Nazirjon Sharopov,
12-09-2012 12:47
(ссылка)
Барои рус забонхо!
Ты об Аллахе позабыл,
хоть мусульманином зовешься,
а ведь тебя Он сотворил
и вскоре ты к Нему вернешься
И не обманешь ты Аллаха –
от расплаты не уйдешь,
и настигнет Ангел смерти
в тот момент, когда не ждешь
Ведь никто из нас не знает
где, когда и как умрет
Так зачем тогда ты медлишь,
говоря, что вот начнешь
«Вот начну скоро поститься,
вот начну делать намаз,
а пока я погуляю –
молодость бывает раз»
Веселись, танцуй, гуляй
только ты не забывай,
что Творец все наблюдает
и дела твои Он знает,
что наступит Час расплаты
и ответишь ты за траты –
траты времени и сил
на грехи что проводил…
…день за днем проходят мимо
И года летят стрелой
Вдруг, явился Ангел смерти
Всё, закончился «покой»
И не начал ты поститься
И не стал делать намаз
И назад дороги нет -
Жизнь дается только раз…
Станешь ты рыдать, просить
«О Аллах, верни обратно,
проживу я так как надо,
буду я Тебе служить
и молитвой дорожить
буду я творить благое,
останавливать дурное,
и грехи все обходить
только по закону жить.
Возврати мне жизнь опять,
хоть на десять лет, на пять…»
Вспомни-ка свои слова
говорил ты их всегда -
«молодость бывает раз»
Так что нет назад дороги
Поздно ж вспомнил ты о Боге
Получай свою награду
Нет, не райскую прохладу
Пытки, муки, пламя Ада
Вот тебе твоя услада
Заслужил ты их сполна
Забывая о Всевышнем
и живя, так как хотя…
Почему ты свою руку
не засунешь в жар костра?
Ты ответишь удивленно -
«Обожжет ведь он меня»
Так почему же тогда веря,
Что Аллах есть и есть Ад
Ты заводишь себя прямо
В огонь, страшащий всех подряд
Может в сердце веры нет?
Вера просто на словах?
Говоришь ты по привычке
«о Аллах, Аллах, Аллах»…
Ты подумай о вселенной
Посмотри вокруг себя,
сколько видно здесь творений
все – знаменья для тебя!
Грех – не только выпить водку;
или что-то своровать,
грех не вспоминать Аллаха;
Его милость забывать.
хоть мусульманином зовешься,
а ведь тебя Он сотворил
и вскоре ты к Нему вернешься
И не обманешь ты Аллаха –
от расплаты не уйдешь,
и настигнет Ангел смерти
в тот момент, когда не ждешь
Ведь никто из нас не знает
где, когда и как умрет
Так зачем тогда ты медлишь,
говоря, что вот начнешь
«Вот начну скоро поститься,
вот начну делать намаз,
а пока я погуляю –
молодость бывает раз»
Веселись, танцуй, гуляй
только ты не забывай,
что Творец все наблюдает
и дела твои Он знает,
что наступит Час расплаты
и ответишь ты за траты –
траты времени и сил
на грехи что проводил…
…день за днем проходят мимо
И года летят стрелой
Вдруг, явился Ангел смерти
Всё, закончился «покой»
И не начал ты поститься
И не стал делать намаз
И назад дороги нет -
Жизнь дается только раз…
Станешь ты рыдать, просить
«О Аллах, верни обратно,
проживу я так как надо,
буду я Тебе служить
и молитвой дорожить
буду я творить благое,
останавливать дурное,
и грехи все обходить
только по закону жить.
Возврати мне жизнь опять,
хоть на десять лет, на пять…»
Вспомни-ка свои слова
говорил ты их всегда -
«молодость бывает раз»
Так что нет назад дороги
Поздно ж вспомнил ты о Боге
Получай свою награду
Нет, не райскую прохладу
Пытки, муки, пламя Ада
Вот тебе твоя услада
Заслужил ты их сполна
Забывая о Всевышнем
и живя, так как хотя…
Почему ты свою руку
не засунешь в жар костра?
Ты ответишь удивленно -
«Обожжет ведь он меня»
Так почему же тогда веря,
Что Аллах есть и есть Ад
Ты заводишь себя прямо
В огонь, страшащий всех подряд
Может в сердце веры нет?
Вера просто на словах?
Говоришь ты по привычке
«о Аллах, Аллах, Аллах»…
Ты подумай о вселенной
Посмотри вокруг себя,
сколько видно здесь творений
все – знаменья для тебя!
Грех – не только выпить водку;
или что-то своровать,
грех не вспоминать Аллаха;
Его милость забывать.
Гуфтугуи худованд бо банда
Гуфтугуи худованд бо банда.
Аз сафҳаи "ХУДОЁ ШУКРАТ" дар фейсбук.
Худо: бандаи ман, намози шаб
бихон ва он 11-ракъат ҳаст.
Банда: худоё, хастаам,
нметавонам.
Худо: бандаи ман, ду ракъат
намози ва як ракъат намози
витр бихон.
Банда: худоё, хастаам, бароям
мушкил ҳаст ними шаб бедор
шавам.
Худо: бандаи ман, қабл аз хоб
ин се ракъатро бихон.
Банда: худоё, се ракъат зиёд
ҳаст.
Худо; бандаи ман, фақат як
ракъат намози витр бихон.
Банда: худоё, имруз хеле
хастаам, оё роҳи дигаре
надорад?
Худо: банди ман, қабл аз хоб
вузуъ бигир ва рў ба осмон
куну бигу "Ё ОЛЛОҲ".
Банда; худоё, ман дар рахтхоб
ҳастам, агар буланд шавам
хоб аз сарам мепарад.
Худо: бандаи ман, ҳамончо ки
дароз кашидаи, таяммум куну
бигу "Ё ОЛЛОҲ".
Банда: худоё, ҳаво сард ҳаст,
наметеаонам дастамро аз зери курпа
дарбиёварам.
Худо: бандаи ман, дар дилат
бигу "Ё ОЛЛОҲ", мо бароят
намози шаб ҳисоб мекунем.
Банда эътиное намекунад ва
хоб меравад.
Худо: малоикаи ман, бибинед
ман он қадар содда гирифтам,
аммо у хобидааст, чизе ба
азони субҳ намонда, уро
бедор кунед, дилам барояш
танг шудааст, имшаб бо ман ҳарф назадааст.
Малоика: худовандо, дубора
ўро бедор кардам, аммо боз
хобид.
Худо: малоикаи ман, дар
гушаш бигуед, парвардигорат
мунтазири туст.
Малоика: парвардигоро, боз
ҳам бедор намешавад.
Худо: азони субҳро мегуянду
ҳангоми тулуъи офтоб ҳаст.
Эй бандаи ман, бедор шав,
намози субҳат қазо мешавад,
офтоб аз машриқ сар
бармеоварад.
Малоика; худовандо,
намехоҳи бо ў қаҳр куни?
Худо: ў чуз ман дигареро
надорад.........
Шояд тавба кард.........
Бандаи ман, ту ба ҳангоме, ки
ба намоз меисти, ман он чунон
гуш фаро медиҳам, ки ингор
ҳамин як бандаро дорам, ва
ту чунон ғофили, ки гуё садҳо
худоро дори!!!!!
Аз сафҳаи "ХУДОЁ ШУКРАТ" дар фейсбук.
Худо: бандаи ман, намози шаб
бихон ва он 11-ракъат ҳаст.
Банда: худоё, хастаам,
нметавонам.
Худо: бандаи ман, ду ракъат
намози ва як ракъат намози
витр бихон.
Банда: худоё, хастаам, бароям
мушкил ҳаст ними шаб бедор
шавам.
Худо: бандаи ман, қабл аз хоб
ин се ракъатро бихон.
Банда: худоё, се ракъат зиёд
ҳаст.
Худо; бандаи ман, фақат як
ракъат намози витр бихон.
Банда: худоё, имруз хеле
хастаам, оё роҳи дигаре
надорад?
Худо: банди ман, қабл аз хоб
вузуъ бигир ва рў ба осмон
куну бигу "Ё ОЛЛОҲ".
Банда; худоё, ман дар рахтхоб
ҳастам, агар буланд шавам
хоб аз сарам мепарад.
Худо: бандаи ман, ҳамончо ки
дароз кашидаи, таяммум куну
бигу "Ё ОЛЛОҲ".
Банда: худоё, ҳаво сард ҳаст,
наметеаонам дастамро аз зери курпа
дарбиёварам.
Худо: бандаи ман, дар дилат
бигу "Ё ОЛЛОҲ", мо бароят
намози шаб ҳисоб мекунем.
Банда эътиное намекунад ва
хоб меравад.
Худо: малоикаи ман, бибинед
ман он қадар содда гирифтам,
аммо у хобидааст, чизе ба
азони субҳ намонда, уро
бедор кунед, дилам барояш
танг шудааст, имшаб бо ман ҳарф назадааст.
Малоика: худовандо, дубора
ўро бедор кардам, аммо боз
хобид.
Худо: малоикаи ман, дар
гушаш бигуед, парвардигорат
мунтазири туст.
Малоика: парвардигоро, боз
ҳам бедор намешавад.
Худо: азони субҳро мегуянду
ҳангоми тулуъи офтоб ҳаст.
Эй бандаи ман, бедор шав,
намози субҳат қазо мешавад,
офтоб аз машриқ сар
бармеоварад.
Малоика; худовандо,
намехоҳи бо ў қаҳр куни?
Худо: ў чуз ман дигареро
надорад.........
Шояд тавба кард.........
Бандаи ман, ту ба ҳангоме, ки
ба намоз меисти, ман он чунон
гуш фаро медиҳам, ки ингор
ҳамин як бандаро дорам, ва
ту чунон ғофили, ки гуё садҳо
худоро дори!!!!!
LUKHMON DZHURAEV,
17-11-2011 03:29
(ссылка)
Шеър аз устод Саид Абдуллохи Нури
Эй худои бартар аз буду набуд,Аз вучудат ибтидои хар вучуд.
Зокиронро лаб зи хамдат шаккарин,
Махви аъчозат хама чархи барин.
Дар миёни ахли дил шур аз кучо,
Ин талоши зуру нозур аз кучо.
Гар на хуршедию нурафшон наи,
Дар замири сарди ман нур аз кучо.
Солхои сол дар ин сарзамин,
мавч мезад шуълаи дини мубин.
Чилдхои шахкитобаш сабзпуш,
Мардумон беозору сахткуш.
Лек кавме носазову куфркор,
Бехудову бехудоишон шиор.
Муддате болои ин кишвар шуданд,
Дар миёни муъминон ханчар шуданд,
Сахт бишкастанд боли сабзро,
Шоху барги ин дарахти сабзро.
Сад сари ахли хирад бубрида шуд,
Хар гуле буд, аз гулистон чида шуд.
Хамчу Абдуллохи Нури чанд-чанд,
Ин замон хам дарди рухи мекашанд.
Мо хама гумрохи дунёпарвари,
Дар сари мо орзуи сарвари.
Не касеро огахи аз холи кас,
корвоне гофил аз бонги чарас.
Рахкушои мо ба дом афтодааст,
Дар макоми бемаком афтодааст.
Аз ки меноли, ки худпайгамбари,
дар вучуди хар кадом афтодааст.
Хар бало охир паси сар мешавад,
Хар шаби зулмат мунаввар мешавад.
Хезу чашми бастаи худ боз кун,
Боли нав бикшову нав парвоз кун,
Субхидамро гарм истикбол кун.
Мархабо аз рухи чонон мархабо,
мархабо хуршеди тобон, мархабо.
Миллат охир аз дурият хор шуд,
Ай дуруде аз ниёгон, мархабо,
Харфи тиллоранги кур`он, мархабо!
Зокиронро лаб зи хамдат шаккарин,
Махви аъчозат хама чархи барин.
Дар миёни ахли дил шур аз кучо,
Ин талоши зуру нозур аз кучо.
Гар на хуршедию нурафшон наи,
Дар замири сарди ман нур аз кучо.
Солхои сол дар ин сарзамин,
мавч мезад шуълаи дини мубин.
Чилдхои шахкитобаш сабзпуш,
Мардумон беозору сахткуш.
Лек кавме носазову куфркор,
Бехудову бехудоишон шиор.
Муддате болои ин кишвар шуданд,
Дар миёни муъминон ханчар шуданд,
Сахт бишкастанд боли сабзро,
Шоху барги ин дарахти сабзро.
Сад сари ахли хирад бубрида шуд,
Хар гуле буд, аз гулистон чида шуд.
Хамчу Абдуллохи Нури чанд-чанд,
Ин замон хам дарди рухи мекашанд.
Мо хама гумрохи дунёпарвари,
Дар сари мо орзуи сарвари.
Не касеро огахи аз холи кас,
корвоне гофил аз бонги чарас.
Рахкушои мо ба дом афтодааст,
Дар макоми бемаком афтодааст.
Аз ки меноли, ки худпайгамбари,
дар вучуди хар кадом афтодааст.
Хар бало охир паси сар мешавад,
Хар шаби зулмат мунаввар мешавад.
Хезу чашми бастаи худ боз кун,
Боли нав бикшову нав парвоз кун,
Субхидамро гарм истикбол кун.
Мархабо аз рухи чонон мархабо,
мархабо хуршеди тобон, мархабо.
Миллат охир аз дурият хор шуд,
Ай дуруде аз ниёгон, мархабо,
Харфи тиллоранги кур`он, мархабо!
Иди саиди Гадир???
http://tojik110.blogfa.com/cat...
'Иди саъиди Гадирро бар шумо пайравони дини Мухаммади муборак мегуяем'
Ин аст даъвати ошкорои шиахо дар Точикистони азиз. Ин аст даъват ба
фитна ошкор. Ачабо дар Ислом ки идеро бо номи 'Иди саъиди Гадир' сурог
дорад??? Фитна, фитна, фитна, фитна дар мекубад.
'Иди саъиди Гадирро бар шумо пайравони дини Мухаммади муборак мегуяем'
Ин аст даъвати ошкорои шиахо дар Точикистони азиз. Ин аст даъват ба
фитна ошкор. Ачабо дар Ислом ки идеро бо номи 'Иди саъиди Гадир' сурог
дорад??? Фитна, фитна, фитна, фитна дар мекубад.
Abdulmannon Sheraliev,
09-06-2011 09:37
(ссылка)
Бехтарин шеъри Гулрухсор
Дар сурати ту
сирати манфури ту пайдост,
Дар фитнаи ту
тири туву тӯри ту барҷост.
Дар ҳарзаву ҳазёни ту,
дар неши забонат,
Рашку ҳасаду заҳру зуқуми ту ҳувайдост!
Гар минбари волои сухан бар ту расидаст,
Як оқилу фарзона намонда бари ин хок.
Гар косагули базми Ватан
дар кафи чун туст,
Паймонаи дилро шиканам бар сари ин хок.
Бо доси риёву ҳасаду ҳиллаву тазвир,
Бар гулшани зебо зи кадом гӯр расидӣ?
Эй беҳунар,
Эй фитнагар,
Эй бебасар,
Эй кӯр,
Бо боли кӣ аз хок ба «афлок» паридӣ?
Чун мор хазида таги домони ҳукумат,
Чун тор танида ба тани шони ҳукумат,
Ҳукми туву ҳамсони ту аз номи ҳукумат,
Оварда ба лаб ҷони ману ҷони ҳукумат…
Гар чашми замону сухани вақт ту бошӣ,
Ялдошаби моро набувад субҳи муроде.
Савдогари арзонаки бозори тамаллуқ,
Бифрӯхта моро ба ҷаве,
гӯ, чӣ харидӣ?
***
Аз мо наӣ!
Бо мо наӣ!
Эй ҳечи риёпеч,
Аъмоли ту,
кирдори ту, бар халқ аён аст.
Марги хираду охири дунёст, гар аз нур,
Оне, бикунад ҳарза, ки аз бебасарон аст.
Таърих гувоҳ аст!
Ҳала, таърих гувоҳ аст,
Ҳар ҷабр, ки бар мо расад,
аз шӯру шари туст.
Ҳар захм, ки дорем ба ҷон кӯҳнаву хуншор,
Аз макри ту,
Аз ханҷару теғу табари туст.
Таърих гувоҳ аст!
Ки аз содагии хеш,
Аз пушти чу ту рафта ба ҷое нарасидем.
Аз фитнаи ту
бар сари худ теғ кашидем,
Аз дасти ту
заҳри аҷали хеш чашидем…
Таърих гувоҳ аст!
Ки рӯзи сияҳи мо,
Барномаи шабофари амсоли ту буда.
Шаъну шарафу равнақу бедории миллат,
Марги туву марговари амсоли ту буда.
Бо чашми каҷи хеш набинӣ,
нашиносӣ,
Шеди хираду фалсафаи миллати тоҷик.
Дирӯз гар аз ҳасрати мо бол задӣ шод,
Имрӯз ба хокат бизанад ваҳдати тоҷик.
Як насли зиё дар талаби субҳи сафо мурд,
То фисқу риё панҷаи хунхоҳ кушояд?
Бояст дар ин дилкадаи ҳасрату шодӣ,
Андар сари гаҳвора «лалойик»** бисарояд:
Бе ашки алам, модари шояндаи миллат.
Аз нуру сафо, аз фари пояндаи миллат,
Аз чеҳраи ҳар тифлаки навзод бихандад,
Хуршеди дурахшандаи ояндаи миллат.
Дар ҷаннати «ин боғи пур аз меваи тавҳид»,
Дар нолаи булбул қари зоғу зағане ҳаст!
Бар рағми туву ҳамчу ту номард,
дар ин мулк,
Соҳибватане,
Ҷон ба кафе,
Мард зане ҳаст,
К-аз ишқи Ватан ришва нахоҳад ба ҷуз аз ишқ,
К-аз нанги Ватан пора наҷӯяд ба ҷуз аз нанг.
К-аз санги ту шалпар нашавад шоҳпари ӯ,
Бӯҳтони ту ӯро накашад бар қафаси танг…
То вориси ҳар чашмаву ҳар буттаи хор аст,
То шоири ҳар ошиқи гумкарданигор аст,
То лаҳни баёни ҳама беҳарфу забон аст,
«Расвои вафои Ватану ишқи диёр аст…»
Рӯзе, аҷабе нест,
ки дар Ҳазрати Султон,***
Дар санги мазораш бинависанд:
- Буд ошиқ,
Бар кӯҳ, ба гаҳвораву тобути баландаш,
Бар мардуми монандаи худ содаву содиқ!...
***
Хуршед фарозандаву умед сафед аст,
Дар боғи вафо,
мазҳари гулкории тоҷик.
Дигар накунад гул,
надиҳад ҳосили қотил,
Нахли туву амсоли ту,
аз хории тоҷик.
Имрӯз Ватан боғи навободи мурод аст,
Ҳар фарди ватандор дар ин боғ ниҳол аст.
Бо чашми кажу хашми мажи хеш чи дидӣ,
Дар дафтари мо,
ки чамани сабзи хаёл аст?
Бо пойи кӣ
аз чоҳ ба даргоҳ расидӣ?
Бо амри кӣ
бар қатли адаб дашна кашидӣ?
Савдогари арзонаки бозори тамаллуқ,
Бифрӯхта моро ба ҷаве,
гӯ чӣ харидӣ?!
***
«Бо дидаи зулмат натавон дид Худоро!..»****
Рафтан зи пайи шабраву шабкӯр гуноҳ аст.
Поёни раҳи фитнагарон вартаву чоҳ аст,
Таърих гувоҳ аст!
Ҳала, таърих гувоҳ аст!..
___________________________________
* аз муаллиф.
** Лалойик – қадимтарин лолоӣ, ки то ҳол сари забони модарони Бадахшон аст.
*** Мазори Яхч.
**** Аз муаллиф.
Издивочи муваккат
Доктор
Њусайни МЎСАВЇ
Њусайни МЎСАВЇ
АЊЛИ БАЙТ
аз худ
дифоъ мекунанд
дифоъ мекунанд
ФАСЛИ САВВУМ
Издивољи
муваќќат
муваќќат
Дўст доштам унвони
ин фаслро “Зан аз дидгоњиташайюъ” бигзорам, вале аз ин раъй гаштам. Зеро
ваќтедидам њама ривоятњое, ки китобњои мо наќл кардаанд, ба ‘Расули акрам (с) ва амиралмўъминин ва имом
Содиќ (ъ)ва дигар имомон (ъ) нисбат дода шудааст, бинобар иннахостам, ки онњо
мавриди таън ќарор гиранд.
Чунки дар ривоятњо
он ќадар зиштиву ќабоњат бачашм мехўрад, ки њатто фарде аз мо њозир нест онро
бароихудаш раво дорад, чи расад ба ин ки ин гуна суханони зиштро ба Паёмбари Худо (с) ва имомони пок
нисбат додашавад?!
Аз сиѓа ё издивољи
муваќќат бисёр сўъиистифодашудааст ва аз ин роњ бадтарин ињонатњову тањќирњоро базан
раво доштанд. Бинобар ин мебинам, ки бисёрињо хоњишоти шањвонии худро дар зери пардаи издивољимуваќќат
(никоњи ваќти муайяншуда) ва ба номи дин розїмегардонанд, гўё ба гумони худашон
ба ин ояти каримаамал мекунанд ки (фамастамтаътум бињи минњунна, фаотуњунна у9урањунна фаризатан). Ва занеро, ки аз онњолаззат мегиред, вољиб аст, ки мањрашонро
бтдињед.
(Сураи Нисо: 24)
Ривоятњои зиёде
дар тарѓибу ташвиќи сиѓа овардаандва подошу савоби бисёре сохтаву бофтаанд ва барои
касе,ки ба он амал накунад, азоби уќубати сахте дар назаргирифтаанд, балки
чунин шахсро мусалмон њам њисоб намекунанд. Мулоњиза фармоед:Шарти имон: Садуќ
аз имом Љаъфари Содиќ (ъ) ривоят мекунад ки фармуданд: “Сиѓа дини ман ва дини падарони ман аст, касе, ки ба он амал кунад ба
дини мо амал карда ва
касе, ки онро инкор кунад, дини моро инкор карда ва ба дини дигаре ѓайр аз дини мо
мўътаќид шудааст.” (Ман ло яњзуруњу-л-фаќињ, 3/366)
Мулоњиза намоед,
ки бинобар ин ривоят њар кас мутъа накунад ё онро ќабул надошта бошад, кофир аст!
Савоби сиѓа: Аз имоми Содиќ (ъ) пурсида шуд: оё сиѓа савоб дорад? Фармуд: “агар маќсудаш аз он ризои
Худо бошад, дар
баробари њар калимае, ки бо ў сўњбат кунад,
як некї барояш
навишта мешавад ва њар боре, ки ба ў наздик шавад, Худованд гуноњеро аз ў мебахшад
ва њар гоњ ѓусл кунад, ба
андозаи ќатрањои обе, ки бар баданаш рехта Худованд гуноњонашро меомурзад.”
(Ман ло
яњзуруњу-л-фаќињ, 3/366)
Паёмбари Худо (с)
фармуданд: “Касе, ки як бор бо зани мусалмоне сиѓа кунад, гўё њафтод бор хонаи Каъбаро зиёрат кардааст!”
Диќќат кунед, оё
воќеан, як бор сиѓа кардан савоби њафтод зиёрати Каъбаро дорад?! Расули акрам (с) фармуданд: “Касе, ки якбор сиѓа кунад аз ѓазаби
Худои љаббор дар амон
мемонад ва касе, ки ду бор сиѓа кунад, бо аброр (накўкорон) мањшур мегардад ва касе, ки
се бор сиѓа кунад, дар бињишт
дўшодўши ман хоњад буд.”
(Ман
лояњзуруњу-л-фаќињ, 3/366)
Баландшавии дараља:
Оќои Фатњуллоњи Кошонї дар тафсири Манњаљу-с-содиќин аз Паёмбари гиромї
(с) ривоят мекунад, ки
фармуданд, ки касе, ки як бор сиѓа кунад, ба маќоми имом Њусайн (ъ) мерасад ва
касе, ки ду бор сиѓа кунад, ба
маќоми имом Њасан (ъ) мерасад ва касе, ки се бор сиѓа кунад ба дараљаи Мавло Алї (ъ)
мерасад ва касе ки чор бор
сиѓа кунад, ба дараљаи ман мерасад.” Диќќат кунед, ки тибќи ин ривоят агар як инсони палиде як бор сиѓа кунад, дараљааш баланд шуда,
ба маќоми шомихи имом
Њусайн (ъ) мерасад ва агар ду-се ва чор бор сиѓа кунад, ба тартиб дараљоти имом
Њасан ва амиралмўъминин ва
Расули акрам (с)-ро касб мекунад?!
Оё маќому манзилати
Расули акрам (с) ва имомони атњор (пок) то ин њад осон аст, ки бо чунин феъли пасте ба даст ояд, њатто агар ин сиѓакунанда аз назари имонї ба
мартабаи баланде расида
бошад, оё мумкин аст дараљаи ў ба имом Њусайн ё бародар ё падар ё бобии бузургвораш бирасад?!
Манзалати Расули акрам
(с) ва аимаи атњор (ъ) бисёр болотар ва арзишмандтар аз он аст, ки касе битавонад ба он дастрасї пайдо кунад, њарчанд ки аз назари имон ва мал тараќќї кунад. Њатто сиѓа кардан бо занони Њошимї, яъне занони ањли байт (ъ)-ро љоиз шумурдаанд! (Тањзиби Тўсї, љил.2, сањ.193)
Хуб диќќат кунед:
занони Њошимие, ки сулолаи тоњираи нубувват ва аз ањли байти Паёмбар (с) њастанд, аз ин њуљум дар амон намондаанд, дар њоле ки мањол
аст ањли байти атњор ба чунин амали зиште тан дар
дињанд.
Оќои Кулайнї сиѓа
карданро, њатто барои як бор музољиъат (њамбистаршавї) низ љоиз шумурдааст.
(Фурўъи Кофї, љ.5,
сањ.460)
Синни сиѓа: Инро њам бидонед, ки барои зани сиѓашаванда шарт нест, ки ба синни булуѓ расида
бошад, балки духтари
дањсоларо низ метавон сиѓа кард!
Аз имом Содиќ (ъ)
пурсида шуд: духтари хурдро њам метавон сиѓа кард? Фармуданд: бале, магар ин ки хеле хурд бошад, ки фиреб бихўрад. Пурсида шуд, дар чї синне фиреб намехўрад? Фармуд: дар дањсолагї.”
(Фурўъи Кофї, љ.5,
сањ.463) ва (Тањзиб, љ.7, сањ.255)
Дар ин ривоят, ки
ба имом Содиќ (ъ) нисбат дода шуда њадди аќалли синни сиѓа дањ сол дар назар
гирифта шудааст, вале банда мегўям: баъзењо
мўътаќиданд, ки духтари ширхорро низ метавон сиѓа кард! Фатвои имом Хумайнї (р): Имом Хумайнї, њатто сиѓа кардан бо духтари ширхорро низ љоиз
медонистанд, бинобар ин
фармудаанд: “Агар духтари ширхореро баѓал кунад ё дохили ронњояш бигзорад ишколе (гуноње) надорад!”
(Тањриру-л-васила,
љ.2, масъала 12)
Ќасам хўрдам: Боре дар дафтари оќои Хўї хидмати эшон нишаста будам, ки ду то љавон, ки гўё бо
њам ихтилофе доштанд ва ќарор шуда буд, оќои Хўиро
довар ќарор дињанд,
вориди дафтар (утоќи корї) шуданд. Яке аз онњо пурсид: оќо, назари шумо дар бораи сиѓа
чист? Њалол аст ё њаром? Эшон,
ки гўё эњсос карданд, ки ин суол манзуре дорад, пурсиданд: шумо сокини куљо њастед?
Љавон гуфт: банда сокини
Мавсил њастам ва инак њудуди ду-се моње аст, ки дар Наљаф сукунат дорам.
Оќо фармуданд: пас
шумо суннї њастед? Љавон гуфт: Бале. Оќо фармуданд: сиѓа аз назари
мо њалол аст, вале
дар назди шумо њаром аст. Љавон гуфт: Ман дар ин шањр ѓариб њастам, мумкин аст аз шумо хоњиш кунам, то муддате ки ин љо њастам, бо духтари
шумо сиѓа кунам? Оќо нигоње ба љавон карданду фармуданд: Ман сайид њастам ва ин кор бар сайидњо њаром аст, ин чиз
фаќат барои умуми шиъа њалол
аст. Љавон нигоње ба оќои Хўї карду лабханд зад, нигоњаш мегуфт, ки гўё фањмида
буд, ки оќо таќия кардааст. Он
гоњ он ду љавон худоњофизї карданду рафтанд.
Ман њам аз оќои
Хўї иљоза гирифтам ва худамро ба он ду љавон расондам. Акнун барои ман асли
воќеа равшан шуд ки якеашон суннї буд ва дигаре шиъа, ки дар
бораи сиѓа ихтилоф карда буданд, ки њалол аст ё
њаром. Ваќте бо онњо
сўњбат кардам љавони шиъа ба шиддат бар ман хашм гирифт ва шурўъ ба носазо гуфтан кард: эй муљримон (љинояткорон), чи гуна ба худ иљоза
медињед, ки бо духтарони мо
сиѓа кунед ва фатво медињед, ки њалол аст ва гўё онро ибодат мешуморед ва дар айни ваќт мегўед духтарони шумо барои мо њаром аст?! Њарчи дилаш хост, гуфт ва ќасам хўрд, ки дигар
шиъа нахоњад буд, аз ин пас суннї мешавад. Саъю
кўшиш кардам, ўро ором
кунам ва савганд хўрдам, ки сиѓа њаром аст ва далелњои онро барояш тавзењ додам. Тањрими сиѓа: Воќеият
ин аст, ки сиѓа дар асри љоњилият мубоњ будааст. Ваќте ки Ислом омад, то
муддате онро бар њукми
ибодаташ боќї гузошт ва он гоњ дар љанги Хайбар барои њамеша њаром гардид. Вале он чи
дар назди мо шиъаён, авом ва
фуќањоямон маъруф аст, ин аст, ки сиѓаро Умар ибни Хаттоб њаром кардааст, дар њоле, ки худи он њазрат (с) дар љанги Хайбар њаром
будани онро эълон фармудаанд.
Њадиси аввал: Амиралмўъминин (ъ) мефармоянд:
“Паёмбари Худо (с)
дар рўзи љанги Хайбар гўшти харони хонагї ва никоњи мутъа (сиѓа)-ро њаром гардонидаанд.” (Тањзиб, 2/186. Истибсор 3/142.
Васоилу-ш-шиъа,
14/441)
Њадиси дуввум: Аз имом Содиќ (ъ) пурсида шуд “Оё мусалмонон дар замони Расули Худо (с) бидуни шоњид издивољ мекарданд? Фармуданд: На хайр”.
(Тањзиб, 2/189)
Тўсї дар тавзењи
ин ривоят мефармояд: Манзур аз суол никоњи доим нест, балки издивољи муваќќат аст, бинобар ин ривояти мазкурро дар боби мутъа овардааст.
Бидуни шак ин ду
ривоят барои насхи њукми мутъа ва ботил намудани он њуљљати ќотеъ ба шумор меояд ва амиралмўъминин (ъ) њукми тањрими онро аз худи Расули акрам (с) наќл кардааст. Пас амиралмўъминин низ
аз рўзи Хайбар њукми њаром
будани сиѓаро дониста ва ба дигарон расондааст ва баќияи имомони атњор низ баъд аз
эшон ин њукмро дониставу
наќл кардаанд. Ин љост, ки миёни ду амри мутазод (бо њам зид) ќарор мегирем, аз як
сў ривоятњои сарењ ва
равшан, ки њурмати мутъаро собит мекунанд ва аз сўи дигар, ривоятњое, ки боз њам ба аимаи атњор мансуб аст, ки амал, балки тарѓиб ба онро собит месозанд, пас мусалмон бояд чї кунад?!
Њаќиќат ин аст, ки
мутъа њаром аст, чунончи наќли сарењи амиралмўъминин онро њаром собит мекунад.
Вале ривоятњои мутаноќизе,
ки ба аимаи атњор мансуб аст, сањењу дуруст нест, балки њамаи инњо ривоятњое аст,
ки ба номи онњо бофтаву сохта
шудааст. Чи гуна мумкин аст
чизе, ки Расули Худо (с) онро њаром фармуда ва амиралмўъминин ин њукмро наќл карда, онњо бо ў мухолифат кунанд, дар њоле, ки аима илми худашонро аз њамин манбаъ гирифтаанд, насл ба насл
ин илм ба онњо наќл шуда омадааст, пас мумкин нест,
аима ба чизе амр кунанд,
ки Расули Худо (с) аз он манъ кардааст. Агар имом Содиќ (ъ) њукми њаром будани мутъаро намедонист, намефармуданд: “Никоњи бидуни шоњид дуруст нест” ба вижа суол хос дар бораи мутъа аст
ва Абўљаъфари Тўсї чунончи зикр кардем, онро дар боби мутъа овардааст. Бидъатгузор кист: Пас номумкин аст, ки имом Содиќ (ъ) ва аимаи ќабл ва баъд аз эшон чизеро њалол кунанд, ки Расули акрам (с) онро њаром кардааст ё наъузубиллоњ бадиъате падид оваранд, ки дар ањди Расули Худо набудааст.
Бинобар ин мушаххас
шуд, ки ривоёте, ки ба мутъа ё сиѓа тарѓиб мекунанд, як њарфи он аз аимаи атњор
(ъ) собит нест, балки нирўњои
сутуни панљум ва душманон ќасамхўрдаи Ислом, ки манзурашон бадном кардани
ањли байт (ъ) ва тавњин ба онон будааст, ин гуна ривоётро бофтаанд.
Ва илло чї гуна
бояд тафсир кард, ки њар кас мутъа накунад, кофир аст. Дар њоле ки њатто аз яке аимаи атњор ва њатто як бор њам собит нест, ки мутъа карда
бошанд ё ин ки ба њалол
будани мутъа њукм дода бошанд. Оё наъузубиллоњ онњо дини дигаре ѓайр аз дини
Ислом доштаанд? Пас дидем, ки бофандагони ин ривоёт љуз душманони ањли байт наметавонанд бошанд ва агар чунин набошад наъузубиллоњ аз ин ривоёт такфири ањли байт собит мешавад! Хуб диќќат кунед. Як ривояти мутаноќиз: Оќои Кулайнї аз имом Содиќ (ъ) ривоят мекунад, ки зане назди Умар ибни
Хаттоб омад ва гуфт (ман зино
кардаам, Умар дастур дод сангсор шавад.
Ба амиралмўъминин
(ъ) хабар расид, пурсид чї гуна зино кардї? Ба сањро рафта будам хеле ташна шудам.
Аз як аъробї об хостам,
гуфт, то маро розї накунї об намедињам. Чун ташна шудам ва тарсидам њалок шавам, маљбуран ба хостаи ў тан додам, амиралмўъминин фармуд: (ќасам ба Парвардигори Каъба ин издивољ аст)
(Фуруъи Кофї, љ.2,
сањ.198)
Њамчунон ки равшан
аст, мутъа ё сиѓа бо ризояту хушнудии тарафайн анљом мегирад, вале дар ин ривоят зан маљбур аст ва барои он ки љони худашро наљот
дињад, ба чунин коре тан
дар медињад. Бинобар ин дар њукми зино нест, ки аз Умар бихоњад ўро сангсор кунад,
Умар њам дар њол дастур содир
кунад!
Љолиб ин љост, ки
ривояти тањрими мутъаро дар Хайбар худи амиралмўъминин (Алї (ъ) аз Расули Худо (с) наќл кардаанд, боз чї гуна ин ривоятро ба эшон
нисбат додаанд?!
Баъзе
мафосиди (табоњињои) сиѓа:
1. Мухолиф бо
нусуси шаръї аст, зеро ин ба манзалаи њалол кардани чизест, ки Худованд онро њаром
кардааст. 2. Ин дидгоњ боис
шуда, ки ривоятњои дурўѓине сохта шавад ва ба аимаи атњор (ъ) нисбат дода шавад,
дар њоле ки дар ин ривоёт
он ќадар тавњин нисбат ба онњо раво дошта шуда, ки агар касе заррае имон дар дил
дошта бошад, љуръати
чунин ињонатњоро ба онњо надорад.
3. Дар ин ривоятњо
њатто сиѓа бо зани шавњардор, ки шавњараш зиндаву мављуд аст, љоиз дониста шуда,
ки ин худ барои решакан
кардани бунёди хонавода кофї аст. Дар ин сурат њељ марде наметавонад ба њамсараш
эътимод кунад, чун њар
замоне мумкин аст ў бо марди дигаре сиѓа кунад. Ин љиноят он ќадар бузург аст, ки абъоду
љузъиёти онро наметавон
тасаввур кард, агар марде бидонад, ки њамсараш бо марди дигаре сиѓа карда аксуламали
ў чї хоњад буд?!
4. Падарон ва
дигар сарпарастони хонавода низ наметавонанд бар духтарони бокираашон мутмаин бошанд, зеро имкон дорад, ки онњо бидуни
иттилоъ ва ризоияти хонавода
бо касе сиѓа шаванд ва бисёр ваќтњо падар (ногањон) мефањмад ки духтараш ќабл аз
издивољ њомила аст, чаро ва чї гуна намедонад. Он чи
мушаххас аст, ин аст, ки аз
як мард њомила шуда, аммо ў гузоштаву рафта! Зеро бо чунин вазъе эњсоси масъулият
надорад.
5. Аксар оќоёне,
ки сиѓа мекунанд, барои худашон иљоза медињанд бо обрўи мардум бозї кунанд, вале агар касе барои сиѓа кардан бо духтар ё яке аз
наздиконашон бо онњо сўњбат
кунад, њаргиз мувофиќат нахоњанд кард ва розї нахоњанд шуд. Чунки ин издивољро мисли
зино медонанд ва онро
барои худашон боиси нангу ор мепиндоранд. Агар воќеан сиѓа њалол ва то ин њад боиси аљру савоб ва балки шарти имон аст, пас чаро
њозир намешаванд дигарон
бо духтарони онњо сиѓа кунанд?!
6. Сиѓа на гувоњ
дорад ва на эълон ва на розигии сарпарасти зан шарт аст ва на зан аз марде, ки ўро сиѓа карда мирос мебарад, балки ў мањз як матоъи
кирояе аст, чи тавре ки ин
дидгоњро ба имом Содиќ (ъ) нисбат додаанд.
7. Сиѓа роњро барои
занон ва мардони авбош боз карда, то ин ки њар фисќу фуљур ва гуноњеро ба дин бичаспонанд, ки дар натиља обрўи дин ва диндорон
ба торољ рафтааст.
Аз мазмуни он чи зикр
кардем, ба зарарњову фасодињои динї, иљтимоъї ва ахлоќии сиѓа метавон пай бурд, ба њамин далел сиѓа њаром гардидааст. Агар
дар он хайру некї ва
фоидае мебуд, њаром намешуд, зеро Расули акрам (с) ва амиралмўъминин (ъ) онро њаром
кардаанд. Ин аст он мафосид
ва зарарњое, ки ошкоро дар сиѓа ба чашм мехўрад.
Таъвили бедалел: Аз имом Хўї пурсидем, ки дар бораи фармудаи амиралмўъминин дар тањрими мутъа дар
рўзи Хайбар чї
мефармоед? Гуфтанд: фармоиши амиралмўъминин (ъ) љанбаи ихтисосї дорад, яъне тањрим дар њамон рўзи маќсуд аст, на тањрими доим? Боз пурсидам ки дар бораи фармоиши имом Содиќ (ъ) чї мефармоед? (издивољи бидуни шоњид, оё
дар ањди Паёмбар (с) роиљ
будааст?) Фармуданд: Љавобе, ки эшон ба саволкунанда доданд, аз рўи таќия будааст,
њамаи фуќањо бар ин амр иттифоќи назар доранд.”
Банда љасорат
мекунам ва ба худам иљоза медињам, ки бигўям бо камоли таассуф раъйи фуќањои мо
соиб (дуруст)
набудааст, ба далели ин ки мутъа њамзамон бо гўшти хар њаром шуда ва гўшти хар аз рўзи
Хайбар то абад њаром шуд.
Бинобар ин аз
њамон рўз шунида нашуда, ки касе гўшти хар хўрда бошад ва то ќиёмат њам њаром
хоњад буд. Аз ин рў, иддаъои
ин ки тањрими мутъа ба рўзи Хайбар ихтисос дошта даъвои бидуни далел аст, илова
бар он агар тањрим ихтисосї
мебуд, бояд насхи (беэътиборсозии) он аз Паёмбар (с) собит мешуд ва дигар ин ки
набояд фаромўш кард, ки иллати
ибоњати сиѓа љангу сафар будааст, пас чи гуна дар љангу сафари бисёр шадиде, ки њељ кас
дастрасї ба њамсараш
надорад, мутъа њаром шавад ва сипас дар њолати оддї мубоњ мегардад?!
Пас биёем
њаќиќатро ба хотири Худо бипазирем, ки оѓози њаромшавии мутъа аз Хайбар тавассути
Расули акрам (с) ва наќли
он тавассути амиралмўъминин будааст ва тављињоту таъвилоти фуќањои мо ба камоли
эњтироме, ки ба онњо дорем
њељ арзиши динї, ахлоќї ва њељ мустанади шаръї надорад ва чизе љуз бозї кардан бо нусус
ва ривоёт нест.
Дузди роњ: Ва боздоштани ин дузди роњи хатарнок (мутъа) василае ќарор гирифта, ки одамњои паст
ва шањватпараст
њамвора барои розї сохтани хоњишоти худ дар љустуљўи занони авбоше монанди худ њастанд
ва бисёр ваќтњо хонаводањои
шарифу мутадайине низ фиреб мехўранд ва ба исми дин мавриди њамла ва сўъистифодаи ин гургони дар либоси меш ва дуздони динї ќарор мегиранд!
Ва аммо ин ки
фармудаи имом Содиќ (ъ) дар љавоби саволкунанда аз рўи таќия будааст, (бо арзи
маъзарат) хандаовар аст,
зеро саволкунанда худаш аз шиъаёни имом Содиќ (ъ) будааст. Далеле вуљуд надорад, ки ин љо
таќия кунад, ба хусус ин
ки ин фармоиши имом Содиќ бо ривояти тањрими мутъа аз амиралмўъминин мувофиќ аст.
Аљиб ин љост, ки
ин мутъа ё сиѓае, ки барои он фазоили бешуморе бофтаанд ва фуќањои азизи мо њам ба
доми он гирифтор омадаанд,
ба як мард иљоза медињад, ки дар як ваќт њар чи ќадар мехоњад, сиѓа кунад, њатто
њазорто зан њам ба як ваќт дар
сиѓаи марде бошад, ишколе надорад ва бисёр ваќтњо чунин рух дода, ки як мард бидуни
он ки хабардор шавад, бо
модар ва духтар ё ба дуто хоњар њамзамон сиѓа мекунад!
Хотираи
як хонум:
як хонум:
Зане аз воќеае, ки
барояш рух дода буд, аз ман назар ва раъй хост, мегуфт: оќои Сайид!... бист сол
пеш бо ў сиѓа карда ва аз ў
њомила шудааст. Муддате баъд аз сиѓаи
њољиоќо бо ў
духтаре таваллуд мешавад. Ќасам хўрд, ки ин духтар аз ўст, чун дар он рўзњо каси дигаре
бо ў сиѓа накардааст. Солњо
баъд, ки духтар калон мешаваду болиѓа мегардад, рўзе модараш эњсос мекунад ки духтар
њомила аст. Ваќте иллатро
мепурсад, мегўяд, ки оќои Сайид!... бо ў сиѓа карда ва аз ў њомила шудааст. Модар, ки њайратзадаву њавосашро бохта буд, намедонист чї
кор кунад. Достонро
барои духтараш боз гуфт, ў (духтар) бештар гич ва гаранг шуда буд, ки чї гуна
падараш бо ў сиѓа кардааст?!
Ў аз ман мепурсид,
ки акнун робитаи ў бо оќои мазкур бар чї асос бояд бошад?!
Ин ќабил иттифоќот
зиёд пеш меояд, яке бо духтаре сиѓа мекунад, баъд хабардор мешавад ва мебинад, ки ў хоњараш аз сиѓа аст. Яке бо њамсари падараш
сиѓа кардааст, чунин
иттифоќоту њолатњое, ки пеш меоянд, бешумор њастанд!
Раъйи
Ќуръон чист:
Ќуръон чист:
Воќеан, ин
сањнањои такондињанда инсонро илова аз њайрату тааљљуб ба тафаккур ва тадаббур
вомедорад, ки оё ислом барои ин
мушкил илоље дар назар нагрифтааст?
Аз Ќуръон
бипурсем, ки дар ин бора чї мефармояд: Ояти аввал:
“Касоне ки ба издивољ
дастрасї надоранд, бояд сабр кунанд ва худашонро пок нигоњ доранд, то ваќте ки Худованд аз фазли худаш онњоро бениёзї бахшад.”
(Нур: 23)
Пас илољ ин аст,
ки инсон сабр кунад ва худашро аз олуда кардан ба чизњои дигар пок нигањ дорад,
то Худованд шароити
издивољашро муяссар кунад. Агар сиѓа
њалол мебуд дигар
зарурате надошт, ки ба истиъфоф (покї) ва интизор амр кунад, ошкоро мефармуд сиѓа
кунед.
Ояти дуввум: Њамчунин Худованди њаким мефармояд:
“Ва њар кас аз шумо
тавоноии молї надошта бошад ки бо занони озоди мўъмин издивољ кунад (бењтар аст), бо мулки яминњоятон аз канизони мўъминатон издиво9
кунад ва Худованд ба имони
шумо донотар аст. Њама аз якдигаред, пас бо и9озаи сарпарасташон бо онњо издиво9 кунед
ва мањрњояшонро ба тарзи
писандида ба эшон бидињед, дар њоле ки покдоманон ѓайри палидкор бошанд ва дўстгирони нињонї набошанд. Он гоњ чун издиво9 карданд, агар муртакиби ношоиста (зино) шуданд, му9озоти онњо ба андозаи нисфи му9озотест ки бар занони озод муќаррар
аст.
Ин њукм (издивољ бо канизон) барои касе аз шумост, ки аз олоиши гуноњ битарсад ва шикебої (ва покдоманї)
пеша кардан бароятон бењтар
аст ва Худованд омурзгору мењрубон аст.”
(Нисо: 20)
Пас Худованди
њаким дар каломи покаш касонеро, ки ба иллати камбуди имконот ба издивољ дастрасї
надоранд, дастур дода бо
канизњо издивољ кунанд, агар ба он њам дастрасї надоштанд, сабр кунанд. Агар мутъа њалол мебуд, чаро дар ин љо ба унвони осонтарин роњи њал, ки
њар кас дар њар шароите
метавонад ба он дастрасї дошта бошад, тарњ нагардид?!
Раъйи имом Содиќ
(ъ): Аимаи атњор (ъ) ин воќеиятро ба хубї медонистанд ва дар партави њамин
воќеият ва фањми амиќе, ки аз
Ќуръон доштанд, иршодоту фармоишоташон дар тањрими мутъа сарињу равшан аст, мулоњиза фармоед:
Абдуллоњ ибни
Синон мегўяд: аз имом Содиќ (ъ) дар бораи мутъа пурсидам, фармуданд: “Нафси худро
бо он касиф (олуда)
магардон.”
(Бињору-л-анвор
100/318)
Агар мутъа њалол мебуд
ва ин ќадар фазилат медошту шарти имон мебуд, чаро имом Содиќ (ъ) аз он чунин таъбире бинамоянд? Њазрат (с) ба ин низ иктифо накарданд, балки бо сароњат њукми њаром будани онро баён фармуданд: Аз Аммор ривоят аст, ки гуфт: имом Содиќ (ъ) фармуданд: “Ба тањќиќ мутъа бар шумо њаром шудааст.”
(Фурўъи Кофї,
2/48. Васоилу-ш-шиъа, 14/450)
Илова бар он имом
Содиќ (ъ) асњоби (ёрони) худашонро њамеша сарзаниш мекарданд ва аз сиѓа кардан барњазар медоштанд, аз ин љињат мефармуданд:
“Оё яке аз шумо хиљолат
намекашад, ки дар љои пинњон ва шармоваре дида шавад, он гоњ ин кирдори нописанди ў ба њисоби бародарон ва ёрони солињу накўкораш
гузошта шавад?!” (Фурўъи Кофї, 2+44. Васоилу-ш-шиъа, 14/450)
Раъйи имом Ризо
(ъ): Њангоме ки Алї ибни Яќтин аз имом Ризо (ъ) дар бораи мутъа пурсид, љавоб
доданд: “Туро бо мутъа чї
сарукоре аст, Худованд туро аз он бениёз кардааст.”
(Фурўъи Кофї,
2/43. Васоилу-ш-шиъа 14/449)
Оре, Худованд
мардумро бо издивољи шаръї аз мутъа бениёз кардааст. Аз ин рў, собит нашуда, ки
касе бо зане аз ањли байт (ъ)
сиѓа карда бошад, агар њалол мебуд ва ин ќадар фазилату савоб медошт, онњо њам ин корро мекарданд.
Раъйи имом Боќир
(ъ): Ваќте Абдуллоњ ибни Умайр ба имом Боќир (ъ) гуфт: “Оё хушњол мешавї, ки
њамсарон, духтарон, хоњарон
ва духтарони амаат ин корро бикунанд?!
Яъне мутъа кунанд.
Имом Боќир (ъ) ваќте инро шуниданд, чењраи худашонро баргардонданд (аз он шахс рўй тофтанд)”.
(Фурўъи Кофї,
2/42. Тањзиб, 2/186)
Хулоса: Пас њар мусалмони оќиле ба дурустї медонад, ки сиѓа њаром аст ва ба далели мафосид ва
зарарњои бисёре, ки дар пай дорад ва низ ба далели мухолифаташ бо Ќуръон ва суннат ва сирату аќволи имомони атњор (ъ) ба
њељ унвон ќобили тањаммул ва
тављињу таъвил нест. Бо таваљљўњ ба он чи арз кардем, нусусе, ки гўё аз фазоилу
савоби мутъа сухан мегўянд,
њама сохтаву бофта аст, ки њељ арзиши шаръї наметавонанд дошта бошанд, чунки бо
сарењи Ќуръон ва суннати
Расули акрам (с) ва амали аимаи атњор (ъ) ва аќлу фитрати солим тазоди ошкор доранд ва паёмадњову оќибати зишти он ки ба баъзе аз онњо
ишора кардем, фаќат
тасаввури он барои нафрату дурї аз чунин амали палид кофї аст.
Дини ислом
омадааст ба фазоилу корњои њамида тарѓиб кунад ва аз разоилу корњои паст боздорад
ва масолењу
манфиатњоеро, ки зиндагии инсонњо бар асоси он устувор гардида, равнаќ меёбад, тарсим ва
таќвият кунад ва сиѓа
бидуни шак на танњо бар ќиёму тавонмандии пояњои зиндагї кумак намекунад, балки онро
сусттару заифтар мекунад ва
фаразан, агар як манфиати лањзаї барои як фард таъмин кунад, мафосиду табоњињои
зиёдеро падид меоварад, ки
паёмадњои манфии он тамоми љомеаро дучори сустиву варшикастагї мегардонад.
Њадис бихонем:
Масалан, Тўсї
ривоят мекунад, ки аз имом Боќир (ъ) пурсида шуд: “Оё мумкин аст касе фарљи (андоми) канизашро барои бародараш њалол кунад? Фармуд:
Бале, ишколе надорад,
њарчи барои ў аз он (каниз) њалол буда, барои бародараш низ њалол аст.”
(Ал-истибсор, љил.3,
сањ.136)
Кулайнї ва Тусї аз
Муњаммад ибни Музориб ривоят мекунад, ки гуфт: имом Содиќ (ъ) ба ман фармуданд: “Ин каниз дар ихтиёри ту бошад њам хидмати туро
мекунад ва њам худро бо ў розї
мекунї! Њар ваќт хостї биравї, ўро ба мо баргардон!”
(Фуруъи Кофї
2/200. Истибсор 3/136)
Шумо ихтиёр доред:
Агар инсонњои руи замин љамъ шаванд ва ќасам бихўранд, ки имом Боќир ва имом
Содиќ (ъ) чунин чизе
гуфтаанд, ман њељ касе аз онњоро бовар нахоњам кард. Имомони атњор бисёр азизтару бузургвортар аз онанд, ки чунин суханони ботилу
ёва бар забон оваранд ё
чунин амали зиштеро, ки бо ахлоќи исломї ва фитрати солими башарї мухолифат дорад, љоиз бишморанд ва тављињу тафсир кунанд. Ин кор айни дайюсї ва беномўсї аст, он зотони муќаддас (ъ), ки илмашонро аз сарчашмаи
нубувват фаро гирифтаанд, магар
мумкин аст чунин суханони бењуда ва сафсатае маъозаллоњ, аз эшон содир шавад?! Нисбат додани њар сухане ба онњо ба манзалаи
нисбат додан ба Расули
акрам (с) аст ва нисбат додани сухане ба Расули акрам (с) ба манзаллаи ташриъи илоњї
аст, яъне ин ташриъу ќонуни
Худованд аст?!
Худоё, ба Ту паноњ
мељўем ва аз ин гуна ифтироот ва дурўѓњои муќаддасмаобона безорем! Дар сафаре, ки ба Њинд доштем ва мулоќотњое, ки
бо уламои бузурги
шиъа, ба вижа оќои Наќавї анљом додам, гурўњњои зиёдеро аз наздик дидему мутолиа
кардам: њиндуњо, сикњо,
говпарастон ва дигар пайравони адёни ботилу бутпарастї, дар њељ дини ботиле надидам, ки чунин амали зиштеро барои пайравони худаш љоиз
бишморад! Пас чи гуна мумкин
аст, ки Ислом ба унвони охирину комилтарин дини осмонї, чунин амали пасту зидди ахлоќиеро, ки бо одитарин ѓояњои ахлоќ зиддият
дорад, барои пайравонаш љоиз
бишморад?!
Машруъияти
(љавози) ливот:
(љавози) ливот:
Ќазия то њамин љо
тамом намешавад, ливотро низ љоиз шумурдаанд ва ривоятњое низ бофтаву ба ањли
байт (ъ) нисбат додаанд.
Тўсї аз Абдуллоњ
ибни Яъфур ривоят мекунад, ки аз имом Содиќ (ъ) пурсидам: агар марде аз дубур
(маќъад) бо зан наздик
шавад, чї њукме дорад? Фармуданд: “Агар зан розї бошад, ишколе надорад!” Гуфтам: пас маънии ояти карима “Аз њамон роње,
ки Худованд ба шумо
дастур дода ба онон наздик шавед” чист?
Фармуданд: “Ин дар
сурате аст, ки фарзанд хоста бошанд. Фарзанд аз љое бихоњед, ки Худованд ба шумо
дастур додааст, аз њамин љињат
Худованд мефармояд: “Њамсарони шумо барои шумо киштзоранд, њар тавре ки хостед, метавонед ба киштзори худ наздик шавед”.
(Баќара: 223)
Ќуввати исдидлол: Тўсї аз Мўсо ибни Абдулмалик аз марде ривоят мекунад ки гуфт: “Аз имом Ризо (ъ) пурсидам, ки агар марде аз аќиб дар дубури
(маќъади) зан љимоъ (алоќаи љинсї)
намояд, чї њукме дорад? Фармуданд: “Ояте аз китоби Худо онро њалол кардааст.” Аз ќавли њазрати Лўт (ъ) ки фармуд:
(Њоъулоъи банотї њунна
атњару лакум), ў медонист ки онњо фарљро намехоњанд!”
(Ал-истибсор,
3/243)
Ва Тўсї аз Алї
ибни ал-Њакам ривоят мекунад, ки гуфт: Аз Сафвон шунидам, ки мегуфт: ба имом
Ризо (ъ) гуфтам: яке аз
мухлисони шумо мехоњад аз шумо масъалае бипурсад, вале хиљолат мекашад. Фармуд: Масъала
чист? Гуфт: Оё љоиз аст,
ки касе дар дубури њамсараш наздикї кунад? Фармуд: “Бале, љоиз аст.”
(Ал-истибсор,
3/243)
Мухолифат бо насси
Ќуръон: Умедворам хонандагони азиз ба ман иљоза дињанд, ки љасорат кунам ва
ба арз бирасонам, ки
ривоятњои мазкур бо насси сарењи Ќуръон мухолиф аст, зеро Худованд мефармояд: “Туро аз њайз мепурсанд. Бигў он озорест дар
занњо, аз ин рў дар њолати
њайз аз эшон дурї 9ўед ва ба онњо наздикї накунед, то ин ки пок гарданд.”
(Баќара: 222)
Агар наздикї бо
зан дар дубур (маќъад) љоиз мебуд, Худованд фаќат дастури дурї кардан аз фарљро
содир мефармуд ва
мегуфт: Аз фарљи занон дар њолати њайз дурї биљўед. Вале азбаски наздикї кардан ба дубур
њаром аст, Худованд мутлаќ фармуд:
“Ва ба занон наздик нашавед.”
Баъд аз он Аллоњ
таъоло баён фармуд, ки мард чї гуна ба њамсараш наздик шавад: “Њар гоњ онон (занњо) пок шуданд аз њамон роње, ки Худованд ба шумо дастур дода ба онон наздик
шавед.” Ва низ фармуда: “Њамсарони шумо барои шумо киштзоранд, њар
тавре ки хостед
метавонед ба киштзори худ наздик шавед.”
Киштзор љое аст ки
аз он умеди фарзанд меравад. Хилофи фитрат: Мафњуми ривояти Абўяъфур аз имом Содиќ (ъ) ин аст, ки фарљ фаќат барои талаби фарзанд, вале розї
кардани ѓариза ва лаззат
бурдан дар “дубур” аст ё њадди аќал барои розї сохтани ѓариза аз њар ду мешавад истифода
кард, дар њоле, ки ин амр ба
таври куллї ѓалат аст ва танњо фарљ аст, ки њам барои талаби фарзанд ва њам барои
розї сохтани ѓариза
мавриди истифода ќарор мегирад. Ин суннати Худовандї ва фитрати башарї аз оѓози таърих то кунун аст ва то ќиёмат идома хоњад
дошт. Имом Содиќ (ъ) бисёр
поктару шаънашон баландтар аз он аст, ки наъузубиллоњ ин гуна суханони ёва ва бењуда
бигўянд. Эшон, ки аз боризтарину огоњтарини уламои
ќарнњои тиллоии Ислом ва
аз моњиртарин шахсиятњо ба Ќуръон ва улуми Ќуръонї буданд, чї гуна ин ояти
каримаро бо ин сароњату
равшанї омада, наметавонанд бифањманд (Пас њар гоњ пок шуданд....)
Агар фарз кунем, ки
дар дубур њам метавонад инсон розї шавад, ќубул (андоми пеш) њам њаст, ки роњи саввумї низ вуљуд надорад, бино бар ин ояти карима ва амре,
ки дар он омада ва
онро муќайяд ба тањорату покшавї карда каломи бемаънї мешавад!
Аз он љое, ки яке
аз ду роњи мазкур њаром буд ва дигаре њалол, зарурат пеш омад, ки роњи њалолро, ки
гоње муваќќатан њаром
мешавад, баён фармояд, пас Худованд дастур дод ки аз киштзор истифода кунанд ва
киштзор њамон љоест, ки аз
он умеди фарзанд бурда мешавад, илова бар он ки њар ду њамсарро розї њам мекунад.
Роњзанї: Ва аммо ривояте, ки ба имом Ризо (ъ) мансуб кардаанд, ки ливотати бо занонро љоиз мешуморад
ва ба ќавли њазрати Лўт
(ъ) њуљљату далел оварданд, банда арзам ин аст, ки тафсири ояти мазкур: (Њоъулои
банотї, њунна атњару лакум), дар
ояти дигаре омадааст, он љое, ки Њаќ таъоло мефармояд:
“Ва Лўтро
фиристодем, ваќте ки ба ќавми худ гуфт: њароина кори бењаёиро (ливотатро) ба амал меоваред ки ње9 кас аз 9ањониён дар (иртикоби) он аз
шумо пешї
нагирифтааст. Оё
шумо ба ќасди шањват ба мардон наздикї мекунед ва тариќро ќатъ мекунед.” (Анкабут: 28)
Роњзанї танњо он
нест, ки дуздон роњзанї мекунанд, ин ки касе худашро дар ѓайри љои машруъ розї
кунад ва наслро ќатъ
намояд, низ роњзанї гуфта мешавад. Агар њамаи мардон фаќат худашонро аз дубур розї
намоянд ва роњи талаби
фарзандро тарк кунанд, насли башарият мунќариз (мањв) мегардад. Пас маънои ояти
карима равшан аст ва ин
маъно аз имом Ризо (ъ) махфї набудааст, бинобар ин дурўѓ будани ин ривоят аз забони
имом Ризо (ъ) равшану ошкор аст.
СЕХРУ ЧОДУ
Ба номи худованди бахшояндаву мехрубон
СЕХРУ ЧОДУ
Сеҳр: Аз амалҳои пушида иборат буда сабабаш пинҳон буда, дониста намешавад.
Аз он чониб сеҳр номида шудааст, ки ба воситаи чизҳои манфи ҳосил мешавад, ки сабаби он дониста намешавад. Ва он иборат аз таъвизот ва хонданиҳо ва суханоне аст, ки гуфта мешавад ва доруву дуд аст. Сеҳр ҳақиқат ва таъсир дорад ва баъзе аз анвоъи он ба қалбҳо ва баданҳо таъсир мекунад. Ва касро ба бемори дучор мекунад ва мекушад. Ва байни мард ва ҳамсараш чудои меафканад. Ва ҳароина таъсири он ба изни Аллоҳ ҳосил мешавад. Сеҳр дар воқеъ амали шайтони аст. Бисёр аз намудҳои он ба ширк варзидан ба Аллоҳ таоло ва наздики чустан ба арвоҳи хабису палид сурат мегирад. Бинобар ин паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онро ба ширк наздик шумориданд. Тавре, ки фармуданд:
"Аз ҳашт гуноҳони ҳалоккунанда битарсед, гуфтанд: Онҳо кадомҳоянд? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гуфтанд: Ширк варзидан ба Аллоҳ таоло ва чоду....".
(Бухори ва Муслим).
Чоду аз ду чиҳат бар ширк дохил аст:
Якум: Дар вақти ба амал овардани чоду шайтонҳоро истихдом карда мешавад ва ба онҳо дилбастагиву тақарруб ҳосил карда мешавад, то онҳо ба сеҳргар мадад расонанд. Бинобар ин сеҳр аз таълимоти алайҳи лаъна аст.
Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:
وَاتَّبَعُوا مَا تَتْلُوا الشَّيَاطِينُ عَلَى مُلْكِ سُلَيْمَانَ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَكِنَّ الشَّيَاطِينَ كَفَرُوا يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ وَمَا أُنْزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّى يَقُولا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلا تَكْفُرْ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ وَمَا هُمْ بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلا يَنْفَعُهُمْ وَلَقَدْ عَلِمُوا لَمَنِ اشْتَرَاهُ مَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلاقٍ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ. (البقرة:102).
"Ва аз сеҳру афсуне, ки девҳо дар рузгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайрави карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро чодугари меомухтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд. Он ду баҳар кас, ки чодугари меомухтанд, мегуфтанд: Кори мо фитна аст, мабод кофир шави. Мардум аз он ду чодуҳое меомухтанд, ки метавонистанд миёни зану шуй чудойи афкананд ва онон чуз ба изни худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чи мардум меомухтанд, ба онҳозиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он чодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурухтанд, агар медонистанд! (Бақара:102).
Дуввум: Сеҳргар дар анчом додани сеҳр даъвои илми ғайб мекунад ва ин амр куфру залолат аст. Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:
"Ва худ медонистанд, ки харидорони он чодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурухтанд, агар медонистанд! (Бақара:102).
Яъне, Ҳеч насибе нест ононро дар охират. Бинобар ин шакке нест, ки чоду ширк ва куфр аст ва зидди тавҳид мебошад. Ҳоким бояд сеҳргарро ба қатл расонад.
Мулоҳиза: Бисёре дар мавриди сеҳр сустиву тасохули мекунанд ва шояд онро ҳунаре аз ҳунарҳо шуморанд, ки ба он фахр карда ба чодугарон мукофотҳо тақдим мекунанд ва мардумро ба он ҳавасманд карда онро мавриди ташвиқу ривоч қарор медиҳанд ва барои сеҳргаронанчуману мусобиқаҳо барпо мекунанд, ки дар он садҳо тамошобину ҳавасмандон ҳозир мешаванд. Ин ҳама бо чаҳлу нодонии онҳо дар динашон далолат мекунад ва ин беаҳамияти дар мавриди ақидаи исломи аст.
СЕХРУ ЧОДУ
Сеҳр: Аз амалҳои пушида иборат буда сабабаш пинҳон буда, дониста намешавад.
Аз он чониб сеҳр номида шудааст, ки ба воситаи чизҳои манфи ҳосил мешавад, ки сабаби он дониста намешавад. Ва он иборат аз таъвизот ва хонданиҳо ва суханоне аст, ки гуфта мешавад ва доруву дуд аст. Сеҳр ҳақиқат ва таъсир дорад ва баъзе аз анвоъи он ба қалбҳо ва баданҳо таъсир мекунад. Ва касро ба бемори дучор мекунад ва мекушад. Ва байни мард ва ҳамсараш чудои меафканад. Ва ҳароина таъсири он ба изни Аллоҳ ҳосил мешавад. Сеҳр дар воқеъ амали шайтони аст. Бисёр аз намудҳои он ба ширк варзидан ба Аллоҳ таоло ва наздики чустан ба арвоҳи хабису палид сурат мегирад. Бинобар ин паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онро ба ширк наздик шумориданд. Тавре, ки фармуданд:
"Аз ҳашт гуноҳони ҳалоккунанда битарсед, гуфтанд: Онҳо кадомҳоянд? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гуфтанд: Ширк варзидан ба Аллоҳ таоло ва чоду....".
(Бухори ва Муслим).
Чоду аз ду чиҳат бар ширк дохил аст:
Якум: Дар вақти ба амал овардани чоду шайтонҳоро истихдом карда мешавад ва ба онҳо дилбастагиву тақарруб ҳосил карда мешавад, то онҳо ба сеҳргар мадад расонанд. Бинобар ин сеҳр аз таълимоти алайҳи лаъна аст.
Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:
وَاتَّبَعُوا مَا تَتْلُوا الشَّيَاطِينُ عَلَى مُلْكِ سُلَيْمَانَ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَكِنَّ الشَّيَاطِينَ كَفَرُوا يُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ وَمَا أُنْزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّى يَقُولا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلا تَكْفُرْ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ وَمَا هُمْ بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلا يَنْفَعُهُمْ وَلَقَدْ عَلِمُوا لَمَنِ اشْتَرَاهُ مَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلاقٍ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ. (البقرة:102).
"Ва аз сеҳру афсуне, ки девҳо дар рузгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайрави карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро чодугари меомухтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд. Он ду баҳар кас, ки чодугари меомухтанд, мегуфтанд: Кори мо фитна аст, мабод кофир шави. Мардум аз он ду чодуҳое меомухтанд, ки метавонистанд миёни зану шуй чудойи афкананд ва онон чуз ба изни худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чи мардум меомухтанд, ба онҳозиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он чодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурухтанд, агар медонистанд! (Бақара:102).
Дуввум: Сеҳргар дар анчом додани сеҳр даъвои илми ғайб мекунад ва ин амр куфру залолат аст. Тавре, ки Аллоҳ таоло мефармояд:
"Ва худ медонистанд, ки харидорони он чодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурухтанд, агар медонистанд! (Бақара:102).
Яъне, Ҳеч насибе нест ононро дар охират. Бинобар ин шакке нест, ки чоду ширк ва куфр аст ва зидди тавҳид мебошад. Ҳоким бояд сеҳргарро ба қатл расонад.
Мулоҳиза: Бисёре дар мавриди сеҳр сустиву тасохули мекунанд ва шояд онро ҳунаре аз ҳунарҳо шуморанд, ки ба он фахр карда ба чодугарон мукофотҳо тақдим мекунанд ва мардумро ба он ҳавасманд карда онро мавриди ташвиқу ривоч қарор медиҳанд ва барои сеҳргаронанчуману мусобиқаҳо барпо мекунанд, ки дар он садҳо тамошобину ҳавасмандон ҳозир мешаванд. Ин ҳама бо чаҳлу нодонии онҳо дар динашон далолат мекунад ва ин беаҳамияти дар мавриди ақидаи исломи аст.
Метки: сехр
ОБ ХАЁТ АСТ
Ба номи худованди бахшанда ва бахшояндаи меҳрубон.
Сипоси парвардигор ва дуруди бепоён ба Муҳаммад (с) ва олу ёронашон.
Дар Қуръони Мачид калимаи об дар 51 чо омадааст. Худованд дар Қуръони мачид хабар медиҳад:".
"Ва фуруд меовард бар шумо аз осмон оби борон, то пок кунад шуморо бо он".Сураи Анфол,11.
Инчунин мефармояд:
"Худованде, ки офарид осмонҳо ва заминро ва фуру фиристод аз осмон обро, пас берун овард ба он об рузи барои шумо аз навъҳои меваҳо". Сураи Иброҳим,32.
Инчунин мефармояд:
"Пас фуруд овардем аз осмон обро, пас нушондем шуморо аз он ва шумо онро чамъкунанда нестед". Сураи Ҳичр,22.
Инчунин мефармояд:
"Ўст он ки фуруд овард аз осмон обро, барои шумо аз он оби ошомидани аст, ва аз он об дарахтон аст, ки дар он мечаронед". Сураи Наҳл,10.
Инчунин мефармояд:
"Ва худо фуруд овард аз осмон обро, пас зинда сохт ба он заминро баъди марги он, ҳароина дар ин нишона аст гуруҳеро, ки мешунаванд". Сураи Наҳл,65.
Об дар шариъат ба се қисм тақсим мешавад: Оби таҳур ( ниҳоят пок), тоҳир
(пок), ва начас.
Оби таҳур;
Обе, ки пок ва тоҳир аст дар нафси худ ва поккунандаи ҳама чизхо аст. Мисли оби борон, оби баҳр ва обе, ки аз замин мебарояд. Ва инчунин оби дарё, чашма, ях ва барф.
Аз паёмбар (с) пурсиданд, ки оё мо метавонем бо оби баҳр таҳорат кунем? Паёмбар (с) фармуданд:"Оби вай таҳур аст ва мурдаҳои вай ҳалол аст".
Оби тоҳир;
Обе ки дар асл пок аст, лекин яке аз васфҳои сегона онро тағйир дода бошад. Ва обе ки аз наботот гирифта мешавад.
Оби начас;
Обе, ки дар асл пок буд, лекин ба он начосат омехта шуд ва ранг буй ё таъми онро дигар кард.
Аз Абисаъиди Худри ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:
"Об таҳур аст чизеро начас намекунад". Бо ривояти Абудовуд ва Тирмизи.
Об ин моддаи ҳаёт аст. Об саййиди шаробҳо мебошад. Об яке аз аркони олам аст. Албатта худованд осмонҳоро аз бухори он халқ кард. Ва бо об ҳама чизро зинда кард. Об чизи хунук ва рутубатнок аст. Об ҳароратро пахш мекунад. Рутубатии об дар бадани инсон ҳифз карда мешавад. Об ғизоро борик мекунад.
Некўи ва сифати об аз даҳ роҳ ба эътибор аст:
1.Аз ранги он ки рангаш соф аст.
2.Аз бўйи он ки об ягон бўй надорад.
3.Аз таъми он ки таъмаш бомаза ва ширин аст.
4.Аз вазни он ки вазнаш сабук, нозук ва нигаҳбон аст.
5.Аз чоришавии он ки хеле хуб чоришаванда аст.
6.Аз манбаъи он ки дур аз манбаъ ва сарчашма аст.
7.Аз намоён ва падид омадани он бар офтоб ва бўй, ки дар зери замин пинҳон нест.
8.Аз ҳаракати он ки ҳаракат ва чоришавии он хеле тез аст.
9.Аз бисёрии он ки ночуриҳои пасмондаи худро такон медиҳад.
10.Аз рехтаниҳои он ки аз шимол ба сўйи чануб, ё аз мағриб ба сўйи машриқ мерезад.
Агар ин васфҳоро ба эътибор гирем, бо пурраги ин сифатҳоро пайдо мекунем, магар чаҳор дарё: Дарёи Нил, Фурот, Сайҳун, Чайҳун. Ва ин дарёҳо да саҳеҳ Бухори ва Муслим аз ҳадиси Абуҳурайр(р) омадааст, ки Паёмбар (с) фармуданд:"Сайҳон ва Чайҳон, Нил ва Фурот, ҳамаи инҳо аз дарёҳои чаннат аст". (китоби -Чаннат ва наими он).
Ва сабук будани об аз се вачҳ аст:
1.Тез қабул кардани об хунуки ва гармиро, ки он далолат ба сабук будани он мекунад.
2.Сабукии он барои он аст, ки об бомизон аст.
3.сабукии он ки ду оби гуногун ба ду қитъаи пахта дар вазн баробар аст.
Обе, ки аз маъданҳо чори мешавад, бар табиати он маъдан мебошад. Ва об бар бадани инсон таъсири бузурге дорад. Ва оби бомаза ба шахси касал ва сиҳат фоидаовар аст. Ва оби хунук фоидаовартар ва бомазатар аз он аст.
Ва лозим нест, ки барои оби даҳон онро нушем. Ва ё барои дур кардани хоб ё баъди ҳаммом ё баъди хурдани мева онро нушем.
Аммо баъди хурдани таом, агар зарур бошад, нушидани об ҳеч боке надорад ба шарте ки зиёд набошад.
Макидани об зараре надорад, балки ба меъда қувват мебахшад. Шаҳвати инсонро паст карда ташнагиро мешиканад.
Оби нимгарм зидди он чизе, ки дар боло зикр кардем мебошад. Ва фоидаи оби хунук аз дохили инсон фоидаовартар аст аз фоидае, ки аз берун мешавад. Ва оби гарм зидди қавли боло аст.
Ва оби хунук ба хуни пусида манфиат дорад. Ва он боло барандаи бухор ба сўйи сар аст. Ва он пусидагиҳоро дафъ мекунад. Ва он ба мизочу хў, дандон, замону макони гарм мувофиқат мекунад. Ва об ба ҳама ҳолате, ки муҳточ ба сўйи пухта расонидан ва ҳал кардани онро дорад, зарар мерасонад.
Ва паёмбар (с) комилтарин шахс дар ҳифзи саломати буданд, ки асалро бо оби хунук омехта карда менушиданд. Ва маърифти ин корро ҳама намедонанд, магар фозилтарин табибҳо.
Ва табибон ихтилоф карданд, ки оё об ба бадан ғизо мешавад ё не? Ду қавл аст:
1-Гуфтанд, ки об ғизо барои набот аст. Ҳайвонро инкор карданд.
2-Гуфтанд, ки об ин моддаи ҳаёт ва ҳайвон аст. Ва дар сураи Анбиё ояти 30 худованд хабар медиҳад: "Ва аз об мо ҳама чизро зинда гардонидем".
Гуфтанд, ки агар шахси ташнаро бинем тоқат ба гурснаги дорад, лекин ба об надорад.
Дар поён аз худованди бузург хоҳони онем, ки ин мавриди истифода қарор гирад ва онро холисан барои ризо ва хушнудии худ қарор дихад.
Фирдавси Чамолиддин.
Метки: об
Фаромуз Шералиев,
14-05-2011 20:15
(ссылка)
Хичоб ва сатр
Ба номи худованди равонофарин
ХИЧОБИ ЗАН
Модари азиз ва хохари мехрубон, худо фарз гардондааст хичобро барои зани мусалмон ва фарз гардонидааст барои мардхо нигох доштани занону хохарони худро аз мардони бадкору бадрафтор ва нигох доштани номусу кадри занону хохарони худро дар байни мардум.
Душманони ислом мегуянд, ки хичоб барои сахтгири ба занхо аст ва ё хичоб барои бекадрии занхо аст ва ё баъзе аз ахмакон ва аблахон мегуянд, ки агар дил покиза бошад, хичоб ё либоси шариати лозим нест. Касам ба худо, ки рухи онхо лаззати имонро начашидааст ва акли онхо хакикати исломро нашинохтааст, вагарна мефахмиданд, ки озодии зан дар озодии бадану чисм аст, вакте зан бо хичобу чодар бошад бадану чисми он зан аз чашму хила кардани мардони бадкор озод ва дар амон мебошад. Вакте ки бадани зан аз шарри бадхохон озод бошад, ин бехтарин озоди аст барои зан ва агар зан бо хичоб набошад ва ё дар у шарму хаё дида нашавад, ба хар чо, ки равад чашмони мардуми бадкор ба он зан афтода ба хар хел хилаю найранг он занро ба доми худ меандозанд ва ба рохи бад мебаранд ва шояд, ки ояндаи он зан ба зиною хароми шудан анчом ёбад. Албатта занхое, ки зиннату хушруи ва атру хушбуи карда ба бозорхо мераванд ва дилхою чашмони чандин мардумро моилу ноором мегардонанд, ин кори онхо далел бар заиф будани имон ва иффати онхо аст ва далел ба вайрон будани дини онхо аст, зеро дар холе, ки берун баромадани зан аз хона бе зарурат чоиз нест, пас чи хел дуруст аст ба бозор рафтан бе хичоб ва бе сатри аврат.
Паёмбари худо (с) гуфтаанд:
"Ду гурух дар оташи дузаханд, яке аз он ду гурух занхое мебошанд, ки барои мардони бегона либосхои тангу тунукеро мепушанд, ки баданхояшонро намоён мекунад ва ин феъли бади хайвониро ба дигар занхо низ таълим медиханд ва аз ин корашон мардхо ба онхо мухаббат баста фасодкору зинокор мешаванд. Дигар гурух он занхое мебошанд, ки муйхои сари худро мисли пушти шутур баланд мекунанд дар болои сарашон, ин ду гурух занхо дар оташи дузах хастанд, лаънати худо бар он занхо бод!"
Инчунин гуфтаанд:
"Кадом зане, ки хушбуи кунад ва аз назди мардуми бегона гузарад ва он мардуми бегона буи хуши он занро бифахманд, он зан зинокор аст."
Яъне гунохи он зан мисли гунохи зинокорон аст.
Паёмбари худо (с) гуфтаанд:
"Дузахро дидам, ки бисёри ахли он занхо буданд."
Ба сабаби ин ки тоати худоро ба чо наовардаанд, ба шавхаронашон итоат накардаанд, шавхарон аз онхо рози нестанд, хичобро партофта либосхои фахру кибрро пушида ба бозорхою кучахо давр мезананд, худо онхоро дар киёмат дар оташи дузах чой медихад ва барои онхо бисёр азоби сахту дарднок хохад буд. Зеро инчунин занхо фасодкунандаю берохакунандаи дигар мардхо, бадкунандаи чомеаи мусалмонон мебошанд, бадномкунандаи дигар занхои мусалмон ва бадномкунандаи падару модарон ва хохару бародарон ва дигар хешовандон мебошанд.
Модарони азиз ва хохарону хамширагони мехрубон! Вакте мегуем, ки халккунандаю тарбияткунандаи мо худо аст ва мо ба ин рози хастем ва мегуем, ки ислом дини мо аст ва мо ба ин рози хастем ва мегуем, ки Мухаммад (с) пайгамбари охируззамон ва фиристодаи худо аст ба суи мо ва ба суи тамоми чинну инс ва мо ба ин рози хастем, пас бояд он чизе, ки худо ва расул гуфтаанд, онро бо дилу чон кабул карда ба он амал кунем то дар дунё ва охират комёб бошем.
Пайгамбари худо (с) гуфтаанд:
"Касе ки пайравии ман кунад дар чаннат медарояд ва касе ки итоати ман накунад дар дузах медарояд."
Дар замони пайгамбари худо як гурух занхо ба назди он хазрат омада гуфтанд: "Эй пайгамбари худо, мардхо савобу ачрхои чиходро бар худ бурданд, оё барои мо ягон кори хубе нест, ки мо бачо орем, то худо барои мо савоби мучохидини рохи худоро бидихад. Пайгамбари худо (с) гуфтанд: "Кадом зане, ки дар хона нишаста тоату ибодати худоро кунад ва шавхараш аз у рози бошад ва гуфтахои худоро ба чо оварда бошад, он зан савобу ачри мучохидинро хохад ёфт."
Аз худованди маннон мепурсем, ки занон ва хохарони мусалмонро аз таклидхои ночо ва аз беиффатихо нигах дорад ва дар ахлоку одоб намунаи чахониён гардонад ва ба онхо тавфику салохият дар тарбияи насли наврас ато фармояд.
Охирин сухани мо сипос ба парвардигори чахониён аст.
Метки: Зан дар ислом
Фаромуз Шералиев,
13-05-2011 06:41
(ссылка)
ЗИННАТИ ЗАН
Ба номи худованди мехрубон
ЗИННАТИ ЗАН
Худованд занхоеро, ки зиннатхои худро ба мардуми бегона нишон медиханд, аз ин кори бадашон манъ карда гуфтааст:
و لا يبدين زينتهنّ. (سورة النور).
"Занхо зинатхои худро нишон надиханд дар назди мардуми бегона."
Яъне занхо либосхои киматбахоро пушида ва ё гушворахою гарданбандхои тиллои ва ё гайри тиллоиро дар гушхою гарданхои худ овезон карда ба бозорхо ва ё ба кучахо баромада дар назди мардуми бегона нишон надиханд.
Зани худотарсу мусалмонро зинат карданаш дуруст аст дар назди шавхараш ва дар даруни хона, хар кадар, ки хохад, на дар назди дигарон дар беруни хона.
Занхои худотарсе, ки дар холати зарурат аз хона барои ягон хочат берун мебароянд ва дар хангоми харидуфуруш кардан ягон зиннате аз онхо намоён мешавад, мисли каме аз руй ва ё кафи даст ва ё либоси зебо дар ин холатхо, агар бе касди онхо бошад, барояшон бахшиш аст. Аммо зан агар бе зарурат зебоги карда аз хона берун барояд, малоикахо уро лаънат мегуянд. Фаромуш набояд кард, ки холати зарурат барои зан ин аст, ки ягон мардинае, ки махрами зан бошад дар хона набошад ва ё шавхари зан дар хона набошад, ин холат холати зарурат мешавад, аммо ба гайри зарурату хочат ва ё ба гайри ин холатхои зикршуда, дар берун аз хона, дар кучахо нишастан ва дар бозорхо гаштугузор карданаш харом аст.
Худои бузург дар давоми оят барои занхо гуфтааст:
و لا يضربن بخمرهنّ علي جيوبـهنّ. (سورة النور).
"Бояд бизананд занхо чодархою руймолхои худро бар гарданхою пешбандхои худ."
Дар замони чохилият пеш аз ислом одатхои занхо ин буд, ки вакте ба бозор ва ё ба ягон чо мерафтанд, худро ба руймол ва ё ба чодар намепушониданд, гарданхою муйхояшон ва гушхою пешбандхояшон намоён буд, баъд аз зухуру пайдоиши ислом, худо амр кард занхоро ба пушонидани тамоми бадан, то ки аз дигар занхои бадкору бадрафтор ва аз дигар занхои кофирон фарк дошта бошанд. Амр кард худо занхои мусалмонро ба пушонидани гарданхою муйхои худ ва ба пушонидани сару пешбандхои худ бо руймоли калон ва ё бо хичоб, то мавриди азияти мардони хавасбоз карор нагиранд. Лозим аст барои зан пушонидани тамоми баданаш аз мардуми бегона ва пинхон доштани зиннаташ мисли гарданбанду гушвор ва ё нигин ва ё садои дилфиреби пояфзолаш ва дигар чизхое, ки назари мардонро чалб мекунад.
Худои бузург дар давоми оят гуфтааст:
و لا يبدين زينتهنّ إلا لبعولتهنّ أو آبائهنّ أو آباء بعولتهنّ أو أبناءهنّ أو أبناء بعولتهنّ أو إخوانهنّ أو بني إخوانهنّ أو بني أخواتهنّ أو نساءهنّ أو ما ملكت أيمانهنّ. (سورة النور).
"Зохир накунанд занхо зиннатхои худро дар назди мардуми бегона, магар барои занхо ичозат аст зохир кардани зиннат дар назди шавхарон ва дар назди касоне ки барои занхо махрам мебошанд, падаронашон ва падарони шавхаронашон ва фарзандонашон ва фарзандони шавхаронашон ва бародаронашон ва фарзандони бародаронашон ва фарзандони хохарон ва занхои мусалмон ва гуломхои занхо ва мардони пирсоле, ки хочат бар занхо надоранд ва кудакони хурдсоле ки аз холи занхо хабардор нестанд."
(Сураи Нур).
Барои занхо ичозат хаст пинхон надоштани зиннат дар назди инхо, аммо дар гайри инхо харом аст. Зиннати зан танхо барои шавхараш аст на барои ягон чо рафтан ва ё на барои бозор баромадан.
Пайгамбари худо гуфтаанд:
"Занхое ки худбину фахркунанда хастанд дар зиннат кардан барои гайри шавхаронашон, ин занхо мисли як торикие мебошанд ва дар рузи киёмат барои ин торики ягон нуру ягон равшани нест".
Азоби илохи аст барои он занхоест, ки вакте ба ягон чо рафтани шаванд, либосхои зебою хушру ва дилфиреб пушида ба кадри тавонашон зинат карда баъд мераванд ва хол он, ки агар ба назди шавхаронашон бираванд мисли дигар чо рафтан зиннат намекунанд. Ин зиннатхои зан ба хотири бегонагон, дар киёмат мисли торикию залолат аст ва барояш рохи начоту халоси нест, азоби худо бар онхо хохад буд, магар он занхое, ки тавба карданд ба суи худо аз гунохонашон ва шавхарони худро рози ва хушнуд кунанд, он занхо шояд начот ёбанд ба фазлу карами худои бузург.
Метки: Зан дар ислом
Фаромуз Шералиев,
10-05-2011 22:23
(ссылка)
ШАРМУ ХАЁ зеботарин либоси зан
Ба номи худои таоло
ШАРМУ ХАЁ зеботарин либоси зан
Бисёре аз падарону модароне хастанд, ки духтари чавонашон бехичобу бехаё ба дигар мардхои бегона хамсухбат мешаванд ва ё даст ба даст карда ба чое мераванд, дар онхо на шарм дида мешавад на хаё ва худи он падару модарон ин кори чавондухтарро дида фахр мекунанд ва мегуянд, ки фарзандам озод аст, дар ин дунёи дуруза хурсандию шоди кардан бахти чавонии у аст, бехабар аз ин, ки худо уро дар киёмат аз холи фарзандон пурсон хохад кард ва бехабар аз ин, ки агар ба ин рафтори бади чавондухтараш рози буда уро манъ накунад, дайус ба шумор меравад ва дайус он аст, ки зану фарзанди худро хамрохи бегонагон мебинад ва чизе намегуяд ва ба ин хол рози аст, лаънати худо ва лаънати малоикахо бар холи онхо бод! Худо харом гардондааст чаннатро барои дайус ва онхо дар киёмат ба азобхои сахт гирифтор хоханд шуд. Марди багайрату баномус ва худотарс вакте, ки хохари худро ва ё духтари худро дар чунин хол дид, бояд ки уро ба даст ва ё ба забон манъ кунад, то аз нанги номи дайуси начот ёбад.
Хохари мусалмон, дар хакикат шарму хаё ва хичоб барои зан либоси зебанда аст, тамоми мардум хаваси уро мехуранд, хатто ин ки сохибашро банур гардонда дар байни мардум азизу боэхтиром мегардонад. Аммо бехичоби ва бе либоси шариати ва бешармию бехаёги занро дар байни мардум ночиз мегардонад, сифати зан буданашро гум мекунад ва байни мардон монанди бозичае мегардад, ки хар шахсе дар хар чое бо у хазлу шухи мекунад ва эътибори уро аз байн мебарад.
Хамшираи азиз, харгиз некбахтию зебогии инсон ва хар як зани мусалмон дар молдорию чиздори ва ё дар бехичоби дида намешавад. Касам ба худо, ки некбахтию зебогии хар як инсон дар тоату ибодат буда, либоси исломи дар бадан доштан аст.
Хохари азиз! Дур дор худро аз тамошои мардхои бегона ва аз хилвату бе зарурат сухбат кардан бо онон. Нигах дор худро аз шарри телефонхои дасти ва мобели, ки ин фитнаи нави аср бисёре аз чавондухтарони боиффатро бероха кардааст ва дар доми фиреби мардони хавасбоз афтондааст. Боз дор худро аз нигох кардани филмхои беаслу бегона ва аз нигох кардани суратхои мардхои бегонае, ки дар китобхо ва ё дар мачаллахо мебошанд. Дур дор худатро аз дугонахову хамнишинони бенамозу беруза ва аз хамнишинони бешарму бехичоб, то инхо сабабгори вайрон шудани хаёти ту ва сабабгори берун баровардани ту аз доираи ислом нашаванд, чунки дар урфият мегуянд: "Бо дег нишасти сиёх шави, бо бад нишасти расво шави, бо хуб нишасти зебо шави."
Хохари мусалмон, дар хакикат парранда агарчи парвоз карда рузхои дарозро дар сайру гашт гузаронад, дар охири руз боз ба лонаи худ хохад омад, инчунин инсон агар тамоми хаёти худро ба хубию неки ва ё ба бадию расвоги гузаронад, дар охир вафот хохад кард ва уро ба лонаи абадияш, ба кабр дафн мекунанд ва хонаю бошишгохи хар яки мову шумо хамон гури тангу торик хохад буд. Агар дар ин дунё гуфтахои худову расулро ба чо оварда бошем, он гур бароямон мисли касри зебо пурнуру равшан хохад буд ва агар аз гуфтахои худо ва расул берун баромада бошем, он кабр бароямон мисли зиндон торик ва бадтарин чо хохад буд.
Хохари азиз агар ту дар ин дунё худотарсу худопараст боши ва бо хичоб боши ва шарму хаё зиннати ту бошад, якин кун, ки ту дар ин дунё дар байни занхо ва дар байни мардуми мусалмон кимматтарину зеботарин хасти, чунки пайгамбари худо (с) гуфтаанд:
"Аддунё куллухо матоун ва хайру матоихо аз-завчатус солиха."
Яъне тамоми дунё матоъ ва фоида бурдан аст барои инсон ва бехтарин молу чизи дунё зани худотарсу худопарасту бохичоб ва хамсари солеха мебошад. Бубин, ки паёмбари худо (с) ягон чизро бехтарин моли дунё нагуфтаанд, магар зани худотарсу худопарастро ва зани бохичобро, ки ба шавхараш хиёнат накунад, моли уро хифз кунад, бо зинатхояш шавхарашро шод созад, бо атои шавхараш каноат кунад ва уро бо исрофкори ва харчхои бехуда азият накунад ва сирру асрори хонаводагиро ба берун фош накунад.
Метки: Зан дар ислом
Abdulmannon Sheraliev,
09-05-2011 15:30
(ссылка)
Тавхин бар офтоб
Эй осмон, ба рифъати ту ханда гар занад,
Гудоле аз табори даноат зи насли кур,
Нолон намешави?!
Аз хашм, аз газаб гуррон намешави?
Эй офтоб, гар ба хакорат кунад назар,
Хаффош суи ту
Пиндорад ин ки тираву тор аст руи ту,
Хандад ба хусни ту, ба чамоли накуи ту,
Оё зи кахр оташи сузон намешави?
Эй бахр агар туро,
Мурдобе аз сулолаи нопокиву русуб,
Гандобе аз уюб,
Омочи таънахои залилонааш кунад,
Оё зи фарти гусса хурушон намешави?!
Амвочи кухпайкари туфон намешави?!
Эй навбахор агар ба либоси бихиштият,
Тухмат занад хазон,
Бар чабхаи ту мухри ихонат занад хазон,
Афсурда хамчун гулшани пажмон намешави?
Сахро сахро хори магелон намешави?!
Эй кух агар хасе,
Бар куллахои сарбасипехрат занад нихеб,
Пиндорадат сароб,
Пиндорадат фиреб,
Оташфишон шуъла ба домон намешави?!
Эй хасти, эй ъатияти халлоки бемисол,
Эй душмани Адам,
Эй душмани завол,
Гар марг ба ту тухмати вайронгари занад,
Бишморадат сукун,
Бишморадат чумуд,
Бо у зи хашм дасту гиребон намешави?!
Инак ай осмон,
Инак ай офтоб,
Ай бахри бекаронаву ай саркашида кух,
Ай Кахкашону мох,
Ай харчи рушанист,
Дар бекаронахои уфук дар дили сахар,
Ай хар кучост рафъату зебоиву шукух
Инак, нигах кунед,
Хаффошхои кур,
К-аз дидани хакикати хуршед очизанд,
Аз кахри чохи тирагиву куфру шайтанат,
К-онро намуда хафр,
Иблис дар кавири димоги палидашон,
Дашномхо ба мехри чахонтоб медиханд,
Сад нисбати палид ба махтоб медиханд.
В-он гах Ки суи жарфтарин нуктаи сукут,
Дар хуфраи чаханнами афкори шуми хеш,
Парвоз мекунанд,
Он чо зи фарти зулмати дунёи хештан,
Авчи вакохату шаку тардид мешаванд,
Бе хеч шарм мункири Хуршед мешаванд.
Инак нигах кунед,
Бар осмони рафъату бар куллаи уруч,
Жарфои хокдони даноат барад хучум,
Шайтонсифат шарир,
Иблисгуна кинавару муфсиду лачуч,
Инак хасе зи чинси таъассуб кунад гумон,
Худро буранда тешаи тавхину ихтикор,
Бар фарки кухсор.
Як гирбод к-аз пуфи иблис шуд баланд,
Дар дасти хорпарвари андешаи салиб,
Пиндорад ин ки кухи рисолат канад зи чо,
Пиндорад ин ки шамъи нубувват кунад хамуш
Сардори ман, Паёмбари ман, офтоби ман,
Он гах ки одами,
Дар дашти ташнакоми аз навъи тираги,
Даргири марг буд.
Ту омади чу омадани сели рушани,
Ту омади чу омадани обшори субх.
Сад чом офтоб пур аз нури эзиди
Дар коми ташнагон,
Дастони мехргустару равшангари ту рехт.
Бунёди сад хисори шабандуди гирди акл
Аз чилваи чамоли рухи анвари ту рехт.
Сардори манн Паямбари манн навбахори ман,
Он дам Ки дар кавири замири башар надошт
Руиш гуле ба домани пурхори хештан,
Як сабзазор набуд,
Чое барои рустану изхори хештан.
Ту омади чу омадани дашт, дашти гул,
Ту омади чу омадани бог, боги атр,
Дастони ту навозиши сабзи бахорро
Дар он кавири бе гулу богу бахор кишт.
Барчид хорро,
Афшонд базри сад чаману лолазор кишт
Сардори ман, Паямбари манн офтоби ман,
Сахви маро бибахш
Гар офтобро
Нисбат дихам ба хоки кудуми муборакат,
Резад хазор сачдаи шукрона аз сурур
Дар домани фалак,
З-он гунна сачдае, ки бинозад ба он малак.
Сардори ман, Паямбари ман, навбахори ман,
Сахви маро бибахш,
Гар навбахорро
Гулчини бустони чамоли ту бишмарам,
Бар гулшани Бихишт фурушад хазор фахр,
Хар сабзааш ба хеш биборад хазор бор.
Сардори ман, Паямбари ман, пешвои ман,
Эй авчи одамияту эй чархи мардуми.
Эй сад сахар талиъаи хуршед руи ту.
Гар чун сапеда аз уфуки рахмати Худой
Зохир намешуди,
Дунё ба чуз диёри шабу шабравон набуд,
Дуздони аклу иззату хуррияту шараф
Буданд бешумор яке посбон набуд.
Инсон, ки буд гумшуда аз хеш солхо
Дар издихоми чахл,
Дар хамлаи чунун,
Мечуст хешро
Дар кучахои сурх зи хуни ситамкашон
Дар вусъати халокату дар бекарони марг,
Дар авчнои васваса дар жарфнои куфр,
То дурдастхо магар аз вай нишон набуд.
Ту омади хуввияти инсон зухур кард,
Ин офтоб хост
Аз зери хоку дар хама чо пахши нур кард.
Ту омадиву кухи гурури ситамгарон,
Дашти фурутани шуду сахрои инкисор.
Ту омадиву бардаи дарбанди бенаво
Афшонд гарди хоку мазаллат зи руи хеш.
Ту омадиву дасти шаётини зулмро
Инсоният надид дигар дар гулуи хеш.
Сардори ман, Паямбари ман, шахриёри ман,
Инак дар ин замона, ки савдогарони марг
Бар сарнавишти оламу одам мусаллатанд,
Андешаи асорату афкори бардаги
Бо дашнахои гарка ба хуни ситамкашон,
Дар лавхи бовари башари накш мешавад
Инак дар ин замона, ки имон ба тираги
Дар шакли як такаддуси бе хеч килу кол,
Бо дасти шабнавистарин душманони нур,
Бар хар сапедаи сахари накш мешавад.
Инак дар ин замона, ки мафхуми рушани
Аз дидгохи курдилони сияхнигар,
Дар нимашаб дурахшиши дандони гургхост.
Инак дар ин замона, ки маънои иртикоъ,
Дар фикри инхитотии девонагони чинс,
Кабре барои иффату ахлоки одамист,
Дар синаи чаханнами доги барахнаги.
Инак дар ин замона ки озодиии баён
Дар аклхои гутавар андар хуми шароб.
Дар магзхои пуч,
Гандида аз уфунати андешахои шум,
Тавхин ба анбиёст.
Инак дар ин замона Ки лаъимони девхуй,
Бо захри неши аждари хубси даруни хеш,
Дар раг раги калам,
Хуни такаддуси касами Кирдугорро
Масмум мекунанд,
Асмои зишти хеш
Бар лавхи пойдортарин лаънати гализ,
Дар маъбари замон,
Маркум мекунанд.
Оре, дар ин замон
Сардори ман, Паямбари ман, офтоби ман,
Инсон дубора гум шуда аз чашми хештан,
Бори дигар хуввияти худро намуда гум.
З-он ру сагони кучаи иблис бонгхо
Бар мох мезананд,
Меафкананд оби дахони палиди хеш
Бар чашмаи хаёт,
З-он ру дадони водии хайвоният ниханд,
Номи туро зи фарти вакохат ба зери сум.
Сардори ман, Паямбари ман, пешвои ман,
Эй чашмаи хаёт,
Эй офтоби хак,
Эй маънии камоли нумуъи дарахти нур,
Дар боги коинот,
Эй авчи одамияту эй чархи мардуми,
Эй рахбари бузург,
Эй коъиди начот!
Инак ба хайси хоки кадамхои акдасат,
Дар хокруби даргахи поку мукаддасат,
Ин байтро зи гулшани шеъру суханвари
Эхдои боргохи рафиъи ту мекунам,
То посухе бувад,
Бар ав-ави нахики разилонаи хасум,
Бар расмхои шум,
Бар дастхои дархури «Таббат ядо»-и аср
Бар мучримони Булахабии сирати хакир
Бар хамлаи салибии шайтониву шарир.
Махтоб, ки нури пок дорад,
Аз бонги сагон чи бок дорад?!
Гудоле аз табори даноат зи насли кур,
Нолон намешави?!
Аз хашм, аз газаб гуррон намешави?
Эй офтоб, гар ба хакорат кунад назар,
Хаффош суи ту
Пиндорад ин ки тираву тор аст руи ту,
Хандад ба хусни ту, ба чамоли накуи ту,
Оё зи кахр оташи сузон намешави?
Эй бахр агар туро,
Мурдобе аз сулолаи нопокиву русуб,
Гандобе аз уюб,
Омочи таънахои залилонааш кунад,
Оё зи фарти гусса хурушон намешави?!
Амвочи кухпайкари туфон намешави?!
Эй навбахор агар ба либоси бихиштият,
Тухмат занад хазон,
Бар чабхаи ту мухри ихонат занад хазон,
Афсурда хамчун гулшани пажмон намешави?
Сахро сахро хори магелон намешави?!
Эй кух агар хасе,
Бар куллахои сарбасипехрат занад нихеб,
Пиндорадат сароб,
Пиндорадат фиреб,
Оташфишон шуъла ба домон намешави?!
Эй хасти, эй ъатияти халлоки бемисол,
Эй душмани Адам,
Эй душмани завол,
Гар марг ба ту тухмати вайронгари занад,
Бишморадат сукун,
Бишморадат чумуд,
Бо у зи хашм дасту гиребон намешави?!
Инак ай осмон,
Инак ай офтоб,
Ай бахри бекаронаву ай саркашида кух,
Ай Кахкашону мох,
Ай харчи рушанист,
Дар бекаронахои уфук дар дили сахар,
Ай хар кучост рафъату зебоиву шукух
Инак, нигах кунед,
Хаффошхои кур,
К-аз дидани хакикати хуршед очизанд,
Аз кахри чохи тирагиву куфру шайтанат,
К-онро намуда хафр,
Иблис дар кавири димоги палидашон,
Дашномхо ба мехри чахонтоб медиханд,
Сад нисбати палид ба махтоб медиханд.
В-он гах Ки суи жарфтарин нуктаи сукут,
Дар хуфраи чаханнами афкори шуми хеш,
Парвоз мекунанд,
Он чо зи фарти зулмати дунёи хештан,
Авчи вакохату шаку тардид мешаванд,
Бе хеч шарм мункири Хуршед мешаванд.
Инак нигах кунед,
Бар осмони рафъату бар куллаи уруч,
Жарфои хокдони даноат барад хучум,
Шайтонсифат шарир,
Иблисгуна кинавару муфсиду лачуч,
Инак хасе зи чинси таъассуб кунад гумон,
Худро буранда тешаи тавхину ихтикор,
Бар фарки кухсор.
Як гирбод к-аз пуфи иблис шуд баланд,
Дар дасти хорпарвари андешаи салиб,
Пиндорад ин ки кухи рисолат канад зи чо,
Пиндорад ин ки шамъи нубувват кунад хамуш
Сардори ман, Паёмбари ман, офтоби ман,
Он гах ки одами,
Дар дашти ташнакоми аз навъи тираги,
Даргири марг буд.
Ту омади чу омадани сели рушани,
Ту омади чу омадани обшори субх.
Сад чом офтоб пур аз нури эзиди
Дар коми ташнагон,
Дастони мехргустару равшангари ту рехт.
Бунёди сад хисори шабандуди гирди акл
Аз чилваи чамоли рухи анвари ту рехт.
Сардори манн Паямбари манн навбахори ман,
Он дам Ки дар кавири замири башар надошт
Руиш гуле ба домани пурхори хештан,
Як сабзазор набуд,
Чое барои рустану изхори хештан.
Ту омади чу омадани дашт, дашти гул,
Ту омади чу омадани бог, боги атр,
Дастони ту навозиши сабзи бахорро
Дар он кавири бе гулу богу бахор кишт.
Барчид хорро,
Афшонд базри сад чаману лолазор кишт
Сардори ман, Паямбари манн офтоби ман,
Сахви маро бибахш
Гар офтобро
Нисбат дихам ба хоки кудуми муборакат,
Резад хазор сачдаи шукрона аз сурур
Дар домани фалак,
З-он гунна сачдае, ки бинозад ба он малак.
Сардори ман, Паямбари ман, навбахори ман,
Сахви маро бибахш,
Гар навбахорро
Гулчини бустони чамоли ту бишмарам,
Бар гулшани Бихишт фурушад хазор фахр,
Хар сабзааш ба хеш биборад хазор бор.
Сардори ман, Паямбари ман, пешвои ман,
Эй авчи одамияту эй чархи мардуми.
Эй сад сахар талиъаи хуршед руи ту.
Гар чун сапеда аз уфуки рахмати Худой
Зохир намешуди,
Дунё ба чуз диёри шабу шабравон набуд,
Дуздони аклу иззату хуррияту шараф
Буданд бешумор яке посбон набуд.
Инсон, ки буд гумшуда аз хеш солхо
Дар издихоми чахл,
Дар хамлаи чунун,
Мечуст хешро
Дар кучахои сурх зи хуни ситамкашон
Дар вусъати халокату дар бекарони марг,
Дар авчнои васваса дар жарфнои куфр,
То дурдастхо магар аз вай нишон набуд.
Ту омади хуввияти инсон зухур кард,
Ин офтоб хост
Аз зери хоку дар хама чо пахши нур кард.
Ту омадиву кухи гурури ситамгарон,
Дашти фурутани шуду сахрои инкисор.
Ту омадиву бардаи дарбанди бенаво
Афшонд гарди хоку мазаллат зи руи хеш.
Ту омадиву дасти шаётини зулмро
Инсоният надид дигар дар гулуи хеш.
Сардори ман, Паямбари ман, шахриёри ман,
Инак дар ин замона, ки савдогарони марг
Бар сарнавишти оламу одам мусаллатанд,
Андешаи асорату афкори бардаги
Бо дашнахои гарка ба хуни ситамкашон,
Дар лавхи бовари башари накш мешавад
Инак дар ин замона, ки имон ба тираги
Дар шакли як такаддуси бе хеч килу кол,
Бо дасти шабнавистарин душманони нур,
Бар хар сапедаи сахари накш мешавад.
Инак дар ин замона, ки мафхуми рушани
Аз дидгохи курдилони сияхнигар,
Дар нимашаб дурахшиши дандони гургхост.
Инак дар ин замона, ки маънои иртикоъ,
Дар фикри инхитотии девонагони чинс,
Кабре барои иффату ахлоки одамист,
Дар синаи чаханнами доги барахнаги.
Инак дар ин замона ки озодиии баён
Дар аклхои гутавар андар хуми шароб.
Дар магзхои пуч,
Гандида аз уфунати андешахои шум,
Тавхин ба анбиёст.
Инак дар ин замона Ки лаъимони девхуй,
Бо захри неши аждари хубси даруни хеш,
Дар раг раги калам,
Хуни такаддуси касами Кирдугорро
Масмум мекунанд,
Асмои зишти хеш
Бар лавхи пойдортарин лаънати гализ,
Дар маъбари замон,
Маркум мекунанд.
Оре, дар ин замон
Сардори ман, Паямбари ман, офтоби ман,
Инсон дубора гум шуда аз чашми хештан,
Бори дигар хуввияти худро намуда гум.
З-он ру сагони кучаи иблис бонгхо
Бар мох мезананд,
Меафкананд оби дахони палиди хеш
Бар чашмаи хаёт,
З-он ру дадони водии хайвоният ниханд,
Номи туро зи фарти вакохат ба зери сум.
Сардори ман, Паямбари ман, пешвои ман,
Эй чашмаи хаёт,
Эй офтоби хак,
Эй маънии камоли нумуъи дарахти нур,
Дар боги коинот,
Эй авчи одамияту эй чархи мардуми,
Эй рахбари бузург,
Эй коъиди начот!
Инак ба хайси хоки кадамхои акдасат,
Дар хокруби даргахи поку мукаддасат,
Ин байтро зи гулшани шеъру суханвари
Эхдои боргохи рафиъи ту мекунам,
То посухе бувад,
Бар ав-ави нахики разилонаи хасум,
Бар расмхои шум,
Бар дастхои дархури «Таббат ядо»-и аср
Бар мучримони Булахабии сирати хакир
Бар хамлаи салибии шайтониву шарир.
Махтоб, ки нури пок дорад,
Аз бонги сагон чи бок дорад?!
Фаромуз Шералиев,
08-05-2011 07:12
(ссылка)
НИДОИ ИФФАТ
НИДОИ ИФФАТ
بسم الله الرحمن الرحيم
Ба номи худованди мехрубон
Ба неки ёд мекунам он худоеро, ки халк кардааст аз гуштпораи ночиз инсонро ва ато кардааст барояш фахми солимро ва дигар неъматхои бешуморро, то бишносад холики замину осмон ва чинну инсро ва гардондааст дар мобайни муъминон мухаббату дустиро ба неъмати ислом. Хамд мегуем уро ва талаби ёриву магфират ва хидоят мекунем аз у. Касеро, ки худо хидоят кунад, пас уро гумрохкунандае нест ва касеро ки гумрох кунад худо пас уро хидояткунандае нест. Шаходат медихем, ки нест илохе магар Аллохи таъоло, яккаву ягона ва нест шарике мар уро ва шаходат медихем, ки Мухаммад (с) банда ва расули худо аст, дуою дуруд бар у бод, ки бехтарини расулон аст. Расуле, ки фиристодааст уро худо ба хайси рахмат бар оламиён ва у паёмбари охируззамон аст. Ва дуою дуруд бар хонадону хамсухбатони Мухаммад (с) ва бар касоне, ки пайравии эшон мекунанд дар амалхои хайр то рузи киёмат.
Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху, модарони азиз ва хохарони мехрубон!
Худои бузург лозим гардондааст барои мардум шарму хаёро ва манъ кардааст мардхоро аз нигох кардан ба суи занхои бегона ва занонро аз нигох кардан ба суи мардхои бегона. Фарз гардондааст барои занхо хичобу чодарро, ки тамоми бадани занро пушида гардонад. Худои бузург дар Куръони карим хабар додааст:
قل للمؤمنات يغضضن من أبصارهنّ و يحفظن فروجهنّ.
"Бигу ба занхое, ки ба худо имон овардаанд, нигох накунанд ба суи чизе ки худо барояшон харом гардондааст, нигох доранд шармгоххои худро аз зинокорию харомкори."
Худо барои занхо манъ кардааст нигох карданро ба суи мардони бегона, зеро сарчашмаи хамаи бадихову хамаи фасодхо ин аз нигох кардани мард ба суи зани бегона мебошад ва ё аз нигох кардани зан ба суи марди бегона мебошад.
Пайгамбари худо (с) гуфтаанд:
"Кадом марди худотарс ба суи зебогию хусни зан нигох кунад ва ё кадом зани худотарс ба суи зебогию хусни мард нигох кунад ва баъд аз он дар хол руи худро гардонад ва ё сари худро хам кунад, то дигарбора нигох накунад, худо барояш ибодату савоб хохад навишт."
Ин гуфтахои худо ва расул бароямон гушрас мекунад, ки харом аст барои мардхо ва занхои бегона нигох кардан ба суи хамдигар, зеро нигох аз зарар холи нест ва он аз тирхои шайтони лаин мебошад, ки бо он инсонхоро ба осони ба доми васвоси худ меафканад. Нигох кардан мисли захрест, ки инсонро ба халокат меандозад. Нигох кардан харом аст, магар дар холати зарурат, ба кадри зарурат, на ин ки вахтхои дарозу дакикахои зиёд нигох карда биистад ва бигуяд зарурат аст.
Хохари азиз, аз худо тарсида пархез кун аз он чизе, ки худо бароят манъ кардааст ва он нигох кардан мебошад ба суи мардхои бегона ва фаромуш набояд кард, ки ин нигох кардани ту на барои сохиби рух (шахси зиндаву чондор) дуруст мебошад ва на ба суи гайри сохиби рух, аз сурату телевизор ва гайра. Зеро худову расул манъ кардаанд нигох карданро ба суи номахрамон ва ин манъ дарбар мегирад инчунин нигох карданро ба суи суратхое, ки дар китобхо ва ё дар мачаллахою газетахо бошад. Ин хама барои фарзанди мусалмон харом аст ва аз ин хам бадтараш нигох кардан ба суи номахрамони нимаурён, ки дар телевизору синамо намоиш дода мешавад, зеро хамаи ин суратхою филмхои бефоидаю бемаъно ва холи аз шарму хаё барои фасод кардани чомеаи мусалмонон мебошад, на барои чизи дигар.
Чашми инсон кушояндаи хамаи мусибатхою балохо мебошад барои инсон. Инсон вакте, ки ба суи номахрам нигох кунад ва ё ба суи телевизору синамо нигох кунад, бисёре аз холатхо мешавад, ки инсонро ба фикрхои бад бурда шояд уро дар шахвату фиску фасод андозад. Ин нигох кардан мисли як лаззати даруни сина мебошад ва хар чизе, ки дар он лаззат бошад, инсон кушиш мекунад, ки онро ба даст орад. Худи мову шумо дар ин замон бисёр аз чавондухтарону чавонписаронро мебинем, ки аз доираи ислом берун баромада мисли хайвон гаштаанд, на дар онхо шарм асту на хаё ва дар онхо осоре аз одобу ахлоки инсони дида намешавад, хатто ки падару модари худро хам итоат накарда аз паи хохишоти нафсашон мешаванд. Сабабгори асосии ин хама мусибатхо аз тамошои суратхою филмхои бемаъниву бехаё мебошад. Инсон харчиро бисёр бубинад ба он одат мекунад ва дар назараш одди метобад ва дар охир ба он таклид мекунад.
Модари азиз ва хохари мехрубон, бароят пушида намонад, ки хар яки мову шумо дар киёмат барои фарзандонамон ва барои ахлу оилаамон ва барои наздиконамон дар назди худо чавоб хохем дод. Агар барои онхо таълими намозу руза ва дарси одобу ахлоки исломи омухта бошем, бароямон савоби бешумор хохад буд ва агар барояшон бенамозию берузаги ва бешармию бехаёгиро ва ё тамошои филмхои фахшу бемаъниро ичозат дода бошем, дар назди худо барои ин гуноххоямон чи чавоб хохем дод? Мо мегуем мусалмон хастем ва хар чизе, ки дини ислом гуфтааст кабул дорем, хол он, ки хохарону модарони мо хичобу чодар намегиранд ва ё дар назди телевизор филмхои бемаъноро бешармона тамошо карда хазорхо руи мардуми номахрамро мебинанд ва фиску фасодро мушохида мекунанд... Пас ояндаи онхо ба чи анчом хохад ёфт ва мо дар мукобили ин хама бемасъулияти чигуна худро мусалмон мешуморем?
Метки: зан
Фаромуз Шералиев,
15-04-2011 07:34
(ссылка)
ХУКМИ ХАМЧИНСГАРОИ (ливот) дар ислом
Ба номи худованди бахшоянда ва мехрубон
ХУКМИ ХАМЧИНСГАРОИ (ливот) дар ислом
Санову ситоиш ба парвардигори поку муназзах ва дуруду салом бар расули акрам ва олу асхоб ва пайравониу.
Ливот (хамчинсгарой) аз зумраи шанеътарин ва зишттарини гунохон аст ва бар инхирофи фитрат, фасод ва табохии акл, инхироф ва гакриоддй будани шахс далолат мекунад. Ливот ба ин маъност, ки марде бо марди дигар амали чинсй кунад ва музаккар ба хаммислаш духул намояд.
Худованди мутаол дар Куръони карим мефармояд:
أَتَأتُونَ الذُّكْرانَ مِنَ الْعالَمِينَ. وَ تَذَرُونَ ما خَلَقَ لَكُم رَبُّكُم مِنْ أَزْواجِكُمْ، بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ عادُونَ. (الشُعراء: 165، 166)
"Оё дар миёни чахониён ба суроги чинси зукур (мардона) меравед? Ва хамсаронеро, ки парвардигоратон бароятон офаридааст, рахо месозед? Балки шумо аслан кавме хастед, ки аз хад мегузаред."
(Сураи Шуаро:165,166)
Ин амал ба хотири онки мансуб ба кавми Лут буда дар миёни онон зухур ёфта буд, ба ин ном номида шудааст. Худованд барои иртикоби ин амали шанеъ кавми Лутро ба сахтй чазо дод, ононро дар замин фуру бурд ва ба хотири ин амали нопокашон борони гилу санг баронон боронид. Ин мучозотро дар Куръон зикр кард, то ибрате барои умматхо ва наслхои оянда шавад:
فَلَمّا جاءَ أَمْرُنا جَعَلْنا عالِيَها سافِلَها وَ أَمْطَرْنا عَلَيْها حِجارَةً مِنْ سِجّيلٍ مَّنْضُودٍ. مُسَوَّمَةً عِنْدَ رَبِّكَ وَ مَا هِيَ مِنَ الظّالِمِينَ بِبَعِيدٍ. (هُود:82،83)
"Хангоме ки фармони мо барои халоки кавми Лут фаро расид, он диёрро зеру ру намудем ва онхоро бо гилхои сангшуда ва паёпай сангборон кардем. Сангхое, ки аз суи парвардигори ту нишондор буданд, инчунин сангхое аз ситамкорони дигар хам ба дур нест."
(Худ:82,83)
Аллома Шавкони мегуяд: Сазовор аст, ки муртакиби ин гунох ва ин амали нанговар ва разилатбору мазмум чунон чазое дода шавад, ки барои пандпазирон ибрат гардад ва чунон азобе дода шавад, ки шахват ва тамоюли чинсии афроди фосику гарданкаш барои анчоми онамали шанеъро аз байн бубарад. Касеки амали фахшои кавмеро анчом медихад, ки хеч кас кабл аз онон анчом надодааст, сазовори ин мебошад, ки чазоеро бубинад, ки аз чихати шиддату сахтй ва шаноат шабехи чазои он кавм аст. Худои мутаол хам он кавмро дар заминфуру бурд ва бо он мучозот ононро ба тамом решакан сохт.
(Найлул-автор)
Раъйиуламо дар мавриди
ХУКМИЛИВОТ
Ин гунохи нописанд ва нангин дар нихояти кабохату зиштй карор дорад ва хатто хайвонот аз анчоми он ибо мекунанд ва мо аслан хайвони наринаеро намебинем, ки ба хайвони наринаи дигар алокаи чинсй анчом дихад. Ин инхироф факат дар миёни башар зухур кардааства ба хамин далел метавонем бигуем, ки ин навъи инхироф, як палидии ахлокй ва як бемории равонии хатарнок ва мунъакис шудани фитрат аст, ки анчомдиханди он мустахикки чазои сахттарин аст.
Фукахо ва уламои ислом дар мавриди муайян намудани чазои лозим барои ин амали шанеъ ба се мазхабанд:
Мазхаби аввал:
Ин мазхаби Молик ва Ахмади Ханбал аст. Инхо муътакиданд, ки хадди он катл аст, хох оиладор бошад ва ё мучаррад, хох шахси кунанда ва ё кардашуда бошад. Ин кавл аз Абубакр (р), Умар (р) ва Ибни Аббос (р) ривоят шудааст. Далели онон ин хадис аст:
مَن وَجَدتُمُوه يَعْمَلُ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ فاقْتُلُوا الْفاعِلَ وَ الْمَفْعُولَ بِهِ.
"Хар касро ёфтед, ки амали кавми Лутро анчом медихад, фоил (кунанда) ва мафъулро (шахсеро, ки амал болои у анчом мешавад) ба катл расонед! "
(Ба ривояти Абу Довуд, Тирмизй ва Ибни Моча)
Дар мавриди чигунагии катл низ ихтилоф намудаанд. Ба монанди сангсор кардан, аз болои макони баланде ба пойон андохтан ва ё бар руи он хароб кардани девор.
Мазхаби дуввум:
Ин мазхаби Шофеъи мебошад. Пайравони ин мазхаб муътакиданд, ки хадди ливот монанди хадди зино аст, агар шахси оиладор бошад, рачм мешавад ва агар мучаррад бошад, дарра зада мешавад. Далели онон ин хадис аст:
إذا أتي الرّجُلُ الرَّجُلَ فَهُما زَانِيانِ.
"Харгох марде ба марди дигар алока намуд, пас харду зинокор хастанд."
(Тафсири Ахкоми Куръон, 3/114)
Далели аклй:
Шофеъихо мегуянд, ки зино ба маънои духули аврат дар фарчи дигаре аст, ки табиъй ва мавриди шахват аст, аммо аз чихати шаръй харом аст ва дубур низ фарч ба хисоб меояд, пас дар хукм низ монанди он аст.
Мазхаби саввум:
Мазхаби Абу Ханифа ва пайравони у. Инхо муътакиданд, ки ливот гунохе бузург ва шанеъ мебошад. Аммо ба монанди зино нест. Пас хадди он мисли хадди зино нест. Балки чазои он таъзир (радди маърака ва ё берун кардани он аз макони зисташ) мебошад. Ахли ин кавлдалелхои зеринро истидлол кардаанд:
1) Зино аз назари лугавй бо ливот фарк дорад. Зино исми духули мард ба зан аз пеш аст, аммо ливот исми духули мард ба мард аст. Куръон низ миёни он ду амал фарк гузоштааст ва ба кавми Лут иборахои дигарро нисбат додааст, ба монанди чахл, тачовуз, тааддии худуд, на зиноро.
2) Чигуна метавон ливот зино махсуб шавад, дар холе ки асхоб дар мавриди хукми он ихтилоф кардаанд?!
3) Аз паёмбар (с) ривоят шудааст, ки:
"Рехтани хуни мусалмон раво нест, магар бо яке аз ин се маврид: Зино кардани шахси оиладор, кофир шудани шахси муъмин ва ё инки шахсеро ба нохак кушта бошад." (Бухори)
Ончи гузашт, хулосаи далели ханафихо ва соири мазохиб буд.
Аммо дар мавриди сихок ва ё мусохака (амали чинси ва шахвониест, ки миёни ду зан анчом мегирад), фукахо иттифоки назар доранд, ки чазои он факат таъзир мебошад.
***
Фаромуз Шералиев,
26-03-2011 09:18
(ссылка)
Тахлили ашъори Икбол (2)
Ба номи худо
Ин нукта кушояндаи асрори нихон аст
Як нукта ва хикматеро баён мекунам, ки хама асрори пинхонро дар ин мавзуъ ошкор мекунад ва хонандаро ба рози асосии фахмиши исломи аз инсон ва чону руху тани у ва иртиботу ташбехи он бо миллату фард огох мекунад.
Мулк аст тани хокиву дин рухи равон аст.
Тавре, ки тану чисми инсон наметавонад бе рух зиндаву пойдор бимонаду кореро анчом дихад, инчунин мулку мамлакат ва хукумат мухточ ба дин аст. Дин барои хукмдори мисли руху чон зарур аст. Вакте хукумат зидди дин аст, пас ба монанди чисмест, ки зидди рух аст. Чун рух рафт, дигар чисм чизе нест! Вакте хукумат алайхи дин мубориза мебарад, пас ин далели он аст, ки худро ба суи халок сук медихад.
Тан зиндаву чон зинда зи рабт тану чон аст.
Тавреки тан агар бо чону рух бошад, зинда мемонад, инчунин хукумат онгох боки ва давомнок хохад буд, ки бо дин иртибот дошта бошад ва кавонини худро бар асоси он вазъ намояд. Ба ин таърих гувох аст.
Бо хиркаву саччодаву шамшеру синон хез!
Инчо шоир бо ибораи "хиркаву саччода" (латтапора ва ё байраку чойнамоз) ва зикр кардани он пеш аз синону шамшер, ишора ба ин мекунад, ки барои бархестан барои ислохоти сиёси нахуст бояд аз вазъи мусолихаомез кор гирифт, ба монанди гирдихамои ва василахои дигари мусолими сиёси. Байраку чайнамоз ишора ба дуст доштани ватану миллат бо дидгохи дини ва рухияи исломи аст. Шоир даъвохо ва тагйироти мусолиматомезро мукаддамтар донистааст.
***
Номуси азалро ту амини, ту амини
Худованд вакте дар азал инсонро меофарад, ба у амонати динро, ки онро паёмбар (с) номуси бузург номидаанд, вогузор мекунад. Пас эй инсони муслим, ту амин ва амонатдор хасти, аз он пурсида хохи шуд. Дар хеч холу замоне хидмат ба дини илохиро, ки амонат бар гардани туст, фаромуш накун ва харгиз аз сангинии ин амонат бар чой манишин. Ин амонате буд, ки осмонхову замин ва куххои сангин ва хама махлукот аз тахаммули он даст кашида буданд. Инсон, ки онро тахаммул кардааст, аз он масъул аст. Чун амонатро ба тавре, ки маъмур аст анчом дод, ба бузургтарин дарача расида аз мукаррабони даргохи илохи мегардад. Аммо, дар акси хол, дар холи зоеъ кардани ин амонат, ба пасттарин дарачаи чаханнам ва сахттарин азоби илохи гирифтор хохад шуд.
Дорои чахонро ту ясори, ту ямини.
Ончи дар чахон аст аз дорои, ту дар росту чапи они, он дороихо аз они ту хам аст. Худованд сарватхои заминиро ба инсон офаридааст ва ту хам инсони ва бар он сазовортари. Гумон накун, ки ин дороихоро факат бояд он истеъморгарон бигиранд ва ё ба онон бо ду дасти адаб дода шавад. Чун диди, ки амволу амлоки муслимин тороч мешаваду ба дасти бегонагон меравад, пас агар хомуш нишини гунох аст. Бархезу пеши зоеъ шудани онро бигир!
Эй бандаи хоки, ту замони, ту замини.
Эй бандаи хоки, ту ин кадар худро хору зор накун! Агарчи аз хок офарида шудаи, худованд туро манзилати волое ато кардааст ва ончи аз замину молу мулк ва зебоии он мебини, хама барои туст. Ин вакту замон барои ту офарида шудааст, то аз он истифода намои ва дар он куввату кудрати худро обутоб намоиву ба дину механ хидмат намои ва бандаи хакикии худованд будани худро собит сози.
Сахбои якин даркашу аз дайри гумон хез!
Аз гумону парешони ва тарсу дудилаги халос шав! Якин дошта бош, ки ту бар хак асти ва офаридгори ту дар химояву кумаки туст! Таваккал бар он зоти пок намову бархез ва чомеаву миллати худро ислох куну дигаргун соз!
***
Фарёд зи афрангу зи диловезии афранг
Фарёд аз бедодгариву зулми афранг (Аврупову Русиё ва Амрико). Фарёд аз вайронкориву катлу куштори афранг, ки зиёда аз дусад сол аст, ки мусалмононро ором намегузоранд ва мекушанду горат мекунанд ва тафрика меандозанд! Фарёд аз ширинсуханиву найрангхои афранг, ки бо вучуди ин хама ситамхояшон аксари мусалмононро бо суханхову даъвохояшон мафтун мекунанд.
Фарёд зи Шириниву Парвезии афранг.
Фарёд аз сиёсатдониву фиребхои афранг, ки мардуми оддиву захматкашро бо ваъдахои пуч истифода мебараду мебараду кор мефармояд ва натичаи мехнати он захматкашонро ба чайби худ мезанад. Инчо шоир Ширини афсонавиро хамчу чехраи фиребгару бевафо тасвир кардааст, ки бо фиреб ва ваъдаи издивоч, бо дасти Фарходи кухкан ба дарбораш чуи об меораду бар хилофи ваъда ба шахси дигар (Парвиз) хонадор мешавад. Инчунин Афрангро ба Парвиз монанд кардааст, ки аз мехнати дигарон муфт истифода бурда ба мансабу сарвату неъматхои дунё даст ёфтааст.
Олам хама вайрона зи чингизии афранг.
Инчунин афранг (Амрикову Аврупо ва Русия)-ро ба Чингизхони бедоду вайронкор монанд кардааст, ки имруз хама кишвархои мусалмониро, бо вучуди онки сарвати бепоён доранд ба вайрона табдил додаанд. Чингизхоне, ки дар рохи расидан ба кудрату сарват аз хеч зулму ситаме даст намебардорад. Ин кавми Аврупо мисли онанд. Факат фарк дар он аст, ки инхо забони чарбу зебо доранд ва аз найрангхои сиёси кор мегиранд.
Меъмори харам! Боз ба таъмири чахон хез!
Эё уммати ислом, ки дар тули таърих созандаву ободкор буди, бархезу чахони вайронгаштаро аз нав соз! Бархезу хуввияти хешро ба даст ор ва барои сохтани худу чомеаи худ ва фарханги волои зоеъшудаи дини худ икдом намо ва онро боз соз! Аз ин шикастхову вайронкорихо дилшикаставу ноумед нашав! Ту метавони, ки онро аз нав бисози!
***
Метки: ашъор
Фаромуз Шералиев,
26-03-2011 05:55
(ссылка)
Тахлили кутохи шеъри Икболи Лохури
Ба номи худованди азизу хаким
Тахлили баъзе аз ашъори Мухаммад Икболи Лохури
Эй гунчаи хобида чу наргис нигарон хез!
Гунча-ишора ба гули навруянда ва наргис, киноя аз зан. Яъне ба монанди зан нахобу ХЕЗ!
Кошонаи мо рафт ба торочи гамон хез!
Хамаи бойгариву дороихои мусулмононро горат карда истодаанд, ХЕЗ!
Аз нолаи мурги чаман аз бонги азон хез!
Нолаи мург- ишора ба шеъру сухан. Яъне ё аз таъсири шеърхои инкилоби БАРХЕЗ!
Аз гармии хангомаи оташнафасон хез!
Оташнафасон- инсонхои оташсухан, ки суханони он воизон аз дил мебарояд, аз таъсири хангома ва ташвики онон ХЕЗ!
Аз хоби гарон хез! Гарон- яъне вазнин.
***
Хуршед, ки пироя ба симои сахар баст,
Овеза ба гуши сахар аз хуни чигар баст.
Аз дашту чабал кофилахо рахти сафар баст,
Эй чашми чахонбин, ба тамошои чахон хез!
Зебогии табиатро тасвир мекунад. Максад ин аст, ки хезу дунёро тамошо кун, ачоиботи кудрати худоро бингару бедор шав!
***
Ховар хама монанди губори сари рохест
Ховар- ишора ба кишвархои араби, ки ба дунё дода шуда аз дин дур шудаанд ва дар натича мисли як губору чанги рох кадр надоранд.
Як нолаи хомушу асарбохта охест
Нола садо дорад.. Нолаи ин арабхо хатто садо надорад.. Метарсанд, ки хатто дар мукобили тугёни душманон садо баланд кунанд.
Оху фигон ва гиряхои ин арабхо дигар таъсир надорад, ба касе асар намекунад.
Хар зарраи ин хок гиреххурда нигохест,
Хар заррае аз хоки кишвархои исломи нигохе доранд.. умеде доранд.. лекин ин умеду накшаи онхо гирех хурда ва печида аст.. бе план.. бе низом.. ба умеди касеанд, ки ба онон мадад кунад..
Аз Хинду Самарканду Ироку Хамадон хез!
Яъне мусулмонон бояд хама хезанд, аз хар кишвар баробар хезанд, ки дар ин хол касе ба онон муковимат карда наметавонад..
***
Дарёи ту дарёст, ки осуда чу сахрост
Дарё - ишора ба миллат ва уммати исломи. Дарё вакте меистад кам мешавад, ба мисли аз гарми бухор шудан (аз фишору зулм афкори озодихохи аз сар мебарояд) ва аз зери замин рафтан (ашхоси инкиоби ва сиёсиро нобуд мекунанд) ва агар дарё наистад кам намешавад (вакте инсони сиёси дар харакат аст, пайрваон пайдо мекунад, ки хатто баъди маргаш аъмоли уро давом медиханд).
Инчо арабхои сахронишинро танкид мекунад, ки миллати шумо мисли сахро орому бехаракат аст.
Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост.
Дарё (харакоти озодихохи милли) бояд дар харакат бошад ва афроди зиёдро аз чинсу миллати худ гирди хам фаро орад, то чамъ шаванду кувваи бузургро ташкил диханд. Тавреки дарё аз рехтани чашмаву чуйбор (ки аз чинси худи обанд) зиёду бузург мешавад.
Дар инчо метавон шеъри Саъдиро мисол овард:
Яке катраборон зи абре чакид,
Хичил шуд чу пахнои дарё бидид.
Ки чое, ки дарёст ман кистам?
Гар у хаст хакко, ки ман нестам.
...Сипас аз ларё хуруш бармеояд, ки; эй катраи борон! Ту аз ман зоида шуди (аз бухори ман) ва дар бари ман биё, то ман бузургтар шавам.. Ин бузургии ман аз амсоли катрахое монанди туст..
Бегонаи ошубу наханг аст, чи дарёст.
Чараёнхои озодихохонаи милли харгох ба харакат даромаду ба муборизаи сиёс бархост, хоху нохох дар камини нахангон (куввахои хоким) меафтад. Аммо арабхо, муфаккирони сиёсиву исломии онхо умеди онро доранд, ки гуё бо ин ороми ва бе хатару бе фидокори ба озодиву дигарсози даст меёбанд, ки ин номумкин аст.
Аз синаи чокаш сифати мавчи равон хез!
Хатто мавч ба якбор ба вучуд намеояд. Каме боду шамол бояд, ки онро такон дихад ва охиста-охиста амвочи бузург ба вучуд ояд, ки кодир ба ислоху дигаргуни хохад шуд. Ишора ба гирдихамои ва митинг хезонидани кишвархои араби (!)...
Метки: Нигохи сиёси
Фаромуз Шералиев,
19-03-2011 10:35
(ссылка)
Вазифаи мусулмонон дар баробари хамсарони Расули худо (с)
Ба номи худованди чону хирад
Вазифаи мусулмонон дар баробари
хамсарони Расули худо (с)
Хамсарони Расули худо салаллоху алайхи васаллам модарони хамаи муъминонанд ва вазифаи мусулмонон аст, ки барои онхо аз худованд ризоят талаб кунанд. Онхо поконанд ва аз хар гуна бади ва зишти дур хастанд. Бехтарини онхо Хадича духтари Хувайлид ва Оиша духтари Абубакри Сиддик мебошанд.
Дар холе, ки хамаи онхо дар накли хадис ва мероси илми Расули худо салаллоху алайхи васаллам сармояи гаронбахо буданд, онхо бисёре аз улуми нубувватро ба уммати Мухаммади мунтакил карданд, намунаи ростиву ростгуи, амонатдори, иффату покдомани, вафодори дар заношуиву хонадори буданд. Бар занони мусалмон лозим аст, ки аз онхо пайрави кунанд ва онхоро намунаи хеш карор диханд, зеро дунё то киёмат афроде монанди онхоро ба худ нахохад дид ва монанди онхо пайдо нахохад шуд.
Метки: Azvoji Nabi(s)
Abdulmannon Sheraliev,
19-03-2011 04:42
(ссылка)
Ба кумаки мусалмонони Олмлн биштобед!
Ба кӯмаки мусалмонони сокини Олмон биштобед!
Бинандагони мӯҳтарами пойгоҳи Кимиёи саодат, бо як иқдоми бисёр саҳлу осон, Шумо метавонед дар рақам хӯрдани сарнавишти мусалмонони сокини Олмон, саҳми худро бигузоред.
Лобиҳои саҳюнистии таҳти ҳимояти давлати Олмон, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ба расмият шинохта шудани ДИНИ ИСЛОМ ба унвони яке аз динҳои расмӣ дар Олмон, иқдом ба як тарҳи шайтонӣ зери чатри “насарсанҷӣ” намудаанд.
Аз замони интихоби Онҷело Меркел (ки яке аз дӯстони наздики саҳюнистҳо дар Олмон ба шумор меравад) ба унвони садри аъзам (нахуствазир)-и ин кишвар, зиддият бо ДИНИ ИСЛОМ дар Олмон, гӯи сибқатро ҳатто аз худи режими “Исроил” низ бурдааст.
Дар ҳамин росто, давлати Меркел, ки бино ба гуфтаи коршиносон, яке аз мӯҳраҳои муҳим ва пушти пардаи исломситезӣ дар Ғарб ва бахусус дар қораи Урупост, тайи рӯзҳои гузашта, бо ҳадафи мумониат аз ба расият шинохта шудани ДИНИ ИСЛОМ дар қонуни асосии Олмон ва эҷоди маҳдудият барои ҷомеаи мусалмони Олмон дар куллияи арсаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, иқдом ба баргузории як назарсанҷии муғризона, ки решаҳои он дар маҳофили саҳюнистӣ мушоҳида мешавад, кардааст.
Ин назарсанҷӣ дар як пойгоҳи интернетӣ, ки ба супориши давлати Олмон роҳандозӣ шудааст, баргузор мешавад, ва тайи он, дар мавриди қарор гирифтани ДИНИ ИСЛОМ дар миёни динҳои расмии Олмон (монанди динҳои масеҳӣ ва яҳудӣ) суол шуда ва аз боздидкунандагони ин пойгоҳ хоста мешавад, ки назари худро иброз бидоранд.
Ин дар ҳолест, ки аксари мусалмонон аз ин назарсанҷӣ беиттилоъ ҳастанд, ва бинобар ин, маҳофили саҳюнистӣ дар Олмон ҳар рӯза аз тариқи авомили худ иқдом ба афзоиши раъйи манфӣ дар ин назарсанҷӣ мекунанд.
Пойгоҳи Кимиёи саодат, аз тамомии мусалмонони дорои эҳсоси масъулият даъват мекунад, то бо муроҷиа ба адреси пойгоҳи интернетии мазкур, дар барҳам задани ин бозии саҳюнистии Меркел, ба мусалмонони сокини Олмон ёрӣ расонанд.
Барои ин кор кофист, то муроҷиа ба пойгоҳи интернетии
http://www.tagesschau.de/inland/wulffrede112.html
ва баъд аз ишорагузорӣ бар рӯи қисмати “JA”, рӯи “ZUR AUSWERTUNG” клик намоянд
Хамчунин аз бародарон хохиш мешавад ин мавзуъро дар тамоми чамъиятхои исломии медонистаашон чой диханд ва ба хамаи дустонашон тавсия намоянд.

Бинандагони мӯҳтарами пойгоҳи Кимиёи саодат, бо як иқдоми бисёр саҳлу осон, Шумо метавонед дар рақам хӯрдани сарнавишти мусалмонони сокини Олмон, саҳми худро бигузоред.
Лобиҳои саҳюнистии таҳти ҳимояти давлати Олмон, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ба расмият шинохта шудани ДИНИ ИСЛОМ ба унвони яке аз динҳои расмӣ дар Олмон, иқдом ба як тарҳи шайтонӣ зери чатри “насарсанҷӣ” намудаанд.
Аз замони интихоби Онҷело Меркел (ки яке аз дӯстони наздики саҳюнистҳо дар Олмон ба шумор меравад) ба унвони садри аъзам (нахуствазир)-и ин кишвар, зиддият бо ДИНИ ИСЛОМ дар Олмон, гӯи сибқатро ҳатто аз худи режими “Исроил” низ бурдааст.
Дар ҳамин росто, давлати Меркел, ки бино ба гуфтаи коршиносон, яке аз мӯҳраҳои муҳим ва пушти пардаи исломситезӣ дар Ғарб ва бахусус дар қораи Урупост, тайи рӯзҳои гузашта, бо ҳадафи мумониат аз ба расият шинохта шудани ДИНИ ИСЛОМ дар қонуни асосии Олмон ва эҷоди маҳдудият барои ҷомеаи мусалмони Олмон дар куллияи арсаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, иқдом ба баргузории як назарсанҷии муғризона, ки решаҳои он дар маҳофили саҳюнистӣ мушоҳида мешавад, кардааст.
Ин назарсанҷӣ дар як пойгоҳи интернетӣ, ки ба супориши давлати Олмон роҳандозӣ шудааст, баргузор мешавад, ва тайи он, дар мавриди қарор гирифтани ДИНИ ИСЛОМ дар миёни динҳои расмии Олмон (монанди динҳои масеҳӣ ва яҳудӣ) суол шуда ва аз боздидкунандагони ин пойгоҳ хоста мешавад, ки назари худро иброз бидоранд.
Ин дар ҳолест, ки аксари мусалмонон аз ин назарсанҷӣ беиттилоъ ҳастанд, ва бинобар ин, маҳофили саҳюнистӣ дар Олмон ҳар рӯза аз тариқи авомили худ иқдом ба афзоиши раъйи манфӣ дар ин назарсанҷӣ мекунанд.
Пойгоҳи Кимиёи саодат, аз тамомии мусалмонони дорои эҳсоси масъулият даъват мекунад, то бо муроҷиа ба адреси пойгоҳи интернетии мазкур, дар барҳам задани ин бозии саҳюнистии Меркел, ба мусалмонони сокини Олмон ёрӣ расонанд.
Барои ин кор кофист, то муроҷиа ба пойгоҳи интернетии
http://www.tagesschau.de/inland/wulffrede112.html
ва баъд аз ишорагузорӣ бар рӯи қисмати “JA”, рӯи “ZUR AUSWERTUNG” клик намоянд
Хамчунин аз бародарон хохиш мешавад ин мавзуъро дар тамоми чамъиятхои исломии медонистаашон чой диханд ва ба хамаи дустонашон тавсия намоянд.
Фаромуз Шералиев,
18-03-2011 18:06
(ссылка)
Вазифаи мусулмонон дар баробари хулафои рошидин.
Ба номи худованди мехрубон
Вазифаи мусулмонон дар баробарихулафои рошидин.
Хулафои рошидин: Абубакр, Умар Усмон ва Али (разияллоху анхум) мебошанд, ки баъди паёмбар (с) халифаи мусалмонон буданд. Мо бояд ононро, ки аз бузургони ёрони паёмбаранд, дуст дошта бошем ва аз худованд барои онхо талаби ризоят кунем ва эътикод дошта бошем, ки тартиби хилофати онхо бар асоси фазилат ва бартарии онхо бар якдигар аст, хамчуноне, ки гузаштагони мо аз уламои ахли суннат ин эътикодро доштанд. Абубакр дар хилофат ва фазилат бар хама мукаддам аст, сипас Умар ва баъди у Усмон ва саранчом Али разияллоху анхум ачмаин.
Абубакр аз хамаи онхо бехтару бофазлтар аст, зеро паёмбар алайхис салом дар рузхои охири зиндагии хеш хангоме, ки мариз шуданд вайро бар хамаи ёрони хеш мукаддам карданд ва уро имом карор доданд, то мардум дар намоз ба у иктидо кунанд.
Аз Чубайр ибни Мутъим (р) ривоят аст, ки:
أتت امرأة النبي صلى الله عليه و سلّم فأمرها أن ترجع إليه، قالت: أرأيت إن جئتك ولم أجدك؟ - كأنها تقول الموت – قال: إن لم تجديني فأتي أبابكر.
(متفق عليه).
«Зане назди паёмбар салаллоху алайхи васаллам омад ва бо у дар мавриди масъалае сухан гуфт, сипас фармуданд: Агар корат тамом шуд баргард. Он зан гуфт: Эй Расулуллох агар баргаштам ва шуморо наёфтам, чи кунам? Касди он зан ин буд, ки агар омадам ва шумо дунёро видоъ гуфта будед, дар ин хол маро хабар дихед, ки чи кунам? Фармуданд: Агар маро наёфти, назди Абубакр бирав!»
Аз Абдуллох ибни Салама ривоят аст, ки мегуяд:
سمعت عليّا يقول: خير الناس بعد رسول الله صلى الله عليه وسلم أبو بكر، وخير الناس بعد أبي بكر عمر.
(أحمد، بخاري، ابن ماجة).
Аз Али ибни Аби Толиб шунидам, ки мефармуд: «Бехтарини мардум баъд аз Расулуллох салаллоху алайхи васаллам Абубакр аст ва бехтарини мардум баъд аз Абубакр Умар мебошад.»
(Ба ривояти Ахмад, Бухори ва Ибни Моча)
Ва дар ривояте дигар Али мегуяд: «Оё шуморо аз бехтарини мардум аз уммати Мухаммад салаллоху алайхи васаллам баъд аз Расулуллох салаллоху алайхи васаллам огох созам? Абубакр ва баъд аз Абубакр Умар бехтарини уммат хастанд.»
Хамчунин сахобагон бо ичмоъ ва бидуни хилоф Абубакрро мукаддам сохтанд. Хангоме, ки Абубакр васият кард, то Умар баъд аз у халифа шавад, сахобагон бар хилофати Умар ичмоъ намуданд ва сипас ахли раъй ва машварат Усмонро мукаддам сохтанд ва сахоба бар он ичмоъ намуданд ва сипас Али бо ичмоъи ахли он замон халифаи муслимин шуд.
Ногуфта намонад, ки дар фазилати хулафои рошидин аходиси зиёде ворид шуда, ки баъзе аз онхоро пешкаши шумо мекунем:
Аз Хузайфа ибни Ямон ривоят аст, ки Расулуллох салаллоху алайхи васаллам фармуданд:
إني لا أدرى ما قدم بقائي فيكم فاقتدوا باللذين من بعدي، وأشار إلي أبي بكر وعمر.
(أحمد، ترمذي، ابن ماجه)
«Ман намедонам, чи микдор дар байни шумо зинда хохам буд, вале баъд аз мурдани ман ба он ду нафаре, ки баъд аз ман хоханд буд, иктидо кунед ва ба Абубакр ва Умар ишора фармуданд».
Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки:
قيل يا رسول الله! أي الناس أحبّ إليك؟ قال: عائشة، قيل: من الرجال؟ قال: أبوها. (متفق عليه).
«Ба Расули акрам салаллоху алайхи васаллам гуфта шуд: Чи касе аз мардум назди ту махбубтар аст? Фармуданд: Оиша. Гуфтанд: Аз мардхо? Фармуданд: Падараш, яъне Абубакр.»
Абузар мегуяд: Аз Расули акрам салаллоху алайхи васаллам шунидам, ки фармуданд:
إن الله وضع الحق علي لسان عمر، يقول به. (أحمد، أبوداود، ابن ماجه).
«Худованд сухани хак ва ростро бар забони Умар карор дода то ин, ки бо хак сухан бигуяд».
Анас ибни Молик мегуяд:
أنّ رسول الله صعد أحدا وأبوبكر وعمر وعثمان، فرجف بهم فقال: اثبت أحُد فإنّ عليك نبي وصديق وشهيدان.
(بخاري، أبوداود، ترمذي ونسائي).
«Рузе Расули худо салаллоху алайхи васаллам бо Абубакр, Умар ва Усмон бар кухи Ухуд боло рафтанд, онхо болои кух буданд, ки он ба ларза даромад. Расули худо салаллоху алайхи васаллам фармуданд: "Эй Ухуд ором гир, зеро бар ту паёмбаре ва сиддике ва ду шахид аст."
Сиддик Абубакр ва ду шахид, яъне Умар ва Усмон.
Нуъмон ибни Башир аз Оиша разияллоху анхо накл мекунад, ки Расули акрам салаллоху алайхи васаллам фармуданд:
يا عثمان إن ولاّك الله هذا الأمر فأرادك المنافقون أن تخلع قميصك الذي قمّصك الله فلا تخلعه، يقول ذلك ثلاث مرات. قال النعمان فقلت لعائشة: ما منعك أن تعلمى الناس بهذا؟ قالت: اُنسيتُه. (أحمد، ترمذي ابن ماجه).
"Эй Усмон, агар худованд туро фармондор ва хокими ин миллат карор дод ва мунофикон хостанд ин либосро, ки худованд ба тани ту кардааст берун биёваранд, онро берун наёвар!" Онро се бор такрор кард. Яъне аз фармондори ва хокимият истеъфо мадех, зеро ту бар хак хасти. Нуъмон мегуяд: Ба Оиша гуфтам: Чаро мардумро аз ин чиз иттилоъ надоди? Оиша фармуд: Аз ёдам рафта буд. Хадафи Нуъмон ин буд, ки хангоми шаходати Усмон чаро мардумро иттилоъ надоди?
عن علي بن أبي طالب رضى الله عنه قال: لقد عهد إلي النبي الأمّي صلى الله عليه وسلّم أنه لا يحبّك إلا مؤمن ولا يبغضك إلا منافق.
(مسلم، ترمذي، نسائي، ابن ماجه).
Али ибни Аби Толиб мефармояд: Расули акрам салаллоху алайхи васаллам хитоб ба ман фармуд: «Ба чуз муъмин каси дигар бо ту мухаббат ва дусти намекунад ва ба чуз мунофик каси дигар бо ту бугз ва душмани намеварзад».
Метки: Хулафои рошидин
Фаромуз Шералиев,
17-03-2011 10:08
(ссылка)
Вазифаи мусулмонон дар баробари Расулуллох (с)
Ба номи худованди мехрубон
Вазифаи мусулмонон дар баробари Расулуллох
(салаллоху алайхи васаллам)
Имон ба паёмбар салаллоху алайхи васаллам бар мо мусулмонон вочиб аст, хамчунин аз авомир ва дастуроти у бояд пайрави кунем ва аз ончи нахй кардааст, дури чуем ва бар мо вочиб аст, ки уро хотам ва сайиди хамаи паёмбарон бидонем. Имони хеч бандае дуруст намешавад магар ин, ки бовар ва якин дошта бошад, ки Мухаммад салаллоху алайхи васаллам фиристодаи худо ба суи инс ва чинн то рузи киёмат аст ва хеч паёмбаре баъд аз у нахохад омад ва худованд шафоати азимеро ба у ихтисос дода аст ва он шафоат рузи киёмат аст хангоме, ки худованд байни бандагонаш казоват мекунад ва хама анбиё аз шафоат назди худо худдори мекунанд, дар ин вакт Расули акрам салаллоху алайхи васаллам зери арши худованд ба сачда меафтад ва аз худованд ичоза мехохад, то дар бораи ахли махшар шафоат кунад, дар ин хол худованд мегуяд:
يا محمد ارفَعْ رَأسَك وسَلْ تُعْطَه واشْفَعْ تُشفَع.
«Эй Мухаммад, саратро баланд кун ва суол кун, ончи мехохи ба ту дода хохад шуд ва шафоат кун, ки шафоати ту пазируфта мешавад».
Мухаббат ва дуст доштани сахобагон.
Вазифаи хар мусулмон аст, ки фазоили сахобаи Расули худо салаллоху алайхи васалламро бидонад, хубихо ва некихои онхоро ёдовари намояд. Онхо дар имон овардан ба Куръон ва суннат аз мо сабкат ва пеши гирифтанд, дар рохи таблиги рисолати ислом ба мардум, аз чону мол гузаштанд ва дар рохи худо чиход ва мубориза карданд, то исломро ба мо ва хамаи чахониён бирасонанд, Куръон ва суннатро хифз намуданд ва ба камоли амонатдори ва дурусти ба насли баъди мунтакил карданд. Пас бар мост, ки хамаи ин некихоро ба ёд дошта бошем, барои онхо дуруд фиристода, истигфор кунем, чунончи худованд дар Куръони карим мефармояд:
وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالإِيمَانِ وَلاَ تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلاًّ لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ.
(الحشر:10).
«Ва касоне, ки баъд аз мухочирин ва ансор меоянд, яъне тобеин ва хамаи муъминон, дуояшон ба даргохи худованд ин аст, ки; парвардигоро мо ва хама бародарони динии моро, ки дар имон овардан аз мо сабкат гирифтанд, биёмурз ва дар дилхои мо хеч гуна кина ва хасаде нисбат ба муъминон карор мадех, парвардигоро ту бисёр бахшанда ва мехрубони».
مُحَمَّدٌ رَّسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعاً سُجَّداً يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً سِيمَاهُمْ فِي وَجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْراً عَظِيماً. (الفتح:29).
«Мухаммад фиристодаи худост ва ёрони у бар куффор бисёр сахтанд ва бо якдигар бисёр мехрубонанд, онхоро дар рукуъ ва сачда мебини дар холе, ки фазл, рахмат ва хушнудии худовандро аз у мехоханд, бар рухсорашон аз асари сачда нишонахое (нуроният падидор аст), васфи холи онхо дар Таврот ва Инчил омадааст. Мисоли онхо ба донае мемонад, ки чун тоза сар аз хок берун оварда нозук ва заиф аст, сипас сахт ва кави мешавад ба тавре, ки дехконон дар тамошои он хайрон монанд. (Асхоби Мухаммад низ инчунин буданд аз заъф ба кувват расиданд, то кофирони чахон аз кудрату муковимати онхо ба хашм омаданд.) Худованд ваъда додааст, ки хар кас аз онхо имон оварданд ва аъмоли нек анчом доданд, уро бахшида ва подоши бузург иноят фармояд».
Расули акрам алайхис салом мефармоянд:
لا تسبّوا أصحابي فوالذي نفسي بيده لو أنّ أحدكم أنفق مثل أحد ذهبا ما بلغ مدَّ أحدهم ولا نصيفه. ( بخاري، مسلم، أبوداود، الترمذي وابن ماجة).
«Ёрон ва сахобагони маро носазо нагуед ва дашном надихед! Савганд ба зоте, ки хаётам дар дасти уст, агар яке аз шумо ба андозаи кухи Ухуд садака намояд, ин бахшоиши у ба микдори атои як кафи дасти онхо ва хатто нисфи он намерасад».
Метки: масъулият
Фаромуз Шералиев,
10-03-2011 07:36
(ссылка)
ХУКМИ ХИЧРАТ ДАР ЗАМОНИ ПАЁМБАР (с)
ХУКМИ ХИЧРАТ ДАР ЗАМОНИ ПАЁМБАР (с)
Санову ситоиш ба парвардигори якто ва дуруду салом ба Мухаммад ибни Абдуллох (с) .
Хичрат ба маънии тарки ватан кардан аст ба касди икомат дар чои дигар.
Доир ба ахком ва фазоили хичрат оёт ва аходиси зиёде ворид шудааст. Гохо он вочибу суннат ва гохо мубоху гохи дигар макрух ва харом аст.
Хукми хичратро дар ду мархила баён мекунем:
1. Хукми хичрат дар замони паёмбар(с).
Хичрат дар замони паёмбар (с) ду холат дошт:
а) Пеш аз хичрати хазрат аз Макка ба Мадина.
Дар он замоне, ки паёмбар (с) дар Макка икомат доштанд, хукми хичрат вочиб набуд, балки мубох буд. Зеро он хичрат аз паёмбар (с) буд, яъне чудои ва тарки он хазрат. Он замон, чун мусулмонон аз дасти бузургони Курайш азобу азияти сахт диданд, ба суи худованд илтичо намуданд, ки ба онон изни хичрат бидихад. Худованд аз онон кисса мекунад, ки гуфтанд:
"Парвардигоро! Берун ор моро аз ин деха (яъне Макка), ки ахли он ситамгоронанд." (Нисо-75).
Худованд дархосташонро ичобат намуд ва ба онон ичозати хичрат дод:
"Харки дар рохи худо хичрат кунад, дар замини худо гардиш намуда фарохи ва ризку рузи дарёб мекунад." (Нисо-100).
Он замон хар касе аз азияти куффор хавф дошта ва ё бар дини худ аз фитна эмин набуд, хичрат кардан барояш мубох буд. Хичрати мусулмонон ба суи Хабаша ин хукмро дошт.
"Ононе, ки дар рохи худо хичрат карданд, пас аз он, ки ситам диданд..." (Нахл-41).
Яъне ба суи Хабаша хичрат карданд, пас аз он, ки ахли Макка ба онон зулм намуданд.
Аммо касе, ки молу эътибор дошту аз хавф дар амон буд, хичрат барояш хукми маъсиятро дошт. Чун боки мондани у сабаби хидояти дигарон ва нашри дин мешуд.
2. Баъд аз хичрати паёмбар (с) ба суи Мадина
Пас аз он, ки паёмбар (с) ба суи Мадина хичрат карданд, худованд хичрат намуданро бар мусулмонон вочиб гардонид. Ин хичрат ба суи паёмбар (с) буд. Навмусулмонони Макка пеш аз фатхи он бар се гурух буданд:
Гурухи якум: Шахсоне, ки дорои сарват ва ё кабила буданд ва бар худ ва ё дини худ хавф надоштанд, ба монанди Аббос амуи паёмбар (с). Хичрат барои чунин ашхос хукми мустахабро дошт.
Гурухи дуввум: Касоне, ки барои худашон ва динашон аз хавф эмин набуданд ва кодир ба хичрат кардан буданд. Хичрат ба чунин ашхос вочиб буд, ки дар холи тарки хичрат гунахкор мешуданд.
"Ононе, ки бар худ ситам карда буданд (ба сабаби тарки хичрат), хангоми гирифтани чонашон фариштагон гуянд, ки дар кучо будед? Гуянд, ки мо дар замин нотавон будем. (Фариштагон итоб намуда) гуянд, ки оё замини худо фарох набуд, ки дар он хичрат кунед!?" (Нисо-97).
Гурухи саввум: Ашхосе буданд, ки бар худ ва дини худ хавф доштанд, вале аз чихати носолимии чисм ва ё нодорияшон кудрати хичрат карданро надоштанд. Чунин ашхос маъзур буданд ва ба тарки хичрат гунахкор намешуданд. Худованд ба онон ишорат намудааст:
"Ба чуз нотавонон аз мардону занону кудакон, ки хилае (барои хичрат) надоранд ва рохе хам намеёбанд." (Нисо-97).
Накшаву хилае надоранд, ки аз Макка халос шаванд ва наметавонанд, ки суи Мадина раванд. Чунин ашхосро изни он буд, ки исломи худро махфи доранд ва хангоми хавф бар чони худ тазохур ба куфр кунанд. Ба мисли Аммор ибни Ёсир (р), ки волидайни у ба сабаби кабул накардани калимоти куфр ва изхори ислом ба катл расонида шуданду худи у ба сабаби изхори куфр начот ёфта буд. Худованд дар ин бора фармуд:
"Газаби худованд ва азоби бузург бар онест, ки сухани куфрро гуяд баъди имонаш, ба чуз касе, ки мачбур карда шавад бар он, вале калби у мутмаин ба имон бошад..." (Нахл-106).
Поёни сухани мо сипос ба парвардигори чахониён аст.
настроение: ok
хочется: ..
слушаю: ..
Метки: hijrat
Фаромуз Шералиев,
08-03-2011 08:21
(ссылка)
Нигаронии Амрико аз манъи масчидрави дар Точикистон
Амрико аз манъи масҷидравии кӯдакону наврасон ва занон дар Тоҷикистон нигарон аст.
Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА мегӯяд, тарҳи Қонуни масъулияти волидон хилофи озодии дин аст. Иен Келлӣ дар гузорише ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, кишвараш аз маҳдуд шудани ҳаққи масҷидравии кӯдакону наврасон ва занон нигарон аст. Вай афзуд, Иёлоти Муттаҳида аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, дастури манъи ширкати афроди то 18-сола дар маросимҳои диниро бекор намояд.
Намояндаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин нукта "озодии динро ҷиддан нақз мекунад". Вай афзуд, бархе аз кишварҳо бо баҳонаҳои таъмини амнияти сиёсӣ ба ҷомеаи диндорон фишор меоранд ва онҳоро аз иҷрои фаризаҳои динӣ маҳрум мекунанд. "Шадидтарин нақзи озодии дин дар кишварҳое мавҷуд аст, ки ҳукуматҳои авторитарии онҳо талош меварзанд, бо мақсади зери назорат гирифтани ҳамаи ҷанбаъҳои ҳаёти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ҳама гуна андешаи динӣ ё изҳори ин андешаро ба худ тобеъ гардонанд."
Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА дар нишасти байнулмилалии созмон дар Вена рӯзи 3-уми март Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро аз ҷумлаи чунин кишварҳо номид.
Метки: АХБОР
Abdulmannon Sheraliev,
08-03-2011 07:45
(ссылка)
Без заголовка
Таснияти хохари азизи ман ба занони мусулмон: Хохарон ва модарони азиз. Хамаи шуморо ба фарорасии 8 март - рузи бардаги, рузи хорию зиллат, рузи беобру гардонидани миллионхо зани бономус, ки бо зуру зулму ситам хичоби иффат аз сари онхо бардошта шуд, он хам дар ин рузи шум, яъне рузи таваллуди яке аз палидтарин занони ин олам, ки палидтар аз худ фарзанде бо тахаллуси Ленин ба мерос гузошт, аз тахи дил бо сузи калб тасният мегуям. Албатта тамоми рузхо ва соатхову дакикахое ки Худо халк кардааст барои мо муборак ва ид аст. Аммо сад афсус ки кадамхои номубораке дар баъзе рузхо по ба хасти мегузоранду номи 1 рузро дар таърих сиёх мегардонанд, вале дар ин руз хар як калби боимон, нохудогох ба андух ва гусса пур мешавад. Ва хар як шахси огоху рушанфикр бо омадани чунин руз норохату мазхун мегардад. Бигзор ин рузи сиёх дар таърих боки бимонад, то ояндагони мо низ бидонанд, ки душманони Худо чи кадар беномусу золиму пасту залил буданд
В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу