Все игры
Информация о группе
Заголовок:
Девони Шамси Табрези
Категория: Культура и Искусство
Описание: «Девони Шамс» дарёест, оромиши он зебову ҳаяҷони он фитнаангез аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз каф, пур аз бод аст. Мисли дарё ҷилвагоҳи рангҳои гуногун аст: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё ойинаи осмону ситорагону маҳалли таҷаллии ашааи Меҳру Моҳу Офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракату ҳаёт лабрез асту дар зери зоҳири сайқаливу ором дунёе пур аз тапишу пур аз талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад.

«Девони Шамс» девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотими тӯфонист.

«Девони Шамс» инъикоси як рӯҳи ғайриорому пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазаба аст.

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!

Зотеду сифотеду гаҳе аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед!

Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқ
Правила:
Интересы: