Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

ТАМАННОИ ДИЛ





Дили ман аз баѓали шом сахар мехохад,
Дар дили торики Хуршед ба сар мехохад.
Бар рахи рафтаи торих назар мехохад,
Аз дили санги Ватан дуру гухар мехохад.

Дили ман механи фархангсипар мехохад,
Дар Самарќанд самари форси зи сар мехохад.
Дар Бухорои Шариф точ ба сар мехохад,
Равнаќи миллати орияназар мехохад.

Дили ман аз нигахи хеш шарар мехохад,
Ба дили дилбари шўрида асар мехохад.
Аз лаби ќисмати талх шахду шакар мехохад.
В-аз сари умр сароѓози дигар мехохад.

Дили ман харчи варост з-он гузар мехохад,
Олами дигару бунёд зи сар мехохад.
Бо тапиш ярч дар ин кўху камар мехохад,
Сактаи олами бе суду самар мехохад.

Дили ман ишќи чахонсўзи дигар мехохад,
Дардошнои зи дард дошта хабар мехохад.
Килк аз мижаву хам хуни чигар мехохад,
Ранг бинмудани як мисраи тар мехохад.

/ Дардошно /




ХАЧРИ БЕАНДОЗА



Он ќадар ташнаи дидори ту ман,
Он ќадар зору харидори ту ман.
Он ќадар моили гуфтори ту ман,
Ки зи таб сўзаму бемори ту ман.

Он ќадар хачри ту чонам сўзад,
Ѓами ту ќалбу равонам сўзад.
Оразад рашки нихонам сўзад
Ёди ту балки имонам сўзад.

Он ќадар дуриву наздиктари ман,
Ки рухат дур наравад аз сари ман.
Хусни ту шамси раху ахтари ман,
Наѓмаат накњати шеъри тари ман.

Он ќадар коми ту махмурам кард,
Намаки лаъли ту пуршўрам кард,
Шахди гулфоми ту занбурам кард,
Талхии хачри ту ранчурам кард.

Он ќадар мехрат ба дил чо додам,
Ки аз ин шеваи худ бедодам.
Гар наёи ба рахи имдодам,
Сар ба по Дардаму на Дилшодам
/Дардошно/




*** Bedil***, 06-01-2013 19:50 (ссылка)

СУРАТАТ АКЛИ Х,АР ОИНА БА РАНГЕ СОЗАД.





Дилбаро, бахри ту девона шавам кам бошад,
Дар хароботу ба майхона шавам кам бошад.
Суфиву ринд дар ин бодия кадре накунанд,
Сокини масчиду бутхона шавам кам бошад.
Дар рахи васли ту мастона занам хеш ба шамъ,
Сузиши кисмати парвона шавам кам бошад.
Укдаи рози ту бикшодаву худ гаркаи он,
Рамзи хар муи туро шона шавам кам бошад.
Дар гами ишки ту дил бохта чун Кайси карин,
Шуру мачнуниву афсона шавам кам бошад.
Суратат акли х,ар оина ба ранге созад,
Акси ту дидаву фарзона шавам кам бошад.
Хар кадам чурмгаху хар нигахе бастаи гам,
Берун аз халкаю завлона шавам кам бошад.
Хикмати Дарди маро химмати даврон накашад,
Ки бурун з-олами вайрона шавам кам бошад!

                              Alishod Vorisov Дардошно




Dilov@R








ТУ ЧАРО РАФТИ КУНУН...



Эй ки бо як нафасам дарси мухаббат хонди
Эй ки дар лахза ту хукми абадият монди
Эй ки бар колаби гам пайки саодат ронди
Эй ки дар кишти дилам тухми вафо биншонди
Ту кучо рафти кунун,
Ту чаро рафти кунун?

Эй ки бар хеш ба чашми ту назар мекардам
Эй ки хар чумла ба имлои ту сар мекардам
Эй ки бо ёди ту ду дидаи тар мекардам
Эй ки бар киблаи ишки ту назар мекардам
Чу сабо рафти кунун,
Ту чаро рафти кунун?

Эй ки дар оинаам накши накуят бокист
Эй ки дар чини кафам изхати муят бокист
Эй ки дар манзили ман накхату буят бокист
Эй ки дар киблагахам даст ба суят бокист
Ба дуо рафти кунун,
Ту чаро рафти кунун?

Эй ки дарди ту ман аз сузи чигар мегуям
Эй ки аз хачри ту ман шому сахар мемуям
Эй ки ман ишки туро щому сахар мечуям
Эй к ибо ёди ту ман мисраи тар мегуям
Бахудо рафти кунун,
Ту чаро рафти кунун?!
/Пайки Дардошно/

Факат як бор

        Факат як бор дастам доманат дошт,        Факат як бор дидори ту дидам.
        Факат як бор кардам шона -зулфат
        Факат як бор розатро шунидам.
        Факат як бор.
        Факат як бор хондам аз бароят,
        Факат як бор бишнидам садоят.
        Факат як бор.
        Факат як бор соиш додамат,ман,
        Факат як бор молиш додамат ,ман.
        Факат як бор гармам кардиву бас,
        Факат як бор нармам кардиву бас.
        Факат як бор.
        Факат як бор хамрохам намуди,
        На ду шуд,гуфти ту шуд,чони ширин.
        -Факат як бор!-Огохам намуди.
        Биё,бори дигар,бори дигар о,
        Чу шеъри нав,чу ашъори дигар о.
        Факат як бор...

КАЙ ТУ МЕОИ



Гаштаам пазмони ишкат,
Сухта аз хичрони ишкат.
Дар дилам армони ишкат,
Дарди ман дармони ишкат,

Дур аз мои азизам,
Кай ту меои азизам,

Рафтиву аз калби зорам,
Шуру исёне намудам.
Киблаи мехрам ту боши,
Бар ту имоне намудам.

Хусни дунёи азизам!
Кай ту меои азизам!

Хонаам тор аст бе ту,
Сина абгор аст бе ту.
Дилбарат хор аст бе ту,
Дидаам чор аст бе ту.

Дар дилам чои азизам,
Кай ту меои азизам!
/Пайки Дардошно/


ЯК МЕВА ЗИ ГУЛБОГИ ВАФОЯМ НАРАСИДА

Дарё пури об асту мани ташна ба сохил,
Дар адл савоб асту мани чурмиву чохил.
Бо хар нафасам рафт дами пайту муносиб,
Маъшука итоб асту мани хуфтаву гофил.
Рафтам ба биёбони хавас тирарахи нафс,
Корвону шитоб асту ман афтода зи махмил.
Чуз хамр зи паймона маи маъни надидам.
Хикмат маи ноб асту махмураму кохил.
Дар гуши дилам ашки симоби гараз уфтод,
Хикмат зи рубоб асту кучо сомеа окил
Як мева зи гулбоги вафоям нарасида,
Мехрмох ба шитоб асту поиз шуда очил.
Гуфтам, ки ба пири биравам рохи надомат,
Тоат ба шубоб асту пой монда дар гил.
Рехлат зи фано суи бако пайки вафо, лек,
Рух азми сахоб асту колаб сари манзил.
Гуфтам гами ту колаби як мисра сароям,
Дарде ба китоб асту хун шуд вараки дил.

БЕ ТУВУ БО ТУ





БЕ ТУВУ БО ТУ

Бо умеди ишќи ту пайдостам,
Бе ту хар дам аз чафоят костам.
Бо ту дар худ оламе оростам,
Бе ту ман бо оламе танхостам.
Бо ту ќалбамро навои тозаест,
Бе ту дар дил дарди беандозаест.
Бо ту харфе пайки навэъчозаест,
Бе ту хар як мисрае ѓамбозаест.
Бо ту дар хар дам ќолабу ранги дигар,
Бе ту номи кўхнаву нанги басар.
Бо ту бошад зиндагони хуштар,
Бе ту набвад умрро суру самар.
Бо ту хар дам шеъри тар оѓоз шуд,
Бе ту хар як мисрае ѓамсоз шуд.
Бо ту уќди зиндаги оѓоз шуд,
Бе ту умрам рафт, созам роз шуд.
Бо ту дардам мархаме Дардошност,
Бе ту марг аст зиндаги, шохид Худост!

/ Дардошно /






АШК ХУШКИДАВУ СЕЛОБАИ ХУН ОМАДААСТ...

Калб бо ёди Ту аз сина бурун омадааст,
Аксат аз химмати оина фузун омадааст.
Дидаам ташнаву чуёи Ту аз шурии хачр,
Ашк хушкидаву селобаи хун омадааст.
Хешро дода туро ёфтаму кисмати талх,
Умри дуруза хайхот забун омадааст.
Наваруси талабам чодари хасрат бидарад,
Парда бикшодаву домод бурун омадааст.
Донаи киштаи ман дар багали пуштаи гам,
Навбахор рафтаву поиз, кунун омадааст.
Дардошно, ки бишнид зи ман хикмати ишк,
Мубтало гаштаву савдову чунун омадааст.

Аз "Дардрезахои Дардошно"

Калби шоир

     Калби ман,-дехкони хирмакуби ман,
     Мезанад гаврона пушти синаам.
     Хосили зар меситонад хар кучо,
     Мекунад пур аз сухан ганчинаам.
     Касби шоир хамчу калбаш доимо,
     Дар замини сахфа хирманкуби аст.
     Бод карда коххои фикри худ,
     Шеърро чун дони хуб орад ба даст.

Газал

           Бидон,эй маскуни шахри,мани сахрои мемирам,
         Мани танхо дар ин тангно дар ин танхои мемирам
         Хазорон рузи бад дар пеш,хазорон сузи нав да дил
        Ман аз биму ман аз тарси гами фардои мемирам.
        Рахи мехру вафои мо чи дони сели кисмат зад,
        Рахорах интизори рах зи ин рахпои мемирам.
        Кучохо меравад моле, ки, ман савдои у дорам,
        Гами савдои у дар чон,мани савдои мемирам.
        Бикардам нури чашмонам,баробар бо тану чонам
        Ба ин бологузорихо ,ба ин парвои мемирам.
        Чи бедардист,ин ,дилбар ,чи дилсардист ин,дилбар,
         Ту,ай,тахчои медони,мани Мастчои мемирам???.

Газал


               Дар куи зиндагони абри само шудам,ман,
         
         Афсонаи Гариби бахри Шумо шудам,ман.

         Паймонаи хаётам лабрез гашта имруз,

         Поён хурда умрам,сайди казо шудам,ман. 

         Дар накши офарида бозидаам ба тарзе,

         Дар чашми довари умр гуё ки чо шудам,ман.

         Охиста то рабоям, ман дил зи дилрабое,

         Дар синаи нигоре оханрабо шудам,ман.

         Ёри Хамидаи ман,-абрухамидаи ман,

         Бар дидани висолат умре гадо шудам,ман

         То шамси бахту шоди аз нав тулуъ намояд,

          Поёни шоми тира-субхи Шумо шудам,ман.








МАН ЗИ СОЯ АСЛРО БИШНОХТАМ...

Ман барор аз нобарори ёфтам,
Шодиро аз гамгусори ёфтам.
Рахрави аз мондагори ёфтам,
Сарбаландиро зи хори ёфтам.

Ман зи торики шунах омухтам,
Навбахор дар тирамах омухтам.
Дар сукут поени рах омухтам,
Бегунохи дар гунах омухтам.

Ман зи соя аслро бишнохтам,
Аз муаммо фаслро бишнохтам.
Умки реша наслро бишнохтам,
Шахри хичрон васлро бишнохтам.

Ман зи гафлат маърифат дарёфтам,
Шархи исм андар сифат дарёфтам.
Акси холе руи хат дарёфтам,
Асли сурат дар сират дарёфтам...

Ман ба пири навчавони бохтам,
Дар рахи яъс комрони бохтам.
Умри худ бахри нишоне бохтам,
Бахри марге зиндагони бохтам!

Аз "Дардрезахои Дардошно"

ТИФЛИ НАВРУЗ

Ба сина шуълае аз оташи Зардушт,
Нигину Чоми Чамшед дар ангушт,
Фишурда бозбанди Рустам дар мушт
Расид ин рисолат аз хазорон пушт,
Ки ман аз диёри Наврузам,
Рахши рангинбахори Наврузам!

Сафои субхи сафеди Ачам аз ман,
Хадиси хикмату адёни Араб аз ман,
Чилою вусъати афранги дар тараб аз ман,
Дурахши Камар андар тирашаб аз ман,
Ки ман аз диёри Наврузам,
Хамраву хамчавори Наврузам!

То даме, ки бахор хохад буд,
То мухаббат ба ёр хохад буд,
То сабую хумор хохад буд,
Аз ман ифтихор хохад буд,
Ки ман аз диёри Наврузам,
Тифли чашминтизори Наврузам!

СУРАТАТ АКЛИ Х,АР ОИНА БА РАНГЕ СОЗАД

Дилбаро, бахри ту девона шавам кам бошад,
Дар хароботу ба майхона шавам кам бошад.
Суфиву ринд дар ин бодия кадре накунанд,
Сокини масчиду бутхона шавам кам бошад.
Дар рахи васли ту мастона занам хеш ба шамъ,
Сузиши кисмати парвона шавам кам бошад.
Укдаи рози ту бикшодаву худ гаркаи он,
Рамзи хар муи туро шона шавам кам бошад.
Дар гами ишки ту дил бохта чун Кайси карин,
Шуру мачнуниву афсона шавам кам бошад.
Суратат акли х,ар оина ба ранге созад,
Акси ту дидаву фарзона шавам кам бошад.
Хар кадам чурмгаху хар нигахе бастаи гам,
Берун аз халкаю завлона шавам кам бошад.
Хикмати Дарди маро химмати даврон накашад,
Ки бурун з-олами вайрона шавам кам бошад!.



ЧОНАМ ФИДОЯТ, ЭЙ ЗАН!



Бо дидагони шахло
Бо мижахои зебо
Бо абруву ба гесу
Бо як нигохи чоду

Дил бурдаи ту аз ман,
Чонам фидоят, эй Зан!

Бо лахни шаккаринат
Бо хандаи махинат
Бо орази Мах-инат
Бо мушки анбаринат

Дил бурдаи ту аз ман,
Чонам фидоят, эй Зан!

Бо мехру бо мухаббат
Бо сидку бо садокат
Бо фахму бо фасохат
Бо иффату ба исмат

Дил бурдаи ту аз ман,
Чонам фидоят, эй Зан!

Бо шеъри шоирона
Бо мисраву тарона
Бо байти ошикона
Бо сад гапу бахона

Дил бурдаи ту аз ман,
Чонам фидоят, эй Зан!
/Дардошно/



РОЗХОИ ХАСРАТУ СОЗУ НАВОИ ФОРСИ

Колаби ман рехта аз обу лои форси,
Чавхару чонам саропо ибтидои форси.
Хар хабар бишнидаам аз бурдбори одами,
Асл дорад аз сифоту мубтадои форси.
Точикию пахлави, ирониву този дари,
Шохахои пурсамар аз решахои форси.
Шамси оламгир бин бо Маснавии Маънави,
Оламе равшан намуда бо шуои форси.
«Конун»-е дармони дарди одамият то кунун,
Мерасад аз рухи Сино бо «Шифо»-и форси.
Аз «Сахех»-аш асли гуфтори Расул(с) пайдо намо,
Илм чуяд аз Сурайе фардхои форси*.
Аз маи маънои Хайем маст гардад то абад,
Чуръае хар кас чашад аз чашмахои форси.
"Нома"-и* як пири Тус сармашки кору рузгор,
Шуд «Гулистон»-е зи Шероз рахнамои форси.
Борбад дар гуши дил андарзи Хофиз месуруд:
Хикмати гардунро чун муттакои форси!
Тарзи гуфтори дари Икбол шаккарфом гуфт,
Раста аз хоби гароне бо нидои форси.
Аз Самарканду Бухоро дам ба дам ояд ба гуш,
Розхои хасрату созу навои форси.
Мерасад рузе, ки бар хакдор гардад асли хак,
То фалакхо шуд баланд дасти дуои форси.
Дардошно кай куни бар калби зорам мархаме,
Бо каломи тозаву шеъру давои форси?!


ЭЙ ДИЛИ ДАРДОШНОЯМ!



Эй навои бесадоям
Эй садои ошноям
Набзи рамзи дардхоям
Дастгирам, муттакоям
Ибтидою интихоям
Эй дили дардошноям!

Эй нишони бенишони
Эй умеди зиндагони
Махзани ишку чавони
Нобарори, комрони
Олами армонхоям
Эй дили дардошноям!

Будаи огози ман ту
Хамраву хамбози ман ту
Шахпари парвози ман ту
Махраму хамрози ман ту
Дар замину дар самоям
Эй дили дардошноям!

Эй чахонам, тору пудам
Кибламехробам, сучудам
Мабдаи буду набудам
Дафтари шеъру сурудам
(Узр, гар дардат фузудам)
Маскану мулки Худоям
Эй дили Дардошноям!!!
/Пайки Дардошно/


ЭЙ АШК!






ЭЙ АШК!
Гах ќосиди ѓуссаи нихони,
Гах муждаву пайки шодмони.
Гах воќифи сўзиши равони,
Гах рамзи ризои ошиќони.

Гах сабт зи сарнавишти сангин,
Гах ранг зи рўзгори рангин.
Гах тобиши зиндагии нангин,
Гах чилваи хотироти зангин.

Гохе намаке ба чисму чони
Гохе асали лабу дахони.
Гах сўзиши ќолабу равони,
Гах мархами софи дидагони...

То кай, ба кучо равони, эй ашк?,
Дардам ба кучо кашони, эй ашк?.
Гах розу гах ормони, эй ашк,
Накшода чу достони, эй ашк!!!

/ Дардошно /







АЗ ТУВУ БАР ТУ





АЗ ТУВУ БАР ТУ

Аз ту гирам муѓчахои бобарор,
Бар ту бидхам мевахои шахдбор.
Аз ту дуздам коми ширину хумор,
Бар ту бахшам умр чун подоши ёр.
Аз ту нўшам чуръа бо бўсу канор,
Бар ту бахшоям имону ихтиёр.
Аз ту бинам як имои «Дўст дор»,
Бар ту гўям посухи он сад хазор.
Аз ту чўям хамраве дар як ќатор,
Бо ту ёбам хамрахе дар рўзгор.
Аз ту хохам дар мухаббат ибтикор,
Бо ту созам дар садоќат ифтихор.
Аз ту рахшад шамъи роху рўзгор,
Бар ту сўзам бесадо парвонавор.
Аз ту дорам маскане дар ќалби зор,
Бар ту созам чони худ садхо нисор.
Аз ту хонам як хичои хурди «Ёр»,
Бар ту чинам мисрахои сад ќатор.
Аз ту дорам дарди хичрон чашми чор,
Бар туям Дардошною дўстдор!

/ Дардошно /



ГАРИБИ ИМТИХОНИ УМР

 Саропои вучудам нолаи хичри ватан дорад, Мисоли мурги побанди кафас,майли чаман дорад.
 Кай он рузе расад,то бишканад,занчири гурбатхо,
 Муроде хосилу- икбол,руй кай суи ман дорад.
 Ба мулки дигарам акнун,надорам чуръаи гуфтор,
 Ки сохибмулк султон аст,гуломе хамчу ман дорад.
 Надорад арзиши як донаи арзан мухочире,
 Ба мисли он гули бебуй,ки пеши есуман дорад.
 Гунохи ту хамин аст,ки мухочириву бегона,
 Туи пушти дари хонаш,бинозад у,ватан дорад.
 На кадри мехнатат донад,на кадри миллату орат,
 Ки сохибмулк ватандор аст,дифоъи хамаватан дорад,
 Гарибиро чи гуям имтихони умр е санчиш,
 Магар ин бозии умр аст,ки у имруз ба ман дорад.
 Намехохад Чахонгир будани бозичаи дасташ,
 Вале сад хайф,ки умр охир,сазохое ба ман дорад.

БАРФ ОМАД, БАРФ ОМАД, ЗИНДАГИ РАНГИ ДИГАР ШУД...



Барф омад, барф омад дар хаво хангома сар шуд,
Барф омад, барф омад, зиндаги гуё зи сар шуд.

Баргхои вопасин аз шохсорон куч бастанд,
Ашкхои абр дар мижгони новдон рахт бастанд.

Боди саркаш хуштаке зад вахшу саркаш гом бинход.
Мухри хомуши лаби мургони хушилхом бинход,

Чомаи навмеди пушид буттаи танхову урён,
Бастаанд дархои уммед мугчахои баъди борон.

Парда бар ру кард Хуршед гуи ранчида зи сармо,
Ин садафборону ин пайки Худо нодид хайфо.

Моху ахтарро нигохе дар дили шаб нест дигар
Ракси гавхархои Яздони ба чашми акл бингар...

Барф омад, барф омад ишки Ту афзунтар шуд,
Барф омад барф омад, зиндаги ранги дигар шуд!.

/Дардошно/

МУБОРАКРЕЗА



Реза реза мефитад барфи сафед,
Нур бахшад кўчахои шахрро.
Аз сафедияш кунад афзуни хусн,
Дилбарони дилрабои дахрро.

Реза реза мефитад барфи сафед ,
Бурда аз дил ѓуссаи деринаро.
Об гашта, шуста бо селоби худ ,
Аз рахи дил дарду догу кинаро.

Реза реза мефитад барфи сафед,
То ки орад муждае аз Соли Нав.
То расонад барфтан Бобои ў
Бахри мо хам мужда хам иќболи нав.

Реза реза мефитад барфи сафед,
Нур бахшида ба боѓу бустон.
Резахо гўянд ба савту сози нав-
" Соли Нав бодо муборак дўстон!"
/Пайки Дардошно/



*** Bedil***, 26-12-2012 18:41 (ссылка)

Хунобаи дил.




Хуноби дидаи мо хушки дигар надорад,
Ин абри яъсу манхус азми гузар надорад.
Дар кўчабоѓи хасти афтодаем чу масте,
Парвои холати мо як рахгузар надорад.
Худро мухиб хонем рохи Хабиб надонем,
Ќуръон ба кому маъво з-ин рў шакар надорад.
Ин хичрати Бухоро бубрида асл моро,
Ин рехлати Самарќанд наслу самар надорад.
Зору хаќир хастем, деху махалпарастем,
Нуру зиёи кишвар шўру шарар надорад..
Аз тифли шуми бесар, чашмони модаре тар,
Фарзанди бесарупо хаќќо падар надорад.
Теѓи мухаббати мо бишкаста кўхи хоро,
Парвои ишќи моро Ширин зи сар надорад.
Ранчи кашидаи мо Мачнун намуда дилхо,
Лутфе бубин, ки Лайло бар бебасар надорад.
Кўр аст дидаи мо аз хилати Зулайхо,
Юсуф ба сўи Канъон азми сафар надорад.
Ќалби шикастаи мо аз ахди бастаи мо,
Андешае зи Вомиќ Узро ба сар надорад.
Аз асли хеш болем дар васл дар мухолем,
Дар гўши карамон панд дигар асар надорад.
Ин ќаъри синаи мо ѓамхона гашта, илло,
Андўхи дори дунё охир магар надорад?.
Ин тангнои дунё пўшида рохи моро,
Точикситезихор довар хабар надорад.
                                                                                                                                             Аз "дардрезахои" Дардошно.


Dilov@R

НАЗАРИ ЛУТФ




Дерест, ки ман шефтаи хусну чамолат,
Дар сина барошуфта амвочи камолат.
Дерест ба парвозаму дар кўи хаёлат,
Дар дил хаваси ишќату уммеди висолат.

Дерест ба ёди ту ман аз хеш рамидам,
Бар кўи вафои ту чу дарвеш давидам.
Бар пойгаи мехр зи хама пеш расидам.
Аз ишќи ту чун манзалате беш надидам.

Дерест туро чустаму худро бишинохтам,
Дар кўраи хачр ќолабу чонро бигудохтам.
Бо савти ту аз сўз навое бинавохтам.
Дар бози ба як шарт диламро ба ту бохтам.

Дерест чахонам тарабобод зи ту гаштаст,
Вайронаи дил манзили обод зи ту гаштаст.
Чун як назари лутф ба Дилшод зи ту гаштаст,
Сад мисраи хом пухтаву эчод зи ту гаштаст.

/ Дардошно /







ТАВХИН БАР ОФТОБ


Эй осмон, ба рифъати ту ханда гар занад,
Гудоле аз табори даноат зи насли кур,
Нолон намешави?!
Аз хашм, аз газаб гуррон намешави?
Эй офтоб, гар ба хакорат кунад назар,
Хаффош суи ту
Пиндорад ин ки тираву тор аст руи ту,
Хандад ба хусни ту, ба чамоли накуи ту,
Оё зи кахр оташи сузон намешави?


Эй бахр агар туро,
Мурдобе аз сулолаи нопокиву русуб,
Гандобе аз уюб,
Омочи таънахои залилонааш кунад,
Оё зи фарти гусса хурушон намешави?!
Амвочи кухпайкари туфон намешави?!


Эй навбахор агар ба либоси бихиштият,
Тухмат занад хазон,
Бар чабхаи ту мухри ихонат занад хазон,
Афсурда хамчун гулшани пажмон намешави?
Сахро сахро хори магелон намешави?!


Эй кух агар хасе,
Бар куллахои сарбасипехрат занад нихеб,
Пиндорадат сароб,
Пиндорадат фиреб,
Оташфишон шуъла ба домон намешави?!


Эй хасти, эй ъатияти халлоки бемисол,
Эй душмани Адам,
Эй душмани завол,
Гар марг ба ту тухмати вайронгари занад,
Бишморадат сукун,
Бишморадат чумуд,
Бо у зи хашм дасту гиребон намешави?!


Инак ай осмон,
Инак ай офтоб,
Ай бахри бекаронаву ай саркашида кух,
Ай Кахкашону мох,
Ай харчи рушанист,
Дар бекаронахои уфук дар дили сахар,
Ай хар кучост рафъату зебоиву шукух
Инак, нигах кунед,
Хаффошхои кур,
К-аз дидани хакикати хуршед очизанд,
Аз кахри чохи тирагиву куфру шайтанат,
К-онро намуда хафр,
Иблис дар кавири димоги палидашон,
Дашномхо ба мехри чахонтоб медиханд,
Сад нисбати палид ба махтоб медиханд.
В-он гах Ки суи жарфтарин нуктаи сукут,
Дар хуфраи чаханнами афкори шуми хеш,
Парвоз мекунанд,
Он чо зи фарти зулмати дунёи хештан,
Авчи вакохату шаку тардид мешаванд,
Бе хеч шарм мункири Хуршед мешаванд.


Инак нигах кунед,
Бар осмони рафъату бар куллаи уруч,
Жарфои хокдони даноат барад хучум,
Шайтонсифат шарир,
Иблисгуна кинавару муфсиду лачуч,
Инак хасе зи чинси таъассуб кунад гумон,
Худро буранда тешаи тавхину ихтикор,
Бар фарки кухсор.


Як гирбод к-аз пуфи иблис шуд баланд,
Дар дасти хорпарвари андешаи салиб,
Пиндорад ин ки кухи рисолат канад зи чо,
Пиндорад ин ки шамъи нубувват кунад хамуш


Сардори ман, Паёмбари ман, офтоби ман,
Он гах ки одами,
Дар дашти ташнакоми аз навъи тираги,
Даргири марг буд.
Ту омади чу омадани сели рушани,
Ту омади чу омадани обшори субх.
Сад чом офтоб пур аз нури эзиди
Дар коми ташнагон,
Дастони мехргустару равшангари ту рехт.
Бунёди сад хисори шабандуди гирди акл
Аз чилваи чамоли рухи анвари ту рехт.


Сардори манн Паямбари манн навбахори ман,
Он дам Ки дар кавири замири башар надошт
Руиш гуле ба домани пурхори хештан,
Як сабзазор набуд,
Чое барои рустану изхори хештан.
Ту омади чу омадани дашт, дашти гул,
Ту омади чу омадани бог, боги атр,
Дастони ту навозиши сабзи бахорро
Дар он кавири бе гулу богу бахор кишт.
Барчид хорро,
Афшонд базри сад чаману лолазор кишт


Сардори ман, Паямбари манн офтоби ман,
Сахви маро бибахш
Гар офтобро
Нисбат дихам ба хоки кудуми муборакат,
Резад хазор сачдаи шукрона аз сурур
Дар домани фалак,
З-он гунна сачдае, ки бинозад ба он малак.


Сардори ман, Паямбари ман, навбахори ман,
Сахви маро бибахш,
Гар навбахорро
Гулчини бустони чамоли ту бишмарам,
Бар гулшани Бихишт фурушад хазор фахр,
Хар сабзааш ба хеш биборад хазор бор.


Сардори ман, Паямбари ман, пешвои ман,
Эй авчи одамияту эй чархи мардуми.
Эй сад сахар талиъаи хуршед руи ту.
Гар чун сапеда аз уфуки рахмати Худой
Зохир намешуди,
Дунё ба чуз диёри шабу шабравон набуд,
Дуздони аклу иззату хуррияту шараф
Буданд бешумор яке посбон набуд.
Инсон, ки буд гумшуда аз хеш солхо
Дар издихоми чахл,
Дар хамлаи чунун,
Мечуст хешро
Дар кучахои сурх зи хуни ситамкашон
Дар вусъати халокату дар бекарони марг,
Дар авчнои васваса дар жарфнои куфр,
То дурдастхо магар аз вай нишон набуд.


Ту омади хуввияти инсон зухур кард,
Ин офтоб хост
Аз зери хоку дар хама чо пахши нур кард.
Ту омадиву кухи гурури ситамгарон,
Дашти фурутани шуду сахрои инкисор.
Ту омадиву бардаи дарбанди бенаво
Афшонд гарди хоку мазаллат зи руи хеш.
Ту омадиву дасти шаётини зулмро
Инсоният надид дигар дар гулуи хеш.


Сардори ман, Паямбари ман, шахриёри ман,
Инак дар ин замона, ки савдогарони марг
Бар сарнавишти оламу одам мусаллатанд,
Андешаи асорату афкори бардаги
Бо дашнахои гарка ба хуни ситамкашон,
Дар лавхи бовари башари накш мешавад


Инак дар ин замона, ки имон ба тираги
Дар шакли як такаддуси бе хеч килу кол,
Бо дасти шабнавистарин душманони нур,
Бар хар сапедаи сахари накш мешавад.


Инак дар ин замона, ки мафхуми рушани
Аз дидгохи курдилони сияхнигар,
Дар нимашаб дурахшиши дандони гургхост.
Инак дар ин замона, ки маънои иртикоъ,
Дар фикри инхитотии девонагони чинс,
Кабре барои иффату ахлоки одамист,
Дар синаи чаханнами доги барахнаги.
Инак дар ин замона ки озодиии баён
Дар аклхои гутавар андар хуми шароб.
Дар магзхои пуч,
Гандида аз уфунати андешахои шум,
Тавхин ба анбиёст.


Инак дар ин замона Ки лаъимони девхуй,
Бо захри неши аждари хубси даруни хеш,
Дар раг раги калам,
Хуни такаддуси касами Кирдугорро
Масмум мекунанд,
Асмои зишти хеш
Бар лавхи пойдортарин лаънати гализ,
Дар маъбари замон,
Маркум мекунанд.


Оре, дар ин замон
Сардори ман, Паямбари ман, офтоби ман,
Инсон дубора гум шуда аз чашми хештан,
Бори дигар хуввияти худро намуда гум.
З-он ру сагони кучаи иблис бонгхо
Бар мох мезананд,
Меафкананд оби дахони палиди хеш
Бар чашмаи хаёт,
З-он ру дадони водии хайвоният ниханд,
Номи туро зи фарти вакохат ба зери сум.


Сардори ман, Паямбари ман, пешвои ман,
Эй чашмаи хаёт,
Эй офтоби хак,
Эй маънии камоли нумуъи дарахти нур,
Дар боги коинот,
Эй авчи одамияту эй чархи мардуми,
Эй рахбари бузург,
Эй коъиди начот!

Инак ба хайси хоки кадамхои акдасат,
Дар хокруби даргахи поку мукаддасат,
Ин байтро зи гулшани шеъру суханвари
Эхдои боргохи рафиъи ту мекунам,
То посухе бувад,
Бар ав-ави нахики разилонаи хасум,
Бар расмхои шум,
Бар дастхои дархури «Таббат ядо»-и аср
Бар мучримони Булахабии сирати хакир
Бар хамлаи салибии шайтониву шарир.


Махтоб, ки нури пок дорад,
Аз бонги сагон чи бок дорад?!



РИСОЛАИ РАШКИ ОФТОБ


Офтоб як хандае такдим кард,
Торикистонро навои бим кард.
Растахезон оламе аз пайки субх,
Нури хикмат чашми руз тармим кард.

Офтоб чун нур аз мижгон бехт,
Пардаи шаб аз хами дунё гурехт,
Ахтари нур рафт дунболи шафак,
Ашки гам аз дидае абре бирехт.

Офтоб як лахзае бар умки гул,
Бо нигохи сабзу сузон шуд вуруд.
Бо фиреб аз руи нобусидааш,
Пардаи имони шабнам даррабуд

Офтоб чун Одаму Хавво бидид,
Бемухобо аз мадори худ рамид.
Аз фуруги ишк чашмаш хира гашт,
Аз камоли ишк як хикмат бичид.

Офтоб чун дидаро нимпуш кард,
Домани поки гуруб огуш кард.
Дарди дил дар гуши у бо суз гуфт,
Деви шаб ин мочароро гуш кард…

НОЛАИ ДИЛ

Макун сарви хиромонам кадам аз пайки ман дуре,
Мабар аз чашми чори ман чарогу пайкари нуре.
Макун хофил зи ишки пок, ки аз ифлоси метарсам,
Маро мухточи хонат кун барои дона чун муре.
Маро ранчест аз ин улфат, хамоно бе сари зулфат,
Ки хохам кокулат бошам, набошад хосту манзуре.
Чахонро чумла зебоги зи накшат бекарон бинам.
Гулистонат хазон дорад ба хар чо бандаи куре.
Маро хоки дарат гардон, ба руи оташ овезон,
Чакад бар оташи дузах зи ман сад катраи шукре.
Пушаймонам зи кори хеш, гунаххо кардаам чун беш,
Бубахшо, ай Худои ман, ки мехрат дар дилам чуре.
Набошад рузи ман рузе, агар ёдат намеорам,
Ба мисли Юсуфи Канъон шавам як Мисрии дуре.
Ба  руйи Охани тафсон зи хасрат об агар резанд.
Ба дасти рахматат баргир маро чун лахчаву к,уре.

ЗЕБОТАРИН РАДИФИ ГАЗАЛХОИ МАН ТУИ.....

Гул мекунад ба боги нигохат чавониям,
Вакте ба руи домани худ менишониям
Доги чунуни катраи ашкам ба чашми ту
Харчанд аз ду чашми худат мечакониям
Ман обири шикастадили хилвати туам
То бекарони чашми худат мекашониям
Як мушт бугзи яхзада тафсир мекунад
Андуху дарди гурбати бе хамзабониям
Вакте парид ранги ту аз пушти киссахо
Тасвир шуд нихояти рангин камониям
Ту он гуле ки мешукуфи дар хиёли ман
Пур мешавад зи атри хушат зиндагониям
Дар кахкашони чашми ту гум мешавад дилам
Сар гашта дар нихояте аз бе нишониям
Зеботарин радифи газалхои ман туи
Эй ёри сарв комати абру камониям
Холо биёву гурбати моро мурур кун
Эй ёдгори вусъати сабзи чавониям.

МОРО БА МО ОХИР ГУМОР...

Дар тирамохи умр мо кишти бахори мекунем,
Бишкаста чоми айши худ нуши хумори мекунем.
Бубридаем аз асли хеш, шуридаем бо васли хеш,
Пайваста бо бегонагон худ комгори мекунем.
Фарханги мо тороч шуд, бегона сохибточ шуд,
Бе тахту точи точики мо точдори мекунем.
Лабташнаи канду Самар, хору Бухор дар бахру бар,
Аз мулки ачдодони худ армонгузори мекунем.
Аз чабри хешон Мисрхо Юсуфситон кардем мо,
Дар мулки Канъони падар лек дидахори мекунем.
То Бесутун н-оварда об, кардем Кухканро хароб,
Бо хилаи парвезхо корезгузори мекунем.
Кайсе дигар мачнун нашуд, лайлодиле дилхун нашуд,
Бе хикмати ишки Худо уммеди ёри мекунем.
Азми «Аналхак» дар кучо, назми бадалхак дар кучо,
Бе гайрати Мансур мо андарзи дори мекунем.
Шуд Рахши Рустам бастапо, гурзаш фитод аз дасти мо,
Дар размгохи аклхо мо харсавори мекунем.
Чашмони модар гашта чор, тифлу арусон гашта хор,
Аз гирудори рузгор рохи фирори мекунем.
Бахри шукуфои Ватан не химмате аз мову ман,
Аз бахри кути лоямут бин мардикори мекунем.
Аз рахмати худ Кирдугор моро ба мо охир гумор,
То кай чахони бехуди мо ихтиёри мекунем.
Бар дарди беахлии мо, дармон намо Дардошно,
То кай ба чои хамдили мо хамдиёри мекунем!.

*** Bedil***, 23-12-2012 17:40 (ссылка)

С новым годом!


Сорван листочек последний,
Снят со стены календарь.
Ждёт уж давно поздравлений
Стоящий за дверью январь.
В ярких огнях карнавальных
Час наступает его,
Звоном бокалов хрустальных
Входит в Ваш дом торжество.
Пусть посетит Вас удача,
Пусть вдохновенье придёт,
Пусть Ваша жизнь станет ярче
В новый, начавшийся год!


Надпись Новый год
Dilov@R


Ё.Д.И. И.Ш.К.И. Т.У....

Дар баҳорон вақти борон,
Ёди ишқат мекунам ман.
Ҳар шаби маҳтобиву сафед
Ёди рӯи ту кунам ман.
Бори аввал вақти вохурд Мо будему моҳи тобон буд
Бори охир рӯзи падруд Баҳоре буду борон буд
Замоне рафт, ҷавони рафт.
Баҳори умр хазон гардид,
Вале як зарраи ишқат,
Дар дили ман кам нагардид...
.
MKsilina



настроение: Грустное

ТАШРИФИ СОЛИ НАВ МУБОРАК


Бар хонаи бечарогат эй дуст,
Бар манзили бефарогат эй дуст,
Бар тангии богу рогат эй дуст,
Бар синаи дарду догат эй дуст,
Ташрифи Соли Нав муборак,
Сад амри мухоли нав муборак!!!

Аз он ки ту хасти асли фозил,
Кух аст туро макону манзил.
Бар дидаи ту кашидаанд мил,
Санг аст туро ба сина ё дил?
Ташрифи Соли Нав муборак,
Пирузу заволи нав муборак!!!

Бар синаи пургаму нихонат,
Бар хотири нарму сахтчонат,
Бар бастани харф бар забонат,
Бар кораи магзу устухонат,
Ташрифи Соли Нав муборак,
Сузи пару боли нав муборак!!!

Оростаи ба нон хонат,
Гарм аст зи ох хонадонат,
Сахт аст чу рузгор чонат,
Комил бувад басо имонат.
Ташрифи Соли Нав муборак,
Имон ба фоли нав муборак!!!

Эй насли кабири Ориёи,
То кай ту зи хештан чудои,
Бигзар зи суоли «Аз кучои?»
Биштоб ба камоли ошнои!
Ташрифи Соли Нав муборак,
Посухи суоли нав муборак!!!

Рохи ту шавад чу барф испед,
Дилгарм шави зи нури Хуршед.
Харгиз накунад Худо-т навмед,
Хар руз бувад ба хонаат ид,
Ташрифи Соли Нав муборак,
Ин рушду камоли нав муборак!!!

Alishod Vorisov Дардошно

Надпись Новый год

Он гах, ки бе мани ту



Он гах, ки меравам ман,
Гулгунча аз бари ту.
Нашкуфта хушк гардад,
Сад мугчаи тари ту.

Он дам, ки мепарам ман
Аз калби ахтари ту.
Кай хамдиле шавад боз,
Хамболу хампари ту.

Он гах, ки гардам эй ёр,
Нокоми бистари ту.
Сарду вухуш гардад
Болишти купари ту.

Он дам, ки боз оям
Бар худ зи кишвари ту,
Вайронае шавад боз,
Шахри диловари ту.

Он гах, ки дур гардам,
Аз дори мехвари ту.
Сайёрае шавад кай,
Гардону гирдгари ту.

Он дам, ки ман гурезам,
Аз бому аз дари ту.
Чуз гам касе нагардад
Хамроху хамсари ту.

Он гах фитад зи гардун,
Рахшанда ахтари ту.
Нуру зиё наёби,
Аз Шамси Ховаре ту.

Он дам, ки бигзарам ман,
Аз сатри дафтари ту.
Тарсам дигар наруяд,
Як мисрам тари ту.

Он гах, ки хор гарди,
Дар боги дигаре ту.
Дер аст гар бигуи
"Дилшод дигари ту!"
/Пайки Дардошно/


ХИТОБИ ЧОН




Ин синаи пуроташ калби хароб дорад,
Кай магзи чони гулхан сузи кабоб дорад.
Дар рохи васли Чонон кардем ахду паймон,
Чон бохтан ба Чонон амрест савоб дорад.
Ин нафси вахшу саркаш дур асту дер маргаш,
Бигрифта гуну гардун майли сахоб дорад.
Ин тифли шухи мактаб ори зи асли матлаб,
В-ин пири солхурда майли шубоб дорад.
Дар шохрохи хасти химмат мабар ба пасти,
Соя зи хамраве бех, к-доим хисоб дорад.
Хикмат зи умр бинад, бедор к-у нишинад,
Аз хеш бехабар шуд он кас, ки хоб дорад.
То дилбари дили мо ояд ба манзили мо,
Сабр аст хамдили мо, дилбар итоб дорад.
Дар сар хумори ёре аз май ба дил шароре,
Кай чоми софу бегаш дарки шароб дорад.
Чонон чу мепарасти, бояд зи худ бирасти.
Дунёи ишкбози шарту Китоб дорад
Бар гайр дил бидодан аз асл дур фитодан,
Хар як кадам бидони, фардо чавоб дорад.
Ночида меваи умр, нобаста тушаи рах,
Поизи умр бигзашт, дай хам шитоб дорад.
Дардошнои дилхо,бинвис илочи моро,
Дардест калби моро, чон хам хитоб дорад.
Alishod Vorisov Дардошно


В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу