Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

Шумоед нури ҳарду дидагонам!!!



Саҳар "Инет"и худ бикшода дидам,
Ки соли паҳлӯи расмам фузун аст,
Муборакбодиҳо, дидам зи дӯстон, 
Чу бурдам сӯи мактубхонаам даст.



Ҳама карда таманнои зиёдам,
Ки бинам умри бисёре ба дунё,
Яке  тахте ҳамехоҳад бароям,
Яке хоҳад бароям бахти воло.




Яке гӯяд "муборак рӯзи мавлуд",
Дигар мехоҳадам то шод бошам,
Яке гар гӯядам; "бошӣ саломат",
Яке хоҳад, ки ман обод бошам.




Яке хоҳад, ки ман садсола гардам,
Намехоҳад яке бинад ба дардам.
Яке хоҳад маро таъби баланде,
Нахоҳад дид яке бо рӯи зардам.




Яке гӯяд, ки рӯҳи қиблагоҳат,
Мададгори ту бошад ҷовидонӣ!
Бимонад номи некат ҳамчунонаш, 
Дареғи ӯ, ки рафт андар ҷавонӣ!




Яке гӯяд ки дар парвоз бошад,
Ҳамеша таъби волои худодод,
Бигӯяд то барои мухлисонаш,
Ғазалҳои равони тоза эҷод.



Қабул бошад ҳама дархости ёрон,
Ҳазорон офарин дӯстони ҷонӣ!
Вале ман бе шумо ҳаргиз нахоҳам,
Дар ин дунёи фонӣ зиндагонӣ!




Нахоҳам тахти воло бе шумо ман!
Чӣ бахте ар набошад меҳрубонам?
Чӣ созам бе шумо умри фузунро?
Шумоед нури ҳарду дидагонам!!!





ОНЕ КИ БА ПИРЙ БИРАСАД БОЗ ЧАВОН КУН!

Ё РАБ ХАМА РОЗХОИ НИХОНАТ АЁН КУН!
ХАР ЧИЗ,КИ МО ГОФИЛИ ОНЕМ БАЁН КУН!

МО БЕХАБАРОНЕМ АЗ ИН ОМАДУ РАФТАН,
ОН ПАРДА БИГИРУ СУХАНЕ АЗ ИНУ ОН КУН!

З-ИН БУРДАНУ ОВАРДАНИ МОЁН ЧЙ СИРЕСТ?
БОЗ ОЙ БА ХОБАМ ДАМЕ РОЗИ НИХОН КУН!

БИШКАСТАЙ ЧУН ШОХИ ГУЛЕРО БА ЧАВОНЙ?
ОНЕ КИ РАБУДАСТИ ЧАВОН БОЗ РАВОН КУН!

ОН МОДАРИ ЧОРДАРД РАХО КУН ЗИ ДАРДАШ,
ОН ТИФЛАКИ НАВЗОДАИ УРО ХАМАДОН КУН!

З-ИН ПИРИВУ БЕМОРИИ ПИРОН ЧЙ БОК АСТ?
ОНЕ КИ БА ПИРЙ БИРАСАД БОЗ ЧАВОН КУН!

БИНГАР,КИ ХАМА СУХТА БО ЁДИ БУЗУРГОН,
ЧУН КАРДЙ БА ИССОИ МАСЕХО ХАМОН КУН!

ДОНЙ,КИ НАБИНАД ЯКЕ,В-ОН ДИГАРЕ ГУНГ,
БИКШОЙ ВАРО ДИДАВУ ОНРО БА ЗАБОН КУН!

ХОНДАМ ХАМАИ ПОРАИ КУРЪОНИ КАРИМРО,
ЁРО МАНУ ЁРОНИ МАРО ХАМ БА ИМОН КУН!

МАКСУД ЧЙ АЗ ЧАБРУ ЧАФО ПИРУ ЧАВОНРО?
ОН ВАЪДАИ ФАРДОИНААТРО БА ЧАХОН КУН!

МАКСУДАЛЙ,БАРХЕЗ НАМОЗИ ДИГАРАТ ШУД,
ЧИЗЕ,КИ ХУДОЯТ БА ТУ ФАРМУД БА ЧОН КУН!



Мухаммас бар газали Чунунй

Эй ки дорй чилвахо бо он кади болои худ,
Хеч андешй зи кирдори бади расвои худ?
Бин чй мегуяд ба ту ин булбули гуёи худ:
"Ёд кун ин чо ту доим киссаи фардои худ,
Рузу шаб мебош андар мотаму гавгои худ."

Пои худро рост мону бингар андар пешу пас,
Рузи навмедй ба ёд овар ба неконат бирас,
Доварат бинад хама рафтори ночо хар нафас,
"Хушдиливу хандахо ин чо намезебад ба кас,
Ё намеорй ба хотир маскану маъвои худ."

Ёди хешон не,намозат не,дуову сачда не,
Ёди модар не,падар не,бо ятимат сарфа не,
Ёди хохар не,бародар не ва ёди Каъба не,
"Ашки хичлат неву зорй неву фикру тавба не,
Шуд фаромушат зи гафлат кардай бе чои худ."

Эй ки дорй чун саги девона бо хешон хуруш,
Хар замон бар суи пайвандон бо некй бикуш,
Неши худро дорад ин дунё ба оне ки ба нуш,
"Айби хар касро,ки дидй аз тамасхур лаб бипуш,
Эй хирад аввал назар андоз сар то пои худ."

Чун дигархо меравем пешу кафо рузо шабаш,
Тан ба зери хоку рух бошад бурун аз колабаш,
Хамчунон Максудалй бо ин хама тобу табаш,
"Эй Чунуно гу бирезад аз шакархои лабаш,
Баски дар минкор ин мурги газалхонои худ."




Эй абри баҳорон ба гулистон гузаре кун!

Эй кош муяссар шавадам сӯҳбати дӯстон! 
Эй кош ки бозам биравам ҷониби бӯстон!


Мурғони ҳаво дар Ватанам чаҳ-чаҳа дорад, 
Ман соҳиби он бошаму сӯзам на дуруст он.


Хоки Ватану тахти Сулаймон на баробар, 
Ҳар кас ки ғариб аст бидонад, накӯст он.


Дашту даману кӯҳи маро лола шукуфтаст, 
Борони баҳорӣ зи чӣ бошад,ки нашуст он.


Бингар ба чаман сабзаву себарга нарӯяд, 
Бод аз чӣ наомад ба чаманзору наҷуст он?

Моему ҳама ғофил аз ин омаду рафтан,
Эй банда намедонӣ ки аз ҷониби ӯст он!


Эй холиқи даврон ба гулистон назаре кун! 
Бе бориши борони ту кай дидӣ ки руст он?


Мақсудалӣ, аз абри баҳорон гила дорад, 
Баҳри гулу гулзори Ватан марсиягӯст он.









АЗ НОМИ МОДАРИ ФАРЗАНДГУМКАРДА- МӮТАБАР УМАРОВА

ГУЛБАҲОРАМ, ГУЛБАҲОРАМ, МОҲИ ТОБОНАМ КУҶОӢ?
ХУШҚАДУ ШИРИНЗАБОНАМ, ЧЕҲРАХАНДОНАМ КУҶОӢ?

СЕ ГУЛИ НАВРУСТАИ ХУД, ЭЙ ХАЗОНГАРДИДАИ МАН,
ДАР БА ДАР КАРДИВУ РАФТӢ, ХОНАВАЙРОНАМ КУҶОӢ?


БАС ҶУДОӢ БЕ ТУ ДИДАМ, ДАР ДАВОМИ ЗИНДАГОНӢ,
ХАСТАВУ ТАНҲОВУ ЗОРАМ, БЕ ТУ ҲАЙРОНАМ КУҶОӢ?


ҲАМНИШИНАМ ҒУССАВУ ҒАМ, ШОДИҲОЯМ БО ТУ РАФТА,
ҒАМБАРОРАМ, МЕҲРУБОНАМ,МӮЪНИСИ ҶОНАМ КУҶОӢ?

НАВБАҲОРИ УМРИ МОДАР, БОЗ ОЙ ДАР ИДИ НАВРӮЗ,                                                    
БЕ ТУ РӮЗАМ ТОР БОШАД, ГӮЙ КИ ҶОНОНАМ КУҶОӢ?
                                                                 
ФАСЛИ ГУЛҲО БОЗ ОМАД, НОЗАНИНИ ЧУН ГУЛИ МАН,
БЕРУН ОЙ МОНАНДИ ГУЛҲО,ХУБИ ХУБОНАМ КУҶОӢ?
                                           
ҶАШНИ ОЗОДӢ МУБОРАК, ЭЙ ГУЛИ ОЗОДАИ МАН,                                                         
БЕ ГУЛИ РӮЯТ ЧӢ СОЗАМ, ГУЛБАДОМОНАМ КУҶОӢ?

БЕ ТУ ДАРДАМ ГАШТ АФЗУН, СӮХТАМ АЗ ФУРҚАТИ ТУ,
КАЙ РАСӢ БО ДОДИ МОДАР,ДАРДУ ДАРМОНАМ КУҶОӢ?


ТИФЛАКИ ВОМОНДАИ ТУ,МОДАРАМ МЕГӮЯД ИМРӮЗ,
ЧУН БИГӮЯМ ДАР ҶАВОБАШ, БАЧАГИРЁНАМ КУҶОӢ?                                                                                                                                                                    

ҶОНИ МОДАР ГУЛ БИРӮЯД, РӮИ ҚАБРАТ ҲАР БАҲОРОН,                                                                  
ЧУН НАРӮӢ ЭЙ ГУЛИ МАН, НУРИ ЧАШМОНАМ КУҶОӢ?

"РӮЗИ МАВЛУДАТ МУБОРАК",ГӮЯДАТ ГУЛДУХТАРОНАТ,                                                                    
ЭЙ ШАҲИДИ НОУМЕДАМ, САРВИ БӮСТОНАМ КУҶОӢ?












Ду миҷа ба ҳам то бизанӣ зиндагӣ рафтаст!

Ёрон ҳама бояд ки ба ҳам аҳду вафо баст,
Дар шоду ғами дӯст чаро менагирем даст?

Ҳафт аз паси чил соли туро дидаму гуфтам, 
Ҳамсоли мано, бин ки туро нимаи умр аст!
 
Чун дидаву дар зиндагӣ чун омадаем дӣ, 
Дидӣ, ки давон меравад умри ҳама бо шаст!

Дирӯз ба назар мову ту бас бозӣ намудем,
Эй ҳамсабақо, бин ки чӣ сон тез гузаштаст!

Гоҳе дил аз ин кулфати гардун ба навое, 
Гоҳе шавад аз хониши мурғони чаман маст.

З-ин дори ҷаҳон ҳеҷ ту медонӣ ва не дӯст, 
З-ин омадану рафтани моён, чӣ сир ҳаст?
 
З-ин ҳиҷрату з-ин ғурбати даврону ғарибӣ, 
Оё ту намедонӣ, ки чун з-ин ҳамагон раст?

Бигзашта басо соли ману ту ба ҷафоҳо, 
Бингар дили ғамдида ҳаме меравадам паст.

Эй чархи ҷафопеша ҷавонӣ ба фано рафт, 
Бингар ки ҷафоҳои ту бо банда чӣ кардаст.

Ёрони ҷавонӣ  ба шумо зиндагӣ хӯш буд, 
Хоҳам биравам сӯи дабистонаму биншаст.

Эй кош, ки устоди забон аз дари мактаб, 
Боз ояду гӯяд, ки зи нав мо ҳама пайваст.

Бингар ки ба тезӣ шуда солам таҳи панҷоҳ,
Шояд паси фардо гузарад умри ман аз шаст.

Максудалиё з-омаду рафтан хабарат нест, 
Ду миҷа ба ҳам то бизанӣ зиндагӣ рафтаст.


















Мухаммас бар ғазали Абуабдуллои Рӯдакӣ

Ғарибу бекасам, дур аз диёро,
Шудам пазмони субҳи босафоро,
Ба сони булбули фасли баҳоро,
"Ба Ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро".

Маро сӯзи ҷигар кай монад аз ту,
Дилам то кай ҷудо битвонад аз ту,
Ҳама дарди маро медонад аз ту,
"Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро".

Раҳоӣ аз Ватан бас рӯзи сахте,
Намебояд бурунам з-он тахте,
Намехоҳам ҷудо аз дӯст бахте,
"Нағунҷам дар лаҳад гар з-он ки лахте,
Нишинӣ дар мазорам сӯгворо".

Ҳамегир аз азизон даст,то буд,
Ба ҳам бояд, ки дӯстӣ баст,то буд,
Машав бо молу мулкат маст,то буд,
"Ҷаҳон ин асту чунин аст,то буд,
Ва ҳамчунин бувад,инанд боро".

Гаҳе гардун ба шастат моҳӣ орад,
Гаҳе мазлум, гаҳе чун доҳӣ орад,
Зи рафташ ҳар замон огоҳӣ орад,
"Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,
 Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо".




Мухаммас бар ғазали Ҳасани Деҳлавӣ

Равиши умр чу об аст, ту ҳам медонӣ,
Гардиши он чу хоб аст, ту ҳам медонӣ,
Сархушӣ аз маи ноб аст, ту ҳам медонӣ,
"Ҷигарам бе ту кабоб аст, ту ҳам медонӣ,
 Дили девона хароб аст, ту ҳам медонӣ".

Зӣ ҷудоӣ ба дили решу ғаминам бе ту,
Чанд солест, ки бо ғусса қаринам бе ту,
Ба ҷаҳон як гули мақсуд начинам бе ту,
"Дӯстӣ нест, ки дар боғ нишинам бе ту,
 Боғ бе дӯст азоб аст, ту ҳам медонӣ".

Тани танҳояму бо синаи ғамгин чӣ кунам,
Гар намегӯӣ биё, омада биншин чӣ кунам,
Бе ту себаргаву гулзору райоҳин чӣ кунам,
"Ба умеди ту кунам сабр, валекин чӣ кунам".
 Умр дар айни шитоб аст, ту ҳам медонӣ".

Нарасад бе ту нигоро, дили моро тарабе,
Ҳар замон номи туро гӯяму созам талабе, 
Кай бувад бе ту маро шодӣ, ва ё тобу табе,
"Ҳам аз он ташнанавозӣ, ки лабат кард шабе,
 Ҷони ман дар шакароб аст,ту ҳам медонӣ".

Ҳеҷ медонӣ, ки з-ин омадану рафтан чист?
Ҳама дидӣ ба ҷаҳон, он чӣ худоят бинавист!
Бе рухаш хун шуда танҳо на дили Мақсудалист!
"Аз Ҳасан ин чӣ савол аст, ки маъшуқи ту кист?
 Ин суханро чӣ ҷавоб аст, ту ҳам медонӣ".



Дар ҳошияи ғазали устод Озарахш

"Дар олами сангиндилу бемеҳру мадоро,
Шоир ба чӣ кор ояду шеъраш ба чӣ коро?!"
********************************************


Хӯш гуфтаӣ, эй соҳиби ашъори гуворо!
Ҷон садқа ҳама шеъру ғазалҳои шуморо!
Танҳо на манам ошиқи он таъби худодод,
 Дилдода ба он дурри гуҳарбор, ҳазоро! 


Навмед чӣ мегардӣ бигӯ шоири хушзавқ, 
Боз омаданӣ, фасли гулафшони баҳоро!


Дидӣ, ки чӣ сон Рӯдакӣ бинои ҷаҳон гашт,
Бингар, паси шабҳои сияҳ субҳи сафоро! 


Эй кабки дарӣ, сардиву сармо гузарон аст,
Бишкуфтанӣ бошад, гули пажмурдаи поро!

Овардӣ ба ёдам ҳама он гуфтаи модар,
Чун гуфтаӣ; "Гургу бузаки ҷингилапо"ро!

Мегуфт ба хуфтан бари ман қиссаи нав-нав,
Ҳам "Лайлак"у "Ҳезумкашу он мори сиё"ро!


Овози хуше то ба само рафту шунидӣ?!
Дӣ Ҳоҷӣ ба он ҷӯр намуд савту наворо! 

Мақсудалӣ бишниду ба дил офарине гуфт,
Сад аҳсани он булбулу сад аҳсани ёро!














ЯКСОЛАГИАТ МУБОРАК ЭЙ ҶОН!





ХӮШ ОМАДАӢ, БА БАХТИ МОЁН,

ЭЙ НОМИ ТУ З-ОН ЧАҲОР ЁРОН,
НА ҲАЙДАРУ БУБАКР,НА УСМОН,
НОМАТ УМАР АСТ З-ОН АЗИЗОН,
ЯКСОЛАГИАТ МУБОРАК ЭЙ ҶОН!

ЭЙ ЧЕҲРА ЧУ МУСТАФОИ ЯЗДОН,
ХАНДОНЛАБУ ТОЗАРӮИ ДАВРОН,
ЭЙ КОШ ҲАМЕША БОШӢ ХАНДОН,
ЯКСОЛА ШУДӢ БАРО БА МАЙДОН,
ЯКСОЛАГИАТ МУБОРАК ЭЙ ҶОН!

З-ИМРӮЗ ТУ ДАР ҚАТОРИ МАРДОН,
БО ҶАШНИ ТУ МО ОМАДА МЕҲМОН,
БАҲРИ ТУ ШУДЕМ ҲАМА САНОХОН,
ЭЙ ОМАДА ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН,
ЯКСОЛАГИАТ МУБОРАК ЭЙ ҶОН!

ЭЙ САРВИ БАРАҚСИ БОҒУ БӮСТОН,
ЭЙ ҶАМБИЛУ РАЙҲОНИ ГУЛИСТОН,
РӮЯТ ХУШУ ОН ҚАДАР НАКӮСТ ОН?
БИШКУФТАИ НАВБАҲОРИ КИСТ ОН?
ЯКСОЛАГИАТ МУБОРАК ЭЙ ҶОН!


МОҲПОРА БУВАД ВАГАРНА ЧИСТ ОН?

БО ЛАФЗИ ХУШ ОН, АЗИЗИ ДӮСТОН,
ФАРЗАНДИ БАБАХТИ ТОЧИКИСТОН,
ШОГИРДИ ХУШОҲАНГИ ДАБИСТОН,
ЯКСОЛАГИАТ МУБОРАК ЭЙ ҶОН!


Ба ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқӣ, шодравон Маҳмадалӣ Ҷӯраев

false



Бародаре буд,чун шери майдон,

Равшанзамире, аз некӯмардон,
Ҳамрозу мӯънис, бо ёру дӯстон,
Ӯ рафту мондем,бо доду афғон,
Эй войи он дӯст, эй войи ёрон.

З-ин зиндагонӣ,хеле ҷавон рафт,
Ҷои шукуфтан,умраш хазон рафт,
Бо таъби воло, он паҳлавон рафт,
Бо нуктадонӣ, ширинзабон рафт,
Хушқаду қомат,он меҳрубон рафт.

Марго, зи дастат,фарёду фарёд!
Хурду калонро,кардӣ ту бо дод!
Хӯш ояд он дӯст, ҳар лаҳза бо ёд,
Бо номи некаш, ҳастем дилшод,
Эй кош ҷойаш, боғи биҳишт бод!

Дар байни ёрон,холист ҷойаш,
Бо нангу оранд,фарзандҳояш,
Мақсудалӣ шуд андар навояш,
Чун Абдуқаюм,хонад санояш,
Бо ҳамнишинон, созем дуояш.

                     Абдуқаюми Муҳаммадҷон, шоир,

                     Аъзои иттифоқи нависандагони
                           Федератсияи Россия.





Марсия дар сӯгвории Далер Худойберганов



Боз омад шумхабар, аз дуриҳо,
Аз шимоли сарзамини мулки Рус.
Боз гашта навҷавоне ғарқи хун,
Нимашаб омад магар бонги хурус.

Боз ёрон, хушқаду хушқомате,
Реҳлат аз дунёи фонӣ кардааст.
Бо ҳама шуру шару чолокияш,
Тарки ёрон дар ҷавонӣ кардааст.

Захми корди бодануши маҳбасӣ,
Хуни ӯро бо замин барчош кард.
Во дареғи хуни гарми навҷавон,
Рехт бозам аз силоҳи каллазард,

Боз қалби модаре омад ба дард,
Аз ғами чилсола фарзанди азиз.
Нолаву доду фиғон боло гирифт,
Баҳри он дилбанди боақлу тамиз.

Боз сӯзад синаи хурду калон,
Дар сари тобути он гулгункафан.
Навҳа созад хоҳараш бо додарон,
Хез гӯйандаш: "аё эй ҷони ман!"

Боз ёре навҳагар, бо ёри хеш,
Ҳасрато, у монда бо чашмони тар.
Духтарон бо зораву фарёд шуд,
Кай расад бо гуши ӯ доди писар?

Қаҳрамонзанро ҷигар сепора шуд,
Аз барои нури ду чашмони худ.
Дар бари ёздаҳ писар бо нола шуд,
Дар сари беҷони ҷони ҷони худ.

Во дареғи модари раҳ интизор,
Во дареғи ҷумла пайвандони ӯ,
Во дареғои шаҳиди хунчакон,
Во дареғи турбати сарсони ӯ.

Хуни тоҷик пош гардид боз ҳам,
Дар ғарибиҳо ба рӯи барфи сард.
Фасли сармо бо далерияш, Далер,
Синаҳои халқи худро реш кард.

Мухаммас бар газали Синои Абуали

Бо холи миллатам сузад хаме чигар,
Эй вой бо Умар мондам ба чашми тар,
Эй полиси лаин дорем зи  ту хазар,
"Эй котили Умар,беори бепадар,
Суде ба ту расид аз куштани Умар?"

Хунхори нобакор, чун хучаташ набуд,
Бинмуданаш чудо аз модараш чи суд?
В-он чо табиби ту бо у чи кора шуд? 
"Ин тифли чаннати бо кудакии худ,
Бар ту чи бад намуд,эй бодануши хар."


Дил не ба чои дил дар синаи ту санг, 
 Номарди нохалаф берун зи ному нанг,
 Бингар ба окибат бикшода чашми танг, 
 "Бобои ин Умар дар рузхои чанг, 
 Бар хифзи мулки ту чонаш намуд сипар."


Лаънат ба полисаш,хайфи ту эй табиб,
 Карди чаро чудо,он тифлаки хабиб,
 Эй войи он падар бо модари гариб, 
 "Эй точики гариб гамноку музтариб,
 То кай ту мешави сарсону дарбадар?"


Хар сол бингарам садхо нафар чавон,
 Дур аз диёри хеш хам ёри мехрубон,
 Бе ному бе нишон, ё турбате равон, 
 "То кай ту медихи курбони бахри нон, 
 Монанди ин Умар ширхора гулписар."


З-ин нобарорихо бо дард аст сарам,
 Бо сузи хамватан то чанд бингарам, 
 Бин дар гарибихо бе болу бе парам,
 "Парвардигори ман эй сохиби карам, 
 Рахме намекуни бар холи мо магар?"






БОДО МУБОРАК ТУЙАТОН!

ОМАД АРУСИ МОХЧАБИН БАР ХОНАДОНИ ХОХАРАМ,
ДОМОДИ НЕКУ ШУД АЧАБ ОН НАВЧАВОНИ ХОХАРАМ,
БО МАКДАМИ НЕК ОМАДА САРВИ РАВОНИ ХОХАРАМ,
БОШАД КИ ГАРДАД ГУЛАРУС ОРОМИ ЧОНИ ХОХАРАМ,
ЁРОН ХУШ ОМАД НОЗАНИН БО МЕХРУБОНИ ХОХАРАМ.

ДАР ТАН ЛИБОСИ САП САФЕД ЗЕБОАРУСАКРО НИГАР,
ЧОДАР БА САР БИНМУДААСТ, ДОДА ДУОЯШРО ПАДАР,
МОДАР ДИХАД ШИРИ САФЕД, БО ГУЛРУХИ ЗЕБОИ ТАР,
ДОМОДИ НЕКУБАХТИ МО, ДУЗДИДА МЕСОЗАД НАЗАР,
ГУЛДАСТАЕ ТАКДИМ КУНАД БО ЁРИ ЧУН ШИРУ ШАКАР.

БО СОЛИ НАВ ОМАД БА ХАМ, ТУЙИ АРУСИ РУ БА РУ,
ХУШ ОМАДА ГУЛДУХТАРАК БО БАХТИ ВОЛО КУ БА КУ,
ДОМОДИ ХУШТОЛЕЪИ МО БИНМУДА МОХАШ ЧУСТУЧУ,
ЁРОН БИГУФТАНДАШ ХАМА БОДО МУБОРАК ТУЙИ ТУ,
МО ХАМ ТАМАННО МЕКУНЕМ РОХИ САФЕДЕ БАХРИ У.

ШУКРОНАХО КАРДУ ПАДАР ГУФТО КИ ТУЙ ОГОЗ КУН,
К-ЭЙ МУТРИБОНИ ХУШНАВО ТОРУ НАВОРО СОЗ КУН,
БАЗМУ ТАРАБРО ВО НАМО РОВИ СУХАНРО БОЗ КУН,
ЭЙ БУЛБУЛИ ШИРИННАФАС ТО БАР САМО ОВОЗ КУН,
НАВХОНАДОРОНРО САЛОМ АЗ НОМИ ЁРОН РОЗ КУН.

ЭЙ КОШ БО ХАР ХОНАДОН ИКБОЛИ НАВ ОЯД ПАДИД,
ШОДАМ КИ АНДАР ТУЙАТОН ИД ОМАДА БОЛОИ ИД,
ЗЕБОАРУСИ НОЗАНИН БИН БО МУРОДИ ДИЛ РАСИД,
ШОХО, МУБОРАК БАХРАТОН ИН РУЗИ ЗЕБОИ САИД,
БОДО ХУМОЮН ТУЙАТОН БО СОЛИ НАВ АБДУХАМИД.


ФАЙОЗИДИН ОМАД БА ТУЙ АЗ УЗБЕКИСТОН БО ВАТАН,

МАМАДУМАР БО САДРИДИН РАКСИДА ОЯД ТАН БА ТАН
ДАВРОН ХАМЕГУЯД КАЛОМ АЗ НОМИ ХУД ХАМ ЁСУМАН
БОЗИ КУНАД АБДУЛХАКИМ АНДАР МИЁНИ МАРДУ ЗАН,
БО САРВИНОЗИ ХУРДАКАК ШУКРОНА ХАМ ГУЯД СУХАН.




ГАРИБАМ, АЗ ВАТАН ДУРАМ,ГАМУ ДАРДАМ ФУЗУН БОШАД

МАРО АЗ ГАРДИШИ ГАРДУН, ЧИГАР ГАРКОБИ ХУН БОШАД,
КАДИ ХАМЧУН АЛИФ ИН ДАМ,ШАБЕХИ ХАРФИ НУН БОШАД,
БА ЗЕРИ ЧАРХИ ГИРДГАРДОН,ШАБУ РУЗАМ НАГУН БОШАД,
ГАРИБАМ АЗ ВАТАН ДУРАМ, ГАМУ ДАРДАМ ФУЗУН БОШАД,
НАМЕПУРСАД КАСЕ  К-ЭЙ ХАМВАТАН, ХОЛИ ТУ ЧУН БОШАД.

ЗАДАМ ТО МИЧЧАГОН БО ХАМ, НИГАР НИМЕ ХАЁТАМ РАФТ,
ЧУ РАФТ АЗ САР МАРО ПУШТУ ПАНОХ, ДУИ КАНОТАМ РАФТ,
БА ОН ХУШКОМАТУ ШИРИНСУХАН, РУЗИ НИШОТАМ РАФТ,
ДАРЕГО МАРДИ МАЙДОНЕ, НАКУВУ ХУШСИФОТАМ РАФТ,
БА ДИЛ АНДУХИ ЧОНАФКАН, БА ЁДИ ШОХСУТУН БОШАД.

ВАФОДОРОН АЗ ИН ОЛАМ ХАМА ПЕШУ КАФО РАФТАНД,
ЧАВОНМАРДОНИ БОНАНГУ БАОРУ БОВАФО РАФТАНД,
ХАМА ЁРОНИ МАХБУБАМ ЧУ СУБХИ БОСАФО РАФТАНД,
ЯКОЯК ШОХСАВОРОНАМ АЗ ИН ДОРУЛЧАФО РАФТАНД,
ЗИ ДАВРОНИ ЧАВОНИ СУЗИШИ ДИЛ ТО КУНУН БОШАД.

ЧАРО БОШАД ГАРИБОНИ ВАТАНРО КАС НАМЕПУРСАД,
ВАТАНХОХОНИ МОРО ЧУН ЯГОН ДИЛРАС НАМЕПУРСАД,
ВАТАНДОРОН ЧАРО АЗ ХАМВАТАН ЯК ПАС НАМЕПУРСАД,
КАСЕ З-ОН БЕГУНОХОНЕ, КИ ДАР МАХБАС НАМЕПУРСАД,
ГАХЕ МЕБИШНАВАМ, КИ ХАМДИЁРЕ САРНАГУН БОШАД.

ЧАРО АЗ РАХМАТАТ БЕБАХРАЕМ ЭЙ ХОЛИКИ ДАВРОН,
НАМЕБОРАД ЧАРО АБРИ БАХОРОНАТ БА КУХСОРОН,
ТАМОМИ МАЙСАХО ПАЖМУРДААСТ БЕ БОРИШИ БОРОН,
БАРОИ ТАШНАГОНИ ДАШТУ САХРОЯТ НАМО ЭХСОН,
ХАМЕБИНАМ БАХОРИ ГУЛФИШОНАМ КАХРАТУН БОШАД.


Гулписарон туй муборак шавад!

false



Шукри худо,туй хаме бо шумост,
Лутфи худо, бо хама ёрони мост.

Гулписарон туй муборак шавад,
Шодиву хурсанди каторак шавад!

Хам ба гули руста ба ном Нилуфар,
Он ки варо шева чу ширу шакар.

Хам ба ду Гулбачаи мисли ду гул,
Чехра хушу комати зебо чу гул.

Харду чу Рустам шавадо пахлавон,
Хилъати чамшеди ба бар ину он.

Чома ба тан карда хушо ду писар,
Токии зардузи хуш омад ба сар.

Шохписарон гуи ки омад ба тахт,
Вориси Чамшед зи касраш ба тахт.

Гуи, ки Наврузи ачам омада,
Хешу табораш хама чам омада.

Хофизи хушхон амакаш оядо,
Шодии чамшеди барафзоядо.

Зери навои хуши он андалеб,
Туйписарон ракс намояд базеб.


Мисрахоям хадяи туйи ту бод!

false
Меравад аз хонаи бобои хеш,
Гуларуси гулбадомони падар,
Модараш бахти сафеде хохадаш,
Сарпанохаш монда бо чашмони тар.

Эй аруси нозанини хонадон,
Мерави бо шохрохи зиндаги,
Шод буди дар миёни хохарон,
Бахт ёрат бошадо чои дигар!

Рохи нохамвор дорад зиндаги,
Эй аруси хушкаду ширинсухан,
Гарчи хамворат намояд рохи он,
Макдамат охиста мон охистатар!

Мерави бо хонаи бахтат кунун,
Эй аруси покрафтори замон,
Бо мароми зиндаги тайёр бош,
Чунки осон менамояд бо назар.

Эхтироми шавхарат овар ба чой,
Волидайнаш волидайни хеш хон,
Эй ки дил бошад туро кони вафо,
Бо хамон дилдори ёронро нигар!

Эй аруси сохиби фарханги беш,
Рохнамоят акли волои ту бод,
Хамчунони модарат бинам туро,
Сохиби номусу шарму бохунар!

Чун дилат лабрези мехр асту вафо,
Хамчу модар, хамчу ду модаркалон,
Бесабаб набвад туро Дилдора ном,
Лафзи ширин дори чоно чун шакар!

Эй аруси нозпарварди падар,
Мисрахоям хадяи туйи ту бод,
Хохамат аз дурихои дурихо,
Рузгори бонишоту бехатар!

АФЗАЛШОХ ШОДИЕВ,ГАЗАЛИ МАКСУДАЛИ ЧУРАЕВ

false

                                          
ДЕХИ ТИЛЛОИ
Дехи тиллои басо хушманзар асти Понгоз,
Бо дили пур аз мухаббат гуямат ман бо ту роз.
Аз канорат дураму ман зиндаам бо ёди ту,
Баски парварди маро андар канори худ ба ноз.
Куххои сарбаландат доимо пеши назар,
Бахри ту ман месароям гох гох бо сузу соз.
Хар сахар хуршеди ховар аз бари Шомкухи ту,
Нур бахшад аз барои мардумони бонамоз.
Сабзазору богу гулбогат гахе орам ба ёд,
Себу зардолуву нокат хусн мебахшанд боз.
Чормагзу туту гелос олую шафтолуят,
Мевахои шаккарину ахли дех доранд нийоз.
Куллаи Бобои Обу руди пуршуру шарат,
Нолаву фарёди булбул дар хаво парвози боз.
Сухбати йорони чони дар Сари Бозори ту,
Дилбарону духтаронат бо нигохи дилнавоз.
Махфили озодаи ширинбаёнонро бубин,
Хамчу Маьдан вах чи хуш лаб дар сухан бинмуда боз.


Ба ворисони арзандаи Махмудчон Вохидов


Вах чй хуш ин одамизод аст ё мурги хумост!
Ё зи Гулбоги Ирам ин андалеби хушнавост!

Дар хичолат гашта мургони хаво аз тобишаш,
Булбули хушхон ё он кабки масти пурхавост!

Руи хуш,овози хуш, орад ба дилхо лаззате,
Бингараш махбуби хушоханги моён ошност!

Рухи Махмудчони Вохид шод мегардад хаме,
То Зафар ё Асламу Фарзон бошад хамсадост!

Дй шунидам шеъри модар аз забони шахдрез,
Гуфтамаш сад офарин овози ширин бебахост!

Лоико,бин хуш суруданд назми оламгири ту,
Вориси дусти чавонмаргат дар нашъунамост!

Модаро,чонам фидоят бод бо фарзанди нек,
Рахматат бодо падар парвардаи бо рохи рост!

З-он шакарборй хамин Максудалй дорад ачаб,
Тутии ширинсухан бошад ва ё Хуршеди мост!

БА 50-СОЛАГИИ ДУСТАМ ФАЙЁЗИДДИН ШЕРМАДОВ

 

ЭЙ ДУСТ ТУРО РУЗИ ТАВАЛЛУД   МУБОРАК!

ЁРОН ХАМА ГУЯНД, КИ МАВЛУД МУБОРАК!


ЧУН САЬДИИ ШЕРОЗИ ШАВАД УМРИ ТУ АФЗУН,

БИШКУФТА ГУЛЕ АЗ ГУЛИ ГУЛБОГИ ТУ АКНУН!


МОНАНДИ ТУ БО МЕХРУ ВАФОДОР НАБОШАД,

БО ХЕШУ ТАБОРОН ЧУ ТУ ГАМХОР НАБОШАД!


ЭЙ ОН КИ ШИОРИ ТУ БУВАД ЁРИ БА ЁРОН,

БО МАРДУМИ ДАРМОНДА ТУИ ДОРУВУ ДАРМОН!


САР ТО К,АДАМАТ БО ХАМА ГУФТОРИ ХУШАТ ХУШ,

ОН К,АЛБИ ПУР АЗ МЕХ,РИ ТУ ХУШ ОМАДА БО Ч,УШ!
 

НОМИ ТУ БУВАД ВИРДИ ЗАБОНХО БА НАКУИ,

БО К,АЛБИ ХАМА ХУРДУ КАЛОН РОХ БИЧ,УИ!


ПАНЧ,ОХИ ХАЁТИ ТУ МУБОРАК ШАВАД ЭЙ ДУСТ,

ХЕШОНИ ТУ ХАР СОАТУ ХАР ЛАХЗА ДУОГУСТ!



В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу