Все игры
Запись

Радиои Озоди.......

Метки: бе дил

Написать комментарий


Habibjon Sultonov      25-04-2012 12:59 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
АКИДАИ ЯК ЗАНИ ЧОХИЛ
Ман хамчун як зани точик гуфтаниям: Мо точикони форс таъриху мероси худро дорем. Занони точик аз кадим хам русарихои зебо ба сар мекарданд. Агар ин русари мато намебуд хам як токисарак доштанд ки то хозир хам онро дорем ва хеле хам зебо хастанд. Ба фикри ман либосхои милии точики зеботарин либос дар чахон аст ва он сол ба сол зеботар мешавад, албатта бо кушиши таррохони мо. Хичоб моли мо нест. Хичоб моли арабхост ва ин хам таърихи худро дорад. Агар ба гузаштаи (хозир хам бадак нестанд) араб нигох кунем, занхои онхо кариб ки нимлуч мегаштанд, ба раксхои онхо нигаред. Албатта ин хар мардро ба васваса меандозад. Барои хамин хам хичоб ва ин либосхои сиех махсуси онхо аст. Ва боз акидае хаст ки хичоб барои он дар арабистон пушида мешуд, чунки пеш онхо кавмхои сахрогард буданд. Ва мо медонем ки дар сахрохои арабистон аз гармии офтоб ва боди сузон одам бояд худро мухофизат кунад. Барои хамин хам зану марди ончо мачбур буданд бо хичоб сару руи худро аз офтоби сузон ва хоку чанг мухофизат намоянд. Ин як чизи лозими буд дар он сахрохо ва баъд шакли динни гирифт.
Мо занони точик ба хичоб эхтиеч надорем барои нишондодани динни худ. Либоси милии мо бехтарин чизест ки ба Худоямон маъкул аст!
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:01 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
ТОЧИКДУХТАРИ ОЗОДАНДЕШ ХУШ БА ХОЛАШ
Ба номи эзади якто ва оинҳои ростин!
Ба бародар Мухсин ва тамоми пайравони оини ислом ва араб! Мо ҳам ба монанди шумо бародари азиз ҳамаи кутуби самовиву заминиро хондаем. Магар шумо ғайр аз Қуръони азимушшаън ва истифодаи ин китоби шариф ба унвони силоҳи ҳамлаву ҳуҷум ва бор кардани андешаи худ ба дигарон дигар китобҳоро ҳам мехонед. Ростӣ ман як бонуи муъминам, имон ба Худованд дорам ва худованд яккаву ягона аст! Вале шумо ба ҳама чиз монанди сангҳои шазхшуда аз даричаи Қуръон нигоҳ мекунед ва бадтар аз ҳама онро аз нигоҳи танги худ тафсир мекунед. Оё шумо боре Маснавии Маънавиро хондаед, ки мефармояд он бузургвор, ки Қуръонро дуруст фаҳмида буд ва мисли шумо каҷ нафаҳмида буд:
Мо зи Қуръон мағзро бардоштем
Пӯстро назди сагон андохтем.
Ба ин суханҳои Ҳофизи бузургвор гӯши ҷонатро бидеҳ ки мефармояд:
حافظا مى خور و مستی کن و خوش باش ولی دام تزویر مکن چون دگران قرآن را -
Ҳиҷоб ҳеҷ рабте ба дин надорад ва ин либоси мардумони бадавии қуруни вустоӣ аст! Дар замони тамоми паёмбарон ҳам паёмбар Зардушт (Саллалоҳу алайҳи ва ала олиҳи аҷмаин) ва ҳам паёмбар Муҳаммад (Дуруди худованд бар ӯ ва хонадони ӯ) ба мардум гуфта мешуд, ки сатри аврат кунанд, ба хотири он ки мардум ваҳшӣ буданд агар сатри аврат набошад ҳама монанди сагу пишак ба ҷони ҳам меуфтанд. Агар ҳамаи занону мардон босаводу боимон бошанд ба худо имон дошта бошанд (на ба паёмбарон) ин масъалаи ситезу чанчол ва баҳси пучи ҳиҷоб аз байн меравад. Шумо бародарҳо ғарраи ҳиҷобу хашму шаҳват ҳастед. Маҳаки аслӣ Ло илоҳа иллалоҳ аст - Нест худое ҷуз худованди якто. Ин фалсафаи якто будани худованд дар ҳамаи оинҳои яктопарастӣ муштарак аст аз кадимтарин дини яктопарастии башар (Зардуштия - 5 ҳазор сол пеш) гирифта то оини навтарини башар (оин ислом - 1400 сол пеш). Бо ҳарфҳои бидуни далел ва мадрак сари мо бонувонро гаранг накунед бародар!
Саллалоҳу ала мурсалина аҷмаина! Ва лаънатуллоҳу ала шаётина ва мунофикина!
Дуруди худованд бод бар паёмбарони ростин! Носазои эзад бар девон ва дурӯягон! Худованд ба шумо тавфик ато фармояд!
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:04 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
ШАХРВАНДИ ТЧ МУСЛИХ
Ассалом хонандагони азиз!
Бояд ёдовар шуд, ки ин хичобро барои хохарон ва модарони мо арабхо наовардаанд ё фармон ба пушиданаш накардаан, балки дини мукаддаси Ислом ки ба сарзамини мо точикин омад ва мардуми мо ба ин дин мушарраф гаштанд, пас ба хичоб пушидан ки яке аз фароизи ин дин ба хисоб меравад шуруъ карданд, яъне ин пушидани хичоб фармон ё дастур ягон араб ё мулло ё эшон нест балки фармонии катъийи он Зотест ки ба мо ин хаётро додааст ва акл хам додааст, ки фикр кунем агар он афроде ки мегуянд хичоб пушидан хеч суд ва фоидае надорад акли солими хешро ба кор мебурдан ва каме андеша мекарданд, пас дар пушидани хичо хикмат ва фалсафахои зиёде меёфтанд, ки ногуфтани. Аммо ба илм машгул шудани чавон духтарон пас зарурист ва лекин зарураст масъулони моро то хукики динии он духтарон ва заноне ки мехоханд ба илм ё кор кардан дар корхонаву идорахо ичозат дода шавад то либоси милли ва диниии худро ба бар кунанад. Чаро дар идорахои мо либосхои аврупои ба монанди миниюпка ва либосхои танге ки тамоми бадани инсонро намоён мекунад ичозат будаасту аммо пушидани либоси ахлокии ки мастура будани аъзохои хассоси занро мухайё мекунад не? оё демократияки мо мегуем ё озодии ки мо мехохем хамин аст????? .
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:08 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
Ба Точикдухтар- Хохари азиз! Аз суханонат маълум шуд,ки аз дин огахи надори.Агар медошти,ба хеч вачх чунин намегуфти.Бале дуруст аст,ки ман аз назди Худо наомадаам,аммо ба ту суолхои зеринро пешниход мекунам ва умед мекунам,ки чавобашонро мегирам: 1.Ое Мухаммад(с) шаби мехроч аз назди Худо наомада буд? .2.Бовар надори,ки Куръон китоби Худост?.3.Ое боре Куръонро кушодаи?.(якинан ту аз Куръон фарсаххо дур хасти! Ин кахри буданат бо Куръон туро водор сохт,ки чунин харфхоро гуи) .Мархамат 1 назар биандоз ба Сураи Нур,ояти 31 ва е ба сураи Ахзоб,ояти 59 кани бин Худованд чи мегуяд.Хар сухане,ки мегуед бояд далелу санад дошта бошад!!!. Боз мегуям:ЭЙ ЗАН !!! БА ТУ АЗ ФОТИМА ИНГУНА ХИТОБ АСТ,АРЗАНДАТАРИН ЗИННАТИ ЗАН ХИФЗИ ХИЧОБ АСТ.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:10 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ ЯК БАРОДАРИ ИСЛОМИ...........
Ман бо Шумо 100 дар 100 рози хастам хохар. Аммо дар мавриди хичоб гуфтаниям, ки хичоб ин фарзи Аллох аст, хох нохох бояд ичро кунем. Хичоб хам барои пешрафту таракки кардани мамлакти мо монеъ шуда наметавонад. Маълум мешавад, ки духтари бофахму бо дониш хасти ва мехохам, ки аз ин навиштахои банда то андозае аз хичоб огох шави:
Ба номи Аллохе, ки мехрубонияш бехаду абадиаст. Хамду ситоиш Аллохи якаву ягонаро, Сохиби илм ва заковати хакикиро. Аллохе, ки моро аз нести ба хасти овард.
Барои хар марди мусулмон ва барои хар зани муслима зарур аст, ки хамаи конун ва хукукхое, ки Аллох таъоло барои мо мукарар кардааст ва гарави начот ва мучиби хушбахтию комёбии мо дар харду олам аст риоя кунем.
Умуман талаби бохаёги ва боиффати ва инчунин муносибати байни марду зан ба ахлок дахл дорад ва ба либос хам. Чи хеле, ки дар Куръони Карим омадааст: Ва ба занони муъмин бигу, ки чашмони худ бипушанд ва шармгохи худ нигох доранд ва зинатхои худро чуз он микдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва руймолхои худро то гиребон бипушанд ва зинатхои худро ошкор накунанд, гайри ба шавхари худ ё падари худ ё падари шавхари худ ё писари худ ё писари шавхари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хохари худ ё занони хамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рагбат ба зан надоранд, ё кудаконе, ки аз шармгохи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пинхон кардаанд, дониста шавад. Эй муъминон, хамагон ба даргохи Худо тавба кунед, шояд начот ёбед. (Сураи Нур ояи 31)
Ба мусулмон-занхо ичозат нест, ки зебоии худро дар назди бегонагон чуз хешон ва шахсони мархами худ намоён кунад.
Дар Куръони Карим – Китоби Мукаддас, ки мукаммалкунандаи Кашфиёти Иллохи барои инсоният ва инчунин дар хадисхои Паёмбар Мухаммад (САВ) оиди тарзу усули либоси исломи барои зан комилан ва пурра нависондашудааст, ки чунин мебошанд:
1. Хичоб бояд хамон гунае бошад, ки хамаи баданро гайр аз чехра ва дастон (панчахо) пушонад. Ин далолат мекунад ба Сураи Нур ояи 31
2. Либос набояд шаффоф бошад. Расули Акрам (САВ) манъ карданд пушидани либосеро ки хангоми рох гаштан диккати мардонро ба худ чалб мекунад ва инчунин гуфтанд ки вориди Чаннат намешаванд ва буи чаннат ба машоми инхо намерасад. (Хадис аз Абу Хурайра аз Имом Муслим)
Боре аз кавми Бани Тамим ба аёдати завчаи паёмбар хазрати Оиша (р) омаданд. Онхо дар тан либосхои тангу шаффоф доштанд (ба мисли либосхои хозираи мо). Зани паёмбар хазрати Оиша(р): Агар Шумо муслимони хакики бошед ин на он либоси аст, ки барои шумо амр шудааст. Бори дигар ба наздаш арусе омад, ки дар танаш чодари шафоф дошт вай афзуд касе, ки чунин мепушад ба хакикат будани сураи Нур (24 ум сураи Куръони карим)бовар надорад .
3. Либос тавре бояд бошад, ки хангоми пушидан аъзохо намоён бошад. (Максад аврати занхо аз таги либос)
4. Либоси занона бояд мутобики одатхои занона бошад на ин ки мардона. (Мисли брюкхое ки хохарону модарони мо мепушаанд, ки аз мардона кулан фарке надоранд)
Паёмбар Мухамади Мустафо (САВ) лаънат хондаанд бар зане, ки худро мисли мард мекунад ва марде, ки худро шабехи зан мекунад вагарна ин аз дигар будани табиати зан ё мард гувохи медихад.
Агар либосе ки занхои мо мепушанд мувофики 4 тарзи гуфтахои боло набошад, зидди конуни ислом хастанд ва пушидани он чазои сахти назди Аллохро талаб мекунад.
Аз Аллохи мутаъол талаб дорем, ки хамаи тоъатхои ва тавбахои моро кабул кунад ва гунноххои моро авф кунад. Моро агар ки хато карда бошем хидоят кунад то гунноххои худро фахмему дубора барои кардаш шарм дорем. Моро ба рохи рост ба суи начот ба суи шукуфои рохнамои кунад.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:13 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
БА ХОХАРИ ТОЧИКДУХТАР АЗ ТОЧИКИСТОН.......
Бародар Мухсин рост мегуянд.
Хохари азиз аввал точикиро ёд гир баъд андешахои худро навис. Аз ибрози андешаат маълум аст, ки дар чохилия мондаи. Мана хону хабардор шава агар ки шуъха дошта боши Куръони Каримро харф занед:
Ва ба занони муъмин бигу, ки чашмони худ бипушанд ва шармгохи худ нигох доранд ва зинатхои худро чуз он микдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва руймолхои худро то гиребон бипушанд ва зинатхои худро ошкор накунанд, гайри ба шавхари худ ё падари худ ё падари шавхари худ ё писари худ ё писари шавхари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хохари худ ё занони хамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рагбат ба зан надоранд, ё кудаконе, ки аз шармгохи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пинхон кардаанд, дониста шавад. Эй муъминон, хамагон ба даргохи Худо тавба кунед, шояд начот ёбед. (Куръони Карим, Сураи Нур ояи 31)
Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони муъминон бигу, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор карор нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! (Куръони Карим, Сураи Ахзоб ояи 59)
Эй занони паёмбаар, шумо монанди дигар занон. нестед, агар аз Худо битарсед. Пас ба нарми сухан; нагуед, то он марде, ки дар қалби у маразе ҳаст, ба тамаъ афтад, Ва сухани писандида бигуед. (Куръони Карим, Сураи Ахзоб ояи 32)
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:20 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
ФОРСБОНУИ АРАББЕЗОРИ ЧОХИЛИ ХУДОЗАДА
Ба бародар Беном ва дигар парастандаҳои фарҳанги араб! Илтимос аз ному Худову расул гап назанед бародарҳо. Баъзе шумо тавре гап мезанед ки бо Худованд дар шаби меъроҷ мулоқот карда бошед. Ҳеч кас ҳақ надорад ба як бандаи дигари худо бигуяд инро пуш ва онр напуш. Ба ман Худованд ақлу фаросат додааст ва ба ман ҳақ додааст, ки худам тасмим гирам чӣ пушам ва напушам. Ҳамаи бандагонро худо озод офаридааст ва ақл додааст ки худ интихоб кунанд чӣ напӯшанд ва напӯшанд. Ман аслан ҳиҷобро дуст намедорам, вале барои он ки мардони бетарбият ва шайтонсирати дарандахуи тоҷик қисматҳое аз сурати маро набинанд ман ҳиҷоби ичборӣ ба сар кардаам. Агар аз Тоҷикистон ба Аврупо ё ягон мулки озод аз динҳои сохта биравам ин ҳичобро гирифта ба шатта чунон бизанам ки ба осмони ҳафтум парвоз кунад!!!! Вой бар ҳоли Беном ва гумномони ҷаҳон!!! Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳар гапи бофтаву сохта ва нодурусти худро ба сари ман бор кунад. Ман озодам ва бандаи осиии Худованд ҳастам!!!!!!!!!!! Дод мехоҳааааааааам!!!!!!
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:22 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ БАРОДАРИ ИСЛОМИ БА ФОРСБОНУИ АРАББЕЗОР
Мухатарам Форсбонуи Араббезор оё Шуморо ягон кас барои пушидани хичоб мачбур кардаст? Агар ки карда бошад мувофики Сарконуни ЧТ ва Кодекси Чиноию Маъмурии ЧТ метавони аз болояш шикоят куни. Сарфи назар аз оне, ки у барои Шумо касе набошад, шавхар, бародар, модар ва гайра. Рости аз акидае, ки Шумо доред дар хайрат мондам. Ин кадар чохилона харф мезанед Худо накунад. Чуз расули акрам Мухаммад САВ хеч кас шаби меърочро надидааст аммо Худованд барои мо муъчизахо ба монанди Куръони Карим ва Хадисхои Кудси ато кардааст. Инхо ягона манбаъхое хастанд, ки моро ба суи начоту ба суи мамот хидоят мекунад. Дар бобати оне, ки мардони мо ба моманди арабхо коттеджу бустонсаройхо надоранд ин рост аммо чи пешниходе дори? Дар бораи мардони мо дуруст гуфтед аксарияташ нисбати занхо берахмонаву ноадлона рафтор мекунанд. Аммо Шумо инро донед, ки хичоб не аз араб асту не аз форсу не аз точику дигару дигар. Ин фарзи Аллох аст бар бандагонаш махсусан занхо. То чое ки ман худам варак задам хондам Куръони Каримро дар якчанд оят кайд шудааст, ки хичоб баро зан фарз аст.Мархамат ман менависаму боз барои худат шохид шудану аз шубха дур шудан Куръони Карим аст бо забони Точики гир хон мефахми:
Ва ба занони муъмин бигу, ки чашмони худ бипушанд ва шармгохи худ нигох доранд ва зинатхои худро чуз он микдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва руймолхои худро то гиребон бипушанд ва зинатхои худро ошкор накунанд, гайри ба шавхари худ ё падари худ ё падари шавхари худ ё писари худ ё писари шавхари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хохари худ ё занони хамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рагбат ба зан надоранд, ё кудаконе, ки аз шармгохи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пинхон кардаанд, дониста шавад. Эй муъминон, хамагон ба даргохи Худо тавба кунед, шояд начот ёбед. (Куръони Карим, Сураи Нур ояи 31)

Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони муъминон бигу, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор карор нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! (Куръони Карим, Сураи Ахзоб ояи 59)

Эй занони паёмбаар, шумо монанди дигар занон. нестед, агар аз Худо битарсед. Пас ба нарми сухан; нагуед, то он марде, ки дар қалби у маразе ҳаст, ба тамаъ афтад, Ва сухани писандида бигуед. (Куръони Карим, Сураи Ахзоб ояи 32)
Худованд хамаи моро ва занону духтарони моро имони комилу тавфки бештар ато кунад ва кушишу гайрати исломиашонро зиёда гардонад.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:26 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ БЕХРУЗ
Ин назарсанчие,ки кумитаи занон кардааст дуруг аст ва ин як накшаи дигар барои далел тарошидан барои маньи румоли занони бечора ва поймол кардани хукуки демократии онон аст.Бехтар аст ба чои ин дуругхо мушкилоти асосии занонро хал кунед,ки яке аз он мушкилоти асоси солхои дароз дар "Россия"будани шавхаронашон аст,ки бечора занхо мачбур мешаванд ба хама корхои паст,ки дар шаьни онхо нест даст бизананд,мисли салафанфурушиву.....Шумо "кумитаи занон"хеле доно хастед ба чои он,ки мушкилоти асосии занонро хал кунед фикри мардумро бо пеш кашидани ин масьалахои фитнаангез ба худ машгул мекунед.Маодум ба космос расидаанду шумо хануз бо пеш кашидани масьалахои асри "-1" мардуми бечораамонро фиреб медихед.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:28 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ РАХГУЗАР...
Агар чи бо озоди назару андеша ва ақидаи ҳар як инсон эҳтиром қоилам,вале мехоҳам дар ин мавзуи пур аз талотуми назарҳо назари шахси худро ироа кунам.

Агар чи барои ҳамаги мо маълум аст,ки кишвари Ирон дар мантиқа яке аз абарқудратон дар соҳаи иқтисоди ва энерҷи ва хусусан дар соҳаи илму фановари ҷойгоҳи мушахасеро аз худ карда ва таку танҳо бо абарқудратони дунё мубориза дорад,ва ҳамчунон як бахши иқтисоди кишвари мо мадюни Ирон аст.Агар ҳиҷоб пуши он миллати ғаюр боиси чунин пешравиҳо шуда бошад,пас чаро ҳиҷоб ё худ русарри ё доштани риш барои миллати мо боиси ақибмндаги ва зиндаги дар асри 14 ро муайян мекунад !? Ин ҳам дар ҳоле аст,ки пушидани ҳиҷоби мардуми Ирон бо русари миллати мо байни замину Осомон фарқ дорад.

Агар Ғарбиҳо бо хилофи Ирониҳо ва Ирониҳо хилофи Ғарбиҳо ба чунин пешравиҳо даст ёфта бошанд,пас маълум мегардад,ки нимбараҳнаги ва ё доштани ришу сала ва дар бар доштани фаранҷин ба пешрави як инсон ва ё кишваре ягон халали ҷидди намерасонад,ва ё боиси пешрави ё пасмондаги ҳам намегардад.

Бинобарин набояд дар мавзуҳои шахси ва ё ақидави ки вобаста ба озоди як фард мебошанд,пеш аз ҳад таҷовуз карду онро беандоза меболиға ва ё таҳдидомез нишон дод.

Фикр намекунам,ки ин падидаҳо он қадар хатаре дошта бошанд,,ки имруз расонаҳои муътабри хабари ва аз дунболи онҳо ҳукуматдорон чунин мавзуъҳоро дар мадди назар ва сиёсати миҳвари рузмарраи худ қорор бидиҳанд. Шаке нест,ки ин як падида ҷаҳони аст,ки дар мурури замон дар дар байни миллати мусалмон дар ҳар канори дунё ки ҳастанд,дар гардиш аст.Хоҳ баргашт ба суи мазҳаб бошанд ва ё мудди руз.

Барои ҳукуматдорони мо басо камбудиҳо муҳиме аз қабили иқтисоди ва иҷтимои ва хусусан таълим ва ноадолати иҷтимои вуҷуд доранд,мебояд,дар паи ислоҳити иштибоҳои гузаштаи худ бошанд,то ҳарчи тезтар мардум аз чунин шароити бад берун бароянд. Фикр намекунам,ки сиёсати миҳвари худро дар чунин падидаҳое,ки на барои пешрави иқтисоду сиёсат ва на адолати иҷтимо сабаб намегарданд,роҳандози кардан аз руи инсофи масулиятдори бошад.

Ин ҳам дар ҳоле аст,сахтгири дар қабили чунин озодиҳои шахси боиси ақибмондаги миллату соёсати кишвар дар сатҳи байналмилали мегардад.Ҳукумат метавонад,ки ин намуд барномаҳоро дар барномаҳои тарозмудати худ,ки тадриҷи дар солҳои тулони мебошад,тарҳрези кунад.Ва аслу мақсади асоси онро дар мурури замон ба мардуми худ аз тариқи фаҳму дониш ва ҳувияти худ,яъне худшиноси биомузонад.

Вале мутаасифона мебинем,ки бархе ниҳодҳо руи рост алани бо як суръати баланд,тамоми талошҳои худро дар паи чунин барномаҳо мубориза мебаранд.Ва аз мурча фил месозанд.

Пузиш мехоҳам,агар гуфтаҳои ночизи банда боис озурдаги яке аз хонандагони гироми шуда бошад.Раҳгузар
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:29 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ САЛИМ
Вакте ки ман дар донишгох мехондам, дар гурухи мо 8 духтар буд, онхо сари луч ба дарс меомаданд. Рости гап аз онхо бесаводтар духтархоро надида будам. Акнун бингаред ба занхои Эрон ки бо хамон сатре ки пушидаанд, дар тамоми сохахои илми,техники,варзиш ва дигар, пеш рафтаанд. Пас суол ба миён меояд. Мумкин акибмондагии мо аз худи мо вобаста аст, на аз сатр?
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:31 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ АХЛИДДИН........
Салом. ба рафик Харири. бародар ту худат коста савод асти. Магар хичоб моени илму пешрафти таракки аст? Чаро бе саводона гап мезани? Як бор чумхурии Исломии Эронро намебини ки бо хичоби Исломи ки ту мегуи акиб монии чомеа мешавад онхо кишти кайхони бомбаи атоми чи кадар пешрафтааст. хамаи унхо бо хичобу ришу салла дар давоми 30 сол худкафо шуданд. Мо чи? Мо бошем 70 сол дар дри деги комунисто чушидем хичи тараки накардем. Аз деги комунисто хам бромадем демократия гуфтем чи таракийот кардем? Чихел мегуед ки духтаро хичоб пушанд бесавод мешаванд. Дар чумхурии мо ки хичобдорора намемонан хондан. Йо сари лич бийойе дарс йо ин ки хорич мекунем. бечора ун зан хайрон мешавад. хичоба дар мактабу универстетхо ичоза диханд бисйори духтаро бо хичоб ба дарс мераванд.хичоб на араби мешавад на эрони. хичоба Худо амр кардай. хичоб бузургтарин сармояи зан аст. базехо гумон мекунанд духтаромона мисли духтарой аврупои барахнаю нимбарахна кунем монанди аврупо чомиаи мо таракки мекунад, чомиаи мо мисли чомиаи Амрикою Аврупо сохиби бомбаи атоми мешавад на бародари азиз. бо ин барахнагию нимбарахнаги аврупо сохиби тараккийот нашудаст. Аллома Икбол як назм дорад:
куввати магриб на аз чангу рубоб
на зи ракси духтарони бе хичоб.
На зи ракси сохирони лоларус.
На зи урён соку на аз катьи муст.
Мухкамийи у на аз лодини аст
на фуругаш аз хати лотини аст.
хикмат аз катьу буриди чома нест
монеи илму хунар аммома нест.
Илму фанро эй чавони шуху шанг
магз мебояд на малбуси фаранг.
барой илму дониш ба даст овардан калла даркор акл даркор на либоси аврупои пушидан к бародар Харири. Чашм кушо бин!
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:32 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
аввалан Салом баъдан ман ин мавзуи хичобро хонда ва назархоро хам дида баромадам. бояд мардуми мо ин хабархоро хонда бе тараф набошанд ва фикри худашонро бинависанд. ман хам ин чо фикри худро баён мекунам, ки ин хичоб яке аз арзишхои исломии мо аст. занхои аз ислом бохабари мо ин хичобро хеч гох аз сар намегиранд, вакте зан босавод бошад, аз ухдаи корхои идори барояд барои кор карданаш дар муасисот хичоб чи монеа меорад. Ман бо як духтари точик хамсухбат шудам ва сухан аз хичоб ба миён омад, у гуфт хичоб либоси хуб аст. Ман ба у савол кардам, ки чаро шумо хичоб ба ба бар накардед, агар хичоб либоси хуб бошад. У гуфт: агар ман хичоб пушам маро аз кор меронанд. Хозир ки кори хубу маоши хуб дорам, дар оянда кори хуб ёбам ва дар он чо хичоб монеа набошад, хатман ба кори дигар мегузарам.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:35 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
Ассаламу алейкум ВРВБ. Рости гап ман намефахмам максад аз ин мавзуъ чи бошад. Бисёр номи бемаъни: "Ҳиҷоб: Бозгашти муваққатӣ ё доимӣ?". Озоди барои чи ин хел мавзуъхои бемаъневу ба кавле пропаганда мекардагии зидди исломро нашр мекунед???
Роҳат Набиева меафзояд, бо он ки пӯшидани ҳиҷоб, ҳатто баъд аз омадани арабҳо ба сарзамини тоҷикон роиҷ нашуд, тамоюли бозгашт ба ин навъи либос зоҳиран муваққатист.
Вай мегӯяд, "аз ҳар куҷо як чиз маъқул мешавад, баъзе аз занҳои мо ин корро мекунанд. Ба Эрону Арабистон мераванд, шояд ҳамин либос ба онҳо маъқул мешавад, ки мепӯшанд.” ягон оят аз Куръони Карим сарконуни хаёти башарият ва аз Аходиси Набави ягон калима хам наменависед. Илтимос ин хел мавзуъхои тахкиромез нашр накунед. Аввал Шумо фахмонед хичоб чист? барои чист? аз кист? Наход озодии афкор ин хел бошад? Агар барои чавоб гирифтани ин саволхо танкиси кашед илтимос сайтхои интернетиро кобед, китоб хонед, Куръони Каримро варак занед. Рости аз андешахои бародарон чун: Rafiqi Hariri аз NEW YORK, Хичобситез аз Гарм, Кактус дар хайрат мемонам. Инхо дар кучо ин хел тарбия гирифтаанд? Худованд хамаи моро ба рохи рост хидоят кунад ва кушишу гайрати исломии моро зиёда гардонад. Барои чи муаллифи ин мавзуъ: "Ҳиҷоб: Бозгашти муваққатӣ ё доимӣ?" номи худро нанависондааст?
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:35 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ ШОДМОН,..........
асалому алайкум
аз навиштаи ин макола маълум аст, ки сохиби макола барои аз байн бурдани хичоб ё сатр мубориза бурданист. лекин иштибох кардааст, ки ин рохро интихоб кардааст. ин ба он далел аст, ки дар макола на факт асту на далел ва чуз акидая як камунист чизи дигаре нест. медонамки назари маро дар сомонаатон намемонед мисли пештарахо вале бояд гуфт ки , барои мусалмон танхо либоси васеъи махкам ки баданашро пушонад хам либоси милливу хам либоси дини аст. имруз ки даъвои озоди доранд ва гуё модаронро "озод" мекунанд чуз фитна андохтан кори дигаре надоранд. ин бар ъакс хукуки заноноро поймол мекунанд вакте ки барои барахна кардани занон мубориза мебаранд чигуна аз хукуки онхо дифоъ мекунанд? вале икрор бояд шуд ки
"Ҳиҷоб: Бозгашти муваққатӣ ё доимӣ?" албатта доими хохад буд! Иншоаллох.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:38 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ АБУБАКР..............
Салом! ба кормандон ва иштирокчиёни ин сомона. Ба мухтарама Н. Зарипова гуфтани хастам, ки дар бораи хичоб сухбат кардани Шумо нисбати мусулронони кишвар аз руи одоб набуд, бояд аз руи инсоф камам мебуд дини худро эхтиром менамудед. Шумо хамчун пешвои занон чунин нуктаи назар доштабошед пас мо аз мардуми бегона чи гилли намоем? Хичоб пушидан ин таклид ба оини мардуми бегона нест, балке ин амри Худост!!! бигзор таклид бошад, оё хичоб пушидан шарми занони моро намеафзояд?, аз аъмолхои ношоиста боз намедорад?, дар зинати занони мо вусъат намебахшад? аз хама мухим ин, ки амри Худоро ичро менамоянд. Агар максади Шумо пешгири аз пайрави кардани оини бегона бошад, пеш аз хама бояд дар бораи пеш лучону, {Мини юбка} пушон сухбат мекардед зеро ин сабаби ба рохи фасод рафтани занонаст бе карор кардани шахвати мардон аз тамошои занони уриён сарчашма мегирад. Наход, ки Шумо тарафдори бад ахлокии чомеъа бошед?. Агар пушидни хичоб чихати мусби намедошт мардум чанг ба у намезаданд, аз чихати конунихам гуем демократя хаст, касе поймол кардани хукуки касеро надорад! бигзор занони мохам озод бошанд. Имруз ЮНИСЕФ барои пешгири аз касалихои сироят кунанда ВИЧ, СПИД тамоми роху воситахоро истифода бурдаистодааст аммо, аз пешгири он очизаст. Хато мардуми гарб барои пешгири аз фасод ру ба ислом оварда истодаанд, инхам бошад хотири як хикмати хичоби аст, бехабар аз он, ки ислом сар то по хамааш нур аст. Мо бошем орзуи оини онхоро дорем. Мо агар ба манфиати халки азизамон самимона фаъолият намудани бошем зарур аст, ки онхоро тавсия ба пайрави аз куръону хадис намоем! дар охир ба хама тавфики бандагиро аз Худои мехрубон хохонам. Аз р. ОЗОДИ умед дорам назари моро нашр хохад кард, зеро хакгу аст. муташакирам!
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:39 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ АЛИ..........
Абубакр бародари азиз МАН БА ФИКРИ ШУМО РОЗИЯМ ВА МЕХОХАМ БИГУЯМ КИ ин бечорагон пешрафти гарбро дар миниюбка ва урен гаштан дидаанд ва хабар надоранд ки ГАРБИХО бо воситаи илмомузи таракки кардаанд
чи магар духтари хичобдор е чавони ришдор илм омухта наметавонад е ин апаи Нигорамох фикр мекунанд ки ХИЧОБ ва риш фахмиши одамро кам ва зехнашро кунд мекунанд
охир узве ки инсон бо у мешунавад гуш аст ва барои фахмиш магзи сарашро истифода мебарад ин ба хама маълум аст
Ба ин бонувони бисер мухтарама нидо намуда бародарвор насихат менамоям ки шумо бехтараш аз гунохои кардаатон тавба намоед ва руй ба намозу худои таъоло оред АПАИ НИГОРАМОХ ЗАРИПОВА ВА ОН ДИГАРЕ КИ БО У МУСОХИБА ДОДААНД ХОЛО ХАМ ДЕР НАШУДААСТ ТАВБА КУНЕД
ПАГОХ ШОЯД ДЕР ШАВАД
аз коргарони сомонаи озоди хохъиш дорам ки чоп кунанд
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:39 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ АБДУЛЛОХ.........
Чавоб ба бибии Низорамох Зарипова.
Рости гап баъди он суханоне. ки дар бораи "Хичоб" гуфтаед дили хар як шахси мусалмони точикро ярадор мекунад. "Биби"и мухтарам Низорамох Зарипова шумо якбор андеша намекунед ки бо ин акидахои пучу атеистии замони шуравиатон вазъияти сиёсии Точикистони азизро боз муташаничтар месозед. Имруз агар ягон казияе болои мардуми точик ояд дар навбати аввал "Муллохо" ро гунахгор мекунанд. Шумо баном зиёиён ва муршидхои беилм. хангоме сухан мегуед аввал санчида баъд онро гуед. Охир ин бахсе нест ки шумо ва шумо баринхо онро тахкик кунанд. ин амри Худои Бузургу Тавоно аст, ки 1400 сол пеш дар каломаш амр намудааст. Ин инкилоби шумо атеистхо бар зидди "Риш" ва "Хичоб" амалест ки аз он на шумо фоида мебаред на "Хочагони гарби" ии шумо.Мардуми Точикистони азизи мо аз кадимулаён пайрави аз дин ва суннатхои милли ба амал меовард ва иншаалЛох ин то рузи киёмат давом хохад дошт. Суоле аз Шумо "Биби"и мухтарам дорам ки барои чи хамон шахсиятхои бузург ва ба гуфтаи шумо "Классикон"и форсу точикро дар китобхоятон бо саллаву риш тачассум мекунед. интавр бошад Шайх Саъдиву Мавлоно Руми, Чомиву Фирдавсирохам либоси европои пушонида дар китобхоятон чо кунед.Магар Зебуниссое ки мардуми мо бо он фахр мекунад миниюбка ба тан дошт.Замоне ки инсоният пешрафти технологияву компютеру интернетро намедонист вале тавонист ки "Гулистон" у "Шохномаву" "Маснави" хо офарад. Барои чи замоне ки шумо занхои точикро таблиг ба бесатри ва бехичоби кардеду як мамлакати "шурави" сохтед ягон асаре ки чун "Гулистон" ва "Шохнома" ва ёдигару дигар наофаридед. Аз бахри Худо инсоф кунед ва хангоме ки дар бораи мукаддасоти мардум ва дину оинашон харф мезанед санчида гуед, ки ин маколахои шуморо аксарияти мардуми Точикистон ки 99 фоизаш мусалмонанд мехонанд
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:41 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ ИБРОХИМ
Эй касоне,ки мегуед,хичобу русари либоси мо нест,ин либоси точикиву арабию узбаки нест,ин либоси мусалмонист!ин либосро ба занхо Парвардигорашон фарз кардааст,монед кордор нашавед,бо забони дароз давлатро демокративу хукукбунед мехонед,бигзоред ки чизе мехохад ба бар кунад,магар фаттаю мини либоси ачдодии мо буд?барои чи дар ин бора хомушед?дуруяги накунед!охиратро ба ед оред!Эй касоне,ки зидди хичобе,ки Худо амри пушиданашро кардааст,ойо худро мусалмон мехисобед?агар ха,хомуши бароятон хуб аст,агар не шарм накарда бигуед,ки худро мусалмон намехисобед,дар он вакт бисйор шубхахо аз байн хохад рафт.РО илтимос ба нашр бароред,ман дигар воситаи дарди диламро мегуфтаги надорам.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:43 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ ЗАМОНИДДИН
Демократия - ин намуди олии атеисти, нисбати дин ва чабхахои он мебошад.
Хайр чи гап дорад хамин хичоб ё риш, ки ин кадар ба он ба назаре нигох мекунед, ки хоси мо несту дигару дигар,
Баръакс баъзеи Шумо хоси мо нестед, наберахои Темури Лангу Чингизу дигару дигар.
Шумо фикр мекунед, ки саллаву ришу хичоб- нишонаи кафо мониву хонанишинии мусалмонхост, хайр шумо бехичобу ришу саллахо...чойи кор, шароити мехнат, музди шоста дигару дигарро ташкил кунед, ки ришдору салладору хичобдор кор кунанд.
Саволи асоси онаст ,ки шумо нимурён гардед, пешрафтаеду касе гап намезанаду нони баччахотона меёбеду кор у дигару дигар
Онхое, ки ришу хичобу салла доранд дар хона менишинанду кор намекунанду нони баччахошона ки метияду дигару дигар
Назари ман нисби аст, ончуноне, ки шаритаи ислом талаб мекунад, ба асри 21 амал бояд кард чойхои хосро панох кунед, ва хам риши худро зебо гузоред на ба он аблахи Бенладен монанд, карда. Риш бояд нур бахшад, на ин ки касро тарсонад, Бобоёни мо чихел ришхои кутоху нурони доштанд....хеле гарм буданд.
Занхои одди чихел стандарти худро пушидаанд, ки хам зебост ва хам хуб....
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:47 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
НОМАИ ХОХАРИ ИСЛОМИ,,,,,
Аssalomu aleykum barodaronu khoharoni aziz. Man ba in khonumoni muhtaram guftaniyam,ki yak bor ba tarikhi millatamon nazar afkanand.yak bori digar tarikhi zanoni tojike,ki badi inqilobi oktyabr khudoro va amri uro faromush kardandu khudro guyo ozod his karda faranjihoi khudro partoftandu suhktand ,yak bori digar nazar kunand.Tanho dar davroni shuravi pushidani onro man karda budand.imruzho dar tamomi kishvarhoi kufr bapushidani hijob kor nadorand ,az taktikahoi korii musulmonon istifoda mebarand.Az quronu hadis joyhoi baroi khud darkoriro megirandu davlati khudro bunyod karda istodaand.Mo boshem khudro musalmon mekhonemu az kitobu hukmhoi musalmonon hatto shunidan namekhohem.Imruzho dar mamlakathoi islomi khoharoni musalmon sohibi ilmhoi buzurgi baroi jomea zaruri gashtaast. Mo boyad khoharoni musalmonro baroi giriftani ilmu donish davat namoem novobasta u hijob dorad nadorad.Imruz zani tojik besavod mondaast,ki in sababi aqibravii jomeaamon meboshad.Zan agar bosavod naboshad az kujo farzandoni khub tarbiya menamoyad?Biyoed ba satr va hijobi zanonu khoharoni musalmon kordor nashaved,onhoro az sababi satrdoshtanoshon az maktabho naroned bigzor onho ilm girand va farzandoni bosavod tarbiya namoyand.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:51 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
ТАХЛИЛГАР...
Озодии азиз, Шумо даъво мекунед ки хамеша маколахои бетараф менависед, вале ин маколаатон яктарафа мебошад? Оё аз руи ахлокиёт ва усуди журналистй нест, ки макола бояд мавкеъхои хама тарафхои мухимми казияро дар бар гирад?

Хохиш мекунам аз чунин маколахои яктарафа бипархезед, вагарна шояд мисдокияте ки шумо доред шояд аз даст равад ё хадди акал кохиш ёбад.
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:51 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
ХИЧОБСИТЕЗ........
Ман аслан на арабро қабул дорам ва на ҳичобро. Ин чизҳои барои мардуми форс бегона аст ва арабҳа ба зур ба сари мо бор кардаанд. Аз тарафи дигар дар ҷомеаи бефарҳанг ва пур аз авбош ҳамин ҳичоб бисёр чизи хуб аст, ки занонро аз чашму нафси мардони ҳайвонтабиат дур ва эмин нигоҳ медорад. Давраи советӣ гапи дигар буд. Дар давраи советӣ агар зане аз болои марде шикоят мекард он марди авбошро аз пояш меовехтанд. Ҳоло агар зане аз дасти авбоше шикоят кунад, аввал милисаҳо худи онро занро таҷовуз мекунанд. Ҳиҷоб як навъ эътироз бар зидди беқонунӣ ва беспредел дар Тоҷикистон аст!!!!!!!!!!!! Ҳатто аз дасти ин конуншиканхо баъзе мардон ҳам тайёранд ҳиҷоб бипӯшанд!!!!!!!!!
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:53 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
Хичоб на моли араб аст на дигар миллат. Хичоб ин амри худоестки туро ва тамоми мавчудотро халк карда аст. Аз тарафи дигар хичоб пеш аз тулуи ислом дар миёни иронихо вучуд дошта аст. Ховаршиноси маьруфи аврупой вилдронт дар чилди якуми таьрихи тамаддун рочиь ба хичоби ирониёни кадим менависад: занони табакоти болои чомеа гайр аз канизхо чурьати онро надоштанд ки чуз дар тахти равони рупушдор аз хона берун биёянд. Ва харгиз ба онхо ичоза дода намешуд ки ошкоро бо мардон омезиш кунанд. Занони шавхардор хак надоштанд хеч мардеро хатто падар ва бародари худро бубинад. Дар накшхои аз ирони бостон бар чой монда хеч сурати зане дида намешавад ва хатто номе аз ишон ба назар намерасад. Пас касонеки хочоаро арабй ва ё тахмилшуда бар зани точик медонанд аз таьрихи гузаштаи худ хабар надорад. Барьакс бехичоби барои духтарони мо ачнаби ва тахмил шуда аст на хичоб ки он чузье аз фарханги асили милли мо точикон аст. Илтимос чоп кунед
Habibjon Sultonov      25-04-2012 13:55 (ссылка)
Re: Радиои Озоди.......
МАХМУД.......
Занону духтарони точик бигзор хичоб пушанд .Ба аврупоихо таклид кардан лозим нест Шумо боре дидаед ки як зани аврупоии насрони таклиди занхои мусулмон карда хичоб пушида бошад? Пас барои чи занону духтарони мо таклиди занхои аврупои кунанд?
· 1 ·  2   Далее ›

Написать комментарий