Мирчамол Саъдиев,
18-07-2012 18:59
(ссылка)
Шоирони Ворӯ
Кӯҳӣ
(1857-1914)
Мулломаҳмуди Муллоаҳмад соли 1857 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент дар оилаи косиби сангтарош ба дунё омадааст. Кӯҳӣ аз табори Саидаҳмади Қосим буда, гузаштагонаш аз ашхоси хирадманду мӯътабари диёр маҳсуб мешуданд. Саводи ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Баъдан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд меравад ва як муддат дар мадориси он ҷо илм меомӯзад. Ӯ бо тахаллуси Кӯҳӣ шеър мегуфт ва дар баробари ин хаттоти моҳир низ будааст. Аз эҷодиёти Кӯҳӣ тақрибан 1500 мисраъ боқӣ мондааст. Мероси адабии ӯ аз ғазал, мухаммас, тарҷеот иборат мебошад. Кӯҳӣ ба ғазалиёти чанде аз шуарои форс-тоҷик хусусан Сайидо мухаммас баста, баъзан ба ғазалиёти Ҳофиз пайравӣ ва татаббӯъ намудааст. Ӯ дар шеърҳояш ишқу муҳаббат ва зиндагию меҳнати деҳқононро сутудааст. Гоҳо аз ноҳамвориҳои замон, нокомии мардуми меҳнаткаш, ситаму беадола-тиҳои ҳокимон забони шиква во кардааст. Забони ашъори ӯ соддаю равон буда, вай аз калимаю ибораҳои гуфтугӯии мардум ва таъбирҳои рехтаи халқӣ фаровон истифода намудааст. Кӯҳӣ дар навишти хатти настаълиқ ва шикаста мумтоз будааст. Шоири соҳибдевон буда, бар асари солҳои шахспарастӣ ашъораш тӯъмаи оташ гаштааст. Ба мо як қисми парокандаи ашъораш тавассути баёзи яке аз пайвандонаш Зиндадили Саҳронишин дастрас гардид, ки дорои 4 ғазал, 4 мухаммас буда, ҳаҷми он 100 байтро ташкил медиҳад.
*****
Дил додаам ман бо маҳлиқое,
Бо шӯхчашме, бо дилрабое.
Бо шаҳсаворе, зебонигоре,
Бо гулузоре, бо хушадое.
Бо майпарасте, соғарбадасте,
Бо турки масте, бо пурҷафое.
Бо даммасеҳе, нутқаш фасеҳе,
Табъаш малеҳе, ҳуснаш расое.
Бо нозанине, мардумнишине,
Дорам камине бар бенавое.
Рӯи чу моҳаш, шаҳло нигоҳаш,
Бинам ба роҳаш, гӯям дуое.
Гулҳо бирӯяд, ҳар ҷо ки пӯяд,
Кӯҳӣ бигӯяд сад марҳабое.
Firuz Ayubov,
27-05-2011 15:30
(ссылка)
Дар васфи Вору (давомаш аз шумоён хамдиёрон)
Замин Вору замон Вору,
Канори бекарон Вору
Ба чашми дил нигар боре,
Тамоми ин чахон Вору
Зи Нагнут то ба Хучакруд
Зи Казнок то ба Кафруд,
Хама чояш ачаб дилкаш,
Бихишт дар ин чахон Вору.
Нигар бар Арчамайдонаш,
Ба Лалмову Сари Обаш,
Мухофиз аст Кухи Улгар
Диёри шердилон Вору.
Ховои бегаши Агмат,
Сафое дорад ин Сармад,
Ба савт ояд Хумори Гунг,
Муборак чост ин Вору.
Замоне хурд Бухоро буд
Пур аз мавлову мулло буд,
Шариъатро тафсир дод,
Макони ъорифон Вору.
Канори бекарон Вору
Ба чашми дил нигар боре,
Тамоми ин чахон Вору
Зи Нагнут то ба Хучакруд
Зи Казнок то ба Кафруд,
Хама чояш ачаб дилкаш,
Бихишт дар ин чахон Вору.
Нигар бар Арчамайдонаш,
Ба Лалмову Сари Обаш,
Мухофиз аст Кухи Улгар
Диёри шердилон Вору.
Ховои бегаши Агмат,
Сафое дорад ин Сармад,
Ба савт ояд Хумори Гунг,
Муборак чост ин Вору.
Замоне хурд Бухоро буд
Пур аз мавлову мулло буд,
Шариъатро тафсир дод,
Макони ъорифон Вору.
Dashti Bolo,
30-03-2009 10:31
(ссылка)
Без заголовка
Бародарони Вору! Кайхо бояд мо муттахид мешудем!! ВОРУ ДАР ТУЛИ ВУЧУДИЯТАШ БУЗУРГТАРИН ХАЛКИЯТ БУД!!!
Биёед то ин бузургиро аз даст надихем. Мо ВОРУГИХО хама бехтаринем !!!!!
ХУДОВАНД НИГОХДОРИ ХАМАТОН БОШАД.
Биёед то ин бузургиро аз даст надихем. Мо ВОРУГИХО хама бехтаринем !!!!!
ХУДОВАНД НИГОХДОРИ ХАМАТОН БОШАД.
В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу