Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
KUHISTONI _, 21-01-2013 02:15 (ссылка)

ШУЪЛАИ БЕБОК ГАРДОН ХОКИ СИНОИ МАРО


Ба Номи Худованди бахшанда ва меҳрубон



АФКОР 

ГУЛИ НАХУСТИН 

Ҳанўз ҳамнафасе дар чаман намебинам,
 Баҳор мерасаду ман гули нахустинам.
 Ба оби ҷў нигарам, хешро назора кунам, 
Ба ин баҳона магар рўи дигаре бинам.
 Ба хомае, ки хати зиндагӣ рақам задааст,
 Навиштаанд паёме ба барги рангинам.
 Дилам ба дўшу нигоҳам ба ибрати имрўз,
 Шаҳиди ҷилваи фардову тозаойинам.
 Зи тирахок дамидам, қабои гул бастам,
 Вагарна ахтари вомондае зи Парвинам. 


ДУЪО 

Эй, ки аз хумхонаи фитрат ба ҷомам рехтӣ, 
3-оташи саҳбои ман бигдоз минои маро.
 Ишқро сармоя соз аз гармии фарёди ман, 
Шўълаи бебок гардон хоки Синои маро. 
Чун бимирам, аз ғубори ман чароғи лола соз,
 Тоза кун доғи маро, сўзон ба саҳрое маро. 


ҲИЛОЛИ ИД 

Натвон зи чашми шавқ рамид, эй ҳилоли ид, 
Аз сад нигаҳ ба роҳи ту доме ниҳодаанд. 
Бар худ назар кушо, зи тиҳидоманӣ маранҷ, 
Дар синаи ту моҳи тамоме ниҳодаанд. 

Тасхири фитрат 

МИЛОДИ ОДАМ 


Наъра зад ишқ, ки хунинҷигаре пайдо шуд,
 Ҳусн ларзид, ки соҳибназаре пайдо шуд. 
Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур 
Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд.
 Хабаре рафт зи гардун ба шабистони азал:
 "Ҳазар, эй пардагиён, пардадаре пайдо шуд!" 
Орзу бехабар аз хеш ба оғўши ҳаёт, 
Чашм во карду ҷаҳони дигаре пайдо шуд. 
Зиндагӣ гуфт, ки дар хок тапидам ҳама умр, 
То аз ин гунбади дерина даре пайдо шуд. 


ИНКОРИ ИБЛИС 

Нурии нодон наям, саҷда ба одам барам,
 Ў ба ниҳод аст хок, ман ба нажод озарам! 
Метапад аз сўзи ман хуни раги коинот,
 Ман ба дави сарсарам, ман ба ғави тундарам. 
Робитаи солимот, зобитаи уммаҳот, 
Сўзаму созе диҳам, оташи миногарам. 
Сохтаи хешро даршиканам рез-рез, 
То зи ғубори куҳан пайкари нав оварам.
 Аз зави ман мавҷаи чарх сукуннопазир,
 Нақшгари рўзгор, тобу таби ҷавҳарам, 
Пайкари анҷум зи ту, гардиши анҷум зи ман, 
Ҷон ба ҷаҳон андарам, зиндагии музмарам. 
Ту ба бадан ҷон диҳӣ, шўр ба ҷон ман диҳам,
 Ту ба сукун раҳзанӣ, ман ба тапиш роҳбарам.
 Ман зи тунукмоягон гидя накардам суҷуд,
 Қоҳири бедўзахам, довари бемаҳшарам.
 Одами хокиниҳод, дунназару камсавод, 
Зод дар оғўши ту, пир шавад дар барам. 


ИҒВОИ ОДАМ 

Зиндагии сўзу соз беҳ зи сукуни давом,
 Фохта шоҳин шавад аз тапиши зери дом.
 Ҳеҷ наояд зи ту ғайри суҷуди ниёз,
 Хез чу сарви баланд, эй ба амал нармгом. 
Кавсару тасним бурд аз ту нишоти амал,
 Гир зи минои ток бодаи ойинафом. 
Зишту накў зодаи ваҳми худованди туст, 
Лаззати кирдор гир, гом бинеҳ, ҷўй ком. 
Хез, ки бинмоямат мамлакати тозае,
 Чашми ҷаҳонбин кушо, баҳри тамошо хиром.
 Қатраи бемояӣ, гавҳари тобанда шав, 
Аз сари гардун биафт, гир ба дарё мақом. 
Теғи дурахшандаӣ, ҷони ҷаҳоне гусил, 
Ҷавҳари худро намо, ой бурун аз наём. 
Бозуи шоҳин кушо, хуни тазарвон бирез, 
Марг бувад бозро зистан андар куном. 
Ту нашиносӣ ҳанўз, шавқ бимирад зи васл,  
Чист ҳаёти давом? Сўхтани нотамом! 


ОДАМ АЗ БИҲИШТ БУРУН ОМАДА  МЕГЎЯД:

 
Чӣ хуш аст зиндагиро ҳама сўзу соз кардан, 
Дили кўҳу дашту саҳро ба даме гудоз кардан.
 Зи қафас даре кушодан ба фазои гулситоне, 
Раҳи осмон навардан, ба ситора роз кардан. 
Ба гудозҳои пинҳон, ба ниёзҳои пайдо 
Назаре адошиносӣ ба ҳарими ноз кардан.
 Гаҳе ҷуз яке надидан ба ҳуҷуми лолазоре, 
Гаҳе хори нешзанро зи гул имтиёз кардан. 
Ҳама сўзи нотамомам, ҳама дарди орзўям, 
Ба гумон диҳам яқинро, ки шаҳиди ҷустуҷўям. 



СУБҲИ ҚИЁМАТ 

(Одам дар ҳузури Борӣ) 

Эй, ки зи хуршеди ту кавкаби ҷон мустанир, 
Аз дилам афрўхтӣ шамъи ҷаҳони зарир.
 Рехт ҳунарҳои ман баҳр ба як нойи об, 
Тешаи ман оварад аз ҷигари хора шир. 
Зўҳра гирифтори ман, моҳ парастори ман, 
Ақли калон кори ман, баҳри ҷаҳон дору гир. 
Ман ба замин даршудам, ман ба фалак баршудам, 
Бастаи ҷодуи ман зарраву меҳри мунир.  

Гарчи фусунаш маро бурд зи роҳи савоб, 
Аз ғалатам даргузар, узри гуноҳам пазир.
 Ром нагардад ҷаҳон, то на фусунаш хўрем, 
Ҷуз ба каманди ниёз ноз нагардад асир. 
То шавад аз оҳи гарм ин бути сангин гудоз,
 Бастани зуннори ў буд маро ногузир. 
Ақл ба дом оварад фитрати чолокро,
 Аҳримани шўълазод саҷда кунад хокро. 


БЎЙИ ГУЛ 


Ҳуре ба кунҷи гулшани ҷаннат тапиду гуфт: 
"Моро касе зи он сўи гардун хабар надод.
 Н-ояд ба фаҳми ман саҳару шому рўзу шаб, 
Ақлам рабуд ин, ки бигўянд мурду зод.
 " Гардид мавҷи накҳату аз шохи гул дамид, 
По инчунин ба олами фардову дӣ ниҳод.
 Во кард чашму ғунча шуду ханда зад даме, 
Гул гашту барг-барг шуду бар замин фитод.
 3-он нозанин, ки банд зи пояш кушодаанд, 
Оҳест ёдгор, ки бў ном додаанд.
 


НАВОИ ВАҚТ
 
Хуршед ба домонам, анҷум ба гиребонам, 
Дар ман нигарӣ ҳеҷам, дар худ нигарӣ ҷонам, 
Дар шаҳру биёбонам, дар коху шабистонам, 
Ман дардаму дармонам, ман айши фаровонам, 
Ман теғи ҷаҳонсўзам, ман чашмаи ҳайвонам.
 Чингизию темурӣ муште зи ғубори ман, 
Ҳангоман афрангӣ як ҷаста шарори ман. 
Инсону ҷаҳони ў аз нақшу нигори ман,
 Хуни ҷигари мардон сомони баҳори ман,
 Ман оташи сўзонам, ман равзаи ризвонам. 
Осудаю сайёрам, ин турфа тамошо бин, 
Дар бодаи имрўзам кайфияти фардо бин,
 Пинҳон ба замири ман сад олами раъно бин, 
Сад кавкаби ғалтон бин, сад гунбади хазро бин, 
Ман кисвати инсонам, пироҳани Яздонам. 
Тақдири фусуни ман,тадбири фусуни ту,
 Ту ошиқи Лайлоӣ, ман дашти ҷунуни ту, 
Чун рўҳи равон покам, аз чанду чигуни ту, 
Ту рози даруни ман, ман рози даруни ту,
 Аз ҷони ту пайдоям, дар ҷони ту пинҳонам.
 Ман раҳраву ту манзил, ман мазраъу ту ҳосил,
 Ту сози сад оҳангӣ, ту гармии ин маҳфил, 
Овораи обу гил, дарёб мақоми дил,
 Гунҷида ба ҷоме бин ин қулзуми беҳосил, 
Аз мавҷи баланди ту сар барзада тўфонам. 

 

ФАСЛИ БАҲОР 

Хез, ки дар кўҳу дашт хайма зад абри баҳор,
 Масти тараннум ҳазор 
Тўтию дурроҷу сор,
 Бар тарафи ҷўйбор 
Кишти гулу лолазор, 
Чашми тамошо биёр, 
Хез, ки дар кўҳу дашт хайма зад абри баҳор. 

Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид, 
Боди баҳорон вазид,
 Мурғ наво офарид, 
Лола гиребон дарид, 
Ҳусн гули тоза чид, 
Ишқ ғами нав харид, 
Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид. 

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурўш,
 Хуни чаман гарми ҷўш,
 Эй, ки нишинӣ хамўш, 
Даршикан ойини ҳўш,
 Бодаи маънӣ бинўш, 
Нағма саро, гул бипўш, 
Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурўш. 

Хуҷранишинӣ гузор, гўшаи саҳро гузин, 
Бар лаби ҷўе нишин, 
Оби равонро бубин, 
Наргиси нозофарин, 
Лахти дили фарвадин, 
Бўса занаш бар ҷабин, 
Ҳуҷранишинӣ гузор, гўшаи саҳро гузин. 

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар, 
Нимаи оташ ба бар, лола камар дар камар.
 Мечакадаш бар ҷигар 
Шабнами ашки саҳар, 
Дар шафақ анҷум нигар, 
Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар. 

Хоки чаман во намуд рози дили коинот, 
Буду набуди сифот, 
Ҷилвагариҳои зот, 
Он чӣ ту донӣ ҳаёт, 
Он чӣ ту хонӣ мамот, 
Ҳеҷ надорад субот, 
Хоки чаман во намуд рози дили коинот. 


ҲАЁТИ ҶОВИД 

Гумон мабар, ки ба поён расид кори муғон, 
Ҳазор бодаи нохўрда дар раги ток аст.
 Чаман хуш аст, валекин чу ғунча натвон зист, 
Қабои зиндагиаш аз дами сабо чок аст. 
Агар зи рамзи ҳаёт огаҳӣ, маҷўю магир 
Диле, ки аз халиши хори орзў пок аст. 
Ба худ хазидаву маҳкам чу кўҳсорон зӣ, 
Чу хас мазӣ, ки ҳаво тезу шўъла бебок аст.

 
АФКОРИ АНҶУМ
 
Шунидам кавкабе бо кавкабе гуфт,
 Ки дар баҳрему пайдо соҳиле нест.
 Сафар андар сиришти мо ниҳоданд, 
Вале ин корвонро манзиле нест. 
Агар анҷум ҳамон астӣ, ки будаст, 
Аз ин деринатобиҳо чӣ суд аст? 
Гирифтори каманди рўзгорем, 
Хушо он кас, ки маҳруми вуҷуд аст. 
Кас ин бори гаронро барнатобад, 
Зи буди мо набуди ҷовидон беҳ.
 Фазои нилгунам хуш наояд, 
Зи авҷаш пастии он хокдон беҳ.
 Хунук инсон, ки ҷонаш беқарор аст, 
Савори роҳвори рўзгор аст. 
Қабои зиндагӣ бар қоматаш рост, 
Ки ў навофарину тозакор аст.

 
ЗИНДАГӣ  

Шабе зор нолид абри баҳор,
 Ки ин зиндагӣ гиряи пайҳам аст. 
Дурахшид барқи сабуксайру гуфт: 
"Хато кардаӣ, хандаи як дам аст." 
Надонам ба гулшан кӣ бурд ин хабар 
Суханҳо миёни гулу шабнам аст. 


МУҲОВАРАИ ИЛМ ВА ИШҚ 
Илм 

Нигоҳам роздори ҳафту чор аст,
 Гирифтори камандам рўзгор аст, 
Ҷаҳонбинам ба ин сў боз карданд, 
Маро бо он сўйи гардун чӣ кор аст? 
Чакад сад нағма аз созе, ки дорам,
 Ба бозор афканам розе, ки дорам. 


Ишқ 

Зи афсуни ту дарё шўълазор аст,
 Ҳаво оташгузору заҳрдор аст. 
Чу бо ман ёр будӣ, нур будӣ,
 Буридӣ аз ману нури ту нор аст.
 Ба хилватхонаи лоҳут зодӣ,
 Валекин дар нахи шайтон фитодӣ.
 Биё, ин хокдонро гулситон соз, 
Ҷаҳони пирро дигар ҷавон соз.  
Биё, як зарра аз дарди дилам гир, 
Таҳи гардун биҳишти ҷовидон соз.
 Зи рўзи офариниш ҳамдамастем, 
Ҳамон як нағмаро зеру бамастем. 


СУРУДИ АНҶУМ 

Ҳастии мо-низоми мо, 
Мастии мо-хироми мо, 
Гардиши бемақоми мо,
 Зиндагии давоми мо, 
Даври фалак ба коми мо, 
Менигарему меравем, 
Ҷилвагаҳи шуҳудро,
 Буткадаи намудро, 
Разми набуду будро,
 Кашмакаши вуҷудро, 
Олами деру зудро, 
Менигарему меравем. 
Гармии корзорҳо, 
Хомии пухтакорҳо, 
Тоҷу сариру дорҳо, 
Хории шаҳриёрҳо,
 Бозии рўзгорҳо,
 Менигарему меравем. 
Хоҷа зи сарварӣ гузашт,
 Банда зи чокарӣ гузашт,  
Зорию қайсарӣ гузашт,
 Даври сикандарӣ гузашт, 
Шеваи бутгарӣ гузашт, 
Менигарему меравем. 
Хок хамўшу дар хурўш, 
Сустниҳоду сахткўш,
 Гоҳ ба базми нозу нўш, 
Гоҳ ҷанозае ба дўш,
 Мири ҷаҳону суфтагўш,
 Менигарему меравем. 
Ту ба тилисми чуну чанд, 
Ақли ту дар кушоду банд,
 Мисли ғизола дар каманд,
 Зору забуну дардманд, 
Мо ба нишемани баланд, 
Менигарему меравем. 
Парда чаро? Зуҳур чист?
 Асли зулому нур чист? 
Чашму дилу шуъур чист? 
Фитрати носабур чист? 
Ин ҳама назду дур чист?
 Менигарему меравем.
 Беши ту назди мо каме, 
Соли ту пеши мо даме, 
Эӣ, ба канори ту яме, 
Сохтаӣ ба шабнаме,
 Мо ба талоши оламе, 
Менигарему меравем. 

KUHISTONI _, 17-01-2013 08:37 (ссылка)

ПАЁМИ МАШРИҚ

ПАЁМИ МАШРИҚ



Ба номи Худованди бахшанда  ва меҳрубон
 
(Дар ҷавоби шоъири олмонӣ Гёте) 

Лиллоҳил Машриқу вал Мағриб 

ПЕШКАШ БА ҲУЗУРИ АЪЛОҲАЗРАТ АМИР АМОНУЛЛОҲХОН ФАРМОНРАВОИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛАИ АФҒОНИСТОН ХАЛЛАДА-Л-ЛОҲУ МУЛКАҲУ ВА ИҶЛОЛАҲУ
 
Эй амири комгор, эй шаҳриёр,
 Навҷавону мисли пирон пухтакор. 
Чашми ту аз пардагиҳо маҳрам аст,
 Дил миёни синаат ҷоми Ҷам аст. 
Азми ту поянда чун кўҳсори ту, 
Азми ту осон кунад душвори ту. 
Ҳиммати ту чун хаёли ман баланд,
 Миллати садпораро шерозабанд. 
Ҳадя аз шоҳаншоҳон дорӣ басе,
 Лаълу ёқути гарон дорӣ басе. 
Эй амир, ибни амир, ибни амир, 
Ҳадяе аз бенавое ҳам пазир!
 То маро рамзи ҳаёт омўхтанд, 
Оташе дар пайкарам афрўхтанд. 
Як навои синатоб овардаам,
 Ишқро аҳди шабоб овардаам.
 Пири Мағриб, шоъири олмонавӣ,
 Он қатили шеваҳои паҳлавӣ,
 Баст нақши шоҳидони шўху шанг,
 Дод Машриқро саломе аз Фаранг.
 Дар ҷавобаш гуфтаам пайғоми Шарқ,
 Моҳтобе рехтам бар шоми Шарқ.
 То шиносои худам, худбин наям,
 Бо ту гўям, ў кӣ буду ман киям. 
Ў зи афрангӣ ҷавонон мисли барқ,
 Шўълаи ман аз дами пирони Шарқ.
 Ў чаманзоде, чаманпарвардае, 
Ман дамидам аз замини мурдае.
 Ў чу булбул дар чаман "фирдавси гўш",
 Ман ба саҳро чун ҷарас гарми хурўш. 
Ҳар ду донои замири коинот, 
Ҳар ду пайғоми ҳаёт андар мамот. 
Ҳар ду ханҷар, субҳханд, ойинафом,
 Ў бараҳна, ман ҳанўз андар наём.
 Ҳар ду гавҳар, арҷманду тобдор, 
Зодаи дарёи нопайдоканор.
 Ў зи шўхӣ дар таҳи қулзум тапид,
 То гиребони садафро бардарид.
 Ман ба оғўши садаф тобам ҳанўз,
 Дар замири баҳр ноёбам ҳанўз. 
Ошнои ман зи ман бегона рафт,  
Аз хумистонам тиҳипаймона рафт.
 Ман шукўҳи хусравӣ ўро диҳам,
 Тахти Кисро зери пойи ў ниҳам. 
Ў ҳадиси дилбарӣ хоҳад зи ман, 
Рангу оби шоъирӣ хоҳад зи ман. 
Камназар бетобии ҷонам надид, 
Ошкорам диду пинҳонам надид.
 Фитрати ман ишқро дар бар гирифт,
 Сўҳбати хошоку оташ даргирифт.
 Ҳақ рамузи мулку дин бар ман кушуд,
 Нақши ғайр аз пардаи чашмам рабуд.
 Барги гул рангин зи мазмуни ман аст,
 Мисраъи ман қатраи хуни ман аст. 
То напиндорӣ сухан девонагист,
 Дар камоли ин ҷунун фарзонагист.
 Аз ҳунар сармоядорам кардаанд,
 Дар диёри Ҳинд хорам кардаанд. 
Лолаву гул аз навоям бенасиб,
 Тоирам, дар гулситони худ ғариб! 
Баски гардун сифлаву дунпарвар аст,
 Вой бар марде, ки соҳибҷавҳар аст!
 Дидаӣ, эй хусрави кайвонҷаноб,
 Офтоби мо таворат билҳиҷоб?
 Абтаҳӣ дар дашти хеш аз роҳ рафт, 
Аз дами ў сўзи иллаллоҳ рафт.
 Мисриён афтода дар гирдоби Нил,
 Сустраг турониёни жандапил.  
Оли Усмон дар шиканҷи рўзгор,
 Машриқу Мағриб зи хунаш лолазор.
 Ишқро ойини салмонӣ намонд, 
Хоки Эрон монду эронӣ намонд.
 Сўзу сози зиндагӣ рафт аз гилаш,
 Он куҳаноташ фусурд андар дилаш.
 Муслими ҳиндӣ шикамро бандае, 
Худфурўше, дил зи дин баркандае.
 Дар мусалмон шони маҳбубӣ намонд, 
Холиду Форуқу Айюбе намонд. 
Эй, туро фитрат замири пок дод,
 Аз ғами дин синаи садчок дод. 
Тоза кун ойини Сиддиқу Умар, 
Чун сабо бар лолаи саҳро гузар. 
Миллати овораи кўҳу даман, 
Дар раги ў хуни шерон мавҷзан. 
Зираку рўинтану равшанҷабин, 
Чашми ў чун ҷуррабозон тезбин.
 Қисмати худ аз ҷаҳон ноёфта, 
Кавкаби тақдири ў нотофта.
 Дар каҳистон хилвате варзидаӣ, 
Растахези зиндагӣ нодидаӣ.
 Ҷони ту бар меҳнати пайҳам сабур,
 Кўш дар таҳзиби афғони ғаюр!
 То зи сиддиқони ин уммат шавӣ, 
Баҳри дин сармояи қувват шавӣ. 
Зиндагӣ ҷаҳд асту истиҳқоқ нест,  
Ҷуз ба илми анфусу офоқ нест.
 Гуфт ҳикматро Худо хайри касир, 
Ҳар куҷо ин хайрро бинӣ, бигир. 
Сайиди кул, соҳиби Умму-л-китоб,
 Пардагиҳо бар замираш беҳиҷоб. 
Гарчи айни зотро бепарда дид, 
"Раббӣ зиднӣаз забони ў чакид. 
Илми ашё алламу-л-асмостӣ, 
Ҳам асову ҳам яди байзостӣ.
 Илми ашё дод Мағрибро фурўғ, 
Ҳикмати ў мост мебандад зи дўғ. 
Ҷони моро лаззати эҳсос нест,
 Хоки раҳ ҷуз резаи алмос нест. 
Илму давлат назми кори миллат аст, 
Илму давлат эътибори миллат аст. 
Он яке аз синаи аҳрор гир,
 В-он дигар аз синаи кўҳсор гир. 
Дашна зан дар пайкари ин коинот, 
Дар шикам дорад гуҳар чун Суманот.
 Лаъли ноб андар Бадахшони ту ҳаст, 
Барқи Сино дар кўҳистони ту ҳаст. 
Кишвари маҳкамасосе боядат,
 Дидаи мардумшиносе боядат.
 Эй басо одам, ки иблисӣ кунад, 
Эй басо шайтон, ки идрисӣ кунад. 
Ранги ў найрангу буди ў намуд, 
Андаруни ў чу доғи лола дуд. 
Покбозу каъбатайни ў дағал,
 Риману ғадру нифоқ андар бағал. 
Дарнигар, эй хусрави соҳибназар, 
Нест ҳар санге, ки метобад, гуҳар.
 Муршиди Румӣ —ҳакими покзод, 
Сирри маргу зиндагӣ бар мо кушод. 
Ҳар ҳалоки уммати пешин, ки буд, 
Он, ки бар ҷандал гумон бурданд уд"* .
 Сарварӣ дар дини мо хидматгарист,
 Адли форуқиву фақри ҳайдарист.
 Дар ҳуҷуми корҳои мулку дин, 
Бодили худ як нафас хилват гузин.
 Ҳар кӣ як дам дар камини худ нишаст,
 Ҳеҷ нахчир аз каманди ў наҷаст.
 Дар қабои хусравӣ дарвеш зӣ, 
Дида бедору худоандеш зӣ.
 Қоиди миллат шаҳаншоҳи Мурод, 
Теғ ўро барқу тундар хоназод. 
Ҳам фақире, ҳам шаҳи гардунфаре,
 Ардашере бо равони Бузаре.
 Ғарқ будаш дар зиреҳ болову дўш 
Дар миёни сина дил мўйинапўш. 
Он мусалмонон, ки мирӣ кардаанд, 
Дар шаҳаншоҳӣ фақирӣ кардаанд.
 Дар аморат фақрро афзудаанд, 
Мисли Салмон дар Мадоин будаанд. 
Ҳукмроне буду сомоне надошт,
Дасти ў ҷуз теғу Қуръоне надошт. 
Ҳар кӣ ишқи Мустафо сомони ўст, 
Баҳру бар дар гўшаи домони ўст. 
Сўзи Сиддиқу Алӣ аз Ҳақ талаб, 
Заррае ишқи Набӣ аз Ҳақ талаб. 
3-он, ки миллатро ҳаёт аз ишқи ўст,
 Баргу сози коинот аз ишқи ўст.
 Ҷилваи бепардаи ў во намуд 
Ҷавҳари пинҳон, ки буд андар вуҷуд.
 Рўҳро ҷуз ишқи ў ором нест,
 Ишқи ў рўзест, к-ўро шом нест. 
Хезу андар гардиш овар ҷоми ишқ, 
Дар кўҳистон тоза кун пайғоми ишқ.
------------------------------------------- 
* Ин баӣт аз Ҷалолиддини Румист .
  

KUHISTONI _, 04-11-2012 22:21 (ссылка)

ТУРКУ ТОЧИКУ АРАБ,ХИНДУИ ТУ


Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


АРЗИ ҲОЛИ МУСАННИФ БА ҲУЗУРИ  РАҲМАТУ-Л-ИЛ-ОЛАМИН 


Эй зуҳури ту шабоби зиндагӣ,
 Ҷилваат таъбири хоби зиндагӣ. 
Эй замин аз боргоҳат арҷманд, 
Осмон аз бўсаи бомат баланд.
 Шаш ҷиҳат равшан зи тоби рўи ту,
 Турку Тоҷику Араб, Ҳиндуи ту. 
Аз ту боло пояи ин коинот 
Фарқи ту сармояи ин коинот. 
Дар ҷаҳон шамъи ҳаёт афрўхтӣ, 
Бандагонро хоҷагӣ омўхтӣ.
 Бе ту аз нобудмандиҳо хиҷил
 Пайкарони ин сарои обу гил. 
То дами ту оташе аз гил кушуд, 
Тўдаҳои хокро одам намуд.
 Зарра домангири меҳру моҳ шуд, 
Яъне аз нерўи хеш огоҳ шуд.
 То маро афтод бар рўят назар,
 Аз абу ум гаштаӣ маҳбубтар.
 Ишқ дар ман оташе афрўхтаст, 
Фурсаташ бодо, ки ҷонам сўхтаст.
 Нолае монанди най сомони ман, 
Он чароғи хонаи вайрони ман. 
Аз ғами пинҳон нагуфтан мушкил аст
 Бода дар мино нуҳуфтан мушкил аст.
 Муслим аз сирри Набӣ бегона шуд, 
Боз ин Байтулҳарам бутхона шуд. 
Аз Маноту Лоту Уззову Ҳубал,
 Ҳар яке дорад буте андар бағал.
 Шайхи мо аз барҳаман кофиртар аст,
 3-он ки ўро Суманот андар сар аст. 
Рахти ҳастӣ аз Араб барчидаӣ, 
Дар хумистони Аҷам хобидаӣ.
 Шал зи барфоби Аҷам аъзои ў,
 Сардтар аз ашки ў саҳбои ў. 
Ҳамчу кофир аз аҷал тарсандае, 
Синааш фориғ зи қалби зиндае.
 Наъшаш аз пеши табибон бурдаам,
 Дар ҳузури Мустафо овардаам.
 Мурда буд, аз оби ҳайвон гуфтамаш,
 Сирре аз асрори Қуръон гуфтамаш. 
Достоне гуфтам аз ёрони Наҷд, 
Накҳате овардам аз бустони Наҷд. 
Маҳфил аз шамъи наво афрўхтам, 
Қавмро рамзи ҳаёт омўхтам.
 Гуфт: бар мо бандад афсуни Фаранг, 
Ҳаст ғавғояш зи қонуни Фаранг.
 Эй Бусайриро ридобахшандаӣ,
 Барбати Салмо маро бахшандаӣ. 
Завқи Ҳақ деҳ ин хатоандешро, 
Ин ки нашносад матоъи хешро. 
Гар дилам ойинаи беҷавҳар аст 
В-ар ба ҳарфам ғайри Қуръон музмар аст. 
Эй фурўғат субҳи аъсору дуҳур, 
Чашми ту бинандаи «мо фиссудур». 
Пардаи номуси фикрам чок кун, 
Ин хиёбонро зи хорам пок кун.
 Танг кун рахти ҳаёт андар барам, 
Аҳли миллатро нигаҳ дор аз шарам. 
Сабз кишти нобасомонам макун,
 Баҳрагир аз абри найсонам макун.  
Хушк гардон бода дар ангури ман, 
Заҳр рез андар майи кофури ман. 
Рўзи маҳшар хору расво кун маро,
 Бенасиб аз бўсаи по кун маро.
 Гар дури асрори Қуръон суфтаам,
 Бо мусалмонон агар ҳақ гуфтаам. 
Эй, ки аз эҳсони ту нокас кас аст, 
Як дуъоят музди гуфторам бас аст. 
Арз кун пеши Худои аззу ҷал,
 Ишқи ман гардад ҳамоғўши амал. 
Давлати ҷони ҳазин бахшидаӣ,
 Баҳрае аз илми дин бахшидаӣ. 
Дар амал пояндатар гардон маро,
 Оби найсонам, гуҳар гардон маро.
 Рахти ҷон то дар ҷаҳон овардаам,
 Орзуи дигаре парвардаам.
 Ҳамчу дил дар синаам осудааст,
 Маҳрам аз субҳи ҳаётам будааст. 
Аз падар то номи ту омўхтам, 
Оташи ин орзу афрўхтам.
 То фалак деринатар созад маро, 
Дар қимори зиндагӣ бозад маро.
 Орзуи ман ҷавонтар мешавад,
 Ин куҳансаҳбо гаронтар мешавад.
 Ин таманно зери хокам гавҳар аст,
 Дар шабам тоби ҳамин як ахтар аст.  
Муддате бо лоларўён сохтам,
 Ишқ бо марғуламўён бохтам. 
Бодаҳо бо моҳсимоён задам,
 Бар чароғи офият домон задам.
 Барқҳо рақсид гирди ҳосилам,
 Раҳзанон бурданд колои дилам.
 Ин шароб аз шишаи ҷонам нарехт,
 Ин зари соро зи домонам нарехт.
 Ақли Озар пешаам зуннор баст, 
Нақши ў дар кишвари ҷонам нишаст. 
Солҳо будам гирифтори шаке, 
Аз димоғи хушки ман лоянфаке 
Ҳарфе аз илм-ул-яқин нохондаӣ,
 Дар гумонободи ҳикмат мондаӣ.
 Зулматам аз тоби Ҳақ бегона буд, 
Шомам аз нури шафақ бегона буд. 
Ин таманно дар дилам хобида монд, 
Дар садаф мисли гуҳар пўшида монд.
 Охир аз паймонаи чашмам чакид, 
Дар замири ман навоҳо офарид.
 Эй зи ёди ғайри ту ҷонам тиҳӣ,
 Бар лабаш орам, агар фармон диҳӣ.
 Зиндагиро аз амал сомон набуд, 
Пас маро ин орзу шоён набуд. 
Шарм аз изҳори ў ояд маро, 
Шафқати ту ҷуръат афзояд маро 
Ҳаст шаъни раҳматат гетинавоз,
 Орзу дорам, ки мирам дар Ҳиҷоз.
 Муслимӣ, аз мосиво бегонаӣ, 
Ту куҷо зуннории бутхонаӣ? 
Ҳайф, чун ўро сарояд рўзгор, 
Пайкарашро дайр гирад дар канор.
 Аз дарат хезад агар аҷзои ман,
 Войи имрўзам, хушо фардои ман. 
Фаррухо шаҳре, ки ту будӣ дар он, 
Эй хунук хоке, ки осудӣ дар он.
 "Маскани ёр асту шаҳри шоҳи ман
 Пеши ошиқ ин бувад ҳубб-ул-ватан" 
Кавкабамро дидаи бедор бахш, 
Марқаде дар сояи девор бахш. 
То биёсояд дили бетоби ман,
 Бастагӣ пайдо кунад симоби ман.
 Бо фалак гўям, ки оромам нигар, 
Дидаӣ оғозам, анҷомам нигар!  

KUHISTONI _, 30-10-2012 23:40 (ссылка)

ЧАШМИ МАН РАВШАН ЗИ ДИДОРИ НАБИ



ЛАМ ЯЛИД ВА ЛАМ ЮЛАД
 
Қавми ту аз рангу хун болотар аст, 
Қимати як асвадаш сад аҳмар аст 
Қатраи оби вузўи Қанбаре, 
Дар баҳо бартар зи хуни Қайсаре. 
Фориғ аз бобу уму аъмом бош, 
Ҳамчу Салмон зодаи Ислом бош. 
Нуктае, эй ҳамдами фарзона бин,
 Шаҳдро дар хонаҳои лона бин. 
Қатрае аз лолаи ҳамростӣ, 
Қатрае аз наргиси шаҳлостӣ. 
Ин намегўяд, ки ман аз абҳарам, 
Он намегўяд ман аз нилуфарам. 
Миллати мо шони Иброҳимӣ аст, 
Шаҳди мо имони Иброҳимӣ аст.
 Гар насабро ҷузви миллат кардаӣ,
 Рахна дар кори ухувват кардаӣ.
 Дар замини мо нагирад решаат, 
Ҳаст номуслим ҳанўз андешаат.
 Ибни Масъуд-он чароғафрўзи ишқ,
 Ҷисму ҷони ў саропо сўзи ишқ.
 Сўхт аз марги бародар синааш,
 Об гардид аз гудоз ойинааш. 
Гиряҳои хешро поён надид, 
Дар ғамаш чун модарон шеван кашид:
 "Эй дареғо, он сабақхони ниёз, 
Ёри ман андар дабистони ниёз". 
Оҳ он сарви сиҳиболои ман,
 Дар раҳи ишқи Набӣ ҳампои ман. 
"Ҳайф, ў маҳруми дарбори Набӣ, 
Чашми ман равшан зи дидори Набӣ".
 Нест аз Руму Араб пайванди мо, 
Нест побанди насаб пайванди мо. 
Дил ба маҳбуби ҳиҷозӣ бастаем,
 3-ин ҷиҳат бо якдигар пайвастаем.
 Риштаи мо як таваллояш бас аст, 
Чашми моро кайфи саҳбояш бас аст. 
Мастии ў то ба хуни мо давид, 
Кўҳнаро оташ заду нав офарид. 
Ишқи ў сармояи ҷамъият аст,
 Ҳамчу хун андар уруқи миллат аст
 Ишқ дар ҷону насаб дар пайкар аст
 Риштаи ишқ аз насаб маҳкамтар аст.
 Ишқ варзӣ, аз насаб бояд гузашт, 
Ҳам зи Эрону Араб бояд гузашт. 
Уммати ў мисли ў нури Ҳақ аст, 
Ҳастии мо аз вуҷудаш муштақ аст.
 Нури Ҳақро кас наҷўяд зоду буд, 
Хилъати Ҳақро чӣ хоҷат тору пуд.
 Ҳар кӣ по дар банди иқлиму ҷад аст,
 Бехабар аз "Лам ялид лам юлад" аст. 

ВА ЛАМ ЯКУН ЛАҲУ КУФУВАН АҲАД 

Муслими чашм аз ҷаҳон барбаста чист? 
Фитрати ин дил ба Ҳақ пайваста чист? 
Лолае, к-ў бар сари кўҳе дамид, 
Гўшаи домони гулчине надид. 
Оташи ў шўълае гирад ба бар, 
Аз нафасҳои нахустини саҳар. 
Осмон з-оғўши худ нагзорадаш,
 Кавкаби вомондае пиндордаш. 
Бўсадаш аввал шуъои офтоб,
 Шабнам аз чашмаш бишўяд гарди хоб.
 Риштае бо "лам якун" бояд қавӣ, 
То ту дар ақвом беҳамто шавӣ. 
Он ки зоташ воҳид асту лошарик,
 Бандааш ҳам дарнасозад бо шарик.
 Мўъминӣ, болои ҳар болотаре, 
Ғайрати ў барнатобад ҳамсарӣ. 
Хирқаи "ло таҳзану" андар бараш, 
"Антумулаълавна" тоҷе бар сараш. 
Мекашад бори ду олам дўши ў, 
Баҳру бар парвардаи оғўши ў.
 Бар ғави тундар мудом афканда гўш,
 Барқ агар резад, ҳамегирад ба душ.
 Пеши ботил теғу пеши Ҳақ сипар, 
Амру наҳйи ў аёри хайру шар. 
Дар гиреҳ сад шўъла дорад ахгараш,
 Зиндагӣ гирад камол аз ҷавҳараш. 
Дар фазои ин ҷаҳони ҳоюҳу, 
Нағма пайдо нест ҷуз такбири ў. 
Афву адлу базлу эҳсонаш азим, 
Ҳам ба қаҳр андар мизоҷи ў карим.
 Сози ў дар базмҳо хотирнавоз, 
Сўзи ў дар размҳо оҳангудоз. 
Дар гулистон бо анодил ҳамсафир, 
Дар биёбон ҷуррабози сайдгир. 
Зери гардун менаёсояд дилаш, 
Бар фалак гирад қарор обу гилаш. 
Тоираш минқор бар ахтар занад, 
Он сўйи ин кўҳначанбар пар занад. 
Ту ба парвозе паре накшудаӣ, 
Кирмак астӣ, зери хок осудаӣ.
 Хор аз маҳҷурии Қуръон шудӣ,
 Шиквасанҷи гардиши даврон шудӣ. 
Эй чу шабнам бар замин афтандаӣ, 
Дар бағал дорӣ китобе, зиндаӣ. 
То куҷо дар хок мегирӣ ватан? 
Рахт бардору сари гардун фикан!



Davlat Davlatov, 29-10-2012 15:32 (ссылка)

Дастун дардро набинад бону

Мо аз хамаи Икболшиносои азиз дархости мулъимона дорем ки байтхои бузургворро бо шархаш тазвиб намоянд боки дар амони Яздон

KUHISTONI _, 24-10-2012 23:45 (ссылка)

АЗ ПАЁМИ МУСТАФО ОГОХ ШАВ.....










ХУЛОСАИ МАТОЛИБИ МАСНАВӢ ДАР ТАФСИРИ СУРАИ ИХЛОС ҚУЛ ҲУВАЛЛАҲУ АҲАД 


Ман шабе Сиддиқро дидам ба хоб, 
Гул зи хоки роҳи ў чидам ба хоб. Он 
"Амунуннос" бар Мавлои мо, 
Он Калими аввали Синои мо. 
Ҳиммати ў кишти миллатро чу абр 
Сонии Ислому ғору Бадру қабр. 
Гуфтамаш: "Эй хосаи хосони ишқ, 
Ишқи ту сарматлаъи девони ишқ. 
Пухта аз дастат асоси кори мо, 
Чорае фармо пайи озори мо. 
Гуфт: "То кай дар ҳавас гардӣ асир, 
Обутоб аз сураи Ихлос гир.
 Ин ки дар сад сина печад як нафас,
 Сирре аз асрори тавҳид асту бас. 
Ранги ў баркан, мисоли ў шавӣ, 
Дар ҷаҳон акси ҷамоли ў шавӣ.
 Он ки номи ту мусалмон кардааст, 
Аз дуӣ сўи якӣ овардааст.
 Хештанро турку афғон хондаӣ,
 Вой бар ту, он чи будӣ, мондаӣ.
 Вораҳон номидаро аз номҳо, 
Соз бо хум, даргузар аз ҷомҳо.
 Эй, ки ту расвои ном афтодаӣ, 
Аз дарахти хеш хом афтодаӣ. 
Бо якӣ соз, аз дуӣ бардор рахт,
 Ваҳдати худро магардон лахт-лахт. 
Эй парастори якӣ, гар ту туӣ, 
То куҷо бошӣ сабақхони дуӣ? 
Ту дари худро ба худ пўшидаӣ, 
Дар дил овар, он чи бар лаб чидаӣ. 
Сад миллат аз миллате ангехтӣ, 
Бар ҳисори худ шабехун рехтӣ. 
Як шаву тавҳидро машҳуд кун,
 Ғоибашро аз амал мавҷуд кун. 
Лаззати имон физояд дар амал, 
Мурда он имон, ки н-ояд дар амал.

 
АЛЛОҲУ-С-САМАД 

Гар ба "Аллоҳуссамад" дил бастаӣ,
 Аз ҳадди асбоб берун ҷастаӣ. 
Бандаи Ҳақ бандаи асбоб нест
 Зиндагонӣ гардиши дўлоб нест.
 Муслим астӣ, бениёз аз ғайр шав,
 Аҳли оламро саропо хайр шав. 
Пеши мунъим шикваи гардун макун,
 Дасти хеш аз остин берун макун.
 Чун Алӣ дарсоз бо нони шаъир, 
Гардани Марҳаб шикан, Хайбар бигир.
 Миннат аз аҳли карам бурдан чаро, 
Наштари "лою наъам" хўрдан чаро? 
Ризқи худро аз кафи дунон магир, 
Юсуф астӣ, хешро арзон магир. 
Гарчи бошӣ мўру ҳам беболу пар, 
Ҳоҷате пеши Сулаймоне мабар. 
Роҳ душвор аст, сомон кам бигир, 
Дар ҷаҳон озод зӣ, озод мир. 
Сабҳаи "ақлилминаддунё" шумор, 
Аз "таъиш ҳурран" шавӣ сармоядор. 
То тавонӣ, кимиё шав, гил машав, 
Дар ҷаҳон мунъим шаву соил машав.
 Эй шиносои мақоми Буалӣ, 
Ҷуръае орам зи ҷоми Буалӣ. 
Пушти по зан тахти Кайковусро,
 Сар бидеҳ, аз каф мадеҳ номусро.
 Худ ба худ гардад дари майхона боз,
 Бар тиҳипаймонагони бениёз. 
Қоиди исломиён Ҳорунрашид, 
Он ки Нақфур оби теғи ў чашид.
 Гуфт Моликро, ки эй мавлои қавм,
 Равшан аз хоки дарат симои қавм.
 Эй навопардози гулзори ҳадис, 
Аз ту хоҳам дарси асрори ҳадис. 
Лаъл то кай пардабанд андар Яман, 
Хезу дар дорулхилофат хайма зан. 
Эй хушо тобонии рўзи Ироқ, 
Эй хушо ҳусни назарсўзи Ироқ. 
Мечакад оби Хизар аз токи ў, 
Марҳами захми Масеҳо хоки ў.
 Гуфт Молик: - Мустафоро чокарам,
 Нест ҷуз савдои ў андар сарам. 
Ман, ки бошам бастаи фитроки ў,
 Барнахезам аз ҳарими поки ў.
 Зинда аз тақбили хоки Ясрибам,
 Хуштар аз рўзи Ироқ омад шабам. 
Ишқ мегўяд, ки фармонам пазир, 
Подшоҳонро ба хидмат ҳам магир. 
Ту ҳамехоҳӣ маро оқо шавӣ,
 Бандаи озодро мавло шавӣ.
 Баҳри таълими ту оям бар дарат, 
Ходими миллат нагардад чокарат. 
Баҳрае хоҳӣ агар аз илми дин, 
Дар миёни ҳалқаи дарсам нишин. 
Бениёзӣ нозҳо дорад басе,  
Нози ў андозҳо дорад басе. 
Бениёзӣ ранги Ҳақ пўшидан аст, 
Ранги ғайр аз пираҳан шўидан аст. 
Илми ғайр омўхтӣ, андўхтӣ,
Рўи хеш аз ғозааш афрўхтӣ. 
Арҷмандӣ аз шиъораш мебарӣ,
 Ман надонам ту туӣ ё дигарӣ. 
Аз нишеман хоки ту хомўш гашт 
В-аз гулу райҳон тиҳиоғўш гашт. 
Кишти худ аз дасти худ вайрон макун, 
Аз саҳобаш гидяи борон макун. 
Ақли ту занҷирии афкори ғайр, 
Дар гулўи ту нафас аз тори ғайр.
 Бар забонат гуфтугўҳо мустаъор, 
Дар дили ту орзўҳо мустаъор. 
Қумриёнатро навоҳо хоста, 
Сарвҳоятро қабоҳо хоста. 
Бода мегирӣ ба ҷом аз дигарон, 
Ҷом ҳам гирӣ ба вом аз дигарон.
 Он нигоҳаш сирри «мо зоғалбасар», 
Сўйи қавми хеш боз ояд агар, 
Мешиносад шамъи ў парвонаро,
 Нек донад хешу ҳам бегонаро. 
"Ласта миннӣ гўядат Мавлои мо, 
Войи мо, эй войи мо, эй войи мо! 
Зиндагонӣ мисли анҷум то куҷо?  
Ҳастии худ дар саҳар гум то куҷо?
 Реве аз субҳи дурўғе хўрдаӣ,
 Рахт аз паҳнои гардун бурдаӣ. 
Офтоб астӣ, яке дар худ нигар, 
Аз нуҷуми дигарон тобе махар. 
Бар дили худ нақши ғайр андохтӣ,
 Хоб бурдӣ, кимиё дарбохтӣ. 
То куҷо рахшӣ зи тоби дигарон,
 Сар сабук соз аз шароби дигарон. 
То куҷо тавфи чароғи маҳфиле, 
3-оташи худсўз агар дорӣ диле. 
Чун назар дар пардаҳои хеш бош, 
Мепару аммо ба ҷои хеш бош. 
Дар ҷаҳон мисли ҳубоб, эй ҳушманд,
 Роҳи хилватхона бар ағёр банд.
 Фард фард омад, ки худро вошинохт, 
Қавм қавм омад, ки ҷуз бо худ насохт. 
Аз паёми Мустафо огоҳ шав, 
Фориғ аз арбоби дуналлоҳ шав. 




KUHISTONI _, 19-10-2012 21:37 (ссылка)

ЭЙ АМИНИ НЕЪМАТИ ОЙИНИ ХАК


Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


ХИТОБ БА МУХАДДАРОТИ ИСЛОМ

 
Эй ридоят пардаи номуси мо, 
Тоби ту сармояи фонуси мо.
 Тинати пойи ту моро раҳмат аст,
 Қуввати дину асоси миллат аст.
 Кўдаки мо чун лаб аз шири ту шуст, 
"Ло илаҳомўхтӣ ўро нахуст. 
Метарошад меҳри ту атвори мо
, Фикри мо, гуфтори мо, кирдори мо. 
Барқи мо, к-ў дар саҳобат орамид, 
Бар ҷабал рахшиду дар саҳро тапид.
 Эй амини неъмати ойини Ҳақ, 
Дар нафасҳои ту сўзи дини Ҳақ. 
Даври ҳозир тарфурўшу пурфан аст, 
Корвонаш нақди динро раҳзан аст. 
Кўру яздонношинос идроки ў,
 Нокасон занҷирии печоки ў.
 Чашми ў бебоку нопарвостӣ, 
Панҷаи мижгони ў гиростӣ. 
Сайди ў озод хонад хешро, 
Куштаи ў зинда донад хешро. 
Оббанди нахли ҷамъият туӣ, 
Ҳофизи сармояи миллат туӣ.
Аз сари суду зиён савдо мазан,
 Гом ҷуз бар ҷодаи обо мазан.
 Ҳушёр аз дастбурди рўзғор
 Гир фазандони худро дар канор.
 Ин чаманзодон, ки пар накшодаанд,
 З-ошёни хеш дур афтодаанд.
 Фитрати ту ҷазбаҳо дорад баланд, 
Чашми ҳуш аз усваи Заҳро мабанд. 
То Ҳусайнӣ, шохи ту бор оварад, 
Мавсими пешин ба гулзор оварад. 

KUHISTONI _, 16-10-2012 20:54 (ссылка)

АЗ СЕ НИСБАТ ХАЗРАТИ ЗАХРО АЗИЗ















ДАР МАЪНИИ ИН КИ БАҚОИ НАВЪ АЗ УМУМАТ АСТ ВА ҲИФЗУ ЭҲТИРОМИ  
УМУМАТ ИСЛОМ АСТ
 
Нағмахез аз захмаи зан сози мард, 
Аз ниёзи ў дуболо нози мард. 
Пўшиши урёнии мардон зан аст, 
Ҳусни дилҷў ишқро пироҳан аст.
 Ишқи Ҳақ парвардаи оғўши ў,
 Ин наво аз захмаи хомўши ў.
 Он ки нозад бар ваҷудаш коинот, 
Зикри ў фармуд бо тибу салот. 
Муслиме, к-ўро парасторӣ шумурд,
 Баҳрае аз ҳикмати Қуръон набурд. 
Нек агар бинӣ, умумат раҳмат аст,
 3-он ки ўро бо нуббуват нисбат аст. 
Шафқати ў шафқати пайғамбар аст, 
Сирати ақвомро суратгар аст. 
Аз умумат пухтатар таъмири мо, 
Дар хати симои ў тақдири мо. 
Ҳаст агар фарҳанги ту маънирасе, 
Ҳарфи уммат нуктаҳо дорад басе.
 Гуфт он максуди ҳарфи "кун факон" 
Зери пойи уммаҳот омад ҷинон.
 Миллат аз такрими арҳом асту бас, 
Варна кори зиндагӣ хом асту бас. 
Аз умумат гарм рафтори ҳаёт,
 Аз умумат кашфи асрори ҳаёт. 
Аз умумат печутоби ҷўйи мо,
Мавҷу гирдобу ҳубоби ҷўйи мо. 
Он духи рустоқзоде, ҷоҳиле, 
Пастболое, ситабре, бадгиле.
 Нотароше, парваришнододае, 
Камнигоҳе, камзабоне, содае, 
Дил зи оломи умумат карда хун,
 Гирди чашмаш халқаҳои нилгун.
 Миллат ар гирад зи оғўшаш ба даст 
Як мусалмони ғаюри ҳақпараст. 
Ҳастии мо маҳкам аз оломи ўст,
 Субҳи мо оламфурўз аз шоми ўст. 
В-он тиҳиоғўши нозукпайкаре,
 Хонапарварде, нигоҳаш маҳшаре.
 Фикри ў аз тоби Мағриб равшан аст,
 Зоҳираш зан, ботини ў нозан аст.
 Бандаҳои миллати байзо гусехт, 
То зи чашмаш ишваҳо ҳал карда рехт. 
Шўхчашму фитназо озодияш, 
Аз ҳаё ноошно озодияш. 
Илми ў бори умумат барнатофт, 
Бар сари шомаш яке ахтар натофт.
 Ин гул аз бустони мо норуста беҳ, 
Доғаш аз домони миллат шуста беҳ.
 "Ло илаҳгўён чу анҷум бешумор, 
Баст чашм андар заломи рўзгор. 
По набурда аз адам берун ҳанўз,
Аз саводи кайфу кам берун ҳанўз.
 Музмар андар зулмати мавҷуди мо,
 Он таҷаллиҳои номашҳуди мо.
 Шабнаме, бар барги гул наншастае,
 Ғунчаҳое аз сабо нохастае.
 Бардамад ин лолазори мумкинот, 
Аз хиёбони риёзи уммаҳот.
 Қавмро сармоя, эй соҳибназар,
 Нест аз нақду қумошу симу зар, 
Моли ў фарзандҳои тандуруст, 
Тардимоғу сахткўшу чоқу чуст.
 Ҳофизи рамзи ухувват модарон,
 Қуввати Қуръону миллат модарон 


ДАР МАЪНИИ ИН КИ САЙИДАТ-УН-НИСО 
ФОТИМАТ-УЗ-ЗАҲРО УСВАИ КОМИЛАЕСТ 
БАРОИ НИСОИ ИСЛОМ 

Марям аз як нисбати Исо азиз,
 Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз. 
Нури чашми Раҳматан л-ил-оламин, 
Он имоми аввалину охирин.
 Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид, 
Рўзгори тозаойин офарид.
 Бонуи он тоҷдори ҳалато, 
Муртазо, мушкилкушо, шери Худо.
 Подшоҳу кулбае айвони ў, 
Як ҳусому як зиреҳ сомони ў.
Модари он маркази паргори ишқ,
 Он яке шамъи шабистони Ҳарам,
 Ҳофизи ҷамъияти Хайрулумам.
 То нишинад оташи пайкору кин,
 Пушти по зад бар сари тоҷу нигин. 
В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон, 
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон.
 Дар навои зиндагӣ сўз аз Ҳусайн,
 Аҳли Ҳақ ҳурриятомўз аз Ҳусайн.
 Сирати фарзандҳо аз уммаҳот, 
Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.
 Мазраъи таслимро ҳосил Батул, 
Модаронро усваи комил Батул.
 Баҳри мўҳтоҷе дилаш он гуна сўхт,
 Бо яҳудӣ чодари худро фурўхт.
 Нуреву ҳам оташе фармонбараш, 
Гум ризояш дар ризои шавҳараш.
 Он адабпарвардаи сабру ризо,
 Осиёгардону лаб Қуръонсаро.
 Гиряҳои ў зи болин бениёз,
 Гавҳар афшондӣ ба домони намоз.
 Ашки ў барчид Ҷибрил аз замин,
 Ҳамчу шабнам рехт бар Арши барин
. Риштаи ойини Ҳақ занҷири мост, 
Поси фармони ҷаноби Мустафост. 
Варна гирди турбаташ гардидаме, 
Саҷдаҳо бар хоки ў пошидаме. 


KUHISTONI _, 10-10-2012 23:01 (ссылка)

ЯК АРУСУ ШАВХАРИ У Мо ХАМА



Арз мулки Худост 

Саргузашти Одам андар Шарқу Ғарб
 Баҳри хоке фитнаҳои ҳарбу зарб. 
Як арўсу шавҳари ў мо ҳама, 
Он фусунгар бе ҳама, ҳам бо ҳама.
 Ишваҳои ў ҳама макру фан аст, 
Не аз они ту, на аз они ман аст, 
Дарнасозад бо ту ин сангу ҳаҷар, 
Ин зи асбоби ҳазар, ту дар сафар. 
Ихтилоти хуфтаву бедор чист, 
Собитеро кор бо сайёр чист? 
Ҳақ заминро ҷуз матоъи мо нагуфт,
 Ин матоъи бебаҳо муфт аст, муфт. 
Деҳхудоё, нуктае аз ман пазир, 
Ризқу гўр аз вай бигир, ўро магир.
 Сўҳбаташ, то кай ту буду ў набуд,
 Ту вуҷуду ў намуди бевуҷуд. 
Ту уқобӣ, тоифи афлок шав, 
Болу пар бикшову пок аз хок шав. 
Ботини "аларзу лиллаҳзоҳир аст, 
Ҳар кӣ ин зоҳир набинад кофир аст! 
Ман нагўям даргузар аз коху кўй, 
Давлати туст ин ҷаҳони рангу бўй.  
Дона-дона гавҳар аз хокаш бигир, 
Сайд чун шоҳин зи афлокаш бигир. 
Тешаи худро ба кўҳсораш бизан, 
Нуре аз худ гиру бар нораш бизан. 
Аз тариқи озарӣ бегона бош, 
Бар муроди худ ҷаҳони нав тарош. 
Дил ба рангу бўю коху кў мадеҳ, 
Дил ҳарими ўст, ҷуз бо ў мадеҳ. 
Мурдани бебаргу бе гўру кафан, 
Гум шудан дар нуқраву фарзанду зан. 
Ҳар кӣ ҳарфи "лоиллаҳ" азбар кунад, 
Оламеро гум ба хеш андар кунад. 
Фақр ҷўъу рақсу урёнӣ куҷост?! 
Фақр султонист, раҳбонӣ куҷост?! 


Ҳикмат хайри касир аст 

Гуфт ҳикматро Худо хайри касир, 
Ҳар куҷо ин хайрро бинӣ, бигир. 
Илм ҳарфу савтро шаҳпар диҳад,
 Покии гавҳар ба ногавҳар диҳад.
 Илмро бар авҷи афлок аст раҳ, 
То зи чашми меҳр баркандад нигаҳ.
 Нусхаи ў нусхаи тафсири кул, 
Бастаи тадбири ў тақдири кул. 
Даштро гўяд ҳубобе деҳ, диҳад, 
Баҳрро гўяд саробе деҳ, диҳад! 
Чашми ў бар воридоти коинот, 
То бубинад мўҳкамоти коинот. 
Дил агар бандад ба Ҳақ, пайғамбарист 
В-ар зи Ҳақ бегона гардад, кофирист. 
Илмро бе сўзи дил хонӣ, шар аст, 
Нури ў торикии баҳру бар аст. 
Оламе аз ғози ў кўру кабуд, 
Фарвадинаш баргрези ҳасту буд. 
Баҳру дашту кўҳсору боғу роғ 
Аз бами тайёраи ў доғ-доғ. 
Синаи Афрангро норӣ аз ўст, 
Лаззати шабхуну ялғорӣ аз ўст. 
Сайри вожунӣ диҳад айёмро, 
Мебарад сармояи ақвомро. 
Қувваташ Иблисро ёрӣ шавад, 
Нур нор аз сўҳбати норӣ шавад. 
Куштани Иблис коре мушкил аст, 
3-он ки ў гум андар аъмоқи дил аст. 
Хуштар он бошад мусалмонаш кунӣ, 
Куштаи шамшери Қуръонаш кунӣ. 
Аз ҷалоли беҷамолӣ аламон, 
Аз фироқи бевисолӣ аламон! 
Илм бе ишқ аст аз тоғутиён,
 Илм бо ишқ аст аз лоҳутиён. 
Бе муҳаббат илму ҳикмат мурдае, 
Ақл тире, бар ҳадаф нохўрдае. 
Кўрро бинанда аз дидор кун, 
Булаҳабро Ҳайдари Каррор кун! 

KUHISTONI _, 03-10-2012 22:31 (ссылка)

ЧАВОНМАРДЕ,КИ ХУДРО ФОШ БИНАД...

Ба Номи Худованди бахшанда ва меҳрубон



Паёми Форуқ 

Ту эй боди биёбон, аз Араб хез, 
Зи Нили мисриён мавҷе барангез. 
Бигў Форуқро пайғоми Форуқ, 
Ки худ дар фақру султонӣ биёмез.

 Хилофат фақр бо тоҷу сарир аст, 
Зиҳӣ давлат, ки поённопазир аст. 
Ҷавонбахто, мадеҳ аз даст ин фақр, 
Ки ў бе подшоҳӣ зудмир аст. 

Ҷавонмарде, ки худро фош бинад, 
Ҷаҳони кўҳнаро боз офаринад, 
Ҳазорон анҷуман андар тавофаш,
 Ки ў бо хештан хилват гузинад. 

Ба рўйи ақлу дил бикшоӣ ҳар дар, 
Бигир аз пири ҳар майхона соғар. 
"Дар он кўш аз ниёзи синапарвар, 
Ки бо ман пок дорӣ, остин тар". 

Хунук он миллате бар худ расида,
Зи дарди ҷустуҷў ноорамида. 
Дурахши ў таҳи ин нилгун чарх 
Чу теғе аз миён берун кашида. 

Чӣ хуш зад турки маллоҳе суруде, 
Рухи ў аҳмаре, чашмаш кабуде:
 "Ба дарё гар гиреҳ афтад ба корам,
 Ба ҷуз тўфон намехоҳам кушуде". 

Ҷаҳонгире ба хоки мо сириштанд, 
Имомат дар ҷабини мо навиштанд. 
Даруни хеш бингар он ҷаҳонро, 
Ки тухмаш дар дили Форуқ киштанд. 

Касе, к-ў донад асрори яқинро, 
Якибин мекунад чашми дубинро. 
Биёмезанд чун нури ду қандил, 
Маяндеш ифтироқи мулку динро. 


Мусалмоне, ки худро имтиҳон кард, 
Ғубори роҳи худро осмон кард. 
Шарори шавқ агар дорӣ, нигаҳ дор, 
Ки бо вай офтобе метавон кард. 


Шуъарои араб 

Бигў аз ман навохони арабро, 
Баҳои кам ниҳодам лаъли лабро.
 Аз он нуре, ки аз Қуръон гирифтам,
 Саҳар кардам саду сисола шабро. 

Ба ҷонҳо офаридам ҳою ҳўро,
 Кафи хоке шумурдам коху кўро. 
Шавад рўзе ҳарифи баҳри пуршўр
 Зи ошўбе, ки додам оби ҷўро. 

Ту ҳам бигзор он суратнигорӣ, 
Маҷў ғайр аз замири хеш ёрӣ. 
Ба боғи мо баровардӣ пару бол, 
Мусалмонро бидеҳ сўзе, ки дорӣ.

 Ба хоки мо диле, дар дил ғаме ҳаст, 
Ҳанўз ин кўҳна шохеро наме ҳаст. 
Ба афсуни ҳунар он чашма бикшой, 
Даруни ҳар мусалмон Замзаме ҳаст. 


Мусалмон бандаи мавлосифот аст, 
Дили ў сирре аз асрори зот аст. 
Ҷамолаш ҷуз ба нури Ҳақ набинӣ, 
Ки аслаш дар замири коинот аст. 


Бидеҳ бо хоки ў он сўзу тобе, 
Ки зояд аз шаби ў офтобе. 
Наво он зан, ки аз файзи ту ўро 
Дигар бахшанд завқи инқилобе. 


Мусалмонӣ ғами дил бархаридан,
 Чу симоб аз тапи ёрон тапидан, 
Ҳузури миллат аз худ даргузаштан,
 Дигар бонги "Аналмиллат" кашидан.
 

Касе, к-ў фош дид асрори ҷонро, 
Набинад ҷуз ба чашми худ ҷаҳонро. 
Навое офарин дар синаи хеш, 
Баҳоре метавон кардан хазонро. 


Нигаҳ дор он чӣ дар обу гили туст, 
Сурури сўзу мастӣ ҳосили туст.
 Тиҳӣ дидам сабўи ину онро, 
Майи боқӣ ба минои дили туст. 


Шаби ин кўҳу дашти синатобе,
 На дар вай мурғаке, не мавҷи обе. 
Нагардад равшан аз қандили раҳбон, 
Ту медонӣ, ки бояд офтобе. 


Накў мехон хати симои худро, 
Ба даст овар раги фардои худро.
 Чу ман по дар биёбони Ҳарам неҳ,  
Ки бинӣ андар ў паҳнои худро. 







KUHISTONI _, 26-09-2012 21:05 (ссылка)

ҲАР КИ РАМЗИ МУСТАФО ФАХМИДААСТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


ДАР МАЪНИИ ИН КИ ЯЪСУ ҲУЗНУ ХАВФ 
УММУЛХАБОИС АСТ ВА ҚОТЕЪИ ҲАЁТ 
ВА ТАВҲИД ИЗОЛАИ ИН АМРОЗИ ХАБИСА МЕКУНАД 

Маргро сомон зи қатъи орзуст, 
Зиндагонӣ маҳкам аз "ло тақнату"ст. 
То умед аз орзуи пайҳам аст, 
Ноумедӣ зиндагониро сам аст. 
Ноумедӣ ҳамчу гўр афшорадат,
 Гарчи Алвандӣ, зи по меорадат. 
Нотавонӣ бандаи эҳсони ў, 
Номуродӣ бастаи домони ў. 
Зиндагиро яъс хобовар бувад, 
Ин далели сустии унсур бувад. 
Чашми ҷонро сурмааш аъмо кунад, 
Рўзи равшанро шаби ялдо кунад. 
Аз дамаш мирад қувои зиндагӣ, 
Хушк гардад чашмаҳои зиндагӣ.
 Хуфта бо ғам дар таҳи як чодар аст, 
Ғам раги ҷонро мисоли наштар аст. 
Эй, ки дар зиндони ғам бошӣ асир, 
Аз Набӣ таълими "ло таҳзан" бигир. 
Ин сабақ Сиддиқро сиддиқ кард, 
Сархуш аз паймонаи таҳқиқ кард.  
Аз ризо муслим мисоли кавкаб аст, 
Дар раҳи ҳастӣ табассум дар лаб аст. 
Гар Худо дорӣ, зи ғам озод шав,
 Аз хаёли бешу кам озод шав. 
Қуввати имон ҳаёт афзоядат,
 Вирди "ло хавфун алайҳим" боядат. 
Чун Калиме сўи Фиръавне равад,
 Қалби ў аз "лотахаф" маҳкам шавад. 
Бими ғайриллаҳ амалро душман аст, 
Корвони зиндагиро раҳзан аст.
 Азми маҳкам мумкинотандеш аз ў, 
Ҳиммати олӣ таъаммулкеш аз ў. 
Тухми ў чун дар гилат худро нишонд,
 Зиндагӣ аз худнамоӣ боз монд. 
Фитрати ў тангтобу созгор,
 Бо дили ларзону дасти раъшадор. 
Дуздад аз по тоқати рафторро,
 Мерабояд аз димоғ афкорро. 
Душманат тарсон агар бинад туро, 
Аз хиёбонат чу гул чинад туро. 
Зарби теғи ў қавитар мефитад, 
Ҳам нигоҳаш мисли ханҷар мефитад.
 Бим чун банд аст андар пои мо,
 Варна сад сел аст дар дарёи мо. 
Барнамеояд агар оҳанги ту, 
Нарм аз бим аст тори чанги ту. 
Гўштобаш деҳ, ки гардад нағмахез,
 Бар фалак аз нола орад растхез. 
Бим ҷосусест аз иқлими марг, 
Андарунаш тира мисли муми марг. 
Чашми ў барҳамзани кори ҳаёт, 
Гўши ў бузгири ахбори ҳаёт. 
Ҳар шари пинҳон, ки андар қалби туст, 
Асли ў бим аст, агар бинӣ дуруст. 
Лобаву маккориву кину дурўғ, 
Ин ҳама аз хавф мегирад фурўғ.
 Пардаи зўри риё пироҳанаш 
Фитнаро оғўши модар доманаш. 
3-он ки аз ҳиммат набошад устувор,
 Мешавад хушнуд бо носозгор. 
Ҳар кӣ рамзи Мустафо фаҳмидааст, 
Ширкро дар хавфи музмар дидааст. 


МУҲОВАРАИ ТИРУ ШАМШЕР 


Сирри Ҳақ тир аз лаби сўфор гуфт,
 Теғро дар гармии пайкор гуфт: 
Эй париҳо ҷавҳар андар Қофи ту, 
Зулфиқори Ҳайдар аз аслофи ту. 
Қуввати бозуи Холид дидаӣ, 
Шомро бар сар шафақ пошидаӣ.
 Оташи қаҳри Худо сармояат, 
Ҷаннату-л-фирдавс зери сояат. 
Дар ҳавоям ё миёни таркашам,  
Ҳар куҷо бошам, саропо оташам.
 Аз камон оям чу сўйи сина ман, 
Нек мебинам ба тўи сина ман.
 Гар набошад дар миён қалби салим, 
Фориғ аз андешаҳои яъсу бим. 
Чок-чок аз нўки худ гардонамаш,
 Нимае аз мавҷи хун пўшонамаш.
 В-ар сафои ў зи қалби мўъмин аст,
 Зоҳираш равшан зи нури ботин аст. 
Аз тафи ў об гардад ҷони ман, 
Ҳамчу шабнам мечакад пайкони ман. 


ҲИКОЯТИ ШЕРУ ШАҲАНШОҲ ОЛАМГИР 
РАҲМАТУЛЛОҲУ АЛАЙҲ 


Шоҳи Оламгири гардуностон, 
Эьтибори дудмони Курагон. 
Пояи исломиён бартар аз ў 
Эҳтироми шаръи пайғамбар аз ў. 
Дар миёни корзори куфру дин, 
Тиркаши моро хаданги охирин. 
Тухми илҳоде, ки Акбар парварид, 
Боз андар фитрати Доро дамид. 
Шамъи дил дар синаҳо равшан набуд,
 Миллати мо аз фасод эман набуд. 
Ҳақ гузид аз Ҳинд Оламгирро,
 Он фақири соҳиби шамшерро. 
Аз пайи эҳёи дин маъмур кард, 
Баҳри таҷдиди яқин маъмур кард.
 Барқи теғаш хирмани илҳод сўхт, 
Шамъи дил дар маҳфили мо барфурўхт. 
Кўрзавқон достонҳо сохтанд, 
Вусъати идроки ў нашнохтанд. 
Шўълаи тавҳидро парвона буд, 
Чун Бароҳим андар ин бутхона буд. 
Дар сафи шоҳаншаҳон яктостӣ, 
Фарқи ў аз турбаташ пайдостӣ. 
Рўзе он зебандаи тоҷу сарир, 
Он сипаҳдору шаҳаншоҳу фақир, 
Субҳгоҳон шуд ба сайри бешае,
 Бо парасторе, вафоандешае. 
Сархуш аз кайфияти боди саҳар, 
Тоирон тасбеҳхон бар ҳар шаҷар. 
Шоҳи рамзогоҳ шуд маҳви намоз, 
Хайма барзад дар ҳақиқат аз маҷоз. 
Шери нар омад падид аз тарфи дашт, 
Аз хурўши ў фалак ларзанда гашт. 
Бўйи инсон додаш аз инсон хабар, 
Панҷа Оламгирро зад бар камар. 
Дасти шаҳ нодида ханчар баркашид,
 Шарзашереро шикам аз ҳам дарид. 
Дил ба худ роҳе надод андешаро, 
Шери қолин кард шери бешаро. 
Боз сўйи Ҳақ рамид он носабур, 
Буд меьроҷаш намози боҳузур. 
Инчунин дил худнамову худшикан 
Дорад андар синаи мўъмин ватан. 
Бандаи Ҳақ пеши мавлоностӣ, 
Пеши ботил аз наъам барҷостӣ. 
Ту ҳам, эй нодон, диле овар ба даст, 
Шоҳидеро маҳмиле овар ба даст. 
Хешро дарбозу худро боз гир, 
Дом густар аз ниёзу ноз гир.
 Ишқро оташ занӣ, андеша кун, 
Рўбаҳи Ҳақ бошу шерӣ пеша кун. 
Хавфи Ҳақ унвони имон асту бас, 
Хавфи ғайр аз ширк пинҳон асту бас. 

KUHISTONI _, 20-09-2012 22:12 (ссылка)

МО МУСАЛМОНЕМУ АВЛОДИ ХАЛИЛ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон





ТАМҲИД 
ДАР МАЪНИИ РАБТИ ФАРДУ МИЛЛАТ 

Фардро рабти ҷамоъат раҳмат аст, 
Ҷавҳари ўро камол аз миллат аст. 
То тавонӣ, бо ҷамоъат ёр бош, 
Равнақи ҳангомаи аҳрор бош. 
Ҳирзи ҷон кун гуфтаи Хайру-л-башар, 
Ҳаст шайтон аз ҷамоъат дуртар. 
Фарду қавм ойинаи якдигаранд, 
Силку гавҳар Каҳкашону ахтаранд. 
Фард мегирад зи миллат эҳтиром, 
Миллат аз афрод меёбад низом. 
Фард то андар ҷамоъат гум шавад, 
Қатраи вусъатталаб қулзум шавад. 
Моядори сирати дерина ў, 
Рафтаву ояндаро ойина ў. 
Васли истиқболу мозӣ зоти ў, 
Чун абад лоинтиҳо авқоти ў. 
Дар дилаш завқи нумў аз миллат аст, 
Эҳтисоби кори ў аз миллат аст. 
Пайкараш аз қавму ҳам ҷонаш зи қавм,
 Зоҳираш аз қавму пинҳонаш зи қавм. 
Дар забони қавм гўё мешавад, 
Бар раҳи аслоф пўё мешавад. 
Пухтатар аз гармии сўҳбат шавад, 
То ба маънӣ фард ҳам миллат шавад. 
Ваҳдати ў мустақим аз касрат аст, 
Касрат андар ваҳдати ў ваҳдат аст. 
Лафз чун аз байти худ берун нишаст,  
Гавҳари мазмун ба ҷайби худ шикаст. 
Барги сабзе, к-аз ниҳоли хеш рехт, 
Аз баҳорон тори уммедаш гусехт. 
Ҳар ки об аз Замзами миллат нахурд, 
Шўълаҳои нағма дар удаш фусурд. 
Фарди танҳо аз мақосид ғофил аст, 
Қувваташ ошуфтагиро моил аст. 
Қавм бо забт ошно гардонадаш, 
Нармрав мисли сабо гардонадаш. 
По ба гул монанди шамшодаш кунад, 
Дасту по бандад, ки озодаш кунад. 
Чун асири ҳалқаи ойин шавад, 
Оҳуи рамхўи ў мушкин шавад. 
Ту худӣ аз бехудӣ нашнохтӣ, 
Хешро андар гумон андохтӣ. 
Ҷавҳари нурест андар хоки ту, 
Як шўъояш ҷилваи идроки ту. 
Айшат аз айшаш, ғами ту аз ғамаш, 
Зиндаӣ аз инқилоби ҳар дамаш. 
Воҳид асту барнаметобад дуӣ, 
Ман зи тоби ў ман астам, ту-туӣ. 
Хешдору хешбозу хешсоз, 
Нозҳо мепарварад андар ниёз. 
Оташе аз сўзи ў гардад баланд, 
Ин шарар бар шўъла андозад каманд. 
Фитраташ озоду ҳам занҷирӣ аст, 
Ҷузви ўро қуввати кулгирӣ аст. 
Хўгари пайкори пайҳам дидамаш, 
Ҳам худӣ, ҳам зиндагӣ номидамаш. 
Чун зи хилват хешро берун диҳад, 
Пой дар ҳангомаи ҷилват ниҳад. 
Нақшгир андар дилаш "ў" мешавад,
 "Ман" зи ҳам мерезаду "ту" мешавад. 
Ҷабр қатъи ихтиёраш мекунад, 
Аз муҳаббат моядораш мекунад. 
Ноз то ноз аст, кам хезад ниёз, 
Нозҳо созад ба ҳам, хезад ниёз. 
Дар ҷамоъат худшикан гардад худӣ, 
То зи гул барги чаман гардад худӣ. 
"Нуктаҳо ҷун теғи пўлод аст тез, 
Гар намефаҳмӣ, зи пеши мо гурез".*
--------------------------------------------------------------

* Аз Мавлои Рум аст. 





ДАР МАЪНИИ ИН КИ МИЛЛАТ АЗ ИХТИЛОТИ АФРОД ПАЙДО МЕШАВАД ВА ТАКМИЛИ ТАРБИЯТИ Ў АЗ НУБУВВАТ АСТ 

Аз чӣ рў барбаста рабти мардум аст, 
Риштаи ин достон сардаргум аст. 
Дар ҷамоъат фардро бинем мо, 
Аз чаман ўро чу гул чинем мо. 
Фитраташ ворафтаи яктоӣ аст, 
Ҳифзи ў аз анҷуманороӣ аст. 
Сўзадаш дар шоҳроҳи зиндагӣ, 
Оташе овард гоҳи зиндагӣ. 
Мардумон хўгар ба якдигар шаванд, 
Суфта дар як ришта чун гавҳар шаванд. 
Дар набарди зиндагӣ ёри ҳаманд,
 Мисли ҳамкорон гирифтори ҳаманд. 
Маҳфили анҷум зи ҷазбе бо ҳам аст, 
Ҳастии кавкаб зи кавкаб маҳкам аст. 
Хаймагоҳи корвон кўҳу ҷабал, 
Марғзору домани саҳрову тал. 
Сусту беҷон тору пуди кори ў, 
Нокушуда ғунчаи пиндори ў. 
Сози барқ оҳанги ў нанвохта, 
Нағмааш дар парда нопардохта.
 Гў: шамоли ҷустуҷў нохўрдаӣ, 
Захмҳои орзў нохўрдаӣ. 
Нобасомон маҳфили навзодааш, 
Метавон бо пунба чидан бодааш. 
Навдамида сабзаи хокаш ҳанўз, 
Сардхун андар раги токаш ҳанўз. 
Манзили деву парӣ андешааш, 
Аз гумони худ рамидан пешааш.
 Тангмайдон ҳастии хомаш ҳанўз, 
Фикри ў зери лаби бомаш ҳанўз. 
Бими ҷон сармояи обу гилаш, 
Ҳам зи боди тунд меларзад дилаш. 
Ҷони ў аз сахткўшӣ рам занад,  
Панҷа дар домони фитрат кам занад. 
Ҳар чӣ аз худ медамад, бардорадаш, 
Ҳар чӣ аз боло фитад, бардорадаш. 
То Худо соҳибдиле пайдо кунад,
 К-ў зи ҳарфе дафтаре имло кунад. 
Сози пардозе, ки аз овозае,
 Хокро бахшад ҳаёти тозае. 
Зарраи бемоя хў гирад аз ў, 
Ҳар матоъе арҷи нав гирад аз ў. 
Зинда аз як дам дусад пайкар кунад. 
Маҳфиле рангин зи як соғар кунад. 
Дидаи ў мекашад лаб, ҷон дамад, 
То дуӣ мирад, якӣ пайдо шавад. 
Риштааш, к-ў бар фалак дорад саре, 
Пораҳои зиндагиро ҳамгаре. 
Тозаандози назар пайдо кунад, 
Гулситон дар дашту дар пайдо кунад. 
Аз тафи ў миллате мисли сипанд, 
Барҷаҳад шўрафкану ҳангомабанд. 
Як шарар меафканад андар дилаш, 
Шўълаи даргир мегардад гилаш.
 Нақши пояш хокро бино кунад, 
Зарраро чашмакзани Сино кунад. 
Ақли урёнро диҳад перояе, 
Бахшад ин бемояро сармояе.
 Домани худ мезанад бар ахгараш,  
Ҳар чӣ ғаш бошад, рабояд аз зараш. 
Бандҳо аз по кушояд бандаро, 
Аз худовандон рабояд бандаро. 
Гўядаш: ту бандаи дигар наӣ,
 3-ин бутони безабон камтар наӣ. 
То сўи як муддаъояш мекашад, 
Ҳалқаи ойин ба пояш мекашад. 
Нуқтаи тавҳид боз омўзадаш, 
Расму ойини ниёз омўзадаш. 



АРКОНИ АСОСИИ МИЛЛИЯИ ИСЛОМИЯ 
РУКНИ АВВАЛ: -ТАВҲИД 

Дар ҷаҳони кайфу кам гардид ақл, 
Пай ба манзил бурд аз тавҳид ақл.
 Варна ин бечораро манзил куҷост, 
Киштии идрокро соҳил куҷост. 
Аҳли Ҳақро рамзи тавҳид азбар аст 
Дар "атӣр Раҳмони абдан" музмар аст. 
То зи асрори ту бинмояд туро, 
Имтиҳонаш аз амал бояд туро. 
Дин аз ў, ҳикмат аз ў, ойин аз ў, 
Зўр аз ў, қувват аз ў, тамкин аз ў. 
Олимонро ҷилвааш ҳайрат диҳад, 
Ошиқонро бар амал қудрат диҳад. 
Паст андар сояаш гардад баланд, 
Хок чун иксир гардад арҷманд.  
Қудрати ў баргузинад бандаро, 
Навъи дигар офаринад бандаро. 
Дар раҳи Ҳақ тезтар гардад тагаш, 
Гармтар аз барқ хун андар рагаш. 
Биму шак мирад, амал гирад ҳаёт, 
Чашм мебинад замири коинот. 
Чун мақоми "абдуҳу" маҳкам шавад, 
Косаи дарюза ҷоми Ҷам шавад. 
Миллати байзо тану ҷон "ло илаҳ," 
Сози моро пардагардон "ло илаҳ." 
"Ло илаҳсармояи асрори мо, 
Риштааш шерозаи афкори мо. 
Ҳарфаш аз лаб чун бадал ояд ҳаме, 
Зиндагиро қувват афзояд ҳаме. 
Нақши ў гар санг гирад, дил шавад, 
Дил гар аз ёдаш масўзад, гил шавад. 
Чун дил аз сўзи ғамаш афрўхтем, 
Хирмани имкон зи оҳе сўхтем. 
Оби дилҳо дар миёни синаҳо, 
Сўзи ў бигдохт ин ойинаҳо. 
Шўьлааш чун лола дар рагҳои мо, 
Нест ғайр аз доғи ў колои мо. 
Асвад аз тавҳид аҳмар мешавад, 
Хеш Форуқу Абузар мешавад. 
Дил мақоми хешию бегонагист, 
Шавқро мастӣ зи ҳампаймонагист.
 Миллат аз якрангии дилҳостӣ,  
Равшан аз як ҷилва ин Синостӣ. 
Қавмро андешаҳо бояд яке, 
Дар замираш муддаъо бояд яке. 
Ҷазба бояд дар сиришти ў яке, 
Ҳам аёри хубу зишти ў яке. 
Гар набошад сўзи Ҳақ дар сози фикр, 
Нест мумкин инчунин андози фикр. 
Мо мусалмонему авлоди Халил, 
Аз "абикум" гир, агар хоҳӣ далил.
 Бо ватан вобаста тақдири умам,
 Бар насаб бунёди таъмири умам. 
Асли миллат дар ватан дидан, ки чӣ, 
Боду обу гил парастидан, ки чӣ. 
Бар насаб нозон шудан нодонӣ аст, 
Ҳукми ў андар тану тан фонӣ аст.
 Миллати моро асоси дигар аст, 
Ин асос андар дили мо музмар аст. 
Ҳозирему дил ба ғойиб бастаем, 
Пас зи банди ину он ворастаем. 
Риштаи ин қавм мисли анҷум аст, 
Чун нигаҳ ҳам аз нигоҳи мо гум аст. 
Тири хушпайкони як кешем мо, 
Якнамо, якбин, якандешем мо. 
Муддаъои мо, маоли мо якест, 
Тарзи андози хаёли мо якест. 
Мо зи неъматҳои ў ихвон шудем, 
Якзабону якдилу якҷон шудем. 

Метки: ТАМХИД

Sabohat Safarova, 16-09-2012 14:33 (ссылка)

Такя бар хуччату эъчози баён низ кунанд

Такя бар хуччату эъчози баён низ кунанд,
Кори Хак гох ба шамшеру синон низ кунанд.
Гох бошад,ки тихи хирка зирех мепушанд,
Ошикон бандаи холанду чунон низ кунанд.
Чун чахон кухна шавад,пок бисузанд уро,
В-аз хамон обу гил эчоди чахон низ кунанд.
Хама сармояи худро ба нигохе бидиханд,
Ин чи кавмест,ки савдо ба зиён низ кунанд.
Он чи аз мавчи хаво бо пари кохе карданд,
Ачабе нест,ки бо кухи гарон низ кунанд.
Ишк монанди матоъест ба бозори хаёт,
Гох арзон бифурушанду гарон низ кунанд.
То ту бедор шави,нола кашидам в-арна,
Ишк корест,ки бе оху фигон низ кунанд.

Sabohat Safarova, 16-09-2012 14:19 (ссылка)

Бурун з-ин гунбади дарбаста пайдо кардаам рохе,

Бурун з-ин гунбади дарбаста пайдо кардаам рохе,
Ки аз андеша бартар мепарад охи сахаргохе.
Ту,эй шохин,нишеман дар чаман карди,аз он тарсам,
Хавои у ба боли ту дихад парвози кутохе.
Губоре гаштаи,осуда натвон зистан ин чо,
Ба ёди субхдам дарпечу маншин бар сари рохе.
Зи чуйи Кахкашон бигзар,зи Нили Осмон бигзар,
Зи манзил дил бимирад,гарчи бошад манзили мохе.
Агар з-он барки бепарво даруни у тихи гардад,
Ба чашмам кухи Сино менаярзад бо пари кохе!
Чи сон одоби махфилро нигах доранду месузанд,
Мапурс аз мо шахидони нигохе бар сари рохе.
Пас аз ман шеъри ман хонанду дарёбанду мегуянд:
Чахонеро дигаргун кард як марди худогохе.

KUHISTONI _, 15-09-2012 22:18 (ссылка)

ТО ЗИ ХОКАТ ЛОЛАЗОР ОЯД ПАДИД

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


РУМУЗИ БЕХУДӢ 

Ҷаҳд кун, дар бехудӣ худро биёб, 
Зудтар "валлоҳу аълам биссавоб. " 
Мавлонои Рум 

ПЕШКАШ БА ҲУЗУРИ МИЛЛАТИ ИСЛОМИЯ 

Мункир натавон гашт, огар дам занам аз ишқ, 
Ин нашъа ба ман нест, агар бо дигаре ҳаст
Урфӣ 


Эй туро Ҳақ хотами ақвом кард, 
Бар ту ҳар оғозро анҷом кард. 
Эй мисоли анбиё покони ту, 
Ҳамгари дилҳо ҷигарчокони ту.
 Эй назар бар ҳусни тарсозодае, 
Эй зи роҳи Каъба дурафтодае. 
Эй фалак мушти ғубори кўи ту, 
"Эй тамошогоҳи олам рўи ту" 
Ҳамчу мавҷ оташ таҳи по меравӣ, 
"Ту куҷо баҳри тамошо меравӣ?"  
Рамзи сўз омўз аз парвонае, 
Дар шарар таъмир кун кошонае. 
Тарҳи ишқ андоз андар ҷони хеш, 
Тоза кун бо Мустафо паймони хеш. 
Хотирам аз сўҳбати тарсо гирифт,
 То ниқоби рўйи ту боло гирифт. 
Ҳамнаво аз ҷилваи ағёр гуфт, 
Достони гесўву рухсор гуфт. 
Бар дари соқӣ ҷабин фарсуд ў, 
Қиссаи муғзодагон паймуд ў. 
Ман шаҳиди теғи абрўи туям, 
Хокаму осудаи кўи туям. 
Аз ситоишгустарӣ болотарам, 
Пеши ҳар девон фурў н-ояд сарам. 
Аз сухан ойинасозам кардаанд, 
В-аз Сикандар бениёзам кардаанд. 
Бори эҳсон барнатобад гарданам, 
Дар гулистон ғунча гардад доманам. 
Сахткўшам мисли ханҷар дар ҷаҳон, 
Оби худ мегирам аз санги гарон. 
Гарчи баҳрам, мавҷи ман бетоб нест,
 Бар кафи ман косаи гирдоб нест. 
Пардаи рангам, шамиме нестам,
 Сайди ҳар мавҷи насиме нестам. 
Дар шарорободи ҳастӣ ахгарам, 
Хилъате бахшад маро хокистарам. 
Бар дарат ҷонам ниёз овардааст, 
Ҳадяи сўзу гудоз овардааст. 
З-осмони обгун ям мечакад, 
Бар дили гармам дамодам мечакад.
 Ман зи ҷў бориктар месозамаш,
 То ба саҳни гулшанат андозамаш. 
З-он ки ту маҳбуби ёри мостӣ, 
Ҳамчу дил андар канори мостӣ. 
Ишқ то тарҳи фиғон дар сина рехт, 
Оташи ў аз дилам ойина рехт. 
Мисли гул аз ҳам шикофам синаро, 
Пеши ту овезам ин ойинаро. 
То нигоҳе афканӣ бар рўи хеш, 
Мешавӣ занҷирии гесўи хеш. 
Боз хонам қиссаи поринаат, 
Тоза созам доғҳои синаат. 
Аз пайи қавме зи худ номаҳраме
 Хостам аз Ҳақ ҳаёти маҳкаме. 
Дар сукути нимашаб нолон будам, 
Олам андар хобу ман гирён будам. 
Ҷонам аз сабру сукун маҳрум буд, 
Вирди ман "ё ҳайю ё қайюм" буд. 
Орзуе доштам, хун кардамаш, 
То зи роҳи дида берун кардамаш. 
Сўхтан чун лола пайҳам то куҷо? 
Аз саҳар дарюзи шабнам то куҷо? 
Ашки худ бар хеш мерезам чу шамъ, 
Бо шаби ялдо даровезам чу шамъ. 
Ҷилваро афзудаму худ костам, 
Дигаронро маҳфиле оростам. 
Як нафас фурсат зи сўзи сина нест, 
Ҳафтаам шармандаи одина нест. 
Ҷонам андар пайкари фарсудае, 
Ҷилваи оҳест гардолудае. 
Чун маро субҳи азал Ҳақ офарид, 
Нола дар абрешими удам тапид. 
Нолае ифшогари асрори ишқ, 
Хунбаҳои ҳасрати гуфтори ишқ. 
Фитрати оташ диҳад хошокро, 
Шўхии парвона бахшад хокро. 
Ишқро доғе мисоли лола бас, 
Дар гиребонаш гули як нола бас.
 Ман ҳамин як гул ба дасторат занам, 
Маҳшаре бар хоби саршорат занам. 
То зи хокат лолазор ояд падид, 
Аз дамат боди баҳор ояд падид. 

KUHISTONI _, 12-09-2012 21:51 (ссылка)

ДАР ДИЛИ ХУД ОЛАМИ ДИГАР НИГАР......

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон




АЛВАҚТУ САЙФУН



Сабз бодо хоки поки Шофеъӣ, 
Оламе сархуш зи токи Шофеъӣ. 
Фикри ў кавкаб зи гардун чидааст, 
Сайфи буррон вақтро номидааст. 
Ман чӣ гўям сирри ин шамшер чист, 
Оби ў сармоядор аз зиндагист. 
Соҳибаш болотар аз уммеду бим, 
Дасти у байзотар аз дасти Калим. 
Санг аз як зарбати ў тар шавад, 
Баҳр аз маҳрумии нам бар шавад. 
Дар кафи Мўсо ҳамин шамшер буд, 
Кори ў болотар аз тадбир буд. 
Синаи дарёи Аҳмар чок кард, 
Қулзумеро хушк мисли хок кард. 
Панҷаи Ҳайдар, ки Хайбаргир буд, 
Қуввати ў аз хамин шамшер буд. 
Гардиши гардуни гардон диданист, 
Инқилоби рўзу шаб фаҳмиданист, 
Эй асири душу фардо, дарнигар, 
Дар дили худ олами дигар нигар. 
Дар гили худ тухми зулмат коштӣ. 
Вақтро мисли хате пиндоштӣ. 
Боз бо паймонаи лайлу наҳор 
Фикри ту паймуд тўли рўзгор. 
Сохтӣ ин риштаро зуннори дўш,
 Гаштаӣ мисли бутон ботилфурўш. 
Кимиё будиву мушти гил шудӣ, 
Сирри Ҳақ зоидиву ботил шудӣ. 
Муслимӣ? Озоди ин зуннор бош, 
Шамъи базми миллати аҳрор бош.  
Ту, ки аз асли замон огаҳ наӣ, 
Аз ҳаёти ҷовидон огаҳ наӣ. 
То куҷо дар рўзу шаб бошӣ асир,
 Рамзи вақт аз "лӣ маъаллаҳёд гир. 
Ину он пайдост аз рафтори вақт, 
Зиндагӣ сиррест аз асрори вақт. 
Асли вақт аз гардиши хуршед нест, 
Вақт ҷовид асту хур ҷовид нест. 
Айшу ғам ошўру ҳам ид аст вақт, 
Сирри тоби моҳу хуршсд аст вақт. 
Вақтро мисли макон густурдаӣ, 
Имтиёзи дўшу фардо кардаӣ. 
Эй чу бў рам карда аз бустони хеш, 
Сохтӣ аз дасти худ зиндони хеш. 
Вақти мо, к-ў аввалу охир надид, 
Аз хиёбони замири мо дамид. 
Зинда аз ирфони аслаш зиндатар, 
Ҳастии ў аз саҳар тобандатар. 
Зиндагӣ аз даҳру даҳр аз зиндагист, 
"Ло тасубуддаҳр" фармони Набист. 
Нуктае мегўямат равшан чу дур,
 То шиносӣ имтиёзи абду ҳур. 
Абд гардад ёва дар лайлу наҳор, 
Дар дили ҳур ёва гардад рўзгор. 
Абд аз айём мебофад кафан, 
Рўзу шабро метанад бар хештан.  
Марди ҳур худро зи гил бар мекунад,
 Хешро бар рўзгорон метанад. 
Абд чун тоир ба доми субҳу шом, 
Лаззати парвоз бар ҷонаш ҳаром. 
Синаи озодаи чобукнафас, 
Тоири айёмро гардад қафас. 
Абдро таҳсили ҳосил фитрат аст, 
Воридоти ҷони ў бенудрат аст. 
Аз гаронхезӣ мақоми ў ҳамон, 
Нолаҳои субҳу шоми ў ҳамон. 
Дам ба дам навофарини кори ҳур, 
Нағма пайҳам тоза резад тори ҳур. 
Фитраташ заҳматкаши такрор нест, 
Ҷодаи ў халқаи паргор нест. 
Абдро айём занҷир асту бас, 
Бар лаби ў ҳарфи тақдир асту бас. 
Ҳиммати ҳур бо қазо гардад мушир, 
Ҳодисот аз дасти ў суратпазир.
 Рафтаву оянда дар мавҷуди ў, 
Дерҳо осуда андар зуди ў. 
Омад аз савту садо пок ин сухан, 
Дарнамеояд ба идрок ин сухан. 
Гуфтаму ҳарфам зи маънӣ шармсор, 
Шикваи маънӣ, ки бо ҳарфам чӣ кор?
 Зинда маънӣ чун ба ҳарф омад, бимурд,
 Аз нафасҳои ту нори ў фусурд. 
Нуктаи ғайбу ҳузур андар дил аст, 
Рамзи айёму мурур андар дил аст. 
Нағмаи хомўш дорад сози вақт, 
Ғўта дар дил зан, ки бинӣ рози вақт. 
Ёди айёме, ки сайфи рўзгор, 
Бо тавонодастии мо буд ёр. 
Тухми дин дар кишти дилҳо коштем, 
Парда аз рухсори Ҳақ бардоштем. 
Нохуни мо уқдаи дунё кушод,
 Бахти ин хок аз суҷуди мо кушод. 
Аз хуми Ҳақ бодаи гулгун задем,
 Бар куҳанмайхонаҳо шабхун задем. 
Эй майи дерина дар минои ту, 
Шиша об аз гармии саҳбои ту. 
Аз ғуруру нахвату кибру манӣ, 
Таъна бар нодории мо мезанӣ. 
Ҷоми мо ҳамзеби маҳфил будааст, 
Синаи мо соҳиби дил будааст. 
Асри нав аз ҷилваҳо ороста, 
Аз ғубори пойи мо бархоста. 
Кишти Ҳақ сероб гашт аз хуни мо, 
Ҳақпарастони ҷаҳон мамнуни мо. 
Олам аз мо соҳиби такбир шуд, 
Аз гили мо каъбаҳо таъмир шуд, 
Ҳарфи "Иқраъ" Ҳақ ба мо таълим кард, 
Ризқи хеш аз дасти мо тақсим кард. 
Гарчи рафт аз дасти мо тоҷу нигин, 
Мо, гадоёнро ба чашми кам мабин. 
Дар нигоҳи ту зиёнкорем мо, 
Кўҳнапиндорем мо, хорем мо. 
Эътибор аз "ло илаҳдорем мо. 
Ҳар ду оламро нигаҳдорем мо, 
Аз ғами имрўзу фардо растаем,
 Бо касе аҳди муҳаббат бастаем. 
Дар дили Ҳақ сирри макнунем мо, 
Вориси Мўсову Ҳорунем мо. 
Меҳру маҳ равшан зи тоби мо ҳанўз, 
Барқҳо дорад саҳоби мо ҳанўз. 
Зоти мо ойинаи зоти Ҳақ аст, 
Ҳастии муслим зи оёти Ҳақ аст. 




ДУЪО 




Эй чу ҷон андар вуҷуди оламӣ, 
Ҷони мо бошиву аз мо мерамӣ. 
Нағма аз файзи ту дар уди ҳаёт, 
Мавт дар роҳи ту маҳсуди ҳаёт. 
Боз таскини дили ношод шав, 
Боз андар синаҳо обод шав. 
Боз аз мо хоҳӣ нангу номро, 
Пухтатар кун ошиқони хомро. 
Аз муқаддар шикваҳо дорем мо, 
Нархи ту болову нодорем мо. 
Аз тиҳидастон рухи зебо мапўш, 
Ишқи Салмону Билол арзон фурўш. 
Чашми бехобу дили бетоб деҳ, 
Боз моро фитрати симоб деҳ. 
Ояте бинмо зи оёти мубин, 
То шавад аъноқи аъдо хозеъин. 
Кўҳи оташхез кун ин коҳро, 
3-оташи мо сўз ғайриллоҳро. 
Риштаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,
 Сад гиреҳ бар рўи кори мо фитод. 
Мо парешон дар ҷаҳон чун ахтарем, 
Ҳамдаму бегона аз якдигарем. 
Боз ин авроқро шероза кун,
 Боз ойини муҳаббат тоза кун. 
Боз моро бар ҳамон хидмат гумор,
 Кори худ бо ошиқони худ супор. 
Раҳравонро манзили таслим бахш, 
Қуввати имони Иброҳим бахш. 
Ишқро аз шуғли «ло» огоҳ кун, 
Ошнои рамзи «иллаллоҳ» кун.
 Ман, ки баҳри дигарон сўзам чу шамъ, 
Базми худро гиря омўзам чу шамъ. 
Ё Раб, он ашке, ки бошад дилфурўз, 
Беқарору музтару оромсўз. 
Корамаш дар боғу рўяд оташе, 
Аз қабои лола шўяд оташе. 
Дил ба дўшу дида бар фардостам,  
Дар миёни анҷуман танҳостам. 
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман, 
Аз даруни ман наҷуст асрори ман". 
Дар ҷаҳон, ё Раб, надими ман куҷост? 
Нахли Синоям, Калими ман куҷост? 
Золимам, бар худ ситамҳо кардаам, 
Шўълаеро дар бағал парвардаам. 
Шўълае, ғоратгари сомони ҳуш, 
Оташе афканда дар домони ҳуш.
 Ақлро девонагӣ омўхта, 
Илмро сомони ҳастӣ сўхта. 
Офтоб аз сўзи ў гардунмақом, 
Барқҳо андар тавофи ў мудом. 
Ҳамчу шабнам дидаи гирён шудам, 
То амини оташи пинҳон шудам. 
Шамъро сўзи аён омўхтам, 
Худ ниҳон аз чашми олам сўхтам. 
Шўълаҳо охир зи ҳар мўям дамид,
 Аз раги андешаам оташ чакид. 
Андалебам аз шарарҳо дона чид, 
Нағмаи оташмизоҷе офарид. 
Синаи асри ман аз дил холӣ аст,
 Метапад Маҷнун, ки маҳмил холӣ аст.
 Шамъро танҳо тапидан саҳл нест, 
Оҳ, як парвонаи ман аҳл нест. 
Интизори ғамгусоре то куҷо?  
Ҷустуҷўи роздоре то куҷо? 
Эй зи рўят моҳу анҷум мустанир,
 Оташи худро зи ҷонам боз гир.
 Ин амонат боз гир аз синаам, 
Хори ҷавҳар баркаш аз ойинаам. 
Ё маро як ҳамдами дерина деҳ, 
Ишқи оламсўзро ойина деҳ. 
Мавҷ дар баҳр аст, ҳампаҳлўйи мавҷ,
 Ҳаст бо ҳамдам тапидан хўйи мавҷ.
 Бар фалак кавкаб надими кавкаб аст, 
Моҳи тобон сар ба зонуи шаб аст. 
Рўз паҳлўи шаби ялдо занад, 
Хешро имрўз бар фардо занад. 
Ҳастии ҷўе ба ҷўе гум шавад, 
Мавҷаи боде ба бўе гум шавад. 
Ҳаст дар ҳар гўшаи вайрона рақс, 
Мекунад девона бо девона рақс. 
Гарчи ту дар зоти худ яктостӣ, 
Оламе аз баҳри хеш оростӣ. 
Ман мисоли лолаи саҳростам, 
Дар миёни маҳфиле танҳостам. 
Хоҳам аз лутфи ту ёре, ҳамдаме, 
Аз румузи фитрати ман маҳраме. 
Ҳамдаме, девонае, фарзонае, 
Аз хаёли ину он бегонае. 
То ба ҷони ў супорам хўи хеш,  
Боз бинам дар дили ў рўи хеш.
 Созам аз мушти гили худ пайкараш,
 Ҳам санам ўро шавам, ҳам озараш. 



KUHISTONI _, 07-09-2012 22:08 (ссылка)

МУФТИИ ДИНИ МУБИН ФАТВО ФУРӮХТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


АРЗИ МИР НАҶОТИ НАҚШБАНД АЛМАЪРУФ БА ВОБОИ САҲРОӣ, КИ БАРОИ МУСАЛМОНОНИ ҲИНДУСТОН РАҚАМ ФАРМУДААСТ 

Эй, ки мисли гул зи гил болидаӣ, 
Ту ҳам аз батни худӣ зоидаӣ.
 Аз худӣ магзар, бақоанҷом бош,
 Қатрае май бошу баҳрошом бош. 
Ту, ки аз нури худӣ тобандаӣ,
 Гар худӣ маҳкам кунӣ, пояндаӣ. 
Суд дар ҷайби ҳамин савдостӣ, 
Хоҷагӣ аз ҳифзи ин колостӣ. 
Ҳастиву аз нестӣ тарсидаӣ,
 Эй сарат гардам, ғалат фахмидаӣ! 
Чун хабар дорам зи сози зиндагӣ, 
Бо ту гўям чист рози зиндагӣ. 
Ғўта дар худ сурати гавҳар задан,
 Пас зи халватгоҳи худ сар бар задан. 
Зери хокистар шарор андўхтам,
 Шўъла гардидан, назарҳо сўхтан, 
Хонасўзи меҳнати чилсола шав, 
Тавфи худ кун, шўълаи ҷаввола шав. 
Зиндагӣ аз тавфи дигар рустан аст, 
Хешро Байтулҳарам донистан аст.
 Пар зану аз ҷазби хок озод бош,
 Ҳамчу тоир эмин аз афтод бош.
 Ту агар тоир наӣ, эй ҳўшманд, 
Бар сари ғор ошёни худ мабанд. 
Эй, ки бошӣ дар пайи касби улум,
 Бо ту мегўям паёми пири Рум. 
"Илмро бар тан занӣ, море бувад, 
Илмро бар дил занӣ, ёре бувад*".
Огаҳӣ аз қиссаи охунди Рум, 
Он ки дод андар Ҳалаб дарси улум. 
Пой дар занҷири тавҷеҳоти ақл, 
Киштияш тўфонии "зулмоти" ақл. 
Мўсии бегонаи Синои ишқ, 
Бехабар аз ишқу аз савдои ишқ. 
Аз ташаккук гуфту аз ишроқ гуфт 
В-аз ҳакам сад гавҳари тобанда суфт. 
Уқдҳои қавли машшоин кушуд, 
Нури фикраш ҳар хафиро во намуд.
 Гирду пешаш буд анбори кутуб, 
Вар лаби ў шарми асрори кутуб. 
Пири Табрезӣ зи иршоди Камол, 
Ҷуст роҳи мактаби Мулло Ҷалол. Гуфт: 
"Ин ғавғову қилу қол чист? 
Ин қиёсу ваҳму истиқлол чист?" 
Мавлавӣ фармуд: "Нодон, лаб бибанд, 
Бар мақолоти хирадмандон маханд. 
Пойи хеш аз мактабам берун гузор, 
Қилу қол аст ин, туро бо вай чӣ кор?
 Қоли мо аз фаҳми ту болотар аст, 
Шишаи идрокро равшангар аст." 
Сўзи Шамс аз гуфтаи Мулло фузуд, 
Оташе аз ҷони Табрезӣ кушуд. 
Бар замин барқи нигоҳи ў фитод, 
Хок аз сўзи дами ў шўъла зод. 
Оташи дил хирмани идрок сўхт, 
Дафтари он фалсафиро пок сўхт.
 Мавлавӣ бегона аз эъҷози ишқ, 
Ношиноси нағмаҳои сози ишқ. 
Гуфт: "Ин оташ чӣ сон афрўхтӣ? 
Дафтари арбоби ҳикмат сўхтӣ." 
Гуфт Шайх: "Эй муслими зуннордор,
 Завқу ҳол аст ин, туро бо вай чӣ кор?
 Ҳоли мо аз фикри ту болотар аст, 
Шўълаи мо кимиёи аҳмар аст. 
Сохтӣ аз барфи ҳикмат созу барг, 
Аз саҳоби фикри ту борад тагарг. 
Оташе афрўз аз хошоки хеш, 
Шўълае таъмир кун аз хоки хеш. 
Илми муслим комил аз сўзи дил аст, 
Маънии Ислом тарки офил аст. 
Чун зи банди офил Иброҳим раст, 
Дар миёни шўълаҳо некў нишаст. 
Илми Ҳақро дар қафо андохтӣ, 
Баҳри ноне нақди дин дарбохтӣ.
 Гармрав дар ҷустуҷўи сурмаӣ, 
Воқиф аз чашми сиёҳи худ наӣ. 
Оби ҳайвон аз дами ханҷар талаб, 
Аз даҳони аждаҳо Кавсар талаб. 
Санги асвад аз дари бутхона хоҳ, 
Нофаи мушк аз саги девона хоҳ, 
Сўзи ишқ аз дониши ҳозир маҷўй,
 Кайфи Ҳақ аз ҷоми ин кофир маҷўй.
" Муддате маҳви такудав будаам, 
Роздони дониши нав будаам.
 Боғбонон имтиҳонам кардаанд, 
Маҳрами ин гулситонам кардаанд. 
Гулситоне, лолазори ибрате, 
Чун гули қогаз сароби накҳате. 
То зи банди ин гулистон растаам, 
Ошён бар шохи Тубо бастаам. 
Дониши ҳозир ҳиҷоби акбар аст, 
Бутпарасту бутфурўшу бутгар аст. 
По ба зиндони мазоҳир бастаӣ, 
Аз ҳудуди ҳис бурун ноҷастаӣ. 
Дар сироти зиидагӣ аз по фитод,
 Бар гулўи хештан ханҷар ниҳод. 
Оташе дорад, мисоли лола сард, 
Шўълае дорад, мисоли жола сард.
Фитраташ аз сўзи ишқ озод монд, 
Дар ҷаҳони ҷустуҷў ношод монд. 
Ишқ Афлотуну иллатҳои ақл, 
Беҳ шавад аз наштараш савдои ақл. 
Ҷумла олам соҷиду масҷуди ишқ, 
Суманоти ақлро Маҳмуди ишқ.
 Ин майи дерина дар минош нест, 
Шўри "ё Раб" қисмати шабҳош нест. 
Қимати шамшоди худ нашнохтӣ, 
Сарви дигарро баланд афрохтӣ. 
Мисли най худ рози худ кардӣ тиҳӣ, 
Бар навои дигарон дил мениҳӣ. 
Эй гадои резае аз хони ғайр, 
Ҷинси худ меҷўӣ аз дўкони ғайр. 
Базми муслим аз чароғи ғайр сўхт, 
Масҷиди ў аз шарори Дайр сўхт. 
Аз саводи Каъба чун оҳу рамид, 
Новаки сайёд паҳлўяш дарид. 
Шуд парешон барги гул чун бўйи хеш, 
Эй зи худ рам карда, боз о сўйи хеш. 
Эй амини ҳикмати Уммулкитоб, 
Ваҳдати гумгаштаи худ бозёб. 
Мо, ки дарбони ҳисори миллатем, 
Кофир аз тарки шиъори миллатем.
 Соқии деринаро соғар шикаст,
 Базми риндони ҳиҷозӣ баршикаст.
Каъба обод аст аз асноми мо, 
Хандазан куфр аст бар Исломи мо
, Шайх дар ишқи бутон Ислом бохт, 
Риштаи тасбеҳ аз зуннор сохт. 
Пирҳо пир аз баёзи мў шуданд, 
Сахра баҳри кўдакони кў шуданд,
 Дил зи нақши "ло илаҳбегонае, 
Аз санамҳои ҳавас бутхонае. 
Мешавад ҳар мўдарозе хирқапўш, 
Оҳ аз ин савдогарони динфурўш. 
Бо муридон рўзу шаб андар сафар, 
Аз заруратҳои миллат бехабар. 
Дидаҳо бенур мисли наргисанд, 
Синаҳо аз давлати дил муфлисанд. 
Воъизон, ҳам сўфиён мансабпараст, 
Эътибори миллати байзо шикаст. 
Воъизи мо чашм бар бутхона дўхт, 
Муфтии дини мубин фатво фурўхт.
 Чист ёрон баъд аз ин тадбири мо? 
Рух сўи майхона дорад пири мо! 

---------------------
*Ин байт аз Мавлоно аст.

KUHISTONI _, 01-09-2012 20:30 (ссылка)

ИН СУХАН КАЙ БОВАРИ МАРДУМ ШАВАД...

ДАР БАЁНИ ИН КИ МАҚСАДИ ҲАЁТИ МУСЛИМ
ЭЪЛОИ КАЛИМАТУЛЛОҲ АСТ ВА ҶИҲОД, АГАР
МУҲАРРИКИ ОН ҶОЪУЛАРЗ БОШАД, ДАР МАЗҲАБИ ИСЛОМ ҲАРОМ АСТ

Қалбро аз сабғатуллаҳ ранг деҳ, 
Ишқро номусу ному нанг деҳ. 
Табъи муслим аз муҳаббат қоҳир аст,
 Муслим ар ошиқ набошад, кофир аст. 
Тобеъи Ҳақ диданаш, нодиданаш,
 Хўрданаш, нўшиданаш, хобиданаш. 
Дар ризояш марзии Ҳақ гум шавад,
 Ин сухан кай бовари мардум шавад.
 Хайма дар майдони иллаллоҳ задаст, 
Дар ҷаҳон шоҳид аланнос омадаст.
 Шоҳиди холаш Набии инсу ҷон,
 Шоҳиди содиқтарини шоҳидон. 
Қолро бигзору боби ҳол зан,
Нури Ҳақ бар зулмати аъмол зан. 
Дар қабои хусравӣ дарвеш зӣ,
 Дидабедору худоандеш зӣ.
 Қурби Ҳақ аз ҳар амал мақсуд дор, 
То зи ту гардад ҷалолаш ошкор.
 Сулҳ шар гардад, чу мақсуд аст ғайр, 
Гар Худо бошад ғараз, ҷанг аст хайр.
 Гар нагардад Ҳақ зи теғи мо баланд, 
Ҷанг бошад қавмро ноарҷманд. 
Ҳазрати Шайхи Миёнмири Валӣ, 
Ҳар хафӣ аз нури ҷони ў ҷалӣ. 
Бар тариқи Мустафо маҳкампае,
 Нағмаи ишқу муҳаббатро нае. 
Турбаташ имони хоки шаҳри мо,
 Машъали нури ҳидоят баҳри мо.
 Бар дари ў ҷабҳафарсо осмон, 
Аз муридонаш шаҳи Ҳиндустон. 
Шоҳ тухми ҳирс дар дил коштӣ, 
Қасди тасхири мамолик доштӣ.
 Аз ҳавас оташ ба ҷон афрўхтӣ,
 Теғро "ҳал мин мазид" омўхтӣ. 
Дар Дакан ҳамгомаҳо бисёр буд,
 Лашкараш дар арсаи пайкор буд.
 Рафт пеши шайхи гардунпояе,
 То бигирад аз дуъо сармояе.
 Муслим аз дунё сўи Ҳақ рам кунад,
 Аз дуъо тадбирро маҳкам кунад.
Шайх аз гуфтори шаҳ хомўш монд,
 Базми дарвешон саропо гўш монд. 
То муриде, сиккаи симинбадаст
 Лаб кушуду мўҳри хомўшӣ шикаст.
 Гуфт: "Ин назри ҳақир аз ман пазир, 
Эй зи Ҳақ оворагонро дастгир. 
Ғўтаҳо зад дар хайи меҳнат танам,
 То гиреҳ зад дирҳамеро доманам"
 Гуфт шайх: "Ин зар ҳаққи султони мост, 
Он ки дар пироҳани шоҳӣ гадост. 
Ҳукмрони меҳру моҳу анҷум аст,
 Шоҳи мо муфлистарини мардум аст. 
Дида бар хони аҷониб дўхтаст, 
Оташи ҷўъаш ҷаҳоне сўхтаст. 
Қаҳту тоъун тобеъи шамшери ў,
 Оламе вайрона аз таъмири ў,
 Халқ дар фарёд аз нодорияш, 
Аз тиҳидастӣ, заъифозорияш. 
Сатваташ аҳли ҷаҳонро душман аст,
 Навъи инсон корвон, ў раҳзан аст. 
Аз хаёли худфиребу фикри хом, 
Мекунад тороҷро тасхир ном. 
Аскари шоҳиву афвоҷи ғамим 
Ҳарду аз шамшери ҷўъи ў ду ним». 
Оташи ҷони гадо ҷўъи гадост, 
Ҷўъи султон мулку миллатро фаност.
Ҳар кӣ ханҷар баҳри ғайриллаҳ кашид,
 Теғи ў дар синайи ў орамид.

KUHISTONI _, 28-08-2012 21:12 (ссылка)

ЧУН БА НОМИ МУСТАФО (С.А.В) ХОНАМ ДУРУД




Ҳар чӣ мебинӣ зи анвори Ҳақ аст, 
Ҳикмати ашё зи асрори Ҳақ аст. 
Ҳар ки оёти Худо бинад ҳур аст, 
Асли ин ҳикмат зи ҳукми "унзур" аст
 Бандаи мўъмин аз ў беҳрўзтар, 
Ҳам ба ҳоли дигарон дилсўзтар.
 Илм чун равшан кунад обу гилаш, 
Аз Худо тарсандатар гардад дилаш.
 Илми ашё хоки моро кимиёст, 
Оҳ, дар Афранг таъсираш ҷудост. 
Ақлу фикраш бе аёри хубу зишт, 
Чашми ў бе нам, дили ў сангу хишт.
 Илм аз ў расвост андар шаҳру дашт, 
Ҷабраил аз сўҳбаташ Иблис гашт. 
Дониши афрангиён теғе ба дўш, 
Дар ҳалоки навъи инсон сахткўш. 
Бо хасон андар ҷаҳони хайру шар, 
Дарнасозад мастии илму ҳунар. 
Оҳ аз Афрангу аз ойини ў, 
Оҳ аз андешаи лодини ў.
Илми Ҳақро соҳирӣ омўхтанд,
 Соҳирӣ не, кофирӣ омўхтанд.
 Ҳар тараф сад фитна меорад нафир,
 Теғро аз панҷаи раҳзан бигир. 
Эй, ки ҷонро бозмедонӣ зи тан, 
Сеҳри ин таҳзиби лодинӣ шикан. 
Рўҳи Шарқ андар танаш бояд дамид, 
То бигардад қуфли маъниро калид. 
Ақл андар ҳукми дил яздонӣ аст, 
Чун зи дил озод шуд, шайтонӣ аст! 
Зиндагонӣ ҳар замон дар кашмакаш, 
Ибратомўз аст аҳволи ҳабаш. 
Шаръи Юруп бе низойи қилу қол 
Барраро кардаст бар гургон ҳалол. 
Нақши нав андар ҷаҳон бояд ниҳод,
 Аз кафандўздон чӣ уммеди кушод? 
Дар Ҷинево чист ғайр аз макру фан, 
Сайди ту ин мешу он нахчири ман?!
 Нуктаҳо, к-ў менагунҷад дар сухан, 
Як ҷаҳон ошўбу як гетӣ фитан!








Гарчи доно ҳоли дил бо кас нагуфт, 
Аз ту дарди хеш натвонам нуҳуфт. 
То ғуломам, дар ғуломӣ зодаам, 
3-остони Каъба дур афтодаам. 
Чун ба номи Мустафо хонам дуруд, 
Аз хиҷолат об мегардад вуҷуд.
Ишқ мегўяд, ки эй маҳкуми ғайр, 
Синаи ту аз бутон монанди дайр, 
То надорӣ аз Муҳаммад рангу бў,
 Аз дуруди худ маёло номи ў!

KUHISTONI _, 25-08-2012 21:35 (ссылка)

ДИЛ АЗ ХУБОНИ БЕПАРВО НИГАҲ ДОР




...........................(давомаш)---

--------Лолаи Тур------




51
Зи пайванди тану ҷонам чӣ пурсӣ? 
Ба доми чанду чун дар менаёям. 
Даме ошуфтаам, дар печу тобам, 
Чу аз оғўши най хезад навоям.
52
 Маро фармуд пири нуқтадоне: 
«Ҳар имрўзи ту аз фардо паём аст. 
Дил аз хубони бепарво нигаҳ дор, 
Ҳаримаш ҷуз ба ў додан ҳаром аст,» 
53
Зи Розӣ маънии Қуръон чӣ пурсӣ?
 Замири мо ба оёташ далил аст.
 Хирад оташ фурўзад, дил бисўзад,
 Ҳамин тафсири Намруду Халил аст.
54
 Ман аз буду набуди худ хамўшам, 
Агар гўям, ки ҳастам, худпарастам. 
Валекин ин навои содаи кист? 
Касе дар сина мегўяд, ки "ҳастам!" 
55
Зи ман бо шоъири рангинбаён гўй: 
"Чӣ суд аз сўз, агар чун лола сўзӣ? 
На худро мегудозӣ з-оташи хеш, 
На шоми дардмандеро фурўзӣ."
56 
Зи хубу зишти ту ноошноям, 
Аёраш кардаӣ суду зиёнро. 
Дар ин маҳфил зи ман танҳотаре нест,
 Ба чашми дигаре бинам ҷаҳонро. 
57
Ту, эӣ шайхи Ҳарам, шояд надонӣ, 
Ҷаҳони ишқро ҳам маҳшаре ҳаст.
 Гуноҳи номаву мизон надорад, 
На ўро муслиме, не кофаре ҳаст. 
58
Чу тоб аз худ бигирад қатраи об,
 Миёни сад гуҳар якдона гардад. 
Ба базми ҳамнавоён ончунон зӣ, 
Ки гулшан бар ту хилватхона гардад.
59
 Ман, эй донишварон, дар печутобам, 
Хирадро фаҳми ин маънӣ муҳол аст. 
Чӣ сон дар мушти хоке тан занад дил,
 Ки дил дашти ғизолони хаёл аст. 
60
Маёро базм бар соҳил, ки он ҷо 
Навои зиндагонӣ нармхез аст.
 Ба дарё ғалту бо мавҷаш даровез,
 Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст. 
61
Саропо маънии сарбастаам ман, 
Нигоҳи ҳарфбофон барнатобам. 
На мухторам тавон гуфтан, на маҷбур, 
Ки хоки зиндаам, дар инқилобам. 
62
Магў аз муддаъои зиндагонӣ, 
Туро бар шеваҳои ў нигаҳ нест. 
Ман аз завқи сафар он гуна мастам, 
Ки манзил пеши ман ҷуз санги раҳ нест. 
63
Агар кардӣ нигаҳ бар пораи санг, 
Зи файзи орзўи ту гуҳар шуд. 
Ба зар худро масанҷ, эй бандаи зар, 
Ки зар аз гўшаи чашми ту зар шуд. 
 64
Вафоноошно, бегонахў буд,
Нигоҳаш беқарор аз ҷустуҷў буд. 
Чу дид ўро, парид аз синаи ман,
 Надонистам, ки дастомўзи ў буд. 
65
Мапурс аз ишқу аз найрангии ишқ, 
Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ, сар барорад. 
Даруни сина беш аз нуктае нест, 
Чу ояд бар забон, поён надорад. 
66
Машав, эй ғунчаи навруста, дилгир, 
Аз ин бўстонсаро дигар чӣ хоҳӣ? 
Лаби ҷў, базми гул, мурғи чамансайр,
Сабо, шабнам, навои субҳгоҳӣ!
67
 Маро рўзе гули афсурдае гуфт:
 "Намуди мо чу парвози шарор аст. 
Дилам бар меҳнати нақшофарин сўхт, 
Ки нақши килки ў нопойдор аст." 
68
Ҷаҳони мо, ки поёне надорад, 
Чу моҳӣ дар ями айём ғарқ аст. 
Яке бар дил назар во кун, ки бинӣ 
Ями айём дар як ҷом ғарқ аст. 
69
Ба мурғони чаман ҳамдостонам, 
Забони ғунчаҳои безабонам. 
Чу мирам, бо сабо хокам биёмез, 
Ки ҷуз тавфи гулон коре надонам.
70
 Намояд он чӣ ҳаст ин водии гул? 
Даруни лолаи оташ ба ҷон чист? 
Ба чашми мо чаман як мавҷи ранг аст, 
Кӣ медонад ба чашми булбулон чист? 
71
Ту хуршедиву ман сайёраи ту, 
Саропо нурам аз наззораи ту. 
Зи оғўши ту дурам, нотамомам, 
Ту Қуръониву ман сӣ пораи ту. 
72 
Хаёли ў даруни дида хуштар, 
Ғамаш афзуда, ҷон коҳида хуштар. 
Маро соҳибдиле ин нукта омўхт: 
"Зи манзил ҷодаи печида хуштар." 
73
Димоғам кофири зуннордор аст, 
Бутонро бандаву парвардигор аст. 
Диламро бин, ки нолад аз ғами ишқ, 
Туро бо дину ойинам чӣ кор аст? 
74
Санавбар бандаи озодаи ў, 
Фурўғи рўи гул аз бодаи ў. 
Ҳаримаш офтобу моҳу анҷум, 
Дили одам дари накшодаи ў. 
75
Зи анҷум то ба анҷум сад ҷаҳон буд, 
Хирад ҳар ҷо, ки пар зад, осмон буд. 
Валекин чун ба худ нигристам ман, 
Карони бекарон дар ман ниҳон буд. 

(давом дорад)........................


http://kuhistoni.wordpress.com



Sabohat Safarova, 24-08-2012 16:46 (ссылка)

Фурсати кашмакаш мадех ин дили бекарорро,

   Фурсати кашмакаш мадех ин дили бекарорро,
  Як-ду шикан зиёда кун гисуйи тобдорро.
  Аз ту даруни синаам барки тачаллие,ки ман,
  Бо маху мехр додаам талхии интизорро.
  Завки хузур дар чахон расми санамгари ниход,
  Ишк фиреб медихад чони умедворро.
  То ба фароги хотире нагмаи тозае занам,
  Боз ба маргзор дех тоири маргзорро.
  Табъи баланд додаи,банд зи пойи ман кушой,
  То ба палоси ту дихам хилъати шахриёрро.
  Теша агар ба санг зад,ин чи макоми гуфтугуст?
  Ишк ба душ мекашад ин хама кухсорро! 

Sabohat Safarova, 24-08-2012 15:59 (ссылка)

Ба харфе метавон гуфтан таманнои чахонеро

  Ба харфе метавон гуфтан таманнои чахонеро,
  Ман аз завки хузуре тул дорам достонеро.
  Зи муштокон агар тоби сухан бурди,намедони,
  Мухаббат мекунад гуё нигохи безабонеро.
  Кучо нуре,ки гайр аз косиде чизе намедонад,
  Кучо хоке,ки дар огуш дорад Осмонеро.
  Агар як зарра кам гардад зи ангези вучуди ман,
  Ба ин кимат намегирам хаёти човидонеро.
  Ман,эй дарёи бепоён,ба мавчи ту дарафтодам,
  На гавхар орзу дорам,на мечуям каронеро.
  Аз он маъни,ки чун шабнам ба чони ман фуру рези,
  Чахоне тоза пайдо кардаам арзи фигонеро.

KUHISTONI _, 22-08-2012 20:40 (ссылка)

ҚАРНҲО БИГЗАШТУ МАН ПО БАР ГИЛАМ....





ҲИКОЯТИ ШАЙХУ БАРАҲМАН ВА МУКОЛАМАИ ГАНГУ ҲАМОЛА ДАР МАЪНИИ ИН КИ ТАСАЛСУЛИ ҲАЁТИ МИЛЛИЯ АЗ МАҲКАМ ГИРИФТАНИ РИВОЁТИ МАХСУСАИ МИЛЛИЯ МЕБОШАД

Дар Банорас барҳаманде мўҳтарам,
 Сарфурў андар ями буду адам.
Баҳраи вофир зи ҳикмат доштӣ,

 Бо худоҷўён иродат доштӣ. 
Зеҳни ў гирову нудраткўш буд,
 Бо Сурайё ақли ў ҳамдўш буд.
 Ошёнаш сурати анқо баланд,
 Меҳру маҳ бар шўълаи фикраш сипанд. 
Муддате минои ў дар хун нишаст, 
Соқии ҳикмат ба ҷомаш май набаст. 
Дар риёзи илму дониш дом чид, 
Чашми домаш тоири маъно надид. 
Нохуни фикраш ба хун олуда монд,
 Уқдае буду адам накшуда монд. 
Оҳ бар лаб шоҳиди ҳирмони ў, 
Чеҳра ғаммози дили ҳайрони ў.
 Рафт рўзе назди шайхи комиле, 
Он ки андар сина парвардӣ диле. 
Гўш бар гуфтори он фарзона дод, 
Бар лаби худ мўҳри хомўшӣ ниҳод. 
Гуфт шайх: "Эй тоифи чархи баланд, 
Андаке аҳди вафо бо хок банд. 
То шудӣ овораи саҳрову дашт, 
Фикри бебоки ту аз гардун гузашт. 
Бо замин дарсоз, эй гардуннавард, 
Дар талоши гавҳари анҷум магард. 
Ман нагўям аз бутон безор шав, 
Кофирӣ? Шоистаи зуннор шав.
Эй амонатдори таҳзиби куҳан,
 Пушти по бар маслаки обо мазан.
 Гар зи ҷамъият ҳаёти миллат аст,
 Куфр ҳам сармояи ҷамъият аст. 
Ту, ки ҳам дар кофирӣ комил наӣ,
 Дархўри тавфи ҳарими дил наӣ. 
Мондаем аз ҷодаи таслим дур, 
Ту зи Озар, ман зи Иброҳим дур. 
Қайси мо савдоии маҳмил нашуд,
 Дар ҷунуни ошиқӣ комил нашуд.
 Мурд чун шамъи худӣ андар вуҷуд,
 Аз хаёли осмонпаймо чӣ суд? 
Об зад дар домани кўҳсор чанг 
Гуфт рўзе бо Ҳамола рўди Ганг:
 "Эй зи субҳи офариниш яхбадўш, 
Пайкарат аз рўдҳо зуннорпўш.
 
Ҳақ туро бо осмон ҳамроз сохт,
 Пот маҳруми хироми ноз сохт. 
Тоқати рафтор аз поят рабуд,
 Ин виқору рафъату тамкин чӣ суд?
 Зиндагонӣ аз хироми пайҳам аст, 
Баргу сози ҳастии мавҷ аз рам аст."
 Кўҳ чун ин таъна аз дарё шунид,
 Ҳамчу баҳре оташ аз кин бардамид.
 Гуфт: "Эй паҳнои ту ойинаам,
Чун ту сад дарё даруни синаам. 

Ин хироми ноз сомони фаност,
 Ҳар кӣ аз худ рафт, шоёни фаност. 
Аз мақоми худ надорӣ огаҳӣ, 
Бар зиёни хеш нозӣ, аблаҳӣ! 
Эй зи батни чархи гардон зодае,
 Аз ту беҳтар соҳили афтодае. 
Ҳастии худ назри қулзум сохтӣ, 
Пеши раҳзан нақди ҷон андохтӣ.
 Ҳамчу гул дар гулситон худдор шав,
 Баҳри нашри бў пайи гулчин марав. 
Зиндагӣ бар ҷои худ болидан аст, 
Аз хиёбони худӣ гул чидан аст.
 Қарнҳо бигзашту ман по дар гилам, 
Ту гумон дорӣ, ки дур аз манзилам. 
Ҳастиям болиду то гардун расид,
 Зери домонам Сурайё орамид. 
Ҳастии ту бенишон дар қулзум аст,
 Зирваи ман саҷдагоҳи анҷум аст.
 Чашми ман бинои асрори фалак, 
Ошно гўшам зи парвози малак. 
То зи сўзи саъйи пайҳам сўхтам, 
Лаълу алмосу гуҳар андўхтам. 
Дар дарунам сангу андар санг нор,
 Обро бар нори ман набвад гузор".
 Қатраӣ? Худро ба пойи худ марез,
Дар талотум кўшу бо қулзум ситез.

 Оби гавҳар хоҳу гавҳарреза шав,
 Баҳри гўши шоҳиде овеза шав.
 Ё худафзо шав, сабукрафтор шав,
 Абри барқандозу дарёбор шав.
 Аз ту қулзум гидяи тўфон кунад,
 Шикваҳо аз тангии домон кунад.
 Камтар аз мавҷе шуморад хешро,
 Пеши пойи ту гудозад хешро.

http://kuhistoni.wordpress.com 

KUHISTONI _, 18-08-2012 22:01 (ссылка)

НОТАВОНӢ,НОКАСӢ,НОПУХТАГИСТ..........

 

 



 



ҲИКОЯТИ ТОИРЕ, КИ АЗ ТАШНАГӣ БЕТОБ БУД


Тоире аз ташнагӣ бетоб буд,
Дар тани ў дам мисоли мавҷи дуд.
Резаи алмос дар гулзор дид,
Ташнагӣ наззораи об офарид.
Аз фиреби резаи хуршедтоб
Мурғи нодон сангро пиндошт об.
Мояандўзи нам аз гавҳар нашуд,
Зад бар ў минқору комаш тар нашуд,
Гуфт алмос: "Эй гирифтори ҳавас!
Тез бар ман карда минқори хавас.
Қатраи обе наям, соқӣ наям,
Ман барои дигарон боқӣ наям.
Қасди озорам кунӣ, девонаӣ,
Аз ҳаёти худнамо бегонаӣ.
Оби ман минқори мурғон бишканад,
Одамиро гавҳари ҷон бишканад."
Тоир аз алмос коми дил наёфт,
Рўи хеш аз резаи тобанда тофт.
Ҳасрат андар синааш обод гашт.
Дар гулўи ў наво фарёд гашт.
Қатраи шабнам сари шохи гуле,
Тофт мисли ашки чашми булбуле.
Тоби ў маҳви сипоси офтоб,
Ларза бар тан аз ҳароси офтоб.
Кавкаби рамхўи гардунзодае,
Як дам аз завқи намуд истодае,
Сад фиреб аз ғунчаву гул хўрдае,
Баҳрае аз зиндагӣ нобурдае.
Мисли ашки ошиқи дилдодае,
Зеби мижгоне, чакидомодае.
Мурғи музтар зери шохи гул расид,
Дар даҳонаш қатраи шабнам чакид.
Эй, ки мехоҳӣ зи душман ҷон барӣ,
Аз ту пурсам: қатраӣ ё гавҳарӣ?
Чун зи сўзи ташнагӣ тоир гудохт,
Аз ҳаёти дигаре сармоя сохт.
Қатра сахтандому гавҳархў набуд,
Резаи алмос буду ў набуд.
Ғофил аз ҳифзи худӣ як дам машав,
Резаи алмос шав, шабнам машав.
Пухтафитрат сурати кўҳсор бош,
Ҳомили сад абри дарёбор бош.
Хешро дарёб аз эҷоби хеш,
Сим шав аз бастани симоби хеш.
Нағмае пайдо кун аз тори худӣ,
Ошкоро соз асрори худӣ.


 


ҲИКОЯТИ АЛМОСУ ЗУҒОЛ

Аз ҳақиқат боз бикшоям даре,
Бо ту мегўям ҳадиси дигаре.
Гуфт бо алмос дар маъдан зуғол:
"Эй амини ҷилваҳои лозавол.
Ҳамдамему ҳасту буди мо якест,
Дар ҷаҳон асли вуҷуди мо якест.
Ман ба ком мирам зи дарди нокасӣ,
Ту сари тоҷи шаҳаншоҳон расӣ.
Қадри ман аз бадгилӣ камтар зи хок
Аз ҷамоли ту дили ойина чок.
Равшан аз торикии ман миҷмар аст,
Пас камоли ҷавҳарам хокистар аст.
Пушти по ҳар кас маро бар сар занад,
Бар матоъи ҳастиям ахгар занад.
Бар сару сомони ман бояд гирист,
Баргу сози ҳастиям донӣ, ки чист?
Мавҷаи дуди ба ҳам пайпастае,
Моядори як шарори ҷастае.
Мисли анҷум рўйи ту, ҳам хўйи ту,
Ҷилваҳо хезад зи ҳар паҳлўйи ту.
Гоҳ нури дидаи Қайсар шавӣ,
Гоҳ зеби дастаи ханҷар шавӣ."
Гуфт алмос: "Эй рафиқи нуктабин,
Тирахок аз пухтагӣ гардад нигин".
То ба пиромуни худ дар ҷанг шуд,
Пухта аз пайкор мисли санг шуд.
Пайкарам аз пухтагӣ зуннур шуд,
Синаам аз ҷилваҳо маъмур шуд.
Хор гаштӣ аз вуҷуди хоми хеш,
Сўхтӣ аз нармии андоми хеш.
Фориғ аз хавфу ғаму васвос бош,
Пухта мисли санг шав, алмос бош.
Мешавад аз вай ду олам мустанир,
Ҳар кӣ бошад сахткўшу сахтгир.
Мушти хоке асли санги асвад аст,
К-ў сар аз ҷайби Ҳарам берун задаст.
Рутбааш аз Тур болотар шудаст,
Бўсагоҳи асваду аҳмар шудаст.
Дар салобат обрўи зиндагист,
Нотавонӣ, нокасӣ, нопухтагист".

KUHISTONI _, 14-08-2012 21:56 (ссылка)

МАРДИ ҲАҚ ШАВ,ҲОМИЛИ АСРОР ШАВ

Ба номи Худованди бахшанд ва меҳрубон

ҲИКОЯТИ НАВҶАВОНЕ АЗ МАРВ, КИ ПЕШИ ҲАЗРАТИ САЙИД МАХДУМ АЛИИ ҲУҶВИРӣ РАҲМАТУЛЛОҲУ АЛАЙҲ ОМАДА АЗ СИТАМИ АЪДО ФАРЁД КАРД
Сайиди Ҳуҷвир махдуми умам, 
Марқади ў Пири Санҷарро ҳарам.
 Бандҳои кўҳсор осон гусехт, 
Дар замини Ҳинд тухми саҷда рехт. 
Аҳди Форуқ аз ҷамолаш тоза шуд, 
Ҳақ зи ҳарфи ў баландовоза шуд.
Посбони иззати Уммулкитоб,

 Аз нигоҳаш хонаи ботил хароб. 
Хоки Панҷоб аз дами ў зинда гашт, 
Субҳи мо аз меҳри ў тобанда гашт. 
Ошиқу ҳам қосиди тайёри ишқ, 
Аз ҷабннаш ошкор асрори ишқ.
 Достоне аз камолаш сар кунам, 
Гулшане дар ғунчае музмар кунам. 
Навҷавоне коматаш боло чу сарв
 Вориси Лоҳур шуд аз шаҳри Марв.
 Рафт пеши Сайиди волоҷаноб, 
То рабояд зулматашро офтоб.
 Гуфт: "Маҳсури сафи аъдостам, 
Дар миёни сангҳо миностам.
 Бо ман омўз, эй шаҳи гардунмакон,
 Зиндагӣ кардан миёни душманон.
 Пири доное, ки дар оташ ҷамол,
 Баста паймони муҳаббат бо ҷалол."
 Гуфт: "Эй номаҳрам аз рози ҳаёт,
 Ғофил аз анҷому оғози ҳаёт. 
Фориғ аз андешаи ағёр шав, 
Қуввати хобидаӣ, бедор шав. 
Санг чун бар худ гумони шиша кард,
 Шиша гардиду шикастан пеша кард.
 Нотавон худро агар раҳрав шумурд, 
Нақди ҷони хеш бо раҳзан супурд.
То куҷо худро шуморӣ мову тим,

 Аз гили худ шўълаи Тур офарин.
 Бо азизон саргарон будан чаро?
 Шиквасанҷи душманон будан чаро?" 
Рост мегўям: адў ҳам ёри туст,
 Ҳастии ў равнақи бозори туст. 
Ҳар кӣ донои мақомоти худист,
 Фазли Ҳақ донад агар душман, қавист.
 Кишти инсонро адў бошад саҳоб, 
Мумкиноташро барангезад зи хоб.
 Санги раҳ об аст, агар ҳиммат қавист,
 Селро пасту баланди ҷода чист?
 Санги раҳ гардад фасони теғи азм,
 Қатъи манзил имтиҳони теғи азм.
 Мисли ҳайвон хўрдан, осудан чӣ суд? 
Гар ба худ маҳкам наӣ, будам чӣ суд?
 Хешро чун аз худӣ маҳкам кунӣ, 
Ту агар хоҳӣ, ҷаҳон барҳам кунӣ.
 Гар фано хоҳӣ, зи худ озод шав,
 Гар бақо хоҳӣ, ба худ обод шав.
 Чист мурдан? Аз худӣ ғофил шудан,
 Ту чӣ пиндорӣ фироқи ҷону тан?
 Дар худӣ кун сурати Юсуф мақом,
 Аз асирӣ то шаҳаншоҳӣ хиром.
 Аз худӣ андешу марди кор шав,
Марди Ҳақ шав, ҳомили асрор шав .

Шарҳи роз аз достонҳо мекунам,
 Ғунча аз зўри нафас во мекунам. 
"Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон."*


-----------------------------------------
*Ин байт аз Мавлоно Ҷалолуддини Румист.

Sabohat Safarova, 09-08-2012 12:11 (ссылка)

Чу Хуршеди сахарпайдо нигохе метавон кардан,

Чу Хуршеди сахарпайдо нигохе метавон кардан,
 Хамин хоки сияхро чилвагохе метавон кардан.
 Нигохи хешро аз нуги сузан тезтар гардон,
 Чу чавхар дар дили оина рохе метавон кардан.
  Дар ин гулшан,ки бар мурги чаман рохи фигон танг аст,
  Ба андози кушуди гунча охе метавон кардан.
  На ин олам хичоб уро,на он олам никоб уро,
  Агар тоби назар дори,нигохе метавон кардан.
 "Ту дар зери дарахтон хамчу тифлон ошён бини,
   Ба парвоз о,ки сайди Мехру Мохе метавон кардан"

Sabohat Safarova, 09-08-2012 11:33 (ссылка)

Чахони рангу бу пайдо,ту мегуйи,ки роз аст ин

Чахони рангу бу пайдо,ту мегуйи,ки роз аст ин,
   Яке худро ба тораш зан.ки ту мизробу соз аст ин.
    Нигохи чилва бадмаст аз сафои чилва мелагзад,
    Ту мегуйи хичоб аст ин,никоб аст ин,мачоз аст ин.
     Биё, даркаш таноби пардахои нилгунашро.
     Ки мисли шуъла урён бар нигохи покбоз аст ин.
     Маро ин хокдони ман зи фирдавси барин хуштар,
     Макоми завку шавк аст ин,харими сузу соз аст ин.
     Замоне гум кунам худро,замоне гум кунам уро.
     Замоне хар дуро ёбам,чи роз аст ин,чи роз аст ин?

KUHISTONI _, 08-08-2012 23:51 (ссылка)

ХУДОРО ҲАМ БА РОҲИ ХЕШТАН ҶӮЙ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

СУОЛИ ҲАШТУМ

Кадомӣ нуктаро нутқ аст "Аналҳақ"?
Чӣ гўйӣ ҳарза буд он рамзи мутлақ?

ҶАВОБ

Ман аз рамзи "Аналҳақ" боз гўям, 
Дигар бо Ҳинду Эрон роз гўям.
Муғе дар ҳалқаи дайр ин сухан гуфт:
 Ҳаёт аз худ фиребе хўрду "ман" гуфт. 
Худо хуфту вуҷуди мо зи хобаш, 
Вуҷуди мо, намуди мо зи хобаш. 
Мақоми таҳту фавқу чор сў-хоб,
 Сукуну сайру шавқу ҷустуҷў-хоб. 
Дили бедору ақли нуктабин-хоб, 
Гумону фикру тасдиқу яқин-хоб. 
Чу ў бедор гардад, дигаре нест, 
Матоъи шавқро савдогаре нест.
 Фурўғи дониши мо аз қиёс аст, 
Қиёси мо зи тақдири ҳавос аст. 
Чу ҳис дигар шуд, ин олам дигар шуд, 
Сукуну сайру кайфу кам дигар шуд. 
Тавон гуфтан ҷаҳони рангу бў нест,
 Замину осмону коху кў нест. 
Тавон гуфтан, ки хобе ё фусунест, 
Ҳиҷоби чеҳраи он бе чигунест. 
Тавон гуфтан ҳама найрангу ҳўш аст, 
Фиреби пардаҳои чашму гўш аст.
 Худӣ аз коиноти рангу бў нест, 
Ҳавоси мо миёни мову ў нест.
 Нигаҳро дар ҳаримаш нест роҳе, 
Кунӣ худро тамошо бе нигоҳе. 
Ҳисоби рўзаш аз даври фалак нест,
 Ба худбинӣ зан /н/у тахмину шакк нест.
 Агар гўйӣ, ки "ман" ваҳму гумон аст,
Намудаш чун намуди ину он аст,
 Бигў бо ман, ки дорои гумон кист? 
Яке дар худ нигар, он бенишон кист? 
Ҷаҳон пайдову мўҳтоҷи далеле,
 Намеояд ба фикри Ҷабраиле. 
Худӣ пинҳон зи ҳуҷҷат, бениёз аст, 
Яке андешу дарёб - ин чӣ роз аст!
 Худиро Ҳақ бад-он ботил мапиндор, 
Худиро кишти беҳосил мапиндор. 
Худӣ чун пухта гардад, лозавол аст, 
Фироқи ошиқон айни висол аст. 
Шарарро тезболӣ метавон дод, 
Тапиди лоязолӣ метавон дод. 
Давоми Ҳақ ҷазои кори ў нест,
 Ки ўро ин давом аз ҷустуҷў нест. 
Давом он беҳ, ки ҷони мустаъоре 
Шавад аз ишқу мастӣ пойдоре. 
Вуҷуди кўҳсору дашту дар-ҳеҷ,
 Ҷаҳон-фонӣ, худӣ-боқӣ, дигар-ҳеҷ! 
Дигар аз Шанкару Мансур кам гўй,
 Худоро ҳам ба роҳи хештан ҷўй. 
Ба худгум баҳри таҳқиқи худӣ шав, 
«Аналҳақ!» гўю сиддиқи худӣ шав!
**********************************************

СУОЛИ НЎҲУМ

Кӣ шуд бар сирри "ваҳдат" воқиф охир?
Шиносоӣ чӣ омад ориф охир?

ҶАВОБ

Таҳи гардун мақоми дилпазир аст, 
Валекин меҳру моҳаш зудмир аст. 
Ба дўши шом наъши офтобе, 
Кавокибро кафан аз моҳтобе. 
Парад кўҳсор чун реги равоне, 
Дигаргун мешавад дарё ба оне. 
Гулонро дар камин боди хазон аст, 
Матоъи корвон аз бими ҷон аст. 
Зи шабнам лоларо гавҳар намонад, 
Даме монад, даме дигар намонад. 
Наво нашнида дар чанге бимирад, 
Шарар ноҷаста дар санге бимирад. 
Мапурс аз ман зи оламгирии марг, 
Ману ту аз нафасзанҷирии марг.


KUHISTONI _, 03-08-2012 22:47 (ссылка)

КАМОЛИ ЗИНДАГӢ ДИДОРИ ЗОТ АСТ....

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

СУОЛИ ҲАФТУМ
Мусофир чун бувад? Раҳрав кадом аст?
Киро гўям, ки ў марди тамом аст?

ҶАВОБ

Агар чашме кушоӣ бар дили хеш, 
Даруни сина бинӣ манзили хеш. 
Сафар андар ҳазар кардан чунин аст, 
Сафар аз худ ба худ кардан ҳамин аст.
 Касе ин ҷо надонад мо куҷоем, 
Ки дар чашми маҳу ахтар наёем. 
Маҷў поён, ки поёне надорӣ,
 Ба поён то расӣ, ҷоне надорӣ,
 На моро пухта пиндорӣ, ки хомем, 
Ба ҳар манзил тамому нотамомем. 
Ба поси норасидан зиндагонист,
 Сафар моро ҳаёти ҷовидонист.
 Зи моҳӣ то ба маҳ ҷавлонгаҳи мо, 
Макону ҳам замон гарди раҳи мо. 
Ба худ печему бетобӣ намудем,
 Ки мо мавҷему аз қаъри вуҷудем.
 Дамодам хешро андар камин бош,
Гурезон аз гумон сўйи яқин бош. 

Табу тоби муҳаббатро фано нест, 
Яқину дидро низ интиҳо нест.
 Камоли зиндагӣ дидори Зот аст,
 Тариқаш растан аз банди ҷиҳот аст.
 Чунон бо зоти Ҳақ хилват гузинӣ,
 Туро ў бинаду ўро ту бинӣ. 
Мунаввар шав зи нури "ман яронӣ",
 Мижа бар ҳам мазан, ту худ намонӣ. 
Ба худ маҳкам гузар андар ҳузураш,
 Машав нопид андар баҳри нураш.
 Насиби зарра кун он изтиробе,
 Ки тобад дар ҳарими офтобе.
 Чунон дар ҷилвагоҳи ёр месўз, 
Аён худро, ниҳон ўро барафрўз. 
Касе, к-ў дид оламро имом аст,
 Ману ту нотамомем, ў тамом аст. 
Агар ўро наёбӣ, дар талаб хез, 
Агар ёбӣ, ба домонаш даровез.
 Фақеҳу шайху муллоро мадеҳ даст,
 Марав монанди моҳӣ ғофил аз шаст.
 Ба кори мулку дин ў марди роҳест, 
Ки мо кўрему ў соҳибнигоҳест. 
Мисоли офтоби субҳгоҳӣ, 
Дамад аз ҳар буни мўяш нигоҳе. 
Фарангойини ҷумҳуриниҳод аст, 
Расан аз гардани деве кушодаст.
Наво бе захмаву созе надорад,

 Абӣ тайёра парвозе надорад. 
Зӣ боғаш кишти вайроне накўтар. 
Зи шаҳри ў биёбоне накўтар.
 Чу раҳзан корвоне дар таку тоз,
 Шикамҳо баҳри ноне дар таку тоз. 
Равон хобиду тан бедор гардид,
 Ҳунар бо дину дониш хор гардид. 
Хирад ҷуз кофири кофиргаре нест,
 Фани Афранг ҷуз мардумдарӣ нест.
 Гурўҳеро гурўҳе дар камин аст, 
Худояш ёр, агар кораш чунин аст
. Зи ман деҳ аҳли Мағрибро паёме,
 Ки ҷумҳур аст теғи бе наёме.
 Чӣ шамшере, ки ҷонҳо меситонад,
 Тамизи муслиму кофир надонад.
 Намонад дар ғилофи худ замоне, 
Барад ҷони худу ҷони ҷаҳоне.

KUHISTONI _, 31-07-2012 22:59 (ссылка)

БА ДАСТИ ХУД КАФАН БАР ХУД БУРИДАН...

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

СУОЛИ ШАШУМ

Чӣ ҷузв аст он ки ў аз кулл фузун аст?
Тариқи ҷустани он ҷузв чун аст?

ҶАВОБ

Худӣ з-андозаҳои мо фузун аст, 
Худӣ з-он кулл, ки ту бинӣ, фузун аст.
 Зи гардун бор-бор афтад, ки хезад,
 Ба баҳри рўзгор афтад, ки хезад. 
Ҷуз ў дар зсри гардун худнигар кист?
 Ба беболӣ чунон парвозгар кист?
 Ба зулмат мондаву нуре дар оғўш, 
Бурун аз ҷаннат ту ҳуре дар оғўш.
 Ба он нутқе диловезе, ки дорад, 
Зи қаъри зиндагӣ гавҳар барорад.
 Замири зиндагонӣ ҷовидонист,
Ба чашми зоҳираш бинӣ, замонист.
 Ба тақдираш мақоми ҳасту буд аст,
 Намуди хешу ҳифзи ин намуд аст. 
Чӣ мепурсӣ чӣ гун асту чӣ гун нест,
 Ки тақдир аз ниҳоди ў бурун нест! 
Чӣ гўям аз чигуну бе чигунаш,
 Бурун маҷбуру мухтор андарунаш.
 Чунин фармудаи султони бадр аст, 
Ки имон дар миёни ҷабру қадр аст. 
Ту ҳар махлуқро маҷбур гўйӣ, 
Асири банди назду дур гўйӣ.
 Вале ҷон аз дами ҷонофарин аст, 
Ба чандин ҷилваҳо хилватнишин аст.
 Зи ҷабри ў ҳадисе дар миён нест,
 Ки ҷон бе фитрати озод ҷон нест
. Шабехун бар ҷаҳони кайфу кам зад,
 Зи маҷбурӣ ба мухторӣ қадам зад. 
Чу аз худ гарди маҷбурӣ фишонад, 
Ҷаҳони хешро чун ноқа ронад.
 Нагардад осмон бе рухсати ў, 
Натобад ахтаре бе шафқати ў.
 Кунад бепарда рўзе музмарашро,
 Ба чашми хеш бинад ҷавҳарашро. 
Қатори нуриён дар раҳгузор аст, 
Пайи дидори ў дар интизор аст. 
Шароб афрушта аз токаш бигирад, 
Аёри хеш аз хокаш бигирад.
Чӣ пурсӣ аз тариқи ҷустуҷўяш, 
Фурў орад мақоми ҳою ҳўяш.
 Шабу рўзе, ки дорӣ, бар абад зан,
 Фиғони субҳгоҳӣ бар хирад зан. 
Хирадро аз ҳавос ояд матоъе,
 Фиғон аз ишқ мегирад шуъое.
 Хирад ҷуз /в/ ро, фиғон куллро бигирад,
 Хирад мирад, фиғон ҳаргиз намирад. 
Хирад баҳри абад зарфе надорад, 
Нафас чун сўзани соъат шуморад.
 Тарошад рўзҳо, шабҳо, саҳарҳо,
 Нагирад шўълаву чинад шарарҳо.
 Фиғони ошиқон анҷоми корест, 
Ниҳон дар як дами ў рўзгорест. 
Худӣ то мумкиноташ вонамояд,
 Гиреҳ аз андаруни худ кушояд.
 Аз он нуре, ки вобинад, надорӣ,
 Ту ўро фониву онӣ шуморӣ. 
Аз он марге, ки меояд, чӣ бок аст?
 Худӣ чун пухта шуд, аз марг пок аст.
 Зи марги дигаре ларзад дили ман, 
Дили ман, ҷони ман, обу гили ман.
 Зи кори ишқу мастӣ барфитодан,
 Шарори худ ба хошоке надодан,
 Ба дасти худ кафан бар худ буридан,
 Ба чашми хеш марги хеш дидан, 
Туро ин марг ҳар дам дар камин аст,
Битарс аз вай, ки марги мо ҳамин аст
. Канад гўри ту андар пайкари ту, 
Нокиру Мункари ў дар бари ту.

*** Bedil***, 29-07-2012 22:06 (ссылка)

Куввати Магриб на аз чангу рубоб,



Куввати Магриб на аз чангу рубоб,
Не зи ракси духтарони бе хичоб.
Не зи сехри сохирони лоларуст,
Не зи урёнсоку не аз катъи муст.
Махкамии у на аз лодини аст,
Не фуругаш аз хати лотини аст.
Куввати Магриб аз илму фан аст,
В аз хамин оташ чарогаш рушан аст.
Хикмат аз катъу буриди чома нест,
Монеи илму хунар аммома нест.
Илму фанро эй чавони шуху шанг,
Магз мебояд на малбуси Фаранг.

Dilov@R 


KUHISTONI _, 28-07-2012 23:12 (ссылка)

ЧИ НУР АСТ ИН КИ ДАР ОЙИНАИ ТУСТ?

Ба номи Худованди бахшанда  ва меҳрубон

СУОЛИ ПАНҶУМ 

Кӣ ман бошам? Маро аз "ман" хабар кун,  
Чӣ маънӣ дорад "андар худ сафар кун"? 

ҶАВОБ 

Худӣ таъвизи ҳифзи коинот аст, 
Нахустин партави зоташ ҳаёт аст. 
Ҳаёт аз хоби хуш бедор гардад, 
Дарунаш чун яке - бисёр гардад. 
На ўро бе намуди мо кушуде,
 На моро бе кушуди ў намуде. 
Замираш баҳри нопайдоканоре, 
Дили ҳар қатра мавҷи беқароре. 
Сару барги шикебоӣ надорад, 
Ба ҷуз афрод пайдоӣ надорад, 
Ҳаёт - оташ, худиҳо-чун шарарҳо, 
Чу анҷум собиту андар сафарҳо. 
Зи худ норафта берун - ғайрбин аст,
 Миёни анҷуман хилватнишин аст. 
Яке бингар ба худ печидани ў, 
Зи хоки пайсипар болидани ў. 
Ниҳон аз дидаҳо дар ҳою ҳуе, 
Дамодам ҷустуҷўи рангу бўе.
 Зи сўзи андарун дар ҷасту хез аст, 
Ба ойине, ки бо худ дар ситез аст. 
Ҷаҳонро аз ситези ў низоме, 
Кафи хок аз ситез ойинафоме. 
Нарезад ҷуз худӣ аз партави ў, 
Нахезад ҷуз гуҳар андар зави ў. 
Худиро пайкари хокӣ ҳиҷоб аст, 
Тулўъи ў мисоли офтоб аст. 
Даруни синаи мо Ховари ў, 
Фурўғи хоки мо аз ҷавҳари ў. 
Ту мегўӣ: маро аз "ман" хабар кун, 
Чӣ маънӣ дорад "андар худ сафар кун"? 
Туро гуфтам, ки рабти ҷону тан чист, 
Сафар дар худ куну бингар, ки "ман" чист. 
Сафар дар хеш - зодан бе абу мом, 
Сурайёро гирифтан аз лаби бом. 
Абад бурдан ба як дам изтиробе, 
Тамошо бе шуъои офтобе. 
Сутурдан нақши ҳар уммеду биме, 
Задан чоке ба дарё чун Калиме.
 Шикастан ин тилисми баҳру барро, 
Зи ангуште шикофидан қамарро. 
Чунон бозомадан аз ломаконаш, 
Даруни сина ў, дар каф ҷаҳонаш.
 Вале ин розро гуфтам муҳол аст, 
Ки дидан шишаву гуфтан сафол аст! 
Чӣ гўям аз "ман"-у аз тўшу тобаш, 
Кунад "инно аразно" бе ниқобаш. 
Фалакро ларза бар тан аз фари ў, 
Замону ҳам макон андар бари ў. 
Нишеманро дили Одам ниҳодаст, 
Насиби мушти хоке уфтодаст, 
Ҷудо аз ғайру ҳам побастаи ғайр, 
Гум андар хешу ҳам пайвастаи ғайр.
 Хаёл андар кафи хоке чунон аст, 
Ки сайраш бе макону бе замон аст. 
Ба зиндон асту озод аст - ин чист? 
Каманду сайду сайёд аст - ин чист? 
Чароғе дар миёни синаи туст, 
Чи нур аст ин ки дар ойинаи туст? 
Машав ғофил, ки ту ўро аминӣ, 
Чӣ нодонӣ, ки сўи худ набинӣ! 

KUHISTONI _, 25-07-2012 00:57 (ссылка)

АГАР МО ЗИНДАЕМ,АЗ ДАРДМАНДИСТ.........

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

СУОЛИ ЧАҲОРУМ

Қадиму мўҳдас аз ҳам чун ҷудо шуд, 
Ки ин олам шуд, он дигар Худо шуд? 
Агар маъруфу ориф зоти пок аст,
 Чӣ савдо дар сари ин мушти хок аст?

ҶАВОБ

Худиро зиндагӣ эҷоди ғайр аст,
 Фироқи орифу маъруф хайр аст. 
Қадиму мўҳдаси мо аз шумор аст,
 Шумори мо тилисми рўзгор аст. 
Дамодам дўшу фардо мешуморем, 
Ба ҳасту буду бошад кордорем. 
Аз ў худро буридан фитрати мост, 
Тапидан, норасидан фитрати мост.
 На моро дар фироқи ў аёре,
На ўро бе висоли мо қароре, 
На ў бе мо, на мо бе ў-чӣ ҳол аст
 Фироқи мо фироқ андар висол аст.
 Ҷудоӣ хокро бахшад нигоҳе,
 Диҳад сармояи кўҳе ба коҳе.
Ҷудоӣ ишқро ойинадор аст,
 Ҷудоӣ ошиқонро созгор аст.
 Агар мо зиндаем, аз дардмандист,
 В-агар пояндаем, аз дардмандист.
 Ману ў чист - асрори илоҳист,
 Ману ў бар давоми мо гувоҳест.
 Ба хилват ҳам ба ҷилват нури зот аст,
 Миёни анҷуман будан ҳаёт аст. 
Муҳаббат дидавар бе анҷуман нест,
 Муҳаббат, худ нигар, бе анҷуман нест.
 Ба базми мо таҷаллиҳост, бингар. 
Ҷаҳон нопиду ў пайдост, бингар. 
Дар ў девору шаҳру коху кў нест,
 Ки ин ҷо ҳеҷ кас ҷуз мову ў нест.
 Гаҳе худро зи мо бегона созад, 
Гаҳе моро чу созе менавозад.
 Гаҳе аз санг тасвираш тарошем,
 Гаҳе нодида бар вай саҷда пошем. 
Гаҳе ҳар пардаи фитрат даридем,
 Ҷамоли ёр бебокона дидем. 
Чӣ савдо дар сари ин мушти хок аст? 
Аз ин савдо дарунаш тобнок аст.
Чӣ хуш савдо, ки нолад аз фироқаш,
 Валекин ҳам биболад аз фироқаш.
 Фироқи ў чунон соҳибназар кард,
 Ки шоми хешро бар худ саҳар кард.
 Худиро дардманди имтиҳон сохт,
 Ғами деринаро айши ҷавон сохт.
 Гуҳарҳо силк-силк аз чашми тар бурд,
 Зи нахли мотамӣ ширин самар бурд.
 Худиро танг дар оғўш кардан,
 Фаноро бо бақо ҳамдўш кардан.
 Муҳаббат дар гиреҳ бастан - мақомот,
 Муҳаббат даргузаштан аз ниҳоёт.
 Муҳаббат завқи анҷоме надорад, 
Тулўъи субҳи ў шоме надорад.
 Ба роҳаш чун хирад печу хаме ҳаст, 
Ҷаҳоне дар фурўғи як даме ҳаст.
 Ҳазорон олам афтад дар раҳи мо,
 Ба поён кай расад ҷавлонгаҳи мо! 
Мусофир! Ҷовидон зӣ, ҷовидон мир,
 Ҷаҳонеро, ки пеш ояд, фаро гир.
 Ба баҳраш гум шудан анҷоми мо нест,
 Агар ўро ту дар гирӣ, фано нест. 
Худӣ андар худӣ гунҷад - муҳол аст, 
Худиро айни худ будан камол аст.

KUHISTONI _, 22-07-2012 00:51 (ссылка)

ХИРАДРО БО ДИЛИ ХУД ҲАМСАФАР КУН..




СУОЛИ САВВУМ

Висоли мумкину воҷиб ба ҳам чист?
Ҳадиси қурбу буъду бешу кам чист?

ҶАВОБ

Се паҳлў ин ҷаҳони чуну чанд аст, 
Хирад кайфу ками ўро каманд аст. 
Ҷаҳони Тўсиву Уқлидус аст ин, 
Пайи ақли заминфарсо бас аст ин. 
Замонаш, ҳам маконаш эътиборист, 
Замину осмонаш эътиборист.
 Камонро зеҳ куну омоҷ дарёб,
 Зи ҳарфам нуктаи Меъроҷ дарёб.
Маҷў мутлақ дар ин дайри мукофот,
 Ки мутлақ нест ҷуз "нуру-с-самовот". 
Ҳақиқат лозаволу ломакон аст, 
Магў дигар, ки олам бекарон аст
 Канори ў дарун асту берун нест, 
Дарунаш паст, боло кам, фузун нест. 
Абадро ақли мо носозгор аст, 
Якӣ аз гиру дори ў ҳазор аст. 
Чу ланг аст ў, сукунро дўст дорад,
 Набинад мағзу дил бар пўст дорад.
 Ҳақиқатро чу мо сад пора кардем,
 Тамизи собиту сайёра кардем. 
Хирад дар ломакон тарҳи макон баст 
Чу зунноре замонро бар миён баст,
 Замонро дар замири худ надидам, 
Маҳу солу шабу рўз офаридам.
 Маҳу солат намеарзад ба як ҷав,
 Ба ҳарфи "кам лабастум" ғўтазан шав.
 Ба худ рас, аз сари ҳамгома бархез,
 Ту худро дар замири худ фурў рез. 
Тану ҷонро дуто гуфтан калом аст, 
Тану ҷонро дуто дидан ҳаром аст. 
Ба ҷон пўшида рамзи коинот аст,
 Бадан холӣ зи аҳволи ҳаёт аст. 
Арўси маънӣ аз сурат ҳино баст, 
Намуди хешро пирояҳо баст.
 Ҳақиқат рўи худро пардабоф аст,
Ки ўро лаззате дар инкишоф аст.
 Баданро то Фаранг аз ҷон ҷудо дид,
 Нигоҳаш мулку динро ҳам дуто дид.
 Калисо сабҳаи Питрус шуморад, 
Ки ў бо ҳокимӣ коре надорад. 
Ба кори ҳокимӣ макру фане бин, 
Тани беҷону ҷони бетане бин, 
Хирадро бо дили худ ҳамсафар кун, 
Яке бар миллати туркон назар кун, 
Ба тақлиди Фаранг аз худ рамиданд, 
Миёни мулку дин рабте надиданд. 
Якиро он чунон сад пора дидем, 
Адаб баҳри шумораш офаридем. 
Куҳан дайре, ки бинӣ мушти хок аст, 
Даме аз саргузашти зоти пок аст.
 Ҳакимон мурдаро сурат нигоранд,
 Яди Мўсо, дами Исо надоранд. 
Дар ин ҳикмат дилам чизе надидаст,
 Барои ҳикмати дигар тапидаст. 
Ман ин гўям: "ҷаҳон дар инқилоб аст, 
Дарунаш зиндаву дар печу тоб аст". 
Зи аъдоду шумори хеш бигзар, 
Яке дар худ назар кун, пеш бигзар. 
Дар он олам, ки ҷузв аз кулл фузун аст,
 Қиёси Розиву Тўсӣ ҷунун аст.
 Замоне бо Арасту ошно бош, 
Даме бо сози Бэкон ҳамнаво бош.
Валекин аз мақоми шон гузар кун,
 Машав гум андар ин манзил, сафар кун. 
Ба он ақле, ки донад бешу камро, 
Шиносад андаруни кону ямро,
 Ҷаҳони чанду чун зери нигин кун,
 Ба гардун Моҳу Парвинро камин кун.
 Валекин ҳикмати дигар биёмўз, 
Раҳон худро аз ин макру шабу рўз. 
Мақоми ту бурун аз рўзгор аст, 
Талаб кун он ямин, к-ў бе ясор аст.

KUHISTONI _, 17-07-2012 21:59 (ссылка)

НИГАҲРО АЗ ХАМУ ПЕЧАШ АДАБ КУН

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

СУОЛИ ДУВВУМ 

Чӣ баҳр аст ин ки илмаш соҳил омад? 
Зи қаъри ў чӣ гавҳар ҳосил омад? 

ҶАВОБ 

Ҳаёти пурнафас баҳри равоне,
 Шуъуру огаҳӣ ўро кароне. 
Чӣ дарёе, ки жарфу мавҷдор аст,
 Ҳазорон кўҳу саҳро бар канор аст. 
Мапурс аз мавҷҳои беқарораш, 
Ки ҳар мавҷаш бурун ҷаст аз канораш. 
Гузашт аз баҳру саҳроро наме дод, 
Нигаҳро лаззати кайфу каме дод. 
Ҳар он чизе, ки ояд дар ҳузураш, 
Мунаввар гардад аз файзи шуъураш. 
Ба хилват масту сўҳбатнопазир аст, 
Вале ҳар шай зи нураш мустанир аст. 
Нахустин менамояд мустанираш, 
Кунад охир ба ойине асираш. 
Шуъураш бо ҷаҳон наздиктар кард, 
Ҷаҳон ўро зи рози ў хабар кард. 
Хирад банди ниқоб аз рух кушудаш, 
Валекин нутқ урёнтар намудаш.
 Нағунҷад андар ин дайри мукофот, 
Ҷаҳон ўро мақоме аз мақомот. 
Бурун аз хеш мебинӣ ҷаҳонро, 
Дар ў дашту яму саҳрову конро. 
Ҷаҳони рангу бў гулдастаи мо, 
Зи мо озоду ҳам вобастаи мо. 
Худӣ ўро ба як тори нигаҳ баст, 
Замину осмону меҳру маҳ баст.
 Дили моро ба ў пўшида роҳест, 
Ки ҳар мавҷуд мамнуни нигоҳест. 
Гар ўро кас набинад, зор гардад, 
Агар бинад, яму кўҳсор гардад. 
Ҷаҳонро фарбеҳӣ аз дидани мо, 
Ниҳолаш руста аз болидани мо. 
Ҳадиси нозиру манзур розест, 
Дили ҳар зарра дар арзи ниёзест. 
Ту, эй шоҳид, маро машҳуд гардон, 
Зи файзи як назар мавҷуд гардон. 
Камоли зоти шай мавҷуд будан, 
Барои шоҳиде машҳуд будан, 
Зи дониш дар ҳузури мо набудан, 
Мунаввар аз шуъури мо набудан. 
Ҷаҳон ғайр аз таҷаллиҳои мо нест, 
Ки бо мо ҷилваи нуру садо нест. 
Ту ҳам аз сўҳбаташ ёрӣ талаб кун, 
Нигаҳро аз хаму печаш адаб кун. 
"Яқин медон ки шерони шикорӣ 
Дар ин раҳ хостанд аз мўр ёрӣ". 
Ба ёриҳои ў аз худ хабар гир, 
Ту Ҷибрили Аминӣ, болу пар гир. 
Ба бисёрӣ кушо чашми хирадро, 
Ки дарёбӣ тамошои Аҳадро. 
Насиби худ зи бўйи пираҳан гир, 
Ба Канъон накҳат аз Мисру Яман гир. 
Худӣ сайёду нахчираш маҳу меҳр, 
Асири банди тадбираш маҳу меҳр. 
Чу оташ хешро андар ҷаҳон зан, 
Шабеҳун бар макону ломакон зан. (давом дорад)---Саволи саввум

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу