Все игры
Запись

БАХОРАЛИ НОКИЛ = ПАНГОЗАМ АЪЛО (Шеърхо)


Написать комментарий


FAZLIDDIN BOZORKULOVICH      12-03-2010 18:07 (ссылка)
Re: БАХОРАЛИ НОКИЛ = ПАНГОЗАМ АЪЛО (Шеърхо)
Ташаккур ! Хамин хел шеърхо боз бошанд нависед мо хушнуди интизорем.ОЛИЧАНОБ,,,,,,,,,,,,,,,
Фаридун Назмиддинов      12-03-2010 19:25 (ссылка)
Re: БАХОРАЛИ НОКИЛ = ПАНГОЗАМ АЪЛО (Шеърхо)
Чи байтхои волое ва чи ташбеху чи тасвирхое. Вокеан ашъори Нокил хамеша буи Понгоз мекунад ва дар хар мисрааш садои руди шухи деха, куххои зебову манзарахои нотакрори зодгохаш ва хиради мардумонаш эхсос мешавад:
Солхо дар Сари бозор бируяд садае,

Бар танаш сабткунон манзараи давру замон.

Маркази мулки тамаддун Сари бозор будаст,

Чашми бедори замонанд дар он чо падарон.

Бахорали ТУРСУНОВ      18-03-2010 10:28 (ссылка)
Re: БАХОРАЛИ НОКИЛ = ПАНГОЗАМ АЪЛО (Шеърхо)
АШТИ

Агар Маъдан, агар лутфи сухан гуянд,
Нурулло, нури инсофи Ватан гуянд
Ва Махмуд андалеби сад чаман гуянд
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз чохи аштихо хабар доранд.

Бигуянд Абдукаххору Сахобиддин
Камоли Бахриддин,Иброхиму Гулчин,
Ракамхои Мухаммадзода дунёбин
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз илми Аштихо хабар доранд.

Агар гуянд моро Махфират хамрост,
Мухаммадчони Шоди шодихохи мост,
Нуруллои Азим бо нури маънихост,
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз фахри Аштихо хабар доранд.

Агар гуянд ошеро намак барчост,
Ва хаштак не, ба дастурхони мо тиллост.
Агар ишлону себи сурх дар як чост,
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз файзи Аштихо хабар доранд.

Агар гуянд ин мардум шараф дорад,
Ва Пангоз обу шайдони садаф дорад,
Гудоси досу Пискокат алаф дорад
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз ганчи Аштихо хабар доранд.

Агар гуянд ин бодия Гулшан шуд,
Ва рухсори Булоку Ашт равшан шуд,
Зи лутфи Шура оби шур нарзан шуд,
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз азми Аштихо хабар доранд.

Агар гуянд халкаш дар сипоси ноз
Дар ободии мукли рус побарчост,
Нигар бар Нукриддину Фаррухи раккос
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз нанги Аштихо хабар доранд.

Бигуянд: А-и номаш анвари аброр,
Ша-яш шавкат,ва Те-яш тамкину тимор,
Агар гуянд Нокил аштии дилдор,
Бародар, Ашти моро дар назар доранд,
Яъне аз калби Аштихо хабар доранд.


ХУЗУРИ БАЧЧАХОИ ШУРА КУ?

Надони ,ох, баччаи замони нав
Хузури баччахои ахди Шураро.
Ба подагоху хирмани сари дарав
Наои бохавас,ба хуштаку нидо.

Зи хурди дар Шумост фикрати хаёт
Калонхаёл майдахои пирнамо.
Ба дастатон ба чои лола чипта дод
Замонаи факирдилу кабирнамо.

Бахор омад, эй наберахои Зол,
Мароку часту хезу хокбези ку?
Чаро ки мехри наваруси фасли сол
Зи рангу руятон намекунад тулуъ.

Ку бегамии наврасони дустру?
Шукухи Иттифоки гамгусор ку?
Кабутарони Мирсаид кучо шуданд?
Таронахои рузи ид кучо шуданд?

Хузури баччахои ахди Шура ку?
Ва шилму кисахои пури гура ку?
Ки себи шуши мезанад ба санги рох?
Ки тилфро хаво дихад зи пуштахо?

Кучо шуди хаёхуи хавои туй,
Ва аллаку шумори ланкабоз ку?
Ва туда-туда баччахои лолачуй
Канори куллахои сарфароз ку?

Бигу, нахори шуху бекарори мо
Тамоми ширмохии туро ки хурд?
Ку хавзхои ширагарму тагнамо?
Кучо шуд оббозии калону хурд?

Бимонди лолахои дастнорасат,
Мисоли парчами замони Шурави.
Ва, Нокило, бимонд сои Понгазат,
Суруди форами замони Шурави.



ЛЕНИН


Чаннати руи заминро орзу карди магар,
Бехабар аз он ки бе имони комил бахт нест?
Гар диёнат салтанатро сарпарастори накард,
Подшохе лочарам лоик ба точу тахт нест.

Ман гумон дорам,ки дар руи замин осон не,
Ки набошад як тараф бою гадо суи дигар.
То ки хар кас тибки неруяш кашида захмате,
Тибки хохиш нозу неъматдор гардад хар сафар.

Молу мулки ом, хайфо, молу мулки хос нест,
Ин ният комил,вале ичрои он дандоншикан.
Миллате,ки дар камоли хамдили мумтоз нест,
Бо хазор азму ният зебо намесозад ватан.

Ленино, андешаат шоистаи тахсин буди,
Ки дар он манфиати хар як нафар дархост буд.
Гар намешуд сарварони носазоро камбуди,
Иттиходи Шурави имруз хам мумтоз буд.

Иттиходи Шурави ё Ленини андашеманд,
Кисмате аз таърихи халки басират будааст.
Ё буди пайрохае суи зафархои баланд,
Имтихоне ё ки дар рохи асолат будааст.

Хар чи буд бигзашт, таърихро хакорат хуб нест,
Он ки аз кисмат бинолад, бе имони комил аст.
Дар дилат бигзор кори зумрае махбуб нест,
Ту бирав бар кори худ, холо ,ки имкон хосил аст.
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ      14-01-2012 19:21 (ссылка)
Re: БАХОРАЛИ НОКИЛ = ПАНГОЗАМ АЪЛО (Шеърхо)
Офарин!

Написать комментарий