Ба дидахои ту касам
Ба дидахои ту касам, ки олами шарораанд
Ба гунбази хаёли ман чу нусхаи ситораанд
Ба чои синаам мухаббати ту метапад
Хамоно панчаи гамат зи банди чони ман капад
Хаёли руи дилкашад кучо равад зи ёди ман
Ки гунчаи мухаббатат шукуфта дар ниходи ман
Чи носипосу нокасам агар дил аз ту барканам
Ба хар ду дидаат касам ки банди ишки ту манам
Боз кун дарро...
|
Ману бедории шабхову...

Ману бедории шабхову шаб то руз ёрабхо,
Набинад хеч кас дар хоб,ё Раб,инчунин шабхо.
Кушод у то лаби ширин ба дашноми дуъогуён,
Дуъо мегуяму дашном мехохам аз он лабхо.
Худоро, чони ман, бар хоки муштокон гузоре кун,
Ки дар хок аз таманнои ту шуд фарсуда колабхо.
Сияхрузони хичронро чу хосил бе ту аз хубон
Ки рузи тираро хуршед мебояд, на кавкабхо.
Муаллим,колибан, имруз дарси ишк мегуяд,
Ки дар фарёд мебинем тифлонро ба мактабхо.
Шавад гар ахди мазхабро хабар аз машраби риндон,
Бигардонанд мазхабхо, биёмузанд машрабхо.
Хилоли,бо кади чун халка бошад хоки майдонат,
Ки кас нашносад уро аз нишони наъли маркабхо

ИФТИХОР
Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд,
Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,
Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд.
Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман,
Гарчи мегуфтанд серӯзӣбувад дунёи ман,
Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пои ман,
Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд.
Дар миёни чор девори баланди кӯҳҳо,
Ки гаронӣмекунад бар кӯҳҳо андӯҳҳо,
Дар радифи қуллаҳои посбони рӯҳҳо
Бо дили бедору бо рӯҳи ҷавонам зодаанд.
Бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор,
Бо шарофатҳои кампирҳои нимҷон ҷоннисор
Баҳри ҳоло, баҳри фардои замонам зодаанд.
Ман аз ин сон бесаводон сӯхтан омӯхтам,
Аз сафои сураи Қуръон сухан омӯхтам,
Аз китоби зери болинам Ватан омӯхтам –
Дар диёри байту шеъру достонам зодаанд.
Гарчи дар базми бузургон кӯдаки гаҳвораам,
Бо ҳама камзарфии худ ҷузви ин сайёраам,
Шоирам ё ошиқам, майхора ё ғамхораам,
Ҳар кӣҳам бошам, ба қасди душманонам зодаанд...
Дар миёни кӯҳсорон кӯҳсонам зодаанд,
Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд.
Дар канори чашмае баҳри дамонам зодаанд,
Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд
Нигори нозанини чехрахандон
Нигори нозанини чехрахандон
Ба ёди ту диламро шод кардам
Магар ту бехабар мебоши аз он
Дунё ба ман танг бувад
Зиндаги беранг бувад
Агар ту набоши, агар ту набоши
Ба гирдат гар Хисор аз санг созанд
Рахашро чун дили ман танг созанд
Шикофам калъаро назди ту оям
Заминро гар зи хунам ранг созанд
Туро ман бенихоят ёд кардам
Нигори нозанини чехрахандон
Ишк
Мабодо то зиям чуз ишқ коре
Фалак чуз ишқ меҳробе надорад
Чаҳон бе хоки ишқ обе надорад
Ғуломи ишқ шав к-андеша ин аст
Ӽама соҳибдилонро пеша ин аст
Помогите найти стих
Мухаббат
Иродате бинамо то саодате бубари
Бикуш хочаву аз ишк бенасиб мабош
Ки бандаро нахарад кас ба айби бехунари
Азоби ишк агар ширин намешуд
Касе бар чони худ сомил намешуд
Намефахмид агар дарду гами ишк
Ягон дилдода ботамкин намешуд
Гаму дарду фарах дорад мухаббат
Шаби торику мах дорад мухаббат
Садо аз як каф охир бар наояд
Мухаббатро нигах дорад мухаббат
NASIXATNOMA
Ба сахти чораи бечорагон бош!
Ба корафтода коромуз мебош,
Ба хар дилсухта дилсуз мебош!
Илочи дардмандон кун ба хар дард,
Ки хар кас, к-у чархат кард, бад кард.
настроение: Бодрое
Саъди Шерози
Мурдадил аст он ки хеч дуст нагирад!
Хар ки зи завкаш даруни сина сафо нест,
Шамъи дилаш рози шохиде нагузарад.
Толиби ишки, диле чу мум ба даст ор!
санги сиях сурати нигин напазирад.
Сад чу мани хаста дар фароки ту мирад!
В-он ки туро бинаду ба дуст нагирад!
Сурати сангиндиле кушандаи Саъдист,
Хар ки баъд-ин сураташ кушанд, намирад!
настроение: Бодрое
Метки: Саъди Шерози
Хофиз Шерози
Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.
Боги бихишту сояи тубиву касри хур,
Бо хоки куйи дуст баробар намекунам .
Талкини дарси ахли назар як ишорат аст,
Гуфтам киноятеву мукаррар намекунам.
Харгиз намешавам зи сари худ хабар маро,
То дар миёни майкада сар бар намекунам.
Носех ба таън гуфт, ки рав тарки ишк кун,
Мухточи чанг нест бародар, намекунам.
Ин таквиям тамом, ки бо шохидони шахр
Нозу карашма бар сари минбар намекунам.
Хофиз, чаноби пири мугон чойи давлат аст,
Ман тарки хокбусии ин дар намекунам
настроение: Бодрое
Метки: Хофиз Ш
Мавлави Чунуни
Бидех. ё Раб, ба дастам рузи махшар дафтари уммат.
Дилам доим барои умматон чун дог месузад,
Набинам кош дар хар ду чахон дарди сари уммат.
Чи шуд ахволи зори умматонам рузи чон додан?
Набудам як даме, афcус, болои сари уммат.
Зи ранчу шури дунё омаданд дар хоки хорихо,
Намедонам, чи бошад холи рузи махшари уммат.
Чи пеш ояд ба девони амал номасиёхонро?
Надорам тоб гар бинам суёи чашми тари уммат.
Ба гармои киёмат гар зи ачзи хеш дармонанд,
Ливои хешро созам зи шафкат чодари уммат.
Шавад дармондаи вазни амал аз касрати исён,
Шавам андар тарозуи киёмат лангари уммат.
Ба холе агар афтода бинам очизонамро,
Бигирам даст бикшоям зи гам болу пари уммат.
Нигохи мархамат бар ранги зарди ин Чунуни кун,
Кушои чашми шахло гар ба суйи манзари уммат.
настроение: Благодарное
Без заголовка
Ба чашмам тутиё созам хаме хоки мазоратро
Аё модар кучои ту туро ман аз кучо чуям
Сурогатро зи ки пурсам ало ай нури чашмонам
Сари хоки мазори ту равам бо дидаи гирён
Ту сар бардор эй модар бубин ту холи фарзандон
Сари хоки мазори ту равам ай модари чонам
Дуое бахри гуям зи КУРЪОН порае хонам
Бихоб осуда эй модар бихоб осуда баъд аз ин
Барои руху арвохат дуо гуем бигу ОМИН!
Без заголовка
Ту бояд мешудӣ ҳамсуҳбати ман.
Ба он ҳусне, ки беҳ аз шеъри олист,
Ту бояд мешудӣ ҳамқисмати ман.
Ту бояд медавидӣ ҳамраҳи ман
Зи дунболи ҳавасҳои фиребо.
Ту бояд мепаридӣ чун фаришта
Зи дунболи хаёлам то фалакҳо.
Агар ёри дилам мебудӣ, шояд
Дили маъсуми ман расво намешуд.
Ту мебудӣ агар, андар сурудам
Чунин сенуқтаҳо пайдо намешуд.
Агар андар дилам ҷои ту холист,
Чунон холист ҷоят дар сурудам –
Ба ҷои номи ту дар дафтари хеш
Басо сенуқтаи мубҳам фузудам.
Агар ёри дилам мебудӣ, шояд
Ту пур мекардӣ он сенуқтаҳоро.
Сурудам дуртар парвоз мекард
Мунаввар карда паҳнои фазоро...
Ту бояд мешудӣ ҳамхонаи ман,
Зи хотир бори хотир мегирифтӣ.
Ба он ҳусну ба он эҳсоси лабрез
Ту бояд ёри шоир мегирифтӣ...
Без заголовка
Бе ту бо борон бинолам.
Бе ту бе ашки намоён
Дар бари ёрон бинолам.
Навбаҳор омад, гули ман,
Шишаи яхҳо шикастанд.
Дар ҳарими гул ба саҳро
Ошиқон дастобадастанд.
Навбаҳор омад, гули ман,
Гул ба ту бахшиданӣ шуд.
Бо хаёли рӯи сабзат
Рӯи олам диданӣ шуд.
Навбаҳор омад, гули ман,
Дар лаби дарё нишинам.
Бо хаёли чашми дарёт
Хилвати дарё гузинам.
Боз бе ту мисли дарё
Байни ду соҳил бинолам,
Боз бе ту бар гузашта,
Бар худу бар дил бинолам...
хочется: больше радости
Без заголовка
Зи дуродур овози ту ояд.
Дили гумкардаамро чун биҷӯям,
Саропои туам дил менамояд.
Дарак пурсам чу аз умри гузашта,
Зи ҳар манзил бишӯрад ҳасрати ту,
Ки гӯӣ ҳар гиёҳу сабзаи раҳ
Хабар орад зи ранги қисмати ту.
Ману ту аз ғурури чашмбаста
Дари дилро ба рӯи ҳам бубастем.
Дигарҳо аҳд бастанду шикастанд,
Ману ту аҳд нобаста, шикастем.
Кунун аз хонаи обод пурсанд,
Намепурсад кас аз ободии дил.
“Туро ман зарра-зарра ҷамъ кардам”
Барои дил, барои шодии дил.
Кунун афтода дар гирдоби қисмат
Ману ту дар ҷудоиҳо қаринем.
Ба ҳам бинем ғамҳои муҳаббат,
Дареғо, шодии ӯро набинем...
Вале то зиндаам, то қисмате ҳаст,
Дилам номи дил аз номи ту ҷӯяд.
Агар сад сол ояд хушксолӣ,
Дилам чун лола дар боми ту рӯяд...
слушаю: Далер Назаров Ман ёри туям
Ту, эй бе аҳду бе паймон, маро бигзошти, рафти,
Ту, эй бемеҳру беимон, маро бигзошти, рафти.
Балогардони чон буди, балои чон шуди охир,
Ба зери чархи саргардон маро бигзошти, рафти.
Замоне бўсаборон буд ҳаққи мову гулборон,
Кунун бо жолаву борон маро бигзошти, рафти.
Қасам рўи қасам хўрди, барои ишқ ғам хўрди,
Дар охир бо ҳазор армон маро бигзошти, рафти.
Дар ин дунёи бесомон маро нашнохти, афсўс,
Дар ин паҳнои бепоён маро бигзошти, рафти.
Замоне ошиқат будам, замоне лоиқат будам,
Дареғо, чун дилозорон маро бигзошти, рафти.
Без заголовка
Пилтаҳоикокулиёреагарбарбодрафт,Боҷамолакҳоимӯиобшорошиқшавед.
Гар саре доред сабзу лоиқи дори баланд,
Бо баёзи гардани занҷирадор ошиқ шавед.
Гар диле доред лабрези ҷунуну иштиёқ,
Бо гули рухсораи доимбаҳор ошиқ шавед.
То қароре аз сипеҳри беқарор ояд ба даст,
Бо дили дӯшизагони беқарор ошиқ шавед.
Беканориҳои дунё то бигунҷад дар канор,
Бо канори дилбарони ҷоннисор ошиқ шавед.
То ба қадри зиндагию нақдҳои он расед,
Бар ҷабини пурғами санги мазор ошиқ шавед.
Гар набитвонед аз дарёи пуртӯфон гузашт,
Лоақал як бор бо мавҷи канор ошиқ шавед!
Мисли гул як бор дар субҳи ҷавонӣ бишкуфед,
Мисли ман ҳар дам ба ҳусни рӯзгор ошиқ шавед.
Без заголовка
Бо дигар кас ошнои хуш намеояд маро.
Гуиям: Рав, з-ин дару султони вакти хеш бош,
Баъди султони гадои хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегуям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситони хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: Дар оби ораз акси руятро намо,
Гуфт: Хар дам худнамои хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напархезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастони порсои хуш намеояд маро.
Суфиё гуянд: Чун мо хезу дар ракс о, Камол,
Холати вачди риёи хуш намеояд маро.
Офарин!
Без заголовка
Хохам аз чон хуштаре бошад, ки он гуям туро.
Ман чи гуям, к-он чунон бошад, ки хадди хусни туст?
Хам ту худ фармо, ки чуни, то чунон гуям туро.
Чони ман, бо он, кас хос аз бахри рафтан омади,
Соате биншин, ки умри човидон гуям туро.
То рикибонро набинам хушдил аз гамхои хеш,
Аз ту бинам чавру бо худ мехрубон гуям туро.
Баски мехохам, ки бошам бо ту дар гуфтушунид,
Як сухан гар бишнавам, сад достон гуям туро.
Киссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст,
Мушкиле дорам, намедонам чи сон гуям туро.
Хуштар аз мехр аст хар чавре, ки бо ман мекунц,
Мохи ман, хуш нест, гар номехрубон гуям туро.
Хар кучо рафтц, Хилоли, окибат расво шуди,
Чон он дорад, ки расвои чахон гуям туро.
Без заголовка
Дар хонаю дар шаҳр чӣ, дар даҳр нагунҷӣ
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки хуршед ба болои сари туст,
Танҳо зи барои ту чу дасти падари туст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки дунё ба ту оғӯш кушояд,
Ҳар барг ба дидори ту садбарг намояд,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки бо оина якрӯ бинишинӣ,
Дар дидаи худ шуълаи яздонӣ бибинӣ,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки сар то қадамат оташу нур аст,
Он лаҳза, ки дар чашми ту ҳар санг булур аст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки дар хеш ба биноии дигар
Дарёбӣ ба ногоҳ ту зебоии дигар,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза бифаҳмӣ, ки туро умр на бод аст,
Беҳуда туро модари бечора назодаст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Ту хушбахтӣ?
Ту ҳоло дар куҷоӣ?
Шаби маҳтобу роҳи Каҳкашонро,
Шукуфазори боғи осмонро
Ту гоҳо ёд меорию гоҳе хоб мебинӣ,
Маро нодида ҳамтақдиру ҳамдил,
Шаби дидорро дар чеҳраи маҳтоб мебинӣ,
Магӯ афсӯс ҷони ман,
Магӯ афсӯс беҳуда,
Ту вақте зодаи уммеди ман будӣ.
Чу тифли бесарупое туро меҷустам аз дунё,
Туро мехостам, хуршеди ман будӣ.
Ба ёдат гирдгаштанҳои дунёро надонистам,
Нафас бигзашту ҳамчун сафҳаи тақвим кам гаштам.
Чу дар парвозҳои бехудӣ болам шикасту рехт,
Худамро ёфтам, аз роҳи худфарсоӣ баргаштам.
Туро ман ёд кардам боз,
Туро фарёд кардам боз,
Куҷоӣ ту?
Баҳори гулфишонро бо кӣ дидӣ?
Ба ёди кӣ зи саҳро лола чидӣ?
Гуле чидӣ, ҷавонӣ ёдат омад?
Зи ман, аз саргароне ёдат омад?
Ба ҳам печидану бо ҳам шукуфтан, –
Қиёми зиндагонӣ ёдат омад?
Ба рӯят чанд ожанг аст?
Сари рухсораи сурхат чӣ ранг аст?
Агар чашми худо медоштам ман,
Агар ойинаи дунёнамо медоштам ман,
Туро меёфтам аз ҳар куҷое,
Туро бори дигар ман дар дили худ зинда мекардам,
Ба ишқам банда мекардам,
Ба дилбозӣ туро “шарманда” мекардам,
Туро девона мекардам,
Туро афсона мекардам,
Туро хушбахт мекардам...
Ту хушбахтӣ?
Ту ҳоло дар куҷоӣ?
Баени фикри шахси
настроение: Оригинальное
хочется: Ничего
слушаю: Афзалшох
Ошикон, бахо дихед ба бузургии назми Мавлоно
Худ бе ту кадом зиндагонӣ?
Бе рӯйи хуши ту зинда будан,
Марг аст ба ном зиндагонӣ.
Позаҳр туйиву заҳр дунё,
Дона туву дом зиндагонӣ.
Гавҳар туву ин ҷаҳон чу ҳуққа,
Бода туву ҷом зиндагонӣ.
Бе оби ту гулситон чу шӯра,
Бе ҷӯши ту хом зиндагонӣ.
Бе хубии ҳусни боқавомат,
Нагрифта қивом зиндагонӣ.
Бо ҷумла муроду ком бе ту,
Ноёфта ком зиндагонӣ.
То доди саломате надодӣ,
Кай кард салом зиндагонӣ?
Хомӯш кардам, бикун ту шоҳӣ,
Пеши ту ғулом зиндагонӣ.
настроение: Хуб
хочется: Касеро намехохам
слушаю: Насихати Дустонамро...
Барои Дустонам аз 23 (назми Мавлоно)
Бар рӯю сар чу сел давон то ба ҷӯйи дӯст.
Худ ӯст ҷумла толибу мо ҳам чу сояҳо,
Ин гуфтугӯйи мо ҳама аз гуфтугӯйи дӯст.
Гоҳе ба ҷойи дӯст чу оби равон шавем,
Гоҳе чу об ҳабс шуда дар сабӯйи дӯст.
Бар гӯши мо ниҳода даҳон ӯ ба дамдама,
То ҷони мо бигирад якбора бӯйи дӯст.
Бо дӯст мо нишаста, ки эй дӯст, дӯст ку?
Ку-ку ҳамезанем зи ғафлат ба кӯйи дӯст.
Тасвирҳойи нохушу андешайи рақиқ,
Аз табъи суст бошаду ин нест хӯйи дӯст.
Хомӯш бош, то сифати хеш худ кунад,
Ку ҳою ҳӯйи сарди ту, ку ҳою ҳӯйи дӯст?
настроение: Номуайян
хочется: Дустонро
слушаю: HI-FI - А мы любили...
Мавлонои Балх
Ҳам маҳрами ишқи ту,ҳам маҳрами ту, ҷоно.
Ҳам нозири рӯйи ту, ҳам масти сабӯйи ту,
Ҳам шиста ба наззора бар торами ту, ҷоно.
Ту ҷони Сулаймонӣ, оромгаҳи ҷонӣ,
Эй деву парӣ шайдо, аз хотами ту, ҷоно.
Эй бехудии ҷонҳо дар талъати хуби ту,
Эй равшании дилҳо андар дами ту, ҷоно.
Дар ишқи ту хамморам, дар сар зи ту май дорам,
Аз ҳусну ҷамолоти пурхуррами ту, ҷоно.
Ту каъбаи ушшоқӣ, Шамсулҳақи Табрезӣ,
Замзам шакар омезад, аз замзами ту, ҷоно
Ох Лоик, Лоик...
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем
Аз паи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.
Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.
Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.
Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст
настроение: Миена
хочется: Ничего
слушаю: Афзалшох-Зиндаги
Кош дигарбор ошик будаме...
Ман ба номи худ мувофиқ будаме.
Қадри ёри хештан донистаме,
То бақои умр содиқ будаме.
Аз итоби ӯ намеранҷидаме,
Меҳрубон, дилсӯз, мушфиқ будаме.
Ишқи ӯро қиблаи дил хондаме,
Кай чу ин дунё мунофиқ будаме.
Бо ҷавонию ҷунуни ошиқӣ
Шӯҳра дар ақсои Машриқ будаме.
Кош бо пирӣ намебархурдаме,
Кош ҳаждаҳсола Лоиқ будаме...
настроение: Оли
хочется: Стихи Лоика
слушаю: Афзалшох-Модарам
Бо китоби Хофизу бо шеъри Мавлоно мондаи...
Дар дили саргашту сахро дасту сархо мондаи.
Бе мадина бе сафина, бе хазине бе насиб,
Кух ба куху дар ба дар дарвешосо мондаи.
Дур аз пистони модар, дур аз огозгох,
Берун аз махди Самарканду Бухоро мондаи
Тангчашме вусъати дунеи афкорат надид,
Боз хам воломаниш, дар еди дуне мондаи
Мондаи гар нима чону, нима зинда то ба хол
Бо сруди Рудаки бо тибби Сино мондаи.
Мондаи гар покчону покимон то хануз,
Бо китоби Хофизу бо шеъри Мавлоно мондаи.
Чанг кун худро зи хасудхохони торихибузург,
То чунин сар зинда бод уммеди фардо мондаи...
настроение: Гамгин
хочется: Ничего
слушаю: C.Dion-New Day
Човидон бодо назми Лоик!
Сари бедардро гардуни гардон мекуни, эй ишк
Заминро иртифои осмон мебахши дар як он,
Ба еди кучае сар шахр вайрон мекуни, эй ишк.
Ба хакки ваъдае хуршеду мах мехохи зи гардун,
Ба хакки хандае як умр гирен мекуни, эй ишк
Дар аввал мекуни донои дуне ошикро
Дар охир бо хама ишкол нодон мекуни, эй ишк
Чи бас осон дил аз каф мебари
Вале дар мунтахо пур макру дастон мекуни, эй ишк.
Вале бо ин хама танхо туи конунгари дилхо,
Хар он мушкил, ки дори, худ осон мекуни, эй ишк
Хануз инсони комил нест тифле, ки модар зода,
Туро нозам, ки уро охир Инсон мекуни, эй ишк!
(ин хама худ бузургии Лоик аст)
настроение: Миенахол
хочется: Дустонамро
слушаю: Афзалшох-Ишк дар дил...
Зинда бодо ишки Лоик!
Наеби дар мухити бегамон мушфиктаре аз ман.
Дар он маврид ки лофи ишк гуянду рахмат гиранд,
Наеби аз талабгорони худ ошиктаре аз ман.
Ба он дарди дили зорат, ки нохамвор месузад,
Табибе хам наеби хушпаю хозиктаре аз ман.
Дар он соат, ки аз хафт осмон чуйи тасаллое,
Наеби дар замини ошики ошиктаре аз ман.
Тамоми умр чуйи лоики худро дар ин дунё,
Наеби дар мазоки хештан лоиктаре аз ман
Ношукрии ишк аст хамин пир шуданхо
Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданхо.
Чон додаву чон канда ба чонон нарасидан,
Аз чони худу чони чахон сер шуданхо.
То куллаи максуд тапишхои тавонкох,
Охир ба сад афсус сарозер шуданхо.
Худ тири заминем, вале хеч надонем,
Бо кадди камон худ чи бувад тир шуданхо?
Масруфи хазон аст гулафшони бахорон,
Бидруди чахон аст чахонгир шуданхо.
Аз мирии мо мардум агар гушна бимиранд,
Он бех ки бимирем аз ин мир шуданхо.
БАЁНИ СУХАН ВА ДАРАЧОТИ ОН
Сухан ганчинаи султони ишк аст.
Зи дил фачзе, ки чуи, чуз баён нест,
Забони тег чун теги зубон нест.
Сухан зохир кунад сузи нихонро,
Зи шамъи дил барафрузад чахонро.
Сухан сарчашмаи дарёи ишк аст,
Сухан сармояи савдои ишк аст
Ки гар сафхаи олам набуди,
Нишон аз оламу одам набуди.
Ки холи рафтава оянда гуфти,
Ки чандин маънии поянда гуфти...
Ки мутрибро нишотангез карди,
Хазор оташ ба як дам тез карди.
Сухан вахй аст, мо арши баринем
Сухан сехр аст мо сехрофаринем.
Чи чои сехру эъчози Масех аст,
Хаёти мо зи гуфтори фасех аст.
Ба як дам оламеро зинда созем
В-аз он пас то абад поянда созем.
Касе худ бесухан чун зинда монад,
Дар иклими бако поянда монад?
Хусусан ман, ки чони ман хамин аст,
Хаёти човидони ман хамин аст.
Зи дурри назм бошад гуфтугуям,
Зи бахри шеър бошад обруям.
Хамон бехтар, ки бо ин дурфишони
Шавам гаввоси дарьёи маони.
Бурун орам аз ин бахри гироми
Дуре чун гавхари бахри Низоми,
Ки аз гардиш хирад бехуш гардад,
Зи сар то пой хирад (хам) гуш гардад.
Биёрам ба хилватхонаи фикр
Аруси назмро чун шохиди бикр...
настроение: Бодрое
хочется: много стихов
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу