Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки

Гўям, «Эй Олими, дареѓи ту»…



Гўям, «Эй Олими, дареѓи ту»…

(назаре чанд ба рўзгор ва осори равоншод Махсум Олими)

Марг нобудии абади нест,
Балки табдили макон аст.
(Саид НУРСИ)

Ишќ мўъчиза аст, ишќ човидонист, ишќ фариштаи умедест, ки инсонро дар хама чода шодмону некном ва дар панохи хештан нигах медорад. Маќому мартабаи он,ки ќалбаш лабрези ишќу шодмонист, хамеша човидону абади, дар самои санъату адабиёт ва ёдаш дар сиришти мардуми фархангист.

Харгиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишќ,
Сабт аст дар чаридаи олам давоми мо.

(Хофиз)

Худованд истеъдодхои бузургеро офарида, ки олами дунро бо чашми аќлу дил нигариста, онро бо самимияту мухаббати човидони ободон кардаанд ва дар сиришти мардум номи некашонро абадан маъво намудаанд.
Махсум Олими аз зумраи чунин ашхосе мебошад, ки номи худро дар чаридаи олами мо бо ишќу мухаббат, самимият, одамият ва хулќу атвори писандида маъвонамудааст.
У зодаи рустои Каздони водии Зарафшон буда, 18-уми июни 1956 дар оилаи сохибмаърифат ва сохибэхтиром чашм ба олами хасти кушодааст. Табиати нотакрори диёр аз хурди дар дили Махсуми хурдсол мухаббати шеъру суханро мепарварид ва дарёи пуршўру туѓёни деха, ки аз назди кулбаашон мегузаштў ба шавќу шўри шеъру суруд ва савту таронаи хушумахзуни хеш во лаву шайдо мекард. Гўё дарё бар гўши кўдаки хурдсол аз одаму одамгари ривоят мекард ва ўро чун муриди хеш медонисту бо мухаббат мепарваридаш. Ў аз ростии дарё рости меомўхт ва аз гуфтори беѓаразонааш одаму оламро мешинохт. Оре, хамин шавќу шўр ва сабаќи мактабу дарё буд, ки Махсум аз як дехаи кўчак рох ба сўи Душанбеву Маскав пеш мегирифт ва дониши худро сайќал медод. Харчанд, ки хурд буд, аммо ба амалу рафтори ба худ хос устодону хамсабаќон ва хамдехагонашро ба хайрат мегузошт. Зираку хушёр ва нозукбину кунчков буд. Ба хар масъала таваччўх зохир мекард ва чавобашро мунтазам аз калонсолон пурсон мешуд ва дар доираи гуфтори эшон амал мекард. Хамин талошу кунчкови буд, ки мактаби миёнаро бо ахлоќу одоби намунави хатм намуд ва соли 1973 ба омўзишгохи энергетикии шахри Ќурѓонтеппа дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонида, чанд муддат дар матбааи аввали шахри Душанбе ба хайси барќчи кору фаъолият кардааст. Нахустин навиштахояш дар сахифахои рўзномаи «Мехнат»-и нохияи Айни рўи чоп омадаанд. Дар даврони донишчўияш дар шахри Ќурѓонтеппа шеъру сурудахояш дар сахифахои рўзномаи «Хаќиќати Ќурѓонтеппа» ва рўзномахои чумхуриявии «Чавонони Точикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста рўи чоп меомаданд.
Соли 1984 Инистути умуми иттифоќии нависандагони СССР бономи М. Горкийро дар шахри Москва бомувафаќият ба охир расонид. Дар ин муддат шеърхояш дар рўзномахои «Комсомоли Точикистон», «Точикистони совети», «Хаќиќати Ленинобод», «Хаќиќати Точикистон», ва мачаллахои «Машъал», «Занони Точикистон», «Садои Шарќ», «Помир» бо мазмунхои тоза ба тоза нашр мешуданд.
Баъди хатми Инистути адабии шахри Маскав ба хайси мухаррир ва ходими адаби дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, хамзамон ба матбуоти даври хамкорихои зич доштанд.
Махсум Олими солхои 1985 то 1991 дар Иттифоќи нависандагони Точикистон, мачаллаи «Занони Точикистон», дар Радиои Точикистон ва рўзномаи «Чавонони Точикистон» ба хайси хабаргузор кору фаъолият кардааст. Махсусан солхои 1987- 1989 хангоми дар рўзномаи «Чавонони Точикистон» ба хайси хабарнигори шўъбаи маориф ва фарханг кор карданаш ў бештар ба масъалахои мубрами сохаи маориф, забон ва адабиёт рў оварда як силсила маќолахои чолибе навиштааст.
«Чи хубаст, ки истеъдодхои фитри дар авчи камолоти хунарашон бимиранд» ,гуфтааст бузурге. Бале, Олими аз чумлаи чунин ашхос буд, ки ўро дар айни камолоташ ѓарќаи хоку хун намуданд:

Варо хамчун Хилоли тўдаи бепову сар куштанд,
Варо як зумра номардони дунё бехабар куштанд.
Дили халќ то ба даст н-орад ва тухми неки нанкорад,
Варо дар айни бору бар ва хангоми самар куштанд…

(Шохи Каздони)

Он рўзхо, яъне солхои навадум шахр пур аз талотуму туѓёни одамон ва садои тўпу силохо буд. Хама дар парокандагиву гуруснаги умр ба сар мебурданд. Хиёбонхо лабрези хуни одамони бегунохон. Хар як инсон воќеан маргро мечашад, аммо хар кас бо хар хел мазза. Олими, ки бо касе кудурату бадбинихо надошт, мутаассифона ба гирдоби душманони номарду касиф гирифтор шуд ва 24 октябри соли 1992 дар шахри Душанбе ноадолатонаву номардона ѓарќаи хуни хештан гардида, бо ќалби хазорон орзуву ормон бо равони худ чониби чахонофарин парвоз кард. Харчанд, ки ў рафта бошад,вале ёди ў дар ќалби дўсторони каломи бадеъ, хамоно абадан маъво гирифтааст ва чун тулўи беѓуруб дар самои ёди эшонаст.

Дареѓо, дар лабони хамсарат дигар табассум нест,
Фурўѓе аз фарах дар чехраи Бобои Махсум нест.
Ту бигзашти, вале шеъри туро мехонаму харгиз,
Намегўям, ки Махсум Олими дар байни мардум нест..
(Фарзон Назри)

Махсум Олими дар баробари дар чодаи рўзноманигори фаъолияти пурсамар доштанаш, хамчунин дар чодаи шеъру шоири гоми расо ва сапки хосаи худро дошт, ки ашъораш аз муваффаќ шудани он дар ин чода дарак медиханд. Мавзўоти эчодиёти шоир гуногун пахлуву гуногунранг буда, ватану модар, армону умед, ишќу мухаббат, дарду хасрат, бори хавас, хирмону хичрон, одаму одамгари, ноадолатихои замона, бесару сомонихои номардон, маќому мансаб, хушомадгўйи, дуруяги, касифи ва хоса пахлухои гуногуни зиндагии инсониро фаро мегиранд.
Бояд зикр кард, ки пеш аз хама сарчашмаи эчодиёти шоир дехаи Каздон, рўду чашмахои шўхи кўхсорон, навои пурэъчози шаршарахо ва болфишонии булбулону ќах-ќахи капкони кўхистон буд ва хамвора аз чунин падидахо илхомме гирифт. Хар гох, ки ѓамин мешуд бо шеър ѓубори ќалби хазин мешуст ва аз пайи гуфтори накў ва абёти каму нобига бадиву дилписанд буд. Каме гуфту лабрези маони мегуфт, умри кўтах мехосту ба ашъораш умри дарози бе шебуфароз:

Шеъри ман, эй тифли рах омўзи ман,
Рохи ту хамвор не шебуфароз.
Розиям худ бинам умри кўтахе,
Лек хохам умри ту бошад дароз.

Эчодиёти шоир сапку услуби хосаи худро дорад ва маъни офариву тозакорихои шоирона аз хунари волои Махсум Олими дарак медихад.

Мўю гесўи парешон,
Ќомати мафтуну зебо,
Фориѓ аз дунёи армон,
Фориѓ аз дунёи фардо,
Чўгидухтар.
Аз сахар то шоми беваќт,
Меравад аз дар ба дар,
Хамчу тифлони замони чанг,
Гўё бе падар.
…Дар паси хар дар чавонияш фидо,
Дар паси хар дар барорад ин нидо,
Хонаи ободатон обод бод,
Дарди бад дур бод аз ин хонадон.
Шодихо ки бошад андар ин макон.
Хамрахи хар як нидо
Хар як дуо.
Умр аз ў мекунад кам-кам гузар,
Ў вале аз рафти умраш бехабар,
Мекунам андеша чун бинам варо,
Беибо гўям маро бо худ бубар.
«Рўзхои умри арзони туро,
То ки ѓун дорам аз хар пушти дар».

Шоир фарзанди кўхистон буданашро дар бештари ашъораш бо ифтихору самимияити хоса баён кардааст.

Чунончи:

…Нахохам зери по афтода гулхои шукуфонро
Нахохам паст тори ќўллахои кўхсоронро
Уќобам ман
Уќоби кўхсоронам.
Маконам
Ќуллахои кўхсорон аст.
Нахохам зиндагиеро, ки
Ў беќадру арзонаст.
Кўхистони манам, ман – зодаи сангам
Нигохам чун дили дилдодаам гарм аст
Сурудам хамнавои обшорон аст
Шиори ман шиори родмардон аст
Маконам кўхсорон аст...

Воќеан ашхоси бузург то андозае хиссиёт ва дарки падидахои гуногунро доранд. Онхо эхсоси оќибати хама корхо, ки мучибаш марг аст, аз ом дида бештару хубтар медонанд. Хамин аст, ки Махсум Олимиро имрўз бо як байти пурсўзу гудозу саршори андўх мешиносанд, ки шоир аз паёмади меомада дарак медихад. Ох, шоир воќеан ќалби бузург дори ту…

Аз кўчахои холи, чун бигзарам хаёли,
Тарсам, ки мекушандам як рўз чун Хилоли.

Воќеан бузурге фармуда, ки «Марг нобудии абади нест, балки табдили макон аст». Оре, ин марг нобудии Олими нест, ёди ў хамеша бо мову ашъораш рахкушову рахномои рохи мост. Хар як суханаш бар лабу пиндору рафтораш дар сириштамон.

Гўям, «Эй Олими, дареѓи ту»,
Дар лабам ин сухан ба гиря бувад.

Бояд зикр намуд, ки Махсум Олими дастпарвари мактаби адабии яке аз шоирони бузурги точик устод Ќутби Киром мебошад ва пеш аз хама аз марги нахангоми ў устодаш бо сўзу хасрати чонкох чунин мисраъхоро нигошта буданд:

Зи хушёрон димоѓам тира шуд, ай дод, ай Махсум,
Биё, мастона шин, мастона рав, мастона ово кун.
Навиде чанд гўй аз худ, суруде чанд гўй аз ишк,
Дили садпораамро бодами як чуръа эхё кун.
Хадиси марги ту пурсўзу талху нобахангомаст,
На кўхонро бубардорад, на дарёву на инсоне.
Панохе бегунохон осмон буду надонистам,
Варохам дасткўтах будааст аз макри шайтоне,
Зи шаб то рўз чун дар кўра месўзам, вале дасте,
Намекубад дари кошонаамро дар дили шабхо,
Намегўяд касе:-Устод, он майхои боки ку?
Намепурсад касе чунам мани танхо ва ин табхо.

Рахмонзода Каздони

Хусрав ШОХСАИДОВ

Бахшулло Чумъаев. Доктори илми биология, сармухаќиќи Пажўхишгохи


Бахшулло Чумъаев Рохнаварде дар чодаи илму маърифат Кўх бо сарбаландию тамкинаш, дарё бо мавчхои пуртуѓёнаш, замин бо сабрпешагию хосилхезиаш, офтоб бо чилванавои нурафзою мехри диловезаш, мохтоб бо равшании нисбат ба торики ѓолибпазираш, барзгар бо араќи чабину дастони ризќэхёгараш, сабза бо нозукадоию вале бо ќувваи бузурги аз пайки замин чониби чашмаи хуршед рохпаймояш, абр бо борандагиаш, Модар бо сарчашмаи мехру мухаббати безаволи оламгираш, парранда бо озодии рўхпарвозаш, Ватан бо фарзандони солеху хайрандешу хирадпешааш мояи фахру ситоиши хамагон ќарор дошта, онхо дар силсилапайвандии ногусастани гулшукуфти хаёти пуртаровишу дилраборо ба таври ройгони ќуввату таќвият медиханд. Дар радифнавишти ин гуфтахо мехохам дар бораи хаёт ва фаъолияти илми-амалии олими чавони ояндадор, шахси сохибдилу дўстнавоз, саховатманду мархаматпеша, оќилу хушнуктагў, ки дар чодаи илму маърифат бо тадќиќотхои чолиби диќќаташ чой ва мавќеъи сазоворро сохиб аст аз сидќи дил сухан гўям. Ин чавони сохибзавќу дидадаро – доктори илми биология, сармухаќиќи Пажўхишгохи физиологияи растани ва генетикаи АИ ЧТ Чумъаев Бахшулло Боќиевич мебошад, ки холо шукри худо дар айни авчу гулшукуфту камолот ќарор дорад. Ў 10-уми сентябри соли 1960 дар дехаи зебоманзараи Каздон, шўродехаи Шамтучи колхози Точикистон, нохияи Айнии вилояти Ленинобод (холо Суѓд) дар оилаи колхозчи ѓунчасон ба олами зебою дилрабо бо тамманохои зиёд дида во кардааст. Ў аз навои чашмасорону мехру садоќати модари ќуввату илхом гирифта, тибќи андўхтани донишу маърифат дар мактаби миёнаи ба номи А. Бедил тахсил карда, онро бо бахои хубу аъло хатм кардааст. Дар ин чода аввалин сабаќомўзаш муаллими мўхтарам Мирзоев Абдурахмон мебошад ва ў пайваста бо мехру садоќати бузург муаллими аввалинаш ва дигар муаллимонеро, ки дар таълиму тарбияаш сахмгузоранд, бо эхтироми хоса ёдовари ва ифшои сипосу тахният мекунад. Дар солхои тахсилаш дар мактаб Чумъаев Бахшулло дар корхои чамъияти аз сидќи дил ширкат варзида, дар ќатори дигар хамдиёронаш дар бунёди доманабоѓхои навин бо иштиёќу шавќи беандоза зиёд кўшишу кор ба харч додаст. Дар ин кори хайр аксари мардуми дехаи Каздон сафарбар гардида буданд. Акнун бошад пас аз гузашти бисёр солхо хар бор, ки ў ба зодгохаш меояд бо фахру сипоси бузург ба дарахтони солори мевадор назар дўхта, шодмон мешавад, ки дар бунёди ин гулбоѓи умед дар ќатори дигарон наќши мехнату захмати ў низ сабти чони дорад. Ў пас аз хатми мактаби миёна дар тўли ду сол дар хайси колхозчи дар колхози Точикистон сидќан мехнат кард. Баъд ўро ба сафи Ќуввахои Мусаллахи Иттиходи Шўрави даъват карданд ва ў дар солхои 1980-82 дар Чумхурии Совети Сосиалистии Литвия софдилона адои хизмати Модар-Ватан кард. Аз хизмати харби баргашта, ў ба шуъбаи биологияю химияи факултаи Биологияю химияи Донишгохи Давлати Омўзгории ба номи Т. Г. Шевченкои шахри Душанбе (дар айни замон Донишгохи омўзгории ба номи С.Айни) дохил шуда, онро соли 1987 бо дипломи аъло хатм намуд.

Хокироев Ризо мудири кафедраи забон ва адабиёти Академияи милиса


Хокироев Ризо Гиёевич 10.12.1961 дар дехаи Каздон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, факултаи забон ва адабиёти точики ДДМТ-ро соли 1990 хатм кардааст, адабиётшинос, номзади илмхои филология (1998), дотсент (2002). Соли 1998 рисолаи номзадияшро дар мавзўи «Хусусиятхои бадеи ва ѓояаи -эстетикии достони «Сиёвуш»-и Абдулќосими Фирдавси» зери рохнамоии доктори илмхои филологи, профессор Х.Шарифов дифоъ кардааст. Аз соли 1999 ба сифати мудири шўъбаи табъу нашри ДДМТ ва директории нашриёти «Сино» кору фаъолият намуд. Муаллифи беш аз 50 маќолахои илми буда, хамзамон самти асосии пажўхиши ў тахќиќи «Достонхои пахлавони дар «Шохнома»-и Фирдавси» мебошад. Аз соли 2006 мудири кафедраи забон ва адабиёти Академияи милисаи назди Вазорати корхои дохилии ЧТ ифои вазифа мекунад, рутбааш полковник оиладор сохиби 4 фарзанд.

Рахмонов Амбиё Мустафоевич (Рахмонзода Каздони)



Рахмонов Амбиё Мустафоевич (Рахмонзода Каздони) родился 12 марта 1985 г. в сел. Каздон Айнинского района Ленинабадской области, учился в Таджикский государственный институт Языков,2003-2006 и Национальный унверестет Шанхай К.Н.Р 2006-2009 году. работал в Китайско-Таджикский строительный компания ООО.Каздон Душанбе Таджикистана.


МУАРРИФИНОМА:

Рахмонзода Амбиёчони Каздони 12-уми марти соли 1985 дар дехаи Каздони нохияи Айнии Вилояти Сугд таваллуд шудааст. Соли 2003 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгохаш ба шахри Душанбе омада, ба шўъбаи забони чинии Донишкадаи давлатии забонхои Точикистон дохил шудаст. Солхои 2006-2009 дар Донишгохи миллии Шанхайи Чумхурии халкии Хитой тахсил кардааст. Рахмонзода чавони бомаърифат, ватанпарварва худогох аст.

Насрулло Туйчизода Рузноманигор.

«Чиниxо бо мо донишчуёни точик муомилаи хуб доранд»

Рахмонзода Амбиёчони Каздони - ро чи водор сохт, ки аз кўхистони дурдаст ба пойтахт омада, махз ба омўзиши забони чини машѓул шави?
Аз хурдсоли орзу доштам, ки тарчумон шавам ва барои Ватани азизи худ хизмат кунам. Барои хамин омўзиши забони чиниро пеша кардам.
Чи тавр ба ту муяссар гардид, ки ба Чин рави?
Дар донишкадаамон аз забони чини озмун ташкил шуд ва ман дар хамин озмун иштирок намуда, ѓолиб баромадам. Барои идомаи тахсил ба Чин фиристоданд.
Тахсил дар ин кишвар чи тавр сурат гирифта истодааст?
Хеле хам хуб. Чин кишвари пахновар буда, зебою бостонист. Пеш аз омадан меандешидам, ки дар кишвари бегона чи тавр мезиста бошам, лекин хамааш маќбул афтод.
Идрорпулие, ки мегири, барои зиндагият басанда аст?
Бале, барои хўрду хўроку либос мерасад.
Хамсолони чиниятро чи гуна дарёфти?
Хеле хам хушмуомила хастанд ва дар бораи кишвари мо маълумот доранд. Мардумонаш мехмоннавозанд. Бо донишчўёни хоричи муносибати хуб доранд.
Ба таомхои чини одат карди?
Бале!
Ба андешаи ту, тахсил дар хорича то кадом андоза барои ояндаи чавонон манфиатовар аст?
Пеш аз хама, чахонбинияшон васеъ мешавад ва амиќтар меомўзанд. Орзу дорам, ки хар як донишчўи точик барои тахсил кардан дар хорича муваффаќ шавад.
12/03/2009

www.gazeta.tj
www.kazdon.tj

Kazdon, Inc. Comprehensive Outsourcing


Бокиев Саидмехрочи 7 сола, ки дар 1 соату 15 дакика 1500


Бокиев Саидмехрочи 7 сола, ки дар 1 соату 15 дакика 1500 отжимания мекунад. Дар ин сунну сол ин нишондоди рекорди аст. Ин кобилияти уро дида тамоми сокинони шахраки Орзу ва коллективи омузгорну иддае аз огохгаштагон дар таачуб мондаанд. У хонандаи синфи 1 буда, дар шахраки Орзуи нохияи Зафаробод зиндаги дорад. Бокиев Саидмехроч зодаи Каздон аст. маводи пурраро ин чо http://kazdontj.blogspot.com/ метавонед мутолиа кунед.

СУХАНОНИ ПАДАРИ САИДМЕХРОЧ

Сайидмехроч соли 2004 дар шахраки Орзу (райони Зафаробод) таваллуд шуда, баъд аз оне, ки ман ба Россия рафтам ба аджимани куни шуруъ намуд ин аз 27-12 - 2011 буд. Баччаи майда буд аввал 5-6 то ва баъдан дар як руз 10-маротиба 5-6 тоги ва сониян вакте, ки ман гуфтам баччам хар руз кам-кам шумораи аджиманиро зиёд кардан гир. баъ аз як мох омад, ки додо ман 80-тоги 10-маротиба дар як руз аджимани мекунам. Охиста-охиста дар як руз 900 - тоги дар як руз 10-маротиба аджимани кардан гирифт, дидам, ки баччаи ёш зик мешаваду аз бозикуни мемонад (чунки новобаста аз онеки 900 тоги 10 маротиба аджимани мекард боз то бегох ба сахро барои молчарони мерафт монда мешуд) яъне дилгир нашавад гуфта, дар як руз 5-маротиба 1300 - тоги аджим кун гафтамаш. хуллас мактаб сар шуду вакти бачча кам монд барои бозиву телевизортамошо боз руйхати машкро таъгир додем акнун 1700-тоги 3-маротибаву боз 100-тоги пресу дигар машкхо буд. баъди чанде дили хамаи падар барои фарзанд месузад, азоби уро дида руйхати машк куни тартиб додемаш сахарба 1200 аджимани, 5-маротиба 50-тоги прес, аз 5-6 тоги аджимсар карда охиста 20-тоги 5- маротиба дар девор пойхояшро монда , 5-маротиба бо чиликош, 2000-то бо мушт, хуллас 3-соату бегох 2-3-соат сахар машк мекард, Пеш аз омаданам ба Маскав чадвали машкро дигар кардаму омадам Хамон машкхо факат шуморааш зиёдтар шавад гуфта омадам, лекин якрузпас шанбе дам якшанбе факат 1900 ё 2000 то аджимани мекунад халос, дар мактаб низ дар сафи пеш аст. Худованд умрашро дароз як чавонмарди боимону боинсофаш гардонад, то ифтихори нафакат мардуми н.Зафаробод балки мардуми диёри Падариву Бобогиаш диёри хушманзари КАЗДОН гардад.Чи хеле, ки мегуянд:

Хеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Хеч ханчар охани тезе нашуд.

Чашнгирии чашни Наврўз дар минтаќахои мухталиф аз чумла минтакаи


НАВРЎЗ ЧАШНИ ТАБИАТИ ТАМАДДУНХОИ «АНДЕШАИ НЕК, РОХИ РОСТ(СИРОТАЛ МУСТАЌИМ) ВА АМАЛИ ХАЙР АСТ» «ХАР РЎЗРО НАВРЎЗ ЌАРОР ДИХЕД»

Чашнгирии чашни Наврўз дар минтаќахои мухталиф аз чумла минтакаи Каздон Чашни Наврўз, соли нав ё чуфтбуророн дар дехахои Каздон, Вешаб, Шамтуч, Похут, Реват, Урметан, Зосун, Сангистон, Хўшекат, Дар-Дар, Рарз, Искодар, Кум, Зеробод, Варзиманор, Анзоб, Такфон, Шаватк , кўхистони Мастчох дехахои Оббурдон, Худгифи Офтобрўя, Хадишахр, Ѓузн, аз Панчекент то Самарќанду Бухорои Шариф аз он иборат аст, ки аз ќадимулайём мардуми ин диёрхо Наврўзро, ки номи Чуфтбуророн дорад, дар масчидхо дар зери хониши форами оятхои Ќуръон оѓоз менамоянд ва мардум бозёфти худро ба масчид хозир намуда, таому хўрокхои якдигарро пеши хам мегузоранд, баъди истеъмоли хўроки Наврўзи боз бо ояти Ќуръон ва дуои хайр маъракаро чамъбаст намуда, пирони кўхансол бо худ дони гандум ё чав гирифта, ба сари замин рафта чуфти гов мебанданд ва боз ояти Ќуръон хонда, чунин дуои аз бобою бибии худ мерос мондаро мехонанд: Аввали корам ба номи хазрати Одам Ато, Дасти ману дасти пири дехќоно. Кўшоишу омади корхо, Баракати ризќу рўзии одамхо. Баъд мардум ба чиллаку ќиллаќбози, зугўяк, лапарбози, духтархо бо чархакрави, бачахо ба хуштаксози машѓул шуда, дўъои зеринро барои сохтани хуштак мехонанд: Ќум-ќум, пис-пис, ќум-ќум пис пис, Оху занам реганда, регги мулло беганда, Ќум –ќум пис-пис, ќум–ќум пис-пис. Ваќте, ки мардум ба маросими хурсанди оѓоз менамоянд, байти Худо мадад талабии худро панч-шаш нафар садо мезанад, ки он чунинаст: Хой барак оллох ухе, Хой бараколлах ухе,,… Чо андозед, ки хона Наврўз ояд, Дар хонаи мо нури Сулаймон ояд. Имрўз бахор асту пагох якуми май, Эй духтарако биёед бурем боѓба гуляй. Дар чашни Наврўз мардуми дехахои Каздону ва Шамтуч шахбарон намуда, шахро дар асп шинонида ба китфхояш орд мепошанд ва ба дасташ сабзаро медиханд ва сурудхои худочўи ва мадад талабиро мехонанд: Аввал зи Худо гўяму дуюм зи Расул, Як номи Мухаммадаст дар олам машхур. Аз бесабри касе ба чое нарасид, Аз сабр расид ба чойе Айюби Сабур. Эй ќодири зулчалоли Султони карим, Дармондаи кораму биё дастам гир. Вой аз ману вой аз ману вой аз ман гўяд, Таъзия ба он касе, ки имон набарад. Шамшери Али бо ќабзаи як шери дусар, Пайѓамбари мо нишаста рўйи минбар. Ќулфаш Хасану Хусайн, калидаш Хайдар, Дидори Худо шафоати Пайѓамбар. Наврўзро ин мардум 6 рўз чашн мегиранд. Дар давоми ин 6 рўз бо чидани хулбую пудинахо ва пўхтани хўрокхои пархези машѓул мешаванд. Мардуми ин диёр, ки табиатан шоиру табиби худ мебошанд, ин байтро дар бахорон зам-зама мекунанд: Ту хар бахор, Хур дили нахор. Аз дору алаф, Нашави талаф. Хамчунин, мардуми дехаи Каздон мегўянд: Иди Наврўз хушгил аст, Субхи хуршеди дил аст. Иди Фитру хам Ќурбон, Шоди расонад Рахмон. Чашнгирии Наврўз дар дехаи хушманзараи Ревади нохияи Айни Аз хама таачубовар чашнгирии Наврўз дар дехаи Ревади нохияи Айни мебошад, ки ин мардум Наврўзро 12 март аз рўи таќвими Мулло Абдуллохи Вали, ки марќадаш дар ин деха аст, чашн мегиранд ва шахсе савол мекунад аз эшон бо чи сабаб ё далел 12 март мо Наврўзро дар ин деха чашн мегирем? Оё мо Наврўзи Бухороро дарёб мекунем ё не? Эшон чавоб медиханд, агар мо имрўз 12 март Наврўзро дар ин деха чашн гирем, баъди 6 рўз мо ба Бухоро, яъне 18-20 март мерасему якчоя дар Аморати Бухоро чашн мегирем. Чунонки имрўз мо Наврўзро аввал дар мактабхо ва дехахо ва баъдан дар нохияхою маркази вилоятхо тачлил намуда ва чамъбасти онро дар маркази мамлакатамон бо шукўху шахомат тачлил менамоем. Шопури Форс, аъзои Анчумани точикон ва форсизабонони чахон-Пайванд Е-майл: shopuri_fors@mail.ru

ХОБЕ, КИ САРОПО ХАЌИЌАТ БУД… МАХСУМ ОЛИМИ


Гулмахмади Давлатёр.

Ман бо диле бедор Бо дидагоне хира чун кўрон Хобе харосангез мебинам Хобе, ки алфози маро тоби баёнаш нест. Замин бо нолаи дардогин гаронборона нафас мекашид. Менолид, фарёд мезад, ба худ мепечид. Фиѓону нидохои хавлангезу имдодхохона ба само фаѓона мекашид. Хама осемасару бехуд ба хар чонибе пареш мерехтанд. Чамъе бо чашмони хунгирифта ва аќлхои хирагашта, теѓ бар сари хам мекашиданд. Хамдигарро мекуштанду пора месохтанд, месўхтанду- лаззат мебурданд. Андаруни анбўхи бесару сомон симои ошное дар давутоз буд. Гох ба яке, гох ба дигаре наздик мешуд ба зону мезад, илтичо менамуд: -Ай бародар! Ай падар! Ошти, иноят кун! Хуни бародар марез! Андеша кун! -Ту кисти?!-ногахон садои ахриманосое ўро боздошт. -Ман шоирам!-посух дод он симои ошно. -Шоир!!??-ќох-ќохи истехзоолуда аз нав ба фазо печид ва зарбаи гароне сари шоир фурў рехт. Дунё пеши чашмонаш тира гашт. Охирин мадори рафтаи хешро бахам овард ва фарёд намуд: -Ай точик! Ошти, иноят кун! *** Аз сари хоки ту бармегаштам Хоки поке,ки туро дар бар дошт Осмон марсияи нили буд Дашт ранги ѓаму хокистар дошт. Тирамохи сарду сиёхи хазонрези соли 1992. Тирамохи оѓўшта ба хуни Точикистон… Тирамохе, ки бо хеш хуни хазорон точикро бурд… Тирамохи фарзандкушу шоиркуш санъаткушу сиёхчома… Душманони фархангу миллати точик дастёб гаштанд ин навбат шоири чавону умедбахш Махсум Олимиро вахшиёна ба ќатл расонанд. Ох. Хангоме, ки як инсон Мекушад инсони дигарро Мекушад дар хештан инсон буданро… Хар давру замон, хар табаддулоту дигаргунсози дар баробари ќахрамонони хеш разилонашро дорад. Хамчунин шахидони хешро. Халќ ќахрамонону шахидонро ба неки ёд мекунад, палидонашро лаънат мехонад. Махсусан чавонмарг аз зумраи он шахидони чанги бемаънии бародаркўшчанге, ки бо кўшишу ибтикори чанд бебасару падарсўхтае оѓоз гирифтаву бехтарин фарзонамардхоро аз мо рабуд. Боиси афсўсу надомат аст, ки дар он рўзгори пурошўб баъди он, ки чанд ночавонмарде шори чавонро вахшиёна ба ќатл расониданд, чанд «мусулмони комили автоматбадаст» «фатво» додандто часади шоир ва хамрохони ўро дар ќабристони мусулмонон ба хок супурдан номумкин аст. Бино ба «фавто»-и эшон онхо кофир будаанд. Часади обгори шоирро пас аз 20 рўз аз чуќурие воќеъ дар гўристони насронихо хамрохи 16 нафар чавонмардоне пайдо сохтанд, ки дар ин рўзхои шум вахшиёна ба ќатл расонида шуда буданд. Худоё, марги талхтар аз марг! Хине, ки часади шоирро аз он чо берун месохтем дар бадани хар кас рашъа медавид. Худоё, агар мусулмони ин бошад: Вой аз ин мусулмони, вой ба ин мусулмони! Ба номи худо ќасам, ки Шум бо ин кирдори зишти хеш харгиз мусулмон нестед! Махсуми чавонмарди чавонмарг! Моро бубахш! Ту барои мо мурди! Мурди, ки мо зиндаги кунем. Ба марги ту на танхо ќотилонат гунахкоранд. Онхое, низ гунахкоранд, ки дар лахзахои барои миллат сарнавиштсоз дар ѓами чони хеш буданд… Онхое, низ гунахкоранд, ки дар он рўзхо лаб ба санои иддае душманони миллат кушода буданд… Онхое, низ гунахкоранд, ки хомўшиву бетарафиро ихтиёр карда буданд… Имрўз ту нести, вале онхо зиндаанд ва хешро мутобиќ ба ин рўзгор сохтаанд. Барои онхо тафовуте нест, ки меояд, чи мекунад, киро мекушад. Асосаш онхоро озор надихад кифоя. Бигзор онхо барои ин дурўягиву хомўши, бетарафиву бешарафии хеш дар назди вичдони хеш чавоб гўянд. Таърих довари хаќчўй аст. Аз кўчахои холи, Чун бигзарам хаёли. Тарсам, ки мекушандам Як рўз чун Хилоли Махсум! Ёд дори, ин мисрахоро чанде пештар аз маргат гуфти. Шояд хис намуда буди. Шояд. Бехудда бузургмарде нагуфта, ки агар чахон битаркад, нахуст шоирон эхсос хоханд кард. он лахзае, ки часади лату абгори туро аз хок бурун меовардем, ба хаќиќати ин гуфтахо сарфахм рафтам. Туро куштанд. Туе, ки дар корвони умри хеш ѓайр аз дили поки шоирона чизе дигар тўшарох надошти. Туе, ки дар субх танхо бо орзўе чашм аз хоб мекушоди: Бо умеди рўзи фардои умед Бо хаёлу орзўхои зиёд То набинам чехраеро нокушод Хар сахар мехезам аз хоб То бубинам сулх хоким дар чахон Дўсти бинам ба Дунё човидон Сарбаланди аср бинам точикон Хар сахар мехезам аз хоб *** Туро куштанд, ки тарсе надошти ба чуз: Тарси ман аз чому аз май нест Тарси ман аз нолиши най нест Тарси ман аз дарди бедард аст Тарси ман аз марди номард аст. Имрўз он пурорзў дигар наметапад. Дасти бедарде, марди номарде, ин дили пурорзўро абади аз тапидан боз дошт. Оре, ту бисёр шунида буди, ки чи тавр инсонхо хамдигарро мекуштанд, вале тасаввур карда наметавонисти, ки инсон нисбати инсон, точик нисбати точик ин ќадар берахмиро раво мебинад: Аз забони мўйсафедон Аз забони ину он Борхо бишнидаам Куштани ноодамон бас одамони покро. Вале чи илоч! Дуруст фармуда бузурге: «Хайф сад хайф, ки модарон хамзамон бо шоирон ќотилонро зоянду хамзамон бо содиќон хоинонро». «Шоир андар синаи миллат чу дил». Чи чора, ки як зумра нохалафон теѓ ба синаи миллат задан доранд. Нирўи созандаги ба нирўи сўзандаи гўркан табдил ёфтааст. Кас нест, ки бо панчаи сармозадаи хеш Аз санг бурун оварад ин пайкарахоро Хорошикане нест, вале гўркане хаст То дар шиками хок нихад пайкари моро Охирин дидори мову Махсуми ѓўрамарг рўзи дафнии Кароматуллохи шодравон буд. Он рўзи шум шоир ашк мерехту бо нидои пураламу надоматрез мегуфт: -Ай точик боз навбати кист?! Бехабар аз он. Ки ин навбат навбати ўст. Нирўхои сўзандаи ахримани нажод ханўз аз хуни точик сер нагашта. Ханўз аз камингох точик-шикори доранд… *** Бигзор то бигирям, чун абр дар бахорон, Аз санг нола хезад, рўзи видои ёрон. Рўзе, ки часади шоирро ба зодгохаш оварданд, деха мотамсаро гашта буд. Фалѓарзамин барои шоири ѓўрамарги хеш ашки талх мерехт. Зарафшон девонасарона хешро ба сохил мезад ва суруди хайрбоди шоири чавонмарги хешро мехонд. Зарафшоне, ки хамдаму хамрози шоир буду сарчашмаи илхоми ў: Ташнаи оби Зарафшонам ханўз, Ошиќи мохи Бадахшонам ханўз… Бале, ў ташнаи оби Зарафшон буду ташналаб таркаш гуфт. Он рўзи шуму сиёх мардуми хамдехаи шоир, ки доим ташнаи шеъри тари ў буданд, навхазанон дар лаб ашъори ў Махсумро ба хок месупурданд. Он лахзахои шум дар лаби хамагон марсияи чонгудози шоир, ки чанд сол пеш барои хамдехаи хеш суруда буд дар хаќи худи шоири чавонмарг ба фазо мепечид; На танхо ёд меорам туро ман На танхо хохарат гиряд ба ёдат Бигиряд хамрахи ў санги сохил Тамоми деха мегиряд ба ёдат Яке ёд оварад аз некии ту Дигар аз покию бебокии ту Бигўянд, эй ачал нафрину нафрин Чавон буд ў, чавон буд ў, чавон буд! Он рўз падари гиребончоки шори-Бобои Махсум бо алам навха мекард. Падаре, ки бо умед ўро парварда буду мояи ифтихори фарзанд буд: То дида ба дидори падар дўхтаам ман Аз ташнагии мехру хаё сўхтаам ман Сархам набудан пеши хама-хар касу нокас Аз гуфтаю рафтори ту омўхтаам ман. Нолаи модари шоири чавонмарг дили сангро об месохт. Ох, модар! Моро бубахш! Ту бо умед шоир зода буди то барои халќат хидмат кунад. Сад афсўс, ки зумрае аз фарзандонат даст ба шоиркуши заданд. Модарчон! Нола мазан! Дар хадиси ќудси омада: «Хар ки миёни модару фарзанде чудои афканад, худо дар ќиёмат байни ўву хабибонаш чудои афканад». Модар, модар! Осуда бош! Зеро фарзанди ту бахри халќат чон дод! Чун точик зодаву точикона шеър гуфта. Барои ў Точикистон ягона буд. Барои ў точики ѓармиву бадахши, мастчохиву фалѓари, шохмансуриву кофарнихони вучуд надошт. Фарзанди ту чун зумрае хамќаламонаш аз лату кўбсозии хаммилатонаш илхом гирифта шеър намегуфт. Барои ў точикро навъи якуму дуввуму севвум гуфтан дахшат буд… *** Аз паси пардаи сукуту сарду сиёхи дур овози Махсум Моро хушдор медихад: Чавру бедод кунад умри чавонони кўтох Ай бузургони Ватан бахри худо дод кунед! Бале, дод кунед! Варна душманони миллати мо ханўз аз хуни точик сер нагаштаанд. Онхо омодаанд бо панчахои сарду сиёхи худ боз андешаи чандин Кароматуллоху Махсумхоро буѓи кунанд. Ва эй чаллод! Захрханд мазан! Табли шоди барои хунхои рехта чавоб хохи гуфт: Ва мапўшон чехра бо дастони хунолуд! Мешиносандат ба сад наќшу нишон мардум Медурахшад зери барќи чакмахои ту Лаккахои хуни домангир! Ва ба кўху дашт печидааст Номи нангини ту бо хар мурдабоди халќи кайфархох Ва ба ин чо мондааст аз хуну шахидон Бар саводи сангфарши рох Наќши як фарёд: Эй чаллод нангат бод!

Авезов Саид Кенчаевич



Авезов Саид Кенчаевич 5 июни соли 1959 дар дехаи Каздон дар оилаи дехќон чашм ба олам кушодааст. Соли 1979 мактаби миёнаи дехаро хатм намуд. Хамон сол ба шуъбаи физика ва риёзии Донишгохи омўзгории Точикистон дохил гардида, онро соли 1982 бо дипломи аъло хатм намуд. Дар ин боргохи дониш ба ў устодони барчаста Осими Р. Давлатов, Орифи, Рўзиматов, Н. Усмонов ва дигарон сабаќ додан дар барои кор дар кафедраи физикаи умумии ин Донишгох ба хайси ассистент монд. Беш аз 22 сол дар Донишгохи омузгори машѓули кор буд. Таваччўхи устодони факулта ба Саид Авезови ташнаи илм рўз ба рўз зиёд мешуд. Соли 1989 ба аспирантураи Донишгохи маъдани ш. Екатеринбурги Русия дохил шуда ,онро тахти рохбарии профессор мудири кафедраи ин Донишгох Зиновьев В. Е. бо мувафаќќият хатм кард ,дар мавзўи «Гудозиши омехтаи металлхо дар харорати баланд» рисолаи илми тайёр кард ва онро дифоъ кард. Солхои 1982-1989 вазифаи раиси иттифоќхои касабаи Донишгохи омўзгории ба номи Ќ. Чураевро дар ўхда дошт дар кафедраи физикаи умуми донишгохи номбурда омўзгори калон шуда ба донишчўён сабаќ меомўзонид. С. Авезов тўли кораш пайваста меомўзонд ва худ низ меомўхт. Хар як машѓулияти ў бо шогирдон аз физика пурмазмуну хотирмон гузаронида мешуд. Хамаи муаллимону донишчўён аз кори ў ќаноатманд буданд. Ў рочеъ ба масъалахои мухталифи физика беш аз 30 маќолаи илми таълиф намудааст. Марди захматкаш, рафиќи дилфурутан Буда, тамоми тую маъракахои сокинони дехаи Каздон, ки дар ш. Душанбе истиќомат доранд тахти сарварии С. Авезов гузаронида мешуд. Саид Авезов барои дастовардхои муфидаш бо нишони «Аълочи маорифи Чумхури Точикистон» ќадр карда шудаааст. Вале сад афсус уро Худованд аз мо рабуд имруз мо ахли дех хамеша бо неки ёд мекунем худо чояшро чаннат кунад.

ОБХОИ ДОХИЛИ ДЕХАИ КАЗДОН


Дехаи Каздон аз захиараи об хеле бой аст. Дар кўху дарахо бештар аз 350 чашма, 12 сойхои хурде мавчуданд, ки аз онхо ба миќдори як чуйбор об меояд. Онхо аз барфу пиряххо ѓизо мегиранд. Чашмаобхои зиёде руди Каздонро шодоб намуда, бо дарёи пуртугёни Зарафшон омехта то ба Самарканду Бухоро мерасад. Саргахи дарёи Каздон бо номи Муллошаршара аст, ки он дар баландии 3000 м аз сатхи бахр чойгир буда, худ аз баландии 134 метр, аз дили санги азиме сарозер ба поён мерезад. Баландтар аз он дар масофаи тахминан 3500 метр аз сатхи бахр хавзи нилгуне миёнчои сангхо чойгир аст, ки онро мардуми дехаи Каздон, Яѓнобу Хисор, Ромиту Варзоб Хавзи Бетаг меноманд. Дар хаќиќат то ба хол намедонем, ки аз будан ё набудани ин кул касеро огохие хаст. Зеро мо то ба имрўз дар ягон сарчашмае нахондаву надидам, ки аз хусуси Хавзи Бетаг ва шаршараи басо асрорангези инчо бо номи Муллошаршара сатре зикр шуда бошад. Ба чуз дар як дубайтии шоири шодравон Ќутбии Киром, ки гуфтааст: Аз шаршараи Каздон обам мебод... Оид ба ин муъчизаи табиат кам касон огохи доранд. Дар дили кўхсори баланд чойгир будани Хавзи Бетаг ва аз дили санги хоро чори шудани оби муссафо ва ба замин рехтану аз назар нопадид шудани он ва аз масофаи 1500 м берунзахидани оби софи нуќрафоми сард хайрати касро дучанд мегардонад. Ин манзара агар имконият бошаду дар раванди рушди сайёхии Точикистон ба назар гирифта шавад барои сайёхон басо чойи гуворое хохад буд. Дар ин мавзеъ дар бахорон ва тобистон бештар молчарони мекунанд. Мардуми кўхансоли деха ёддошт медиханд, ки дар садсолахо пеш дар ин чо мардуми дараи Ромит, Варзоб ва Хисору Яѓноб мол мечарониданд. Он замонхо табиати афсункори ин мавзеъ хамаро тасхир карда буд. Чаро мардум ин Шаршараро Муллошаршара мегуянд? Агар дар бораи ин шаршараи муъчизамонанд чи кадархо гуем кам аст. Чун фасли Бахор расад тахминан 12-15 апрел аз дили санг оби шаршара пайдо мегардад Хангоми тирамох тахмин аз 23 то 25-уми октябр ин шаршара бо амри Аллох махкам мешавад. Агар Шумо он чоро бинед дар хайрат мемонед, ки чи тавр аз дили ин санг об мебароядва ба пойн рехта зери сангхои калон нопадид мегардад ва аз поёни сангхо об аз зери замин як дарёро ташкил медихад,ки ин дарё то ба Зарафшон мерезад.

Имруз бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Зубайдулло Зубай


Бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Сафорати чумхурии Точикистон дар Давлати Кувайт ва Давлати Катар кушода шуд. Имруз бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Зубайдулло Зубайдов собик Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Исломии Покистон, Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Точикистон дар Давлати Кувайт, таъин гардиданд.

According to decrees of the President of Tajikistan the Embassy of the Republic of Tajikistan in the State of Kuwait and the State of Qatar have been opened. Today, due to decrees of the President of Tajikistan, Zubaidullo Zubaidov, former Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan in the Islamic Republic of Pakistan has been appointed as Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan in the State of Kuwait,

Сегодня указами Президента Республики Таджикистан Зубайдулло Зубайдов – бывший Чрезвычайный и полномочный посол Республики Таджикистан в Исламской Республике Пакистан назначен Чрезвычайным и полномочным послом Республики Таджикистан в Государстве Кувейт,


Масчиди Каздон солхои 1720-1725 сохта шудааст.




Дар миёначои деха дар сари чорроха масчиди деха сохта шудааст, ки он таърихи хосаи худро дорад. Масчиди дехаи Каздон аз рўи гуфтаи Гулмухаммади Шоди (аз Каздон) ва Авезмухаммад (аз дехаи Дарѓ) нисбат ба масчиди дехаи Дарѓ ќадими буда, тахминан солхои , то соли 1800 борхо таѓйири шакл кардааст.
Аз рўи наќли мўйсафедон Гули Шоди, Муллавазии Сафар, Махсуми Миролим, Муллохочии Сафари Сангин, Муллонадири Сафар маълум мешавад, ки то солхои 1813-1815 дар ин чо масчиди хурд барои 30-40 нафар чои намозгузори мавчуд будааст. Аз эхтимол дур нест, ки он борхо дар хамин хачм аз нав сохта шуда бошад. Соли 1900 шумораи ахолии деха зиёд мешаваду масъалаи васеъ кардану сохтани масчид ба миён меояд. Соли 1914 бо сарварии Махсуми Миролим ин масчид аз нав сохта мешавад. Сохтмони он се сол (1914-1917) давом меёбад. Бинои масчидро усто Сафар (падари устои баруманди ин деха Муллонодир) сохта будааст, ки он дорои 2 офоќ, 2 сутун, айвонаш иборат аз 2 офоќу 4 сутун, мустахабхона, хаммом, аловхона иборат буда, дар он 70 нафар намоз мегузоштанд. Дар сохтмони масчид Махсуми Миролим, Миршарифбой, Боймахмад, Сафар-бой, Муломирбоќии Мирсиддиќ, эшони Хочи Рўзаи Аён (Сайидамир), Эшони Саидмир, (табиб), Домулло-хочи сахми босазо гузоштаанд. Дар ин чо муддати 13 сол муллохои деха Муллобердию Мулломахмади имоми карданд.Домулло Хочи баъд аз хатми мадрасаи Бухоро чанд сол дар Бухоро кор карда, соли 1928 бо ахли оилааш кўчида ба дехаи Каздон омад. Аз соли 1928 то соли 1965 имомии ин масчидро бар ўхда дошт. Ў солхои Чанги Бузурги Ватани ва пас аз он барои мардуми Каздону Дарѓ хизмати шоиста кард. Баъди Домулло Хочи фарзанди баруманди ин деха Муллосаидмурод солхои 1965-1974 имоми кард. Аз соли 1974 то ба имрўз Хочи Махсум имомии масчидро бар дўши худ доранд. Он кас хамрохи Хочи Муллошомахмади Халифа дар тарбияи чавонон адои хизмати мардум корхои муфидро ба чо меоранд.
Бояд бигўем, ки аз сабаби зиёд шудани ахоли, афзудани сафи ибодаткунандагон талаботро ќонеъ гардонда натавонист, хаёт таќозо кард, ки ибодатхона васеъ карда шавад.
Аз сабаби дар намозхои идхои Фитру Ќурбон ва Чумъа кифоят накардани чой барои ибодаткунандагон зарурияти васеъ кардани масчид ба миён омад. Соли 2000 васеъ кардани масчид тахти сарварии домулло Хочи Махсум ва Зубайдулло Зубайдов оѓоз гардида, он соли 2002 ба анчом расид. Масчид аз 14 офоќ, 13 сутун иборат аст. Барои васеъ кардани бинои масчид 2 сотих замин аз хисоби боѓи шахсии Муллосаидмурод дар рохи худои таъоло дода шуд. Мохи апрели соли 1998 дар тахти рохбарии имоми масчид – Хочи Махсум ва сардори бригадири деха Тўраќул Рахмонов азнавсози бинои масчид оѓоз ёфт, чўби онро худи халќ дод. Бинои масчидро устохои деха усто Ќурбон Атоев, Нарзулло Сафаров, Ќурбони Розия, Бурхони Ќурбони Аваз ва Азизмурод Файзуллоев бо хунари волои хеш бино кардаанд. Масчидро устои гачкори чирадаст Сайидакбари Сайидбурхон, писари Хочи Сайидбурхони гачкор бо як махорати хоса гачкори кардааст. Дохили Масчид аз 14 офоќ, 13 сутун, дари даромад, айвони он аз 6 офоќ, 5 сутун иборат буда дар як ваќт 250-300 нафар одамон намоз мегузоранд.

Бурдборихо ба мардуми Каздонам орзуст,


Бурдборихо ба мардуми Каздонам орзуст,
Дасти ба хайру чехраи хандонам орзуст.
Аз дасти рузирасон рузи мерасад агар,
Ризки равону беш чу оби равонам орзуст.
Марди зи даст надодаву мардед то абад,
Дар рохи рост покии вичдонам орзуст.
Дасти Шумо ба чониби ояндагон дароз,
Буи хуше зи кулбаи эхзонам орзуст.
Омад бахору фасли шукуфтан фаро расид,
Бигзашт хазону бахори гулситонам орзуст.
То он, ки гул кунад боги дили Шумо,
Богу бахору равзаи Ризвонам орзуст.
Сафти навои Шар-шара оханги зиндагист,
Бар ташнагон аз оби у дармонам орзуст.
Моро зи хам чудо макун мо гушту нохунем ,
Дар вахдати ягонаги Инсонам орзуст.
Бар зохидони ину он инсоф дех Худо,
К-аз он гунах гирифтани чубронам орзуст.
Бар модарони точики пархезкори хеш,
Зебописар чу Юсуфи Канъонам орзуст.
Бар ворисони мактаби шеъри тари Ачам,
Таъби равону шеваи риндонам орзуст.
Борони ашки чашми ман аз новадон бирез,
То човидон, чак-чаки боронам орзуст.
Рачаб ба сузу соз сароид ин таронаро,
Шаб то ба субх хониши мургонам орзуст.

Фурузонфар. Додгуён биравам аз сари бозори шумо.



Чашми умеди ман аз дидаи бедори шумо,
Гаштаам маст аз он чоми гухарбори шумо.
Ман, ки Мачнунаму девона маро таъна мазан,
Ки манам ошики девонаи дарбори шумо.
Зулф дар хам шикану чехраи зебо бикушо,
Ман ба сар гашта аз он дидаи хумори шумо.
Сари бозори туро нест гузар бар ману дил ,
Додгуён биравам аз сари бозори шумо.
Гар чи озор маро додаву хушнуд шудед,
Нестам дар ду чахон аз паи озори шумо.
Орзуи шаби кадр дидани дидори ту буд,
Шиста ман то ба сахар дар паси девори шумо.
Гуфт мулло ту бирав росту худ кач бинишаст,
Нохушам, ох кунун аз сару дастори шумо.
Ишк овард ба дил мужда аз он сузи азал,
Пай набурдед, ки сухт ин Рачаби зори шумо.

Фурузонфар фурузон кун шабони рузкуронро,



Чи суд аз он, ки дил дориву дилдоре надори ту,
Чи суд аз он, ки сар дориву сардоре надори ту.
Чи суд аз он, ки пул дори надори химате чун мур,
Ба корафтодае дардо сару коре надори ту.
Ту бегам нести, аммо гами ту чун гами мо нест,
Чи суд аз он, ки гам дориву гамхоре надори ту.
Ба гирди ман замоне мисли як парвона мегашти,
Кунун чандест, ки парвои мани зоре надори ту.
Биё боре тамошо кун бахори дехи Каздонро,
Чи суд аз он, ки сайри богу гулзоре надори ту.
Чи санги сохили дарё нашав бехис дар ин дунё,
Чи суд аз он, ки ёрони вафодоре надори ту.
Фурузонфар фурузон кун шабони рузкуронро,
Чи суд аз он, ки хоби чашми бедоре надори ту.

Эй Фурузонфар каноъат пеша кун,



Чон агар дар тан нагунчад чора нест,
Руху чонро майл ба ин сайёра нест.
Дил ба даст овардаву бедил шудем,
Окилонро дил чу санги хора нест.
Эй дарего мисли мардони Худо,
Ин гиребон то ба доман пора нест.
Шиква кардем аз гузашти рузгор,
Хеч кас монанди мо бечора нест.
Мурги дил парвоз дорад дар фалак,
Дар заминаш кас чу мо овора нест.
Бандхо бикшода то банди ачал,
Буали накшоду моро кора нест.
Зулфи дархамбастаро оре кушо,
Рахмат оё бар мани бечора нест.
Заргаронро зар бидех моро гухар,
Ризки одам бешу кам хамвора нест.
Эй Фурузонфар каноъат пеша кун,
Дар каноъат кори ту бекора нест.

Дехаи Каздон дар Совети кишлоки Шамтучи нохияи Айнии вилояти Суг



Дехаи Каздон яке аз дурдасттарин дехахои нохияи Айнии вилояти Сугд буда, дар Совети кишлоки Шамтуч колхози «Точикистон» чойгир аст. То маркази Совети кишлок 12 км, то маркази нохияи Айни 60 км, роҳаш хоки. Ахолиаш 1955 нафар дар соли(2005), ба пурраги миллаташон точикон хастанд. Дехаи Каздон дорои мактаби миёнаи №-48, клуб, пунк¬ти тибби, ошхона, устохона, сартарошхона, китобхона мебошад. Сохахои асосии хочаги — богдори, картошкапарвари, чорводори. Заминхо аз дарёи Каздон обёри мешаванд.

Таджикистан. Согдийская область. Айнинском районе. Каздон

Согдийская область
Согдийская (Ленинабадская) область была образована 23 декабря 1970 года. С октября 1939 по март 1962 года также была областью.
Расположена на севере Республики Таджикистан, граничит с Узбекистаном и Киргизией.
Площадь 26,1 тысяч квадратных километров.
Население на 1 января 2000 года составило 1 млн. 900 тысяч человек. Здесь проживает практически треть населения Таджикистана.
Согдийская область включает в себя 15 районов: Айнинский, Аштский, Бободжонгафуровский, Ганчинский, Джаббаррасуловский, Зафарабадский, Исфаринский, Канибадамскмй, Матчинский, Кухистони Матчинский, Наусский, Пенджикентский, Истравшанский, Ходжентский и Шахристанский. Имеет 9 городов и 21 поселок городского типа. Большие города -Худжанд (бывш. Ленинабад), Канибадам, Исфара, Истаравшан, Пенджикент. В советские время были образованы города Гафуров, Шураб, Чкаловск и Кайраккум.

Административный центр области - город Худжанд (бывший Ленинабад), население которого составляет около 148 тыс. человек.
Территория области в основном горная. На севере расположены Кураминские хребты - высота до 3769 м, на юге - Туркестанские (высота до 5509 м) и северные склоны Гиссарских хребтов. Между Кураминским и Туркестанскими хребтами расположена западная часть Ферганской долины. Зерафшанская долина разделяет Туркестанские и Зерафшанские хребты. Область богата каменным и бурым углем, нефтью, озокеритом, медью и полиметаллическими рудами, висмутом, железом, фосфоритом, солью, молибденом, сурьмой, ртутью, минеральными красками, строительными материалами и др. Крупнейшие месторождения: Большой Конимансур, где запасы серебра оцениваются в 380 тыс. тонн, Шурабское, Фан-Ягнобское месторождения угля - запасы свыше 350 млн. тонн. Крупнейшие промышленные предприятия области расположены в Худжанде, Чкаловске, Адрасмане, Исфаре, Канибадаме, Исфаре, Пенджикенте, Истаравшане. Основные отрасли промышленности области: легкая, пищевая, горнодобывающая, горно-обогатительная и стройматериалов. Флагманы промышленного производство области: СП "Оби Зулол" по производству безалкогольных напитков; СП "Зарафшон" по добыче золота; СП "Таджик Кабоол Текстайлз", производящее хлопок-волокно, джинсовые ткани и изделия из них; СП "Джавони" по выпуску пряжи, тканей и швейных изделий; АО "Ковры Кайраккума" - прозводство ковров, паласов, дорожек, напольных покрытий; АО "Гули Бодом" - по машиностроению; АО Худжандский консервный комбинат, выпускающий различные фруктовые и овощные консервы и соки. В 2001 году промышленных товаров в Согдийской области было произведено на 300 млн. 142 тысячи сомони, что на 11,3% превысило показатели 2000 года. По данным статистики, на долю области приходится 36,4% промышленной и 20% сельскохозяйственной продукции. В области, на данный момент, созданы наиболее благоприятные условия для иностранных инвестиций, чем и вызвано большое количество в Согде совместных предприятий. Основные отрасли сельского хозяйства: хлопководство, табаководство, виноградарство, шелководство и животноводство. Хлопка-сырца в 2001 году на полях области было собрано 145 тыс. 347 тонн хлопка, что на 20% выше показателей 2000 года, 95 тыс. 408 тонн овощей, что на 8% больше, чем в 2000 году. На территории области функционируют четыре высших учебных заведения, 4 профессиональных театра и 12 санаториев и домов отдыха. Самые популярные из них: санаторий "Зумрад", находящий в городе Исфара и зоны отдыха, расположенные на берегу Кайраккумского водохранилища, ставшие любимыми местами отдыха жителей всех регионов страны.

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О переименовании Ленинабадской области в Согдийскую область

Рассмотрев ходатайство Ленинабадского областного Маджлиса народных депутатов и в соответствии со статьёй 23 конституционного Закона Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет: Переименовать Ленинабадскую область в Согдийскую область.
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан М.УБАЙДУЛЛОЕВ
г.Душанбе, 10 ноября 2000 года, № 148




Ноҳияи Айнӣ - Ayni region - ناحیۀ عینی

Дата образования района 23.11.1930 года, Центр - пгт Айни,
Территория - 2,8 тыс кв.км
Население Айнинского района 41,1 тыс. чел. (1976)
Как добраться до района
Айнинский район расположен в Зеравшанской долине. Доехать до района можно 2-я путями:
1. Через г. Душанбе. Необходимо из аэропорта г.Душанбе добраться до места "Цементный завод". Стоимость такси 15-20 сомони. Здесь расположена автостоянка такси направляющихся в Согдийскую область. Обычно таксисты набирают полный комплект пассажиров и направляются в путь. Стоимость 1 места в такси зависит от сезона. В любом случае необходимо торговаться с таксистами тем более что "предложение превышает спрос". Стоимоть обычно равна половине стоимости "места" до г.Худжанда (плюс минус 10 сомони). Расстояние от г. Душанбе до центра Айнинского района - 165 км
2. Через г.Худжанд.
Расстояние от г. Худжанда до центра Айнинского района - 177 км

Достопримечательности
В Айнинском районе расположено знаменитое Искандеркульское озеро. По преданию озеро названо в честь Александра Македонского (Александр - Искандар - Сикандар) который потерял в этом озере своего любимого коня Буцефала.

Административно-территориальное деление района:
1 поселок городского типа и 8 джамоатов. В её состав входят 52 кишлака.
По существующему административно-территориальному делению Айнинский район входит в Согдийскую область Республики Таджикистан. Он граничит Варзобским, Горно-Матчинским, Пенджикентским и Шахристанским районами.

ИСТОРИЯ РАЙОНА

ЧИСЛЕННОСТЬ НАЛИЧНОГО НАСЕЛЕНИЯ НАСЕЛЕННЫХ МЕСТ

НА 15 ЯНВАРЯ 1959 ГОДА
Мужчины Женщины Оба пола


ЗАХМАТОБОД, номи пештараи нохияи Айни (солхои 1930—1955)

АЙНИ
(Захматобод 1930-1955 - ), район дар вилояти Ленииободи РСС Точикистон, дар кисми болооби дарёи Зарафшон. 23.11.1930 ташкил ёфтааст, 26.01. 1955 номи Айниро гирифт. Аз маркази нохия то ш. Хучанд 177 км, то ш. Душанбе 165 км, то истгохи рохи охани Самарканд 165 км. Масохаташ - 5,2 хаз. км2. Ахолиаш 41,1 хазор нафар (1976). Ахолии нохия асосан точикон буда, инчунин русхо ва намояндагони миллиатхои дигар зиндаги мекунанд. Зичии ахоли дар 1 км2 - 7,9 кас. нохияи Айни дорои 7 Совети қишлоқ: Айни, Анзоб, Дардар, Рарз, Урметан, Фондарьё, Шамтуч ва як шахрак — Зарафшон мебошад. Маркази нохия — шахраки Айни. Айни нохияи кухи буда, сатхаш хеле нохамвор аст. Масохати онро аз Шарк ба Гарб каторкуххои Туркистон, Зарафшон ва Хисор бурида мегузаранд. Тегахои кух аз сатхи бахр. 3500—4000 м, Куллахои алохида то 5000 м ва аз он хам баландтаранд (Ар-арасанг дар дехаи Каздон, 5494 м). Нуқтаи пасттарин (дар гарбтари деҳаи Урметан) 950 м. Водии дарёхо танг ва чукуранд. Дехахои калон ва заминхои корам асосан дар водихо, суфахои кадими дарёи Зарафшон ва Фон чойгиранд. Иқлими нохия, тобистони водихои Зарафшону Фон гарму хушк, зимистон муътадил. Дар водихо харорати миёнаи июл 17, 21° С, январ —1, —3°С. Дар куххо тобистон салкин ва нисбатан кутох, (харорати миёнаи июл 15—18° С), зимистон хунук (харорати миёнаи январ. —7, —13° С); микдори боришоти солона дар водихо 160—190 мм, дар куххо аз 230—350 мм то 400 мм. Дар минтакаи нохияи Айни хелхои гуногуни хоки хокистарранг, дар баландкуххо хоки чигарранг вомехурад. Набототи водихою адирхо (то 1500 м) хусусияти биёбони ва нимбиёбони дорад. Дар богу рог дарахтони тут, зардолу, себу олуболу, беду сафедор, ток ва г. меруянд. Болотар аз он — дар доманаи куххо растанихои дашти, арча ва дар баландкуххо маргзорхои алафи вомехуранд. Олами хайвонот гуногун, дар куххо харгушу сугур, хирсу гург, рубох, гуроз, оху,Паланг аз паррандахо — кабк, мурги хилол, кабутар, укоб, гоз ва г. дучор мешаванд. Нохияи Айни сероб аст, дарёхои калонаш Фон ва Зарафшон. Аз куххо дарьёчахои бисьёре чорианд,сарчашмаи асосии дарёи Зарафшон,ки аз нохияи Айни сар мешавад ин дарёи кишлоки Шамтуч ва Шаршараи баландтарини нохия аз Каздон сар мешавад ки як кисми онхо барои обёрии заминхои корам истифода мешаванд. Дар худуди Айни яке аз кулхои зеботарин — Искандаркул воқеъ буда, чои сайру тамошои туристон гардидааст. Нохияи Айни конхои сурма, симоб, ангишт дорад. Айни — нохияи зироаткор ва чорводор. Дар соли(1977).нохияи Айни дорои 7 колхоз мавчуд буд. Колхозхо ва маркази онхо: ба номи (шахраки Айни), (дехаи Рарз), «Урметан» (дехаи Урметан), «Точикистон» (дехаи Шамтуч), ба номи Лохути (дехаи Шурмашк), «Россия» (дехаи Такфон), Анзоб (дехаи Анзоб). Сохахои мухими хочаги — картошкапарвари, галлакори, чорводори, кирмакдори, богдори. Тамоми заминхои хочагии кишлок 91540 га (1976), аз чумла майдони кишти галла (асосан гандум, чав) 1841 га, картошка — 638 га, бог — 340 га, чарогох, — 84351 га. Нохияи Айни с. 1976 ба давлат 1276 сентенер галла, 304 сентенер пилла, 2017 тон картошка, 1198 тон гушт, 2858 литр шир, 1264 сентенер пашм ва махсулоти дигари хочагии кишлок фурухт. Шумораи хайвонот дар хамаи хочагихо соли(1976): чорвои калони шохдор 20474 сар, гусфанду буз — 55059 сар. Истеҳсоли маъдани кухи низ сохаи мухими хочагии нохия мебошад. Корхонаи калони саноати — комбинати маъдантозакунии Анзоб. Солхои хониши 1976/2011 нохияи Айни 57 мактаби миёна, 18 мактаби ҳаштсола ва 5 мактаби ибтидои, як мактаби мусикии бачагона дошт. Дар райони Айни 10 кинотеатр, 9 нуктаи кинонамоишдихи, 35 клуб, 75 китобхона, 13 чойхона- кироатхона, хонаи маданият, 13 беморхона, амбулатория, таваллудхона, 5 дорухона, 37 пункти фелдшери-акушери, 116 пункти хизмати маиши, 295 нуқтаи савдо, 110 нуқтаи хуроки умуми, идораи сохтмон, ташкилоти сохтмони байниколхози, идораи сохтмону таъмир, хочагии чангал, матбаа, шуъбаи районии иттиходияи «Точикселхозтехника» мавчуд аст. Наклиёт — автомобили ва ҳавои. Фурудгох дорад. Аз Айни рохи мошингарди Душанбе — в.Сугд, Душанбе — Самарканд мегузарад. Роххои асоси мумфарш. Газетаи район — «Мехнат».


Рахмонзода Каздони

Се нафар зоирини точик дар шуъбаи эхёгарии шахри Мадинаи Арабист


Се нафар зоирини точик дар шуъбаи эхёгарии бемористони шахри Мадинаи Арабистони Сауди карор доранд.


Ба гуфтаи у, нафари дигар Камолова Шарифа соли таваллудаш 1934 сокини нохияи Айни дехаи Каздон мебошад. у каблан ба бемории саратони шуш гирифтор буда, хамрохи писараш ба зиёрати хонаи Худо сафар кардааст. Тибки суханони писараш Тиллоев Окил: Модарам табобат гирифта худро хуб хис мекард, дах рузи дар шахри Мадина будан он кадар худро бад хис намекард, вале баъд аз омадан ба шахри Макка дигар руз то руз холаташ вазнинтар шудан гирифт. Ва мумкин аст фардо ё пас фардо ба Ватан баргардонида шавад.

Фурузонфар. Биё боре тамошо кун бахори дехи Каздонро.......



Чи суд аз он, ки дил дориву дилдоре надори ту,
Чи суд аз он, ки сар дориву сардоре надори ту.
Чи суд аз он, ки пул дори надори химате чун мур,
Ба корафтодае дардо сару коре надори ту.
Ту бегам нести, аммо гами ту чун гами мо нест,
Чи суд аз он, ки гам дориву гамхоре надори ту.
Ба гирди ман замоне мисли як парвона мегашти,
Кунун чандест, ки парвои мани зоре надори ту.
Биё боре тамошо кун бахори дехи Каздонро,
Чи суд аз он, ки сайри богу гулзоре надори ту.
Чи санги сохили дарё нашав бехис дар ин дунё,
Чи суд аз он, ки ёрони вафодоре надори ту.
Фурузонфар фурузон кун шабони рузкуронро,
Чи суд аз он, ки хоби чашми бедоре надори ту.

Фурузонфар. Мо хиёнаткори ту эй Точикистон нестем,



Мо хиёнаткори ту эй Точикистон нестем,
Оташему дур аз оташпарастон нестем.
Шабчарогем шабравонем дар рахи инсофу дод,
Кури нобино ба мисли рузкурон нестем.
Дил ба савдо додаем аз ишки хубони чахон,
Нагз медонем аз ин карда пушаймон нестем.
Рохи мо шебу фарозу нест осон рафтанаш,
З-ин рахи борик чу му оре гурезон нестем.
Бе саводе мешиносад хешро донои вакт,
Шукргузоронему мо аз ахли нодон нестем.
Кофаристонро мусулмони фаро бигрифтааст,
Бе мусулмони дарего, ки мусулмон нестем.
Аз шаётинпешагон дури бичуед одамон,
Вах чи хуш, ки ёри ёри ёри шайтон нестем.
Бандаги орем ба чо чун вакт меояд фаро,
Хеч гох мо бо ачал даст бо гиребон нестем.
Соя худ метарошед дар бари деворхо,
Чун шумо аз сояи худ мо гурезон нестем.
Сокии чон бода дех умри азизи мо кам аст,
Масти чоми бодаи он майгусорон нестем.
Огах нести, эй мусулмон аз мусулмонии хеш,
Дар бадии хеч як фарзанди инсон нестем.
Зумрае аз дасти дунё додгуён мераванд,
Чехрахандон меравем мо дидагирён нестем.
Косаи даврон ба вакти мо бигардон косаро,
Косадавронему аммо косалесон нестем.
Он,ки зохир мепарастад ботини у чун бувад,
Эй Худо мо дур аз ботинпарстон нестем.
Озмудем хешро дар гирудори зиндаги,
Шохи Каздон мо зи худ болову поён нестем.

Рахмонзода Каздони. Эй хуш он руз,ки ман гашта ба Каздон биравам



Эй хуш он руз, ки ман гашта ба Каздон биравам,
Бахри дидори азизони дилу чон биравам.
Рах ба рах сокии чон дод маро дарси адаб,
Бахри афрухтани машъали Имон биравам.
Сачда орам ба сари хоки шахиде, ки гузашт.
Ваъзгуён ба сари гури шахидон биравам,
Дигарон чун бираванд бахри худафрузии хеш,
Мани дилдода равам в-аз паи Эшон биравам.
Нуши чон то бикунам об аз он чашмаи кух,
Бахри нушидани об, чашмаи Ганчон биравам.
Шох, ман омадаам пеши ту бо пои сарам,
Ох, хушаст гар биравам масту газалхон биравам.
Дили ман зори хамон хоки зи даст рафтаи мост,
То Бухоро ба Худо мисли Зарафшон биравам.
Ман бар онам, ки сари сол ба он боги бихишт,
Ба тамошои гули лолаву райхон биравам.

Рахмонзода Каздони. Диёри арчмандам дехи Каздон,



КАЗДОН

Capи болои ту пасти набинад,
Дили масти ту бадмасти набинад.
Худое хеч як фарзанди одам,
Илохо рузи камдасти набинад.
Диёри арчмандам дехи Каздон,
Ман аз хоки баландам дехи Каздон.
Ба ман неку бадат болои дида,
Туро ман меписандам дехи КАЗДОН.


Фурузонфар. Ба шоири чавон ва умедбахш Шахриёр



Шахриёрро шахри холи мо бикун,
Хокро ту бар сари дунё бикун.
Хохи аз худ гар рави бехуд шави,
Руй бар девони Мавлоно бикун.
Хар кадар боло рави поён нишин,
Мухтасар ин умрро чун мо бикун.
Катра-катра ох гиристан чи суд,
Хешро шодоб чун дарё бикун.
Мавчи дарёи хаводисро бубин,
Бахрро дар кузае ту чо бикун.
То дили шабро биёби мустаким,
Инкилобе дар шаби руъё бикун.
Ман бар онам шеъри ту бошад баланд,
Ошиконро масти вовайло бикун.
Шукр кун аз даргахи Яздони пок,
Чашми дилро рушану бино бикун.
Эй давоми умри устод Олими,
Доимо дар хакки у дуо бикун.
Чун Дакики гуфт чанд байти таре,
Байтхояшро ту як дарё бикун.
Шеваи риндона дорад кайфият,
Шахриёрро ноз кун танхо бикун.
Аз Фурузонфар бигир дасти дуо,
Такя бар он холики якто бикун.

Фурузонфари Каздони. Модарам



Ох, мехохам, ки боши дар канорам модарам,
Хасти гоиб аз назар ман бе ту хорам модарам.
Хар кучо рафтам надидам гамгусоре мисли ту,
Мунису мушфик дарего, ки надорам модарам.
Аз гами бе модари хар руз ба дод ояд дилам,
Ман гаматро мебарам то бар мазорам модарам.
Нести ором дар он кунчи мазорат то абад.
Дар ду олам чан Худо парвардигорам модарам.
Чашми бехоби маро як лахза осоиш кучост,
То хануз ман рах ба рах бо чашми чорам модарам.
Корвони умри ман бе сорбон дорад гузар,
Шиква дорам аз гузашти рузгорам модарам.
Бе ту махрум аз бихишти човидони кудаки,
Сад дарего, ки набишкастам хуморам модарам.
Рузи бозхост ваъдаи дидори мо хам мерасад,
То ба рузи бозхост ман интизорам модарам.
Зиндагони мекунад гул гар ту боши дар миён,
Умри бе ту дар миёни хорзорам модарам.
Чун Худо дастнораседу такя дорам бар Шумо,
Аз Шумо дасти дуо умедворам модарам.
Эй умеду орзу бо худ ту бурди ин дилам,
Гул накард як гул дар ин богу бахорам модарам.
Зиндагони бе ту мушкил, мушкил осон нагзарад,
Мерасад рузе, ки ман хам рахсипорам модарам.

Фрузонфар. Точиконро бори дигар дар чахон машхур кун.


Эй худо ту ин балоро аз сари мо дур кун,
Точиконро бори дигар дар чахон машхур кун.
Дасти бозуе, ки дорем бахш неруи бузург,
Бар алайхи душманони зур моро зур кун.
Даст гир то он, ки Рогунро бино созем мо,
Точикистонро саропо гарки кохи нур кун.
Мо гиробон пора кардем дар рахи мардонаги,
Душманони милати моро Худоё кур кун.
Сухтем дар оташи сузони хичрони талаб,
Дуди охи синаи моро бурун аз кур кун.
Аз дили мо чуз дуо чизи дигар нояд бурун,
Шох бо мо чур кун ночурихоро чур кун.

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу