Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

ОМИЛХОИ НУСРАТ

ОМИЛХОИ НУСРАТ барои мусалмонон
 

   Ба номи худованди азизу бохикмат
 

    -Харгох чамъияти исломй масири худро тибки манхачи сахобагон ва тобеъин созад.
    -Харгох итоат ба амру нахйи худованд анчом ёбад.
    -Харгох нидокунандагони татбики шариат, сараввал худашон ба шариат амал кунанд.
    -Харгох хирси мо ба охират зиёдтар гардад аз хирси кофирон бар дунё.
    -Харгох якин кунем, ки нусрат ваъдаи илохй асту омодагй ва баргирифтани сабабхо шарти он.
    -Харгох хохарону хамсарони мо мисли занхои нахустини ислом шаванд. Онгох, ки фармони хичоб омад, бе хеч бахонаву таъхире итоат карданд ва хичоби исломй ба бар карданд.
    -Харгох чавонони мо мисли Каъби Молик гаюр гарданд. Онгох, ки ба сабаби таъхираш аз газва тамоми мусалмонон бо у хама гуна робитахоро катъ намуданд, шохи насоро дар Гассон ба у молу мансаб ваъда кард, вале ин чавонмарди ислом назди у сари таслим фуруд наёвард, тамаъхои нафсониро поймол сохту гуфт "Ин хам як имтихони дигари илохй аст." Сипас номаи шохро пора кард.
    -Онгох, ки бо мушкилоту дардхои бародарони исломиамон шарик гардем ва дасти ёрй ба онон дароз кунем, чунончи ансор бо мухочирин карда буданд.
    -Онгох, ки чамъиятхои исломй ба амри худо розй гарданд ва тавре, ки шариат амр кардааст атрофи уламо ва пешвоёни худ муттахид шаванд, аз дастурхои онон итоат кунанд ва нагузоранд, ки душман байни онон рахнаву тафрикае эчод кунад.
  

     Бо санову ситоиш ва сипоси парвардигори оламиён суханро хотима медихем.

Метки: СОХТОРИ СИЁСИИ ИСЛОМ

Abdulmannon Sheraliev, 09-06-2011 09:33 (ссылка)

Бехтарин шеъри Гулрухсор

Дар сурати ту

                      сирати манфури ту пайдост,

Дар фитнаи ту

                      тири туву тӯри ту барҷост.

Дар ҳарзаву ҳазёни ту,

                          дар неши забонат,

Рашку ҳасаду заҳру зуқуми ту ҳувайдост!

 

Гар минбари волои сухан бар ту расидаст,

Як оқилу фарзона намонда бари ин хок.

Гар косагули базми Ватан

                                    дар кафи чун туст,

Паймонаи дилро шиканам бар сари ин хок.

 

Бо доси риёву ҳасаду ҳиллаву тазвир,

Бар гулшани зебо зи кадом гӯр расидӣ?

Эй беҳунар,

Эй фитнагар,

Эй бебасар,

Эй кӯр,

Бо боли кӣ аз хок ба «афлок» паридӣ?

 

Чун мор хазида таги домони ҳукумат,

Чун тор танида ба тани шони ҳукумат,

Ҳукми туву ҳамсони ту аз номи ҳукумат,

Оварда ба лаб ҷони ману ҷони ҳукумат…

 

Гар чашми замону сухани вақт ту бошӣ,

Ялдошаби моро набувад субҳи муроде.

Савдогари арзонаки бозори тамаллуқ,

Бифрӯхта моро ба ҷаве,

                                гӯ, чӣ харидӣ?

 

                      ***

Аз мо наӣ!

Бо мо наӣ!

Эй ҳечи риёпеч,

Аъмоли ту,

              кирдори ту, бар халқ аён аст.

Марги хираду охири дунёст, гар аз нур,

Оне, бикунад ҳарза, ки аз бебасарон аст.

 

Таърих гувоҳ аст!

Ҳала, таърих гувоҳ аст,

Ҳар ҷабр, ки бар мо расад,

                                      аз шӯру шари туст.

Ҳар захм, ки дорем ба ҷон кӯҳнаву хуншор,

Аз макри ту,

Аз ханҷару теғу табари туст.

 

Таърих гувоҳ аст!

Ки аз содагии хеш,

Аз пушти чу ту рафта ба ҷое нарасидем.

Аз фитнаи ту

                бар сари худ теғ кашидем,

Аз дасти ту

               заҳри аҷали хеш чашидем…

 

Таърих гувоҳ аст!

Ки рӯзи сияҳи мо,

Барномаи шабофари амсоли ту буда.

Шаъну шарафу равнақу бедории миллат,

Марги туву марговари амсоли ту буда.

 

Бо чашми каҷи хеш набинӣ,

                                             нашиносӣ,

Шеди хираду фалсафаи миллати тоҷик.

Дирӯз гар аз ҳасрати мо бол задӣ шод,

Имрӯз ба хокат бизанад ваҳдати тоҷик.

 

Як насли зиё дар талаби субҳи сафо мурд,

То фисқу риё панҷаи хунхоҳ кушояд?

Бояст дар ин дилкадаи ҳасрату шодӣ,

Андар сари гаҳвора «лалойик»** бисарояд:

 

Бе ашки алам, модари шояндаи миллат.

Аз нуру сафо, аз фари пояндаи миллат,

Аз чеҳраи ҳар тифлаки навзод бихандад,

Хуршеди дурахшандаи ояндаи миллат.

 

Дар ҷаннати «ин боғи пур аз меваи тавҳид»,

Дар нолаи булбул қари зоғу зағане ҳаст!

Бар рағми туву ҳамчу ту номард,

                                               дар ин мулк,

Соҳибватане,

Ҷон ба кафе,

Мард зане ҳаст,

К-аз ишқи Ватан ришва нахоҳад ба ҷуз аз ишқ,

К-аз нанги Ватан пора наҷӯяд ба ҷуз аз нанг.

К-аз санги ту шалпар нашавад шоҳпари ӯ,

Бӯҳтони ту ӯро накашад бар қафаси танг…

 

То вориси ҳар чашмаву ҳар буттаи хор аст,

То шоири ҳар ошиқи гумкарданигор аст,

То лаҳни баёни ҳама беҳарфу забон аст,

«Расвои вафои Ватану ишқи диёр аст…»

 

Рӯзе, аҷабе нест,

                       ки дар Ҳазрати Султон,***

Дар санги мазораш бинависанд:

- Буд ошиқ,

Бар кӯҳ, ба гаҳвораву тобути баландаш,

Бар мардуми монандаи худ содаву содиқ!...

 

                       ***

Хуршед фарозандаву умед сафед аст,

Дар боғи вафо,

                       мазҳари гулкории тоҷик.

Дигар накунад гул,

                            надиҳад ҳосили қотил,

Нахли туву амсоли ту,

                                 аз хории тоҷик.

 

Имрӯз Ватан боғи навободи мурод аст,

Ҳар фарди ватандор дар ин боғ ниҳол аст.

Бо чашми кажу хашми мажи хеш чи дидӣ,

Дар дафтари мо,

                          ки чамани сабзи хаёл аст?

 

Бо пойи кӣ

                 аз чоҳ ба даргоҳ расидӣ?

Бо амри кӣ

                 бар қатли адаб дашна кашидӣ?

Савдогари арзонаки бозори тамаллуқ,

Бифрӯхта моро ба ҷаве,

                                     гӯ чӣ харидӣ?!

 

                            ***

«Бо дидаи зулмат натавон дид Худоро!..»****

Рафтан зи пайи шабраву шабкӯр гуноҳ аст.

Поёни раҳи фитнагарон вартаву чоҳ аст,

Таърих гувоҳ аст!

Ҳала, таърих гувоҳ аст!..

___________________________________

* аз муаллиф.

** Лалойик – қадимтарин лолоӣ, ки то ҳол сари забони модарони Бадахшон аст.

*** Мазори Яхч.

**** Аз муаллиф.

Ахзоби исломи дар тангнои сиёси

 

     Ба номи худои таоло

 

     Ахзоби исломи дар тангнои сиёси

     Албатта маншаъи ин эродхо ва интикодхо  як навъи бадгумони ва беиътимоди нисбат ба гарб аст, ки аз зиддияти онхо бо ислом ва даххо сол истеъмори кишвархои исломи ва пуштибонии онхо аз режимхои диктотурии мусаллат бар ин кишвархо ва китмони зулмхо ва тарвичи беадолатихои хосил шуда аст, ки бар милали мусалмон ва харакатхои исломи раво доштаанд.

     Аз тарафи дигар бештари харакатхои исломи дар зери фишори дектотурхо ба сар мебаранд ва дар хамин хол низ мусалмонон аз неъмати озоди ва тааддуду танвеъи сиёси  ва демократи бебахраанд ва ба хамин далел куллияи харакатхои исломи чуз дар чанд кишвари маъдуд дар хамон мархалаи даъват ва таквини афрод ва фаъолиятхои зери замини боки мондаанд (натавонистаанд аз тарики конуни фаъолияти озодонаи ахзоб вориди умури сиёсиву ичтимоъи шаванд ва фаъолияти ошкор дошата бошанд). Мусалламан ин ахзоби исломи дар ин мархала  бештар ба умури акида ва ибодат ва ахлок мепардозанд, аммо сиёсат ва хукумат бештар ба хавзаи мутагаййирот ва масолехи омма марбут мешавад ва факат усули аввалияи он собит ва муайян шуда ва тафсили онхо вориди хавзаи ичтиходот мегардад ва хамвора нигаришхо ва назарийётро металабад


Метки: СОХТОРИ СИЁСИИ ИСЛОМ

Системаи сиёсии ислом ва асри хозир

 

    Ба номи худованди азизу мехрубон

 

    Системаи сиёсии ислом ва асри хозир

 

    Акнун чои он аст, ки бипурсем; оё ислом хамон тавр, ки дар асри хулафои рошидин ва чандин карн баъд тавонист як системи муваффак ва пешрафтаро ба вучуд оварад, боз хам хохад тавонист бо тахаввулот хамоханг шавад ва иктидори худро ба исбот расонад  ва саъодати чавомиашро ракам занад.

    Дар посух ба сарохат метавон гуфт, ки; оре Ислом метавонад ба хуби асри хозирро мадди назар карор дихад ва бо авзоъ ва шароити чадид бархурди мусбат дошта бошад ва аз абзорхои демократикии гарб дар он умуре, ки мувофикат ба усулаш дошта бошад, бахра гирад ва бо рухи Исломи биёмезад ва усули умумии системаи сиёсии худро дар сахнаи вокеъ тахкик бахшад ва дар айни хол чавомеъи хешро низ аз чанбахои манфии фалсафаи моддигари ва худпарасти ва ишбоъи бехад ва махсур намудани шахавот ва тихи шудан аз арзишхои маънави масун дорад.

     Аммо ончи мучиби шигифти аст, ин аст, ки  хокимони давр баъид медонанд, ки Ислом аз чунин системаи сиёси бархурдор бошад, ки битавонад дар ин аср ба шеваи мудрин умури чавомеъи худро ва адолату озоди ва рифохи матлубро барояшон фарохамсозад! Нигариши онхо нисбат ба Ислом хамон нигариши гарб аст ба дин. Дар холе, ки ислом дини бо он мафхум гарби нест. Ба ин маъни, ки хамчун масехият танхо ба буъди рухиву ахлоки ва ба робитаи худо ва инсон ва подошу кайфари охират иктифо намемояд, балки ислом дар канори ин маворид ба зиндагии дуняви ва умури хукумати  комилан таваччух дорад ва ахамияти зиёде барои он коил аст ва дасти кам аз лихози теория як мабонии системаи сиёсиро равиш сохта аст. Аз тарафи дигар бо мутолиъаи ичмолии таърихи исломи аз замони зухури он то огози карни бистум дархохем ёфт, ки Ислом аз лихози практики тавониста аст давлат ва хукумат ташкил дихад ва дар тайи чахордах сада бо шевахои мухталиф бахши зиндагии кисме аз чахонро идора кунад.

     Мумкин аст бархе аз чарёнхои исломи низ ба ин кабил мавзуъот ва ба вижа ба масъалаи тааддуди ахзоби сиёси ва истифода аз равишхои демократи ва интиколи кудрати эрод бигиранд.


Метки: СОХТОРИ СИЁСИИ ИСЛОМ

СОХТОРИ СИЁСИИ ИСЛОМ

 

    Ба номи худованди азизу мехрубон

 

    Сохтори сиёсии Ислом

 

    МУКАДДИМА

    Сохтори сиёсии Ислом, дар муддати замони беш аз хазор сол, хамвора бо вокеиёти зиндагии чомеъахои худ ру ба ру буда ва тавонистааст шароити мухталиф ва тахвилоти онро ба  хуби пушиш дода ва рохкорихои муносиб барои он ироа намуда ва дар ин росто аз тачоруб ва равишхои идораи хукуматхои чавомеъи пиромуни худ низ бахра бурда аст.

     Лихоз кардани савобит ва мутагаййирот дар теори сиёси аз илали асли ва аввалияи муваффакияти Ислом дар ин замина будааст. Бадин сон, ки дар буъди ташкили давлат ва сохтори умури хукумат ва ниходхои хукумати, ба баёни ичмолии кавоид ва мабонии он басанда карда аст ва мехонизмхои ичрои онро бар ухдаи худи инсон нихода аст, то битивонад дар хар асре ба фарохури шароит, имконоти лозиму муносибро чихати амали намудани он  мабони фарохам намояд.

    Имруза хаёти ичтимоъи, иктисодию сиёсии хамаи чавомеъ ба таври густурдае тахвил ёфта аст ва авзоъу шароити тозае падид омада аст, лизо системи сиёси низ дастхуши тагйироти фаровоне гаштааст, то хамчунон кодир бошад умури мухталифи чавомеъу зиндагии инсонхоро сомондехи намояд.

     Мусалламан дар гарб гомхои баланде дар ин масир бардошта шуда аст, чунон, ки тавонистаанд равишхои демократикиро дар интихобот ва дар заминаи тааддуди ахзоб ва инкилоби кудрат ба мавриди ичро бигзаронанд ва аз хамин лихоз низ то худуди зиёде дар сомондихи ва идораи умури чавомеъи худ муваффак буданд ва тавонистаанд миллатхои худро аз чангхои дохили ва кодтахои низоми ва соири услубхои диктотури ва хушунатомез хифз намоянд.

 


Метки: СОХТОРИ СИЁСИИ ИСЛОМ

ОМИЛХОИ НУСРАТИ ХУДОВАНД

 

 ОМИЛХОИ НУСРАТ барои мусалмонон

 

   Ба номи худованди азизу бохикмат

 

    -Харгох чамъияти исломй масири худро тибки манхачи сахобагон ва тобеъин созад.

    -Харгох итоат ба амру нахйи худованд анчом ёбад.

    -Харгох нидокунандагони татбики шариат, сараввал худашон ба шариат амал кунанд.

    -Харгох хирси мо ба охират зиёдтар гардад аз хирси кофирон бар дунё.

    -Харгох якин кунем, ки нусрат ваъдаи илохй асту омодагй ва баргирифтани сабабхо шарти он.

    -Харгох хохарону хамсарони мо мисли занхои нахустини ислом шаванд. Онгох, ки фармони хичоб омад, бе хеч бахонаву таъхире итоат карданд ва хичоби исломй ба бар карданд.

    -Харгох чавонони мо мисли Каъби Молик гаюр гарданд. Онгох, ки ба сабаби таъхираш аз газва тамоми мусалмонон бо у хама гуна робитахоро катъ намуданд, шохи насоро дар Гассон ба у молу мансаб ваъда кард, вале ин чавонмарди ислом назди у сари таслим фуруд наёвард, тамаъхои нафсониро поймол сохту гуфт "Ин хам як имтихони дигари илохй аст." Сипас номаи шохро пора кард.

    -Онгох, ки бо мушкилоту дардхои бародарони исломиамон шарик гардем ва дасти ёрй ба онон дароз кунем, чунончи ансор бо мухочирин карда буданд.

    -Онгох, ки чамъиятхои исломй ба амри худо розй гарданд ва тавре, ки шариат амр кардааст атрофи уламо ва пешвоёни худ муттахид шаванд, аз дастурхои онон итоат кунанд ва нагузоранд, ки душман байни онон рахнаву тафрикае эчод кунад.

 

     Бо санову ситоиш ва сипоси парвардигори оламиён суханро хотима медихем.

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

АХДИ МАККА ВА АХДИ МАДИНА.

 

   Ба номи худованди мехрубон

 

     АХДИ МАККА ВА АХДИ МАДИНА.

     Дар ин ду ахд аз сирати паёмбар (с) фоидахои зиёдеро истинбот кардан мумкин аст. Сирати он хазрат ба мо меомузад, ки дар холати заъфу нотавонй чй кор кунем ва дар холати иктидору тавоной чй тасарруфе дошта бошем.

     Мухиммати асосии паёмбар (с) хидояти мардум ва начот додани онон аз оташи чаханнам буд. Бо хар василае, ки имкон дошт, онро анчом медод, агарчи моил кардани онон бо молу хадияхо бошад. Тавре, ки бо Сафвон, ки аз сарони мушрикин буд, чунин кард.

     Даъвои мансух будани ахди маккй бе далел буда, эътиборе надорад. Харгох муъминон ба кудрат сохиб шуданд, хукми холати заъф дар худи онон мансух мегардад, ба эътибори иктидоре, ки чойгузини заъф шуд. Холати заъфи нахустмусалмонхо хама вакт барои уммат хамчу дарси ибрат бокй мемонад, то биомузем, ки дар холати заъф бо душман чигуна бархурд дошта бошем. Инкори ин амр ба далели татбик намудани ахди маданй, ин супоридани мусалмонон ба курбонгохи душман аст.

     Сабр ибодат аст ва дар навбати худ як омодагиест ба мархилахои дар пешистода. Бесабрй ва шитобкорй ба душманон мачол медихад, ки хама чунбишхои мансуб ба исломро дар гахворааш саркуб созанд, то мусалмонон натавонанд зери парчами вахдат гирдихам оянд ва ё кудратеро сохиб шаванд.

     Чиходи матлуб он аст, ки дар вакти муносиб ва макони муносиб анчом ёбад. Хар мусалмони бохуш бояд худашро суол кунад, ки чаро паёмбар (с) дар ибтидои амр, дар ахди маккй чиход накарданд? Чаро пешвоёни мушрикони Курайшро ба катл нарасониданд, то рохи даъват боз шавад ва ислом интишор ёбад? Чаро бузургтарин мансабхои Курайш ва сарварии онро, ки ба он хазрат пешниход шуда буд, напазируфтанд? Хол он, ки метавонистанд бо гирифтани он мансаби бузург, ба истилохи тахририён киёми хилофат"-ро эълон кунанд.

     Паёмбар (с) мехостанд асхобро тарбияи имонй диханд, то аз ширк рахо шаванду ба тавхид бозгарданд.

     Онгох, ки акидаи исломй дар рагхои асхоб реша давонд. Онгох, ки ширку бутпарастй решакан шуд. Онгох, ки мардум бо ихтиёр ва мушохидаи худ ба азамати ахлоки исломй пай бурданд. Онгох, ки тудахои зиёди кабилахои араб ба ислом гаравиданд. Онгох, ки хама омода ба кабули хукми шариат шуданд... Онгох хилофати исломй барпо шуд.

     Паёмбар (с) хеле мархилахои сангинро паси сар карданд. Харгох асхоб мепурсиданд, ки "Оё аз худои таоло нусрат намепурсй?" Мегуфт: "Лекин шумо шитоб мекунед."

     Шитобкорй дар асхоб низ вучуд дошт, вале паёмбар (с) ононро аз шитобталабиву рухафтодагй нахй мекард ва ба сабру устуворй даъват мекард ва онхо низ иршодоти уро мепазируфтанд.

     Ба Тоиф рафт, на барои эълони чиход зидди мушрикони Курайш, балки барои таргиби акидаи исломй.

     Бо Курайш карордоди сулхи дахсола баст, дар холе, ки дуд аз димоги асхоби гаюрманд ва диловараш берун мешуд, зеро он сулх ба нафъи мусалмонон набуд. Пас чаро сулх баст? Ба сулх розй шуд, то кашмакашу набардхои онон бо Курайш тул накашаду дигар кабилахои араб аз шунидани даъвати хак дар канор намонанд.

     Худованд кодир буд паёмбар (с)-ро, ки бехтарини халкхо буд, нусрат дихад ва алайхи кофирон ба осонй пируз гардонад. Вале хикмати илохй он аст, ки сирати у барои умматонаш дарси ибрат бошад.

 

     Мухаммад (с) расули худо дар замине регзору тасфон, дар байни бадтарин ва шадидтарин мушрикони замонаш мабъус шуд, то барои мо дарси ибрат бошад, ки ин дин бо вучуди холатхои имконнопазир ва мавкеъхои сахттарин метавонад зухур кунад, харгох ниятхо солиму азмхо ростин ва калбхо холис бошад.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фарома

МАСЪАЛАИ ТАКФИР

 

Ба номи худои таоло

МАСЪАЛАИ ТАКФИР

(хукм кардан ба куфри шахсе)

        Шитобкории чавонони тахсилнакарда дар масъалаи ба куфр хукм кардани мухолифонашон чонибхои манфй ва хатарноке дорад. Харки аз муъминон бо раъйи онон мувофикат накард, уро кофир, мунофик, тарсу ва ё фурухташуда эълон мекунанд. Ин масъалаи мухимро фаромуш кардаанд, ки харгох шахсе дар хукм кардан ба куфри шахси дигар хато мекунад, он хукм ба худи у боз мегардад ва он хатарноктар аз ин аст, ки дар хукм накардан ба куфр хато кунад. Хукм кардан ба куфри шахсе ин шаъни олимони бохикмати ислом аст, на кори хар як сатхбини кутохназар, ки тобеъи хохишот ва афкори махдуди худаш аст.

     Баъзе аз чамоатхои мазкур ба куфр хукм карданро хамчу як васила барои киём алайхи хоким суъистифода мебаранд. Зеро ба хамагон маълум аст, ки дар холи кофир набудани хоким киём намудан бар зидди у чоиз нест. Тавре, ки дар хадис омадааст:

   "Чоиз нест хуруч кардан бар зидди амир, то он, ки куфри ошкорро аз у мушохида кунед."

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фарома

ЧИХОД аз дидгохи Тахрир

 

   Ба номи худои таоло

 

   ЧИХОД аз дидгохи Тахрир

 

     Хатои дигари хизб он аст, ки дар чойхое ба чиход даъват мекунад, ки имкони киёми он нест ва чуз барангехтани нафрати мардуми бедин нисбати исломи азиз, чизи дигаре ба даст намеояд.

     Тавре, ки масъулони хизби тахрир донишчуёни гайри мусалмонро дар донишгохи Британия ба чиход даъват карданд... Ин амали онон окибати нохушеро ба чой гузошт ва сабаби манъ гаштани чунбишхои исломй ва садди рохи даъват шуд. Сазовор ин буд, ки дар чунин кишвархои аз ислом ноогох, нахуст бояд даъват ба суи акидаву тавхид ва ахлоки исломй огоз мегашт. Ифшои мавзуъи чиход дар байни кофирон, шакке нест, ки таассуби динии ононро бармеангезад ва хисси интикомчуиро аз маглубиятхояшон дар набардхои салибии кадим, дар онон бармеангезад.

     Вакте чамоати таблигии Покистон дар айёми чанг ба Афгонистон омад ва мучохидонро, ки барои дифоъ аз ватан дар хандакхову горхои кухй барои муковимати русхои истилогар омодагй медиданд, даъват намуданд, ки бояд афгонхои мучохид "дар рохи худо" барои даъват бароянд... Уламо ва сарони мучохидин аз ин кутохназарии чамоати таблиг хеле дар газаб шуданд ва ононро амр карданд, ки аз хоки Афгонистон ба зудй хорич шаванд ва илло махкум ба чазо хоханд шуд.

     Дар хакикат рондани он "даъватчиён" кори хубу бохикмате буд. Зеро нидои даъват дар макони чиход маъние надорад, чунончи нидои чиход дар макони даъват низ маъние надорад.

     Паёмбари акрам (с) солхое, ки дар Макка ба даъвати мардум машгул буд, харфе аз чиход ба миён намеовард. Ба суи тавхид даъват мекард ва аз ширк бим медод ва асхобро барои омодагй ба масъулиятхои дар пеш истода тарбият мекард.

 

     Максад аз чиход хидояти мардум аст.

     Паёмбари акрам (с) дар айёми набард ба сахобаи бузургвор Али ибни Абутолиб (р) фармуд: "Агар худованд ба сабаби ту нафареро хидоят кунад, бехтар аст барои ту аз шутурхои сурх (киноя аз бехтарин неъматхои дунё)."

     Аллома Сабкй ин хадисро бо услуби хеле чолиб тавзех медихад: "Максуд аз чиход хидояти мардум аст ва шахид шудан низ дар рохи вусул ба хамон хадаф аст. Максад ба катл расонидани шахси кофир нест. Лекин харгох хидоят хосил нагардад ва ё кудрате садди рохи расонидани хидоят гардад, дар ин холат чиход коим мешавад, ки ба зарурати хол ночор ба яке аз ин ду амр мерасонад:

     Якум: Кушта шудани мучохид дар рохи расонидани хидоят, ки ин чоннисорй дарачаи волои шаходат аст.

     Дуввум: Кушта шудани кофир, ки хадаф катли у нест. Балки он нобуд шудани як шахсиятест, ки исломро пазируфтани у ва ё насли у имконпазир буд. Ин имконот бо марги у катъ гардид. Ин на хадаф аст ва на васила ба суи хадаф, ба хилофи шахид шудан, ки холати зарурат ба он мерасонад. Кофир худашро ба халокат мерасонад, бо мукобилияташ ба даъвати исломй ва дини илохй ва ё бо исрор карданаш бар куфраш ва ба хотири он набард карданаш. Аз куштани у максуде хосил намешавад, ба чуз ин, ки дигар куффор, ки зиндаанд ба харос меоянд ва аз монеа шудан аз вусули даъват ба суи мардум даст мекашанд."

     Маълум мешавад, ки вочиб шудани чиход, вочиб шудани васила аст, на ин, ки он хадафи асосй бошад. Агар имкон бошад, ки бе чиход хидоят хосил гардад, пас он афзалтар аст. Тавре, ки дар айёми халифахои рошидин аксарияти мардуми чахон бе чанг ба ислом мегаравиданд.

     Ё гурухе аз кофирон бошанд, ки бар хатои худ исрор дошта бошанд, агар бо бахсу мунозира хусули хидоят имконпазир бошад, пас он афзалтар аз чиход аст. Тавре, ки Салмони форс чамоатхои зиёдеро аз мардуми оташпарасти Эрон бо бахсу мунозира ба ислом даъват карду пазируфтанд.

     Аз ин бармеояд, ки дар рохи даъват аъмоли уламо аз хуни мучохидон бонатичатар аст.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фарома

Нидои ВАХДАТИ УММАТ

 

     Ба номи худованди чону хирад

     ВАХДАТИ УММАТ

     Вахдати уммати ислом як амри зарурй ва неъмати илохй аст, ки барои ба даст овардани он бояд кушиш намуд ва сабабхои онро, ки пайравии авомири илохи ва чанг задан ба Куръону суннат мебошад, бояд анчом дод, то худои таоло онро ато фармояд. Худованд мефармояд:

هو الذي أيّدك بنصره و بالمؤمنين و ألّف بين قلوبهم, لو أنفقت ما في الأرض جميعا ما ألّفت بين قلوبهم ولكنّ الله ألّف بينهم.

   "Он худованд аст, ки дастгирй кард туро бо нусраташ ва бо муъминон ва байни дилхои онон улфат дод. Агар тамоми дороии заминро ба харч медодй, наметавонистй байни дилхои онон улфат бидихй, валекин улфат дод байни дилхои онон."

اذكروا نعمة الله عليكم إذ كنتم أعداء فألّف بين قلوبكم فأصبحتم بنعمته إخوانا, و كنتم علي شفا حفرة من النار فأنقذكم منها.

   "Ба ёд оред неъмати Аллохро, ки бар шумо ато кардааст онгох, ки будед душманони хамдигар, пас байни калбхои шумо улфат андохт, то бо ин неъмати худованд бародарон гаштед ва будед бар лаби вартае аз оташ, сипас шуморо аз он начот дод."

 

     Сабаби асосии тафрика ва аз хам чудоии муъминон худи хизбгароёнанд ва боз онхоянд, ки бештар аз дигарон доир ба вахдати уммат сухан меронанд, то чурми худро ихфо созанд. Сазовор нест, ки онон доир ба вахдат харф зананд, чун уммати вохидро ба ахзоби мухталиф таксим намуданд ва чехраи беолоиши исломро догдор карданд.

     Суханхои гаронкадри Ибни Таймия, ки дар он замони пешин гуфтааст, ба даврони мо мувофик аст: "Харгох мардум Куръону суннатро канора гузоранд, ночор ба чамоатхову гуруххо таксим мешаванд ва байни уммат ихтилоф вокеъ мегардад."

     Дар хакикат зиёд ва мухталиф будани хизбхо сабаб мешавад, ки манхачу равияхои гуногун ва назарияхои мухталиф ба вучуд ояд.

     Мусалмонон хама роху равишро тачриба карданду ба натичае нарасиданд, пас бояд рохи ягонаи бозгашт ба китобу суннат ва тарки хама ахзобу чамоатхоро низ тачриба кунанд, то кафили вахдат будани онро дарк кунанд.

 

 

 

     Дар назари хизб хамаи муъминон гунахкоранд

     Тахририён хамаи мусалмонони ин замонро гунахкор мехисобанд, зеро онхо халифа надоранд... Бе он, ки фарк гузоранд байни очизии шахс ва кудрати у. Ба ин раъяшон аз хадиси оход (вохид) истидлол мекунанд, дар холе, ки истидлол аз онро чоиз намедонанд. Оё ба онхо чоиз асту ба дигарон чоиз нест?!

     Далели онон ин хадис ин аст: "Харки бимирад дар холе, ки бар гардананш байъат набошад, марги у марги чохилият аст." (Ривояти Муслим).

     Хадисро комилан ривоят намекунанд, зеро кисми аввали хадис истидлоли ононро ба шак меандозад:

   "Харки аз итоати сардораш сарпечй кунад, рузи киёмат дар холе бо худо мулокй мешавад, ки хуччате надорад."

     Ва дар ривояти дигар аз Хузайфа (р):

   "Бо гурухи муъминон ва сардори онон бош!" Пурсид: "Агар онхо пешво ва сардоре надошта бошанд?" Паёмбар (с) фармуд: "Аз хамаи гуруххову чамоатхо дур бош, агарчи дар ин хол (ба ту марг расад ва) бо худо мулокот кунй." (Бухорй ва Муслим).

     Дар ривояти дигар аз Ибни Аббос омадааст, ки паёмбар (с) фармуданд: "Харки аз амираш амри нописандеро дид, пас бар он сабр кунад. Харки ба андозаи як вачаб алайхи султон хуруч кунад ва дар он хол бимирад, мурдани у мурдани чохилият аст."

     Ин хадисхо ба итоати амир амр мекунад, агар вучуд дошта бошад. Маънии хадис ин нест, ки харки дар замоне бимирад, ки дар он чамоат ва имоми муъминон вучуд надошта бошад, мурдани у чохилият бошад, ба далели ривояти Хузайфа, ки зикр шуд. Гунохи мардуми авом чист, агар дар он замон халифа вучуд надошта бошад?

     Худованд мефармояд:

لا يكلّف الله نفسا إلا وسعها.

    "Худованд касеро ба амре мукаллаф намекунад, магар ба он амре, ки ба ичрои он тавоной дошта бошад."

 

     Метавон гуфт, ки уммат гунахкор аст, гунохи тарки даъват исломй, ки бузургтар аз гунохи барпо накардани хилофат аст. Зеро хар шахси мусалмон метавонад ин амрро ба кадри тавоноияш ичро кунад.

     Аксарияти мардуми чахони имруз аз хакикати дини мубини ислом бехабаранд, ба вижа ононе, ки дар кишвархои гайри исломй сукунат доранд. Пас гунохи нарасонидани даъвати исломй ба онон ба гардани кист?

     Дар ин вакт, ки нидои сохтакоронаи вахдати уммат аз ин чамоатхо сар мезанад, бояд гамхорони уммат пеш аз хама ба суи поксозии мусалмонон аз ширку бидъатхо ва пас аз он ба суи вахдат даъват кунанд. Зеро акидаи сахехи исломй метавонад хамагонро зери шиори тавхид муттахид созад.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

S Ы, 09-05-2011 11:36 (ссылка)

Зинда хасти!!! Бифармо...

Ало ай ҷавонони бедордил
Кунун сар буланд кун зи обу зи гил
Кунун вақти бар по шудан даррасид
Бубояд ки гулҳои уммед чид.
Ватан аз ману ту бувад пойдор
Чаро пас насозем ба ин ихтибор
Чаро ай ҷавонон ҷудои кунем
Барои ватан бевафои кунем.
Аз инҷову онҷои будан магу
Зи ваҳдат, зи пайвстагиҳо бигу
Хамушиву беэьтинои дигар
Бирафту биомад кунун болу пар.
Кунун бояд аз дасти ин золимон
Аз ин хоҷагону аз ин муфлисон
Аз ин навкарони худобехабар
Ки худро фидо кардаанд баҳри зар
Раҳои биҷуему озодиро
Рафоқат, ҳақиқат, худоёдиро
Бубин шоирону адибони мо
Зи аслу асолат шудаанд чудо
Ҳама гашта маддоҳи болоиҳо
Ҳама гунгу куру кару бенаво
Куҷо аст Саъди, ки лаб во кунад
Алайҳи чунинҳо садоҳо кунад
Ба тири қалам синаҳо бишканад
Ба мардум сабоҳи сафо оварад
Куҷо аст Бозори бозорёб
Ки бедор созад ҳама аҳли хоб
Дарего, дар ин кишвари номдор
Ҳама гашта беному бешаҳриёр
Кучо аст Турсони дур аз ватан
Хамон нури чашму хамон рухи тан
Бубинад, ки фарханги бегонае
Тахочум намуда ба хар хонае
Рабуда аз эшон хам оину дин
Намуда ба эшон чунону чунин.
Ба тиру туфангу сипар омада
Ба миллат ба кишвар хатар омада
Ба расму русуму назар омада
Ба дунёи мардум зарар омада
Ало ай ҷавони ҷавонқалби ман
Биё ай далеру шуҷои миҳан
Биё инқилобе ба бор оварем
Ҳама золимонро ба дор оварем
Кунун сар буланд кун аз он рахтахоб
Ба майдони хакку хакикат шитоб
Ватанро чу дида нигаҳбон шавем
Адуяш бигирему вайрон кунем
...Худо Хофиз...

Хизби Тахрир ва МАСЪАЛАИ ХИЛОФАТ

 

    Ба номи худое, ки хирад офарид

 

     Хизби Тахрир ва МАСЪАЛАИ ХИЛОФАТ

     Максуди асосй аз офариниши инсонхо барпо кардани хилофат набуда, балки ба ягонагй ибодат кардан ба Аллох таоло ва ширк наовардан ба у мебошад. Тавхид гоя ва хилофат васила аст.

     Эхтимоми хизби тахрир ба хилофат ба андозае зиёд аст, ки чониби акида ва тавхидро канор гузоштааст. Гуё хама масоиби уммат аз зоеъ шудани хилофат бошад. Аз интишори ширку бидъатхо, ки сабаби асосии заволи хилофат аст, харфе ба миён намеорад.

     Шакке нест, ки хилофат матлаби мухимми уммат аст, ки бо киёми он ба азамати собики худ бармегардад. Бо вучуди ин, хилофат василае барои тахкики тавхид ва яктопарастист, ки он гояи асосй ва сабаби офариниш аст. Бинобар ин ба хеч вачх наметавон даъват ба суи тавхидро канор гузошт ва ба хеч вачх наметавон амри хилофатро мукаддам бар амри тавхид шуморид. Яъне наметавон гояро василаву василаро гоя карор дод ва наметавон амал барои ин гояро то замони тахкик ёфтани васила канор гузошт. Хилофат як тамкини раббонй аст, ки хангоми ичрои авомири худованд, дастрас мегардад. Ин тамкин ва ё ноил шудан ба хилофат ду шарт дорад, ки дар оят баён шудааст:

يعبدونني ولا يشركون بي شيئا.

   "Маро ба ягонагй мепарастанд ва ба ман чизеро шарик карор намедиханд."

 

     Манхачи тарбиявй

     Дар хакикат хизб мархилаи тарбия ва ибодатро, ки паёмбари ислом (с) сездах соли умри бобаракати худро сарфи он карда буданд, ба эхмол гузоштааст. Ин сиррест, ки бисёре аз чунбишхову харакатхои мансуб ба ислом, бо тарки он ба шикаст ва ё садамахои азиме мувочех мешаванд. Муковимат ва истодагарии тулонй дар мукобили макру дасисахои дохиливу хоричии душман, ки хар замон дар чехраи наве зухур мекунад, амрест токатфарсо ва онро танхо ашхосе метавонанд тахаммул кунанд, ки бар асоси манхачи имонии сахехи набавй тарбият ёфта бошанд.

     Омухтани сирати паёмбар (с) ва татбики он халли асосии мушкилоти имрузаи уммат аст. Биомузем, ки расулуллох дар ибтидои даъвати худ чигуна бо фишорхои пайдарпаи душманон муковимат мекард ва дар айёми хукмронй ва авчи иктидораш бо мунофикони дохилй чй бархурде дошт.

 

     Чаро хилофат сукут кард?

     Кабл аз он, ки барои сукути хилофат гиря кунем, бояд бияндешем, ки чаро худованд изни сукути онро дод, бо вучуди ваъдаи нусраташ, ки мегуяд:

و إن جندنا لهم الغالبون

   "Хароина лашкари мо голибонанд."

     Худованд аз мо такозо мекунад, ки ончи гузаштагони мо аз ширку бидъатхо гузоштаанд, аз он дарси ибрат гирем, онро тагйир дихем ва нагузорем, ки оянда ин маосй дубора такрор шавад.

     Хангоме расули худо (с) дар газваи Ухуд тирандозонро сари агбае насб карду фармуд, ки бе ичозаи у макони худро тагйир надиханд. Вале онхо исён карданд ва ба гумони ин, ки мухориба анчом ёфт, поён омаданд. Ин мухолифати амри паёмбар (с) буд, ки ба мусибати шикаст гирифтор шуданд. Ин дарси азиме буд барои уммати ислом. Худованд хабар медихад, ки мусибат аз худи шумост:

 أولما أصابتكم مصيبة قد أصبتم مثليها قلتم أني هذا, قل هو من عند أنفسكم

     Бо вучуди он, ки манзилу ахлу аёли худро рахо сохтанд ва молу чони худро дар хатар андохта ба мукобилияти душман баромаданд, бо содир кардани хатое, ки нисбати хатохои имрузаи уммат хеле кучак ба назар мерасад, худованд ононро ба шикаст мувочех сохт, то ба наслхои оянда дарси ибрат шавад, ки дар хакикат ваъдаи нусрати худованд хак аст ва ин шумоед, ки бо исён ва гунохони худ онро ба таъхир меандозед.

     Оятхои зиёде ин амрро таъкид мекунанд, ки ончи аз мусибатхо сари ин уммат фуруд меояд, ба чурми хамон эътироз аз дин ва гунохон аст, ки бояд самани он пардохт шавад.

 

     Аз чумлаи ибороте, ки хазрати Аббос (р) дар намози талаби борон гуфта буданд, ин буд: "Худовандо, хар балое, ки нозил шуд, ба сабаби гунох буд ва хар ончи аз бало рафъ шуд, ба сабаби тавба буд."

     Халли асосй ва рохи начот аз ин масоиб ва зиллат такво ва дурй аз гуноху бидъатхост:

ومن يتق الله يجعل له مخرجا.

   "Харки аз гунох пархез кард, ба у рохи баромаде карор медихем."

 

     Яке аз сарони ин хизб Абдулкадими Заллул дар яке аз мавъизахои муассири худ мавзуъи  чигунагии  заволи хилофатро хеле чолиб ва бо тафсил накл кардааст, вале харфе аз  сабаби  заволи хилофат ба миён намеорад. Бахс аз сабаби заволи он мухимтар аз чигунагии он аст, то хатохо баён гардад ва аз такрори он чилавгирй шавад. Ин амр аз хикмати илохи хорич нест. Ин амр хушдори худованди ба ин уммат аст. Ин амр як укубати очилонаи дунявй аст, то муъминон ба асли дин бозгарданд ва масири мунхарифи худро тагйир диханд.

 

     Мамлакати усмонй

     Дар хакикат туркхои усмонй на халифа, балки салотин ва подшохоне буданд, ки манхачи хукми онон манхачи исломй набуд. Замони хукмронии хеш хунрезихои нохак ва чурмхое анчом доданд, ки таърих аз он ба андух ёд мекунад. Инхирофоти акидавй ба авчи худ расида буд ва бидъату хурофот ва аъмоли ширк чойи суннату тавхидро гирифта буданд.

     Соли 1924 соли сукути хилофати исломй набуд, балки соли сукути мамлакати усмонй буд. Мамлакате, ки аз ширку бидъат дифоъ мекард ва хар эътирозхои уламоро, ки алахи сарони равияхои мунхариф ва арбобони суфигаро зохир мешуд, рад мекард ва аз ахли ботил дифоъ менамуд.

     Вакте шайх Алусй алайхи китоби хурофии суфии мутаассиб Юсуфи Набахонй (падаркалони муассиси хизби тахрир) раднома навишт, хукуматдорони усмонй онро инкор карданд.

     Инчунин интикодотеро, ки ба пешвои суфиёни тарикаи рифоъи Мухаммади Сайёд, (ки султон Абдухамид аз фармоиши у сар наметофт) аз уламои хакгу сурат мегирифт, худи султон онро рад мекард. Аз суфиён ва хурофоти онон дифоъ мекард ва мухолифони ононро укубат менамуд.

     Дар хакикат ончи ба сари ин уммат омад, бе сабабу бе хикмат нест. Худованд одил аст ва бе чурм касеро ситам намекунад. Харгох уммати мусалмон ба муктазои авомири илохй амал карданд, нусрату иззат насибашон хохад шуд. Ваъдаи худо хак аст. Набояд ба ваъдаи худо, балки ба кирдори худамон шак кунем ва рохи ислохро пеш гирем. Ба ин оятхои куръонй бо назари тааммул бингарем:

- و لو أن أهل القرى آمنوا واتقوا لفتحنا عليهم بركات من السماء والأرض.

   "Агар ахолии дехот имон меоварданду пархезкорй  мекарданд, мекушодем бар онхо баракатхоро аз осмонхову замин."

- إن الله لا يغيّر ما بقوم حتى يغيروا ما بأنفسهم.

   "Хароина худованд тагйир намедихад холати кавмеро то он, ки онон худро тагйир диханд."

- و ما أصابتكم من مصيبة فبما كسبت أيديكم.

   "Ва харчи аз мусибатхо ба шумо расад, пас ба сабаби кирдори дастони шумост."

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

УМАРИ БАКРЙ кист?

 

Ба номи худои таоло

 

УМАРИ БАКРЙ КИСТ?

 

     Яке аз сабабхои бе эътибор шудани хизб ин буд, ки Умари Бакриро, ки шахси олимтарошу даъвогар ва ноогох аз улуми шариат буд ба маснади муфтии хизб таъйин намуд. У дар китоби "Усули фикх" даъво мекунад, ки тахсилкардаи якчанд донишгох аст, аз чумла "Уммул куро"-и Макка, донишгохи исломии Мадина, "Ал-азхар"-и Миср, донишкадаи шариат ва усули фикх дар Димишк ва гайрахо. Бо ин даъвохои пуч ва дуругбофихояш мардуми авомро дар Британия фиреб мекард. У хуб дарк карда буд, ки вожаи Маккаву Мадина дар зехнхои шунавандагон чи таъсири амике дорад.

     Хакикати хол он аст, ки у вакте дар Арабистони Саудй сукунат дошт, дар ширкати кахрабоии "Шарки шамсон" вокеъ дар Риёз кор мекард ва бо донишгоххои мазкур хеч иртиботе надошт. Муддате дар Амрико забони англисиро такмил дод, сипас ба Лондон баргашт ва ба хизби тахрир пайваст. Дере нагузашта муфтии хизб таъйин гардид.

     Мо ба ин арком ва тавзехоти нигоштаамон эътимод дорем ва аз Умари Бакрй такозо мекунем, ки агар ростгу аст, дипломи ин донишгоххои муътабарро иброз намояд, зеро дар асноди хатмкардагони ин донишгоххо асаре аз чунин ному насаб вучуб надорад.

     Умари Бакрй бештар ба шиа майл дорад ва дар мадрасаи хусусиаш аз фикхи чаъфарй дарс медихад. Мазхаби чаъфарии шиаро хамчун мазхаби панчум дар радифи мазохиби ахли суннат мехисобад. Ин даъворо хам дорад, ки гуё паёмбар (с) дар нидои азон лафзи "Хайя ало хайрил амал"-ро дохил карда бошад, бе онки ба ин даъвояш далелеро зикр кунад. Ба ин иктифо накарда ба ахли суннат хурдагирй мекунад ва ахли салафро "ваххобиёни тундрав" каламдод мекунад. Гуё салафиён ва ё ваххобиён хатарноктар аз ононе бошанд, ки ба тахкири сахобагон ва тахрифи Куръон муътакиданд ва аз имомхои ахли байт олихае тарошидаанд.

     Хизби тахрир ба даъвати Мухаммади Абдуваххоб низ иттихомоте ворид кардааст, ки гуё у зархариди англис ва шахси масъул аз сукути империяи усмонй бошад.

     Абдулкадими Заллули тахрирй мегуяд: "Онхоро англис бо молу силох кумак кард, то ба хачамоти худ дар зери шиори дин ва махви бидъатгарой огоз карданд. Мехостанд ба Карбало ва кабри имом Хусайн (р) истило ёбанд ва хамаро ба замин хамвор созанд. Вакте Мадинаро зери тасарруф дароварданд, хама гумбазхои табаррукии кабрхоро, ки расулуллох (с)-ро сояафкан (!) буд, хароб сохтанд. Ин хамлаи ваххобиён амали англис буд..."

     Тухматкунанда худ шахсест, ки хабари вохид (оход)-ро инкор мекунад. Оё ин хабари у вохид нест? Роввии ин хабар як насрониест, ки ба эътирофи худаш дар идораи чосусии англис кор кардааст. Ба дуругбофии як гайридин эътимод карда шартхои кабули ривоятро фаромуш кардааст. Худованд мефармояд:

إذا جاءكم فاسق بنبأ فتبينوا أن تصيبوا قوما بجهالة فتصبحوا علي ما فعلتم نادمين.

   "Эй муъминон! Харгох фосике хабаре орад, пас онро тахкик кунед ва бархазар бошед, ки бо тасдики хабари у кавме аз муъминонро (зарар) нарасонед, сипас аз кардаи худ пушаймон гардед."

     Хабари вохиди насронии чосусро бе ягон тахкику исботе кабул карданд, вале хабари вохиди асхобро, ки ровиёни каломуллоханд, рад карданд.

     Ин хизб, ки даъвои хукми шариат доранд, сазовор он аст, ки сараввал худ байни мардум бо адолат ва тибки шариат хукм кунад.

 

     Бакрй дар тиловат ва тафсир

     Мисоли бесаводй ва бехабарии Умари Бакрй аз шариат, ки дигаронро ба суи он даъват мекунад, ин аст, ки хатто дар тиловати Куръон ба хатохои дагале рох медихад, ки толибилми оддй аз он тааччуб мекунад. Олиме, ки "тахсилкарда" дар чор донишгохи исломй аст, имконнопазир аст, ки ба ин андоза бесавод бошад. Дар касетаи мавъизаи сиёсии Бакрй зиёда аз сй хатохои у дар тиловати оятхо хангоми истидлол аз он мушохида мешавад, ки инчо мавзеъи зикри онхо нест.

 

     Тафсирхои ачиби у:

     Дар Куръони карим ояте аст:

فاسألوا أهل الذكر إن كنتم لا تعلمون.

   "Агар намедонед, пас аз донишмандон бипурсед!"

     Бакрй ин ояти каримаро чунин тафсир мекунад: "Бояд ахли китоб аз яхуду насоро дар парлумони давлати исломй аъзо бошанд."

     Ин аст фахмиши олими тахрирй аз каломи худованд. Наметавон тасаввур кард, ки агар ин хизб зимоми умури хукмро ба даст орад, ба уммати ислом чй тасодуфоте рух медихад.

     Мегуяд, ки зан хак дорад, ки узви парлумон бошад. Ба ин даъвояш  аз ходисаи Худайбия мисол меорад, ки асхоб аз ин, ки бидуни даромадани Макка ба Мадина бозгарданд, нохуш шуданд. Паёмбар (с) аз хавфи ин, ки ба нофармонй икдом кунанд, ошуфтахол ба назди Умми Салама (р) даромад. Хамсараш тавзех намуд, ки ба назди асхоб барояд ва кореро, ки амр кардааст (яъне забхи курбониро) аввал худ анчом дихад, то дигарон низ ба у пайравй кунанд. Дар хакикат хамин тавр хам карданд.

     Мегуяд: Ин далели чоиз будани иштироки зан дар парлумон аст. Инро нодида мегирад, ки он хазрат хамсари худро барои машварат байни мардон берун наоварданд, балки худ дохили хайма рафтанд.

 

     Худованд ба рохи хак даъват кардани муъминонро васф карда мегуяд:

 يدعون إلي الخير و يأمرون بالمعروف و ينهون عن المنكر.

   "Ба суи хайр даъват мекунанд ва амри маъруфу нахйи мункар мекунанд."

     Мегуяд: "Мардум гумон мекунанд, ки максуд аз оят даъвати муъминон аст. Ин ачиб аст! Ин сахех нест! Даъват танхо барои кофирон аст! Чи тавр мусалмонро даъват кунем?!"

     Гуё байни мусалмонон хатову мункаре нест, ки бояд аз он нахй карда шаванд. Пас чаро уммати ислом ба ин зиллат гирифтор шудааст? Чаро душманон болояшон мусаллат шудаанд? Оё бе сабабе ва бе хатои онон? Оё худованд муъминонро бе сабабе ва бе гунохи худи онон хор месозад ва ба азобу зиллат гирифтор мекунад? Ба ин оят таваччух кунед:

ما يفعل الله بعذابكم إن شكرتم و آمنتم.

   "Худованд шуморо гирифтори азоб намекунад, чун шумо имон оред ва шукргузорй кунед."

 

     Бакрй ва суннат

     Густохона хадисбофй карда мегуяд: "Вакте расулуллох (с) аз каниз пурсид, ки "Аллох кучост?" гуфт: Дар осмон аст. Асхоб бархостанд, то уро латукуб кунанд. Фармуд: "Уро озод кун, зеро у муъмина аст."

     Ин дуругро, ки гуё асхоб хостанд, ки канизро зананд, ба хадиси сахех ва машхур илова кардааст. Чи тавр асхоб ба задани он каниз бармехезанд, дар холе, ки сухани у бо ояти куръонй мувофикат мекард. Чое, ки худованд мефармояд:

أأمنتم من في السماء.

   "Оё эмин хастед аз он худое, ки дар осмон аст?"

     Вакте чамъе аз хозирон аз Бакрй дархост карданд, ки масдари ин хадисро пайдо кунад ва даъвои худро собит намояд, ваъда медоду роху гурезеро намедонист. Гуё у мепиндошт, ки асхоб мисли уву хамсафонаш муътазила ва ё ашъарй бошанд. Оё мепиндорад, ки ба ин осонй хадисбофй мекунад ва касе ба у эрод намегирад?

 

     Мансубони ин хизб, ки хабари вохиди сахехро инкор мекунанд, китобхояшон пур аз хадисхои бофташудаву заъиф ва ривоятхои мавзуъ мебошад, ки инчунин хабархо ба иттифоки уммат номакбул ва мардуд аст.

     Мисоле аз он ривоёти бофташуда дар видеокассетахо ва китобхои онон:

   -Худованд рахм кунад мардеро, ки айби маро гуяд. (Хадафи исломй, 154-30)

   -Агар илм муаллак дар ситора бошад, мардони форс онро дармеоранд. (Абу Ханифа, 27-10).

   -Харки такво надорад, гайбат кардани у чоиз аст. (А.Х. 58-45).

   -Харки бигуяд, ки ман олимам, ба тахкик у чохил аст.

   -Харки бочанобат намоз хонд, ба тахкик кофир шуд...

     Боз даххо хадисхои беасос, ки дар мавъизахои худ аз он истидлол меоранд. Дар мукобил даъво доранд, ки ба хифзи аходис харисанд. Бо ин даъво байни мардуми авом бо радди кабули хадиси оход фитнахои зиёдеро барангехтаанд.

 

     Суханхои гариби у:

   -Ба ман магуй, ки худову паёмбар чунину чунон гуфтаанд. Ба ман бигуй, ки аклам чунин гуфт. (Демократияи иштирокй. В-32,35).

   -Харки судхуриро халол гуяд, хукми у куфри асгар аст. (Тафсири Моида. В-232).

   -Чоиз аст, ки шахс дар либоспушиаш ба паёмбар (с) таклид кунад. Вале чоиз нест, ки бигуяд: Ман пайравии суннат мекунам. Агар чунин гуфт, ба халифа вочиб аст, ки уро дарра занад. (Т. Нур. 6,27,46).

   -Агар барои хондани Куръон тахорат кардй, пас гунох кардй. (Т.Моида. В2/205,247).

   -Азон ва икомат ибодат нест. (Т.Моида. 206).

   -Марде гуфт: Эй худо, ман бандачаи туам. Умар (р) уро чихил дарра зад. (Т.Нур. В6/228).

   -Сухани худо "Барпо доред намозро" далели вочиб ва ё фарз будани он нест.

   -Уламо гуфтанд, ки имон меорем ба рузи киёмат, вале нагуфтанд, ки имон меорем ба азоби кабру хабари меъроч...

     Бар хилофи ин кавли у Абу Ханифа дар "Фикхи акбар" менигорад: "Хабари меъроч хак аст, харки кабул накард, пас у гумрох ва аз ахли бидъат аст."

     Доир ба азоби кабр омадааст: "Азоби кабр хак аст барои кофирон ва баъзе аз гунахкорони мусалмон." (Фикхи акбар, с:82. Шархи Мулло Алии Корй).

 

     Вакте Умари Бакрй доир ба масъалаи шуро мавъиза мекард, бидъати гариберо эчод кард, ки хозирин дар шигифт монданд. Байни шуро ва машварат фосила ниходу гуфт: "Машварат онаст, ки ахли шуро раъйеро интихоб кунанд ва хокимро ба кабули он водор созанд. Бинобар ин асхоб расулуллох (с)-ро водор сохтанд, ки ба раъйи онон итоат кунад. Агарчи раъйи у бо онон мухолиф бошад, мачбур аст, ки итоат кунад."

     Ин суханони у беэхтиромй нисбати расулуллох (с) буда, дар айни хол бар хилофи фикри тахририён аст, ки ичтиходро дар хакки он хазрат инкор мекунанд. Ба ин далел, ки хама гуфтахои у вахй аст. Агар чунин аст, пас инхо вахйи худоро мавкуф медонанд, то он, ки асхоб бар он мувофикат кунанд.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

Мадади Холик ва мадади махлук.

Ба  номи он  холике ,ки ягона мададкор  ва  сару сомондихандаи бесару  сомонихои  мост.  Бисёр  хам  мешавад,ки мо тавассути  забон  ва  калб чуёи  мададу дастгирии гайбии  гузаштагон  мешавем.Ба  забон  овардани суханони   маъмул  ва  машхури  "Ё Али  мадад","Ё ПИР ам мадад намо"  ,"Ё  Мавло мадад"  ва  гайрахо оё дуруст  ва  мувофик  ба  мусалмонии  мостанд?

ТАЪЙИДи Хизби Тахрир аз РОФИЗА

 

Ба номи худои таоло

ТАЪЙИДи хизби Тахрир АЗ РОФИЗА

     Магрур кардани рофиза масъулони хизби тахрирро бо дастгирй аз афкори сиёсии онон ва мусоидати моли ба онон, на ба хотири худо ва на ба касди боло кардани аъломи чиход, балки он каминест, ки тархрезй кардаанд, то иктидори чавонони мухлиси ахли суннатро аз равиши солими таълим ва даъват мунхариф созанд ва бе хеч омодагии илмие ононро ба суи вартаи сиёсй такон диханд, то дар махбасхои торик иктидору нишоти онон хомуш гардад. Чун сахна аз чавонони мухлис ва гаюр, ки кодир ба дифоъ аз акида буданд, холй гардад, бо оромй метавонанд бо хукуматхо созиш кунанд ва дар назари мардуми бехабар акидаи фосиду мунхарифи хешро хамчу равиши хач чилва диханд. Мухаббати ахли байтро чун пардае барои рупуш кардани бидъатхо ва ширкиёташон истифода кунанд. Максуди онон тахрири кишвархои суннимазхаб аз ахли савод ва эчоди хатти фосил байни уламо ва мардуми авом аст. Ин макри таърихиест, ки хеч замоне он катъ намегардад ва аксарият аз он бехабаранд. Ба вижа хизбгароён, ки хамкорй бо ахли бидъатро вахдат номидаанд. Ин равиш аз уламо ва сарони мазохиби ахли суннат дар тули таърих ба мушохида нарасидааст ва онон харгиз равиши мусолиматомезро бо ахли бидъат напазируфтаанд, зеро ин амр рахна ворид кардан аст дар дини хак. Уламои бузургвори ахли суннат бо хар афкори мунхариф, ба хусус бо ононе, ки асхоби расулуллох (с)-ро, ки ровиёни Куръону хадисанд, душманони дин мешуморанд, шадидан мубориза мебурданд ва мардуми авомро аз фирефта шудан ба онон бархазар медоштанд. Хеч як аз уламо ва бузургони дин, на Абу Ханифаву Молик, на Шофеъиву Ахмад ва на Бухориву Муслиму дигарон, касе аз онон бо мазхабхои мухолиф ба хотири сиёсат ва ё чизи дигаре мусолиха ва созиш накардааст.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

ТАКХИРИ УЛАМОИ ИСЛОМ

 

ТАКХИРИ УЛАМОИ ИСЛОМ

 

     Уламо ва донишмандон дар дин хеле мартабаи бошараф доранд, ки болотар аз хар мансаб ва сарват аст. Паёмбари акрам (с) фармудаанд: "Уламо ворисони паёмбаронанд."

     Имруз харакатхо ва ахзоби исломй, чи аз масъулон ва ё афроди оддии он, эхтиёч доранд ба омухтани одоби муомила бо олимон ва эхтироми онон. Ба вижа уламое, ки дар рохи хидмати дин ва нашри суннати расулуллох (с) камар бастаанд. Инчунин бояд кайд кард, ки хар муллотароши бесавод, ки интишор кунандагони бидъату ширкиёт бошанд, сазовори икроме нестанд, балки бузургдошти онон нусрат ба ботил аст.

     Бадехист, ки олими дин гохо дар фатвояш хато мекунад ва ё зери фишори шадиде фатвои нодурустеро содир мекунад ва ё ночор, бо назардошти маслихате ба тарки ягон амри нохатмии шариат фатво медихад. Бисёре аз ин сатхназарон, бо сарфи назар аз вазъияту холати у, котеъона дархост мекунанд, ки яккавлу босубот бошад. Аз уламо мехоханд, ки дар устуворй хамтои амир Хамза (р) бошад, дар ру ба руи хоким биистад ва уро амру нахй кунад. Агар чунин накард, пас уро "фурухташуда" ва ё "муллои дарбор" ва ё "муллои хайзу нифос" меноманд. Бо сарфи назар аз ин, ки уламо дар илму дониш ва куввату ирода бо хам хеле тафовут доранд ва хар олиме наметавонад дар мукобили фишорхои хоким ба монанди имом Абу Ханифаву имом Ахмад истодагарй кунад. Агар мо ба хар як аз уламо шарт гузорем, ки бояд мисли он имомхо устувор бошад ва илло аз у даст мекашем, як олимеро наметавонем пайдо кунем.

     Гохо олиме дар амре истодагарй мекунад, ба касди пешгирй аз зараре, ки бузургтар аз зарари вучуддошта бошад. Гохе дигар рохеро интихоб мекунад, ки зарари андаке дорад, ба хотири пешгирй аз зарари бузурги дигар, пас ба хар хол набояд мо шаъну шарафи ононро фаромуш кунем ва аз диду фахмиши якчонибаамон ононро махкум созем.

     Паёмбар (с), ки номхои мунофиконро медонист, бо назардошти маслихате онро аз асхоб нихон медошт ва ба чуз Хузайфа (р) ба касе хабар надода буд. Пас пинхон доштани баъзе аз лагзиш ва ё хатои олими бошухрате, ки манхачаш солим бошад, ба хотири ислохи уммат авлотар аст. Зеро беэътибор кардани олими исломй, чунончи баъзе аз хизбгароён мекунанд, ба хайси беэътибор кардани дин аст. Беобру кардани олим дар назари мардуме, ки пайрави уянд, ба мисоли бечупон сохтани рамаи гусфандон аст. Дар асаре омадааст, ки "гушти уламо захролуд аст". Яъне гайбат кардани олим ба масобати хурдани гушти уст, ки он захролуд буда таъсироти манфй ба чой мегузорад ва худи гайбаткунандаро окибат ба халокат мерасонад.

     Агар ночор бошем, ки хатои олимеро баён кунем, пас чунон муомилае дошта бошем, ки писар бо падараш дорад, агарчи хатои уро тавзех медихад, эхтироми уро низ бачо меорад.

     Ба хар хол хатои он уламои муътабар сабуктар аз хатои он хизбгароёни сатхназар аст, ки бидуни илми шаръй ва бе машварати уламо даъвои сарвариву раёсат мекунанд ва чун ба фитнае мувочех шуданд наметавонанд истодагарй кунанд ва онгох омодаанд, ки хатто дину номуси хешро поймол кунанд. Фатовои чохилонаи онон ба ин овард, ки рохи даъват масдуд гардад ва навчавононе, ки тоза дар гулистони имон кадам гузоштаанд, ба махбасхои тангу торик кашида шаванд. Ин тундгароии онон лошак тугёни хукмбадастонро афзунтар месозад, ки дар натича ба осонй ва бе вучуди эътирозкунандае метавонанд ба мардуми мусалмон таъсироти манфй гузоранд. Ин амри вокеъист, ки хар яки мо мушохида мекунем.

     Амирул муъминин Умари Хаттоб (р) васият мекард: "Пеш аз он, ки ба раёсату сарвари бирасед, талаби илм кунед!"

     Он хизбгароён хеле хуб дарк кардаанд, ки мардуми авом танхо ба уламо гуш медиханд. Бинобар ин ба хотири катъи алокаи мардум бо уламо ва чалби онон ба суи хизби худ, шуруъ мекунанд ба айбчуиву танкиди уламо, нисбат додани лакабхои нописанд ба онон ва беобру сохтани онон байни мардуми авом.

     Паёмбари акрам (с) фармудаанд: "Аз мо нест касе, ки бузургони моро эхтиром накунад ва ба хурдсолони мо рахм накунад ва олимонро кадрдонй накунад."

     Мутааассифона уламоеро интикод мекунанд, ки эътикод ва равиши онон хак ва сахех аст. Дар мукобил бо пешвоёни ахли бидъат созиш мекунанд ва аз мадху санои ахли ботил, ба вижа рофизиён хичолат намекашанд.

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

ФАТВОХОИ БОТИЛИ ХИЗБИ ТАХРИР

 

Ба номи худои таоло

 

ФАТВОХОИ БОТИЛИ ХИЗБИ ТАХРИР

     Хизби тахрир бо фатвохои чадид ва гушношунидаш мусалмонони чахонро дар хайрат андохт. Он фатвохо хеле хатарнок буда, хатто дар равиши пайравони хизб низ таъсироти манфие ба чо гузоштааст. Баъзе аз он фатвохои ботили хизбро пешкаш мекунем, то хонанда худ казоват кунад:

 

    -Суол: Оё буса кардани зани бегона чоиз аст?

     Хайъати фатвои хизби тахрир чавоб медихад: Бусаи бешахват боке надорад, мубох аст. (Нашрияи суол ва чавоб, 16/3/1970).

     Менигорад: Пурсидан аз далели мубох будани бусаи зани бегона, бемантикиро ифода мекунад. Онгох харом аст, ки агар ба зино расонад...

     Оё ин муфтии чадид розй мешавад, ки ин фатвояш дар духтару хохар ва ё хамсараш татбик гардад?!

     Дар назари хизб пушидани аврати занон ва хичоби исломи зиллату акибмондагй ва инхирофи ахлокй аст. Аммо раво шуморидани бусаи он зиллату инхироф нест.

 

    -Суол: Оё чоиз аст гирифтани дасти зани бегона?

     Посухи хизб: Оре, чоиз аст. Оё намебинед, ки хангоми байъат халифа дасти мардону занонро мегирад?!

     Дар радди ин фатвои хизб мегуем: Модарамон Оиша (р) мегуянд: "Касам ба худо, ки дасти паёмбар (с) ба дасти зани бегонае нарасид!" (Сахехи Бухорй, №4891).

     Хадиси Умми Атия низ далолат намекунад, ки паёмбар (с) дасти занеро гирифта бошанд.

     Аммо ривояти Шаъбй, ки гуё паёмбар (с) хангоми байъат ба дасташ порчаеро гузошта бо занон байъат карда бошад, сахех нест, балки ривояти мурсал аст ва мурсал хуччат нест. Агар фарз кардем, ки сахех аст, низ бар хилофи фатвои хизб ба ин далолат мекунад, ки гирифтани дасти зани бегона чоиз нест, бинобар ин порчаеро ба даст гузошта байъат намуданд.

     Дар хадиси дигаре омадааст, ки паёмбар (с) онгох, ки занон барои байъат хозир шуданд, фармуданд: "Ман харгиз дасти занонро нахохам гирифт!" (Тирмизй 1597, Насой 7/149).

     Байъати паёмбар (с) бо занон танхо бо сухан буд.

 

     Фатвои хизб: "Чоиз аст назар кардан ба сурати занони урён, зеро он чисми хакикй нест!"

     Шакке нест, ки ин муфтиёни чадид дар мавриди оилаи худ, харгиз чунин амалро раво намедонанд!

     Хадиси паёмбар (с) ин фатво ва фатвои собики ононро рад мекунад:

    "Зинои чашм нигох аст, зинои гуш шунидани фахш аст, зинои дахон буса аст." (Сахехи Муслим, 6/195).

    

     Фатвои хизб: "Чоиз аст ба занон пушидани шим ва либосхои аврупой..."

     Далелхои зиёде инро рад мекунад, ба мисли хадиси: "Харки ба кавме монандй кунад, пас у аз онхост."

 

     Фатвои хизб: "Зарур аст ба зан иштирок дар интихобот. Агар шавхараш уро манъ кунад, набояд итоат кунад."

   ...Бо вучуди далелхои зиёде, ки ба фарз будани итоати зан ба шавхараш далолат мекунад.

 

     Фатвои хизб: "Чоиз аст, ки зан узви парлумон бошад."

     Ин фатво низ хилофи хадис аст: "Начот нахохад ёфт кавме, ки зимоми умурашонро ба зан супоранд."

     Фатвои дигари хизб: "Вочиб аст итоат кардан ба авомири халифа агарчи хилофи шариат бошад дар назари мардум." (Давлати исломй, сах:108).

     Ин фатво хилофи хадиси расулуллох аст: "Итоат ба махлук чоиз нест, дар амре, ки маъсияти холик бошад."

     Инчунин хутбаи Абубакри Сиддик низ инро рад мекунад: "Харгох итоати худо кардам, маро итоат кунед ва харгох ба маъсият амр кардам, пас бар шумо итоати ман вочиб нест."

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

Ихвонулмуслимини Миср вориди майдон мешавад.

 

   Ихвонулмуслимини Миср вориди майдон мешавад

 

   Ихвонулмуслимин, бузургтарин гурӯҳи исломии Миср, эълон кард, ки ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ намекунад, вале барои дастикам нисфи курсиҳои парлумон вориди мубориза хоҳад шуд.

   Ихвонулумуслимин аз муташаккилтарин аҳзоби сиёсии Миср буда, афзоиши нуфузаш нигарониҳо дар бораи ба як нирӯи пурқудрат дар сиёсати Миср табдил шудани Исломи сиёсиро доман задааст. Ин гурӯҳ, ки расман мамнӯъ буду холо қонунӣ шудааст, дар барандохтани Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал нақши умда бозӣ карда буд.


Метки: http://www.ozodi.org/archive/new

КИШВАРХОИ ИСЛОМИ ДАР НАЗАРИ ХИЗБ

 

Бисмихи таоло

 

КИШВАРХОИ ИСЛОМИ ДАР НАЗАРИ ХИЗБ

 

     Хизби Тахрир чунин менигорад, ки кишвархои исломие, ки низоми он комилан мутобики шариат нест, дорул-харб ва ё дорул-куфр аст, мегуяд: "Хама кишвархои мусалмоннишин имруз дорул-куфр аст, агарчи ахли он мусалмон бошанд."

     Доктор Хумом Саид мегуяд: "Ин даъвои онон, ки имруз дорул-ислом вучуд надорад ва хама кишвархои мусалмоннишин дорул-куфр аст, даъвои ботил аст. Ингуна таксимот онгох бамаврид хохад буд, ки хамзамон давлати исломии комиле бо лашкару лавозимоташ вучуд дошта бошад. Инкори сифати "исломй" аз кишвархои мусалмоннишин, нодидагирй аз хайр ва имконотест, ки дар онхо мавчуд аст. Ин кор боиси нобоварй ва катъи умед дар онон мегардад.

     Яке аз масъулони хизбро пурсидам, ки фикри шумо доир ба Макка ва Мадина чист? Густохона гуфт, ки дорул-куфр аст... Агар диёри харамайн, ки ончо шариат комилан татбик мегардад, дорул-куфр бошад, пас дорул-ислом кучост?!

     Шахси дигаре аз у пурсид: Оё дар олами имруз дорул-ислом вучуд дорад? Гуфт: На! Пурсид: Худованд ба хичрат кардан ба суи дорул-ислом амр кардааст, пас имруз чун ман хостам, ки хичрат кунам, пас ба кучо хичрат кунам? Он тахрирй аз чавоб очиз монд.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

БИСЁРХИЗБЙ АЗ НАЗАРИ ТАХРИРИЁН

 

   Ба номи Аллох, ки Рахмону Рахим аст 

 

   БИСЁРХИЗБЙ АЗ НАЗАРИ ТАХРИРИЁН

 

     Хизби тахрир даъво дорад, ки вучуди чунбишхову чамоатхои мухталиф ва бисёрхизбй як амри шаръй мебошад ва ба ин даъвояш оятеро далел меорад, ки он бар хилофи назарияи хизб далолат мекунад:

 ولتكن منكم أمّة يدعون إلى الخير ويأمرون بالمعروف و ينهون عن المنكر.

   "Бояд аз шумо чамоате бошад, ки ахли он ба суи некй даъват кунанд ва амри маъруфу нахйи мункар кунанд."

     Дар холе, ки хизб бар хилофи ин оят василаи ислохгар ва тагйирдиханда будани амри маъруф ва нахйи мункарро инкор карда мегуяд: "Амри маъруф ва нахйи мункар рохи барпо сохтани хилофат ва эхё кардани ислом нест." (Манхачи хизб, сах:21).

     Хакикат он аст, ки баъди нозил шудани ин амри парвардигор сахобагон ба муктазои ин оят амал карданд, вале байни онон бисёрхизбй мушохида нашуд. Амри маъруф ва нахйи мункарро ба таври комил дар чамъияти хеш татбик карданд, вале барои ин кор хизберо таъсис надоданд. Оё он асхоб ва дигар уламои ислом то ин аср мазмуни ин оятро дарк накарданду онро ба эхмол гузоштанд?

     Ин оят сарохатан далолат мекунад, ки бояд як гурух ихтиёр гардад, на гуруххои мухталиф. Дар Куръон харфе аз бисёрхизбй вучуд надорад. Куръон ичоза медихад, ки танхо як хизб хизби Аллох вучуд дошта бошад, дар мукобили хизби Шайтон.

     Бингарем ба худи Умари Бакрй, ки аз шахсиятхои боризи хизби тахрир буд, дере нагузашта хизби чадиди "Мухочирин"-ро таъсис дод, бо ин даъво, ки худо ба мо ичозаи бисёрхизбиро додааст ва хизби худро бехтар аз хизби тахрир хисобид. Шояд дар оянда хизби дигареро таъсис дихаду онро бехтар аз "Мухочирин" хисобад?!

     Ин даъвохои ботил ва тафрикаомезро Куръони карим котеона рад мекунад:

ولا تكونوا من المشركين, من الذين فرقوا دينهم و كانوا شيعا. كل حزب بما لديهم فرحون.

   "Аз мушрикон набошед! Ононе, ки чудои карданд дар динашон ва гуруххо шуданд... Хар гурухе бо ончи наздашон аст шодмонанд."

     Имруз хизбхо зиёд аст ва хар як аз онон ба даъвохои худ аз китоби худо ба таври фахмиши худ далел меоранд, инчунин хизби тахрир. Бешак ба "уммат"-и дар Куръон ишорашуда будани хизби тахрир дигар ахзоб розй шуда наметавонанд.

     Оё худи хизби тахрир, ки бисёрхизбиро дохили уммати ислом як амри шаръй мешуморад, ичоза медихад, ки дохили худи ин хизб боз якчанд ахзоби дигар таъсис гардад ва хизби тахрир иборат аз якчанд хизб бошад?

     Хизбгарой ва вахдат ду тазодеанд, ки бахамоии он имконнопазир аст. Халли ягона он аст, ки ин ахзоб, ки мушобехи гуруххои сиёсии ба хам зидданд, аз даъвохои мухталиф ва таассубомези худ даст кашанд ва бештар доир ба вахдати уммати ислом таваччух зохир кунанд. Тарки ин хизбгароихо рохи вусул ба вахдати уммати ислом аст.

     Ачаб он аст, ки нидои вахдат аз хамон хизбгароён сару садо медихад, дар холе, ки худи онон омили асосии тафрикаи умматанд. Сазовор он аст, ки онон охирин касоне бошанд, ки аз вахдат харф зананд.

     Яке аз аъзоёни хизб доир ба вазъи имрузаи уммат мисоле оварда мегуфт, ки фоидае нест аз катъ кардани шохахои дарахте, ки он аз бех хушкида бошад. Гуфтам, ки ин мисоли ту вокеъй нест. Мисоли муносибтар ба холати имрузаи мардуми мусалмон он аст, ки рамае аз гусфандон дорй ва харгох дидй, ки хар гусфанде ба тарафхои мухталиф медавад ва пароканда мегардад ва имкони онро дорй, ки чандтои онро бигирй, пас чй кор мекунй? Оё исрор мекунй, ки ё хамаро мегирам ва агар натавонистам, пас ба ду се гусфанд коре надорам!? Ва ё мекушй то харчиро тавонистй бигирй? Инчунин агар дидй, ки чомеа моил ба фасод аст, ба кадри имкон ба амри маъруф ва нахйи мункар огоз кун ва салбй набош. Харгиз дарахти ислом ба пуррагй нахушкидааст ва овардани ин хадис инчо хеле ба маврид аст, ки "Харки гуяд, ки мардум халок шуд, пас у онхоро ба халокат расонидааст."

     Хар мусалмоне метавонад ба амри маъруф ва нахйи мункар, ки аз усули дин аст, ба осони киём кунад, агар максади у ислохи чамъият бошад, новобаста аз ин, ки хилофат вучуд дошта бошад ва ё асаре аз он набошад.

 

     Шитобкории хизб дар талаби салтанат ва хукумат ва бетадричии он ба ин овард, ки имруз дар тамоми кишвархои араб аз амалхои сиёсй ва ичтимой манъ карда шудааст ва холо дар кишвархои мазкур асаре аз ин чунбиш мушохида намешавад. Фаъолияти хизб махдуд шудааст ва танхо дар кишвархои урупо ва кишвархое, ки тоза аз зери асорат рахо ёфтаву аз дину акида бехабаранд, ба таблиги гояхои сиёсиаш мепардозад ва китобу нашрияхои худро интишор медихад.

 

 

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

АХЛОК аз дидгохи хизби ТАХРИР

Ба номи Аллоh
 
 

АХЛОК ВА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

     Хизб ба чамъиятхои исломие, ки даъват ба суи ахлоки исломиро манхачи худ карор додаанд, хурдагирй карда мегуяд: "Умматхо дар тули таърих бо ахлок бедор нашудаанд, балки бо сиёсат ва низомхое, ки онро татбик намуданд."

     Инчунин мегуяд, ки даъват ба суи ахлоки хамида наметавонад чомеаро ба ислох орад, зеро ислохи чомеа вобаста ба ислохи афкори он аст.

     Набахонй мункири он аст, ки дар рухи инсон ангезахои ташвикй вучуд дошта бошад. Бо ин афкораш барномахое тахия намудааст, ки асари он дар равиши аъзоёни хизб ва салобату тундгароии онон мушохида мешавад.

     Доктор Абдуллохи Нафисй ин вачхи номатлуби хизбро чунин каламдод мекунад: "Ин хизб нисбат ба гуруххои дигари милливу ватанй ва исломй дар кишвархои мусалмоннишин адоват ва бадбиниро дар замир дорад, ки дар натича дар назари хама чамъиятхо аз эътибор сокит шудааст ва наметавонад бо онхо алокахои сиёсии чолибе дошта бошад."

     Хизб дар бахси мавзуъхои фикриву сиёсй ба дарачае фуру рафтааст, ки мафхуми рух аз назараш дур ва беэътибор мондааст. Бинобар ин пайравони он ба ибодатхову амалхои шаръй ва суннату нофилахо беэътиной мекунанд ва иртиботи онон бо Куръони карим хеле заъиф аст. Даъвати худро мунхасир дар чорчубаи сиёсй кардаанд ва тасрехи худи онхост, ки: "Хизби тахрир чунбиши сиёсй аст. Мадрасае нест ва коре бо мавъизаву иршод надорад." (Хизби тахрир, сах:25).

     Максуд аз ин нигоштахои мо танкиди хизб бинобар эхтимоми шадиди он ба умури сиёсат нест. Балки ин нуктаи мухимро бояд кайд кард, ки сиёсате, ки дар чорчубаи шаръй мунхасир нест ва бо мазохиби мухталиф ва мунхариф иртиботхои кавй дорад, хар замоне манхачи худро тагйир медихад ва  поёни масири он чуз таваккуф дар чоррахаи хайрат чизи дигаре нест.

 

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

МАСЪАЛАИ КАЗО ВА КАДАР ва ИМОН БА АКЛ

 

   Ба номи Аллох, ки Рахмону Рахим аст 

 

    МАСЪАЛАИ КАЗО ВА КАДАР

 

     Муассиси хизб Набахонй мегуяд: "Уламои ахли суннат дар масъалаи казову кадар хилахои илми каломро ба кор мебаранд".

     Бо ин каломаш гуё у худро хорич аз ахли суннат мебинад. Инчунин даъво мекунад, ки лафзи казову кадар дар китобу суннат хамкарин наомадааст. Бехабар аз он, ки дар "Фатхул борй" (10-167) аз Хайсами ин ду лафз хамкарин, бо ривояти хасан аз паёмбар (с) ривоят шудааст.

 

 

 

ИМОН БА АКЛ

 

     Хизб мегуяд: "Ислом акидаро бар акл бино ниходааст, зеро акидаи исломй акидаи аклй ва сиёсй мебошад." (Китоби "Хизби тахрир", сах:26).

     Бузургдошти акл назарияи муътазила ва файласуфон аст, ки бо аклхои махдуди худ ба оятхои куръонй дахолат карданд ва дар зоту сифоти худованд суханхои ботил гуфтанд.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромар

ТАХРИР ва ТАЛАБИ ЁРЙ АЗ КОФИРОН

 

   Ба номи Аллох, ки Рахмону Рахим аст 

   ТАЛАБИ ЁРЙ АЗ КОФИРОН

     Далели дигаре ба устувор набудани хизби тахрир дар чорчубаи акидаи исломй ин аст, ки талаби нусратро аз хокими кофир чоиз мешуморад. Бо сарфи назар аз ин, ки харгиз шахси бедин барпо ёфтани хилофати исломиро намехохад ва дар ин рох кушише ба харч намедихад.

     Набахонй мегуяд: "Чоиз аст талаби ёрй аз кофир ба васфи ин, ки фард бошад."

     Инчунин мегуяд: "Чоиз аст, ки шахси кофир узви парлумони давлати исломй ва ё сарлашкари он бошад."

     Бо вучуди он, ки хукуматхои Сурия ва Ирок дар назари хизб низоми куфр аст, аз онхо ёрй ва нусрат талабид, вале онхо посухи мусбие надоданд.

     Чизи дигаре, ки меъёри фахмиши махдуди хизбро муайян мекунад, фирефта шудани онон бо дидани шиори "Аллоху акбар" дар байраки чадиди Саддом мебошад, бо сарфи назар аз зулму ситам ва хунрезихои нохакки у. Масъулони хизб бешармона уро бо иборахои "Офтоби хилофат аз Ирок тулуъ кард!" тахният гуфта буданд, вале имруз розй ба ин шуданд, ки у бо дастони гарбгароёни хоин бугй карда кушта шавад.

     Доктор Ахмади Багдодй мегуяд: "Хизби тахрир хангоми пиёда сохтани сохаи фикрии хеш дар майдони амал, ба нокомй дучор шуд ва ночор шуд назарияи чадиди "талаби нусрат аз хар чо ва хар шахсе, ки бошад"-ро ба миён оварад, ба хотири тахкик ёфтани максадаш. Дар натича ба мукобилияти шадиди уламо ва равшанфикрони ислом дар кишвархои Мисру Тунис ва гайрахо дучор шуд."

     Инчунин мегуяд: "Тахрир хизбест, ки манхачи инкилобиро пеш гирифтааст, вале амалияи тадрич (зина ба зина)-ро намешиносад."

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромар

МУХИММАТИ ПАЁМБАРОН

 

   Ба номи Аллох, ки Рахмону Рахим аст 

 

    МУХИММАТИ ПАЁМБАРОН

 

     Мухиммати асосии паёмбарон таблиги акидаи яккахудой ва даъвати мардум ба суи он буд. Дар чое агар ин кор муяссар намешуд, чои дигаре мерафтанд ва ба даъвати худ мепардохтанд, то мардуми рахгумзадаро аз чахолату гумрохй ва куфру ширк начот диханд.

     Вакте паёмбари гиромии ислом дар рохи даъват аз мардуми Тоиф азият дид, фаришта Чабраил ба он хазрат пешниход намуд, ки агар хохад кухро болои онон фуру меафканад, розй нашуду гуфт: "Умед дорам, ки худованд аз насли инхо инсонхоеро ба вучуд орад, ки уро ба ягонагй бипарастанд."

     Имруз хар як мусалмони гаюр имкон дорад, ки Куръон ва муктазои онро ба осонй ба мардум бирасонад ва касе монеаи рохи у нахохад шуд.

 

Метки: Тарчумаи Абу Абдурахмон Фаромарз

Халифа ва чомеа

 

Ба номи худованди мехрубон

 

ХАЛИФА МУХТОЧИ ЧОМЕАИ МУСАЛМОН АСТ

     Агар фарз кунем, ки халифаи мавриди назар ва хокими матлуб насб гардад, ки бихохад бар тибки шариат хукм намояд, наметавонад ин корро анчом дихад, магар дар холи вучуди чамъияте, ки онро бипазирад. Бингарем ба киссаи Геракл императори Рум, ки бо даъвати паёмбар (с) исломро пазируфта буд ва мардуми худро ба кабули хукми шариати Мухаммад (с) даъват намуд. Вакте насрониён ин пешниходи уро шуниданд, монанди гурхархои вахшй аз атрофи у пароканда шуданд. Чун ин холатро дид, якин кард, ки мулкаш аз даст меравад. Онхоро баргардонид ва тавзех дод, ки мехостам побандии шуморо бар насронияти худ биозмоям...

     Дар мукобил мебинем, ки сабаби хукмронии Фиръавни ситамкор бар кавмаш ва бо даъвохои хурофотиаш, ки хатто даъвои илохй дошт, кавми худро мефирефт, ин хама аз фасоди худи мардумони замони у буд. Дар оят омадааст:

فاستخفّ قومه فأطاعوه, إنهم كانوا قوما فاسقين.

   "Фиръавн кавмашро тахкир намуд. Пас ба у итоат карданд. Он кавм фосикон буданд."

    

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

ВАСИЯТИ ГАРОНКАДРИ УМАРИ ХАТТОБ (р)

 

Ба номи худованди бахшояндаву мехрубон

 

ВАСИЯТИ ГАРОНКАДРИ УМАРИ ХАТТОБ

 

     Умар ибни Хаттоб (р) халифаи боадолати ислом харгох лашкареро бар мукобили душман мефиристод, онхоро пеш аз хама насихат мекард, ки аз гунох дур бошанд, зеро хатари гунох бар мусалмонон аз хатари душман камтар нест.

     Вакте Саъд ибни Абу Ваккосро бар зидди лашкари эрониёни оташпараст мефиристод, ба у ва лашкариёнаш чунин навишт: "Ман ба ту ва хамрохонат фармон медихам, ки дар хама хол такворо фаромуш накунед, зеро пархез аз гунох бехтарин омодагй барои мукобилият бо душман аст. Он микдор, ки аз хучуми душманон эхтиёт доред, бештар аз вуруди гунохон эхтиёт дошта бошед. Гунохони лашкариён хатарноктар аз душманони онхост. Пирузй хамеша бо мост, зеро мо мусалмонон ба парвардигорамон итоат дорем, дар мукобил душманони мо дар исёни парвардигоранд. Агар чунин набудй, харгиз мо бо онон кудрати мукобилият надоштем, зеро онхо дар адад зиёдтар ва дар омодагии харбй кавитаранд. Агар дар гуноху исён вокеъ шудем, пас мо аз онхо фарке надорем метавонанд бо куввахои моддии худ бо оромй моро маглуб созанд. Шумо дар рохи худоед, ба гунох харгиз рох надихед. Напиндоред, ки агарчи гунох кунем аз онхо бехтарем. Худованд гохо пируз мегардонад болои кавми осие кавми дигареро, ки бадтар аз онхо бошанд, тавре, ки мачусиёни оташпарастро бар Бани Исроил, ки дар дини бархаки Мусо (а) буданд пируз гардонид, харгох дар кибру исён вокеъ шуданд. Аз худованд суол кунед, ки пеш аз хама шуморо бар нафсу шахавотатон голиб гардонад, пеш аз он, ки пирузй бар душманонатонро суол кунед."

     Умари Хаттоб давои хакикии бемории уммати исломро хуб медонист. Ин буд, ки доимо дар тархрезихо ва накшахои харбии худ комёб мегардид ва пирузй насиби лашкариёнаш мешуд.

     Харчанд дар сиёсат гутавар шавем, наметавонем дар он тагйироти назаррасеро ворид созем, модоме, ки робитаи мо бо худованд бар вачхи матлуб набошад. Ин ояти каримаро тааммул кунед:

إن ينصركم الله فلا غالب لكم و إن يخذلكم فمن ذا الذي ينصركم من بعده.

   "Агар шуморо худованд нусрат дихад, пас касе наметавонад бар шумо голиб гардад. Ва агар худованд шуморо тарк кунад, пас кй метавонад ба шумо нусрат дихад, пас аз у?"

 

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

БЕЭЪТИНОИИ хизби тахрир БА ИРШОДОТИ НАБАВЙ

 
 

Ба номи худованди мехрубон

БЕЭЪТИНОИИ хизби тахрир БА ИРШОДОТИ НАБАВЙ

     Паёмбари ислом алайхис салом хабар додаанд, ки уммати ислом ба зиллату нотавонй гирифтор хохад шуд. Инчунин рохи хилосй аз ин зиллату маглубиятро низ нишон додаанд.

     Байхакй ва Хоким бо исноди сахех аз Абдуллох ибни Умари Хаттоб (р) ривоят мекунанд, ки паёмбар (с) фармуданд: "Харгох дар кавме фохишагарй ва зинокорй зохир гардад ва онро ошкоро анчом диханд, худованд байни онон беморихои сирояткунанда ва вабохоеро мефиристад, ки ниёгони онон надида буданд. Харгох дар кавме тарозузанй ва фиребкорй дар муомилот интишор гардад, худованд бар онхо факру гуруснаги ва зулми хокимонро мусаллат кунад. Агар борон борад, ба хотири чорпоён аст ва илло аз он низ махрум гашта буданд. Хар кавме ахди худову расулро шикананд, худованд душманонро бар онон пируз хохад кард, то баъзе аз дороихои ононро рабоянд. Харгох хокимони кавме бар тибки шариат хукм накунанд, байни онон чангу хунрезихо вокеъ гардад."

     Дар хакикат ин васф мутобики холати имрузаи мусалмонон аст. Бо вучуди он, ки ададашон зиёд аст, наметавонанд гирди хам муттахид гарданд. Уммате, ки гутавар дар фасод аст, наметавонад ба пирузй ноил гардад.

     Модарамон Оиша (р) аз расули акрам (с) пурсиданд, ки оё мусалмонон бо вучуди он, ки байнашон накуукорон бошанд, ба маглубият ва халок дучор мешаванд? Фармуданд: "Оре харгох байни онон фасод ва амалхои ношоям зиёд шавад."

     Оре, харгох аксарияти кавме накукорон бошанду байни онон адолат хукмфармо бошад, ба иззату пирузй ноил хоханд гашт.

     Харгох шахсе чунин даъво намояд, ки зиллату маглубияти уммат ва чирагии душманон болои онон, бе сабабе ва бе хатои онон вокеъ шудааст, пас у гуё даъво намудааст, ки худованд ваъдаашро хилоф кардааст.

 

 

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

САБАБИ ЗАВОЛИ ХИЛОФАТ аз назари хизб

 

   Ба номи худованди мехрубон

 

    САБАБИ ЗАВОЛИ ХИЛОФАТ

 

     Хизби тахрир аслан доир ба сабаби завол ёфтани хилофати исломй ва ба муктазои чй омиле аз азамату мулки хеш махрум шудани мусалмонон бахс намекунад. Таваччухе ба ин нукта надорад, ки омилхои асосии заволи он; руй гардонидани мусалмонон аз дини худ, амал накардан ба дастуроти он, интишор ёфтани бидъату ширкиёт байнашон, нахй накардани мучримон, вучуд надоштани иртибот байни татбики шариат ва баргирифтани сабабхо ва василахои моддй мебошад.

     Худованд мефармояд:

إن الله لا يغيّر ما بقوم حتى يغيّروا ما بأنفسهم.

     Оё мунтазири онанд, ки худованд ин холати заъфи ононро ба азамату пирузй мубаддал созад, бе он, ки дар диндории худ тагйирот ва ислохоте намоянд ва бидъату ширкиётро решакан созанд.

     Мархилаи расидан ба хилофат бе шак баъд аз мархилаи тарбияти имонй ва татбики ибодот аст, ки он мархилаи асосии омодасозй аст. Паёмбар (с) сездах сол дар ин мархилаи тарбият ва ибодат асхобро сайкал дод ва ононро дар рухияи сабру устуворй парасторй намуд ва бо ин кор тавонист барои бинои чомеаи навин пойдевори махкамеро асос гузорад. Ин мархиларо мухочирони нахустин низ дар Хабашистон татбик намуданд.

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

МУХИММАТИ ИН ХИЗБ

 

Ба номи худованди мехрубон

МУХИММАТИ ИН ХИЗБ

     Масъалаи хилофат дар назари хизб болотар аз масъалаи акида аст. Гуё худованд гуфта бошад, ки "наёфаридам инсу чинро магар... (барои барпо кардани хилофат)". 

     Равиши паёмбарон ин буд, ки хаттал имкон мардумро аз вокеъ шудан дар азоби илохй бим медоданд ва хамвора ба таблиги рисолати илохй машгул буданд, чй хилофат барпо шавад, ё нашавад. Паёмбароне буданд, ки барпо кардани хилофат ба онон муяссар нашуд, то он, ки аз дунё гузаштанд, вале хечгох аз даъват боз наистоданд ва таблиги динро то дами марг канор нагузоштанд. Баръакси равиши онон хизби тахрир масъалаи даъватро то барпо шудани хилофат ба таъхир гузоштааст.

     Куръон ба мавзуъи ширк ва хатари хеле чиддй доштани он ахамият дода аз дуои гайри Аллох тахзир мекунад, вале ин хизб аз ин навъи ширк, ки имрузхо байни мардуми авоми мусалмон чорист, харфе намезанад.

 

     Тархрезии хизб ва даъвати он ба суи тахрир (пок сохтан, рахой додан) сатхй мебошад. Максуд аз тахрир чист? Агар пок сохтан ва ё рахо намудани мусалмонон аз акидахои ботил аст, пас чаро бо пайравони мазохиби ботилу мунхариф равобити устуворе барпо кардааст? Тавре, ки яке аз шахсиятхои маъруфи хизб Умари Бакрй дар Британия карда буд.

     Агар максуд аз тахрир тахрири замин аст, чаро муътакид ба тахрири Фаластин нестанд ва ба хадиси набард бо яхудон имон надоранд ва онро ба далели хабари вохид буданаш инкор мекунанд, дар холе, ки муассиси ин хизб худ зодаи сарзамини мукаддаси Фаластин аст.

 

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

ХИЧРАТИ ХИЗБИ ТАХРИР БА КИШВАРХОИ ГАРБ

 

Ба номи худованди мехрубон

ХИЧРАТИ ХИЗБ БА КИШВАРХОИ ГАРБ

     Ба ин хизб муяссар шуд, ки бо манхачи салбии худ ба кишвархои гарб ворид шавад. Гарбе ки дар моддиёт гутавар шудаву таассуби салибии хешро фаромуш карда буд. Нафароне аз мутаассибони насоро, ки мехостанд таассуби насронияти кадимро байни мардуми хеш барангезанд, то пеши рохи даъвати исломй монеъа эчод созанд, ин хизб барои онон хадамоти хеле бузургу гайри чашмдоште анчом дод, дар холе, ки худ тасаввури онро надошт. Бе ягон мукаддимае интишор додани ин хангоматалабон мавзуъи хилофатро дар гарб, сабаб шуд, ки ба даъвати исломй монеъа эчод гардад, намозхонахо дар донишгоххо баста шавад ва нашри мачаллаву чаридахои исломй манъ карда шавад. Аз ин мавкеъ васоили эълони гарб аз садову симо хеле хуб суъистифода намуд ва даъвохои хизби тахрирро барои бадномсозии номи бошарафи ислом ба кор бурд. Эъломияе пахш намуд, ки харгох хилофати исломй барпо гардад, сараввал хуни насрониён рехта хохад шуд...

     Дар хакикат ин амр аз хикмати даъват нест, ки насронихо пеш аз он, ки ба мохияти акидаву тавхид  ва ахлоки хамидаи исломй шинос шаванд, махкум ба катл будани худро шунаванд... Ин тарзи даъват бешак хато ва мухолифи равиши салаф аст.

     Вакте сахобагон аз зулми Курайш ба танг омада ба Хабаша хичрат карданд, бо ахли он диёр, ки насронихо буданд, хамсоягии нек, хамзистии мунсифона ва муомилаи хубе доштанд. Амнияти касеро халалдор накарданд.

     Умми Салама (р) кисса мекунад: "Вакте ба Хабашистон фуруд омадем, бо ахли он хеле хамсоягии хуб доштем. Дини мо эмин буд. Худоро бе мамониат мепарастидем. Касеро азият надодем ва аз касе азият надидем. Аз касе харфи ночое нашунидем..."

     Ислом динест дорои адолат ва ахлоки хамида ва даъват мекунад ба некуй кардан, чй ба муслим ва чй ба гайри муслим. Тавре, ки худованд фармудааст:

 لا ينهاكم الله عن الذين لا يقاتلونكم في الدين ولم يخرجوكم من دياركم أن تبروهم و تقسطوا إليهم.

   "Худованд манъ намекунад шуморо аз некй ва адл кардан ба он гайри муъминоне, ки бо шумо дар рохи дин начангидаанд ва шуморо аз диёрхоятон хорич накардаанд."

     Манхачи салбии хизби тахрир бо таргиботи эхсосотиаш аз кудратхои чавонони диндор, ки мебоист барои ислохи чамъият ва нашри дин сарф шавад, суъистифода мекунад ва онхоро дар вартахои махуфи сиёсй бе панох рахо месозад, ба умед ва интизории хилофати хаёлй, ки ин шабехи интизории шиъиён аст ба зухури Махдии мунтазар.

 

 

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

Нашъати ХИЗБИ ТАХРИР

 
   Ба номи худованди рахмону мехрубон
 
 

 НАШЪАТИ ХИЗБ

 

     Ин хизб бар асоси отифй ва эхсосот таъсис ёфтааст. Масъалаи барпо намудани хилофати исломиро болотар аз масъалаи акидаву тавхид мешуморад. Барномахои сиёсии зиёдеро дар рохи пиёда кардани ин максад тархрезй кардааст, ба ин пиндор, ки он бояд дар муддати сездахсол анчом ёбад ва хилофати матлуб ба даст ояд... Чандин дахсолахо гузашт, вале аз пиёда гаштани барномахои тархрезишудаи у дараке нест.

     Манхачи хизб манхачи сиёсии махз буда, асоси тарбиявй ва ахлокй надорад. Дар китобхои хизб аслан даъват ба суи сидку ихлосу такво ва ичтиноб аз ширку васоили он ба назар намерасад, дар холе, ки он мавзуъи асосии китоби худованд мебошад.

     Доктор Абдуллохи Нафисй мегуяд: "Мухиммати ин хизб интишор додани афкор аст, на татбики он."    

     Пайравони хизб даъват ба суи асосхои дин, мисли тавхид ва намозу рузаро канор мегузоранд, ба ин гумон, ки он аз масъулиятхои халифа аст.

     Бинобар орй будани хайъати ин хизб аз уламо ва марчеъхои илмй, ки мардум мухточи онанд, беэътиноии хизб нисбат ба шууни динй ва хавола кардани ин умур ба халифаи гумонй, имруз ин хизб байни мусалмонони чахон беэътибор гаштааст. Мушохида мешавад, ки пайравони он побанди суннатхои исломй нестанд. Чун аз ин мавзуъ сухбат ба миён ояд, мегуянд, ки мухиммати асосй ба даст овардани хукумат асту холо вакти бахс аз амалхои хакир ва ночиз (яъне суннат) нест. Мегуянд, ки мухтавои Куръон махдуд буда чавобгуи мушкилоти ин замон нест ва мегуянд, ки аходис агарчи зиёд аст, аксари он заъиф аст...

     Дар китобхояшон дар масъалаи бузургдошти акл хеле ифрот мекунанд, то чое, ки яке аз пешвоёнашон чунин гуфтааст: "Хар як далелхои шариат гумоннок аст ва катъй нест. Ояте нест, ки дар тафсири он ихтилоф накарда бошанд."Вакте ба у эътироз карданд, ки оё дар ояти куръонй шак эчод мекунй? Посухе надод. (Сабти мунокишаи масъулони хизб бо шайх Албонй).

     Хизби тахрир дар кишвархои исломй ба нокомй дучор шуд. Натавонист ахдофи хешро на дар муддати сездах сол ва на зиёда аз он татбик созад. Табиати шитобзадаи ин хизб сабаб шуд, ки зарбахои пайдарпай аз ин суву он суй сари пайравони он фуру резад ва чавонони содаву боихлос ва диндорони зиёде ба хабсу катл махкум шаванд. Ин аст натичаи хар як амал ва чунбише, ки бар асоси эхсосот бино ёфтаву орй аз сабру хикмат ва берун аз чорчубаи шаръй бошад.

 

 

Метки: Тарчумаи Абдурахмон Фаромарз

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу