Все игры
Запись

Х О К И В А Т А Н


Нравится

Вы не можете комментировать, т.к. не авторизованы.


Бахром Джумаев      23-04-2011 16:17 (ссылка)
Re:
Устод Лоик (рухашон шод бодо!) басо шахси дурбин буданд...
36 сол пеш ин суханонро гуфта буданд...
Ман имруз соли 9-ум дар гариби гарди хокеро ки аз маркади сахоба ки дар дехаи Заврони нохияи Панчакент чойгир асту онро ба ман рахмати устои номии кандакори чуб устодам Шодмонбой дода буданд бо худ гирифта мегардам, ки мабодо дар гариби...
Гарди хок устод бидод аз маркади сахобае,
Вакти рафт, орзу, касе он зи бозу боз кунад.
Рухатон шод бод!
Гиес Сангинов      24-04-2011 19:34 (ссылка)
Re:
Бале Гулрухон аломма ЛОИК гуиё ки барои мо мусофирони аз Ватанамон дур гуфтаанд!Ватанам, о ватанам, о ватанам
Лоик Шерали
Чон ба қурбони ту ай меҳани хунинкафанам,
Будй байтушшарафам, гаштай байтулҳазанам.
Душманат чор тараф ачнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чй нирў сафи аъдо шиканам?!
Дўст душманнасақу душмани ту дўстнамост,
Рост гўям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Точик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?!
Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам.
Ҳама халқони дигар анчуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анчуманам...
Гуфт, алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт, фулонист мухотаб, на манам...
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурў,
Дигаре гуфт, ғами хонаву фарзанду занам...
Домани кўҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон ту бигў, соҳати эронвич ку?!
Ман аз ин фочиа чун шиква ба Яздон накунам?!
Ку дигар шаъшаи донишу фарҳанги бузург?!
Ку дигар карру фару наъраи ғул-ғул фиканам?!
Рўзу шаб дар ғами ту гиря кунон месўзам,
Ту ба хун ғарқаву ман ғарқи малолу миҳанам.
Гиряи ман аз он аст, ки даргоҳам сўхт,
Ҳам на з-он аст, ки шуд сўхта боғу чаманам.
Гиряи ман ҳам на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.
Гирям аз он, ки туро ҳукм ба кўштан кардан
Эй ту ҳам появу мояи инсон буданам!
Гирям, аз он ки зи бунмояи қисмати талх,
Ман сўхан гўям, агар касе нест ҳамсуханам
Гирям, аз он ки ба жарфои чунин фочиае
Нашавад хира кас аз ҳам насабу ҳамватанам.
Гирям, аз он ки ду се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям, аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар
Ватанам, о ватанам, о ватанам.
18.02.1996
Alishod Vorisov Дардошно      09-06-2011 23:39 (ссылка)
Re: Х О К И В А Т А Н
ТОЉИКИСТОН

Точикистон, эй диёр,
Сарзамини сабзу хуррам дар миёни ќўхсор.
Хар вачаб хоки ту бошад хоки поки точике
Точики бахри дифоат монда сар бар зери дор.
З-ин сабаб доим заминат ганчдеху зарнисор.
Точикистон, эй диёри кўхсор,
Заррае аз хоки ту ин хуни ачдодони ман,
Хуни нохакрехтаи сарбозхои Сарбадор.
Хуни Деваштичу Шерак, Рустами овозадор
З-ин сабаб худ лолагун гарди ба айёми бахор.
Точикистон, эй макони чашмасор.
Ќатрае аз оби ту худ мисрае аз шеъри тар,
Шеъри нобинвиштаи он шоири шабзиндадор.
Шоире, ки номи ўро "Шохи ашъор" хонданд,
Лек аз рашку хасад карданд нобинову зор.
Точикистон, механи овозадор,
Хар гиёхат доруву дармонбахш,
Мевахои шаккаринат чонро бахшад мадор.
Номат оламгир карда Вахшу Хатлону Хисор.
Точикистон,
Ман шароби васли ту
Аз сари пистони модар хўрдаам,
Аз бари ў то ба оѓуши висол
Дар замири синаи озурдаам,
Партави ишќу мухаббатро амонат бурдаам.
Точикистон,
Дар хама пахнои таърих
Лахзаи пасту талотумхои таърих
Доимо ту сарбаланди,
Точиконро судманди.
З-ин сабаб мехри туро чо дода дар маъвои хеш,
Дўст медорам туро зебо диёр,
Точикистон, эй диёр. D


     12-06-2011 09:34 (ссылка)
Re: Х О К И В А Т А Н
Зикрулло Акобиров      12-06-2011 11:03 (ссылка)
Re: Х О К И В А Т А Н
Ту монанди замин танхои модар .
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар тақдим карданд,
Вале як рӯз донистанд
Замин қисмат нахоҳад шуд.

Замину осмон,
Хуршеду маҳ
Мисли дили ту
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.

Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.

Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама модар – Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.

Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.

Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар – Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.

Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.

Ту монанди замин танҳоӣ, модар!
Ту монанди замин яктоӣ, модар!
10.05.1966 – Новороссийск