Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

ИШОРА


 Кадбону  набуд...
токи
чомма
руймоли кабуд
ишорхо менамуд...
ISmoN

Метки: ISmoN

Вохури дар наздикии Соли нав, ва ё як фалсафаи Ислом...

Ассалому алейкум!
Мехостам , дар омад - омаду наздикии Соли Нав як лахзаи хаётеро , ки аз сарам гузаштааст, бароятон накл карда гуфта гузарам...
Аз кор бошитоб меомадам. Рузи дароз кор кардан одамро албатта монда мекунад. Хеле монда шуда будам ва тезтар мехостам , ки ба хона раваму намози хуфтанро хонам...Хаво камтар хунук буд ва шамоли изгиринг мевазид. Дар арафаи Соли нав бошад, кор гуё аз сар  мебораду меборад .Ин кадар мошин меояду бор мегираду  меравад, ки хисобаш тамом намешавад.Хама мехоханд , ки хисобу китобашонро то Соли Нав (мелоди) тамом созанду баъд ба истирохати дахрузаи баъдисолинави раванд...
Ман худ як коргари оддии корхонаи чойбарори хастам ва шукр , ки парвои чизеро надорам.Субх ба кор мераваму бегох аз кор меоям ва тамоман фикри онро надорам , ки фардо чи мешаваду бо чи меанчомад...Чунин хислати мухочири дорам...Албатта , хамаи мухочирон мисли ман наянд, вале аксарият чунин хаёти якхелаву якранг доранд...
Марди мухочир бояд сохиби кор бошад.Фарк надорад, ки кор аз чи иборат бошад: хох ронанда , хох боркаш, хох кучаруб...Бекор набошад...Чунки хар як марди мухочир бекориро дар мулки бегона  хуб мефахмад.Ман худ бекорчи хам мондаам ва азобашро хеле хуб медонам...
Вакте, ки ба истгохи автобуси дар назди хонаамон буда наздик шудам, ногох шахсе , ки дар он чо менишаст, хеста ба пеши рохам баромаду гурунгосе зад:
-Брат, мелочи не найдутся?...
Чунин гадо (бомж) ин чо хеле бисёр аст.Онхо гох танхову  гохо гурух-гурух дар хамин истгох менишинанд.Чунки дар паси ин истгох магозаи калони араку шаробфуруши хаст .Ва ин чо чои асосиву дустдоштаи ин шахсони чиркину ифлос аст, ки аз буи бадашон димоги одам турш мешавад.
Шахси дар пеши ман буда хам риши дарози бетартиби мошубиринч дошт ва аз вай буи нохуши гализ меомад.
Ман даст ба киса бурдаму чи кадар танга доштам бароварда ба дасташ капондаму ба рохам равон шудам ва боз гурунгоси уро шунидам , ки аз пасам гуфт:
-Спасибо, брат!...
Ман чизе нагуфтам ва хатто ба суяш дубора нигох хам накардам .Аммо каме онсутар рафтаму ба кафоям боз чашм андухтам. Воачабо, наход ин хамон мард бошад? Шояд ба назарам чунин метобад? Не, худи худаш. Харчанд , ки у маро нашинохт, ман уро шинохтам. Хамон кадамонихои бетартибу хамон китфи чапи чукидааш. Дар танаш либоси сиёхи чиркину бадбуе...
Бале , ман уро шинохтам. Аммо, аз чи бошад , номашро ба хотир оварда натавонистам...У бо ман дар соли 2009, дар дехаи Картино , дар як хавлии марди пири рус зиндаги карда буд.Ман бо хамсарам дар як хона, у бо як молдаванзане дар  хонаи дигар ...
Харчанд, ки худ одами кадпастам ( 1 м 65 см) , вале вай аз ман кадпасттар буд...Бо забони точики он кадар сухани дуруст намегуфт ва ё ман лахчаи уро намефахмидам...
Бо у кам вомехурдам .Дар кучое кор мекард, ки гохо се - чор руз хам гум мешуд...Молдаванзан бошад , хамеша ба хамсарам дар борааш хасрат мекард...
Аз руи гуфташ, камтар хислати фиребгари дошт.Гохо пули молдаванзанро медуздидаасту пивою шароб хам менушидааст...Гохо хатто мезадааст...Умуман, маълум нашуд, ки дар Точикистон зан доштааст ё не...Хуллас, ки молдаванзан аз паи у хамеша шикоят мекард...Ва ман то охир нафахмидам, ки ин зани молдавани зани хакики ё не...
Ман дар бораи хаёти у ин чо накл кардан намехохам. Ман факат як лахзаи бо у дар назди дастурхон нишастаамро накл мекунаму халос. Хамаги як бор бо у ба сари дастархон нишаста будам ва он хам охирон шуд.
Шаби Соли Нави мелодии 2009 буд.Сохиби хона , марди пири рус хамаро таклиф кард, ки хама якчоя мехмони хучраи у шавем.Дар хавлии у боз як чанд оилаи дигар зиндаги мекард.Хонаи у якчанд хучра дошт ва хамаи онхоро вай ба одамону оилахои дигар супурда буд ва аз хисоби хонапулихо зиндаги мекард. Худ кайхо ба нафака баромада буд ва хамеша менушиду менушид...
Вакте , ки  вориди хучраи марди рус шудам, ончо аллакай хама чамъ омада буданд.Он чо кариб хама точикон буданд ва хама мисли ман шахсони мухочир .Мехмонхо хам буданд ...
Вакте, ки ман ба чоям нишастам, яке аз онхо даррав ба суям кадахи аракро дароз кард.Гуфтам, ки наменушам .Хамон шахсе , ки дар борааш , дар боло гуфтам, бо исрор талаб кард, ки кадахро ба дастам гирам:
- Ака, моро хафа накун, бигир, бинуш!...
Харчанд, ки НЕ мегуфтам, у маро боз мачбур мекард, ки кадахро ба дастам гирам...Нихоят , хостам камтар ором шавад, гуфтам:
- Ман наменушам, чунки ман одами намозхон хастам...Намоз мехонам , мефахмед?...
Аммо, вай аз чи бошад, ки ках-ках зада хандид:
- Ака,  мо хам намоз мехонем, мо хам мусалмонем...Лекин , имруз Соли Нав аст охир...Нушидан даркор...
Он вакт хеле пушаймон шудам , ки таклифи марди русро кабул карда будаму мехмонаш шудам .Ман киву бо ин одамон як чо ба сари дастурхон нишастан ...Он вакт ман намефахмидам, ки бо чунин одамон сари як дастархон нишастан хуб нест.Бо дег шини сиёх шави мегуянд...
Хуллас, кадахро ба дастам нагирифтам ва гуфтам , ки факат пепси ё фанта менушаму халос...Яке аз онхо даррав ба кадахи холи  нушокии фанта рехту ба дастам каппонд...Нихоят он мард ором шуд...
Чи кадар вакт гузашт , нафахмидам , яке аз онхо аз чояш хеста хамаро бо Соли Нав табрик кард.Боз кадаххоро бо хам чанг андохта нушиданд.Он мард боз ба ман мисли пашша часпид.:
-Ака, биё хамрохи мо нуш!
-Не , ман наменушам...
-Хайр, хамин фантаатро бо хамрохи мо нуш... - боз вай ба дастам кадахи фантадорро каппонд, - Кадахоро чанг андохта нушем...
Он вакт хеле хостам, ки ба руяш хамон фантаро бипошаму аз он чо баромада равам.Лекин, одоби точиконаам маро ором намуд ва ман то ки хохиши чунин одамони шилкин ичро шавад, мачбур аз дасташ кадахи фантадорро гирифта бо кадахаш "чанг" андохта , онро болои миз гузоштам...
- Не, не ака инро бояд ту нуши...-, гуфт вай , - коида чунин аст...
Ман мачбур шудам , ки аз кадахи фанта як култ нушам .Вале, хис намудам , ки аз нушокии ман буи гализи спирт меояд.Дар як дам дахонам турш шуд.Фахмидам, ки ин марди пакана аракро бо фанта омехта ба ман дароз кардааст ва хамаги он чо будахо ках-ках зада хандиданд.Худи пакана шикамашро дошта механдид ва ба шахси дар наздаш буда кафи дахонашро паронда мегуфт:
-Домулора боб кардем , а... домулора боб кардем!...
Мегуянд, ки бо ахмак баробар нашав , ки худ ахмак мешави.Ман чизе нагуфтаму табассум кардам.Боз як дарси зиндаги, боз як дарсе барои оянда...Аз чоям хестаму рафтам.
Ман дигар бо у хохиши вохурдану салому алек карданро  накардам.Дигар уро надидам.Хаёти вай бо молдаванзан бо чи анчомид, Худо медонад...
Нихоят ман уро боз вохурдам , вале дар дигар ахвол ва дар дигар шароит...Дар дигар замону дар дигар лахза...Вале, боз дар наздикии Соли Нав...Ачаб вохури.Гумон намекардам, ки дар ин кадар вакти кутох ( 6 сол дар хаёти инсон як лахзаи ками  умр аст), ин одам то ин дарача мерасад, яъне, ки  гадои( бомж) хакики шудааст...
Бисёр мехостам , боз ба пешаш равам ва худро муаррифи кунам , ки эй мард ту маро мешиноси ? Ёд дори , ки бо ман чи карда буди? Ту холо хам Соли Нав кайд мекуни? Соли Навро бахри ЧИ ва бахри КИ кайд мекуни? Оё , ба оянда умед дори?...Оё хамаи ин нушиданхоят бароят фоидае дорад?
Вале, ба чунин шахсон сухан хайф хаст.Чунин шахсоне, ки ман мусалмон, ман хам намоз мехонаму аммо дар Соли Нав нушидан лозим мегуянд, оянда надоранд...Чунин одамон факат ба суи пасти мераванду халос...
Холо боз наздикии Соли Нави мелоди...Боз хама дар давутоз ва боз  тайёри ба Соли Нав мекунанд...Вале, бахри мо ,точикхо ,мусалмонхо кайд кардани он барои чи лозим аст, касе фахмидан намехохад...
Бахри чи онро кайд кунем? Аз бахри он ки тамоми дунё онро кайд мекунад? Ё бахри он ки мо хам аз катори тудаи одамон намонем?...Ё кайд кардани Соли Нав ин боз як бахонаву намуди дилхушиву мастиву суруру шоди?...Пас мухаббати Худоро чустучу кардани ману Шумо аз чи иборат бошад?...
Дируз, як шиносро дар куча дидам.Гуфт, ки дар Соли Нав мехмони мо шавед, хамрох Соли Навро кайд мекунем.Ман ба у бо хушиву охистаги фахмондам , ки Соли Нав ин аз мусалмонхо нест, пас бахри чи онро кайд кунем, оё аз он ягон фоидае бошад? Аз чи бошад, ки вай аз ман ранчид.
Чохилияти инсон то кадом дарача бошад , ман намефахмам.Холо дар худи Гарб ва Россия кудаконро аз хурди фиреб медиханд, ки Бобои Барфи омада хама хохиши Шуморо ичро месозад.Дар Амрико каторхои дарози навбат факат барои он аст, ки кудак ба Бобои Барфии сохта хохиши дилашро гуяду вай ба кудак ваъдаи ичрои онро дихад...Бобои Барфиро дар катори Худо ва аз Худо боло  медонанд.Астагфируллах.
Албатта , ин чо тарафдорони Соли Нав бахона мепартоянд, ки хама хушнуди барои кудакон аст ва хама кудакон бояд хушбахт бошанд.Ман хам тарафдори хушбахтии кудакон хастам, вале хамаи ин Соли Наву солинавбозихо бо чи меанчомад, касе дар борааш сухан гуфтан намехохад.Кудакон аз хурди масту аластихои  калонсолон ва девонагихои волидайнашонро бо чашми худ мебинанд...Кудакон аз калонсолон ибрати бади зиндаги мегиранд...
Ин лахза ман фахмидам , ки ин нишондод ва ин лахзаи вохури , як дари фалсафаи Исломро ба руям кушод.Ислом чи кадар фалсафа дорад, намедонам .Ман аз сад фоизи Ислом шояд, ки хамаги 5 фоизашро медонаму халос...Бузургии исломро на хама мефахманду на хама кадр месозанд...Як фалсафаи ислом , ки ШАРОБ дар ислом манъ ва харом аст. Шароб асоси хамаи бадбахтихост...Он чи ки дар ислом харом хисобида шудааст , харом хаст...
Биёед, инро аз хотир набарорем!
Саломат бошед!

90 рузи озоди...

Ассалому алейкум, хамзабони азиз!
Дарди одам дарди харина - мегуянд... Як хамкори ман иштихо надошту доруи иштихо истеъмол мекард, ки иштихояш кушода шавад. Боре оши хеле хуб пухтем, ки ба кавли баъзе одамони шухтабиат, агар мурда ошро мехурд зинда мешуд, аммо хамкори беиштихои мо оши бомаззаро як - ду кошук гирифту бас кард.Ба у менигаристаму хайрон мешудам, хам дар хайрат мешудам ва хам маро ханда мегирифт...Ачаб як намуди бемори , ки инсон ба чунин холат меафтад...

Вале, баъди каме вакт бо зури дору он шахс ба иштихо даромад ва акнун чизе , ки ба пешаш меафтид , бо иштихо мехурд ва лаззат мебурд...Чи ки набошад, доруи иштихо вучуд дорад, вале як доруе шояд набошад, ки ман онро чустучу дорам, вале намеёбам.Доруи хавсала...Бале, доруи хавсала лозим, ки каме маро ба чумбишу харакат биёрад...

Аммо, барои хавсала пайдо кардан , каме вакт хам лозим аст.Агар хавсала бошаду вакт набошад, охири охир хавсала хам мемирад.Ва агар вакт бошаду хавсала набошад, боз душвортар аст.Бовар кунед...

Ман хам ба чунин холатам, ки гохо хавсала намеёбаму гохо вакт.Ва бо хамин ахвол хам руз мегузараду хам умр...

Холо мехостам , дар бораи мавзуъе сухбат кунем, ки хама дар бораи он сухан мегуянд. Украина...Холо кучоро набинед, аввалдарача хама гап дар бораи Украина ва бухрони он сухан мегуянд.Ба назар чунин метобад, ки бухрони он ба охир намерасад ва руз аз руз кувват мегирад.Давлат гуё ба чохе сарозер меравад, ки аз он баромаданаш  амри махол аст.

Ман хатто тарафдори он хастам , ки нихоят хакикат галаба намуду Крим ба Россия баргашт.Охир аз аввал Крим дар  Россия буд. Дасти кушоди сарварони Иттиходи Шурави , ки бо нуги калам сархадхоро дигар мекарданду касе чизе намегуфт, соли 1954 ( 19 феврал) Кримро хамчун тухфа аз Россия ба Украина супориданд...

Мегуянд, ки дар Крим хамаги 67 фоиз русхо зиндаги мекунанд.Вале, чи ки набошад, аксарият ки русхо хастанд, Крим ба Россия баргашт.Чи тавр он ба Россия баргашт, Шумо шояд аз ман хубтар медонед...Акнун холо дар Украинаи Шарки хам чунин ахвол вучуд дорад.Аксарияти ахоли , ки русхо хастанд, мехоханд ба Россия баргарданд...

Ин ахвол то кай давом мекунаду бо чи анчом меёбад, факат Худо медонад...Ин чо мехостам, ки як орзуе, ки дар дилам пайдо шуда монд, ба Шумо бигуям: 
Дар Самарканду Бухоро 98 фоиз точикхо зиндаги мекунанд ва кош ки ин шахрхои точики ба Точикистон бо мурури замон бармегаштанд...

Хайр , ин мавзуи тамоман дигар аст.Ман дар бораи дигар чиз гуфтани будам.

Ба кариби як хамкори мо аз корхонаи мо рафт , ки миллаташ хохол буд.Хама уро Гаврила мегуфтанд.Номи аслиаш Серёга буд, аммо аксарият уро аз руи насабаш ном мебурданд.Худи у аз шахри Лвов буд.Аз хамон пойтахти Украинаи Гарби , ки холо Украинаи Шарки чашми дидан надорад...

Ман хамрохи Гаврила се сол кор кардам .Дар муддати се сол ягон бор бо ман сухани пасту боло намегуфт.Гохо бо хамдигар шухи мекардему гохо чидди сухбат мекардем.У паспорти руси надошт ва хар боре , ки ман дар бораи шахрванди Руссия шуданро барояш талкин мекардам, у табассум мекард.
-- Ба ман шахрванди Россия шудан лозим нест ва шудан хам намехохам.Ман украин хастам , мефахми, украин.
--Медони, Гаврила, ман украинро аз рус фарк карда наметавонам, - мегуфтам ман, -Дар назари ман байни рус, украин ва белорус фарке нест.Хама як миллат хастед , вале бо се забон сухан мегуед.
Гаврила аз суханони ман камтар асаби мешуду ба ман наздик шуда пичирос мезад( то ки анборчихои рус суханони моро нашунаванд):
--Медони , ман украин хастам ва русро чашми дидан надорам .Миллати ман дигар аст.Русхо хамеша гулом буданду гулом мемонанд, вале мо украинхо халки озод хастем.Мо озодипараст хастем...
--Ту магар холо озод хасти? - мепурсидам ман, - кани озодии ту? кучост озодии ту?Чаро дар Украина кор намекуни?

Гаврила чи гуфтанашро намедонист ва факат як сухан мегуфт:
--Холо хозир кор дар Украина нест, давлат кам-кам пеш рафта истодааст.Оянда ман аз ин чо ба Украина тамоман меравам.Рус ба ману Россия ба Украина бародар нест.Ман одами озод хастам...

Баъди он ки дар Майдони озодии Киев бесарусомонихо ба вучуд омаданду хама чоро хавои инкилоб гирифт, аъзои Гаврила руз аз руз таъгир меёфт.Гохо хурсанд мешуд, гохо гамгин метобид .Мехост, ки сарвари Украина Януковичро тезтар аз тахташ бардоранд. Мегуфт, ки калонхо хама фурухташудахои русхо хастанд. Калонхо гуломхои русхо хастанд ва озодии халки худро намехоханд...

Каме нагузашта дар арафаи  Соли нави 2014 Гаврила тамоман дигар шуд.Акнун тез-тез асабони мешуд, хамеша хаёломез мегашт.Гох-гох худ аз худ гур -гур карда мемонд, гохо ба касе чизе намегуфт.Вале, аз авзояш маълум , ки аз чизе норизо хаст...

Боре дар фурсати кулай аз у пурсидам, ки чаро ту хамеша хаёлпарешон хасти? 
--Басир , магар ту бехабар хасти , -гуфт Гаврила, - ин калонхои рус коидаи нав баровардаанд.Акнун барои мо украинхо хамаги 90 руз вакт медодаанд, ки дар Россия зиндагиву кор кунем...
--Хайр чи шудааст, - гуфтам ман, - баъди 90 руз як ба хонаат рафта сархадро гузашта меоиву боз кор кардан мегири...
--Не-дия, -калла чумбонд Гаврила , - ин коида пештар буд, холо 90 руз факат дар як сол аст.Мефахми дар як соли дароз хамаги 90 руз...

Бале, хаёлпарешонихои Гаврила бехуда набуданд,.Акнун аз 1 январи 2014 барои украинхо хамаги 90 руз дар дохили Россия зиндагиву кор кардан мумкин асту халос.Баъди 90 руз корхона коргари украинро метавонад аз корхона пеш кунад.Акнун мисли пештара украинхои озодихоххоро русхо бародарона пешвоз намегиранду мисли пештара 90 рузи озодии давомдор намедиханд ва акнун агар коидаро вайрон созанд, 3 сол ба Россия рох намедиханд...

--Хайр , акнун чи кор мекуни? -пурсидам аз Гаврила, - 90 руз кор мекуниву баъд ба Украинаи гарбият мерави?...
--Намедонам,- китф чумбонд Гаврила ва охиста гурунгос зад, - акнун кори ман чи мешавад, оиларо ки мепояду мехуронад, занам хомиладор аст...Чаро чунин коида мебароранд ин русхо...охир мо бародар хастем...Охир мо хама азони худи хастем .Кариб як миллат хастем...

Ман ахволи Гавриларо дида чизе нагуфтам .Ба у хотирасон накардам, ки у як вакте ба ман чи гуфта буд. Дар бораи он ки вай чи тавр Русхоро бад медиду чашми дидан надошт ва русхоро хаммиллати худ намехисобид.

Вакте, ки Гаврила аз кор рафт, бо хамаи мо хуб хайрухуш намуд ва гуфт , ки албатта боз ба кор меояд.Ба ман хатто нишони худро навишта дод, ки уро аз интернет чустучу карда ёбам...

Ман уро дигар надидам...

Газали гариби...

То чанд кунам нола ба ин шахри гариби,
Сад бор маломат ба дилам бахри гариби.

Кахри Ватанам кардаму кадраш чу накардам,
Акнун,ки бубинам газабу кахри гариби.


Эй, кош ба умри хуши худ,духтари точик,
Харгиз,ки набинад рухи номахри гариби.


Богу чамани чону дилам гашт биёбон,
Аз резиши боронгаму хар нахри гариби.


Сад бор намуд зор ва сад бор намуд хор,
Нону намаки миннати хамшахри гариби.


Киштии умедам нарасид сохили максад,
Сад бор шудам гарк чу дар  бахри гариби.


Рузе,ки равам бар Ватанам ,хок бибусам,
Эй,кош, паси сар кунам ин дахри гариби.


Захролуда аз гам шудаам, миллати точик,
Харгиз начашад бори дигар  захри гариби.



Сози замона...



 Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!
Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз!
Нихоят яхи хавсала хам об кушоду пири танбаливу кохили низ насихатхояшро барои ман бас кард. Шукри Худо , ки боз менависам, харчанд , ки акл инро намехохад.Аммо дил маро мачбур месозад, ки нависам.Рости , ки илхоми дурусту майлу хохиши пештараи шеърнависиву маколанависи нест.Аз чи бошад, ки ба сари компютер нишастан замон хамаи хавсала гум мешаваду хохиши тамошои ягон синамои амрикои ё аврупои боло мегирад.
Кадом рузе чашмам ба сурати як хунарпешаи амрикои афтод.Як замоне ман хунари ин хунарпешаро кадр мекардаму ба бозиву бозингариаш дар синамо коил мешудам.Иштироки ин хунарпеша (ё бозингар) хар як синамо(кино)ро зеб медод. Номи ин марди хунарпеша Роберт де Ниро хаст.Ва ин мард дар зери сураташаш сухане гуфтааст: "Замонаро чунон сохтаем, ки 10 сол дар назар мисли 2 сол мегузарад".
Ин албатта сухани муъчазу хикматнок нест.Аммо маро як кадар дар андеша гузошт.Дар назар хакикатан солхо мисли рузхо метобанд.Гуё дируз буд, ки ман ба Россия омада будам ва аллакай 12 сол сипари шудааст.Хайратовар аст, ки на ба пасу пеш нигох карда кор буд карда мешавад, на ягон максадеро аз худ карда ба комаш расида...Шаб чи хел руз мешаваду руз чи хел шаб мешавад, дар хотир намеистад.
Гуё дирузакак бо ахли оилаам тамошои телевизор мекардем, ки дар он хунарпешаи точик Сайрам Исоева чунин сухан мегуфт: Ман хушбахтам, ки аз асри кухна ба асри нав кадам мегузорам...Ин соли 2000 ум буд...Холо аллакай соли 2014...Худоё, ин кадар умр тез мегузарад!
Бале, умр тез мегузарад ва мо хайратангезона дасти хайрат мегазему халос ва намедонем , ки бо ин гузариши тези умр чи кор кунем...
Холо ба ёдам як замони навраси омад.Мо талабахои синфи 8умро ба пахтачини ба як райони дур аз шахри мо , ба Зафаробод бурданд.Ачаб замонхое буданд, он замону даврхо...Ба чое бурданд, ки хонааш фарши тахтагин надошт.Колинкухнаи калонеро оварда партофтанду хамаи писархоро чой доданд...Кувваи барк набуд, бо шамъчарог хонаро рушнои медоданд...
Факат баъди як хафта бригадири колхоз аз кучое мошини чарогдехро оварда нихоят сохиби барк шудем.Онро хар бор баъди се соат мекуштанд...
Вале, касе аз чизе шикоят намекард.Руз пахта мечиндему шому шаб , ки шуд, дар як чоеи хамвор гулхан мегиронданд ва хама гирди он нишаста гарм мешудем. Шеъргуи , шеърхони ва сурудхонихо мешуд.Муаллимон ягон киссахои хуб мегуфтанд.Умуман, ачоиб даврахои бегамона буд.Аммо...
Аммо, он вакт дар назари ман вакт хеле охиста мегузашт.Ба назарам чунин метобид, ки як руз мисли як хафта мегузарад.Ба мо муаллимон гуфта буданд, ки 20 руз меистем.Вале, баъди як хафта ман хис намудам, ки ду хафтаи дигар токат карда наметавонам.Падару модар ва хохарону бародарамро сахт ёд карда будам.
Баъди расо 10 руз падари бечораам бо савготихову канду к,урс ва мевахо ба дидани ман омаданд.Ман аз дур падарамро дида ба суяшон чи хел давида будам, намедонам.Падару писар хамдигарро огуш намуда хеле гиристем.Ман намехостам, ки аз огуши падарам худро рахо кунам. Чи гуфтанамро намедонистаму факат мегиристаму мегуфтам: Дадачон, маро ба пеши модарам баред, ман модарамро ёд кардам....
Бале, холо он замонро ба ёд меораму боз ашк мерезам, ки афсус дигар он зиндагиву давр нест, ки хамдигарро ёд мекардему ба хамдигар пазмон мешудем...
Ва рузхо бошанд охиста мегузаштанд...
Холо бошад , ачабу во ачаб замонае омадааст, ки моххову солхо хамдигарро намебинему аммо пазмони хамдигар намешавем.Хамдигарро ёд намекунем, хешу акраборо фаромуш мекунем, дур аз падару модар, дур аз зану фарзанд зиндаги мекунем...
Халки бузурги точик зарбулмасалу маколхои хеле хуб дорад.Хар яки ин зарбулмасалу маколхо бошанд аз каъри замонаву зиндагии одамон, аз сари мардуму аз дили халк гирифта шудаанд. Хар яки он чои худро дораду макоми худро.Хар яки онро фикр карда бо чашм дидаву бо гуш шунидаву бо хиссиёт хис намуда гуфтаанду гузаштаанд...Ва ин зарбулмасалхову маколхо солхову сол, асрхову аср аз забони марду зан канда нест ва гум намешавад...

Ана як маколи ачоиби точики: Замона бо ту насозад, ту бо замона соз!..
Замона худ чист?
 Замона гуфта чиро мегуянд? 
Баъзехо чунин мегуянд: Аз дасти замона об шудам! Ин чунин маъно дорад, ки аз чабри рузгор, аз азобу машаккати дунё адо шудам. Баъзехо мегуянд: Гарму сарди замонаро аз сар гузаронидам.Ин бошад, маънояш неку бади рузгоррро дидану тачрибадор шудан аз зиндагиву хаёт аст...
Замон - ин вакт, хангом, айём, давр, ахд ва гайра...Умуман, калимахои точики чандин пахлу дорад, ки дар чову макоми худ гуфта мешавад...
Мо холо бо замону даври ба сарамон омада соз буда метавонем?
Замонаи кухнаи бо мо соз рафту акнун замонаи нави носоз боз омад. Пас бо он чи тавр созему бозем, ки хам носози мекунаду хам бози.Замона бо мо намесозад, мо чи хел бо замона созем?
Бубинед, ки чи кадар одамон аз хонаву манзил, аз ёру дуст дуранд. Моххову солхо дуранд, шароити сахти иктисоди мачбур мекунад.Бехуда намегуянд, ки душмани ашшадии инсон - ин шиками уст.Мо барои он , ки мухточи душман нашавем, мухточи хонаи номард нашавем, мачбур мешавем, ки худро ба хар роххо занем.Холо рохи илочи зиндаги ин мусофир шудану мехнати мусофириро кашидан шудааст.Замона бо мо соз будан намехохад, вале мо бо замона соз будан мехохем...

Дусте дорам, дар шахри Екатеринбург мехнат мекунад.Мегуяд, ки хар руз бо зану фарзанду модарам сухбат мекунаму дидорашонро мебинам.Ин чо чои хайратовар нест, у ноутбуку интернет дорад ва тарики он онхоро мебинад...Аммо, бисёр одамонро мебинам, ки ба интернет хуш надоранд ва хохиши вориди он шудан хам надоранд...Ба чунин одамон чи хам гуям? Бечорахо аз замона окиб мондаанд...

Боре ба Иваново рафтаму се руз мондам.Саросема куввадехи телефонро хам нагирифтаам.Куввати телефонам дар рохи 7 соата тамом шуда монд.Бе телевизор, бе радио ва бе телефон мондам.Сохибхоназан харчанд гуфт, ки дар хонааш телевизор бубинам, аммо нахостам. Дар хонаи худ берунро тамошо мекардаму хис кардам, ки умуман бе ин чизхо хам зиндаги мегузарад.Пештар хис намекардам, ки манзараи табиат чи кадар зебост.Вакте , ки се руз бе ин чизхо мондам, хис намудам , ки модарам ва зану фарзандонамро сахт ёд кардаам.Сухбаташонро хохон шудам ва дидорашонро орзу кардам.Ман хис намудам, ки вакт охиста мегузараду руз дер шаб мешавад.Мехостам , ки тезтар ба Москва баргардам...
Шаби сеюм бошад тамоман хоби дуруст нарафтаму аз тиреза берунро тамошо карда баромадам ва хатто бидидам , ки субх чи хел медамад.

Дар баччаги хамаи гирду атрофи табиат ачоиб метобад.Чиз кашондани мурчахо, аз гул ба гул нишастани шабпараку занбурхо, хониши паррандахо...Агар дучори мору каждум, хорпуштаку сангпушт ва дигар чонварони камнамо мешудем, он руз гуё ид мешуд.

Дар Иваново саргарми тамошои куча будам, ки аз роги тиреза ногох як нонхурак (таракан) пайдо шуд.Ва дар ман ба он шавке боло гирифт.Аз ошхона зарфи шишагинро оварда нонхуракро ба дохилаш партофтаму онро аз наздик тамошо кардам.Ман гуё ин дам марди 45 сола набудам, балки кудаке будам , ки бори аввал гуё нонхуракро мебинад.Ман ин лахза гуё гузариши умрро фаромуш кардам...

Одамизод ачоиб махлукест.Худ замонаро дигаргун месозаду боз айбро ба замона мепартояд.Худ агар ноухдабаро бошад, айбро ба дигарон , ба падару модар, ба хамсояхо, ба хамшахрихо, ба милисахо, ба калонхо , ба давлатдорхо, ба Ватан мепартояд.Гуё аз он ки у бад зиндаги мекунад, дигарон айбдор бошанд ва худро бошад айбдор намекунад.Худро бегунох мепиндорад.

Файласуфи машхури амрикои Дейл Корнеги дар як китобаш боре навиштааст: Парешонхоли хавотири ба инсон касалии захми меъдаро пайдо мекунад.Азбаски китобхои ин файласуфро дар тамоми дунё мехонанду кадр мекунанд, ман ба гуфтахои Дейл бовар мекунам. Хакикатан , хамеша парешонхол будан одамро ба хар касаливу беморихо мебарад.Дар парешонхоливу дармондаги бошад, умуман хатто хурок хурдан мумкин нест.Инсон бисёр ё кам хурдани хуроки хурдаашро намефахмад...

Холо касеро ки набинем, хамеша хавотири он хастанд, ки фардо чи мешаваду пасфардо чи мешуда бошад.Одамон ба зиндагии хозираи худ тамоман ахмият намедиханд.( Чи чои сухан ман хам хамин хел хастам). Аксарият фикр мекунанд, ки оянда хаёташон хуб мешаваду сони бо рохат давлати пири мебинанд.Аммо , бо хости Худо хамин хам нашавад, боз хама айбро ба замона мепартоянд...
Лекин замона харгиз айбдор нест, мо худ айбдор хастем.Мо худ ба кадри вакту умр намерасем, ба кадри нафаси озоди худ намерасем, мо худ зиндагиро душвор месозему баъд аз зиндаги нолиш мекунем.

Чаро ба кадри он вакте , ки холо зиндаги дорем, ба кадри он замонае , ки дар он умр ба сар мебарем, намерасем? Гузашта вучуд надорад, харчанд , ки аз он хотира мемонад ва оянда хам нест, харчанд, ки ба он накшахо мекашем, факат хозира вучуд дораду халос.Факат замони хозира, вакти хозира бо мо кадам ба кадам мемонад. Хамеша хамрохи мо аст, дар хама парешонхоливу дармондагиамон, дар хама хурсандиву шодиву сурурамон.

Бехуда боз намегуянд: Кори имрузаро ба фардо нагузор.Ё ки шухиомез чунин гуем, ки кори имсоларо ба соли дигар магузор...Фардо чи мешавад, факат Худо медонад...Бехтараш он чи ки кардани бошед, имрузу хамин вакту холо ичро созед, ки баъд дер мешавад.

Барои чи ман чунин мегуям? Чунки охир хамаи инро худ аз сари худ гузаронидаам.Холо аз вакту умри аз дастрафта албатта пушаймонам , вале гузаштаро акнун ёфта намешаваду пушаймонихои он хам ба чизе лозим нест.Вале, ин суханхои ман шояд чавононро каме дар андеша гузорад.Чавонон бояд фикр созанд, ки бехтарин ганчи онхо ин албатта вакту умри бебахои чавонист.Бигзор бештар бихонанд, касб омузанд, ба бозихои бехудаи интернети машгул нашаванд, кинохои бехудаи бехикматро тамошо насозанд,ки аз онхо хеч фоидаи казои нест ва шуглхои бехуда бошад ВАКТРО (мешунавед, ин ганчинаи бехтарину бебахои худододаи инсонро ) нест мекунад.

Замона бо мо соз будан намехохад, вале мо бо вай соз буданамон лозим.Агар 10 сол ба мисли 2 сол сипари шавад, мо бояд ба накшаи ягон кор таъхир (кафомони) насозем. Бояд хатман вакт чудо намуда онро ичро намуд, бо танбаливу кохили бошад, хамеша мубориза бурдан лозим аст.Бехуда намегуянд: Танбал кушандаи вакт аст. Ба коре танбал нашавед, вакти худро накушед.Хамеша дар харакат бошед, худро ба ягон коре занед, ки пушаймон нашавед.Чони инсон он вакт ором мегирад, ки агар ягон кореро саранчом созад.

Албатта бархе (баъзе) одамон мегуянд, ки агар пул мебуд, хама кор буд мешуд.Ман хам чунин фикр мекунам , аммо худи пулро бо хоб рафтану бехаракат будан ёфта намешавад.Факат дар афсонахо одам ягон коре накарда хазина меёбаду мохичаи тилло се хохиши Шуморо ичро месозад.
Дар асл бошад, одамизод бояд харакат созад.Замона , ки тезгузар аст, инсон низ тезрафтор бошад.Факат хамон инсон ба коми хушбахти мерасад, ки ба суи максади худ устуворона кадам гузорад...Хамкадами замон бояд буд ва аз имтихони замон бояд гузашт...

Он чи ки фикр кардам , навиштам ва он чи ки гуфтани будам, бигуфтам. Фикр кунед, ки имруз чи хубие ба мардум кардеду чи хушнудие барои худ.Бояд худро хам кадр кард ва ба кадри вакт хам расид.Холо ки мо зинда хастему зиндаги дорем, пас ин замонаву даври дар сари мо буда - азони мост...

Холо , ки мо зиндаему зиндаги дорем, замона хам хохему нахохем  хамрохи мост...



рузи нав муборак!

                                        
Ч,идди...
 Бошад худ саодат
 Дар мадду чазри дунё рафтан бар саломат.
 сарх.ои саркашу маст  ё  кулох,е  хам  бо надомат
 Ох,е бо  чобук,у май!.. гох,е  бо  чойю к,ах,ва
 Аз ин омаду  ноомад расад як лах,за фурсат
 Хешро дарёфта хештан
 (колбад к,урбони  осоишу зиёфат)
 Гох,е  равем шитобон  суи хаёлу орзу
  ("худо рахмат  намояд",  он к,алби бегаму дард)
  Эй пойбусони  к,исмат, х,ам зодагони  так,дир,
  Чун рох,и  бених,оят  шиква охир надорад.
  Кандем!..  суи  рох,ат (бо як ишорати нафс)
  Гох,е зи по фитода,  гох,е  зи  зарбу лати  дав лат.
  (ку чанбараки  так,дир?)
   Х,ар  кас  аз  ишк,и  даврон  созу сузе  сарояд.
   х,азорон  х,аваси  дунё  охир бувад ривоят...
   Х,ар  лах,за .
    Фарёди ашки  ашки тавлид, армони  рафти шева.
    Асрорест  кушодан  натвонему  нашояд.
    (маро  бигуй ту, эй дил...
    илоч,и  ин  ки  донад?)
   ба рости!?  
     


      ISmoN
  

СОЛИ НАВИ МИЛОДИ МУБОРАК!

  Салому дуруду паёми бепоён бехадду канор бар шумо  Азизон! Боз як соли пуршуру  шар, соли орзуву ормонхо ба адамимият меравад. Касе онро пешвоз мигирад ё  ба у  як сол шумориесту халос... ба  хар хол  Соли Нав милод  муборак!   Ба андещаи банда дар ин  чахони тазодхо дарёфтани  ч,ои xуд    ин хали муодилаи интегралист... донистану кашфи формулахои гуногунро токазо менамояд. хамин тур не? 
Барои мо точикон тарки Ватану макон он кадар шугли маъмули набуда факату факат... аз ночори, ба кучаи гарибиву мусофират гом мезанем. Бинобар  он ки тачрибаи мухочиргарди чун яхудиён, чугиён, арману рус...ки надорем хеле мушкилохо пеш меояд.  Аз он ки давлатдориамон  садсолахо сукут намуда буд кариб кариб чун миллат аз арсаи таъррих мерафтем. Зери фишори бегнагон будему моро ба минтакахо таксим намуда хукумат мерондан.. Ки  дар ин даврони таърихи дусти мост!!!  "Мо гайри худо ёр надорем"  Факат ободии  Механ моро миллати сохиб эхтиром менамод... Точикистонамон  обод бод!  Муваффакияти як хамиллат   сарбаладиии томи мост.. хар кучое  хамиллатеро бубинем у хохари мосту бародари мост! Гам магур Хамватан... Рузе мо ГЭС хо бунёдмекунем алайхи зулуматпарастон. Роххо дар меёбем алайхи хасудхурон.... Кашфи нафту газ Ва заводу фабрик месозом алайхи балхохон... Мухим ин  нест...  мухим он аст хох аз чануб  бошем хох аз шимол  ё магрибу машрик даст бидех Хамватан!
 Суи Хонаи Хуршед Меравем! 


Дар панохи Худо бошед!
 
БО ЭХТИРОМ УСМОНХОЧ,А
















Шиканад...

Ман калам тез кунам, то ки аламро шиканад,
Лек, дарду аламам шасти каламро шиканад.

Раками зиндагиву рузу шабатро машумар,
Соати марг расад, кори  ракамро шиканад.

Гам чаро мехури,ки мешавад он санги чигар,
Кош он санги чигар шишаи гамро шиканад.

Як даме бош ба озодиву бар шуълаи ишк,
Банди шахват шуданат умри ду дамро шиканад.

Сархаме пеши касе хеч машав , хар нафасе
Муттахам хаст замон , к-он сари хамро шиканад.

Бовари он ту  макун, ваъдахилофе, ки бувад,
Ахд вайрон кунаду шарту касамро шиканад...

Тангчашмони хасуд дар хамаи давру замон,
Хост то манзалати точикиамро шиканад.

Турку аъроби ба ободиву озодии худ,
Хохадаш бахту хату тахти Ачамро шиканад.

Хар кучо менигарам, чабру чафо хасту ситам,
Ох, хохам ,ки Худо тухми ситамро шиканад.

Дарси саввум: Вакт ва умр...(давомаш 3)


Ассалому алейкум ! Хостам,ки ин маколаро ба забони точики тарчума карда баъд гузорам, вале фикр мекунам,ки хама забони русиро хуб медонанд...Дар хакикат мо ба гузашти вакту умри худ ахмият намедихем.Вакт ва умр хеле тез мегузарад ва ман хамеша инро хатто дар шеърхои худ гуфта мегузарам,ки одамон умри худро бехуда нагузаронанд ва хусусан чавонони имрузаи мо.Ман инро аз сари худ ва аз умри бехуда гузаштаи худ хеле хуб фахмидам...
Чавон бояд умри худро ба омузиши илм ва касб бахшад.Хар кадар омузад, хамон кадар бехтару хубтар аст барои ояндаи у...
Ман ин маколаи Сергей Шахиджанянро дар рузномаи КП хондам ва он ба ман таъсир кард.Албатта , ин чо сухан дар бораи бехуда гузаронидани вакт намеравад, балки дар бораи ТЕЗ гузаштани умр,ки инсон аз он  бехабар мемонад ва баъд пушамони суд надорад.Барои хамин харакат кунед вакту умри худро ганимат донед ва бисёртар ба кадри зиндаги расед...Бисёртар НЕКИ кунед,ки он човидонист...
Ба хамаатон хушии рузгорро таманно дорам.Бо эхтиром Басири!...


Третьей фотографии не будет...

Первый раз Павел Кривцов сфотографировал ветеранов войны Анну Чекрыгину, Веру Сафронову и Нину Муравецкую в 1982 году в Старом Осколе Белгородской области. Просто усадил трех старушек под их же фотографией 1945 года. На ней они в Праге - молодые, счастливые и безумно красивые санитарки. Война закончилась! Домой! В родной поселок - птичницами. Ими всю жизнь и проработали.
Кадр назывался просто - «Боевые подруги».
1982 г.1982 г.
Второй снимок появился в 2001-м. На нем уже нет Анны Чекрыгиной. Только розочка.
Раз в году, перед 9 Мая, мы вспоминаем про ветеранов и то, что они сделали в середине прошлого века. Все будто сходят с ума - продают пилотки, приляпывают к немецким «Мерседесам» и BMW наклейки про «деда и Победу», раздают георгиевские ленточки... Словом, ищут новые ходы отмечания Дня Победы. И мы хотели.
Звоню Кривцову с идеей: давайте дополним ваш диптих еще одним снимком! Очень хотелось верить: они еще живы. Хотя бы одна. Павел Павлович выслушал меня и робко (он - большая редкость - фотограф не наглый) сказал: «Это диптих. Два снимка. Я с помощью фотографии попытался передать временной отрезок в 55 лет. Не надо ничего дополнять». Он прав - фотографии всего ДВЕ. И в них все наше отношение к войне, как оно менялось от парадных портретов до реальных фотографий. Продолжение этих снимков - фотофиниш со смертельным исходом. И уж точно не искусство фотографии, а хронометрия, судебная фотосъемка в дело. В них надо вглядываться и запоминать.
2001 г.2001 г.
Дополнить их невозможно: до 2012-го из трех героинь не дожил никто.

Сергей Шахиджанян.

Мешиканад...


Хории бори дилам кори сарам мешиканад,

Бори дунё каду кифту камарам мешиканад.

Зарбаи зиндагии талх агар шурам кард,
Боз девори ману бому дарам мешиканад.

Ох, аз дасти гарибиву фироке, ки факат 
Санги гурбат зада бар чон, чигарам мешиканад.

Мурги озодаму аммо пари парвозам ку?
Тири сайёди ХАСАД болу парам мешиканад.

Рузу шаб мегузарад бехуда, бо рафтани худ
Окибат умри маро, дар назарам, мешиканад.

Марди хамсоя (урус) гуфт ба хасрат: Хайфо,
Хонабунёди маро  бин, писарам мешиканад...

"Чи замонаст, - бигуфто падарам хам боре ,-
Писарам нест барам, богу барам мешиканад.

Ох,  аз чашму назаргохи падар дур шудаам,
Тарсамаш, шишаи мехри падарам мешиканад.

Решаам  обу гили марзи дигарро нагирифт,
Шоху барги тани хушкам батарам мешиканад.

Дарси нухум: Мехр...


Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!

Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз! 


Падарам хамеша чунин мегуянд: МЕХР ДАР ЧАШМ АСТ!

Ман борхо инро мушохида кардаам...Вакте, ки дусту ёру хеши худро солхо намебинед, мехр дар байни Шумову онхо охиста -охиста гум мешавад...
Ман холо аксар хамкорхоямро аз наздик мебинам ва бо чашм.Мехр дар байни мо хеле зиёд аст, ки хар руз хамдигарро мебинем ва салому алейку холпурси мекунем.Бисёр хамкорхои собикам, ки бо хар бахонае корро партофта мераванд, аз чи бошад, дигар аз худ дараке намедиханд.Ахён-ахён агар занг назананд, дигар аз худ нишоне намедиханд.Фикр мекунам,ки дустони ИНТЕРНЕТИ низ чунин хастанд.Агар дар сахифа пайдо нашаванду дар АГЕНТ холпурсиатон насозанд, пас МЕХРи Шумову онхо  ба нести меравад...Бо баъзе дустони интернети бошад, боре хатто сухбате хам накардаам.Ин хама аз набудан ё кам будани МЕХР аст...На факат дустони интернети, хатто дустони хакики хам, агар чанд вакту сол бо Шумо хамсухбат нашаванд, донед,ки онхо ба Шумо кам мехр доранд...
Барои густохиам бубахшед, вале ин хакикат аст.Аксарияти мардуми точик аз наздикони худ солхову моххо дур мешаванд ва намефахманд,ки хиссиёти пуркимати худодода - МЕХР гум мешавад.
Ман инро бори аввал  хамон вакте хис кардам,ки бо як дустам дар бозори Москва тасодуфан вохурда мондам.Уро 8 сол надида будам.Аввал гарму чушон салом -салом кардему холпурси.Каме чак- чак кардем ё не, дустам ногахон бо ман хайрухуш кард: 
--Хайр саломатиатон хуб бошад, шуд.Ман каме харид мекунаму меравам.Саломат бошед!...
У рафту ман аз пасаш хайрон мондам.Наход ин дустам бо ман 8 сол надида бошад?...Вай бо ман чунин муомила намуд,ки гуё дируз  дар ягон чойхонае нишаста  бо хам сухбат карда бошем.Каме таъбам хира шуд, вале суханони падарам ба ёдам омаданд,ки МЕХР ДАР ЧАШМ АСТ, худро таскин додам.Хайр ,чи илоч, зиндаги...
Ман ,ки бо у ин кадар солхо сухбат накарда бошам, занг назада бошам ва бо у шинухез накарда бошам, пас ман ба у даркору лозим(!) нестам...Пас , кори вай дуруст аст ё нодуруст , ман намедонам...Дар одамизод якчанд чизхое хастанд,ки на фурухта мешавад, на харида...Аввал - ИМОН.Хариду фуруши имон номумкин аст.Шахси бехудоро бо зару тилло кисаву сандукашро  пур карда , "намоз хон"- гуед, вай албатта намозро барои Шумо шуда  мехонад, вале ба Худо бовар намекунад...Ё баракс, шахси имони комил доштаро агар  сарашро бурред хам, имонашро намефурушад ва бар Худо бовар мекунад...
Дуввум чизе,ки харидаву фурухта намешавад, ин албатта  МЕХР аст ...
Шояд касоне хастанд,ки ба гуфтахои ман рози намешаванд, вале ба онхо савол медихам: Оё Шумо метавонед,ки фарзандатонро дигар кас азони худ созад?...Фарзанде,ки аз чигари Шумо меруяд, факат ба Шумо мехр дорад ва Шумо факат ба вай мехр дореду халос...Шумо бар падару модар мехр доред ва онхо бар Шумо доранд...
Вактхое, ки хурдсол будам, ба хонаи мо аз хар кучо мехмонхо меомаданд.Аз хар гушаву канори Исфара ва хатто аз Хучанду Кургонтеппа.Хусусан, аз дехаи Кулканд, ки зодгохи модаркалонам буд, хешони бисёри он кас меомаданд. Ачаб одамони хуб хастанд онхо.Кариб хар хафта як бор албатта меомаданд ва сухбатхои дилнишин мекарданд...Холо хам ин рафту омадхо канда нест,вале афсус холо дер-дер аст.Замонахо дигар шуданду гардиши айём дигар...

Пештар одамон хакикатан мехр доштанд ба хамдигар.Ба як пиёла чой бошад хам, бо дасти холи бошад хам, ба хамдигар рафтуо доштанду хамдигарро хабар мегирифтанд ва ба хамдигар мехру мухаббат доштанд.Холо бошад...
Холо бошад, харчанд,ки илму техника пеш рафтааст, харчанд,ки хар руз ба хамдигар занг мезанем, харчанд,ки бо интернет хамдигарро мебинем, харчанд,ки шароити кору ахволамон хуб шудааст ,вале дар мо МЕХР намондааст...Ана хамон мехре,ки Худованд боре ба мо медихад, мо аз даст медихем... Сабаб чист? Сабаб дар он аст, ки мо хамдигарро аз наздик намебинем ва харорати зиндаи хамдигарро хиссу дарк намесозем...МЕХР ДАР ЧАШМ АСТ!
Холо мехохам, ки як вокеаи хурде,ки бо ман шуд, ба Шумо гуфта гузарам...
Се сол аст,ки дар як корхона кор мекунам ва се сол бо як рох рафта меоям.Вакти рузи кори , хар сахар ман расо соати 6-у 45 аз хона мебароям ва кад-кади куча то дукони доруфуруши меравам.Барои он ки рох надиктар шавад,  рохро дар ин чо миёнабур мекунаму ба як пайрохае тоб мехурам ва бо ин пайроха то кучаи калон дах дакика рох меравам...
Ин пайрохае,ки дах дакикаи умри маро мегирад, барои ман азиз аст.Шавошуву галогулаи мошинхо гум мешавад ва хама чо ором мешавад...Дар хавои тозаву оромиву сукут рох рафтан ва дар зери лаб замзамаи шеъру сурудро дуст медорам.Гох- гох хатто илхоми шеър гуфтан меояд...

Чун аз Ватан, ки дур шудаму дар сафар шудам,
Афсуси он, гариб шудаму дар ба дар шудам...

Бале, ман дар ин пайроха рох рафтанро дуст медорам...вале, ман танхо нестам, ки ин пайрохаро маъкул кардаам.Боз як марди рус буд,ки хамеша хамин вакту соатхо аз мукобили ман меомад.Бори аввал вакте,ки ман уро дидам, рох рафтанаш ба ман ачиб намуд.Азбаски фарбех буд, бар хар кадами мондааш чуссаашро партофта рох мерафт.Биннии калону пахн дошту рангу руяш хамеша суп -сурх буд ва муи сараш сап-сафед буданд.Зимистону тобистон ба сараш ягон кулох намепушид ва хайрон мешудам,ки магар сараш хунук намехурад?...
Мо, хар боре ки дар пайроха вомехурдем, ё ман, ё вай ба хамдигар рох медодему ба як су меистодем, то ба хамдигар халал нарасонем.Рузхои зимистон,ки ин чоро касе намеруфту бел намекард, рох боз майдатар мешуд ва рох рафтани ду кас номумкин буд...
Рузе аз рузхои зимистон , ман ба пайрохаи дустдошта кадам мондам ва чун харвакта аз дур боз хамон мардро вохурдам.Вай хамеша дар китфаш халтаи чармин дошт, ки Худо медонаду худаш , чи дар он мекашонд...
Мо ба хам наздик шудему ман гузашта рафтани шудам, чунки вай пештар аз ман ба як су истод.Вале, аз чи бошад,ки пояш лагжиду пуштноки ба болои барф афтод.
Ман даррав ба у даст дароз кардам ва у бо ёрии ман аз чояш хесту харду хандидем...
--Номи ман Саша- даст дароз кард вай бо табассум.
--Басир,- ман хам дасташро фишурдам...
Бо хамин хардуямон шинос шудем.Акнун хар боре,ки вомехурдем, то саломат карда холпурси насозем ,намегузаштем...Гохе у шухи мекард, ки ин рох - рохи хаёти ман аст.Аз у  боре пурсидам , чанд сол аст,ки бо ин пайроха рох мерави?...Гуфт: --16 сол. Ва ман дар хайрат мешудам,ки наход одам факат бо як рох 16 сол рафту омад кунад? Аммо, чи чои шубха, шояд одамоне хастанд,ки тамоми умрашон бо ин пайроха рох мераванд...Ачаб нест...
Боре, уро надидам.Шояд ду мох ё се мох бошад, вале вай боз пайдо шуд...Руйхояш ба назарам кохида намуданд.Бо дидани ман табассум карда аз зиндаги шикоят кард:
--Медони, бемор шудам...Дар беморхона будам...Хароратам аз чи бошад, баланд шуда рафт...
--Худо кувват дихад...,- гуфтам дар навбат,- одамизод хамин, гох бемор мешавад, гох дуруст мешавад...Зиндаги пасту баланди дорад...
--Ха,рост, -сар чумбонд вай ва ногахон пурсид,-исто...ту менуши?
--Не, - хайрон шудам ман, -наменушам...
--Ха , афсус,- гуфт вай ва аз халтааш як шишаи шаробе (коняк) баровард,-мехостам, инро барои хотира ба ту дихам.Ту одами хуб хасти...
--Не, рахмат- хандидам ман, - ман ин чизхоро намегирам.Хайр...
Ва мо боз рохи худро давом додем...
Чи кадар рузхо гузаштанд, намедонам, як руз бинам, аз пасаш бо як чавоне меояд.Баъди холпурси вай маро бо чавон шинос кард:
--Ин писарам... номи вай хам Саша...Мехохам уро ба корхона  ба кор монам...Медони, чавонхои хозира мугамбир хастанд...Ба кор кардан хушашон намеояд...
Ман хандидаму чизе нагуфтам.Чи хам гуям, хар як падар мехохад, ки писараш рохи хуби зиндагиро ёбад ва шоир бехуда нагуфтааст:

Намак дар комхо ширинтар аз шахду шакар гардад,
Чигархо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавки дил дар кудаки дасти писар гирад,
Ба уммеде, ки дар пири писар дасти падар гирад...


Ана хамин хел шиносхо доштам дар ин пайроха, дар ин пайрохаи зиндаги...Азбаски ман онхоро кариб хар руз медидам, рости гап, дар дили ман ба онхо мехр пайдо шуд.Вале, шиносоии мо дер давом накард...
Рузе онхоро надидам, рузи дигар хам...Дигар дар ин пайрохаи борик , марди русурхи мусафедро бо писараш вонахурдам.Хар боре,ки ба пайроха кадам мемондам, аз дил мегузарондам,ки хозир ман бо онхо боз вомехурам...Лекин, хайхот...
Чи кадар рузхо гузаштанд, дар ёд надорам, вале рузе Сашаи хурдиро ногахон дида мондам ва хурсанд шудам...
--Салом!-даст дароз кардам ба Саша  ва у низ дасти маро фишурду табассум кард,- Чи ахвол дори? Падарат кани? Кайхо боз харду наменамоед?...
Табассум аз лабони Саша ин дам гайб зад ва у гуфт:
--Падарам мурд...
--Чи? А?- чи гуфтанамро надонистам ман, - Мурд?...Мебахши...
Ва мо аз хам чудо шудему бо рохи худ рафтем...Ох, хаёти фониву дуруза ...Ана инро хаёту умр мегуянд...Шахсе, ки дируз бо ман шинос буду гох-гох сухбат мекард,гох -гох шухи мекард, шахсе,ки 16 сол бо ин рох рафту омад мекард, акнун дар ин олам дигар нест ва ман уро дигар намебинам...Худоё, чи кадар одами нагз буд, харчанд бегона бошад хам...Ва ин дам ногох ба ёдам падару модарам омаданд.Падару модарамро, ки ин кадар рузхову моххо надидаам.Онхо хам охир ганиматанд, онхо хам охир хар даму хар вакт ба дар бо умед нигох мекунанд, ки кай фарзанди ман аз он даромада меояд гуфта... Ва нихоят онхо хам охир мехри падариву модарии худро доранд.Мехри байни падару модару фарзанд  хомуш намешавад, он ногусастанист, вале вакте ин кадар вактхои тулони хамдигарро ,ки надиданд, он ба нестиву хомуши меравад...Бояд падару модарро аз наздик дид , аз наздик сухбат кард ва аз наздик хизматашонро ба чо овард...
Ин хакикати талх аст.Аксарияти мардуми точик , марду зани точик, фарзандони точик хангоми дар сафар буданашон, падару модари худро бо хости Худову такдир аз даст медиханд...Дар дами охирин, дар дами вопасин ва дар дами хайрубоши охирини зиндагиву хаёти фони, дар бару пову дасти падару модар будан наметавонанд...Ин чи хакикати талхест, ки мо ба чунин рузхо гирифтор хастем...Бале, 
МЕХР ДАР ЧАШМ АСТ! ...

Холо боз як вокеа ба ёдам омад...
Боре ману хамсарам дар куча мондем.Сохибони хона, зану шавхару писар, хама  майзадахо буданд,ки хамеша масту пиён буданд ва дар хамсоягии онхо зиндаги кардан номумкин буд...
Рузе, баъди он ки боз шароб нушиданду масту аласт шуданд, писар бар падар корд кашиду кариб уро ба халокат расонд ва ба хонаи онхо пулисхо омаданд.Ва ману хамсарам мачбур шудем,ки аз он чо равем.Арафаи Соли Навашон буду хаво хеле хунук буд.Мо, харду куча ба куча мегаштему хар точику узбеку киргизро  ки медидем ,аз чову хонаву паногох мепурсидем.Вале, дар Москва хона ёфта зиндаги кардан хеле душвор аст.


Гахе чун манзиле чуям,наёбам манзилеро хеч,

Намеёбам ба осони чаро ин мушкилеро хеч.
Касе гуяд,ки мушкил нест ин чо чустани манзил,
Надорам токати бишнидани ин ботилеро хеч.
Агар хар бор ёбам хам,ягон чое, паногохе,
Вале ,хайфо,наёбам сохиби хушкобилеро хеч.
Агар чун хорие дидам,зи дасти чохиле дидам,
Надорам чашми дидан чашму руи чохилеро хеч.
Ба пешам мушкиле ояд, паси худ бахри гам орад,
Ба бахри гусса гар афтам ,наёбам сохилеро хеч.
Худоё, точики беманзилеро катл кард котил,
Намеёбанд дар охир нишони котилеро хеч.
Шавам дилмондаи он точике ,чун кофире нушад,
Набахшам он мусалмони зи динаш гофилеро хеч.
Дарахти умри ман чун решапайванди гариби шуд,
Намеёбам, вале аз шохи у як хосилеро хеч.
Бидидам он кадар донову олим,окиле ин чо,
Надидам кимати химматшиноси окилеро хеч.
Чу манзилгохи сар ёбам, танам осуда мегардад,
Ба манзилгохи дил,аммо намеёбам дилеро хеч.


Нихоят, баъди чустучуи бисёр як хонаро ёфтем.Зани пири рус номашро ба мо муаррифи кард: Мария Кузмична.У моро ба кабати хафтуми ошёне бароварда хонаашро нишон дод.Хонааш чорхучраги бошад хам, вале у танхо мезистааст...Вай ба мо чои хобу хучраамонро муайян карду мо дар он зиндаги ба сар бурдем.
Агар хар бор ёбам хам,ягон чое, паногохе,
Вале ,хайфо,наёбам сохиби хушкобилеро хеч.


Мария Кузмична зани хеле хам асабониву бадкахр будааст...Ягон бор, ягон суханеро бо мулоими намегуфт, балки хамеша бо доду шавкун гап мезад.Аз рузи аввали зиндагиам ,фахмидам, ки акли ин зан он кадар дар чояш нест.Масалан, мо , зану шавхар бояд хамрох аз хона баромада равему хамрох даромада оем.Рузи кории ман соати 5- и бегох тамом мешуду азони хамсарам соати 10- и шаб.Ва ман мебоист, хамсарамро дар куча то соати 10 интизор шавам.Рузхои шанбеву якшанбе, ки истирохати ман буд, бояд дар куча бошам ва кадамамро то омадани хамсарам ба хона нагузорам... Хамаги, дар ду мохи зиндагиам, ман фахмидам,ки ин чо буи мехру мухаббату одамгари нест.Мехру мухаббат на ба фарзанд, на ба одам , на ба Худо ва на ба зиндагиву хаёт...
Ин зан, харчанд,ки аз 70 гузашта бошад хам, ба Худо бовар намекард.У ягона мехраш ба шикамаш ва хурду хурокаш буд.Ду яхдон аз нуклу наво ва хурданиву нушидани пур буд.Болои ГАЗ хамеша ягон чиз чушида меистод аз хурданиву ширини...Аз фарбехияш базур кадам мениход, вале мехурду мехурду мехурд...
Харчанд , як писару як духтар дошт, вале онхо ба дидани у намеомаданд.Духтараш дар Москва зиндаги мекарду  писараш дар Тула...Писарашро 10 сол надидаасту духтараш дар як-ду сол як бор омада дида меравад.Ачаб одамхое...
Бо ман ягон калима гап задан намехост, факат бо хамсарам сухбат мекард.Ва ягона ёру дугонаву хамсухбати гамшарикаш ин ОИНАИ НИЛГУН ( телевизор) буд.Баъзан то соати севу чори шаб тамошо мекарду дар пеши он пинак мерафту телевизорро нокушта мемонд...
Дар ошхона ба пухтани хурокхои зирбаки ичозат намедод.Намемонд,ки болои гази кухнааш ягон катраи равган парад ва намемонд,ки болои фарши ошхона катраи об бошад...Дар пешаш хамеша пешгир баста шудаги буд ва хамеша ба кучое,ки кадам монем, аз пасамон бо латта он чоро пок мекард, ки чирк набошад ва бо ин кораш моро асаби мекард...
Зиндагии ин занро медидаму хулоса мебаровардам, ки ин зиндаги - зиндагии одами нест.Озодагии ин зан ба ки лозим бошад, ки дар дилаш агар МЕХР набошад.Харчанд хонаи чорхучраги бошаду дар пешат фарзандонат набошад, дар пешат наберахоят набошад, дар хонаат мехру мухаббати одамиву нури илохи набошад, ин хона нест, балки ХАБСХОНА хаст...
Дар он хона ягон одами дигар зиндаги карда наметавонад шояд.Мо аз ноилочи хамаги ду мох токат кардему халос...Ман -ку сигор намекашидаму шароб наменушидам, магар русхо зиндаги мекунанд?...Мо аз он чо рафтем ва ин зан боз танхо монд...
Сабаб чи ки ин зан бо касе зиндаги карда наметавонад? Харчанд озодагиро дуст медорад ва ба кавли худаш "микробро ба хона рох намедихад", вале у хушбахт нест.Барои он ки дар дили у МЕХР нест!...
Ин зан мехр надорад дар дил, барои он ки фарзандонашро, шавхарашро, наберагонашро ва хамсояхояшро аз наздик   намебинад ва харорати мехру мухаббати онхоро хис намекунад...Ва чи тавре,ки падарам мегуянд:  МЕХР ДАР ЧАШМ АСТ!..    (давом дорад)



Дарси хаштум: Илм...


Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!

Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз!


Холо аник дар ёдам нест,ки ин вокеа кай шуда буд...Синфи чорум мехондам ё панчум, ба хотир оварда наметавонам...Дарс аз фанни таърих буд.Дар дарси фанни таърих бахои ман хамеша се буд.Муаллими таърих хеле сахт меистод ва кам хонандахо буданд,ки бахои хубу аъло мегирифтанд. 
Рузе муаллим маро ба сари  тахтаи сиёх чег зад ва вазифаи хонагиро пурсид.Мавзуъ дар бораи  Иван Грозний буд.Ман вазифаро  нахонда будам ва намедонистам,ки Иван Грозний кист.Каме фикр кардаму гуфтам:
--Иван Грозний як марди камбагал ва инкилобчие буд...
Талабахои синф кикир-кикир хандиданд.Муаллим ду дастхояшро ба пушт карда ин су он су кадам мезад, дар пеши ман истоду ба чашмонам бо тег нигох кард:
--Ки буд?...
Ман суханамро такрор кардам ва ногох як шаппотие ба руям хурдам.
--Дарсро тайёр накарди ,- ва боз як шаппотии дигаре ба дигар руям бархурд, -кани , аз синф гум шав!..Хайвон...Фардо агар дарсро тайёр насози, аз ман лагад хохи хурд...
Ман аз синф, дар холате,ки руйхоям лаввос зада месухтанд, баромада рафтам.Ба ман хеле алам кард.Ба хона омадаму ба сандали пойхоямро дароз карда, китоби таърихро кушода ба хондан сар кардам: Ивани 4 Грозний  25 августи соли 1530 дар Коломенскои Москва, дар оилаи князи бузурги рус Василии 3 ва Елена Василевна Глинская таваллуд шудааст.Соли 1533 падараш Василии 3 ва соли 1538 модараш Елена Василевна Глинская вафот карданд...

Ман хар кадар дар бораи Ивани Грозний мехондам, аз чи бошад чизе дар ёдам намеистод.Факат хаминро донистам,ки подшох будааст ва хеле золим будааст.Бисёр одамонро катл кардааст...
Фардояш хакикатан муаллим, аввал шуда маро ба назди  тахтаи сиёх даъват кард.Ман акнун  бо викор баромадам ва гуфтам:
-- Иван Грозний  25 августи соли 1530 дар Коломенскои Москва, дар оилаи князи бузурги рус Василии 3 ва...
Ногох аз чи бошад, ки номи  модари  Иван аз ёдам баромад.Хар кадар сарамро хоридам ба ёдам наомадад.
--Давом дех!- як кад паридам аз овози муаллими бадкахр...Вале ман акнун худамро гум кардам ва он чи ки дируз хондаву азёд карда будам , гуё мисли кафтари лаби бомамон парвоз карданду рафтанд ва дигар наомаданд.
Муаллим лагаде нафаровард ва чизе нагуфт, факат ба рузномаам 2-и хеле калон гузошту дар поёнаш бо калами сурх навишт: 
Мухтарам, падару модари Басир Абдуллоев!  Аз паи хониши фарзандатон шавед!...


 Он руз таъби ман хеле хира шуд.Дар рузномаам ду бахои 2 пайдо шуд.То ин дам факат бахохои севу чору панч буд...Акнун ба падару модарам чи чавоб медихам?...
Он бегох падарам рузномаи маро гирифта бахои 2-ро диданду хати муаллимро хонданд ва ба наздашон маро шинониданд.
--Кани, ба ман бигу,ки чаро 2 гирифти ва боз ду руз болои хам аз фанни таърих будааст.Чиро ту нахондию нафахмиди ,писарам?
Вакте,ки хамаашро ба падарам гуфтам, он кас китобро аз дасти ман гирифта худ ба хондан сар карданд.Хеле хонданду баъд шунидам,ки ба модарам чунин гуфтанд:
--Ин солхои таърихи ба ин чо навишта дар ёди ман намеистаду дар сари ин бачаи хурд чи хел меистода бошад?...
Баъд ба ман ру оварда гуфтанд:
--Афсона хонданро дуст медори?
--Ха.
--Ин китоби таърихро хам бояд мисли афсона хони...
Дар Москва як подшох будааст, номаш Василий.Номи занаш Галина.Онхо хеле одамони бойу бадавлат будаанд.Дар онхо писаре таваллуд мешавад,ки номашро Иван мемонанд.Вале, Иван вакте,ки сесола мешавад, падараш вафот мекунад ва вакте ки хаштсола мешавад, модараш хам аз дунё мегузарад...

Ман гуё чашм аз падарам намекандам.Хаёти Иван Грозний ба ман хеле шавковар намуд.Он чи ки падарам дар бораи вай гуфтанд, хамааш дар хотирам монд. Аз хамон руз бошад шавку хаваси ман ба дарси таърих зиёд шуд ва дигар дар рузномаи ман аз ин фан бахои 2 набуд.Он вактхо хайрон мешудам,ки чаро муаллим мисли падарам дарс намегуяд? Муаллим хамеша тез сухан мегуяд ва суханхои нофахмояш бисёранд: Княз, герсог, митрополит,монастир ва гайрахо...

Холо ин вокеаи хурдро ба ёд овардам ва хайрон мешавам,ки ин кадар солхо гузашта рафтаанд. Дар дили ман ягон кинае ба дагалии муаллим намондааст ва он муаллимро ман хеле хурматаш мекунам.Вале, фикр мекунам,ки чунин тарзи дарс омузонидан хато буд ва хато хаст...Албатта, муаллимонро айбдор кардан хам кори хуб нест, ба муаллимони бечора хам хеле душвор буд, чунки тарзи омузиш чунин буд ва онхо вазифаи худро ичро мекарданд...
Кани, як ба хотир оред,ки чи тавр Шумо дар паси мизи синфи( парта) менишастед.Дастхо ба пеш гирифта  ором менишастед, хамту? Ин ба шарте, ки муаллим агар шахси бадкахр бошад ва сахтгир.Агар муаллим шахси хуб бошад, он вакт талабахо чунон дар синфхона шавкун мебардоштанд,ки хатто муаллимкалони мактаб(директор) онро шунида меомад.Хатто муаллимаи забони англисиамон хамеша аз синф гиря карда  мерафт...бечора...
Ман холо хар боре мешунавам,ки чунин мегуянд: Тарзи  омузиш  дар мактабу донишгох ,дар вакту замони  Иттиходи Шурави бехтарин дар чахон буд.Бале, дар чахон бехтарин буд.Вале...
Вале, ман фикр мекунам,ки чунин набуд.Ин чо намегуям,ки муаллимон бад буданд ва ё бад меомузониданд, не харгиз... Муаллимон одамони бехтарин буданд ва одобу ахлоке,ки ба талабахо меомузониданд, чои онро хатто падару модар гирифта наметавонистанд.Онхо он чи ки аз дасташон меомад, мекарданд...Аммо, онхоро дигар чиз аз гулуяшон бугги мекард.Ин талабот ва коидаву конуни хамон замону сохти давлатдори...
Масалан, муаллимеро медонистам,ки харчанд гуфтани чунин суханонро шояд намехост, вале мачбур аз руи китоб ба мо мехонд:
Карл Маркс гуфтааст: Одам дар холате,ки дар пеши табиат очиз буд, дин пайдо шуд.Дин афюни халк аст.Худо нест. Одам аз маймун пайдо шудааст.Диндорон дуруг мегуянд,ки бихишту дузах хаст...
Муаллиме,ки инро ба мо мехонд, охир худ дар хонааш хамрохи падару модараш намоз мехонд.Хар боре, ки чунин дарсхо мешуд, аз чи бошад, ки дар паси мизи охирони синфамон одами ношиносе омада менишаст ва то охир ба дафтараш ким чихоро менавишт...
Холо бошад,акнун сарфахм меравам,ки ин хама барои чи будааст...Фикр мекунам,ки Шумо хам мефахмед...

Хайр, аз максадам хеле дур рафтаам.Гуфтани будам,ки ИЛМ чист? Илм омухтан чист? Чаро дар руи дунё ин кадар одамон илм меомузанд? Чаро дар васфи илм ин кадар шоирон шеър гуфтаанд? Оё бе илм зиндаги карда мешавад? Пайгамбар Мухаммад(с.а.с.) гуфтаанд: 

Аз гахвора то гур илм бичуй!...

Боре, чашмам ба маколу масалхои амрикои афтод.Фикр мекунам,ки Амрикоро хама хуб медонанд.Холо яке аз давлатхои пуркуввати руи чахон аст. Кариб дар хамаи сохаи тараккиёт дар чои аввал меистад.Амрико хатто миллати асоси надорад.Он чо зиёда аз 100 миллат зиндаги мекунанду забони асоси англисист.Чи тавр ин давлат хамаги соли 1776 пайдо шуду ин кадар таракки карда рафт? Точикхо хатто 1100 сол пеш давлати худро сохта буданд...
Маколу масали амрикоиро мехондаму дар мавзуи илм чунин хондам:

Агар пулдор шудан хохи, аввал ягон илме омуз!

Ачабо, ин кадар суханони одди , вале  ба нишон хуб мерасад.Боз як маколеро мехонам:

Камбагал илмро мехонад,вале намеомузад, бой илмро намехонад,вале меомузад! 

Ачоиб суханхо...Наход хамин тавр бошад? Пас, ин кадар камбагал будани ману Шумо аз наомухтан хаст магар? Фарзандхои мо мактабро чи хел мехонанду чи хел меомузанд? Охир онхо хар руз ба мактаб рафта меоянд-ку...Ва илмро чи тавр омухтан мумкин? ...

Ба ёдам як варзишгари амрикои омад.Номаш Майкл Фелпс. Касе,ки варзишро хуб медонад,албатта уро медонад.Ин ягона варзишгаре ки 14(!) бор чемпиони олимпи ва 26(!) бор чемпиони чахон шудааст. 37(!) бор рекорди чахони гузоштааст...Оё медонед, ин одам дар мактаб чи хел илм омухтааст? ...Кариб,ки хеч чиз.Вай кадом вакте,ки хохад ба мактаб меомад,кадом вакте, ки хохад аз мактаб мерафт.Муаллимон уро 
мефахмиданд ва мегуфтанд: Рав,рав Майкл шино кун! Ту бояд ИЛМИ шиновариро хубтар омузи!...

Холо латифае ба ёдам омад, гуфта гузарам , хуб мешуд.Дар як киштие маллох(матрос) бо ситорашинос(астроном) хамсухбат шуд.Ситорашинос ба осмони пурситора чашм духта ба маллох гуфт: 
--Илми ситорашиносиро медони?
--Не, -чавоб дод маллох.
--Ин тавр бошад ,-гуфт ситорашинос,-нисфи умрат бехуда рафтааст...
Баъди чанде дар бахр туфони сахте мехезаду кишти ба гаркшави меравад.Дар айни даводаву талвоса маллох ситорашиносро вохурда мепурсад:
--Илми шиновариро медони?
--Не.
--Ин тавр бошад,-мегуяд маллох,-Тамоми умрат бехуда рафтааст...
Латифаи гамангез.Хамту не?...
Ё ки боз як амрикои Дон Кингро медонед? Хо, хамон шахси зангие ,ки боксчиёни чахонро бо хам "мечангонад". Масалан, Майк Тайсонро бо Эвандер Холифилд, Кличкоро бо Девид Хей "мечангонад".Хисоби миёнадаро, ё ки даллоли бокс хаст.Ин одам сохиби ТV-и шахси ва якчанд корхона дорад.Дар Огайо ранчо ва богхои зиёд  хастанд,ки ба у таалук доранд.
Ин одами бойу бадавлат кадом мактабро хонда, чи хел маълумот дорад? Хеч чиз...
Ин одам , хатто вакте,ки пулдор мешавад боре ба мактаби оли дохил шуда хондани шуд, вале он чоро зуд партофту чунин гуфт: Одамон илм меомузанд, то ки пулдор шаванд, ман чаро омузам,ки аллакай пулу мол дорам?...
Шумо аз ман шояд хубтар медонед Леонардо да Винчиро.Хамон рассоми машхуре,ки расми Мона Лизаро кашидааст.Ба ин расм 400 сол шуда бошад хам холо хам нархи вай паст намешавад, боло меравад.Ба кариби нархи ин расмро ба 720 милён доллар бароварданд.Онро дар Лувр ном касри Франсия нигох медоранд ва онро хар сол 6 милён одам тамошо мекунад.Вале, Леонардо на факат рассом буд, вай хайкалтарош низ буд,ки холо чанд шахрхои Италияро зеб медиханд. Вай мухандису хонасози барчаста буд,ки дар шахри Милан касрхои бошукух сохтааст ва онхо хеле зебо хастанду зебогиашонро гум намекунанд.вай ихтирокори барчаста хам буд,ки аввалин шуда аробахои парвозкунанда сохта буд( холо он вакт одамон 400 сол аз тайёра (самолёт) дур буданд!).Аввалин шуда у аробахои чанги сохта буд.Вай духтури хуб буд ва одамро хам аз дарун ва хам аз берун хуб мефахмид,ки як чанд расмхои сохти бадани одамро кашида буд.Вай аввалин шуда исбот кард,ки чашми одам нур надорад, балки он мухити атрофро ба худ мегирад ва одам мебинад...
Баъди ин одам 7000 когази дастнавис ва 600 расмхои нотамом  мондааст,ки онро холо олимон меомузанд ва нархи онро 5(!) миллиард доллар мехисобанд...Пас, Леонардо кадом мактабро хондаасту чи хел маълумот дошт? Хеч чиз.У ягон хел маълумот надошт...
Ин марди ачоиб дар Анкиано ном кишлокчаи майдаи назди Винчи соли 1452 таваллуд шуда буд,ки он чо хатто мактаб надошт.Вай аз як бачаи камтар саводдор факат алифбои юнониро ёд гирифту халос.Ва ба худомузи сар кард. Азбаски, муаллим надошт, вай бо дасти чап менавишт ва аз тарафи чап ба рост...
Ягон хулосае баровардед,хонандаи азизи ман?...Ба мактаб рафтан на маънои онро дорад,ки илмро мехони, балки маънои онро дорад, ки бояд ИЛМ омузи...(давом дорад)

Мерави...


Бо рохи хак равон шави, хакбурда мерави,

Бо рохи кач чу тири хатохурда мерави.

Бо рохи сахт агар ,ки рави  чустучуи бахт,
Хуни чигар ва аклу дил афшурда мерави.

Рохе зи илм пеш бигир эй чавон,ки  х,он,
Санги хатои зиндаги бишмурда мерави.


Эй, пир, басо чавон,ки надид даври пириро,

Бар лаб чаро ба хасрату озурда мерави?

Имону ишкро ба чи бидхи ба доми нафс,
Лаззат зи он надидаву нобурда мерави.

Аз худ марав зи сарвату х,адро гузар макун,
Носер бар чахон шуда нохурда мерави.

Бар васлу коми ишки дилат кай бувад мурод,
Гар рохи ишк бе дилу бе гурда мерави...

Бар кадри зиндаги бирасу зиндагони кун,
Фиръавни навзамон шави хам, мурда мерави.


Барги хазону резиши онро Басири бин,

Рузе, чунон ки пир шуди, пажмурда мерави. 


ВАТАНСОЗУ ВАТАНСОЗУ ВАТАНСОЗ!!!

Аё эй додари деху махалбоз,
Аё эй хохари шуру магалбоз,
Аё эй довари кизбу дагалбоз,
Биё бо хам шавем хамрозу хамсоз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё эй гургаки борондида,
Аё шери зи рубохон рамида,
Аё мохии аз дарё парида,
Биё бо хам шавем хамроху хамтоз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё эй кафтари белонагашта,
Аё эй мургаки бедонагашта,
Аё шамъи паи парвонагашта,
Биё бо хам шавем хамболу парвоз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё ободсози шахри мардум,
Аё эй чавнамои решагандум,
Зи асли хештан дуриву рахгум,
Биё пайванд созем риштаи боз,
Ватансозу ватансозу ватансоз!

Аё эй насли поки ориёи,
Миёни кавмхо рахгум чарои?,
Калили рушди миллат- ошнои!
Намуда кулфхои синаро боз,
Ватан созу Ватан созу Ватан соз!!!

Дарси хафтум: Фахр...


Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!

Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз!


Як ходиса холо ба ёдам омада монд.Ду точик дар як хонае кор мекарданд.Таъмири хона то кулфу калид ба зиммаашон буд.Сохиби хона як рус бошад хам, миёнадарову корфармо як ХАХОЛ шуд.Устохои точик се -чор мох мехнат карда бошанд хам, хахол ба онхо пул намедод ва факат озукаву хуроквориашонро  оварда медоду халос.Ва ваъда медод,ки корро тамом кунанд, сони хисоби пулро баробар мекунад.
Нихоят шикасту рехти хонаро ба пурраги тамом карданду аз хахол хакки хизматро талаб карданд.Хахол ваъда дод,ки шаб пулро оварда медихад, вале вай ба чои пул бо якчанд чурахои хузарбаш омада , точикхоро чунон куфтанд,ки онхо хатто ба беморхона афтодаанд...
Охири кор чунин шуд,ки точикон аз бахри пул баромада ба Точикистон рафтанду хахоли беномусу бевичдон бошад бе ному нишон бедарак шуда рафт...
Ин ходиса ба Шумо Рафшану Чумшутро хотирасон намекунад?...Лекин ин ходисаи вокеист, ки ман онро шунида будам ва яке аз он точик чураи наздики ман буд...
Рафшану Чумшут - ин сахнахои хачвии аз хаёл бофтаи русхову арманихо хастанд, вале тамошобин онро баъди тамошо карданд, фикр месозад,ки хамаи точикон шояд  чунин бошанду шояд чунин хастанд ва бо онхо хар хел рафтор кардан мумкин бошаду раво бошад...

Ва ана хамин хел рафтору гуфтор мекунанд нисбати точикон.Он хахоли лаънати шояд сахнахои хачвии Рафшану Чумшутро борхо дида бошад ва вай бовари дошт, ки хамаи точикон хамин тавр хастанд ва фикру хаёли палиди худро ба амал овард...
Пас, кучо шуд фахру гурури точиконаи мо? Ё он тамоман нест шуда бошад? Чаро хар бор ин сахнахои хачвие,ки тахкири моро месозанд, дида чизе намегуему хомуш хастем?...

Ва аз хама аламовараш, вакте,ки ман ба чураам занг зада холпурсияш кардам, вай бо овози канда -канда дар охир чунин гуфт: 
--Медони чи, ман холо аз як чиз хеле гамгинам.Дар хамсояги дигар точикхо хам кор мекарданд, вале ягон нафари он ба ёрии мо наомаданд.Тамошобин шуданд.Рости гап, дилам аз миллати худам хам монд...Аз кучои точик буданам фахр созам?...

Бале ин хеле аламовар аст.Вакте,ки точик миллати худро дастгири намекунад, ин аллакай нишонахои пастравист.Ин нишонаи он аст,ки гурур ва фахри милли аз байн меравад...

Холо албатта точике,ки ба оянда шубха дорад ( пессимист), нобоварона чунин мегуяд:
--Аз кучо фахр созам? Аз гузаштаи точикон, ки Бухорову Самаркандро аз даст додем. Байни худ чанги бародаркуши кардему сояи хамдигарро тарошидем.Ба калонхои хозира бовари надорем,ки оянда хуб мешуда бошад.Дар асри 21 бе чарогу газ зиндаги мекунем.Аз кучо фахр созем?...
Шахси ба оянда бовари дошта ( оптимист) бо боварии комил мегуяд: 
--Худо хохад, хамааш хуб мешавад! Мо, точикон, бо душвори бошад хам,аз гузариши замони кухна ба нав гузаштем.Холо накшахои хуб хастанд,ки Рогун буд мешавад ва дар хар хонаи точик барку чарог мешавад. Точикон ба Русия омада тарзи хонахои зебову мустахкам сохтанро ёд гирифтанд ва хар як хонаи точик оянда зебо мешавад.Чунки хамаи точик холо ОРЗУ дорад ва УМЕД месозад...
Ман хам рости гап, тарафдори одамони ба оянда боваркунанда хастам.Харчанд мегуянд,ки тараккиёт хеле кафо мондаасту якчанд сохахои зарури аз байн рафтаанд.Харчанд ба ман мегуянд,ки дар Точикистон хатто варзиши хуб хам нест, вале ман бовари дорам,ки хамааш хуб мешавад.Харчанд ба ман мегуянд,ки ба Япония футболбозони мо бо хисоби 0:8 бохтаанд мегуям,ки хеч гап не... Мо охир дигару Япония дигар асту фаркамон аз замин то осмон. Дар худи Токио( пойтахти Япония) 21 майдони калон вокеъ аст,ки зиёда аз 50 000 одам мебарад. Дар Душанбе хамаги як майдони калон хаст,ки 20 000 одам мебараду халос.Агар дар Точикистон 7 милён одам бошад, дар Япония 128 милён одам зиндаги мекунанд...
Дарвокеъ,  биёед дар бораи Япония сухан мегуем.Агар ба харита нигох кунем, ин давлат дар шарки Дур вокеъ буда, дар чои аз хама нокулайи курраи арз чойгир аст.Дар ин чо дар хар сол чанд боре заминчумби мешаваду гох-гохе туфон хам мехезад. Як худи туфони гузашта дар инчо зиёда аз 20 000 одамро нобуд карда , истигохи атомии Фукусимаро вайрон намуд.Вале, японхо рухафтода харгиз(!) намешаванд ва хамеша фахр мекунанд(!) аз сарзамину ватани худ ва харакат мекунанд,ки давлаташон боз хам таракки кунаду ба пеш равад.
Ман хайрон мешавам,ки чи тавр дар як сарзамине, ки хеч як маъдану бойгарии замини  надорад, ин кадар тараккиёти техники ба пеш рафтааст.Soni, Panasonik, Sharp, Toshiba, Yamaha ва гайрахо,ки тамоми чахонро гирифтаанд.Мошинхоро намегуед: Хонда, Ниссан, Мазда, Тойота ва дигар мошинхое,ки дар тамоми гушаи дунё онхоро мехаранд...
 Ман хайрон мешавам, ки чи тавр дар як муддати кутох ин давлат ба пои худ истод, ки ду бумбаи атоми ба Хиросимаву Нагасаки амрикоихо дар соли 1945 партофтанд.Ва аллакай соли 1955 Япония дар тараккиёти техники ва некуахволии халк дар чои сеюм меистод( баъд аз Амрико ва Англия)...Дар соли 1964 бошад дар Токио аллакай бозихои Олимпи барпо шуданд, ки яке аз бехтаринхо буд.
Чаро?...Чунки халки он хамеша аз давлати худ, аз миллати худ ва аз ватани худ фахр мекунад.Фахр мекунанд, харчанде,ки давлати Япония шармандавор чангро бохта як кисми заминхояшро ба Русияву Хитой додааст...
Пас, чаро аз Точикистон фахр насозем?...Точикистоне,ки 93 фоизаш аз кух иборат асту хамаги 7 фоиз хамвори дорад! Манзараи Точикистон, обу хавои Точикистон иклими хуб дорад. Дар Точикистон 300 рузи офтоби дар як сол хаст,ки баъзе растанихо то се бор хосил медиханд...Чи хел аз Точикистон фахр насозем,ки 98 фоиз мусулмон дар он зиндаги мекунанд, холон ки дар хамон Япония хамаги 2 фоиз мусалмон хасту халос.Точикистон аз лихози захираи оби дар минтака ва чахон макоми хосса дорад. Чи хел аз точик буданамон фахр насозем,ки забони он яке аз забонхои ширинтарини дунё - форси аст, ки хатто арабхо ба он хасад мебаранд.Ва чи хел аз точик буданамон фахр насозем,ки чунин шахсони бузург Рудаки, Фирдавси, Абуали ибни Сино, Чоми, Умари Хайём, Хофиз, Саъди , Мавлоно Руми барин шоирон доштем...
Вале, чаро холо чунин нест? Шояд аз он ки ФАХР надорем, шояд Гурури милли надорем...

Ман хар боре ,ки дар пеши дустони точикам аз Точикистон фахр мекунам, аксарияташон даст меафшонанд:
--Э ,бас куне, ин кадар фахр мекуни? Агар ин кадар фахр сози ,чаро дар Русия гаштаи? Чаро дар худи Точикистон зиндаги намекуни?...
--Медонед, -мугуям ба онхо,-як вакту замоне ба як кишлоке кахтиву хушксолии сахте омадааст.Одамони он кишлок мачбур шудаанд,ки манзилу зодгохи худро тарк кунанду аз паи ризку рузи ба хар тарафи дунё пароканда шуда раванд. Дар он кишлок касе намемонад ва бо мурури замон, аз боду хавои  гарму сахт рафта-рафта он кишлок ба як биёбон мубаддал мешавад ва аз он нишона як дарахти хушк мемонад...
Рузе, аз пеши он чо корвоне мегузарад ва як пирамарде тозон ба пеши он дарахти хушк меояд ва онро огуш мекунаду мегиряд.
Хамрохони пирамард хайрон мешаванду мепурсанд:
--Чаро ин тавр мекуни?
Пирамард бо фахр мегуяд:
--Бубинед, эй одамон , ин зодгохи ман аст.Ман бо ин зодгохи худ мефахрам...Ман ин зодгохамро дуст медорам...

Ин ривоятро боз дигар хел карда хам мегуянд,вале максад як аст: Ватан хамеша азиз аст ва бо Ватан бояд фахр кард!...

Нашояд аз Ватан дил боз кандан,
Агарчи зистан бояд ба хори.
Ватан он чо ки руиди зи хокаш,
Ватан он чо ки он чо реша дори.

Холо Шумо дар кучои руи Замин ки набошед бояд бо хамон як давлати хурди худ бо номи Точикистон фахр кунед. Аз Точикбудани худ фахр кунед!..Аз Одам будани худ фахр кунед!

Боре, ба як донишгохи харбии Франция донишчуи кадпасти хоричи ба хондан омад. Хамаи хамдонишчухо ба вай руи хуш намедоданд ва уро масхарахо мекарданд.Чавони кадпаст ки забонаш дигар буду французиро хуб намедонист, аз онхо хамеша тахкир медид.Вале, ба хеч кас таслим намешуд ва хатто ба муаллимон низ паст намеомад.Вай дувоздахсола бошад хам ,боре ба дуги баланди муаллим, оромона ва бо фахр чавоб дод:
--Ман ОДАМ хастам!
Баъди чанд солхо ин чавони кадпаст кариб ними дунёро гирифт,ки номи у Наполеон Бонапарт буд.

Хамааш ба дасти худатон , хонандаи азиз! Бо гузаштаи худ, бо Точикистони худ, бо точики худ фахр кунед.Мо бояд фахр кунем, то оянда кудакони мо аз он фахр созанд.
Мегуянд,ки авлоду ачдоди Чингизхон холо ба 11 милён расидааст ва агар мо боз ба дуртари таърих нигох кунем, пас авлоду ачдоди мо хам одамони зуру тавоно будаанд,ки мо холо дар руи дунё зиндаги мекунем.Дар гирудору гушткимакунаки таърих на хар як ачдод зинда мондаасту на хар пуште сихат мондааст. Мо аз падар, падар аз бобо, бобо аз бобокалон, бобокалон аз бобобобокалони калон руидаву авлод ба авлод омада расидаем...ва авлоду ачдоди мо шояд ба 500-700 авлод рафта мерасад,ки аз он албатта бояд фахр кард...

Хатто чунин ривояте мекунанд,ки боре саросари тамоми Осиёву Кавкозро миллате бо номи Турк гирифтаанд ва хостаанд,ки забони худро пахн созанд.Ва онхо(туркхо) эълон кардаанд,ки дар кучое ,касе агар бо забони гайритурк сухан мегуяд, сараш аз танаш чудо мешавад.Чи кадар одамон кушта шудаанд, чи кадар одамон факат барои забони туркро кабул накардан несту нобуд карда шудаанд,  таърих хомуш аст, вале бубинед чи кадар холо миллате бо забони турк сухан мегуяд...
Вале, миллатхое буданд,ки ба туркхо сар хам накарданд ва забони худро ба забони турк иваз накарданд...Яке аз ин миллатхо - мо Точиконем!..
Мо хамон точиконе,ки забони худро гум накардем, мо хамон точиконе,ки сар хам накардему ба сар ТОЧ гузоштем...
Мо точик хастем ва ватани мо Точикистон аст! Аз хамин бояд ФАХР кард!...Зинда бошед, точикони азиз!!!

Дарси шашум: Вичдон.


Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!

Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз!

Ин вокеа дар солхои 60-уми асри 20 дар Амрико руй дода буд.Баъди чустучуи хеле бисёр ба полисменхои амрикои муяссар шуд,ки котил-гангстери дастгирНАшавандаро дастгир намоянд.Мисли он ки дар Иттиходи Шурави Чикатило ном котилро баъди 12 сол дастгир карданд,ки вай сари 53 одамро хурда буд.
Баъде,ки котилро дастгир намуданд вай ба хамаи кушторхояш сари тасдик дод ва хатто бисёр вокеахоро аз сар то охир гуфта дод,ки чи тавр вай одамонро куштааст.Аз дасти ин котил одами хеле зиёде кушта шуда буд...Нихоят суд карори сахтаринро баровард: Катл карда шавад!..
Одамони дар суд буда диданд,ки котил парво хам намекунад, балки лабханд мезанаду табассум мекунад...
Вакте,ки суд охирон суханро ба вай дод, у чунин гуфт:
-- Албатта, бояд чунин чазо ба ман дода шавад...Ман ба чаннату дузах ва Худо бовар надорам.Хар кадар тезтар катл намоед, боз хубтар.Ман ба мурдан рози...
Суд карор баровард,ки расо баъди як мох котил дар "курсии барки" катл карда шавад ва бо хамин кори суду тафтиш ба охир расид...
Инак, полисменхо котилро бурда ба хабсхона партофтанду дарашро аз чор чояш махкам карданд ва акнун бояд як мох ба нигохубини котил мешуданд...
Чанд рузе гузашт. Котили махбас дар аввалхо худро хеле хуб хис мекард. Хамеша суруд мехонд, хурокхои махбусхонаро бо иштихои том мехурд ва хатто шухи мекард,ки хурокхои охирини бепулро тановул карда истодааст...
Нихоят, боре полисмен хуроки шабонаро ба котил бурду даричаи махбасхонаро кушода ба токчаи он хурокро гузошт ва чашмаш ба котил афтод,ки ба як кунчи махбасхона бо зонухояш истодааст ва сарашро хам намуда дастхояшро ба хам фишурда хомуш аст...Харчанд полисмен " Хурокатро гир!" - гуфта дод зад, вале махбус аз чояш начумбид.Полисмен даричаро махкам карду рафт...
Фардояш хуроки сахар оварданд ва боз хамон ахволро диданд,ки махбус чи тавре ,ки шаб бо зону истода буд, хамон хел аст...Ба дили полисхо шубха афтод ва ба махбусхона даромада уро бо чубдаста (дубинка) чумбониданд,ки зинда хаст ё не?...
Ва вакте, ки махбус- котил руяшро ба тарафи онхо гардонд,диданд,ки чашмхои вай аз гиря суп-сурх шуда варам кардаанд...Рангу руяш хеле кохидаасту мачоли сухан гуфтан хам надорад...
--Ба ту чи шуд? -пурсид яке аз полис,-ба сари чи кадар одам марг овардию акнун аз марги худ метарси?...
--Не, не, не...-базур овоз баровард махбус,- ман аз маргам наметарсам...ман мехохам... аз одамон узри бисёр пурсам...
--Дер шуд, - ба гап хамрох шуд дигар полисмен,- бояд дар суд узр мепурсиди...Акнун ба ин чо хеч кас намеояд...Ту бехтараш хурокхоятро хур, на бошад аз мо калтак мехури...
Хуллас, акнун рузхои котил мисли моху сол мегузаштанд.Дигар дар руи у бегамиву хушхоли намонд. Вай хамеша ба кунчи махбасхона истода гиря мекарду фигон мебаровад, хар боре сарашро ба девор мезад, гох-гох деворхоро бо нохунхояш мехарошид...Муйхояш руз аз руз сафед мешуданд, танаш харобу абгор  ва афту андомаш девонаавзо шуд...
Полисменхо ва ходимони махбасхона хеле дар хайрат шуданд,ки ба котил чи шуд? Чаро шахси беномусу бевичдон ба чунин ахвол афтод? Харчанд,ки аз маргаш наметарсаду ба Худо бовар надорад, якбора ба таври худ ба тоату ибодат сар кард?...Ё шояд девона шуда бошад?...
Нихоят рузи катл хам расид.Уро ба "курсии барки " шинониданду пурсиданд,ки чи хохиши охирон дори?...Котил бошад чунин гуфт:
--Ман мехохам, охирин сухани маро ба хама расонед,ки ман аз одамон барои гуноххои содир кардаам узр мепурсам...Маро бубахшанд!...Маро бубахшанд!...
Ин суханони охирини котилро полисменхо ба рузноманигорон расонданд, онхо бошанд ба тамоми дунё ин овозаро пахн карданд.Албатта хеч кас гунохи уро намебахшид, вале гапу сухан дар дигар чо хаст,ки чаро чунин одам ( бале, у хам одам аст! ) ба узр пурсидану тавба кардан даромад? Чаро? ...Наход ки ин одам хам вичдон дошт? ...Ин кадар одамонро кушт, сухт ва нобуд кард...Ин кадар одамонро рахм накарда хунашонро рехту боре тавба накарду акнун ки рузхои башумори хаёташ монда буд, ба тавба даромад, ба зориву тавалло даромад,ки одамон гунохашро бахшанд...Чаро чунин шуд? Чи гап шуд ба вай?...
Ба ин суолхо як чавобе хаст.Дар дили ин котил ВИЧДОН бедор шуд.
Хамон вичдоне,ки ин кадар солхо дар дилу аклаш хоб буд, ин кадар солхо хомуш буд.Хамон вичдоне бедор шуд,ки дар як муддати кутох кореро ба сомон расонд,ки ин кадар солхо ягон чамъият рафтори тарбияви ба у надода буд ва ягон панду насихат ба у таъсир намекард. Хамон вичдоне бедор шуд, ки у худро шинохту гуноххояшро фахмид. Хамон вичдоне бедор шуд ва ба у чазое дод,ки аз вай рохи халоси набуд ва у халос нахурд...
Пас, худи ВИЧДОН чи бошад?...Азоби вичдон чи бошад?...

Хайр Амрикоро як су гузорем, ман хам боре азоби вичдонро хис намудам. Шояд онро азоби вичдон не,  бедории вичдон номид .Биёед , аз як сар накл кунам...

Чанд сола будам ,дар ёдам нест,вале аник медонам,ки мактаб намехондам...Як чура доштам,ки руз то бегох бо у бози мекардам.Аз хоб мехестаму ба хонаи онхо ба бози мерафтам.Падару модараш одамони хеле хуб буданд.Хавлиашон васеъ бошад хам, онхо боз хавлисаройи калони паси хавли доштанд,ки ончо гову гусола, бузу гуспанд мепоиданд ва боз мургу хуруси хеле бисёр доштанд...
Хар боре тухм даркор шавад,  модарам ба дастам танга медоданду маро ба хавлии чураам мефиристоданд,ки аз онхо тухм харида оям.Модараш зани хеле хуб буданд,ки як-ду тухмро албатта зиёдтар медоданд...
Боре, ман сахар аз хоб хестаму ба хонаи онхо рафтам ва номи чураамро гирифта фарёд задам.Вале, аз чи бошад касе набаромад ва ман беихтиёр  ба хавлисаройи онхо гузаштам,ки мургу гову гуспандашонро тамошо кунам. Ман пеши катаки мургхо рафтам ,ки як мурги сурхе ногох аз болои панчараи катакхона пар зада гузашт ва ба суи гарами беда рафта ба кабати он даромада рафт.Ман аз пасаш рафтам ва як банди бедаро ба як су чумбонда дидам ,ки дар паси он мург истодаасту дар холати тухм гузоштан аст.Ба вай кордор нашудаму ба чои пештараам омада интизор шудам,ки кай аз он чо мург мебарояд...Нихоят баъди чанде мург баромада боз ба пеши мургхо аз болои панчараи баланд парида гузашт...
Ман тозон рафта дар кабати бедахо ду тухмро дидам.Ва онхоро бе хеч фикру хаёл гирифта ба суи хонаамон тохтам.Маро хеч кас надид.Ба хона омадаму онхоро ба яхдон гузоштам. Ба падару модарам бошад, чизе нагуфтам...
Холо ин лахзахоро ба ёд меораму табассум мекунам,ки маро ба ин кор чи водор карда бошад? Ман ба чураи наздики худ ,ба модару падари хубаш аз чи бошад  хиёнат кардам ва дузди хакики шудам...Бачаги буд, бачаги...
Ин одати бад ба ман часпида монд.Ман акнун хар сахар ба он чо мерафтаму охиста ба паси гарами бедахо мерафтам.Агар тухм бошад, мегирифтаму ба хона меомадам ва онро ба яхдон мегузоштаму ба касе чизе намегуфтам...
Дар хаёти одам хама чиз охир дорад...Дуздии бачагонаи ман хам боре ба охир расид.Бори чандум буд,намедонам  (шояд  хафтум бошад ё хаштум), ман чун харвакта аз паси бедахо тухмро ёфтаму пас гаштам, вале дар пеши даричаи хавлисарой одами бадвохимаро дида як кад паридам.Падари чураам дастонашро ба миён монда, мисли хайкали азиме пеши рохамро гирифт.
--Ту ин чо чи кор мекуни?-гулдурос зад овози бадвохимаи вай.
Ман аз тарс чизе нагуфтам, вале тухми дар дастам бударо дар пасам руст кардам...
--Кани, дар дастат чи хаст, нишон дех!- овози бадвохимаи гулдуроси маро боз як кад парронд... 
Ман мачбур шудам дастамро ба у нишон дихам ва сарамро хам кардам...
--Кани ба ман нигох кун!...Хай-хай, --калла чумбонд падари чураам --Ман фикр кардам,ки ту баччаи хуб хасти, лекин ту боши тухм медузди.Агар чунин боши дигар бо писари ман бози накун!...Фахмиди?...
Ман чизе намегуфтам ва фикр мекардам,ки ин марди бадкавок хозир ба руям як шаппотие хатто мезанад.Вале у назаду ба ман наздик шуда чунин гуфт:
--Кани , ба ман ваъда дех,ки "дигар ин корро намекунам!" гуфта...
Ман мачбур шудам,ки бо овози паст ин суханхоро такрор кунам:
--Дигар ин корро намекунам!...
--Баландтар бигу! Дигар дузди намекунам бигу!
Ман овозамро баландтар кардам:
--Дигар ин корро намекунам.Дигар дузди намекунам...
Ман тухмро ба чояш бурда мондаму ба хонаамон баргаштам...Ин яке аз дарси бехтарини хаёт барои ман буд,ки дузди чи кадар одамро шарманда месозад...Бачаи хурд будаму аз ёдам намеравад,ки чи хел  ба руи чураам нигох карда наметавонистаму шармам меомад.Харчанд чураам аз ин корхо бехабар буд, вале ман хис мекардам,ки вай аз хамаи гапу кор бохабар аст...Аз рафтори худ хеле шарм медоштам...
Даврахои бегамонаи баччаги гузаштанд...Моху солхои зиндаги паси сар шуданд...
Соли 2006 буд.Як хафта шуда буд,ки ман аз Русия ба Точикистон омада будам.Боре як сахар хамсарам ба ман гуфт,ки "чи мешуд аз магоза тухм харида меовардед, то ягон чизи хуб пазем.Торт ё фатир"...
Ман ба магозаи деха рафтаму  аввал дах дона тухм гирифтам, вале фикр кардам,ки боз дах донаи дигар гирам бехтар...Ва боз дах донаи дигар гирифтам.
Дар даст тухмхо ба хона меомадам,ки дар назди харакчаи пеши хавлии чураи деринаам... модарашро дида мондам...Ох, хаёти тезгузари бевичдон...Як вакту замоне модари чураам дар пеши назарам тамоман дигар метобид, холо бошад хеле хам дигар аст...Пир шудааст, бечора, пир...
Модараш дар даст асо,бо руйхои пурожангу комати хамида маро дида пурсупос кард ва аз чояш хеста сару руям бусида оби дида кард: 
--Басирчон,ин Шумоед?  Аз Русия омадед? Вах-вах ин кадар солхо Шуморо надидаам...Мардаки каппа калон шудаед-а...
Ман ба харакча нишаста хеле бо ин пиразан сухбат кардам.Аз хаёту зиндаги сухбат кардему талху ширинии хаёти гузаштаро ба хотир овардем.Чашмони пиразан ба тухмхои дар дастам буда афтоданду нархи онхоро пурсид:
--Ба чандпули харидед?
Вакте,ки ман нархи тухмхоро гуфтам, пиразан норозиёна сар чумбонд:
--Ха, тухмхо хам ин кадар кимат шудаанд...Холо хама чиз кимат шудааст...
--Холачон,-гуфтам ба у,- холо хам мургхо доред? Як вактхо мургхои бисёр доштед...
--Не, аз кучо ,- гуфт пиразан ва охи чукур кашид,-аз он вакте,ки падари бачахо аз олам гузаштанд, ба гайр аз як гов дигар чонваре намонд...Кайхо боз мургдори намекунем...Хеч кас хавсалаи молдори надорад...
Ногох ин дам ба ёдам хамон тухмдуздихоям расид.Хамон давраи тухмдуздии бачагона ки хатто он вакт мактаб хам намехондам...Як вакте ки бача будам , аз хамин хавли , аз мургхои хамин пиразан тухм медуздидам...
Ва  ман ин дам хис намудам,ки дар дили ман вичдон бедор шуд.Вичдоне,ки ин кадар солхо дар каъри дили ман хоб буд, бедор шуда монд.Акнун ,ки вакташ расидааст, ман бояд онхоро баргардонам...Вагарна...Шояд вичдон маро азоб медихад...
--Холачон, -гуфтам ман ба пиразан ва дах донаи тухмхои алохидаро ба у дароз кардам, -гиред, ин тухмхо азони Шумо!...
Пиразани бечора хайрон шуда хатто аз дасташ асояшро афтонд.
--Не, не... писарам ман намегирам...ба бачаякотон баред- гуфт вай.
--Маро хафа накунед, холачон, гиред.Ман одами савобчу...Аз Шумо бароям дуо...Дуо кунед, ин худ ба ман давлати калон аст,- гуфтам ман ба дасташ халтачаи тухмхоро дода аз чоям хестам...
Пиразан маро хеле дуо кард. Ман бошам ба хона омадаму кавл додам ,ки акнун хар вакти хубе шавад,   (хар боре ) албатта барои ин пиразан тухм харида медихам...
Чанд боре чунин кардам...Хар боре,ки ба бозор мерафтам, махсус барои ин пиразан тухм мехаридам ва аз пиразан бошад дуои хайр насибам мешуд...
Рузи омад-омаданам  ба Русия бошад, боз дар дастам як халтача тухм ва нону канде гирифта ба пеши модари чураам рафтам, то аз у дуои хайре ба рох гирам.Пиразан дар хаккам  дуои хайр карду рохи сафед талабид...
Пиразани бечора шояд дар хайрат мешавад ва  намедонад,ки чаро ман ба вай хар бор тухмхо хадя мекунам...

Инро факат ман медонаму халос.Ва ВИЧДОНИ ман...Сад шукр ,ки вай хоб нест, бедор аст...Бедор аст,ки маро ба рохи рост мебараду кори нек...

Оё Шумо вичдон доред?...

Дарси саввум: Вакт ва умр...( давомаш 3)


Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!

Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз!
Оё Шумо боре ба бачагии худ баргаштаед?...
Ман боре ба бачагии худ баргаштам...Бовар намекунед?...

Дар назди хонаи мо кухе хаст бо номи Кафтарон .Кухи на он кадар калонест, вале то хеле масофаи дур тул мекашад...Нухсола будам ё дахсола ,аник дар ёдам нест,ки маро аввалин бор бародарам ба кух бурд ва ман гуё ошики кух шудам...Ошики хакикии кух...
Аввалхо аз дари хонаи мо даррав дашти калони зардолузор сар мешуд ва сони кухи санглох.Мо бачахо ба гурахури, шилмхури мерафтем,вале ба кух набаромада бармегаштем. мегуфтанд,ки сагхои дайду дар кух бисёр хастанд...
Боре, бародарам хамрохи чурааш маро ба кух баромадан таклиф кард ва ман аз паси онхо рафтам ва ин лахзахоро фаромуш накардам. Аввал ба кух охиста -охиста баромадам .Метарсидам,ки поям мелагжаду ба поён гелида меравам.Вакте,ки то куллаи аввали кух баромадем, бародарам рохравиро бас кард:
--Шуд...Дигар ба боло намебароем...Басир монда шуд...
Ман дар хакикат монда шуда будам.Аз сару руям арак мешорид ва бо куртахоям сару руямро пок мекардам,ки бародарам бо чурааш ахволи маро дида механдид.
Ман ба поён назар кардаму...вах-вах... манзараи зебои дехаамро дидам.Хама чо саб- сабзу хуррам,заминхои калон - калони пахта, бинои сап - сафеди мактаб ба чашмам расиданд ва шавки маро зиёд намуданд.Ман хатто боми хонаамонро дида хеле хурсанд шудам ва  гуё дар руи хавли модарамро дида бошам бо тамоми овозам дод задам:
--Мо-о-о-дар-чо-о-о-о-н!!!...
Ман бо як кунчкобии зиёди бачаги ба хамаи кунчу канори деха назар кардани мешудам, вале афсус на хамаи  он ба чашми ман мерасиду бармехурд.Хисси кунчкобии ман боз болотар шуд ва ман ба боло нигох кардаму куллаи дуюми кухро дидам, ки боз баландтар буд ва ба бародарам гуфтам:
--Ака, рафтем ба болотар меравем...
--Не,- гуфт бародарам, - он чо дур аст.Агар ба он чо бароем,руз бегох мешавад.Модарам моро мекушад...Рафтем, ба поён мефароем!
Ба хона хеле монда шуда омадем, вале ман орзуи бори дигар ба кух рафтанро кардам.
Вале, маро бародарам дигар ба кух бурдан нахост ва намебурдаги шуд.Харчанд илтимос мекардам, "не!"- мегуфт...
Нихоят бо як хамсинфам машгули бози будем,ки вай ногахон гуфт:
--Басир, ба кух ягон бор баромадаи?
--Ха,як бор баромадам,- бо ифтихор гуфтам ман ва бо дастонам ба куллаи кух нишон додам,- хо,ана ба хамон чо...
--Худат баромади?
--Не бо акаам.
--Биё,хамрох меравем.Ман холо ягон бор нарафтаам...
--Рафтем...

Хардуямон бо як азобу машаккати зиёд ба куллаи аввали кух баромадем ва аз хурсанди хардуямон дастонамонро ба боло карда , мисли футболбозон " Ура,ура" гуён фарёд мезадем...Баъд хардуямон хеле манзараи зебои дехаро тамошо кардему нафахмидем,ки вакт чи хел гузашт...
--Медони,- гуфтам ман ба чураам ва куллаи дуюми кухро нишон додам, - биё боз болотар меравем...Хо ба ончо...
--Не, -рози нашуд хамсинфам, - охир ончо хеле баланд, ман метарсам...
--Натарс, хардуямон меравем.Ончо хама чои деха  менамояд...
--Не,не - якрави кард чураам...
Аммо ман бошам,хеле баромадан мехостам.Дидам,ки дар поёнтари кулла як шаххи азиме хаст монанди каллаи деви калон.Онро ба чураам нишон дода гуфтам : 
--Хайр, биё, чура аккалан то хамон шах бароем...
--Майлаш-рози шуд чураам ва аз паси ман ба хазидан сар кард...
Мо бо як азоби дигар ба болои шах баромадем ва ман чои хеле хубро дидам.Гуё табиат он чоро махсус барои тамошо сохта бошад...камтар чои хамвор ва дар мобайн санги калони сиёхи ба шах часпида буд.Агар касе ин дам ду баччаи болои шахро медид, шояд талхааш мекафид.Аз поён хеле бадвохима метобад.Дар боло хам ба лаби шах наздик шуда намешуд.Боре ман наздик шуда поёнро дидаму дилам шуввос зад.Гуё хозир маро касе аз пасам тела медода бошад...
Мо ду чурахо хеле болои санги сиёх нишастему нафахмидем,ки хаво чи хел торик мешавад.Вакти говгум ба хона омадем,ки хамаро хеле парешон кардем.Модарам таъкид карданд,ки дигар болои кух набароям...

Акнун чои дустдоштаи мо хамон чо буд.Хар бор ба касе чизе нагуфта ба ончо мебаромадему лекин тез мефаромадем...
Як рузи хавои хеле хуб ман хостам боз ба кух бароям, вале чураамро наёфтам. Вай хамрохи падараш ба сахро ба даравгари рафта буд.Ман чи кор карданамро надонистаму карор додам,ки  худам рахсипори кух мешавам...
Аз ёдам намеравад, ман чи тавр ба болои шах бо як душвори баромадам.Аз як тараф дар дилам каме тарс буд,ки ягон саге во нахурад, аз дигар тараф бошад бори аввал ,ки танхо ба кух мебаромадам, худро рухболида хис намекардам...
Нихоят ба болои шах баромада ба болои санг нишастаму  ба тамошои деха сар кардам.Вале, худро нагз хис намекардам.Бачча будаму танхоиро хис кардам, танхоиро...
Ногох ман як овози ачоиберо шунида мондам.Ким чиро хис кардам ва ба гирду атрофам нигох кардам,ки дар болои як санги пахни сиёхчатобе калтакалоси ачоиби кухиро дида мондам.Он калтакалос болои санг меистод ва ранги кабудча дошт.Вай гардану сарашро боло карда аз ман чашм намеканд...Ман аз чоям охиста хестам,то ягон сангеро гирифта ба суяш хаво дихам,вале калтакалос шояд инро фахмид,ки зуд гурехта ба кабати сангхо даромад...Ман зуд болои хамон санги сиёхчатоб омадам ва ба назарам чунин намуд,ки калтакалос ба таги хамин санг даромад...

Кунчкобии ман хеле боло гирифт ва охиста аз як тарафи санг, бо ду дастам онро бардоштам ва ачабо...дар миёначои таги санг , чои чукурчае,  як КАЖДУМи калони зардеро дида мондам...
Ман аз тарс дархол як -ду кадам ба окиб рафтам ва даррав санги калоне ба дастам гирифтам...Эх, чаро ман хамрохи чураам наомадам...Ана каждуму мана каждум...дар хаётам бори аввал каждумро аз наздик дидам...вай заб зард буд ва думи качи калоне дошту ба болои пушташ хам буд ва дастони анбурмонанд дошт...
Аввал хостам бо санг зада кушам, вале аз ин максадам гаштам.Охиста ,дар дастам санг ба каждум наздиктар шудам ва ба тамошояш сар кардам...Онро бо як шавки калон тамошо мекардам ва ба назари ман чонвари ачоиб намуд...Мехостам,ки ягон коре кунаму онро зинда дошта, ба хона барам ва ба хама тамошо дихам,ки бинед, ман чиро дошта овардам...Мехостам кахрамонии худро ба чурахоям нишон дихам...
Каждум бошад аз ман наметарсид, шояд бори аввал одамро дида бошад,дастони анбурдори худро ба хам зада думи качашро боло поин мекард ва аз хоначаи чукурчаи худ дур шудан намехост...
Ман вайро хеле- хеле тамошо кардаму ягон илочи доштани онро наёфта,фикре ба сарам зад,ки бехтараш сангро боз ба чояш мехобонаму фардо хамрохи чураам бори дигар меоям..Ин дафъа хамрохам ягон бонкаи шишагин меораму онро капида ба хона мебарем...
Ман бо чунин фикр боз сангро чун пештарааш ба чояш хобонда, каноатмандона аз болои кух фаромадам...

Фардояш чураам вакте,ки номи каждумро шунид, дархол рози шуд,ки хамрохи ман боз болои шах барояд.Мо дар даст бонкаи шишагин,  як илоче карда болои шах баромадему назди хамон санг омадем ва  ман бо тантана хамон сангро аз як тарафаш бардоштам.Бардоштаму ...
Ба дахшати ман он чо каждум набуд.Хамон чои чукурчаи санг буд, вале каждум набуд...Мо харду чи кор карданро надонистему сангхои он чо бударо аз як сар тагуру кардем, вале дигар каждумро надидем...
Ман он вакт хеле гамгин шудам ва як хислат ба ман часпида монд.Акнун хар боре.ки ба он чо мебаромадам, албатта таги хамон санги сиёхчатоби пахнро бардошта медидам,ки каждум бошад ё не?...
Вале, афсус дигар ба каждум вонахурдам...Каждум гум шуд...
 Рузхо гузаштанду моххо... Солхо хам гузаштанд. Маро бошад дигар вакту соати ба кух баромадан хам намонд.Ман акнун тамошочои худро фаромуш хам кардам ва дигар ба кух хам намебаромадам...
Акнун факат ба баландии кухи зиндаги баромадан мехостам...

Соли 2002 аз Русия ба Точикистон  баргаштам...Баъди чанд рузи мехмоннавозиву мехмонгуселони ман болои кат менишастаму чашмам ба болои кух афтод.Эх, кайхо боз ба кух набаромадаам...
Ман ба модарам як дахон гуфтам,ки ба кух меравам ва рахсипори кух шудам. Ин вактхо чи кадар дигаргуние дар дехаам ба вучуд омадааст.Дигар дашти зардолузор нест.Чои он хавлихои одамон хаст ва хатто ними кухро хам одамон азони худ карда замини корам намудаанд...
Ман ягон рохи кухро наёфта , мачбур шудам аз як сохиби хавли хохиш кардам,ки ба ман рох диханд, то ба кух бароям...
Вакте,ки ман аз хавли гузаштаву аз замини корам хам гузашта хеле боло рафтам, нихоят поям ба санглохи кух расид...
Ба куллаи аввали кух баромадаму дар хайрат шудам,ки деха тамоман дигар метобад.Дигар заминхои калони пахта нестанду дарахтхои сабз хам ба чашм кам менамоянд...
Ман ба чои як вакте дустдоштаи худ болои шах, ёсари калони дев охиста -охиста , бе саросемаги баромадам ва ба санги сиёх, курсии худ нишастам...
Ох, дехаи азизи ман...Дехае, ки ин кадар солхо туро партофта рафтам.Акнун ман туро боз тамошо мекунаму аз тамошоят як чахон халоват мебарам...Ин дам ба дилам хатто фахре чуш зад,ки ана хамин макон, ана хамин манзараи зебо  барои ман зодгохи азиз аст...Ох, дехаи азизи ман...Ман туро чи кадар ёд карда омадаам...
Ман ба гирдам як назаре кардаму ... дидахоям  ба санги сиёхчатоб расид...Ачабо...Чи хеле буд, хамон хел дар чояш хаст...
Кунчкобии бачагонае,ки солхо дар дили ман хомуш буд,боз  аз нав чуш зад...Беихтиёр аз чоям хеста суи санг рафтаму онро чи тавр бардоштам, худ намедонам...
Ва дар таги сангу миёначои он ...КАЖДУМро дидам...Вакте,ки каждумро дидам,ачаб хиссиёти ачоиберо маро фаро гирифт...
Ин лахзаву соат ман боз хамон бачаи дахсола шудам...Хис кардам,ки ман хамон баччае хастам,ки як илоч карда холо ин каждуми таги сангро зинда дошта онро ба деха бурдани хаст...Гуё, 30 сол нагузаштааст,  факат дируз гузаштаасту халос...Он вакт ман ният доштам,ки онро агар ба деха барам ,ба чурахоям нишон медихам,ки бинед ман чиро овардам...Ин дафъа аз фикр гузарондам,ки онро чи тавр дораму ба деха барам ва ба фарзандонам нишон дихам,ки бинед, падаратон ба Шумо чи овард...Ман хамон баччаам, хамон бачча...
Вале, ман баъди хеле  тамошои ин каждум ниятамро дигар кардам.Не,не инро ман ба хона намебарам.Бигзор ин каждум дар хамин чо зиндаги кунад.Дар хамин зери сангу дар хамин хонаи худ...Ин албатта хамон каждуми як вакте дидаи ман нест, он каждум зарди калон буд, ин бошад майдаи сафедчатоб аст, шояд ягон набераву аберааш бошад...Намедонам, одамизод аввал пайдо шудааст, ё каждум, инро факат Аллох медонад, вале каждумон расму коидаи зиндагии худро дигар накарда,аз зодгоху  Ватани худ дур намешаванд...Бале, ин чо макону зодгоху ватани ин каждум аст...
Бо ин фикру хаёл сангро боз ба чояш гузоштам ва гуё санги калоне, санги вазнине аз дастам не, аз китфам афтод...Фахмидам,ки умру вакту хаёту зиндаги  аз мо намегузарад, балки мо мегузарем...
Фахмидам,ки табиат ва ин дунёе,ки мо зиндаги мекунем, харгиз намемирад, чунки хамаи чонзоди дар он буда... МИРАНДА хастанд...
(давом дорад)

Чун одамиям...


Чун одамиям, зодаву мирандаги дорам,

Ман бахри Худо бандааму бандаги дорам.

Дилмурда агар хис накунад ишку мухаббат,
Дилзиндааму шуълаи тобандаги  дорам. 

Ман хам зи гунах холи наям, одамиям, лек
Шармандаги, гар холати  тарсандаги дорам.

Дар пеши касе хам сари худро накунам хеч,

Гар пеши Худо сачдаи арзандаги дорам.

Аз ишки чахон канда шудам, канда нашуд дил,

Чун ишки Худо риштаи нокандаги дорам.

Хар руз зи ман шеъри тару шахди сухан нест,
Гар аклу хушу ёди парокандаги дорам.

То умр бувад зикри Худо, шукри Худоро
Созам,ки аз он зиндааму зиндаги дорам. 

Дарси панчум: Сухан...


Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон!

Дуруду паём ба Мухаммад мустафо салаллоху алайхи ва саллам!
Ассалому алейкум хамзабон ва хамватани азиз!

Факат ин чо маро санги маломат назанед,ки ана боз як фалсафафуруш ба мо дар бораи сухан  хар хел харф мезанаду сари моро гаранг мекунад...
Не,ман ин тавр кардани нестам. Агар дар бораи СУХАН  ягон чизи хуб хондани бошед, ана ба торномаи дусти ман Дарвеш бо номи " Чавхари сухан" ворид шаведу ончо дар бораи сухан шеъру макола хонед.Бовар кунед,ки он кадар дар бораи сухан суханони бисёр гуфтаанду байтхои фаровон,ки хар яке аз хамдигаре бехтару хубтар...

Ва вакте,ки дар бораи сухан байтхо мехонам,намедонам,ки кадомашро ба ин чо орам.Шояд аз ман пештар Шумо онхоро кайхо хондаеду медонед.Пас чи хочат ки он байтхоро ба ин чо боз биёрам.

Сухани бехуда чун бисёр гардад 
Сухангуй дар анчуман хор гардад. 



Ана ин гапи дигар .Биёед ман суханро бисёр накунаму магзи гапро гуяму монам.Ин чо мехостам дар бораи ду сухан харф занем. Ду сухан ,яъне Сухани нек ва Сухани бад...
Хануз кариб 1400 сол пеш Расули акрам Мухаммад(с.а.с.) дар хадисе гуфтаанд: Бехтарин амал сухани нек гуфтан аст.
Мо хама медонем,ки сухан чист, вале на хама медонанд,ки аз сухан Кисмату Такдир пайдо мешавад.Хайрон нашавед,хонандаи азиз,ман холо хамаашро ба Шумо мефахмонам.
Инак,вакте,ки аз забони мо сухан мебарояд,дархол чи пайдо мешавад? Бале,фикру хаёл. Чун фикру хаёл пайдо шуд, баъди он албатта амал ба вучуд меояд.Баъди амали мо бошад - такдир...Аз сухани нек - хаёли нек - амали нек - такдири нек.Аз сухани бад - хаёли бад - амали бад - такдири бад...
Агар ,боз ин чо чизе нафахмидед,ман мачбур мешавам,якчанд вокеае аз хаёти худ мисол меорам...

Боре дар магозаи калони " Ашан" харид мекардам,ки овози шиноси точикона ба гушам расид.Овози занона:
--Тез рох раве, хари хайвон!!!
Рости гап, як кад паридам,ки кадомеро ин зани точик чунин мегуяд? Наход шавхарашро гуяд? ...Не, аз пасаш як писарчаи тахминан дахсола охиста- охиста рох мерафт ва гиря мекард...Чавонзан боз асаби шуда ,уро аз пасаш тела медод ва гур -гур мекард:
--Рох рав охир!...Бар падарат лаънат!!!
Ман аз ин муомилаи чавонзан бо фарзандаш, дар хайрат шудам ва  хеле  зик шудам...Дар як дам андешаи ман ба кучохо рафтанд...Ин чи гапу корест,ки бо кудаки хурд мекунаду боз чунин суханон мегуяд.Наход ин тарбияи модар бошад? Шояд  чавонзан модари ин кудак набошад,ки чунин суханони дурушт мегуяд...Хайр,агар модараш набошад хам, оё ба кудаки бегонаву хурдсол чунин сухан гуфтан чоиз бошад?...Не, охир харгиз набояд чунин гуфт!...
Ман ба чавонзан чизе нагуфтам.вале сонитар пушаймон шудам.Ман бояд ба у СУХАН мегуфтам ,ки тамоми умраш фаромуш насозад.Ба у мегуфтам,ки : Хохар, агар Шумо модар бошед, истед,ин корро накунед ва фарзанди худро сухани бад нагуед.Сухани бади шумо шаттаву шаппотиест барои фарзанд ва ин шаппотии задаи Шумо баъди чанд сол боз ба Шумо бармегардад.Фарзандатонро маибу маслук накунед.Агар ки уро падарлаънат мегуед,вай хакикатан бар падараш ,(яъне бар шавхаратон) лаънат меорад бо кирдорхои бади худ,ки Шумо аллакай бар аклаш  тухми бади гузошта истодаед.Истед,истед,истед...
Вале, ман инро нагуфтам...Сустиродати кардам ва бо кори худ машгул шудам.
Ба хона омадаму хостам,ана дар бораи хамин макола нависам, яъне дар бораи СУХАН...
Чи хеле ,ки дар боло гуфтам, намуду тарзи сухан хеле бисёр аст.Вале, барои ман аз хама асоси ин сухани НЕК ва сухани БАД  аст.
Дустони азиз, Шумо ихтиёр доред,ки чи тавр сухан мегуед ва бо кадом тарз.Хар як сухане,ки аз дахон мебарояд,бехуда намемонад ва ба чояш мерасад.Шумо метавонед,бо як сухани нек одамро ба куллаи баланди зиндаги  барореду бо як сухани бад метавонед одамро  ба худкуши бурда расонед.Метавонед,бо як сухан хонаву дари зану шавхарро вайрон созеду бо як сухан метавонед оилае барпо созед.Ихтиёру забону дахон бар Шумост.Аммо, сухани гуфтаи Шумо - ин Такдири шумо хам хаст...
Кани, як фикр кунед,ки дар хаётатон ба кадом одам сухани бад гуфтаед?Як ба хазинаи хотиротатон ворид шаведу чуеду кобед ,ки кадом одамро сухани бад гуфта ранчондаед?...
Ман хам як вакте чунин будам.Суханеро мегуфтаму парво намекардам,ки окибати ин суханронихоям бо чи меанчомад.Ман хам хеле одамонро шояд ранчонида бошам,ки холо аз бисёр одамони дигар ранч мебинам.Дар хар кучову дар хар холати зиндаги...Дар кучабог рафта меистаму худ ба худ марди руси масте маро хакорат медихад:
--Эй,ты чурка!..
Барои чи? Ман ба у чи бади карда бошам? Дар ин кучабоги серодам бо у баробар шавам? Не. Ахмият намедихаму бо рохи худ меравам ва ногох аз кучое ба ёдам меояд,ки як вактхои чавон буданам , ман хам ба як марди рус санг партофта хакорат дода будам:
--Алкаш!..
Ана гап дар кучо.Акли ману Шумо хазинаест,ки хамаи чизро ба он чо мекунаду баъд охиста-охиста онро боз ба ману Шумо бармегардонад.Хар кадар хуби кунед,хуби, хар кадар бади карда бошед,бади...Пас,хар сухан амал мешавад ва аз хар амали мо бошад,такдири мо...
Бехтарин амал сухани нек гуфтан аст.- ман боз ин суханони безаволи паёмбар Мухаммад(с.а.с.) ба ин чо меорам,аз такрораш монда намешавам.Ачаб сухани хубе,ки одди гуфта шудааст.Кош одамон ба мазмуни  ин хадис ахмият медоданд.
Ба хар як сухани худ ахмият дихед.Хусусан, ба суханоне,ки ба кудакони хурдсол мегуед.Хатто,суханонеро нагуед,ки харчанд бо мехрубони гуфта шуда бошанд,ба мисли: Гарангаки худам, Ошолудакам, Бефахмаки ман, Чахлдораки ман,Гирёнчаки ман, Сустаки ман ва гайраву хоказо...Харчанд ин суханон бо мухаббат гуфта шуда бошанд,онхо дар акли кудак чукур реша медавонанд ва рафта- рафта ба сабзиш медароянду Гарангак - Гаранг мешаваду Бефахмак- Бефахм...
Ба чои ин суханхо суханхои хуб бисёранд: Шери ман, Пахлавони ман, Далери ман, Чаккони ман,Нотарси ман, Кахрамони ман, Боакли ман ва гайрахо...Хар кадар метавонед, фарзандатонро суханони неку хуб гуед.Сухани хубро такрор ба такрор гуед, бисёртар таърифу тавсиф созед,ки Шумо бо чунин фарзандатон мефахред.Тухми Часури,Далери, Фахру Гурур,Нотарси,Сарбаландиро дар дилу акли фарзандатон коред, ки албатта онхо хосил медиханд...
Холо ба ёдам хизмати харби омад...Дар кисми мо халке бо номи догистонихо буданд.Афту андомашон ба точикхо монанд ва халки далер хастанд.Мо , точикон, далер бошем хам, ба далерии онхо баробар шуда наметавонем( маро бубахшед, точикони азиз).Боре, бо як догистоние саргарми сухбат шудам ва сухан дар бораи чи тавр ба аскари гуселонидани халкхо  рафта монд.Ба у гуфтам,ки дар мо модарамон нон мепазад ва аз як нон мо як бурда мегазему мехурем ва нияти хуб мекунем,ки баъди ду соли хизмат омада бокимондаи нонро боз хохем чашид... Рости гап, намедонам,ки чаро чунин одат хаст ,он чи медонистам ба у хаминро гуфтам. Догистони хандиду гуфт:
--Дар мо бошад, падарам бо як чуб ба поям мезанаду ба дандонам дасти корди кадимаи аз бобохо мондаро мегазонаду мегуяд: Писарам,зарбаро аз падарат диди,дигар касе хак надорад,туро бизанад...Дастаи кордро барои он мегазам,ки дасту поям аз кор монад хам,бо дандонам мечангам...
Ман шунидам,ки  хатто догистони фарзандашро чунин тарбия мекунад:
--Писарам, аз хеч кас матарс,ба гайри Аллох!!! Агар ба душманат зурат нарасаду кушта шави, шахид мешави, ман бо ту мефахрам...
Мо албатта, фарзандони худро чунин тарбия намекунем, чунки чунин тарбия шояд кудакро берахму золим созад, вале аккалан бояд суханони хубу нек гуем.Бояд суханоне гуфт,ки фарзанд часуру далер ва хоксору борахм ба воя расад.Ба одамон бадиро раво набинад ва ба одамон хамеша неки кунад.Агар модару падар фарзанди худро " Ту гаранг, ту бефахм, ту каллакаду!" гуяд,пас аз чунин фарзандон чамъияти часуру далер пайдо намешавад.Чунин падару модарон худ фарзандашонро ба рохи камбагали ва бечораги тела медиханд.Фарзандашон тамоми умр  тарсончаку буздил мемонад.Ин фарзандон боз фарзандони худро чунин тарбия мекунанд ва чамъияти носолиму тарсон пайдо мешавад...
Вакти хуроки нисфирузие буд.Модар ба косахо шурбои гарм мекашид.Писарчаи нухсолааш дар гирди модараш якрави карда мегуфт: 
--Ман хурокхоро ба сари дастархон мебарам! Ман мебарам!..
--Не, - мегуфт модар,- Косахо хеле гарманд,дастонатро месузони...
--Не ,не...намесузонам.ман бурда метавонам...
Падар сухани онхоро шунида завкаш омад ва гуфт:
--Кани, писарам , хуроки маро биёр!
Писарчааш косаеро гирифту то ними рах омад,вале хакикатан коса сузон будааст,ки дигар дастони кудак токат накарданд ва коса аз дасташ афтода майда - майда шуд...
Дар ин холат ба чои модару падар бошед, чи кор мекунед? Фарзандро сахт сарзаниш мекунед? Уро шаппотие мезанед? Уро " Ту гарангу бефахм!" мегуед? Ё мисли баъзе падархои золим ба куча уро бароварда пеш мекунед, ё ба огилхонаи торик дароварда баста мемонед?
Дар ин холату лахзаи хурди зиндаги ,ки дарс барои фарзанд аст, Шумо уро чи мегуеду чи тавр тарбия мекунед?...
Дар ин лахзаи душвор, кудак,ки аллакай гиря гулугираш мекунад аз Шумо чиро интизор аст?...Суханро...Чи хеле ,ки сухан нагуед, такдири кудак ин лахзахо гуё хал мешавад...
Он кудаки нухсола ман будам...Ман аз тарс сарамро хам карда аз чоям намечумбидам ва гиря гулугирам карда буд.Агар ин дам падарам як дахан " Ту чи кор карди?" мегуфтанд,хунгос зада мегиристам...
Вале, дасти гарми падарамро дар сарам хис кардаму овози нармашонро : 
--Офарин,писарам! Ту хакикатан баччаи зур будаи! Агар ба чои ту ман мешудам, як кадам намонда косаро меафтондам. Ту боши ,то ними рах оварди...Рафтем, ман ба ту чи тавр доштани косаи гармро ёд медихам...

Холо ин лахзаро ба ёд меорам,ки чи кадар соли бисёре гузаштааст.Вале суханони хубу неки падар аз ёдам намеравад.Дар хар намозам то ин дуоро нагуям,аз он намехезам:
--Худовандо, умри падару модарамро боз хам дарозтар бикун, тану чонашонро боз хам сихаттару солимтар...
Ва ман вакте,ки ин суханонро вирди забон меорам, хис мекунам,ки ин суханонро бехуда намегуям.Чунки падару модари ман хам шояд ин лахзахо  дар хакки ман дуову сухани нек мегуянд,ки ман онро аз дил мегузаронам...

Сухани нек гуед, то сухани нек бишнавед...
Дар бораи СУХАН сухан бисёр аст, вале вакти ман бошад кам...Барои хамин чи хеле ,ки точикон мегуянд: Сухан боки...(давом дорад)

Насрони чи донад...

Насрони чи донад,ки чи гумрохи бузург аст,
Дар хар кадами охираташ чохи бузург аст.

Май нушаду шуглаш ки зино хасту надонад,
К-он окибаташ хасрату сад вохи бузург аст.

Бо шамъгузори зи гунах пок шавад кай?

Гуё,ки мададгори вай арвохи бузург аст.

Хар кори гунах карда магар кори дурустест?
Хар рохи галат рафта магар рохи бузург аст?

Хар кас ,ки дихад нону кунад миннати хонаш,
Он шахс чи бадфитрату бадхохи бузург аст...

Аз мирии шах сер  агар халк нагардад,
Он бандагунах пас ба кучо шохи бузург аст?

Аз сахву гунах кардаи худ ох макаш, ох,
Сузи чигару доги дил  аз охи бузург аст.

Хушбахт бизи, неки бикун, хамту Басири,
Чун марги дигар шахс, ки огохи бузург аст.

Дар боби гунах харф магу, бегунахе нест,
Чузъ аз гунахе пок - ин Аллохи бузург аст!...

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу