Все игры
Запись
Это спам

Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносону мако


Нравится

Вы не можете комментировать, т.к. не авторизованы.


Фаридун Назмиддинов      16-10-2012 16:27 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Понгоз номи асли ва дурусти дехаи мост. То хол этимология ва ё баромади ин калима ба таври бояду шояд тахкик нашудааст. Бархе бар онанд, ки замоне панчсад нафар гозиён ба ин чо омада маскан гирифтааст ва бинобар ин ин мавзеъ Понгоз ном гирифтааст, ки ин хам тахмину акидахои беасосанд, зеро агар вокеияти таърихи медошт, деха Пангоз ном мегирифт ва на Понгоз, чунки раками 500 харфи о надорад. Муаррихи машхури рус Хорошхин соли 1870 ба ин мавзеъ омада номи дехаро Пангаз каламдод кардааст, пас маълум мешавад, ки мардум бо забони точики Понгоз мегуфтаанд, агар Пунгаз мегуфтанд, олими рус хам чунин менавишт. Далели муътамади дигар ашъори Маъдан аст ва дар хама чо шоир номи дехаро Понгоз ишора кардааст, яъне агар ба матни классики ё хатти форсияш назар афканем, ин калима бо ду алиф навишат шудааст. Агар Пунгаз мебуд, харфи дуввум бо вови араби навишта мешуд:
Диёнат рафт ё раб аз диёри мардуми Понгоз,
Ба дасти аблахон шуд ихтиёри мардуми Понгоз.
Хулоса номи деха Понгоз буда, дар хар чое, ки Пунгаз ишора шудааст, хатои махз аст. Сабаби Пунгаз талаффуз кардани мардуми тахчои аз он чихат аст, ки дар шеваи мардумаш дар бисёр маврид ба чои харфи о садои у талаффуз мешавад: калон- калун, нон- нун, дандон- дандун ва гайра. Агар аз руи талаффуз ном мебурданд, пас Шайдон хам Шайдун мешуду Аппон- Аппун ё Аксикон - Аксикун. Ва нихоят, барои иваз кардани номи деха бояд шурои оли карор барорад ва аз ин ру дар хар кучое, ки номи дехаро Пунгаз каламдод кардаанд, иштибохест бузург.
     17-10-2012 05:20 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Бародари азиз, Фаридун! Шодам, ки Шумо нисбати ин мавзуъ бефарк нестед. Ба фикри ман, бе омузиши хаматарафаи масъала хулоса баровардану дурустии вожаи ПУНГАЗРО иштибох номидан барвакт аст. Ман шахсан дастнавис ё чопи осори замони худи Маъданро мутаасифона то хол дастрас карда натавонистаам. Чопхои бо хуруфоти форси ичрошудаи даврони охир бошанд, далели боварбахш нестанд. Вале оиди он, ки муаррих Хорошин дехаро ПАНГАЗ каламдод кардааст, бояд нуктаеро хотиррасон намоям, ки аз тарафи олимони рус аксари намхои аслии мавзеъхои гуногун (на танхо Точикистон) ба талаффузи русхо мутобик карда, тарзи галат навиштанашон як ходисаи мукаррари буд. Мисол: Хучанд - Ходжент, Конибодом - Канибадам, Кистакуз - Костакоз, Уротеппа - Ура-тюбе ва гайра. Окибати ба тарзи галат дигаргункуни ва дар хуччатхои шахсии шахрвандон сабтнамоии номхои точикии "русигардонидашуда" мардуми моро то хол азоб медихад: Шарифов - Шарипов, Иброхим - Ибрагим ва гайра. Вакте бо олимони барчастаи сохаи филологияи точик Камолиддинов Бахриддин (Доктори илмхои забоншиноси, профессор), Нурулло Азимов (Номзади илмхои забоншиноси, дотсент), Шомухаммад Хайдари (Номзади илмхои забоншиноси) ва дигарон, ки худашон низ "ПУНГАЗИЯНД", оид ба ин масъала мурочиат намудам, хамаи онхо дурусттар будани вожаи ПУНГАЗРО тасдик намуданд. Ба фикрам, акидаи онхо нисбат ба он, ки "муаррих Хорошин Пангаз навиштааст", дурусттар мебошад. Аз тарафи дигар, мантикан фикри Шуморо дар он бора, ки "сабаби ПУНГАЗ талаффуз кардани МАРДУМИ ТАХЧОИ" фалону фалон аст, тахлил намоем, саволи аввалине, ки ба миён меояд, чунин аст: "МАГАР ДАР ДЕХААМОН ПЕШ АЗ "МАРДУМИ ТАХЧОИ" МАРДУМИ ДИГАРЕ МЕЗИСТ?" Доир ба тарафхои хукукии халли ин масъала, яъне баргрдонидани номи аслии деха фикри Шумо дуруст аст. Ин масъала пеш аз он ки дар Макомотхои дахлдор халлу фасли худро ёбанд, авввал онро аз чихати илми асоснок намуда, сипас масъалагузори намудан бахсталаб нест. Максади ман низ дар мархилаи хозира факат масъалагузори асту халос. Мухокимахои тулонии асоснок дар пешанд...........................
     17-10-2012 05:47 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Вокеан, бо баробари "ПАНЧСАД" шакли "ПОНСАД" низ дар забони мо вучуд дорад. Раками "ПАНЧ" дар 15 низ "ПОН" шудааст. Дар "ПУН" ба "о" иваз шудани "У" асосноктар аст. Худи хамон калимахои "ПУНГОН" - у "ПУНУК" ва чанде топонимхои дигар низ, мувофики акидаи олими забоншиноси пунгази Нурулло Азимов, исботи ин фикр аст.
Фаридун Назмиддинов      17-10-2012 10:57 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Ахолии Понгоз аз тоифаи омадагон нестанд, балки мардуми тахчоианд ва аз руи далелхо дар ин мавзеъ одамон аз асрхои хафт ва шаши пеш аз милод , яъне муддати 2600 сол зиндаги доранд. Ин чо сухан дар бораи чи гуна талаффуз кардани номи деха аз тарафи мардуми худи Понгоз ва гайрипонгозиён меравад. Масалан, гарчанд дар худи деха Пунгаз гуянд, дар дехаи Ашт мардум Понгаз мегуянд ва ё дар Хучанду дигар минтакахо хам Понгоз ном мебаранд. Муаррихони номи аз кабили Н.С.Андреев, Н.Н.Ершов, Н.Н.Неъматов, Н.О.Турсунов дар осори илмияшон доир ба таърихи Понгоз ибрози акида карда, номи дехаро танхо ба шакли " Понгоз" мавриди истифода карор додаанд. Нуъмон Неъматов аз чумлаи бузургтарин таърихшиноси точик аст ва оид ба таърих ва ташаккули чомеа дар шимоли Точикистон осори пурарзиш дорад ва у дар хеч кучое дар бораи шакли дигар доштани номи деха ба чуз Понгоз харфе назадааст. Он акида, ки гуиё шакли "Пунгаз" дуруст бошад, солхои охир пайдо шуд ва аммо ба гайр аз талаффузи мардум асоси илми пайдо накардааст. Номи дехахои Пунуку Пунгон бошад, этимологияи худро дошта, ба пайдоиши номи дехаи Понгоз иртиботе надоранд. Дар сарчашмахои хатти доир ба зандагиномаи Маъдан омадааст, ки у аз Понгоз ба Пунук рафта дарс омухтааст ва дар он чо хам номи деха " Понгоз" унвон шудааст. Далели асоснок ва хатти ин хамоно осори Маъдан ва худи тахаллуси Маъдан - " Маъдани Понгози" аст. Осори хатти шоир то рузхои мо бокист, девони Маъдан, ки аз тарафи набераи шоир хаттоти гардидааст, то рузхои мо дар хонаи мухакиккики ашъори Маъдан Фахриддин Ахмадов , дар Понгоз мавчуд аст. Маъдан дар хама чо номи дехаро бо шакли " Понгоз" каламдод кардааст, ки тарзи навишташ бо ду алиф буда ба вазни ашъораш хам мутаносиб аст. Далели дигар асари пурарзиши муаррихи машхур Фазлии Намангони " Тазкират - уш - шуаро" аст. Ин олим хамзамони Маъдан буда, дар ин тазкира шархи холи Маъдани Понгозиро ба калам дода, дар чанд чое аз дехаи Понгоз будани шоирро таъкид кардааст. Ин асар бо дастнависи худи муаллиф то хол дар осорхонаи АФ Узбакистон махфуз аст. Дар матни классики калимаи " Понгоз" бо алиф ва калимаи " Пунгаз" бо вов навишта мешавад ва дар ягон сарчашмахои хатти ин ном бо вов, яъне бо харфи У- и кирилли нишон дода нашудааст. Ин ду мисраи Фазлии Намангони далели гуфтахои болост:
Ки Маъдан он кони ганчи сухан,
Бувад каряи Понгоз уро ватан.
Устод Б. Камолиддинов дар ягон чое ба Пунгаз будани номи деха ишора накардаанд. Дигар чонибдорони иваз кардани номи деха асосхои илмии аник пешниход накардаанд. Ин хама тахминхову ак идахои шахсист.Кор то ба чое расидааст, ки олими таърихшинос А. Мирбобоев номи Понгозро казоки номид ва ин мавзеъро чои тохтутози казокхо дар асри миёна нишон дод, ки дар рузномаи " Сугд" ба чоп расидааст. Муаллифони китоби "Понгоз" Л. Ахмадчонов ва А. Тошматов бар онанд, ки номи деха гуиё пештар " Чоркух " будааст.
Бояд тазаккур дод, ки бе карори Шурои оли дар рузномахову китобхо, овезахо, мухрхо ва гайрахо номи дехаро " Пунгаз" унвон кардан кори дуруст нест, зеро ин боиси харачу марач ва ба хатохо рох додан дар корбасти хуччатхову аснодхои дигар хохохад шуд.
Lutfiddin Madgoziev      17-10-2012 21:28 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Пажухиши таъриху фарханг, этнография ва чугрофияи дехаи Понгоз хануз асри XIX аз тарафи сайёхону муаррихон огоз гардидааст. Олимони машхур Н.С.Андреев, Н.Н.Ершов, Н.Н.Неъматов, Н.О.Турсунов доир ба таърихи нохияи Ашт ва дехаи Понгоз тадкикотхои пурарзиш гузарониданд. Дар ин пажухиши тадкикоти муаллифон кушиш ба харч доданд, ки пахлухои холо хам тадкикнашудаи дехаи зебоманзари Понгозро барраси намоянд. Аз мутолиаи ин очерки мухтасари таърихи, этнографи ва чугрофи ба хулоса омадан мумкин аст, ки дехаи Понгоз хануз охири хазорсолаи I пеш аз милод вужуд дошт ва номи Чоркухро дошт. Дар пештоыи кабристони Мир Хикмат Ато байте хаккоки шудааст:
Понгозро торихаш бо ох гуфт:
«Хатми Куръон бар сари одам бихон».
Тахлили мисраи дуюм аз руи хисоби абчад таърихи дехаи Понгозро 2595 сол нишон медихад (Т.Пулотов). Бостоншиносон дар дехаи Понгоз курумхо, мугхонахо, хонахои сангин ва тасвирхои руи сангро дарёфт карданд, ки аз кухандиёр будани деха дарак медихад. Шугли асосии мардум чорводори, богдори ва хунарманди будааст. Кабристонхои Мир Хакимт Ато, Бобои Мутак ва тарзи гурондан дар онхо хоки аз онанд, ки мурдахо аз руи русуми зардушти дафн карда шудаанд. Номхои кадимии зардуштии Вотвок, Зарвот, Инчос, Искавдок, Пидарк, Шоват, Гурусмон намунаи гуфтаьхи болоиянд. Оиди ахолии бумии махал акидахо гуногунанд. Бархе олимон бар онанд, ки асрьои XIV-XV Темурланг аз Дарвоз кисми ахолиро ба махаллахои Бурак, Шахак ва Калъа бо зури овардааст. Дигарон хадс мезананд, ки гуё аьолии махаллахои Суджа ва Муллоён аз Тошкент, Устоёнихо аз Самарканд омада бошанд. Ин масъалахо аз нигохи олимон гувохи медиьад, ки таърихи дехаи Понгоз холо пурра омухта халлу фасл нашудааст.
Акидаи дигаре низ аст, ки муаррихи варзида мархум Исоматов Маъруф бори аввал номи дехаро Пунгаз гуфта ва навиштааст. (Ашт. М.Исоматов). Дар Понгоз талаффузи калимахо аз руи лахча чунин аст: Нон – нун, хон-хун, Конибодом-Канибодум, Кургонтеппа-Кургунтеппа. Аз ин лихоз метавон гуфт, ки мо аз руи лахча Пунгаз мегуем, вале аз руи имло Понгоз менависем. Гуфтахо боиси он шуд, ки хатто олими таърихшинос А.Мирбобоев Пунгазро калимаи казоки номид (Рузномаи «Сугд») ва чои тохтутози казокхо гуфт. Аз руи гуфтаи шахси таърихдон ва машхури чумхури мархум Нуриддин Ахмадов авлоди яке аз муаллифони очерки мазкур (А.Л.) Хаким Понсод ном доштааст.
Дар тадкикоти дар даст доштаи Шумо, хонандагони азиз буда, бо далелхои нисбатан асоснок баён мешавад, ки хакикатан ахолии дехаи Понгоз омадагон нестанд, балки бумианд, яъне аз кадим дар ин чо сукунат доштанд, аз асрхои VII-VI пеш аз милод. хамин тарик ба хулоса омадан мумкин аст, ки 2600 сол инчониб дар дехаи Понгоз ахоли зиндаги мекунад.
Нисбати номи Понгозро гирифтани деха бояд кайд кард, ки акидаи бештар маъмул ва нисбатан аник ин панчсад чанговари ислом барои аз мугулхо мухофизат кардани дехаи худ, ки Чоркух ном дошт, ба чанги нобаробар бо карахитоихо дар мавзеи хозираи Дахана дохил шуда, щалаба карданд ва номи «гози»-ро гирифтани онхост. Аз ин ру, бо бовари метавон гуфт, ки аз асри XIII-и милоди сар карда, номи деха аввал Понсадгози, сипас Понгоз шудааст.
Parviz Abdulhakov      18-10-2012 01:03 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Ба ёдам нест дар кучо ва ки гуфта буд лекин шунида будам ки калимаи " Понгоз " аз ду таркиб иборат аст .Аз калимаи пайдоишаш сугдии "пон"-себ ва "гоз" - сурх . Агар нигохе ба гузаштаи дур кунем мумкин ин гуфта асосе дошта бошад . Фикри Шумо бародарони азиз дар ин бора чи гуна аст ?
Маруф Мамаджанов      19-10-2012 14:26 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Биёед номи Понгозро дигар кунем, солхои аввали истиклолият, крим-татархои Ангрени ки меваи аксарияти понгозихоро ба мошинхои боркашашон ба Россия мебурданд, Понгозро Пентагон ном мебурданд, ки мо закази пентагонро ичро мекунем. Худи ман дар сархади Казокистону Россия ба корманди гумруки казок вохурдам. ки пурсид барои чи Понгозро Пентагон меноманд, ин чи шахрест ки 50% бори аз сархади мо мегузаштаги аз Понгоз аст. Албатта ман дар бораи хазорхо гектар замину богу токзор доштани, 300 000 ахоли доштани Понгоз гуфта додам. (Дуруги безарар бех аз рости фитнаангез).
Албатта бо мурури замон бисёр номи шахру дехахо дар шеваи махалли дигар мешаванд, Дур намеравем, Охангарон-Ангрен, Шахидон-Шайдун, Бободархон-Бодархун, Понгоз хам дар ин садсолахо Пунгаз шуда монд. Бади сад соли дигар чи мешавад ки медонад, ба гайр аз Худо. Хазли маро нисбати Пентагон мебахшед, то хозир ба воситаи инет мепурсанд аз Крым, как там урожай абрикосов в Пентагоне?. Олимон албатта ба як хулоса меомадагистанд, тарихи Понгозро, Фаридун шумо ки бисьёртар мехонеду менависед, навиштан гиред мо хам хабардор шавем.
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ      20-10-2012 09:05 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Хамдиёрамон олими шинохта,номзади илмхои филология-Шохмухаммад Хайдарй дар онанд,ки номи дурусти деха-Пунгаз аст.Чун маънои калимаи Пунгазро аз эшон пурсон шудам чунин маънидод карданд:Пунгаз калимаи сугдй буда,Пун-бисёр,фаровон ва газ-камиш,яъне камишзор.Аз сабаби дар деха солхои пеш камиш бисёр будан номи Пунгазро гирифтааст.Бояд хаматарафа дурустии номи дехаи бихиштосоро омухт!Дар ашъори шоир Одинамухаммад Маъдан номи деха-Понгоз ишора шудааст,ки шояд хаминаш дуруст бошад!
     21-10-2012 03:01 (ссылка)
Re: Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносо
Барои чи аз тарзи Понсад Fози то тарзи Понгоз дар забони мардум суфта шудани калима мак,бул мегуему, аз тарзи Понгоз ба тарзи Пунгаз суфта шудани калимаро номак,бул х,исоб мекунем? Сох,иби забон мардум аст. Забон хам мисли мардум зинда аст. Забон хамрохи мардум зиндаги карда дигаргун шуда меистад. Бийед, мо олим гуфта забони зиндая накушему, монем ки бо тарзи хосташ зиндаги кунад. Олимхои англис, ки тарзи навиштани калимахоро карахт карданду ба карахт кардани тарзи талаффузи калимахо зурашон нарасид, чи хосил бардоштанд? Натичаи ин карахт куни азоби беканори кудакони англис дар мактабу, хаммаи мондаги омузандагони забони англиси дар чахон не-ми? Биёед Пунгази зебоямонро Пунгаз гуему аз бахри Понгози карахтшуда бароем. Ба намедонистаги олимхо гуем, ки ха, дуруст, дар гузашта мо Понгоз будем, акнун Пунгаз шудем, агар малол наояд, номи дахаи моро ба тарзи ба худи мо маъкулаш ба лафз гиред. Бе арзу доди мо, як руз не, як руз карормандони сохибмаком худашон номи кухнаи дехаи моро хат зада, номи навашро сабт хоханд кард. Охир дили онхо хам аз санг набудагист...