"Огоҳи ба мардуми Тоҷикистон."
Магар фаромуш кардед маргро?
Ҷаннату Дузахи зоти Ҳақро?
Огоҳ бошед эй аҳли Данғара!
Қабули тавба то вақти ғарғара.
настроение: Alhamdulilloh
"Бар мо фақат даркор аст ризои Аллоҳ таъоло."
Кофирони дунё ҳама дар як ҷо шуданд ҷамъ,
Бо туҳматҳо мехоҳанд, сари муминон кунанд хам.
Ҳама сифати бадро бор мекунанд дам ба дам,
Лек Холиқи ҷаҳон ҳамеша бар муминон ҳамдам.
настроение: Alhamdulilloh
САЛАВОТ БАР МУХАММАД (с.а.в)...
САЛАВОТ БАР МУХАММАД (с.а.в)...
Эй дил зи сидк бар хон,
Салавот бар Мухаммад.
Бигу бо чашми гирён,
Салавот бар Мухаммад.
Ишкаш ба сина чокун,
Чон дар рахаш фидо кун.
Хар субху дам наво кун,
Салавот бар Мухаммад.
Хохи агар ту дидор,
Аз хазрати чахондор.
Хар лахза гу ту бисёр,
Салавот бар Мухаммад.
Аз дида ашк резон,
Шабхо ба ёди чонон.
Бигу аз дилу чон,
Салавот бар Мухаммад.
Боди сабо ту бигзар,
Дар равзаи пайгамбар.
Аз мо бигу мукаррам,
Салавот бар Мухаммад.
Хохи зи Хак ту дидор,
Бигу ба чашми хунбор.
Чун ибни Кози зор-зор,
Салавот бар Мухаммад.
Эй дил зи сидк бар хон,
Салавот бар Мухаммад.
Бигу бо чашми гирён,
Салавот бар Мухаммад.
Ишкаш ба сина чокун,
Чон дар рахаш фидо кун.
Хар субху дам наво кун,
Салавот бар Мухаммад.
Хохи агар ту дидор,
Аз хазрати чахондор.
Хар лахза гу ту бисёр,
Салавот бар Мухаммад.
Аз дида ашк резон,
Шабхо ба ёди чонон.
Бигу аз дилу чон,
Салавот бар Мухаммад.
Боди сабо ту бигзар,
Дар равзаи пайгамбар.
Аз мо бигу мукаррам,
Салавот бар Мухаммад.
Хохи зи Хак ту дидор,
Бигу ба чашми хунбор.
Чун ибни Кози зор-зор,
Салавот бар Мухаммад.
ГУР.
ГУР
Талх бошад умр ё ширин чу канд,
Окибат моро ба гуре мениханд.
Сар ба сар гар ком гирем аз чахон,
Нестем аз чанги мурдан дар амон.
Бигзарад ин шаст ё хафтод сол,
То ба худ оем чун хобу хаёл.
Гар гани бошем ва ё бесозу барг,
Рох бин, басти аст ин дунё ба марг.
Руи Юсуф, ганчи Корун, мулки чам,
Лахзае умрат насозад бешу кам.
Гар чу Юсуф бошадат руи чамол,
Менихандат дар дили чохи завол.
Гар туро бошад чу Рустам чоху зур,
Менахандат окибат дар коми гур.
Чора таслим аст бо мурдан на чанг,
Лахзае на зуд ояд на даранг.
Хеч касро диди аз мурдан бираст?
Ин умедат чун ба холи хеш хаст?
Нест ахде, ки биёи дар чахон,
Лек чун ойи, бимири бегумон.
Зишт бошад феъли ту ё чумла пок,
Чой гири окибат дар зери хок.
Лукмае карди хосил умри гарон,
Чумла бинходи ба коми дигарон.
Лукмае созанд аз чисмат нажанд,
Дар кафан печанду дар гуре ниханд.
Менихандат дар дахони гури танг,
Зери сад хору хоку хишту санг.
Эй хушо онкас, ки ёд овард ин,
Окибат уро хурад гурги замин.
Orzu Rahimov,
01-01-2011 11:01
(ссылка)
Аввал аз Хак ёд куну бисмиллох гуй!
Эй номи Ту бехтарин сарогоз,
Бе номи Ту нома кай кунам боз.
Эй ёди Ту муниси равонам,
Чуз номи Ту нест бар забонам.
Аз зулмати худ рахоиям дех,
Бо нури худ ошноиям дех. (Низоми)
Ба номи Он, ки дил кошонаи уст,
Нафас гарди матои хонаи уст.
Ба номи Он, ки хамдаш кай тавонам,
Адо кардан, ки бас очизбаёнам.
* * * * * * * * * * * * * * * *
Шаб дили ман моили фарёд буд,
Хомуши аз "Ё Раб"-ам обод буд.
* * * * * * * * * * * * * * * *
Хиёлам буи борон дошт,
Ва гул меруид аз андешаам имшаб.
Чароги субх андар ашки Марям нур мепошид,
Худоро ёд мекард аз тиловатхои Куръон решаам имшаб.
(Абдулкодири Рахим)
настроение: Благодарное
Бубин......
Аз хама сухани зебо Аллох аст!!!!! Аз хама мусикии форам Азон аст....
Аз хама машки шифобахш Намоз аст......Аз хама китоби мукаддас Куръон аст!
Аз хама шахси хуб Мусулмон аст........Аз хама мехрубон Ту хасти........
Абдухоликходжа Усмонов,
15-11-2010 21:39
(ссылка)
Без заголовка
Аз хама сухани эебо Аллох аст,аз хама мусикии форам Азон аст,аз хама машки шифобахш Намоз аст,аз хама китоби мукаддас Куръон аст,аз хама шахси хуб мусалмон аст.ИДИ КУРБОН МУБОРАК!!! Ба шумо хушихои зиндагиро хохонем
Без заголовка
Суи офаринандаи бениёз, бибояд ки боши хаме дар гудоз. Зи дастуру ганчур в-аз точу тахт, зи каммиву бешиву нокому бахт. Хам у бениёз асту мо бандаем, ба фармону рояш сарфкандаем. Агар хохи аз хар ду сар обруй!!!! Хама рости кун, хама рост гуй. Пай афкандам аз кохи баланд, ки аз боду борон наёбанд газанд.........Намирам аз ин пас ман зиндаам, ки тухми суханро парокандаам)))))))
Би1, то чахонро ба бад наспарем, ба кушиш хама дасти неки барем....Набошад хаме неку бад пойдор, Хамон бех, ки неки бувад ёдгор, хама хок доранд болину хишт!!!!!Хунук он, ки чуз тухми неки кишт.
СУХАН ДОНИСТА ГУЙ?
Сухан мучизаосост, сехр дорад, бо сухан табобат мекунанд, хатто ривоят аст, ки хазрати Исо бо сухан мурдаро зинда кардааст...........
Ту мабин з-афсуни Исо харфу савт, он бибин, к-аз вай гурезон гашт мавт.
Ту мабин з-афсунаш он лахчоти паст, он нигар, ки мурда барчасту нишаст....
В-агар он нотики кулли забони нукт бигшоди, тани мурда шуди гуё, дили алкан бихандиди!!!
Албатта, арзиши сухану калом ба бораи бори маъни арзёби мегардад. Аз ин ру, гуфтори дуругу бехуда ва дурушту пургуйи таъсири сухану забонро коста ва шахсро беобруву шармсор мекунад???
Дил наёромад, зи гуфтори дуруг, обу равган хеч нафрузад фуруг....
Он суханхои чу мору каждумат, мору каждумат гашту мегирад думат???
Ба дили торику пурзангорашон?Бар забони захру хамчу морашон?
Бар даму дандони сагсорашон?Бар дахону чашми каждумхонашон?
Бар ситезу тасхуру афсусашон? Шукр кун, чун кард ХАК махбусашон????
Гуфтори бад чун мисмор, мехест, ки шахсро шармандаву ради маърака ва дахонбаста мегардонад........
Он хазорон хуччату гуфтори бад. Бар дахонаш гашта чун мисмори бад.......
Гар дихад, худ кай дихад он пурхиял?
Чавзи пусидаст гуфтори дагал......
Сухан аз забони ки гуфта мешавад, мухим аст, зеро хар суха чоеву хар нукта макоме дорад. Вокеан, харфи хокимона дар дасти шахси бехунару носолим либоси ориятиро мемонад::::
Харфи хикмат бар забони нохаким, хуллахои орият дон, эй салим????
Дарнаёбад холи пухта хеч хом, пас сухан кутох бояд, вассалом......
Аз у андешу гуфтанро рахо кун, латифандеш бошад марди камгу.....
Ба дикататон ташаккур:
Дустони азиз!
Харки моро ёд кард, эзид мар-уро ёр бод.
Харки моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Хар ки андар рохи мо, хоре фиканд аз душмани.
Гуле, к-аз боги васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе губор.
Харки моро ранча дорад рохаташ бисер бод.........
Ба хамаи Шумоён барори кор тамоми хушихои зиндагиро таманно дорам.

Домулло Искандари
Авф кун ё Раб,ки дорам рахматат манн илтичо,
Доимо аз кирдори бад авфи ту дорам илтичо.
Гайри Зотат нест ё Раб,осиёнро дастгир.
З-ин сабаб бахри начотам аз ту дорам илтичо.
Гар чи дурр аз даргахат бо ишку исён гаштаам,
Омадам бо чашми тар бар даргохат бо илтичо.
Гайри ту ё Раб наюошад мехрубону дигарам.
Авф кун чурмам,ки гайр аз ту надорам илтичо.
Шармсори даргохат ,руи сиёх овадаам,
Бо чунин шармандаги дорам ба рахмат илтичо.
Аз карм бахши либоси маърифат бар ин Гариб,
Дурр кун аз манн гуноху масъияат бо илтичо.
Гаштаам ах хок пайдо боз дар хокам куни,
Бо чунин чисми заиф дорам ба рахмат илтичо.
Мусафедихои Искандар нишони марги уст.
Бо чунин муи сафед дорам ба рахмат илтичо.
настроение: Alhamdulilloh!
ЭЙ, КИ МЕФАХРӢ ЗИ ХУД
Эй, ки мефахрӣ зи худ Одам Сафиюллоҳ канӣ?
Модари покизаи мо - ҳамдамаш Ҳавво канӣ?
Мавҷаи тӯфони Нӯҳ хушку тарки дунё гирифт,
Соҳиби тӯфон куҷо гардиду он дарё канӣ?
Бо ситам то оташи намруд бурдандаш ба зӯр,
Оташ аз баҳраш гулистон шуд, Халилуллоҳ канӣ?
Сар ба фармони падар биспурд андар зери теғ,
Ҳаст Ҳоҷар интизори ӯ - Забеҳуллоҳ канӣ?
Куштанаш мехост андар маҳд Фиръавни лаъин,
Розгӯи Тури Сино Мӯсии гӯё канӣ?
Дурии фарзанд андар байтулэҳзонаш кашид,
Яъқуби чашминтизори Юсуфи барно канӣ?
Устухони хушк омад аз нигоҳаш дар сухан,
Рафт сӯи осмон Исои Руҳуллоҳ канӣ?
Боиси эҷоди олам нури ӯ гардида буд,
З-ӯ нишон ҳаргиз намеёбам, Расулуллоҳ канӣ?
Чорёри бомурувват роҳи дин паймудаанд.
Шери даргоҳи Илоҳӣ - Ҳайдари аъло канӣ?
Эй Зарифӣ, дил чи бандӣ дар макони бесубот,
Ҳофизи ширинкалому Саъдии доно канӣ?

Ҳиҷоб
Хоҳарону духтарони муслимин
бе хабар аз Уммаҳотул му*минин
Аз Саҳобиёти Уммат ғофиланд
ошиқи фаннонаҳои ғарбианд
Кашф карданд соиду а*ноқи хеш
љалб созанд сад ҷавонро суи хеш
Аз ҳаёву иффату сидқу сафо
дур гаштанду ба худ карданд љафо
Ошиқи расму русуми ғарбиён
аз ҲИҶОБ аст обру ей Дилбарон
Асри нав бар ту сабақҳо дода аст
бе ҳиљобиро тамаддун хонда аст
Аз ғубору дуд чашматро бишу
то бубини ма*нии Шар*ат наку
Аз табарруљ нахй бинмудаст Худо
амри Қуръонат намебини чаро?
Садди боби фитнаҳо бошад Ҳиҷоб
бе ҳиҷоби оварад сад изтироб
Суннату Қуръон бинмо як назар
аз мақоми хеш дони бештар
Дар чаманзори љаҳон ҳамчун гули
роҳи Захро пеша кун гар оқили
Гар ту дори аз саодат љустуљу
гани бахтатро зи Қуронат биљу
Роҳу расми зиндагиро дар љаҳон
карда аст бар ту Худовандат баён
Чодарат рамзи тахаллуф нест, нест
ин ҳама ғавғо дуруғе беш нест
Ҳикмату мантиқ нагуяд ин сухан
гар чи такрораш кунанд дар анљуман
Ин фазилатро нишони бад заданд
бар љабини ў рақам дигар заданд
Гох бар шамси зуҳову руи моҳ
настроение: Alhamduliloh
Без заголовка
Равад муъмин аз ин дунёи пуршур,
Ба тоатхо ба хилватхонаи гур.
Бо У Куръон бо хам ончо дарояд,
Ба токе чониби сар мебарояд.
Дарояд тоату савлу салоташ,
Хама хайру сахо, хачу закоташ.
***
Шайтон ки ронда гашт ба чуз як хато накард
Худро барои сачдаи одам ризо накард,
Шайтон хазор мартаба бехтар зи бенамоз,
Усачда бахри Одаму ин бар Худо накард.
***
Начунбад хеч чумбанда зи як су,
Ннахохат то ки чумбонандаи У.
Ки шох аз пеши худ шох аз кучо шуд,
Кучо солик зи пеши худ гадо шуд.
Агар наккош неконро сириштаст,
Дар инчо зиштонро ки навиштаст.
Хама бо хукми такдираш давонанд.
Ба хар суе ки мехонад равонанд.
Ба хори суи коофирхам набини.
Мабодое фурузад шаъми дини.
Буд то зинда он Хабиби Вадуд,
Дар гамии исиёни умат буд.
Вакти рафтан Хабиби Озода,
Умати,умати гуфта чон дода.
Рузи растохез шавад огоз,
Умати умати гуфта хезад боз.
Вакти рафтан сахтии чон дид,
Гуфт эй Парвардигори Арши Мачид,
Сахтии чон чунин бошад,
Уматонам мутеъи ин бошанд.
Сахтии чони уматтони ман,
Бидех талхии чумларо ба чони ман.
Намонад ба зиндони дузах асир,
Касеро , ки бошад чунин дастгир,
Намонад ба исён касе дар гарав.
Ки дорад чунин саиди пешрав.
Дар чавони тоати чандон накардам вой вой,
Тоати шоистаи рахмон накардам вой вой,
Кори шайтони маро аз рохи хак гумрох кард
Куш дар фели бади шайтон накардам вой вой.
Аз барои тушаи фардо накоштам донае,
Як гуле аз боги амал хандон накардам вой вой
Бо падар ноахл будам аз гурури чохили
Бо бародар шавкату эхсон накардам вой вой,
Доимо аз хеч кардам хонаи динро хароб,
Хонаи худ хеч ободе накардам вой вой
Умри худ барбод додам аз барои нафси шум
Як назар бар ахли гуристон накардам вой вой
Дар чавони тоати шоистаам мушкил набуд
Мушкили худро чаро осон нардам вой вой
На тавофи Каъбаю на хизмати Сохибдиле
Хеч антофе ба дарвешон накардам вой вой
Дар киёму дар, дар рукуъу дар сучуду дар кууд,
Ёди хашру номи У мизон накардам вой вой.

isfara
Bani odam a'zoyi yak paykarand,
Ki dar ofarinish zi yak gavharand.
Chu
uzve ba dard ovarad ruzgor,
Digar uzvhoro namonad qaror.
( Sa'di Sherozi)
Ki dar ofarinish zi yak gavharand.
Chu
uzve ba dard ovarad ruzgor,
Digar uzvhoro namonad qaror.
( Sa'di Sherozi)
Эй бародар тан фуруд овар ба Яздон саҷда кун,
Эй бародар тан фуруд овар ба Яздон саҷда кун,
Саҷда бошад амри ҳақ эй номусулмон саҷда кун.
Банда бе саҳву хато айбу нуқсон нест, нест,
Сар ниҳода бар замин бо чашми гирен саҷда кун.
Гуфт бо дил шуд зи бар моен Расули Мустафо,
То шавад аз ту ризо маъбуди Раҳмон саҷда кун.
Саҷда сози авф месозад Худо ҳар ҷурми ту,
Хоҳи гар еби наӌод аз нори сузон саҷда кун.
Саҷдаи ту мебарад охир туро суи биҳишт,
Мешавад он гаҳ ғуломат ҳуру ғилмон саҷда кун.
Офарид одам зи хок он дам Худованди карим,
Гуфт бар ҷамъи малоик назди инсон саҷда кун.
Сар кашид аз саҷдаи бесуз зи даргаҳ ронда шуд,
То нагарди душмани ҳақ ҳамчу шайтон саҷда кун.
Аслу наслат қатрае обест мағрури зи чист?
Хоксори пеша гиру назди субҳон саӌда кун.
Ҳар саҳар бархез бо саҷда Худоро ед кун,
Қалби ту равшан шавад аз нури имон саҷда кун.
Дар масал омад сари хамро набуррад дашнае,
То набурад гарданат шамшери даврон саҷда кун.
Ҳар яке даъвои насли оли Сомон мекунем,
Пас бие эй дуст ҳамчун оли Сомон саҷда кун.
Раҳбарони даври мо гуянд озод аст дин,
Пас баҳона чист эй гумроҳу нодон саҷда кун.
Ин ҳама нуру сафо аз файзи истиқлол бувад,
Баҳри ободии мулки Тоҷдорон саҷда кун.
Қорие коми тавони уммати арзанда бош ,
То шавад он шоҳи хубон шофеъи ту саҷда кун.

Шунав ин кисаи Лукмон хуш дор,
Ба аввал бандаи шахсе гирифтор.
Шабе омад сари болини Мавлон,
Бигуфт- эй марди гофил хез аз чо.
Ки, бар човиб бихишт омада ризвон,
Ба гофил дузахи пур нору сузон.
Бихиштхохон чунин бегам нахобанд,
Гадояш дар тазаруъо биёбанд.
Бигуфт- рав эй гулом Эзид Рахим аст
Барои бенавоёнаш Карим аст,
Бигуфт Лукмон агар арзан бикори,
Ба фардо хеч гандум бар наори.
Карим хасту вале Каххор хам хаст,
Рахим аст аз газаб Чабборхам хаст.
Бахои тоаташ оранда боши !
Зи кахраш хам магар тарсанда боши.
Бахои тоатат айши бихишт аст.
Барои бандаги Холик сириштаст.
Бикош бори ибодат дар чавони,
Ба тоат куш чандон, ки тавони .
Ба пири куввати тоаъат намонад,
Ва ё Кобиз туро фурсат намонад,
Мабодое, ки бе тавба бимири,
Зи бори нахли умрат барнагири.
Ба аввал бандаи шахсе гирифтор.
Шабе омад сари болини Мавлон,
Бигуфт- эй марди гофил хез аз чо.
Ки, бар човиб бихишт омада ризвон,
Ба гофил дузахи пур нору сузон.
Бихиштхохон чунин бегам нахобанд,
Гадояш дар тазаруъо биёбанд.
Бигуфт- рав эй гулом Эзид Рахим аст
Барои бенавоёнаш Карим аст,
Бигуфт Лукмон агар арзан бикори,
Ба фардо хеч гандум бар наори.
Карим хасту вале Каххор хам хаст,
Рахим аст аз газаб Чабборхам хаст.
Бахои тоаташ оранда боши !
Зи кахраш хам магар тарсанда боши.
Бахои тоатат айши бихишт аст.
Барои бандаги Холик сириштаст.
Бикош бори ибодат дар чавони,
Ба тоат куш чандон, ки тавони .
Ба пири куввати тоаъат намонад,
Ва ё Кобиз туро фурсат намонад,
Мабодое, ки бе тавба бимири,
Зи бори нахли умрат барнагири.
Бояд акнун гӯямат, эй ёри Ҳақ,
Бояд акнун гӯямат, эй ёри Ҳақ,
Бар кӣ омад ин ҳама гуфтори Ҳақ?
Ҷибриил овард аз лавҳи Худо,
Бар Муҳаммад ин китоби бебаҳо.
Ин китоби Ҳақ бувад, эй нуктадон,
Нест шакку шубҳае дар ҳарфи он!
Муттақиёнро ҳидоят мекунад,
Ҳукми Ҳақ бар мо ҳикоят мекунад.
Инчунин гардад суоле ёдрас,
Муттақиву ҳам ҳидоят чист пас?
Муттақӣ тақво кунад дар ёди Ҳақ,
Ҳар нафас, ҳар кори ӯст бо ёди Ҳақ.
Муттақӣ он аст бо сад изтироб,
Мекунад аз куфри мушрик иҷтиноб.
Ошиқи Холиқ бихонад хешро,
Камтар аз ҳар кас бидонад хешро.
Чун ба тақво ҳар кӣ одат мекунад,
Тӯшаи рӯзи қиёмат мекунад.
Лек дар маънову тафсири "ҳудан",
Бишнав аз фарҳанги лангардори ман.
Гуфт дар ҷое Худованди Карим,
"Мутаққиро шуд сироташ мустақим.
Инчунин лутфест аз алтофи Ҳақ,
Васфи он кай гунҷад андар ин варақ
Бар кӣ омад ин ҳама гуфтори Ҳақ?
Ҷибриил овард аз лавҳи Худо,
Бар Муҳаммад ин китоби бебаҳо.
Ин китоби Ҳақ бувад, эй нуктадон,
Нест шакку шубҳае дар ҳарфи он!
Муттақиёнро ҳидоят мекунад,
Ҳукми Ҳақ бар мо ҳикоят мекунад.
Инчунин гардад суоле ёдрас,
Муттақиву ҳам ҳидоят чист пас?
Муттақӣ тақво кунад дар ёди Ҳақ,
Ҳар нафас, ҳар кори ӯст бо ёди Ҳақ.
Муттақӣ он аст бо сад изтироб,
Мекунад аз куфри мушрик иҷтиноб.
Ошиқи Холиқ бихонад хешро,
Камтар аз ҳар кас бидонад хешро.
Чун ба тақво ҳар кӣ одат мекунад,
Тӯшаи рӯзи қиёмат мекунад.
Лек дар маънову тафсири "ҳудан",
Бишнав аз фарҳанги лангардори ман.
Гуфт дар ҷое Худованди Карим,
"Мутаққиро шуд сироташ мустақим.
Инчунин лутфест аз алтофи Ҳақ,
Васфи он кай гунҷад андар ин варақ
настроение: Alhamduliloh
Без заголовка
Бисмилоҳир раҳмонир раҳим
Ғазалиёти Мавлави Ч,унуни
Эй мусулмонон,ман аз дори фано кардам сафар,
Мубтало будам ба дарди бедаво кардам сафар.
Ман надидам дар чаҳон чуз меҳнату ранҶу алам,
Аз фанои бебаҳо бо сад чафо кардам сафар.
Монд қасру молу мулку дутон,фарзанду зан,
Бо фиғону нола шуд,амри Худо кардам сафар.
Умрҳо бигзашт андар ғафлати ҳавову ҳавас,
Ту2шаи роҳе надорам,бе наво кардам сафар.
Гарчи будам чанд рузе андар ин мотамсаро,
Оқибат хурдам ман аз тири қазо кардам сафар.
Нест чои истиқомат,эй писар дунёи дун,
Эй Чунуни,монд ин арзу само кардам сафар.
ғарқ андар баҳри исёнам,Худоё даст гир,
Мубталои нафси шайтонам Худоё даст гир.
Ман ба дасти хеш кардам руи худ гарчи сиёҳ,
Аз гуноҳи худ пушаймонам, Худоё даст гир.
Касрати тавфиқ бахшу суи худ кун раҳнамо,
Дар либоси фисқ пинҳонам,Худоё даст гир.
Бо вучуди кардаи худ бурдаам дасти тамаъ,
Деҳ зи чоми бода чандонам,Худоё даст гир.
Гарчи кардам ман гунаҳ,чавру ситам бар чони хеш,
Мустаҳиқи баҳри ғуфронам,Худоё даст гир.
Бо умед аз номи Раҳмон шав, зи Қаҳораш битарс,
Гарчи дорад мағфират аз гулхани нораш битарс.
Бандаги ин аст,гар сози ба амраш инқиёд,
Ҳамчу барги бед ҳам ,аз тарки гуфтораш битарс.
Дур бош аз кизбу ғайбат аз фаъоли нораво,
Куҳ куҳе дар чаҳаннам каждуму мораш битарс.
бори исёнат бо душу роҳи пурхавфу хатар,
Эй писар,зинҳор аз ғавғои бозораш битарс.
Ноумеди ҳам макун,бо карда ҳам мағрур мабош,
Эй Чунуни,доимо аз хавфи озораш битарс.
Ба уммедам,вале аз номи Қаҳҳори ту метарсам,
Ки чуёи ризоам,ман зи озори ту метарсам.
Зи куҳи қоф чандин ҳиса афзун аст исёнам,
ба рузи "Ҳал мазид" аз гулхани нори ту метарсам.
Намедонам,киро хони,наям воқиф,киро рони?
Наям эмин ҳамеша зи озори ту метарсам.
Ки балъам муртад,насуҳ мақбули даргоҳат,
Чиҳат ин аст,доим ман зи асрори ту метарсам.
Ба бозори қиёмат шоҳбозон бе пару боланд,
Чунунам ҳам забун бисёри ту метарсам.
Сокиё маст ба каф чоми шароб омадаи,
Хайра мақдам,ки ба ҳангоми шубоб омадаи.
Эй тағофул ту чаро тушаи фардо накуни?
Ё магар аз чиҳати хурдану хоб омадаи?
Аз баҳри роҳати тан халқ накардаст туро,
Балки бо бандагиву кори савоб омадаи.
Сари муе,ки гузаштаст ҳисоб аст ҳама ,
Бари ҳар зарра ту ин чо ба чавоб омадаи.
Гар кунад раҳм ба ҳолат,гузарат хайрият аст,
Варна дар Қулзуму гирдоби азоб омадаи.
Ҳеч медони,Чунуни,ки дар ин кулбаи ғам,
Балки аз катми адам по ба рикоб омадаи.
Хушк мегардад ба фардо ин даҳон аз ташнаги,
Мебарояд аз даҳони кас забон аз танаги.
Рух бигардонад, қади найза фарояд офтоб,
Мезанад фарёд ҳар пиру чавон аз ташнаги.
Оҳани тафсон заминаш,мағзи сар ояд ба чуш,
Аҳли маҳшар мекунад шуру фиғон аз ташнаги.
ҳадди ҳар кас нест, по монад дар он тафси замин,
Мешавад ҳар кас ба ҳар суе давон аз ташнаги.
Ончунон рузе ҳарифон ҳам ба худ дармондаанд,
Лахти хун бигрифта атрофи лабон аз ташнаги.
Шермардонро агар ҳол инчунин бошад, дареғ,
Чун шавад аҳволи мо бечорагон аз ташнаги?
Абри раҳмат дарфишон кун, ё рабб,аз лутфу карам,
Аз ҳароратҳо бисузад осиён аз ташнаги.
Ё Расулаллоҳ зи ҳавзи кавсарат сероб кун,
Хушклаб ончо намонад умматон аз ташнаги.
Эй Чунун,инчо ту кори хештан дониста кун,
То намони ал-аташгу он замон аз ташнаги.

Намоз
Намоз
Бидон,эй муъмини покизакирдгор,
Намози хешро дар вақт бигзор.
Ба рузи ҳашр аввал аз салотат,
Ҳамепурсад худо пас аз закотат.
Дигар аз рузаву Ҳач, эй мукаррам,
Зи ҳаққи муслимин аз баъди он ҳам.
Намози хешро наку гузори,
Ба хавфу хашят доим базори.
Макун андар намоз, эй дуст, тақсир,
Ки то бошад ба рузи ҳашр тавфир.
Бувад бар ту намози бомдодон,
Ки то осон бигардад кандани чон.
қабул афтад туро чумла иботад,
Намози зуҳри ту,эй босаодат.
Зи баҳри пок гаштани аз гуноҳон,
Намози аср бошад,эй мусалмон.
Гузаштан аз сиротат бар ту осон,
Намози шомро аз баҳри он дон,
Ки аз торикии гурат амон аст,
Намози хуфтани аз баҳри онаст.
Зи Иброҳим пешин,эй мукаррам,
Намози бомдод омуз зи Одам.
Намози шом аз Исост, эй чон,
Намози дигараз Юнус ҳамедон.
Намози витр аз пайғамбари мост,
Намози хуфтан,эй муъмин,зи Мусост.
Намоз,эй дуст, кори покбоз аст,
Намоз,эй дуст,розасту ниёзаст.
Намоз,эй дуст,кори анбиё шуд,
Намоз,эй дуст,кори авлиё шуд.
Ба у хоҳи гузашт аз роҳи борик,
Намозат муниси шабҳои торик.
Намозат роҳати тан,низ чон аст,
Намози ту садои душманон аст.
Номозат шуд дуоятро ичобат,
Намозат шуд қабули чумла тоат.
Намозат асли имонаст,эй ёр,
Намозат файзи Раҳмонаст дидор.
Намозат соя бошад рузи машҳар,
Намозат муниси гур аст, бингар.
Намоз аз оташи дузах начотат,
Намозат бигзаронад аз сиротат.
Нигаҳдорандаи гурат Аҳад шуд,
Намозат рушнои лаҳад шуд.
Намозатро гарони шуд ба мизон,
Намозат дурии ғамҳои даврон.
Намозат сойяи рузи қиёмат,
Намозат дур дорад аз надомат.
Намозат парда аст аз нори сузон,
Нигаҳ дорад намозат бар ту имон.
Намозатро сари имон ҳамедон,
Касеро сар набошад, нест имон.
Сутуни дин намозаст,эй бародор,
Намозат нест, дини туст абтар.
Чаро ғофил аз он рузи шумори,
Намози хешро вақташ гузори.
Ҳаётат доду сиҳат доду қудрат,
Ҳамин тавфиқ бошад баҳри тоат.
Макун дигар баҳона,эй чавон мард,
Намозатро ҳамебояд адо кард.
Расули ҳақ ҳабиби хоси Раҳмон,
Чунин фармуд рузе у ба ёрон.
Касе тарк оварад намози бомдодон,
Аз у безор гардидааст Қуръон.
Намози зуҳрро тарк оварад ҳай,
Малоик мешавад безор аз вай.
Чудигар тарк оварад,эй мусалмон,
Шавад безор аз он кас низ имон.
Ҳар он кас тарк месозад ишоро,
Зи худ безор гардонад худоро.
Бидон,эй муъмини покизакирдгор,
Намози хешро дар вақт бигзор.
Ба рузи ҳашр аввал аз салотат,
Ҳамепурсад худо пас аз закотат.
Дигар аз рузаву Ҳач, эй мукаррам,
Зи ҳаққи муслимин аз баъди он ҳам.
Намози хешро наку гузори,
Ба хавфу хашят доим базори.
Макун андар намоз, эй дуст, тақсир,
Ки то бошад ба рузи ҳашр тавфир.
Бувад бар ту намози бомдодон,
Ки то осон бигардад кандани чон.
қабул афтад туро чумла иботад,
Намози зуҳри ту,эй босаодат.
Зи баҳри пок гаштани аз гуноҳон,
Намози аср бошад,эй мусалмон.
Гузаштан аз сиротат бар ту осон,
Намози шомро аз баҳри он дон,
Ки аз торикии гурат амон аст,
Намози хуфтани аз баҳри онаст.
Зи Иброҳим пешин,эй мукаррам,
Намози бомдод омуз зи Одам.
Намози шом аз Исост, эй чон,
Намози дигараз Юнус ҳамедон.
Намози витр аз пайғамбари мост,
Намози хуфтан,эй муъмин,зи Мусост.
Намоз,эй дуст, кори покбоз аст,
Намоз,эй дуст,розасту ниёзаст.
Намоз,эй дуст,кори анбиё шуд,
Намоз,эй дуст,кори авлиё шуд.
Ба у хоҳи гузашт аз роҳи борик,
Намозат муниси шабҳои торик.
Намозат роҳати тан,низ чон аст,
Намози ту садои душманон аст.
Номозат шуд дуоятро ичобат,
Намозат шуд қабули чумла тоат.
Намозат асли имонаст,эй ёр,
Намозат файзи Раҳмонаст дидор.
Намозат соя бошад рузи машҳар,
Намозат муниси гур аст, бингар.
Намоз аз оташи дузах начотат,
Намозат бигзаронад аз сиротат.
Нигаҳдорандаи гурат Аҳад шуд,
Намозат рушнои лаҳад шуд.
Намозатро гарони шуд ба мизон,
Намозат дурии ғамҳои даврон.
Намозат сойяи рузи қиёмат,
Намозат дур дорад аз надомат.
Намозат парда аст аз нори сузон,
Нигаҳ дорад намозат бар ту имон.
Намозатро сари имон ҳамедон,
Касеро сар набошад, нест имон.
Сутуни дин намозаст,эй бародор,
Намозат нест, дини туст абтар.
Чаро ғофил аз он рузи шумори,
Намози хешро вақташ гузори.
Ҳаётат доду сиҳат доду қудрат,
Ҳамин тавфиқ бошад баҳри тоат.
Макун дигар баҳона,эй чавон мард,
Намозатро ҳамебояд адо кард.
Расули ҳақ ҳабиби хоси Раҳмон,
Чунин фармуд рузе у ба ёрон.
Касе тарк оварад намози бомдодон,
Аз у безор гардидааст Қуръон.
Намози зуҳрро тарк оварад ҳай,
Малоик мешавад безор аз вай.
Чудигар тарк оварад,эй мусалмон,
Шавад безор аз он кас низ имон.
Ҳар он кас тарк месозад ишоро,
Зи худ безор гардонад худоро.
ХУДОРО ФАРОМУШ НАКУНЕД!!!
Агар ибодати ман аз бахри Чаннатат бошад,
Маро аз он Чаннатат махрум бикун, Худоё.
Ва ё гиряхои ман аз тарси Дузахат бошад,
Маро ба он Дузахат махкум бикун, Худоё!
Аммо ба Рузи Махшар, Ту эй холики Акбар,
Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!
Ба хаждах хазор олам ягона подшох туи,
Зи холи бандагони худ хамеша огох туи,
Ба банда пушту паноху хамеша хамрох туи,
Дигар хама гунахкорем, факат бегунох туи.
Худат магфираткунанда, худат рахнишондиханда,
Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!
Чи хуш, ки ошикат шудам, илохи, ошиктарам кун,
Дар оташи ишки покат, бисузу хокистарам кун,
Ман умри бокимондаро фидои номат мекунам,
Туро факат мепарасатам, ба ту ибодат мекунам.
Пагох рузи Киёмат, Ту эй сохиби каромат,

БА ҶУЗ Ӯ КАСЕ ОЛИМИ ҒАЙБ НЕСТ
Ба номи Худое, ки Субҳон бувад,
Бурун аз маконҳову имкон бувад.
Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин аст,
Кариму Самад, Ҷомиъу Мӯҳсин аст.
Замин дар тайи Арш ҷо кардааст,
Ду зидро ба ҳам ҷо ба ҷо кардааст.
Худое, ки ҷонро азиз офарид,
Зи ночиз ҳазорон чиз офарид.
Худое, ки аз нор нур мекунад,
Зи хок одам, аз ғам сурур мекунад.
Баландию пастинамо ӯ бувад,
Ҳамеша Рабби Кибриё ӯ бувад.
Падид орад аз хок хору гиёҳ,
Кунад гавҳар аз сангу в-аз занг моҳ.
Ӯ бинҳод ба мардум қазову қадар,
Ба ҳар лаҳзае мекунад ӯ назар.
Чу дил пок бошад, набинад дар он,
Ба покӣ дили пок бояд, бидон!
Диле ҷӯ, ки он дил назар оварад,
На он дил, ки бар ту зарар оварад.
На ҳар дил бувад дил, на ҳар роҳ сабил,
На ҳар сабр аст, чу сабран ҷамил.
Набошад ба ҳар шох бору самар,
Садафҳо на ҳар як биёрад гуҳар.
На ҳар қавл қавли накӯ равшан аст,
На ҳар сина ҷойи бузурги фан аст.
Ба ҷуз он Худо пок аз айб нест,
Ба ҷуз Ӯ касе олими ғайб нест.
Ту то бошӣ зикри Худованд кун,
Ҳама роҳи ғафлат ба худ банд кун.
Фасона махон аз дурӯғу ғурур,
Ту биноӣ, худро макун шахси кӯр.
Бурун аз маконҳову имкон бувад.
Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин аст,
Кариму Самад, Ҷомиъу Мӯҳсин аст.
Замин дар тайи Арш ҷо кардааст,
Ду зидро ба ҳам ҷо ба ҷо кардааст.
Худое, ки ҷонро азиз офарид,
Зи ночиз ҳазорон чиз офарид.
Худое, ки аз нор нур мекунад,
Зи хок одам, аз ғам сурур мекунад.
Баландию пастинамо ӯ бувад,
Ҳамеша Рабби Кибриё ӯ бувад.
Падид орад аз хок хору гиёҳ,
Кунад гавҳар аз сангу в-аз занг моҳ.
Ӯ бинҳод ба мардум қазову қадар,
Ба ҳар лаҳзае мекунад ӯ назар.
Чу дил пок бошад, набинад дар он,
Ба покӣ дили пок бояд, бидон!
Диле ҷӯ, ки он дил назар оварад,
На он дил, ки бар ту зарар оварад.
На ҳар дил бувад дил, на ҳар роҳ сабил,
На ҳар сабр аст, чу сабран ҷамил.
Набошад ба ҳар шох бору самар,
Садафҳо на ҳар як биёрад гуҳар.
На ҳар қавл қавли накӯ равшан аст,
На ҳар сина ҷойи бузурги фан аст.
Ба ҷуз он Худо пок аз айб нест,
Ба ҷуз Ӯ касе олими ғайб нест.
Ту то бошӣ зикри Худованд кун,
Ҳама роҳи ғафлат ба худ банд кун.
Фасона махон аз дурӯғу ғурур,
Ту биноӣ, худро макун шахси кӯр.
настроение: Alhamduliloh
БА НОМИ ХУДОВАНДИ ҶОНУ ХИРАД
Санову ҳамд мегӯям Худоро,
Дуруд бодо Муҳаммад Мустафоро.
Зи мову аҳли кишвар, эй азизон,
Салом бод чор ёри босафоро!
Дуову сад дуруд гӯям, бародар,
Зи ҷон аҳли Бақиъу муъаллоро!
Ҳамехоҳам зи даргоҳи Илоҳӣ,
Наҷоти аҳли тақвову вафоро!
Дуогӯям дар ин авроқи рангин,
Диҳад инсоф Худо шоҳу гадоро!
Барори кору комёбӣ ҳамеша,
Насиб гардад раису вузароро!
Тани пӯшидаву серӣ, Худоё,
Насиб гардон тамоми фуқароро!
Мисоли Макка серу тинҷ гардон,
Худоё, ин замину ин диёрро!
Худовандо, ба деҳқонони тоҷик,
Намо рӯзӣ барори кишту корро!
Насиҳат гӯш созед, эй рафиқон,
Бидонед қадри нон, обу ҳаворо!
Агар бошед ватанхоҳу ватандӯст,
Бидонед қадри сулҳу ҳам салоро!
Ба ҳаққи Аршу Курсият, Илоҳо,
Қабул фармо зи моён ин дуоро!
Дуруд бодо Муҳаммад Мустафоро.
Зи мову аҳли кишвар, эй азизон,
Салом бод чор ёри босафоро!
Дуову сад дуруд гӯям, бародар,
Зи ҷон аҳли Бақиъу муъаллоро!
Ҳамехоҳам зи даргоҳи Илоҳӣ,
Наҷоти аҳли тақвову вафоро!
Дуогӯям дар ин авроқи рангин,
Диҳад инсоф Худо шоҳу гадоро!
Барори кору комёбӣ ҳамеша,
Насиб гардад раису вузароро!
Тани пӯшидаву серӣ, Худоё,
Насиб гардон тамоми фуқароро!
Мисоли Макка серу тинҷ гардон,
Худоё, ин замину ин диёрро!
Худовандо, ба деҳқонони тоҷик,
Намо рӯзӣ барори кишту корро!
Насиҳат гӯш созед, эй рафиқон,
Бидонед қадри нон, обу ҳаворо!
Агар бошед ватанхоҳу ватандӯст,
Бидонед қадри сулҳу ҳам салоро!
Ба ҳаққи Аршу Курсият, Илоҳо,
Қабул фармо зи моён ин дуоро!
настроение: Alhamduliloh
Қуръон шикоят мекунад!
Охир ин Қуръон ҳама ваҳйи Худои Акбар аст,
Охир ин оёти равшан мӯъҷизи пайғамбар аст,
Ин Каломуллоҳ амонат аз Расули Азҳар аст,
Ҳеҷ кофир бо амонат ин хиёнат мекунад?
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
Рӯзи маҳшар дар миёни анбиёву авлиё,
Мекунад Қуръон шикоят дар бисоти Кибриё,
Мезананд аз ғам ба сар пайғамбарону асфиё,
Пас Худо ташкили девони адолат мекунад.
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
«Ман чӣ кардам бо шумо, ин қисм хорам кардаед?
Пеши ҳар ломазҳабе беэътиборам кардаед?
Дар миёни кӯча пургарду ғуборам кардаед?
Ҳеҷ кас бо дину оин ин шаноат мекунад?.»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
«Ман каломи рӯҳбахши кибриёӣ будаам,
Мӯъҷизи Пайғамбар, илҳоми худоӣ будаам,
Ман куҷо эй қавм асбоби гадоӣ будаам?
Ҳар касе аҳкоми динашро риоят мекунад.»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
«Ҳеҷ Тавроте шуда пеши яҳудон мисли ман?
Ҳеҷ Инҷиле ба хок афтода ғалтон мисли ман?
Ҳеҷ Занде гашта помоли маҷусон мисли ман?
Ҳеҷ ҳиндуе чунин зулму фазоҳат мекунад?»

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу