Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
Subhiddin Rajabzoda, 22-06-2012 09:41 (ссылка)

Мурочиат

Хамдиёрони азиз,
Чи хеле ки хамаи шумо медонед, имрузхо лоихаи хати оби полизии Кумарг - Сангистон бо
дастгирии молиявии БРСММ, хукумати нохияву вилоят амали гашта истодааст. 
Бовари дорам мухимияти ин лоихаро бояд хар яки мо дарк карда бошем, зеро хар касе ки
дар деха калон шуду ба воя расид албатта якчанд маротиба бо дуст ё хамсоя ё рафике
барои об чангу чанчол кардааст ва ин пушида хам нест.
Одамизод бештар ба кадри хамон чизе мерасад ки барои обод карданаш сахм гузоштаасту ба душвори ба даст овардааст,
Имруз мо хам бояд барои ин амали хайр, ки шояд дар садсолаи наздик дубора ин шанс нашавад бояд сахмгузор бошем
Аз руи маълумотхо бучети умумии лоиха 4 187 836сомони буда аз ин тарафи донор БРСММ 50000$ аз тарафи вилоят 23800сомони,

аз тарафи нохия 12000сомони ва аз тарафи ахоли 3 914 036 сомони муайян карда шудааст.
Дар дехаи зебои мо аз дашт то Сойи Зоосун зиёда аз 400 хочаги зиндаги дорад.
Агар хар як хочаги 100сомони пул дихад 40 000 сомони мешавад, хол он ки то имруз зиёда аз 1 мох мешавад
хамаги 25 000сомони чамъ шудаасту халос ки ин хам кисман аз тарафи хочагии дехконии Туграл ва аксари истикоматкунандагони
 Дашту Лангар аз 300 то 500сомони доданд.
Дар майдони сохтмони корхо нагз рафта истодаанд, лекин анчом ёфта наёфтанаш факат аз кушиши номусу дастгирии мо мардуми
Сангистон вобаста аст. Иловатан Маблаг барои Лангару Даштих ва махаллаи Писёк 500с бокимонда 100с мукарра шудааст,
Инчо зарур донистем ба хамаи касоне ки дастраси ба интернет доранд маълум кунем, ки
оиди ин масъала ягон пешниходу таклиф дошта бошанд бифармоянд, имконият доштагихо хох дар мусофират хастанд хох дар Ватан
ёрии молияви кунанд.
Мутасадиёни чамъоварии маблаг дар Дашт Нурали Зиёев ва дар деха Домулло Бекназар хастанд
Маблагхои додаи мардум дар китоб кайд карда мешавад, чек дода мешавад. Иншоолох баъди
ба кордароии лоиха нусхаи ин китобро дар интернет мегузорем, бо расмхо
Аз хамдиёрон хохиш мекунам савол дошта бошанд руи ин сахифа биёед якчоя барраси кунем

Subhiddin Rajabzoda, 04-04-2011 08:43 (ссылка)

ШУХИ...

Оё расми чамъият ба маънояш мувофикат дорад? Фикратонро нависед.

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу