Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

Рудаки имруз агар зинда буд,касби Бозор шоири не хар банди буд.

Барои ман кунун Бозори Собир мурд,
Барои ман кунун Бозори шоир мурд,
Барои ман кунун Бозори тохир мурд,
Барои ман кунун Бозори нодир мурд.
Дигар Бозори Собир нест,
Дигар Бозори шоир нест,
Дигар Бозори тохир нест.
Дигар Бозори кофир шуд,
Дигар Бозори сохир шуд,
Дигар Бозори Нодир шуд.
Ва Нодирпури нав монанди иблис фитнахо дорад,
Ва Нодирпури нав исёни тоза бар Худо дорад.

Худоро у намедонад,
Казоро у намедонад,
Чазоро у намедонад.
Наметарсад!
Наметарсад, чаббор аст он Худои мехрубони мо,
Наметарсад!
Наметарсад, каххор аст он Худои човидони мо.
Наметарсад!
Наметарсад.
Худоро руи рост бадном месозад,
Худоро руи рост дашном месозад...
Чи чойи гила аз пайгамбарон бошад?
Чи чойи гила аз Фирдавсию Сино?
Чи чойи гила аз Сомониву Саъди?
Чи чойи гила аз Дорою Кайкубод?
Чи чойи гила з–ин Сомонии сони?
Хамаро як ба як дашном дода,
Ленини бадбахту кофирро
Ситоиш мекунад хар дам.

Ачаб пасти, ачаб пасти,
Ачаб гумрохиву масти,
Ки аз бахри шикам худро фуруши, бехудо гарди,
Зи халку миллати поки мусулмонат чудо гарди.
Фуруши дини ирфонро,
Фуруши чону вичдонро.
Бикун тавба!
Бикун тавба!
Худои ломаконро дон!
Гузар аз Ленину аз шапкаи пусида нопокаш
Ва домони имоми дехаи худ дор!
Ки то аз нав шави муслими беозор
Бидон, ки ту ба хоки пойи имомат,
Баробар нести шоир,
Агар дори гурур аз номи Хак гуям туро кофир!
Машав кофир!
Машав кофир!
Аё Бозори шоири пур аз дардам,
Агар гарди зи рохат, ман аз ин гуфтор мегардам.
Вагарна бахри ман Бозори Собир мурд,
Вагарна бахри ман Бозори шоир мурд,
Вагарна бахри ман Бозори тохир мурд,
Вагарна бахри ман Бозори нодир мурд.
Хамон Бозори Собирпур,
Бишуд Бозори Нодирпур.
Намедонам дигар Бозори Собирпур,
Намедонам дигар Бозори Нодирпур.
Барои ман хамон Бозори муслимбачаи нотарс,
Ки аз бахри хакикат дар замони Шурави месухт,
Барои ман хамон Бозори дехконбачаи шоир
Кабои шеъри нав дар чомаи дехкони мепушид,
Барои ман хамон шоир, ки шеъраш дарду гам буди,
Барои ман хамон шоир, ки шеъраш сад алам буди,
Кофир шуд!
Кофир шуд!
Амрик шуд!
Дигар шеъраш намехонам,
Дигар уро намедонам.
Аё эй Точикистон — модари чонам,
Аё халки мусулмонам! Бикун окаш!
Бикун окаш!
Бикун окаш, ки хам окипадар хам окимодар шуд.
Чи мегуи, ки ин Бозораки шоир кофар шуд.
Дигар у бандаи поки мусалмон нест
Ва дар шарёни хунаш тухми имон нест.

Аё эй Точикистон — модари чонам,
Бидиди, ки чи сон доллар кунад бози!
Барои у на ман даркораму не ту,
Барои у хамон Ленини кофар мешавад кози!
Чу шайтоне, ки рузи «явмиддин» хонад муридонаш.

Аё эй Точикистонам,
Дигар уро махон бар худ,
Ки у шоираки кофиру беор аст,
Ки у Бозораки доллолу мурдор аст.
Худашрову
Занашрову
Дину имон,
Мазхабашро хам ба савдо дод,
Ки то музде ситонад, мефурушад гушту пусташро.
Чи хайронам аз он нодон,
Ки Ленине, ки кофар хаст,
Набурда заррае эмон
Зи Сомонию Фирдавси
Зи Рахмони Рахиму ломакон болош медонад,
Худашро бандаи бедини он каллош мехонад.
Ва чун кофир! Ва чун Кофар...

Барои ман дигар Бозори Собир мурд,
Барои ман дигар Бозори шоир мурд.
Намехохам, ки у дар ин Ватан бошад,
Намехохам!
Намехохам чу доги тозае дар анчуман бошад,
Намехохем!
Нахохам зиндаю хам мурдаи чун лоша нопокаш,
Намехохам!
Намехохам, дар ин хоки Ватан бошад дигар хокаш,
Намехохам!
Чу Ленин хуссааш созанд бигзор,
Чу шайтон сангсораш гар кунанд хар ид
Хазорон сол то рузи киёмат
Санги лаънат бар сараш кубанд,
Омин! Омин! Омин!

Гумонам, ки чу Ленин хоки пок уро намехохад!
Худоё, дар замин не, дар хаво таркад,
Ба укёнус афтода хуроки мохиён гардад,
Намехохам дигар уро бубинам масту хармасте,
Намехохам дигар уро бубинам чохилу пасте.


Дили ман сахт месузад
Дили ман сахт месузад,
Ки шоирро чунин гуфтам.
Дили ман сахт месузад,
Ки Собирро чунин гуфтам,
Вале шодам, ки кофирро чунин гуфтам,
Вале шодам, ки Нодирро чунин гуфтам.

Аё шоир намо тавба,
Намо тавба, хато карди!
Хато карди, ки ин исён
Ба чониби Худо карди.
Бикун тавба!
Худои ломаконро дон!
Бикун тавба!
Ва Куръони мукаддас хон!!!
Махон дигар ту Ленинро,
Ки дохи мешави чун у,
Махон дигар ту Ленинро
Шави девонаи дайду.

Ачаб хайронаму хайрон,
Аз ин шоири беимон,
Ки дар хафтод рафту бехудо гардид.
Зи имони мукаддас дар сари пири чудо гардид.
Чу шайхи Барсисо бо фахшу пасти беимон гардид.
Ба хафтодсола тоат дар шумори рондагон гардид.
Намедони магар инро?
Нахонди шайхи Саъдиро?
Аё Бозор! Аё шоир!
Бикун тавба!
Бикун тавба!
Шикан ту гардани шайтон
Бикун тавба!
Бикун тавба!
Sudur 31.05.2013 01:58

САРЧАШМАИ ФАЙЗ

Дар ҷаҳон аз ҳама бузургтарин робита ҳамон робитаест, ки байни холиқ ва махлуқ идома мекунад.Ҳадаф аз дину мазҳаб низ ҳамин аст, ки банда бо тоату ибодат ин робитаро қавӣ мегардонад.Манбаъ ва сарчашмаи файз танҳо намоз буда, Худо ҳам мехоҳад,ки ҳамаро дар ин дарёи беканори худ ғарқ намояд. Ҳар кас,ки рӯҳ ва ботини худро бо намоз сайқал медиҳад, албатта бо Худои Таъоло ба саволу ҷавоб омода мешавад. Ӯ аз парастиши Парвардигор ончунон лаззат мегирад, ки лаззатҳои ҷаҳон дар пеши он ночизу камқадр аст. Аз ин рӯ, гузаштагонамон ба намоз дилбастагии зиёд доштанд. Онҳо ба хотири ҳалли ҳар як мушкилот намоз мехонданд. Ба хотири мужда ва шодмоние, ки дар рӯзгори онҳо рух медод, ҳатман ду ракаат намози шукрона мехонданд. Чун намози шукронаи хонадор шудан, фарзанддор шудан, ба ҳавлӣ ё хонаи нав кӯчидан, соҳиби касбу кор шудан, ба сафар баромадан, аз сафар саломат баргаштан ва ғайра, Шайхурраис Ибни Сино барои кушоиши кори тиббӣ ду ракаат намоз мехонд ва асрори табобатро барои бемор кашф менамуд. Имом Бухорӣ ба хотири ёфтани ҳадиси саҳеҳ фавран ду ракаат намози шукрона мехонд. Ниёгони мо зиндагии худро бо хондани намоз зиннат медоданд.Ҷисми инсон мехӯраду мепӯшад ва билохира ба хок рафта дар гӯр мепӯсад. Аммо рӯҳи нурпарвар ҳамеша зиндаву ҷовид буда, билохира ба шарофати намоз ба Худо пайванд мешавад. Оре, хок шудан куҷову расидан ба ҷамоли Худо куҷо?
Одамият на танҳо аз бадию бадкорӣ дур будан аст, балки ба мардум кӯмак расонидан низ ҳаст:

Одамият чист?Худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.

Яъне, беҳтарин сифати инсон ин хушахлоқ будану ба халк мададгорӣ намудан аст. Намоз инсонро ба сӯи накӯиҳо роҳнамоӣ мекунад. Шояд баъзе хонандагони мӯҳтарам эрод гиранд, ки « мо намозхонҳоеро дидаем, ки намоз мехонанд, вале кори бад ҳам мекунанд, чунончи, моли мардумро мехӯранд, эҳтиром ба ҳаққи мардум надоранд, дилозорӣ ва иғвою тӯҳмат мекунанд...»
Оре, чунин аст, вале наметавон ин гурӯҳи пастро намозхони ҳақиқӣ донист, чунки намозхон бояд дилу нияти пок дошта бошад ва тамоми дастуроти моддию маънавии мазҳабашро риоя карда тавонад. Он касоне, ки шумо намозхон мепиндоред, на танҳо шоистаи чунин номи бузург нестанд, балки шева бар ин гуноҳи дигаре ҳам доранд, ки он «риёкорӣ» аст. Ин гурӯҳ динро як воситаи пешрафти кори шахсиашон карда, шарифтарин ҳадяи илоҳӣ, яъне дин ва намозро «бозича» қарор додаанд. Забонашон бо динашон ҳамраъй нест. Бо вуҷуди ин мо чунин касонро бад намешуморем ва ба таъна додан ҳақ надорем. Зеро мардуми замони мо ба чунин рафтор одат кардаанд. Ҳамин, ки аз хона берун мебароянд, мебинанд, ки дар аксари ҷойҳо дурӯғгӯӣ, гаронфурӯшӣ, фиребу найраг, озори мардум ва боз хиёнатҳои дигаре авҷ доранд, ки наметавонад ҳар як марди соҳибдил аз ин шарораҳо эмин бимонад. Аз тарафи дигар ҳеҷ кас наметавонад ғайр аз пайғамбарон бегуноҳ бошанд. Алалхусус дар вазъи имрӯзаи мо, ки ҳарчанд кӯшиш мекунем, боз гоҳо ба гуноҳони хурд олуда мешавем.
Худованд дар Қуръони Маҷид мефармояд: « Инналҳасаноти юзҳибнос сайиоти». Яъне, корҳои хуб, гуноҳҳои бади инсонҳоро мебаранд ( маҳв месозанд).
Касоне, ки Худо инсоф додаву сарашонро ба саҷда мениҳанд, бояд шукри Худоро ба ҷо оранд, ки гарчи намозашон нуқсон дорад, Худованд бахшандаю меҳрубон аст. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Худованд ба Ҷибриил (а) мефармояд:
-Бирав ба рӯи замин, ки оё намозгузоре вуҷуд дорад ё на? Ҷибриил (а) мебинад, ки шахсе ба зери дарахте танҳо сар ба саҷда ниҳода «Субҳона Раббиал Аъло» мегӯяд. Худованд мефармояд, ки «Эй Ҷабриил, гувоҳ бош, ки ба шарофати як саҷдаи намозгузор қиёмат ба сад сол таъхир ва мавқуф гузошта шуд".
Пас мо набояд худогӯёну намозгузоронро беҳурматӣ кунем. Зеро аз баракати намози онҳо ҳавлию маҳаллаҳои мо дар амон ва шаҳру деҳотамон фаровон аст. Дуоҳое, ки болои ҷойнамоз мехонанд, ҳазорон дарду алами моро аз байн мебаранд Шояд намозхононе ҳастанд, ки шабу нимшаб дар ҳаққи ҷомеа бо сӯзи дил дуо мекунанд, ки мо ( аз он) бехабарем, аммо ( аз баракати он дуоҳо) дар амонем.

Дило бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,
Дуои нимишабӣ дафъи сад бало бикунад

Ҳоҷӣ Мирзоабдулло КАЛОНЗОДА

Метки: ислом. имон адаб

KUHISTONI _, 25-12-2011 14:04 (ссылка)

НАСИМИ ОРЗУ АЗ ГУЛШАННИ К,УРЪОН НАСИБАМ КУН...

                       Ба номи Худованди бахшанда ва мехрубон
 
Илохи,аз карам имони бенуксо насибам кун,
Шароби лоязоли аз хуми ирфон насибам кун,
Таманнохои бечо вахшати рузи киёмат шуд,
Насими орзу аз гулшани Куръон насибам кун.
Диле доди,тачаллои Ту дар он тотавонам дид,
Зи файзи лоязоли хам хати унвон насибам кун.
Сурури калби вахшатчилваам аз зикри асмоят,
Алорагми тараннумхои нопокон насибам кун.
Нагаштам нодим аз афъоли зишти хеш дар олам,
Пушаймони зи хар аъмоли бесомон насибам кун.
Матои зиндагонии дуруза чашми аклам гашт,
Майи ирфони Худ аз согари имкон насибам кун.
Надорам дар ду олам гайри Зотат мунисе ,ё Раб,
Аниси бекасон,алтофи бепоён наибам кун.
Зарифивор Наккош аз хаё шармида мегуяд,
"Гунахкорам,зи лутфат тавбаи некон насибам кун".


KUHISTONI _, 23-12-2011 22:30 (ссылка)

Суханони Худованди бахшандаи мехрубон

БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДАИ МЕХРУБОН

Кул ё ъибодия-л-лазина асрафу ъало анфусихим ло такнату мир-рахматиллох.Инналлоха ягфиру-з-зунуба чамиъо.Инаху хува-л-гафуру-р-а-рахим.Ва анибу ило раббикум ва аслиму лаху мин кабли ай-яътиякуму-л-ъазобу сумма ло тунсарун. (Зумра,53-54)

Тарчума:Бигу:(яъне,эй Мухаммад (С) аз тарафи Ман бигу)-Эй бандагони Ман ,ки бар худ тачовуз кардед,аз рахмати Худо ноумед машавед!Хароина,Худо хамаи гунохонро якчо меомурзад;ба рости ки У хамано омурзгори мехрубон аст.Ва пеш аз он ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда нашавед,ба суйи Парвардигоратон бозгардед ва Уро фармон баред!
Ин оят умедбахштарин оят дар Китоби Худост,зеро муштамил бар бузургтарин башорати Хак таоло барои бандагонаш мебошад,чи хамон гуна,ки мулохиза мекунем.Хак таоло дар ин оят аввалан бо хадафи гиромидошт ва фузун сохтани башорат ба бандагон эшонро ба Худаш мансуб кард,сипас эшонро ба зиёдрави дар нофармонихо ва иртикоби бисёри гунохон мавсуф сохт.Он гох ба дунболи он ин зиёдравони ифротгари дар маосиро аз навмеди аз рахмати Хеш нахй кард.Ва ин худ далолат мекунад бар ин амр,ки нахй аз навмеди барои гунахгорони гайри мусрифе,ки дар ин арса зиёдрави намекунанд,аз боби ало мавыриди назари Хак таоло мебошад.
Сипас Хак таоло иборате баён медорад,ки баъд аз он дар ин хакикат чои хеч гуна шакку тардиде боки намемонад:

<<дар хакикат Худо хамаи гунохонро меомурзад>>.

Яъне:Агар бихохад ,х,ар гуна гунохеро аз х,ар навъе,ки бошад,барои тавбакорон момурзад,чуз ширке,ки сохибаш аз он тавба накарда бошад,ба далели ин фармуди Хак таоло:
Инналлоха ло ягфиру ай-юшрака бихи ва ягфиру мо дуна золика лимай-яшоъ.(Нисо,48.)
Тарчума:Дар хакикат Худованд намеомурзад ин ки ба У шарик оварда шавад,вале модуни онро (яъне гунохони сагира ва кабира) барои х,ар кас ки бихохад,меомурзад.
Сипас ин омурзиши Хеш барои гунохонро ба иборат таъкид мегардонад:меомурзад гунохонро(хама якчо).Вах,чи азим аст ин башорат.Башорате,ки дилхои муъминони некукор ба он ором мегирад ва аз бухчату фархат лабрез мешавад.

<<Бегумон У омурзгору мехрубон аст>>,

Яъне:Хак таоло бисёр омурзанда ва бисёр мехрубон аст ва дар х,ар ду васфи омурзандагиву мехрубони инояти Вай бенихоят васеъ мебошад.Пас касе ки мепиндорад навмед кардани бандагони Худо ва дилсард ононро бад-он башорат додааст.Чунин касе бетардид муртакиби бузургтарин ситам шуда ва иштибохе бас нодуруст аз вай сар задааст.
Дар оятитхои 68-70-уми сураи (Фуркон) нозил шудааст:

Тарчумааш ин аст:<<Ва ононанд,ки бо Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва хеч нафсеро,ки Худо харом кардааст,намекушанд-магар ба хак;ва зино намекунанд;ва х,ар ки ин корро бикунад,ба укубати душвор бармехурад:рузи киёмат азоб барои у дучанд карда шавад,ва он чо хор шуда,човид монад.Магар он касе ки тавба кард ва имон овард ва амали шоиста намуд-пас,ононад ки Худо бадихояшонро ба некихо бадал созад;ва Худо омурзандаи мехрубон аст>>.
Он гох,ки Худо бандагонашро ба ин амр мужда дод,ки хамаи гунохонро меомурзад,инак онхоро ба бозгашт ва инобат ба суи Худ дастур медихад:

<<Ва суи Парвардигори хеш бозгардед ва фармобардори У шавед>>,

Бо анчом додани тоатхо,пархез аз маоси,таслим шудан ба фармон ва гардан ниход ба хукмаш <<пеш аз он ки бар шумо азоб>>-и дунё <<биёяд ва дигар ёри нашавед>>,агар кабл аз фуруд омадани азоб тавба накунед.
Зикри инобат ва ручуъ ба суи Хазрати Хак таоло баъд аз зикри магфират барои ин аст,ки хеч тамаъкоре дар касби магфира
т бидуни тавба тамаъ набаста ва бидонад,ки тавба шарте лозим барои магфират аст ва магфират бидуни он хосил намешавад.Ва ин яке аз конунхои омми Илохи аст..

ХУДОВАНД ХАМАИ МОВУ ШУМОРО АЗ ЧУМЛАИ ТАВБАКУНАНДАГОН ГАРДОНАД.ОМИН,,ОМИН..

KUHISTONI _, 22-12-2011 21:28 (ссылка)

ТАВБА ЧИСТ ВА ЧАРО БОЯД ТАВБА КАРД?

 БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДА ВА МЕХРУБОН

Бародарон ва хохарони мусалмон!Оё медонед хакикати тавба ва ручуъ (бозгашт) ба суйи Худо чист?
Тавба,яъне ручуъ ба суйи Худо,тарк кардани гунохон ва пушаймон шудан аз он корхое,ки дар гузашта рух додааст.
Ибни Кайим (р) мефармояд:<<Тавба-бозгашт ба суйи Худо дар асоси анчом додани ончи,ки У нописанд медонад,мебошад>>.
Бозгашт ба суйи Худо лаззатбахш аст,зеро тавбакунанда аз рохе,ки боиси хашм ва чазои Худованд аст,ба рохе,ки У дуст медорад,бар мегардад.

ЧАРО БОЯД ТАВБА КАРД?
Худованд бандагони хешро бо нидо ва садои мехрубон ва навозишгар ба тавба мехонад:<<ВА ТУБУ ИЛАЛЛОХИ ЧАМИЪАН АЮХАЛ МУЪМИНУН ЛАЪАЛЛАКУМ ТУФЛИХУН>>.
Имом Куртуби мефарммояд:<<Ба суйи Худо тавба кунед,зеро хамаи шумо дар хакки Худованд муртакиб кутохи ва таксир мешавад>>.
Инобат ба суйи Худо аз ахлоки собити муъмин аст.У дар тамоми холоташ ба суйи Худо инобат дорад.
Паёмбар (с) мефармояд:<<Эй мардум!Ба суйи Худо тавба кунед,зеро ман дар рузона сад маротиба истигфор мекунам.>>Муслим
Тавба ва бозгашт ба суйи Худо як навъ зарурат аст,хамон тавре ки инсон ба об ва гизо ниёз дорад.
Хазраи Форук (р.з.) мефармояд.<<Нафси худро мухосаба (хисобдори)кунед,кабл аз ин, ки аз у мухосаба гирифта шавад ва аъмоли худро вазн кунед, кабл аз он,ки вазн шаванд,зеро фардо мавкеи хисоб бароятон осонтар хохад буд.(аз мухосабаи имруз) Худро барои он рузи бузург омода кунед,ки хеч розе дар он руз пинхон намемонад>>.
Мухосабаи нафс ва баргаштан ба рохи рост,кашондани нафси ситезкор ба суйи итоати Худованд аст,то вакте ки ба рохи рост дарояд.
Бародарон ва хохарони мусалмон!Тавбаро аз амал ва одатхои хамешагии худ карор дихед,аз ин ки дари хона Парвардигорро бикубед,хаста ва суст нашавед.
Хамонгуна,ки х,ар субх барои маъош ва ризки рузона фикр ва талош мекуни,дар мавриди ручуи худ ба суйи Парвардигор низ бияндешед.Имруз барои фардоятон захира кунед,зеро касе,ки иродаи сафар дорад,молу чихоз,зод ва тушаи худро омода ва камбудихоро чуброн мекунад.Сафари ту ба суйи Худо бехтар аз хамаи инхост,ки чустучу мекуни.
Дар х,ар хол дар пайи бозгашт ба суйи Худо бош!
Касе,ки медонад,ба суйи Парвардигор бармегардад ва барои сафар он чизе,ки муносиб аст,омода мекунад.
Баро мо шоиста нест,ки Худовандро вакте мулокот кунем,ки У аз мо рози набошад.Он руз чи далел ва хуччатеро баён мекунем,ки У ба хама розхо огох аст....
Аз гами умре,ки ба гафлат гузашт,
В-аз надомат гиря кам кардем, хайф.
Худованд х,ар яки мову шумо ва чумла бандагонашро тавфики тавба ато фармояд.ОМИН..ОМИН

KUHISTONI _, 11-12-2011 21:03 (ссылка)

ГАР ГУНАХКОРИ, МАШАВ АЗ РАХМАТИ МАН НОУМЕД...

БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДА ВА МЕХРУБОН

ХАК ЧУНИН ГУЯД,КИ ЭЙ ОШИК,ТУРО ЧОНОН МАНАМ,
БАНДАИ МАН,КАЪБАИ МАКСУДИ МУШТОКОН МАНАМ.
ЭЙ БА ДРАДИ ХАЧР ЧОНАТ МУБТАЛО ГАШТ ТУРО,
ДАРДИ ЧОНИ ОШИКИ БЕМОРРО ДАРМОН МАНАМ.
ХЕЗ,РУ ОВАР БА САХРОИ ТАЛАБ МУШТОКВОР,
ДАР ДУ ОЛАМ З-ОН КИ МАТЛУБИ ТАЛАБГОРОН МАНАМ.
ОН КИ ГАРДАД ДАР БИЁБОНИ ХАВОЯТ ТАШНАКОМ,
СОКИИ ОН ТАШНАЛАБ АЗ БОДАИ ЭХСОН МАНАМ.
ИШКИ ФАРЗАНДОНУ ХЕШОНРО ЗИ ДИЛ ОВАР БУРУН,
МЕХРУБОНТАР БАР ТУ АЗ ЁРОНУ ХЕШОН МАНАМ.
ХОЧАТЕ ДОРИ,ЗИ МАН МЕХОХ,НЕ АЗ ГАЙРИ МАН,
БАНДАИ МАН,КОЗИИ ХОЧОТИ МУХТОЧОН МАНАМ.
ГАР ГУНАХКОРИ,МАШАВ АЗ РАХМАТИ МАН НОУМЕД,
З-ОН КИ ОМУРЗАНДАИ ЧУРМИ ГУНАХКОРОН МАНАМ.
ГАРЧИ ИСЁН КАРДАИ,ЭЙ БАНДА,БЕ ХАДУ ШУМОР,
РУ БА ДАРГОХИ МАН ОВАР,МАХВКУНАНДАИ ИСЁН МАНАМ.
ТАН ЗИ ЧИРКИ МАЪСИЯТ БО ОБИ ТАВБА ШУСТА КУН,
ЧУРМБАХШИ ТОИБОНУ ДИДАНАМНОКОН МАНАМ.
ГАРЧИ ДАРВЕИ ТУ,АБУЛХАЙ,ЗИ ГАМ ДИЛРЕШ ХАМ,
МАРХАМИ ДИЛХОИДАРВЕШОНУ ДИЛРЕШОН МАНАМ.

ГАЗАЛИ АБУЛХАЙИ МУЧАХАРФИ... ХУДОВАНД АЗ У РОЗИ БОШАД...

БАРОДАРОНУ ХОХАРОНИ МУСАЛМОНИ ТОЧИК, ДАР ХАКИ БАНДА ДУЪОГУ БОШЕД.ХУДОВАНД ХАМАИ МОВУ ШУМОРО БА РОХИ РОСТ ХИДОЯТ КУНАД!

Суоли руз оид ба вазъиятхои Чумхурии Исломии Эрон, ва ё ЧИХОД!

Суоли руз оид ба вазъиятхои
Чумхурии Исломии Эрон, ва ё
ЧИХОД!
Салом бародарон ва хохарони
ахли ислом!
Агар ман нахохам ё хохишхам
надошта боша, аммо на танхо
ман, бали ягон мусалмони
хакики, дар боби вазъиятхои
Чумхурии Исломии Ирон, яъне
бародарони форсе, ки бо мо
точикон хамхуну, хамнажоду,
хамзабону, хамдин хастанд, ки
имруз зери тахкиби дунёи
СИЁНИСТИ (яъне яхудиёну
душманони ислом) карор
гирифтаанд, хомуш нишаста
наметавонад!
Пас ман гуфтаниам, ки аз руи
ахбороте, ки ман дарёфт
кардаам, давлати Исроил (яъне
яхудиён) бо якчояги бо давлати
Амирко, ки душмани ашадии
дунёи ислом хастанд, мехоханд
худи ба хамин наздикихо,
тахминан то иди соли нави
милоди, яъне мумки дар
моххои декабри хамин сол,
хучум болои бародарони
мусалмони мо ФОРСХО яъне
Чумхурии Исломии Ирон
биёваранд!
Пас ман танхо мехостам фикри
шахсии хар яке аз Шумо
бародарон ва хохарони
мусалмону муслимаро
бифахмам оиди ин масъалаи
мухим, ки ОЁ ДАР ИН
ВАЗЪИЯТИ МУТАШАННИЧЕ
(яъне яке аз имтихонхои
навбатии Аллох) КИ ИМРУЗ
БОЛОИ НА ТАНХО МО, БАЛКИ
ТАМОМИ МУСАЛМОНХОИ
ЧАХОНИ ИМРУЗА ОМАДААСТ,
ОЁ ЧИХОД БОЛОИ МО ФАРЗ
ШУДААСТ Ё НЕ???
Хохишмандам агар имконият
дошта бошад, бо мисолхо
чавоб гуед!
Пешаки сипосгузорам!

Суоли руз оид ба вазъиятхои Чумхурии Исломии Эрон, ва ё ЧИХОД!

Суоли руз оид ба вазъиятхои
Чумхурии Исломии Эрон, ва ё
ЧИХОД!
Салом бародарон ва хохарони
ахли ислом!
Агар ман нахохам ё хохишхам
надошта боша, аммо на танхо
ман, бали ягон мусалмони
хакики, дар боби вазъиятхои
Чумхурии Исломии Ирон, яъне
бародарони форсе, ки бо мо
точикон хамхуну, хамнажоду,
хамзабону, хамдин хастанд, ки
имруз зери тахкиби дунёи
СИЁНИСТИ (яъне яхудиёну
душманони ислом) карор
гирифтаанд, хомуш нишаста
наметавонад!
Пас ман гуфтаниам, ки аз руи
ахбороте, ки ман дарёфт
кардаам, давлати Исроил (яъне
яхудиён) бо якчояги бо давлати
Амирко, ки душмани ашадии
дунёи ислом хастанд, мехоханд
худи ба хамин наздикихо,
тахминан то иди соли нави
милоди, яъне мумки дар
моххои декабри хамин сол,
хучум болои бародарони
мусалмони мо ФОРСХО яъне
Чумхурии Исломии Ирон
биёваранд!
Пас ман танхо мехостам фикри
шахсии хар яке аз Шумо
бародарон ва хохарони
мусалмону муслимаро
бифахмам оиди ин масъалаи
мухим, ки ОЁ ДАР ИН
ВАЗЪИЯТИ МУТАШАННИЧЕ
(яъне яке аз имтихонхои
навбатии Аллох) КИ ИМРУЗ
БОЛОИ НА ТАНХО МО, БАЛКИ
ТАМОМИ МУСАЛМОНХОИ
ЧАХОНИ ИМРУЗА ОМАДААСТ,
ОЁ ЧИХОД БОЛОИ МО ФАРЗ
ШУДААСТ Ё НЕ???
Хохишмандам агар имконият
дошта бошад, бо мисолхо
чавоб гуед!
Пешаки сипосгузорам!

Дар вахти никохи Мусалмони ин калимахо иборат аст аз се харф...


Ас-ссалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатуху хохарон ва бародарони ахли Ислом. маънои калимахое дар вахти никох хонда мешаванд инхо хастан. ИН КАЛИМА ЪИБОРАТ АСТ РЕШААШ АЗ (3) ХАРФ 1(НУН) ,2(КОФ),3(Х,О) БУЗУРГОНИ ДИН ГУФТААНД КИ ХАРФИ НУН ИШОРААСТ БА НАФАКА ЯЪНЕ КИ БАЪДИ НИКОХ НАФАКАЙИ ЗАН БАР ЗИММАЙИ МАРД ВОЧИБ МЕШАВАД НА ИНКИ МАРД АЗ ЗАН БИХУРАДУ НИШИНАД ВА ХАРФИ КОФ ИШОРА АСТ БА КИСВАТ ЯЪНЕ ПУШОНИДАНИ ЗАН БАР ЗИММАЙИ МАРД ВОЧИБ МЕШАВАД БАЪДИ НИКОХ ВАКТЕ КИ ИН ДУКОРРО ИЧРО КАРДЕМ ХАРФИ Х,О ИШОРА АСТ БА ХАЛОЛ ШУДАН КИ АКНУН ОН ЗАН БАРОЯТ ХАЛОЛ МЕШАВАД, Ва ин никох бародарону хохарони азиз як ниъмати бузурге аст аз ниъматхойи Аллох чаро ки ба воситайи ин ниъмат мо насаби худамонро хифозат мекунему якинан медонем ки падари мо ки аст аммо гайри динхоро бипурси у наметавонад ки бо дили пур гуяд ки падараш ки аст насаби худро намедонад бояд ки шукр кунем ки Аллох моро аз муъминин офарид на аз куффор, Ва ин никох фоидаву хикматхойи зиёде хам дорад ки баъзе аз онхоро зикр мекунем иншаАллох, ВА ИНЧУНИН ЖАЪВАТ КАРДААНД РАСУЛИ АКРАМ (С) БО СУННАТХОЙИ К,АВЛИ ВА ФИЪЛИЯШ ЯЪНЕ ЗАБОНИ ВА РАФТОРИ ТАРГИБ ДОДААНД МОРО БА НИКОХ ВА ТАРГИБ ДОДААНД СОХИБОНИ ДУХТАРРО КИ БА ЗАНИ БИДИХАНД ДУХТАРАШОНРО БО КАСЕ КИ МУВОФИКАШ АСТ АЗ РУЙИ ДИН ВА АКИБ НАГУЗОРАНД НИКОХАШРО

Дуъои эмини аз васвоси Шайтон

    Дуъои эмини аз васвоси Шайтон
Хар кас баъд аз намозхои бомдод ва шом дар чои намозхондааш нишаста,
бо касе сухан накарда, ин дуъоро бихонад, дар он шабонаруз аз васвоси Шайтон махфузу эмин хохад монд.
Ва хонандаи ин дуъоро ба ивази хар калимае дах аъмоли нек дар номаи аъмолаш навишта мешавад,
ва дах бади аз зимаи у махв шуда, дах дарача аз дарачоти уро баланд карда мешавад. Дуъо ин аст:
 Бисмиллохир_рахмонир_рахим.
ЛО илоха иллаллоху вахдаху ло шарика лаху лахул_мулку ва лахул_хамду юхйи ва ямуту биядихил-хайру ва хува аъло кулли шай-ин кадир.

НАМОЗ

Барпо доштани намоз ба манзалати об додани дарахти имон дар бустони ислом аст.Агар намоз шабонаруз такрор нагардад,дарахти пурсабзи имон ба хушки мегаравад ва аз он ба чуз ном чизе боки намемонад.Намоз аст,ки имонро месабзонад ва тачдид мекунад.

СЕ АЛОМАТ ПЕША ШУД БАДКОРРО,
БЕ НАМОЗИ ШОХИДАСТ ОН КОРРО.
ТОРИКИ СУНАТ РАСУЛ ОЗОР ШУД,
ТОРИКИ ФАРЗ АЗ ХУДО БЕЗОР ШУД.
РАФТ ДАР ДУЗАХ БА ЧАМЪИ КОФИРОН,
ДУР АФТОД АЗ БИХИШТИ ЧОВИДОН.
БОШАД ОН БАДБАХТИ ФОСИК ДИЛСИЁХ,
ОШКОРРО МЕКУНАД ЧУРМУ ГУНОХ.
ЭЙ БАРОДАР ЧАННАТИ ОЛИМАКОМ ,
БАР СУХАНЧИНУ БАХИЛ БОШАД ХАРОМ.
ХАРКИ БИНШИНАД ДАМЕ БО ЧОХИЛОН,
БОШАД ОН ДИЛ МУРДА АЗ БЕХОСИЛОН.
ХАКИ МУЗДУРРО КАСЕ НАДИХАД ТОМ,
ЧУМЛА НЕКИХОИ У ГАРДАД ТАМОМ.
ЧУН ХУДО БЕЗОР ШУД АЗ ХАМИН ХОР ,
ДУСТИ КАМ КУН ТУ БА ОН НОБАКОР.

D K, 05-06-2011 13:35 (ссылка)

Ибни сирин – кашшофи асрори хоб

Абӯбакр, Муҳаммад писари Сирини Басрӣ тобеъӣ ва имоми бузург дар тафсир ва ҳадису фиқҳу таъбири хоб мебошад. Ба ақидаи муҳаққиқин, Ибни Сирин дар даврони хилофати ҳазрати Усмон (р) дида ба ҷаҳон гушодааст. Падараш Сирин (Шерун) бардаи Анас писари Молик (р) буд, ки баъдан озод шуд. Дар бораи падари ӯ дар сарчашмаҳо омадааст, ки Сирин дар яке аз маъракаҳо ва набардҳое асири мусалмонҳо гаштааст. Ё худ ӯ дар набарде, ки мусалмонҳо дар Ироқ ҳангоми фатҳ намудани шаҳраки Айнуттамр ба дасти Холид писари Валид (р) ба асорат меафтад. Пас аз асорат ӯ бардаи Анас (р) мешавад. Баъди озод шуданаш аз бардагӣ ӯ бо духтаре аз мардуми араб издивоҷ менамояд, ки дар натиҷа фарзандони бисёре аз эшон ба дунё меоянд. Модараш Сафия ном дошт, ки ӯ ҳам замоне аз ҳаёташро дар бардагӣ паси сар намуда буду баъди чанде ӯро озодӣ насиб гашт. Дар бораи падар ва модари Ибни Сирин гуфтаанд, ки онҳо дар зиндагӣ бо тақво ва парҳезгорӣ шӯҳрат доштаанд. Ба вижа модари ӯ зани соҳибахлоқу накӯ буда, беҳтарин сифоти модариро дар худ доштааст, аз ҷумла, дар тарбия ва таълими фарзандон.

Ибни Сирин даврони кӯдакӣ ва наврасии худро дар иҳота ва канори саҳобаи бузурги Паёмбар (с) сипарӣ намудааст. ӯ донишандӯзии худро бештар ҳамроҳи саҳобаҳо (р) такмил намудааст. Дар умум, Ибни Сирин замоне ба дунё омада буд, ки сарзамини арабро ҳаёти беҳтарини исломӣ ва пешрафту тараққии афкори солими башарӣ фаро гирифта буд.



Тақво ва парҳезгории Ибни Сирин

Ибни Сирин дар тақво ва парҳезгорӣ яке аз шахсиятҳои машҳур ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар китобҳо ва сарчашмаҳо нақлу ривоятҳои гуногуне ҳифз шудааст. Аз ҷумла, Талқ писари Ваҳаб мегӯяд: бар Муҳаммад писари Сирин ворид шудам, дар ҳоле ки аз беморӣ ранҷ мебурдам. Пас ба ман гуфт: пеши фалонӣ бирав, ки ӯ нисбат ба пизишкӣ огоҳии хубе дорад. Сипас гуфт: аммо на, пеши фалонӣ бирав, ки аз вай дар пизишкӣ донотар аст. Аммо пас аз он чунин гуфт: Астағфируллоҳ, шак надорам, ки ғайбаташ кардам. Тақво ва парҳезгории ӯ то ҷое расида буд, хусусан дар вақти шунидани ғайбати касе ҳамаро ба тарси Худо ва иҷтиноб кардан амр мекард.

Барои мисол, ӯ вақте мешунавад, ки нафаре Ҳаҷҷоҷ писари Юсуфро пас аз маргаш бад гуфтааст, мегӯяд: даст бардор, эй писари бародарам, зеро Ҳаҷҷоҷ ба сӯйи Парвардигораш рафтааст ва ту ҳангоме ки ба сӯйи Парвардигор биравӣ, хоҳӣ дид, ки кӯчактарин гуноҳе, ки дар дунё муртакиб шудаӣ, бароят аз бузургтарин гуноҳе, ки Ҳаҷҷоҷ муртакиб шуда, сахттар хоҳад буд ва бидон, эй писари бародарам, ки Худованд ҳамон тавр ки аз Ҳаҷҷоҷ барои касоне, ки ба онҳо ситам кардааст, қасос хоҳад намуд, ҳамон тавр, низ барои вай аз касоне, ки ба ӯ ситам кардаанд, қасос хоҳад гирифт. Пас аз ин ба баъд худро машғули носазогӯӣ ба касе макун.

Ҳишом писари Ҳисон, яке аз афроди хонаводааш нақл мекунад: чизе боиси шакки Муҳаммад писари Сирин намешуд, магар онро тарк мекард. Сирӣ писари Яҳё мегӯяд: Ибни Сирин чил ҳазорро ба хотири шакки кӯчаке, ки дошт, тарк кард. Ҳамзамон Сирӣ мегӯяд: шунидам, ки Сулаймон мегуфт: он судро барои масъалае тарк кард, ки касе аз уламо дар ҳалол будани он ихтилоф дорад. Ашъас мегӯяд: ҳангоме ки аз Муҳаммад писари Сирин дар бораи чизе аз фиқҳ ва ҳалолу ҳаром мепурсиданд, рангаш тағйир мекард ва дар ҷавоб додан бисёр эҳтиёт менамуд ва таҳқиқи масъаларо хуб пайгирӣ мекард.



Рафтор ва ахлоқи Ибни Сирин нисбат ба модар

Ҳафса, духтари Сирин мегӯяд: надидам, ки Муҳаммад ҳаргиз садояшро бар садои модараш баланд кунад ва ҳангоме ки бо модараш сухан мегуфт, тавре сухан мекард, ки гӯӣ комилан дар ихтиёри ӯст. Ибни Авн мегӯяд: ҳангоме ки Муҳаммад назди модараш буд, агар касе бар ӯ ворид мешуд, аз шиддати пойин будани садои ӯ назди модараш, гумон мекард, ки ӯ бемор аст. ӯ тамоми умр худро дар хидмати модар ноқис медонист ва кӯшиш мекард, то даме ки нафас мекашад, аз дуои неки модар бенасиб набошад. ӯ ҳамеша худро ҳангоми адои хидмати модар тифле меҳисобид, ки акнун ба дунё омадаасту ба ҳама суханҳои модари худ ба хубӣ гӯш медоду фармонҳои ӯ ба ҷо меовард.



Ибни Сирин ва дониши таъбири хоб

Ибни Сирин бештар бо доштани илми таъбири хоб миёни аҳли илм ва тақво машҳур аст, ки дар манбаъҳо ҳам аз таъбиргӯии ӯ ривояту нақлҳои зиёде маҳфузанд. Барои мисол, марде ба Ибни Сирин гуфт: дар хоб дидам, ки гӯӣ аз ҷоме гавҳарин асал мелесам. Ибни Сирин ба ӯ гуфт: аз Худо битарс ва ба хондани Қуръон баргард, ки ту Қуръон мехондӣ ва сипас онро ба фаромӯшӣ супурдӣ. Марди дигаре ба назди вай омад ва ба ӯ гуфт: дар хоб дидам, ки гӯё бар сарам тоҷе аз тилло қарор дорад. Ибни Сирин ба ӯ гуфт: тақвои Худовандро пеша кун. Падарат дар билоди ғурбат аст ва биноияшро аз даст додааст ва мехоҳад, ки ту ба наздаш биравӣ. Мард чизе нагуфт, балки барои таъйиди сухани Ибни Сирин номае аз падарашро ба вай нишон дод, ки барояш навишта буд, ки дар сарзамини ғурбат чашмонаш кӯр шуда ва ба ӯ дастур дода буд, ки назди вай биравад.



Гуфтор дар бораи Ибни Сирин

Ибни Авн мегӯяд: Се тан ҳастанд, ки дигар ба монанди онҳо надидаам. Ибни Сирин дар Ироқ, Қосим писари Муҳаммад дар Ҳиҷоз ва Раҷо писари Ҳива дар Шом. Абӯавона мегӯяд: Муҳаммад писари Сиринро дар бозор дидам ва ҳеҷ кас ӯро намедид, магар он ки ба ёди Худо меафтод. Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мегӯяд: Ибни Сирин фақеҳу олим ва адибу бисёр ҳадисгӯ ва ростгӯ буд, ки аҳли илм ва фазл бар он гувоҳӣ додаанд ва ӯ ҳуҷҷат аст. Маҳдӣ писари Маймун мегӯяд: Муҳаммад писари Сиринро дидам, ки ба монанди сухани мардум сухан мегуфт ва шеър месуруд ва бисёр механдид. Аммо ҳамин ки ҳадисе аз муснад хонда мешуд, чеҳрааш дар ҳам кашида мешуд ва худро ҷиддӣ мегирифт.



Саҳнае аз зиндагии Ибни Сирин

Ҷаъфар писари Мазруқ мегӯяд: яке аз ҳукком бо номи Ибни Ҳубайра Ибни Сирин ва Ҳасани Басриву Шаъабиро фаро хонд. Пас онон бар вай ворид шуданд. Ибни Ҳубайра ба Ибни Сирин гуфт: эй Абобакр, муддатҳост, ки ба назди мо наёмадаӣ. Ибни Сирин гуфт: назди Шумо ситаме ошкор дидаам. Писари бародари Ибни Сирин бо ишорае ӯро фаҳмонданӣ шуд, то ин сухан нагӯяд. Ибни Сирин гуфт: аз ту савол намешавад, балки аз ман савол мешавад. Ибни Сирин бидуни тарсу ҳаросе шикояташро дар назди ҳоким баён дошт. Пас аз ин ислоҳи кор дида шуд. Замоне Ибни Ҳубайра барои Ҳасани Басрӣ 4000 ва барои Ибни Сирин 3000, барои Шаъабӣ 2000 сикка фиристод. Ибни Сирин онро қабул накард. Чун ки ӯ гирифтани молро аз дасти ҳокимони давр хуб намедид. Ғайр аз ин медонист, ки моли равонкардаи онҳо аз ғараз холӣ нест.

Анас писари Молик (р) васият карда буд, ки Муҳаммад писари Сирин ӯро пас аз марг ғусл диҳад. Аммо Ибни Сирин ҳангоми вафоти Анас ба далели қарзе, ки дошт, дар зиндон буд. Ба ӯ гуфтанд, ки амир ба ту иҷоза медиҳад, то биравӣ. Вай гуфт: амир маро зиндон накардааст. Ҳамоно он ки ҳаққи баргардондани ман дорад, маро ҳабс намудааст. Баъд аз ин соҳиби ҳақро даъват карданд ва ба ӯ иҷозаи рафтан дод, то ғусли Анас (р) – ро баҷо биёрад.

Муҳаммад писари Саъд мегӯяд: аз Муҳаммад писари Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи иллати зиндонӣ шудани Ибни Сирин пурсидам. Гуфт: вай канизеро ба умми Муҳаммад, духтари Абдуллоҳ писари Усмон писари Абилъос фурӯхта буд. Пас, он каниз ба назди Ибни Сирин бозгашт ва шикоят кард, ки ӯро азият мекунанд. Ибни Сирин низ ӯро пас гирифт ва чун пулашро харҷ карда буд, бидеҳкор шуд ва ба зиндон афтод. Дар воқеъ, тақвои Ибни Сирин ба ӯ иҷоза надод он духтарро бори дигар баргардонад, то дубора мавриди озор қарор бигирад.

Убайдуллоҳ писари Сирӣ мегӯяд: Ибни Сирин гуфт: ман медонам, қарзе, ки боис шуд ба зиндон бияфтам, ба хотири кадом гуноҳам буд. Чиҳил сол пеш ба марде гуфтам: Эй муфлис. Убайдуллоҳ мегӯяд: Ин сухани Ибни Сиринро ба Абӯсулаймони Доронӣ бозгӯ кардам, пас гуфт: гуноҳонашон он қадар кам буд, ки ба ёд овардан ба кадом гуноҳашон муҷозот шуданд ва гуноҳони ману ту он қадар зиёданд, ки ёдамон намеояд, ба сабаби кадомашон муҷозот мешавем.



Суханони Ибни Сирин

Дар ҳаққи бародарат ситам варзидаӣ, агар бадтарин чизе ки аз ӯ медонӣ, бигӯӣ ва хубиҳояшро китмон кунӣ. Ибни Авн аз Муҳаммад писари Сирин нақл мекунад: агар он ки сухан мегӯяд, медонист, ки суханаш алайҳи ӯ навишта хоҳад шуд, кам сухан мегуфт. Ҷаъфар писари Салт мегӯяд: ба Муҳаммад писари Сирин гуфтам: чӣ боис шуд, ки аз қабул кардани ҳадяи Ибни Ҳубайра худдорӣ кунӣ? ӯ гуфт: эй Абӯабдуллоҳ, ӯ ин атияро барои гумони хайре, ки дар мавриди ман дошт, ба ман дод. Ҳоло агар ман ҳамоне ҳастам, ки ӯ гумон мекунад, ки шоистаам нест, онро қабул кунам ва агар оне, ки ӯ гумон мекунад, набошам, бароям ҷоиз нест, ки онро бардорам.



Дар бораи китоби «Тафсири хоб» - и мансуб ба Ибни Сирин

Китоби таъбири хоб ё тафсири хоби Ибни Сирин бисёр миёни мардум машҳур аст ва ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст. Аз ҷумла дастрас намудани он бо забони форсӣ низ мушкилие надорад. Аммо назари дуруст дар ин бора он аст, ки ин китоб навиштаи Ибни Сирин нест. Зеро бо вуҷуди шӯҳрати Ибни Сирин ва таърифи уламо ҳеҷ яке аз онҳо китоберо ба Ибни Сирин нисбат надодаанд. Ибни Сирин китобе нанигоштааст, балки ҳар чӣ аз вай то имрӯз дастраси мо гаштааст, аз тарафи шогирдонаш ба таври нақлу ривоят мебошанд. Шайхи машҳур, писари Ҳасан Оли Салмон дар китоби «Кутуби ҳазр минҳал уламо» ва китоби дигаре ба номи «Мунтахабул калом фи тафсирил аҳлом» дар ин маврид баҳс пардохта ва нисбат додани ин китобро ба Ибни Сирин дуруст надонистааст. Саҳеҳ он аст, ки ин китоб, ки ба ӯ нисбат дода шудааст, аз олими дигари шофеъимазҳаб Абдулмалик писари Муҳаммад Харкушии Нишопурӣ маъруф ба Абӯсаъди Воъиз мебошад.

Вафоти Муҳаммади Сирин

Муҳаммад писари Сирин соли 110 ҳиҷрӣ, 100 рӯз пас аз вафоти Ҳасани Басрӣ даргузашт. Вай ҳангоми вафот ҳаштоду чанд сол доштааст, ки дақиқ нашудааст. Вале васияти ӯ чунин буда, ки Ибни Авн гӯяд: тақвои Аллоҳро пеша созанд ва миёни худро ислоҳ намоянд ва ин ки агар мӯъминанд, Аллоҳ ва Расулашро итоъат намоянд ва ононро ба он чӣ Иброҳим (а) ва Яъқуб (а) фарзандонашонро васият намудаанд, васият кард, ки «эй фарзандонам, ҳамоно Аллоҳ динро барои шумо интихоб намудааст, пас намиред, магар дар ҳоле ки мусалмонед».

D K, 01-06-2011 15:01 (ссылка)

Л. Толстой: «Маро мусалмон бидонед»…

Нависандаи гениалӣ ва мутафаккири бузурги рус Лев Толстой на фақат дар фазои адабии собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ, балки берун аз он, дар кишварҳои хориҷӣ низ чун нависандаи бузургу тавоно эътирофу шинохта шудааст. Ин нависандаи зубдаву асил дар бойгонии таърихи адабиёти оламшумули ҷаҳонӣ аз худ осори гаронбаҳои ҷовидонӣ ба мерос гузоштааст. Навиштаҳои пурарзиши Толстой,к и ганҷи шойгонро мемонад, дар беш аз 100 кишвар бо забонҳои мухталифи мураваҷу умдаи дунё ба дасти нашр расидаанд.
Вале мутаассифона, на ҳама аз дидгоҳҳои фалсафӣ ва мӯҳтавои навиштаҳои ин нависандаи шаҳир, ки дар онҳо муаллиф муносиботу мулоҳизоти худро дар иртибот ба масоили динӣ, мушаххасан, нисбат ба Худо ва ишқу дониш баён доштааст, бохабаранд. Агар дар масири андешаҳои фалсафии Толстой гом бардорем,бидуни мушкил эҳсос менамоем,ки сар то пойи навиштаҳои ӯ мамлу аз рӯҳияи талошу ҷустуҷӯи ҳақиқати зиндагӣ, дарёфт образи идеалии ахлоқӣ, дарки қонунҳои пинҳону мармузи табиъат ва интиқоди маънавию иҷтимоъӣ аз муҳиту замонае,ки нависанда дар он кору зиндагӣ намудааст, мебошад. Ин аст,ки аз ибтидои солҳои 1870 ба баъд, дар навиштаҳои Л. Толстой як навъ таваҷҷӯҳи афзояндае ба мавзӯъоти марг ва ҳаёти баъд аз он, маъсияту надомат, тавбаву тазаррӯъ ва эҳёи рӯҳиву маънавӣ ба вузӯҳ ба мушоҳида мерасад. Мусалламан дар бештари чунин мавориду ҳолот тафакуру таддабури барои атрофиён ғайримаъмулии Толстой ғайри қобили дарк барои ҷомеаи он рӯзаи Русия ба назар мерасид. Ин буд,ки калисо ӯро барои доштани чунин тарзи тафаккур ва биниш мавриди такфир қарор дод, наздикони қадиму ошноёни қарин аз нависанда рӯй гардониданд. Дар чунин ҳолати вазнин, соли 1910, замоне ,ки нависанда 81 сола буд, аз манзили худ якумрӣ хориҷ мегардад ва таку танҳо, дар роҳ ба сӯи истгоҳи Астапов олами фониро падруд мегӯяд.
Чаро зиндагӣ дар интиҳо чунин сарнавишти талху ғамангезеро барои ин нависандаи бузург пеш овард? Бо тарки манзилу кошонаи хеш, ӯ ба куҷо равон буд? Посухи ин суолу пурсишҳоро метавон дар лобалои сутури номаҳои нависанда дарёфт ,ки дар зер бархе аз онҳо мурур хоҳад шуд. Аз ҷумла Л. Толстой дар як номаи хеш роҷеъ ба калисо чунин менигорад: « Ҷаҳону дунёи моддӣ ҳар чӣ мехост ва ҳар чӣ дар тавон дошт, ҳамаро дар ихтиёри калисо вогузошт, то он тавзеҳу шарҳи аҳдофи зиндагиро ба гунаи хоставу майли матлуби худ ироа диҳад. Дунё д ар хусумат ва душманӣ бо таълимоти Исои Масеҳ дидгоҳи хоси худро ба муқобила гузошт. Калисо дар тавзеҳи қавонини зиндагӣ тафсири ворунае пеш гузошт, ки бар асоси он муғойир бо таълимоти масеҳӣ кору зиндагӣ намудан, матлабу хостаи аслии калисо ба ҳисоб мерафт. Ва ин дар маҷмӯъ ба он мунҷар шуд,ки зиндагии башар бар мабнои қавонине муназзам гашт,ки он дар муқоиса бо даврони ҷоҳилият ва бутпарастӣ ба маротиб бадтару разилонатар буд. Калисо на танҳо бо чунин тарзи зиндагӣ ибрози мухолифат накард, балки бадтар аз он, усули зиндагиро ба гунае таъйид сохт ,ки гӯиё мӯҳтавои таълимоти Исои Масеҳ ҳам чунин буда».
Хонуми русе бо марди мусалмоне издивоҷ намуда, менависад,ки писаронаш х оҳиши пазируфтани исломро доранд ва биноан назари нависандаро дар ин робита ҷӯё мешавад. Толстой баъд аз мутолиаи номаи зани руси мусалмон шуда, чунин посух медиҳад: « Дар иртибот ба хоҳиши писаронат,ки хоҳиши пазируфтани дини ислом доранд, арзам ин аст,ки аз ҷониби худ бо тамоми вуҷуд чунин тасмими писаронатро шодбош мегӯям. Сарфи назар аз он,ки ин ҳарфҳо ғайри маъмулӣ ба назар мерасанд ва таълимоти масеҳият дар шакли саҳеҳи худ бароям аз арзиши воло бархурдор аст, вале ман бидуни тардиду шубҳа ба Шумо арз медорам, ки ислом бо нишонаҳои беруниаш ба таври баҳснопазир аз масеҳият беҳтару бартар аст. Бинобар ин, агар инсон бо масъалаи интихоби мазҳаби православӣ ва ислом рӯ ба рӯ гардад, шубҳае нест,ки фарди оқил исломро бар масеҳият тарҷеҳ медиҳад. Зеро ислом бархилофи мафҳумҳои сарбаставу мубҳаме ,чун муқаддасияти мураккаби сегона, эътирофи чизи содаву мантиқӣ - ваҳдонияти Худованду расули барҳақ будани пайғамбар Муҳаммад (с) аст, ки ба башар талқин мешавад».Дар мактуби дигари нависанда ба таври равшану возеҳ самараи ҷустуҷӯҳои фалсафӣ ва ҷаҳонбинии ҳоким бар тафаккуру назароти он замони нависанда эҳсос мешавад: «Худро бениҳоят хушбахт меҳисобам, агар ҳамаи шумо чун ман эҳсоси гироишу эътиқоди мазҳабӣ медоштед. Як каме дар ҷаҳони тафаккуру андешаи ман фурӯ равед. Шояд асли қазия бароятон рӯшан гардад. Ман дар зиндагии моддӣ ҳамакнун аз ҳар навъ муваффақият, чӣ аз лиҳози боигарӣ ва чӣ аз нигоҳи эҳтиром маҳрумам. Дӯстон ва хонаводаам аз ман рӯй гардонидаанд. Бархе либералҳо маро чун Гогол камақлу девона мехонанд. Як даста аз радикалҳо ба гӯшанишиниву ҳарзагӯӣ муттаҳамам менамоянд. Давлатмардон дар мисоли ман инқилобчии хавфнокеро мебинанду православҳо шайтонам медонанд. Ба ростӣ, таҳаммули ин ҳама бароя дар ин сину сол хеле сангин аст. Вале ман аз шумо хоҳиш дорам, ки маро чун мусалмон, як фарди солеҳу некандеш бифаҳмед. Танҳо дар ин сурат мутмаинам, ки ҳама чиз аз дунёи ботинии ман бароятон рӯшан мегардад»…

D K, 26-05-2011 19:43 (ссылка)

Посух ба шуб&#1203;а&#1203;о

(1. Чаро ҳоҷиён сангро мебӯсанд? Магар ин нишонаи сангпарастӣ нест? 2. Чаро дар Қуръон гапҳо гуногун ҳастанд? Чаро тартиб нест? 3. Чаро мардум бояд дар як рӯз панҷ бор ба Худо шеърҳои арабиро такрор ба такрор хонад? 4. Чаро Қуръон паёмбарони ҷуҳудро паёмбар мехонаду, мусулмонон ҷуҳудҳоро нафрат доранд? 5. Чаро агар Қуръон аз Худо бошад, дар он замин паҳну ҳамвор сифат шудааст?)
Ба номи Худо ва бо дуруди бепоён ба руҳи сарвари оламиён, оне, ки ҷаҳонро аз зулмату гумроҳӣ ва аз ибодати бандагон ба суи ибодати Худои бандагон раҳнамуд кард.
1. Шубҳаи аввал:
Аввалан мехоҳам ба ин шахс савол кунам, ки оё агар модаратро муддати дарозе надидӣ, сипас аз сафар баргашта бо вай вохурдӣ, оё даст, ё руи уро мебусӣ? Акидан медонам, ки дар ҷавоб мегуӣ, бале. Пас оё бусидани  сару руи модарат  нишонаи сару ру парастии ту аст?. Нишонаи он аст, ки ту руй ё сар ва ё дастпарастӣ?. Шояд бигуӣ, ки охир ин инсон аст вале он санг. Бале Ҳаҷарул асвад санг аст. Боз мегуям; Агар муддате аз маҳбубаат дур будӣ ва баъди чанд муддате ба ту номаи уро оварданд, ки дар дохилаш акси у буд. Оё онро ба даст гирифта мебусӣ ё на? Албатта ҷавоб мусбат аст.  Магар ин маънои онро дорад, ки ту коғази фотографиро парастидӣ?. Шояд бигуӣ, ки ин коғаз дар зоҳир барои ман ҳеч нест вале дар ботин як ҷаҳон маъно дорад ва маро ба ёди хотираҳое аз ишқу ошиқиям мебарад. Инчунин санги дар Каъба буда ба ҷуз санг  чизи дигаре нест, вале маъно ва хотироти ширине аз маҳбуб ва маъшуқамон  Аллоҳ дорад. Оё медонӣ ҳазрати Умар дар бораи ин санг чи гуфта буд. Замоне, ки гирди хонаи Худо тавоф мекард, ба Ҳаҷарул асвад наздик шуд ва онро бусид, гуфт: «Қасам ба зоти поки Худо эй ҳаҷаруласвад, ман медонам, ки ту як санге беш нестӣ, ки зарар ва фоидае намерасонӣ. Агар Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ро намедидам, ки туро буса мекард, ҳаргиз намебусидамат!». Аз суханони ин бузургмард чи фаҳмидӣ? Умедворам Худованд қуфли дили туро боз хоҳад кард. Мо мусалмонон ҳаҷарул асвадро ба хотири ибодат ва аз он талаби шафоат ва ё аҷре намебусем. Мо ба хотири пайравии Паёмбари бузургвор, он сангро мебусем. Зеро Паёмбари бузургвор ин корро карда буд.
Шубҳаи дуввум:
Дар куҷои Қуръон гапҳои гуногун аст? Як лутфу марҳамат карда мегуфтед, хуб мешуд. Сония манзури шумо аз гапҳои гуногун чист? Агар манзуратон ин бошад, ки ояте аз оятҳои Қуръон бо дигарӣ ихтилоф ё таноқуз дорад, сад дар сад хато мекунед. Шояд ихтилофу таноқуз дар фаҳму дарки шумо бошад, на Қуръон. Зеро ҳеҷ ояте аз оятҳои Қуръон бо дигарӣ зиддият ва ё ихтилоф надорад. Барои Қуръонро дуруст фаҳмидан тафсир ва сабабҳои нузул ва носиху мансухи оятҳоро донистан шарт аст. На ин, ки ҳар касе бо таври худ шарҳ диҳад. Масалан дар Қуръон арақ ва ё хамр марҳила ба марҳила дар се давр ҳаром эълон шудааст. Пас агар шумо баринҳо, ки аз тарҷумаи Қуръон, он ҳам Худо медонад, хонда бошед, истифода баранд, шояд фикр кунанд, байни оятҳо ихтилоф аст. Худованд дар марҳилаи аввал зарарҳои арақро, ки  аз фоидааш бештар аст баён кардааст. Дар марҳилаи дуввум мусалмононро амр кардааст, ки агар арақ хурда бошанд ба намоз наздик нашаванд ва дар марҳилаи охир онро палид ва аз амалҳои шайтон номид ва истеъмолашро ҳаром эълон кардааст. Гуфтан ба маврид аст, ки Қуръони карим яку якбора нозил нашудааст. Балки он аз тариқи ваҳй бар Паёмбар (алайҳиссалом) марҳила ба марҳила дар тулии 23 сол нозил шудааст.
Хулосаи калом барои мо мусалмонон ҳамин қадар барои фахр бас аст, ки ҳеч китобе аз китобҳои осмонӣ дар дунё аз таҳрифу тағйир солим намондааст, ба ҷуз Қуръон. Кӣ гуфта метавонед, ки дар дунё чанд намуд Қуръон аст? Ҳеч кас ба ҷуз шахси  носолим. Кӣ гуфта метавонад, ки китоби муқаддаси мусалмонон мисли китоби муқаддаси масеҳиён чаҳор ё панҷ шакл гирифтааст, ки якеаш бо дигарӣ тазод ва ихтилоф дорад?
Дар ин ҷо месазад гузидае аз ақволи мусташриқонро перомуни Қуръон биёрем, то баъзе аз  тангназарон чашми худро боз кунанд ва дарки воқеиятро кунанд. Чуноне, ки шоир дар ҳаққи чунин ашхос гуфтааст: “Суханшинос наӣ ҷони ман, хато ин ҷост”.
Лев Толстой нависанда ва мутафаккири маъруфи рус дар мавриди Қуръон чунин гуфтааст: “Ба зудӣ шариати ислом сар то сари оламро фаро хоҳад гирифт. Зеро Қуръон бо ақли инсон ва ҳикмати вай созгор ва мувофиқ аст. Имруз ман фаҳмидам, дарк кардам, ки он чизе, ки башарият ба он эҳтиёҷи бузург дорад ин шариати осмоние аст, ки ҳақро ҳақ медонад ва ботилро решакан мекунад”.
Пажуҳишгари амрикоӣ, Майкл Ҳарт соҳиби китоби маъруфи “Сад шахси абармард”  мегуяд: “Дар таърихи китобҳои осмонӣ ҳеч китобе аз таҳрифу тағйир солим намондааст, ба ҷуз Қуръон”.
Табиби машҳури Фаронса Морис Бокай гуфтааст: “Шахси оқиле, ки нусуси оятҳои қуръониро тиловат мекунад, аввалин чизе, ки руҳи вайро дар ҳайрат меорад ин бой будани Қуръон аз мавзуъҳои илмии дақиқ аст. Ба хилофи Таврот, ки вақте онро мехонӣ дар он хатоҳои бешумори илмие, ки имруз илм кашф кардааст, зоҳир мегардад. Вале дар Қуръон  илм хатогиеро кашф накардааст. Агар гуяндаи Қуръон инсон мешуд, пас чи гуна метавонист ҳақоиқи илмиеро бинависад, ки дар асри у кашф нашуда буд?.
Шоири овозадор ва маъруфи Олмон Иоган Гётте (1749-1832) дар мавриди Қуръон чунин навиштааст: “Сабку услуби Қуръон хеле муҳкам ва ҳайратангез аст... Қуръон китоби ҳамаи китобҳост. Чуноне, ки ҳамаи мусалмонон эътиқод доранд ман низ дар мавриди Қуръон чунин эътиқод дорам”. 
Шубҳаи саввум:
Мусалмонон ба Худо ҳар руз панҷ бор “шеърҳои арабӣ” намехонанд.
Аввал ин, ки он чи панҷ бор хонда мешавад намозҳои панҷгона аст, на шеъру тарона. Муҳтаво ва фалсафаи намоз муноҷот ва розу ниёзи банда бо Офаридгор ва Парвардигори хеш аст. Дуввум ин, ки он чи дар намоз хонда мешавад шеърҳои арабӣ набуда, балки каломи Худо ва санову ситоиш ва ниёиши банда ба Холиқи ҳастӣ, бо забони дин ва оини Худовандист.
Саввум аз назари ислом забони арабӣ забони хосси миллати араб набуда, балки он забони  дини мубини Ислом ва забни Қуръон-китоби Худовандист. Уламои ислом вақте мехоҳанд Қуръонро таъриф кунанд, чунин баён мекунанд: “Қуръон китоби муъҷизаосои илоҳист, ки аз ҷониби Худо бо лафзу маънояш ба Паёмбар (алайҳиссалом)  нозил шудааст”. Пас маълум мешавад, ки забони Қуръон забони осмонист, на арабӣ. Агарчанд интисоб ба миллати араб дошта бошад, ҳам. Ончуноне, ки терминҳо (истилоҳҳо) ва қонунҳои илмӣ ва техникӣ хосси ҳеҷ қавму миллате нест, балки ҳамагонӣ ва ҳамаҷоист, ҳамчунин забони Қуръон ҳам ихтисос ба қавму миллати хоссе надорад.
Гузашта аз ин на танҳо мусалмонон ҳатто масеҳиён ва яҳудиён ба қавли шумо дар вақти ибодат “шеърҳои..” оятҳои китобҳои муқаддасашонро мехонанд, ки аксаран бо забони ибрии куҳна навишта шудааст. Чаро бояд ин саволатро ба пайравони дигар динҳо мувоҷеҳ накунӣ?
Шубҳаи чаҳорум:
Аввал ин, ки калимаи дурусти он яҳудӣ аст, на ҷуҳуд. Ҷуҳуд дар истилоҳи форсӣ дар ҳолати таҳқир истифода бурда мешавад. Масалан шоир гуфтааст: “Хаёлатро парастишҳо намудам, агар ҷурме ҷуз ин дорам, ҷуҳудам. Шумо худатон дар ҳамин ибораи овардаатон яҳудиёнро таҳқир кардаед. Сониян ин, ки яҳудиёнро на мусалмонон балки худи паёмбаронашон лаънат кардаанд ва барои лаъни худ далелҳо ҳам доранд. Зеро онҳо қавми носипос ва бадбахте ҳастанд, ки нисбати паёмбарони Худо зулму ситам кардаанд. Ҳатто бисёре аз онҳоро ба қатл расонидаанд. Мо дар инҷо аз Қуръони карим шоҳиду далел намеоварем. Зеро мисли шумо Қуръонро қабул надоранд. Вале аз забони ғарбиён, ки шумо баринҳо онҳоро мепарастанд, далелҳо меоварем.
Таърихшинос ва табиби машҳури Фаронса Густав Ле Бон (1841-1931) , ки соҳиби чандин китобҳои муътабар дар Урупо мебошад, дар бораи яҳудиён китобе навиштааст, ки номи онро “Яҳуд дар таърихи тамаддунҳои қадим” гузоштааст. У дар китобаш яҳудиёнро танқид карда онҳоро қавми дуруя, тарсу ва риёкор васф намудааст. Инчунин дар китобаш исбот кардааст, ки яҳуд дар сохти тамаддунҳои қадим ҳеч саҳме надошта ба ҷуз қатлу ғорат ва фиребу найранг нақше нагузоштаанд.
Гузашта аз ин дар асре, ки мо зиндагӣ мекунем, худ шоҳиди он аст, ки чи гуна сеҳюнистҳои Исроил даст ба куштори мардуми бегуноҳ ва бесилоҳи Фаластин мезананд. Магар ҳодисаҳои нохуши ҳамлаи Исроил ба Ғазза, ки буи даҳшати он ҳоло ҳам аз машоми мусалмонон дур нашудааст, худ беҳтарин шоҳиди қатлу ғоратгарии сеҳюнистҳои яҳуд нест? Дар ҳамлаи соли 2007 и Исроил ба Ғазза мувофиқи оморҳои байналмилалӣ беш аз 1440 нафар шаҳид шуданд, ки аз миёни онҳо 420 нафарашон кудакон, 105 занҳо , 110 нафар пирамардон ва 14 нафар маъюбон ва 4 нафар рузноманигорон буданд. Қабл аз ин ҳамлаи ночавонмардонаи худ, Исроил навори Ғаззаро мудддати солҳои тулонӣ дар муҳосираи иқтисодӣ гирифта буд. Хулоса ҷиноятҳое, ки яҳудиён дар таърих кардаанд хеле дардовар ва ночавонмардона аст, ки забон аз гуфтанаш лол мемонад.
Шубҳаи охир:
Кофироне, ки душманӣ бо ислом доранд чунин далел овардаанд, ки гуё Қуръон заминро паҳну ҳамвор гуфтааст, ки гуё ин зиддият бо кашфиёти илмӣ дорад, ки дар он исбот шудааст, ки замин курашакл аст. Дар Қуръони Карим омадааст: “Ва заминро паҳну ҳамвор намудем”. Сураи “Ҳиҷр” ояти 19. Вале паҳну ҳамвор дар инҷо ба маънои он аст, ки дар куҷое аз курраи замин набошед дар пеши худ замини паҳновари васеъро мушоҳида мекунед. Ин сухани Худованд ҳеҷ зиддият ба курашакл будани замин надорад. Баракс исботи он аст, ки замин шакли курраро дорад. Зеро агар замин кура намешуд масалан дигар шаклҳои гиометрӣ ҳамчун росткунаҷа, секунҷа, шашкунҷа... мешуд ҳамаи ҷои он паҳну ҳамвор намебуд. Фақат ҳолате, ки ҳама ҷои ашё ҳамвор аст, ин шакли доира ё курра мебошад. Гузашта аз ин Худованд дар ояти дигар барои исботи курашакл будани замин фармудааст:  “Худованд замину осмонро ба ҳақ офарид ва шабро аз пушти руз ва рузро аз пушти шаб чарх мезанонад”.  Сураи “Зумар” ояти 5. Манзур аз давр ва ё чарх задани шабу руз гардиши замин дар гирди меҳвари худ дар баробари офтоб аст. Қуръон дар ин оят калимаи  (юкаввиру)-ро истифода бурд, ки ин калимаи дар асл аз вожаи “кура”, ки маънои шайъи доирашакл аст, мебошад ва таквир, ки масдари он аст ба маънои чарх задани доиришаклро мебошад. Пас оё чарх задани шабу руз дар атрофи замин ба шакли доирӣ маънои курашакл будани заминро надорад? Зеро ба таври доирӣ чарх задан танҳо дар атрофи чизе мешавад, ки худаш шакли курраро дорад. Бинобар ҳамин ҳатто худи олимони ғарбӣ иқрор ба ин доранд, ки Қуръон 1400 сол пеш, ки ҳануз илм ба иктишофоти васеъ нарасида буд, дар атрофи курашакл будани замин ва дигар кашфиётҳои илмӣ суҳбат кардааст.
Худованд дар Қуръон дар бораи дар ҳолати ҳаракат будани замин чунин фармудааст: “Ва куҳҳоро мебинӣ ва гумон мекунӣ, ки он ҷомид  (беҳаракат) мебошад, ва лекин онҳо ҳаракат мекунанд мисли ҳаракат кардани абрҳо”. Сураи “Намл” ояти 88.  Таваҷҷуҳ кунед, Худованд дар ин оят гуфт, ки куҳҳо мисли ҳаракат кардани абрҳо ҳаракат мекунанд. Маълум аст, ки абр худ ба худ ҳаракат намекунад, балки онро бод ҳаракат медиҳад. Инчунин куҳҳо ҳаракат намекунанд, балки ин замин аст, ки дар ҳоли ҳаракат аст ва куҳ ҷузъе аз замин мебошад, ки ҳамроҳи он ҳаракат мекунад ва мо ба чашми оддӣ ҳаракати заминро эҳсос намекунем. Магар ин далели муъҷиза будани Қуръон нест?.
 

D K, 26-05-2011 16:32 (ссылка)

Сартарош мусалмон шуд.

Марде ба сартарошхона даромад ва болои курсӣ нишаст, сартарош сони сафедро дар гардани мард баст ва гуфт: чи хел мӯи саратро паст кунам?

Мард гуфт: Бисмиллоҳ бигу ва оддӣ.

Сартарош гуфт охир чаро бисмиллоҳ, ва чи зарурате аст барои гуфтани бисмиллоҳ?

Мард гуфт танҳо хостам шумо ва худамро дар ибтидо ба зикри Худо ёдовар шавам.

Сартарош гуфт: касе, ки ба вуҷуди Худо бовар надорад чӣ зарурате ба гуфтани ин калима мемонад?

Мард: яъне шумо мехоҳед бигӯед, ки ба Худо ва офаридагори ин ҳама ҳастиҳо бовар надоред?

Сартарош: ҳамин тавр аст.

Мард: чи гуна чунин суханеро дар сар мепарваред? Чи чизе туро аз бовар доштани ба Худо боздоштааст?

Сартарош: бисёр пурсиши хуб. Бубин! Он қадар дур ҳама намеравем, вақте ба куча мебарои дарҳол дарк мекуни, ки Худо вуҷуд надорад.

Мард: аҷиб, чи гуфтан мехоҳӣ?

Сартарош: зеро агар Худо вуҷуд медошт ин қадар мардумони бемор дида намешуд. Оё агар Худо вуҷуд медошт ин қадар кудакони ятиму нокас вуҷуд медошт? Агар Худо вуҷуд медошт ҳаргиз чунин чизҳое дида намешуд.

Мард дид, ки сартарош инсоне аст, ки ақлаш танҳо дар чашмонаш аст, бинобар хомуш шуд то инки корашро ба поён расонид. ӯ аз сартарошхона баромад ва марди ҷанда ва мӯйдарозеро дид ва ӯро ба назди сартарошхона овард ва гуфт шумо як лаҳза пушти дар мунтазир шавед. Мард назди сартарош даромад ва гуфт: оё ту медони, ки ҳеҷ саратарош дар ин шаҳр вуҷуд надорад?

Сартарош хандае зада ба тааҷҷуб гуфт: чӣ... чӣ мегӯи? Охир чанд дақиқа пеш сари туро натарошида будам? Чӣ ман сартарош нестам??

Мард гуфт: як лаҳза, марди мӯйдарози ҷандаро ба наздаш даровард ва гуфт: агар саратарош вуҷуд медошт ин гуна ашхос дар ин шаҳр дида намешуд.

Сартарош гуфт: агар ин мард ба назди сартарош наояд ва сарашро тамиз надиҳад ба ман чи рабте дорад?

Мард гуфт: акнун дидед? Ҳамин гуна аст, Худо вуҷуд дорад аммо мардум барои рафъи ниёзҳояшон ба назди ӯ таоло намеоянд.

Сартарош лаҳзае хомуш шуд ва гуфт: яъне ман то ин замон такя ба ақли худ мекардам ва аз ҳақиқат ноогоҳ будаам? Намедонам чи гуна туро шукргузорӣ кунам, дар ҳақиқат чашмонамро кушодӣ.

D K, 26-05-2011 16:05 (ссылка)

Чанд донистан&#1251; аз паёмбарон.

Ягона касе, ки Худованд ба ҳаёти ӯ савганд ёд кардааст?

Паёмбари Худо Муҳаммад (с)

******

Ҳамонандтарин касон ба Паёмбари Худо (с)?

1-Ҷаъфар ибни Абутолиб (писари амаки Паёмбари Худо)
2-Абусуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмуталиб (писари амаки Паёмбари Худо ва бародари разоияш.

3-Қусам ибни Аббос (писари амаки Паёмбари Худо)

4-Соиб ибни Убайд ибни Абдуманоф

5-Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб, ки аз ҳама бештар ба Паёмбари Худо мушобеҳ буданд.

******

Чи чизе аз санг офарида шуда буд, ва ки дар санг паноҳ бурда буд ва кӣ бо санг ҳалок гашта буд?

Чизе, ки аз санг офарида шуда буд, шутури Солеҳ (а) буд.

Касе, ки дар санг паноҳ бурда буд, асҳоби каҳф буд.

Касе, ки бо санг ҳалог гашта буд, лашкари Абраҳа буд.

******

Се лағжиши забоние, ки аз Иброҳим (а) сар зада буд?

1-    Ба дӯстон ва рафиқонаш гуфт ман имрӯз беморам ва ҳамроҳ бо шумо ба идгоҳ рафта наметавонам.

2-    Вақте кофирон аз ӯ пурсиданд оё ту бутони моро шикастӣ? Гуфт не балки ин кардаи бути калонӣ аст.

3-    Вақте ҳамроҳ бо ҳамсараш Сора дар сарзамини Намруд буд ва яке аз лашкариён аз ӯ пурсид ин ҳамсарат аст? Гуфт не балки ин хоҳарам аст. Зеро Намруд гуфта буд аз он зан пурсед, ки агар он мард шавҳараш бошад ӯро бикушед ва агар падар ё бародараш бошад ӯро раҳо кунед.

******

Паёмбаре, ки ҳануз намурдааст?

Исо (а), ки Худо ӯро ба осмон бардошт.

******

Паёмбаре, ки дар осмон қабзи руҳ шудааст?

Идрис (а).

******

Номи сарзамини Шом?

Сарзамини Шом аз номи Сом писари Нуҳ (а) бармеояд. Сом ибни Нуҳ (а) дар ин сарзамин ҷойгузин гашта буд

*******

Лағжиши Нуҳ (а)?

Нуҳ (а) ба саге нигарист ва гуфт чи бад махлуқе аст ин саг, Худо ба ӯ расонид, ки аз ин беҳтарашро халқ кун агар аз тавони туст.

D K, 24-05-2011 15:29 (ссылка)

Бардошти як донишманд аз нукта&#1203;ое дар мавриди &#1207;ан

Бардошти як донишманд аз нуктаҳое дар мавриди ҷаниншиносӣ дар Қуръон

  
(Нависанда доктор - Кит Мур)

   
Узви колеҷи анатомии Канада, доктори фалсафа ва профессори ҷаниншиноси
Бахши анатомии донишгоҳи  тиббии Торенто дар Канада
Гузоришҳо дар бораи пайдоиш ва нашьунамои ҷанин дар чандин бахши гуногуни  аз Қуръони Карим зикр гардидааст. Вале танҳо дар солҳои ахир аст, ки маънои илмии бархе аз ин оятҳои Қуръони маҷид фахмида шудааст.
Таваҷҷуҳ ва алоқа дар бораи шархи маъноҳои ин оятҳои куръони як амри тозае нест. Мардум дар замони Пайгамбари ислом пурсишҳои гуногун дар бораи маънеҳои ин оятҳои марбут ба тавлид ва пайдоиши чанин дар раҳми модар менамуданд.
Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд; «У шуморо дар раҳми модаронатон марҳала пас аз марҳалаи торикиҳои се пушиш меофаринад» (ояти 6 аз сураи Зумар)
Таърих то ҳол рушан нанамудааст, ки аз чи замоне инсоният ба тавлид ва марҳалаҳои нашьунамои тифл дар раҳми модар пай бурдааст. Вале аввалин нигориш ба василаи Лионардо Довенчи дар асри 15 мелоди тарсим шуда буд.
Марҳала ба марҳала нашьунамо намудани чанин дар раҳми модар  авалин бор дар асри бистум тавассути Стартер дар соли 1941 гузориш шуд ва дар соли 1972 ба гунаи дақиқтари онро олимон баён намуданд.
«Се пушиши торике», ки дар Қуръон зикр гардидааст эҳтимолан ба се лоя ё се пуст:
1-Ҷидори шикам
2- Ҷидори раҳм
3- Ҷидори ҷуфт ва пардаи ҷанин будааст.
Агарчи тафсирҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад вале аз нукта назари илми ҷаниншиноси ин мантиқитарин бардошт мебошад.
«Он гоҳ, ки уро ба монанди қатрае дар ҷои амне қарор додем…» (сураи Муьминун ояти 13)
Қатраи нутфа ба унвони сперма ё сперматазоид таъбир шудааст.
Тафсири пурмаънотар ин аст, ки ишора ба (зайгот) нутфаи селулии омехта аз тухми модар ва спермаи падар аст, ки сипас  тақсим шуда, то ба блостосист табдил шавад ва дар раҳм «ҷои амн» гузошта шавад. Ин тафсир бо ояти дигари аз Қуръон ҳимоят мешавад, ки мефармояд:
«Вуҷуди инсон аз қатраи махлут ва омехта халқ мешавад»
Дар ин бардошт зайгот аз ба ҳам пайвастани спермаи мард бо овуми зан дуруст мешавад, ки дар Қуръон ба унвони «қатраи махлут» зикр шудааст.
«Сипас он қатраро ба сурати алақ ( мавҷуди золумонанд) месозем» (сураи Муьминун ояти 14)
Калимаи  «алақ» ишора ба золу ё хуношом дорад. Ин шарҳе муносиб аз марҳилаи ҷанинест, ки аз рузҳои 7 то 24 ки ҷанин ба ҷидори дохили раҳм часпида ва овезон аст. Ҳамон гуна ки золу ба пуст мечаспад ва низ ҳамон гуна ки золу аз мизбон хун мемакад. Бисёр муъҷизабарангез аст, ки шабоҳати зиёде байни марҳилаи ҷанини 23-24 рузаи инсон ва золу вуҷуд дорад.
Аз он ҷое, ки дар асри ҳафтум, ки ин изҳорот дар Қуръон баён шудааст, пизишкон микроскоп надоштанд, то ин ҷузьиёти микроскопии шакли золумонанди ҷанинро барраси намоянд, аз ин ҳақиқат огаҳи надоштанд. Аммо Қуръон инро ба мо пеш аз 1400 сол пеш баён намудааст, ки далолат бар муъҷиза будани китоби Худованди Карим мекунад.
Дар ибтидои ҳафтаи чахорум ҷанини инсони ба заҳмат ба чашм дида мешавад, чун аз як донаи гандум кучиктар аст.
«Сипас аз ҳолати золуҷа (хунпораи кучак)  «музға»( чизе шабиҳи тиккаи хоида шуда) месозем» (Сураи Муьминун ояти 14)
Калимаи «музға» дар араби ба маънои чизи ҷавида шуда ё тиккаи хоида шуда омадааст. Дар охирҳои ҳафтаи чаҳорум ҳомилаги ҷанин дар раҳми модар монанди як тиккаи хоида шуда мегардад.
«Сипас аз  тиккаи хоида шуда монанди устухонҳои сохта шуда ва он устухонҳоро бо бофти нарм (гушт) мепушонем» (сураи Муьминун ояти 14)
Ибтидо устухонҳо ташкил гардида сипас гушт даври онҳоро мепушонад.
Дар идомаи ҳамин оят омадааст: « Сипас аз ин мавҷуди дигаре месозем»
Ин ишора ба шакли шабихи инсон дар ҷанини дар ҳафтаи ҳаштум аст. Дар ин марҳила ҷанин хусусиятҳои махсуси инсониро бо оғози пайдоиши аъзои дохили ва хориҷи доро мегардад. Дар ҳамин марҳила пас аз ҳафтаи ҳаштум ҷанин дар раҳми модар аз номи ембриё ба фитос номгузори мешавад. Ин эҳтимолан ҳамон мавҷуди тозае ҳаст, ки дар ин оят ба он ишора шудааст:
«Ва У (Худованд) ба шумо шунавои ва бинои ва эҳсос ва идрок додаст,,,» (сураи Саҷда ояти 9)
Дар ин оят ба вуҷуд омадани ҳисси  шунавои ва бинои ва идрок ба ҳамин тартибе, ки Қуръон зикр кардааст, айнан ҳамин тартибро илми тибби ҷаниншиноси тасдиқ намудааст. Ибтидои тавлид ва пайдоиши гуши дохили пеш аз огози пайдоиши ҷашм буда ва мағз (маҳали эҳсос ва идрок) аз ҳама дертар пайдо ва тавлид мегардад.
«Сипас аз тиккаи монанди гушти хоидашуда қисмате ба гунаи бофти махсуси мушаххас ва қисмате ҳануз вижа нашуда …. Офаридем» (сураи  Хаҷ ояти 5)
Зоҳиран дар ин оят Қуръон ишора ба он дорад, ки дар ин марҳилаи ҷанини бахше аз бофтаҳо барои кори муайян ихтисос дода шуда ва қисмати дигари аз бофтаҳо ҳануз корашон муайян нашудааст. Барои мисол ҳангоме, ки  баъзе устухонҳо шинохта мешавад, бофтпайванди «мезинкайм» дар атрофи он устухонҳо ҳануз мушаххас нашудааст.Баъдҳо ин бофтаҳо ба сурати мушаххаси гуштпораҳо ва «лигамант»-ҳо ошкор мегарданд.
«Мо муқаррар медорем ҳар киро хоҳем то муддате дар раҳм бимонад.» (сураи Хаҷ ояти 5)
Ба назар мерасад, ки Қуръон дар ин яот ишора ба он дорад, ки Худо таъйин менамояд, ки кадомин ҷанинҳо то замони муқаррар дар раҳм бимонад. Илми пизишкии имруза исбот кардааст, ки бисёри ҷанинҳо дар аввалин моҳи ҷанини меафтанд ва фақат 30% аз тухмҳои ҷуфтшуда «зайгот»-ҳо то поёни рушди ҷанин  ва таваллуд зинда мемонанд. Дар маънои ин оят  низ тафсир шудааст, ки Худованд муқаррар мегардонад,ки ҷанин духтар ё писар гардад.
Тафсир ва бардоштҳои маънои дақиқ ва ҳақиқии оятҳои Қуръон дар мавриди рушди инсон дар марҳилаҳои ҷанини дар асри 7 мелоди (замони ваҳйи Қуръон) ба сабаби маҳдуд ва ночиз будани дониши инсони он замон, мумкин набудааст. Ҳатто 100 сол баъд аз он низ имкони фаҳми диқиқи он вуҷуд надошт.
Имруза мо метавонем ин оятҳоро хуб бифаҳмем чун илми ҷаниншиносии имруз ин фаҳми навинро бароямон омода сохтааст. Бешакку шубҳа дар Қуръон оятҳои фаровони дигаре марбут ба рушди инсон вуҷуд дорад, ки бо пешрафтҳои илмии оянда беҳтар дарк хоҳанд шуд.

Чи зебоянд &#1179;исса&#1203;ое, ки инсонро ба с&#1263;йи Худ

 Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад. Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…вақте ба қатори неъматҳои илоҳӣ нигоҳ мекунад, аз худ мепурсад ин ҳама неъмат барои ман будааст… онгоҳ саҳифаи неъматҳои илоҳиро ба диққат мутолиа мекунад Неъмати ақл .. саломатӣ ….. биноӣ ……… шунавоӣ
………… бӯёӣ
4
……… чашоӣ ………. тафаккур ……….. роҳ рафтан ………. нафас кашидан ……… хоб рафтан …….. шаҳват То ин ҷо расида, дигарашро намебинад, зеро ба фикри он меафтад, ки дар муқобили ин ҳама неъмат ӯ чи амале барои худои худаш кардааст? Онгоҳ орзу мекунад, ки як бори дигар ба дунё баргардад, вале афсӯс…. Чи қадар гуноҳ кардаӣ ?.. чи қадар нофармонӣ? Чи қадар кори имрӯзро ба фардо гузоштаӣ? Оё фурсат надоштӣ? Гумон кардӣ, ки чун ҷавонӣ нахоҳӣ мурд? Саломатиат фиребат дод? Моли дунё мағрурат кард? Мансабу мақомат туро ғофил сохт?
Бинобарин фаромӯш кардӣ! Сафарро фаромӯш кардӣ ! Қабрро фаромӯш кардӣ ! Маргро аз ёд
5
бурдӣ ! Худоро итоат накардӣ! Ибодати Худоро ба ҷо наовардӣ! Ҳоло худатро дар муқобили азобҳои илоҳӣ фикр кун ва ба ин суоли ман аз рӯйи имон ва инсофат посух бидеҳ! Агар дар ҳамон рӯзи сахт тамоми дунёро медоштӣ, чӣ қадар медодӣ то аз азоб наҷот пайдо кунӣ? Оре, ҳама ва ҳамаро медодӣ, то наҷот ёбӣ. Пас аз имрӯз ба фикри он рӯз бош то бо афсӯсу ҳасрат ба имрӯзат нигоҳ накунӣ! Огоҳ бош! Биандеш ва бикӯш, то дар он макони торику зулмонӣ, танҳо ва ғариб ва меҳмони нохонда набошӣ! Он ҷойе ки ё боғчае аз биҳишт ё чуқурие аз дузах хоҳад шуд! Пас ин достонро бихон ва аз он тӯшае барои худ бардор.
Ҷавоне аз як хонаводаи сарватманд дар ҷойе зиндагӣ мекард, ки ҳамаи васоили зиндагӣ барояш фароҳам буд ва бе ҳеҷ тарсе даст ба гуноҳ
6
ва бадахлоқӣ мезад. Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба ҷуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд. Аммо дар ҳамсоягии он ҷавон, ҷавони дигаре мезист, ки ба ҷуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду ҷавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Муъмин ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати илоҳӣ сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ ҳарф мезад. То он ки дар яке аз рӯзҳо ин дӯстон қарор гузоштанд, ки ба сайру гашт бираванд…
Ҳарду мунтазири болобар(лифт) буданд, вале он ба зудӣ поён наомад ва ҷавони мусулмон хост бинад, ки чи мушкиле дар он вуҷуд дорад. Ҳамин ки бо зӯр дарро каме боз карданду сарашро ба дохил бурд болобар бо суръати тамом ба сари он ҷавон фуруд омад ва сарашро аз тан ҷудо намуда, ба поин бурд ва тани хунолудаш дар бағали дӯсти гунаҳкораш боқӣ монд, аммо рӯҳи
7
боландааш ба сӯйи биҳишти Худои раҳмон ба парвоз даромад. Ҷавони гунаҳкор то ба худ омад ва тани хунолуди дӯсташро дар оғӯш дид, монанди падаре, ки фарзандаш ва модаре, ки ҷигаргӯшаашро аз даст дода бошад, гиря мекард ва фарёд мезад. Бародарам, азизам, чӣ гап шуд? Ба хона баргашт, дар ҳоле ки гиря мекард ва аз он чи аз даст дода буд ҳасрат мехӯрд. Шабу рӯз ба гуфтаҳо ва амалҳои дӯсти аз даст рафтааш фикр мекард. Аммо аз ҳама бештар ин суол зеҳни ӯро ба худ машғул карда буд, ки агар ба ҷойи ӯ ман сарамро дохил мекардам ва мемурдам, имрӯз ҷойи ман куҷо буд? Ҷойи дӯсти ман ҳатман дар биҳишт аст, аммо агар ман мемурдам ҷоям куҷо буд? Ин афкор боис шуд ки ҳолаташ аз шодӣ ба андӯҳ , аз дискатека ба масҷид ва аз мусиқиҳои лаҳву беҳуда ба хондани Қуръон табдил ёбад. Дар яке аз рӯзҳо тасмим гирифт, ки ба умра биравад ва бархе аз дӯстонашро бо худ ва бо пули худаш бибарад.
8
Онҷо дар назди Каъба, бо садои баланд мегирист ва мегуфт: «ба худоям чи бигӯям….? Чи кор кунам, вақте ки дар пешгоҳи Худованд ҳозир шавам»….? Ва зор-зор гиря мекард. Монанди касе, ки дар ҳамон рӯз фарзандашро аз даст дода бошад. Дӯстонаш мегӯянд: «мо ҳамон рӯз дар Макка роҳ мерафтем, гап мезадем, шухӣ мекардем ва механдидем, аммо ӯ сухан мегуфт ва чашмонаш пур аз ашк буд. Сухан мегуфт ва суханаш зикри Худо буду истиғфор. Ҳамеша мегуфт: «Худо раҳматат кунад, эй дӯсти ман! Агар он рӯз ман ба ҷойи ту мемурдам ҳозир чи коре мекардам? Аз Худо мехоҳам маро ба ту бипайвандад, сахт муштоқи дидори туам». Аз ӯ суол мекардем он шахс кист? Мегуфт: «касе, ки бо маргаш маро ба ин роҳ даъват кард. Касе, ки маргаш сабаби ҳидояти дигарон бошад, ҷойгоҳ ва мақомаш дар он дунё қобили васф нахоҳад буд».
Суханонаш тамом нашуда буд, ки ногоҳ аз болои сохтмоне санге ба сараш афтод ва дар ҳоле ки лабханд мезад гуфт: «бароям дуо кунед ҳамон
9
тавр, ки барои бародарам дуо кардам». Бо ин сухан паррандаи зебои рӯҳи латифаш ба сӯйи боғҳои ҷаннат ба парвоз даромад, то дар он макони абадӣ бо он дӯсти қадимии исломӣ хушҳолу ором бошанд. Умедворем, ки хонандаи нуктасанҷ худ азин достон бори маънӣ барчинад ва дарси ибрат баргирад.

D K, 24-05-2011 01:45 (ссылка)

«Сулаймон, дигар наё!»

Момаи Соҷида дар сӯзи дидори фарзанди муҳоҷираш даргузашт.
<< Сулаймон,дигар наё!>> Чанд мох пеш ё чанд сол пеш бояд,ин чумла дигар хел навишта мешуд.
Бояд менавиштам ки <<Сулаймон,биё!>> ва орзуи охирини момаи Сочида,ки 20 сол дар интизори фарзандаш буд,бароварда месохтам.
<<Бачам,дар хаму интернатут (интернетро дар назар дошт)бнавис,ки биёяд.Бнавис,ки ма ура шир дода будам,на захр.Бнавис, ки Точикистон тинчай,як бор бия бинумуш,беармон бимрам.Бнавис, мумкин бия, ки ба телефон  наомад...>>.
Бо шунидани хабари марги у ин харфхо нонавишта монд.Хамеша,хар гохе ба дидорбини мерафтам,аксе дар даст,аз фарзандаш Сулаймон сухбат мекард.Гохе шоди мекард,ки тирамох ё бахор меояд,аммо як соли ахир умедашро канда буд:<<Дигар у намеояд ва ман мемирам.>>
У марги худро бидуни дидори фарзанд фочиа медонист.Фочиае, ки ахиран ба хакикат пайваст ва у орзуи лахзаи дидори фарзандро бо худ ба хок бурд.Шаби охирини зиндаги,ки дигар касеро намешинохтааст,ба чуз аз Сулаймон харфе нагуфтааст.
Хатто об хам нахостааст,ки маъмулан инсонхо хангоми марг об мегуянд.Борхо шунидаам, ки инсонхо хангоми марг модар мегуянд,аммо кам аст, модаре , ки дар орзуи дидори руи фарзанд бимирад.
Чи кадар азиз будани фарзанд барои волидайнро аз орзухои ин модар медидам:<<Шукр, пул равон мекунад, аммо хок дар сари пули фарзанде, ки худашро намебини.>>
Сулаймон,фарзанди ин модар аз дехаи Бештигирмони нохияи Кулоб дар Ростови лаби Дони Русия хизмат карда, хамон чо оиладор шуд.Пас аз хидмати артиш хамрохи хамсари русаш ба Точикистон омад, вале дар соли 1991 ба Русия рафта, то кунун барнагаштааст.
Пеш аз ин дар марги бародараш низ хузур пайдо накард,харчанд сухбатхои телефониашро катъ нанамуда буд.
Наметавонам, Сулаймонро ба бемехри муттахам кунам, зеро намедонам сабаби аслии дигар  ба Точикистон наомадааш дар чист.Аммо хаминро метавонам бигуям,ки Сулаймон  дигар наё, зеро ягона нафаре, ки туро дар ватан интизор буд акнун зери хок аст.




D K, 24-05-2011 01:13 (ссылка)

«Сулаймон, дигар наё!»

Момаи Соҷида дар сӯзи дидори фарзанди муҳоҷираш даргузашт.
«Сулаймон, дигар наё!» Чанд моҳ пеш ё чанд сол пеш бояд, ин ҷумла дигар хел навишта мешуд.
Бояд менавиштам, ки «Сулаймон, биё!» ва орзуи охирини момаи Соҷида, хушдомани хоҳарбузургамро, ки 20 сол дар интизори фарзандаш буд, бароварда месохтам.

«Бачам, дар ҳаму интернатут (интернетро дар назар дошт) бнавис, ки биёяд. Бнавис, ки очат касалай, мембра. Бнавис, ки ма ӯра шир дода будам, на заҳр. Бнавис, ки Тоҷикистон тинҷай, як бор бия бинумуш, беармон бимрам. Бнавис, мумкин бия, ки ба телефон наомад…».

Бо шунидани хабари марги ӯ  ин ҳарфҳо нонавишта монд.  Ҳамеша, ҳар гоҳе ба дидорбинӣ мерафтам, аксе дар даст, аз фарзандаш Сулаймон сӯҳбат мекард. Гоҳе шодӣ мекард, ки тирамоҳ ё баҳор меояд, аммо як соли ахир умедашро канда буд: «Дигар ӯ намеояд ва ман мемирам.»

Ӯ марги худро бидуни дидори фарзанд фоҷиа медонист. Фоҷиае, ки ахиран ба ҳақиқат пайваст ва ӯ орзуи лаҳзаи дидори фарзандро бо худ ба хок бурд. Шаби охирини зиндагӣ, ки дигар касеро намешинохтааст, ба ҷуз аз Сулаймон ҳарфе нагуфтааст. 

Ҳатто об ҳам нахостааст, ки маъмулан инсонҳо ҳангоми марг об мегӯянд. Борҳо шунидаам, ки инсонҳо ҳангоми марг модар мегӯянд, аммо кам аст, модаре, ки дар орзуи дидори рӯи фарзанд бимирад.
Чӣ қадар азиз будани  фарзанд барои волидайнро аз орзуҳои ин модар медидам: «Шукр, пул равон мекунад, аммо хок дар сари пули фарзанде, ки худашро намебинӣ.»

Сулаймон, фарзанди ин модар аз деҳаи Бештигирмони ноҳияи Кӯлоб дар Ростови лаби Дони Русия хизмат карда, ҳамон ҷо оиладор шуд. Пас аз хидмати артиш ҳамроҳи ҳамсари русаш ба Тоҷикистон омад, вале дар соли 1991 ба Русия рафта, то кунун барнагаштааст.

Пеш аз ин дар марги бародараш низ ҳузур пайдо накард, ҳарчанд, сӯҳбатҳои телефониашро қатъ нанамуда буд.

Наметавонам, Сулаймонро ба бемеҳрӣ муттаҳам кунам, зеро намедонам сабаби аслии дигар ба Тоҷикистон омаданаш дар чист. Аммо ҳаминро метавонам бигӯям, ки Сулаймон дигар наё, зеро ягона нафаре, ки туро дар ватан интизор буд, акнун зери хок аст.

D K, 23-05-2011 06:23 (ссылка)

&#1202;у&#1179;у&#1179; ва масъулият&#1203;ои ду&#1207;онибаи

Хонавода рукни асосии ҷомеъа мебошад. Агар он ислоҳ шавад , тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад. Бинобар ин, дини Ислом таваљҷўњи зиёде ба хонавода дода ва бар зану мард масъулиятҳои дуҷониба ва вазифаҳои умумиеро воҷиб гардонидааст, ки риъояи онҳо саъодату хушбахтӣ ва муҳити солими хонаводаро таъмин менамояд.
Ислом хонаводаро муассисаи хурде медонад, ки аз ду шахсият (мард ва зан ) бино ёфтааст ва мард масъулияти сарпарастӣ, пешбурд ва ҳифозати онро бар ӯҳда дорад. Қуръони карим дар ин замина мефармояд:
«Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кўчаки хонавода ҳаққи роҳбарӣ доранд ва ҳифзу нигаҳбонии занон бар ӯҳдаи онҳост), ба он хотир, ки Худованд (барои ҳифзи низоми ҷомеъа ва танзими хонавода, мардонро дар баъзе сифатҳо бар занон бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст. Ҳамчунин барои он. ки (маъмулан мардҳо ранҷ мекашанд) ва аз моли худ (барои хонавода) харҷ менамоянд. Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори (амрҳои Худо ва Паёмбар (с) ва мутеъи гуфтаҳои шавҳарони худ ) буда, ҳифзкунандаи асрор (-и заношавҳарӣ) мебошанд, зеро Худованд ба ҳифзи он (асрор) дастур додааст».
Масъулиятҳои шавҳар
Аз нигоҳи Ислом зан ҳуқуқҳои зиёде бар шавҳари худ дорад. Дар Қуръони карим, дар ояти 228, сураи Бақара маълумоте зикр шуда, ки он асоси ҳуқуқии занонро дар ҳаёти оилавӣ ташкил медиҳад:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳо ва ҳуқўқҳое, ки бар онон аст, ба таври шоиста ҳуқуқе ҳам бар (ўҳдаи мардон) доранд» .
Аз ҷумла:
1- Таъмини хўроку пўшок ва ҷои хобашон ба сурати шоиста ва муносиб ба ҳоли ҳардуяшон.
2- Анҷоми робитаҳои ҳамсарӣ дар ҳадди маъмул.
3- Риъояи ҳуқуқ ва баробарӣ дар байни онҳо, агар аз як зан зиёд дошта бошад.
4- Барои мард хуб аст, ки ба ҳамсараш иҷозат диҳад то ба аёдат ва дидорбинии хешовандони бемораш биравад ва дар ҷанозаи онҳо иштирок намояд ва дигар хешовандон ва бастагони худро хабар гирад. Албатта, бояд дар назар дошт, ки ин амалҳои анҷом медодаи зан бар хилофи масолеҳи шаръии мард набошанд.
Масъулиятҳои зан
Мардон ҳам бар занони худ ҳуқуқҳое доранд. Худованд дар ояти 228, сураи Бақара мефармояд:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳое, ки ( дар баробари шавҳарони худ ) доранд, онҳо низ бар мардон ҳуқуқҳое шоиста доранд».
Аз ҷумла:
1- Зан бояд дар тамоми корҳо аз шавҳараш итоъат намояд. Албатта, бояд дар назар гирифт, ки мурод аз тамоми корҳо, корҳое аст, ки дар онҳо гуноҳ ва нофармонии Худованд нест ва корҳое аст, ки аз тавону тоқати зан берун намебошанд.
2- Зан бояд, ки амволу дороӣ ва хонаву манзил ва инчунин номусу ҳайсияти шавҳарашро ҳифз намояд. Бе ризоият ва огоҳии шавҳар аз хона ва манзили истиқоматиаш берун наравад.
3- Зан дар сурати зарурат ва бо дархости шавҳар ба ҳамроҳи вай ба сафар биравад.
4- Зан бояд ба хостаҳои фитрӣ ва ниёзҳои машрўъи шавҳар посухи мусбат диҳад.

5- Вақте шавҳар дар хона ҳузур дошта бошад ва мусофир набошад, зан бе иҷозати вай наметавонад рузаи нафлӣ бигирад.

6- Занро лозим аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият намояд ва дар ҳузури шавҳараш аз фарзандонаш нороҳат ва ғазабонӣнашавад. Онҳоро дашном надиҳад ва дар ҳаққашон дуъои бад накунад, зеро ин корҳо боиси нохушӣ ва ранҷиши шавҳар мешаванд.
7- Бо падару модар ва хешону наздикони шавҳар хушмуъомила бошад, зеро зане, ки бо падару модар ва наздикони шавҳар бадӣ ва муъомилаи беҷо менамояд, дар ҳақиқат ба шавҳараш бадӣ кардааст.

Подшо&#1203;и шайтони Арабистони Сауди......

Подшоҳи шайтони Арабистони Сауди Абдуллоҳ ибни Абдулазиз: Ўро дар ҳоли
шурби хамр бо шайтони бузург раиси ҷумҳури Амрико мушоҳида мекунед.
Баъд аз ин нишаст буд, ки бо хости ин навкари Амрико Исроил ба Ғазза
ҳамла намуд ва тамоми ҳазинаи он ҷанг ва куштори мардуми Фаластинро ин
малъун




ба уҳда гирифт.
Имрўз ҳокимони Арабистони Саудӣ бузургтарин
ёвари Амрико дар куштори муслимин ва зарба задан ба Ислому муслимин ин
навкари бе чуну чарои Амрико мебошанд. Дар аксҳои дигар
мебинед, ки подшоҳи Саудӣ ба Буш ва Убомо ду раиси мусулмонкушу душмани
Исломи Амрико ҳадяи гаронбаҳо медиҳад ва ин ҳадоё шояд аҷри
мусулмонкушии он ду аз тарафи подшоҳи Саудӣ бошад! Ҳамчунин имрўз
ҳукумати Саудӣ беш аз сад милиард доллар ба давлати Амрико қарз дода, ки
Амрико бо истифода аз ин пул шабу рўз ба куштори муслимин аз роҳҳои
мухталиф монанди аҷир кардани ваҳҳобиҳои саудӣ ва... машғул аст ва
албатта равшан аст, ки Амрико ин пулҳоро ҳаргиз ба ин навкаронаш бар
нахоҳад гардонд. Имрўза диктатурҳои Исломситез монанди Ибни Алӣ, ба
домани ин навкари Амрико ва Исроил ба Саудӣ паноҳ бурдаанд ва диктатури
Мисрро низ Саудӣ даъват кард, вале ў нарафт. Диктатури Яман низ дар
фикри паноҳ бурдан ба ўст. Имрўз бо исрори мардуми Миср диктатури Миср
Ҳусни Муборак ва фарзандонашро боздошт карданд, ки боз подшоҳи саудӣ ба
шўрои низомии Миср пешниҳоди ришва дод ва хост, ки дар ивази маблағе, ки
ў ба онҳо медиҳад аз боз ҷўии Ҳусни Муборак бигзаранд, вале хушбахтона
ин дархост рад шуд. Ахиран боз бо дастури Амрико ин навкари Амрико
лашкари Саудиро ба куштору саркуби мардуми Баҳрайн фиристод. Ва имрӯз
дар пеши чашмони ҷаҳониён бо хушхидмити ва хушҳол кардани Амрико ва
Исроил ва ҳамаи душманони Ислом дар Баҳрайн ба тахриби масоҷид ва
сӯзондани Қуръонҳо машғул ҳастанд. Бояд муслимин дуо кунанд то Худованд
муслиминро аз шарри ин хонадоне, ки имрўз навкарии томми Амрикоро ихтиёр
кардаанд наҷот бахшад ва зиллату хориро барояшон дар дунё ва охират
бичашонад. Албатта диққат дошта бошед, ки дар  зулми  ин золимон
олимнамоҳои ваҳҳобӣ низ шарик ҳастанд, ки тибқи дилхоҳи ин шаётин фатво
медиҳанд. Ахиран ҳам фатво додаанд, ки тазоҳуроти зидди ҳокимони
диктатур ҳаром аст ва ин фатворо дар яку ним милион нусха чоп кардаанд
ва мехоҳанд дар байни мардум пахш кунанд. Худованд ин язидиёнро бо Язид
маҳшур гардонад!


Хонандагон
таваҷҷўҳ кунанд, ки Амрико тамоми навкаронашро баъд аз ба хатар
афтоданашон раҳо карда ва аз ҳеҷ як ҳимоят накардааст монанди шоҳи Эрон,
Саддом Ҳусайн, Ҳусни Муборак, Муаммар Қаззофӣ ва ... . Иншоаллоҳ ин
сарнавишти нангин дар ҳамин дунё ба зудӣ домани ҳукумати Арабистони
Саудиро бигирад ва қабл аз азоби абадии охират шоҳиди зиллату хории ин
навкарони Амрико бо дасти худи Амрико ва муслимин дар ин дунё низ бошем,
иншоаллоҳ.

Суратҳои
ду шайтон ва навкарони онҳоро мушоҳида намоед ва худатон дар бораи онҳо
қазоват кунед. Оли Халифа подшоҳи Баҳрайн ва ҳамчунин подшоҳи Сауди дар ҳоли рақсидан ва шурби хамр бо Буш мебошанд.



 

Ҳадяи гаронбаҳои подшоҳи Сауди ба шайтони бузург Буш ва хиёнати ӯ бар мусулмонҳо





Ва
аксҳои дигар монанди даст додани подшоҳи Саудӣ ба Ҳилори Килинтун
вазири хориҷаи Амрико ва ғайра ки худ бинед ва довар бошед оё ин шайтон
метавонад

ходимайни Харамайн бошад ё на





D K, 16-05-2011 19:02 (ссылка)

Ман&#1203;а&#1207;и ислом&#1251; дар рубучин кардани ихтилоф&

Намунаҳои татбиқӣ:

Намунаҳои беҳамтое дар зиндагии Паёмбари Худо (с), вуҷуд дорад, ки ёронаш чӣ гуна аз ҳамдигар гузаштҳо кардаанд. Аз ҷумла:

1- Ихтилоф миёни Билол (р) ва Абӯзар (р):

Абӯзар (р) модари Билол (р)-ро сарзаниш кард. Билол (р) ба назди Паёмбари Худо (с) рафт ва аз ӯ шикоят кард. Абӯзар (р), ки акнун суханаш аз даҳонаш берун баромадаву пушаймон шуда буд, чорае наёфт, магар инки рухсорашро ба замин гузошт ва ба Билол гуфт: Савганд ба Худо, то рухсорамро бо қадамат зер накунӣ онро аз замин барнамедорам! Ҳамин буд, ки онҳо якдигарро бахшида ва ҳамдигарро ба оғуш гирифтанд.
2- Ихтилоф миёни муҳоҷирон ва ансор:

Муҳоҷирон ва ансор шамшерҳоро аз ғилоф берун оварданд ва наздик буд, ки шуълаи ҷанг миёни онон дар гирад. Паёмбари Худо (с) аз он огаҳ гардида ба назди онон омад ва гуфт: «Чаро мафкура ва равиши аҳли ҷоҳилиятро пеш гирифтаед?» Пас аз он гуфт: «Ин корро тарк кунед, ки хабис аст»[1] саҳобагон ҳама ба гиря омаданд ва шамшерҳо аз дасташон ба замин афтод ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Ин аст ресмони муҳаббати худовандӣ, ки Худо бо он бар бандагони мӯъминаш миннат мегузорад. Ин аст ҳамон неъмате, ки Худованд барои бандагони дӯстдоштааш онро муҳаё кардааст. Танҳо дини мубини Ислом буд, ки он дилҳои аз ҳам ҷудо ва парокандаро бо ҳам наздик кард. Ин ҳамон ресмони худовандӣ буд, ки ҳама бар он чанг заданд ва ба неъмати худовандӣ бо ҳам бародар шуданд. Бародарии динӣ аст, ки кинаву буғзҳои гузаштаро дар назари пайравонаш хурду назарногир кардааст.

Фармудаи Худост:

{وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعاً وَلاَ تَفَرَّقُواْ وَاذْكُرُواْ نِعْمَتَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاء فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِإِخْوَاناً وَكُنتُمْ عَلَىَ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا

«Ва ҳамагон чанг ба ресмони худовандӣ бизанед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигр будед ва ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид…»

Таърихнигорон бо санади саҳеҳ овардаанд, ки вақте саҳобагон ба ғазваи Бани Мусталақ баромаданд, мавлои Умар (р), ки онро Ҷаҳҷоҳ мегуфтанд дар миёни онҳо ҳозир буд. Ҷаҳҷоҳ бо марде аз ансор, ки номаш Синон ибни Вабра буд вориди гуфтугӯ ва ҷанҷол шуд. Синон дар ғазаб омад ва ҳар дуро овозашон баланд шуд. Ҷаҳҷоҳ тарафдорони муҳоҷири худро ба кӯмак талабид ва Синон қавми ансорро. Чун ин хабар ба сарвари мунофиқон Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул расид гуфт: ин масал, ки мегӯянд: «сагатро гурӯсна нигоҳ дор пайрават хоҳад буд ва агар онро фарбеҳ кардӣ худатро мехӯрад» рост будааст. Агар мо онҳоро аз диёрамон берун мекардем, ҳаргиз чунин кореро намекарданд, вақте аз инҷо ба Мадина баргардем гурӯҳи азиз ва мӯҳтарам (яъне ансориҳо) гурӯҳи залил ва хор (яъне муҳоҷиронро) аз Мадина берун хоҳанд кард. Зайд ибни Арқам аз ин хабар Паёмбари Худоро огаҳ намуд. Паёмбари Худо (с) ба назди саҳобагон омад ва дастур дод то аз ҷои худ бархоста ба роҳ бароянд то нифоқангезонро дигар фурсати эҷоди фитнаву ангеза намонад, зеро ҳастанд мардумоне, ки корашон танҳо дар миёни мардум фитна ва нифоқандозӣ аст ва ҳамеша фурсатҷӯӣ мекунанд то оташи нифоқро дар миёни мардум шуълавар созанд ва чуноне, ки саг обро мелақад ҳамон гуна дар номуси мардум забон дароз мекунанд.

Бубин, ки чӣ тасаруфоти ҳакимонае Паёмбари Худо (с) эҷод мекунад. Ӯ (с) ёронашро дастур медиҳад то ҳарчи зудтар ба роҳ бароянд то оташи фитнаро дигар ҳезуме барои шуълавар шуданаш намонад.

Беҳтарин роҳи пешгирӣ аз фитна ва даргирии оташи нифоқ дар миёни мардум, машғул сохатани онон ба масъалаҳои илмӣ ва муҳими ҷомеа аст, зеро ҳастанд масъалаҳои муҳиме, ки роҳҳои ҷустани ҳалли онҳо муҳимтар аз эҷоди нифоқ ва фитна аст.

Паёмбари Худо (с) ба назди Саъд ибни Убода омад ва ӯро аз ин моҷаро хабар кард. Саъд гуфт: эй Паёмбари Худо (с) агар бихоҳед ӯро қатл хоҳем кард ё аз даромадани ба Мадина ӯро боз медорем, Шумо эй Паёмбари Худо боиззаттарин ва ӯ залилтарини мардумон аст. Умар гуфт: эй Паёмбари Худо (с) иҷозат фармо то ӯро бикушам. Паёмбари Худо (с) гуфт: «Эй Умар, мардум нагӯянд, ки Муҳаммад ёрони худро мекушад»[2]

Ин аст манҳаҷи дуруст ва саҳеҳ дар таомул ва кашмокашиҳо дар марҳалаҳои даъват. Паёмбари Худо бо шеваҳои даъватии худ танҳо онеро мехост, ки маслиҳати даъват дар он буд. ӯ (с) аз касе молу ҷоҳ намехост, танҳо ончиро мехост, ки мардумро суд бахшад ва онон пандпазир ва аз ҷумлаи ҳидоятёфтагон шаванд. Аммо ин, ки барои интиқом гирифтан ҳадафи шахсӣ бошад ё инки як инсоне бар худ роҳи ғазабро мекушояд, чунин равише аз сифатҳои Паёмбари Худо (с) набуд.

Паёмбари Худо (с) Умар (р)-ро аз куштани Абдуллоҳ ибни Убай боздошт. Писари ӯ Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: эй Паёмбари Худо! Шунидам, ки мехоҳӣ падарам кушта шавад. Эй Паёмбари Худо агар мардеро мефиристӣ то падарамро бикушад, савганд ба Худо, ҳаргиз ором намешинам, ки қотили падарам дар замин зинда роҳ равад, аммо эй Паёмбари Худо барои худам иҷозат фармо то пас аз чанд лаҳзае сари падарамро ба наздатон биёрам! Савганд ба Худо, эй Паёмбари Худо агар мехоҳед, ман худам ӯро мекушам, чунки Шумо боиззаттарин ва ӯ залилтарини мардумон аст!!

Вақте Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул даргузашт фарзандаш Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ба назди Паёмбари Худо (с) омад ва аз ӯ хост пероҳанашро ба ӯ бидиҳад то онро кафани падараш кунад. Паёмбари Худо (с) дархости фарзанди Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салулро иҷро кард. Боз ӯ аз Паёмбари Худо хост то бар падараш намоз гузорад. Чун Паёмбари Худо (с) хост ба ӯ намоз гузорад Умар (р) аз ҷомаи Паёмбар (с) гирифт ва гуфт: эй Паёмбари Худо! Оё ба ин касе, ки Худоят аз намоз гузоштан бар ӯ бозат доштааст намоз мегузорӣ?! Паёмбари Худо гуфт: Худо маро мухаяр гузошта ва фармудааст:

استغفر لهم أو لا تستغفر لهم إن تستغفر لهم سبعين مرّة فلن يغفرالله لهم


«Мехоҳӣ барояшон омурзиш бихоҳ, мехоҳӣ омурзиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор, ҳам барояшон омурзиш бихоҳӣ, Худо нахоҳадашон омурзид…»  ва ман аз ҳафтод бор ҳам зиёд омурзиш мехоҳам»

Умар (р) гуфт: ӯ мунофиқ аст. Бо вуҷуди ин ҳама Паёмбари Худо (с) ба ӯ намоз гузорид ва мусалмонон низ ҳама намоз гузориданд. Пас ин сухани Худо нозил шуд:

ولا تصلِّ على أحد منهم مات أبدا ولا تقم على قبره


«Чун бимиранд бар ҳеҷ яке аз онон намоз нагузор ва бар сари қабрашон маист…»[3]

(Сураи Тавба: 84)


Мунофиқоне, ки аз фармонҳои Паёмбари Худо (с) саркашӣ карда буданд бо баҳонаҳои гуногун ба назди ӯ (с) меомаданд ва яке мегуфт: эй Паёмбари Худо ман беморам, Паёмбари Худо дар посухаш мегуфт: дуруст гуфтӣ, дар ҳоле, ки ӯ бемор набуд ва нишонаҳои беморӣ ҳам дар вуҷудаш дида намешуд, аммо ӯ беморӣ дар қалбаш дошт. Дигаре меомад ва мегуфт: эй Паёмбари Худо занам бемор буд ва натавонистам бо шумо ба ҷанг биравам, Паёмбари Худо (с) мегуфт: дуруст гуфтӣ. Дигаре меомад ва мегуфт: эй Паёмбари Худо ман марди нодорам, ки наметавонам шутуре бихарам барои баромадан бо шумо, Паёмбари Худо мегуфт: рост гуфтӣ. Худои бузургу тавоно дар мавриди ин гуна  муомилаи Паёмбар (с) фармуд:

عفا الله عنك لم أذنت لهم حتّى يتبيّن لك الذين صدقوا وتعلم الكذبين


«Худо авфат кунад, чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ»

(Сураи Тавба: 43)




Саранҷоми чунин равишҳои ӯ (с) чӣ буд? Якдилсозӣ ва муҳаббатандозӣ дар дилҳо. Яке аз онҳо ба назди Паёмбари Худо (с) меомад ва мегуфт: савганд ба Худое, ки ғайр аз ӯ худои дигар нест ту аз ҷонам ҳам азизтари.

Дигаре мегуфт: савганд ба Худо агар маро гӯед, ки ӯ (с)-ро сифат кунам, аз муҳаббат ва иззатнамуданаш наметавонам ӯро сифат кунам.

Ҳамагон (Худо аз онҳор розӣ бод) омода буданд то хунҳояшон рехта шавад ва гарданҳояшон бурида шавад, аммо хоре ба пои ӯ (с) нарасад… ин аст муҳаббат!

3- Ихтилоф миёни Муовия ва Ибни Зубайр:

Дар Мадинаи мунаввара киштзоре аз Муовия буд, ки дар паҳлӯяш киштзори дигареро Ибни Зубайр барои худ кишт мекард. Муовия, ки он замон сарзаминҳои бисёреро ҳукмронӣ мекард Ибни Зубайр коре ғайр аз кишт ва чорвочаронӣ надошт. Рӯзе коркунони киштзори Муовия дар киштзори Ибни Зубайр даромаданд, чун дар гузашта аз ҳам захмҳое дар дил доштанд Ибни Зубайр, ки ғазабнок буд варақеро дар даст гирифт ва ба Муовия навишт:

«Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон, аз Абдуллоҳ ибни Зубайр ибни ҳавории Паёмбар ва фарзанди Зоти Натоқайн ба Муовия ибни Ҳинди хӯрандаи ҷигарҳо[4]! Аммо баъд: коргарони ту ба киштзори ман даромаданд, савганд ба Оне, ки ғайр аз ӯ худои дигар нест ё коргаронатро аз кардаашон бозмедорӣ ва ё ман ба ту чорае меандешам!!

Муовия (р), ки марди порсо буд номаро хонд ва писараш Язидро, ки марди тезу тунд буд ба наздаш хонд ва номаро ба ӯ нишон дод ва гуфт бо ӯ чӣ хоҳем кард?

Язид гуфт: лашкареро, ки аввалаш дар Мадина ва охираш дар Димишқ бошад бифирст то сарашро аз танаш ҷудо карда ба наздат биёранд.

Муовия (р) гуфт: Не. Сипас кори беҳтар ва наздиктар ба бахшишу шафқатро пеш гирифт ва варақеро гирифта ба ӯ навишт: Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон. Аз Муовия ибни Абӯсуфён ба Абдуллоҳ ибни Зубайр ибни Ҳавории Паёмбар ва фарзанди Зоти Натоқайн. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ ва баъд: Агар дунё танҳо дар миёни ман ва ту бошад ва онро аз ман бихоҳӣ, онро ба ту хоҳам дод. Агар ин номаам ба дастат расид киштзорамро ба киштзорат ва коргаронамро ба коргарони худат изофа намо, онҳоро ба ту гузоштам, вассалом!!

Вақте нома ба Ибни Зубайр расид онро кушода хонд ва оби ашконаш болои нома сарозер шуд. Ба сӯи Димишқ раҳсипор шуд ва ба назди Муовия (р) даромад ва аз рӯи эҳтиром сарашро бӯсид ва гуфт: Худое, ки туро аз Қурайш ба инҷо овардааст аз ақл бебаҳраат нагардонад.


D K, 16-05-2011 17:47 (ссылка)

Аввалин дидори Одам Малакулмавт Азройл (а) ро

Одам алайҳиссалом низ паёмбари мукалламест,ки офаридааст ӯро Худованд (ҷ) бо дастони бе мислу монандаш ва саҷда намудаанд ӯро малойка.Дамонид Худованд дар ӯ рӯҳашро ва гардонид ӯро падари башарият.

Одам алайҳиссаломро низ малакулмавт бо худ машғулсохт ва  аз Худованд талаб намуд  то инки малакулмавтро бубинад ва бо ӯ мулоқот намояд.
Аз Акрама чунин ривоят аст ва чунин мегуяд: Дидаам дар баъзе саҳифаҳои Шис (а)ки Одам (а) чунин гуфт: «Эй Парвардигори ман бароям малакулмавтро нишон бидеҳ то бо чашмонам ӯро бубинам.Ин ҳангом Худованд ваҳй фиристод ба Одам  ки эй Одам малакулмавтро сифотест,ки ту қодир ба дидани ӯ нести.Вале ӯро ман ба  назди ту мефиристам ба шакли анбиёи ихтиёр шуда.Сипас фиристод Худованд ба назди Одам (а) Ҷаброил ва Микойл (а) ро васупорид ба дасти ин ду малаки муқарабаш малакулмавтро дар шакл ва ҳайати гусфанди сафеду сиёҳе,ки дар он сафедиаш зиёдтар дида мешавад ва дар ҳолеки ӯ бо  чаҳор ҳазор болҳо ё парҳои  боз ба назди Одам фуруд оварда шуд. Қисме аз ин болу парҳои малакулмавт тамоми осмонҳо ва заминро дар бар гирифта ва қисми дигари пару болаш тамоми заминро фаро гирифта буд.Қисми дигари он пару болаш аз машриқ то мағирбро дар бар гирифта буд. Дар пеши дастонаш тамоми ончи дар замин вуҷуд дорад аз куҳу саҳро бо фарозу нишебиҳояш бо сокинони ояндааш азҷин, инс, ҳайвонот, мавҷудот, баҳрҳо ва наҳрҳо,ғорҳо ҳатто ҳар ҷунбандае,ки дар саҳро ҷон дорад намоён буд. Чашмонашро боз намекунад магар дар ҳолатҳои хос ва паруболҳояшро низ намекушояд магар дар ҳолатҳои хос.Паруболҳои муждадиҳандаашро барои бандагони накӯкор боз менамояд.Аммо паруболҳоеки дорои занҷир ва дарафшҳои оҳанинашро  барои кофирон ва бадкирдорон боз менамояд(ҳангоми гирифтани ҷон).Ин ҳангом Одам (а) вақтоки ин шаклро дид як фиғоне бардошт ва беҳуш гашт ва ҳаргиз Одам (а) он соати рӯзи ҳафтумро фаромуш намекард.Пас аз чанде баҳуш омад дар ҳоле,ки арақ карда буд ва арақаш бӯйи заъфарон мекард».(1)

Худоё дар гирифтани ҷони мо осони ва калимаи шаҳодатро бар забонамон гӯё гардон ту ба ин қодиру тавонои .

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу