Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

МОДАР ЭЙ ПАЙГАМБАРИ ЗЕБОИ ИШК...

Модар эй волотарин руъёи ишк
Модар эй дилвопаси фардои ишк
Модар эй гамхори бе хамтои ман
Аввалину охирин маънои ишк
Зиндаги бе ту саросар мехнат аст
Зери пои туст танхо чои ишк
Модар эй чашму чароги зиндаги
Калби ранчури ту шуд дарёи ишк
Такягохи хастагихоям туи
Модар эй танхотарин маъвои ишк
Ёди ту ором месозад маро
Аз ту оханге гирифта нои ишк
Савти лолоии ту эъчоз кард
Модар эй пайгамбари зебои ишк
Мохи ман пушту панохи ман туи
Чони ман эй гавхари яктои ишк
Дуст медорам туро девонавор
Аз ту эхё шуд чунин дунёи ишк
Эй аниси лахзахои бекаси
Дар дилам барпо шуда гавгои ишк
Ташнаи огуши гарми ту манам
Ман ки мачнунам туи лайлои ишк.

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу