Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

Дилам сиёх мешавад...

Зи миллати махалгаро дилам сиёх мешавад,
Зи чангу буи мочаро дилам сиёх мешавад.

Зи душманони ростгу шикояте намекунам,
Зи хар дуруги ошно дилам сиёх мешавад.

Гули шукуфта мешавам зи шоири газалсаро,
Зи хофизи магалсаро дилам сиёх мешавад.

Касе,ки гуфт беибо, сухан ба гайбатам басо,
Зи чашму руи бехаё дилам сиёх мешавад.


Ман ахмият намедихам ба дугу хайбате,вале
Ба хар гапу калочахо дилам сиёх мешавад.

Зи бахри мансабе ,бубин,зи мазхабе баромада,
Зи азму кавли бехудо дилам сиёх мешавад.

Чудои аз Ватан бувад ба мисли мурдамаънихо,
Ба зиндаи зи худ чудо дилам сиёх мешавад.

Зинокунандагон, ки  фикри охират намекунанд,
Ба чони зодаи зино дилам сиёх мешавад.

Чаро ба мулки Русиён азоб мекашам,вале
Ба ман бигу, равам кучо? Дилам сиёх мешавад.


Гами чахон чу заррае, танам сихат намекунад,
Ба хар гами чахон чаро дилам сиёх мешавад?


Чу рамзи точикон бувад сари баланду точдор,
Зи хории Шумову мо дилам сиёх мешавад.


Азобу кулфати гадо тамом мешавад зи нон,
Зи нолиши ватангадо дилам сиёх мешавад.


Намешавам...


Як хамнишину  пайрави кофар намешавам.

Ман бандаи шароб ва согар намешавам, 

Аз хештан чу мерави, эй марди бехудо,

Доде мазан,ки бар ту чу додар намешавам.

Лофе мазан зи ёриву кадри бародари,
Динам дигар  ва узр,  бародар намешавам.

Лофе мазан зи хурмату инсофу дусти,
Сахтат бигуфтамат, ки туро ХАР намешавам?

Чун порахуру порагиру порадехи хаст,

Боваркуне ба козиву довар намешавам.

Хохи,шавам чу пешина хамкору хамрахат, 
Аммо,намекунам ба ту бовар! Намешавам!!!

Рухи далери ту хама дар майпарасти хаст,
Хубаш чунин далеру  диловар намешавам.

Ман шахрванди мулки туям, бехукук мабин,

Гар бо хукуки рус,ки баробар намешавам.

Даъват макун ба динату бар нанги ман марас,

Номусфуруши  рублату долар намешавам...


Созад алам маро зи Ватан дураму гахе,

Дидорбин ба додару хохар намешавам.

Гирям аз он ,ки дур шуда сохиб ба кудрате,
Бо дасту дил ба хизмати модар намешавам.

БАХОРИ САНИФАофар-МУБОРАК, САНИФАИ МО!

Боз зи умри ман гузашт соли дигар...
Дар фироки ман шуди хуни чигар.
Ман шавам курбони ашки чашми ту,
МОДАРАМ хасти ту бар ман болу пар!!!



ТУ ОМАДИ ЧУ ПАЙКИ ИНТИЗОР АЗ ДИЁРИ САБЗ
ТУ ОМАДИ ЧУ МУЖДА,ЧУН БАШОРАТИ ШАРОРИ САБЗ.
ТУ ОМАДИ ЗИ НАКХАТИ НИХОНИИ ГУНЧАХО
НАСИМИ АТРБОРИ САБЗ, ХАЁЛИ САБЗ, ХАЁЛИ САБЗ.
САФИНАИ УМЕДИ МО МИЁНИ МАВЧХОИ РУД
ТУ ОМАДИВУ ФорсаЖам БА БАР НАМУД БАХОРИ САБЗ!

Шомафруз


Хонандаи гироми, сахт хушхолем ки холо сахифаи асосии ФорсаЖро матлабхои табрикоти барои зодрузи банда тарк накарда, ки зодрузи хонандаи бехтарини дигарамон-Санифа Ахмедова расид! Расиду расиданаш ба хайру шоди бод ки имруз ахли ФорсаЖро боз хам андаке хам хушхолтар аз рузхои дигар мебинем, ки дастчамьона ба табрики Санифаи мо шитофтаанд! Саф-саф хонандахое буданд ки мепурсиданд: "Шарифхон, матлаби табрикотии ФорсаЖ барои зодрузи Санифа кай руи сахифаро оро медихад?"! Бовар кун хонандаи гироми ки аксар аз матлабхои табрикотии Мо ахли ФорсаЖ халоват мебаранд, ки хамеша хохони дидани мавлудхои ФорсаЖиёнанд! Вокеьан хам МО фохирем. Фахр аз он дорем ки ФорсаЖ ба майдони сарчамьиву самимияти аксар аз фаолону часурони точикон ва МЕТАВОНИСТАГИХО дар www.mail.ru гаштааст! Бисёр хам самимияти хоса барои хамдигар доранд хонандахои МО! Баробари гузоштани матлаби табрикот дар сахифа, хонандаи моро тахрик медихад ки дархол аз мелоди хам шоди намоянду хамдигарро шодбош гуянд, ки дар ин кор ФорсаЖ майдончаи хубест барои ахли часурону самимиён!!!
Акнун Санифаи гиромикадр Шуморо хам апачони азиз, бо мелоди умратон самимонаву точикона, аз номи ахли ФорсаЖ табрику муборакбод мегуем! Аслан Санифаи МО ахиран аз таьби шоираги доштанаш дарак дод ки халолаш бод ва ваьда медихем ки рузхои наздик мисрахои ошиконаи Санифаи Ахмед ки саршор аз мухаббату дустдориянд, пешкаши хонандаи ФорсаЖ мегарданд! МО МЕТАВОНЕМ!


Санифа вокеан хам аз бехтарину сохибгуруртарин хонандахои мост ки аксар вакт барои бо МО будан дар лахзахои серкориаш хам дар сухбат бо мо мепайвандад. Пайнавиштхои ачиб дорад, дар блог! Як руз як дустам дар блог мисрае дар васфи занхо нигошту ман дар идомааш як шухии сахттаре нисбати занхо гузоштам, ки интикоди буд. Санифаапа хам дархол бо хамун гурури волояш бар зидди ман шурида буд ва дар посух маро нагзакак тахдид карда буд, ки: "Шарифхон, соз гап зан ки чавоб мегуй!". Ман аз мобил вориди ИНЕТ шуда будам ва комменти Санифапаро надида будам. Уна нафари аввалине ки занхоро бар БЛОГ таьриф карда буду ман коммент гузоштам, тули 3 руз вориди ИНЕт нашудааст ки боз хаминчо "разбоз"-и Шарифхон бо Санифа нашаваду "сохибблог" дар бало монад... Баьди чанде маро гуфт ки: "Шарифхон, маро бубахш ки бар сарат бало овардам дар блог!"!
Намедонист ки ману Санифа вокеьан хам дустему ба хич вачх иншооллох ки "разбор"-и "гайриконкурси намекунм!

Санифаапаро аслан аз ин хотир эхтиром дорам ки ДИЛИ ЧАСУРЕРО ДОРОСТ ВА МАРДОНАВОР ХАМЕША БАХС МЕОРОЯД, МИСЛИ БАЬЗЕХО БЕХУДАГУИ НАМЕКУНАД ВА НОВОБАСТА АЗ МАНФИАТи шахсиаш АЗ ХАКИКАТ ЧОНИБДОРИМЕКУНАД!!! Бравво чунин зане ки ростгуст! Имруз каи андар кам иттифок меуфтад ки чунин шердухтаронро вохурем! Занхои Санифахислатро ёфтан дар хамин замон, пристиж гаштааст!
Санифаи гироми, дар мавлуди накуят бо тамоми вучуд ва кадрдонии додарона тамоми хушрузихо, сарбаланди, дили часурона, таьби баланди эчодиёт ва умри дарозро таманно дрему чун хамешаги доуги онем ки БИФАРСАЖИ!!!


САНИФАИ МЕХРУБОН,
ТАБРИКОТ АЗ ДИЛУ ЧОН
БОШЕД ДОИМО ХУРСАНД
ДАР БАЙНИ ЁРУ ДУСТОН!!!
ХЕЧ ГОХ ДУСТАМ НАБИНЕД
ГАМУ РАНЧИ ПУР"ОРМОН"!
ХУШБАХТУ САРБАЛАНДИ
БИНЕД БО акаи ИКРОМ!
МЕЛОД МУБОРАКАТ БОД
БО АХЛИ ФОРСАЖИЁН!!!
ЗОДРУЗАТ МУБОРАК,
САНИФАИ МЕХРУБОН!!!

РАЬНО

ЭЙ АЗИЗОН ГАРЧИ ИМШАБ ТОРИК АСТ,
НАЗДИ ФАРБЕХИИ МО ГАМИ ДУНЁ БОРИК АСТ!
ФорсаЖ МЕЛОДИ НАВРО ЧАШН ГИРАД, БО ШАРИФ
ИМШАБ АЗИЗОН БИРАКСЕД БЕТАНКИДУ БЕТАЬРИФ!
МАН-ФИРУЗА БО ШУМОЯМ, ШОД БОШЕД ДУСТОН,
САНИФА ЗОДРУЗ ДОРАД, ЧАМЬ БОШЕД МЕХРУБОН!
ГАРЧИ БО ФорсаЖ БИФАХРАМ, ФАХРИ МАН АЗ ИШК НЕСТ,
ФОХИРАМ АЗ ЧАМЬИ ДУСТОН, ТОРТХУРИ НУШИ ЧОН!
ТАБРИКАТ ГУЕМ САНИФА БО САДОИ ХОХАРИ,
ГАРЧИ МЕХРИ ТУ АЗИЗ АСТ, ЛЕК ЗИ ОН БОЛОТАРИ!

ФИРУЗА


Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вучуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати хама офок дар саломати туст,
Ба хеч ориза шахси ту дардманд мабод!
Чамоли сурату маъни зи амни сиххати туст,
Ки зохират дижаму ботинат нажанд мабод!
Дар ин чаман чу дарояд хазон ба ягмои,
Рохаш ба сарви сихикомати баланд мабод!
Дар он бисот, ки хусни ту чилва огозад,
Мачоли таънаи бадбину бадписанд мабод!



форсаЖ

МЕЛОД МУБОРАК, САНИФА АХМЕДОВА!!!

(ана ин суруди нерухои англоамерикои+панчи такдим аз ФорсаЖ махз барои Шумо апачони гироми ки дар вокеь ин сароянда хамноми Шумост!)



Гар аз ту нолем ки дуст надори МОро,
Кур гардем хама нурбахшу ханифаи МО
Зодрузат ва ё бахорро табрик гуем?
Бахори САНИФАофар муборак САНИФАИ МО!!!



Шарифхони Т(у)

Bib Duniya, 07-03-2012 07:38 (ссылка)

АГАР БАХОР БИЁЯД, ТАРОНАХО ХОХАМ ХОНД...


اگر بهار بیاید
ترانه ها خواهم خواند
ترانه های خوش عاشقانه خواهم خواند




АГАР БАХОР БИЁЯД, ТАРОНАХО ХОХАМ ХОНД…

Бахор омад!
Бахори нозанин!
Бахори гулу лола!
Даври бедоршавии табиат, ба вачд омадани мавчудоти тамоми одаму олам…
Гуё ин партави ишку мухаббат аст, ки ба калби хамушу ороми хар як пиру
барно нурпоши мекунад ва орзухои хуфтаро дар он бедор менамояд….
Дили пурмехр ва пурхарорати зан - Модар аз мехру вафо боз хам лаболаб мешавад…
Модар! Дар ин калимае, ки тамоми башар бо як мухаббати бузург ба забон мегирад,
як чахон иззату эхтироми беандоза ифода ёфтааст.
Модар- сарчашмаи хаёт, сарчашмаи бахту саодат аст.
Бе зан, бе Модар дунё хеч, замона хеч, зиндаги хеч аст…
Оре зан -офтоби зиндаги, фуруги ишку ошики, кони мехру вафост.

Сад чону дил фидои як муддаои модар,
Фатху кушоиш орад, дасти дуои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти кудсаш,
Аз сарсупурдагонам, чонам фидои модар! (ЛОИК)

Иди Модарон хам, ба истикболи бахор омадааст…
8 март - иди Модарон,
Иди бонувони мехнатдуст, сулхпарвар, кахрамону далери мост!
Модарони мехрубон, хохарони азиз!
Бонувони нозанину хушбин!
Бонувони сохибикболу толеъбаланд!
Бонувони кони зебоиву малохат!
Бонувони гиромикадр!
Шумоёнро бо ин рузи фируз самимона ва эхтиромона аз сидки калби
оташборам табрику тахният мегуям.
Ба Шумоён аз даргохи Худованд умри Хазрати Нух, бахту саодати бепоён, саломатии бардавом
таманно дорам. Дар ин вахдатсаро хамеша хушдимог, ошики зиндаги бошед.
Бо мехру вафо ва ишки беандозаи худ зиндагиро боз хам ширинтару зеботар гардонед.
Аз ишку ошики бегона набошед!
Таронае, ки моро аз саро то ба осмонхову Кахкашон мебарад, ин таронаи ошиконаи МОДАРОН аст…
Холиё, ки буи муаттари гулхои насрину сияхгуш, лолаву садбарг ба машом мерасад…, кас олам
олам гизои рухи мегирад ва омадани бахори пурфайзро хайра макдам мегуяд…
Дар ин рузхои мукаддас, дар ин рузхои навбахори, ки насими форам лахза ба лахза
буи муаттари гулхоро ба димог мерасонад, эхсос мекунам, ки ин на танхо буи гулхост
-ин буи мехри модарон аст, буи Ватан аст, буи Точикистони азизам аст, ки мехри худро ба
воситаи гулхо, ба воситаи шеъру охангу газал, ба воситаи табассуми кудакон ба воситаи
таронаи Модарон, ба воситаи Оханги
Зиндаги ба магзу устухонам чой мекунад!
Мархабо бахори сабзу зебову нозанин…
Мархабо бахори калби шурида…!!!
Зебуннисо Мухаммадрашод.


ОХАНГИ ЗИНДАГИ



ФарсаЖ дар хизмати Шумо азизон!!!

ДУСТДОРИИ ВАТАН ХАМ АЗ ГУЗАИ ИМОН АСТ!!!



Салому дуруди бепоён хонандаи гиромии гиромтар аз гиромихо!!! Инак баьди танаффуси тулони ва "пиёдагарди"-хои зиёд боз омадем сари мизи комп то боз хам бо хам бошем. Омадем ки боз хам якчо бошему ба хам оем, харчанд дурем дар асл, вале дар андеша, дил, дин, сидкият, миллият, гаму шоди, бохамем! Танхо нестем, факат яккатозем! Биё хамватану хамдини азиз, боз хам сар халон инчову нохун зан руи калимаи "ФарсаЖ" ки майдони шермардони асили Исломи азизу Точикони сохибгурур аст! Шиорамон холо хам иваз нашудааст ва иншооллох то абад хамин мемонад, зеро ки ин шиор аввалтар аз хама аз устодони гиромии банда, шербачахои газетаи сиёсиву мардумии СССР ба вежа устод Сайёфи Мизроб ба ман тухфа гаштаву, дуввум ин ки МО МЕТАВОНЕМ! Ана хамин аст шиорамон! Аммо хамонгунае ки гуфта будем ва 20 бори дигар хам пурсед, чавоб 1 аст: МО МЕТАВОНЕМ, ман не, МО! Чиро пурсидани бошед, пас 3 мох бо МО бош мефахми! Хадаф 1 аст: САРЧАМЬИИ ТОЧИКОНИ ЧАХОН ТАВАССУТИ ИНЕТ! Тибки иттиллои расмие ки то кунун ба дасти мо расид, ТОЧИКОН ДАР РУЙИ ОЛАМ 53000000ем! Аз ин анкариб 8000000аш шиносномаи точики доранд! Яьне якуниммиллионаш тибки омори расмии росту дуруги Хадамоти Мухочирати Точикистон дар муздурии Русия дар равуоянд. Хуш пас чи гуфтанием? Максад ин аст, ки дар холе ки инкадар бисёрем, чаро якчо набошем??? Чаро то хол худро хору зору танхо эхсос кунем? Неь, МО танхо нестем, ва медони чаро? 1-ум ин ки чун мусалмонем Худо бо МОст, 2-ум ин ки акнун МО танхо наем, чун якчоем, ва баьдаху боз хамон гап: МО МЕТАВОНЕМ! Дар таьсисдихии ин блог сахми вежаи Насим Хошими бародари гиромии "ришакимон" арзанда хаст! Ташаккур ба Насим аммо ин миннатдори барои ун нест, ки кори Насим тамом, аслан на. Акнун Насимро зиёдтар интизорем, бо матлабхои хонданиаш!.. Хизмати модерни МО-Озод Кадамов бародари гиромии сохибгуру озодандеш хам бузург аст!! Миннатдории вехаи дигар бар уст ва кори Озод хам нав сар шуд... Яьне ин охири кор нест. Пофишории Шомафрузи Рахмониён буди ки "ФарсаЖ" руи кор омад! Ташаккури дигар ба ин хонанда ва шоири навкалам, ки вокеан хам МЕТАВОНАД! Басири хам такозо дошт, ки торномаи нав таьсис дех, то шеьрхои хешро гузорад! Хамингуна Махмад Зубайдов хам хохиши таьсиси блоги навро дошту "смотрител" шудан хост, NO! Бо маоши баланд! Акнун Махмад то обод шудани утоки кориат омода бош, маош хам мегири! Ва руихамрафта чандин хонандахо хостори таьсиси сообшестваи дигар буданд... Ин аз чи далолат мекунад? Далолат аз он аст, ки точикон дар кучое ки бошанд, бо хамватани хеш дар робитаанд, ки халолаш(м)он бод!
ФарсаЖ бо сабку услубу ороиши наву ороставу пероста, ва бо вежагихои ба худ хос майдон омад. Маьнои калимаи ФАРСАЖро бигузор хонандаи МО худаш дарк кунад. Тайи чанд мохи ахир дидему шунидему шохид шудем, ки майдоне миёни торномахои точики холист, ки бояд кайхо пур карда мешуд! Инак ин майдон дар хизмати туст, туе ки хамин лахза хамин сутуро мехониву фикр дори: "Шарифхон, ту гуфта киро дар назар дорад?". Инак биё якчо бошем, то адуи хеш ин иттифоки густурдаи МОро дида, донад, ки МО вокеан хам вориси Сомониву Шераку Восеьи кахрамону Рустами пахлавону Спитомени шермардем! Мо ба чуз Худо дигар аз ягон бало хам НА-МЕ-ТАР-СЕМ!!! Бигузор аз Русияву Амрико, Эрону Туркия, Катару Бразил, Чину Аргентин, Казокистону Олмон Узбекистону Миср, Яману Арабистон, ва тамомии кишвархои бонуфуз дар алока бошем! Танхоиро эхсос накунем. Ин даьвати чанг нест! Ин танхо пайванди дилхост! Хуш омадед, "гончик"-хои гироми! Мархабо ба майдони ФарсаЖ! Матлабхои хондани, фоторепортажхои диданиву хондани, наворхои тамошобоб, сурудхои шуниданиву шеьру таронахои дилчаспи тозаэчоди хеш, билохира аз тамоми навигарихои худу олам пешкаши хонандаи ФарсаЖ гардон ва худро муаррифи кун! Хамаатонро интиЗОРам!.. Факат 1 хохиш: ДАР ДОИРАИ КОНУНХОИ ЧАХОНИ ИНЕТ НАВИС! Коммент навиштани боши, дар доираи конуну кавоиди бахс, навис!
Инак маро дарк карда боши мархабо ба майдони ФарсаЖ! Мошинта савор шав ки рафтем!.. Чи, чи?? Бензин киммат шудааст? Арзон мешавад. Мо бояд дар пойгаи торномахои "mаil.ru" пешсафтарин сообшества бошем, ва ин аз худи МО вобастааст! Ин пайёми гончикхои ФарсаЖ барои кулли хонандахои аршади буд, пас хамаро хайрумакдам мекунем, мархабо ба пойгаи аввалин! Ман ба "NEXIA"-и гермон ба майдон омадам, боз фикр накунед, ки: "made in Uz аст"? Ин истехсоли Кареяи чанубист, бо хамин мошин ман умеди муваффак шудан дорам, зеро
МО МЕТАВОНЕМ! Шумо чи?

Агар тавони ба мошин савор шаву харчи зудтар суруди зеринро дар ауидодиски мошин гузошта карнайро баланд карда сурьати харакатро ба 300км/час гузошта, газро зер кун!!!

РРРрррафеееем!!!......
Шарифхони Тагоймурод

Муассиси "ФарсаЖ" махсус барои Шумо хамВатанону хамДинхои азизам!!!

ЗОДРУЗ МУБОРАК ШАРИФХОН.

Рузи 15 уми апрели соли 1988 замину осмон лахзае хомуш гашт ва ин хомуширо садои тифли навзод шикаста хамагонро бо садои худ аз хоб бедор кард хамагон дар оилаи ТАГОЙМУРОДИХО аз якдигар муждагони мегирифтанд хурсандии эшонро хаду канор набуд то ин руз чандин нафарон аз садои хуши он кас аз навиштахои у халоват мебаранд охир он тифл ШАРИФХОНИ азизи дилу дидаи мо аст ки бо садои гиряи худ хамагонро бедор сохт имруз у марди тану манде гаштааст фахри миллат,ки падару модар ёру бародар ва инчунин кулли Фарсажиён бо у мефахранд.ШАРИФХОН чавонест хакикатгую хакикатпараст дур аз дуругу номардихо аз ин ру азизи дилу дидаи мо дустон гаштааст,ва ин дусти бенихоят гиромиро бо зодрузаш аз самими калб аз номи худам ва аз номи чамъи Фарсажиён шодбош гуфта бахраш аз даргохи Иллохи аввалан тансихати хотирчамъи ва обру байни дустонро хохонам.
ЗОДРУЗ МУБОРАК ГЕНЕРАЛ ШАРИФХОН!!!

Афсона ва тарс

(Матлаб аз сомонаи газетаи сиёсиву мардумии СССР-www.khatlonpress.tj гирифта шудааст!)



Ё бори дигар дар бораи Қонун дар бораи масъулияти волидайн…
Воқеа дар Сарбанд рух дод. Рўзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта, дар деҳа, меҳмони 1 солхўрда будем; Баччаи 5 солаам, Мубориз, ки табиатан ҳамчун дигар баччаҳои Тоҷик шўх асту саркаш ва хуни гарм дорад, ба ҳар дарахт мебаромаду мефаромад ва лаби ҷару рўи теппаҳо шуда гул мечид, ғураки зардолу мехўрд, тути хом мешаппид ва ғ ва ҳ. Хулласи калом, мо-волидайн тарсидем, ки мабод наафтад ва ё дасту пояшро нашиканад.
Шабро мунтазир шудем, ки шояд дар торикӣ ба рамка медарояд. Вале чун шаб даромад, дидем, ки бачча ба торикиҳо фурў рафтаву ба масале «беодобӣ» мекунад. Савол: При чем тут баччаи ману сари хонандаро гаранг карданам? Ан-неъ! При том, еше как при том! Давоми қиссаро гўш кун, хонанда, ки ман-муддаии кишту кори ҷасорат дар қалби Миллат чӣ коре кардам: Ман афсонааш гуфтам!
Афсонаи пур аз фусуни тарс! Гуфтам, ки дар боғи бобоят Деви ҳиллагар аст, ки атфоли саркашро дар торикӣ фиреб карда, фурў мебарад, аз ҷарӣ мепартояд, аз дарахт меафтонад. Stop! Ин афсона аз куҷо таваллуд шуд? Аз зеҳни ман, ки дар он ҷо, яъне зеҳнам, бавақт тухмаи тарсу ҳарос кишта будаанд…
…Афсонаҳои момову бибӣ, модару падарони мо сарчашма аз ана ҳамин тамбалӣ мегирифтаанд. Ман инро дарк кардам, мардум! Чун наметавонем фарзандро тарбияти дуруст кардаву поем (ухаживание), метарсонемаш; аҷуку буҷук, деву парӣ, шайтони разилу кўрбарзангиву ғўли биёбон дастёрҳои тап-тайёри модарони тамбали мо буданд, ҳастанд ва мемонанд. 4 дурўғи бефурўғ дар бораи ин ҷонварҳои зиёнрасон ва бачча «паенки» мешавад, боодоб, гапгир, хапу хамўш; Вале мо дарк намекунем, ки ин баччаҳои гапгири ботамизак, бо ҳамон киштаи тарс дар марзаи тахаййул камҷуръату ҳаросандеша ба воя мерасанд ва протсес ҳич ист надорад; аз насл ба насл, аз падар бар писар, аз писар ба набера, аз набера ба абера мегузараду мегузарад. Ва сабаби беҷуръатии Миллат мегардад. Имрўз, чун ҳамин ҷуръати пиндор дар тафаккури мо нест, 1 Миллати бузург метарсем, ки кадом ҳамсоя мабод сарамон ҳуҷум накунад! 8 млн нафарем, эй мардум! 8 млн фалахмон ҳам дошта бошем, ҳич душман моро забту ғорат кардан натавонад, вале агар 8 млн корду камон дошта бошем чӣ?
Воқеан ҳам дар бораи корду камон. Имрўз дар кўҳистони Тоҷик камон намондааст. Ҳамаро сароғоз бо амри Ёқуб Салимов-вазири вақти Корҳои Дохилӣ ҷамъ карда гирифтанду сипас Ҳумдин Шарипов омаду Салихову Қаҳҳоров ва силоҳғундорӣ-Фронти зарбдор шуд! Дар кўҳистони Дашти Ҷами Кўлоб, ки дар тўли 1000 соли ахир ягон душман ҳатто фикри тасарруфаш надошт, 20 сол аст, ки афғонҳо омада гову мол, зану духтарон ва ҳатто мардонро гаравгон мебаранд. Иллат чист? Иллат тарси вазирони дохилаи мост, ки нангбардори марди кўҳистон-силоҳро аз дасти мардум кашида гирифтанд. Тарсиданд, ки мабод ин мардум ҷанг накунад, бо…давлати худ, миллати худ, Ватани худ?! Ҳич гоҳ марди Тоҷик зидди миллати худ барнаошуфтааст. Вале чун тарси афсонаҳои момоӣ бар қалби Салимову Шарипову Салихову Қаҳҳоров чуқур реша давонида буд, аз сари ана ҳамон тарс мардумро халъи силоҳ ва дар баробари туфанги афғон ночор карданд. Мутмаинан, агар дар 1 деҳаи Тоҷик 2 пилтакамон бошад, ягон афғони ифлос ба ҳадди 1 тиррас ба он наздик шуда наметавонад!
Ман нек дар хотир дорам, ки худобиомурз падарам туфанги думилла дошт ва онро ҳар сари вақт сари китф карда, кўча мебаромад. Боре пурсидам, ки чаро? Гуфт, русҳо бояд донанд, ки Марди Тоҷик туфанг дорад! Тамоми мардони маҳалла айнан чунин амал мекарданд ва имрўз фикр дорам, ки он аъмол барои тарс буд; ғосибонро метарсонид марди Тоҷик ва ҳам охир метарсиданд аз мо!
Ҳамон падарамро боре бе корди дудамаи дастааш нуқракўб ва ғилофаш чармин надида будам. Ҳамеша, чун аз хона берун мешуд, кордро дар камар мебаст ва онгуна ки дастаи нуқракўбаш ҳатман менамуд. Корд бар салобати марди Тоҷик салобати вежа замм мекард. Ва ҳарчанд чунин корд «холодное оружие» буду «статья» ҳам дошт, русҳо барои эҳтиром аз вежагиҳои таоруфи миллӣ ягон марди шофбурути кордбакамари Тоҷикро дар ягон гўшаи РСС Тоҷикистон боздошт намекарданд. Имрўз ку он кордҳо? Ҳамаро вазирони тарсуи тоҷик ҷамъ карда гирифтанд. Ба андешаи мабодо…ки маншаъ аз тарс дорад ва ин ҳама ҳарос аз ҳамон афсонаҳои модариву падарӣ маншаъ гирифтаву Миллатро тарсу кардаанд.
Рамазон Раҳимов, Вазири нави дохилаи кишвар! Ба Марди Тоҷик силоҳу муҳимоти ҳифзи нанг ва кордҳои дудамаашро баргардонед! Баргардонед, то рўзи мабодо шумову чанд милисаатон ва анде аз ҳукуматдорон тани танҳо дар дами боди хатар намонед…
Аз баччаам, Мубориз узр хостам ва гуфтам афсонаи гуфтаам дурўғ буд. Медонед чӣ шунидам? Наход «дада» ҳам дурўғ гўяд?!
Ман ку хатоямро дарк кардаву ислоҳ шудам, зеро диагноз, ташхиси дардамро ёфтам, вале ту чӣ, хонандаи ман? Оё то ҳанўз аз баччаат пўзиш хостаӣ? Суоли матраҳ аст, албатта…



Сайёфи Мизроб

ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМ

БИНГАРЕД БА ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗИ МАН ЧИ ГУНА ЗЕБОСТУ РУХАФЗОСТ,БА ДИЛХО ТАРАБ МЕБАХШАДУ КАЛБХОРО ТОЗА МЕГАРДОНАД,МАГАР АЗ ИН ДАР РУИ ЗАМИН БИХИШТЕ ХАСТ,НЕСТ НЕСТ ВАТАНАМ О ВАТАНАМ О ВАТАМ....
МАЪНИИ ТОЧИКРО, ГУЯНД МАРДУМ - ТОЧДОР !
МАСКАНИ ТОЧИКРО, ГУЯНД МАРДУМ - КУХСОР!
ХАСТИИ ТОЧИКРО, ГУЯНД МАРДУМ - БУРДБОР!
ХОНАИ ТОЧИКРО, ГУЯНД МАРДУМ - НАВБАХОР!
РОСТИ ИМРУЗ БО ВОСИТАИ "АГЕНТ"ЯК МИСРАЕ НАВИШТАМ,КИ ЧУНИН БУД,"ВАТАН ГУЯМ ДИЛАМ ГУМ МЕЗАНАД"-ДАР ХАКИКАТ ХЕЛО ХАСТА ШУДААМУ ДУРИИ ВАТАН МАРО МАЧБУР МЕКУНАД ТО  ЧУНИН МИСРАХОРО БИНАВИСАМ ВА ДАР ЧАВОБ ЯК ДУСТИ АЗИЗАМ БИНАВИСТ:
Бе Ватан нест гарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст....."
АХСАН БА ЧУНИН МИСРАХО,ХУЛОСА ДАР ИН ЧАВОБ ЯК ЧАВОНМАРДИ АЗ ВАТАНИ ХУД БЕХАБАР ЧУНИН ЧАВОБ МЕНАВИСАД:ХУДАТРО КУШТИ БАРОИ ВАТАНИ ПУСИДАГЕТ"БИНГАРЕД БА ЧУНИН МАРД,ГУЁ КИ ЯК ВАТАНИ МАН АСТУ АЗ У НЕСТ ВА МАРО КАХРАМ КАРДУ КАМТАР СУХАНХОИ КАБЕХАМ ГУФТАМ ЧУНКИ МО ИМРУЗ ДУР ЗИ ВАТАНЕМУ ЛЕК БО ЁДИ ВАТАН ХАР ЛАХЗАВУ ХАР СОНИЯХО.



Агарчидар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Валеомад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.

Бавақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,

Зисар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.

Нишастамдар замини ту, паридам дар ҳавои ту,

Баовози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.

Агарчӣборҳо афтодам аз ёру диёрам дур,

Басайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,

Валеман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур





Точикистон, шухии дарёи ту чон мебарад.
Софии дилхои ту дил мебарад,
Точикистон гулхоят гулхои чаннат аст.
Куххоят куххои пуркиммат аст,
Чони худро бар ту фидо кардан, кам аст.
Акси худро бар дидаат, чой кардан, мушкил аст,
Ман туро гар ёд кунам, бо ёди ту зиндаам.
Гар фаромушат кунам, ман он дам мурдаам,
Чон агар лозим шавад, чон медихам.
Бахри хифзи ту хамин савганди ман.



Ба хама хамватанонам аз даргохи Яздони додори Кирдигор таманнои онро дорам,ки бигузор офтоби бахту саъодатманди ба болои сари хамаи Шумо хамеша аз панчарахои лочувурдии саршор чун резаборон нурафшони кунад,ва бигузор киштихои орзухоятон харчи зудтар аз гирдоби яъсу ноумедихо ба сохили мурод шино кунад,ва чун ситораи руз,ки бар шуълаи хуршеди сахар голиб меояд-хамеша бар болои душворихои зиндаги пируз бошед.Точикистони азизамонро дуст доред ва хамеша ободаш зозем ва пеш аз хама химояву хифс кунем,Бо арзу сипос самимияти беандоза,як фарди ватандустор РАЪНО.....

Метки: РАЪНОГУЛ

ВАТАНСОЗУ ВАТАНСОЗУ ВАТАНСОЗ!!!

Аё эй додари деху махалбоз,
Аё эй хохари шуру магалбоз,
Аё эй довари кизбу дагалбоз,
Биё бо хам шавем хамрозу хамсоз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё эй гургаки борондида,
Аё шери зи рубохон рамида,
Аё мохии аз дарё парида,
Биё бо хам шавем хамроху хамтоз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё эй кафтари белонагашта,
Аё эй мургаки бедонагашта,
Аё шамъи паи парвонагашта,
Биё бо хам шавем хамболу парвоз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё ободсози шахри мардум,
Аё эй чавнамои решагандум,
Зи асли хештан дуриву рахгум,
Биё пайванд созем риштаи боз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё эй насли поки ориёи,
Миёни кавмхо рахгум чарои?,
Калили рушди миллат- ошнои!
Намуда кулфхои синаро боз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!!!

Зодруз Муборак "Ф О Р С А Ж"!!!!- НАСИМ- ШТРАФ э э э ЧАРИМА!!!

Зодруз муборак, муассиси ФорсаЖ!!!
ОтНасим JaRiMa Кому: ГЕНЕРАЛУ- ШАРИФХОНУ


Сахари хаво хело гарм! Намедонам ба кучо равам. Сахро? Э не намешавад! Марказ? Ээ ин хам намешавад. Сар гарангу чашмхо аз гармии хаво танг. Сарамро ба сояе задам, ки дар таги дарахт нозанине бо ноз нишаста аз гармии хаво по дароз карда буд. Ох,хамин гарми.... Ман низ худамро ба суи соя задам. Хамин, ки наздик шудам гуфт, чони хамин гармиро чи хел хунук мекунем?! Хостам ба у гуям, ки дар дарахои Муьминобод бо баррачахои хисорию кабоби фархори. Аммо.. .. Хамин лахза телефон занг зад! Дф-дф-дф! Нагмаи тирандози! Нозанин як кад парид! Э Худо чанг сар шуд? Гуши бардоштам Шарифхони Т(аблнавоз)! Бе ягон салому калом, гап задана сар кардем. Э сагерача холи ист ман ба ту нишон медихам. Гуфтам точно хамин гапи нозанин дуруст баромад. Яке чанг сар нашуда бошад! Астагфируллох! Боз чанг сар шудааст-чи? Боз хам Астагфируллох! Пурсидам бо чи гап шудай? Намедони? Не охир! Чи гап? Бобит зодруз дорад! Хайронам кадом бобои ман зодруз дошта бошад? Ленин э не охир, у аз 22-ум дорад! Сталин боз хам не! Гитлер уф боз хам не!
Карл Маркс? Не! Инро ном мегираму фикр мекунам, ки зодруз дорад е не?! Факат чавобхоям не, не, не! Гуфтам, ки намедонам охир! Гумша ай амича! Ай ФорсаЖ пешат мекунам! Ба кадом хотир? Охир намедони ки имруз кадом бобит зодруз дораду боз мехохи дар ФорсаЖ чоят дихам?! Э ту сагерачаи Мастчохи ман тра ай ФорсаЖда хуй мекнам, тамом! Харчанд мегум охир ин кора накунед. Ин Махмад чи мегуяд? Охир у маро то абеда механдад! Бо апаи Шомафруз намегуед? Он кас бошад, баьди абед. Ин Сафинаапа бошад, нагуед! Охир туфлихои каблукбаланд пушида маро дар бегохи механдад! Як рахм кунед! Ин Хамза! Охир ман аз у гусфанд карздораму намедонам аз у чи хел халос шавам?! У хам механдад! Чи факат хама маро ханданд? Фарк надорад! Имшаб судат мекунем. Судя Азиз Кадамай, ердамчии Судя бошад, апаи Гулгунча. Телефонро хомуш карданд. Нозанин дид, ки ранги ман зард шуда истодааст, гуфт: Чарима бо ин ранги зардат бигу хамаи дардат! Якта ба якта накл кардам. Нукта ба нукта, вергул ба вергул! Аз пеши нозанин рафтам. Дилам сиеху холам табох! Охир шарманда мешаваааамм
м! Ба Махмад занг мезанам телефон мегуяд: "Муштари занги шуморо кабул намекунад, чунки оптом савдо карда истодааст. Бисер - бисер занг занед, бисер мешавад! Баьд чавоб дода метавонем. Фахмо? Хайр!" Шарифхонро занг мезанам ба хамин маьни! " Мушрарии даьватшаванда статусаш ранги сурх аст!" Ин чи руз аст, Худое? Ин руз кадом рузай? Ки зодруз дорад? Ба инет даромада фахмидам, ки Шарифхон имруз яъне зо- феврал тэьььь 15-уми апрел зодруз дорад. Хайрият хамин майл(рам) ру(як) будааст, ки маро хабардор кард. А то кариб буд, ки аз ФорсаЖ баромада мерафтам! Акнун ман аз фурсат истифода бурда, бобои Шарифхонамро, ки масьули ФорсаЖ аст, бо рузи зодрузашон табрику муборакбод мегуям. Аз номи хамаи ФорсаЖиен гуфтаниам, ки доимо бо ФорсаЖ зиндаву саломат бошеду ба 100 кадам монед! Зодруз муборак Шарифхони Т(аблакзан)! Р.S. Ин табрикот бе ягон шеьр аст! Тамом!(НАСИМ ЧАРИМА)
Шарифхон бародар дусти азиз хамаи хушихои зиндаги насибатон. Худованд зодрузхои ояндаатро дар назди Хонаводаат бо аруси интихобкардаи кампири Модарамон гузарони!!!!!! Худо нигахбонат Бародар-Дусти АЗИЗ!!!





Фарсаж-Муборак

   
Ва баьди чанд лахзае Махмад Зубайд матлаби равонкардаи муаллифи "бебаркамон"-Насим+чаримаро ки бисёр хам шухиомез нигошта шуда буд, ба экрани ФорсаЖ гузошт ва инак бо 1 тир 2 фохта шуд, Махмади Зубайд дар "толпа" худро пинхон намуд, ки ман инро алакай дидам)))) 
Дусти азиз бародар Шарифхон хостам пинхон шавам ки диди ана мархамат табрикоти мачбури

Он Дуст ки диданаш биорояд чашм
Бе диданаш аз гиря наосояд чашм
Моро зи барои диданаш бояд чашм
В-ар дуст набинад ба чи кор ояд чашм!!! (Шайх Саъди)

Расули Аллох (сас) фармудааст; Танхо он нафаре аз ширинии имон халоват бурда метавонад, ки бо се сифати хеш фарк бикунад; Аллох ва Расули Уро аз хар чизи дигар мавчуд бештар дуст дорад. 2)Ин ё он инсонро танхо ба хотири Аллох ДУСТ дорад. 3) Нахохад ба куфр, ки Аллох уро аз он начот додааст дигарбора боз гардад ва ончунин ки харгиз нахохад вайро дар оташи сузонаш биандозанд"
Шарифхон бародар Дустии ману ту ва хамаи Форсажиён Иншоаллох бовари дорам аз барои Худост, Зодруз муборак садсола шави, Хамеша бо ёди Худо бош
 

Ёрон, чу ба иттифок миъод кунед
Худро бо чамоли якдигар шод кунед( Хайём)

Худо насиб карда бошаду хамаи ин табрикотеро ки Дустон карданд соли оянд дар туят бо навбат (фахмиди Насим Чарима) бо навбат истода табрикат кунем( ин Насим дуст медорад бенавбат, хамеша кораш навбат вайрон куни барои хамин Чарима "лакаб" мондаанд) Харакат кунед Бародар хамеша сазовори номи неки Волидайн бошед, дуъои онхоро гиред иншоаллох дар хаёт мувафак мешавед. 
Биё эй ҲамВатан дигар напурсем,
Биё эй ҳамзабон дигар напурсем,
Ману Ту ҳамдигарро -“Аз куҷои?!” 
Фақат пурсем аз ҳам ҳолу аҳвол,
Натарсем он қадар аз ҳамсадои.
Ману Ту зодаи як Сарзаминем,
Ва Моро Модари Тоҷик зодаст.
Ҳамон Модар, ки Ҳофиз офаридаст,
Ҳамон Модар, ки Хайем офаридаст,
Ҳамон Модар,ки Сино офаридаст,
Ба дунё марди доно офаридаст.
Агар он қадр аз ҳам дур монем,
Яқин гум мешавем аз руи дунё,
Биёед Тоҷикон дигар напурсем!
Маконам мазраи номусу ор аст ,
Вуҷудам пайкари сузу гудоз аст.
Дили ман аз ғами миллат бисӯзад,
Дили ман аз ғами Тоҷик бисӯзад ,
Туро бо зодгоҳи ман чикор аст?! ... бахшиш намедонам эчодиёти кист))))

ШАРИФХОН-ФОРСАЖ- ЗОДРУЗ МУБОРАК!!!!

Иди саиди Курбон муборак!


Саидтарин ид ва чадидтарин боздид, хуштарин навид, бо шадидтарин шодихо хамакнун дар мекубад! Иди саиди Курбон бо тамомии расму аньаноташ хамакнун озими шахри калбхои мову шумо азизон мегардад ки чи хуш аст омаданаш. Шодем аз кудуми муборакаш ки дигарбора расидем ба ин рузи наку. Ба рузи шодмонихои беназир! Таьрихи ин иди саидро шояд аксар надонад вале фикр намекунам ки хонандаи ФорсаЖ ки аксар сохибмаьлумот аст ва мусалмони комил аз таьрихи пайдоиши ин иди саид бехабар бошад. Аз ин ру факат гуфтан чоиз донистем ки фаркияти иди имрузро аз иди саиди Курбони асрхои пайдоишаш каме мавриди бахс карор дихем.
Имруз тибки мушохидахо аксари кулл бовучуди оне ки баьзан баьзе тоифахоро гунахкор мехисобем ки аз дину оин бехабаранд, вале якин медонем ки иди саиди Курбонро чумлаги чашн мегирем ва ба таври аслияш! Вале мутаассуф ки ин идро болотар аз Курбони гузоштаем ки дар ягон колаби исломи намегунчад.
Ба бовари комил гуфтан мумкин аст, ки имруз аксар сайьу кушиши гуфсанду гову шутуреро омодаи Курбони дар ин иди саид кардаем. Вале мутаассуф ки на хама максади Курбони кардан дорем ки сахт хатост. Ба гунаи мисол имрузхо бисёр дидаем ки дар як дехот чумлаги дар як руз гусфандеро Курбони мекунанд ва гурух-гурух мераванду вориди хонадони хамдигар шуда хатман ки гуштбирён мехуранд. Харчанд пешвохои исломи хам борхо дар ин бора маьвизахо кардаанд вале хануз хам худро муриди муллохову пешвохо гирифтаву боре ба гуфтаи эшон амал намекунем. Пас чи маьно дошт гуфтани устодони исломиву гуш карданхои мо шогирдон?!
Дар холе ки насли чавони имруз вокеьан хам барои гаравидан ба ислом ки боис ба ифтихори ахли муслимин аст, талошу кушишхо доранд вале хануз хам дар амали гардондани амрхои исломи ки якинан аксари кулл огахем, ба 2 по мелангем.
Бехабари аз ислом гунохест азим, вале огох будану амал накардан кабиратар аз кабира аст ки имруз афсус ки кулли мардуми муслим ба ин тоифаи гунох часпидан дорем.
Набояд фаромуш кард, ки аввалтар аз хама худро, калбро, забонро, нигохро, нафасро, дасту пой ва кулли узвхои баданро исломи гардонем ва баьдаху даст ба амахои исломи задан корест савоб, вагарна хич маьное надорад ки равему гушт кунему дар амал очиз монем.
Бигзор ки дар як руз 10 соат хам маьвиза гуш кунему такрор ба такрор худро фарзанди мусалмон гирем, вале чун даст ба амалхои исломи ки назанем пас хич савобияте дар гуш кардани маьвиза барои фарзанди исломи намерасад.
Биё хонандаи азиз аз маьракахои гуштхуриву худрекломкуни даст каш ва аввалтар аз хама биё ба намози иди саиди Курбон ва дар хакки худ, волидон, кулли муслимин, миллати точик 2 ракаати намози идонаро гузор ва хатман ки Курбони оне шав ки хамеша барои исломи азиз омодаи худкурбонист!
Гар дар ин кори хайр дастболои, пас мутмаин бош ки Худо хам бо Туст, ид хам барои Туст, ва ин хама навиштаи МО хам фидои Ту бод ки бо МОи ва хамонгуна ки калби МОро медони, хамеша барои фарзанди муслим, точик ва мардони асилу сарчамьу часуру гаюр ва вокеьан поккалб дар тапиш аст ва хам дуогуи чондарозии ингуна фарзандонем!


Агар аз хамин тоифаи ки гуфтем, пас дуогуи МО бош ки дуогуи Туем ва хам Иди Саиди Курбон МУ-БО-РА-ККК!!!




Шарифхони Т

Асири гам машав...


Асири гам машав ба ин замонахои сохта,
Ба ин равонахо нигар, равонахои сохта.

Расонахо дуругину хабарнигор фитначу,
Дилам чи мондае аз ин расонахои сохта.
Чи корхо,ки мекуни ,кушоише намешавад,
Натичахо ба дасти хар "миёнахо" -и сохта.
Дилам бисузад ин замон, ба хонасозу хиштмон,
Надида хакки музди худ зи хонахои сохта.
Чи мардхои занмичозу буздиле кунанд фахр,
Зи китфи бардамидаву зи шонахои сохта.
Ачаб,чи халки бехаё, лисон пур аз хакоратанд,
Бубин,ки хулку хуяшон харонахои сохта.
Дуруггу, чи зиштру, нишонахо ба чашму ру,
Зи хандаву ишораву нишонахои сохта.
Зи точикону халки ман, ту арманиву малдаван,
Дигар магу зи Равшане фасонахои сохта.
Чи дилхарош гаштае зи хофизони бехунар,
Таронахои милли шуд таронахои сохта.
Ба хизматат шаванду горати пулат кунанду бин,
Ба пораву ба хизмати сагонахои сохта.
Хамеша мард бошу мард,агар  гахе биафти хам,
Ба доми макру хиллаи занонахои сохта.
Ба  ваъдахои сарварони пурсухан чи нафрате,
Ки ваъда медиханду пас бахонахои сохта.


Субхони Саид: Дискфурўшонро ба суд медихам!


Дар рафти амалиёти саничишии муштараке, ки аз тарафи шўъбаи хукукхои муаллиф ва мушовири Раёсати мубориза бар зидди чиноятхои муташаккилонаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва журналистон гузаронида шуд, наворхои видеоии «Талоши зиндаги»-и Субхони Саид аз дўконхои фурўши наворхои видеои барчида шуданд. Субхони Саид дар ин бора ба макомоти мазкур аризаи шикояти навишта дархост намудааст, ки нисбати касоне, ки ба фурўши гайриконунии наворхои «Талоши зиндаги» машгуланд, чорахои конуни андешида шавад.
- Ман бо ягон студияи сабти овоз шартнома набастаам ва касе барои фурўши наворхои консертиам ичозат надорад, - даъво дорад Субхони Саид. - Пас хукукхои муаллифии ман поймол шудааст ва ман дискфурўшонро ба суд медихам!»
Хангоми гузаронидани амалиёти санчиши аз як дўкони Хафизов Шухратчон дар маркази савдои «Садбарг» 18 дона навори видеоии Субхони Саид мусодира ва барои ташхис ба КВД «Точиккино» фиристода шуд. Дар натичаи ташхис «Точиккино» муаяйян намуд, ки: «Сабту наворбардории консерти мазкур расман ба ягон студияи сабти овоз таалук надошта, худсарона ба фурўш гузошта шудааст.Дар болопўши фиттахо галограмма надошта ва сурогаи юридики мављуд нест. Хукукхои муаллиф ва хукукхои истеъмолкунандагон поймол шудаанд».
Як фурўшандаи дигари наворхои видеоии Универмаги маркази (ЦУМ), ки нахост номаш ошкор шавад гуфт ман намедонистам, ки фурхтани ин наворхо манъ аст, шумо бояд пешаки огох мекардед.- «Масалан намояндагони «Точиккино» омаданду руйхати чанд наворхоро пешниход намуданд, ки фурўхтани ин наворхо манъ аст. Аз чумла наворхои Манижа Давлатова, филми «Спартак», ки дар он сар буридани одам нишон дода шудааст ва якчанд филмхои порнографиро» Вале Равшан Меликов-подполковники милитсия гуфт: «Мо вазифадор нестем ба инхо фахмонем, инхо бояд аз хукукхои муаллифи огох бошанд, ки мумкин нест фурухтани ин наворхо». Ин фурўшанда афзуд, ки ин наворхоро аз бозори «Корвон» гирифтааст. Ин зан ба мо ичозатномаву патенташро нишон дод, ки конуни аст, вале хеч намефахмид, ки ичозати муаллиф ё студияи сабти овоз чизи дигар аст. Равшан Меликов сардори шўъбачаи хукукхои муаллиф ва мушовири Раёсати мубориза бар зидди чиноятхои мутташакилона ВКД ба фурўшандагон аризаи муаллифро нишон дод ва фахмонид, ки ин наворхо ичозатнома надоранд ва мусодира карда мешаванд. Азбаски фурўшандаи дўкон як дона аз ин навор дошт, он мусодира нашуд, вале ба фурўшандаи онида шуд, ки дигар наворхои мазкурро нафурўшад.
Аз дигар нуктахои фурўш наворхои Субхони Саидро пайдо накардем, шояд онхо аз амалиёти мо огох шуда наворхоро пинхон намуданд. Зеро кабл аз ин ман барои муайян намудани ин мавзўъ ба нуктахои фурўши наворхои видеои рафта дидам, ки хазорхо дона аз ин наворхо дар фурўши озод буданд.Ба суоли мо, ин ки наворхоро аз кучо гирифтанд, фурўшандахо иброз доштанд, ки «як мошин хар сахар омада ба хамаи дўконхо дискхоро таксим мекунад».
Аммо Ашраф Тўраев, директори КВД «Точиккино»-и нохияи Хисор хини амалиёт ба мо гуфт Субхони Саид худаш аз ин консерт 1000 дона навор «заказ» кардааст. Ў ба ман гуфт ин микдор наворхоро ба ман тайёр карда дех, ман худам мефурўшам.-«Чиянаш Исмат 1000 дона аз ин наворро оварда хамрохи ман ба дуконхои фуруши навори видеои таксим намудем. 500 тояшро шахсан худам таксим намудам».
-«Дуруст аст, ки мо ин микдор наворхоро фармоиш додем, вале онхоро ба фурўш набароварда, аллакай Бахтовар ном чавон дискхои консерти маро ба фурўш баровард» - гуфт Субхони Саид.
Хамзамон Хайриддин Зайниддинов, директори КВД «Точиккино» иброз дошт, ки Субхони Саид муаллиф бошад хам хукуки нусхабардори (тиражирование) кардани наворро надорад. Ў хукук надорад бе шартнома худаш нусха бардорад. Хукуки нусхабардориро танхо «Точиккино» медихад, гуфт номбурда. - Муаллиф аввал бояд ба мо мурочиат мекард ва мо дар асоси ариза ба ў гувохиномаи нусхабардори медодем».
Дар холе, ки тибки иттилои гайрирасми хазорхо нусха навори консерти Субхони Саид дар гардиш аст, зимни амалиёти санчиши мо аз фурўшандахо ба микдори 2, 17, 3 ва 1 дона навор пайдо намудем. Вакте аз директори КВД «Точиккино»дар нохияи Хисор Ашраф Тўраев сабаб пурсидем, ў икрор шуд, ки «ман онхоро огох намудам, ки фурўши ин наворхо гайриконуниянд». «Агар ман бинам фурўхтани онхоро чораи конуни меандешам» - гуфт Тўраев.
Навори видеоии пурмочаро, ки «Талоши зиндаги» унвон дорад, ба хотири бозгашти дубораи Субхони Саид ба сахнаи хунар баргузор шудааст. Барномаи консертии мазкур сеюми декабри соли 2011 дар Филармонияи давлатии Тољикистон бо ташаббуси Маркази тадкикоти журналистии Точикистон ва сарпарастии Сафорати Амрико дар Точикистон доир гардидааст. Телевизиони «Сафина» ин барномаи консертии Субхони Саидро пахш карда буд.
Кабл аз ин овозхонхо Афзалшох Шодиев ва Рустами Нур ба шўъбаи мубориза бар зидди чинояткори дар сохаи моликияти зехни ва Манижа Давлатова ба КВД «Точиккино» низ барои поймол шудани хукукхои муаллифияшон мурочиат карда буданд. Вале ду даъвои аввали бо сабабхои аз даъвояшон даст кашидани муаллифхо то фарчоми мантикии худ нарасиданд.
Аммо, Субхони Саид азм дорад, ки ин казияи фавкуззикрро то ба суд бубарад…





Рахимаи Аьзам

Садои мардум... Мушкили 10сола!-3

... Аз ин хама мухимтар ва аламовар чизи дигар аст: Сафоратхонаи Точикистон дар Русия чойи он ки дастгири хукукии мухочирон бошад, ситами дигарро сари хамватанон пеш гирифтааст: Фуруши хуччати "Бозгашт ба Ватан"-(ВОЗВРОШЕНИЕ НА РОДИНУ!). Таваччух кун хонанда! Хамин хуччат охирин умеди мухочир аз Сафорат аст!!! Вакте ки ана хамин когази одитарин ки худ 200 рубли руси аст, (4 кутти сигори майзадахои рус!) ба мухочир бо нархи $200 фурухта мешавад ва он хам аз чониби ДИПЛОМАТИЯИ ТОЧИК(!) пас чи чойи умед бастан мемонад, ба Сафорат??? Дар бораи Консулгару Диаспора ва Созмонхои хукукдифо ки хатто Хукумат хам хисобашонро гум кардааст, сухан гуфтан ХАЙФ чи ки ХАРРОМ аст!!!
Хамин аст, ки муздурони мо умуман 1 зарра хам бовари ба мансабдорон надоранд. Миёни аьзои Хукумати Чумхури миш-мишхое хам хаст ки: Касе ки ба Сардори Давлат маькул нашуд, уро сафир таин мекунаду бо ин рох шахси таиншударо аз чашмаш дур. Вале окибат ин аст, ки агар ун 1 нафари "номаькул" сари 1 нафар-президентро вайрон мекард, чун сафири Русия таин шуд, мутмаинан сари 2млн мухочиру билохира сари миллатро вайрон мекунад! Агар ин хамин чур намебуд, ходисаи халабонхоро хадди нихои бояд Сафир хал мекард то ба президент гап намерасид! Охир сафорат, ки мухочирро аз пулис, скинхед, масьалахои сиёсии миёни дипломатхову миллатхо огоху мухофизат накунад, маро охистакак мебахшеду сафиру сафорат боз чи вазифаи дигаре дошта бошад? Хуччатбизнес? То кай Сафорати Точикистон барои миллати шарифи точик хамчун як сафорати фасодзада боки мемонад? Оё нафаре вучуд дорад ки ин дипломатхои НЕОпроффиро ки сари мардуми беинхам ситамдидаи точикро дар муздури мехуранду навбати хунаш расидааст, канор гирад то ин миллатро ки якинан тибки омори расми 2000000 нафараш дар Русия ба сар мебарад(!) аз ситами сафирони беинсофаш рахо намояд?! То кай ин хол идома мекарда бошад??? Ё ба кисмати аввалии суруди Нимчони Сайдали гузарем?!?!?!
Мегузарем, мегузарем ишё как мегузарем! Ва медонед чаро? МО МЕТАОВНЕМ не,ором бош! САФИРОНАМОН МЕТАВОНАНД! Чиро? Дар вазифаашон "истидогари" карданро!!! Тамом ва дигар на салому на алейк. Касе ки фахмид халолаш бод нафахмид пас айби ман не, китоб хондан даркор! Наимчон РРРрррафтеееемммм!!!




                                                           Ш. Тагоймурод.

МАН АЗ ДИЁРИ НАВРУЗАМ!

НАВРУЗИ ХАМАИ ФОРСАЖИЁН ВА ГАЙРИ ФОРСАЖИЁН ХУЧАСТАВУ ПИРУЗ БОД!

Ба сина шуълае аз оташи Зардушт,
Нигину Чоми Чамшед дар ангушт,
Фишурда бозбанди Рустам дар мушт
Расид ин рисолат зи хазорон пушт,
Ки ман аз диёри Наврузам,
Рахши рангинбахори Наврузам!

Сафои субхи сафеди Ачам аз ман,
Хадиси хикмату адёни Араб аз ман,
Чилою вусъати Афранги дар тараб аз ман,
Дурахши Камар андар тирашаб аз ман,
Ки ман аз диёри Наврузам,
Хамраву хамчавори Наврузам!

То даме, ки бахор хохад буд,
То мухаббат ба ёр хохад буд,
То сабую хумор хохад буд,
Аз ман ифтихор хохад буд,
Ки ман аз диёри Наврузам,
Тифли чашминтизори Наврузам!

настроение: Болида
хочется: сабзабахори Механ
слушаю: Шашмаком

www.mail.ru-макони "кишлокихо"???

Наканецто!!! МО ХАМ РАФТЕМ, МЕХМОНИ! Бовар кун хонанда ки як маротиб мо хам сар халондем ба ФЕЙСБУК-шабакаи асолатбохтагону "аклакхо"! Шабакае ки рости аз шимол то чанубу аз шарк то гарб бо микроскоп хам мушохида намои 1 точики бовикору сохибгуруру тануманду хушбин намеёби!!! Фейсбуке, ки рости хич сарфахмаш нарафтам! Факат хамин кадар фахмидам ки асолатбохтагонро аз mail.ru "талокашон" кардем, унчоро даст гирифтаанд! Акнун Фейсбук майдони асолатбохтагон шудааст! Аз ху хамон нафароне ки то хамин ди аз истиклолияти Точикистон истикбол мекарданду чун имруз кисмат "кидат"-ашон карду бо кадом айби оилавие дар муздурианд, дархол истиклолияти МОро зери суол чи ки зери шубха мебаранду хатто ки махкум мекунанд ки ин истиклолият нест! Ва медони чаро? Зеро аз курсихо париданд!!! Дар Фейсбук хар соат аз мухочирати Русия меноланду меноланду меноланд... ва ачобат ин аст ки аксар, танхо ва танхо аз мухочирати РУСИЯ! Дигар на аз Амрикову аз Казокистону аз Эрону дигар кишвархо! ЧАРО МАХЗ РУСИЯ??? Зеро ки Русия мардуми моро ба як тини пучак хам кадр намекунад! Хамон Русияе, ки хамин асолатбохтагони точик дар дохилаш хору зоранду ин кадар азоб мекашанд, чойи дифоь аз хукуки хеш гиряву мотамро авлотар медонанду санг партофтан сари давлатдории точиконро осонтар мепиндоранд! Намеандешанд ки: "чаро мо танхо дар Русия хорем?!". Охир дар дигар кишвархо хам мухочир дорем ку?! Зеро тарсуем! Хамин Фейсбуке, ки "хонашерони майдонгариб"-и мо сайташ мехонанду боз дигаронро хам монанди хеш "заразит" кардан мехоханд, аслан ягон шароити кори надорад!

Махмад Зубайдов бародари гиромиву сахт эхтиромдоштаи мо ва узви командаи мо як бор гуфт ки: "Шарифхон, mail.ru чойи кишлокиё шидай, биги документота мерем Фейсбук ё одноклассник!".

Акнун вакти посух додан ба саволи Махмад хам расид:
Вале ин посух барои Махмад Зубайд нест, ин барои асолатбохтагоне аст ки дар сухбатхо бо Махмад mail.ru-ро макони "кишлокихо гуфтаву мардуми дехаро писханд задаанд!
Бародари азиз? Оё намедони ки аз дастаи МО хамун асолатбохтахо аз инчо фирори шуданд?! Акнун мехохи аз хамун чо хам фирор кунанд? Ва аслан чаро mail.ru макони кишлокихо набошад? Ва умуман чаро кишлоки набошем?! Ман шахсан дар Точикистон чуз Душанбеи азиз дигар шахре надидаам ва дигар шахрхояшро шахр хам намехисобам зеро хамаги нохияе беш нестанд! Ва бошад! Бигзор хамингуна бошад ки хаст! Ман шахсан шахр намехохам! Зодаи дехаам ва аз дехоти буданам хич вакт мисли асолатбохтагони Фейсбук ор намекунам! Барьакс, ФОХИРАМ! Муфаххирам ки зодаи яке аз дехахои хушбодухавои зебоманзару кухсори Точикистонам! Бояд ту хам фахр куни, агар аз точик будан ор надори! Хамин шахрхое ки хар зимистон мардум аз сардияш сармозада мегарданду дар тобистон аз гарми дарунпухтаву хамаги мардум дар хасрати нафаси тоза ормони мемиранд, 1000 маротиб дехаи ман болотар аз ун шахрхои номдор аст! Ва ман 1000 маротиб шукри Оллохи мехрубон дорам ки дар як гушаи олам ки табиати бихиштосо дорад, маро мардуми азизи диёрам бо 2 чашми 4 интизоранд, ва махз дар КИШЛОК! Дар кишлоке ки баьзе гуспандхои кари асолатбохтаи Фейсбук аз он ватан ки тамоми умраш уро ба воя расонд аз ун хоку аз ун диёр ор доранду чун 2 руз шуда ки дар кучаву паскучахои Русия аз тарси милисаи ришвахури рус тарсида мегарданд, инчоро болотар аз он хок медонанд, ки баьди чанд соли дигар часади сардашонро агар ба дасти сардхонахои русия (МОРГ) наафтанду барои истифода ба Амрикову Чин равон накунанд, ё дар кадом чангалзори Русия напусанд ба хамун хок мефиристанду мардуми хамун диёр сари манзилаш дасти дуои хайр мебардоранду модаракони хамон КИШЛОК барояш ашк мерезанду ба кавле "мурдаашро обод мегардонанд"!!!

Баьзехо бошанд инчо аз дур истода мисоли саге, ки барои махтоб мечакад аммо махтоб болотар аз пиндор аз хатари газидани саг дур карор дорад, мечаканду худро хушбахт мехисобанд ки калами навиштор доранд ва намедонанд ки дар наздиктарин фурсат ун калам натанхо сари сохиб, ки сари миллатро хам мехурад!

Хамин чанд руз аст ки мо хам дар Фейсбук бо як ду "тормоз"-бародарони асолатбохтаамон бахси тунд дар бораи мухочират оростаем ва бовар кун хонанда, ки хич нафаре аз унхо андешаи солим надоранд! Факат сиёх карданро медонанд! Ва худро боз мусалмон мегиранду корашон гайбат чи ки "зайбат" кардани хонанда аст! Нафареро намеёби ки як зарра хам аз пешрафтхои ватан хушхол бошад! Хамаги мехоханд ки Точикистонро паст зада хандахариши олам гардонанд! Тамом! Бо ин рох мехоханд рейтинги хеш бардоранд! Дар майнаи пучи унхо хич намегунчад, ки гурури милливу дарки механпарасти ки хамин ниёгони мо гуруснаву ташна кури хеш гаштаанду бинои дигарон! Вале то кай ин хама идома меёбад? То оне ки аз ин сайт ба дигареву аз унаш бар инашу аз ваяш ба сайти нав?! Айб нгест ки аз таср дарс айтхои ИТНЕНЕТи хам мисли кучманчиед? Мегурезед! МУХОЧИРИ ИНТЕРНЕТ гаштаед! Хайфи Шумо асолатбохтагону курнамакони ВАТАН!



Шарифхони Т

Намесузад,ки механдад!


Ба дарду сузи ман мушрик намесузад,ки механдад!
Ба холи сахти ман мумсик намесузад,ки механдад!
Балое бар сарам гар омаду зад,хар чи бодо бод,
Маро душман кунад табрик.Намесузад,ки механдад!
Гаму гусса вучудамро бисузад, бо чи осоям?
Гамамро дусти наздик намесузад,ки механдад!
Чароги баркро куштан, чароги дил бикуштан шуд,
Дилам бар хонаи торик намесузад,ки механдад!
Агар маймунсириште хам мазоке карду хомушем,
Ба мо хам мардуми дилнек намесузад,ки механдад!
Агар беилму нодону ба худ берахмихо дорем,
Назартангу басарборик намесузад,ки механдад!
Агар тахдиди чонамро кунад мурдор, кай довар
Ба корам мекунад тахрик? Намесузад,ки механдад!
Сари гуре зи гумрохи ба худ гар хайкале монем,
Ба гури мо ягон мушрик намесузад,ки механдад!
Зи гарбиён чи нолем ар ба мо хамсояи наздик,
Казоку Киргизу Узбек намесузад,ки механдад!
Агар хар марди равшанфикри точик меравад фардо,
Гумонам, фарди дилторик намесузад,ки механдад!
Чаро хар каллазарди хук мазоки миллатам созад,
Ба кадру кимати точик намесузад,ки механдад!!!

ЧАНГИ ФорсаЖ ё 23-феврал муборак хомиёни ватан!!!-3

(Диккат! Диккат!! Таваччух!!!
Матлаб хамаги барои фарогати алхи ФорсаЖ аст ва танхо барои фарогат! Вокеьияте надорад! Ва бигзор ки касе аз хамдигару аз МО маранчад! МО МЕТАВОНЕМ!)


Соли 20... Мавсими "облава"! Дар чодахои Душанбе бо хонум Интизор гашту гузор дорам, ки мошини сабзранги ГазЕл ист фармуда аз дохилаш 4 нафар-Алекс Максим, Абубакрхуча Нуриддинов , Азиз Кадам ва Хочи Ёдгориддин фаромада маро ихота мекунанду Интизорро ошуфта. Мефахмем ки ин 4 нафар накшаи имсолаи даьватшавандахоро итмом накарда будаанд,-1 нафар намерасидааст! Ман мегуям: "Шуморо чи шуд ки хадаха маро "облава" мекунед?". Гуш намекунанду ичборан дохили мошин кардани мешаванд ки дар дохил 4 нафари дигар буд. Инхо Шахриёр Суламони, Насим Хошими Зафар Абдулхамидзода ва Сайёд Рахмон буданд! Насим механдид. Шахриёр хам шод буд ки хизмат меравад. Ман хам шод будам, аммо гами Интизор маро аз рохи хизмати ватан бозмедошт. Рафтан нахостам. Алекс бо телефон занг зада мегуфт: "рафик сардор, Шарифхонро хам доштем, дигар танкид намекунад. Аз сахар то бегох "шагат" карда хизмат мекунад!". Аз телефон садои хандаи зан ба гуш мерасид. Маьлум ки сардор зан буд. Баьдтар фахмидем ин зан Ориёна будааст! Рафтем, ва маро бояд аз духтур мегузаронданд, дар назди духтур хостам, худро бемор нишон дихам, аммо камиссиюни дуктури харби-Алишоди Дардошно гуфт: "гум кнен ира, сад фоизай. Хози амича фребтон мекна. Баренш хизмат кна!". Харчанд кушиши фахмондан мекардам, аммо храпп нагузашт! Бо шиносам Гулоро Махмадчонова-Корманди камиссарати харбии Душанбе занг задам ки "кришаги" кунад, аммо гуфт: "додар давраи ФорсаЖрониат гузашт, акнун "газДУД" хизмати ватан, МАРШ!". Дилам сард шуду ба худ гуфтам ба ин апаам чи шуда бошад, ки хамеша дастгири мекарду ин бор "отказ" кард?!
Бурданд маро дохили "козарма". Ана шуруь шуд хизмати модар-ватан! Дар дохил хамаро ба "учебка" бурданду якчо "шагат" сар шуд!..
Командир, майёри милиса Зебуниссо Мухаммадрошид буд. Маро зиёдтар "гонят" мекард. Насим дар хамун хизмат хам бо Шахриёр маро эхтиром мекарданд. Пулоди ки пешкадамтар буд, сардор таинаш карданду хазломез, мегуфт: "ку бинем, чиро МЕТАВОНАНД...?". Мехрубони Рохил маро писханд мезад ки: "навиштанро метавонанд!, шагатро 7пушташон надидааст!". Шахриёр бо Мехрубон "разбор"-ро сар карданд. Вакти хуроки нисфирузи назди ошпаз рафтем, ошпаз хонум Санифа Ахмедова буд. Касдан ба косаи ман факат оби шурбо ворид кард, салату гуштро дарег медошт. Аммо Насимро хуб медонед, дархол часта чангро шуруь кардани шуд, ки 5 нафар "дембл" омада Насимро бурданд "губах"! Яке буд ки аз кучое командири кисми низоми полковник-Гулгунча Болтаева расид. Хама боодоб шуд! Маро дида гуфт: "хизмат, ФорсаЖ нест, инчо одамт мекнем!". Тавба ин кадар вакт одам набудем?!... Хархаша шуруь шуд, ин лахза армия худ ба худ мечангид! Хама тирпарони, Насим качу рост тир мекушод. Шахриёр граната хаво медод. Алекс снайпер дар даст касди куштани Насимро дошт. Азиз Кадам боз хам насихат мекард, аммо алакай дер шуда буд... Пулоди кафлези Санифаро аз ошхона оварда дар сари Шахриёр задани шуд ки "террористон"-и ФорсаЖ Махмад Зубайд бо Файзи Хаким расиданд. Махмад кафлезро аз дасти Пулоди гирифта дар сари Мехрубон чунон сахт куфт ки гумоман дар сари Мехрубон "ТУФОНИ ИШК" таркид! Пулоди "дембл" хам бошад, зато "НАВКАЛАМ" аст. Файз бо тамоми кувваи вучудаш бар сари Гулгунча дод зада мегуфт: "бги Вазири Мудофеара занг бзан тенчш кнан ки "ватан вайрона аз ёр шид!""! Ними армия нобуд шуд алакай, аз дур мошини сабукрав намоён шуд дар пеши мошин парчами Точикистон парафшону чунин навишта шудааст: "ФорсаЖ МО МЕТАВОНЕМ!". Аз дохили мошин Озод-мадератори ФорсаЖ садо кард: "раис рафтем вазь безебай!". Савор шудему "трубанадуд" харакат кардем суи Душанбеи азиз. Баьди нимсоат котиби матбуоти Вазорати Мудофиа-Рахима Бобоева тавассути ТВТ хама ходисаро бо хисороташ маьруза карду сипас дар экрани ТВ, Вазири Мудофеа Шомафрузи Рахмони пайдо шуда ФорсаЖро тахдид кард. Дар хамин хол сахифаи ФорсаЖро кушода дидем ки матлаберо бо исми "ЗАНХО АЗ МАНСАБХОИ ХАРБИ РОНДА ШАВАНД!" бо калами Муборизи НИЗОМИЁН нигошта шудаасту 200 комменти дар зераш тарафдор дорад! Ба суханони Вазир-Шомафруз Рахмони гуш кардам, ки холо хам тахдид мекард, яке Рахима идомаи тахдидро хонду як шеьри Фирузаро дидем ки Басири "ноид" карда хондестай:




ФорсаЖ ту чи кор карди?
Армияра пир карди!
Хизмата чазир карди!
Апата Вазир пир карди!
Аскарора кир карди!
Хонандота кир карди!
ФорсаЖ ту чи кор карди?

Ман мухочир муздур,
Менигорамат аз дур,
Метарсам ман, Шумо зур,
Хизмат озод аст, мачбур?!
ФорсаЖ ту чи кор карди?............


Ва мерафтем суи Душанбеи дустдоштани ки дар рох кормандони БДА мошинро боздоштанду дигар рохи гурез набуд, ва бо Озод таслим шудему хама хизматчихои "спецназ" моро сарзанишкунон тахдид мекарданд ва ин лахза як хушбурути крутой-командир омада дар сари ман як мушт зад ки гумон карда, ки тамом мурдам!
Аммо он мушт маро сахт фоида кард... Бедор шудам ки Алекс Максим маро бедор карда мегуяд: "НАРОДИ ФорсаЖа табрик намекни???".
1000 маротиб шукри гуфтам ки мансабхои харби дар дасти занхо нестанд вагарна холи аскарбачахо чи мешуд?!?!?!?!))))))))))
Мехезаму ба табрикоти хонандахо мешитобам ва идомаи табрикоти бандаро дар малаби дигар интизор бош хонанда!!!... МО МЕТАВОНЕМ!





ЗОДРУЗ МУБОРАК БАРОДАР ШАРИФХОН!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!



Салом бародарону хохарони ФорсаЖ ва дустони сахт гиромиву кадрдони Шарифхон ва Шарифхони Тагойиурод бародари гироми!
Аввалтар аз хама хамчуноне ки инчо баьзехо алакай гуфтанду дидему шунидем, бародари гироми, дусти азиз, муассиси ФорсаЖ ва шогирди гиромиам-Шарифхони Тагоймурод 

 ба таьбири худаш-солгарди умр дорад!
Сохибчашнро бо чашни зодрузаш ки барои ахли ФорсаЖ шодии дигарест,  самимона табрик менамоем ва шахсан аз номи худ ки бешак бо Шарифхон сахт муносиботи бародарона дорему хамеша бо ин ахд иншооллох ки то абад меравем, бо як чахон ормонхои исломиву точикона ки барои Шарифхон аз хадафхои аслияшанд, муваффакияташро дуогуям!!! Шарифхон додари азиз, бародаронаву устодона ва дустона зодрузатро аз номи тамоми хонандахоят табрик менамоям ва Худо кунад ки хамеша сохибиродаву матину вокеьятпарасту исломдусту боимон ва мухимтар аз хама саломату мусалмон бимони!
Ва орзуи ягонаи маро нисбатат худ медони ку, ХАРЧИ ЗУДТАРН КУРЬОНХОН ШАВ! аЛАКАЙ ШУРУЬ КАРДАИ ТО БА ОХИР БАР ХАДАФАТ БИРАС! ВА ХОНАНДАХОРО ХАМ ТАНХО МАГУЗОР, КИ ХАМА БО ТУ ФОХИРЕМ!!!
БОВАР ДОРАМ ТУ МЕТАВОНИ! 
МО МЕТАВОНЕМ!
 

        Бо эхтиром бародарат АЛЕКС МАКСИМ

23-феврал муборак хомиёни ватан!!!-2

(Чун хамешаги хонандаи гироми ва дусти нихоят азизи МО ФИРУЗАбону барои хонандаи ФорсаЖ мисрахои хачвиеро нигоштаву рохи кардааст ки инак мисрахоро бихону биханд "аскар"-и ФорсаЖ ва табрикоти ФИРУЗАро кабул фармо!)



4моха шид ФорсаЖам!
18сола Армия!
Хама ФорсаЖ мераван,
Лек ба хизмат намия!

Шарифхон дар кучои?
Армията рои кун!
ФорсаЖа сохиб шиди?
Ватана сохиби кун!

Шояд Алекс даркор,
То спонсори кунад,
Ана баьд Шахриёрмон,
Сипахсолори кунад?!

Насимро хай медонем,
"Облава"-ра интизор!
Аммо бо чунин афсар,
Душман мешад торумор?!

Озодро харкуб карда,
Барои хизмат биёр!
Дар Расия мегарда,
Ватан инчо интизор!

Махмад серавно кардай,
Хизмати модар-ватан!
Дар хизмат чанг мекардак,
Бо адувон тан ба тан!

Файзи Хаким хез биё,
Аз Питер бгрез биё!
Файз ор бар афсарон,
Бар капустпиёвашон!

Азиз Кадам худут чи?
Меган хизмат нарафтай?
Арусбози метони,
Намешид хизмат брай?!

Мехрубону Пулоди,
Хардут хазмат накарден,
"НАВКАЛАМ", "ТУФОНИ ИШК",
Шеьри ватан нависен!

Алишод "ДАРДОШО",
Шоири малехтар аст!
Хизмат куни ба фикрам,
Хизмат меган бехтар аст!

Басири меган худут,
Хизмати урус рафтай?!
Бо меган ки зан дори,
Чустани арус рафтай?!

23 феврал,
Чашни шерони нар аст!
Касе хизмат нарафтай,
Беватан дар минбар аст!

Ориёна Интизор,
Зулфияи "никобдор",
Гулгунчаву Гулоро,
Шомафруз Зебониссо,
Гулруву Рахимахон,
Равед табрики мардон!

Дар ФорсаЖ 1 армия,
Муаллифи машхурай!
Табрикшон кунем агар,
Дугонахом эх зурай!

8-уми март наздикай,
Фаол бошед духтархо!
Ахтари мардон МОем,
Бошен мисли ахтархо!

Ид муборак ФорсаЖам,
Иди сохибватанхо!
Сохибватан Шумоед,
Ид, иди сарбаландхо!
Гар набошад, ФорсаЖам,
Ид набошад, эй занхо!

Сохибчашни Феврали,
Шербачои ФорсаЖанд!
Бо фахру бо каттаги,
Шабу руз МЕФАРСАЖАНД!!!




19-соли таьсисёбии Куввахои Мусаллахи Точикистон муборак хамватан!!!

Фируза

СПАМи нотавон эхтиёт бош!!!

Эх СПАМ, СПАМ ту хам "одамгари" надоштай! Вориди МИР гаштам, ки Шомафруз кариб ки гирякунон гуфт: "Шарифхон касе ният дорад аз номи ман ба воситаи СПАМ харгуна наворхои фахшро "нравится" карда маро шармсор намояд(((!". Аз инаш халос нашуда ки Гулгунча хам "доду войкунон" бо хамин максад навишт ки дастгири кунем Шомафрузи Рахмониро! Инашро "уговорит" карданро тамом накарда ки Басири хам "гудог" дод ки :"ман хушдор дода будам ки аз СПАМ эхтиёт бошед ва Шомафрузапаамонро дастгири кунед то аз ИНЕТ дилсард нагардад!". Хуб гуфтем чун хохиши дуст барои мо амр аст ва хостам ки аввалтар аз хама сарфахми казия шавам. Сар халондам ба сахифаи "МОЙ МИР"-и Шомафрузи Рахмони ва хостам ки бинам ин чи гуна нагма будааст? Дидам "бечора" СПАМ он кадар кори баде накардааст! Хамаги як "ссылко"-и фахшро "нравится" карда хостааст ки Шомафрузапаи моро дар ИНЕТ шармсор намояд! Аник карда фахмидем ки СПАМхонум (зан аст, на мард!) як соли дароз задаву чукида мехнат кардааст то пароли Шомарузро дастраси карда бошад, бо хамин кадар "мехнати халол" хамаги як навори (таваччух кун хонанда!) махкамро "нравится" карда баромада рафтааст! Мисли Азиз Кадам аз компат халос мешуди чи кор мекарди Шомафрузи гироми?!
Хуб ман ки "мухлис ашади"-и ингуна наворхо хастам, хостам як сар халонда 4то "клип"-хои Питербургский тамошо карда як даврони чавониро ёдовари намоям! А, неееее! НАМЕШАВАД ОХИР! "Регистратсия" мехохад!!! Ман ки инкадар баччаи хира хастаму 1001 нагма карда ворид мешавам то лоаккал 1 наворашро бинам, намекушояду пас Шомафрузи Рахмони ки инкадр модари боиффату пурназокати исломист ва аз точик буданаш дар хамачо фахр мекунад чи гуна шарманда шавад??? НАМЕШАВАД!!! Ну охир хич кас ин наворхоро тамошо карда наметавонад то пули акуррат партофта худро аз кайд нагузаронад! Ман харчанд ки "мухлисам" вале пулаки духтарро нигох намекунам кучо расад ба навортамошову пулпартои барои кадом як аблахи дузахи! Вокеьан хам маркази СПАМхонумро дидем ки дар Санкт-Петербург карор дорад! Ачабо, ин марказ оё боре аз "мани мискин" ёд мекарда бошад?!))) Бисёр мехостам ки "исми шарифаш"-ро иброз дошта бошам, аммо боз хам як маротиби дигар интизор мешаваму ин бор хам интизори бародари гумноми интернетиамион Шахрошуб мешинем ки бигзор У хама хакикатхои бемаьниро нигорад!!! ШАХРОШУБ МЕТАВОНАД! Вокеьан хам Ун нафар бисёр асрорхоро боре ба хонандахои ИНЕТии "mail.ru" ифшо карда буд, бигзор ки ин нафарро бори дигар мардонавор ба майдон кашем то аз талхтарин хакикатхо бароямон кисса кунаду пардаи чашми кури хонандаро кашида равшан созад ва никоб аз чехраи манфури СПАМхонум баркашад то хамаги дигарбора ба доми гузоштаи НЕОСПАМхо наафтем! Чаро неоспам? Зеро СПАМи "гироми" проффи набуду нест, агар профессионал мебуд, мо на-ме-ши-но-хт-ем-аш! Маслихати банда ба ин СПАМхонум хамин ки маротиби дигар боэхтиёт бошад то мо уро нашиносем! Агар кораш хамин хаст ки дидем ва фахмедем ки КИ пушти пардаи СПАМ меистад, пас мо маротиби дигар хам уро ХАТМАН мешиносем! МО МЕТАВОНЕМ!
Бо арзи эхтиром ба хама нафароне ки аз ИНЕТи mail.ru истифода мебаранд хамин кадар хохиш дорем ки ба хар наворе ки дар сахифаи хар кас мебинед, метавонед бовар накунед, зеро СПАМ дар "хизмати Шумост", метавонад хар лахза пароли хар кадоматро суитифода аз барномахои чадид ИНЕТи гирифта, шарманда созад, харчанд ки ин шармандаги нест, зеро хама хакикатро медонад! Ва мо интизори Шахрошубем то биёяду дар мошини ФорсаЖ савор шавад..! МО МЕТАВОНЕМ, интизор буданро хам..!





Шарифхони Т

Shamafruz* ***, 14-04-2012 22:32 (ссылка)

БАЗМИ ФОРСАЖИ......

Бале,24сол кабл муждае дар дили шаб расид.....
Дар оилаи акаи Тагоймурод тифлаки дуструи серабру ба дунё
омад.Ва аз рузи аввали зиндаги харчанд доягон кушиш мекарданд
ин тифлакро харчи сахттар парпеч намоянд,аммо ин тифли як соат
пеш ба дунё омада ба ин даст намедод.
Синнаш ба се солаги нарасида,ин кудак чунон мохирона сангандози
мекард,ки дар хонаи акаи Тагоймурод ягон тирезаи обод намонда буд.
Баъдтар,яъне солхои мактабхони ин сангандозихо ба пофишори ва якрави
ба нуктаи назари худро доштан,ки саропо хакикат буданд,гузаштанд.Бале,
у нуктаи назари худро дошт ва хамеша кушиш мекард ягон нуктае бе ахамият
намонад ва муаллимон низ аз дасти у ба дод омада буданд,чунки у фаъол буд 
ва хамеша навоварие мехост.Серталаб буд нисбати устодон ва харисона дарс 
меомухт.
Ба фикрам муаллимхо низ мехостанд тезтар ёздах сол сипари гардаду ин чавон
ба зудии зуд мактабро хатм намояд.
Падар медид,ки писараш бисёр мустакил аст ва аз часуриву хакикатпарастиаш ме-
болид.
Ва пас аз хатми мактаб падар ба у дуъо медихад,ва у ба мавчхои пурталотуми зин-
даги гуттавар мегардад..........................

Кисса кутох...ээээ тоесть дарози бад шуд.
Алъон мавчхо  уро ба сохили дарёи НЕВА оварда партофтаанд.
  Ин кудак Шарифхон буд ва ин чавон Шарифхон аст,ки мо дустон
хамаги уро дуст медорем!!!




 
ЗАНГИ ТЕЛЕФОН....................
Ин ки бошад вакту новакт занг мезанад?
Албатта ин Шарифхон будагист!Аллоооооооооооо?
Шарифхон-апачон ассалом,ика дод назан,гушома карди!
Шомафруз-салом Шариф!
Шарифхон-саломатихот созай апа?
Шомафруз-эээ не,ШАРИФ ман хастаам.хотирам озурда намедонам
иллат дар чист?
Шарифхон-ягон навид хаст?
Шомафруз-не!!!навид павид нест!!!
Шарифхон-ъхмм................хомуши.....
Шомафруз-аз ту чи хабари тоза?
Шарифхон- зангирм,мошинхарм,хонахарм!аз ин хабари хубтару
тозатар магар хаст?
Шомафруз-.....ханда....
Ва огоз мешаванд,рузхои мо бо чунин сухбатхо.Бале,Шарифхон
кореро огоз намекунад,то маро нахандонад.Мегуяд,то шумо нахандед кори ман
пешрави надорад.
Шарифхон бо як занги телефониаш ба дили дустон сурур мебахшад!
Хуллас, харф зиёд аст аммо биёем ба сари максад.ФОРСАЖ имруз ид дорад,базм
дорад,туй дорад!
Санифаааааааааааааа,Гулгунчааааа,Ориёнову Хурсанд!!!!!
Дар кучоед???Сахна хамаи шуморо интизор!!!
 





Бале ФОРСАЖ ид дорад.Форсаже,ки Шарифхон тавонист хамаи мо
дустонро сарчамъ намояд Форсаже,ки нури илохи нури Мухаммади дораду
Файзу баракат.Форсаже,ки майдони Шарифону шарфман-
дон аст.Форсаже, ки Насими диловезаш мафтункунанда асту Кадами
дустон Азизу Озод аст.Форсаже,ки хамеша Шомаш Фурузон аст.
МАРХАБО БА ФОРСАЖ!!!




ШАРИФХООООН!!!!?Дар кучохо мегарди биё,ки и бонухои Форсаж

на ракса метавонанду на сурудхони.Биё базма хдт обод кун ки бе 
ту намешава.....




Ана ин гапи дигар!!!Ооо!!!Ана Зебуннисои мо хам расида омаданд.





Тоза созад гулбуни умедро пайгоми дуст
Бишкуфонад гунчаи дилро насими номи дуст.
Ба хар як инсон лозим аст дар талаби дусте бошад,ки дар хама холат
хамдаму хамроз бошад.Чунин аст Шарифхони мо!!!
Зодрузатро шодбош мегуему мегуем ШОД БОШ Шарифхон!

ЗЕБО ВА ШОМ.













Shamafruz* ***, 16-02-2012 20:16 (ссылка)

УШЛА НЕ ОБЕРНУВШИСЬ.....

Ушла не обернувшись.Случилось так, ты жизнью обожженная,

Ставшая ненужной никому.

Ошибками и верой закаленная,

Не верящая слову своему.


Ты стала сильной, стала мудрой,

Ты стала видеть на шаг вперед.

Покинула просторы. Стала гордой!

Ты стала той, кто прошлое не берет!


Ушла надолго. Быть может навсегда.

Ушла одна. Не спешно. Не обернувшись.

Взяла лишь сил и новую себя!

Пошла вперед, назло всем улыбнувшись!


Дорога вывела на новые моря,

Все дико так казалось, в первый раз.

Простор пугал, позвал назад тебя.

Ты обернулась - и без лишних фраз.


Ты - сильная, ты - справишься,ты - можешь.

Попробуй, ведь все еще впереди!

Ты сама себе теперь поможешь,

Ты не одна, ты с ангелом, иди!


И путь ее надежно защищая,

Со всех сторон любимыми людьми.

Ни на шаг не отступая,

Перешагнуть с ней в новое смогли!


И снова жизнь ее закипела,

Появился смысл. Появился сон!

Она теперь уж больше не ревела,

Был рядом ангел, был рядом он.





Боро Худои курси арзи дилам бипурси...

Бар акл оварам шак аз дасти кавми узбак,
Механ шуда муаллак аз дасти кавми узбак.
Таърих чаппагардон, фарханг моли эшон,
Барбаста рохи равнак аз дасти кавми узбак.
Курбокка хамсадошон, дашту даман сарошон,
Рубах фирефт лаклак аз дасти кавми узбак.
Кандшахр беСамар шуд, Фаргона фарти хар шуд,
Хору Бухор дусад лак аз дасти кавми узбак.
Барбаста рохи хона, бо сад раху бахона,
Дарвозабон шуда саг аз дасти кавми узбак.
Тор аст хонаи ман, гум шуд нишонаи ман,
Рогун хамушу Норак аз дасти кавми узбак.
Сино табиби турку Хайём узбакигу,
Мансур кучо аналхак аз дасти кавми узбак.
Фарханги ориёи моли хари сарои,
Воли шудаст эшак аз дасти кавми узбак.
Боро Худои курси арзи дилам бипурси,
Хакдор расон ту бар хак аз дасти кавми узбак.



Shamafruz* ***, 09-01-2013 23:47 (ссылка)

МО ОМАДАЕМ,КИ БАЗМ ОБОД ШАВАД....

Имруз барои Форсаж ва тамоми дустон як рузи хосе хаст!Дарк намудед? На?Пас гуш андозед.Хохари азизи мо,дуст ва рафики бехтарину гамхори мо Гули Форсаж-Гулгунча зодруз доранд!Намедонистед?Пас, аз ин ба баъд бояд донед,ки Гулгунча яке аз фаъолтарин хонанда ва муаллифи доими,ороишгари бехамто ва аз хама мухим дусте хастанд хамеш омода ба хизмат ва гамхори!Хар кадар хадсу гумон мебарам ва боз хам калам ба васфи Гули зебои мо очизи мекашад.Танхо хаминро кайд карданиям,ки Гулгунча бо халимиву хушгуфторияш ба дили дустон чой гирифтааст.Уро хамаги дуст медорем,кадр мекунем ва бо чун у мефахрем! Чу Саъди пир гарди, кам набини, Чу Хофиз шод боши, гам набини. Чу Чоми окилу фархунда боши, Чу Сино дар дилу дар дида боши!!! Гуличони азиз, Шуморо ба ин санаи мубораки умратон табрик гуфта, аз даргохи Эзиди пок хохони бахту саодат ва хушрузиву саломатиятон хастем. Бигзор, хуршеди бахт хамеш наздатон бошад ва бахори умратон бехазону сабз ва ГулГулшукуфон боки бимонад.Хамеш дар ихотаи наздикон ва азизонатон тансихату хонаобод бошед!!!
Хушо, хуршеди умрат човидон бошад,
Сари болои ту то Кахкашон бошад.
Бале,мухим он нест,ки кай зода шудаи ва чи кадар умр дидаи,мухим он аст,ки умр,яъне хадяи илохиро чи гуна пос дошти ва чи гуна онро зисти ва рузе назди азизонат харфе дошта боши,ки сарбаландона онро бигуи!Ва фардо фарзандон ва азизонат бо ту бифахранд ва мухимтар он аст,ки дар вакти набуданат дили дустон бароят танг шавад!


ЗОДРУЗ МУБОРАК ГУЛГУНЧА!
Нигахбонат Худо бошад,
Панохат Мустафо бошад.
Хабибат чилди Куръону,
Хаётат босафо бошад.




БО КАМОЛИ  ЭХТИРОМ- АХЛИ ФОРСАЖ.


Шарик пуфак нест, товарищ-рафик!!!

(Матлаб аз сомонаи газетаи сиёсиву мардумии СССР-WWW.KHATLONPRESS.TJ гирифта шудааст!)

Ахиран президенти Тоҷикистон ошкоро гуфт, ки аз Русия ҳамчун шарики стротегӣ эҳтиром мегузорад, ки Русия ҳам аз Тоҷикистон иззат гузорад! Ин садои дили 7 млн Тоҷик буд, ки ахиран, пас аз фосилаи тўлонии 20 сола ба гўш расид!!!
Воқеан ҳам шарикии Русияро замони ахир кӣ эҳсос кардааст? Роҳҳои бастаи ўзбакӣ, фишори газӣ аз сўи Тошканд ва нафтӣ аз ҷониби худи Русия. Изолятсияи давлатии Тоҷикистон, роҳбандиву роҳзании ҳамсояҳо ва аъзои СНГ, ШОС ва ОДКБ.
Ва дар ин миён танҳо боре президенти Белорусия, Лукашенко аз Душанбе пуштибонӣ карду халос. Ин ҳам дар ҳоле, ки Минск шарики стротегии мо нест ва базаи ҳарбӣ дар ин марзу бум надорад.
Пас куҷост фишорҳои шарики стротегии мо алайҳи Ўзбакистони худкома ва деспоти Каримовӣ? Чаро Кремл боре ба Тошканд на гуфту на мегўяд, ки дар асри 21 ба сари ҳамсояат, ки шарики ман аст, чунин фишор овардан аз рўи савоб нест?!
Ба назар мерасад, ки маҳз ана ҳамин шарикии мо бо Русия сабаби кўтоҳсозии дасти таъсири Вашинтону Бруссел сари Тошканди расмист.
Дуруст гуфт, президенти мо, ки то Русия Тоҷикистонро эҳтиром накунад, мо низ дигар эҳтиромаш намекунем. Ин ҳам дар ҳоле ки дар ҷанги иттилоотӣ маҳз расонаҳои русианд, ки сари Тоҷикистони азиз чормағзи кина мешикананд. Агар таваҷҷўҳ кардаед, имрўз ВАОи Русия онгуна зидди Тоҷикистон шўридаанд, ки 10 сол қабл алайҳи Чеченистон ва 4 сол муқаддам бар зидди Гурҷистон мешўриданд. Яъне чӣ? Яъне то ин соат, ки мо даъвои дўстии ин дағал доштем, ў моро мекўфт ва ким гупта метавонад, ки дар сари Кремл чӣ ҳавову ҳавас аст?
Албатта, 2012 соли 1920 нест, ки лашкари бегонае вориди хоки мо гардад. Аммо ин далел, ки шарики стротегӣ ва «пуштибони мо» дар ҳудуди давлатамон 7000 штык дораду расонаҳояш билкулл зиддитоҷикианд, нигаронкунанда аст.
Дар ҳамин гузориш президент Раҳмон гуфт, ки ин ҳамаро ба хотири оғози маъракаи интихоботӣ нагуфтааст. Дуруст! Зеро пушти президент бояд халқаш бошад ва мо ҳастем…
Оштии Каримову Раҳмон, яъне чӣ?
Аксарияти кулли расонаҳои русӣ бо шумули русии тоҷикистонӣ мегўянд, ки мушкили байни 2 давлат ин мушкил дар садорати ҷумҳуриҳост. Ҳатто баъзе «оқилакон» пешниҳод мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов сари мизи гуфтушунуфт шинанд ва ба мувофақа оянд. Кадом мувофақа? Шумо гўед, ки ҷониби Тоҷикистон кай, дар кадом аср ва дар кадом самт роҳи ўзбекиро бастааст? Чанд шпалаву релси Роҳи оҳани ҳамсояро кандааст? Ақаллан 30 сония Роҳи Оҳани Фарғона-Тошканд, ки аз дили Суғд мегузарад, баста шудааст? 1 ўзбекистониро аз қатор пиёда кардаву тафтишу маҳкам кардааст? Лўлаҳои нафту газии Фарғона-Тошкандро 1 соат бастааст? 1 метр сарҳадро минагузорӣ намудааст? 1 полковникашро дар рўзи равшан ба хоки ҳамсоя фиристодааст, то сари садҳо нафарро хўрад? Ним сатил об аз дарёҳои Тоҷик ба самти Ўзбакистон коҳиш ёфтааст?
Пас дар куҷо ситами президент Раҳмон ва Душанбеи расмиро эҳсос кардаед, ки чунин пешниҳод мекунед?
Фикр намекунам, роҳбандии ўзбекистонӣ натоиҷи бархўрди муносиботи сарварони давлатҳо бошад. Ин иғвое беш нест, ки моро мутмаин кардан мехоҳанд, «Каримов баччаи хуб асту танҳо ба хотири Раҳмон ба мо газу нафт намедиҳаду релсҳоро бармечинад». Агар ин иғво нест, куҷо шунидаву хондаед, ки Душанбе танҳо ба хотири Каримов бо Тошканд муносибати сард дорад?!
Чунин иғворо диверсияи қаблазинтихоботӣ мегўянд ва зинҳор ба он дода нашавед, ки 1000 сол пеш ҷадди мо перомуни мавзуъ гуфта буд:
Неши ақраб на аз рўи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст!
Ба Каримов пешравии Душанбе, сохтмони Роғун, рушди соҳаи алюминиум ва пештози гидроэнергетикӣ дар ОМ шудани Тоҷикистон маъқул нест.
Воқеан ҳам ба назар мерасад, ки ин ҳама ба шарики стротегии ягонаамон-Русия ҳам писанд нест. Зеро дар ин сурат мо аз дастнигарии Кремл вомераҳем. Ва акнун худ хулоса кун, хонанда, ки шарику ҳамсояе, ки рушди шарику ҳамсояро намехоҳад, чигуна шариканд? Чунин шарикро дар лаҳҷаи атфоли Тоҷик «пуфак» мегўянд. Ва биёед дар асри 21, асри прагматизм дарк кунем, ки афсонаҳои шарикиву дўстӣ пуфаке арзиш надоранд ва ба умеди касеву чизе нашуда, атрофи Давлати Миллии худ зичтар печем. Танҳо дар ин сурат Мо Метавонем!
Муҳаммади Мубориз
Махсус барои СССР

СОЯХО...

Ман замоне сар кашидам, аз хамин хоки диёрам.
Хостам дар соягохам, шодиву шуре биёрам.
Ман хавас кардам ки рузе, рушани резад ба поям,
Аз фишори чангал аммо, ох, хушкид шохахоям, 
                                                                   решахоям,
                                                                 
                                                              баргхоям!..           
Сояхо маро шикастанд!
Шохахо чодаро бастанд!
Лаьнати дунё ба кисмат!
Мондаам дар банди зулмат!

Охирин барги тани ман!
Интихои сарнавиштам!
Руи ин барги халоик
Сатри бадбахти навиштам!

Охирин барги тани ман, охирин рузи азобам!
Ай бимонед баьди мурдан, лоаккал ором хобам!!!


ЗЕРИ ХАМИН ХОК, ХОКИ АЗИЗАМ!




                                                                  Шарифхон


Агар рузе бимирам

Агар рузе бимирам ногахони 
Биёи баъди дафнам гох, гохе .
Агар падруди ту ногуфта рафтам,
Бигуи бар сари гурам видоъе.
 
Зи кабри ман шамими ёдхоят 
Ки ончо хам ба ёди ту чи хуфтаст 
Ба ёд ори ниёишхои дардам,
Чу ман аз дарди ту байте ки гуфтаст.

Нагуи роз баъди мурдани ман, 
Нагуи аз вучуди мурдаи хеш. 
Бигуи харф руи лолаи ман 
Нагуи аз сучуди бурдаи хеш.

Зи баъди ман хаме хомуш мони, 
Ба хобат бо дили ман гуш мони.
Намонад резаборони нигохат,
Ба ашку хасрати худ нуш мони....(А)






Ману навруз бе ту

Духтари борони фасли гулбаҳор,
Бӯса мезад шишаи мошини раҳ.
Ғунчаи андӯҳи ман дар шохи дил,
Нав ба нав мехӯрд аз ғам сад гираҳ.

Имшаби наврӯзи боронии ман,
Дар сабақ чун бар ду чашмам хира шуд.
Дарди ишқи поки ман эҳсос кард,
Дар ғамам чун соли кӯҳна тира шуд.

Ҳамраҳам наврӯз бигрист имшабам,
Чунки наврӯзи гузашта дида буд;
Ёри гулпӯшам дар оғӯшам чу буд,
Ҳамраҳи мо шед ҳам хандида буд.

Бо ҳамон мошин, ки наврӯз омада,
Зери борон боз бо шасти тамом.
Рафт андар ҷустуҷӯйи ёри ман,
То биёрад ёрро масти калом.

Зери борон, зери шохи ғарқгул,
Мунтазири мошини наврӯзиям.
То гуландоми гулоғӯши дилам,
Боз ояд пеши ман дилсӯзиям.

Ҳаббазо, наврӯз чашми гирябор,
Манъ карда суръати мошинааш.
Сар ба китфам монду аз ғам бедалел,
Мисли борон хун бирехт аз синааш.

Ин ману наврӯз бо абри баҳор,
Бо ҳазорон дарду ғам бо ҳамдигар.
Ҳамчунон дар зери шохи ғарқгул,
Ҷойи борон рехтем хуни ҷигар.

Сохибони тобутхои бесохиби Точик

(Матлаб аз сомонаи газетаи сиёсиву мардумии СССР-www.khatlonpress.tj гирифта шудааст!)

Фармони ройгон фиристодани тобутҳои муҳоҷирин аз Русия ба Тоҷикистон кайҳо аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, вале то ҳол аз Санкт-Петербург тобути 1 нафар ҳам бепул ба Ватан наомадааст! Медонед чаро? Зеро тобутро бо роҳҳои расмӣ интиқол додан даркор ва дар ин кор саҳми сазовори Диаспораҳо бояд бошад! Вале чун масъулини Диаспора хизмати чашмрасе дар ин кори хайр ҳатто бо фармони Ҳукумат ҳам анҷом намедиҳанд, алтернативаи ин амри хайр дар Санкт-Петербург 2 нафар шудаанд: Амир Раҳматов ва Неъматулло Бобоҷонов!
Ин 2 воқеан ҳам сарсупурдаи миллат дар Питеранд! Ҳарчанд худ муҳоҷиранд ва вазифаи давлатие надоранд, лек ба хотири Худову ободии охират ва барои баландбардории имиҷи миллат ин корро анҷом медиҳанд.
Вале ҷойи миннатдорӣ, аксар ҷониби ин 2 мард санги маломат мепартоянд. Медонед чаро? Зеро инҳо барои роҳӣ кардани тобутҳо аз дўстони хеш пул мегиранд; ба зўрӣ не, то хайр макрўҳ нагардад, танҳо бо илтимос ва қудрат ба тавоноӣ!
Коруфтодаҳо қисса мекунанд: "Боре дар Питер садамаи нақлиётӣ рух дод ва Неъматулло Бобоҷонов сахт осеб дид. Амир Раҳматов ба аёдаташ ба беморхона рафт ва пурсид, ки «Неъматҷон, ин чӣ ҳол асту аз ҳодиса чӣ чашидӣ?", ў нақл кардааст, ки вақти садама чашмонам торик шуд ва ҳамин дам духтаре, ки ҳар 2 аз бешароитӣ ба ҷойи хоҳар дар назди виҷдону Худо қасам хўрда, ҷасадашро бародарвор кафан карда будем, пеши назар пайдо шуду 1 ҳарф гуфт:
"Бародари қиёматӣ, худованд нигаҳбонат аст!".
Ин ҳодиса бе шак такон додани ин 2 нафар дар ҳаёт гаштаву шиори хизмат ба ДИНУ ВАТАНро шиори хеш карда, миёнро сахт бастаанд, ки ҳалолашон бод!
Чизи дигар аҷиб аст, ки чанд рўз пеш дар Питер нафаре бо иллати беморӣ фавтид ва ин 2 хостанд, ки ба Ватан фиристандаш. Аммо аз хешовандонаш ҷавоби аҷибе шуниданд: "Мурдаи ў ба мо даркор нест, дар ҳамон ҷо гўраш кунед!". Ва ин 2 марди поку сахӣ ҷасадро кафан кардаву ба мазор бурда, гўру чўб карданд.
Эҳсос кардед? Аз мурдаи баъзе муҳоҷир ҳатто хонаводааш ҳам безор, аммо ин 2 хотири ризои Оллоҳ ва обрўи Миллат, ҳатто мурдаи бесоҳибонро ҳам хор намедоранд. Ин таъриф нест, ҳақиқат аст. Неъматулло Бобоҷонов аз соли 1997 дар ин кор камари ҳиммат баставу баъдтар Амир Раҳматов бо ў ҳамроҳ шудааст.
Браво, шербачаҳои Тоҷик!!! МО МЕТАВОНЕМ!




Шарифхони Тағоймурод,
махсус барои СССР

Файзи Ватанам..

Дар Маскаватон кухи Бадахшон бинам,
Аз шаршараи оби Зарафшон бинам.
Дар сардии мулкатон басо дилгирам,
Кош боду хавои мулки Хатлон бинам.
Зардолуи Исфара ба хар шохи дарахт
Кошо, ки ба чои ин чанорон бинам,
Пеши кадамам ба кучахои танге
Хушманзараи Хучанди Бостон бинам.
Ин сабзаву гулхои дуругин то кай?
Себаргаву лола аз Гулистон бинам.
Афсус, ки Арбатат Душанбе нашавад,
Чун кучаи Исмоили Сомон бинам.
Ин хонаи сарбарфалакат дилгир аст,
Кай як назаре Хисори Шодмон бинам?
Як бор сари синаи Охансиришт,
Ишкам, бинишин, ки Точикистон бинам.
06. 01. 2012

Shamafruz* ***, 25-04-2012 22:58 (ссылка)

БОЗГАШТ БА ВАТАН.

Зи користони хичронат чи бо таъхир меоям,
Чу бо пойи барахна аз дами шамшер меоям.

Ракиби ман, Худо ёрат, гувох аз ман чи мехохи,
Ки дар бозуи дил захм аз пайи занчир меоям.

Чи менози аз он холи сиях бар калби хуншорам,
Ту аз сайди магас, ман аз шикори шер меоям.



Агарчи чун садои пойи филон нарму хомушам,
Ба гуши хуфтагон чун наъраи ожир меоям.

Нигохе ошноеро намебинам, намебинам,
Хама рафтанд аз шахри садокат, дер меоям.

Худо бо рахмати бемунтахо бар ман бубахшояд,
Диле реш аз гуноху дар лабам такбир меоям.

Тамоми саргузаштамро тавонам гуфт бо як харф:
Зи огуши Ватан рафтам чавону пир меоям.


Рустами Ваххоб.



Соли нав дар ФорсаЖ... "Алхамдулиллах ман 2 зан дорам!"

(Матлаб пур аз шухихои солинавист, пас маранч хонандаи азиз ки аз дустони асил намеранчанд!)








Инак хонандаи гиромиву азиз ва самими ва куллияи муаллифини торнамои ФорсаЖ! Наздик аст, соати соли нав... Мерасем ба як соли нави дигар ки моро интизор кардааст ва хеле бесаброна. Бовар кун хонандаи азиз ки аз интизории ин соли нави кори пир шудем. Зеро вокеьан хам аз хамин сол безор шудаем ва хам хаста. Мушкил болои мушкил ва хич имконе наёфтем, ки як рузе ФорсаЖро пур-пури матлабхои идона ва хабархои хуш намоем. Ну нест охир хабари хуш, пас чиро нависем?!
Вале шодиовар аст, ки ману ту хонандаи самими боз хам сарчамьем ва аз ин хол хеле хушхолем ва хам шукргузор аз Худои Маннон!
Соли дуввум аст, ки ману ту садои шунаво барои хам дорем. Ритми сухани мо акнун чур гаштан дорад. Ифтихороти ману ту вокеьан хам дар холи рушд аст ки ФорсаЖ вокеьан хам ба як майдони бахсу мунозира, сухбатхои самими, дардгоху даьвобахши захмхои калби ману ту, ва хам ояндабини миллати шарифи точик гаштааст!
На азизам, фолбин нашудаем, балки ояндабини хуб аз бачахои ФорсаЖ сохтан хеле осон аст, чун хамаги фикрхои солиму самими ва бегараз доранд. Як соли дигар гузар аз болои боми умр дорад ва ману ту хам бори дигар фазои инетро идона оро медихем!
Шояд бисёрихоро дар ин сол ранчондем, вале чи чойи ранчиш аст, агар аз хакикат гуфтем?! Бигзор биранчанд, агар аклу дарку фахму савод надоранд, вале агар доранд, пас сазояшон хамин ки хоине беш нестанд!
Зеро дар ФорсаЖ ба хич вачх андешаи гаразнокеро чой надодаем ва хам то вакте ки Бег Зухуров МОЙ МИРро намебандад, пас МО хам хамингуна самими мемонем, вале агар сайтбандии беназир дар кишвар рахандози шавад, пас ФорсаЖ дигар моли беруна мегардад ва инашро касе кафолат дода наметавонад, ки дар ин сахифа КИ КИХО, ЧИ ЧИХО мегузорад!


Аммо ману ту хонандаи самими вокеьан хам сарчамьем хамонгунае ки будем ва шукри Худои Таьоло ки ману туро хич рози намешавад ки аз хам чудо гашта бошем. Хамин аст ки мо ифтихормандона мегуем: МО МЕТАВОНЕМ!

Вале мо шодем. Шод аз онем тули анкариб 2 соле ки мову ту дар сайт будем, ягон душман дар ин майдон зидди миллати шарифи точик харфе гуфта натавонист! Ва ин хизмати ту буд хонандаи ман, оре аз туе ки хамин лахза хамин сутурро хондаву ба хеш андеша дори "Шарифхон Ту гуфта маро хам дар назар дошта бошад?!". Бале туро дар назар дорам хонандаи хушманд ва донандаи сиёсати имрузи кишвархои кораи Осиё ва хам Авруппову Амрико ва Русияву Туркия ва тамомии олам. Медонам ки дарку фахми хамагуна илмхои замонавиро дори ва банда ифтихормандам ки матолиби нашркардаи моро на кадом курсаводи кучаги ки махз туи точики босавод, бофахм ва тахаммулпазиру гаюру часур ва ориёии круто мехони!!!


Аха вокеьан хам ин калимаро вактхои ахир зиёд истифода мебарам, ва чанд нафар хам эрод гирифтаву гуфтанд, ки ин калима нозеб аст барои мо. Вале даст руи сина гузоштаву бояд икрор шуд ки мо аз ун точиконе нестем ки назди кадом тупоймиллати дигар сар хам кунем. МО МЕТАВОНЕМ ку. Пас бояд крутой буд! Точике ки крутой нест, кучояш точик аст?! Албатта миёни миллат эхтиромона рафтору кирдор кардан хуб аст, вале хич ичозат мадихед, ки кадом майдамиллат чи ки хатто хамун миллатхои абаркудрат хам назди точик харфе зананду мо хамуши ихтиёр кунем!

Вале баргардем сари шодии имруз ки арафаи соли нави мелодист. Дар бораи ба чи хотир чашн гирифтани соли нави мелоди, мо дар матлаби пешин гуфта будем ки боз мабод кадом муллочае тарошаи аз бом афтидагибарин омада моро хукми куфр занад, ки капааш медууудад!

Ва биё акнун эхсоси шодии хешро бароят гуям ки хонданист:
Хар боре ки вориди МОЙ МИР мешаваму аз ФорсаЖ дидан мекунам рости ки баьзан аз гиря мемуриву баьзан аз ханда ва ин мурданхо моро дигарбора зиндадил мегардонад ки хеле гуворост. Мебинем ки Санифа Ахмедова аз эхсоси ишк доду войкунон омадаву дили 100хо чавонмардро рахгумзадаи ишк мекунаду меравад ки хеле гуворост. Ва хам Субхияи Ахмад хам хамин холро дорад, ки бо як мисраи нигоштааш омадаву 55 сагераро девонаи интернетии ишк кардаву берун аз ФорсаЖ мегардад. Каме баьд сабр мекунем ки Гулгунчаапаи гиромиямон яку якбора зада даб-далаи хама шоиронро бо 4 мисраи Алишоди Дардошно мебарорад. Интизорихо ба охир нарасидааст, ки Алишод худаш баромад кардаву аз миллат доду вой мекунад, ки аз хар мисрааш 1001 дарди миллат эхсос мешавад. Азиз Сафарро намегуи? Омад-омадаш як прблемаи холист. Тамоман аз хар харфаш ними чахон рохи гурез мечуянд. Оре мегурезанд, куввати бахс бо Азиз Сафаровро на хар кас дорад ки инро банда хуб дар Фейсбук ва хам матбуоти кишвар ва низ дар ФорсаЖ дидаам. Насим ки ояд тамоман дар масчид хам мулло намемонад, инро бо тамоми масьулият мегуям ки халолаш бод чунин ифтихороти бахсорои!
Хама аз бахсхо хастадил мегардаду рохи рахои аз балои инет мечуяд, ки ногахон Дарвеш гуфтани шоиртабьи дигаре руи сахфа меояд ва мониторро чунон банд месозад, ки бовар кун ки дигар рафтан намехохи, бо дидани навиштахояш. Каме дилхо ба карор омадаанд ки ногахон Махмад Зубайдов бо бахсхои тезу тундаш майнаи сари моро мечафад ва Махмад пештоз мегуем ки аз чехрахои ачиб аст, ки самимонаву дустона бахс меорояд ва хам тахаммулпазирии Махмадро танхо худаш дораду халос! Ва мабод, ки харферо аз колаби ислом хоставу нахоста берун истифода барем, тамом, Эшони Муслими Масчохи очилан челакашро ба бар намудаву ба бахсхои тезу тунд мегузарад, ки халолат бод аьзои ФорсаЖ чунин нигоранда ва домуллои серёзни! Вокьан хам хеле гуворост бо чунин нафарон дар мубохиса будан. Бо ин хама хонанда ва муаллифини мо ба итмом нарасидаанд ва фаромуш макун хонандаи азиз ки дар дасти Файзи Хаким ки зади, тамом мачбури ки маро ба кумак даьват намои вагарна Файз чуз ман касеро имкони гапзани намедихад. Ва хам набояд фаромуш сохт ки Сиддикшох Додарчонов аз самимитарин хонанда ва комментнигорони ФорсаЖ аст, ки падарвор хамаро ба суи дусти дар миёни бахсхо даьват мекунад ки писандидатарин хислати инсонист. Дар ин гирудорхо аз Мухитддин Шарифов сахт эхтиёт кунед, ин хаммиллати азизамон забони точикиро каме ба гушаи фаромуши равон кардааст вале сахт калби точики дорад ки мо аз будани чунин солимандешагон ифтихормандем. Навиштахои Садбарг Бокиеваро хар кас ки боре хондааст, ба хич вачх хоки пои модари точикро набусида намеравад. Дар вокеь ин модар хам аз самимитарин модарони давр аст, ки хеле модаронаву точикона дар бораи ифтихороти точикият менигорад. Комрон Боевро хам нодида нагиред ки аз бародарони самимиву азиз мост ки хар харфаш моро дигарбора ошики хаёт мекунад. Гулоро Махмадчонова аз хонандахои асили мост, ки бисёр хам точиконаву пофишорона ва хам оромона (хайрон машав хонанда ки хислати ин модарро намедони!) комментнигори мекунад ва хам дар ахли ин оила хамаги аз хонандагони ФорсаЖанд! Хурсанд Садирова хам аз самимитарин хонандахои мост, ки хар комменташ бо таври суперинтернети гузошта мешавад. Алекс Максимов, дар борааш хануз хам хонандаи мо маьлумот надорад, харчанд, ки аз пешсафтарин муаллифини мост ва хам ягон чашни исломиро бе Алекс гузаронидан хич имкон надорад ва хам рахнамои мо дар чашнгирихои идхои суннативу динни: Рамазон ва Курбон махз Алекс Максимов хаст ки хеле ифтихормандем аз буданаш! Назири Нусрат аз шербачахои радиои "Имруз" ва хам рузномаи "Имруз-нюс" аст, ки барои ману ту хонандаи азизу хушманд матлабхои ин рузномаи хонданиро пешкаш мекард, ки рости аз будани чунин дустон фохирем.
Хулигани пинхонии ФорсаЖ-Шахриёри додарамон хам аз пешсафтарин хонанда ва хам муаллифини ФорсаЖ аст, ки вокеьан хам агар боре дар сухбаташ буди пас исботи гуфтахоямро дарк хохи кард вагарна..!
Интизору Ориёнаро намегуи? Бовар кун хонандаи гироми ки бе ин ду тан хич ФорсаЖ хондан бароямон арзише надорад. Таронаву Шоираро дар бораашон гап занам аз хандая мемури. Ва аммо ин соли нав ба фикрам ки дар хони солинавии ФорсаЖ ин 2 нестанд. Ну ба шавхар баромаданд ку. То дар оилаи нав "дембл" мешаванд, ки ману ту хонандаи азиз чашни Наврузро хам чашн мегирем. Вале хамеша барояшон бахти сафед хохонем! Зебониссои Мухаммадрашодро ки хонандаи философи мо хуб мешиносад, дар борааш гуфтан зиёдагуист, ва имсол мутмаинем ки базми солинавии ФорсаЖ бенигоштахои у мегузарад ки аз ин мутаассифем. Бахром Чумаев хам аз комментнигорони асилу нуктасанчи мост ки рузхои ахир хеле фаол аст ва хар суханаш просто ба дарачаи оли писанди хонанда мегардад ки аз ин сарфарозем. Мехрубони Рохил, хамин малехтар карда гуем, хамто надорад! Ну охир чи хел фахмонам дар бораи ин муаллифи доими? Просто зурай да. Азизу Озод Кадамовхо тамомани тамоман шербачахои асили ФорсаЖанд ки бо ин бародарон сухбат оростан хеле гуворо ва фаромушношуданист, чун самимиянд охир.
Толибшохи Саид аз устодони сахт гиромкадри мост ки хамеша дар ФорсаЖ бо пайнавиштхои самимияш моро шод мегардонад ки рости фохир аз онем ки ингуна устодони гироми бо мо дар робитаанд! Ва хам ФорсаЖ дар тули 1солу 1 мох онгуна сохиби матолиби хондани гашт ки баьзеяшро шахсан ман умуман намешиносам, вале чун нигоштахояшонро мехони, вокеьан хам хонданиянд! Бо исми мустаьор аслан дар ФорсаЖ нигоштан хатто ки коммент хам барои мо писанд нест ва мо аслан хохони онем ки хамеша муаллифини мо мардонавор матлабнигориву шеьру таронагузори ва комментнависи намоянд, вале чун баьзан вакт, мешавад, ки баьзан хонандахои мо сахт аз ифшои номашон харос доранд, пас мо хам имкон медихем ки кам-каму чут-чут ва редко-редко нависанд. Агар бовар надошта боши пас ба сахифаи аслии мо ворид шав ва бубин ки як муаллифи мо як исми бемарз ачоиб дорад. Гуям ми? Алхамдулиллох ма шу кадм! Наханд хонандаи азиз ки тарчумаи исми ин нафар ки аз навиштахояш маьлум хаст ки зан аст хамингуна мегардад ки навиштем. Я СЧАСТЛИВА АЛЬХАМДУЛИЛЛАХ ба точики чи мешавад? Яьне ки ман шу кадм. Номи зур? Оре номи зур вале шавхар ки карда боши мисли дустони азиз-Таронаву Шоира рафта гирди беваи хуштоманат гаштан гир, боз чи мекуни мисрахои ошикона навишта?! Ё Махмад Зубайдовро накшаи аз харду занаш чудо кардан дори?! Ё то Махмад Зубайдов нанависад, ки "АЛХАМДУЛИЛЛОХ МАН 2 ЗАН ДОРАМ!" Ту хам бас намекуни?
Вале чун имруз ки дар арафаи соли нав карор дорем, пас бахс намекунем ва касеро хам намеранчонем! Инро танхо барои исботи гуфтахои боло овардем, ки ФорсаЖ вокеьан хам як торнамои самимиву дустдоштанист ва бовучуди хама бахсу мубохисахои сахту тезу тунд, мо хамаи Шуморо дуст медорем ва инро самимиву точикона мегуем!
Ва хонандаи азиз акнун ваьда медихем ки боз хам самимитару содикона дар ФорсаЖ барои туи мехрубон матлабнигори мекунем. Вокеьан хам бе ту намешавад, харчанд ки бо ту хам нашавад. Вале самимият ичоза намедихад ки аз муаллифини доими дар фосила бошем.

Шомафрузи Рахмониён ва Мафтуна Рахматова 2 тан аз дустони азизу азизтарини моянд, ки яке нозири шабурузии ФорсаЖ ва дигари ородихандаи сахифаи аслии ФорсаЖ аст, ки аз набудани ин 2 тан будани мо хам зери шубха аст!!! Дигар дар ин бора гап задан пургуист!


Ва худат бигу хонандаи азиз ки бо чунин дустон чигуна ифтихор кардан хатост?! Шукри хамаатон азизони ман, ки Худо барои ФорсаЖ Шуморо офаридааст ва ФорсаЖ агар имруз сари касеро вайрон кард пас интизор бошед, ки фардо хатман ки асаби хар яки моро орому осуда ва дилхои моро ба зиндаги гарм месозад! МО МЕТАВОНЕМ!

Номи ки набаромад? Хой бародари ё хохару модару падар, аьзои ФорсаЖ онгуна зиёд хаст ки агар хамаашро барчинем, интернетат карздор мешавад!
Акнун азизон, мархабо ба базмгохи ФорсаЖ ва соли навро ки анчоми кори яксолаи мову шумост, чашн мегирем. Ва хазлу шухи, шеьру тарона, сухбатхои самимонаву дилхушкунандаро хатман ки биёред ба ФорсаЖ!
МО МЕТАВНЕМ!







Шарифхони Т


В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу