шуда фигор.
Чавонаи умеди ман фусурдааст
Ва хонаам тихй зи ёр
Ман интизор.
 
Омадам

Дубора омадам, салом
Ба қалби пора-пора омадам, салом
Ман омадам, ки хаста аз фироқу дуриҳо шудам
Ва дарк кардаам висолро туи, ту чора, омадам,салом.
Дигар миёни мову ту ҳар он чй фосила, мабод,
Шикаста бурчу бора омадам, салом
Шарора, омадам, салом
 
Марав

Аз хонаам марав
Аз олами афсонаам, марав
Ин гушаи биҳиштиро дузах макун, бишин
Эй ҳури ман, фариштаам,аз мичмари кошонаам марав
То атри ту печидааст бар руҳи манзилам
Ман даври ту парвонаам, марав
Чононаам, марав!
 
Бе ту

Биҳишт
Урду зада
Бо лола дар ёла
Лаби чу сабза рақсон аст
Насиму атр мепечанд бо ҳам
Ба саҳро абр мегиряд
Ва ман бо ёди ту
Урду задам
Бе ту

Зулолро дуруд
 
Зулолро дуруд
Ба аҳли дил, камолро дуруд
Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт
Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд
Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо
Қасида, маснавй, ғазал…бигу, ки аҳли ҳолро дуруд
Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт
Ки Шамси безаволро дуруд
 
Зулолро дуруд
 
Зулоли вахдат
Эй ҳамзабон дуруд,
Форсизабони човидон, дуруд
Мо баргу бору ҳосили як нахли воҳидем
Бар оли поки мо, бар точики эрониву афғон дуруд.
Аз Балх то Хучанд,аз Исфаҳону аз Ҳирот то Тусу Рай, Фархору Ашт,
Бар хостгоҳи фозилон, бар дудмони ошиқон дуруд.
Дигар миёни қалбҳо на марзу монеа
Эҳё шавад ин хонадон,дуруд
Эй ориён дуруд!
 
Тараб

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бeкарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид
 
Магу

Ин чо каломи ишқ даҳшат кунад ба по
Аз ишқи ман магу
Аз иштиёқи ман сухан магу
Ҳаргиз магу, ки ман туро ёр гаштаам
Ҳатто ба булбулону сарву лолаи боғу чаман магу
Ин чо каломи ишқ даҳшат кунад ба по
Аз омили даҳшатфикан магу
Эй гулбадан, магу
 
Биё

Зи ман марам, биё
Раҳо зи ғам, биё
Баҳор омада, ту ҳам биё
Биё канори чашмаҳо канори ҳам шинем
Ба бустон, ба ин ҳарам биё
Зи ман марам, биё

Барои як дуст

Дар ҳавоят гиря кардам
Аз ту бишнидам шикоят, гиря кардам
Гуфтй, муҳточи дуои, то раҳй аз мушкилот
Ру ба осмонҳо намуда, хонда аз чон дуоят, гиря кардам
Зиндагй афсона ҳасту ҳам гахе руъёву хоб
Чун бигуфтй ин ривоят, гиря кардам
Аз бароят гиря кардам
 
Базм

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳо ва Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид

Хонақоҳ
 
Пире ба хонакох
Дар ру ба руи хилваташ Илоҳ
Аз худ чудо буду гуи ба Ҳақ расида буд
То аз вучуди худ ё аз вучуди ин замин шуяд гунох
Хайфо ки пири мо аз хонакохи чисми худ
Чое нарафту сар расид рох
Дар мавчи иштибох

Буса

Буса
Шукуфта буд
Дар боғи лабонат
На аз лабон ки аз нигох
Нигохи гарми ман.Ва калби ман
Чу мохие ба бозй буд
Ба хавзи чашми ту
Ва хосилаш
Фироқ

Шом

Шоми ҳичобй буд
Чашмони моҳи шабрав обй буд
Афсонаи муҳаббати оғози ишқи мо
Фарчоми як шаби бехобй буд
Қасри ҳубобй буд

Шайтон
 
Шайтон

Расида буд
То шайтанат кунад
Манро зи роҳи мустақим
Осон ба доми ғафлат афканд.
Ё Раб, биҳй настаъин
То бори чандумин
Иблис шавад
Рачим

Зулоли хоб
 
Хоби ман аз сар парид
Парру боли хоби манро кас надид
Чун шудам бо ёди у бехуд зи худ дар калби шаб
Гуши ман афсонаи руъё шинид
Рузи нав аз рах расид.
Бахор мерасад
Бахори лолазор мерасад

Бахор мерасад

Бахори лолазор мерасад
Вале зи бими лашкари мучаххази хазон
Гумонам ин бахори мулки ошикон бо губор мерасад
Дигар насими тоза аз чаман намевазад
Ва нолаи фирор мерасад
Шикор мерасад

Метки: Azam khujasta

Firdavsi Azam, 04-04-2011 10:22 (ссылка)

Зулол чист?

Абулфазли Додо: «Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»
Чанде қабл дар Ирон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи Шеъри Зулол бо ибтикори шоири хушзавқи ирони Абулфазли Додо арзи ҳасти кард. Ин навъи шеър дар рузи 2 баҳманмоҳи соли 1388 мутобиқ бо 22 январи соли 2010 мутаваллид шуд.Ин шеър дар баробари сохторҳои классикии шеър ва шеъри сафед ё озод вориди адабиёти форси шуд.
Таърифи куллии «Зулол»
Шеърест, ки бо тули вазни зина ба зина, ки ба таври мусови аз кам шуруъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тулонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегуянд. Зулол дорои ду навъ (аруз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хоссае доранд.
Тавзеҳи комил
Дар шеъри «Зулол» наҳваи ҳаракати вазнҳо бо суъуд ва нузулашон, тасвири фатҳи қуллаеро дар вазни мусаввири мусаллас ба тачассуми зеҳнй расонда ва фазои ҳандасии(геометрии)ҷолиберо дар олами хаёл ва маъно намоён месозад.
Вазнҳои арузи дар ин навъи шеър бештар руи оҳанги беруни ё руи навъе ҳолати ритмй ва мелодии мусиқиёи савор аст ва ба сурати амвоҷ боло ва поёни шакли зинайии муназзам дорад.
Вазни мусиқиёии зулол бо маълум шудани теъдоди зарб-оҳанги сатри аввал ва ё кашфи ритми сатри модар ба даст меояд.
Ин навъ шеър яъне зулол забони хоси худашро дорад ва бо ритми хоси мусиқиёи бар тибқи салиқа ва завқи шоир сохта мешавад .Бояд зикр намуд,ки на ҳама кас қодир ба иҷод кардани зулолро доранд.Зулол таҳаррук мехоҳад, чунон чи аз тарҳаш пайдост , андоза мехоҳад, назм мехоҳад, гуша мехоҳад. Зулол диққату зарофат ва маҳорат мехоҳад то дар камтарин ҳаҷм, маҳкамтарин ё ширинтарин суханро дар қолабе муназзам ва бо усули пешрафтатар ба арсаи зуҳур бирасонад. Абулфазли Додо роҷеъ ба ин навъ шеъри эҷод намудаи хеш чунин мегуяд:
«Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»
Конуни куллии «Зулол»
1) Сатри аввал ва охир дорои ҳадиаксар панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арузи ва ё ҳаддиаксар шаш адади ҳиҷо дар вазни мусалласи озод бошад.
2)Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути змнайи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи аруз, факат ду адад.
Ва теъдоди ҳиҷо дар вазни мусалласи озод ҳадиаксар то шаш адад,ки бо як фосилаи мусови ба таври зинагй нузул ва суъуд дошта бошад. (Мисол: яъне агар теъдоди зарбоҳанги сатри савум ҳама з сатру дувум ду то бештар бошад,ба ҳамин тартиб ду ба ду ва зинагй суъуд мекунад то сатри модар баъд ба ҳамон андоза ба таври мутакорин ва бо фосилаи яксон коҳиш меёбад).
3) Ритми мусикиёи аз ибтидо то охир ба таври равон ҳифз гардад.
4)Теъдоди сатрҳои ҳар зулол аз 5 камтар ва аз 11 бештар набошад.
5)Сатрҳо зери ҳам навишта шаванд.
6)Сатрҳои мутакорин аз лиҳози тулу вазни аруз ё теъдоди ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам мусови бошанд.
(Таваҷҷуҳ: теъдоди зарбоҳанг байни сатрҳо дар ҳамаи зулолҳои арузи факат 2 аст.)
Анвоъи зулол
Ба таври кулли «Зулол» ба чаҳор навъ тақсим шудааст ки иборатанд аз:
а) Зулоли арузи қофиядор
б) Зулоли арузи бидуни қофия
в) Зулоли озод
г) Зулоли пайваста
Дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии Зулол муроот мешавад, лекин бо ин тафовут,ки
-дар зулоли арузи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузй пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бадин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд.
-дар зулоли арузи бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузи пеш меравад,аммо шоир муқайад ба кофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду се сатр ба унвони орояи адабй ҷиҳати зебои ба кор бубарад.
-дар зулоли озод аз оҳанги равони арузи барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам дар кор нест.
-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд.Ба иборате, агар дар як мавзуе ду ё чанд зулол дар як навъ таърифшударо зери ҳам карор диҳем, ба он зулоли пайваста мегуянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо чуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷои мебошанд ва ин худ се навъ мебошад:
а) зулоли пайвастаи арузи қофиядор
б)зулоли пайвастаи арузи бидуни қофия
в) зулоли пайвастаи озод
Таваҷҷуҳ: Ҳар гоҳ хостед бидонед, ки шеъри зулол аст ё на, ибтидо ба бандҳои шашгонаи қонуни куллии зулол муроҷиа фармоед.
Дар зимн, яксон будани вазни сатрҳои модар дар зулоли пайваста муҳим ва зарури мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки сатрҳои мутақорин бояд оҳангу мусиқиёии ин вазнро ба ҳам наздик намоянд ва бо сатри модар ҳамроҳи дар ритм дошта бошанд.
Дар мавриди корбурди шеъри зулол барои аввалин бор аз шуарои Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста муваффақ ба эҷоди ин навъи шеър шудааст.Тавре муаллифи ин шакли шеър Абулфазли Додо мегуяд -« Зулол барои аввалин бор ба дастони гарми огои Аъзами Хуҷаста рузноманигор ва шоири тавонои тоҷик мавриди интишор қарор гирифтааст.» Зулоли зер намунае аз зулолҳои ишон аст, ки онро каме бараси мекунем.
Дар сарам андешаҳо
Ҳамнавои бо хати ҳампешаҳо
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон
Оташе андохта дар бешаҳо
Ман ба фикри решаҳо
Баррасии сохтори қолаби шеъри фавқ:
Навъи сохтори назми шеър: арузи
Форми зарбоҳанг:4-6-8-6-4
Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр:=2
Теъдоди кулли сутур:=5
Сатри модар:
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон (8 зарб)
Дорои 8 зарбоҳанг ва ҳам ово бо оҳанги мусиқиёии сутури қарина.
Сатрҳои қарина (1)
Ҳамнавои бо хати ҳампешаҳо (6 зарб)
Оташе андохта дар бешаҳо (6 зарб)
Ҳар ду дорои 6 зарбоҳанг бо тулу вазну оҳанги мусиқиёии баробар.
Сатрҳои қарина (2)
Дар сарам андешаҳо (4 зарб)
Ман ба фикри решаҳо (4 зарб)
Ҳар ду дорои 4 зарбоҳанг бо тули вазну оҳанги мусиқиёии баробар.
Натиҷа: Шеъри фавқ бо таваҷҷуҳ ба (қонуни кулии шеъри зулол) аз навъи арузи қофиядор мебошад.
Дар зер намунаҳо аз зулолҳои Абулфазли Додоро пешкаши ҳаводорони шеъри ноб мегардонем бо ин умед ки ин навъи шеъри зулоли навзод дар фазои кишвари Тоҷикситон ва муҳити адабу шеъри тоҷик миёни шуарои муосири мо мавриди навозиш қарор бигирад.

Метки: Zolal, Iran, Tajikistan, poetry

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу