Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
Jimin Pak, 17-05-2020 17:19 (ссылка)

Корейский - легко и просто

Уроки корейского от действующего преподавателя в языковой школе в Сеуле. Если хотите бесплатно и профессионально выучить корейский, подписывайтесь, ставьте лайк и ждите следующих уроков~Они будут загружаться каждую неделю!

현직 한국어 강사가 강의하는 한국어 수업.
한국어를 전문적으로 공부하고 싶다면 참여해 보세요~매주 업로드됩니다!
구독과 하트 꼭 눌러주세요~

https://youtu.be/j1TM578icPw

Метки: корея, корейский, грамматика, бесплатно

Маколахои Сомонаи Васатият дар мохи Апрел

Ба иттилоъи ҳама хонандагони гиромӣ мерасонем,ки Сомонаи Васатият дар моҳи Апрел ин мақолаҳоро дар худ ҷой дода буд. Агар дар тули моҳ гузаратон наафтода буд, метавонед аз рӯйи ин лист мақолаи дилхоҳатонро интихоб намуда аз он истифода намоед. www.wasatiyat.tj www.wasatiyat.com 
1-)Аҳамият ва ҷойгоҳи хона дар Қуръон
2-)Сураи Ғошия
3-)Гавҳари покӣ
4-)Мехоҳи ба осонӣ дар вақти намози бомдод бархезӣ?
5-)Паёмадҳои шуми гуноҳ
6-)Ислом дини салом ва амон
7-)Ҳеҷ чизро беҷавоб нагузор
8-)Хақиқати талхро бинед, шунавед, фаҳмед ва ислоҳ гардед!
9-)Дар баёни лаънати шахсе, ки нишонаи хоси заминро тағйир бидиҳад
10-)Занги хатаре, ки муҷаррадҳо намешунаванд!!!
11-)Саломатии занон-солимии ҷомеъа
12-)Сураи Фаҷр
13-)Дармоне барои ғам ва андуҳ
14-)Маҳдудаи ҳиҷоби зан дар баробари дигар занон
15-)Паёмадҳои шуми гуноҳ
16-)Беҳтаринҳо дар ҳадис
17-)Ҳар кас он чизеро бо дигаре тақсим мекунад, ки аз он бештар дорад
18-)Ҳамомҳои шустушӯи гуноҳон
19-)Инро ҳам бояд биёмӯзем.
20-)Беҳтаринҳо дар ҳадис.
21-)Ихлос дар амал
22-)Занҳои «тахтабанд» ва ё ҳамсарони муҳоҷирон дар чи ҳолатанд? 
23-)Чанд донистанӣ аз паёмбарон.
24-)Беҳтаринҳо дар ҳадис.
25-)Занон дар тамаддуни бостон
26-)Сирри ибтило ва озмоиш!
27)Аз раҳмати Худо ноумед мабош
28-)Дустӣ бо ҷинси мухолиф: ҷозибаҳо, монеи шинохти комил
29-)Сураи Балад
30-)Шашсолагии “Бунёди Ҷамъиятии Васатият” ба кулли мухлисону ҳаводорон гиромӣ бод!!!
31-)Имонро ҳам бояд об диҳем
32-)Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст.
33-)Наҷоти ҷасади Фиръавн



Хуш омадед ба Cомонаи Васатият - Хона
www.wasatiyat.tj
Joomla! - the dynamic portal engine and content management system



KUHISTONI _, 25-06-2012 22:15 (ссылка)

ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН (6)

ВАЗИФАИ ВОЛИДАЙН ДАР НОМГУЗОРИИ ФАРЗАНДОН


Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам

Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим, аммо баъд...

(давомаш).................................

5. ВАЗИФАИ ВОЛИДАЙН ДАР НОМГУЗОРИИ ФАРЗАНДОН

Бояд волидайн барои фарзандонашон исмҳои муносиб ва хуберо интихоб намоянд. Исмҳои зишт ва бемаъниро ки аз ҷониби дӯстон дар мадраса, ё
ғайри мадраса мавриди тамасхур қарор бигиранд, интихоб накунанд. Дар ғайри ин сурат, онон эҳсоси ҳақорат мекунанд ва аз назари фикрӣ ва руҳӣ заиф хоҳандшуд.

6. ТАЪМИНИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН ВАЗИФАИ ДИГАРИ ПАДАР АСТ

Вазифаи падар аст, ки аз зиндагӣ ва саломатии фарзанд муҳофизат намояд ва ӯро ба қатл нарасонад. Зеро аъроби даврони ҷоҳилият бар асари ҷаҳолаташон духтарони худро ба хотири тарс аз фақр кушта ва зинда ба гӯр мекарданд, аз фарти ҷаҳолат, аз ин муҳим ғофил буданд, ки:

Яъне: «Худованд рӯзирасон ва соҳибқудрати бартар мебошад». (Зориёт; 58)
Ва онон нестанд, ки фарзандони худро рӯзӣ медиҳанд, балки Худованд розиқ аст. Худованди мутаъол дар каломи покаш, оёти мутаъадидеро бар мазаммати ин кори норавои онон ки ношӣ аз ҷаҳл ва қасовати қалбии онон буд, нозил фармуда аст:

 «Мусалламан, зиён мебинанд касоне ки фарзандони худро аз рӯи сафоҳат ва нодонӣ мекушанд». (Анъом; 140.)
Ва дар ояи дигар мефармояд:

 «Бигӯ, биёед, чизҳоеро бароятон баён мекунам, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром намуда аст: Ин ки чизеро шарики Худо қарор мадиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандонатонро аз тарси фақр ва гуруснагӣ, (-и алъон, ё оянда) мекушед, (чаро ки) мо ба шумо ва эшон рӯзӣ медиҳем (ва рӯзирасони ҳама моем, на шумо)». (Анъом; 151.)
Ва дар ояи дигар мефармояд:

«Ва (аз ончи ки рӯзӣ дар дасти Худо аст) фарзандонатонро аз тарси фақр ва тангдастӣ макушед! Мо онон ва шуморо рӯзӣ медиҳем (ва зомини ризқи ҳамагонем), бегумон, куштани эшон гуноҳи бузургест». (Исро; 31.)
Аъроби даврони ҷоҳилият фарзандони бегуноҳро ба хотири тарс аз фақр мекуштанд. Худованди азза ва ҷалла ононро аз ин амали зишт боздошт ва ба онон гӯшзад фармуд, ки рӯзӣ дар дасти Худованди
раззоқ мебошад .
Ба ҷиҳати таъкид ва итминони онон Худованди Қудус рӯзии сағир ва кӯчакро қабл аз бузургтарҳо зикр фармуд:

Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд: Гуфтам: Эй Расули Худо! Кадом гуноҳ бузургтар аст? Фармуд :
«Яъне и н к и б о Х удованде к и т уро о фарида, шарике қарор бидиҳӣ. Гуфтам: Баъд кадом?
Фармуд: Ин ки фарзандатро аз тарси ин ки бо ту ғизо бихӯрад, бикушӣ. Гуфтам: Баъд кадом?
Фармуд: Ин ки бо ҳамсари ҳ амсояат зино кунӣ».
(Бухорӣ; 4761, 7520, 6861 ва Муслим; 124, 125

Бадеҳист, ки ҳадиси мазкур, далели ин  укта низ мешавад, ки сақти амдии ҷанине ки чаҳор моҳи ӯ комил шуда аст, қатл маҳсуб мегардад, чун рӯҳ дар
ӯ дамида шуда аст. Ба ҳамин хотир, бояд ба шиддат аз он парҳез намуд.

7. ВАЗИФАИ ПАДАР ҲАД ВА МАРЗЕ ДОРАД, КИ АЗ ОН НАБОЯД ГУЗАШТ

Аллоҳ таъоло падаронро аз зиёдаравӣ ва ифрот дар муҳаббати фарзандон ки боиси ғафлати онон аз ҳуқуқи Аллоҳ шавад, манъ карда ва барҳазар дошта аст. Худованди азза ва ҷалла бо таври ошкор ва бепарда баён фармуда аст, ки зиёдаравӣ ва ифрот дар муҳаббати фарзандон мунҷар ба оқибати нохушоянде мешавад ва гӯё ки бо фарзандонаш душманӣ мекунад ва фарзандон душмани ӯ ҳастанд. Агарчи қасди фарзандон душманӣ ва зарар расондан ба падар нест, аммо вақте муҳаббати фарзандон ба ҷое бирасад, ки фарзандон вазифаи динии худро фаромӯш кунанд, ба манзалаи душмани ӯ мешаванд. Худованди мутаъол мефармояд:

 «Эй муъминон! Қатъан, баъзе аз ҳамсарон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд (ки шуморо аз роҳи Худо бозмедоранд ва дар ибодат ва тоат суст мегардонанд). Пас, аз эшон худро барҳазар доред» (Тағобун; 14.)

Ибни Касир мегӯяд: Худованди мутаъол хабар медиҳад, ки баъзе аз азвоҷ ва фарзандон душмани ҳамсарон ва падарон мебошанд, ин гуна ки ононро
аз амали солеҳ, бозмедоранд .
Худованди мутаъол дар ояи дигар мефармояд:

 «Ҳамоно, амволи шумо ва авлоди шумо фитна ва имтиҳонанд ва бидонед, ки назди Худованд аҷри азиме вуҷуд дорад». (Тағобун; 14.)

Ва дар ояи дигар мефармояд:

 «Эй муъминон! Мабодо, амвол ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил созанд. Касоне ки чунин кунанд (ва амвол ва авлодашон ононро саргарм ва ба худ машғул дорад) эшон зиёнкоранд». (Мунофиқун; 9.)
Достони писаре ки Хизр алайҳи-с-салом ӯро ба қатл расонд ва дар сураи Каҳф зикр шуда аст, фаромӯш накунем. Худованди Мутаъол дар ин маврид мефармояд:
 «Ва аммо он кӯдак (ки ӯро куштам) падар ва модараш бо имон буданд (ва агар ӯ зинда мемонд,) метарсидем, ки саркашӣ ва куфрро бад-онон таҳмил кунад (ва ишонро аз роҳ бибарад). Мо хостем, ки Парвардигорашон ба ҷои ӯ фарзанди поктар ва пурмуҳаббаттаре ба онон ато фармояд». (Каҳф; 80-81.)
Ибни Касир мегӯяд: Яъне ҳамин муҳаббати фарзанд аст, ки гоҳе падар ва модарро водор ба куфр мекунад .
Қатода мегӯяд: Ҳангоме ки ин фарзанд ба дунё омад, падару модараш хушҳол шуданд. Вақте кушта шуд, бар ӯ ғамгин шуданд ва агар ин бача зинда мемонд, сабаби ҳалокати онон мешуд .
Ибни Аббос ба ривоят аз Убай ибни Каъб мегӯяд: Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

 «Писаре ки Хизр ӯро кушт, дар сарнавишти ӯ куфр рақам зада шуда буд, ки кофири ҷибиллӣ ва фитрӣ буда аст». Ривояти (Саҳеҳи Муслим; 4386, Абудовуд; 4905 ва Тирмизӣ;
3150.)
Оёт ва аҳодиси мазкур, далел бар ин аст, ки мол ва авлод барои инсон имтиҳон ва озмоиш аз ҷониби Аллоҳи зулҷалол мебошанд, то инсони мутеъ аз осӣ ва гуноҳгор шинохта шавад.
Рӯзе Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} хутба мехонд, ногаҳон чашми мубораки ӯ ба Ҳасан ва Ҳусейн уфтод, ки ба сӯи он ҳазрат {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам} меомаданд. Онон пироҳанҳои сурхранге ба тан доштанд, ки гоҳе мелағжиданд ва меуфтоданд ва боз баланд мешуданд. Вақте он ҳазрат ононро дар он ҳол дид, аз минбар поён омад ва ҳар дуро бардошт ва назди худаш ҷилави минбар нишонд, сипас фармуд:

 Худованд рост гуфта аст, ки:

 Ҳамоно амвол ва авлоди шумо имтиҳон ва озмоиш
ҳастанд.

Ба ин ду бача нигоҳ кардам, ки роҳ мерафтанд ва мелағжиданд ва меуфтоданд, тоқат наёвардам, то ин ки суханамро қатъ кардам ва онҳоро баланд карда ва овардам.Ривояти (Тирмизӣ; 3707, Насоӣ; 1396,
Абудовуд; 935 ва Ибни Моҷа; 3590. Ва Албонӣ онро
саҳеҳ дониста аст.)
Вақте фарзандон барои падар ва модар имтиҳон ва озмоише ҳастанд, пас бар падар ва модар лозим аст, ки аз Худованди мутаъол муваффақият ва сарбаландӣ аз ин имтиҳонро талаб намоянд.
Муваффақият ва сарбаландӣ аз ин имтиҳон, замоне имконпазир аст, ки падару модар дастуроти Аллоҳ ва ҳуқуқи фарзандонро риоят кунанд ва аз ҳудуду қавонини Аллоҳ азза ва ҷалла таҷовуз накарда ва муҳаббати фарзандон сабаби ғафлат аз ёди Худо нагардад.
Аз Худованди азза ва ҷалла мехоҳем, ки ба мо ҳидоят иноят намуда ва аз шарри нафси аммора раҳоӣ бахшад, чаро ки бе тардид ҳидоятдиҳандаи
роҳи ҳақ ва сироти мустақим  Ӯст. 

Абдулқодир Шайх Иброҳим
Тарҷумаи: Нуриннисо Муллозода
Таҳияи: Меҳрубон Ҳимматзода 

KUHISTONI _, 25-06-2012 22:11 (ссылка)

ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН (5)

ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН (5)

Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам

Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим,
аммо баъд...


..........................(давомаш)





ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН, ВАЗИФАИ ДИГАРИ ПАДАР АСТ

Таълим ва тарбияти фарзандон ва водор кардани онон ба корҳои нек ва дуруст ва боздоштани онҳо аз корҳои зишт, вазифаи сангини падар мебошад,
зеро ин масъала ба дунё ва охирати онон ва саодат ва шақовати онон иртибот дорад. Худованди мутаъол мефармояд:

 «Эй касоне, ки имон овардаед, худатон ва хонаводаҳоятонро аз оташе ки сӯхти он мардум ва сангҳост, дур нигаҳ доред...» (Таҳрим; 6)
Ояи фавқ ҳушдоре боздоранда аз оташи ҷаҳаннам аст. Кадомин оташ? Оташе ки сӯхти он мардум ва санг аст ва масъулони он фариштагоне қавӣ ва сарсахт ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ аз дастури Худованд сарпечӣ накарда ва ончи ба он дастур дода мешаванд, анҷом медиҳанд .
Касе ки ба нидои малакутии Қуръони азимушшаън гӯш фаро надиҳад, ба яқин худро дар хасорат ва нуқсони абадӣ андохтааст. Худованди мутаол
мефармояд:

 «Бигӯ: Зиёнкорони воқеӣ касоне ҳастанд, ки (умр ва ҷони) худро (ба сабаби гумроҳӣ ва ҳатто умру ҷони аҳл ва иёл) ва вобастагони худро (бо гумроҳсозӣ) дар рӯзи қиёмат (ҳадар диҳанд ва) зиёнбор кунанд. Ҳон! Зиёни ошкор, воқеан, ҳамин аст». (Зумар; 15.)
Аммо инсон бо кадомин васила, худ ва хонаводаашро аз ин оташ ва он хасорат ва зиёни ҳамешагӣ наҷот бидиҳад.

Қатъан, инсон худро бо илм ва амал метавонад, аз ин оташ ва зиёни абадӣ наҷот диҳад, зеро рафтор ва кирдори дуруст аз илми муфид ва эътиқоди
солим сарчашма мегирад .
Агар илми муфид ва дурусте вуҷуд дошта бошад, аз куҷо ва чӣ тавр инсон метавонад аз рафтори дурусти исломӣ ва саҳеҳ бархурдор шавад.
Бад-ин сабаб, бар ҳар падари мусулмон лозим аст, ки фарзанди худро аз ибтидои кудакӣ, илми дин биёмузад, илме ки роҳ ва равиши зиндагӣ ва
саодати дунё ва охиратро барои онон бима карда ва таъмин намояд. Чуноне ки Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони маҷид ба Паёмбари маҳбубаш дастур
медиҳад, ки хонаводаашро ба намоз водор намояд:

 «Хонаводаатро ба намоз дастур бидеҳ ва худ низ бар он пойбанд бош» (Тоҳо; 132)
Ин Луқмон аст, ки фарзандашро ба намоз, ва ба кори нек дастур дода ва аз мункарот бозмедорад.

Чуноне ки Аллоҳи таоло аз қавли Луқмон двр Қуръони маҷид мефармояд

 «Ай писари азизам! Намозро чунонки шоиста аст, бихон ва ба кори нек дастур бидеҳ ва аз кори бад наҳй кун ва дар баробари масоибе ки ба ту мерасад, шикебо бош! Инҳо аз корҳои (асосӣ ва муҳимме) аст, ки бояд бар он азмро ҷазм кард ва субот варзид». (Луқмон; 17)
Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармояд:

 «Дар ҳафтсолагӣ, фарзандонатонро ба намоз амр намоед ва дар даҳсолагӣ ононро ба хотири тарки намоз, кутак бизанед ва рахти хобҳояшонро аз якдигар ҷудо кунед!» Ривояти Абудовуд; 418 ва Аҳмад; 6402 ва 6467 ва Албонӣ
онро саҳеҳ дониста аст.
Ҳикмати кутак задани фарзандон ба хотири тарки намоз ин аст, ки он ба намоз хондан одат намоянд ва то замони балоғат ба он унс бигиранд.
Ва ҳикмати ҷудо намудани рахти хоби фарзандон аз якдигар ба ин далел аст, ки аз васовиси шайтон ва ҳазари шаҳватпарастӣ дар амон бошанд, зеро дар
ин марҳала аз умр, бими он меравад, ки ба фасоду фаҳшо кашида шаванд, чаро ки синни навҷавонӣ, синни хатарнокест. Ба ҳамин хотир, Расули Худо
{саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ҷудо намудани рахтихоби бачаҳо дар ин с ин ва  омӯхтани одоб ва итоати дастуроти илоҳӣ ва ҳифозати аҳкоми ӯ амр
фармуданд.

 ВАЗИФАИ ПАДАР ВА МОДАР ДАР ҚИБОЛИ ФАРЗАНДОН

Падару модар бояд адолатро дар ҳамаи маворид: тарбият, нафақа, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар бораи фарзандонашон риоят намоянд, то дар дили
фарзандон ба иллати беадолатӣ ниҳоли кина ва ҳасодат ва душманӣ кошта нашавад, зеро душмании бародарони Юсуф бо Юсуф ба ҳамин
хотир буд, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, падарашон Яъқуб Юсуфро бештар аз онон дуст дорад. Лизо бо ӯ душман шуданд ва нисбат ба ӯ ҳасад варзиданд ва
тарҳи қатли ӯро пиёда карданд. Чунонки Аллоҳи зулҷалол мефармояд:: 

«Ҳангоме ки (бародарони падарии Юсуф) гуфтанд: Юсуф ва бародараш (Бенёмин ки аз як модаранд) назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо гурӯҳи нирӯманде ҳастем (ва аз он ду, бар падар судмандтар мебошем). Мусалламан, падарамон дар иштибоҳи рӯшанест. Юсуфро бикушед, ё ӯро ба сарзамине (дурдаст) биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон фақат ба шумо бошад (ва танҳо ва танҳо шуморо дӯст дошта бошад ва ба шумо меҳр варзад) ва баъд аз он, (аз гуноҳи худ пушаймон шавед ва тавба мекунед ва) афроди солеҳе хоҳед гашт (чаро ки Худо тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд)».( Юсуф; 8- 9.)
Ончи то инҷо баён гардид, ҳуқуқе буданд, ки дар синни кӯдакии фарзанд бар ӯҳдаи падар ҳастанд. Аммо ҳангоме ки фарзанд бузург ва ҷавон мешавад,
дар он вақт бар падар лозим аст, ки дар атоё ва бахшишҳо миёни онон адолатро риоят намояд, то падар боиси душманӣ ва кина миёни фарзандон
нашавад. Чӣ басо иттифоқ меуфтад, ки ба ҷиҳати адами адолати падар, фарзандон бо падар ва бародарон душман хоҳанд шуд .
Зеро дар ин аср, бисёре аз падарон баъзе аз фарзандонро бар баъзе дигар бо додани мол, ё замин, ё чизҳои дигар, фақат ба хотири асабонӣ шудан бар яке аз фарзандон, ё кутоҳии яке аз фарзандон дар ҳаққи падар, тарҷеҳ медиҳанд. Бадеҳист, ки ин рафтори падар, ҷанҷоли бузурге барпо мекунад ва гоҳе шуда, ки ҳамин фарзанди маҳрум, ба як ҳайвони ваҳшӣ ва дарранда табдил шуда ва падар ва бародаронашро таҳдид ба қатл мекунад, гарчи таҳдиди худро амалӣ накунад ва бародарашро ки бар ӯ тарҷеҳ додаанд ва дар ҳаққаш имтиёзи бештаре қоил шудаанд, душмани худ медонад ва дар тӯли зиндагӣ, монанди душман бо ӯ рафтор хоҳад кард ва робитаи ухувват байни онон қатъ хоҳад шуд.
Доктор Саъд Ҷовиш дар яке аз гуфтугӯҳояш ки ман низ дар он ҷаласа ҳузур доштам, гуфт:
 «Шунидам, ки дар ҳамин рӯзҳо, модаре яке аз писаронашро ба
додани амволаш бар фарзанди дигараш тарҷеҳ дода аст. Фарзанди маҳруме  ки пеш аз ин, мутеъи модараш буд, вақте мутаваҷҷеҳи ин масъала
мешавад, бо табаре ба модар ҳамла мекунад ва ӯро ба қатл мерасонад».
Қатъан, иллати ин ҳодисаи асафнок риоят накардани адолат аз ҷониби модар дар ҳаққи фарзандон мебошад. Он ҳам бидуни ҳеҷ далел ва тавҷеҳе аз ҷониби модар!!! Мутаасифона, амсоли ин гуна ҳаводис дар дунё бисёр иттифоқ меуфтад. Агар инсонҳо ба шаръи муқаддаси Ислом ва дастуроти Раббулъоламин пойбанд буданд, ҳаргиз ба ин сияҳрӯзӣ дучор намешуданд.

Оре, Худованд муфсидро аз муслеҳ мешиносад ва дастуроти вай садди маҳкаме аз вуқӯи шар байни хешовандон мебошанд.

(давом дорад)...........



Абдулқодир Шайх Иброҳим
Тарҷумаи: Нуриннисо Муллозода
Таҳияи: Меҳрубон Ҳимматзода

KUHISTONI _, 19-06-2012 22:04 (ссылка)

ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН (4)






Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам


Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим,
аммо баъд...


ВАЗИФАИ ПАДАР ДАР ҚИБОЛИ ФАРЗАНД НАФАҚА ДОДАН БА ӮСТ



Бояд донист, ки дар Ислом масъулияти инфоқ ва таъмини ҳазинаҳои фарзандон ба дӯши падар аст, чунонки Қуръони маҷид бар ин амр таъкид менамояд ва мефармояд:

 «... Бар ҳар фарде ки барояш навзод ба дунё омад, ризқ ва пӯшоки онон бар асоси урфи марсум воҷиб аст....» (Бақара; 233.)

Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аҷри инфоқ бар фарзандонро баён фармудааст. Гарчи ҳадис ба сароҳат аз хонавода сухан гуфта, аммо ба таври зимнӣ, фарзандонро низ дар бар мегирад .

Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст,ки Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва
саллам}фармуд :

«Диноре ки онро дар роҳи Худо харҷ кардӣ ва диноре ки онро барои озодии гардане инфоқ намудӣ ва д иноре ки онро ба мискин садақа додӣ ва диноре ки онро барои хонаводаат харҷ кардӣ. Аз миёни ҳамаи ин динорҳо, бузургтарин аҷрро диноре дорад, ки бар хонаводаат харҷ намудаӣ»
(Саҳеҳи Муслим; 1661.)

Ва дар ривояте омада аст, ки Расули акрам
{саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фармуд:

«Боарзиштарин диноре ки шахс онро инфоқ
менамояд, динорест, ки бар хонаводааш ва
савориаш дар ҷиҳод ва бар ёронаш дар роҳи Худо (ҷиҳод) инфоқ мекунад». (Саҳеҳи Муслим; 1660,)
(Ривояти Абудовуд; 1442) ва (Аҳмад; 6527, 6534, 6547) ва
нигаред, (Саҳеҳи Муслим; 1662. Ва Албонӣ) онро ҳасан дониста аст.

Падар ба хотири инфоқ бар фарзандаш,
мустаҳиққи подош ва савоб назди Худованди мутаъол мешавад. Ҳамчунин, агар бар фарзандони муҳтоҷ ва заифу ноболиғи худ, инфоқ накунад,гуноҳгор мегардад. Расули акрам {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам} дар ҳадисе мефармояд:

«Барои гуноҳгор будани шахс ҳамин андоза кифоя аст, ки шахсеро ки таҳти сарпарастии ӯст ва бо ӯ ғизо мехӯрад, аз байн бибарад». (Ибни Моҷа; 1692) ва
(Аҳмад; 6459.)

.............(давом дорад)


Абдулқодир Шайх Иброҳим
Тарҷумаи: Нуриннисо Муллозода
Таҳияи: Меҳрубон Ҳимматзода

KUHISTONI _, 19-06-2012 22:01 (ссылка)

ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН (3)





Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам

Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим,
аммо баъд...




 ВАЗИФАИ МОДАР ДАР БАРОБАРИ ТИФЛИ ХУД: ШИР ДОДАН БА КӮДАКИ ХЕШ



Худованди мутаол ба модар амр фармуда аст, ки
фарзандашро дусоли комил шир бидиҳад.
Қуръони Маҷид бар ин амр таъкид мекунад, чунон
ки мефармояд:

Модарон (аъам аз муталлақа ва ғайри муталлақа) ду соли тамом фарзандони худро шир медиҳанд, ҳар гоҳ яке аз волидайн, ё ҳар дуи эшон хостори такмили даврони ширхорагӣ шавад.
Илми ҷадид фоидаи ду соли ширдиҳии модар ба кӯдак аз пистони худашро собит карда аст, кишири модар муносибтарин ва беҳтарин ғизо барои
кӯдак мебошад. Зеро шири модар, мутобиқи обуҳаво ва фаслҳо тағйир мекунад. Дар зимистон гарм
ва дар тобистон сард аст, то б о мизоҷи тифл
созгорӣ дошта бошад ва нӯшидании гуворо барои ӯ
дар ҳар фасле бошад.

Ҳамчунин, аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ, кӯдаки солим ва хуб кӯдакест, к и б а м уддати ду с оли к омил а з
модараш шир бинӯшад, зеро ч унин баччае дар ин
муддати ду сол, авотиф ва эҳсосоти меҳрубонӣ,
нармдилӣ, лутфи модарӣ ва ниҳоят, раҳматро аз
модар мегирад ва ба ирс мебарад. Вақте Аллоҳ азза
ва ҷалла мефармояд:

Мехоҳад, собит кунад, ки шир додани модар ба
бачча дар муддати ду сол, ҳеҷ беморӣ ва зараре
мутаваҷҷеҳи модар намесозад.
Он касоне, ки шир доданро зарурӣ барои модарон
медонанд ва алайҳи он таблиғот менамоянд,
заифулимон ва шайтон ҳастанд, ки ин таблиғоти
беасосро ба роҳ андохтаанд. Бояд донист, ки онон
ҳеҷ гуна ҳамхоние бо шаръи муқаддаси Ислом
надоранд. Худованд зотест, ки афроди фосидро аз
муслиҳ мешиносад, чунонки мефармояд:
 Оё он касе ки (ҳама офаридагонро) офарида аст, намедонад, ҳол он ки ӯ борикбини огоҳ аст. Мулк; 14
Дар илми т иб с обит ш уда аст, з ане к и ба кӯдакаш
шир намедиҳад, дар маърази ибтило ба бемориҳои
пистон қарор дорад ... пас, ба яқин Худованди
офаридгор, доно ва пок ва бартар аст.

(давом дорад).................



Абдулқодир Шайх Иброҳим
Тарҷумаи: Нуриннисо Муллозода
Таҳияи: Меҳрубон Ҳимматзода

KUHISTONI _, 19-06-2012 21:59 (ссылка)

ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДОН (2)

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

...............(давомаш)

Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам
Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим,
аммо баъд...


Ҳуқуқи фарзанд бар падар қабл аз тавалуд оғоз
мешавад. Ин ҳақ, таваҷҷуҳ барои интихоби модари
хуб ва риоят намудани авомили в иросат а з я к
тараф ва фароҳам намудани муҳити солим барои
сарпарастии фарзандон аз ҷониби дигар мебошад.
Худованди мутаол дар Қуръони маҷид ба сароҳат
ба ин масъала ишора фармуда аст:

 «Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардон нопок аз они занони нопоканд ва занони пок мутаалиқ ба мардони поканд ва мардони пок мутаалиқ ба занони поканд. Онон аз нисбатҳои норавое ки ба онон дода мешавад мубарро ва муназзаҳанд. (Ба ҳамин далел) эшон аз мағфирати илоҳӣ бархурдоранд ва дорои рӯзии арзишманде мебошанд (ки биҳишти ҷовидон ва неъматҳои ғайри қобили тасаввури он аст)». Сураи Нур;26

Ибни Касир аз Абдурраҳмон ибни Зайд ибни Аслам ривоят мекунад, ки ӯ мегӯяд: «Занони хабис ва нопок мутаалиқ ба мардони нопок ва мардони хабис ва нопок аз они занони нопок ва занони пок шоистаи мардони пок ва мардони пок аз он занони пок мебошанд».
Ояи муборака ба ин мавзӯъ ишора менамояд, ки
вижагии марди поки муваффақ бо зани пок ва
вижагии зани поки муваффақ бо марди пок аст.
Баъзе аз муфассирон аз ин оя барои бароат ва покии сайида Оиша {разияллоҳу анҳо} қабл аз ин ки бароати ӯ дар Қуръон нозил шавад, истидлол кардаанд.
Ибни Касир мегӯяд: Худованд Оиша {разияллоҳу анҳо}-ро барои ҳамсари Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба ин далел интихоб кард, ки вай пок буд ва аз ҳар инсони поке поктар буд ва агар наъузу биллоҳ, эшон нопок мебуд, ҳам ба лиҳози шаръӣ ва ҳам ба лиҳози рутба ва арзиш барои ҳамсарии Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} салоҳият намедоштанд. Аммо чунин набуд,балки дур аз ҳар шоибаи палиде, дар айни покӣ ва
назоҳат қарор дошт. Чунонки, Худованди азза ва
ҷалла мефармояд:
Яъне «Онон аз ончи аҳли ифк ва душманониИслом мегӯянд, ба дур ва пок мебошанд».

Яъне ба сабаби дурӯғҳо ва туҳматҳои норавое ки
дар ҳақи онон гуфта шуда, мавриди мағфирати
Худованд қарор гирифтанд, яъне барои онон дар
боғҳои пурнеъмати биҳишт аз ҷониби Худованд
ризқи покиза ва хуб вуҷуд дорад. Ва дар ин оят
Худованди Муттаол ба Оиша {разиаллоҳу анҳо}
ваъда дода аст, ки дар биҳишт низ ҳамсари Расули
Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} хоҳад буд.
Дар ривоят омада аст, ки дар замони ҷоҳилият, яке аз асҳоб бо зани бадкор хешовандӣ дошт ва ҳангоме ки муслмон шуд, тасмим гирифт, бо вай издивоҷ кунад. Лизо, аз Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи васаллам} дар ин маврид машварат хост. Худованди
мутаол дар ҷавоби дархости ӯ ояи зайлро нозил
фармуд:

Дар аҳодис ва суннати набавии шариф низ барои
интихоб намудани ҳамсари солеҳ ва нек барои
издивоҷ амр шуда аст, чунонки Расули акрам
{саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мефармояд:

«Зан ба хотири чаҳор чиз никоҳ карда
мешавад: Ба хотири молаш, насабаш, ҷамолу
зебоияш ва динаш, фақат диндорро интихоб кун,
дастҳоят пурравнақ мешавад». Бухорӣ; 5091 ва
Муслим; 2661
Бале! Мебинем, ки Расули Худо {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам} дар ҳадиси мазкур мардонро ба
издивоҷ бо ҳамсари диндор ташвиқ менамояд.

Агар ҳамаи мардон ба ин дастури Расули гиромӣ амал намоянд, бидуни шак ба ҳадаф ва мақсади волои издивоҷ ки ҳамоно иффат ва покдоманӣ ва ташкили хонаводаи муъмин ва хуб аст, ноил хоҳанд омад.
Ҳикмат ва фалсафаи ин дастури Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ин аст, ки зан дар зиндагӣ, шарик ва мӯниси мард мебошад. Агар зан диндор бошад, фарзандони солеҳе ба дунё оварда ва тарбияти саҳеҳи исломӣ менамояд. Ва агар дин надошта бошад, фарзандони носолеҳ ва ба дур аз ахлоқи исломӣ ба дунё хоҳад овард, чун ахлоқи хуби падар ва модар дар фарзанд асар мегузорад ва рафторҳо ба якдигар сироят мекунад.
Домани модар маҳалли рушд ва нумӯи фарзанд
мебошад. Зеро фарзанд дар ҳар коре аз модар
таъассӣ меҷӯяд ва ӯро улгӯйи зиндагии худ
медонад. Ба ҳамин иллат, Расули Худо {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам} дар ҳадиси дигар мефармояд:

 «Барои нутфаҳои худ занони покиза ва
диндорро интихоб кунед ва занони дархур ва
шоистаи худро никоҳ кунед ва ба афроди шоиста
зан бидиҳед» Ривояти Ибни Моҷа ва Албонӣ онро
саҳеҳ дониста аст.
Ва дар ҳадиси дигар мефармоянд:


«Усули (занони) покдоманро издивоҷ
кунед, чун раг гироянда аст. Ривояти Дайламӣ дар
муснади Фирдавс ва Албонӣ онро (сохтагӣ) дониста
аст».
 Алҳуҷз [Ҳуҷуз ва ё ҳиҷз ҳар ду ба маънои асл
ва рустангоҳ (макони рӯидан) меоянд.] а сл в а
маҳалли рушд ва солеҳ, киноя аз иффат мебошад.
Маънои ҳадис ин аст, ки агар мард бо зани солеҳа издивоҷ кунад, фарзанде ба дунё меорад, ки бо хонаводаи ҳамсар дар амал ва ахлоқ ва ғайра мушобиҳат хоҳад дошт.

Оре! Бародари мусалмонам, нигоҳ кун, ки Ислом то чӣ андоза ба фарзандон таваҷҷӯҳ дорад?: Аз ибтидои пайдоиш ва чигунагии пайдоиш. Ин таваҷҷуҳи волои Ислом, бо интихоби дурусти ҳамсари солеҳ ва шоиста барои ташкили хонаводаи мусалмон ва ба дунё оварадани фарзандони солеҳ ва некӯкор таҳаққуқ меёбад.
Баъд аз издивоҷ, марҳалаи таваллуди фарзандон
мерасад. Дар ин замон аст, ки робита миёни зан ва
шавҳар ва асоси хонаводаи мустаҳкам мешавад.
Дар ин ҳангом, фазои хонавода иваз ва марҳалаи
тарбият ва таваҷҷуҳ ба фарзандон оғоз мегардад ва
эҳсосоти ҷадиде дар хонавода эҷод мешавад, ки
падар ва модарро водор ба фароҳам намудани
муҳите солим барои тарбияти фарзандонаш
мекунад. Дар ин рисола, ҳуқуқи фарзадон бар
волидайн ва вазифаи волидайн дар бораи
фарзандонро баён хоҳем кард.

(давом дорад).....

Абдулқодир Шайх Иброҳим
Тарҷумаи: Нуриннисо Муллозода
Таҳияи: Меҳрубон Ҳимматзода

KUHISTONI _, 16-06-2012 21:24 (ссылка)

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН (1)

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН (1)Муқаддимаи мутарҷим

Бисмиллоҳи-л-лазӣ ъаллама би-л-қалами ъаллама-л-инсона мо лам яълам

Наҳмадуҳу ва нусаллӣ ъало Расулиҳи-л-карим,
аммо баъд...

Нақл аст, ки фарзандонатонро бар асоси се хислат
тарбият намоед:
Дӯст доштани Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, дӯст доштани аҳли байти ӯ ва тиловати Қуръон Маҷид. (Тарбияту-л-авлод)
Қатъан, фарзандоне ки бар пояҳои фавқ тарбият
шаванд, Худованди мутаол ононро ба авҷи иззат ва
азамат ноил мегардонад .
Вазифаи падару модар дар қиболи тарбияти
фарзанд, бисёр сангин аст, бояд онон аз ҳангоми
таваллуд то вақте ки фарзанд ба синни балоғат
расида ва рӯйи пой худ меистад мувозиби ӯ буда ва
ӯро ба беҳтарин равиши тарбияте ки Расули акрам
{саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва бузургони дин
баён фармудаанд, таҳти назорат ва контрули худ
тарбият кунанд. Худованди мутаол дар ин маврид
мефармояд:

«Эй муъминон, худ ва аҳли худро аз оташ (-и дӯзах) ҳифз кунед!» (Сураи Таҳрим; 6)

Манзур аз наҷот додани хонавода ва фарзандон аз
оташи ҷаҳаннам, дур намудани онон аз аъмолест,
ки сабаби духули онон ба ҷаҳаннам мешавад.
Падар ва модар бо ахлоқ ва рафтори дуруст бояд,
улгӯи [намуна, рамз] амалӣ барои фарзанд бошанд.
Достони зиндагии Расули акрам {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам} ва саҳоба ва ғазваҳои он ҳазрат
{саллаллоҳу алайҳи ва саллам}-ро барои онон
таъриф намоед. Чунон ки саҳоба {разияллоҳу
анҳум} мегуфтанд:
Мо достони ғазавоти Расули акрам {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам}-ро барои фарзандонамон
таъриф мекардем.
Падар ва модар ҳар ду дар тарбияти фарзанд нақш
доранд, аммо чун д ар даврони кӯдакӣ вобастагии
фарзанд ба модар бештар аз падар аст, нақши
модар дар тарбияти фарзанд, таъсири бештаре
дорад. Иқбол ба занони мусулмон тавсия мекунад,
ки ба духтари гиромии Расули акрам {саллаллоҳу
алайҳи ва саллам} таъасӣ намоянд, то мардоне
ҳамчун Ҳусайн дар домани худ тарбият кунанд:

Мазраи таслимро ҳосил Батул (покдоман, порсо. Лақаби Фотимаи Заҳро духтари Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, саййидаи занони биҳишт)
Модаронро усваи комил Батул.
Он адабпарвардаи сабру ризо,
Осиёгардону лаб қуръонсаро.
Фитрати ту ҷазбҳо дорад баланд,
Чашму ҳуш аз усваи Заҳро мабанд.
То Ҳусайне шохи ту бор оварад,
Мавсими пешин ба гулзор оварад.
Бино бар ин, модарон бояд нақш ва таъсири худро
боварӣ дошта бошанд ва дар тарбияти фарзандони
азизи худ аз ҳеҷ талоше дареғ наварзанд:
Кӯдак ҳар ончи дорад аз оғӯши модар аст،
Гар зишт бошад ва агар некахтар аст.
Хӯе ки аз нахуст касеро ба сар нишаст,
Ӯро ҳамора то ба дами марг бар сар аст.
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,
Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳаргуна дафтар аст.
Агар таърихро варақ бизанем, мебинем, ки
модарони бузург ва накӯкор бо дуо ва
таваҷҷуҳоташон тавонистаанд, фарзандони
бузургеро ба ҷомеа таҳвил бидиҳанд.
Шавқӣ мегӯяд:
Ятим касе нест, ки падар ва модараш мурда
бошанд ва ӯро бепаноҳ ва дармонда барҷой
гузошта бошанд, балки ятими воқеӣ касест, ки
модаре бетаваҷҷуҳ ва падаре саргарм ва машғул ба
кори худ дорад.
Дастуре,ки ҳозир тавассути яке аз нависандагон араб ба номи Абдулқодир Шайх Иброҳим дар робита ба

ҳамин мавзӯъ (тарбияти фарзандон) ба нигориш
даромада аст. Банда баъд аз мутолиаи он, тасмим
гирифтам, онро ба забони форсӣ тарҷума кунам, то
бад-ин васила тавониста бошам, хидмате ҳар чанд
кӯчак, ба ҷомеъа арза намоям. Тарҷумаи онро ба
падар ва модарони огоҳ, ки ба тарбияти
фарзандонашон алоқаманд мебошанд, тақдим
медорам.
«Парвардигоро, аз занони мо ва фарзандони мо ба мо рӯшании чашмон бибахш ва моро барои парҳезгорон пешрав бигардон» (Сураи Фурқон; 74)

Уммуазизурраҳмон Нуриннисо Муллозода

(давом дорад)...


Абдулқодир Шайх Иброҳим
Тарҷумаи: Нуриннисо Муллозода
Таҳияи: Меҳрубон Ҳимматзода

Эълони сомонаи "Андеша"


Дӯстони гиромӣ! Сомонаи www.andesha.tj
тасмим гирифтааст, ки китобхона ва хазинаи маводи таълимӣ ба забони
тоҷикӣ ташкил диҳад. Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои
ҷамъоварии мавод ба мо кӯмак намоед.
Агар Шумо мехоҳед, ки китобҳои
илмӣ, бадеӣ, дарсӣ, динӣ, корҳои дипломӣ ва курсӣ, реферат ва ё ягон
маводди хонданибоб ва муфидро дар сомонаи мо ҷой диҳед, лутфан онҳоро ба
суроғаи электоронии мо info@andesha.tj ирсол намоед. Пас аз тафтиши маъмурияти сомона, маводи шумо дар сомонаи мо ҳатман ҷой хоҳад гирифт.

Уважаемые друзья! Сайт www.andesha.tj
желает создать электронную библиотеку и базу данных обучающего
материала на таджикском языке. Поэтому, просим Вас помочь нам в сборе
материала.
Если Вы хотите разместить на сайте научную,
художественную, учебную или религиозную литературу, дипломные и курсовые
работы, рефераты или другой интересный и полезный материал, пожалуйста
высылайте его на наш электронный адрес info@andesha.tj. После проверки администрацией сайта, ваш материал обязательно будет размещен на нашем сайте.





АДАБ ХУСНИ ИНСОН ACТ

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хохӣ.
Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хасоили ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфта:
Ман маниҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.
Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае хаст:
«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омухтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Бо ин маънӣ Абулҳасани Фаррухӣ гуфтаасг:
Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб,
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.
Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зохир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:
Адаб беҳтар aз ганҷи Корун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад
Бадриддин Ҳилолӣ бо як илҳоми шоирона хеле бамаврид мегуяд:
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.
Адаб дар назари аҳли ҷуд, бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷисари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест.
Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:
Боядат аввал адаб андухтан.
Пас дигар касро адаб омухтан.


Метки: Ахлок

НАСИХАТ БА ПИСАР

Эй писар,гар бар гуфтан афтад кор,
Гайри харфи наку магу зинхор.
Дар хузури касон наку баргуй,
В-ар ба гайбат раси ,накутар гуй.
Фахшу дашном магзарон ба забон,
Ки аз он хар ду уфти ба зиён.
Фахшгу шуд табохкор,табох,
Хешро з-он нигох дор нигох.
Аз суханхои харза во кун хуй!
Харзагуй гузору харза магуй!
Харза гуфтан зи акл дур бувад
Хам наку гу агар зарур бувад
Хар сухан нест лоики гуфтан,
Хар гухар нест кобили суфтан.
Тутиён ,ки аз сухан шакар шикананд,
Хама ширинкаломи анчумананд.
Сухан он бех ,ки ончунон гуй
Ки бувад чумла хайру некуи
Накуни чун дарои нодони,
Ки забонро бо харза чунбони.
Хештанро бо харза озори,
Бар сари хештан бало ори...
То нагуфти,сухан ба фармон аст,
Сухангуфтаро чи дармон аст?
Зарар андар сухан зи хад беш аст,
Марди пургуй душмани хеш аст

       КАМОЛИДДИН БИНОИ

ПАНДИ ПАДАР.

Туро ман панд мегуям падарвор,
Писарчон,панди ман бо худ нигах дор.
Ба гуши чон шунав ин панди моро.
Ба хар як мушкили то оядат кор.
Халиму ботамизу боадаб бош,
Ки бошад беадаб шармандаву хор.
Ба даст овар дилеро то тавони,
Шавад пайдо туро ёрони гамхор.
Мачу харгиз бади,зеро Худованд,
Набахшад золимони мардумозор.
Намо андешаву в-он гах сухан кун,
"Сухан бисёр гуфтан-ин ба хар бор".
Пайи таълими илму маърифат шав,
Зи устодон сабак омузу асрор.
Касе,ки сохиби илм асту дониш,
Варо бошад хамеша кадри бисёр.
Ба хар чо эй чигарбанди азизам,
Фурутан бошу ботамкину боор.
Сафар ин пандро хонад бароят,
Худо бошад туро ёру мададгор.

НАСИХАТРО ТАРК НАКУНЕД

Шунидани панду насиҳат боиси ба камолот расидани инсон мешавад. Хушбахтӣ насиби он кас мешавад, ки ба панди шунидааш амал намояд. Ҳар кас кирдори носазоеро бинад, бояд ба ҳар равише набошад, он рафторро манъ кунад, ё ин ки нораво буданашро ба он шахс фаҳмонад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Агар дар қавме як нафар гунаҳкор бошад ва он қавм имкони манъ карданашро дошта бошанду манъ накунанд. Худои Таъоло азоби худро ба он қавм қабл аз мурданашон нозил мегардонанд”. Ин азоб ба шакли зилзила, тӯфон, бемориҳои гузаранда ва дигар офатҳо сурат мегирад.
Дар ҳадиси дигари Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст: “Ҳар гоҳ шумо уммати маро дар ин ҳол бубинед, ки аз золим гуфтани золим метарсанд, пас шумо аз он гурӯҳ ҷудо шавед”. Яъне маҷлис, маҳфил ва ҳамнишинӣ бо он гурӯҳро тарк намоед. Тавре аз ин гуфтаҳо бармеояд, ҳангоми дидани рафтори ноҷо хомӯш истодан гуноҳ аст. Ба гуфтаи Шайх Саъдӣ чунин рафтор ба он монанд аст, ки нобиноеро мебинӣ, ки лаби чоҳ омадаасту ӯро хабар намекунӣ:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Аз ин рӯ, насиҳатро ҳеҷ гоҳ набояд тарк кард. Паёмбари Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ба саҳобагон чунин гуфтанд: “Ҳар гоҳ уммати ман амри маъруфу наҳйи мункарро тарк намоянд, аз баракоти ваҳй маҳрум мегарданд ва ҳар гоҳ якдигарро дашном диҳанд аз назари Худо меафтанд, яъне залил мешаванд”.
Ҳар гоҳ мардум амри маъруф (даъват ба корҳои нек) ва наҳйи мункар (боздоштан аз корҳои нораво) тарк намоянд, аз баракати ваҳй маҳрум мешаванд. Ваҳи, яъне Каломи Худо (Қуръони Маҷид) дар синаҳо мавҷуд аст, дар дӯконҳо ниҳода шудааст, лекин аз баракати ӯ (тақвою парҳезкорӣ) мардум ба он сабаб маҳруманд, ки таблиғи аҳкоми Худоро тарк намудаанд. Ҳамчунин имрӯз дашному бадгӯӣ байни мусулмонон он қадар ривоҷ ёфтааст, ки онҳо аз назари Худо афтода, дар чоҳи зиллату мусибат афтодаанд. Аз ин рӯ, вақте дуо мекунанд, асаре аз қабулияти он вуҷуд надорад. Аз мусибатҳо наҷот металабанд, вале роҳи халосӣ намеёбанд.
Имом Тирмизӣ ривоят мекунанд, ки Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармуданд: “Қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар қабзаи қудрати Ӯст, ҳатман бояд шумоён якдигарро ба корҳои нек амр кунед ва аз бадиҳо ҷилавгирӣ намоед, вагарна наздик аст, ки Худо бар ҳамаи Шумоён азоб бифиристад. Дар он вақт шумоён ҳатман ба даргоҳи Худо дуо мекунед, аммо Ӯ дуои шумоёнро қабул нахоҳад кард (Зеро насиҳат ба якдигарро тарк намудаед).
Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки аъмоли инсон тухми роҳату оромиш ё мусибату азоб ҳастанд. Аз корҳои неки инсон ниҳоли неъмату оромиш сабз мешавад, лекин аз аъмоли бад дари балою офатҳо кушода мегардад. Махсусан аз тарк намудани амри маъруфу наҳйи мункар ба сари мардум азоби умумӣ меояд. Ҳамчунин маълум шуд, ки якдигарро дашном додан боиси аз назари Худо афтодан мешавад. Ривоҷ ёфтани зинову бадкорӣ боиси қаҳтию зиллат ва тангдастӣ хоҳад гашт. Аз наҳсии зино маргу мир зиёд мегардад. Бо ривоҷ ёфтани беҳаёӣ вабо ва бемориҳои дигар зоҳир мешаванд, ки дар замони падарони гузашта ҳаргиз пеш наёмадааст.
Дар “Мушкот” омадааст: “Ҳар қавме, ки дар он ришва (пора) гирифтану ришва додан ва хиёнат ривоҷ ёбад, ҳайбати душман бар дили онҳо ғолиб мешавад. Касоне , ки закотро адо накунанд, боронгарӣ кам шуда хушксолӣ меояд. Зулм кардан ва қасами дурӯғ хӯрдан молро зоеъ ва занонро безурёт мекунаду ободиҳо вайрон мешаванд. Вақте ба ягон неъмат шукр накунанд, он аз даст меравад”.
Барои дур кардани мусибату душвориҳо лозим аст, ки инсон сифатҳои имонӣ, яъне зикри Худо, намоз, парҳезкорӣ, шукр, тиловати Қуръон, кӯмак ба ятимону бечорагонро одат намояд. Зеро аз саховат намудан мол тараққӣ мекунад, садақа додан ғазаби Худоро хомӯш мегардонад ва дар вақти мурдан хавфзадаю парешон намешавад. Аз тақвою истиғфор ризқ аз ҷое мерасад, ки худи кас онро чашмдор нест. Аз шукргузорӣ неъматҳо фаровон мешаванд. Касе , ки ҳоҷати мусулмонеро бартараф созад, Худо ӯро мадад хоҳад кард. Барои наҷот ёфтан аз азоби қабр ҳеҷ чизе аз ёди Худо болотару таъсирбахштар нест. Гуфтаҳои болоро ба самъи мардум расонидан ҳам як навъ насиҳат буда, ба хонандаю расонанда савоб мерасад. Зеро орифе фармудааст:
Хайр кун, ё далели хайре бош,
То туро ҳам дар он савоб диҳанд.


Метки: Модар, имон

ДАР ЧОРРОХАИ АНДУХ

Дар миёни чоррохаи андух,
Бишнавам сози шодиёнаи Модар.
Гум гашта дар издихомаи анбух,
Ёфтам худро бо нишонаи Модар.

Тифлаке будаму Модари пирам,
Аз мани ширхора меболид.
Гох-гох бо навои алла зери лаб,
Дар сари гохвора менолид.

Нолааш рози нихоне дошт,
Дарди калб буду сузи чоне дошт.
"Номбардори ман боши то фардо"
Гуфта дар дил ормоне дошт.

Рохбин гаштаму модари рахпо,
Рохгардиву рахрави омухт,
Рохпаймоиву рохкушоихо,
Руи шохрохи одами андухт.

Кучаке будаму Модари дунё,
Бахри ман Сандуки ният бикшод.
Тору пуду вучуду ормонаш,
Бо мурод ба чортахтае чо дод.

Дар шаби домодиям Модар,
Чор хазинаи дилаш бикшод,
Харчи дошт у аз сандуки химмат,
Пеши пои аруси ман бинход.

То шавад пур чортахтаи калбам,
Чор фасли умр бар ман дод.
Худ макон карда чордеворе,
Бар сари чорроха бифристод…

Рахраве дар чоркучаи андух,
Чашми бедори Модарам хохам,
Мархаме бахри калби ночорам,
Дардошное ба бистарам хохам!

АЛЛАИ МОДАР ДАВОЮ ДАРМОНИ ФАРЗАНД АСТ

Ду бихиште доштам, дар рузгори хештан,
Батни модар он якеву дигаре домони у.




Метки: Модар

Чон фидои як нигохи дилрабоят модарам

Чон фидои як нигохи дилрабоят модарам,
Он навозишхои пур мехру вафоят модарам.
Хар кучо рафтам агар рохам хатарнок буд вале,
 Боз гаштам назди ту ман бо дуоят модарам.


Метки: Модар

KUHISTONI _, 04-01-2012 21:35 (ссылка)

ДИЛ ЧУН МУТЕЪ ГАШТ,ЧАРОГИ НАЗАР ШАВАД

Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехўрад падар чу писар беҳунар шавад.
Сўйи муҳит дўш давидам зи ташнагӣ,
Обе наёфтам, ки лаби коса тар шавад.
Берун намекунад зи қафас тутии маро,
Гар хони рўзгор пур аз найшакар шавад.
Ашкам зи дида пой ба рўям ниҳодааст,
Ин тифл рафта‐рафта худобехабар шавад.
Акси рухи ту зинда кунад ҷони мурдаро,
Тарсам, ки рўйи оинаҳоро хабар шавад.
Хат ҳам дамиду фитнаи он чашм кам нашуд,
Золим чу пир гашт, ситамгортар шавад.
Бар боғбон умеди самар аз ниҳол нест,
Нахле, ки солхўрда шавад борвар шавад.
Эй Сайидо, чӣ суд аз ин кимиёгарӣ,
Толеъ агар мадад бикунад, хок зар шавад.

КуДАКРО АДАБ ЁД ДИХЕД

Бузургтарин сарном, ки волидайн ба фарзанд медиҳад, таълими адаб аст.
Вазифаи аз ҳама сангини падар ин боадаб тарбия намудани фарзанд ба шумор
меравад. Хуб нишастан, хуб гуфтан, хуб нигоҳ кардан, хуб хӯрдан, ба
атрофиён нағз муомила намудан бояд аз кӯдакӣ ба бача таълим дода шавад.
Баъзан ҷавононро мебинем, ки худ дар арафаи падару модар шудан ҳастанд,
вале дар маърака дуруст нишастану чӣ гуна ғизо хӯрданро намедонанд.
Оянда фарзандони онҳо чӣ гуна тарбия меёбанд?

Соҳиб ибни Ибод марди
саховатманде буд. Ӯ гуфтааст: "Ман саховатмандиро аз модарам омӯхтам.
Рӯзҳое, ки мехостам ба мадраса равам, модарам ба ман миқдоре пул
медоданду мегуфтанд: "Инро садақа кун". Ин одат дар ҳоли бузург шудан
ҳам дар ман боқӣ монд. Ман фаҳмидам, ки инсон на танҳо ғами худ, балки
ғами дигаронро низ мехӯрад".

Муаллифи китоби "Тарбияти фарзанд аз
назари ислом" Ҳусайни Мазоҳирӣ навиштааст: "Ғизоеро, ки барои бачаатон
омода мекунед, ба ӯ диҳед ва бигӯед, ки ба апа ё хоҳарат низ бидеҳ. Шумо
ба ӯ меҳрубонӣ ва дилсӯзиро ёд медиҳед".

Имрӯз бисёриҳо мушкилии
зиндагиро баҳона карда бо кӯдакон кам муошират мекунанд. Масалан шахси
бозорнишин субҳи барвақт бозор меравад, то яклухт маҳсулоти арзон
бихараду фурӯшад. Шаб вақте ба хона меояд, ки кӯдакаш ё хобидаст, ё дар
арафаи хобидан аст. Худи ӯ ҳавсалаи бо кӯдак насиҳат кардану таълим
доданро надорад. Аз хастагӣ мехоҳад саросема чизе бихӯраду бихобад.
Кӯдакаш аз куҷо тарбия мегирад? Аз кӯча ва аз телевизор. Дар кӯча
ҳамсолонаш бо фаҳшу дашномгӯӣ машғуланд. То хабардор мешавад, ки писару
духтараш калон шуда ба дурӯғгӯӣ, қасам хӯрдану тӯҳмат задан одат
кардаанд.

Агар падаре ҳаромхӯр (рибохор) бошад, қиматфурӯшу фиребгар
бошад, фарзандаш низ бераҳму қаллоб ба воя мерасад. Баъди ҷанги
шаҳрвандӣ ин гуна ҷавонони бетарбияро бисёр дидаем, ки фарқи хурду
калонро намекунанд. Осонакак соҳиби мошину телефони дастӣ гашта,
суханонашон аз дашном холӣ нест.

Аз ин рӯ, агар ҷавоне бетарбия бошад, иллаташро дар волидайни ӯ бояд ҷуст.



Агар аз сидк имон дори


Аз ғаму дарди дунёву охират раҳо меёбӣ.

- Аз азоби дунёи фонӣ ва дунёи бокӣ растагор мешавӣ.
- Ҳаргиз ворид ба ҷаҳаннам нахоҳӣ шуд.
- Итминон дошта бош, роҳе,ки меравӣ роҳи рост аст.
- Соҳиби амну офияти дунёву охират гардидаӣ.


- Шоистаи ризои Худованди хеш ҳастӣ
- Савоби Худои воҳидро касб кардаӣ.
- Ба шарофати Паёмбари Акрам (с) сазовор шудаӣ.
-Ҳар амали хайр,ки анҷом додаӣ, пазируфтаи даргоҳи Ҳак аст.
- Кирдори нек ва гуфтори некат макбули зоти Ҳак хоҳад буд.
- Бароҳат метавон аз корҳои бад даст нигоҳ дорӣ.
-Ва ҳам осон метавонӣ амалҳои солеҳро анҷом бидиҳӣ.
- Дар мусибат дилтанг нахоҳӣ буд.
- Ба хотири савоб ва хушнудии Аллоҳи якто тоату ибодат бароят осон ва лаззатбахш мегардад.
-Аз тарси хашму ғазаби Худо аз гунаҳ ва маосӣ ҳамеша худро дур нигоҳ медорӣ.
- Худованд имонро маҳбуби дили ту карор медиҳад.
- Дар дилат куфру фиск ва саркашӣ аз амри Худову Паёмбар зишт ҷилва мекунад.
- Хушӣ ва нохушиҳои дунёро нодида мегирӣ.
- Дар мусибат ва шикастҳо сабур хоҳӣ буд.
- Аз ҳар эҳсосе ба таҳрик нахоҳӣ омад.
- Ҳамеша таслим ба ҳукми Худо ва розӣ ба такдир ҳастӣ.
- Аз ғуломӣ, вобастагӣ ба дигарон ва хавфу умед аз махлукот озод мешавӣ.
- Бандагии Аллоҳи ягонаро ихтиёр мекунӣ.
- Ғайр аз Парвардигор аз ҳеҷ касу чизе умед наменамоӣ.
-Ғайри Худои тавоно аз ҳеҷ чизу касе наметарсӣ.
- Амали хайрат кам бошад, ҳам имони вокеъият онро зиёда мекунад.
- Ба рафтору гуфтор ва кирдори некат чандин бор зиёдтар аҷру савоб мегирӣ.
- Хусусан ихлосат дар тарозуи аъмол чунон гарон меояд,ки замину осмонҳо ба он баробар намеоянд.
-Шайтон ва иблис дар баробарат хору залил мегардад ва тири имон иблисро забон бар ком медӯзад.
- Замиру калб пурсафо ва дастҳо сахиву меҳрубон мегарданд.
-Ғаму андӯҳ аз дил берун меояд ва рӯҳияи шоду фараҳ ҷойгузини он мешавад.
- Дил аз лағзишу ғафлатҳо ва иртикоби гуноҳ эмин бимонад.
-Муҳаббати Худо, тарс аз Худо тӯшаи ҳак мешавад дар бозгашт ба сӯи Ҳак.
-Ойинаи калбу афкор сайкал мехурад.
- Дилу дида ва чеҳраат мутаҷаллӣ аз нури иллоҳӣ хоҳад буд.
- Бидуни имон инсон танҳо колбудест,ки дар он рӯҳу равон хушкидааст.
Рӯхан ва ҷисман солим ва дар баробари тамоми мушкилот шикастнопазир хоҳӣ буд.
- Ёди Худо ҳар лаҳза ва дар ҳама ҳолот бо ту ҳамроҳу ҳамсафар хоҳад буд.
-Беҳтарин ёвар ва мутакко дар ду олам хоҳӣ дошт.
Инсоне,ки
аз вуҷуди имони ростин ва кавӣ бебаҳра аст, дар баробари фишору
номулоиматиҳои рӯзгору зиндагӣ аз ҳар лиҳоз осебпазир аст. Бо доштани
имони вокеъӣ ва пойбанд будан ба он ин зиндагии чанд рӯза маъниву мафҳум
ба худ мегирад. Доштани имон барои бандаи мӯъмин ҳадафи зиндагии ин
дунёи фонӣ нест, балки он василаест,ки тавассути ҳифзу истикомат бар он
бандаи мӯъмин роҳи расидан ба саъодати ин дунёву охиратро барои хеш
тазмин мекунад.

Метки: имон

О посте в течение шести дней месяце Шавваль

О посте в течение шести дней месяце ШаввальNewsКомментариев нет »

Авг312011






С именем Аллаха Милостивого, Милосердного!
Хвала Аллаху – Господу миров, мир и благословение Аллаха нашему пророку Мухаммаду, членам его семьи и всем его сподвижникам!
А затем:
Передается от Абу Аюба аль-Ансари, что посланник Аллаха (мир ему и благословение Аллаха) сказал: «Кто постился в Рамадан, после чего добавил к нему пост в течение шести дней Шаууаля, подобен постившемуся в течении всего года». Муслим 1164.
Соблюдать пост в течение этих шести дней является Сунной, о чем сказано во многих хадисах, и поэтому никто не имеет право следовать в этом вопросе имаму Малику, который не считал пост в Шаууале Сунной. Вероятней всего, что хадисы о посте в Шаууале до него не дошли, что следует из его слов: “До меня не дошло от кого-либо из саляфов о посте в Шаууале, и ученые этот пост порицали, опасаясь того, что это может быть нововведением”. См. “аль-Мууатта” 228.
Также пост в эти дни считал нежелательным и имам Абу Ханифа. Однако отсутствие знания в чем-либо, не является указанием на не существование чего-либо. И хадисы о посте в течение шести дней Шаууаля являются достоверными, на которые опирались многие имамы.
От Саубана сообщается, что пророк (мир ему и благословение Аллаха) сказал: «Сделал Аллах вознаграждение за благое деяние десятикратным, и один месяц поста, подобен десяти месяцам, а соблюдение поста еще в течение шести дней после Рамадана, подобно году». Абу аш-Шейх в “ас-Сауаб”. Шейх аль-Альбани назвал хадис достоверным.
Тридцать дней Рамадана – подобны тремстам дням, а шесть дней в Шаууале – подобны шестидесяти дням, что и получается триста шестьдесят дней (год).
Для того, чтобы заслужить эту великую награду не обязательно поститься в Шаууале шесть дней подряд. Нет на это указания. Эти шесть дней можно держать на протяжении всего Шаууаля, о чем говорил шейх Сыддыкъ Хасан Хан. См. “ар-Раудату-ннадийя” 1/555.Читать далее »






ПОКБОЗИЮ ҲАЁ ХИСЛАТИ АҶДОДИИ МОСТ






ПОКБОЗИЮ ҲАЁ ХИСЛАТИ АҶДОДИИ МОСТ


Кӯш, эй ҷони падар, нодири дунё бошӣ,
Нури чашми ҳамагон, тоҷи сари мо бошӣ
Аз баландӣ нашавӣ ҷониби пастӣ моил,
Дастболо бишавӣ, мардуми ъулё бошӣ.
Покбозию ҳаё хислати аҷдодии мост,
Нахли умрат шукуфад ғунчаи зебо бошӣ .
Нашавӣ бастаи занҷири ҳавову ҳавасе,
Гар гирифтор шавӣ хоки кафи по бошӣ
Ба сахо кӯш, ки беҳтар зи сахо чизе нест,
Гар ҳамехоҳӣ, ки дар ҷаннату маъно бошӣ.
Рӯзу шаб зикри Худованд бигӯӣ, Арғон.
Гар нахоҳӣ, ки ба гӯр яккаву танҳо бошӣ


Без заголовка

ассаламу алайкум братья и сестра! этот христианин выложил клевету на ислам. надо уничтожить его страницу
http://my.mail.ru/#page=/bk/abualkasim/
ПЕРЕЙДИ ПО ЭТОМУ АДРЕСУ СЛЕВА ОТ ФОТА ЕСТЬ СТРОКА <еще> ЖМИ ПО НЕЙ И КОГДА ОНА РАЗВЕРНЕТСЯ ВЫ УВИДИТЕ ТАМ СТРОКУ ПОЖАЛОВАТЬСЯ ЖМИТЕ ПО НЕЙ ИНАЖМИТЕ СООБЩИТЬ О НАРУШЕНИИ И ГОТОВО
ПЕРЕДАЕТЕ ЭТО ВСЕМ КОГО ВЫ ЗНАЕТЕ
вы должны не только передавать это другим а еще сами жаловаться на мир с начало пожалуйтесь потом передавайте это всем братья и сестра

Аллаи Модар хуш аст.

Алла – нахустин замзамаест, ки тифл пас аз таваллуд шуданаш
то чанд соли бузург шуданаш хар шаб ва хар руз мешунавад аз забони 
модар  ва  ин  садо  ин суханхо  дар магзу чони  фарзанд чойгир
мешаванд.
Вакте ки тифл чашм ба олами хасти  мекушояд у мухточи навозиш аст. ин навозишхоро ки мекунад? модар!
Дили
модар чашмаи мухаббатест, ки мехри фарзанд дар он чуш мезанад. Вай
гулшани бехазон ва бахорест, ки мехри фарзанд дар он нашъу намо меёбад.
Алла
– мачмуъи рубоиву дубайтихо ва шеърхоест, ки модарон дар сари гахвораи
тифлонашон мехонанд. Гуфта мешавад, садои аллагуии модар ба гуши тифл
ширину форам мерасад ва тифл ором шуда, хобаш мебарад. Алла – таманно ва
орзуи модарон барои тифлонашон аст.
Кудак мисли тути аст ,хар он суханеро.ки шунид бе дарки маъно такрор кардан мегирад.
Аз ин ру модарон бояад аз рузи аввал ба чои Алла Аллохе гуйанд то дар дилу забони кудак ин аз имтихо накш бандад.

Эй Худованди карими чорасоз,
Дех ба ин фарзанди ман умри дароз.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худованди карими рохнамо.
Аз карам бар тифлакам рохе намо,
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худованди карими бокарам,
Хайру эхсонаш дихи ту аз карам.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Эй Худои хар ду олам,эй Худои мехрубон.
Ту нигах дор тифлакамро дар амон.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.

Вакте,ки кудакро дар гахвора хоб мекунанад,дар вакти чунбонидани гахвора Модар уро алла-алла гуён мечунбонад.
Хамин Алла барои кудак бисёр фоида доштааст,чун ки аз рузхои аввал гуйё тарбия аз гахвора сар мешавад.
Ин
алла-алла не АЛЛОХ_АЛЛОХ гуфтан аст.То ин,ки кудак дар гахвора
АЛЛОХ,яъне номи Худоро ёд гирад.Алла дар асл АЛЛОХ будаст,лекин модарон
аз чихати бесаводи ба чои АЛЛОХ-АЛЛОХ алла мегуфтаанд.

Шайх Давлатхочаи Раштони барои модарон хамин алларо навиштасст,ки дуо хам хаст!

Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Калон шави чакон шави,
Хонандаи Куръон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Чуяандаи имон шави,
Дастёри мардумон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Гуяандаи АЛЛОх шави,
Хам носири яздон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Фарзанди бо камол шави.
Бо нуру бо имон шави.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.
Дар гуфтаи ИллОхи
Чонро фидо намои.
Аллохе,Аллохе,Аллохчонам Аллохе.

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу