Firdavsi Azam,
13-10-2012 06:25
(ссылка)
Пирохани дилтангии ман танг шуда
Пирохани дилтангии ман танг шуда
Ин шиша асири муштаки санг шуда
Бечора дили гарибу овораи ман
Дар куи чудоихо бубин Ганг шуда
Фирдавси Аьзам
*** Bedil***,
12-10-2012 19:32
(ссылка)
Вакте нигохи ойина огуш мешавад
|
Firdavsi Azam,
12-10-2012 12:27
(ссылка)
Шоири хохи , биё, мебусамат
Чехраи худро кушо, мебусамат
Ошикона, беибо, мебусамат
Ин кадар нозу адохо мекуни!
Бо хамин нозу адо, мебусамат
Бар лабат гуё Худо бусидааст
Имшаб аз бахри Худо мебусамат
Лахзае биншину дар чашмам нигар
То бигуям,ки чаро мебусамат
Аз барои ишкамон карди дуо
Вакте мехони дуо, мебусамат
Бо ту ман эхсоси шоди мекунам
Эй маро нуру зиё, мебусамат
Зери чатри хилвати ин бому дар
Нарм-нармак, бесадо, мебусамат
Бар дарат чун дар задам, бoхавсала
Омади, гуфти, даро, мебусамат
Ман туро бо бусае шоир кунам
Шоири хохи , биё, мебусамат
09.09.2012
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 11:21
(ссылка)
Тарсам он рузе маро берун зи олам мекуни
Бо чамолат умри моро хар замон кам мекуни
Коммати чун сарви моро дилбаро хам мекуни
Гуфта буди мешинониям ба тахти салтанат
Лек мебинам ,ки моро бардаи гам мекуни
Ту бигу охар гунохи чашмхои ман чи буд
Чашми беашки маро олудаи нам мекуни
Пеши чашми дигарон моро ба чашми кам мабин
Ин чунин номехрабонихо дамодам мекуни
Сарнавишти Одаму Хавво чу ёдам мерасад
Тарсам он рузе маро берун зи олам мекуни
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 11:16
(ссылка)
Аз силсилаи дилпорахо
Харчанд ки ман ба хеш сарвар бошам
Ё бо маху ахтарон баробар бошам
Харчанд чахон ба дасти ман бошаду, лек
Ман зарраи хоки поки модар бошам
-----------------------------------------------------------------------
Харчанд барои хеш сохибточам
Ё фарз кунем,ки ман хамон Халлочам
Бар арш агар хайма занам, лек хануз
Бар дасти дуои модарам мухточам
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 11:11
(ссылка)
Аз силсилаи дилпорахо
Имруз ки дар баробарат фонусам
Бо синаи пуршур чу укёнусам
Бо ин хама, пеши ман биё, то фардо
Шояд ки лабони маргро мебусам
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 09:13
(ссылка)
Лабханди нигох
Лабхои ба ранги аргавониятро
Гесуи дарози гулфишониятро
Дар ойинаи ситорахо мебинам
Лабханди нигохи мехрабониятро
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 09:11
(ссылка)
Ман ба чашмони ту имон дорам
Ох вакте ту ба ноз
Мекушои дари чашмони
пурафсунатро
Ва маро аз паси он пардаи шавк
менигари
Мавчи чодуи шароб
Дар сарам мераксад
Он чи аз чашми сиёхи ту ба ман
менигарад
Чашмаи
хохишхост..
Ман ба чашмони ту имон дорам
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 09:00
(ссылка)
Манзили занбур
Аз ту мехохам бигуям
Аз ту ки чони мани,нози мани
Аз ту ки дар нигахи чашмонат
Як тулуьи хуршед
Як чахон зебоист
Аз ту мехохам бигуям
Аз ту ки дар сабади лабхоят
Манзиле дорад занбури асал
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 08:58
(ссылка)
Имоми ишк
Эй имоми ишки ман
вакти намози дидан аст
Боз о ки ман
Иктидоь кардам ба ту
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 08:54
(ссылка)
Фаришта
Дастхоятро бубин
рушану нарму латиф
Мисли руи гарми ту
Гуи дар дарёчаи махтоб худро шустаи
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 08:26
(ссылка)
Вакте нигохи ойина огуш мешавад
Вакте ки хотирот фаромуш мешавад
Дунёи шавку ишк сияхпуш мешавад
Он руз агар нигох бигири, чароги ишк
Аз боди бевафои ту хомуш мешавад
Ту мерави зи хотирахо то абад маро
Бори фироки туст ки бар душ мешавад
Аз олами тахаюлу андешаам марав
Бо ман бимон, ки хамхама пурчуш мешавад
Бе ту бигу чи гуна хаворо нафас кашам
Оё барои хастии ман нуш мешавад?
Ман окибат дар оташи ин рашк меравам
Вакте нигохи ойина огуш мешавад
Ончо хадиси ишки ту гуяд агар касе
Девору кучахо хама гулпуш мешавад
Аз як табассуми нигахат дидаам чи хуб
Девонаи дилам ки кадахнуш мешавад
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 07:17
(ссылка)
Kафши навмеди
Зиндаги
Як чамадонест дар он
хар либосе ки ту мехохи, хаст
Гох пирохани шоди пуши
гах кулохи андух
Вале, имруз ба поям кафши навмеди хаст
Фирдавси Аьзам
Firdavsi Azam,
11-10-2012 07:08
(ссылка)
Осмон зебо нест
Осмон зебо нест
Вакте парвози кабутар мамнуьст
Мохтоб рушан нест
Вакте дар чехраи афсурдаи он панчарахочини дилтангихост
Ман ба бечорагии мох дилам месузад
ва ба холи будани шахри фалак
Ту биё то дигарбора бихандад махтоб
то дигарбора бигуям бо худ
Осмон зебо аст
Мох зеботар аз он
Фирдавси Аъзам
В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу