Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
KUHISTONI _, 13-07-2012 23:21 (ссылка)

КАДОМИН ФИКР МОРО ШАРТИ РОҲ АСТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


СУОЛИ АВВАЛ

Нахуст аз фикри хешам дар таҳайюр, 
Чӣ чиз аст он ки гўяндаш тафаккур?
 Кадомин фикр моро шарти роҳ аст, 
Чаро гаҳ тоъату гоҳе гуноҳ аст?

ҶАВОБ

Даруни синаи одам чӣ нур аст?
Чӣ нур аст ин ки ғайби ў ҳузур аст?
 Ман ўро собити сайёр дидам,
 Ман ўро нур дидам, нор дидам.
 Гаҳе нораш зи бурҳону далел аст,
 Гаҳе нураш зи ҷони Ҷабраил аст. 
Чӣ нуре - ҷонфурўзе, синатобе,
 Наярзад бо шуъоаш офтобе.
 Ба хок олудаву пок аз макон аст,
 Ба банди рўзу шаб - пок аз замон аст.
 Шумори рўзгораш аз нафас нест,
Чунин ҷўяндаву ёбанда кас нест.
 Гаҳе вомондаву соҳил мақомаш
, Гаҳе дарёи бепоён ба ҷомаш. 
Ҳамин дарё, ҳамин чўби Калим аст,
 Ки аз вай синаи дарё дуним аст.
 Ғазоле, марғзораш осмоне,
 Хўрад обе зи ҷўи Каҳкашоне.
 Замину осмон ўро мақоме,
 Миёни корвон танҳохироме. 
Зи аҳволаш ҷаҳони зулмату нур, 
Садои суру маргу ҷаннату ҳур.
 Аз ў Иблису Одамро намуде,
 Аз ў Иблису Одамро кушуде,
Нигаҳ аз ҷилваи ў ношикеб аст,
 Таҷаллиҳои ў яздонфиреб аст.
 Ба чашме хилвати худро бубинад,
 Ба чашме ҷилвати худро бубинад. 
Агар як чашм барбандад, гуноҳест,
 Агар бо ҳарду бинад, шарти роҳест. 
Зи ҷўйи хеш баҳре офаринад, 
Гуҳар гардад, ба қаъри худ нишинад,
 Ҳамон дам сурати дигар пазирад,
 Шавад ғаввосу худро бозгирад.
 Дар ў ҳангомаҳои бехурўш аст, 
Дар ў рангу садои чашму гўш аст. 
Даруни шишаи ў рўзгор аст,
 Вале бар мо ба тадриҷ ошкор аст.
Ҳаёт аз вай барандозад каманде,
 Шавад сайёди ҳар пасту баланде,
 Аз ў худро ба банди худ дарорад,
 Гулўи мосиворо ҳам фишорад.
 Ду олам мешавад рўзе шикораш, 
Фитад андар каманди тобдораш, 
Агар ин ҳарду оламро бигирӣ,
 Ҳама офоқ мирад, ту намирӣ. 
Манеҳ по дар биёбони талаб суст, 
Нахустин гир он олам, ки дар туст.
 Агар зерӣ зи худгирӣ забар шав,
 Худо хоҳӣ, ба худ наздиктар шав.
 Ба тасхири худ афтодӣ агар тоқ, 
Туро осон шавад тасхири офоқ. 
Хунук рўзе, ки гирӣ ин ҷаҳонро,
 Шикофӣ синаи нўҳ осмонро.
 Гузорад моҳ пеши ту суҷуде,
 Бар ў печи каманд аз мавҷи дуде, 
Дар ин дайри кўҳан озод бошӣ,
 Бутонро бар муроди худ тарошӣ.
 Ба каф бурдан ҷаҳони чорсўро,
 Мақоми пуру савту рангу бўро. 
Фузунаш кам, ками ў беш кардан, 
Дигаргун бар муроди хеш кардан,
 Ба ранҷу роҳати ў дил набастан, 
Тилисми нўҳ сипеҳри ў шикастан,
 Фурў рафтан чу пайкон дар замираш,
Надодан гандуми худ бо шаъираш –
 Шукўҳи хусравӣ ин аст, ин аст,
 Ҳамин мулк аст, к-ў тавъам ба дин аст.(давом дорад)

KUHISTONI _, 17-07-2012 21:59 (ссылка)

НИГАҲРО АЗ ХАМУ ПЕЧАШ АДАБ КУН

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

СУОЛИ ДУВВУМ 

Чӣ баҳр аст ин ки илмаш соҳил омад? 
Зи қаъри ў чӣ гавҳар ҳосил омад? 

ҶАВОБ 

Ҳаёти пурнафас баҳри равоне,
 Шуъуру огаҳӣ ўро кароне. 
Чӣ дарёе, ки жарфу мавҷдор аст,
 Ҳазорон кўҳу саҳро бар канор аст. 
Мапурс аз мавҷҳои беқарораш, 
Ки ҳар мавҷаш бурун ҷаст аз канораш. 
Гузашт аз баҳру саҳроро наме дод, 
Нигаҳро лаззати кайфу каме дод. 
Ҳар он чизе, ки ояд дар ҳузураш, 
Мунаввар гардад аз файзи шуъураш. 
Ба хилват масту сўҳбатнопазир аст, 
Вале ҳар шай зи нураш мустанир аст. 
Нахустин менамояд мустанираш, 
Кунад охир ба ойине асираш. 
Шуъураш бо ҷаҳон наздиктар кард, 
Ҷаҳон ўро зи рози ў хабар кард. 
Хирад банди ниқоб аз рух кушудаш, 
Валекин нутқ урёнтар намудаш.
 Нағунҷад андар ин дайри мукофот, 
Ҷаҳон ўро мақоме аз мақомот. 
Бурун аз хеш мебинӣ ҷаҳонро, 
Дар ў дашту яму саҳрову конро. 
Ҷаҳони рангу бў гулдастаи мо, 
Зи мо озоду ҳам вобастаи мо. 
Худӣ ўро ба як тори нигаҳ баст, 
Замину осмону меҳру маҳ баст.
 Дили моро ба ў пўшида роҳест, 
Ки ҳар мавҷуд мамнуни нигоҳест. 
Гар ўро кас набинад, зор гардад, 
Агар бинад, яму кўҳсор гардад. 
Ҷаҳонро фарбеҳӣ аз дидани мо, 
Ниҳолаш руста аз болидани мо. 
Ҳадиси нозиру манзур розест, 
Дили ҳар зарра дар арзи ниёзест. 
Ту, эй шоҳид, маро машҳуд гардон, 
Зи файзи як назар мавҷуд гардон. 
Камоли зоти шай мавҷуд будан, 
Барои шоҳиде машҳуд будан, 
Зи дониш дар ҳузури мо набудан, 
Мунаввар аз шуъури мо набудан. 
Ҷаҳон ғайр аз таҷаллиҳои мо нест, 
Ки бо мо ҷилваи нуру садо нест. 
Ту ҳам аз сўҳбаташ ёрӣ талаб кун, 
Нигаҳро аз хаму печаш адаб кун. 
"Яқин медон ки шерони шикорӣ 
Дар ин раҳ хостанд аз мўр ёрӣ". 
Ба ёриҳои ў аз худ хабар гир, 
Ту Ҷибрили Аминӣ, болу пар гир. 
Ба бисёрӣ кушо чашми хирадро, 
Ки дарёбӣ тамошои Аҳадро. 
Насиби худ зи бўйи пираҳан гир, 
Ба Канъон накҳат аз Мисру Яман гир. 
Худӣ сайёду нахчираш маҳу меҳр, 
Асири банди тадбираш маҳу меҳр. 
Чу оташ хешро андар ҷаҳон зан, 
Шабеҳун бар макону ломакон зан. (давом дорад)---Саволи саввум

KUHISTONI _, 09-07-2012 21:39 (ссылка)

СИРРИ АСМОИ АЛӢ ДОНАД,КИ ЧИСТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон



ДАР ШАРҲИ АСРОРИ АСМОИ АЛӣ МУРТАЗО





Муслими аввал шаҳи мардон Алӣ,
 Ишқро сармояи имон Алӣ.
 Аз валои дудмонаш зиндаам,
 Дар ҷаҳон мисли гуҳар тобандаам.
 Наргисам, ворафтаи наззораам, 
Дар хиёбонаш чу бў овораам. 
Замзам ар ҷўшад зи хоки ман, аз ўст,
 Май агар резад зи токи ман, аз ўст.
 Хокаму аз меҳри ў ойинаам,
 Метавон дидан наво дар синаам.
 Аз рухи ў фол Пайғамбар гирифт,
 Миллати Ҳақ аз шукўҳаш фар гирифт.
 Қуввати дини мубин фармудааш,
 Коинот ойинпазир аз дудааш.
 Мурсали Ҳақ кард номаш Бутуроб,
 Ҳақ "ядуллаҳ" хонд дар Умму-л-китоб.
 Ҳар кӣ донои румузи зиндагист,
 Сирри асмои Алӣ донад, ки чист. 
Хоки торике, ки номи ў тан аст, 
Ақл аз бедоди ў дар шеван аст.
 Фикр гардунрас, заминпаймо аз ў,
 Чашм кўру гўш ношунво аз ў. 
Аз ҳавас теғи дурў дорад ба даст, Раҳравонро дил бар ин раҳзан шакаст.
Шери Ҳақ ин хокро тасхир кард,
 Ин гули торикро иксир кард.
 Муртазо, к-аз теғи ў Ҳақ равшан аст,
 Бутуроб аз фатҳи иқлими тан аст.
 Мард кишваргир аз каррорӣ аст,
 Гавҳарашро обрў худдорӣ аст.
 Ҳар кӣ дар офоқ гардад Бутуроб,
 Бозгардонад зи Мағриб офтоб.
 Ҳар ки зин бар маркаби тан танг баст,
 Чун нигин бар хотами давлат нишаст.
 Зери пош ин ҷо шукўҳи Хайбар аст,
 Дасти ў он ҷо қасими Кавсар аст.
 Аз худогоҳӣ ядуллоҳӣ кунад, 
Аз ядуллоҳӣ шаҳаншоҳӣ кунад.
 Зоти ў дарвозаи шаҳри улум, 
Зери фармонаш Ҳиҷозу Чину Рум.
 Ҳукмрон бояд шудан бар хоки хеш,
 То майи равшан хўрӣ аз токи хеш
 Хок гаштан мазҳаби парвонагист,
 Хокро аб шав, ки ин мардонагист.
 Санг шав, эй ҳамчу гул нозукбадан, 
То шавӣ бунёди девори чаман.
 Аз гили худ одаме таъмир кун,
 Одамиро оламе таъмир кун.
 Гар бино созӣ на девору даре,
 Хишт аз хоки ту бандад дигаре.
Эй зи ҷаври чархи ноҳинҷор тапг,
 Ҷоми ту фарёдии бедоди санг,
 Нолаву фарёду мотам то куҷо?
 Синакўбиҳои пайҳам то куҷо?
 Дар амал пўшида мазмуни ҳаёт,
 Лаззати тахлиқ қонуни ҳаёт.
 Хезу халлоқи ҷаҳони тоза шав,
 Шўъла дар бар кун, халиловоза шав.
 Бо ҷаҳонӣ номусоъид сохтан,
 Ҳаст дар майдон сипар андохтан.
 Марди худдоре, ки бошад пухтакор,
 Бо мизоҷи ў бисозад рўзгор.
 Гар насозад бо мизоҷи ў ҷаҳон,
 Мешавад ҷангозмо бо осмон.
 Барканад бунёди мавҷудотро,
 Медиҳад таркиби нав зарротро.
 Гардиши айёмро барҳам занад,
 Чархи нилуфомро барҳам занад.
 Мекунад аз қуввати худ ошкор,
 Рўзгори нав, ки бошад созгор.
 Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,
 Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист.
 Озмояд соҳибн қалби салим 
Зўри худро аз муҳиммоти азим. 
Ишқ бо душвор варзидан хуш аст,
 Чун Халил аз шўъла гул чидан хуш аст
 Мумкиноти қуввати мардони кор
Гардад аз мушкилписандӣ ошкор.
 Ҳарбаи дунҳимматон кин асту бас, 
Зиндагиро ин як ойин асту бас 
Зиндагонӣ қуввати пайдостӣ,
 Асли ў аз завқи истилостӣ.
 Афви беҷо сардии хуни ҳаёт,
 Сактае дар байни мавзуни ҳаёт.
 Ҳар кӣ дар қаъри мазаллат мондааст,
 Нотавониро қаноъат хондааст.
 Нотавонӣ зиидагиро раҳзан аст,
 Батнаш аз хавфу дурўғ обистан аст.
 Аз макорим андаруни ў тиҳист,
 Шераш аз баҳри замоим фарбеҳист.
 Ҳушёр, эй соҳиби ақли салим,
 Дар каминҳо менишинад ин ғаним.
 Гар хирадмандӣ, фиреби ў мах(в)ар,
 Мисли ҳур бо ҳар замон рангаш дигар.
 Шакли ў аҳли назар нашнохтанд,
 Пардаҳо бар рўи ў андохтанд.
 Гоҳ ўро раҳму нарми пардадор,
 Гоҳ мепўшад ридои инкисор.
 Гоҳ ў мастур дар маҷбурӣ аст,
 Гоҳ пинҳон дар таҳи маъзурӣ аст.
 Чеҳра дар шакли таносоӣ намуд,
 Дил зи дасти соҳиби қувват рабуд.
 Бо тавоноӣ садоқат тавьам аст,
Гар худ огоҳӣ, ҳамин ҷоми Ҷам аст.
 Зиндагӣ кишт асту ҳосил қувват аст,
 Шарҳи рамзи хаққу ботил қувват аст.
 Муддаъӣ гар моядор аз қувват аст,
 Даъвии ў бениёз аз ҳуҷҷат аст.
 Ботил аз қувват пазирад шоми Ҳақ,
 Хешро Ҳақ донад аз бутлони Ҳақ.
 Аз "кун"-и ў заҳр Кавсар мешавад,
 Хайрро гўяд шаре, шар мешавад.
 Эй зи одоби амонат бехабар,
 Аз ду олам хешро беҳтар шумар. 
Аз румузи зиндагӣ огоҳ шав,
 Золиму ҷоҳил зи ғайриллоҳ шав.
 Чашму гўшу лаб кушо, эй ҳушманд,
 Гар мабинӣ роҳи Ҳақ, бар ман биханд.

KUHISTONI _, 05-07-2012 21:37 (ссылка)

ФИКРИ РАВШАНБИН АМАЛРО РАҲБАР АСТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон



ДАР ҲАҚИҚАТИ ШЕЪР ВА ИСЛОҲИ АДАБИЁТИ ИСЛОМИЯ


Гармхун инсон зи доғи орзу,
 Оташин хок аз чароғи орзу. 
Аз таманно май ба ҷом омад ҳаёт, 
Гармхезу тезгом омад ҳаёт. 
Зиндагӣ мазмуни тасхир асту бас,
 Орзу афзуни тасхир асту бас.
 Зиндагӣ сайдафкану дом орзу, 
Ҳуснро аз ишқ пайғом орзу.
 Аз чӣ рў хезад таманно дам ба дам,
 Ин навои зиндагиро зеру бам. 
Ҳарчи бошад хубу зебову ҷамил 
Дар биёбони талаб моро далил,
 Нақши ў маҳкам нишинад дар дилат, 
Орзуҳо офаринад дар дилат. 
Ҳусн халлоқи баҳори орзуст 
Ҷилвааш парвардигори орзуст.
 Синаи шоъир таҷаллизори ҳусн, 
Хезад аз Синои ў анвори ҳусн.
 Аз нигоҳаш хуб гардад хубтар, 
Фитрат аз афсуни ў маҳбубтар.
 Аз дамаш булбул наво омўхтаст,
 Ғозааш рухсори гул афрўхтаст. 
Сўзи ў андар дили парвонаҳо, 
Ишқро рангин аз ў афсонаҳо. 
Баҳру бар пўшида дар обу гилаш, 
Сад ҷаҳони тоза музмар дар дилаш.
Дар димоғаш нодамида лолаҳо, 
Ношунида нағмаҳо, ҳам нолаҳо.
 Фикри ў бо моҳу анҷум ҳамнишин,
 Зиштро ноошно, хубофарин.
 Хизр дар зулмоти ў оби ҳаёт, 
Зиндатар аз оби чашмаш коинот. 
Мо гаронсайрему хому содаем,
 Дар раҳи манзил зи по уфтодаем. 
Андалеби ў наво пардохтаст,
 Ҳилае аз баҳри мо андохтаст, 
То кашад моро ба фирдавси ҳаёт, 
Ҳалқаи комил шавад қавси ҳаёт.
 Корвонҳо аз дарояш гомзан, 
Дар пайи овози нояш гомзан. 
Чун насимаш дар риёзи мо вазад, 
Нармак андар лолаву гул мехазад. 
Аз фиреби ў худафзо зиндагӣ,
 Худҳисобу ношикебо зиндагӣ. 
Аҳли оламро сало бар хон кунад, 
Оташи худро чу бод арзон кунад. 
Вой қавме, к-аз аҷал гирад барот,
 Шоъираш вобўсад аз завқи ҳаёт.
 Хуш намояд зиштро ойинааш, 
Дар ҷигар сад наштар аз нўшинааш. 
Бўсаи ў тозагӣ аз гул барад, 
Завқи парвоз аз дили булбул барад.
Суст аъсоби ту аз афюни ў,
Зиндагонӣ қимати мазмуни ў. 
Мерабояд завқи раъноӣ зи сарв, 
Ҷуррашоҳин аз дами сардаш тазарв. 
Моҳиву аз сина то сар одам аст, 
Чун наботиошён андар ям аст.
 Аз наво бар нохудо афсун занад, 
Киштияш дар қаъри дарё афканад.
 Нағмаҳояш аз дилат дуздад субот,
 Маргро аз сеҳри ў донӣ ҳаёт. 
Дояи ҳастӣ зи ҷони ту барад,
 Лаъли уннобӣ зи кони ту барад. 
Чун зиён пироя бандад судро, 
Мекунад мазмум ҳар маҳмудро. 
Дар ями андеша андозад туро, 
Аз амал бегона месозад туро.
 Хаставу мо аз каломаш хастатар,
 Анҷуман аз даври ҷомаш хастатар. 
Ҷўи барқе нест дар найсони ў, 
Як сароби рангу бў бустони ў. 
Ҳусни ўро бо садоқат кор нест,
 Дар ямаш ҷуз гавҳари тафдор нест. 
Хобро хуштар зи бедорӣ шумурд,
 Оташи мо аз нафасҳояш фусурд.
 Қалб масмум аз суруди булбулаш, 
Хуфта море зери анбори гулаш.
Аз хуму минову ҷомаш алҳазар, 
Аз майи ойинафомаш алҳазар. 
Эй зипоафтодаи саҳбои ў,
 Субҳи ту аз машриқи минои ў.
 Эй дилат аз нағмаҳояш сардҷўш, 
Заҳри қотил хўрдаӣ аз роҳи гўш. 
Эй далели инҳитот андози ту,
 Аз наво афтод тори сози ту. 
Ончунон зор аз таносонӣ шудӣ, 
Дар ҷаҳон нанги мусалмонӣ шудӣ.
 Дар раги гул метавон бастан туро, 
Аз насиме метавон хастан туро. 
Ишқ расво гашта аз фарёди ту, 
Зиштрў тимсолаш аз беҳзоди ту. 
Зард аз озори ту рухсори ў, 
Сардии ту бурда сўз аз нори ў.
 Хастаҷон аз хастаҷониҳои ту, 
Нотавон аз нотавониҳои ту. 
Гиряи тифлона дар паймонааш, 
Кулфати оҳе матоъи хонааш. 
Сархуш аз дарюзаи майхонаҳо, 
Ҷилвадузди равзани кошонаҳо.
 Нохуше, афсурдае, озурдае, 
Аз лагадкўби нигаҳбон мурдае, 
Аз ғамон монанди най коҳидае, 
В-аз фалак сад шиква бар лаб чидае.
Лобаву кин ҷавҳари ойинааш, 
Нотавонӣ ҳамдами деринааш. 
Пастбахту зердасту дунниҳод,
 Носазову ноумеду номурод.
 Шеванаш аз ҷони ту сармоя бурд,
 Лутфи хоб аз дидаи ҳамсоя бурд.
 Вой бар ишқе, ки нори ў фусурд, 
Дар Ҳарам зоиду дар бутхона мурд. 
Эй миёни кисаат нақди сухан,
 Бар аёри зиндагӣ ўро бизан. 
Фикри равшанбин амалро раҳбар аст, 
Чун дурахши барқи пеш аз тундар аст.
 Фикри солеҳ дар адаб мебоядат, 
Раҷъате сўи Араб мебоядат. 
Дил ба Салмои Араб бояд супурд, 
То дамад субҳи Ҳиҷоз аз шоми Курд.
 Аз чаманзори Аҷам гул чидаӣ,
 Навбаҳори Ҳинду Эрон дидаӣ. 
Андаке аз гармии саҳро бихўр,
 Бодаи дерина аз хурмо бихўр.
 Сар яке андар бари гармаш бидеҳ, 
Тан даме бо сарсари гармаш бидеҳ. 
Муддате ғалтидаӣ андар ҳарир, 
Хў ба карбоси дуруште ҳам бигир.
 Қарнҳо бар лола по кўбидаӣ,
 Ораз аз шабнам чу гул шўидаӣ.
Хешро бар реги сўзои ҳам бизан,
 Ғўта андар чашман Замзам бизан. 
Мисли булбул завқи шеван то куҷо? 
Дар чаманзорон нишеман то куҷо? 
Эй ҳумо аз юмни домат арҷманд, 
Ошёне соз бар кўҳи баланд. 
Ошёни барқу тундар дар баре,
 Аз куноми ҷуррабозон бартаре.
 То шавӣ дархўрди пайкори ҳаёт, 
Ҷисму ҷонат сўзад аз нори ҳаёт.

Метки: ислом

KUHISTONI _, 01-07-2012 11:09 (ссылка)

ФИКРИ АФЛОТУН ЗИЁНРО СУД ГУФТ.....

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


ДАР МАЪНИИ ИН КИ АФЛОТУНИ ЮНОНӣ, КИ ТАСАВВУФУ АДАБИЁТИ АҚВОМИ ИСЛОМИЯ АЗ АФКОРИ Ў АСАРИ АЗИМ ПАЗИРУФТА, БАР МАСЛАКИ ГЎСФАНДӣ РАФТААСТ ВА АЗ
ТАХАЙЮЛОТИ Ў ЭҲТИРОЗ ВОҶИБ АСТ

 Роҳиби дерина Афлотун-ҳаким 
Аз гурўҳи гўсфандони қадим.
 Рахши ў дар зулмати маъқул гум, 
Дар кўҳистони вуҷуд афканда сум. 
Ончунон афсуни номаҳсус хўрд,
 Эътибор аз дасту чашму гўш бурд. 
Гуфт: "Сирри зиндагӣ дар мурдан аст, 
Шамъро сад ҷилва аз афсурдан аст." 
Бар тахайюлҳои мо фармонравост,
 Ҷоми у хобовару гетирабост.
 Гўсфанде дар либоси одам аст, 
Ҳукми ў бар ҷони сўфӣ махкам аст. 
Ақли худро бар сари гардун расонд, 
Олами асбобро афсона хонд.
 Кори ў таҳлили аҷзои ҳаёт, 
Қатъи шохи сарви раънои хаёт.
 Фикри Афлотун зиёнро суд гуфт,
Ҳикмати ў будро нобуд гуфт.
 Фитраташ хобиду хобе офарид, 
Чашми ҳуши ў саробе офарид. 
Баски аз завқи амал маҳрум буд,
 Ҷони ў ворафтаи маъдум буд.
 Мункири ҳангоман мавҷуд гашт,
 Холиқи аъёни номашҳуд гашт. 
Зиндаҷонро олами имкон хуш аст,
 Мурдадилро олами аъён хуш аст.
 Оҳуяш бебаҳра аз лутфи хиром, 
Лаззати рафтор бар кабкаш ҳаром.
 Шабнамаш аз тоқати рам бенасиб, 
Тоирашро сина аз дам бенасиб. 
Завқи рўидан надорад донааш, 
Аз тапидан бехабар парвонааш. 
Роҳиби мо чора ғайр аз рам надошт,
 Тоқати ғавғои ин олам надошт.
 Дил ба сўзи шўълаи афсурда баст,
 Нақши он дунёи афюнхўрда баст. 
Аз нишеман сўи гардун пар кушуд,
 Боз сўйи ошён н-омад фуруд. 
Дар хуми гардун хаёли ў гум аст,
 Ман надонам, дурд ё хишти хум аст. 
Қавмҳо аз сукри ў масмум гашт,
 Хуфту аз завқи амал маҳрум гашт.

Метки: Афлотун

KUHISTONI _, 27-06-2012 19:50 (ссылка)

ТЕЗИИ ДАНДОН ТУРО РАСВО КУНАД


Ба номи Худованди бахшанда ва меруҳбон


ҲИКОЯТ ДАР ИН МАЪНӣ, КИ МАСЪАЛАИ НАФЙИ ХУДӣ АЗ МУХТАРЕЪОТИ АҚВОМИ МАҒЛУБАИ БАНИ НАВЪИ ИНСОН АСТ, КИ ВА ИН ТАРИҚИ МАХФӣ АХЛОҚИ АҚВОМИ ҒОЛИБАРО ЗАЪИФ МЕСОЗАНД




Он шуиидастӣ, ки дар аҳди қадим
Гўсфандон дар алафзоре муқим.
 Аз вуфури коҳ наслафзо буданд,
 Фориғ аз андешаи аъдо буданд. 
Охир аз носозии тақдир меш 
Гашт аз тири балое синареш. 
Шерҳо аз беша сар берун заданд,
 Бар алафзори бузон шабхун заданд.
 Ҷазбу истило шиъори қувват аст, 
Фатҳ рози ошкори қувват аст.
Шери нар кўси шаҳаншоҳӣ навохт, 
Мешро аз ҳуррият маҳрум сохт.
 Баски аз шерон наёбад ҷуз шикор, 
Сурх шуд аз хуни меш он марғзор. 
Гўсфанде зираке, фаҳмидае, 
Кўҳнасоле, гурги борондидае. 
Тангдил аз рўзгори қавми хеш, 
Аз ситамҳои ҳужаброн синареш. 
Шикваҳо аз гардиши тақдир кард, 
Кори худро маҳкам аз тадбир кард. 
Баҳри ҳифзи хеш марди нотавон 
Ҳилаҳо ҷўяд зи аҳли кордон.
 Дар ғуломӣ аз пайи дафъи зарар, 
Қуввати тадбир гардад тезтар. 
Пухта чун гардад ҷунуни интиқом,
 Фитнаандешӣ кунад ақли ғулом. 
Гуфт бо худ: "Уқдаи мо мушкил аст, 
Қулзуми ғамҳои мо бе соҳил аст. 
Меш натвонад ба зўр аз шер раст, 
Симсоъид мову ў пўлоддаст. 
Нест мумкин, к-аз камоли ваъзу панд 
Хўйи гургӣ офаринад гўсфанд. 
Шери нарро меш кардан мумкин аст,
 Ғофилаш аз хеш кардан мумкин аст. 
Соҳиби овозаи илҳом гашт, 
Воъизи шерони хуношом гашт".
 Наъра зад: "Эй қавми каззоби ашир,
Бехабар аз явми наҳси мустамир. 
Моядор аз қуввати рўҳонием,
 Баҳри шерон мурсали яздонием. 
Дидаи бенурро нур омадам, 
Соҳиби дастуру маъмур омадам. 
Тавба аз аъмоли номаҳмуд кун,
 Эй зиёнандеш, фикри суд кун. 
Ҳар ки бошад тунду зўровар, шақист, 
Зиндагӣ мустахкам аз нафйи худист.
 Рўҳи некон аз алаф ёбад ғизо, 
Торику-л-лаҳм аст мақбули Худо. 
Тезии дандон туро расво кунад,
 Дидаи идрокро аъмо кунад". 
Ҷаннат аз баҳри заъифон асту бас,
 Қувват аз асбоби хусрон асту бас. 
Ҷустуҷўи азмату сатват шар аст, 
Тангдастӣ аз аморат хуштар аст.
 Барқи сўзон дар камини дона нест, 
Дона гар хирман шавад, фарзона нест. 
Зарра шав, саҳро машав, гар оқилӣ, 
То зи нури офтобе бархўрӣ.
 Эй, ки менозӣ ба забҳи гўсфанд, 
Забҳ кун худро, ки бошӣ арҷманд. 
Зиндагиро мекунад нопойдор 
Ҷабру қаҳру интиқому иқтидор. 
Сабза помол асту рўяд бор, бор,
Хоб марг аз дида шўяд бор, бор
Ғофил аз худ шав, агар фарзонаӣ, 
Гар зи худ ғофил наӣ, девонаӣ. 
Чашм банду гўш банду лаб бибанд, 
То расад фикри ту бар чархи баланд. 
Ин алафзори ҷаҳон ҳеҷ аст, ҳеҷ,
Ту бар ин мавҳум, эй нодон, мапеч.  
Хайли шер аз сахткўшӣ хаста буд, 
Дил ба завқи танпарастӣ баста буд. 
Омадаш ин панди хобовар писанд,
 Хўрд аз хомӣ фусуни гўсфанд. 
Он ки кардӣ гўсфандонро шикор, 
Кард дини гўсфандӣ ихтиёр. 
Бо палангон созгор омад алаф,
 Гашт охир гавҳари шерӣ хазаф. 
Аз алаф он тезии дандон намонд, 
Ҳайбати чашми шарарафшон намонд. 
Дил ба тадриҷ аз миёни сина рафт, 
Ҷавҳари ойина аз ойина рафт. 
Он ҷунуни кўшиши комил намонд, 
Он тақозои амал дар дил намонд. 
Иқтидору азму истиқлол рафт, 
Эътибору иззату иқбол рафт. 
Панҷаҳои оҳанин безўр шуд, 
Мурда шуд дилҳову танҳо гўр шуд.
 Зўри тан коҳиду хавфи ҷон фузуд,
Хавфи ҷон сармояи ҳиммат рабуд.
 Сад мараз пайдо шуд аз беҳимматӣ, 
Кўтадастӣ, бедилӣ, дунфитратӣ.
 Шери бедор аз фусуни меш хуфт,
 Инҳитоти хешро таҳзиб гуфт.

KUHISTONI _, 23-06-2012 23:24 (ссылка)

БО ТУ МЕГӮЯМ ҲАДИСИ БӮАЛӢ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

ДАР БАЁНИ ИН КИ ЧУН ХУДӣ АЗ ИШҚУ МУҲАББАТ МАҲКАМ МЕГАРДАД, ҚУВВОИ ЗОҲИРА ВА МАХФИЯИ НИЗОМИ ОЛАМРО
МУСАХХАР МЕСОЗАД


Аз муҳаббат чун худӣ маҳкам шавад,
Қувваташ фармондеҳи олам шавад. 
Пири гардун, к-аз кавокиб нақш баст, 
Ғунчаҳо аз шохсори ў шикаст.
 Панҷаи ў панҷаи Ҳақ мешавад, 
Моҳ аз ангушти ў шақ мешавад.
 Дар хусумоти ҷаҳон гардад ҳакам, 
Тобеъи фармони ў Дорову Ҷам. 
Бо ту мегўям ҳадиси Буалӣ, 
Дар саводи Ҳинд номи ў Ҷалӣ. 
Он навопирои гулзори куҳан
 Гуфт бо мо аз гули раъно сухан.
 Хиттаи ин ҷаннати оташнажод, 
Аз ҳавои доманаш минусавод.
 Кўчакабдолаш сўи бозор рафт,
Аз шароби Буалӣ саршор рафт. 
Омили он шаҳр меомад савор, 
Ҳамрикоби ў ғулому чўбдор.
Пешрав зад бонг: "Эй ноҳушманд,
 Бар ҷилавдорони омил раҳ мабанд!" 
Рафт он дарвеш сарафганда пеш,
 Ғўтазан андар ями афкори хеш.
Чўбдор аз ҷоми истиқбор маст, 
Бар сари дарвеш чўби худ шикаст. 
Аз раҳи омил фақир озурда рафт, 
Дилгарону нохушу афсурда рафт. 
Дар ҳузури Буалӣ фарёд кард,
 Ашк аз зиндони чашм озод кард.
Сурати барқе, ки бар кўҳсор рехт, 
Шайх сели оташ аз гуфтор рехт. 
Аз раги ҷон оташи дигар кушуд, 
Бо дабири хеш иршоде намуд: 
"Хомаро баргиру фармоне навис! 
Аз фақире сўйи султоне навис! 
Бандаамро омилат бар дар задаст,
 Бар матоъи ҷони худ ахгар задаст. 
Боз гир ин омили бадгавҳаре 
Варна бахшам мулки ту бо дигаре." 
Номаи он бандаи ҳақдастгоҳ
 Ларзаҳо андохт дар андоми шоҳ.
 Пайкараш сармояи олом гашт, 
Зард мисли офтоби шом гашт.
 Баҳри омил ҳалқаи занҷир ҷуст,
 Аз қаландар афви ин тақсир ҷуст. 
Хусрави ширинзабон, рангинбаён,
 Нағмаҳояш аз замири "кун факон"
 Фитраташ раншан мисоли моҳтоб 
Гашт аз баҳри сафорат интихоб.
Чангро пеши қаландар чун навохт,
 Аз навое шишаи ҷонаш гудохт. 
Шавкате, к-ў пухта чун кўҳсор буд, 
Қимати як нағмаи гуфтор буд. 
Нештар бар қалби дарвешон мазан,
 Хешро дар оташи сўзон мазан.

KUHISTONI _, 19-06-2012 21:08 (ссылка)

АЛҲАЗАР АЗ МИННАТИ ҒАЙР,АЛҲАЗАР!

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

ДАР БАЁНИ ИН КИ ХУДӣ АЗ СУОЛ ЗАЪИФ МЕГАРДАД 

Эй фароҳам карда аз шерон хироҷ, 
Гаштаӣ рўбаҳмизоҷ аз эҳтиёҷ. 
Хастагиҳои ту аз нодорӣ аст, 
Асли дарди ту ҳамин беморӣ аст. 
Мерабояд рифъат аз фикри баланд, 
Мекушад шамъи хаёли арҷманд. 
Аз хуми ҳастӣ майи гулфом гир,
 Нақди худ аз кисаи айём гир. 
Худ фуруд о аз шутур мисли Умар, 
Алҳазар аз миннати ғайр, алҳазар! 
То ба кай дарюзаи мансаб кунӣ, 
Сурати тифлон зи най маркаб кунӣ. 
Фитрате, к-ў бар фалак бандад назар, 
Паст мегардад зи эҳсони дигар. 
Аз суол ифлос гардад хортар, 
Аз гадоӣ гидягар нодортар. 
Аз суол ошуфта аҷзои худӣ, 
Бе таҷаллӣ нахли Синои худӣ. 
Мушти хоки хешро аз ҳам мапош, 
Мисли маҳ ризқи худ аз паҳлў тарош. 
Гарчи бошӣ тангрўзу тангбахт, 
Дар раҳи сели бало афканда рахт, 
Ризқи хеш аз неъмати дигар маҷў, 
Мавҷи об аз чашман Ховар маҷў. 
То мабошӣ пеши Пайғамбар хиҷил,  
Рўзи фардое, ки бошад, ҷонгусил. 
Моҳро рўзӣ расад аз хони меҳр, 
Доғ бар дил дорад аз эҳсони меҳр.
 Ҳиммат аз Ҳақ хоҳу бо гардун ситез,
 Обрўи миллати байзо марез. 
Он ки хошоки бутон аз Каъба руфт,
 Марди косибро ҳабибуллоҳ гуфт. 
Вой бар миннатпазири хони ғайр, 
Гарданаш хамгаштаи эҳсони ғайр. 
Хешро аз барқи лутфи ғайр сўхт, 
Бо пашизе мояи ғайрат фурўхт. 
Эй хунук он ташна, к-андар офтоб,
 Менахоҳад аз Хизар як ҷоми об. 
Тарҷабин аз хиҷлати соил нашуд, 
Шакли одам монду мушти гил нашуд.
 Зери гардун он ҷавони арҷманд ,
Меравад мисли санавбар сарбаланд. 
Дар тиҳидастӣ шавад худдортар, 
Бахти ў хобида, ў бедортар. 
Қулзуми занбил сели оташ аст, 
Гар зи дасти худ расад шабнам хуш аст.
 Чун ҳубоб аз ғайрати мардона бош, 
Ҳам ба баҳр андар нагун паймона бош. 

KUHISTONI _, 16-06-2012 22:08 (ссылка)

ОБУРӮИ МО ЗИ НОМИ МУСТАФОСТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

ДАР БАЁНИ ИН КИ ХУДӣ АЗ ИШҚУ МУҲАББАТ ИСТЕҲКОМ МЕПАЗИРАД 

Нуқтаи нуре, ки номи ў худист, 
Зери хоки мо шарори зиндагист. 
Аз муҳаббат мешавад пояндатар, 
Зиндатар, сўзандатар, тобандатар. 
Аз муҳаббат иштиъоли ҷавҳараш, 
Иртиқоъи мумкиноти музмараш. 
Фитрати ў оташ андўзад зи ишқ, 
Оламафрўзӣ биёмўзад зи ишқ. 
Ишқро аз теғу ханҷар бок нест, 
Асли ишқ аз обу боду хок нест. 
Дар ҷаҳон ҳам сулҳу ҳам пайкор ишқ,
Оби ҳайвон, теғи ҷавҳардор ишқ. 
Аз нигоҳи ишқ хоро шақ шавад, 
Ошиқи Ҳақ охир саропо ҳақ шавад. 
Ошиқӣ омўзу маҳбубӣ талаб, 
Чашми Нўҳӣ, қалби Айюбӣ талаб. 
Кимиё пайдо кун аз мушти гиле, 
Бўса зан бар остини комиле. 
Шамъи худро ҳамчу Румӣ барфурўз, 
Румро дар оташи Табрез сўз. 
Ҳаст маьшуқе ниҳон андар дилат, 
Чашм агар дорӣ, биё, бинмоямат. 
Ошиқони ў зи хубон хубтар, 
Хуштару зеботару маҳбубтар. 
Дил зн ишқи ў тавоно мешавад, 
Хок ҳамдўши Сурайё мешавад.
 Хоки Наҷд аз файзи ў чолок шуд,
 Омад андар ваҷду бар афлок шуд. 
Дар дили муслим мақоми Мустафост, 
Обрўи мо зи номи Мустафост. 
Тур мавҷе аз ғубори хонааш,
 Каъбаро Байтулҳарам кошонааш. 
Камтар аз оне, зи авқоташ абад, 
Косиби афзоиш аз зоташ абад. 
Бурё мамнуни хоби роҳаташ, 
Тоҷи Кисро зери пойи умматаш.  
Дар шабистони Ҳиро хилват гузид, 
Қавму ойину ҳукумат офарид.
 Монд шабҳо чашми ў маҳруми навм,
 То ба тахти хусравӣ хобид қавм. 
Вақти ҳайҷо теғи ў оҳангудоз, 
Дидаи ў ашкбор андар намоз. 
Дар дуъои нусрат омин теғи ў, 
Қотеъи насли салотин теғи ў. 
Дар ҷаҳон ойини нав оғоз кард,
 Маснади ақвоми пешин дарнавард. 
Аз калиди дин дари дунё кушод, 
Ҳамчу ў батни уми гетӣ назод. 
Дар нигоҳи ў яке болову паст, 
Бо ғуломи хеш бар як хон нишаст. 
Дар масофе пеши он гардунсарир 
Духтари сардори Тай омад асир. 
Пой дар занҷиру ҳам бепарда буд, 
Гардан аз шарму ҳаё хам карда буд. 
Духтаракро чун Набӣ бепарда дид, 
Чодари худ пеши рўйи ў кашид. 
Мо аз он хотуни Тай урёнтарем,
 Пеши ақвоми ҷаҳон бечодарем. 
Рўзи маҳшар эътибори мост ў, 
Дар ҷаҳон ҳам пардадори мост ў. 
Лутфу қаҳри ў саропо раҳмате, 
Он ба ёрон, ин ба аъдо раҳмате. 
Он ки бар аъдо дари раҳмат кушод,
 Маккаро пайғоми «лотасриб» дод.
 Мо ки аз қайди ватан бегонаем, 
Чун нигаҳ нури ду чашмему якем. 
Аз Ҳиҷозу Чину Эронем мо,
 Шабнами як субҳи хандонем мо. 
Масти чашми соқии Батҳостем, 
Дар ҷаҳон мисли маю миностем. 
Имтиёзоти насабро пок сўхт,
 Оташи ў ин хасу хошок сўхт. 
Чун гули садбарг моро бў якест,
 Ўст ҷони ин низому ў якест. 
Сирри макнуни дили ў мо будем, 
Наъра бебокона зад, ифшо шудем.
 Шўри ишқаш дар найи хомўши ман, 
Метапад сад нағма дар оғўши ман. 
Ман чӣ гўям аз таваллояш, ки чист, 
Хушкчўбе дар фироқи ў гирист. 
Ҳастии муслим таҷаллигоҳи ў, 
Турҳо болад зи гарди роҳи ў.
 Пайкарамро офарид ойинааш, 
Субҳи ман аз офтоби синааш. 
Дар тапиди дам ба дам ороми ман, 
Гармтар аз субҳи маҳшар шоми ман. 
Абр озор асту ман бустони ў, 
Токи ман намнок аз борони ў. 
Чашм дар кишти муҳаббат коштам,
Аз тамошо ҳосиле бардоштам. 
Хоки Ясриб аз ду олам хуштар аст, 
Эй хунук шаҳре, ки он ҷо дилбар аст. 
Куштаи андози Мулло Ҷомиям,
 Назму насри ў илоҷи хомиям.
 Шеър лабрези маъонӣ гуфтааст, 
Дар санойи хоҷа гавҳар суфтааст. 
"Нусхаи кавнайнро дебоча ўст, 
Ҷумла олам бандагону хоҷа ўст*".
Кайфиятҳо хезад аз саҳбои ишқ, 
Ҳаст ҳам тақлид аз асмои ишқ.
 Комили Бастом дар тақлиди фард ,
Иҷтиноб аз хўрдани харбуза кард. 
Ошиқӣ? Маҳкам шав аз тақлиди ёр, 
То каманди ту шавад яздоншикор. 
Андаке андар Ҳирои дил нишин, 
Тарки худ кун, сўи Ҳақ хиҷрат гузин. 
Маҳкам аз Ҳақ шав, сўйи худ гом зан, 
Лоту Уззои ҳавасро сар шикан. 
Лашкаре пайдо кун аз султони ишқ, 
Ҷилвагар шав бар сари Форони ишқ. 
То Худои Каъба бинвозад туро, 
Шарҳи "иннӣ ҷоъилун" созад туро. 

* Ин байт аз Абдурраҳмони Ҷомӣ аст.  

KUHISTONI _, 13-06-2012 20:30 (ссылка)

ЧИ МЕПУРСӢ,МИЁНИ СИНА ДИЛ ЧИСТ?

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон


---------ЛОЛАИ ТУР-------

...................(давомаш)

26
Туро як нуктаи сарбаста гўям, 
Агар дарси ҳаёт аз ман бигирӣ. 
Бимирӣ, гар ба тан ҷоне надорӣ 
В-агар ҷоне ба тан дорӣ, намирӣ. 
27
Биҳил афсонаи он почароғе, 
Ҳадиси сўзи ў озори гўш аст. 
Ман он парвонаро парвона донам,
 Ки ҷонаш сахткўшу шўъланўш аст. 
28
Туро аз хештан бегона созад, 
Ман он оби тарабноке надорам.
 Ба бозорам маҷў дигар матоъе, 
Чу гул ҷуз синаи чоке надорам. 
29
Зиён бинӣ зи сайри бўстонам, 
Агар ҷонат шаҳиди ҷустуҷў нест. 
Намоям он чӣ ҳаст андар раги гул, 
Баҳори ман тилисми рангу бў нест. 
30
Бурун аз вартаи буду адам шав, 
Фузунтар з-ин ҷаҳони кайфу кам шав. 
Худӣ таъмир кун дар пайкари хеш
 Чу Иброҳим меъмори Ҳарам шав. 
31
Зи мурғони чаман ноошноям, 
Ба шохи ошён танҳо сароям. 
Агар нозукдилӣ, аз ман карон гир, 
Ки хунам метаровад аз навоям. 
32
Ҷаҳон, ё Раб, чӣ хуш ҳангома дорад, 
Ҳамаро масти як паймона кардӣ. 
Нигаҳро бо нигаҳ омез додӣ, 
Дил аз дил, ҷон зи ҷон бегона кардӣ. 
33
Сикандар бо Хизар хуш нуктае гуфт: 
"Шарики сўзу сози баҳру бар шав. 
Ту ин ҷанг аз канори арса бинӣ, 
Бимир андар набарду зиндатар шав.
34
" Сарири Кайқубод, иқлили Ҷам-хок.
 Калисову бутистону Ҳарам-хок, 
Валекин ман надонам гавҳарам чист?  
Нигоҳам бартар аз гардун, танам-хок. 
35
Агар дар мушти хоки ту ниҳоданд, 
Дили садпораи хунобаборе, 
Зи абри навбаҳорон гиря омўз, 
Ки аз ашки ту рўяд лолазоре. 
36
Дамодам нақшҳои тоза резад, 
Ба як сурат қарори зиндагӣ нест. 
Агар имрўзи ту тасвири дўш аст, 
Ба хоки ту шарори зиндагӣ нест. 
37
Чу завқи нағмаам дар ҷилват орад,
 Қиёмат афканам дар маҳфили хеш. 
Чу мехоҳам даме хилват бигирам,
 Ҷаҳонро гум кунам андар дили хеш. 
38
Чӣ мепурсӣ, миёни сина дил чист? 
Хирад чун сўз пайдо кард, дил шуд. 
Дил аз завқи тапиш дил буд, лекин 
Чу як дам аз тапиш афтод, гил шуд. 
39
Хирад гуфт: "Ў ба чашм андар нагунҷад, 
Нигоҳи шавқ дар уммеду бим аст. 
Намегардад куҳан афсонаи 
Тур, Ки дар ҳар дил таманнои Калим аст." 
40
Куништу масҷиду бутхонаву дайр, 
Ҷуз ин мушти гиле пайдо накардӣ. 
Зи ҳукми ғайр натвон ҷуз ба дил раст, 
Ту, эй ғофил, диле пайдо накардӣ.
41
 Напайвастам дар ин бўстонсаро дил, 
Зи банди ину он озода рафтам. 
Чу боди субҳ гардидам даме чанд, 
Гулонро обу ранге дода рафтам.
42
 Ба худ боз оварад ринди куҳанро 
Майи барно, ки ман дар ҷом кардам. 
Ман ин май чун муғони даври пешин 
Зи чашми масти соқӣ вом кардам. 
43
Сафоламро майи ў ҷоми Ҷам кард, 
Даруни қатраам пўшида ям кард. 
Хирад андар сарам бутхонае рехт, 
Халили ишқ Дайрамро Ҳарам кард. 
44
Хирад занҷирии имрўзу дўш аст, 
Парастори бутони чашму гўш аст. 
Санам дар остин пўшида дорад, 
Бараҳманзодаи зуннорпўш аст. 
45
Хирад андар сари ҳар кас ниҳоданд, 
Танам чун дигарон аз хоку хун аст.
 Вале ин роз кас ҷуз ман надонад, 
Замири хоку хунам бечигун аст. 
46
Гадои ҷилва рафтӣ бар сари Тур, 
Ки ҷони ту зи худ номаҳраме ҳаст.
 Қадам дар ҷустҷўи одаме зан,
 Худо ҳам дар талоши одаме ҳаст. 
47
Бигў Ҷибрилро аз ман паёме, 
Маро он пайкари нурӣ надоданд.
 Вале тобу таби мо хокиён бин, 
Ба нурӣ завқи маҳҷурӣ надоданд. 
48
Ҳумои илм то афтад ба домат, 
Яқин кам кун, гирифтори шаке бош. 
Амал хоҳӣ, яқинро пухтатар кун, 
Яке ҷўю яке бину яке бош. 
49
Хирад бар чеҳраи ту пардаҳо бофт,
 Нигоҳе ташнаи дидор дорам. 
Дарафтад ҳар замон андеша бо шавқ, 
Чӣ ошўб афканӣ дар ҷони зорам! 
50

Дилат меларзад аз андешаи марг, 
Зи бимаш зард монанди зарирӣ.
 Ва худ боз о, худиро пухтатар гир, 
Агар гирӣ, пас аз мурдан намирӣ.

(давом дорад)...................

KUHISTONI _, 09-06-2012 20:23 (ссылка)

ОРЗУРО ДАР ДИЛИ ХУД ЗИНДА ДОР.....




-Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён бо он Зоти поки бузургу бахшояндаву ғамраҳокунандаи меҳрубон.
---Сипас салому дуруди бепоён ба хатмкунандаи анбиё Муҳаммади Муставо (С.А.В.) ва бар ҷамъи олу асҳоби эшон.






Салому алайкум бародарону хоҳарони исломӣ,пайравони роҳи Ҳақ ва  ҳамватанони муҳоҷир дур аз ватан афтода,ки ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ таъмини нафақаву зану фарзанд қабул намудаед ва дар диёри ғурбат ҳиҷрат зиндагии ширини худро ва айёми ҷавони ва навҷавонии худро сипарӣ мекунед,ба ҳамаи шумо аз Худованди меҳрубон беҳтарин хушиҳои зиндагиро, беҳтарин неъматҳои дунё,ки имону амону тандурустӣ ва илму амалу фарохдастист, масъалат дорам!Иншаоллоҳ ҳар куҷо бошед,мувваффақу муаядду сарбаланд бошед!



ДАР БАЁНИ ИН КИ ҲАЁТИ ХУДӣ АЗ ТАХЛИҚУ ТАВЛИД МАҚОСИД АСТ



Зиндагониро бақо аз муддаъост, 
Корвонашро даро аз муддаъост. 
Зиндагӣ дар ҷустуҷў пўшида аст, 
Асли ў дар орзу пўшида аст. 
Орзуро дар дили худ зинда дор, 
То нагардад мушти хоки ту мазор. 
Орзу ҷони ҷаҳони рангу бўст, 
Фитрати ҳар шайъи эмин орзуст. 
Аз таманно рақси дил дар синаҳо, 
Синаҳо аз тоби ў ойинаҳо. 
Тоқати парвоз бахшад хокро, 
Хизр бошад Мўсии идрокро, 
Дил зи сўзи орзу гирад ҳаёт, 
Ғайри Ҳақ мирад, чу ў гирад ҳаёт. 
Чун зи тахлиқи таманно бозмонд, 
Шаҳпараш бишкасту аз парвоз монд. 
Орзу ҳангомаорои худӣ,
Мавҷи бетобе зи дарёи худӣ.
Орзу сайди мақосидро каманд, 
Дафтари афъолро шерозабанд.
 Зиндаро нафйи таманно мурда кард, 
Шўъларо нуқсони сўз афсурда кард. 
Чист асли дидаи бедори мо? 
Баст сурат лаззати дидори мо. 
Кабк по аз шўхии рафтор ёфт, 
Булбул аз саъйи наво минқор ёфт.
 Най бурун аз найситон обод шуд, 
Нағма аз зиндони ў озод шуд. 
Ақли нудраткўшу гардунтоз чист?
 Ҳеҷ медонӣ, ки ин эьҷоз чист? 
Зиндагӣ сармоядор аз орзўст, 
Ақл аз зоидагони батни ўст. 
Чист назми қавму ойину русум?
 Чист рози тозагиҳои улум? 
Орзуе, к-ў ба зўри худ шикаст, 
Сар зи дил берун заду сурат бибаст. 
Дасту дандону димоғу чашму гўш, 
Фикру тахйилу шуъуру ёду ҳуўш. 
Зиндагӣ маркаб чу дар ҷангоҳ бохт, 
Баҳри ҳифзи хеш ин олот сохт. 
Огаҳӣ аз илму фан мақсуд нест,
 Ғунчаву гул аз чаман мақсуд нест. 
Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,
Илм аз асбоби тақвими худист. 
Илму фан аз пешхезони хаёт, 
Илму фан аз хоназодони ҳаёт. 
Эй зи рози зиндагӣ бегона, хез, 
Аз шароби мақсаде мастона хез! 
Мақсаде мисли саҳар тобандае, 
Мосиворо оташи сўзандае. 
Мақсаде аз осмон болотаре,
 Дилрабое, дилситоне, дилбаре,
 Ботили деринаро ғоратгаре, 
Фитна дар ҷайбе, саропо маҳшаре. 
Мо зи тахлиқи мақосид зиндаем, 
Аз шуъои орзу тобандаем.

Худованд ҳофизатон бошад!

Метки: Кулёт

ad ali, 18-05-2012 09:23 (ссылка)

МОДАРНОМА....

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.

Эй ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,
Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.

Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,
Моҳи шаб шуълае аз дидаи бедори зан аст.

Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.

Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.

Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст

KUHISTONI _, 29-05-2012 23:04 (ссылка)

ПАЙКАРИ ҲАСТӢ ЗИ ОСОРИ ХУДИСТ




ДАР БАЁНИ ИН КИ АСЛИ НИЗОМИ ОЛАМ АЗ ХУДӢ АСТ ВА ТАСАЛСУЛИ ҲАЁТИ ТАЪИНОТИ ВУҶУД БАР ИСТЕҲКОМИ ХУДӢ ИНҲИСОР ДОРАД 


Пайкари ҳастӣ зи осори худист, 
Ҳарчӣ мебинӣ, зи асрори худист. 
Хештанро чун худӣ бедор кард, 
Ошкоро олами пиндор кард. 
Сад ҷаҳон пўшида андар зоти ў, 
Ғайри ў пайдост аз исботи ў. 
Дар ҷаҳон тухми хусумат коштаст, 
Хештанро ғайри худ пиндоштаст. 
Созад аз худ пайкари ағёрро, 
То физояд лаззати пайкорро. 
Мекашад аз қуввати бозуи хеш, 
То шавад огоҳ аз нерўи хеш. 
Худфиребиҳои ў айни ҳаёт, 
Ҳамчу гул аз хун вузў айни ҳаёт. 
Баҳри як гул хуни сад гулшан кунад, 
Аз пайи як нағма сад шеван кунад. 
Як фалакро сад ҳилол овардааст, 
Баҳри ҳарфе сад мақол овардааст. 
Узри ин исрофу ин сангиндилӣ 
Хулқу такмили ҷамоли маънавӣ. 
Ҳусни Ширин узри дарди Кўҳкан, 
Нофае узри сад оҳуи Хутан. 
Сўзи пайҳам қисмати парвонаҳо, 
Шамъ узри меҳнати парвонаҳо. 
Хомаи ў нақши сад имрўз баст, 
То биёрад субҳи фардое ба даст. 
Шўълаҳои ў сад Иброҳим сўхт, 
То чароғи як Муҳаммад барфурўхт. 
Мешавад аз баҳри ағрози амал,
 Омилу маъмулу асбобу илал. 
Хезад, ангезад, парад, тобад, рамад, 
Сўзад, афрўзад, кушад, мирад, дамад. 
Вусъати айём ҷавлонгоҳи ў, 
Осмон мавҷе зи гарди роҳи ў. 
Гулбаҷайб офоқ аз гулкорияш, 
Шаб зи хобаш, рўз аз бедорияш. 
Шўълаи худ дар шарар тақсим кард, 
Ҷузпарастӣ ақлро таълим кард. 
Худшикан гардиду аҷзо офарид, 
Андаке ошуфту саҳро офарид. 
Боз аз ошуфтагӣ безор шуд, 
В-аз баҳампайвастагӣ кўҳсор шуд. 
Во намудан хешро хўйи худист, 
Хуфта дар ҳар зарра нерўи худист. 
Қуввати хомўшу бетоби амал, 
Аз амал побанд асбоби амал. 
Чун ҳаёти олам аз зўри худист, 
Пас ба қадри устуворӣ зиндагист.  
Қатра чун ҳарфи худӣ аз бар кунад, 
Ҳастии бемояро гавҳар кунад. 
Бода аз заъфи худӣ бепайкар аст, 
Пайкараш миннатпазири соғар аст. 
Гарчи пайкар мепазирад ҷоми май, 
Гардиш аз мо вом гирад ҷоми май. 
Кўҳ чун аз худ равад, саҳро шавад, 
Шиквасанҷи ҷўшиши дарё шавад. 
Мавҷ то мавҷ аст дар оғўши баҳр,
 Мекунад худро савори дўши баҳр. 
Ҳалқае зад нур, то гардид чашм, 
Аз талоши ҷилваҳо ҷунбид чашм. 
Сабза чун тоби дамид аз хеш ёфт, 
Ҳиммати ў синаи гулшан шикофт.
 Шамъ ҳам худро ба худ занҷир кард, 
Хешро аз зарраҳо таъмир кард, 
Худгудозӣ пеша кард, аз худ рамид, 
Ҳамчу ашк охир зи чашми худ чакид. 
Гар ба фитрат пухтатар будӣ нигин, 
Аз ҷароҳатҳо биёсудӣ нигин. 
Мешавад сармоядори номи ғайр, 
Дўши ў маҷрўҳи бори номи ғайр. 
Чун замин бар ҳастии худ маҳкам аст, 
Моҳ побанди тавофи пайҳам аст.
 Ҳастии меҳр аз замин маҳкамтар аст, 
Пас замин масҳури чашми Ховар аст. 
Ҷунбиш аз мижгон барад шаъни чинор, 
Моядор аз сатвати ў кўҳсор . 
Тору пуди кисвати ў оташ аст, 
Асли ў як донаи гарданкаш аст. 
Чун худӣ орад ба ҳам нерўйи зист, 
Мекушояд қулзуме аз ҷўйи зист. 

Метки: худи

KUHISTONI _, 19-05-2012 20:38 (ссылка)

ЭЙ БАСО ШОИР,КИ БАЪД АЗ МАРГ ЗОД.....





Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
Каз деву дад малуламу инсонам орзуст. 
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, 
Шери Худову Рустами дастонам орзуст. 
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо ,
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст. 
(Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ )

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳи

-------------------ТАМҲИД ------------

Нест дар хушку тари бешаи ман кўтоҳӣ, 
Чўби ҳар нахл, ки минбар нашавад, дор кунам. 
(Назирии Нишопурӣ)


 Роҳи шаб чун меҳри оламтоб зад,  
Гиряи ман бар рухи гул об зад. 
Ашки ман аз чашми наргис хоб шуст, 
Сабза аз ҳангомаам бедор руст. 
Боғбон зўри каломам озмуд, 
Мисраъе кориду шамшере дуруд. 
Дар чаман ҷуз донаи ашкам накишт, 
Тори афғонам ба пуди боғ ришт. 
Зарраам, меҳри мунир они ман аст, 
Сад саҳар андар гиребони ман аст. 
Хоки ман равшантар аз ҷоми Ҷам аст, 
Маҳрам аз нозодҳои олам аст. 
Фикрам он оҳу сари фитрок баст, 
К-ў ҳанўз аз нестӣ берун наҷаст. 
Сабза норўида зеби гулшанам, 
Гул ба шох андар ниҳон дар доманам. 
Маҳфили ромишгарӣ барҳам задам, 
Захма бар тори раги олам задам. 
Баски уди фитратам нодирнавост, 
Ҳамнишин аз нағмаам ноошност. 
Дар ҷаҳон хуршеди нав зоидаам, 
Расму ойини фалак нодидаам. 
Рам надида анҷум аз тобам ҳанўз,
 Ҳаст ноошуфта симобам ҳанўз. 
Баҳр аз рақси зиёям бенасиб, 
К-ў аз ранги ҳиноям бенасиб. 
Хўгари ман нест чашми ҳасту буд, 
Ларза бар тан хезам аз бими намуд. 
Бомам аз Ховар расиду шаб шикаст,
Шабнами нав бар гули олам нишаст. 
Интизори субҳхезон мекашам, 
Эй хушо, зартуштиёни оташам. 
Нағмаам, аз захма бепарвостам, 
Ман навои шоъири фардостам. 
Асри ман донандаи асрор нест, 
Юсуфи ман баҳри ин бозор нест. 
Ноумедастам зи ёрони қадим, 
Тури ман сўзад, ки меояд Калим. 
Қулзуми ёрон чу шабнам бехурўш, 
Шабнами ман мисли ям тўфонбадўш. 
Нағмаи ман аз ҷаҳони дигар аст, 
Ин ҷарасро карвони дигар аст. 
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод, 
Чашми худ барбасту чашми мо кушод. 
Рахт боз аз нестӣ берун кашид, 
Чун гул аз хоки мазори худ дамид. 
Корвонҳо гарчи з-ин саҳро гузашт, 
Мисли гоми ноқа камғавғо гузашт.
 Ошиқам, фарёд имони ман аст, 
Шўри ҳашр аз пешхезони ман аст. 
Нағмаам з-андозаи тор аст беш, 
Ман натарсам аз шикасти уди хеш. 
Қатра аз селоби ман бегона беҳ, 
Қулзум аз ошўби ў девона беҳ. 
Дарнамегунҷад ба ҷў Уммони ман,
Баҳрҳо бояд пайи тўфони ман. 
Ғунча, к-аз болидагӣ гулшан нашуд, 
Дархўри абри баҳори ман нашуд. 
Барқҳо хобида дар ҷони ман аст, 
Кўҳу саҳро боби ҷавлони ман аст.
 Панҷа кун бо баҳрам, ар саҳростӣ, 
Барқи ман даргир, агар Синостӣ. 
Чашмаи ҳайвон баротам кардаанд, 
Маҳрами рози ҳаётам кардаанд. 
Зарра аз сўзи навоям зинда гашт, 
Пар кушуду кирмаки тобанда гашт. 
Ҳеҷ кас розе, ки ман гўям, нагуфт, 
Ҳамчу фикри ман дур(р)и маънӣ насуфт 
Сирри айши ҷовидон хоҳӣ, биё, 
Ҳам замин, ҳам осмон хоҳӣ, биё. 
Пири гардун бо ман ин асрор гуфт: 
Аз надимон розҳо натвон нуҳуфт. 
Соқиё, бархезу май дар ҷом кун, 
Маҳв аз дил ковиши айём кун. 
Шўълаи обе, ки аслаш Замзам аст, 
Гар гадо бошад, парастораш Ҷам аст. 
Мекунад андешаро ҳушёртар, 
Дидаи бедорро бедортар. 
Эътибори кўҳ бахшад коҳро, 
Қуввати шерон диҳад рўбоҳро.

(давом дорад)........... 

KUHISTONI _, 22-05-2012 23:00 (ссылка)

ТАРЗИ ГУФТОРИ ДАРӢ ШИРИНТАР АСТ


------------------------ТАМҲИД------------ 


.................(давомаш)

Хокро авҷи Сурайё медиҳад,
Қатраро паҳнои дарё медиҳад. 
Хомўширо шўриши маҳшар кунад, 
Пойи кабк аз хуни боз аҳмар кунад. 
Хезу дар ҷомам шароби ноб рез, 
Бар шаби андешаам маҳтоб рез. 
То сўйи манзил кашам овораро, 
Завқи бетобӣ диҳам наззораро. 
Гармрав аз ҷустуҷўи нав шавам, 
Рўшиноси орзуи нав шавам. 
Чашми аҳли завқро мардум шавам, 
Чун садо дар гўши олам гум шавам, 
Қимати ҷинси сухан боло кунам, 
Оби чашми хеш дар коло кунам. 
Боз бархонам зи файзи пири Рум, 
Дафтари сарбаста асрори улум. 
Ҷони ў аз шўълаҳо сармоядор, 
Ман фурўғи як нафас мисли шарор. 
Шамьи сўзон тохт бар парвонаам, 
Бода шабхун рехт бар паймонаам. 
Пири Румӣ хокро иксир кард, 
Аз ғуборам ҷилваҳо таъмир кард. 
Зарра аз хоки биёбон рахт баст, 
То шуъои офтоб орад ба даст. 
Мавҷаму дар баҳри ў манзил кунам, 
То дурри тобандае ҳосил кунам. 
Ман, ки мастиҳо зи саҳбояш кунам, 
Зиндагонӣ аз нафасҳояш кунам.
Шаб дили ман моили фарёд буд, 
Хомўшӣ аз "ё Раб"-ам обод буд. 
Шикваошўби ғами даврон будам, 
Аз тиҳипаймонагӣ нолон будам. 
Ин қадар наззораам бетоб шуд, 
Болу пар бишкасту охир хоб шуд. 
Рўйи худ бинмуд пири Ҳақсиришт, 
К-ў ба ҳарфи паҳлавӣ Қуръон навишт. 
Гуфт: "Эй девонаи арбоби ишқ, 
Ҷуръае гир аз шароби ноби ишқ. 
Бар ҷигар ҳангомаи маҳшар бизан, 
Шиша бар сар, дида бар наштар бизан. 
Хандаро сармояи сад нола соз, 
Ашки хунинро ҷигар паргола соз. 
То ба кай чун ғунча мебошӣ хамўш, 
Накҳати худро чу гул арзонфурўш. 
Дар гиреҳ ҳангома дорӣ чун сипанд, 
Маҳмили худ бар сари оташ бибанд. 
Чун ҷарас охир зи ҳар ҷузви бадан 
Нолаи хомўшро берун фикан. 
Оташастӣ, базми олам барфурўз, 
Дигаронро ҳам зи сўзи худ бисўз. 
Фош гў асрори пири майфурўш, 
Мавҷи май шав, кисвати мино бинўш. 
Санг шав ойинаи андешаро, 
Бар сари бозор бишкан шишаро. 
Аз найистон хамчу най пайғом деҳ, 
Қайсро аз қавми Ҳақ пайғом деҳ. 
Ноларо андози нав эҷод кун, 
Базмро аз ҳою ҳу обод кун. 
Хезу ҷони нав бидеҳ ҳар зиндаро, 
Аз қуми худ зиндатар кун зиндаро.
 Хезу по бар ҷодаи дигар бинеҳ, Ҷ
ўши савдои куҳан аз сар бинеҳ. 
Ошнои лаззати гуфтор шав, 
Эй дарои корвон, бедор шав. 
3-ин сухан оташ ба пироҳан шудам, 
Мисли най ҳангомаобистан шудам. 
Чун наво аз тори худ бархостам, 
Ҷаннате аз баҳри гўш оростам. 
Баргирифтам парда аз рози худӣ, 
Во намудам сирри эъҷози худӣ. 
Буд нақши ҳастиям ангорае, 
Ноқабуле, нокасе, нокорае. 
Ишқ сўҳон зад маро, одам шудам, 
Олами кайфу ками олам шудам. 
Ҳаркати аъсоби гардун дидаам, 
Дар раги маҳ гардиши хун дидаам. 
Баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист, 
То даридам пардаи асрори зист. 
Аз даруни коргоҳи мумкинот ,
Баркашидам сирри тақвими ҳаёт.
 Ман, ки ин шабро чу маҳ оростам,
 Гарди пойи миллати байзостам. 
Миллате дар боғу роғ овозааш, 
Оташи дилҳо суруди тозааш. 
Зарра кишту офтоб анбор кард, 
Хирман аз сад Румиву Аттор кард. 
Оҳи гармам, рахт бар гардун кашам, 
Гарчӣ дудам, аз табори оташам. 
Хомаам аз ҳиммати фикри баланд, 
Рози ин нўҳ парда дар саҳро фиканд. 
Қатра то ҳампояи дарё шавад, З
арра аз болидагӣ саҳро шавад. 
Шоъирӣ з-ин маснавӣ мақсуд нест, 
Бутпарастӣ, бутгарӣ мақсуд нест. 
Ҳиндиям, аз порсӣ бегонаам, 
Моҳи нав бошам, тиҳипаймонаам. 
Ҳусни андози баён аз ман маҷў, 
Хонсору Исфаҳон аз ман маҷў. 
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст 
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. 
Фикри ман аз ҷилвааш масҳур гашт, 
Хомаи ман шохи нахли Тур гашт. 
Порсӣ аз рифъати андешаам, 
Дархўрад бо фитрати андешаам. 
Хўрда бар мино магир, эй ҳушманд, 

KUHISTONI _, 26-05-2012 01:10 (ссылка)

ЗИ ОБУ ГИЛ ХУДО ХУШ ПАЙКАРЕ СОХТ





Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
ЛОЛАИ ТУР


1
Шаҳиди нози ў базми вуҷуд аст, 
Ниёз андар ниҳоди ҳасту буд аст. 
Намебинӣ, ки аз меҳри фалактоб 
Ба симои саҳар доғи суҷуд аст. 

2
Дили ман равшан аз сўзи дарун аст, 
Ҷаҳонбин чашми ман аз ашки хун аст.
Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод, 
Касе, к-ў ишқро гўяд ҷунун аст.

3
Ба боғон боди фарвардин диҳад ишқ, 
Ба роғон ғунча чун Парвин диҳад ишқ. 
Шуъои меҳри ў қулзумшикоф аст, 
Ба моҳӣ дидаи раҳбин диҳад ишқ. 

4
Уқобонро баҳои кам ниҳад ишқ, 
Тазарвонро ба бозон сар диҳад ишқ. 
Нигаҳ дорад дили мо хештанро, 
Валекин аз каминаш барҷаҳад ишқ. 

5
Ба барги лола рангомезии ишқ, 
Ба ҷони мо балоангезии ишқ. 
Агар ин хокдонро вошикофӣ, 
Дарунаш бингарӣ хунрезии ишқ. 

6
На ҳар кас аз муҳаббат моядор аст. 
На бо ҳар кас муҳаббат созгор аст. 
Бирўяд лола бо доғи ҷигартоб, 
Дили лаъли Бадахшон бешарор аст. 

7
Дар ин гулшан парешон мисли бўям, 
Намедонам чӣ мехоҳам, чӣ ҷўям? 
Барояд орзў ё барнаояд, 
Шаҳиди сўзу сози орзўям.

8
Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ўст, 
Ҳамин як қатраи хун мушкили ўст. 
Нигоҳи мо дубин афтод, варна 
Ҷаҳони ҳар касе андар дили ўст. 

9
Саҳар мегуфт булбул боғбонро: "
Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад. 
Ба пирӣ мерасад хори биёбон, 
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад.'' 

10
Ҷаҳони мо, ки нобуд аст будаш, 
Зиён тавъам ҳамезояд ба судаш. 
Куҳанро нав куну тарҳи дигар рез, 
Дили мо барнатобад деру зудаш. 

11
Навои ишқро соз аст одам, 
Кушояд розу худ роз аст одам. 
Ҷаҳон ў офарид, ин хубтар сохт, 
Магар бо эзид анбоз аст одам? 

12
На ман анҷому не оғоз ҷўям, 
Ҳама розам, ҷаҳони роз ҷўям. 
Гар аз рўи ҳақиқат парда гиранд, 
Ҳамон бўку магарро боз ҷўям. 

13
Дило, нороии парвона то кай?
Нагирӣ шеваи мардона то кай? 
Яке худро ба сўзи хештан сўз, 
Тавофи оташи бегона то кай? 


14
Тане пайдо кун аз мушти ғуборе, 
Тане маҳкамтар аз сангинҳисоре. 
Даруни ў дили дардошное, 
Чу ҷўе дар канори кўҳсоре. 


15
Зи обу гил Худо хуш пайкаре сохт, 
Ҷаҳоне аз Ирам зеботаре сохт. 
Вале соқӣ ба он оташ, ки дорад, 
Зи хоки ман ҷаҳони дигаре сохт. 


16

Ба Яздон рўзи маҳшар барҳаман гуфт: 
"Фурўғи зиндагӣ тоби шарар буд. 
Валекин, гар наранҷӣ, бо ту гўям, 
Cанам аз одамӣ пояндатар буд.

17
Гузаштӣ тезгом, эй ахтари субҳ, 
Магар аз хоби мо безор рафтӣ? 
Ман аз ноогаҳӣ гум карда роҳам, 
Ту бедор омадӣ, бедор рафтӣ. 

18Тиҳӣ аз ҳою ҳу майхона будӣ, 
Гили мо аз шарар бегона будӣ. 
Набудӣ ишқу ин ҳангомаи ишқ,
Агар дил чун хирад фарзона будӣ. 

19
Туро, эй, тозапарвоз офариданд, 
Саропо лаззати бол озмоӣ. 
Ҳавас моро гаронпарвоз дорад, 
Ту аз завқи паридан пар кушоӣ. 

20
Чӣ лаззат, ё Раб, андар ҳасту буд аст, 
Дили ҳар зарра дар ҷўши намуд аст. 
Шикофад шохро чун ғунчаи гул, 
Табассумрез аз завқи вуҷуд аст. 

21
Шунидам дар адам парвона мегуфт: 
"Даме аз зиндагӣ тобу табам бахш. 
Парешон кун саҳар хокистарамро, 
Валекин сўзу сози як шабам бахш. 

22
Мусалмонон, маро ҳарфест дар дил, 
Ки равшантар зи ҷони Ҷабраил аст. 
Ниҳонаш дорам аз озарниҳодон, 
Ки ин сирре зи асрори Халил аст.

23

 Ба кўяш раҳсипорӣ, эй дил, эй дил, 
Маро танҳо гузорӣ, эй дил, эй дил? 
Дамодам орзуҳо офаринӣ, 
Магар коре надорӣ, эй дил, эй дил?


24
Раҳе дар синаи анҷум кушоӣ, 
Вале аз хештан ноошноӣ.
 Яке бар худ кушо чун дона чашме, 
Ки аз зери замин нахле бароӣ. 

25

Саҳар дар шохсори бўстоне, 
Чӣ хуш мегуфт мурғи нағмахоне: 
"Баровар ҳар чӣ андар сина дорӣ 
— Суруде, нолае, оҳе, фиғоне!" 



(давом дорад).........................









Метки: шеър

KUHISTONI _, 15-05-2012 20:25 (ссылка)

НОИБИ ХАК ДАР ЧАХОН БУДАН ХУШ АСТ..





Дар баёни ин ки тарбияти худиро се мароҳил аст:Марҳилаи аввалро "Итоат" ва марҳилаи дуввумро "Забти нафс" ва марҳилаи севвумро "Ниёбати Илоҳӣ" номидаанд

Марҳилаи саввум-"НИЁБАТИ ИЛОҲӢ"

Гар шутурбонӣ, ҷаҳонбонӣ кунӣ, 
Зеби сар тоҷи Сулаймонӣ кунӣ. 
То ҷаҳон бошад, ҷаҳоноро шавӣ, 
Тоҷдори мулки лоябло шавӣ. 
Ноиби Ҳақ дар ҷаҳон будан хуш аст
 Бар аносир ҳукмрон будан хуш аст.
 Ноиби Ҳақ хамчу ҷони олам аст, 
Ҳастии ў зилли исми аъзам аст. 
Аз румузи ҷузву кул огаҳ бувад, 
Дар ҷаҳон қоим ба амруллаҳ бувад. 
Хайма чун дар вусъати олам занад, 
Ин бисоти кўҳнаро барҳам занад. 
Фитраташ маъмуру мехоҳад намуд, 
Олами дигар биёрад дар вуҷуд. 
Сад ҷаҳон мисли ҷаҳони ҷузву кул 
Рўяд аз кишти хаёли ў чу гул. 
Пухта созад фитрати ҳар хомро, 
Аз Ҳарам берун кунад асномро. 
Нағмазо тори дил аз мизроби ў,
 Баҳри Ҳақ бедории ў, хоби ў.
Шайбро омўзад оҳанги шабоб, 
Медиҳад ҳар чизро ранги шабоб. 
Навъи инсонро баширу ҳам назир, 
Ҳам сипоҳӣ, ҳам сипаҳгар, ҳам амир. 
Муддаъои аллама-л-асмостӣ, 
Сирри субҳона-л-лазӣ асростӣ. 
Аз асо дасти сафедаш маҳкам аст, 
Қудрати комил ба илмаш тавъам аст. 
Чун асо гирад ба даст он шаҳсавор, 
Тезтар гардад саманди рўзгор. 
Хушк созад ҳайбати ў Нилро, 
Мебарад аз Миср Исроилро. 
Аз "қум"-и ў хезад андар гўр тан, 
Мурдаҷонҳо чун санавбар дар чаман. 
Зоти ў тавҷеҳи зоти олам аст, 
Аз ҷалоли ў наҷоти олам аст. 
Зарра хуршедошно аз сояаш, 
Қимати ҳастӣ гарон аз мояаш. 
Зиндагӣ бахшад зи эъҷози амал, 
Мекунад таҷдид андози амал. 
Ҷилваҳо хезад зи нақши пои ў, 
Сад Калим овораи Синои ў. 
Зиндагиро мекунад тафсири нав, 
Медиҳад ин хобро таъбири нав.
 Ҳастии макнуни ў рози ҳаёт, 
Нағмаи нашнидаи сози ҳаёт. 
Табъи мазмунбанди фитрат хун шавад,
То ду байти зоти ў мавзун шавад. 
Мушти хоки мо сари гардун расид, 
3-ин ғубор он шаҳсавор ояд падид. 
Хуфта дар хокистари имрўзи мо 
Шўълаи фардои оламсўзи мо. 
Ғунчаи мо гулситон дар доман аст, 
Чашми мо аз субҳи фардо равшан аст. 
Эй савори ашҳаби даврон, биё, 
Эй фурўғи дидаи имкон, биё. 
Равнақи ҳангомаи эҷод шав,
 Дар саводи дидаҳо обод шав. 
Шўриши ақвомро хомўш кун, 
Нағмаи худро биҳишти гўш кун. 
Хезу қонуни ухувват соз дсҳ, 
Ҷоми саҳбои муҳаббат боз деҳ. 
Боз дар олам биёр айёми сулҳ, 
Ҷангҷўёнро бидеҳ пайғоми сулҳ. 
Навъи инсон мазраъу ту ҳосилӣ, 
Корвони зиндагиро манзилӣ. 
Рехт аз ҷаври хазон барги шаҷар, 
Чун баҳорон бар риёзи мо гузар. 
Саҷдаҳои тифлаку барнову пир 
Аз ҷабини шармсори мо бигир. 
Аз вуҷуди ту сарафрозем мо,
 Пас ба сўзи ин ҷаҳон созем мо

Худованд ҳофизатон бошад!

Дар баёни халк шудани чисми одам!

 
Хамон рузе,ки он Халлоки олам,
Ирода кард,халки чисми одам.
Ки аз як кабзаи хоки касифа,
Кунам халк аз ядикудрат халифа.
Бикард ин машваратро бо малоик, 
Нарафт зехни малак дар рохи борик.
Малоик чумла гуфтанд,ё ИЛЛОХИ,
Чаро сози гурухи пургунохе?
Шароратпешаву хунрезихоро,
Фасодандеша,ясфикуддиморо.
Туро гуем мо зики ба поки,
Чи сози хилкати ин чинси хоки?
Фиристод Чабраилро Эзиди пок,
Ба суи арз,гири кабзаи хок,
Бишуд хоки заъиф аз гам ба нола
Сиришк аз дида резонди чу жола.
Касам додаш ба номи поки Субхон
Макун ин кабзаи хокам парешон.
Зи рахмаш ногирифта,рафт холи,
Ба Микоил расид,ин амри Оли.
Биёмад У ба суи чониби хок,
Бикард ин хок пеши У кабо чок.
Касам дода ба ин хам,кард зори,
Чу ин хам рафт холи,суйи Бори.
Ба Исрофил шуд фармони он Нур,
Ба суйи хок рав,эй сохиби сур.
Аз он фармон ба хок омад Срофил,
Ки гирад кабзаи хоке,канад гил.
Бишуд ин хок дар нола ба афгон,
Касам додаш,ба Зоти Поки Субхон.
Макун аз ман чудо харгиз кафи хок,
Чу ин хам ногирифта,рафт чолок.
Шуд он гах суйи Азроил фармон,
Ба ёрии хок бари тахлики инсон.
Зи чон омад шитобон карда парвоз,
Ба у хам хок зори кард огоз.
Ба чандин гиряхову нолаи зор,
Касам додаш ба Зоти Поки Чаббор.
Тараххум ба холам,чун дигархо,
Зи тири нолааш хун шуд чигархо.
Накард У нолахойи хокро гуш,
Бигуфт,эй хоки мазлуми сияхпуш.
Ки ман фармонбарам,коим ба фармон,
Таггайур кай тавонам хукми Субхон?
Гирифт охир ба зур кабзаи хок,
Бибурд андар чаноби Эзиди Пок.
Бигуфт Эзид,чаройи пайки бо хуш?
Накарди нолаи зори замин гуш?
Бигуфт,эй Хазрати Поки Муъаззам,
Зи зораш доштам,амрат мукаддам.
Ба хидмат коимам,тобеъ ба фармон,
Ки ман фармонпазирам бо дилу чон.
Накардам гуш кавлаш чун дигархо,
Агарчи пеши поям монд сархо.
Бигуфт Эзид,ки кабзи рухи одам,
Накарди рахм,дар дасти ту додам.
Бигуфт Кобиз,ки эй Султони Бодод,
Маро душман бигирад одамизод?
Бигуфт Эзид,дами саклу сабабхо,
Зи тири обу оташ,ранчу табхо.
Аз У донанд,на аз ту халокат,
Бигуянд,мурд бо навъе фалокат.
Чу Азроил шуда кобиз ба арвох,
Ба фатхи куфли чонхо баст мифтох.
Бувад дар касди чони чумла зи рух,
Кунад то рузи махшар боб мафтух.
                                  (Мавлави Jununi).

ad ali, 04-05-2012 07:27 (ссылка)

ЭЙ ДИЛ ОН ДАМ КИ ХАРОБ АЗ МАИ ГУЛГУН БОШИ

Ё РАБ ИН НАВГУЛИ ХАНДОН КИ СУПУРДИ БА МАНАШ
МЕСУПОРАМ БА ТУ АЗ ЧАШМИ ХУСУДИ ЧАМАНАШ
ГАРЧИ АЗ КУИ ВАФОГАШТ БА САД МАРХАЛА ДУР 
ДУР БОД ОФАТИ ДАВРИ ФАЛАК АЗ ЧОНУ ТАНАШ


МАН КИ БОШАМ КИ БАР ОН ХОТИРИ ОТИР ГУЗАРАМ
ЛУТФХО МЕКУНИ ЭЙ ХОКИ ДАРАТ ТОЧИ САРАМ
ХИМАТАМ БАДРАКАИ РОХ КУН ЭЙ ТОИРИ КУДУС
КИ ДАРОЗ АСТ РАХИ МАКСАДУ МАН НАВСАФАРАМ


ЭЙ ДИЛ ОН ДАМ КИ ХАРОБ АЗ МАИ ГУЛГУН БОШИ
БО ЗАРУ ГАНЧ БА САД ХИМАТИ КОРУН БОШИ 
ДАР МАКОМИ КИ САДОРАТ  БА ФАКИРОН БАХШАНД
ЧАШМ ДОРАМ КИ БА Ч,ОХ АЗ ХАМА АФЗУН БОШИ




KUHISTONI _, 04-05-2012 23:35 (ссылка)

БА ОДАМИ НАРАСИДИ ХУДО ЧӢ МЕҶУӢ?


Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Салому дуруди Худованд бар ҳамаи шумо бод,бародарону хоҳарони гиромиии азизу меҳрубонам,ғазале аз Зиндаруд !


----Марҳабо, қадами мубораки Шумо,болои дидаи мост!

Ба одамӣ нарасида,Худо чӣ меҷӯӣ?
Зи худ гурехтаӣ,ошно чӣ меҷӯӣ?
Дигар ба шохи гул овезу обу нам даркаш,
Паридаранг,зи боди сабо чӣ меҷӯӣ?
Ду қатра хуни дил аст-он чӣ мушк меноманд,
Ту,эй ғазоли Ҳарам,дар Хито чӣ меҷӯӣ?
Аёри фақро зи султониву ҷаҳонгирист,
Сарири Ҷам биталаб,буриё чӣ меҷӯӣ?
Суроғи ӯ зи биёбони лола мегиранд,
Навои хуншудаи мо зи мо чӣ меҷӯӣ?
Назар зи сӯҳбати равшандилон биафзояд,
Зи дарди камбасарӣ тӯтиё чӣ меҷӯӣ?
Назар зи сӯҳбати равшандилон биафзояд,
Зи дарди камбасарӣ,тӯтиё чӣ меҷӯӣ?
Қаландарему каромоти мо ҷаҳонбинист,
Зи мо нигоҳ талаб,кимиё чӣ меҷӯӣ?

Метки: СУХАН

KUHISTONI _, 06-05-2012 11:50 (ссылка)

ПЕШИ МО МЕГУЗАРАД СИЛСИЛАИ ШОМУ САҲАР




Мо зи хилваткадаи ишқбурун тохтаем,
Хоки поро сифати ойина пардохтаем.
Дарнигар ҳиммати моро,ки ба дове фиканем,
Ду ҷаҳон,ки ниҳон бурда,аён сохтаем.
Пеши мо мегузарад силсилаи шому саҳар,
Бар лаби ҷӯй равон хайма барафрохтаем.
Дар дили мо,ки бар ин Дайри куҳан шабхун рехт,
Оташе буд,ки дар хушку тар ангохтаем.
Шӯъла будем,шикастему шарар гардидем,
Соҳиби завқу таманнову назар гардидем.





Ишқ гардид ҳаваспешаву ҳар банд гусаст,
Одам аз фитнаи ӯ сурати моҳӣ дар шаст.
Разм бар базм писандиду сипоҳе орост,
Теғи ӯ ҷуз ба сару синаи ёрон нанишаст.
Раҳзаниро,ки бино кард,ҷаҳонбоне гуфт,
Ситами хоҷагии ӯ камари банда шикаст.
Беҳиҷобона ба бонги дафу най мерақсад,
Ҷоме аз хуни азизони тунукмоя ба даст.
Вақти он аст,ки оини дигар тоза кунем,
Лавҳи дил пок бишӯему зи сар тоҷа кунем.
Афсари подшаҳӣ рафту ба яғмо рафт,
Наи искалариву нағмаи дороӣ рафт.
Кӯҳкан теша ба даст омаду парвезӣ хост,
Ишрати хоҷагию меҳнати лолоӣ рафт.
Юсуфиро зи асирӣ ба азизӣ бурданд,
Ҳама афсонаю афсуни зулайхоӣ рафт.
Розҳое,ки ниҳон буд,ба бозор афтод,
Он сухансозиву он анҷуманороӣ рафт.
Чашм бикшой,нигар чашми ту соҳибназар аст,
Зиндагӣ дар паи таъмири ҷаҳони дигар аст.

Ман аз ин беш надонам,ки кафандӯзе чанд,
Баҳри тақсими ҷубур анҷумане сохтаанд!

Метки: газал

Irshod Sulaymoni, 08-05-2012 00:22 (ссылка)

Икбол ва тамаддуни умумифорси

Муҳаммад Иқбол ва тамаддуни умумифорсӣ


(дар ростои солрӯзи марги Иқбол)


 


Иқбол дунёро ба Ислом даъват кард


Солҳост, ки меҳмони диёри Иқболам ва ҳар боре, ки ба ин диёри андеша ва хирадхез ворид
мешавам, онро дигаргуна дарёб мекунам ва бардоштҳоеро бо худ мебарам, ки дар
меҳмониҳои қаблӣ вар нахӯрда будам. Воқеан, Иқбол дар қабили он барзгари андешаест, ки диёри пиндорҳои худро хеле зебо бунёд кардааст ва барои ҳамеша обод нигоҳ
доштааст.


Ончиро, ки ман дар меҳмонхонаи пиндору ашъори ин тарроҳи олами муосир пайдо кардам, дар ғайри он то ҳанӯз наёфтаам. Аммо чизе, ки маро ҳамеша зимни мутолиаи осор ва ашъори ин аломмаи фақид ҳамроҳӣ мекунад ва аз ҳарфу мисраи шоир посух
металабад, ҳамоно пайванди Иқбол ба тамаддуни форсист.


Иқбол ба унвони як тарроҳи нави олам дар доираҳои
илмии муосири дунё замоне шӯҳрат пайдо кард, ки дар осораш
дунёро ба Ислом даъват намуд. Агар то Иқбол шоирони ориф ва орифони
шоир ҳамагӣ ба тарзҳои умумӣ ва инфиродӣ ин ақидаро тарвиҷ карда бошанд, пас ӯ ин таълимотро ба таври консептуалӣ матраҳ карда буд, ки мабнӣ бар таҷдиди ҳаёти мусалмонони ҷаҳон мебошад:


Ҳазар аз асри нав,
к-асри фасод аст,


Илоҷаш   муслиминро   
иттиҳод   аст.


Ба 
найранги  сиёсӣ    ҳал   нагардад,


Калиди    роҳи    пирӯзӣ    ҷиҳод    аст!


Албатта, ин даъвати Иқбол дар шароити равандҳои
муосири иҷтимоию сиёсӣ моҳияти гаронарзишеро ба худ
ихтисос додааст. Чун дигар ҷомеаҳо наметавонанд дар худашон рушд кунанд, ба сӯйи якдигар майл мекунанд. Ҷомеаи
Ислом низ ба назари Иқбол дар ҳоли иттиҳод метавонад ба рушди
суботбунёд даст ёбад. Дар шароити баҳамситезии фарҳангҳо ва ба ягонагӣ майл кардани арзишҳо (ҷаҳонишавӣ) ақидаҳои сиёсӣ-фалсафии Иқбол, моҳиятан арзиши бузургтаре касб
мекунад, ҳарчанд барои доираҳои қудратманди олами муосир ин
таълимот мақбул нестанд.


Иқбол ба ҳайси як фигури матраҳи илм ва адаби ҷаҳон нафарест, ки ба ҳам омаданро дар оини Ислом аз дунё талаб мекунад. Боре як
дӯстам, ки дар донишкадаи
ховаршиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекард гуфт: «Замоне ки Мусолинӣ дар Итолия ҳаракати фашизмро таъсис кард,
Иқбол дар Урупо буд ва ӯ аломмаро барои машварат ба ҳузури худ хонд ва гуфт, ки ман мақсади ҷаҳонро гирифтан дорам. Иқбол
ба ӯ (Мусолинӣ) як ҷумла ҷавоб гуфт: Агар дунёро гирифтан мехоҳӣ, рӯй бар Ислом биёр»! Ҳарчанд, ки зимни мутолиоти баъдӣ ин таъкидро дар осори интиқодии
иқболшиносӣ пайдо накардам, вале ҳамоно
ба ин нукта сахт эътиқод дорам. Зеро қабат-қабати осори Иқбол чунин аст. Аз ин рӯ
пайванди Иқболро ба тамадуни форсӣ-тоҷикӣ ду чиз таъмин мекунад; Ислом ва забони форсӣ.


Султон Маҳмуди
Ғазнавӣ ва забони порсии дарӣ


Албатта, ин нукта, ки тамаддуни
форсӣ-тоҷикӣ як василаи аслии исломгароӣ набудани Иқбол аст, чандон илмӣ нест. Зеро ҳарчанд сарзамини ӯ Исломро ҳанӯз дар асри VII пазируфта бошад ҳам, аммо ҳуҷуми Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба ин сарзамин Исломро бо
забони форсӣ-тоҷикӣ овард. Дар ҳамон давра забони тоҷикӣ онҷо мустақар гардид ва ҳукумат пайдо кард. Ба андешаи
муаррих Қаҳҳор Расулиён, «Забони порсии дарӣ ҳанӯз ҳазор
сол муқаддам, айёми лашкаркашиҳои султонҳои Ғазнавиён ба сарзамини Покистони кунунӣ қадам ниҳода, баъдтар густариш ёфта ва тӯли садсолаҳо забони расмии ин марзу бум
буд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва ворисони ӯ шаҳри Лоҳури иёлати Панҷобро ба ҳайси яке аз пойтахтҳои худ пазируфта, барои равнақи дини Ислом ва забони порсии дарӣ аз тамоми сарзамини паҳновари
форсизабонон, минҷумла Осиёи Миёна адибону …..
оварда буданд» (Қаҳҳор Расулиён, Покистон.-Душанбе, 1997).


Мешавад гуфт, ки решаи аслии
пайванди доктор Иқбол бо ҷомеаи форсӣ-тоҷикӣ ин ҳуҷуми Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон аст. Ҳамин аст, ки образи Султон Маҳмуд дар фалсафа ва адаби Иқбол
ба сифати як чеҳраи локомотив ва идеялӣ ҷилва мекунад ва ин ҳам алорағми таърихшиносии кишварҳои дигари қаламрави забони форсӣ-тоҷикӣ. Маҳмуди Ғазнавӣ барои Иқбол як чеҳраи хунхори таърих не, балки
як симоест, ки дар заминаи муборизаҳо аз ғуломӣ ба шоҳӣ расидааст ва Иқбол насли осорашро дар
заминаи симоҳое чун Маҳмуди Ғазнавӣ тарбият мекунад. Аз инҷост,
ки Маҳмуди Ғазнавӣ ба сифати яке аз
мабдаҳои алоқаи Иқбол ба ҷомеаи форсӣ баромад мекунад.


Хонаводаи Иқбол
бо Ислом ошноии дерина дошт. Аммо замоне, ки Иқбол
ба адабиёти бузурги форсу тоҷик, ки ба унвони як адабиёти
исломист, ошноӣ пайдо кард, исломшиносӣ ва исломхоҳии вай низ тағйир кард. Яъне Иқбол ба тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ пайванди имонӣ дорад. Ислом ва забони форсӣ-тоҷикӣ ба сифати ду омили тавъаме дар иштиёқи аломма ба ҷомеаи умумифорсӣ мебошанд.



«Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст»


Донишманди фақид Довуд Шерозӣ ҷойгоҳи Иқболро дар тамаддуни умумифорсӣ хеле баланд қоил мешавад: «Бо ин ки
теъдоди ҳиндуёни порсигӯ бисёр зиёд аст ва дар миёни онон шоирони қодире низ дида мешавад, ҳисоби
Иқбол аз ҳамагии онҳо ҷудо аст. Иқбол шоире дар радифи қаҳрамонони ҷовиди шеъри форсӣ аз қабили Мавлоно Ҷалолиддин ва Ҳофиз аст. Иқбол сабк ва мактаби ҷадиде дар шеъри форсӣ таъсис карда, ки дар воқеъ бояд сабки ӯро сабки Иқбол номид ва қарни адабии ҳозирро бояд ба номи ӯ музайян сохт».


Аломма осорашро ба се забон;
инглисӣ, урду ва форсӣ- тоҷикӣ таълиф намудааст, ки аз ин миён се асар ба инглисӣ, ду асар ба урду ва 12 асар ба форсӣ мебошад, ки бешак алоқаи
шадиди ин абармарди андешаро ба як тамаддуни воқеан
арзишманди ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Осори форсии Иқбол «Асрори худӣ», «Румузи бехудӣ», «Забури Аҷам», «Ҷовиднома», «Паёми Машриқ»,
«Пас чӣ бояд кард?», «Армуғони Ҳиҷоз» ва маснавиҳои «Гулшани рози ҷадид», «Бандагинома», «Мусофир» ва ғайра осори назмӣ-фалсафии аломмаро ҳовӣ ҳастанд, ки намунаи барҷастаи
як адабиёт ва ин ҳам адабиёти форсӣ дар саддаи XX мебошанд.


Аз ҷониби дигар Иқбол худ шефтаи забони дарист. Ин нуктаро шоир бо сароҳат таъкид мекунад:


Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шакар аст,


Тарзи  гуфтори дарӣ ширинтар аст.


Иқбол дар осори худ борҳо алоқаи шадид доштанашро ба
тамаддуни умумифорсӣ зикр мекунад. Аз ҷумла дар ғазали маъруф, ки дар осори
интиқодии иқболшиносӣ бо номи «Паёми Иқбол» ёд мешавад, қоил мешавад, ки:


Ҳалқа гирди ман занед эй пайкарони обу гил,


Оташе  дар  
сина   дорам  аз 
ниёкони  шумо.


Сиришти Иқбол
аз таъсири андешаҳои паёмбарони фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ Носири Хисрав, Румӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ҳамеша саршор буд. Ин аст, ки ӯ мегӯяд:


Гаҳе  шеъри  
Ироқиро  бихонам,


Гаҳе Ҷомӣ занад оташ ба ҷонам.


Иштиёқи
Иқбол бо сардамдорони
адабиёти форс-тоҷик пайванди ақидавии ӯро ба тамаддуни форсӣ нишон медиҳад. Ин қаҳрамони наҳзати ақлонӣ ва истидлоли дунёи Ислом, мешавад гуфт, ки таҳти таъсири сахти Мавлонои Балх қарор дошт. Ин омил, яъне таъсири сухансароёни шаҳири форсу тоҷик Иқболро ба тамаддуни форсӣ
наздиктар мекунанд.


Иқболшиноси маъруфи Ирон, Аҳмад Суруш пайванди Иқболро ба тамаддуни форсӣ аз ягонагии ирқии то исломии Ҳинду Ирон медонад ва ба назари вай ин пайванд баъди зуҳури Ислом дар ин сарзамин ва ҳуҷумҳои 17- маротибаи Оли Ғазниниён
боз ҳамгиротар гаштааст: «Ҳақиқат ин аст, ки ҳиндиён ва ирониёни бостонӣ пас аз ҷудоӣ боз ҳам дар якдигар таъсироти мутақобил доштанд, аммо ҳиндиён бештар таҳти таъсири ирониён қарор доштанд. Пас аз зуҳури Ислом низ, гарчӣ ҳиндуизм бо қудрати истеҳлокнопазираш дар баробари Ислом сафороӣ кард, аммо ҳамон тавре, ки гуфтем
сокинони он қисмате аз шибҳқораи Ҳинд, ки ҳаргиз наметавонистанд аз Ирон ҷудо шаванд, Исломро пазируфтанд ва дар ҳақиқат бо тамоми муқовимате, ки ҳиндуизм ба харҷ дод боз ҳам дар муқобили Ислом шикаст хӯрд ва Ислом ба маротиб пеш рафт. Албатта, ҳиндуизм, ки ба василаи тарҳ
ва алоиму доктринҳою фирқаҳои ҷадиди қудрат ва эҳсосоти тадофеъи ҳиндуҳоро барангехт ва нируи муқовиматашонро
таҷдиду тамдид кард» (Кулиёти
ашъори форсии Иқбол Лоҳурӣ.- Теҳрон, 1964).


Алоқаи бемисли Иқбол ба тамаддуни умумифорсӣ
бештар дар он зоҳир мегардад, ки ӯ баъди сафари аввалини худ ба Урупо дар Мюнхени Олмон
рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Тавсеа ва такомули
фалсафаи мовароуттабиа (метафизика) дар Ирон» дифоъ кард.



Иқбол ва пири Румӣ


Осори Иқбол
саропо муҳаббат ва самимияти ӯро ба дунёи форсӣ бозгӯӣ мекунанд. Пайвандҳое, ки Иқбол ба Румӣ дорад, ин низ консепсияи
андешаҳои форсишиносии ӯро нишон медиҳад. Ӯ ба забони ҳол мегӯяд, ки Румӣ комилан дигаргунаш
кардааст:


Гиреҳ аз кори ин нокора во кард,


Ғубори  роҳгузарро  кимиё кард.


Найи    он  
найнавози   покбозе,


Маро бо  ишқу мастӣ ошно кард.


***


Худӣ   то  
гашт   маҳҷӯи   Худоӣ,


Ба   фақр   омӯхт   одоби 
гадоӣ.


Зи чашми масти Румӣ вом кардам,


Суруре     аз  
мақоми   кибриёӣ.


***


Ба коми худ дигар он кӯҳна май рез,


Ки бо ҷомаш
наярзад мулки Парвез.


Зи     ашъори    
Ҷалолиддини   Румӣ,


Ба     девори    
ҳарими  дил  
биовез.



Афғонистон – яке аз нукоти
васлкунанда



Иқбол худ ба унвони
бузургтарини шоири садаи ХХ шарафёб шудааст, ки ин нукта ба мо дигар иҷоза намедиҳад, ки ӯро аз тамаддуни умумифорсӣ
ҷудо баррасӣ кунем. Аммо чанд нуктаи дигаре вуҷуд доранд:


Якум. Як василаи дигари муҳаббати Иқбол ба тамаддуни умумифорсӣ ин таваҷҷуҳи ҳайратбарангези аллома ба як қисмати бузурги қаламрави умумифорсӣ - Афғонистон аст. Ӯ баъди сафараш аз ин сарзамин маснавии «Мусофир»-ро дар ҳолати масту аласт будан аз ин диёр эҷод кард. Ба назари Иқбол:


Осиё    як    
пайкари     обу    гил   
аст,


Миллати афғон
дар он пайкар дил аст.


Ва дар маснавӣ ин сарзаминро хеле баҳои
баланд медиҳад:


Сарзамине кабки ӯ шоҳинмизоҷ,


Оҳуи  ӯ  гирад 
аз  шерон  хироҷ.


Аҳмад Суруш менависад, ки: «Ин
китоб беҳтарин муаррифии таассурот аз
ин сафар аст ва гармҷӯшӣ ва баландназарию алоқаи
қаблии ӯро ба миллали мусалмон хоса, иронию афғон ба хубӣ нишон медиҳад».


Дувум. Дар китоби донишманди
фарзона, файласуф ва шоири андешагаро Комил Бекзода «Гурез аз Хайём» дар қисмати «Он чи дар қофия нагунҷид» мехонам: «Яке аз кормандони Иттиҳоди нависандагон (аз Ҷовид
Иқбол-фарзанди аллома. И.С.)
пурсид: «Падари шумо дар хона бо кадом забон ҳарф
мезад?» Ҷовид Иқбол дар ҷавоб гуфт: «Падарам дар хона
бо забони урду сӯҳбат мекарданд. Забони форсиро
мехонданд, мефаҳмиданд ва шеърҳо менавиштанд, вале озод гуфтугӯ карда наметавонистанд». Ва худи Ҷовид ҳам форсиро намедонист ва дар ҳама мулоқот бо забони англисӣ сӯҳбат мекарданд. Вазъи забони
форсӣ-тоҷикӣ дар Покистони имрӯза, хусусан вазъи он дар хонаводаи аллома Муҳаммад Иқбол, мо фарҳангиёни Тоҷикистонро хеле дилсард
намуд…» (Комил Бекзода. «Гурез аз Хайём».-Душанбе, 2003).


Воқеан хеле нуқтаи нангин аст, замоне як шоир бо забони форсӣ шеъри оламгир меофарад, вале «озод гуфтугӯ карда наметавонад». Ин нуктаро албатта ба баҳси дигар мегузорем, вале эътиқоди ман ҳамоно ин аст, ки Иқбол, ки тавониста дар қолаби
забони форсӣ шеъри рӯҳнавозу ҳушдоркунанда офарад, бояд ин
забонро хуб медонист, зеро вай аз ширинии он ёдовар аст – тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. Шоире, ки ба ибораи Аҳмад Суруш «оқибати тилисми шеъри форсиро
шикастааст» муваззаф буд, ки забони ин шеърро дар ҳадди озодона бидонад. Марде, ки «ягона маҳсули зарранамои вуҷудро сухани порсӣ медонам» гуфта буд, намешавад, ки ин забонро надониста
бошад.


Заъфи забони форсӣ дар Покистон ва Ҳиндустони имрӯза


Дар Покистони имрӯза (манзурам Покистони 50-60 соли охир аст) ва Ҳиндустон забони форсӣ мавқеи худро аз даст додааст, ки Нодирпур дар як кунгураи
шеъри Иқбол (дар Деҳлии нав) онро эҳсос кардаву нидо мекунад:


Эй баландиқболи
фирдавсисиришт,


Олам аз табъи ту хуррам чун биҳишт.


Эй пас аз шаҳномапардози куҳан,


Кас накишта ҳамчу ту тухми сухан.


Эй, ки бурди ранҷҳо дар сол сӣ,


То 
сухан  ту  оварӣ  дар порсӣ.


Эй, ки бо назми дарӣ кохи баланд,


Сохтӣ аз боду борон бегазанд.


Эй, ки пайвастӣ ба ҳам чун Мавлавӣ,


Хуйи дарвешиву лутфи хисравӣ.


Эй, ки бо сеҳри сухан кардӣ падид,


Бар «Мусофир», «Гулшани рози ҷадид».


Эй ба «Асрори худӣ» пардохта,


Эй «Румузи бехудиро» сохта.


Эй худоӣ
карда дар лафзи дарӣ,


Дар «Паёми Машриқ»-ат пайғамбарӣ.


Эй, ки гуфтӣ
бо ҷавонони аҷам,


К-эй хуморолудагони ҷоми Ҷам.


Ростӣ, «ҷони ману ҷони Шумо,


Лолаам ман дар гулистони шумо».


Оре, эй Иқболи
маъниофарин,


Сар барор аз хоби сангину бубин,


К-андар ин ҷо
дар дили иқлими ту,


ххх


Ҳар, ки овард аз ту
зикре дар миён,


Инглисидон шуду урдузабон.


Лафзи зебои туро як су ниҳод,


Ҳурмати шеъри дарӣ бар бод дод.


Гар ту таҷлиле
чунин мехостӣ,


Аз   чӣ   қадри   порсиро 
костӣ.


Ё 
ба  урду  менавиштӣ номаҳо,


Ё 
ба  лафзи «инглисӣ» чомаҳо.


Лек медонам, ки эй марди шигифт,


Ин гунаҳро бар ту натвонам гирифт.


Гар дигар бор аз биҳишт ойӣ фуруд,


Кай ба ҷуз
шеъри дарӣ хоҳӣ суруд.


Кошки       номоварони       анҷуман,


Дар китобат хонда буданд ин сухан:


«Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,


Тарзи   гуфтори 
дарӣ ширинтар аст».



Охирсухан


Сухани охир дар мавриди алоқаи шаддиди Иқбол ба тамаддуни форсӣ ҳамоно ногуфта боқӣ мемонад, зеро ин кор пажӯҳишоти
жарфтареро тақозо мекунад. Вале як чиз
мусаллам аст, ки Иқбол худ як намоди забон ва
адаби порсӣ дар асри ХХ аст, ки бад-ин ғоят расидани ӯро намешавад бидуни
таъсири Ислом, забони форсӣ ва осору ақоиди Румию Ҳофиз… (аз назари Иқбол «Девони Шарқию Ғарбӣ»-и Ҳуте дар таъсири Ҳофиз рӯйи кор омадааст) тасаввур кард.
ИРШОД Сулаймони, устоди ДМТ

KUHISTONI _, 09-05-2012 11:31 (ссылка)

ХИДМАТИ МЕҲНАТ ШИОРИ УШТУР АСТ







Дар баёни ин ки тарбияти худиро се мароҳил аст:Марҳилаи аввалро итоат ва марҳилаи дуввумро забти нафс ва марҳилаи севвумро ниёбати Илоҳӣ номидаанд


Марҳилаи аввал-<<Итоат>>

Хидмату меҳнат шиори уштур аст,
Сабру истиқлол кори уштур аст.
Гоми ӯ дар роҳ камғавғостӣ,
Корвонро заврақи саҳростӣ,
Нақши пояш қисмати ҳар бешае,
Камхуру камхобу меҳнатпешае.
Маст зери бори маҳмил меравад,
Пойкубон сӯи манзил меравад.
Сархуш аз кайфияти рафтори хеш,
Дар сафар собиртар аз асвори хеш.
Ту ҳам аз бори фароиз сар матоб,
Бархури аз "индаҳу ҳусну-л маоб."
Дар итоат кӯш,эй ғафлатшиор,
Мешавад аз ҷабр пайдо ихтиёр.
Нокас аз фармонпазирӣ кас шавад,
Оташ ар бошад,зи туғиён хас шавад.
Ҳар,ки тасхири Маҳу Парвин кунад,
Хешро занҷири оин кунад.
Бодро зиндони гули хушбӯ кунад,
Қайд бӯро нофаи оҳу кунад,
Мезанад ахтар сӯи манзил қадам,
Пеши оине сари таслим хам.
Сабза бар дайни нумӯ рӯйидааст,
Поймол аз тарки он гардидааст.
Лола пайҳам сӯхтан қонуни ӯ,
Барҷаҳад андар раги ӯ хуни ӯ.
Қатраҳо дарёст аз оини васл,
Зарраҳо саҳрост аз оини васл.
Ботини ҳар шай зи оине қавӣ,
Ту чаро ғофил аз ин сомон равӣ?
Боз,эй озоди дастури қадим,
Зинати по кун ҳамон занҷиру сим.
Шиквасанҷи сахтии оин машав,
Аз ҳудуди Мустафо берун марав.

Иншаоллоҳ, дар давомаш марҳилаи дуввум "Забти Нафс" нигошта мешавад.

Худованд ҳофизатон бошад!

KUHISTONI _, 11-05-2012 22:06 (ссылка)

НАФСИ ТУ МИСЛИ ШУТУР ХУДПАРВАР АСТ








Дар баёни ин ки тарбияти худиро се мароҳил аст:Марҳилаи аввалро итоат ва марҳилаи дуввумро забти нафс ва марҳилаи севвумро ниёбати Илоҳӣ номидаанд



Марҳилаи дуввум-Забти нафс

Нафси ту мисли шутур худпарвар аст,
Худпарасту худсавору худсар аст.
Мард шав,овар зимоми ӯ ба каф,
То шавӣ гавҳар,агар бошӣ хазаф.
Ҳар ки бо худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазир аз дигарон.
Тарҳи таъмири ту аз гил рехтанд,
Бо муҳаббат хавфро омехтанд
Хавфи дунё,хавфи уқбо,хавфи ҷон,
Хавфи оламу замину осмон.
Ҳубби молу давлату ҳубби ватан,
Ҳубби хешу ақрабву ҳубби зан.
Имтизоҷи мову ту танпарвар аст,
Кушта фаҳшо ҳалоки мункар аст.
То асои "ло илаҳ" дорӣ ба даст,
Ҳар тилисми хавфро хоҳӣ шикаст.
Ҳар ки Ҳақ бошад чу ҷон андар танаш,
Хам нагардад пеши ботил гарданаш.
Хавфро дар синаи ӯ роҳ нест,
Хотираш маръуби ғайруллоҳ нест.
Ҳар ки дар иқлими "Ло" обод шуд,
Фориғ аз банди зану авлод шуд.
Мекунад аз мосиво қатъи назар,
Мениҳад сотур бар ҳалқи писар.
Бо яке мисли ҳуҷуми лашкар аст,
Ҷон ба чашми ӯ зи бод арзонтар аст.
"Ло илаҳ"бошад садаф,гавҳар-намоз,
Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.
Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,
Қотили фаҳшову бағю мункар аст.
Рӯза бар ҷӯъву аташ шабхун занад,
Хайбари танпарвариро бишканад.
Мӯъминонро фитратафӯз аст ҳаҷ,
Ҳиҷратомӯзу ватансӯз аст ҳаҷ.
Тоате сармояи ҷамъияте,
Рабти авроқи китоби миллате.
Ҳубби давлатро фано созад закот,
Ҳам мусовотошно созад закот.
Дил зи "ҳатто тунфиқу" маҳкам кунад,
Зар физояд,улфати зар кам кунад.
Ин ҳама асбоби истеҳкоми туст,
Пухтаи маҳкам агар исломи туст.
Аҳли қувват шав зи дардӣ ё қавӣ,
То савори уштури хокӣ шавӣ.

Иншаоллоҳ, давомаш марҳилаи саввум--"Ниёбати Илоҳӣ" нигошта мешавад.

KUHISTONI _, 30-04-2012 23:01 (ссылка)

ЧУН ЧАРО&#1170;И ЛОЛА С&#1262;ЗАМ ДАР ХИЁБОНИ ШУМО








Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам,ҷони ману ҷони шумо!
Ғутаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,
То ба даст овардаам афкори пинҳони шумо.
Меҳру маҳ дидам,ногаҳон бартар аз Парвин гузашт,
Рехтам тарҳи Ҳарам дар кофиристони шумо.
То синонаш тезтар гардад фурӯ печидамаш,
Шӯълае ошуфта буд андар биёбони шумо.
Фикри рангинам кунад назри тиҳидастони Шарқ,
Пораи лаъле,ки дорам аз Бадахшони шумо.
Мерасад марде,ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо.
Ҳалқа гирди ман занед,эй пайкарони обу гил!
Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо.

Метки: АЧАМ

KUHISTONI _, 02-05-2012 02:57 (ссылка)

ТО ЧАНД НОДОН &#1170;ОФИЛ НИШИН&#1250;??










Аз ҳама кас канора гир,сӯҳбати ошно талаб,
Ҳам зи Худо худӣ талаб,ҳам зи худӣ Худо талаб.
Аз халиши карашмае кор намешавад тамом,
Ақлу дини нигоҳро ҷилва ҷудо-ҷудо талаб.
Ишқ ба сар кашидан аст шишаи коинотро,
Ҷоми ҷаҳоннамо маҷӯ,дасти ҷаҳонкушо талаб!
Роҳравон,бараҳнапо,роҳ тамом хорзор,
То ба мақоми худ расӣ,роҳила аз ризо талаб.
Чун ба камол мерасад,фақр далели хусравист,
Маснади Кайқубодро дар таҳи бӯрё талаб.
Пеш нигар,ки зиндагӣ роҳ ба оламе барад,
Аз сари он чи буду рафт,даргузар,интиҳо талаб.
Зарбати рӯзгор агар нола чу най диҳад туро,
Бодаи ман зи каф бинеҳ,чора зи мӯмиё талаб.







Бини ҷаҳонро,худро набинӣ,
То чанд нодон ғофил нишинӣ?
Нури қадимӣ шабро барафрӯз,
Дасти калимӣ дар остинӣ.
Берун қадам неҳ аз даври офоқ,
Ту пеш аз инӣ,ту беш аз инӣ!
Аз марг тарсӣ,эй зинда ҷовид?
Марг аст сайде,ту дар каминӣ.
Ҷоне,ки бахшанд,дигар нагиранд,
Одам бимирад аз беяқинӣ.
Суратгариро аз ман биомӯз,
Шояд,ки худро бозофаринӣ.

Метки: Kuhistoni

ad ali, 22-04-2012 09:19 (ссылка)

МОДАРИ ГАМПАРВАРАМ....

МОДАРИ ГАМПАРВАРАМ ДИЛ ДАР ГАМАТ ГАМБОРА ШУД
ЧОРАСОЗИ КАЙ ТАВОН КАРДАН ДИЛАМ БЕЧОРА ШУД
НОЛАИ ХУЗНИ ШАБАМРО ЧАРХИ БОЛО ГУШ КАРД 
ДУДИ ОХИ РУЗИ МАН АБРИ РУХИ МАХПОРА ШУД
АЗ КАНЛОРИ СИНАИ МАТРУКИ МАН БАС НОЛА ХАСТ 
КУДАКИ ЛАБНУШИ МАН ДУР  АЗ ДИЛИ ГАВХОРА ШУД
ХОК ГАРДАТ КОИНОТО ХАФТ АДАД САЙЁРААТ
ХАСРАТИ ДИДОРИ МОДАР ХАШТУМИН САЙЁРА ШУД
АЗ ХУДО ДОРАМ УМЕДИ ДИДАНИ ДИДОРИ У 
САБР МЕБОЯД АЗИЗО МИСЛИ КУХИ ХОРА ШУД..

ad ali, 19-04-2012 10:09 (ссылка)

ДАРДИ ГАРИБОН..

ЭЙ ПИСАР ГИРЯ МАКУН ГАР КИ НАБИЁЯД ПАДАРАТ
МОДАРАТ ХАСТ БА ЧОЯШ ТУ МАКУН ХУН ЧИГАРАТ
ГАР НАБИНИ ПАДАРУ МЕХРИ  НАВОЗИШ АЗ У 
ТУХФААТ ГАР НАХАРАД БОЗ БИОЯД БИХАРАД
ПЕШИ БОБОЮ БИБИ БОЗИ КУНУ ШИДИ НАМО
ПАДАРИ ДАР БАДАРАТ БОЗ БИОЯД БА САРАТ 
ТУ НАДОНИ КИ ТУВУ РУИ ТУРРО ПАЗМОНАМ 
УМР МАЧБУР МАРО КАРД ЧУДО ГАР ЗИ БАРАТ 
ЧОНИ ДОДО ТУ КАЛОН ГАРДИ ИЛОХИ БА ЧАХОН 
КИ ЗИ БОГИ ТУ ПАДАР БАХРА БАРАД АЗ САМАРАТ 
ЭЙ ТУ КАДРИДДИН МАКУН НОЛА ГАРИБИ ГУЗАРАД
БОЗ ОИ БА ВАТАН ПЕШИ ХАМОН БОЛУ ПАРАТ...



KUHISTONI _, 25-04-2012 23:43 (ссылка)

ДИЛИ МО БЕДИЛОН БУРДАНДУ РАФАНД..

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
ҲУЗУРИ ҲАҚ
Дили мо бедилон бурданду рафтанд,
Мисоли шӯълаи афсурданду рафтанд.
Биё,як лаҳза бо омон даромез,
Ки хосон бодаҳо хӯрданду рафтанд.

Суханхо рафт аз буду набудам,
Ман аз хиҷлат лаби худ кам кушудам.
Суҷуди зиндамардон мешиносӣ,
Аёри кори ман гир аз суҷудам.

Дили ман дар кушоди чуну чанд аст,
Нигоҳаш аз Маҳу Парвин баланд аст.
Бидеҳ вайронае аз дӯзах ӯро,
Ки ин кофир басе хилватписанд аст.

Чӣ шӯр аст ин ки дар обу гил афтод,
Зи як дил ишқро сад мушкил афтод.
Қарори як нафас бар ман ҳаром аст,
Ба ман раҳме,ки корам бо дил афтод!

Ҷаҳон аз худ бурун овардаи кист?
Ҷамолаш ҷилваи бепардаи кист?
Маро гӯй,ки аз шайтон ҳазар кун,
Бигӯ бо ман,ки ӯ парвардаи кист?


KUHISTONI _, 28-04-2012 22:01 (ссылка)

ШОИРИ ВАТАНПАРВАР ВА МУБОРИЗИ РО&#1202;И ОЗОД&#1250;


 
 
 
 

---Бардарону хоҳарони меҳрубон,чанд рузе ё ҳафтае матлаберо пашниҳод карда  будем, бо номи "Баҳри ташнагону мухлисони ашъори Аллома Мухаммад Иқбол"ва ваъда хам дода будем,ки давом дорад.Имрӯз ба хости Худованди мехрубон ният кардем,ки то тавониста бошем ба ваъдаи хеш вафо кунем!---Ва пеш аз ҳама баҳри Шумо ташнагону мухлисони ашъори ин шоири ватанпарвару  ҳакими фарзона Алома Муҳаммад Иқбол хушбахтӣ,сарбаландӣ,саодатмандӣ ва муваффакиту бурдбориҳоро аз Офаридагори Пок дуогӯ ҳастем!

 
Лазати шарбати илм кашон-кашон мебарад,Зи нигорхонаи ватан,аз ин макон,аз ин ҷаҳон.
 
--Дар Лондон Муҳаммад Иқбол ба Тринити коллеҷи Кембриҷ дохил гардида,таҳти роҳбарии донишмандони машҳур Мак Таггарт ва Ҷеймс Уорд ба омӯхтани фалсафа пардохт ва дар ҳамин ҷо соли 1907 барои дарёфти унвони илмии бакалаври улумиинсонӣ рисолаи илмӣ дифоъ кард.Пас аз гирифтани унвони бакалвар Иқбол ба Олмон рафта тадқиқоти Худро бо номи "Сайри фалсафа дар Эрон" барои гирифтани унвони докторӣ ба муҳокимаи донишмандони олмонӣ пешниҳод кард.Рисола ҳаҷман чандон калон набошад ҳам дар асоси сарчашмаҳо ва асарҳои қаламӣ,ки дар Китобхонаи давлатии Берлин маҳфуз ва ҳанӯз  аз тарафи уламои Аврупо мавриди истифода қорор нагирифта буданд,таълиф шуда буд. Дар охири соли  1907 Донишгоҳи Мюнхен барои ин асараш Муҳаммад Иқболро бо унвони доктори фалсафа мушаррф сохт.Соли 1908 рисолаи мазкур дар шакли китоби алоҳида дар Лондон ба табъ расид..Дигар азми Иқбол аз сафари Аврупо омӯхтани илми ҳуқуқшиносӣ буд.Ба ин мақсад ӯ дар моҳи ноябри соли 1905 ба ҷамъити машҳури ҳуқуқшиносони Лондон"Линколн Инн" аъзо гардида,бо ҷидду ҷаҳд ба омӯхтани ин фан низ машғул шуд ва дар июли соли 1908 ба гирифтани унвон ва дараҷаи додгустари мустақил ноил гардид.--Муҳити илми,китобхонаҳои ғанӣ ва махфили ҳакимони фарзона дар фитрати Иқбол майли шадиди ба тадқиқу таҳқиқ машғул шуданро такон дод.Вай ҳатто тасмим гирифт,ки дар шеъру шоирӣ даст кашида,ҳастии хешро  бакуллӣ вақфи илм созад.Чунки барои Иқбол маҳз олами илм муҳити дилнишини ӯ буд.Ман худро ҳаргиз шоир нашумурдаам,-гуфта буд ӯ боре,-ҳеҷ дилбастаги ба ҳунари шеър надоштам..Ба ҳар ҳол,баъзе мақсудҳои вижае дорам,ки барои изҳору баёни онҳо,аз рӯи аҳволу сунан,тариқи шеър ихтиёр каррдаам.”--Хушбахтона,дӯстони наздики шоир,хусусан устодаш Томас Арнолд тарки шеъргӯиро ба Иқбол маслиҳат надоданд.ба ин васила имрӯз назми форсизабонон дорои намунаи беҳтарини ибрози назару масоили умдатарини илмӣ дар қолаби шеъри равону оҳангнок мебошад.,ки ба қалами Аллома Иқбол таалуқ дорад.Барои Иқбол се соли зиндагӣ дар Аврупо-солҳои пештрафти афкору эҳсосоти ботинии ӯ ва рушду нумӯи ҳисси ватандориву масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеаи хеш буд.Бо як ҷаҳон орзӯ ва азму иродаи хизмат кардан ба ватан ва ҳамватанонаш,тобистони соли 1908  Иқбол бу Лоҳур баргашта чун профессори фалсафаю ҳуқуқшиносӣ ва забони англисӣ дар Коллеҷи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Лоҳур ба фаъолият шурӯъ намуд.---Соли 1909.Боз дар ҳар маҷлису махфилҳои илмиву адабӣ ва ҷамъиятии Лоҳур номи Аллома Иқбол вирди забонҳо,ҳар шумораи рӯзномаву маҷаллаҳои Лоҳур бо иштиёқи том омодаи нашри ашъори тозаэҷоди шоир ва ӯ,ғайри чашмдошти атрофиёнаш,арзи истеъфо аз мулозимати давлати эълом медорад.Дар шарҳи ин иқдом шоир мегӯяд,ки майлу рағбати ӯ ҳамчун шоири ватанпарвар бо иҷрои вазифаи давлатӣ мутобиқ нест.Ӯ мехоҳад паёми хешро ба халқ расонад,паёме,ки бояд  дар ҳар фарди ҷомеа шавқи амали фаолонро баҳри озодии ватан аз тобеияти мустамликавӣ бедор карда тавонад.--Баъди бист соли ин воқеа,вақте ки эътирози умум алайҳи ҳукумати ингилисҳо саросари Ҳиндустонро фаро гирифта буд,ба таври муташаккил аз кор рафтани омӯзгорони маҳаллӣ дар мактабу донишкадаҳо ингилисӣ ҷузъи маъракаи мазкур гардид.Вале дар соли 1909 ба сабаби сиёсӣ тарки вазифа кардани омӯзгор воқеаи фавқулодда буда,ҷасорату мардонагии бузургро тақозо дошт.--Баъди истефо Иқбол барои таъмини маишати оилааш фақат вазифаи дододгустариро ба ӯҳда гирфт,то соли 1934,то даме,ки саломатииааш имкон медод,дар ин ҷода бо имони комил содиқона хизмат кард ва бештар авқоти хешро ба кори эҷодӣ масраф сохт.Аз ибтидои солҳои 20-ум иштиёқ ва шуғли Аллома Иқбол бо сиёсат афзуд..Дар соли 1928 ӯ бо даъвати “Созмони таълимоти мусалмонони Ҳиндустон" ба ҷануби мамлакат сафар кард ва дар шаҳрҳоиМадрас,Майсур,Ҳайдаробод ва ҳангоми бозгашт дар шаҳри Алигарх бо силсилаи лексияҳо оид ба масоили гуногуни фалсафӣ баромад кард,ки маҷмӯи матни онҳо минбаъд зери унвони”Таърихи таҳаввули афкори динӣ дар ислом” ба табъ расидааст.Ин сафар ба Аллома Иқбол имконият дод,ки бевосита ба аҳволи иҷтимоии мардум дар маҳалҳо шинос шавад.Дар солҳои 1931 ва 1932 Иқбол дар зумраи дигар намояндагони Ҳиндустон дар кори конфронси мизи мудаввари Лондон ширкат варзид ва зимни ин сафар аз якчанд мамолики Аврупо низ дидан кард.Ин сафарҳо ба Аллома иқбол нафақат вусъати донишу биниши нозукиҳои сиёсӣ мебахшанд,балки шиносоӣ сӯҳбатӯои бевосита бо симоҳои бузурги илмиу адабиёти ин кишварҳоро низ тақдим медоштанд.Дар соли 1934 Иқбол чун  бузургтарин шоири форсизабони Ҳиндустон баро иштирок дар ҷашни 1000—солагии ҳаким Фирдавсӣ аз Анҷумани осори миллим Эрон ва барои аз адабиёти араб дарс гуфтане аз Донишгоҳи Оксфорди Ингилистон даъватномаҳо гирфт,вале аз сабаби бад гаштани вазъи сиҳаташ дигар аз мусофират худдорӣ кард,аз додгустарӣ низ даст кашид.--Бо маслиҳат ва даъвати вазири маорифи раёсати Бхопал Масъуди Рос,бо мақсади муолиҷа Иқбол тобистони соли 1935 ба ин ҷо омад ва дар сарпарастии самимии навоби Бхопал давраи охири зиндагии хешро дар ин диёр ба сар бурд.Бар асари рӯз аз рӯз шидат гирифтани беморӣ бисёр нақшаҳои Аллома Иқбол роҷеъ ба илму маърифат ва сиёсат амалӣ нашуда монданд,вале ӯ аз маҳрами роз ва тассалибахши хеш-шеъраш,аз муссанифони аҳволу осри Иқбол Муҳаммад Иброҳим Халил дар бораи рӯзҳои  охирини шоир сухан ронда гуфта буд:””Агарчи заъфи қавии қалб ҳам дошт,аз мутолиа ва тасвиди  ашъор худдорӣ намекард ва ба музокираю табодилаи афкор ҳозир буд.Ҷавоҳирлол Неҳру ба мулоқоти ӯ омад,Аллома Иқбол бо вай сӯҳбати тӯлони намуд ва Неӯру аз ин мулоқот хеле мутаасир буд.”2---------Шоири ватанпарвар ва муборизи роҳи озодӣ,ҳакими фарзона ва инсони комил Аллома Муҳааммад Иқбол 21-уми апрели соли 1938 дар Лоҳур зиндагиро падруд гуфт.----Ним соат қабл аз забони ӯ мисраҳои зерин садо доданд:Суруди рафта боз ояд,ки н-ояд?Насиме аз Ҳиҷоз ояд,ки н-ояд?Сар омад рӯзгори ин фақире,Дигар донои роз ояд,ки н-ояд?

 
Худованди меҳрубон-ин шоири ватанпарвар ва муборизи роҳи озоди ҳакими фарзона ва инсони комил Аллома Муҳаммад Иқбол ро  мағфирату ҷояшонро Ҷаннат-ул –фирдавс гардонад..Омин!!


 

Метки: Шоир

KUHISTONI _, 19-04-2012 06:00 (ссылка)

&#1206;А&#1202;ОНИ ИШ&#1178; НА МИР&#1250;,НА САРВАРИ ДОНАД,


Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Ҷаҳони ишқ на мирӣ на сарварӣ донад,
Ҳамин бас аст,ки оини чокарӣ донад.
На ҳар кӣ тавфи буте карду баст зунноре,
Санампарастиву одоби кофари донад.
Ҳазор Хайбару сад гуна аждар аст ин ҷо,
На ҳар кӣ нони ҷавин хӯрд Ҳайдарӣ донад.
Ба чашми аҳли назар аз Сикандар афзун аст,
Гадогаре,ки маоли сикандарӣ донад.
Ба шеваҳои ҷавонони мрсимо чист?
Дар ба ҳалқаи пире,ки дилбарӣ донад.
Фаранг шишагарӣ карду ҷому мино рехт,
Ба ҳайратам,ки ҳамин шишаро парӣ донад!
Чӣ гуямат зи мусалмони номусалмоне,
Ҷуз ин,ки пури Халил асту озарӣ донад.
Яке ба ғамкадаи ман гузар куну бингар,
Ситорасӯхтае кимёгари донад!
Биё ба маҷлиси Иқбол як-ду соғар каш,
Агарчи сар натарошад,қаландари

KUHISTONI _, 21-04-2012 21:21 (ссылка)

БИГ&#1262; ИБЛИСРО

Ба номи Худовнди бахшанда ва меҳрубон
Бигӯ Иблисро аз ман паёме,
Тапидан то куҷо дар зери доме.
Маро ин хокдоне хуш наёяд,
Ки субҳаш нест ҷуз тамҳиди шоме.

Ҷаҳон то аз адам берун кашиданд,
Замираш сарду беҳангома диданд.
Ба ғақр аз ҷони мо сӯзе куҷо буд?
Туро аз оташи мо офариданд.

Ҷудоӣ шавқро равшанбасар кард,
Ҷудоӣ шавқро ҷӯяндатар кард.
Намедонам,ки аҳволи ту чун аст,
Маро ин обу гил аз ман хабар кард.

Туро аз остони худ биронданд,
Раҷиму кофиру тоғут хонданд.
Ман аз субҳи азал дар печу тобам
Аз он хоре,ки андар дил нишонданд.

Ту медонӣ савобу носавобам,
Нарӯяд дона аз кишти харобам.
Накардӣ саҷдаву аз аз дармандӣ
Ба худ гирӣ гуноҳӣ беҳисобам.

Биё,то нардро шоҳона бозем,
Ҷаҳони чорсӯро даргузорем.
Ба афсуни ҳунар аз барги коҳаш,
Биҳиште ин сӯи гардун бисозем.

ad ali, 20-04-2012 07:42 (ссылка)

ХУДОЁ ИН ЧИ БЕДОД АСТ.....

ХУДОЁ ИН ЧИ БЕДОД АСТ ХОЛИ ДАР БА ДАР ДОРАМ 
БАРОИ ПОРАИ НОНЕ ЧИ МУШКИЛХО БА САР ДОРАМ 
НАМЕДОНАМ ЧИ СОН СОЗАМ АЗ ИН ХОЛАТ РАХО ЁБАМ 
БА ЁДЕ ТО РАХО ГАРДАМ КИ АЗ ЧОНАМ ГУЗАР ДОРАМ 
ЧУДО З-ОГУШИ МОДАРУ ОВОЗИ ШИРИНАШ 
ХАВС ДАР ПИРИЯШ ПАХЛУНИШИНИ ОН ПАДАР ДОРАМ 
ГАРИБУ БЕКАСУ КУЯМ ДАР ИН ГУРБАТСАРО Ё РАБ 
ЧУ МУРГОНИ КАФАС БАС НОЛА ХАР ШОМУ САХАР ДОРАМ 
ВАТАН ОБОД КАЙ ГАРДАД КИ БАРГАРДАМ БА ДИДОРАШ 
ЗИ ДАСТИ КИСМАТИ САХТАШ ЗИ  У ХАР ДАМ САФАР ДОРАМ 
ТУ ТО КЙ БО ГАМ ЭЙ КАДРИДДИН ИН МУШТУ ГИРЕБОНИ 
КИ ХАР ЯК МИСРААТРО КАТРА АЗ ХУНИ ЧИГАР ДОРАМ ......

БАРОДАРОНИ МУСОФИР ХАМЕША ФИКРИ САЛОМАТИАТОНРО КУНЕД ИНШААЛЛОХ КИ 
ХАР ЯКИ МО БАР МЕГАРДЕМ БОЗ БА ВАТАН КИСМАТИ МО ТОЧИКОН ИНГУНА БУДАСТ 
ОБОД БИМОНЕД...





ad ali, 20-04-2012 06:55 (ссылка)

ЧАШМАИ ПУРОБ МЕХОНАМ ДИЛИ БЕХОБРО

ЧАШМАИ ПУРОБ МЕХОНАМ ДИЛИ БЕХОБРО 
НОЛАИ БЕ СУЗ ГУЯМ ТОРИ БЕ МИЗРОБРО 
ГАШТАМ БЕМОР АЗ ГАМХОЮ АЗ ДАРДИ ЧАХОН 
ЗИСТАН БЕ ХУДА МЕДОНАМ ТАНИ НОТОБРО 
ГАР ХУДО МЕДОД МОРО КУДРАТЕ АЗ РАХМАТАШ
БАР КАНОРАМ МЕКАШИДАМ ЛОАКАЛ МОХТОБРО 
КАЬБАИ ДИЛ ДОРАМУ ОНРО ИБОДАТ МЕКУНАМ 
СУФИЁ БО СОФИ РУ ОВАР ТУ ИН МОХРОБРО 
ДАР БИЁБОН ЧОИ ХАСРО САБЗАВУ ГУЛ МЕГИРИФТ 
ГАРАТИ ФАРХОД МЕБУДАШ АГАР МИРОБРО 
ФАХМ МЕБОЯД БА ЗАВКИ ХАР ШИНОСУ НОШИНОС
АЗ КУЧО ЁБАМ КУНУН РУЧТАМ ДИГАР СУХРОБРО 
БАЬДИ ИН АЗ ШЕЬРИ ХУШ ДАР НОЛАХОИ МУТРИБОН 
ХОТИРИ КАДРИДДИН РАХ ЁБАД ДИЛИ АСХОБРО .....

ad ali, 18-04-2012 08:56 (ссылка)

АЗИЗИ ДИЛ МОДАРАМ !!!

АХТАРИ ТОБОНИ МАН ДАР ОСМОНАМ МОДАРАМ 
РОЗБОНУ РОЗДОНУ РОЗХОНАМ МОДАРАМ
БИГЗАРАМ АЗ ОБУ ОТАШ БО ДУОИ НЕКИ ТУ
ДАР САРИ САБЗИ ЧАВОНАМ ПОСБОНАМ МОДАРАМ
ШЕВАИ ШИРИНТАР АЗ ШАХДИ ТУ ИЛХОМИ МАН АСТ
ЧАШМАИ БАЙТУ  СУРУДУ ДОСТОНАМ МОДАРАМ
ДИДА РУХСОРАИ НУРОНИАТ ГУЛ МЕКУНАМ 
ЭЙ БАХОРИ БЕХАЗОНИ ЧОВИДОНАМ МОДАРАМ 
ДАР МИЁНИ КАЧРАВОНУ ХУКУКБОЗОН МОНДААМ
ЯК ТАНИ ТАНХО ЗИ АХЛИ РОСТОНАМ МОДАРАМ
НУРБОРОН ХОНАИ МАН АЗ ХУЗУРИ МАКДАМАТ
ШОХСУТУНИ ИН ДАРУ ИН ОСТОНАМ МОДАРАМ
ДАР КАНОРИ ЧУН БИХИШТАТ ТИФЛАКИ ФАРХУНДААМ
ГАР ЧИ МАН ХАМ СОХИБИ ФАРЗАНДАКОНАМ МОДАРАМ
ВАКТИ ПИРИ ДОДАРОНАМ ХАР КУЧО РАФТАНДУ МАН
БО ТУ МОНАМ БО ТУ МОНАМ БО ТУ МОНАМ МОДАРАМ ...

АЛБАТА КИ МОДАР РАВШАНИИ ХАР ЯК ХОНАДОНИ МО АСТ ДАР БОРААШОН ХАР 
КАДАРЕ КИ ГУЕМ КАМ АСТ.. ХУДОВАНД ЧАВОН БИМОНАД ШУМОЁНРО МОДАРОН...




В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу