Зодруз муборак бародари азиз

Ба дустам Фаридун Назмиддинов
Хой ошно дй ба маконам хуш омадй!
Чах чах зада чун булбулаконам хуш омадй!
Чун мурги хумо омадй андар лаби бомам,
Хуш омадй чоно ба имонам хуш омадй!
Устоди ману ту хама устоди суханвар,
Эй хамсабаки дарси забонам хуш омадй!
Эй пайрави Саъдию Низомию Хилолй,
Хам Лоику Бозори замонам хуш омадй!
Атторй бувад шугли ману ту ба гарибй,
Аттори сухандони чахонам хуш омадй!
Дил дар хаваси шахри Душанбе ба фигон аст,
Куйи дили бо доду фигонам хуш омадй!
Бархез ки вакти сафар омад ба Ватан боз,
Бар гулшани сарсабз хамонам хуш омадй!
Бо шеъру газал омадй бар ошйони ман,
Бо базми газалхои равонам хуш омадй!
Эй кош бийоиву кушойи ту дари ман,
Максудалй гуяд ки чонам хуш омадй!

Написать комментарий | |