Все игры
Запись

СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ


Нравится

Вы не можете комментировать, т.к. не авторизованы.


Фаромарз Назмиддинов      11-03-2012 01:58 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ


Отец – Рузиматов Садилло Шакирович (1941 г. рожд.), педагог теоретических музыкальных дисциплин. Мать – Рузиматова Майя Амоновна (1943 г. рожд.), педагог по вокалу. Супруга – Кутепова Виктория Викторовна, артистка балета, танцует в Мариинском театре. Дети: Станислав, Далер.
Родители Фаруха жили искусством, но об артистической карьере сына и не помышляли. Его судьбой распорядился Его величество Случай. В очередной раз в Душанбе приехал педагог из знаменитого Ленинградского хореографического училища, чтобы отобрать самых способных детей для обучения танцу. Фарух только что вернулся из пионерского лагеря, заняться было нечем, вот и увязался с кем-то из приятелей на объявленный просмотр. Худенький, тянувшийся ввысь мальчишка тем, кто отбирал, приглянулся. Помимо всего привлек диковатый блеск его глаз – предвестье сценического темперамента. Так Фарух неожиданно для самого себя и родителей стал воспитанником прославленной Вагановской балетной школы.
В Ленинграде мальчик впервые увидел балетный спектакль. Шел «Дон Кихот», и Фарух с другими сверстниками был занят в поварятах. Спектакль ошеломил праздничностью действия, надолго стал одним из любимых.
В классе, куда попал Фарух, классический танец преподавали опытные педагоги: сначала – В.И. Иванов, последние 4 года – Г.Н. Селюцкий. Их уроки он ждал с нетерпением. Нравилось также заниматься французским языком, увлекала литература. А вот к физике, математике, химии сердце не лежало. Приходилось воспитывать волю и свои антипатии пересиливать.
Танец обступал в училище со всех сторон. Классика – как ежедневная молитва. Год от году тело расправлялось, становилось послушнее. Тут все подчинялось строгой классической форме. А вот на уроках характерного танца эмоции можно было не сдерживать, педагог Т.В. Балтачеев это даже поощрял. На занятиях дуэтным танцем у И.И. Серебренникова приходилось нелегко: здесь нужны были и ловкость, и физическая сила. А сил-то растущему юному организму как раз и не хватало.
Тем не менее на выпускном спектакле в 1981 году Фаруху доверили исполнить сложнейшее па-де-де из полюбившегося «Дон Кихота». Партнершей была Татьяна Кутина. Выбор означал, что в тоненьком, не оформившемся еще окончательно юноше видят в будущем виртуозного классического танцовщика. И действительно, выпускник заинтриговал: его танец завораживал искренней увлеченностью, подкупал внутренним горением.
Рузиматова приняли в труппу Мариинского театра и сразу стали поручать сольные партии, сначала небольшие. И вот – снова встреча с «Дон Кихотом» (1985): это был первый большой спектакль, в котором Фарух исполнил ведущую роль. Очень помогла работа с выдающимся мастером Б.Я. Брегвадзе. Тот заботился и об отделке танца, и о естественности сценической жизни. Партнершами были уже сложившиеся балерины С.В. Ефремова, В.М. Ганибалова. Событием стало выступление с прима-балериной Г.Т. Комлевой, великолепной Китри, в свое время вводившей в этот спектакль М.Н. Барышникова. С тех пор Фарух с «Дон Кихотом» не расставался. Ведь тут есть возможность оттачивать виртуозность, искать новые эффекты в танце, в полной мере упиваться жанровыми красками.
Прогнозы подтвердились: Рузиматов со временем превратился в крупного классического танцовщика, самобытного, непохожего на других. Артиста особенно привлекают те роли, в которых присутствует драматизм. Его Альберт в «Жизели» искренен и порывист, он в отчаянии от непредвиденного трагического поворота событий. А Солор в «Баядерке» то статуарно декоративен, то импульсивен и горяч. Артист исполняет практически все ведущие партии в академическом репертуаре: Зигфрид в «Лебедином озере», Дезире в «Спящей красавице», Абдерахман в «Раймонде» (версия Ю.Н. Григоровича), Солист в Гран-па из «Пахиты», Юноша в «Шопениане» и многие другие. Везде эмоциональный тонус его сценической жизни необычайно высок, и там, где позволяет хореография, артист склонен к аффектации и намеренно декоративен.


Фаромарз Назмиддинов      11-03-2012 01:58 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ


Фаромарз Назмиддинов      11-03-2012 02:03 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ




Фаромарз Назмиддинов      29-05-2012 19:49 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ
Китоби “Меъмори истиқлоли Тоҷикистон” маҷмуъи мақолаҳои расонаҳо ва соҳибназаронро дар бораи андешаҳо, фаъолият ва шахси Тоҳири Абдуҷаббор, донишманд ва сиёсатмадори фақиди тоҷик ва шуморе аз мақолаву андешаҳои худи Тоҷири Абдуҷабборро гирди ҳам овардааст.

Ин маводдро Аҳмадшоҳи Комилзода, журналисти мустақил ва яке аз тарафдорони аршади Тоҳири Абдуҷаббор ҷамъоварӣ карда ва ба шакли китоб таҳти унвони “Меъмори истиқлоли Тоҷикистон” бо теъдоди 500 адад аз чоп баровардааст.
Матолиби муртабит
Меъмори истиқлоли Тоҷикистон даргузашт
Дар ҳамин замина
Иҷтимоъӣ

Ин нахустин китоби марбут ба кор ва фаъолияти Тоҷири Абдуҷаббор, яке аз саршиностарин чеҳраҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолталабӣ ва пас аз он дар ин кишвар аст.

Дар пешгуфтори ин китоб, ки пас аз ду сол аз даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор ба нашр расидааст, аз ҷумла мехонем: “...шахсияте чун Тоҳири Абдуҷаббор дар кишварҳое ба мисли Гурҷистону Арманистон, ё кишварҳои дигар ҳатман ба пояи қаҳрамонони миллӣ нишонда мешуд.”

Аҳмадшоҳи Комилзода ҳадаф аз чопи китобро чунин шарҳ дод: “Ин шахсият дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дошт ва барои армонҳои миллӣ заҳматҳои арзандае кардааст. Гузориш ва мақолаҳое, ки дар бораи ин донишманд дар ин китоб ҷамъоварӣ шудаанд ҷойгоҳи устодро дар ҷомеъа мунъакис мекунанд.”

Як китобе аз навиштаҳои худи Тоҳири Абдуҷаббор омодаи чоп аст, ки дертар ба дасти чоп мерасад.

Гузориш ва мақолаҳое, ки дар бораи ин донишманд дар ин китоб ҷамъоварӣ шудаанд ҷойгоҳи устодро дар ҷомеъа мунъакис мекунанд

Ошиқи фарҳанги муштараки форсизабонон

Маросими муъаррифии китоби “Меъмори истиқлоли Тоҷикистон”, ки дар идораи нашрияи мустақили мавсум ба “СССР” баргузор шуд, бо ширкати равшанфикрони тоҷик ба маҳфили ёдбуди Тоҳири Абдуҷаббор табдил шуд.

Утоқи кучаки идораи СССР имкони ҷой додан ба ҳамаи алоқамандони ширкат дар ин маҳфилро надошт.

Созмондиҳандагони маҳфил гуфтанд, ки пас аз талошҳои ноком барои пайдо кардани толоре бузургтар, маҷбур шудаанд онро дар дафтари нашрияи СССР баргузор кунад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгар ва узви аршади Ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон, ин корро боиси таасуф хонад ва гуфт: “Ба хусус агар дар расонаҳо гузориш шавад, ки маҳфили Тоҳири Абдуҷаббор дар дафтари “СССР” баргузор шуд, хеле аламовар аст, зеро Тоҳири Абдуҷаббор вуҷудаш озодихоҳӣ ва барҳам задани СССР буд.”

Аммо Шаҳобиддини Фаррухёр, коргардон ва нависандаи эронӣ, ки дар авоили даҳаи 1990 дар Тоҷикистон бо Тоҳири Абдуҷаббор ошноӣ пайдо кардааст гуфт: “Сарнавишт гоҳе бо инсонҳо бозӣ мекунад ва вақте устод, касе ки бо ишқи забони форсӣ ба Эрон рафта буд, маҷбур буд дар родюи давлатии Эрон аз форсӣ ба русӣ тарҷума кунад, ин дардовар аст.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар дафтари “СССР” баргузор шудани маҳфилро аламовар хонд "зеро Тоҳири Абдуҷаббор вуҷудаш озодихоҳӣ ва барҳам задани СССР буд"

Вай афзуд: “Ҳарчанд медонем, ки унҷо бо тафаккуроти амсоли Тоҳири Абдуҷаббор сари созгор надоранд, аммо устод бо ин вуҷуд то охири умр як бор аз Эрон ва аз он чи ки дар Эрон кашид ношоист нагуфт, мақола нанавишт, чун ошиқи воқеъии Эрони бузург буд ва аз маъшуқааш гилагузорӣ намекард.”

Ширкаткунандагон ишора карданд, ки маъмулан дар Тоҷикистон гурӯҳбозӣ ва маҳалбозӣ зиёд аст ва дар маҳофили ёдбуд тарафдорони як иде ва ё як маҳал бештар гирди ҳам меоянд.

Онҳо таъкид карданд, ки ҳузури намояндагони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ва Эрон ва ҳам тарафдорони идеҳои мухталиф дар ин маҳфил нишондиҳандаи миллӣ будани шахси Тоҳири Абдуҷаббор ва эҳтироми самимии маҷлис ба ӯ будааст.

Тоҳири Абдуҷаббор инқилобгар на, таҳаввулотгар

Оқои Сайфуллозода гуфт, ки замони тазоҳуротҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 1991 ба хушунат гаравид, Тоҳири Абдуҷаббор нахост бо ин хушунат сару кор бигирад, ки муҷиби нороҳатии иддае аз равшанфикрон шуда буд.

Аммо оқои Сайфуллозода гуфт, “дертар, пас аз солҳо ошкор шуд, ки вай ақабнишини накард, балки алайҳи хушунат буд, вале тавонист андешаҳояшро тавассути дигарон амалӣ созад.”

Талошҳои мудовими Ҷунбиши мардумии Растохез буд, ки дар соли 1991 забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ касб кард.

Фаррухёр, коргардони эронӣ аз наҷобати Тоҳири Абдуҷаббор мегуфт, ки дар Эрон шоҳидаш шуда буд

Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро, ки Тоҳири Абдуҷаббор таҳия карда ва дар соли 1990 порлумон алайҳи он раъй дод, дар соли 1991 ба раъйи дубора гузошта шуд, ва тасвиб гардид.

Зимнан дар пешгуфтори китоби “Меъмори истиқлоли Тоҷикистон” мехонем: “Мо шоҳид ҳастем, ки ....андешаҳои арзишманди ин донишманди беназир дар миёни мардум ва ҳатто сиёсатмадорони кишварамон пайрав пайдо карданд ва чанде аз онҳо ба барномаҳои мукаммали ҳукумат табдил шуданд.”

Қаҳрамони ношинохтаи миллат

Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигор ва аз дӯстони Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд “охирин идеи устод дар бораи миллӣ кардани Корхонаи алуминиам ва нерӯгоҳи Роғун буд, ки билохира амалӣ шуд. Мутаасифона пас аз ин устод дигар фурсат надошт андешаи наверо таблиғ кунад, ва аз он замон Тоҷикистон як бастааст.”

Ба ин хотир ба гуфтаи оқои Давлат ҷойгоҳи Тоҳири Абдуҷаббор дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон холӣ мондааст.

Вай аз ҷумла гуфт: “Марде, ки порлумони Омрико ӯро муваззаф ба навиштани эъломияи истиқлоли ин кишвар карда буд, қаҳрамони миллат эълом шуд, вале Тоҳири Абдуҷаббор, ки худ чунин эъломияро таҳия кард ва барои тасвиби он мубориза бурд ва ӯ то имрӯз дар ин кишвар қадрдонӣ нашудааст.”

Раҳматкарими Давлат: "Марде, ки порлумони Омрико ӯро муваззаф ба навиштани эъломияи истиқлол карда буд, қаҳрамони миллаташ эълом шуд, вале Тоҳири Абдуҷаббор, ки худ чунин эъломияро барои Тоҷикистон таҳия кард то имрӯз қадрдонӣ нашудааст."

Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар замон оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, кишварро ба қасди Эрон тарк карда ва сипас муддате дар Қирғизистон кор ва зиндагӣ кард.

Дар ҳоле ки ӯ дар Бишкек раҳбарии факултети равобити байналмилалии Донишгоҳи Миллии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар соли 2006 барои муддати зиёд ҷойи кор пайдо намекард.

Тоҳири Абдуҷаббор тайи чанд соли ахири зиндагиаш дар Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дарс медод. Ӯ 21 апрели соли 2009 дар синни 63-солагӣ дар зодгоҳаш,




Фаромарз Назмиддинов      29-05-2012 19:51 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ





Рӯзе равам аз дунё, дунёи маро ёбед,
Дар хок шавам пинҳон, пайдои маро ёбед.

Дар дашту даман рафтам, дар хоки Ватан рафтам,
Дарёи равон будам, маҷрои маро ёбед.

Дар вазъи замин шеъре, дар вазъи само байте,
Гуфтам ба ҳар авзое, авзои маро ёбед.

Беҷою баҷо гуфтам, аз меҳру вафо гуфтам,
Дар маҳфили ҳар ошиқ иншои маро ёбед.

Дар пушти ғубори кӯҳ ё тӯри паранди абр
Борон чу кунад сим-сим, симои маро ёбед.

Дар ҳар варақи шеърам ё ҳар сабақи шеърам
Тақвими дили гарму шайдои маро ёбед.

Фардо ба шумо обод, дунё ба шумо хуш бод,
Фардо, ки набошам ман, фардои маро ёбед!







Elen Berg

Невозможно полностью обработать текст записи ]

Фаромарз Назмиддинов      29-05-2012 19:51 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ
Фаромарз Назмиддинов      29-05-2012 19:54 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ


БАЪД АЗ ВАФОТ ТУРБАТИ МО ДАР ЗАМИМН МАЧУ,
ДАР СИНАХОИ МАРДУМИ ОРИФ МАЗОРИ МОСТ.




Ҳоҷӣ
Аҳмадҷон Машарифов
(11 Октябри 1935 – 14 Июли 2010)

Ҳоҷӣ Аҳмадҷон Машарифов, 11 октябри соли 1935 дар маҳаллаи Бурак-и даҳаи Пунғаз дар оилаи волидонаш Усто Машариф ва Шарофатмоҳ Ниёзӣ ба дуньё омаданд. Ҳануз дар хурдсолиашон аз меҳри падар бинобар фавташон дур гашта бо додарашон Муҳаммадҷон дар тарбияи модар танҳо мемонанд. Ҳамин тариқ фарзанди калонии оила аз овони хурдсолӣ ҳам дар тарбия ва ҳам дар нигоҳубини додарон мешавад.
Таҳсилро дар мактаби миёнаи Пунғаз оғоз намуда онро дар мактаб-интернати ш. Хуҷанд ба итмом мерасонад. Пас аз ҳатми мактаб-интернат Ҳоҷи Ахмадҷон Машарифов барои гирифтани маълумоти олӣ ба шаҳри Сталинобод омада ба Донишкадаи Олии Тиббии ба номи Абу Алӣ ибн Сино дар соли 1956 дохил мешавад ва бо дониши аъло онро соли 1961 хатм менамояд.
Пас аз хатми донишкадаи тиббӣ ӯ ба ҳайси лабаранти кафедраи биохимия ба кор шурӯъ мекунад вале чун дар ин айём модар низ аз ҳаёт мегузаранд ба ӯ мебоист, додаронро назди худ хонда аз наздик ба онҳо нигоҳубин намояд. Бояд қайд кард, ки мувофиқи гуфтаи худи Аҳмадҷон Машарифов интихоби соҳаи касалии сил дар ӯ пас аз мавти модарашон, ки маҳз аз касалии сил аз дуне чашм пӯшидаанд, омада пешаи муборизаи зидди касалиҳои силро дар води Ваҳш оғоз намуданд.
Чунин шуд ки, солҳои авали 60-ум дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барномае «Всесоюзная борьба против Туберкулёза»тавлид мешавад ва он баҳри маҳви касалии Сил омода мешавад. Табиби ҷавон Аҳмадҷон Машарифов низ дар ин маърака иштирок намуда чун ихтисосманди ин соҳа буданд баҳри маҳви ин касали ба Води Вахш омада ҳамчун духтур-Фтизиатр ба кор шурӯъ мекунад. Духтури ҷавон бо нерӯи баланд ва донишу иродаи қавии худ зуд дар назди ҳамкорон ва мардуми гирду атрофи води Вахш ном ва шуҳрати баланд пайдо намуданд. Ниёзмандон дар табобати касалии сил хело зиёд буданд ва ба душвориҳои он замон нигоҳ накарда Ҳоҷӣ Аҳмадҷон ва ҳамкоронашон саъю кӯшиш менамуданд то андозае бошад ҳам ба онҳо шифо бахшанд.
Чун солҳо мегузаштанд, бо он ному шуҳрати Аҳмадҷон Машарифов дар вилояти ҳозираи Хатлон боло мерафт ва ин буд, ки дере нагузашта соли 1966 ӯро ба вазифаи мудири шӯъбаи касалиҳои сили ш. Қӯрғонтеппа ва соли 1970 сардухтури касалхонаи касалиҳои сили вилояти Қурғонтеппа (ҳозира Хатлон) таъин гашт ва то ба нафақа баромаданаш дар ин вазифа кор карданд
Аҳмадҷон Машарифов дар тӯли фаъолияти меҳнатии зиёда аз 40 солаашон дар ташкили кабинету диспансерҳои ноҳиявии вилоят як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Бо ташаббуси ва фаъолияти бевоситаи он касс зиеда аз 45 бригадаи эмгузаронии БЦЖ дар ноҳияҳои вилоят ташкил шудааст. Бо ташаббуси он касс дар тамоми вилоят чи дар шаҳрҳо ва чи дар саҳрову даштҳо амалиёти гузаронидани аҳоли аз рентгени аҳоли гузаронида шуд.
Машарифов Аҳмадҷон иштирокчии се анҷумани (8,9,10)Фтизиатрони СССР дар шаҳрҳои Маскав, Кишинёв ва Алма-Ато мебошад.
Машарифов Аҳмадҷон яке аз аввалин ташфиқотчии табобати касалиҳои сил бо методи ДОҲУ дар вилояти Хатлон аст.
Машарифов Аҳмадҷонро борҳо бо грамотаҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1971 бо нишонаи «Аълочии коркуни нигоҳдории тандурустии СССР», «Ордени Нишонаи Фахрӣ» соли 1986 ва медоли «Ветерани Меҳнат» мукофотонидаанд

Машарифов Аҳмадҷон аз соли 1963 бо Қурбонова Норинисо оиладор буда чаҳор фарзандро калон намуда ба воя расонидаанд.

Писари калониашон Машарифов Эминҷон паси қадамҳои падарро пеш гирифта касби падариро интихоб намуд ва ҳамчун духтури ҷарроҳ ва улльтрасадо шуда дар ш. Ғаффурови вилояти Суғд кор мекунад. Фарзанди дуввумашон Муқимҷон Машарифов пас аз хатми факультаи шарқшиносӣ, шӯъбаи арабӣ дар ташкилотҳои байналхалқи кор мекунад. Писари сеюмашон- Шукурҷон Машарифов хатмкунандаи факултаи иқтисодӣ буда алон ба ҳайси мудири ширкати мобилии ТСЕLL дар вилояти Хатлон кор ва фаъолият менамояд. Ягона духтарашон Умеда Машарифова низ дар ширкати ТСЕLL дар ш. Қурғонтеппа фаъолият менамояд. Ҳама чаҳор фарзандон соҳиби оила ва фарзандони дустрӯй ва меҳрубони бобояшон мебошанд.

Соли фоҷианоки 1992, моҳи сентябр дар ҷумҳуриамон Ҳоҷӣ Аҳмадҷон дар сари адои вазифа ва бонигии маризон буда, лаҳзае ҳам шифохонаро тарк нанамуд ва шабу рӯз дар шифохонаи касалиҳои сил дидбони намуда нагузошт, ки ба касале ва ашёи касалхона зиёне расад. Фарзандонашон дар ёд доранд, ки чи тавр дар хона нон мепухтанд ва бо хӯрок онро ба маризон мебурданд. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки шодравон Аҳмадҷон Машарифов кордӯст ва одамдӯст буданд.
Солҳои 2003 ва 2005 ба Аҳмадҷон Машарифов муяссар гашт, ки ду маротиба Ҳаҷ намоянд ва сазовори унвони зебои инсонӣ Ҳоҷибобо гарданд. Ҳоҷибобо дар ҳикояҳои худ бисёр нақлҳои зебо ва диқатҷалбангез аз Ҳаҷ менамуданд ва ҳар он дам мардумро ба ваҷҳ меоварданд ва аз он ҳикояҳо одамон дар ҳайрат мемонданд. Қисми зиёди дӯстон дар ҳайрат монда мегуфтанд: «Ҳоҷибобо Шумо ҳамаи ин номҳои гузаштагони паёмбарон, дар куҷо кадом харсанг, чанд сутун ва чанд трезаро ва ё авлодони сулолавиро чӣ тавр дар хотир доред?» Дар ҷавоб мегуфтанд: «Ба ман китобҳои таърихӣ ва асарҳои илмии щарқшиносон: Таърихи Табарӣ, Аҳмади Дидат, асарҳои Бертельс, Крачковский ва ғ. мамад намудаанд».
Ногуфта намонад, худи ҳоҷибобо баъд аз ба нафақа баромаданашон бисёр китобҳои таърихи, илмӣ мутолиа менамуданд ва ниҳоят қувваи ҳофизагии прқувват доштанд, зеро як маротиба мутолиаи китоб барояшон кофӣ буд. Китобхонаи шахсии Ҳоҷибобо низ аз он гувоҳи медиҳанд, ки он касс аз олами китоб баҳраманд буданд ва фарзандону наберагонро ба ин кор даъват менамуданд.
Мутаассифона баъд аз касалии давомнок Ҳоҷибобо 14 Июли соли 2010 дар деҳаи Пунғаз дар хонаи падарии худашон аз Дуне гузаштанд ва дар ҳамон маҳалла ба манзили охираташон супорида шудаанд. Ёди Ҳоҷибобо Машарифов Аҳмадҷон ба хайр ва руҳашон шод бод!
Чакидаи хомаи Мукимчон дар сугвории падар:

Маккаи мукаррама ва Мадина мунаввара шуданд басо хушҳол аз зиерати ту,
Зи кони донишат шуданд ҳама мардум, вирди мизи мудаввари ту.

Аз ҳикматат мондаанд дӯстон дар ҳайрат,
Чунон донӣ он ҳама дар худ, дона-дона санҷида ботароват?

Эй падар, ҷамоли ҷаҳони Хоҷиён туӣ,
Ҳакими доно ва оби райҳони Биҳишт туӣ,

Гирён аст қулуби мо бо ёди ту имрӯз Падар,
Шодравон аст рӯҳи ту бо ёди мо имрӯз Падар.

Фаридун Назмиддинов      01-10-2012 15:41 (ссылка)
Сарояндаи чавону умедбахш Наврузшох

Наврузшох Хайруллоев, дехаи Понгоз, нохияи Ашт.
Фаридун Назмиддинов      03-02-2013 09:45 (ссылка)
Ёде аз Махмудчон Вохидов
Чархи Гардун
31.01.2013 09:13
Мӯъмин Қаноат: «БУЗУРГОНАМОНРО ЭҲТИЁТ НАКАРДЕМ»
Ҳарчанд аз вафоти ҳунарманди барҷастаи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов беш аз сӣ сол сипарӣ шуд, ҳанӯз асрори маргаш ифшо нашудаву тахмину овозаҳо дар ин бобат гуногун аст. Зиндагию ҳунари ин марди ҳунар низ худ муаммо буд. Зеро ӯ бо вуҷуди он ки хеле ҷавон буд ва дар замоне, ки имрӯз карахтиву рукудаш меноманд, тавонист ба корҳои нодиру чашмрас мушарраф гардад ва на танҳо дар Тоҷикистону Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз он шӯҳрат ёбад.
Устод Мӯъмин Қаноат аз дӯстони наздик ва ҳамсояи Маҳмудҷон буданд ва дар таҳияи намоишҳояш чун мушовири шеър ҳамдастиву ҳамкорӣ кардаанд. Ба хотири варақгардон намудани зиндагиномаи Маҳмудҷон ба сӯҳбати устод рафтам ва дар баробари посух ба суолҳои хеш бо муаммоҳои тоза рӯбарӯ шудам:
Чаро «Зиндагӣ ва ишқи Ҳофиз» танҳо як бор рӯи саҳна омад? Кӣ барои Маҳмудҷон монеа эҷод мекард? Чаро ба ӯ унвони Артисти халқии СССР-ро надоданд? Кӣ Маҳмудҷонро рабудан мехост? Пантуркистон аз Маҳмудҷон чӣ мехостанд? Давлати Шӯравиро кӣ барҳам дод? Чаро Мӯъмин Қаноат дар майдонҳо ширкат надошт? Ва дардҳои дигари устод…
Аз мусоҳибаи зер дар ин мавзӯъҳо андеша хоҳед кард.
- Устод, мақоме, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар олами ҳунар дорад, ба ҳамагон равшан аст. Аз нигоҳи Шумо чӣ гуна ӯ тавонист ба ин комгориҳо ноил шавад? Тафовути ин ҳунарманд аз дигарон чӣ буд?
- Маҳмудҷон Воҳидов аз зумраи он ҳунармандони тоҷик аст, ки Донишкадаи театрии Маскавро хатм карда буданд. Ҳунармандони ин гурӯҳ ҳама одамони баистеъдод буданд. Ба вижа Маҳмудҷон Воҳидов ва Ҳошим Гадоев симои барҷаста доштанд. Дар саҳнаи амалиёт, драмаҳое, ки амали ҷисмонӣ ва қаду қомат даркор бошад, Ҳошим Гадоев хуб буд, дар нутқу сухану каломи тоҷикӣ ва талаффузи равшан Маҳмудҷон Воҳидов. Вақте онҳо ба саҳнаи ҳунар омаданд, устодон Муҳаммадҷон Қосимов, Бурҳоновҳо ва дигар ҳунармандони Самарқанду Бухоро дар мақоми аввали театру кино ҷой доштанд. Инҳо ҳамчун шогирд ба театр омаданд. Бо онҳо муборизаву муқобилият ҳам намекарданд. Гапашонро гӯш мекарданд, эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд, лекин навигариашонро ворид намуданд. Ҳамин хеле оварданд, ки онҳо ҳис накарданд. Дар оғоз Маҳмудҷон миёни ҳамсабақонаш он қадар чеҳраи равшан надошт. Аммо ҳар нақше, ки дар ҳар саҳна меофарид, дар он психологизм буду дунёи ботини қаҳрамон. Ҳунари ӯ аз дидгоҳи равоншиносӣ ва нутқ чизи нав буд. Нутқи ӯ забони адабии тоҷикӣ буд. Ба мисли дигарон бо лаҳҷа гап намезад. Имтиёзи ӯ дар ҳамин буд. Дар намоиши «Алломаи Адҳам» - пйесаи устод Улуғзода, ки таҷассумгари андешаи маорифпарварӣ ва ҳувияти нав буд, нақши Маҳмудҷон аз ҳама хубтар падидор шуд. Дар «Достони Сиёвуш» ба ӯ як нақш доданд, ки дар назари аввал манфӣ ҳам ҳаст, он қадар симои равшан надорад. Маҳмудҷон онро тавре бозӣ кард, ки аз назари фалсафӣ аз нақши аввал болотар баромад. Ӯ чизеро аз ғайб мешунид, чизеро, ки вуҷуд надорад. Ҳамин истеъдодро Маҳмудҷон дошт, ки аз ғайб чизеро медид ё мешунид. Чизе, ки дар пушти пардаҳо буд. Дигар ҳеч кас онро намедид. Он солҳо театри мо аз рӯи қонунмандии театрҳои Маскав намоишҳо таҳия мекард. Бештар ҷангҳо - ҷанги шаҳрвандӣ, босмачӣ ва баъзе кӯшишҳои дигар дар саҳна инъикос меёфт. Баъдтар дар ҳунари театрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон усули нав пайдо шуд. Дар ин давра нисбат ба системаи реализми сотсиалистӣ диди зебоишиносӣ дигар шуда буд. Як чизи нав пайдо шуд ва ин навигарӣ ба вижа, дар санъати театр бисёр хуб зуҳур кард. Усули наве, ки як андоза мистика дошт, нерӯи ғайбӣ аз пушти пардаҳо меомаду як чизи нав эҷод мекарданд. Усули ботиния ва равоншиносӣ. Ин ҳаракату ҷунбиши нав баъди ошкорбаёниҳои Никита Хрушёв, ки зидди шахсиятпарастии Сталин сухан мегуфт, пайдо шуд. Гармии муваққатӣ ба вуҷуд омад. Вақте ки Маҳмудҷон бо ин усул кор кард, ҳаракатҳои ӯро маҳдуд карданд. Гуфтанд, ки зиёдравӣ аст. Барои ифодаи андешаву ормонҳои миллиаш ба Маскаву кишварҳои хориҷӣ зиёд сафар мекард ва чизи навро аз ҳар ҷо мегирифт. Дигарон ин навигариҳоро намедонистанд. Онҳо диданд, ки нерӯи ӯ он қадар зиёд мешавад, ки классикони саҳнаи театрро маҳдуд мекунад ё зери соя қарор медиҳад. Вале Маҳмудҷон бо вуҷуди эҷоди монеаҳо Театри як актёрро сохт, ки аз монологҳо иборат буд. Дар Маскав Иннокенти Смактуновский ҳамин навъи театрро эҷод карда буд, «Ҳамлет»- Шекспирро ба саҳна гузошт. Худаш бо чанд кас «Ҳамлет» -ро бозӣ мекард. Як шамшери англисӣ дошт, дигар ҳеҷ чиз не. Бо ҳарифи маҷозии худ шамшерзанию муколама мекард ва ӯро аз байн мебурд. Ҷанбаи фалсафӣ ва озодандеширо, ки дар маҳдудаи як кас ҳама нақшҳо офарида шавад, ҳамон ҷо дидем. Дар оғози намоиш симояш дигар аст, он тараф меравад, симояш дигар, дар қисми сеюм симо тамоман дигар мешавад. Таҳаввулоту динамикаи эҷодӣ ба назар мерасад. Маҳмудҷон аз Смактуновский ҷанбаи фалсафии мӯҳтавою амалу фаъолиятро омӯхт. Рӯи саҳна маҳдуд аст ва ҳам вақти муайян дорад. Бояд дар ин муддат ҳама масъаларо ҳал кунӣ. Масалан, масъалаеро, ки як эпохаро ифода мекунад, дар дуюним соат бояд ба мардум нишон дода тавонӣ. Ҳам бо калом ва ҳам бо амал, ҳам бо андеша ва ҳам бо сукут. Баъд аз ин боз як ҳаракати дигар пайдо шуд. Владимир Ретсептер, ки дар риштаи театрӣ ҳунарманди беҳамто буд, «Ҳамлет» -ро худаш танҳо бозӣ мекард. Ӯ аз Смактуновский пештар рафт. Ба саҳнаи театр тамоман чизи нав овард. Ман ҳамон вақт дар Маскав кору зиндагӣ мекардам. Маҳмудҷон маро ду-се бор ба намоишҳои ӯ бурду буд. Вай мегуфт, навтар аз намоишҳои Владимир Ретсептер чизи дигаре нест. Аз ӯ бисёр омӯхт. Баъдан Юрий Любимов дар театри Таганка намоишҳои озод таҳия мекард, ки дар онҳо Олҷас Сулаймонов, Андрей Вознесенский, Евгений Евтушенко, Роберт Рождественский, Белла Ахмадуллина ва ман шеър мехондем. Ҳар касе дар ҳамон поя андешаву ҳунар дошт, рафта иштирок мекард. Маҳмудҷон аз он намоишҳо қисми ботинӣ, фалсафа ва нутқашро гирифт. Вай бо театри файласуфона, олимона, шоирона, орифона ва аз назари равоншиносӣ тозааш дар Осиёи Миёна дар мақоми аввал қарор дошт. Барои ҳамин бисёр ба ӯ бухлу кинаю ҳасад доштанд, ҳатто ҳамкасбонашон. Гумон мекарданд, ки агар ӯ ҳама чиро нав кунад, мактаби мо кӯҳна мешавад. Мактаби онҳо барвақт кӯхна шуда буд. Вақте ки равияи нав пайдо шуд, маънои норизоият аз сохти сенаристиву андешаву ҳаракати театр ва мактаби театриро дошт. Лекин мардум нафаҳмиданд, қабул кардан нахостанд. Аввалин коре, ки Маҳмудҷон дар ҳамин ришта кард, «Зиндагӣ ва ишқи Ҳофиз» ба муносибати 650-солагии Ҳофизи Шерозӣ буд, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил шуд. Ин чизи тамоман нав буд. Дар театр чандон онро написандиданд, лекин чизе гуфта натавонистанд. Замоне ки Маҳмудҷон намоишро таҳия мекард, устод Турсунзода бемор буданд, дар Маскав табобат мегирифтанд. Бо ин сабаб, пеш аз нахустнамоиш онро надида буданд. Асосан ману Маҳмудҷон тайёр кардаем. Чун муаллим онро тамошо карданд, чандон хушашон наомад.
-Барои чӣ ба устод Турсунзода писанд наомад?
- Чизи нав буд. Саҳна се равоқ дошт. Ба равоқи аввал медаромаду як бахши ғазалҳои Ҳофизро мехонд. Равоқи дуюм бахши ғазалҳои фалсафию эътирозиву риндӣ, сеюмаш ҷамъбасти хирадмандона, ки чӣ бояд кард, то ин ҷаҳонро нав кунем: Оламе аз нав бубояд сохт в-аз нав одаме. Ба ин савол бояд ҷавоб гуфт. Чӣ хел бисозем ҳамон одамро? Дар ғайб ба зиёрати Ҳофиз меравад ва аз он ҷо меояду паёми ӯро мегӯяд. Ба устод Турсунзода сахт расид, ки барои чӣ пешакӣ бо ман маслиҳат накардед, дар назди меҳмонҳо танқид кунем, намешавад. Гуфтем, шумо дар Маскав будед, фурсат нашуд. Устод гуфтанд, дар назари ман Ҳофиз як шоири ринд буд, дар лаби рӯд менишаст, як кӯза шароб дошту як мутриб ва як соқӣ. Ҳамин хел мешуд, мардум мефаҳмиданд. Ин бисёр мураккаб аст, касе намефаҳмад. Гуфтем: Устод, шеъри Ҳофизро то ҳол ҳеҷ кас нафаҳмидааст. Олимони ҷаҳон таҳқиқ карданд, вале муаммои Ҳофизро то охир кушода натавонистанд. Он вақт дар ҳофизшиносӣ мо баробари Эрон набудем. Он ҷо шарҳи Ҳофиз дар нӯҳ ҷилд вуҷуд дошт. Дар ин ҷо набуд. Фақат ман як ҷилдашро доштам. Вақте соли 1970 ба Эрон рафтам, ба ман тақдим карданд.
Вале меҳмонҳо ба он бисёр баҳои баланд доданд. Донишмандони Эрон, эрониҳои Маскаву хориҷа ва дигар меҳмонони ҷашн ба Душанбе омада буданд. Овозаашро ба ҳама ҷо бурданд. Эрониҳо ҳатто ба навор гирифта, дар толори Рӯдакии шаҳри Теҳрон нишон доданд.
Лекин якто нахустнамоиш дар ҳузури меҳмонон баргузор шуду дигар онро намоиш надоданд. Ин муаммо то ҳол барои ман пӯшида аст, ки барои чӣ ин тавр шуд? Чун ҳанӯз аҳди шӯравӣ буд, шояд аз ҳувияти эронпарастию тоҷикпарастии зиёдаш тарсиданд. Кремл ҳам инро намеписандид. Гуфтем, ба ҳар ҳол коре шуд. Андешаи мардум тағйир ёфт. Вале Маҳмудҷон бисёр хафа шуд. Умед дошт, ки устод Турсунзода дастгирӣ мекунанд, зеро дар ҳама ҷо мунодии шеърашон буд. Ин барояш як зарба шуд. Баъд рубоиёти Хайёмро рӯи саҳна овард. Мавзӯе, ки мардумро такон медиҳад. Он аз се қисм иборат буд. Давраи аввал - ҷавонии Хайём ва шӯру шаафи он. Давраи дуюмаш - шаку аниқ, дар бисёр масъалаҳо шак меоварад, бо Худо баҳс мекунад. Давраи сеюм хулосаҳои фалсафӣ дар бораи он ки ҷаҳон чист?
- Ороиши саҳна чӣ гуна буд?
- Ороиши саҳнаро аз минётураҳои эронӣ дар мавзӯи Хайём гирифтем. Дар гӯшае Хайём нишаста буду ҳар кас пеши вай меомад, як паём меовард. Як арз, як шикоят ва ӯ ба ҳамонҳо бо шеър ҷавоб ё раддия мегуфт. Агар мухотабаш маъшуқа бошад, маъшуқа бо ҳамон либосҳои зебои эронии классикӣ меомад. Агар Аҳриман бошад, чеҳраи аҳримании шумрӯ пайдо мешавад. Ба ҳама бисёр маъқул шуд. Он тамоман чизи нав, фалсафӣ, шоирона ва олимона буд. Вақте ки онро тайёр карданд, намояндаи Русия ҳам ин ҷо буд. Гуфт, ки инро ба забони русӣ тайёр кунед, ба Маскав мебарем. Зеро Хайём дар Русия бисёр машҳур буд. Ба русӣ тайёр карданд. Дар ду театри Маскав нишон доданд, ба мардум писанд омад. Барои ин асар ва корҳои дигаре, ки дар соҳаи театр, ташвиқу тарғиби адабиёти классикӣ, адабиёти рус ва адабиёти ҷаҳон анҷом додааст, Вазорати фарҳанги Русия Маҳмудҷон Воҳидовро ба дарёфти унвони Артисти халқии СССР пешниҳод намуд. Дар ин бора Иттифоқи нависандагони СССР, Вазорати фарҳанги Русия, ВТО (Всесоюзное театральное общество) қарор карданд ва онро ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ирсол намуданд. Аз ин ҷо пуштбониву тавсия нарафт, сукут ихтиёр карданд.
- Аз Маскав ҳам натиҷаи мактубашонро талаб накарданд?
- Дер шуд. Ӯ фавтид. Гурӯҳи дигар Ҷӯрабек Муродовро пешниҳод кард. Ӯ ба ҳама забонҳои Итиҳоди Шӯравӣ яктоӣ суруд омода намуд. Як гурӯҳи дигар Нуқра Раҳматоваро пешниҳод карданд. Маҳмудҷонро бо машварати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда буданд, бенатиҷа монд. Дар ҳама сафарҳоям ба Маскав, ман дар ин кор талош мекардам, вале танҳо будам. Гапи одами танҳоро гӯш намекунанд. Ман фақат метавонистам Иттифоқи нависандагонро гӯям, ки як сару садо баланд кунед. Билохира, Маҳмудҷон ба ин фоҷиа гирифтор шуд. Баъд унвонро ба Ҷӯрабек Муродов доданд.
- Чаро дар Тоҷикистон номзадии ӯро напазируфтанд?
- Дар зиндагиномаи Маҳмудҷон муаммоҳое эҷод шуд, ки то ҳозир ман шарҳу тавзеҳашро пайдо карда наметавонам. Вай тоҷики саҳеҳ буд, аз ҳама тоҷиктар. Ҳунараш аз ҳама баланд, ҳувияти тоҷикпарастиаш аз ҳама зиёд. Шояд ин ҷиҳатҳо монеъ шуд. Сад ҳайф аз ҷаҳон даргузашт. Ҳоло бисёр ҷавон буд. Мехост «Суруши Сталинград»-ро дар саҳна гузорад, ҳамчун моноспектакл. Вақти рафтанаш ман зорӣ кардам, ки нарав. Рӯзи ҳафти устод Мирзо Турсунзода буд. Ҳамон ҷо омада гуфт, ки акнун танҳо мондӣ. Гуфтам, ту ҳастӣ, танҳои танҳо нестам. Гуфт, ман баъд аз чор рӯз Ироқ меравам. Рӯзҳои Тоҷикистон будааст. Гуфтам, бо ҳамин асаби вайронат Карбало меравӣ. Ҷои шаҳодати Ҳусайни Карбало аз ҷойҳост, ки асабро хароб мекунанд. Гуфт, ки муддати кам будааст, меравему меоем. Гуфтам, нарав, Бобоҷон Ғафуров ҳамин сол вафот кард, Абдуғанӣ Мирзоев вафот кард, устод Турсунзода даргузашт. Нарав, ки бисёр кам мондем мо. Бе зӯри онҳо мо барномаҳои калон иҷро карда наметавонем. Онҳо дар мақоми баланд буданд, дар тамоми ҷаҳон обрӯ доштанд. Мо одамони навем, акнун мушиносандамон. Аз ин хотир, мо бояд ҳамдасту ҳамроҳ бошем. Дар бинои Иттифоқи нависандагон саҳна сохтем, тарҷумаи синхронӣ мешавад бо се забон. Гуфтам, агар наравӣ, ҳозир фармон мебарорам бо номи «Театри як актёр», ҳамин толорро ба ту медиҳам. Гуфт, аллакай чиптаро харидаанд, дар он ҷо эълон кардаанд. Ман ҳис кардам, ки ӯ ҳам аз байн меравад. Аллакай давраи ақлкушиву истеъдодҳоро аз байн бурдан омада буд, вале онҳо бехабар. Ман, ки ҷаҳонгашта будам, медонистам. То он вақт ба кишварҳои арабӣ ду-се борӣ рафта будам. Медонистам дар дунё чӣ гапу чӣ хатар аст ба сари ин миллати тоҷику эронӣ. Инҳо намедонистанд, инҳо ҳассосияти эҷодӣ доштанд. Ман маслиҳат додам, ки эҳтиёт кунад. Лекин гӯш накард, рафт. Мақсад дошт, аз он ҷо биёяду дар мавзӯи Карбалову Бағдод намоиши нав тайёр кунад. Лаби дарёи Даҷлаву Фурот яке аз марказҳои шоҳони сосонӣ буд. Бағдод аз арабҳо нест, замини эронист. Ҳоло ҳам ними аҳолиаш форсизабон аст.
- Марги ӯ барқасдона сурат гирифт?
- То ҳоло ҳеҷ намедонам, ки чӣ хел шуд. Фақат медонам, ки бахилии тоҷикӣ ва маҳалгароӣ дар он ҷой дорад. Як мавзӯи дигар аст. Боймирзо Ҳайит, пантуркисти мюнхенӣ дар Олмон марказ ташкил карда, бар зидди шӯравӣ мубориза оғоз намуд. Вай аз легионерҳои Туркистон буд, ки дар ҷанги Олмон ба асорат афтиданд. Мӯсо Ҷалил ҳам дар асорати ҳамон гурӯҳи пантуркистон буд, лекин ӯро куштанд. Онҳо шикор мекарданд, ки киро ба даст оранд. Аз Фарғона бошад, тоҷик ва шахси боистеъдоду машҳур бошад. Аввал Толисро ба нақша гирифтанд, зеро нависандаи машҳур буд. Вақте ки барои ширкат дар Фестивали ҷавонони ҷаҳон ба Олмон рафт, қасди дуздиданаш карданд. Вале чун аз қафояш амнияти шӯравӣ буд, ӯро раҳо карданд. Вале ҳамон ҳодиса сабаби бемориаш шуд. Дуюм Азиз Улуғзодаро ба дом афтоданд. Котиби ташкилоти ҳизбии Донишгоҳи давлатии Маскав буд, шаш забонро медонист. Дар литсеи англисии Ҳиндустон омӯзгор шуд. Азиз ҳамшаҳриашон буд, фарғонагӣ. Ҳайит ҳам аз Чуст буд. Азизро бурда, дар ҳамон ҳаракати зидди шӯравӣ ва тарафдори истиқлолписандии Тоҷикистон аз нигоҳи пантуркизм, муовини Ҳайит карданд. Ин кор барои фурӯпошии Шӯравӣ ва бадном кардани он даркор буд. Маҳмудҷонро ҳам рабуданӣ шуданд, дар як сафари дигараш. Нафаре ба онҳо лозим буд, ки дар саҳнаву ҳунар каломи тоҷикӣ дошта бошад. Азиз каломи тоҷикӣ надошт. Имкони бурданаш нашуд. Худаш ҳам намехост, ватандӯст буд. Шариконаш мегӯянд, ки вақти сафар бисёр асабонӣ буд. Хусусан баъди Карбало омадан ин қадар асабонӣ буд, ки агар дар мошин касе шӯхию ханда мекард, ҷанг мекард. Шояд ҳаросе доштааст аз он ки мисли сафари пешин кӯшиши рабуданашро накунанд. Се касе, ки онҳо дар нишон гирифтанд, сарнавишташонро вайрон карданд, ба фоҷиа кашиданд. Билохира, кори худашон ҳам ҳеҷ натиҷа надод. Шӯравиро онҳо аз байн набурданд. Худи роҳбарияти Шӯравӣ, коммунистҳои беақл сиёсати дуруст бурда натавонистанд, худашон онро аз байн бурданд. Хеҷ каси дигар дар ин кор даст надошт. Михаил Горбачёв аслан як одами бесаводу беақл буд. Фақат гап мезад, дониши таҳлилӣ надошт. Борис Елтсин, як аҳмақи алкаши дигар зарбаи охирро зад. Умри Шӯравӣ ба охир расида будааст, он рӯз не, рӯзи дигар ҳатман аз байн мерафт. Феълан ҷои таассуф ҳам нест, истиқлол ба даст омад. Вале барои миллати мо фоҷиаи бисёре овард. Ҷанги дохилӣ сар шуд. Зеро мардуми мо ва ҳизбҳои навхез омода набуданд. Касе сиёсатмадор набуд. Ман, ки ба майдонҳо намерафтам, на ба инаш ва на ба онаш, гуфтанд, ки Мӯъмин Қаноат дар даҳонаш об гирифтааст. Гуфтам, ҳоло шумо намедонед, ин кори аблаҳона, ки шумо мекунед, пайомадаш чист? Ҷанги дохилӣ аст ва аз байн рафтани Тоҷикистон. Ҷанги дохилие, ки Худо медонад, кай тамом мешавад. То ҳозир ҳам тамом нашудааст. Мардуми мо, ҳар кас аз рӯи фаҳми содалавҳона ва эҳсосот ҳар чизе, ки мебинанду мешунаванд, бе таҳлилу қиёс қабулу таблиғ мекунанд. Гурӯҳи дигаре, ки аҳли хирад ҳастанду донишманданд, таҳлил мекунанд, ки решаи ин падида дар куҷост? Аз куҷо омадааст ва барои чӣ? Баъд пеши роҳи онро мебанданд. Мардуми мо ақли солимро гӯш накарданд ва чӣ қадар неруву истедодҳои бузургро беҳуда аз даст доданд. Ҷои онҳоро касе гирифта наметавонад. Ин хел инсонҳоро тарбия кардан душвор аст. Онҳоро замон тарбия карда буд ва миллат. Миллат, ки фоҷиаҳои таърихиро аз сар гузаронида буд, натиҷаву ҳосилаш ҳамин чанд зиёӣ буд. Муроди миллатро ҳамонҳо бояд ҷомаи амал мепӯшониданд. Афсӯс, бузургони миллатро эҳтиёт накардем. Дигар чӣ суд? Имрӯз на театр ҳасту на кино ҳасту зиёӣ ҳам нест. Дар ин ҳолат дигар чӣ мегӯем?
Камолоти одам дар таҳаввул аст. Инсон ба сӯи камолот ҳаракат мекунад. Агар Маҳмудҷон то имрӯз мебуд, ба авҷи камолот мерасид. Чизҳои наве меёфт, ки ҳама дар ҳайрат меафтод. Афсӯс, ки ҷавон рафт. Баъди маргаш ба дасти фаромӯшӣ супурданд. Гӯё мурдааш ҳам аз онҳо баландтар мешуда бошад. Метарсанд ҳама. Вале Маҳмудҷон дар умраш ба касе бадӣ накардааст. Дар ботинаш бадӣ набуд, аҷиб. Чун аз ҳад зиёд зӯр буд, бахилиро намедонист. Ҳам устодон ба ӯ бахилӣ мекарданд, ҳам ҳамсолонаш ва ҳам ҷавонон. Меандешиданд, вай мақомашро ба ҷое мебарорад, ки касе ба ӯ расида наметавонад:
Ба ҷое кашидам инони талаб,
Ки он ҷо дигар пасту боло набуд.
Вақте ба ҳамон нуқтаи охир расидӣ, дигар он ҷо пасту боло нест, он мақоми илоҳӣ аст. Он тараф ҳам ҳеч чиз нест, ин тараф ҳам. Вай на ба устодон душманӣ мекард, на ба шогирдон. Медонист, ки мақоми вай дар ҷои дигар аст. Ба ҳамон ҷо рафта истода буд, дар нимароҳ монд. Ҳама одамони зӯри тоҷикро ҳамин хел ҷавонмарг мекунанд, дар парвози баландтарин нобуд месозанд. Барои ман бисёр мушкил аст, ҳама дӯстон рафтанд. Худам танҳо мондам. Дӯстоне, ки аз адабиёту русу адабиёти ҷаҳон буданд, рафтанд. Ҳар ҷо, ки ҳастам, аз Маҳмудҷон ёд мекунам. Дуои хайр мекунам.
- Мегӯянд, ки дар ҳолати мастӣ афтодааст? Оё баъди маргаш тафтиш бурданд?
- Вай кам менӯшид. То рӯз менишастем, ҳама маст мешуданду вай не. Мо, ки ҳамсоя будем, ҳамроҳ лаби канал мерафтему бо дарё роз мегуфтем. Баъд Лоиқ меомад.
Тафтиши ҷиддӣ набурданд. Ману ҳамсарашонро гуфтанд, ки шумо рафта ҷасадро шиносед. Ба фурудгоҳ рафтем. Вайро дар яхдон намондаанд, шинохта намешуд. Гуфтем, дигар азоб надиҳем. Хостем дар Лучоб дафн кунем. Вале азбаски сабаби вафот аниқ набуд, он ҷо ҷой надоданд. Ба қабристони маъмулӣ бурданд. Муаммои маргаш то имрӯз монд. Одами поку банангу номус буд. Равонаш шод бошад Маҳмудҷонро. Имрӯз ҳам мавриди иззату эҳтироми махсус аст. Бояд мардум андеша кунанд, ки агар касе аз аҳли ҳунар мақоми қаҳрамони тоҷикро дошта бошад, Маҳмудҷон аст, дигар ҳеч кас нест. Имрӯз ҳам ҳеч кас нест, пеш аз ӯ ҳам касе дар пояи вай набуд.
Барнои ҚОДИРД
Фаридун Назмиддинов      19-04-2013 08:35 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ
Ному кору пайкори устодро бояд гиромӣ дошт!
Муаллиф: Аҳмадиён Ҳакими Раббимпур,
11.02.2013 13:35



Баьд аз вохӯриҳои алоҳида бо Б.Елтсин, Ю. Афанасев, Д. Худоназаров ва академик А. Сахаров мо муаммову мушкилоти худро ба Сахаров гуфтем ва аз ӯ хоҳиш кардем то ин мушкилотро дар парлумони Шӯравӣ баён кунад. Ӯ гуфт, ки ман муаммои тоҷикони Ӯзбакистонро медонам, лекин ҳозир ба мушкилоти арманиҳо ва тоторҳои Қрим банд хастам. Беҳтараш, ба Маскав равед, ман шуморо бо шогирдам Галина Старовойтова шинос мекунам. Ӯ ба шумо ёрӣ хоҳад дод ва пас аз андаке тааммул илова кард: --Чаро шумо ба депутатҳои тоҷик муроҷиат намекунед? Ба созмони «Растохез» ва Тоҳири Абдуҷаббор муроҷиат кунед. Мо пурсидем,ки ин шахсро шумо аз куҷо медонед.


Устод Тоҳири Абдуҷаббор бузургворе буд, ки пиндору гуфтор ва кирдораш мувофик меомад. Дар ёдам ҳаст устод нахустин шуда 24 августи соли 1990 аз микрофони № 6 ба парлумон тарҳи Эъломияи иcтиқлолияти Тоҷикистонро пешниход карда буд. Хамчунин эшон асосгузори созмони мардумии “Растохез” буд, ки ин созмон тамоми фидоиёни миллати тоҷикро аз Тоҷикистон ва берун аз он дар гирди хеш ҷамъ карда буд. «Растохез» аз ҳукумати вақти собиқ Шӯравӣ ва Тоҷикистон талаб карда буд то мушкилоти мардум, озодии баён ва инсон, хуқуқхои миллии точиконро дар саросари Шӯравӣ дар назар гиранд ва ҳалли онро пайдо кунанд. Аз чумла банда ва дигар миллатдӯстони Самарқанду Бухоро 14 сентябри соли 1989 рӯзи таъсисёбии созмони “Растохез” иштирок доштем ва узви ин созмони мардумӣ шудем.

Мақолаи узви ин созмон Мирбобои Миррахим “То ба кай об аз таги ях меравад” барои тамоми тоҷикони дунё, ҳамчунин Самарқанду Бухоро ва тоҷикони Ӯзбакистон як дилгармие бахшид ва онҳоро аз хоби гарон бедор кард ва ба сӯи худшиносиву адолати иҷтимоӣ раҳнамун кард. Дар он солхои бозсозӣ аъзои ин созмон Тоҳири Абдуҷаббор, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Сафар Абдулло, Ортиқи Қодир, Оиша Ҳамидова, Аҳмадшоҳ Комилов, Ахмадҷонзода, Муҳиддин Олимпур, Халифабобо Ҳомидов ва дигарон барои рушди илму фарҳанг, худшиносии миллии тоҷикони Ӯзбакистон хеле корҳои назаррасро анҷом доданд. Он солҳо бештари мактабҳои тоҷикии Ӯзбакистонро бо китобҳои дарсӣ ҳамин созмон таъмин карда буд.

Моҳи декаби соли 1989 дар шаҳри Челябинск бо ташаббуси гурӯҳи депутатхо семинари умумиттифокӣ оид ба муаммохои миллӣ дар Шӯравӣ баргузор шуд,ки дар он аз номи созмони тоҷикони Самарқанд Ӯктам Бекмуҳаммадов ва банда иштирок кардем. Баьд аз вохӯриҳои алоҳида бо Б.Елтсин, Ю. Афанасев, Д. Худоназаров ва академик А. Сахаров мо муаммову мушкилоти худро ба Сахаров гуфтем ва аз ӯ хоҳиш кардем то ин мушкилотро дар парлумони Шӯравӣ баён кунад. Ӯ гуфт, ки ман муаммои тоҷикони Ӯзбакистонро медонам, лекин ҳозир ба мушкилоти арманиҳо ва тоторҳои Қрим банд хастам. Беҳтараш, ба Маскав равед, ман шуморо бо шогирдам Галина Старовойтова шинос мекунам. Ӯ ба шумо ёрӣ хоҳад дод ва пас аз андаке тааммул илова кард: --Чаро шумо ба депутатҳои тоҷик муроҷиат намекунед? Ба созмони «Растохез» ва Тоҳири Абдуҷаббор муроҷиат кунед. Мо пурсидем,ки ин шахсро шумо аз куҷо медонед. Сахаров ханда карда гуфт: -- Гӯши ман мисли мавҷгир аст, бисьёр гапҳоро мешунавад.Ман мақолаҳои Тоҳири Абдуҷабборро хондаам, хеле нуктасанҷона менависад...

Баьд мо ба Москва рафтем ва бо ёрии марди далеру миллатпарвар Сафар Абдулло ( ҳоло яке аз донишмандони шинохтаи тоҷик, ки дар Қазоқистон кору фаъолияти илмӣ мекунад) бо депутатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон устодон Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат ва Давлат Худоназаров вохӯрда, ба онҳо мушкилоти худро баён кардем. Онон гуфтанд, ки мо ин масъаларо ба роҳбарони шӯравӣ ва аз минбари парлумон баён мекунем. Лоиқ Шералӣ 8 варақи чопиро ба мо нишон дод, ки дар он проблемаи тоҷикони Ӯзбакистон ва аз ҷумла, Самарқанду Бухоро зикр гардида буд. «Ман ҳамаи инро дар Душанбе бо Тоҳир ва Мирбобо навиштам , --гуфт устод ва табассумкунон илова кард,-- агар Тоҳири Абдуҷаббор ҳамроҳи мо депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ мебуд, кори мо хеле осон мешуд, чунки мо шоиру санъаткор, вай сиёсатмадор аст». Дар ҳар сурат, дар натиҷаи дастгирии ин устодон ҳамон вақт чанд мушкили марбут ба тоҷикон дар қаламрави Ӯзбакистони шӯравӣ ҳал гардид.

5-уми майи соли 1991 Созмони фарҳангии тоҷикони Самарқанд ба мухолифатхои зиёди ҳукумат нигох накарда, шаби эчодии ду шоири миллатдӯсту шинохтаи худ Бозор Собир ва Ҳаёт Неъматро дар шаҳри бостониамон дар сатҳи баланд баргузор кард. Садри маҳфил ҳунарманди боистеъдод Ортиқи Қодир бо ҳунари волои суханварӣ ва ровигиаш ба базми шеър ҳусни тозае бахшид.

Устод Тоҳири Абдуҷаббор, ки меҳмони ин базм буд, суханронӣ карда, дар бораи соҳибҷашнон, фарҳангу таьрихи миллии мо, роҳҳои расидан ба худшиносиву худогоҳӣ, ки пояҳои миллатдӯстист, ҳарфҳои басо пурмаънӣ гуфт ва ҳозирон аз он ба ваҷд омада, борҳо бо кафкӯбиҳои бардавом арзи эҳтирому дӯстдории хешро иброз карданд. Суханони устод чунон ба мардум таъсир кард, ки аз дидагони бисёриҳо ашк ҳалқа зад ва ин ашки шодӣ аз дидор бо чунин фарзандони фарзонаи миллат буд ва шояд ин нахустин ва ҳоло охирин чунин мулоқоти гарму таърихӣ ва фаромӯшнашавандае дар даҳсолаҳои ахир дар Самарқанд бошад. Воқиан, ин базми шеър ва дидор бо ин фарзандони миллатдӯст, ба вижа суханронии устод Тоҳир ва шеърҳои миллии устод Бозору Ҳаёт Неъмат як навъ ҳисси ифтихор ва ғурури миллиро дар байни мардуми мо боло бурд ва пас аз он онҳо рӯзҳову моҳҳо ин базми таърихиро бо шавқу шодии беандоза ёд мекарданд...

Рӯзи дигар камина , устодон Т.Абдучаббор, Б.Собир, М.Мирраҳимов,Х.Ҳомидов ба дидори инсони шарифу донишманди машҳур Холиқ Мирзозода, ки барои илму фарҳанги Тоҷикистон хизматҳои шоёне кардааст, рафтем. Устод аз ин дидорбинӣ ниҳоят хурсанд ва рӯҳбаланд шуд ва ба ман фармуд, болои дарахт баромада гелос чинам. Дар боғи устод 15 бех нихоли гелос буд ва шохи онро, ҳар сол моҳи феврал мебурранд. Устод Тоҳир аз Х.Мирзозода пурсид,ки дар маҳалли мо дарахти гелосро намебурранд, лекин дарахтони шумо буридагӣ. Х.Мирзозода гуфтанд: --Тоҳирчон, як рӯз маро ба боғатон баред, азони шуморо ҳам бурида медиҳам. Аз ин шӯхӣ ва ҳазли намакини пири сухан ҳама хушҳол гардиданд. Устод Тоҳир дар бораи Х.Мирзозода ва умуман тоҷикон суханони хеле пурмеҳр ва самимӣ гуфт, ки аз он хотири мизбон ва ҳама аҳли суҳбат болида гардид. Х. Мирзозода пас аз анҷоми сухани устод Тоҳир бо меҳрубонӣ даст ба китфи ӯ гузошта гуфт: --Тоҳирчон, шумо барин инсонҳои миллатдӯсту покдилу поксиришт дар Тоҷикистон 100 нафар мебуд, тоҷикон миллати пешрафта ва Тоҷикистон кайхо гулистон мешуд...

Пас эшон Бозор Собирро бо ин ҷашн ва хизматҳои дар назди миллат кардааш таҳният гуфт ва аз он афсӯс хӯрд, ки ин ҷашн дар Душанбе ҳам барпо нашуд.

Соли 1992 банда, У.Бекмуҳаммадов ва дигар аьзои Созмони фарҳангию сиёсии тоҷикони Самарқанд чун нишони эьтироз ба хукумат, ки дархости тоҷикони Ӯзбакистонро ба назар намегирифт, гуруснанишинӣ кардем. Пешниҳоди мо додани мақоми расмӣ ба забони тоҷикӣ дар он ҷойҳое,ки тоҷикон сарҷамъ зиндагӣ доранд, иваз кардани шиносномаҳо,ки дар онҳо тоҷиконро нодуруст ӯзбак навишта буданд ва сабти ном кардани созмони мо буд. Аммо ҳукумат рӯзи панҷуми гуруснанишинӣ соати 2-и шаб омада ҳамаи моро латтукӯб намуд ва ба маҳбас андохт. Рӯзи дигар аз ошӯби мардум тарсида, 3 касро нигох дошту дигаронро баьди як рӯз аз боздошт озод кард. Барои озод кардани У.Бекмухаммадов созмони «Растохез” аз Душанбе як вакили мудофеъ фиристод.Хамон рӯзхо худи устод, ки намояндаи парлумони Тоҷикистон ҳам буд, ба Самарканд омад... Камина, М.Мирсаидов, Амина Шарофиддинова ва Азиза Юсуфӣ ҳамроҳи Тоҳири Абдуҷаббор барои ҳалли муаммои ба сари мо афтода ба назди муовини ҳокими вилоят ва додситон рафтем. Устод Тоҳир бо қатъият ва ниҳоят оромона барои озод кардани шахсони дар ҳабс буда бо ин шахсони расмӣ гуфтугӯ кард. Натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки дӯстони моро аз ҳабс озод карданд

Ҳукумат ҳам фаҳмид,ки мо ятим ва бе касу кӯй нестем ва пуштибон дорем. Вале, имрӯз баръакс вазъи тоҷикон дар Ӯзбакистон аз бад ҳам бадтар шудааст ва мо ҳоло дар ватани худ беватанем, бепарасторем, хуқуқи чун инсон ва чун тоҷик озод зиндагӣ карданро надорем.

Устод 2 рӯз дар хонаи мо меҳмон буданд. Манзили ман аз қудуми ин инсони шарифу покдил рӯшану пурнур шуд. Мо чанд нафар дӯстон аз фикру мулоҳизаҳои устод дар бораи роҳҳои ба бедорӣ расидани қавми тоҷик, бунёди давлати миллӣ, одамгарӣ ва поквиҷдонӣ баҳраи бисёр бурдем ва пас аз он боз ҳам бо неруи дучанд барои адолату ҳадафҳои миллиамон талош кардем.

Чанд мулоқоту ҳамнишинӣ бо ин инсони муборизу миллатдӯст, ки сиришташ поку қавлу амалаш якест, маро ба чунин хулоса овард, ки зиндагиномаи ӯ бояд барои ҳар як тоҷики худогоҳ намунаи ибрат бошад. Мо бояд ҳама аз ӯ ифтихор дошта бошем ва хизматҳои барои миллат, яъне мову шумо кардаашро пос дорем ва ба он арҷ гузорем..

Бегумон номи устод Тоҳири Абдуҷаббор дар таьрихи тоҷикону Точикистон абадӣ мемонад. Вале, аз чи бошад, то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон хидмати бузурги ин абармардро ба гунаи дуруст қадр накардааст. Хуб мебуд, ҳукумат ҳадди ақал хиёбон ё ягон муассисаи илмиро ба номи ӯ гузорад. Охир устод инсонест, ки барои истиқлолияти миллӣ ва озодиву осудагии мо ва ба ҷойгоҳи хеш расидани фарҳангу забонамон ҳамроҳ бо ҳамсафонаш мубориза бурд ва худ тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро навишт. Барои чунин шахсҳои муборизи миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ муҷассамаҳо мегузоранд ва шаҳру остонҳоро ба номаш мегузоранд, вале дар Тоҷикистон то ҳол ҳатто кӯчаеро ба номи устод нагузоштаанд…Мо тоҷикон, ҳангоми зиндагӣ ба қадри чунин бузургонамон нарасидем, нафаҳмидем, ки модари тоҷик чунин фарзандони сарсупурда ва муборизу хирадмандро дар сад соли дигар боз мезояд ё на… Надонистем ва ҳоло ҳам дарк накардаем, ки арҷгузорӣ ба чунин фарзандони номвар ин пеш аз ҳама арҷ ба адолату покиву росткорӣ ва миллатдӯстиву меҳанпарастист…






Фаридун Назмиддинов      10-05-2013 19:25 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ
В Ленинградской области почтили память Героя Советского Союза Туйчи Эрджигитова

Церемония возложения венков на могиле Героя Советского Союза Туйчи Эрджигитова состоялась накануне, 9 мая, в поселке Любань Ленинградской области.

Как сообщили «АП» в представительстве Миграционной службы при правительстве РТ в России, на мероприятии присутствовали представители МС РТ в РФ, общественных организаций «Памир» и «Аджам», также организатора данного мероприятия - Санкт-Петербургского благотворительного фонда помощи Таджикским трудовым мигрантам.

В этот день в Любани почтили память бойцов, павших на фронтах ВОВ, в том числе участвовавших в освобождении города от захватчиков. На торжественном митинге у братской могилы не раз говорили о подвиге Туйчи Эрджигитова.

В ходе мероприятия были сказаны слова благодарности в память погибших солдат, которые не жалея жизни отстояли свою Родину и обеспечили Великую Победу.

Туйчи Эрджигитов родился 10 ноября 1921 года в кишлаке Булок (ныне Аштский район Согдийской области) в крестьянской семье. Он был автоматчиком 1064-го стрелкового полка 281 дивизии 54 армии Волховского фронта, комсомолец, красноармеец. Во время боя 5 октября 1943 года в районе деревни Смердыня Тосненского района Ленинградской области закрыл собой амбразуру вражеского дзота, мешавшего наступлению роты. Воодушевлённые подвигом товарища, бойцы поднялись в атаку и ворвались в траншею противника, чем обеспечили выполнение боевой задачи. Отважный сын таджикского народа похоронен в братской могиле в поселке Любань.

Указом Президиума Верховного Совета СССР от 21 февраля 1944 года за образцовое выполнение заданий командования и проявленные при этом геройство и мужество красноармейцу Эрджигитову Туйчи посмертно присвоено звание Героя Советского Союза.
Источник: ИА "Азия Плюс"
Фаридун Назмиддинов      23-07-2013 15:33 (ссылка)
Re: СИМОХОИ МАЪРУФИ НОХИЯИ АШТ
23.07.201314:30 Источник изображения: news.tj

Тохиру Абдуджаббору предлагают посмертно присвоить звание «Герой Таджикистана»

Таджикский журналист Ахмадшох Комилзода предложил правительству страны удостоить лидера Национально-освободительного движения Таджикистана и учредителя народной организации «Растохез» Тохира Абдуджаббора званием «Герой Таджикистана».

В обращении, опубликованном в СМИ 22 июля, Комилзода отмечает, что в последнее время правительство РТ выступило инициатором возвращения на Родину известного таджикского поэта, удостоило званием «Герой Таджикистана» таких отважных сыновей отечества, как Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Садриддин Айни, Бободжон Гафуров и Мирзо Турсунзаде.

«Однако следует отметить, что старания достойного сына нации Тохира Абдуджаббора в деле достижения государственной независимости Таджикистана и роли нашего родного языка не менее достойны, чем заслуги указанных героев страны. Взрослое поколение и политики страны прекрасно помнят его выступления на заседаниях предыдущего Верховного Совета, на аренах политической борьбы и даже в действующем парламенте Советского Союза, где он постоянно защищал национальные интересы республики. Нельзя забывать, что после обретения независимости он как один из руководителей национально-освободительного и демократического движения во времена политических и военных противоборств, не примкнул ни к одной из противоборствующих сторон и считал себя частью народа Таджикистана», - пишет Комилзода.

Он напоминает, что заслуги Тохира Абдуджаббора в разработке концепции независимости Таджикистана считаются очень ценными. Кроме того, он является одним из первых инициаторов разработки проектов развития экономики, социальной сферы, образования и других отраслей страны, которые были предложены предыдущим составам правительства и опубликованы в печатных издания тех лет.

По мнению Комилзода, Т. Абдуджаббору приложил неимоверные усилия для придания таджикскому языку статуса государственного.

Напомним, что в 2011 году Ахмадшох Комилзода собрал материалы в СМИ и высказывания известных деятелей о жизни и деятельности Тохира Абдуджаббора и издал книгу под названием «Архитектор независимости Таджикистана» тиражом 500 экземпляров.
Источник: ИА "Азия Плюс" Автор: Азия-Плюс
Фаридун Назмиддинов      18-01-2014 09:53 (ссылка)
Мухаммадчон Шодиев
Агар гӯем, ки чеҳраи Муҳаммадҷон Шодиев барои аксари мутлақи мардуми Тоҷикистон, ҳатто сокинони Афғонистону Эрон бегона нест, хато намекунем.

Имкон дорад, ки танҳо бо ба забон овардани як исм - «Нозимӣ» ӯро барои мухотаб муаррифӣ намоӣ.

Муҳаммадҷон Шодиев бо офаридани нақши Нозимӣ дар силсилафилми «Дар орзуи падар» (аз рӯи асари нависанда Кароматулло Мирзоев) ба дилу дидаи так-таки мардум ҷой гирифт.

Албатта, ин маънои онро надорад, ки то ин замон тамошобини театру синамои тоҷик аз ҳунари ӯ бехабар буда бошад.

Аммо силсилафилми «Дар орзуи падар» чеҳраи Муҳаммадҷон Шодиевро мардумитар намуд. «Дар орзуи падар» охирон ва шояд дар чанд соли ахир ягона филми тоҷикӣ бошад, ки бо маҳбубияти беандоза мардуми тоҷикро ба назди оилаи нилгун ҷалб намуд.

Аз камтарин филмҳои тоҷикист, ки атрофи нақшҳои асосии он мардум ҳарфҳо мегуфтанд. Нақл мекунанд, ки баъд аз ин филм ҳамсоязанҳо дар симои Муҳаммадҷон Шодиев Нозимии бадмаст, Нозимии оилабезорро дида, ба сӯи бо нишони нафрин даст меафшонанд…

Ин ҳама далел аз ҳунари волои Муҳаммадҷон Шодиев аст, ки бо тамоми ҳастӣ вориди нақш мегардад.
Ин ҳунарманди тоҷик 5-уми январи соли 1954 дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст.

Соли 1979 Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шуҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст.
Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз мекунад.

Бо гузашти 60 соли умр, ки нисфи он дар рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ шудааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ зиёд ҷойи корро намебинед.

Соли 1984 Муҳаммадҷон Шодиев бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад.

Аммо офаридаҳои ӯ дар чандин дафтар намегунҷанд. Дар ин муддат ӯ дар театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобини театри мазкур на як бору ду бор барои нақшҳои ӯ Борбад аз "Ғуруби Аҷам", Хизирхон аз "Фарёди ишқ", Азиз аз "Дуел", Балъамӣ аз "Шоҳ Исмоил", Гурдуй аз "Баҳроми Чӯбина", Қодирқул аз "Бой ва хизматгор", Шариф Исматӣ аз "Имтиҳон", Мавлавӣ аз "Офати нафс", Тибалт аз "Ромео ва Чулетто", Боҳуй аз «Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Хахоманиш», Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонхона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рудакӣ» ва дигарон каф кӯбидааст.

Нақшҳои офаридааш дар саҳнаи театру кино бояд аз зовияи касбӣ аз ҷониби ҳунаршиносон баҳо дода шаванд.

Нақшҳои саҳнавӣ қисмате аз эҷодиёти ҳунарии ӯ мебошанд. Дар ин баробар нақшҳои офаридааш дар синамо низ кам нестанд, ки на танҳо дар миқёси Тоҷикистон балки дар хориҷ аз маҳбуб гардидаанд.

Анор аз "Парвози занбӯр"- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз "Муҳоҷир"- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз "Маҳдӣ", Устод аз "Шамсиддини Шоҳин", Озар аз "Муҳити 44-46", Нозимӣ аз силсилафилми "Дар орзуи падар" аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд.

Силсилафилмҳои «Маҳдӣ» ва «Дар орзуи падар», ки Муҳаммадҷон Шодиев дар онҳо нақши асосиро бозидааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд.

Дар ин миён кам нест, филму саҳнаҳое, ки дар он нақш офаридааст дар саҳнаҳову фестивалҳои ҷаҳонӣ ба намоиш нагузошта бошанд.

Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мебошад.

Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. Коргардонӣ пахлӯи нави эҷодиёти ӯро дар бар мегирад.

Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.

Онҳое, ки Муҳаммадҷон Шодиевро аз наздик ба хубӣ мешиносанд, мегӯянд, ки ғурур, тамкин, салобат, виқор ҳамвора аз ӯ ҷудо нест.

Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадҷон Шодиев ваъда намудааст, ки ҳаводоронаш аз ӯ моноспектакле аз руйи ашъори Лоик Шералиро интизор бошанд.

Соли 2005 унвони Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд. Инчунин, дорандаи медал «Барои хизмати шоиста» буда, бо як қатор ифтихорномаҳо аз ҷониби Ҳукумат ва вазорати фарҳанг қадрдонӣ шудааст.
Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Оҷонси иттилоотии TojNews
Фаридун Назмиддинов      04-11-2014 08:38 (ссылка)
Re: Нурулло Мирзоматов

Нухриддини Маҳкампур
Кошифи қонуни ҷозибаи дилҳо
Ба устоди фарҳангиям
Нуриллои Мирзомуҳаммад

Заррашабнам мечакад аз нози мо,
Нағмаҳо мерезад аз овози мо.

Чун ба балдирғони тар лаб мениҳӣ,
Пур зи ово мешавад Понғози мо.

Себи Яҳё мешукуфад мисли пор,
Лола мехезад зи Обандози мо.

Бо такаллум чун расӣ бар базмгоҳ,
Ин ҳама парвози ту − парвози мо.

Шеъри тар меборад аз шаб бар замин,
Ту агар бошӣ суханпардози мо.

Хандапӯшиҳо ба рӯи хашму кин,
Меҳри поки қалби мо, эъҷози мо.

Дар Сари Бозор моро зодаанд,
Дил ба савдо бохтан оғози мо.

Мову ту бе меҳри меҳан нестем,
Мурда–мурда зинда гаштан рози мо.

Бақои фарҳанги мо, ҳатто ваҳдати миллии мо дар гарави ҳифз ва бақои забони давлатист. Бақои забони тоҷикӣ вобаста ба ин аст, ки ин забон битавонад ба сурати як забони зиндаву ҷовидонӣ дар вуҷуди мо реша ба чаҳор сӯ бидавонад ва дар ҳама ҷо ба кор ояд. Тасаввури мо аз омӯзиши забони тоҷикӣ, густариши он дар ҳама ҷо ва мақсуде, ки аз ин кор дар назар дорем, аз ин иборат аст: мо битавонем дар ҳалқаи дӯстону иҳотаи душманон бо сарбаландӣ бигӯем: мо тоҷикем!
Солҳи ҳафтодуми асри гузашта рустои мо ҳанӯз ҳам зери шиканҷаи ҳуҷуми фарҳангии аҷнабиёни муғулзод қарор гирифта буд. Дар зодгоҳи мо, ки он рустои бузурги Понғаз аст, ҳарчанд зиёиён кам набуданд, ҳанӯз мафҳуми миллат ва забони модарӣ вуҷуд надошт. Садо ва симои Тошканд ба василаи радиову телевизион дар ҳар хонадон ҳамаро аз шинохтани ҳуввияти хеш бозмедошт. Робитаи сабзи пунғазиҳои Тошканду Оҳангарону Фарғона бо зодгоҳи бостонӣ ба ҷуз аз муносибати хешу таборӣ таъсири дигаргунае низ мерасонд ва забони гуфтугӯии моро бо калимот ва ибороти бегона махлут мекард. Чунин вазъият хоси ноҳияҳои шимолии сарзамини мо буд. Бояд тазаккур дод, ки аз рустои бузурге, ки беш аз 20 000 аҳолӣ дошт( ва ҳоло анқариб 30 000 аҳолӣ дорад) касе барнахост, ки ба ҷамъ бигӯяд: мо тоҷикем, илло устоди арҷманд Нурилло! Ӯ бо забони фасеҳу ноб дар базмҳо сухан мекард ва ҳунарнамоӣ мекард ва дар андак замоне пайравони зиёдеро пайдо намуд. Ин саҳнаи як ҳунарманди мумтоз буд. Баъд аз ин бо забони модарӣ ҳарф задан дигар чун фазл маҳсуб намешуд, балки шарти зарурии зиндагии иҷтимоӣ буд ва яке аз вазифаҳои нахустини ҷавонони пешсафи тоҷик маҳсуб меёфт. Ҷавонони толибилми худшинос ҳанӯз дар он айём дарк намуданд, ки бе ин ҳадафҳои марбут ба забони модарӣ зиндагии иҷтимоӣ маъно надорад. Бояд ёдовар шуд: Нурилло ва пайравони ӯ насли тилоиҷавонони Понғаз ва ҳатто ҷумҳурии мо буданд, ки дигар амсолашон насли бедорфарҳанг ва хештаншинос дар ҳеҷ давру замон пайдо нашуд. Нуриллои маҳфилоро бо гуфтор ва рафтори ҳамидаи худ тавонист, рустои моро аз хоби гарони бефарҳангӣ ва безабонӣ бедор кунад, вагарна ҷавонони гумроҳ солҳои сол бо навои сарояндагони бегоназабони Тошканду Фарғона дар саҳнаҳои базмҳои гуногун чорхез мезаданд ва бо забони махлутшудаи бегоназада гуфтугӯ мекарданд. Ҳамчунин, бо кӯшиш ва эҳтимоми шахсии ӯ ва пайомадагонаш маҳалгироӣ аз байн рабуда шуд, ки саҳми шоистаи таҳсини ӯст. Забони ноби тоҷикӣ дагар дар базмгоҳон расм шуд. Меҳри қадими ниёгон бо кӯшишҳои ӯ дар дили мардумони ин рустои кӯҳанбунёд оқибат ҷойгузин шуд. Билохира, ҳуҷуми фарҳангии аҷнабиён ба қадри имкон боздошта шуд ва ин ҳимояи қавии Нурилло буд. Аҷаб нест, ки Нурилло рустои худро аз тои дил дӯст медошт, аммо аҷаб ин аст, ки тамоми рустои Понғаз ӯро хона ба хона, кӯ ба кӯ ва гузар ба гузар дӯст медошт. Хабари бозомадани Нурилло ба русто дигар як хабари оддӣ набуд, балки муждаи шодиву сурури бепоёни мардумони саркаши ин рустои қадим ва даврони бозгашт ба асли хеш буд. Лоҷарам, бозгашти Нурулло иди ҷавонон ва наврасони деҳаи Понғоз буд. Суханҳои Нурилло аз даҳан ба даҳан мегузашт, аммо ӯ дигар танҳо маҳфилорои базму сурури рустои Понғоз набуд, балки дар саросари ҷумҳурӣ шӯҳратёр шуд. Барномаҳои рангини ӯ дар садову симои ҷумҳурӣ ҳам басе дилнишину хотирмон буду то ҳанӯз ҳам ҳаст. Аз он рӯзгор мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои шаҳири ҷумҳурӣ мавриди писанди мардумони сарбаланди сарзамини мост. Баъдҳо аз наслҳои баъдинаи ин рустои бузург базмороёни навин бархостанд, аммо дар муқоиса бо устод Нурилло ҳама ҳеҷ буданд: яке ҷилави сухан бар осмон мезад, аммо фарҳанг надошт, дигаре соҳибхирад буд, аммо дар суханрониву шеърхонӣ ҳазор сакта дар забон дошт. Яке дар худороӣ бемонанд буд, дигаре такрор ба такрор байтбаракро дӯст медошт. Ангор: ӯ на маҳфилорост, балки тӯтист. Бояд ангушти қабул ба дида гузошт: наслҳои баъдина наслҳои овора андар кӯю дарҳои бегона шуд, ки дар пайомад забони гуфтугӯии махлутеро ба бор овард, аммо ин ривояти ғариб нест ва мавзӯи дигар аст ва ба ровии бемонанд ва маҳфилорои бемисли мо ҳеҷ иртиботе надорад. Бояд ангушти қабул ба дида гузошт: дигар сарзамини мо дардманди бедавое шуд, ки ҳатто бузургони мо натавонистанд , бо панду насиҳат ва роҳнамоӣ дармонбахши он бошанд, мо чун ҳамеша зочаи дасти дигарон шудем. Баътар аз он даврон ва ҳазор бор бадтар маҳфилороёне пайдо шуданд, ки долларбозу рублталабу сомонхоҳ гаштанд, ки он ҳам мавзӯи мо нест. Бояд тан дардод, дигар он тамошобинони содадилу равшанзамири тоҷик низ ҳам нопайдо шуданд ва ин фазои холиро мардумони бефарҳанг, раққосони ишратпараст ва бекорони майзада фаро гирифтанд. Дигар рӯзгорони пеш аз ин бесомониҳо ба сар омада қиссаву афсона шуд ва мо қиссаву афсонагӯ шудем. Дигар Ҳофиз тасаллибахши дилҳо буд:
Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!
Ёд дорам, базми арӯсу домоде буд, номи онон дигар аз хотири ҳамагон тамоман зидуда шудааст, аммо мусаллам ин аст, ки Нурилло чун барандаи он базм балдирғон хост ва мо бачагон онро аз боғҳои шабнамзада дастрас намудем. Ӯ балдирғонро чун найлабак ба лаб гирифт ва оҳанге навохт. Навои ӯ аҷаб дилнишин буд. Ӯ суруди бачагии моро бо оҳанги ошнои тоҷикона менавохт. Акси садои он гоҳе аз гузари Сари Бозори кӯҳан , гоҳе аз Сари Шах, гоҳе аз кӯҳи Ванд меомад, ин садо банд-банд меомад, гоҳе аз кӯҳи Қалъаи Шах , гоҳе аз кӯҳи Паҳншах, гоҳе аз кӯҳи Лашкарак, гоҳе аз Гузари сабз, гоҳе аз Пушти Гардан, гоҳе аз Нӯҳсанг, гоҳе аз кӯҳи Сиёҳ, гоҳе аз Сӯсор, гоҳе аз дашти Каларз, гоҳе аз Обпар, гоҳе аз Дастак, гоҳе аз Ғазноӣ, гоҳе аз Манзил, гоҳе аз ҷӯи Чанбар, гоҳе аз ҷӯи Миёна чун тарона, гоҳе аз ҷӯи Боло чун шеъри воло, гоҳе аз Пидарг чун сабзбарг, гоҳе аз кӯҳи Дудодарон бо навои булбулон, гоҳе аз Маҳаллаи Пушта ҳамаро бо зарофати худ кушта−кушта ва гоҳе аз Тӯдаи Кабудак бо найлабак. Ҳар садое, ки ӯ сар медод, садои дилнишин ва ошно буд. Бархе аз мардумони бегонапарасти он айём хушхониву меҳанпарастии ӯро намеписанданд, аммо билохира онон низ нигоҳи Нуриллоро пазируфтанд ва дигар садои зарифи Нурулло барои мардумони рустои мо садои бегона набуд. Мо дигар донистем, ки аз куҷоем ва аз кадом мулки ошноем. Банд−банди дили мо пур аз оҳанги ошнои Нурилло шуд. Дар ҳамаи маҳфилҳо суханҳои ӯ перомуни миллат ва хештаншиносӣ вазни кӯҳеро дошт, ки қиёси он андӯҳи дили мардумони дар фазои фарҳангии аҷнабиёнмонда буд. Нурило агар сухан мегуфт, ҳамнавои он суруди обшорон ва булбулони кӯҳӣ буд, ки бо лаҳни шево мехонданд. Тамоми Понғаз дилбохтаи оҳангҳои Нурилло буд, шояд аз он ки ӯ суруди дили мардумони саркашу сарфарози сарзамини худро замзама мекард.
Чанд рӯз пеш баъди солҳои дароз ба дидори ин бузургвор расидам. Ӯ ба саргаҳи Понғаз ба мавзеи Обандоз раҳсипор буд ва ман ба худ тасмим гирифтам, ки ҳамроҳи ӯ бошам. Бад−ин хаёл, ки мӯҳои ин марди бузургвор ва пешвои насли тилоиҷавонони тоҷик сапед шудааст, дилам ба таҳ кӯчид, аммо хушбахтона ин хатои зоҳирбинии ман буд. Сипас ба дил таскин бахшидам: ҳанӯз он меҳри қадим дар дили поки ӯ побарҷост ва ин нишони ҳамешаҷавонии ӯст. Ҳамин рустое, ки дар нигоҳи ман беш аз санглохе нест, дар нигоҳи зебои ӯ биҳиштосо менамуд. Кӯҳсороне, дар нигоҳи ман беш аз шахҳои сокиту сард нест, дар нигоҳи гарми ӯ пайкараҳои зиндае буданд, ки садои дили мардумонро мешунаванд ва дар посух ба русто насими гарм мефиристанд ва ба дилҳо шавқу шӯри дурпарвоз армуғон месозанд. Мо лаб−лаби рӯди равони Понғаз мерафтему ӯ аз меҳри қадими худ ба ин русто ва кӯҳу дашти он сухан мекард ва ман аз ин шодмон мегаштам, ки ногаҳон аз ман пурсид:
−Маҳкампур, оё ту маънои номи рустои моро медонӣ?
− Дар айёми гузашта чиниҳову ёпунҳову кушониён ва беш аз 150 сол пеш русҳо ба сарзамини мо корвон кашидаанд ва ман бо истифода аз он гузоришҳо тадқиқоте мебарам. Дар дилам ҳаст, ки китобе ба номи “ Пунғаз” бинависам.
−Магар мулки мо бесоҳиб аст, ки ҳар кӣ бихоҳад, китобе бо номи “Понғоз” бинависад? Мабодо, коре накунӣ, ки хандаовар бошад!
−Худо нигаҳдор, устод. Ман ҳанӯз маводҳои мавҷударо ҷамъ мекунам. Воқеъан, назари шумо бар ин мавзӯъ барои ман муҳим аст. Агар ин махфӣ нест, шумо метавонед, онро маънидод бикунед.
−Ман фикр мекунам, ки маънои номи рустои мо найистон аст.
−Асоси ин пешниҳоди шумо номи гузари “ Ғазноӣ” аст? Яъне “ғаз” навъи махсуси най аст?
−Оре, ту худ ин матлабро дарёфтӣ!
−Ростӣ, ман бар он сар будам, ки маънои рустои мо “Пуна Ғазна”, яъне хазинаи муқаддас аст, аммо ман ҳанӯз далели мӯътамадтар аз гуфтаҳои шумо надорам ва шояд ҳақ бар ҷониби шумост.
Ӯ посух надод, ин маънои онро дошт, ки ӯ бо тахмини ман розӣ нест ва дар ҳамин ҷо мо бар ин баҳс хотима додем, аммо ман бар онам, ки фарзи ӯ ба ростӣ шабоҳат дорад. Ман бар он сарам, ки Тоҷикистон сарзамини кӯчак ва камзамине нест, агар бо нигоҳи уфуқраси устод Нурилло бар он бо шавқу завқ бингарем...
Ба сарчашмае расидем, ки ба ҷӯи Патан мепайваст. Ӯ бозистоду гуфт:
−Як дам бинишин, Маҳкампур. Кафе бар оби сарчашма бинеҳу кафе ба оби ҷӯ.
Чун бо арзи адаб ин амалро ба ҷо овврдам, гуфт:
−Бо эҳсоси худ қиёс бикун.
−Оби сарчашма сард асту оби ҷӯ гарм, − посух додам ҳамчун омӯзгори физик ва лаб фурӯ бастам. Ӯ нигаҳе ба кӯҳи Бобои Сетан андохту гуфт:
−Ин обҳо бо якдигар ҳамсанг нест. Оби ҷӯ аз дуродур меояд, аз рӯдак меояд ва он аз кӯҳи Бобои Обу Бобои Сетан меояд. Раҳораҳ сар ба печоналафҳову ҳазор гиёҳи хушбӯ мезанад ва бо ҳаво робитаи сабз месозад ва аз ин рӯ судманд аст, аммо оби сарчашма агарчӣ поку беғаш аст, ин гуна хосиятро надорад.
−Устоди арҷманд, магар мардумони босафои болои деҳ партовҳои худро бар об намеандозанд? Магар говону харон ҳини гузаштан аз рӯдак кори ношоям намекунанд ё об се бор биғелад, боз пок мешавад?
−Ҳазор бор биғелад, дигар пок намешавад. Кош ман ин сухан намегуфтам, ки маро аз оби рӯдак дилмонда кардӣ.
Дар ин асно ба дил афсӯс хӯрдам, ки хушбинии як марди табиатдӯст ва ошиқи рустои Понғазро бераҳмона помол кардам, аммо ҳар ду аз тои дил бихандидем. Қариби хонаи устод Ҳайдарӣ ногаҳон гуфт:
−Маҳкампур, ту оё сари кӯҳи баланде садои деҳаро шунидаӣ.
−Магар деҳа садо дорад, устод?
−Ба сари кӯҳе гузару боре бишунав. Аз дуродур садои ғулғулаи мардумон бо насими раҳгузар омехта мешавад. Касе механдад, касе мегиряд, касе об мебандад ва бонг бар мардумон мезанад... Говону харону бузу гӯсфандон садо сар медиҳанд ва дар маҷмӯъ садои деҳро месозанд. Худо хоҳад, соли оянда ба Хирмаҷову Лашкарак меравем ва аз кӯҳи Бобои Сетан ва Бобои Об мегузарем ва ту садои мавҷхези деҳаро мешунавӣ.
−Аҷаб тасвири шоирона ва орзуи нек. –Маро дар ин ҳангом андешае сабзтар аз бурсҳои кӯҳи бузурги Бобои Сетан шуд. Соли оянда кӯҳҳои Бобои Сетану Ванду Бобои Обу Пидарку Қалъаи Шах сар ба осмон мекашанд, то ки фарзанди дилбанд ва сарбаланди худро бубинанд ва ба овои ӯ бо акси садои мавҷхез посух бидиҳанд. Рӯди Понғаз бо садои ӯ танинандоз мешавад. Сабзаҳо мерӯяд ва аз домани кӯҳсорон лола мехезад, то пои дилбастаи ин диёр озор наёбад. Раҳораҳ шохсорони сабз ба ӯ даст медиҳанд: охир устод Нурилло меояд ва ҳар ҷо базму сурур аст...
Мо он рӯз ба дидори мардумони кабиру сағир расидем. Нурилло гаҳе сухан мегуфт ва гаҳе хомӯшу сокит буд, аммо мусаллам ин аст, ки ба ҳар ҳоле дили мардумонро ба даст меовард. Як рӯз бо ӯ будаму рози шаҳирӣ ва маҳбуби мардумон гаштани ӯро дарёфтам: ӯ кошифи қонуни ҷозибаи дилҳост.





‹ Назад   1   · 2 ·