Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
Firdavsi Azam, 06-04-2013 09:50 (ссылка)

Инчо сукути шахри шумо мекушад маро




Оё барои як шаби ман мешави сахар?


Эй аз барои кучаи шеьрам ту рахгузар!


Биншин даме аз ин хама гавго сухан кунам


Харфе бигуямат ба ту аммо ки мухтасар


Инчо сукути шахри шумо мекушад маро


Вакте касе намегирад аз холи дил хабар


Ман
хастаам аз ин хама оромихои пуч


Эй бод
рахгузар ки шуди бо худат бубар


Харфе зи гилахову шикоят намезанам


Вакте ки шонахои ту бошад маро сипар


Шеьрам кабутарест барои  париданаш


Магзор то шикаста шавад харду болу пар


Инчо касе намешунавад харфи синаро


Фирдавс харфи бад ба шумо гуфтааст магар?

Firdavsi Azam, 06-04-2013 09:49 (ссылка)

Газале барои Ту




Ин шеьр бе хузури ту чоно, намешавад


Чун вожа бе хаёли ту маьно намешавад


Эй шахриёри шахри газалхои дилнишин


Дунё бидуни чашми ту зебо намешавд


Рузе агар набинаму шеьре нагуямат


Дархои бастаи газалам во намешавад


Дар лобалои хар газали ошиконаам


Тавсифи чашмхои гулат чо намешавад


Як лахза хостам ки шавам бехаёли ту


Чонам ки бе хаёли ту аммо намешавад


Холо зи боби ошики харфе магу ба ман


Хар сохиби нафас ки Масехо намешавад


Фирдавс аз барои ту бинвишта аст газал


Мактаъ ки бенишони ту имзо намешавад

Firdavsi Azam, 03-03-2013 19:21 (ссылка)

Дар интизори Субх

Ман

Барои онки дасти сарди Шабро
Гираму руи шонаи нукрафоми  духтари Субх гузорам...
Медони?
Чандшамьро рушан намудам?

Firdavsi Azam, 03-03-2013 19:20 (ссылка)

Ох эй ОЗОДИ!!!



Шояд
Барои гуфтани як шеьри сиёси кофист,
.... ки бигуем
Ох эй ОЗОДИ!!!

Firdavsi Azam, 08-02-2013 19:59 (ссылка)

Сояи дилтанги

Гуш кун эй 
дили озурдаи ман
Мешунави?
Пушти ин панчарахои баста
Осмон мегиряд
Бод дар куча хукумат дорад
Шохахо,
Хама вахшатзада аз силии ин бод
Кучахо холи
Ва шабе бемахтоб...
Пушти ин панчарахои баста
Чи кадар бемаьност-
Дидани чангали холи зи дарахт
Кучаи бе обир.....
Ох...
Соати зиндаги инчо кунд аст
Хамачо урён аст...
Сояи хомуши
Сояи дилтанги
Хокими минтакаи Танхоист.

Firdavsi Azam, 15-01-2013 12:45 (ссылка)

Медоду дафтару айнак....







Ба кунчи хонае танхо нишаста


Барои хотири фардо нишаста


Медоду дафтару айнак каноре


Хирадманде канори мо нишаста

Firdavsi Azam, 15-01-2013 12:29 (ссылка)

Аз хар ду нигохи ту газал мерезад








Аз шахди лабони ту асал мерезад


Аз хар ду нигохи ту газал мерезад


Борони чакидахои  нобам, имшаб


Аз шонаи ту багал-багал мерезад

*** Bedil***, 23-12-2012 18:18 (ссылка)

Зи дасти зохиду обид хаме паймона мебинам



Чи расми ошноихост, хама бегона мебинам
Кучо фарзонагихо шуд, хама девона мебинам
Дигар дар кулбахои мо намехандад лаби шамье
Ба ин парвонахо инак хама парво на мебинам
Мухаббат аз миён рафта садокат ноаён рафта
Зи дасти рузгори мо чахон вайрона мебинам
Биё соки шаробе дех ки то як дам биосоям
Зи дасти зохиду обид хаме паймона мебинам
Ман имшаб дар канори ту намегуям шикоятхо
Кунун гамхонаи дилро хама гулхона мебинам
Дигар эй пири фарзона магу харфи насихатро
Хакикатро дар ин дунё факат афсона мебинам


Фирдавси Аьзам



Dilov@R



*** Bedil***, 23-12-2012 18:13 (ссылка)

Бахудо пеши шумо аз рахи ёр омадаам



Бо хама неку бади хеш канор омадаам

Гуфти ойина шавам, ойинавор омадаам

Ман ки худ сокини як дехкадаи пойизам

Аз рахи хотира дунболи бахор омадаам

Дигар, имруз чахон шеьри маро мехонад

Гуи чун як газали тоза ба кор омадаам?

Аз сару сурати ин хома газал мерезад

Рузгорест, ки ман масту хумор омадаам

Ман агар омадам имруз ба дидори шумо

Бахудо пеши шумо аз рахи ёр омадаам


Фирдавси Аьзам



Dilov@R


Firdavsi Azam, 20-12-2012 20:00 (ссылка)

Эй войи лахзахо


Эй войи лахзахо, ки маро дур мекунед
Кай мераседу тирагиро нур мекунед?
Ман пушти пардахои ЗАМИН мекашам нафас
Нодида мегиреду маро гур мекунед!
ОХИР чи гуна рох равам бе асои ишк
Вакте ки чашми бахти маро кур мекунед.

Firdavsi Azam, 05-12-2012 07:06 (ссылка)

Ба руи ойинахоям губор мегиряд


Ба руи ойинахоям губор мегиряд
Ва пушти панчараам интизор мегиряд
Дилам гирифта аз ин лахзахои беранги
Ки чашми сонияхо бекарор мегиряд
Ба пушти хотирахоям,хазору як бугз аст
Хануз дай нарасида, бахор мегиряд
Биёву соате бо издихоми ман биншин
Ки рухи бекасиям руи дор мегиряд
Агарчи пойи расидан хамеша кутох аст
Биё ки бе ту маро рузгор мегиряд
Канори кофияхо дард мекашам, имшаб
Радифи ин газалам бешумор мегиряд
Чу халка-халка бурун мекашидам охамро
Ба руи мавчи лабонам сигор мегиряд
---------------------------------------------
به روی آیینه هایم غبار می گرید
و پشت پنجره ام انتظار می گرید

دلم گرفته از این لحظه های بی رنگی
که چشم ثانیه ها بی قرار می گرید

به پشت خاطره هایم هزار و یک بغض است
هنوز دی نرسیده، بهار می گرید

بیا و ساعتی با ازدحام من بنشین
که روح بی کسیم روی دار می گرید

اگرچه پای رسیدن همیشه کوتاه است
بیا که بی تو مرا روزگار می گرید

کنار قافیه ها درد می کشم امشب
ردیف این غزلم بی شمار می گرید

چو حلقه حلقه برون می کشیدم آهم را
به روی موج لبانم سیگار می گرید

Firdavsi Azam, 21-11-2012 13:21 (ссылка)

Батни нигох



Дар як танафусат
Ман дидаaм чи гуна хама шеърхои ман
Аз дасти вожахо
Ори зи вазну кофияву колабу радиф
Бар руи баргахо,
------аз батни як нигохи Ту 
Тавлид мешаванд


______________________________________________
______________________________________________
Бе ту будан будани нобудан аст
Бо ту будан зиндаги худ будан аст

Firdavsi Azam, 20-11-2012 19:02 (ссылка)

Зи дасти зохиду обид хаме паймона мебинам


Чи расми ошноихост, хама бегона мебинам
Кучо фарзонагихо шуд, хама девона мебинам
Дигар дар кулбахои мо намехандад лаби шамье
Ба ин парвонахо инак хама парво на мебинам
Мухаббат аз миён рафта садокат ноаён рафта
Зи дасти рузгори мо чахон вайрона мебинам
Биё соки шаробе дех ки то як дам биосоям
Зи дасти зохиду обид хаме паймона мебинам
Ман имшаб дар канори ту намегуям шикоятхо
Кунун гамхонаи дилро хама гулхона мебинам
Дигар эй пири фарзона магу харфи насихатро
Хакикатро дар ин дунё факат афсона мебинам

Firdavsi Azam, 20-11-2012 14:32 (ссылка)

Милоди ман








Шаби милоди ман аст..


Хонаам торику сард, ҳама ҷо ғарки сукут


Нақше аз нури гули мoҳ намебинам ман


Касе аз бекасиям огаҳ нест


Ва дар ин шоми пур аз зулмати бе моҳи мунир


Пушти ин панҷараи хонаи ман


Осмон мегиряд


Дар  куҷои эй дуст?


Шаби милоди ман аст


Санги холигаҳи ҷои ту зи ҷо боло шуд


Ҷоми холии диламро бишкаст


Ва майи васли ту аз соғари руъё ки ба девор ҳак буд


Ба замин рехту аз ҳам бигусаст.


Лек, эй дуст, бидон


Ман ба роҳе ки ту шояд ойи


Хаймаи сабр ба по хоҳам кард


.......


Ба умедам ки ту хоҳй омад


                                  Ҳамчу атри гули моҳи шабрав


Ва барои мани танҳову ғаму торикй


Ҳадяи  рушание аз хуршед.

Firdavsi Azam, 09-11-2012 10:27 (ссылка)

Як сояи шикаста


Як сояи шикаста манам дар миёни шаб,
Як оламе нухуфта манам дар чахони шаб.
Дишаб малак чу шиквакунон омаду бигуфт,
Ханчар чаро ту мезани бар устухони шаб.
Инчо барои будани ман бекарона нест,
Ман меравам ба гушае аз бекарони шаб.
Имшаб ситорахо ба тавофи ту омаданд,
Гуё ки омади ба замин з-осмони шаб.
Имшаб Худо садои дуои маро шунид,
Нури умед мечакад аз дидагони шаб.
Хуштар таронае набувад дар чахон агар,
Як шаб таронае бишави дар дахони шаб.
Умре ба чустучуи бахоре давидаам,
Инак, бахор металабам аз хазони шаб.
Покиву рушанои туро медихам азиз,
Дунёи гуссахои дили ман аз они шаб

Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 01-11-2012 11:37 (ссылка)

Зиндаги бар чашми мо гамхона нест



Дар тарики мо касе бегона нест
Дар садаф доим вале дурдона нест
Мо агар аз бодануши гуфтаем
Сухбати мо аз маю майхона нест
Дар масири ишкваризию чунун
Кас чу мо ошиктару девона нест
Бар алайхи гуссахо чангидаем
Зиндаги бар чашми мо гамхона нест
Зодгохи ишки у дар сина аст
Синаи мо кулбаи вайрона нест!
Чугз дар ободихо гум гаштааст
Чои у вайронахо, дар хона нест
Он чи аз мо баьди мо дар ёдхост
Як хакикат гуфтаем, афсона нест


Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 31-10-2012 10:52 (ссылка)

Барои ту...



Ман ба дунболи касе рафтаму дар шахри хаёл
Хеч кас дар назарам бо ту мушобех набуд

Фирдавси Аъзам

Firdavsi Azam, 30-10-2012 12:23 (ссылка)

Бахудо пеши шумо аз рахи ёр омадаам




Бо хама неку бади хеш канор омадаам

Гуфти ойина шавам, ойинавор омадаам

Ман ки худ сокини як дехкадаи пойизам

Аз рахи хотира дунболи бахор омадаам

Дигар, имруз чахон шеьри маро мехонад

Гуи чун як газали тоза ба кор омадаам?

Аз сару сурати ин хома газал мерезад

Рузгорест, ки ман масту хумор омадаам

Ман агар омадам имруз ба дидори шумо

Бахудо пеши шумо аз рахи ёр омадаам


Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 29-10-2012 12:03 (ссылка)

Зулоли пойиз


Фасли поиз омада
Гам даруни сина лабрез омада
Руи фарши чодахо афтода авроки хазон
Ин замон анфоси гулбез омада
Шамси Табрез омада



فصل پاييز آمده
غم درون سينه لب ريز آمده
روي فرش جاده ها افتاده اوراق خزان
اين زمان انفاس گل بيز آمده
شمس تبريز آمده


Ф
ирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 29-10-2012 11:56 (ссылка)

Сахт бувад бо дигарон зиндаги



Бар шакар инчо магас афтодааст

Ин магасонро хавас афтодааст

Сахт бувад бо дигарон зиндаги

Гурбаву саг хамкафас афтодааст

Меравад охиста зи мо корвон

Бар хама бонги чарас афтодааст

Лахзае ин дил зи гамаш дур гашт

Дидаи у суи кас афтодааст

Ташнадиле чун ба суи чашма рафт

Об нанушид ,ки хас афтодааст


Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 19-10-2012 13:35 (ссылка)

Газали борон






Газале нависам имшаб, газале барои борон
Хамаро ба ракс орам ба таронахои борон
Зи лаби тирезахоям бикунад хазор буса
Дилу чону тан бираксад хама аз навои борон
Ба нишоту шодмони, ту биё ба базми гулҳо
Ки сафои У бирезад хамадам ба чои борон
Биравед эй азизон ва ба пои гул нишинед
Ки намоз мегузорем хама бо салои борон
Ту биё ба зери борон ба суроги рушанои
Ки барои ту бихонам газали дуои борон
Ману кучахои хилват ба хаёли рафтахоем
Ки ту мераси дубора зи паси чудои, борон
Чи хуш аст зери борон газали маро бихони
Ки хабар надорам аз худ бари шевахои борон
Бинигар чи гуна борон зи дилам губор шуяд
Ту губори гуссаҳоро бинишон ба пои борон
Зи булури катрахоят рухи яьси абр пайдост
Бигузор абр гуяд ки ту бериёӣ, борон
Ту биё ки дар рикобат ба бахонаи зиёрат
Биравам чу рухи ташна ба дари Худои борон


Фирдавси Аъзам

Firdavsi Azam, 18-10-2012 11:38 (ссылка)

"Бобо, ту гам махур ки хамаш хуб мешавад"


Ин дурихо ба синаам ошуб мешавад
Ёде зи хотироти ту маслуб мешавад
Бо ёди он азиз ва дар моварои яьс
Бечораи падар ки чу Яькуб мешавад
Фосилахо ки муи падарро рабудаанд
Аз дасти гуссахо бинигар чуб мешавад
Дигар барои фосилахо гап намезанам
Ин охарин тарона ки мактуб мешаад
Дишаб Илоха омаду дар гуши ман бигуфт
"Бобо, ту гам махур ки хамаш хуб мешавад"

Илоха-духтарам

Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 18-10-2012 11:30 (ссылка)

Парвардигор он чи ки фармуд , мешавад


Вакте масири робита масдуд мешавад
Одам барои зиндаги махдуд мешавад
Вакте ки ишк яхзадаи дигарон шавад
Одам мисоли оташи Намруд мешавад
Эй дустон раведу Масехо биёваред
Инчо ки ишку отифа мардуд мешавад
Дигар ба остонаи у по наменихам
Вакте ки пои отифа маъдуд мешавад
Шарм аз Худо накардиву ашкам бирехти
Ин ашкхо ки окибаташ руд мешавад
Аз дасти сарнавишт чи сон метавон гурехт
Парвардигор он чи ки фармуд , мешавад


Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 13-10-2012 09:52 (ссылка)

Ман барои вожахо шоир шудам





Вожа чун руи туро дид, шеьр шуд
Ман барои вожахо шоир шудам 



Фирдавси Аьзам

Firdavsi Azam, 13-10-2012 06:31 (ссылка)

Бадиро дар чахон бедор дидам







Ба хар чо рафтаму озор дидам


Ба чойи гул ба гулдон хор дидам


Задам бар дар касе н-омад бурунсу


Тамоми гушаро девор дидам


Намонда хуби бар хубони олам


Ман ин беотифа бисёр дидам


Вучуди ёри мо ойинае буд


Рухи ойина пурзангор дидам


Садокатро агар дидам ба зохир


Мухаббатро ба пойи дор дидам


Чу хубихои моро хоб карданд


Бадиро дар чахон бедор дидам


Ба пушти шишаи танхойии хеш


Диламро хаставу бемор дидам
Фирдавси Аьзам

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу