Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

Дўстон имрўз гирёнам падар гум кардаам,


Дўстон имрўз гирёнам падар гум кардаам, Кони ганҷи бебаҳо дурру гуҳар гум кардаам, Дурру гавҳар ёфт мегардад аммо сад дареғ, Сарпарасти хонаю нури басар гум кардаам, Рафтию бо худ бибурди қуввати дилам падар, Рафтию бо худ бибурди зеби манзилам падар, Ман ба ёдат шеър мегўям мегирям зор, Баршикаста болу пар чун мурғи бисмилам падар Номдору нондор буду ҳалиму ғамгусор, Дар садоқат буд беҳамтою фарзанддўстдор, Оре аз озор буду меҳрубону бохирад, Дар вафои аҳлу авлодаш ҳамеша устувор. Ман бимирам дар сафои чеҳраи нуроният, Ман бимирам дар вафою ҳилму меҳрубоният, Чон вақте ҷисми ранҷури туро падруд гуфт, Нақш баста дар лабон гулхандаи имоният. Шаҳсутуни хонадон имрўз нагун гардидааст, Шаҳчинори хонадон аз зеру бун гардидааст, Ман фидои қомати болои зебои падар, Дар лаҳад он қомати зебо забун гардидааст. Дар раҳи фарзандҳоят буд чашмони ту чор, Хар якеро гаштаву баргашта мекарди суроғ Чун ба дидор мерасиданд мешукуфти чун баҳор. Ифтихор аз бобу аз аслу насаб дорем мо. Дар шабоҳат кўҳ буд ҳарчанд одамзода буд. Беҳисоб мардум баҳри хайрбодат омаданд, Аз барои дидани ин руи шодат омаданд, Ашк мерезанд мардум ту табассум мекуни Бар Худо пайвастаи баҳри видоат омаданд. Обруманду накукору накугуфтор буд, Номдору хоксору марди беозор буд, Зикри хайратро зи мардум мешунидам бешумор, Баҳри волидон зи ҷон ҳам бонуфзтар буд ў. Эй Худованде, ки ҳам бахшандаию меҳрубон, Манзилу маъвои ў бошад биҳишти ҷовидон, У биҳиштихислате буду биҳиштисурате, Дар паноҳи лутфи Хақ бошад ҳамеша дар амон.

Хотирахои донишчуи


Як марди шучоъ, поксиришт ва накукор дар бораи Мустафокул
Рахмонов, ки солхои донишчуи дар мактаби миёна ва Омузишгохи тибби хамрох
мехондем барои ман сухан гуфтану сухан навиштан, ки чор сол дар Омузишгохи
тиббии шахри Душанбе дар як синфхона машгули тахсил дар лабараторияхо, машгули
тадкик, дар китобхонаву кироатхонахо ва беморхонахо машгули омузиши сарчашмахои
табби будем ва дар сахрохои водии Хисору Вахш машгули пахтачини будем, хело
душвор аст.

Ёди айёме,ки
бо хам ошно будем мо хамхаёлу хамсафиру, хамнаво будем, мо маънии як байт
будем,аз тарики иттиход чун ду мисраъ гар чи дар зохир чудо будем мо доим чун
забони хама харфи мо яке гар чи пеши чашми суратбин ду то будем мо чун ду барги
сабз к-аз як дона сар берун кунад як дилу як руй дар нашъунамо будем, ахтари мо
саъд буду рузгори мо саид. Аз саодат зери боли як хумо будем дурии манзил
хичоби иттиходи мо набуд. Доштем аз хам хабар мудом дар хар кучо будем мо чорачуёнро
намедодем харгиз дарди сар. Дардхои хамро даво будем мо. Харос аз он дорам,ки
оё метавонам дар чанд сахифа тамоми чихатхои хубии ин марди нексириштро баён
карда метавонам ё не?

Мустафокул
Рахмонов 7-уми апрели соли 1946 дар оилаи намоён ва номдору нонтеи дехаи Каздон
амаки Рахмонкул чашм ба олами хасти кушодааст. Дар синни 7-солаги ба мактаби
миёна рафта онро соли 1961 бо бахои хубу аъло хатм намуда, худи хамон сол ба
хизмати модар ватан рафта пас аз ду сол хизмати модар ватанро ба итмом расонида,
ба деха бар мегардад. Бо хидояти падар мохи августи соли 1963 ба шахри Душанбе
омада як сол курси тайёрии Омузишгохи тиббиро хонда соли 1964 ба курси яккуми
Донишгохи тибби дохил шуд донишгохи мазкурро соли 1969 бо бахои аъло ва рафтори
намунави бо гирифтани дипломи сурх, ки он замон хело мушкил буд хатм карда, ба
нохияи Айни ба кор омад ва то соли 1972 дар чамоати Рарз сарвари пункти Фельдшери
шуда кор кард.

Бо амри такдир тайи чанд сол хамрох бо бародарбузургаш
акои Бобо дар идораи ОРС-и нохия кор кард мо бо хам баъзан дидорбини мекардем.
06:07
У як марди серу пур буд, ба тамоми кормандон ёри расон ва гамхори мекард яке аз
хамкорони Мустафокул Рахмонов худорахматии Бобои кепка, ки хамчун ронанда ифои
вазифа мекард хар вакте ба деха меомад ба мо аз кору кирдори бародарон ба неки
мегуфту миннатдори мекард ва ё шахси дигар аз дехаи Тагфон бо исми Кенчабой
соле кабл ман бо у дар як чойхонае дар Душанбе шинос шудам накл кард,ки ман бо
Мустафокулу акои Бобо дар ОРС кор карда будам ин ду бародарони накукору накуном
ба тамоми мардуми Тагфон ёри кардаанду мардуми дехаи мо онхоро дуст медошт аммо
бо кадом тухмати бо мо номаълум онхоро аз кор ронданд, ё шахси дигар аз дехаи
Путхин Хасанов Шоди, ки соли 2002 пас аз марги Мустафокул бо ман дар маркази
нохияи Айни дар даромадгохи беморхонаи маркази шинос шуд, накл кард мо хамрох
бо Мустафою акояш Бобо хамкор будем ин ду бародар барои халку ватан хамеша
хизмат мекарданд чун оилаи мо наонкадар доро буд хамеша акои Мустафо ба ман ёри
мерасонд. Хеч ёдам намеравад вакте,ки модарам бемор буданду он касро бояд ба
шахр мебурдам акои Мустафо маоши шахсии худро ба ман доданду худ,ки духтур
буданд рафта модарамро муолича карда тавсия доданд,ки бояд ба шахр барам чун
ман аз марги бародар Мустафокул ёд кардам ин кас бисёр афсус хурда корхояшро як
су гузошта хамрох бо ман ба дехаи Каздон омада ба рухи ин марди некном дуо
хонду рафт.

Намедонам бо кадом тухмати номардона аз кор ронда шуда,
тули чор сол ба махбас нишаст. Дар хамон махбас хам ба кори табиби идома дода
дар шахраки Гараути ду соли охири махбасро гузаронид, ва нихоят соли 1979 ба
деха баргашта ба амбулатория ва рентгени беморхонаи марказии чамоати Шамтуч ба
кор омад ва то охирон лахзахои умр яъне тули 21сол сарфелдьшер ренгенлабаратор кор
кард. Тайи 21 соли фаъолияти мехнати У бо мехнати халол, муносибати хуб бо
беморону кормандони дармонгох дар байни чомеъа сохиби обруву иззати беандоза
гашт.

У хамеша
кори худро бо сифати баланд ба итмом мерасонид, ва хамеша мекушид ба атрофиён
ёри расонад. Чун мо бо хам хамсабаку хамкасб будем гохо ман аз уву, гохи дигар
у аз ман нозукихо ва нофахмихои илми тибро мепурсидем, ва якчоя ягон мушкилотро
халу фасл менамудем. Мустафокул, ки хамаги 55 сола буд дар дил орзухои зиёде дошт.
Агар умр бевафои намекард У ба ин орзуву ниятхои неки худ мерасид.

Ёдаш ба хайр бод.

Имруз аз
Мустафокул фарзандони солех ёдгор мондаанд,ки хушбахтона онхо сохибмаълумот
буда, имрузхо дар сохахои гуногун кору фаъолият мебаранд. Ягона писари
бародарам Мустафокул,ки бо ман давоми риштаи дустии падарро идома медихад
Амбиёкул аст,ки хамеша аз хам хабардорему ман аз ин чавон хамон мехре,ки
падараш бо ман дошт мебинам Худо кунад мисли падараш инсони бомаърифат шавад.



Авезмухаммад Одинаев собик сардухтури
беморхонаи минтакавии чамоати Шамтуч.

20-уми сентябри соли 2013

Ман ПАДАР ро хеч надидам гам барорам МОДАРАМ



Хар сахар мехезаму гирёну зорам МОДАРАМ
Ман ПАДАР ро хеч надидам гам барорам МОДАРАМ
Ту барои ман кашиди ранчи бисёр МОДАРАМ
Дарди бисёрам ба пеши ту хануз аст МОДАРАМ
Ту ба чои он ПАДАР дасти маро бигрифтаи
Ту ба чои он ПАДАР худро ПАДАР ду хондаи
Рузу шаб ногуфта хобадро харом карди ба ман
Чашми ту бехоб буд дар зиндагиям МОДАРАМ

ДАР ВАСФИ ВАЛИДОН



Эй падар эй модари чонам фидои харду ман,
Нурпоши хонадону ошёни гарми ман.
Мехри харду хасти мебошад маро шому сахар,
Ахтари тобандаи чашмони пур аз дарди ман.

Чону дили худ кунам фидои падарам,


Чону дили худ кунам фидои падарам,
Ох аз гаму дарди бедавои падарам.
Аз бахри давои ту давидам ба табиб,
Доруи табиб нашуд давои падарам.
Мегиряму зору аз барои падарам,
Аз мо, ки чудо шуди кучои падарам.
Ларзид дилам чу беди мачнун ба Худо,
Дар лахзаи рузи алвидои падарам.
Эй кош ба растахези гул зинда шавад,
То сачда кунам ба хоки пои падарам.
Чун бод савори аспи чубин бирафт,
Ман гиря кунону аз кафои падарам.
Бо дидаи тар Каздони дасташ ба дуо,
Чаннат бикунад худо чои падарам.

Падарчонам кучо рафти?


Падарчонам кучо рафти?
Сафои дину имонам,падарчонам кучо рафти,
Тасаллои дилу чонам, падарчонам кучо рафти.
Навозишхои гарми ту ба ёдам мерасан хар дам,
Дар ин дунё саробонам, падарчонам кучо рафти.
Гаму дарди нихонамро намедонам ба ки гуям,
Зи рохи рафтаат накши кадамхои ту мечуям.
Ба гайри Модари хубам набошад шахси гамхорам,
Дарего нести андар сари мо эй дуогуям.
Аз ин дунё чавон рафти, чу тире аз камон рафти,
Саропо мурги чон гашти, ба суи осмон рафти.
Кашиди захмати бисёор барои хонадони худ,
Зи назди хонадон ногах канори хокдон рафти.
Бирезад дар сари кабри ту оби дидахои ман
Расад бар гуши арвохи ту Алхамду дуои ман.
Ту хомуши катори рафтагони хоки хомушон,
Вале дар чони ман хасти хамеша хамсадои ман.

Нола дар сари манзили Падар


Падарам, рафт зи барам, давлати дунё падарам,
Падарам рафт зи барам, имруз бишкаст камарам,
Зи гаму андухи тар шуда ду чашми сарам,
Тири андух расид имруз бар фарки сарам,
Падарам, во падарам, во падарам, во падарам.

Марг имруз туро аз багали мо бирабуд,
Ногахон аз бари мо ризки худодода рабуд,
Марг омад ба бараш, чон зи танаш канда рабуд,
Ачал омад ба сараш чони худодода рабуд,
Падарам, во падарам, во падарам, во падарам.

Хона мотамзада шуд, дар гами ту ман чи кунам,
Ту буди бом ба хона, бом бирафти чи кунам,
Чордеворат падарам бом надорад чи кунам,
Бахту икбол бирафт аз бари ман, ман чи кунам,
Падарам, во падарам, во падарам, во падарам.

Хохаронам гиря доранд, гуш дори падарам,
Модарам нола доранд, чашм бикшо падарам,
Чашм бикшову бубин хешу таборат падарам,
Модарат дар гами ту афсурда гашт, эй падарам,
Падарам, во падарам, во падарам, во падарам.

Вакте баргашти зи шахр хонаи мо гамзада шуд,
Модарам нолакунон хона мотамзада шуд,
Комати духтари ту Оминагул хамзада буд,
Писарат коматаш хамгашта, дар гамзада буд,
Падарам, во падарам, во падарам, во падарам.

Мисолат покаму родам эй Падарчон,


Эй хуб Падар, азизу махбуб Падар,
Эй матлаху мехри субхи матлуб Падар.
Як умр дар андешаи осоиши ман,
Н-осудаи олами пурошуб Падар.

Нуре шудаам бахри чароги Падарам,
Чуе шудаам барои боги Падарам.
Як умр талош кардаам, то бошам,
Як лахза бахонаи фароги Падарам.

Шодам, ки Падар маро наку парвардаст,
Бо мехру умеду орзу парвардаст.
Бикшода бувад, то ки ба руям дари бахт,
Бикшодадилу кушодару парвардааст.

Эй бандаи Аллохи сахи, эй падарам,
Дар харчу хуручи ман сахи, эй падарам.
Чашми ту маро чашмаи Куръон бошад,
Дасти ту маро хамеша , падарам.

Мисолат покаму родам эй Падарчон,
Алайхи зулму бедодам Падарчон.
Ту инсонам бад-ин сон офариди,
Аз ин шодам, аз он шодам Падарчон.


Падарам, рафту чу ту бар дили хок,
Дар дили ман ғаму андуҳи ту монд.
Куҳу саҳро, ки қадамгоҳи ту буд,
Ҳамчу саҳрои туву куҳи ту монд.

Нагуфтӣ: эй падар, даврон дигар шуд,
Даме бар ман ба мушти пар биандеш.
«Падар розӣ – худо розӣ» бигӯӣ,
Худо дигар, падар дигар, биандеш!

Дар ёди Падар



Дар ёди Падар
Падар, догат ба дил монду худат аз байни мо рафти,
Буди уммат, ки бо ёди Мухаммад Мустафо рафти.
Шабу руз Исми Аллох, эй падар,андар забонат буд,
Ба Куръонаш итоат карда бо амри худо рафти.
Падар, панду насихат карда умре хар як инсонро,
Ба фарзандонат омухти рахи талкини имонро.
Маро дар мазхаби Имоми Аъзам рохбалад буди,
Ва мегуфти биомуз, эй писар, як умр Куръонро.
Туро ман ёд кардам, то киёмат ёд хохам кард,
Ман арвохи туро як умр аз худ шод хохам кард.
Мухаммад Мустафо як умр майлу эъткодат буд,
Ки ман то метавонам маркадат обод хохам кард.
Падар, аз туст холо равшании чону имонам,
Падар, ман хамчу ту дар ин саро серуза мехмонам.
Бихишти адн чоят бод, умре пайрават монам,
Худоро шукр, хам Алхамдулиллох, ки мусалмонам.

Амбиё Рахмонзодаи Каздони

Падарчон

Чароги равшани дилхо Падарчон
Сафо орои манзилхо Падарчон
Хумоюн богбони боги уммед
Наво бахшхои хосилхо Падарчон
Насихатгуи фарзандони навро
Дар ин дунёи мушкилхо Падарчон
Диловар бо Худои киштии у
Зи дарёхо ба сохилхо Падарчон
Зи ту зебост хар чамъе,ки боши
Дурахши шамъи махфилхо Падарчон
Кадамхоят гулистон офарин аст
Ки руяд дар рахат гулхо Падарчон

РӮЗИ СИЁҲИ ЗИНДАЯТИМ Темури,17 сола


Қиссаи сарнавиштам хеле аламовар ва ғамангез аст. Номам Темур,17 солаам. Падарам аз ҷавониаш то ба имрӯз дилбастаи май аст. Падари золимам ҳамеша маст ба хона омада модари бечораамро зери мушту лагад мегирифтааст. Бибиҷонам модарамро халос карданӣ шавад, падари бадмастам ӯро ҳам дашномҳои қабеҳ дода меранҷонидааст. Оқибат модарам аз чунин зиндагии сагона дилгир шуда, мани кӯчакро партофта баромада мераваду мани хурдакак дар тарбияи бибӣ мемонам.

Кош ҳамон вақт модарам маро зери қаноташ мегирифту азобу шиканҷаи янгаро намедидам. Ранҷу ситезаи янгаву ҷабру ситами падари майзадаам ҷонамро ба лабам расонидааст. Мисли ҳезуми тар дарун-дарун месӯзам. Амакам 12 сол фарзанд надошт. Мани зиндаятим гумон кардам, ки янгаву амаки бефарзандам меҳрашонро ба ман мебанданду фарзандвор дӯстам медоранд, вале афсӯс…

Ҷаҳли янга
Янгаи ҷоҳилам неши сӯзанро ба сари ман мехалонду дод мезад: «Бо падари золимат аз назарам дафъ шавед! Касофатии шумост, ки мо фарзанд намеёбем! Худо тезтар ҷони падари бадмастатро гирад, ки роҳати дунёро бинем…»
Падарам аксаран ба моҷарою ситезаи келин аҳамият надода, даст меафшонду баромада мерафт ва бо ҳамин як-ду ҳафта беному нишон мегашт. Дар ин муддат касе суроғаш намекард. Пас аз муддате боз масту аласт ба хона меомаду «ту маро аз зани ҳалолу зебоям ҷудо кардӣ»,- гӯён бибиҷонамро зери мушту лагад мегирифт. Амакам бибиамро тарафгирӣ намуда дасту пойҳои падарамро мебаст. Аз чунин зиндагии сагона ҷонам ба лаб расида буд, вале чора надоштам, на ҷои рафтанам буду на касе, ки дарди диламро шунавад.
Аммаҳоям ба хона омада аҳволи бибиямро медиданду дилашон ба ҳоли модар сӯхта ӯро чандрӯза ба хонаҳояшон мебурданд. Пас аз рафтани бибиам янгаи маккораам рӯзамро сиёҳтар мекард. «Хез, сағераи бесоҳиб, аз дарё об биёр! Ман хоб меравам, то хестанам косаю табақҳои аммаҳои ҷодугарат хӯрдаро нашуста бошӣ, рӯзатро шаби тор мекунам!»- гӯён баданамро пӯчида-пӯчида мегирифт. Бо чашми гирён гуфтаҳояшро иҷро мекардаму ба тақдири бадам лаънат мехондам, вале ба қавле замин сахт буду осмон баланд!

Моҷарои духтари раис
Амакам дар ягон ҷо кор намекард. Рӯзу шаб дар хонаи хусураш буд. Гоҳо аз он ҷо хӯрокаву либосҳои кӯҳнаи бачаҳои қайниву қайсингилҳояшро меоварду мани «бесоҳиб» либосҳои обшуставу туфлиҳои даридаи онҳоро пӯшида ба мактаб мерафтам. Ҳамсинфонам ба ҳолам механдиданд.
Рӯзе дар айни дарс Муҳаббати ҳамсинфам мӯйи сарамро кашид. «Нарас» гуфта таъкидаш намудам, вале вай қасдан корашро такрор кард. Тоқатам тоқ шуда дасташро тоб дода «ба ман нарас, намефаҳмӣ!»- гуфтам. Духтар шаппотии обдоре ба рӯям зада дашномҳои қабеҳ дод. Ҳамсинфонамон қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Нангам омаду ман ҳам ба рӯяш шаппотие фаровардам. Муҳаббат гириста аз дар баромаду сӯйи кабинети директор шитофт.
Роҳбари синфамон лаҳзае пас ҳамроҳи Муҳаббат аз дар даромаду асли гапро напурсида аз гиребонам дошта сарамро чанд бор пайдарпай ба тахтаи синф зад. Аз биниам хун омад, вале қаҳри муаллим ҳамоно паст намешуд. Охир ман писари майзадаву Муҳаббат духтари раиси деҳа буд.

Ҷабр болои ҷабр
Бо сару рӯйи хуншор ба хона омада ба балои дигар гирифтор шудам. Амаку янгаам « ҳой, сағераи бесоҳиб, барои чӣ ҷойгаҳатро нағундошта рафтӣ?»- гӯён ба ман дарафтоданд. «Ба мактаб дер мекардам, янга, ором шавед, ҳозир ҷойгаҳамро мегирам»,- гуфтам бо чашми гирён, вале амакам «болои нонхӯри зиёдатӣ буданат ту, сағера кори ҳаррӯзаатро ба ҳамсари ман партофта рафтӣ, ҳе бар падарат лаънат»,- гӯён маро тӯби футбол барин лагадкӯб кард. Фарёд мезадам, гиря мекардам, ки ба сарам назанед, сарам дард мекунад, вале амакам қасдан ба сару рӯям шатта мезад. Хайрият, ки ногаҳон бибиҷонам даромада омаду мани ба хоку хун оғӯштаро аз чанголи амаки золимам раҳо намуд.
Шаб ба бибиҷонам гуфтам, ки дигар ба дарс намеравам, чунки таънаву писханди ҳамсинфон дар ҷонам задаст. Гапам дар даҳонам нимкола монда буд, ки падарам бо доду фарёд ба ҳавлӣ даромад. Чизе аз даҳонаш мебаромад, мегуфт. Амакам бо чашмони хунгирифта ба падарам дарафтода, кашолакунон ӯро ба хона даровард.

Мазҳакаи хунолуд
Дар синфи 9 мехондам, ки байни деҳаҳо бозии футбол барпо гашт. Ман футболбози хуб будаму он рӯз толеам махсусан баландӣ кард. Хеле хуб бозӣ кардам. Бозии маро хурду калони деҳа тамошо карда «Темур, офарин!… Темур!»- гӯён бо овози баланд нидоҳои хушбахӣ мебароварданд. Дастгирии онҳо маро қуввату мадори тоза мебахшид. Хуллас, ҷойи аввал насибамон гашт. Мукофот 3 ҳазор сомонӣ буду онро ба ман доданд. Шодон ба хона шитофтам, вале дар дами дарвоза бо янгаи морзабонам рӯ ба рӯ шудам. Маро дидан баробар ба дашномдиҳӣ сар кард. Оташи ғазабам боло гирифту «эй каждуми нешдор, мемонӣ, ки як рӯз нони безаҳр хӯрам?! Барои ҳамин морзабониат Худованд ба ту фарзанд намедиҳад»,- гуфта ба хона даромадам ва дарро шараққосзанон пӯшидам. «Ту сағераи ношукр имрӯз калон шуда нони додаамро фаромӯш кардӣ, кӯрнамак?! Илоҳо нону намаки додаам туро занад, ҳайвони тайёрхӯр»,- ситеза кард янгаам, вале ман дигар ба вай аҳамият надода аз паи кору бори худам шудам.
Бегоҳӣ амакам омадан баробар зани шаттоҳаш моҷарои рӯзонаро ба вай қисса карда «Темури ҳайвон маро таъна мезанад, ки фарзанд надорам. Ба ту фарзанд даркор бошад, маро сар деҳ, ҷиянат то кай ба ҳоли ман писханд мезанад»,- гӯён гиряву нола кардааст.
Амакам ба ғазаб омада сӯйи ман давид. Аз ҷой нимхез шуда будам, ки лагадаш ба рӯям расиду ба замин афтидам. Амакам мисли аждар бераҳмона ба ман ҳамла намуда бераҳмона ба сару рӯям мушт мефароварду мегуфт: «Ту сағераи бекас зани маро таъна мезанӣ?! Ту худат кӣ будиву имрӯз кӣ шудӣ?!»
Бибиҷонам ба рӯйи ман худашро партофта «Темурро назан, занат дурӯғ мегӯяд! Ман ҳаминҷо будам, таъназании Темурро нашунидаам. Назан бачаамро»,- гуфта доду фиғон бардошт. Падарам, ки то ин дам бегонавор ин манзараро тамошо мекард, шояд бори аввал ба ҳоли фарзандаш раҳмаш омаду ба амакам дарафтода «чаро асли гапро нафаҳмида ӯро мезанӣ»,- гӯён кӯшиши маро аз чанголи бародараш раҳониданро кард. Амакам «сағераи ту ношукр аст»,- гуфта маро монда падарамро лагадборон намуд. Ду бародар бераҳмона якдигарро мезаданду сару рӯйи ҳамдигарро хуншор менамуданд. Касе халос карда наметавонист. Баногоҳ бибиам гӯрсосзанон ба замин афтид. Аҳволи модарашонро дида ҳарду баробар сӯйи кампир давиданд.
Ҳарчанд кӯшиш намудем, бибиҷонамро ба ҳуш оварда натавонистем. Мошини ҳамсояро киро намуда бибиамро ба духтурхона бурдем. Духтур беморро муоина карда «кампир аз фишори баланд беҳуш шудааст. Интизор мешавем, ки чи гап мешавад. Худованд ба ҳама кор қодир аст»,- гӯён бибиамро ба вазнинхона дароварду ҳар сеи моро аз дар берун кард.
Хиҷолатзада ба якдигар менигаристем. Аз корҳои кардаамон пушаймон будем, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд.

Рондашуда
Амаку янгаам бегоҳи ҳамон рӯз маро аз хона пеш карданд. Рост ба хонаи амаки дигарам, ки дар поёни деҳа иқомат мекард, рафтаму буду шуди воқеаро нақл кардам. Хушбахтона амакам маро хуб қабул кард. Бо писарону набераҳояш ҳам ба зудӣ забон ёфтам.
Пули аз футбол ба даст овардаамро ба амакам додам, то барои доруҳои бибиҷонам сарф кунад, вале кӯшишҳояш натиҷа надоданду пас аз ду рӯз ҷони бибии ситамдидаам баромад.
Дар нолаҳои зори ман дили ҳамсояву ҳамдеҳагон об мешуд, чунки меҳру навозиши модаронаро танҳо аз бибиҷонам дида будаму бо аз олам рафтани ягона пушту паноҳам дар зиндагӣ гӯё болу парам шикаст.
Хуллас, бо нолаю фиғон бибиҷонамро гӯрондему ҳама дар хона сарҷамъ омадем. Амакам, ки то ин вақт бо ман гап намезад, наздам омада маро ба оғӯш гирифту бахшиш пурсид. Янгаам низ бо дилсӯзӣ сарамро сила намуд. Шояд рӯҳи бибичонам пас аз маргаш моро бо ҳам оштӣ дод.

Моиндар ҳам модар мешудааст
Маъракаҳои бибиҷонамро гузаронидему ба падарам зан овардем. Падарам чанд рӯз шароб нанӯшида гашт. Хурсанд шудам, ки аз шароб даст мекашад, аммо…. Боз ҳамон аҳмадаки порина, пул меёфту сӯйи шароб медавид падарам.
Моиндарам бисёр зани меҳрубон ва дилсӯз буд. Падарам ба сари ин зани бечора ҳам мушт мебардошту дашномҳои қабеҳаш медод. Амакам онҳоро халос намуда падарамро насиҳат мекард, вале «кӯзапуштро фақат хоки гӯр рост мекунад»,- гуфтагӣ барин ба гӯшаш панд намедаромад. Зани амакам баъди ин қадар сол ҳомилардор шуд. Аз он зани бадзабон дигар нишоне намонд. Модарвор маро меҳрубонӣ карда дастамро ба оби хунук задан намегузошт.
Падарам як рӯзи сарди зимистон масту аласт ба садама дучор гашта аз ду пойи равонаш маҳрум гашт. Ӯро баъди табобати тӯлонӣ ба хона овардем. Дар аробача мешинаду аз корҳои кардаву аз майзадагиаш пушаймон аст. Моиндарам падари маъюбамро хуб нигоҳубин менамояду меҳрро барояш арзонӣ медорад. Мо як оилаи тинҷу пурбаракат гаштем, вале афсӯс, ки бибиҷонам ин рӯзҳои хушро надида аз олам чашм пӯшид.
Мақсад аз рӯйи чоп овардани сарнавиштам он аст, ки зиндагии пурфоҷиаю дардноки мо ба хонадонҳои дигар дарси ибрат шавад.
Боқӣ ба хонандагони азиз зиндагии рангину шодро орзумандам.

БЕ ТУ ПАДАР БА МАН МУШКИЛ..

ВАКТЕ, КИ САВОРИ ХАВОПАЙМО БАЪД АЗ ЯК СОЛУ СЕ МОХ БАЪДИ ОГАХИ ЁФТАН АЗ МАРГИ ПАДАР РОХ БА ЧОНИБИ ВАТАН ГИРИФТАМ, КАЛБАМ ПУРОПУРИ СУЗ, НЕШ БУД.
ТО БА ЗАМИНИ ДУШАНБЕ РАСИДАН ХАЁЛАМ КИ УМРИ 37 СОЛААМ МИСЛИ НАВОРИ КИНО ПЕШИ ДИДАГОНАМ ЧИЛВАГАР ГАРДИДАНД.
ХАР ЯК КАТРАИ МИСЛИ СУЗАН БУД, ОХЕ БУД. КАТИ ХАВЛИ, ШАКАРОБИ  МОДАР ПЕШИ РУЯМ ПАДИДОР, ДАРДРЕЗАХОИ КАЛБ БА ЗАМИН ПОШ МЕХУРДАНД.
ШАШ СОАТИ ПАРВОЗ МИСОЛИ ПУЛИ СИРОТ БУД. МАРГИ ПАДАРИ АЗИЗ ИН КАДАР ЧОНГУДОЗ БУДААСТ.
ИН КАДАР САХТ, ИН КАДАР СУЗОН, ДАРДНОК, ПАДАР ГУМ КАРДАН ИН КАДАР СУЗНОК БУДААСТ.
ДАВЛАТ, СУТУНИ ХОНАВОДА ШИКАСТ.
БА ДУШАНБЕ РАСИДАМУ БУЙИ ВАТАН БА ДИМОГАМ РАСИД. АММО ДИДОРИ ВАТАН БА КАЛБАМ НИШОТЕ НАБАХШИД.
ПАДАРЧОН, РУХАТ ШОД БОД!

КАЛБ ХАМ МЕГИРИСТААСТ...

САЛОМ ПАДАРЧОН! ХАР ЛАХЗА БО ЁДИ ТУИ АЗИЗАМ. ДАРДИ ПАДАРГУМКАРДАРО ПАДАРГУМКАРДА ФАКАТ МЕДОНАД. АЗ ОЗОРИ ДУСТОН БА ДИЛ ГИРИСТАМ. ХОБ ДИДАМ ТУРО, РАХМГИНОНА БА МАН МЕНИГАРИСТИ. ПАДАРЧОН, ТУ БО МАНИ, РУХИ ТУ МАДАДГОРИ МАН АСТ. ОЛАМИ ГАЙБ ХЕЛЕ АСРОРАНГЕЗ АСТ. РУХХОИ НЕК МОРО ХАР ЛАХЗА МАДАДГОРАНД. МЕДОНИ ПАДАР ЗАХМИ СУХАН МАРО АЗ ХУД БЕХУД КАРДУ КАЛБАМ БА САКТА ДУЧОР ГАРДИД. НАФАСАМ ТАНГИ КАРДУ ГИРИСТАМ. ДАРДИ НОАЁНЕ КАЛБИ МАРО ФАРО ГИРИФТ. ОХИ САРДЕ КАШИДАМУ ГУФТАМ:
"ОНЕ КИ БОИСИ ОЗОРИ МАН АСТ, ХАВОЛАШ БА ХУДО!
АММО ХУДОВАНД ОН КАДАР БУЗУРГ АСТ, КИ ХАТМАН ДУОИ ГАРИБРО МУСТАЧОБ МЕГАРДОНАД. 
ПАДАРЧОН, ГУФТА БУДИ КИ ЗИНДАГИ НЕШ ДОРАД, НУШ ДОРАД, ГУФТИ КИ НОНИ РУСИЯ АРРА ДОРАД. МАН ОН ЗАМОН ХАНДИДА ГУФТАМ, КИ "НА, ХАМИН КАДАР МАРДУМ ДАР РУСИЯ КУ"
ТУ ЛАХЗАЕ ФАРЗАНДИ МАРО КИ АЗ ЧОН ДУСТАРАШ МЕДОШТИ, БА ОГУШАТ ГИРИФТИВУ НОГАХОНИ ГУШАШРО КАШИДИ, ТИЛЛОПИСАРАМ ИН ЛАХЗА ДОД ЗАДА ГИРЯ КАРД. МАН ИН ЛАХЗА ГУЁ БЕ КОРД МУРДАМ. ЧИГАРАМ СУХТ. ТУ ХАНДИДА ГУФТИ:
-ДИДИ, ДАРДУ ДОГИ ФАРЗАНД ЧИ КАДАР ДАРДНОК БУДААСТ. БА ЯК ГУШИ БАЧАТА КАШИДАН ДЕВОНА ШУДИ. МАНАМ БАРОИ ТУ МЕСУЗАМ ХАР ЛАХЗА.
ИМРУЗ ДАР ИН ДУРИ ПАДАРЧОН МАН ОН СОАТРО БА ЁД ОВАРДА КАЛБАМ ГИРЁН МЕШАВАД. 
ПАДАРЧОНИ АЗИЗАМ, МАН ДАРДИ КАЛБРО ХЕЧ ГОХ ЯГОН ВАКТ ЭХСОС НАКАРДА БУДАМ. АММО РУЗИ МАРГАТ ВА ХАНГОМИ БА ХАВОПАЙМО НИШАСТАН МАРО ЯК ДАРДИ НОМАФХУМЕ ФАРО ГИРИФТА МАН БЕХУШ ШУДАМ.БЕЁД, РОХБАЛАДИ ХАВОПАЙМО ОМАДА МАРО ОБ ПОШИДА ГУФТ:
-АПАЧОН, БА ШУМО ЧИ ШУД?
АГАР САЛОМАТИАТОН БАД ШУДА БОШАД, МО ЧИЗЕ КАРДА НАМЕТАВОНЕМ.
ИНАК ИМРУЗ КАЛБИ МАН БОЗ БА ДАРД ОМАД. 
ПАДАРЧОН, РУХАТ ШОД БОД!




Эй низанин Падар, бар холи мо нигар,

Эй низанин Падар, бар холи мо нигар,
Марав аз ошёни мо, марав аз хонадони мо.
Падар ин илтичо бишнаве , марав аз ошёни мо,
Ки рафти меравад файзу, шукухи хонадони мо.
Мадех моро чу гул дар панчаи боди парешони,
Бимон дар панохат бишкуфем эй богбони мо.
Магу бар тарки мо омин машав бар ризки мо зомин,
Макун чархи халохилдард дахон як бурда нони мо.
Ба поят уфтодем эй Падар аз таъсирул-лахй гуй,
Сари мо дар кадамхоят марав аз хонадони мо

ПАДАР ГУФТАМ


Аз Кошонаи Шахло

ПАДАР ГУФТАМ, АЗ ДИЛИ ГАРИБИ ПАДАРГУМКАРДАИ МУЛКИ РУС...
ПАДАР ГУФТАМ, САДОЯМ БА СУЙИ ОСМОНХО ПЕЧИД,
ПАДАР ГУФТАМ, НИГОХАМ БА ЛАРЗИШХО БАРХУРД,
ПАДАР ГУФТАМ, САДОИ НАВХАИ МОДАР БА ГУШ РАСИД,
ПАДАР ГУФТАМ, ЧУГЗЕ САРИ ДАРАХТ ФАРЁДИ ТАЛХ БАРОВАРД....
ПАДАР ГУФТАМ, САФХАИ ЗИНДАГИНОМААМ СИЯХ ШУД,
ПАДАР ГУФТАМ, САДОИ ДАРДИ ФАРЗАНДИ ПАДАР ОМАД,
ПАДАР ГУФТАМ, ШАХПАРАКИ САФЕД АЗ ДАР ДАРОМАД,
ПАДАР ГУФТАМ, АЗ КАЪРИ ДИЛ МАЗОРИ ХАСРАТ ДАМИД,
ПАДАР ГУФТАМ, ДАР МУЛКИ РУС ЛОЛАИ СУРХ САБЗИД,
ПАДАР ГУФТАМ, АЗ ДИЛИ ГАРИБОНИ ПАДАРГУМКАРДАИ МУЛКИ РУС
ФАРЁДУ НОЛА БА ОСМОН ПЕЧИДУ АЗ ФАЗО ДАРДРЕЗА БОРИД...
ПАДАР ГУФТАМ, БИСТАРИ ХОЛИИ МОДАР БА ГИРЯ ОМАД,
АЗ БАХТИ ШИКАСТАИ ТАКДИРИ КАЛАМБАДАСТИ БЕТАДБИР,
ПАДАР ГУФТАМ, КАТИ ХАВЛИ, ШАКАРОБИ МОДАР ПАДИД ОМАД,
ПАДАР ГУФТАМ, ЧИГАРИ РЕХТАИ ПАДАРГУМКАРДАХО РЕХТ БА САФХА
ПАДАР ГУФТАМ, КАЛБАМ ТАРКИДУ МИСОЛИ ОТАШ СУХТУ ГУДОХТ,
ПАДАР ГУФТАМ, ХАСТИАМ БАЙНИ МУРДАИ САДСОЛА КАРД НАВХА,
ДУСТОНИ КАДРДОН, ДАСТ БА ДУО БАРОИ ПАДАРОНИ РАФТА КУНЕД!
ТО ПАДАРЧОНХОИ МО РУХАШОН ШОД БОШАДУ ДИГАР НИШОНИ У НАЧУЕД...
ЧУН РАФТАНДУ МЕРАВАНДУ МЕРАВЕМ, ТО БА РУЗИ ДОДАИ МАХШАРИ ХУДО
ДИДОР ДАР КИЁМАТ МОНД! АЗИЗОНИ РАФТА! ХАСТЕМ ТО КИЁМАТ ЧУДО!(Ш.Н)

АЗ ПАДАРНОМАИ БАРОДАР МУХАММАД САИД БАХРА БАРЕД....


Аз Кошонаи Шахло

Падар мурдаро соя бар сар фиган,
Губораш барафшону хораш бикан.
Чу диди ятиме сар афганда пеш,
Мазан буса бар руи фарзанди хеш..

Макому манзилати модар аз назари Ислом аз падар дида балантар меистад.. Ба ин далолат мекунад гуфтахои Худо (ч) дар Куръон, ки Офаридгори хасти хар чое инсонро амри ба тоъату бандагии худаш амр кардааст ихсону накуи ба падару модарро ёдовар шудааст, танхо дар ду чои Куръон мебинем, ки накуи ва ихсони модар бе зикри падар таъкид шудааст.. Хамчунин аст таъкидхои Паёмбар (а.с), ки дар гуфтахои У нисбати накуи бо модар равшан зикр ёфтааст.. Аммо аз ончо ки падар намояндагии оиларо дар берун аз хона мекунад ва исботи насаб ба у марбут аст бо каринахо аз суннати набави эхтироми у дар кадами аввал меистад, зеро бе эхтироми нисбати намояндаи оила аз худи аъзоёни он тахкир буда рохи дахолат дигаронро ба оила боз мекунад, ки дар натича таъсири манфи ба чомиъа низ меорад..
Маро бошад аз дарди тифлон хабар,Ки дар хурди аз сар бирафтам падар.Дар хурдсоли хама чиз, таманниёту ормонхо ва хавасу орзухо хатто руъёхои кудакона содда ва як навъ хаёли ва афсонавимонмнд мебошанд, вале тахаккукёбанда, магар иштиёки тифл ба падару модар ва ниёзи он ба мехрабонии онхо, ки дар хурдсоли яке аз онхо ё хардуи онхоро аз даст дода бошад.. Тахаккукёбанда ба он маъно, ки Худое, ки тифлро дар хурдсоли аз падар ё модар чудо мекунад албатта фикри он тифлро кардааст ва дар ин хикматеро чой додааст, ки мо аз он бехабарем.. Дар куръон достони Юсуф (а.с) ба бехтарин кисса ном бурда шудааст.. Дар поёни ин сура баён шудааст, ки: ,,ХАМОНО ДАР КИССАХОИ ОНОН ПАНДУ ИБРТЕСТ БАРОИ ШУМО ЭЙ ХИРАДМАНДОН..,, Чудо шудани Юсуф (а.с) аз падар паёмадхои сангин ва мушкилоти фаровонро ба онон ба бор овард, то хадде, ки чашмони падарш Яъкуби наби (а.с) нобино шуданд, локин дар ин хикматхое чой дошт, ки падару писар бо вучуди паёмбар буданашон аз он хикматхо бе хабар буданд.. Як иддае аз онхоро куръон ёдрас мекунад, ки хидояти мардуми Миср ва рахоии онон аз окибати гуруснагаи мебошад..Дар пиронсоли таманниёт, орзую ормонхо хаёли ё афсонамонанд хам набошанд, бисёри аз онхо тахаккук намеёбанд ва ё баъди сари падару мондорон амали мешаванд.. Ман бар ин боварам, ки падарон сарфи назар аз макому манзилати илми ва маърифатии онхо аз писарон дар фазлу мартаба болотар меистанд.. Барои мисол: Падари ман аз миёни обу оташи бехудои бо тахассуси досу каланд писаре тарбия ва ба воя расонд, ки Худошинос, донишгохи, огох аз улуми тафсиру куръон ва хадису фикх, таъриху адаб ва г... Пас ман танхо барои ба пояи падарам расидан бояд фарзанде тарбия ва ба воя расонам, ки дар харчи ман бо химмати падарам ба даст овардаам болои дошта бошад.. Рухатон шод ва чаятон чаннат бод эй падарони мехрабону химматбаланд..Хотироти бародари диагарамро ба ёд меорам, ки гуфт: ,,Баъди чанд рузи ба хок супоридани падарам мачбур шудам аз занги телефони дастиам барои бедор шудан истифода барам.. Одатан маро садои шалфахои кафшхои падрам, ки пеш аз дамидани субх дар сахнаи долони хона кашон - кашон рох мерафт бедор мекард.. Ин садои пойпушихои падарамро чанд рузи дигар шунидам вале падарамро надидам, дар инихаят як руз чашмамро боз кардам, ки офтоб баромадаасту намоз казо шуда.. Ин хам мехрубонии падар буд, ки то чанд рузи дигар нигарони холи мо буд.. Холо дигар борхо орзу мекунам падарамро дар бинаму ин мехрубониашро барояш бигуям ва чан пурсидании дигарро аз у бипурсам.. Аммо афсус, ки намешавад.. Агар дар хоб бинам хам бо чанд аломатхои мухрубононаи фиребанда дидор ба поён мерасаду ман бедор мешавам..,, Ин хам камоли эхтимом ва нихояти тарбияи киблаи умеди мо мебошад, ки акнун мо бояд мустакилона кору фаъоллият кунем..Худоё ману падарам ва муъминонро рузе, ки хисобот барпо мешавад магфират кун..

Падарам рафт Падарчонам рафт. Каздони - 13.02.2011

color="3333ff">Ман Падар гумкардаву хайрону зор,
Хамсафар гумкардаву дил бекарор.
Эй худоё ту ба фарёдам бирас,
Бе фалак аз у хабар дорам биё.
Ин бахор аз гами маногох буд,
Чашма бар мотами ман хамрох буд.
Ашк шуд руди Зарафшонам рафт,
Падарам рафт Падарчонам рафт.
Нест бовар ки Падар чон бисупурд,
Падарамро Падараш наздаш бурд.
Порае аз дилу аз чонам рафт,
Падарам рафт Падарчонам рафт.
Эй падар хеч мабод анчомад,
Гашт Каздони гадои номат.
Шохи ин давлату давронам рафт,
Падарам рафт Падарчонам рафт.

Каздони

13.02.2011

ПАДАРНОМА...ПАДАРНОМА....

ПАДАРЧОНИ ДАР ХОК ХУФТАИ МАН! ИМРУЗ АЗ ХАР РУЗА ДИДА САХТТАР ПАЗМОНАТ ШУДАМ. БА ХОНА ЗАНГ ЗАДАМ. ТИЛЛОПИСАРАМ БАРДОШТ ГУШИРО. ЧУН ХАР ДАЪФАИНА ПАДАРЧОНИ ДИЛУ ЧОНАМ НАБАРДОШТ  ГУШАКРО. ОХЕ, ДАР ИНРУЗИ ЧУМЪА БАРОЯТ ДУО МЕКУНАМ, КИ ЧОЯТ ЧАННАТ БОШАД! САДОИ МОДАРАМ МИСОЛИ ПЕШИНА НЕСТ. ХАСТА, ШИКАСТА....ПАДАРЧОНИ МАН, БЕПАДАРИ ДАРД АСТ, САХТ АСТ, АЗ МАРГ ХАМ МУШКИЛТАР. ДАРДИ БЕПАДАРИ МУШКИЛТАРИН АЗОБИ ДУНЯВИ БУДААСТ. ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ МАН, БАРОЯТ ДУО ДОРАМ! ХАР ЗАМОН, ХАР СОНИЯ...РУХАТ ШОД БОД!

ДИДОР ДАР КИЁМАТ....................................

ПАДАРЧОН! САЛОМ! БОЗ ПАЗМОНАТ ШУДАМ.ОН КАДАР ТАШНАИ ДИДОРАТ МАН, КИ БА СУХАН ГУФТАН ИМКОН НАДОРАД.ДИДОР ДАР КИЁМАТ МОНД. АФСУС! ДАРЕГИ УМРИ БЕВАФО, КИ МАНУ ТУ ДИГАР АХДУ ВАФО ДОШТЕМ ПАДАРЧОНИ МАН!МЕДОНИ ПАДАРЧОНИ МАН, ИМРУЗ ЧИ БА ЁДАМ ОМАД, ВОПАСИН СУХАНОНИ ТУ: "ДУХТАРЧОН, ХЕЧ ГОХ ДУРУГ НАГУ" ОХ, ПАДАРЧОН, ЧАРО ХУДАТ МАРО ФИРЕБ КАРДИ,ДИДОРАТ БА КИЁМАТ МОНД. ЧИ ТАКДИРИ САХТЕ...БА НАСИХАТХОИ ТУ ПАЗМОНУ ХАЙРОНАМ. САРИ МАРКАДИ ТУ БО УМЕД РАФТАМ КИ ХУДОВАНД САБРИ ХУНУКАМ ФИРИСТАД, АММО БАРЪАКС, СУЗИШИ ДИЛАМ ЗИЕДТАР ШУД.ДАР ИН ДИЁРИ ДУРИ ХУДО БОЗ ЁДИ ТУ КАРДАМ.АВВАЛИН БОР ДАР ФУРУДГОХ ТУ БА ГУСЕЛАМ НАБАРОМАДИ.ЧИ ДАРДИ САХТЕ БЕПАДАРИ. ИМСОЛ БАХОР БАХОРИ МАН НАБУД. ИМСОЛ ХАЗОНИ ПАДАРИ МАН БУДААСТ. ТАКДИРУ САРНАВИШТ..ИН ЗИНДАГИ БАРОЯМ МАЪНИИ ХЕШРО ГУМ КАРДА.АММО БОЗ ШУКР , КИ МОДАРЧОНАМ ДАР БАРАМ ХАР ЗАМОН ТАСАЛЛОЯМОН МЕДИХАД, ХАРЧАНД ХУД БА ГАМИ НИХОНИ МУБТАЛО ДУНЁРО ФАРОМУШ КАРДААСТ.ПАДАРЧОНИ МАН! РУХАТ ШОД БОД!

ПАДАРНОМА.....

ПАДАРЧОН, ДУОЯ ДЕХ ЧУН САФАР ДОРАМ. ПАДАРЧОН ИН БАХОР БЕ ТУ БАРОЯМ МАЪНИАШРО ГУМ КАРД. ЧИЛ РУЗ ШУД КИ БЕ ТУЕМ, БЕ СУХАНХОИ ТУ. ПАДАРЧОНИ АЗИЗАМ. САРИ МАРКАДАТ ЛАХЗАЕ СУКУТ КАРДАМ, ХАЕЛАМ КИ НАСИМИ САРДЕ АЗ РУЯМ ГУЗАШТ. ОРЕ, ИН ТУ БУДИ КИ БО МЕХРУ ОРМОНИ ЗИЕД ПЕШАМ ОМАДИ. АФСУС КИ МО ОДАМОН РУХХОРО ДИДА НАМЕТАВОНЕМ. ПАДАРЧОН, ДУОИ НЕКАМ ДЕХ, ТО БО САРИ БАЛАНД КИТОБХОЯМРО БА НАШР РАСОНИДА САЗОВОРИ НОМИ РУЗНОМАНИГОР БОШАМ. ПАДАРЧОН БАРОИ ТУ РОЗИ ЗИЁД ДОРАМ. АММО ИН ХАМА МАХЗАНИ РОЗИ МАН ДАР САХИФАИ САПЕД АСТ. ОНОНЕ КИ МИСЛИ МАН ПАДАРГУМКАРДААНД, МАРХАМАТ РОЗИ ХЕШРО БА ИН ТОРНОМА БИНАВИСАНД. РУХИ ХАМАИ ПАДАРОНИ РАФТА ШОД БОД! ОМИН!

НАХУСТИН БАХОРИ БЕ ТУ ПАДАРЧОН....





ПАДАРЧОНАМ
АВВАЛИН БАХОР БЕ ТУ...



ПАДАРЧОНИ
АЗИЗИ МАН , АВВАЛИН БАХОРЕСТ, КИ МАН БЕ ТУ НИШАСТАМ. СУМАНАКРО ДУСТ МЕДОРИ. МАН
ХАМ АМСОЛИ ТУ СУМАНАКА ДУСТ ДОРАМ. АММО БА ДИЛАМ ДИГАР СУМАНАК МЕТОБАДУ НА
БАХОР. ТИЛЛОПИСАРАМ БА ОФТОБАКИ БАХОРИ НИГАРИСТУ БО АФСУС ГУФТ:



-ОЧАЧОН,
АГАР МАН ДИГАР ШУХИ НАКУНАМ. БОБОМ АЗ ОСМОН МЕБИЁЯД?



-НА БАЧАЧОН,
У РАФТ БА ОСМОН.



ВА ИН ЗАМОН
АЗ КАЛБИ СУХТА ГУЗАРОНИДАМ:



-ПАДАРЧОНИ
АЗИЗИ МАН, ОХИРИН СУХБАТ ГУФТИ, КИ АЗ МАН САРБАЛАНДИХОИ КУЛЛАХОИ ЭЧОДИРО САХТ
ИНТИЗОРИ.



ЧАРО РУЗАКЕ
БЕШТАР БА ВАТАН НАОМАДАМ А. ЧАРО МАРГ НАГУЗОШТ КИ ТУРО ДАМЕ БО СЕРИ БУБИНАМ.
КАСЕРО ОЗОР НАДОДА ДАР ХОБАТ БО МАРГ ХАМОГУШ ШУДИ. ХАТТО ВАСИЯТЕ НАКАРДИ.
МОДАРЧОНАМРО ШАБ ТАСАЛЛО ДОДА ГУФТИ, КИ ИМШАБ ХЕЛЕ ХУДРО БАРДАМУ СОЛИМ ЭХСОС
МЕКУНИВУ ТО ОМАДАНИ МО ФАРЗАНДОН СИХАТТАР МЕШАВИ. ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ МО ШОЯД ИН
ХОНАРАВШАНКУНИ БУД. ХУДАТ БЕХАБАР БА МОДАРАМ САЛОМАТИАТРО ТАЪСИФ КАРДИ. МАРГ
БОШАД ОН ЛАХЗА БА ХОЛИ МО ХАНДА МЕКАРД. МО БЕХАБАР.



ПАДАРЧОН
ИМРУЗ МО НИЯТ ДОШТЕМ, КИ БА ТАМОШОИ ДЕХАИ КАЛОН ШУДАГИАМОН МЕРАВЕМ. АММО ТУ ДАР
БАРИ МО НЕСТИ. ХЕЧ ГОХ БА МАРГИ ТУ БОВАР НАДОРАМ. ГУМОНАМ КИ ХОЗИР АЗ ДАР
МЕДАРОИВУ ОГУШ КАШИДА МО ФАРЗАНДОНИ ЧАШМИНТИЗОРРО БУСА МЕКУНИ.



ОХ,
ПАДАРЧОН, ОН ЧУНОН ПАЗМОНАТ МАН, КИ...



БАРОЯД АЗ
ДАРГОХИ ИЛОХИ ДУО МЕКУНАМ, КИ ТУРО ХУДОВАНД БА ЧАННАТ МАХФИРАТ ГАРДОНАД. РУХАТ
ШОД БОД ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ МАН!




19 РУЗИ БЕ ТУ ПАДАРЧОНАМ

 БАХОР19 РУЗ АСТ КИ БЕ ТУИ АЗИЗ МАН ЗИНДАГИ ДОРАМ ПАДАРЧОНИ МАН. НАВРУЗРО ДУСТ МЕДОШТАМ. АММО ДИГАР БА БАХОРУ НАВРУЗ ШАВКЕ НАДОРАМ. БА НАЗАРАМ КИ ОН БА ДИЛАМ  НИШОТ НАМЕБАХШАД. ТУИ АЗИЗ ИН БАХОРРО НАДИДИ. МАН ИМШАБ БЕ ТУ ЧУНОН ПАЗМОНАТ ШУДАМ КИ БО СУХАН НАМЕТАВОНАМ ТАСВИРАШ СОЗАМ.ПАДАРЧОН, ЧИ КАДАР ТУ НИСБАТАМ МЕХРУБОН БУДИ. ХАНУЗАМ МЕХРУБОНИХОЯТРО БА ЁД МЕОРАМУ ДИЛАМ БА ГИРЯ МЕОЯД.ПАДАРЧОН ДИШАБ БОЗ САРИ ОРОМГОХАТРО ХОБ ДИДАМ. ДИЛАМ БА ТУГЕН ОМАД. МЕХОХАМ КИ ПАРВОЗ КАРДА БА ОРОМГОХАТ БИРАВАМ.ХАСТААМ АЗ ЗИНДАГИ БЕ ТУЙИ АЗИЗ. ХУДОВАНД ТУРО МАХФИРАТ КУНАД! ОМИН!

ПАДАРНОМА

САЛОМ!ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ СУХАНГУЙИ МАН! ДУ ХАФТА ШУД КИ ТУ ХАМРОХИ МО НЕСТИ. БА БЕПАДАР БУДАН ХЕЧ ГОХ РОЗИ НЕСТАМ. ТУ ДАР КАЛБИ МАНИ.БА ЧЕВОНИ  КИТОБХОЯТ БОДИККАТ НАЗАР КАРДАМ.ЧУСТАМ ХАТТО САФХАЕ АЗ ТУ. НАВИШТАИ ЕДНОМАЕ:"ШАХЛОЧОН, ДАР ЗИНДАГИ АГАР БА САРАТ ШАМШЕР ХАМ ОЯД, ДУРУГ НАГУ".ОРЕ, ПАДАРЧОНИ МАН, ТУ ЯК ОДАМЕ БУДИ МЕХНАТИ, ЯК УМР ОМУЗГОР. МАН ХАМЕША МЕГУФТАМ КИ ПАДАРЧОН, ЧИ ИН КАДАР ХУДРО ГАМ МЕДИХЕД.НИМТА НОН РОХАТИ ЧОН НЕСТ. ТУ БОШИ МАРО ЧАНГ КАРДА МЕГУФТИ, КИ БА ХАМА ЧИЗ КАНОАТ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ.АММО МАН ХАМЕША БО ТУИ АЗИЗ БАХС КАРДАНРО ДУСТ МЕДОШТАМ. ТУ ДУСТИ НАЗДИКТАРИНАМ БУДИ.АКНУН БО РУХАТ ХАМСУХБАТАМ. У МАРО ХАР СОНИЯ НАЗОРРА МЕКУНАД. ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ МАН, МЕРАВАМ БОЗ БА САФАРИ ШАХРИ РУС. ДУОЯМ ДЕХ ДАР ИН КИСМАТИ ТАЛХУ ШИРИН. ТО КИТОБХОЯМ БА ДАСТИ МУШТАРИЁНАШ БИРАСАД.ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ МАН, РУХАТ ШОДУ ХОТИРАТ ЧОВИДОН БОД!

НУШДОРУИ ПАС АЗ МАРГ(ИДОМАИ ПАДАРНОМА)

САЛОМ ПАДАРЧОНИ ДИЛУ ЧОНАМ, ОРМОНИ ДИЛАМ. ИМШАБ САРИ МАРКАДАТРО ХОБ ДИДАМ.ПАДАРЧОН, МАНУ ХОХАРОНУ ДОДАРОНАМ ПАС АЗ МАРГАТ АЗ БЕРУНИ КИШВАР СУХТА СУХТА ОМАДЕМ МИСОЛИ НУШДОРУИ ПАС АЗ МАРГ. НАЁФТЕМАТ ДИГАР. ИМШАБ БАЙНИ КИТОБХОЯТ МАКТУБЕ БА НОМАМ ДАРЁФТАМ, КИ НАВИШТАИ "ЁДНОМА БА ШАХЛОЯМ"
МАН АГАР МАБОДО КАСАЛ ШАВАМ, НАТАРСЕД. ЧУН ДИЛАМ ДАРД МЕКУНАД. ОЧАЧОНТОНА ЭХТИЕТ КУНЕД"ИН ОХИРИН НАВИШТАЧОТИ ПАДАР БА МАН БУД. ШОЯД МАРГАШРО ЭХСОС КАРДА БУД. ХАМОН ШАБ БА МОДАРЧОНАМ ГУФТИ КИ ХУДРО ХЕЛЕ ХУБ ХИС ДОРИ. АММО СУБХ ДАР ХОБАТ МАРГ ТУРО БА ОГУШИ ХУД ГИРИФТУ ТУ БЕХАБАР МОНДИ. ИМРУЗ ПИСАРЧААМ БА ОСМОН НИГАРИСТУ ГУФТ: ОЧАЧОН, БОБОЧОНАМ ОФТОБ А." ГУФТАМ КИ ХА.ОФТОБИ ХОНАИ МО РАФТ БА ОЛАМИ БЕБОЗГАШТ.ПАДАРЧОН, ТУ ОМУЗГОРИ АВВАЛИНАМ ХАСТИ. ХАНУЗ ПАНЧСОЛА БУДАМ КИ КИТОБ ХОНДАНРО ЕДАМ ДОДА БУДИ.ФАКАТ КИТОБИ БАДЕИ ХАДЯАМ МЕКАРДИ. ПАДАРЧОН, СУЗИШИ МАРГИ НОВАКТИ ТУ СОНИЯ БА СОНИЯ АЗ ДУНЁ БЕРУНАМ МЕСОЗАД.КАСЕ КИ ПАДАР ГУМ КАРДААСТ, ИН СУЗИШИ КАЛБИ ПОРА ПОРАИ МАРО БА ХУБИ ЭХСОС КАРДА МЕТАВОНАД.ДАРДИ ПАДАРГУМКРАДАРО ПАДАРГУМКАРДА ДАРК МЕКУНАД. ИН КАЛАМ ХАР СОАТ БА ЁДАТ ДАРДРЕЗА ЭЧОД  МЕКУНАД.БО АЛАМ, БО ХАСРАТ.ПАДАРЧОН, МАН ДАВОМИ ТУАМ.ТУ МЕХОСТИ КИ МАН КИТОБХОЯМ БА НАШР БИРАСАД. ИНАК ОРЗУХОИ ТУРО АМАЛИ ДОРАМ ПАДАРЧОНАМ.АЗ СУЗИШИ ДИЛ НОМА БА НОМАТ МЕНАВИСАМ. БАРОЯТ ДУО МЕКУНАМ. РУХАТ ШОД БОД!БАРОИ ХАМАИ ПАДАРГУМКАРДАХО ДАСТИ ДУО МЕБАРДОРЕМ. 

ПАДАРНОМА...ПАДАРНОМА...

ПАДАРЧОНИ ДАР ХОК ХУФТАИ МАН САЛОМ! АГАРЧАНДЕ БА МАРГИ НОВАКТАТ БОВАРИ НАДОРАМ, АММО БОЗ БО СУЗИШИ ДИЛ НОМА БА НОМАТ МЕНАВИСАМ.ПАДАРЧОН, ТУ ДУСТАМ, ОРЕ ДУСТИ БЕХТАРИНАМ БУДИ. БО ОЧАЧОНАМ ЧИДДИ ХАСТАМ, АММО БО ТУ МИСЛИ ЯК ДУСТЕ. АЗ ТУИ АЗИЗ РОЗИ ПИНХОНЕ НАДОШТАМ. БАРОЯМ ДУШВОР ИМРУЗ НОМИ"БЕПАДАРИРО" БА ДУШ ГИРИФТАН. НА, ТУ НАМУРДАИ БАРОЯМ, ТУ МАСЛИХАТГАРАМ, ДИЛУ ЧОНАМИ. ХАР СОНИЯ БУДАНИ ТУРО , ДАСТИ ТУРО БА САРАМ ЭХСОС МЕКУНАМ. ПАДАРЧОН, РУХИ ТУ МАРО НАЗОРРА МЕКУНАД. ДАРК КАРДАМ ИМРУЗ, ЧУН  САХАРИ САРАМРО БОЛОИ КОМПЮТЕР МОНДА НОГАХОН ХОБАМ БУРДААСТ. ТУ САРАМРО СИЛА КАРДА ГУФТИ:"ШАХЛОЧОНИ ПАДАР, ХЕЗ АЗ ХОБАТ, КИ МАН ПАРЕШОН НАШАВАМ"
ПАРИДА ХЕСТАМ, БОЛОИ САРАМ ГАРМИИ ДАСТОНАТ ХАНУЗ ХИС МЕШУД. ПАС ОЛАМИ ГАЙБ ХАМЕША МОРО НАЗОРРА МЕКАРДААСТ. ПАДАРЧОНИ АЗИЗИ МАН, ХАРЧАНД ДАР ПАХЛУЯМ НЕСТИ, АММО МАН БО ТУ РОЗ МЕГУЯМ, МАСЛИХАТ МЕПУРСАМ. ИМРУЗ ТИЛЛОПИСАРАМ ГУФТ;"ОЧАЧОН, БОБОМ ОФТОБ ШУДААСТ" ГУФТАМ КИ ХА ВА ТАЛХ  ТАЛХ БА ТАКДИРИ ОДАМИ БИГРИСТАМ. ХУДОЁ, РУХИ ПАДАРЧОНАМА МАХФИРАТ КУН.
АЗ ЕДИ ПАДАР МАЗОРИ ХАСРАТ ДОРАМ
ГАПХОИ ЗИЁДУ РОЗХОИ НОКУШОДА
РУХИ ХАМАИ ПАДАРОН ШОД БОД!

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу