МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
09-01-2016 21:10
(ссылка)
Марсия дар сугвории Далер Худойберганов
Боз омад шумхабар, аз дуриҳо,
Аз шимоли сарзамини мулки Рус.
Боз гашта навҷавоне гарқи хун,
Нимашаб омад магар бонги хурус.
Боз ёрон, хушқаду хушқомате,
Реҳлат аз дунёи фонӣ кардааст.
Бо ҳама шуру шару чолокияш,
Тарки ёрон дар ҷавонӣ кардааст.
Захми корди бодануши маҳбасӣ,
Хуни уро бо замин барчош кард.
Во дареги хуни гарми навҷавон,
Рехт бозам аз силоҳи каллазард,
Боз қалби модаре омад ба дард,
Аз гами чилсола фарзанди азиз.
Нолаву доду фигон боло гирифт,
Баҳри он дилбанди боақлу тамиз.
Боз сузад синаи хурду калон,
Дар сари тобути он гулгункафан.
Навҳа созад хоҳараш бо додарон,
Хез гуйандаш: "аё эй ҷони ман!"
Боз ёре навҳагар, бо ёри хеш,
Ҳасрато, у монда бо чашмони тар.
Духтарон бо зораву фарёд шуд,
Кай расад бо гуши у доди писар?
Қахрамонзанро ҷигар сепора шуд,
Аз барои нури ду чашмони худ.
Дар бари ёздаҳ писар бо нола шуд,
Дар сари беҷони ҷони ҷони худ.
Во дареги модари раҳ интизор,
Во дареги ҷумла пайвандони у,
Во дарегои шаҳиди хунчакон,
Во дареги турбати сарсони у.
Хуни тоҷик пош гардид боз ҳам,
Дар гарибиҳо ба руи барфи сард.
Фасли сармо бо далерияш, Далер,
Синаҳои халқи худро реш кард.
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
30-10-2015 13:24
(ссылка)
БА 70-СОЛАГИИ САДРИДДИН ДАДОМАТОВ

ЭЙ КИ ТУРО УМР БА ХАФТОД АСТ,
ЗАМ ШАВАДАТ КОШ ТУРО БОЗ ШАСТ.
ЧУН ТУ БАФАРХАНГУ НАКУ КАМ БУВАД,
ЯК САДУ СИ СОЛА ШАВ ЭЙ БОХИРАД.
БО ТУ ШУКУФТ АШТИ КАЛОН МИСЛИ ГУЛ,
ХАЧИ ТУРО КАРДА ХУДОЯТ КАБУЛ.
ЧЕХРАИ НУРОНИ ЧУНОН ОФТОБ,
МЕШУНАВЕМ АЗ ТУ СУХАНХОИ НОБ.
БО ХАМА ЁРОН ВАФО ДОРИ ТУ,
ХИЗМАТИ ХАЛК АСТ ХАМЕ КОРИ ТУ.
БАХРИ ВАТАН МУЪНИСУ АРЗАНДАИ,
БО ХАМА ЯК СОН ПИСАНДИДАИ.
ЧУН ТУ НАКУСИРАТУ ОЗОДАМАРД,
РАФТ БА ЧИЛСОЛАГИ ВОМОНДА ДАРД.
КИБЛАГАХАМ БУДУ МАРО САРПАНОХ,
ХАМКАДАМАТ БУДУ БИМОНДАМ БА РОХ.
ТОЧИ САРИ ЧУМЛАИ ЁРОНИ ХЕШ,
РАФТУ ДИЛИ ХУРДУ КАЛОН РЕШ-РЕШ.
ХУД ТУ БИДОНИ БА ТУ ХАМСОЛ БУД,
ХАМДИЛУ ДУСТАТ БУДУ ХАМБОЛ БУД.
РАФТУ ЧАХОН ДАР НАЗАРАМ ТОР ШУД,
ГУССАВУ ГАМ КАЛБИ МАРО ЁР ШУД.
ЧУН ТУ НАКУХИСЛАТУ МАРДИ ВАФО,
БО ТУ ХАМЕКАРД ХАМЕ РАФТУО.
ЭЙ ТУ КИ БУДИ БА БАРАШ ХАМНИШИН,
СУХТИ АЗ ФУРКАТИ У МАН БАРИН.
ЧАШН МУБОРАК ШАВАДАТ ШОХСУТУН,
ХОЧИАМАК УМРИ ТУ БОШАД ФУЗУН.
З-ОН КИ ТУ МАХБУБИВУ ГАМХОРИ БЕШ,
БОШИ САЛОМАТ БАРИ ЁРОНИ ХЕШ.
ДАВЛАТИ ПИРИ БА ТУ БОШАД НАСИБ,
САДРИДДИНО ХАСТИ БА МОЁН ХАБИБ.
МАКСУДАЛИ САДКАИ НОМАТ ШАВАД,
ЧАМБИЛУ РАЙХОН БА МАШОМАТ ШАВАД.
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
24-10-2015 21:13
(ссылка)
Мукотибаи телефонии Максудали Чураев бо Зафар Ахмад

Хангоми сафари Зафар Ахмад ба шахри Душанбе-Хатлон-Душанбе-Хучанд-Понгоз ва иштироки у дар симпозиуми байналхалки бахшида ба 700-солагии Мир Саид Алии Хамадони
Максудалй Чураев:
Эй ки дидам дй туро андар хузури подшох,
Дар катори шоирон биншаста буди хамчу мох,
Рухи поки орифи Хатлонзамин бинмуд мадад,
Гуй ки чун рафти ба он чову чунон ёфти ту рох?
Худ ба худ гуфтам хамин чобуксавор оё Зафар,
Ё дигар бошад, ки чашмонам намояд иштибох!
Зафар Ахмад:
Ин манам эй дусти чони ин сахар,
Бо дуои дустон кардам сафар.
Аз чамоли шоху пири Хуталон,
Шукри Оллох боз ёфтам ман зафар,
Дусти ман шодишарикам гаштааст,
Бахри икболаш Худо сози назар.
Максудали Чураев:
Ха, туро дидам чу курси офтоб,
Дар катори шоирони комёб.
Шод гаштам аз чунин парвози ту,
Хуш бидидам рухи Маъданро ба хоб.
Офарин гуфт вориси хушноми ман,
Шодиву хурсандихояш бехисоб.
Зафар Ахмад:
Максуди олиназар гуяд салом,
Аз дили покаш бурун ояд калом.
Ин самими покии калбаш бувад,
Лаззаташ дех, эй худоё ком-ком.
Дар гариби нимаи умраш гузашт,
Шеърхояш мерасад андар машом.
Максудали Чураев:
Бинки Оллохат мададгори ту аст,
Рухи Маъдан мегирад ин лахза даст.
Навчавонмарди шучоатпешаё,
Шеър мехони чунони кабки маст!
Сар фуруд оварда мургони хаво,
Хамчу ман гуянд хумоюн соли шаст!
Зафар Ахмад:
Нури Яздон дар рухат тобанда бод,
Килки маъни дар дилат рахшанда бод!
Вориси Маъдан туи, эй баччамард,
Сайди маъни пеши ту афганда бод!
Аз навою лахни ширинат кунун,
Андалебони чаман шарманда бод!
Максудали Чураев:
Бурда рухи Маъданат то Хуталон,
То зиёрат сози кабри Хамадон!
Буса бинмой маркадаш аз номи ман,
Сурае хам аз бачои банда хон!
Шохино,чун мулки Шохин рафтаи,
Шамсиддин ном орифе дорад макон.
Зафар Ахмад:
Рухи Маъдан бо ман аст, эй мехрубон,
То ба кабри Мир Алии Хамадон.
Буса кардам, тутиё хокаш ба чашм,
З-ин азизи сарзамини Хуталон.
Шохинам,дар мулки Шохин-Шамсиддин,
Буда пайванди рух акнун чон ба чон.
Максудали Чураев:
Чун биёи бар Душанбе чони ман,
Бо забони банда гуй:-эй они ман!
Хоки покатро басо пазмон шудам,
Кай шавй чону дило мизбони ман?
Бо ту будам хамнишину хамкадам,
Маркази фарханги кухистони ман!
Зафар Ахмад:
Боз расидам бар Душанбе дусти чон,
Бо забони ту бигуфтам ман хамон.
"Ассалом пайвандгари дилхои мо,
Каъбаи умеди чумла точикон.
Бо ту фахрам маркази илму хунар,
Сабзу хуррам то бимони човидон."
Максудали Чураев:
Оли Сомон вах чи хуш истодааст,
Рудакиро боги зебо додааст.
Пайкари Айни ба он тарфи чаман,
Бо гуломонаш ачаб афтодааст.
Бо китобаш Ибни Синоро нигар,
Чехрааш гуяд ки порсозодааст.
Зафар Ахмад:
Оли Сомон шодмон ояд хаме,
Рудакии хушзабон ояд хаме.
Бо часорат Айнии озодихох,
Пеши миллат кахрамон ояд хаме.
Ибни Сино хам ба Алконуни худ,
Чорабахши мардумон ояд хаме.
Максудали Чураев:
Аз Душанбе чун барои гу ба Варзобам салом,
Хам ба халки Айниву кухсори Анзобам салом.
Истаравшанро салому хам Хучанди бостон,
Бо Камолу шоирони бо табу тобам салом.
Чун гузашти руи Сирам ассаломи оташин,
Аз диёри Понгозам, куллаи Обам салом.
Зафар Ахмад:
Вах чи дилкаш, дилрабо Варзоби чонам ассалом,
Куллаи Анзобу хам бар Зарфишонам ассалом.
Истаравшанзодагону хам Хучанди бостон,
Бар Камолу шоирону орифонам ассалом.
Бинки Сайхун бо маромаш меравад то пахно,
Аз диёри Понгозу кухи Обам* ассалом.
Максудали Чураев:
Омади, хуш омади бо шасти худ,
Бин чи сон Туйчи ярок бо дасти худ!
Пайкари Махмуди Вохидро нигар,
Дар миёни булбулони масти худ!
Нуруллову Маъдани ширинсухан,
Шод бошад, аз ту чун пайвасти худ.
Зафар Ахмад:
Омадам эй дусти ман бо шасти худ,
Киссахо ифшо шуда бо дасти худ.
Пайкари Махмуди Вохидро сучуд,
Дар миёни булбулони масти худ.
Рухи Маъдан бо ту нозад ворисаш,
Шод бошад, аз ту чун пайвасти худ.
*Куллаи кухи Бобои Об баландтарин дар вил.Сугд.
mamur nurmatov,
21-10-2015 00:46
(ссылка)
Сухани руз --дарди руз
...
Доно зи нодории худ бингар,ки чун саркуб шуд,
Доро ба нодонии худ бингар,ки чун махбуб шуд,
Максудали Чураев..
Чи хуш гуфта ба хамин мазмун Саъдии бузургвор
Имруз хулки хеш ба симу ба зар кунанд
,Безар агар бародар аст з-у хам хазар кунанд
.Зардор агар чи нодон гуянд окил аст
,Безар агар чи доно мислаш ба хар кунанд
.Зардор агар бимирад хешону fайр бигирянд
,Безар агар бимирад чашм кам тар кунанд
.Зардорро ба мачлис чое диханд ба сар
,Безар агар биёяд чой тангтар кунанд

Фаридун Назмиддинов,
02-10-2015 23:41
(ссылка)
Ёдаш ба хайр!

Имрӯз дуввуми октябри соли 2015 дили инсони бофазлу маърифат, инсони огаҳу
анӯша ва тарҷумони хушсалиқаи забони арабӣ Илмиддин Юлдошев дар синни
шастусесолагӣ баъди бемории начандон тӯлоние аз задан бозмонд. Марҳум
фориғуттаҳсили мактаби миёнаи ба номи Маъдани деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва факултаи
шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон буда, солҳои бисёр дар Сурия ба ҳайси
тарҷумон ифои вазифа намудааст. Истифодабарандагони интернет Илмиддин Юлдошевро
бо маводҳои ҷолиб ва аксҳои хеле зебову таърихӣ мешиносанд. Воқеан ӯ яке аз
аввалин шахсоне маҳсуб мешавад, ки дар сомонаҳои интернетиӣ аз тоҷикон яке аз
аввалинҳо шуда сабти ном гардидааст ва нахустин
аксҳову маводҳоро дар бораи деҳаи Понғозу ноҳияи Ашт ва умуман Тоҷикистон ба сайтҳои
мухталиф ҷой додааст. Ҳамчунин ба қалами вай як қатор мақолаҳои пурарзиш роҷеъ
ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик
тааалллуқ дорад, ки дар саҳфаҳои интенет ба нашр расидаанд.
Худованд ин инсони наҷибро раҳмату мағфират
кунад. Ин андӯҳи гаронро ба хешону наздикони марҳум тасаллият мегӯем. Худованд сабри ҷамилашон
ато фармояд. Омин
Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё
рафтааст,
Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо
рафтааст.
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
19-12-2014 23:25
(ссылка)
20-декабрь ЗОДРУЗИ АБДУКАХХОР ТУРСУНОВ
МАРСИЯ дар сӯгвории доктори фанҳои техникй Абдукаххор Турсунов
Абдукаххор Турсунов
"Субхи босафо" муборак бошад, Максудали!
29 ноя. 2013 10:57
МАКСУДАЛИ ДЖУРАЕВ
Рахмат ако.Саломат бошед!
20 дек. 2013 09:08
МАКСУДАЛИ ДЖУРАЕВ
Рузи зодрузи туст имруз,аз каму гам хамеша эмин бош!
20 дек. 2013 09:10
МАКСУДАЛИ ДЖУРАЕВ
Зодрузи ту бод хар рузе,рузи марги туро набинам кош!
Абдукаххор Турсунов
Рахмати калон, Максудали! Миннатдорам.
Харгиз ба дилат набуд,ки аз гусса ба ту,
Ман марсиягуи рузи охир бошам!
Руди Варзоб олими ширинбаёни мо куҷост?
Роҳи Варзоб навҷавони хушзабони мо куҷост?
Кӯҳи Варзоб ғамгусору меҳрубони мо куҷост?
Хоки Варзоб нуктасанҷу нуктадони мо куҷост?
Оби Варзоб мӯънису пайванди ҷони мо куҷост?
Ҷони додар ман ба шастат гуфтаниҳо доштам,
Рӯ ба рӯ дар ҷашни ту мебинамат пиндоштам,
Марги ту бишнидаму меҳр аз ҷаҳон бардоштам,
Чун шаби торик гардид субҳу шому чоштам,
Руди Варзоб олими ширинбаёни мо куҷост?
Меравад фарзонае ёрон дареғову дареғ,
Оқилу якдонае ёрон дареғову дареғ,
Шаҳсутуни хонае ёрон дареғову дареғ,
Қиссаву афсонае ёрон дареғову дареғ,
Роҳи Варзоб навҷавони хушзабони мо куҷост?
Модари гетӣ ҷавонмарде ба мислат кам бизод,
Қиссаи марги падар овардӣ эй ҷонам ба ёд,
Худ ҳамегуфтӣ ҷавонмаргӣ ба ёронам мабод,
Қисмати талхат бародар чархи гардун аз чӣ дод?
Кӯҳи Варзоб ғамгусору меҳрубони мо куҷост?
Ҷони додар пеши чашмонам ҳама рафтори ту,
Дар хаёлам панду андарзу ҳама гуфтори ту,
Бигзарондам аз назар як-як ҳама кирдори ту,
Сӯхтам ман ҷони додар дар қатори чори ту,
Хоки Варзоб нуктасанҷу нуктадони мо куҷост?
Кардӣ мотамхона қалбам ҷон бародар хез, хез!
Хун бигирям аз фироқат ҷони додар хез, хез!
Бе ту ман бечораам, бе болу бе пар хез, хез!
Гӯядат Мақсудалӣ бо дидаи тар хез, хез!
Оби Варзоб мӯънису пайванди ҷони мо куҷост?
***********************************
МАРСИЯ
дар сӯгвории доктори фанҳои техникӣ,
профессор-Абдуқаҳҳор Турсунов
Бародар ғарқаи об асту ман дар ҷустуҷӯи ӯ,
Намедонам куҷо хобидааст ман кӯ ба кӯи ӯ!
Ту эй дарёи пуртуғён куҷо пинҳон намудастӣ?
Наход ин ки муяссар менагардад гуфтугӯи ӯ!
Ту номардпарвар астӣ эй фалак, медонӣ ин феълат,
Вагарна чун ба чашми бад нигаштастӣ ба сӯи ӯ?
Чунонаш меҳрубону бовафо кай дидӣ, эй золим?
Намондӣ, то бигардам сер ба чашму рӯю мӯи ӯ!
Чигар бирён намудй чархи гардун чумлаи ёрон,
Бубин эй бевафо дунё маро хар лахза хуи у.
Ба рафтори накӯ биншастааст бо дидаву дилҳо,
Намебинӣ, ки сӯзад синаҳо дар ҳаҷри рӯи ӯ.
Дилаш поку ниходаш пок,саропояш вучудаш пок,
Ту эй дарёи хуношом,чй дорй шустушуи у?
Ба номарде вафо созиву мардеро бисӯзонӣ,
Кунун донистамат чархо, ту мебошӣ адӯи ӯ!
Нигар Мақсудалӣ хун мечакад аз дидааш ҳар дам,
Ба дил то ин замон мегуфт, ки меоям ба тӯи ӯ.
***********************************
Марсия дар сугвории профессор,
доктори фанхои техникй-
Абдукаххор Турсунов
Дустон аз ин чахон ширинзабоне рафтанист!
Нуктафахму нуктасанчу нуктадоне рафтанист!
Руди Варзоб ман намеболам дигар бо оби ту,
Олими фарзона бо ту бе нишоне рафтанист!
Гуфтам эй дарёи Варзоб хуни нохак мехурй!
Гуфт ман фармонбарам у ноаёне рафтанист!
Гуфтам айёми шукуфтан з-ин хазонрезй чй суд?
Гуфт хар навъе худо хохад чуноне рафтанист!
Гуфтамаш аз хачри ту чонам хамесузад хаме,
Гуфт фардо аз пасам ороми чоне рафтанист!
Гуфтамаш аълошахидо рахматат созад худо,
Гуфт пире ин шахид бе имтихоне рафтанист!
Гуфтамаш воломакомо,аз чй бевактй сафар?
Гуфт як-як з-ин сарой хурду калоне рафтанист!
Гуфтам эй кони вафо чун бевафой мекунй?
Гуфт дунё бевафо аст ину оне рафтанист!
Гуфтамаш эй мехрубон номехрубонй аз чй буд?
Гуфт аз дасти фалак бас мехрубоне рафтанист!
Гуфтамаш эй навчавоно осиё бо навбат аст,
Гуфт бенавбат хазорон навчавоне рафтанист!
Гуфтам аз ин рафтанат дилхои мо садпора шуд,
Гуфт омад хар ки ин чо як замоне рафтанист!
Гуфтамаш кун чорае чун чори ту бечораам,
Гуфт ин кисмат чунон рози нихоне рафтанист!
Гуфтам эй хушноми додар сухтам аз фуркатат,
Гуфт эй осуда бош ногах зиёне рафтанист!
Гуфтамаш имруз Азиза хар кучо мечуядат,
Гуфт набвад чорае чун корвоне рафтанист!
Гуфтамаш к-эй Абдукаххор садкаи номат шавам,
Гуфт чун Максудалй марсияхоне рафтанист!
************************************
Марсия дар сӯгвории доктори фанҳои техникӣ,
профессор Абдуқаҳҳор Турсунов
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо он ҳамадонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо тозазабонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки он кони маонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки ҳамсояи ҷонӣ зи ҷаҳон рафт.
Оне, ки зи сар то қадамаш меҳру вафо буд,
Оне, ки ба дармонда ба ду дасти сахо буд,
Оне, ки ба гуфтори хушаш марҳами мо буд,
Оне, ки ба дарди дили ғамдида даво буд,
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт.
Ҳангоми гулу лола хазонрезият аз чист?
Оне, ки бигирад ба ҷаҳон ҷои туро кист?
Маштоб аз ин дори фанову қадаре ист!
Санг ҳам ба он сахтӣ ба аҳволи ту бигрист,
Афсӯс, ки бо он ҳамадонӣ зи ҷаҳон рафт.
Бовар накунам ҷони бародар ба видоят,
Пазмон шудам эй дӯст ба он тоза садоят,
Бо лафзи хуши тоҷикият ҳам ба навоят,
Шояд лаби Варзоб ҳаме оӣ ба поят,
Афсӯс, ки бо тозазабонӣ зи ҷаҳон рафт.
Аз фарқи сарам зад худоям чӣ бисозам?
Бо синаи решу ба ҷафоям чӣ бисозам?
Бо нолаву бо доду навоям чӣ бисозам?
Хун гиряму аз ҳаҷри акоям чӣ бисозам?
Афсӯс, ки он кони маонӣ зи ҷаҳон рафт,
Бингар , ки Фаридун дарад чоки гиребон,
Гулдухтараконат ҳама бо дидаи гирён,
Ҳайратзада бонуи ту афтодаву нолон,
Мақсудалӣ з-ин фоҷиа бо синаи бирён,
Афсӯс, ки ҳамсояи ҷонӣ зи ҷаҳон рафт.
МАРСИЯ ДАР СУГВОРИИ ДОКТОРИ
ФАНХОИ ТЕХНИКЙ,ПРОФЕСОР-
АБДУКАХХОР ТУРСУНОВ
*********************************
ЛАБ-ЛАБИ ДАРЁИ ВАРЗОБ МАН БАРОДАРКОБЙ КАРДАМ,
БОЗ ИН СУБХ ЧАШМ ДАР ОБ ЧОНИ ДОДАРКОБЙ КАРДАМ.
РУДИ ПУРТУГЁНИ ХУНХОР ХАМЧУНОНИ АЖДАХОР,
МЕЗАНАД ХУДРО БА ХАР СУЙ ОЛИМЕРО КАРДА ХОР.
БАЪДИ ЯК МОХ ДИДАХОЯМ БОЗ АНДАР КАЪРИ ОБ,
ОМАДАМ БАР ЧОИ ГАРКАШ БОЗ БО КАЛБИ КАБОБ.
БО УМЕДЕ БИНГАРАМ БОЗ СОХИЛИ ВАРЗОБРО,
ТО КИ ПАЙДОЯШ НАМОЯМ НАВЧАВОНИ ХОБРО.
ДАР ХАЁЛАМ У ХАМЕГУЯД,КИ ДАР ИН ЧО МАНАМ,
РУХИ ПОКАШ СУИ МАН ГУЯД,КИ ДАР ОН ЧО ТАНАМ.
ОН САХАРГАХ КУ БА КУИ ОН БАРОДАР РОХ РАФТАМ,
ПЕШИ ЧАШМАМ КОМАТИ У ЧУСТУЧУИ МОХ РАФТАМ.
МОДАРИ ГЕТЙ НАЗОДА МИСЛИ У ШИРИНЗАБОН,
БОВАФОВУ РОСТКАВЛУ ХОКСОРУ МЕХРУБОН.
ДАР КИТОБИ ЧАШНИ ПАНЧОХСОЛАГЙ ЧОНИ ДИЛАМ,
ЧУН БИГУФТАСТЙ:" АЁ ДАРЁ РАСОН БАР СОХИЛАМ"?
ДАР КИТОБАТ ФОЛИ БАДРО САРСУХАН ОВАРДАЙ,
ГУИ БО УСТОДИ РУСАТ, КИСМАТИ ХУД ДИДАЙ!
ЁДИ МАРДОНИ ШУЧОЪАТ КАРДАЙ БАХРИ САВОБ,
ЁД ОВАРДЙ БУЗУРГОН ЗИНДА КАРДЙ ДАР КИТОБ.
ЧУН ШАХИДОНАТ БИРАФТЙ,МАНЗИЛАТ ОБОД БОД!
ЧУН АЗИЗОНАТ, РАВОНАТ, ЭЙ БАРОДАР ШОД БОД!
ЗИНДА МОНАД НОМИ НЕКАТ,ЭЙ ЧАВОНИ ХУШБАЁН!
ЧУН ТУ БУДЙ ЗИНДАДОРИ НОМИ НЕКИ РАФТАГОН!
МОХИ ИЮЛ ВАКТИ ОМАД-ОМАДАТ ШУД БАР ВАТАН,
ХЕЗ ЧОНО ХЕЗ, ДУСТОН ИНТИЗОРАНД ХАМЧУ МАН!
ДУСТАМ,ХАМСОЯАМ,ЧОНИ ДИЛАМ,БОВАФОВУ НУКТАДОН,
РОЗИ МАНРО БИШНАВИДЙ ГУИЁ,ОМАДАСТЙ СУХТА ЧОН.
ОМАДЙ АММО МАРО З-ОН ОМАДАТ СИНААМ ПУРОХ ШУД,
ОМАДЙ АММО НА БО ПОИ ХУДАТ АКЛИ МАН ГУМРОХ ШУД.
ОМАДИВУ БО ФИГОН КАРДЙ МАРО, ХАМ ТАМОМИ ДЕХАРО,
КУХ АНДАР НОЛА КАРДЙ ЧОНИ МАН,МИСЛИ МУРГОНИ ХАВО.
ОМАДЙ БО ЧИСМИ БЕЧОН ОМАДЙ,ВОЙ БАР ИН ОМАДАТ,
ОМАДЙ БО ДОДУ АФГОН ОМАДЙ,МО НАДИДЕМ КОМАТАТ.
ОМАДИВУ ТАЛХ БУД ИН ОМАДАТ,ВО ДАРЕГУ ВО ДАРЕГ,
БАХРИ ЁРОН ЗАХР БУД ИН ОМАДАТ,ВО ДАРЕГУ ВО ДАРЕГ.
ОМАДИВУ ОХИРИН БОР ОМАДЙ,РАФТЙ БАР СУИ ПАДАР,
ЧУН САВОРИ АСПИ ЧУБИН ОМАДЙ,ПАС НАМЕОЙ ДИГАР.
АЛВИДОЮ ВО ДАРЕГ ХАМСОЯАМ,НАВЧАВОНИ РАФТА ЗУД,
АЛВИДОЮ ВО ДАРЕГИ ЧОНИ МАН,ЭЙ КИ ХАМТОЯТ НАБУД.
ХАРГИЗ БА ДИЛАТ НАБУД,КИ АЗ ГУССА БА ТУ,
МАН МАРСИЯГУЙИ РУЗИ ОХИР БОШАМ!
20-декабр зодрузи шодравон Абдукаххор Турсунов,соли гузашта ин вакт ба зодрузашон муборакбод гуфта ин байтро ба сомонаашон навишта будаму чавоби миннатдориашонро гирифта будам:
Рузи зодрузи туст имруз,аз каму гам хамеша эмин бош!
Зодрузи ту бод хар рузе,рузи марги туро набинам кош!
Вале имсол:
Аз фарки сарам зад худоям чи бисозам?
Хун гиряму аз хачри акоям чи бисозам???
У чавонмарде буд бо харфхои калон-МАРД-буд.Чунонаш мехрубону вафодору накукору хушгуфтору хушкирдору бо нангу ор кам ба дунё меояду дар дилу дидахои мардумонаш чойгир мешавад.Бо вучуди хамин кадар хислатхои нек ин хел чавонмардон мутаассифона ба таври фочеавй бо хаёт падруд мегуянд.
Чавонмарганд мардони хунарманд,
Валекин нокасон садсола миранд!
Ва бо баробари рафтани худ чигархоро пурхун менамоянд солхои сол дар фирокашон.
Ёд дорй,ки вакти зодани ту ,хама хандон буданду ту гирён,
Ончунон зй ки баъди мурдани ту,хама гирён шаванду ту хандон!
Ва номашон дар дилу дар забонхо якумрй накш мебандаду доимо бо некй ёд мекунанд.
Зиндаву човид монд хар ки накуном зист,
К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Номи акои Абдукаххор солхои сол дар дилу дар дидахои мардум зинда хохад монд!!!
Се хирадмарди диёри нозанин,
Се абармардони як хоку замин.
Се бузурги номбардори Ватан,
Се чавонмарди басо ширинсухан.
Се шахиди кухсори сарфароз,
Се бародар аз диёри Понгоз.
Се гули наврустаи боги падар,
Се гули нашкуфтае аз як гузар.
Се нихоли хурдаи як оби чуй,
Се чавони хушкади бообуруй.
Се бахори гулфишони кухсор,
Некй бинмудан ёронро шиор.
Се ситора,офтоби насли худ,
Се накукоре,ки хамтояш набуд.
Се бародар,се саховатпешае,
Се гули хушкомати як решае.
Кас надида мисли сеи мехрубон,
Мехрубонтар дар катори дустон.
Хамчунони орифони муътабар,
Кай биёяд родмардони дигар?
Се укоб аз кухсорони баланд,
Боматонат,бошучоат,дилписанд.
Шахрхоро як даме парвоз кард,
Хар кучо аз номи точик роз кард.
Се тане дастпарвари як мактабе,
Хамчу мох рушангари шому шабе.
Се шахидон рафтагони бедарак,
Баччамардони канори Хучибак.
Се нафар устоди касбу кори хеш,
Бо адолат кори давлат бурда пеш.
Додситонаш доди халкеро ситонд,
Додварзаш бегунохонро рахонд.
Олимаш устоди касби хештан,
Точикистон розй аз ин сеи ман.
Кахрамону пахлавону хушзабон,
Муънису пайванди чони ину он.
Кахрамонаш-Нуриоллох* аст агар,
Пахлавон-Махмадалии* пурхунар.
Олиме чун Абдукаххор* дидай?
Хушзабоне мисли у бишнидай?
Чун яке буд хомии конунгузор,
Давлатй шуд ин забони точдор.
Офарин гуфт он якеро давлаташ,
Шахри Маскав хонд уро рахматаш.
Сохиби унвони доктор он дигар,
Илми точик бо вучудаш шуълавар.
Он яке чон додааст аз захми тир,
Дигаре дар сохили дарёи Сир.
Оби Варзоб з-он якеро бурдааст,
Рахми онхоро фалак нохурдааст.
Кисмати се навчавони шохсутун,
Байни ёронаш муаммо то кунун.
Рузи марги се тани воломаком,
Хуни дил гардида ёронаш ба ом.
Тири нокас додситони мо рабуд,
Чисму чонаш тирборон гашта буд.
Душманони курсихохи дилсиёх,
Чанг зад бо пайкари пушту панох.
Марги олим ноаён сарбаста аст,
Рози пинхон дар сари вокеа хаст.
Се вафодоре,ки з-олам рафта зуд,
Номи неке мондааст бо халки худ.
Хизмати шоисташон машхур гашт,
Рафт гарчи се накукорон зи Ашт.
Во дареги се тани курбон шуда,
Чанд рузи ин чахон мехмон шуда.
Се чароги равшани шабхои тор,
Дар дилу дар дидахо поёни кор.
Шод гардад рухатон айёми ид,
Эй чавонмардони хоксори шахид.
*Нурулло Хувайдуллоев-Додситони кули чумхурй,Кахрамони китоби"Кахрамонии прокурори генералй",
*Махмадалй Чураев-Голиби мусобикахои умумииттифокй,Кахрамони китоби"Махбуби дилхо",
*Абдукаххор Турсунов-Доктори фанхои техникй,
Кахрамони китоби"Шукрномаи зиндагй".
Хоксорй шеваи рузгору пешвой мухтавои хаётии у буда.
*******************************************************
Куххои сар ба фалак кашида,чашмахои шуху оби мусаффодошта,хавои бегубору манзарахои нотакрори табиат ба кухистони точикон хусну шукухи хоса бахшидаанд.Дар катори ин дурдонахои бебахо мардуми богуруру баорияти кухсорро низ хатман бояд чой дод,ки кимати онхо,бешубха аз хама болост.Диёри зебоманзари мо Пунгаз-ватани Маъдани ширинкалому оташинсухан аз хама ин унсурхо бархурдор буда,дар огуши чонбахшаш фарзандонеро тарбияву ба воя расонидааст,ки бо парвози баланди афкору фарханг ва хунари волои хеш дар сарзамини точик мавкею макоми сазоворро ноил гардидаанд. Нурулло Хувайдуллоев ва Махмадалй Чураев(равонашон шод бод)бархак аз зумраи ин фарзандони шоиставу фарзона ва шухратёри мамлакат ба шумор мераванд.Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд,мегуянд,ки хак аст.Доимо дар пахлуи Нуруллоако мо бародархондашон-акои Махмадалй Чураевро медидем,ки дустиашон вирди забони хурду калони деха,нохия ва вилоят буд. Махмадалй Чураев(шодравон)низ шахсияти барчастаю фарзанди номбардори Пунгаз ва яке аз рохбарони обруманди нохияю вилоят буда,дар хама мавридхои хаётй якчоя бо дусти азизи худ буданд.Хислатхои накуй ва одамияти ин марди шарифро мо чавонон дар дустию рафокат ва бародарии байни Нурулло-акою Махмадалй Чураев мушохида карда хавас мекардем,ки кошки мо хам мисли онхо шахсони ба хамдигар содику вафодор ва пайрави онхо бошем.
Абдукахор Турсунов
доктори илми техникй,профессор,
муовини ректори Донишгохи техникии Точикистон.
Аз китоби "Кахрамонии прокурори генералй".

02-05-2013 19:00
(ссылка)
ЧЕХРАХОИ ШИНОХТАИ ПОНГОЗ
|
Агар ҳусну малоҳати нотакрори табиатро дидан хоҳед, ба сайри куҳҳои Қурама оед, аз табиати пурназокати Понғоз дидан карда, ба баландии Бобои Об – баландтарин қуллаи ин қаторкуҳҳо раҳсипор шавед. Ранги ин куҳҳо нуқрафому кабудчаранг аст, аз қуллаҳои ин куҳҳо то ба водиҳо куҳу куҳчаҳо , талу теппаҳо ва дараю дарачаҳо ҷой гирифтаанд. Масоҳати ин мавзеъҳо, ки аз арчазорону боғоти зардолузор, гелосу олучазор сафедору себзор иборатанд, дусад километрро ташкил медиҳад. Дар саросари ин каторкӯҳ гиёҳҳои худрӯи шифобахш ва гулу аз қабили настарану буттаи зирк, гули лолаву ҷамбил ва гули момову лолахасакҳо руидаанд. Ҳар ҷо майдонҳои гулҳои наврӯзӣ бо рангҳои гуногун назаррабоӣ мекунанд. Ва аҷаб зебост растаҳои алафҳои худрӯи омехта бо гули қоқу. Ва чи гуворост вақте ба машоматон бӯи гули райҳону ҷамбили кӯҳӣ бо омезиши ҳаври тафсони шахҳо мерасад. Аз баландии парвози уқоб ба поён назар меафканед ва аз тамошои манзараҳои биҳиштосо мафтун мегардед.
Дар хар куҷои ин қаторкӯҳ ғорҳои калону хурд дучор меоянд, ки дар берунашон партовҳои сангу шахҳо доранд. Пажуҳишҳои илмӣ, таҳлилҳои маъданиву кимиёвӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар гузашта ин ҷо нуқра истеҳсол мекардаанд. Нуқра дар табиат нисбати тилло панҷ баробар кам буда, ба сиришти инсон нисбати дигар фузулот бештар мутобиқат дорад ва махз мавҷудияти нуқра дар ҷинсҳои кӯҳӣ ба қаторкӯҳи Қурама ранги кабудчаранги нуқрафом бахшидааст. Ва барфи сап – сафеди қаймоқмонанд, ки дар зери арчаҳои сисилакӯҳ гоҳо то моҳи июл боқӣ мемонад, бӯӣ хӯши гулҳоро ба худ ҷаббида, об мешавад ва аз баландиҳо сарозер шуда, ба ҷӯйчаву шаршараҳо табдил ёфта, ба сӯи Понғоз мешитобад ва ин об аҷаб тамъи хуше дорад. Беҳуда нест, ки ҳар понгозӣ дар мусофиратҳо нахуст ёд аз оби дарёчаи деҳа мекунад.Ьар понгозц мазори Бобои Обро зиёрат кардааст ва ё нияти он ҷойҳоро дидану зиёрат кардан дорад. Ва ҳар кас, ки он макони табаррукро зиёрат кардааст, медонад, ки баробари ба он баландиҳо баромадан, бори рузғор аз души одам якбора сабук мегардад, эҳсос мекунад, ки ӯ як ҷузъи ин обу хок аст, ба гузаштаву оянда бо чашми нек менигарад ва зистан мехоҳад.
Фаридун Назмиддинов,
04-06-2014 18:50
(ссылка)
Ҷон фидои хандаат, баргард

Дўст! Дилгирам дигар бе ту,
Вой! Мемирам дигар бе ту!
Дур аз ойинаи руҳам,
Монда тасвирам дигар бе ту.
Аз тамошои наъими боғ,
Чашм мегирам дигар бе ту.
Баъди ту вайронаро монам,
Нест таъмирам дигар бе ту.
Ту ҷавонии маро бурдӣ,
Олами пирам дигар бе ту.
Ҷон фидои хандаат, баргард,
Сахт дилгирам дигар бе ту
Исфандиёри Назар
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
29-09-2014 22:10
(ссылка)
Се абармардони як хоку замин

Нурулло Хувайдуллоев(1940-1992) Ба пешвози 75-солагй

Махмадалй Чураев(1945-1985)
Ба пешвози 70-солагй

Абдукаххор Турсунов(1960-2014)
Ба пешвози 55-солагй
Се хирадмарди диёри нозанин,
Се абармардони як хоку замин.
Се бузурги номбардори Ватан,
Се чавонмарди басо ширинсухан.
Се шахиди кухсори сарфароз,
Се бародар аз диёри Понгоз.
Се гули наврустаи боги падар,
Се гули нашкуфтае аз як гузар.
Се нихоли хурдаи як оби чуй,
Се чавони хушкади бообуруй.
Се бахори гулфишони кухсор,
Некй бинмудан ёронро шиор.
Се ситора,офтоби насли худ,
Се накукоре,ки хамтояш набуд.
Се бародар,се саховатпешае,
Се гули хушкомати як решае.
Кас надида мисли сеи мехрубон,
Мехрубонтар дар катори дустон.
Хамчунони орифони муътабар,
Кай биёяд родмардони дигар?
Се укоб аз кухсорони баланд,
Боматонат,бошучоат,дилписанд.
Шахрхоро як даме парвоз кард,
Хар кучо аз номи точик роз кард.
Се тане дастпарвари як мактабе,
Хамчу мох рушангари шому шабе.
Се шахидон рафтагони бедарак,
Баччамардони канори Хучибак.
Се нафар устоди касбу кори хеш,
Бо адолат кори давлат бурда пеш.
Додситонаш доди халкеро ситонд,
Додварзаш бегунохонро рахонд.
Олимаш устоди касби хештан,
Точикистон розй аз ин сеи ман.
Кахрамону пахлавону хушзабон,
Муънису пайванди чони ину он.
Кахрамонаш-Нуриоллох* аст агар,
Пахлавон-Махмадалии* пурхунар.
Олиме чун Абдукаххор* дидай?
Хушзабоне мисли у бишнидай?
Чун яке буд хомии конунгузор,
Давлатй шуд ин забони точдор.
Офарин гуфт он якеро давлаташ,
Шахри Маскав хонд уро рахматаш.
Сохиби унвони доктор он дигар,
Илми точик бо вучудаш шуълавар.
Он яке чон додааст аз захми тир,
Дигаре дар сохили дарёи Сир.
Оби Варзоб з-он якеро бурдааст,
Рахми онхоро фалак нохурдааст.
Кисмати се навчавони шохсутун,
Байни ёронаш муаммо то кунун.
Рузи марги се тани воломаком,
Хуни дил гардида ёронаш ба ом.
Тири нокас додситони мо рабуд,
Чисму чонаш тирборон гашта буд.
Душманони курсихохи дилсиёх,
Чанг зад бо пайкари пушту панох.
Марги олим ноаён сарбаста аст,
Рози пинхон дар сари вокеа хаст.
Се вафодоре,ки з-олам рафта зуд,
Номи неке мондааст бо халки худ.
Хизмати шоисташон машхур гашт,
Рафт гарчи се накукорон зи Ашт.
Во дареги се тани курбон шуда,
Чанд рузи ин чахон мехмон шуда.
Се чароги равшани шабхои тор,
Дар дилу дар дидахо поёни кор.
Шод гардад рухатон айёми ид,
Эй чавонмардони хоксори шахид.
*Нурулло Хувайдуллоев-Додситони кули чумхурй,Кахрамони китоби"Кахрамонии прокурори генералй",
*Махмадалй Чураев-Голиби мусобикахои умумииттифокй,Кахрамони китоби"Махбуби дилхо",
*Абдукаххор Турсунов-Доктори фанхои техникй,
Кахрамони китоби"Шукрномаи зиндагй".
Хоксорй шеваи рузгору пешвой мухтавои хаётии у буда.
*******************************************************
Куххои сар ба фалак кашида,чашмахои шуху оби мусаффодошта,хавои бегубору манзарахои нотакрори табиат ба кухистони точикон хусну шукухи хоса бахшидаанд.Дар катори ин дурдонахои бебахо мардуми богуруру баорияти кухсорро низ хатман бояд чой дод,ки кимати онхо,бешубха аз хама болост.Диёри зебоманзари мо Пунгаз-ватани Маъдани ширинкалому оташинсухан аз хама ин унсурхо бархурдор буда,дар огуши чонбахшаш фарзандонеро тарбияву ба воя расонидааст,ки бо парвози баланди афкору фарханг ва хунари волои хеш дар сарзамини точик мавкею макоми сазоворро ноил гардидаанд. Нурулло Хувайдуллоев ва Махмадалй Чураев(равонашон шод бод)бархак аз зумраи ин фарзандони шоиставу фарзона ва шухратёри мамлакат ба шумор мераванд.Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд,мегуянд,ки хак аст.Доимо дар пахлуи Нуруллоако мо бародархондашон-акои Махмадалй Чураевро медидем,ки дустиашон вирди забони хурду калони деха,нохия ва вилоят буд. Махмадалй Чураев(шодравон)низ шахсияти барчастаю фарзанди номбардори Пунгаз ва яке аз рохбарони обруманди нохияю вилоят буда,дар хама мавридхои хаётй якчоя бо дусти азизи худ буданд.Хислатхои накуй ва одамияти ин марди шарифро мо чавонон дар дустию рафокат ва бародарии байни Нурулло-акою Махмадалй Чураев мушохида карда хавас мекардем,ки кошки мо хам мисли онхо шахсони ба хамдигар содику вафодор ва пайрави онхо бошем.
Абдукаххор Турсунов
доктори илмхои техникй,профессор,
муовини ректори Донишгохи техникии Точикистон.
Аз китоби "Кахрамонии прокурори генералй".
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
14-09-2014 21:21
(ссылка)
МАРСИЯ дар сӯгвории доктори фанҳои техникй Абдукаххор Турсунов

Руди Варзоб олими ширинбаёни мо куҷост?
Роҳи Варзоб навҷавони хушзабони мо куҷост?
Кӯҳи Варзоб ғамгусору меҳрубони мо куҷост?
Хоки Варзоб нуктасанҷу нуктадони мо куҷост?
Оби Варзоб мӯънису пайванди ҷони мо куҷост?
Ҷони додар ман ба шастат гуфтаниҳо доштам,
Рӯ ба рӯ дар ҷашни ту мебинамат пиндоштам,
Марги ту бишнидаму меҳр аз ҷаҳон бардоштам,
Чун шаби торик гардид субҳу шому чоштам,
Руди Варзоб олими ширинбаёни мо куҷост?
Меравад фарзонае ёрон дареғову дареғ,
Оқилу якдонае ёрон дареғову дареғ,
Шаҳсутуни хонае ёрон дареғову дареғ,
Қиссаву афсонае ёрон дареғову дареғ,
Роҳи Варзоб навҷавони хушзабони мо куҷост?
Модари гетӣ ҷавонмарде ба мислат кам бизод,
Қиссаи марги падар овардӣ эй ҷонам ба ёд,
Худ ҳамегуфтӣ ҷавонмаргӣ ба ёронам мабод,
Қисмати талхат бародар чархи гардун аз чӣ дод?
Кӯҳи Варзоб ғамгусору меҳрубони мо куҷост?
Ҷони додар пеши чашмонам ҳама рафтори ту,
Дар хаёлам панду андарзу ҳама гуфтори ту,
Бигзарондам аз назар як-як ҳама кирдори ту,
Сӯхтам ман ҷони додар дар қатори чори ту,
Хоки Варзоб нуктасанҷу нуктадони мо куҷост?
Кардӣ мотамхона қалбам ҷон бародар хез, хез!
Хун бигирям аз фироқат ҷони додар хез, хез!
Бе ту ман бечораам, бе болу бе пар хез, хез!
Гӯядат Мақсудалӣ бо дидаи тар хез, хез!
Оби Варзоб мӯънису пайванди ҷони мо куҷост?
***********************************
МАРСИЯ
дар сӯгвории доктори фанҳои техникӣ,
профессор-Абдуқаҳҳор Турсунов
Бародар ғарқаи об асту ман дар ҷустуҷӯи ӯ,
Намедонам куҷо хобидааст ман кӯ ба кӯи ӯ!
Ту эй дарёи пуртуғён куҷо пинҳон намудастӣ?
Наход ин ки муяссар менагардад гуфтугӯи ӯ!
Ту номардпарвар астӣ эй фалак, медонӣ ин феълат,
Вагарна чун ба чашми бад нигаштастӣ ба сӯи ӯ?
Чунонаш меҳрубону бовафо кай дидӣ, эй золим?
Намондӣ, то бигардам сер ба чашму рӯю мӯи ӯ!
Чигар бирён намудй чархи гардун чумлаи ёрон,
Бубин эй бевафо дунё маро хар лахза хуи у.
Ба рафтори накӯ биншастааст бо дидаву дилҳо,
Намебинӣ, ки сӯзад синаҳо дар ҳаҷри рӯи ӯ.
Дилаш поку ниходаш пок,саропояш вучудаш пок,
Ту эй дарёи хуношом,чй дорй шустушуи у?
Ба номарде вафо созиву мардеро бисӯзонӣ,
Кунун донистамат чархо, ту мебошӣ адӯи ӯ!
Нигар Мақсудалӣ хун мечакад аз дидааш ҳар дам,
Ба дил то ин замон мегуфт, ки меоям ба тӯи ӯ.
***********************************
Марсия дар сугвории профессор,
доктори фанхои техникй-
Абдукаххор Турсунов
Дустон аз ин чахон ширинзабоне рафтанист!
Нуктафахму нуктасанчу нуктадоне рафтанист!
Руди Варзоб ман намеболам дигар бо оби ту,
Олими фарзона бо ту бе нишоне рафтанист!
Гуфтам эй дарёи Варзоб хуни нохак мехурй!
Гуфт ман фармонбарам у ноаёне рафтанист!
Гуфтам айёми шукуфтан з-ин хазонрезй чй суд?
Гуфт хар навъе худо хохад чуноне рафтанист!
Гуфтамаш аз хачри ту чонам хамесузад хаме,
Гуфт фардо аз пасам ороми чоне рафтанист!
Гуфтамаш аълошахидо рахматат созад худо,
Гуфт пире ин шахид бе имтихоне рафтанист!
Гуфтамаш воломакомо,аз чй бевактй сафар?
Гуфт як-як з-ин сарой хурду калоне рафтанист!
Гуфтам эй кони вафо чун бевафой мекунй?
Гуфт дунё бевафо аст ину оне рафтанист!
Гуфтамаш эй мехрубон номехрубонй аз чй буд?
Гуфт аз дасти фалак бас мехрубоне рафтанист!
Гуфтамаш эй навчавоно осиё бо навбат аст,
Гуфт бенавбат хазорон навчавоне рафтанист!
Гуфтам аз ин рафтанат дилхои мо садпора шуд,
Гуфт омад хар ки ин чо як замоне рафтанист!
Гуфтамаш кун чорае чун чори ту бечораам,
Гуфт ин кисмат чунон рози нихоне рафтанист!
Гуфтам эй хушноми додар сухтам аз фуркатат,
Гуфт эй осуда бош ногах зиёне рафтанист!
Гуфтамаш имруз Азиза хар кучо мечуядат,
Гуфт набвад чорае чун корвоне рафтанист!
Гуфтамаш к-эй Абдукаххор садкаи номат шавам,
Гуфт чун Максудалй марсияхоне рафтанист!
************************************
Марсия дар сӯгвории доктори фанҳои техникӣ,
профессор Абдуқаҳҳор Турсунов
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо он ҳамадонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки бо тозазабонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки он кони маонӣ зи ҷаҳон рафт,
Афсӯс, ки ҳамсояи ҷонӣ зи ҷаҳон рафт.
Оне, ки зи сар то қадамаш меҳру вафо буд,
Оне, ки ба дармонда ба ду дасти сахо буд,
Оне, ки ба гуфтори хушаш марҳами мо буд,
Оне, ки ба дарди дили ғамдида даво буд,
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт.
Ҳангоми гулу лола хазонрезият аз чист?
Оне, ки бигирад ба ҷаҳон ҷои туро кист?
Маштоб аз ин дори фанову қадаре ист!
Санг ҳам ба он сахтӣ ба аҳволи ту бигрист,
Афсӯс, ки бо он ҳамадонӣ зи ҷаҳон рафт.
Бовар накунам ҷони бародар ба видоят,
Пазмон шудам эй дӯст ба он тоза садоят,
Бо лафзи хуши тоҷикият ҳам ба навоят,
Шояд лаби Варзоб ҳаме оӣ ба поят,
Афсӯс, ки бо тозазабонӣ зи ҷаҳон рафт.
Аз фарқи сарам зад худоям чӣ бисозам?
Бо синаи решу ба ҷафоям чӣ бисозам?
Бо нолаву бо доду навоям чӣ бисозам?
Хун гиряму аз ҳаҷри акоям чӣ бисозам?
Афсӯс, ки он кони маонӣ зи ҷаҳон рафт,
Бингар , ки Фаридун дарад чоки гиребон,
Гулдухтараконат ҳама бо дидаи гирён,
Ҳайратзада бонуи ту афтодаву нолон,
Мақсудалӣ з-ин фоҷиа бо синаи бирён,
Афсӯс, ки ҳамсояи ҷонӣ зи ҷаҳон рафт.
МАРСИЯ ДАР СУГВОРИИ ДОКТОРИ
ФАНХОИ ТЕХНИКЙ,ПРОФЕСОР-
АБДУКАХХОР ТУРСУНОВ
*********************************
ЛАБ-ЛАБИ ДАРЁИ ВАРЗОБ МАН БАРОДАРКОБЙ КАРДАМ,
БОЗ ИН СУБХ ЧАШМ ДАР ОБ ЧОНИ ДОДАРКОБЙ КАРДАМ.
РУДИ ПУРТУГЁНИ ХУНХОР ХАМЧУНОНИ АЖДАХОР,
МЕЗАНАД ХУДРО БА ХАР СУЙ ОЛИМЕРО КАРДА ХОР.
БАЪДИ ЯК МОХ ДИДАХОЯМ БОЗ АНДАР КАЪРИ ОБ,
ОМАДАМ БАР ЧОИ ГАРКАШ БОЗ БО КАЛБИ КАБОБ.
БО УМЕДЕ БИНГАРАМ БОЗ СОХИЛИ ВАРЗОБРО,
ТО КИ ПАЙДОЯШ НАМОЯМ НАВЧАВОНИ ХОБРО.
ДАР ХАЁЛАМ У ХАМЕГУЯД,КИ ДАР ИН ЧО МАНАМ,
РУХИ ПОКАШ СУИ МАН ГУЯД,КИ ДАР ОН ЧО ТАНАМ.
ОН САХАРГАХ КУ БА КУИ ОН БАРОДАР РОХ РАФТАМ,
ПЕШИ ЧАШМАМ КОМАТИ У ЧУСТУЧУИ МОХ РАФТАМ.
МОДАРИ ГЕТЙ НАЗОДА МИСЛИ У ШИРИНЗАБОН,
БОВАФОВУ РОСТКАВЛУ ХОКСОРУ МЕХРУБОН.
ДАР КИТОБИ ЧАШНИ ПАНЧОХСОЛАГЙ ЧОНИ ДИЛАМ,
ЧУН БИГУФТАСТЙ:" АЁ ДАРЁ РАСОН БАР СОХИЛАМ"?
ДАР КИТОБАТ ФОЛИ БАДРО САРСУХАН ОВАРДАЙ,
ГУИ БО УСТОДИ РУСАТ, КИСМАТИ ХУД ДИДАЙ!
ЁДИ МАРДОНИ ШУЧОЪАТ КАРДАЙ БАХРИ САВОБ,
ЁД ОВАРДЙ БУЗУРГОН ЗИНДА КАРДЙ ДАР КИТОБ.
ЧУН ШАХИДОНАТ БИРАФТЙ,МАНЗИЛАТ ОБОД БОД!
ЧУН АЗИЗОНАТ, РАВОНАТ, ЭЙ БАРОДАР ШОД БОД!
ЗИНДА МОНАД НОМИ НЕКАТ,ЭЙ ЧАВОНИ ХУШБАЁН!
ЧУН ТУ БУДЙ ЗИНДАДОРИ НОМИ НЕКИ РАФТАГОН!
МОХИ ИЮН ВАКТИ ОМАД-ОМАДАТ ШУД БАР ВАТАН,
ХЕЗ ЧОНО ХЕЗ, ДУСТОН ИНТИЗОРАНД ХАМЧУ МАН!
ДУСТАМ,ХАМСОЯАМ,ЧОНИ ДИЛАМ,БОВАФОВУ НУКТАДОН,
РОЗИ МАНРО БИШНАВИДЙ ГУИЁ,ОМАДАСТЙ СУХТА ЧОН.
ОМАДЙ АММО МАРО З-ОН ОМАДАТ СИНААМ ПУРОХ ШУД,
ОМАДЙ АММО НА БО ПОИ ХУДАТ АКЛИ МАН ГУМРОХ ШУД.
ОМАДИВУ БО ФИГОН КАРДЙ МАРО, ХАМ ТАМОМИ ДЕХАРО,
КУХ АНДАР НОЛА КАРДЙ ЧОНИ МАН,МИСЛИ МУРГОНИ ХАВО.
ОМАДЙ БО ЧИСМИ БЕЧОН ОМАДЙ,ВОЙ БАР ИН ОМАДАТ,
ОМАДЙ БО ДОДУ АФГОН ОМАДЙ,МО НАДИДЕМ КОМАТАТ.
ОМАДИВУ ТАЛХ БУД ИН ОМАДАТ,ВО ДАРЕГУ ВО ДАРЕГ,
БАХРИ ЁРОН ЗАХР БУД ИН ОМАДАТ,ВО ДАРЕГУ ВО ДАРЕГ.
ОМАДИВУ ОХИРИН БОР ОМАДЙ,РАФТЙ БАР СУИ ПАДАР,
ЧУН САВОРИ АСПИ ЧУБИН ОМАДЙ,ПАС НАМЕОЙ ДИГАР.
АЛВИДОЮ ВО ДАРЕГ ХАМСОЯАМ,НАВЧАВОНИ РАФТА ЗУД,
АЛВИДОЮ ВО ДАРЕГИ ЧОНИ МАН,ЭЙ КИ ХАМТОЯТ НАБУД.
Фаридун Назмиддинов,
10-01-2014 14:54
(ссылка)
ПОНГОЗ: ДИРУЗ ВА ИМРУЗ .

Понғоз
Агар ҳусну малоҳати нотакрори табиатро дидан хоҳед, ба сайри куҳҳои Қурама оед, аз табиати пурназокати Понғоз дидан карда, ба баландии Бобои Об – баландтарин қуллаи ин қаторкуҳҳо раҳсипор шавед. Ранги ин куҳҳо нуқрафому кабудчаранг аст, аз қуллаҳои ин куҳҳо то ба водиҳо куҳу куҳчаҳо , талу теппаҳо ва дараю дарачаҳо ҷой гирифтаанд. Масоҳати ин мавзеъҳо, ки аз арчазорону боғоти зардолузор, гелосу олучазор сафедору себзор иборатанд, дусад километрро ташкил медиҳад. Дар саросари ин каторкӯҳ гиёҳҳои худрӯи шифобахш ва гулу аз қабили настарану буттаи зирк, гули лолаву ҷамбил ва гули момову лолахасакҳо руидаанд. Ҳар ҷо майдонҳои гулҳои наврӯзӣ бо рангҳои гуногун назаррабоӣ мекунанд. Ва аҷаб зебост растаҳои алафҳои худрӯи омехта бо гули қоқу. Ва чи гуворост вақте ба машоматон бӯи гули райҳону ҷамбили кӯҳӣ бо омезиши ҳаври тафсони шахҳо мерасад. Аз баландии парвози уқоб ба поён назар меафканед ва аз тамошои манзараҳои биҳиштосо мафтун мегардед.
Дар хар куҷои ин қаторкӯҳ ғорҳои калону хурд дучор меоянд, ки дар берунашон партовҳои сангу шахҳо доранд. Пажуҳишҳои илмӣ, таҳлилҳои маъданиву кимиёвӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар гузашта ин ҷо нуқра истеҳсол мекардаанд. Нуқра дар табиат нисбати тилло панҷ баробар кам буда, ба сиришти инсон нисбати дигар фузулот бештар мутобиқат дорад ва махз мавҷудияти нуқра дар ҷинсҳои кӯҳӣ ба қаторкӯҳи Қурама ранги кабудчаранги нуқрафом бахшидааст. Ва барфи сап – сафеди қаймоқмонанд, ки дар зери арчаҳои сисилакӯҳ гоҳо то моҳи июл боқӣ мемонад, бӯӣ хӯши гулҳоро ба худ ҷаббида, об мешавад ва аз баландиҳо сарозер шуда, ба ҷӯйчаву шаршараҳо табдил ёфта, ба сӯи Понғоз мешитобад ва ин об аҷаб тамъи хуше дорад. Беҳуда нест, ки хар понгози дар мусофиратҳо нахуст ёд аз оби дарёчаи деҳа мекунад.Хар понгози мазори Бобои Обро зиёрат кардааст ва ё нияти он ҷойҳоро дидану зиёрат кардан дорад. Ва ҳар кас, ки он макони табаррукро зиёрат кардааст, медонад, ки баробари ба он баландиҳо баромадан, бори рузғор аз души одам якбора сабук мегардад, эҳсос мекунад, ки ӯ як ҷузъи ин обу хок аст, ба гузаштаву оянда бо чашми нек менигарад ва зистан мехоҳад.
Фаридун Назмиддинов
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
12-03-2014 20:01
(ссылка)
ЗОДРУЗ МУБОРАК! (Ба бародарам-Бахтиёр)
Рузи мавлудат муборак,эй бародарчони ман!
Эй чунони киблагохам,навгули бустони ман!
Дида дузам хар гахе бар чехраи хандони ту,
Дар назар ояд хамоно мардуми чашмони ман!
Ору номуси падар андар ту мебинам хаме,
Хам хирадмандии у,эй голиби майдони ман!
Навбахори навчавонй вах чй хуш дар куи ту,
Бо ту хохам умри Саъдй,эй бахористони ман!
Хамчу Чомй окилу монанди Хофиз шод бош,
Хушдилу хушдида бошй,чамбилу райхони ман!
Рухи он марди наку бошад мададгорат хаме,
Зиндадори номи некаш шуълаи тобони ман!
Бахти нав,икболи нав ёрат шавад,эй Бахтиёр,
Гуядат Максудалй,чон Юсуфи Канъони ман!
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
30-12-2012 19:33
(ссылка)
Соли дигар мешавад
Боз бе ман рузи мавлуди бародар мешавад,
Боз бе ман зодрузу чашни модар мешавад.
Боз бе ман соли нав ояд ба гулбоги Ватан,
Боз бе ман дар диёрам соли дигар мешавад.
Боз бе ман чамъи ёронам ба даргохи падар,
Боз бе ман чумла гирди хони додар мешавад.
Боз бе ман дустонро мешавад соле фузун,
Соли ман хам дар гарибихо фузунтар мешавад.
Боз бе ман туй бошад хонадони халки ман,
Боз бе ман нурборон хонаву дар мешавад.
Боз бе ман хамдиёронам сарафрозй кунанд,
Боз бе ман дар маконам шодихо сар мешавад.
Боз бе ман модари чонам дуоям мекунад,
Боз бе ман дар фирокам чашми у тар мешавад.
Кош андар соли нав рахми худо ояд ба мо,
"Боз бе ман"-хо ягон рузе паси сар мешавад.
Пас аз он Максудалй равшан шавад дилхои мо,
Ин гарибони Ватанро бахт ёвар мешавад.

Ба хушдоманам,ба зани оликадр-Майрамхон!
Хамон марди бузург бар хок ниходанд, Хама орзуи дилат бар бод доданд.
Зи гам калби туро садпора карданд,
Ба чашмат оламе пурнола карданд.
Чароги хонатро хира карданд,
Тамоми манзилатро тира карданд.
Вале умрат ба танхои супурди,
Хама бедодиро бо дида диди.
Ту зан буди вале мардона гашти,
Ба фарзандони худ чун лона гашти.
Писархоро агар ту панд доди,
Ба духтархои хурдат канд доди.
Чу шаъм чони чавонат об карди,
Нихони чашми худ пуроб карди.
Худо умрад дихад,ай модари чон!
Барои мо амону човидон мон!
Надорад умри мо бе ту на маъно,
Панохат бар худо,эй хури барно!
ШОИРА
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
11-01-2013 21:07
(ссылка)
Ба табиб-Анвари Исомидин

Чони ман бодо фидоят,эй табиб!
Мекунам хар дам дуоят,эй табиб!
Додарам дар бистари беморияст,
Дида дорам бар шифоят,эй табиб!
Чун туй дармони хар дармондае,
Мепарастам чун хумоят,эй табиб!
Хамчу калбат хилъати барфинаат,
Дар кади бас дилрабоят,эй табиб!
Офарин бо панчаи пурсехри ту,
Хонамат хар дам саноят,эй табиб!
Дарди манро доруву дармон бувад,
Лафзи поку хуш садоят,эй табиб!
Умри Саъдй хохамат аз бахри ту,
Зорй дорам бар худоят,эй табиб!
Додарамро лутфу эхсоне намо,
Сачда орам ман ба поят,эй табиб!
Дар гарибй бо умед Максудалй,
Дида дорад бар давоят,эй табиб!
Бемор машав додар!
Хамчун падарй додар!
Чону чигарй додар!
Шамсу камарй додар!
Бемор машав додар!
Гамгин нашавад модар!
Бономусу нанги ман!
Боору кашанги ман!
Бахри дили танги ман!
Бемор машав додар!
Гамгин нашавад модар!
Бар рагми хасудонат,
Бар касди ракибонат,
Аз бахри Зафарчонат,
Бемор машав додар!
Гамгин нашавад модар!
Чун дидай бас номард,
З-он мекунадад сар дард,
Бархезу машав дилсард,
Бемор машав додар!
Гамгин нашавад модар!
Бар хотири чор хохар,
Бар толеъи ду додар,
Бахри дили Мехровар,
Бемор машав додар!
Гамгин нашавад модар!
Бар бахти чигарбандон,
Бар шодии фарзандон,
Бахри мани саргардон,
Бемор машав додар!
Гамгин нашавад модар!
Фаридун Назмиддинов,
05-06-2013 21:56
(ссылка)
Шеърхо дар васфи Понгоз, шоирони деха.

|
Мухаммас бар газали Маъдани Понгози
Солхо бо лашкари ишки ту дорам ч,ангхо,
Нусхаи ох аст бар сар ин хати ожангхо.
Мавчи нозат дар арак биншонда руду Гангхо,
"Эй ба шухи гамзаат дар арсаи найрангхо,
Мулки дилро карда горат бурда ному нангхо."
Зулмати хичрони моро заррае аз нур нест,
Шарбати васл аз кучо чун хушаи ангур нест.
Аз лаби лаълат чаро як бусае манзур нест
"Сад чахон махви тамошову маро дастур нест,
Поси фармони ту дорад хотири сарханхо "
Гах ба парвози хаёл андар тамошои туам,
Хамчу накши соя галтон гирди болои туам,
Дар мухаббатхонаи афсус чуёи туам,
"Умрхо махмилкаши бори таманнои туам,
Умр бар поён расиду тай нашуд фарсангхо "
Тифли ишк аз захми чашми халк пинхон сохтам,
Бехабар аз парри тири мижа пайкон сохтам,
Бар чарохатхои дил бехуда дармон сохтам,
"Баски дар базми хаёлат нола урён сохтам,
Сози мутриб дог шуд,дар ачз омад чангхо "
Бе ту ашкам аз кафоят хок бусад хар замон,
Акси ту бинам зи чашми катрахо оинасон,
Болу пар бишкаст фарёдам чу гашти ноаён,
"Булбули боги чунунам дар чаманзори чахон,
Мекунам хар дам ба ёди оразат охангхо"
Нагмаи хирмон бишнав аз гулуи дарди най,
Бишканад ранги рухи гул аз хучуми барфи дай,
Навчавони зоди пири бурду гум шуд накши пай,
"Меравам аз арзи хасти оламеро карда тай,
Бо табассум бурда аз оинаи дил зангхо"
Чун кунам,савдои зулфат шурише барпо намуд,
Занчире бар пои дил ру чониби сахро намуд,
Бар Насими бехудихо наргиси шахло намуд,
"Нашъаи бехосили сози таракки во намуд,
Киштаам бар сахни дил, Маъдан ,хаёли бангхо "

03-02-2013 10:01
(ссылка)
Бузургонамонро эхтиёт накардем
Ҳарчанд аз вафоти ҳунарманди барҷастаи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов беш аз сӣ сол сипарӣ шуд, ҳанӯз асрори маргаш ифшо нашудаву тахмину овозаҳо дар ин бобат гуногун аст. Зиндагию ҳунари ин марди ҳунар низ худ муаммо буд. Зеро ӯ бо вуҷуди он ки хеле ҷавон буд ва дар замоне, ки имрӯз карахтиву рукудаш меноманд, тавонист ба корҳои нодиру чашмрас мушарраф гардад ва на танҳо дар Тоҷикистону Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз он шӯҳрат ёбад.
Устод Мӯъмин Қаноат аз дӯстони наздик ва ҳамсояи Маҳмудҷон буданд ва дар таҳияи намоишҳояш чун мушовири шеър ҳамдастиву ҳамкорӣ кардаанд. Ба хотири варақгардон намудани зиндагиномаи Маҳмудҷон ба сӯҳбати устод рафтам ва дар баробари посух ба суолҳои хеш бо муаммоҳои тоза рӯбарӯ шудам:
Чаро «Зиндагӣ ва ишқи Ҳофиз» танҳо як бор рӯи саҳна омад? Кӣ барои Маҳмудҷон монеа эҷод мекард? Чаро ба ӯ унвони Артисти халқии СССР-ро надоданд? Кӣ Маҳмудҷонро рабудан мехост? Пантуркистон аз Маҳмудҷон чӣ мехостанд? Давлати Шӯравиро кӣ барҳам дод? Чаро Мӯъмин Қаноат дар майдонҳо ширкат надошт? Ва дардҳои дигари устод…
Аз мусоҳибаи зер дар ин мавзӯъҳо андеша хоҳед кард.
- Устод, мақоме, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар олами ҳунар дорад, ба ҳамагон равшан аст. Аз нигоҳи Шумо чӣ гуна ӯ тавонист ба ин комгориҳо ноил шавад? Тафовути ин ҳунарманд аз дигарон чӣ буд?
- Маҳмудҷон Воҳидов аз зумраи он ҳунармандони тоҷик аст, ки Донишкадаи театрии Маскавро хатм карда буданд. Ҳунармандони ин гурӯҳ ҳама одамони баистеъдод буданд. Ба вижа Маҳмудҷон Воҳидов ва Ҳошим Гадоев симои барҷаста доштанд. Дар саҳнаи амалиёт, драмаҳое, ки амали ҷисмонӣ ва қаду қомат даркор бошад, Ҳошим Гадоев хуб буд, дар нутқу сухану каломи тоҷикӣ ва талаффузи равшан Маҳмудҷон Воҳидов. Вақте онҳо ба саҳнаи ҳунар омаданд, устодон Муҳаммадҷон Қосимов, Бурҳоновҳо ва дигар ҳунармандони Самарқанду Бухоро дар мақоми аввали театру кино ҷой доштанд. Инҳо ҳамчун шогирд ба театр омаданд. Бо онҳо муборизаву муқобилият ҳам намекарданд. Гапашонро гӯш мекарданд, эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд, лекин навигариашонро ворид намуданд. Ҳамин хеле оварданд, ки онҳо ҳис накарданд. Дар оғоз Маҳмудҷон миёни ҳамсабақонаш он қадар чеҳраи равшан надошт. Аммо ҳар нақше, ки дар ҳар саҳна меофарид, дар он психологизм буду дунёи ботини қаҳрамон. Ҳунари ӯ аз дидгоҳи равоншиносӣ ва нутқ чизи нав буд. Нутқи ӯ забони адабии тоҷикӣ буд. Ба мисли дигарон бо лаҳҷа гап намезад. Имтиёзи ӯ дар ҳамин буд. Дар намоиши «Алломаи Адҳам» - пйесаи устод Улуғзода, ки таҷассумгари андешаи маорифпарварӣ ва ҳувияти нав буд, нақши Маҳмудҷон аз ҳама хубтар падидор шуд. Дар «Достони Сиёвуш» ба ӯ як нақш доданд, ки дар назари аввал манфӣ ҳам ҳаст, он қадар симои равшан надорад. Маҳмудҷон онро тавре бозӣ кард, ки аз назари фалсафӣ аз нақши аввал болотар баромад. Ӯ чизеро аз ғайб мешунид, чизеро, ки вуҷуд надорад. Ҳамин истеъдодро Маҳмудҷон дошт, ки аз ғайб чизеро медид ё мешунид. Чизе, ки дар пушти пардаҳо буд. Дигар ҳеч кас онро намедид. Он солҳо театри мо аз рӯи қонунмандии театрҳои Маскав намоишҳо таҳия мекард. Бештар ҷангҳо - ҷанги шаҳрвандӣ, босмачӣ ва баъзе кӯшишҳои дигар дар саҳна инъикос меёфт. Баъдтар дар ҳунари театрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон усули нав пайдо шуд. Дар ин давра нисбат ба системаи реализми сотсиалистӣ диди зебоишиносӣ дигар шуда буд. Як чизи нав пайдо шуд ва ин навигарӣ ба вижа, дар санъати театр бисёр хуб зуҳур кард. Усули наве, ки як андоза мистика дошт, нерӯи ғайбӣ аз пушти пардаҳо меомаду як чизи нав эҷод мекарданд. Усули ботиния ва равоншиносӣ. Ин ҳаракату ҷунбиши нав баъди ошкорбаёниҳои Никита Хрушёв, ки зидди шахсиятпарастии Сталин сухан мегуфт, пайдо шуд. Гармии муваққатӣ ба вуҷуд омад. Вақте ки Маҳмудҷон бо ин усул кор кард, ҳаракатҳои ӯро маҳдуд карданд. Гуфтанд, ки зиёдравӣ аст. Барои ифодаи андешаву ормонҳои миллиаш ба Маскаву кишварҳои хориҷӣ зиёд сафар мекард ва чизи навро аз ҳар ҷо мегирифт. Дигарон ин навигариҳоро намедонистанд. Онҳо диданд, ки нерӯи ӯ он қадар зиёд мешавад, ки классикони саҳнаи театрро маҳдуд мекунад ё зери соя қарор медиҳад. Вале Маҳмудҷон бо вуҷуди эҷоди монеаҳо Театри як актёрро сохт, ки аз монологҳо иборат буд. Дар Маскав Иннокенти Смактуновский ҳамин навъи театрро эҷод карда буд, «Ҳамлет»- Шекспирро ба саҳна гузошт. Худаш бо чанд кас «Ҳамлет» -ро бозӣ мекард. Як шамшери англисӣ дошт, дигар ҳеҷ чиз не. Бо ҳарифи маҷозии худ шамшерзанию муколама мекард ва ӯро аз байн мебурд. Ҷанбаи фалсафӣ ва озодандеширо, ки дар маҳдудаи як кас ҳама нақшҳо офарида шавад, ҳамон ҷо дидем. Дар оғози намоиш симояш дигар аст, он тараф меравад, симояш дигар, дар қисми сеюм симо тамоман дигар мешавад. Таҳаввулоту динамикаи эҷодӣ ба назар мерасад. Маҳмудҷон аз Смактуновский ҷанбаи фалсафии мӯҳтавою амалу фаъолиятро омӯхт. Рӯи саҳна маҳдуд аст ва ҳам вақти муайян дорад. Бояд дар ин муддат ҳама масъаларо ҳал кунӣ. Масалан, масъалаеро, ки як эпохаро ифода мекунад, дар дуюним соат бояд ба мардум нишон дода тавонӣ. Ҳам бо калом ва ҳам бо амал, ҳам бо андеша ва ҳам бо сукут. Баъд аз ин боз як ҳаракати дигар пайдо шуд. Владимир Ретсептер, ки дар риштаи театрӣ ҳунарманди беҳамто буд, «Ҳамлет» -ро худаш танҳо бозӣ мекард. Ӯ аз Смактуновский пештар рафт. Ба саҳнаи театр тамоман чизи нав овард. Ман ҳамон вақт дар Маскав кору зиндагӣ мекардам. Маҳмудҷон маро ду-се бор ба намоишҳои ӯ бурду буд. Вай мегуфт, навтар аз намоишҳои Владимир Ретсептер чизи дигаре нест. Аз ӯ бисёр омӯхт. Баъдан Юрий Любимов дар театри Таганка намоишҳои озод таҳия мекард, ки дар онҳо Олҷас Сулаймонов, Андрей Вознесенский, Евгений Евтушенко, Роберт Рождественский, Белла Ахмадуллина ва ман шеър мехондем. Ҳар касе дар ҳамон поя андешаву ҳунар дошт, рафта иштирок мекард. Маҳмудҷон аз он намоишҳо қисми ботинӣ, фалсафа ва нутқашро гирифт. Вай бо театри файласуфона, олимона, шоирона, орифона ва аз назари равоншиносӣ тозааш дар Осиёи Миёна дар мақоми аввал қарор дошт. Барои ҳамин бисёр ба ӯ бухлу кинаю ҳасад доштанд, ҳатто ҳамкасбонашон. Гумон мекарданд, ки агар ӯ ҳама чиро нав кунад, мактаби мо кӯҳна мешавад. Мактаби онҳо барвақт кӯхна шуда буд. Вақте ки равияи нав пайдо шуд, маънои норизоият аз сохти сенаристиву андешаву ҳаракати театр ва мактаби театриро дошт. Лекин мардум нафаҳмиданд, қабул кардан нахостанд. Аввалин коре, ки Маҳмудҷон дар ҳамин ришта кард, «Зиндагӣ ва ишқи Ҳофиз» ба муносибати 650-солагии Ҳофизи Шерозӣ буд, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил шуд. Ин чизи тамоман нав буд. Дар театр чандон онро написандиданд, лекин чизе гуфта натавонистанд. Замоне ки Маҳмудҷон намоишро таҳия мекард, устод Турсунзода бемор буданд, дар Маскав табобат мегирифтанд. Бо ин сабаб, пеш аз нахустнамоиш онро надида буданд. Асосан ману Маҳмудҷон тайёр кардаем. Чун муаллим онро тамошо карданд, чандон хушашон наомад.
-Барои чӣ ба устод Турсунзода писанд наомад?
- Чизи нав буд. Саҳна се равоқ дошт. Ба равоқи аввал медаромаду як бахши ғазалҳои Ҳофизро мехонд. Равоқи дуюм бахши ғазалҳои фалсафию эътирозиву риндӣ, сеюмаш ҷамъбасти хирадмандона, ки чӣ бояд кард, то ин ҷаҳонро нав кунем: Оламе аз нав бубояд сохт в-аз нав одаме. Ба ин савол бояд ҷавоб гуфт. Чӣ хел бисозем ҳамон одамро? Дар ғайб ба зиёрати Ҳофиз меравад ва аз он ҷо меояду паёми ӯро мегӯяд. Ба устод Турсунзода сахт расид, ки барои чӣ пешакӣ бо ман маслиҳат накардед, дар назди меҳмонҳо танқид кунем, намешавад. Гуфтем, шумо дар Маскав будед, фурсат нашуд. Устод гуфтанд, дар назари ман Ҳофиз як шоири ринд буд, дар лаби рӯд менишаст, як кӯза шароб дошту як мутриб ва як соқӣ. Ҳамин хел мешуд, мардум мефаҳмиданд. Ин бисёр мураккаб аст, касе намефаҳмад. Гуфтем: Устод, шеъри Ҳофизро то ҳол ҳеҷ кас нафаҳмидааст. Олимони ҷаҳон таҳқиқ карданд, вале муаммои Ҳофизро то охир кушода натавонистанд. Он вақт дар ҳофизшиносӣ мо баробари Эрон набудем. Он ҷо шарҳи Ҳофиз дар нӯҳ ҷилд вуҷуд дошт. Дар ин ҷо набуд. Фақат ман як ҷилдашро доштам. Вақте соли 1970 ба Эрон рафтам, ба ман тақдим карданд.
Вале меҳмонҳо ба он бисёр баҳои баланд доданд. Донишмандони Эрон, эрониҳои Маскаву хориҷа ва дигар меҳмонони ҷашн ба Душанбе омада буданд. Овозаашро ба ҳама ҷо бурданд. Эрониҳо ҳатто ба навор гирифта, дар толори Рӯдакии шаҳри Теҳрон нишон доданд.
Лекин якто нахустнамоиш дар ҳузури меҳмонон баргузор шуду дигар онро намоиш надоданд. Ин муаммо то ҳол барои ман пӯшида аст, ки барои чӣ ин тавр шуд? Чун ҳанӯз аҳди шӯравӣ буд, шояд аз ҳувияти эронпарастию тоҷикпарастии зиёдаш тарсиданд. Кремл ҳам инро намеписандид. Гуфтем, ба ҳар ҳол коре шуд. Андешаи мардум тағйир ёфт. Вале Маҳмудҷон бисёр хафа шуд. Умед дошт, ки устод Турсунзода дастгирӣ мекунанд, зеро дар ҳама ҷо мунодии шеърашон буд. Ин барояш як зарба шуд. Баъд рубоиёти Хайёмро рӯи саҳна овард. Мавзӯе, ки мардумро такон медиҳад. Он аз се қисм иборат буд. Давраи аввал - ҷавонии Хайём ва шӯру шаафи он. Давраи дуюмаш - шаку аниқ, дар бисёр масъалаҳо шак меоварад, бо Худо баҳс мекунад. Давраи сеюм хулосаҳои фалсафӣ дар бораи он ки ҷаҳон чист?
- Ороиши саҳна чӣ гуна буд?
- Ороиши саҳнаро аз минётураҳои эронӣ дар мавзӯи Хайём гирифтем. Дар гӯшае Хайём нишаста буду ҳар кас пеши вай меомад, як паём меовард. Як арз, як шикоят ва ӯ ба ҳамонҳо бо шеър ҷавоб ё раддия мегуфт. Агар мухотабаш маъшуқа бошад, маъшуқа бо ҳамон либосҳои зебои эронии классикӣ меомад. Агар Аҳриман бошад, чеҳраи аҳримании шумрӯ пайдо мешавад. Ба ҳама бисёр маъқул шуд. Он тамоман чизи нав, фалсафӣ, шоирона ва олимона буд. Вақте ки онро тайёр карданд, намояндаи Русия ҳам ин ҷо буд. Гуфт, ки инро ба забони русӣ тайёр кунед, ба Маскав мебарем. Зеро Хайём дар Русия бисёр машҳур буд. Ба русӣ тайёр карданд. Дар ду театри Маскав нишон доданд, ба мардум писанд омад. Барои ин асар ва корҳои дигаре, ки дар соҳаи театр, ташвиқу тарғиби адабиёти классикӣ, адабиёти рус ва адабиёти ҷаҳон анҷом додааст, Вазорати фарҳанги Русия Маҳмудҷон Воҳидовро ба дарёфти унвони Артисти халқии СССР пешниҳод намуд. Дар ин бора Иттифоқи нависандагони СССР, Вазорати фарҳанги Русия, ВТО (Всесоюзное театральное общество) қарор карданд ва онро ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ирсол намуданд. Аз ин ҷо пуштбониву тавсия нарафт, сукут ихтиёр карданд.
- Аз Маскав ҳам натиҷаи мактубашонро талаб накарданд?
- Дер шуд. Ӯ фавтид. Гурӯҳи дигар Ҷӯрабек Муродовро пешниҳод кард. Ӯ ба ҳама забонҳои Итиҳоди Шӯравӣ яктоӣ суруд омода намуд. Як гурӯҳи дигар Нуқра Раҳматоваро пешниҳод карданд. Маҳмудҷонро бо машварати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда буданд, бенатиҷа монд. Дар ҳама сафарҳоям ба Маскав, ман дар ин кор талош мекардам, вале танҳо будам. Гапи одами танҳоро гӯш намекунанд. Ман фақат метавонистам Иттифоқи нависандагонро гӯям, ки як сару садо баланд кунед. Билохира, Маҳмудҷон ба ин фоҷиа гирифтор шуд. Баъд унвонро ба Ҷӯрабек Муродов доданд.
- Чаро дар Тоҷикистон номзадии ӯро напазируфтанд?
- Дар зиндагиномаи Маҳмудҷон муаммоҳое эҷод шуд, ки то ҳозир ман шарҳу тавзеҳашро пайдо карда наметавонам. Вай тоҷики саҳеҳ буд, аз ҳама тоҷиктар. Ҳунараш аз ҳама баланд, ҳувияти тоҷикпарастиаш аз ҳама зиёд. Шояд ин ҷиҳатҳо монеъ шуд. Сад ҳайф аз ҷаҳон даргузашт. Ҳоло бисёр ҷавон буд. Мехост «Суруши Сталинград»-ро дар саҳна гузорад, ҳамчун моноспектакл. Вақти рафтанаш ман зорӣ кардам, ки нарав. Рӯзи ҳафти устод Мирзо Турсунзода буд. Ҳамон ҷо омада гуфт, ки акнун танҳо мондӣ. Гуфтам, ту ҳастӣ, танҳои танҳо нестам. Гуфт, ман баъд аз чор рӯз Ироқ меравам. Рӯзҳои Тоҷикистон будааст. Гуфтам, бо ҳамин асаби вайронат Карбало меравӣ. Ҷои шаҳодати Ҳусайни Карбало аз ҷойҳост, ки асабро хароб мекунанд. Гуфт, ки муддати кам будааст, меравему меоем. Гуфтам, нарав, Бобоҷон Ғафуров ҳамин сол вафот кард, Абдуғанӣ Мирзоев вафот кард, устод Турсунзода даргузашт. Нарав, ки бисёр кам мондем мо. Бе зӯри онҳо мо барномаҳои калон иҷро карда наметавонем. Онҳо дар мақоми баланд буданд, дар тамоми ҷаҳон обрӯ доштанд. Мо одамони навем, акнун мушиносандамон. Аз ин хотир, мо бояд ҳамдасту ҳамроҳ бошем. Дар бинои Иттифоқи нависандагон саҳна сохтем, тарҷумаи синхронӣ мешавад бо се забон. Гуфтам, агар наравӣ, ҳозир фармон мебарорам бо номи «Театри як актёр», ҳамин толорро ба ту медиҳам. Гуфт, аллакай чиптаро харидаанд, дар он ҷо эълон кардаанд. Ман ҳис кардам, ки ӯ ҳам аз байн меравад. Аллакай давраи ақлкушиву истеъдодҳоро аз байн бурдан омада буд, вале онҳо бехабар. Ман, ки ҷаҳонгашта будам, медонистам. То он вақт ба кишварҳои арабӣ ду-се борӣ рафта будам. Медонистам дар дунё чӣ гапу чӣ хатар аст ба сари ин миллати тоҷику эронӣ. Инҳо намедонистанд, инҳо ҳассосияти эҷодӣ доштанд. Ман маслиҳат додам, ки эҳтиёт кунад. Лекин гӯш накард, рафт. Мақсад дошт, аз он ҷо биёяду дар мавзӯи Карбалову Бағдод намоиши нав тайёр кунад. Лаби дарёи Даҷлаву Фурот яке аз марказҳои шоҳони сосонӣ буд. Бағдод аз арабҳо нест, замини эронист. Ҳоло ҳам ними аҳолиаш форсизабон аст.
- Марги ӯ барқасдона сурат гирифт?
- То ҳоло ҳеҷ намедонам, ки чӣ хел шуд. Фақат медонам, ки бахилии тоҷикӣ ва маҳалгароӣ дар он ҷой дорад. Як мавзӯи дигар аст. Боймирзо Ҳайит, пантуркисти мюнхенӣ дар Олмон марказ ташкил карда, бар зидди шӯравӣ мубориза оғоз намуд. Вай аз легионерҳои Туркистон буд, ки дар ҷанги Олмон ба асорат афтиданд. Мӯсо Ҷалил ҳам дар асорати ҳамон гурӯҳи пантуркистон буд, лекин ӯро куштанд. Онҳо шикор мекарданд, ки киро ба даст оранд. Аз Фарғона бошад, тоҷик ва шахси боистеъдоду машҳур бошад. Аввал Толисро ба нақша гирифтанд, зеро нависандаи машҳур буд. Вақте ки барои ширкат дар Фестивали ҷавонони ҷаҳон ба Олмон рафт, қасди дуздиданаш карданд. Вале чун аз қафояш амнияти шӯравӣ буд, ӯро раҳо карданд. Вале ҳамон ҳодиса сабаби бемориаш шуд. Дуюм Азиз Улуғзодаро ба дом афтоданд. Котиби ташкилоти ҳизбии Донишгоҳи давлатии Маскав буд, шаш забонро медонист. Дар литсеи англисии Ҳиндустон омӯзгор шуд. Азиз ҳамшаҳриашон буд, фарғонагӣ. Ҳайит ҳам аз Чуст буд. Азизро бурда, дар ҳамон ҳаракати зидди шӯравӣ ва тарафдори истиқлолписандии Тоҷикистон аз нигоҳи пантуркизм, муовини Ҳайит карданд. Ин кор барои фурӯпошии Шӯравӣ ва бадном кардани он даркор буд. Маҳмудҷонро ҳам рабуданӣ шуданд, дар як сафари дигараш. Нафаре ба онҳо лозим буд, ки дар саҳнаву ҳунар каломи тоҷикӣ дошта бошад. Азиз каломи тоҷикӣ надошт. Имкони бурданаш нашуд. Худаш ҳам намехост, ватандӯст буд. Шариконаш мегӯянд, ки вақти сафар бисёр асабонӣ буд. Хусусан баъди Карбало омадан ин қадар асабонӣ буд, ки агар дар мошин касе шӯхию ханда мекард, ҷанг мекард. Шояд ҳаросе доштааст аз он ки мисли сафари пешин кӯшиши рабуданашро накунанд. Се касе, ки онҳо дар нишон гирифтанд, сарнавишташонро вайрон карданд, ба фоҷиа кашиданд. Билохира, кори худашон ҳам ҳеҷ натиҷа надод. Шӯравиро онҳо аз байн набурданд. Худи роҳбарияти Шӯравӣ, коммунистҳои беақл сиёсати дуруст бурда натавонистанд, худашон онро аз байн бурданд. Хеҷ каси дигар дар ин кор даст надошт. Михаил Горбачёв аслан як одами бесаводу беақл буд. Фақат гап мезад, дониши таҳлилӣ надошт. Борис Елтсин, як аҳмақи алкаши дигар зарбаи охирро зад. Умри Шӯравӣ ба охир расида будааст, он рӯз не, рӯзи дигар ҳатман аз байн мерафт. Феълан ҷои таассуф ҳам нест, истиқлол ба даст омад. Вале барои миллати мо фоҷиаи бисёре овард. Ҷанги дохилӣ сар шуд. Зеро мардуми мо ва ҳизбҳои навхез омода набуданд. Касе сиёсатмадор набуд. Ман, ки ба майдонҳо намерафтам, на ба инаш ва на ба онаш, гуфтанд, ки Мӯъмин Қаноат дар даҳонаш об гирифтааст. Гуфтам, ҳоло шумо намедонед, ин кори аблаҳона, ки шумо мекунед, пайомадаш чист? Ҷанги дохилӣ аст ва аз байн рафтани Тоҷикистон. Ҷанги дохилие, ки Худо медонад, кай тамом мешавад. То ҳозир ҳам тамом нашудааст. Мардуми мо, ҳар кас аз рӯи фаҳми содалавҳона ва эҳсосот ҳар чизе, ки мебинанду мешунаванд, бе таҳлилу қиёс қабулу таблиғ мекунанд. Гурӯҳи дигаре, ки аҳли хирад ҳастанду донишманданд, таҳлил мекунанд, ки решаи ин падида дар куҷост? Аз куҷо омадааст ва барои чӣ? Баъд пеши роҳи онро мебанданд. Мардуми мо ақли солимро гӯш накарданд ва чӣ қадар неруву истедодҳои бузургро беҳуда аз даст доданд. Ҷои онҳоро касе гирифта наметавонад. Ин хел инсонҳоро тарбия кардан душвор аст. Онҳоро замон тарбия карда буд ва миллат. Миллат, ки фоҷиаҳои таърихиро аз сар гузаронида буд, натиҷаву ҳосилаш ҳамин чанд зиёӣ буд. Муроди миллатро ҳамонҳо бояд ҷомаи амал мепӯшониданд. Афсӯс, бузургони миллатро эҳтиёт накардем. Дигар чӣ суд? Имрӯз на театр ҳасту на кино ҳасту зиёӣ ҳам нест. Дар ин ҳолат дигар чӣ мегӯем?
Камолоти одам дар таҳаввул аст. Инсон ба сӯи камолот ҳаракат мекунад. Агар Маҳмудҷон то имрӯз мебуд, ба авҷи камолот мерасид. Чизҳои наве меёфт, ки ҳама дар ҳайрат меафтод. Афсӯс, ки ҷавон рафт. Баъди маргаш ба дасти фаромӯшӣ супурданд. Гӯё мурдааш ҳам аз онҳо баландтар мешуда бошад. Метарсанд ҳама. Вале Маҳмудҷон дар умраш ба касе бадӣ накардааст. Дар ботинаш бадӣ набуд, аҷиб. Чун аз ҳад зиёд зӯр буд, бахилиро намедонист. Ҳам устодон ба ӯ бахилӣ мекарданд, ҳам ҳамсолонаш ва ҳам ҷавонон. Меандешиданд, вай мақомашро ба ҷое мебарорад, ки касе ба ӯ расида наметавонад:
Ба ҷое кашидам инони талаб,
Ки он ҷо дигар пасту боло набуд.
Вақте ба ҳамон нуқтаи охир расидӣ, дигар он ҷо пасту боло нест, он мақоми илоҳӣ аст. Он тараф ҳам ҳеч чиз нест, ин тараф ҳам. Вай на ба устодон душманӣ мекард, на ба шогирдон. Медонист, ки мақоми вай дар ҷои дигар аст. Ба ҳамон ҷо рафта истода буд, дар нимароҳ монд. Ҳама одамони зӯри тоҷикро ҳамин хел ҷавонмарг мекунанд, дар парвози баландтарин нобуд месозанд. Барои ман бисёр мушкил аст, ҳама дӯстон рафтанд. Худам танҳо мондам. Дӯстоне, ки аз адабиёту русу адабиёти ҷаҳон буданд, рафтанд. Ҳар ҷо, ки ҳастам, аз Маҳмудҷон ёд мекунам. Дуои хайр мекунам.
- Мегӯянд, ки дар ҳолати мастӣ афтодааст? Оё баъди маргаш тафтиш бурданд?
- Вай кам менӯшид. То рӯз менишастем, ҳама маст мешуданду вай не. Мо, ки ҳамсоя будем, ҳамроҳ лаби канал мерафтему бо дарё роз мегуфтем. Баъд Лоиқ меомад.
Тафтиши ҷиддӣ набурданд. Ману ҳамсарашонро гуфтанд, ки шумо рафта ҷасадро шиносед. Ба фурудгоҳ рафтем. Вайро дар яхдон намондаанд, шинохта намешуд. Гуфтем, дигар азоб надиҳем. Хостем дар Лучоб дафн кунем. Вале азбаски сабаби вафот аниқ набуд, он ҷо ҷой надоданд. Ба қабристони маъмулӣ бурданд. Муаммои маргаш то имрӯз монд. Одами поку банангу номус буд. Равонаш шод бошад Маҳмудҷонро. Имрӯз ҳам мавриди иззату эҳтироми махсус аст. Бояд мардум андеша кунанд, ки агар касе аз аҳли ҳунар мақоми қаҳрамони тоҷикро дошта бошад, Маҳмудҷон аст, дигар ҳеч кас нест. Имрӯз ҳам ҳеч кас нест, пеш аз ӯ ҳам касе дар пояи вай набуд. Мӯъмин Қаноат: «БУЗУРГОНАМОНРО ЭҲТИЁТ НАКАРДЕМ»
Барнои ҚОДИРДУХТ Чархи Гардун
31.01.2
Маъмур Нурматов,
30-06-2009 23:53
(ссылка)
Суруш!
Замоне аз гами дунё гурезам,
Замоне бо шахи дилхо ситезам.
Мушаббак гашт чун элак дили ман,
Мадад фармо,ки хоки гам бибезам.
Шунав овози манро насли рафта,
Ба ёди ишк боз аз нав бихезам.
Шабе аз дасти ноахли замона,
Чу чуръа умри бокиям бирезам
Зафар Ахмад.
Замоне бо шахи дилхо ситезам.
Мушаббак гашт чун элак дили ман,
Мадад фармо,ки хоки гам бибезам.
Шунав овози манро насли рафта,
Ба ёди ишк боз аз нав бихезам.
Шабе аз дасти ноахли замона,
Чу чуръа умри бокиям бирезам
Зафар Ахмад.
Я с тобой НАВСЕГДА,
24-12-2012 09:56
(ссылка)
Р.У.Х.А.Т. Ш.О.Д. Б.О.Д. П.А.Д.А.Р.Ч.О.Н.А.М.....
|
настроение: Грустное
Метки: МЕХРУБОНАМ ПАДАРЧОНАМ
Мухаммас бар газали Маъдани Понгози
Бод омаду машшотагари бар чаман омухт,
Кумри ба гулу лола зи ишк бас сухан омухт,
Он шух ба мо буса задан зон дахан омухт.
"Устоди мухаббат дили савдо задан омухт,
Аз лому алиф зулфи шикан дар шикан омухт".
Аз дарди дилам рехта хуноба чу Нилхо,
Инак ману ин чашми тарам бар сари гилхо,
Ин бас маро дар гами ишки ту далелхо.
"Хусну нигаху чилваи шухи ту ба дилхо,
Бетоб шудан,об шудан,хун шудан омухт".
Шамшод хиром аз кади дилчуи ту донист.
Ё сунбули тар дилбари аз муи ту донист,
Наргис фусуну сехр зи чодуи ту донист,
"Гул тарзи шукуфтан зи гули руи ту донист,
Булбул равиши нола зи фарёди ман омухт".
То чанд маро бар сари куи ту давидан,
Хар бор туро дидану аз хеш рамидан,
Мачнуни дигар гаштану бас нола кашидан,
"Афрухтану сухтану чома даридан,
Парвона зи ман,шамъ зи ман,гул зи ман омухт".
Ошуфтагии ошики бемор чи дони,
Гах чехра намоиву гахе боз бирони,
Бишкаста сари ахд чу ёрони забони,
"Бар синаи Маъдан задаи чоки маъони,
То тири гамаш пораи дил духтан омухт".
Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносону мако
"Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд, ё чанд суол ба забоншиносону макомоти дахлдор."
Зери ин сарлавха чанде андешахову шеъри Абдукаюми Мухаммадчон (тахаллуси адабии каминаи камтаринатон) дар матбуоти даври, аз чумла рузномахои "Шухрати Ашт", "Нилуфар", "Сухани халк" ва г. чоп гардидаанд. Он шеърро бо номи "Вожаи Пунгаз ба дех зебанда аст" (Ё "Пунгазу Понгоз хаммаъно наянд!" дар "МЕХМОНХОНА" - "ГОСТЕВАЯ"-и
ин сайт интишор намуда, шумоёни азизро ба мухокимаи ин мавзуъ таклиф намудам. Давайте, вместе подумаем!

12-12-2011 13:38
(ссылка)
МАХМАДАЛЙ ДЖУРАЕВ
Махмадалй Джураев 10-июни соли 1945 дар дехаи Понгози нохияи Ашт таваллуд шудааст.Соли 1961 мактаби мийонаи ба номи Маьданро хатм карда худи хамон сол ба омузишгохи касби-техникии "КИМ"-и шахраки Нефтобод дохил шуд,баьди хатми он дар собик колхози ба номи Энгелс фаьолияти мехнатияшро огоз менамояд.Солхои 1968-1970 хизмати харбиро сарбаландона адо намуда бо чандин ифтихорномахо сазовор гардидааст.Соли 1970 аьзои хизби комунист мегардад.Техникуми пулию молии шахри Душанберо хатм намуда ба шуьбаи молияи кумичроии нохия ба сифати мудири бучет ба кор мепардозад.Дар як вакт факултаи иктисодии Донишгохи Давлатии Точикистонро гоибона хатм мекунад.Аз соли 1979 то охири хайоташ сардори идораи сугуртаи нохияи Ашт буд.Тахти рохбарии М.Джураев идораи сугуртаи нохия дар чумхурии Точикистон ва иттифок ном бароварда бо нишондихандахои баланди мехнати мушарраф мегардад.Се маротиба дар мусобикаи социалистии умумииттифоки,як бор дар чумхури,якчандбор дар вилоят голиб дониста шуд.Ба туфайли мехнати шойонаш бо чандин грамотахои фахри ва рахматномахо кадр гардонида шудааст.У марде буд покдил,фурутану хоксор,дар як муддати кутох ба дили одамон рох мейофт.Вазорати молияи собик Иттиходи Шурави ва Кумитаи Иттифоки Касаба соли 1982 Махмадали Джураевро хамчун голиби мусобикахои сотциалисти дар байни рохбарони сохаи сугурта бо "Дипломи фахри"сарфароз гардонид.Аз тарафи Саруправлениаи Сугуртаи давлатии Точикистон рутбаи "Бехтарин сардори сохаи сугурта"дода шуд.У баробари ичрои вазифа солхои зийод намояндаи суди халкии Чумхури ва нохияви,намояндаи кумитаи коркунони давлатии иттифоки касаба,нозири гайри штатии кумитаи назорати халкии Точикистон,машваратчии халки,сардори бригадаи хашарчийони нохия дар мавсими пахта,депутати шахраки Шайдон ва Шурои кишлоки Понгоз,аъзои комиссияи назди хукумати нохия буд.М.Джураев -панч карат голиби мусобикаи мехнатии комунистй мебошад.Иштирокчии семинари сарварони кумитахои Иттифоки Касабаи Умумииттифокй буда бо чандин "Ифтихорномахои фахрй"мукофотонида шудааст.10-уми августи соли 1985 дар чихилсолагиаш вафот кардааст.У падари хафт нафар фарзанд аст.Соли 1995 50-солагии М.Джураев чашн гирифта шуда номи кучае ки зиндагонй ва обод кардааст бо карори Хукумати шурои кишлок ба номи у гузошта мешавад.Соли 2005 дар арафаи чашни 60-солагиаш китоби "Махбуби дилхо"мехрномаи дустон дар бораи Махмадалй Джураев аз чоп баромадааст.Мардум уро доимо бо некй йод мекунанд.Рухаш шод бод.Дар пештоки мехмонхонаи хонаи падариаш дар сарафи хона ин шохбайти устод Рудакй бо харфхои калон навишта шудааст,ки то имруз мавчуд аст:Мардй набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирй мардй.
М.Джураев аз дусташ Абдусамад Тошпулодов хохиш намудааст,ки ин байти устодро дар чуби хона навишанд ва у умре дар зиндагиаш аз руи ин панди устод Рудакй амал кардааст.Шиори харрузааш дар зиндагй ин байти устод буд.
Достони марди некном
То даме будй падар,мо чехрахандон омада,
Лек аз маргат дарего синабирйон омада.
Баъди чашни соли чил кардй видою то хануз,
Модару хохар,бародар дидагирйон омада.
Чашни панчохат муборак гуфта пайвандони ту,
Баъди дах соли вафотат аз Шахидон омада.
Хамчу фарзандони ту бингар ки андар хонаат,
Бар муборакбодиат Бехрузу Даврон омада.
Вах чй хуш Парвинаат бо шеваю нози дигар,
Хам ба чашнат Дилмуродат бо Зафарчон омада.
Сохиби номи накуят омада Махмадалй,
Бин чй сон Дилдораат сарви хиромон омада.
Ою бишнав аз Мадина шеърхои дилнишин,
Гуийо Абдулхаким аз мулки Канъон омада.
Тифлаки хафтмохаат Гулнора нуздахсола шуд,
Рузи туйаш наваруси гулбадомон омада.
Чашни панчохат гузашту бе ту эй бадри мунир,
Хамчу мох Мохрузаат рахшону пазмон омада.
Лафзи ширини Анисатро шунав чоно бийо,
Мунису Мухлисаву Шукрона хайрон омада.
Чун бигуям бар Шарифа аз кади зебои ту,
Гуядам бобои ман чун мохи тобон омада.
Гар Самандар бишнавад аз бозуву болои ту,
Дар хайолаш чадди у чун нури яздон омада.
Соли шасти зодрузат хам гузашт боз ой падар,
Калби мойон дар фироки ту ба афгон омада.
Шодиовар Шукриоллох омада бо шасти ту,
"Чони бобо"гуй ки онхо ашкрезон омада.
Аз матонат, аз шучоат лаб кушоям ман агар,
Дар назар оранд, гуйо марди майдон омада.
Хар кй дид болои аспи тозиат дар бузкашй,
Рустами мо гуфт бо Рахшаш ба чавлон омада.
Кисса созам аз суханхои диловезат хаме,
Мардумон гуйанд булбул дар гулистон омада.
Аз саховатпешагиву некихо лаб во кунам,
Ёд меоранду гуйанд муниси чон омада.
Голиби майдони мехнат гаштай чандин карат,
Номбардори Ватан чун Оли Сомон омада.
Шахри Маскав офаринхо хонда байни сарварон,
Гуфт ин пешвои мо аз Точикистон омада.
Кам набошад руи оламро бузургони замон,
Хамчунонат марди мардон кам инсон омада.
Беш аз ту зиндагонй кардаму хечам хануз,
Чун ту бар дилхо нишастан гайри имкон омада.
Ту ба он чилсола умри кутахи пурмахсулат,
Ин замон "Махбуби дилхо"*-и хазорон омада.
Ою фарзандони худро сарпанох шав ин замон,
Бе ту гохо бар сари мо доду исён омада.
Хар замон пурсад Сафина дар кучо бобои ман?
Дар чавобаш ин дили хунгашта нолон омада.
Аз забони Лутфиоллох шахд мерезад хаме,
Мисли ту Мехроварат чун пахлавонон омада.
Кони мехр асту вафо Дилмехраи ширинзабон,
Хар яке монанди ту боахду паймон омада
Лафзи ширини инаш аз дигараш афзунтар аст,
Дустон гуйанд чу бобошон сухандон омада.
Дидаам дар пештоки хонаат абёти хуш,
Чун шиори зиндагонии ту аз он омада.
Шохбайти Рудакй дид хар ки шуд мехмони ту,
Дустон бо панди шоир бар лаби хон омада.
Кош мебудиву меболидй бо тифлони худ,
Тифлаконат мисли ту бо нури имон омада.
Чон падар Фирузаат бе мехри ту пажмурда шуд,
Бе ту Искандар ба дард асту ба армон омада.
Бахри дидорат Мухаммад оядо аз дурихо,
Мустафоят чун чамоли ту дурахшон омада.
Шуълапошй мекунад Ганчина аз рухсорааш,
Нилуфар хам хамчу гулхои бахорон омада.
Сарвиноз бо ноз омад роз дорад бахри ту,
Фотима парвинсифат бо нури Куръон омада.
Бин чй хуш Гулмехра омад аз гарибихои дур,
Хам Фаришта хам Ануша чун хазорон омада.
Ёсуман бо Хочара хуш омад, эй бобокалон,
Хам Умар бо чашни хафтодат мехмон омада.
Хафт фарзандони ту бо ин хама фарзанди худ,
Рузи чашнат бахри дустони ту мизбон омада.
"Чашни хафтодат муборак"-гуфта ёрони наку,
Аз фирокат чон падар чун шамъи сузон омада.
Хамчунон Максудалй аз сузиши чону чигар,
Бо дили садпорааш ин дам газалхон омада.
*Махбуби дилхо-номи китоб дар бораи М.Чураев
******************************
Киссаи марди некном-Махмадалй Чураев
Кудаке омад ба дунйо як замон,
Кудаки устои* хуби дехамон.
Модари кудак зане буд мехрубон,
Дехаи Понгоз онхоро макон.
Чун шуниданд чам шуданд хамсоягон,
Омаданд хешу табор бар хонашон.
Гарчи мекард тифли нав доду фигон,
Шодй мекарданд хама хурду калон.
Синни усто беши чил буд дустон,
Пеш аз ин гуронда буд чанд кудакон.
Руй биоварда ба суи осмон,
Гуфтугуй дошт бо худо устокалон.
"Эй худо айбам чй аст андар чахон,
Бин ба танхой бишуд умрам хазон.
Тифли навро дар панох дораш амон,
Лек уро мисли ман танхо намон.
Ман на хохар дораму на додарон,
Зинда дору пок дору соябон."
Ном ниходаш номи ду марди чахон,
Хам Мухаммад хам Алии боимон.
Солхо бигзашту гардид навчавон,
Руйи сурхи гарм дошт монанди нон.
Кадду коматро бубину бозувон,
Дар сухан шакар бирезад аз дахон.
Мебаромад гох-гох аз Шахидон,
То Хучанду пойтахти точикон.
Хамсафар буд Нуруллои* кахрамон,
Аз Душанбе то ба сохилхои Дон.
Гох катори корвони мошинон,
Рахсипори пахта буду посбон.
Гох мийони пахтазори бекарон,
Шод мекард таъби мардону занон.
Гох савори асп буду гох равон,
Бузкашй мекард гохо у давон.
Гох мийони бузкашони комрон,
Медавонид аспро чавлонзанон.
Сарпанох буду ба мо ороми чон,
Марди майдон хонамаш йо пахлавон.
Аз вучудаш зиндагй буд гулфишон,
Чун бирафт шуд зиндагй бар мо гарон.
Баски марде буд басо хам мехрубон,
Аз фирокаш сухтем хурду калон.
Соябон буду бирафт зуд аз мийон,
Шуълае буд дар мийони одамон.
Бо накукорй бишуд вирди забон,
Киблагохи ман буду ширинбайон.
Чун бигардид марги фарзандаш айон,
Холи усторо чй тавр созам байон.
У хамекард нолаву доду фигон,
Оби чашмонаш равон буду равон.
Нури чашмонаш бирафт зуд аз мийон,
Бо дили озурда монд дар хонадон.
Комати сарваш бишуд мисли камон,
Муйсафеди пир гашту нотавон.
Сад фигон карду наомад навчавон,
Дар гами фарзанд шуд умраш хазон.
*УстоЧура-падари М.Чураев,усто ва табиби машхури халкй.
*Нурулло Хувайдуллоев-дусти чонии М.Чураев.Кахрамони китоби"Кахрамонии прокурори генералй"Душанбе 2010.
Хоксорй шеваи рузгору пешвой мухтавои хайотии у буда.
Куххои сар ба фалак кашида,чашмахои шуху оби мусаффодошта,хавои бегубору манзарахои нотакрори табиат ба кухистони точикон хусну шукухи хоса бахшидаанд.Дар катори ин дурдонахои бебахо мардуми богуруру баорияти кухсорро низ хатман бояд чой дод,ки кимати онхо,бешубха аз хама болост.Дийори зебоманзари мо Пунгаз-ватани Маъдани ширинкалому оташинсухан аз хама ин унсурхо бархурдор буда,дар огуши чонбахшаш фарзандонеро тарбияву ба воя расонидааст,ки бо парвози баланди афкору фарханг ва хунари волои хеш дар сарзамини точик мавкею макоми сазоворро ноил гардидаанд. Нурулло Хувайдуллоев ва Махмадалй Чураев(равонашон шод бод)бархак аз зумраи ин фарзандони шоиставу фарзона ва шухратйори мамлакат ба шумор мераванд.Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд,мегуянд,ки хак аст.Доимо дар пахлуи Нуруллоако мо бародархондашон-акои Махмадалй Чураевро медидем,ки дустиашон вирди забони хурду калони деха,нохия ва вилоят буд.Махмадалй Чураев(шодравон)низ шахсияти барчастаю фарзанди номбардори Пунгаз ва яке аз рохбарони обруманди нохияю вилоят буда,дар хама мавридхои хайотй якчоя бо дусти азизи худ буданд.Хислатхои накуй ва одамияти ин марди шарифро мо чавонон дар дустию рафокат ва бародарии байни Нурулло-акою Махмадалй Чураев мушохида карда хавас мекардем,ки кошки мо хам мисли онхо шахсони ба хамдигар содику вафодор ва пайрави онхо бошем.
Абдукахор Турсунов
доктори илми техникй,профессор,
муовини ректори Донишгохи техникии Точикистон.
Аз китоби "Кахрамонии прокурори генералй".
Мухаммас бар газали Файози Хучандй
(Дар сугвории амаки мехрубонам Курбоналй Чураев)
Дил ба дод омад, дигар аз чашми хуншорам мапурс!
Аз фирокаш сухтам, аз дарди бисйорам мапурс!
Монда дар гирдоби дахрам, холи беморам мапурс!
"Боз савдои дигар сар барзад, аз корам мапурс!
Фориг аз суду зийонам,рузи бозорам мапурс!"
Сад фигон кардам наомад,дарди хичронаш ба пеш,
Худ бирафт аз ин чахон,чун мекашам гамхои беш,
Гамбароро,аз гамат шуд синаи ман реш-реш,
"Мурдам охир з-инфиоли хомии аъмоли хеш,
Колаи пасте ки дорам,аз харидорам мапурс!"
Токате набвад маро аз дидани тифлони зор,
Рахми у н-омад ба ман хун мехурам шабхои тор,
Хар кучое по гузорам,дар назар неш асту хор,
"Дар каломам иртиботе нест маъзурам бидор,
Дил ба фикрат махв мебошад,зи гуфторам мапурс!"
Аз азал гам хамнишину неши дунйо дар бадан,
Кори дунйо бингаредо ман сияхпушам ба тан,
Бар вафойам сад чафо дидам,бубинед марду зан,
"Бар сари ин догхои синаи афгори ман,
Дог кардан боз аз бемехрии йорам мапурс!"
Максуд,аз чабри замон чон бар халок асту асир,
Калбаш аз ин оламийон дар фигон асту хакир,
Некиро некй наяст,алхак бувад гуфтори пир,
"Бар чафояш сабр кардан ибрат аз Файоз гир,
Бевафоихои он шухи ситамгорам мапурс!"
Ашк аз чашмам чакид
Омадам бар шахри Ростов,
Сохили дарёи Дон,
Аз лаби дарёи Сирам,
Аз Хучанди бостон.
Рах ба рах дар осмону дар замин,
Дар хаёлам додарам буд,
Пеши чашмам гиряхои хохарам буд,
Модари чонпарварам буд.
Мардуми мехмоннавозу кухсорони баланд,
Куллаи бобои Обам,
Чашмахои бегубору руди шухам,
Хандахои офтобам.
Ногахон дар шахри Ростов он бародар,
Дар хаёлам чилвагар шуд,
Халка зад ашкам ба чашмам,
Миччахоямро забар шуд.
Бори аввал шахри Ростовро бидидам,
Номахоям гарчй онро дида буд,
Шахри Ростов гарчй cй сол пеш аз ин,
Рози ман бишнида буд.
Дар хамин чо он бародар,
Хизмати халку Ватан ичро намуд,
Дар катори аскарони шуравй,
Номаи ёрону манро во намуд.
Номахои ман зи номи додараш,
Хам зи номи модараш буд,
Хам зи номи киблагохаш,
Хам зи номи хохараш буд.
Чон бародар ман ба шахри хизматат,
"Ассалом"гуфтам зи номат,
Накл мекардам зи шахри хизматат,
Кош мебудй саломат!
Киссаи марги туро гуфтам ба Дон,
Ашк аз чашмам чакид,
Ашки манро диду гардид хамнаво,
Гуфт аз дунё чи дид?
Гуфтам у хам захри дунёро чашид,
Дар фироки модараш,
Дар чавонй хамчу хезум дар гирифт,
Рузи дафни додараш.
Гуфтам у хам бар гусели модараш,
Аз канорат рафта буд,
Дар сари у бо либоси аскарй,
Войи модар гуфта буд.
Гуфтам у хам доду афгон кардааст,
Дар сари чилсолааш,
Во дарегу чони додар гуфтааст,
Дар фигону нолааш.
Гуфтам аз у киблагохаш хам бирафт,
Дар гами он гулписар,
Зорахо карду наомад аз дигар,
Рафт бо хуни чигар.
Хоки Ростов гуи пурсонам бишуд,
У кай аз дунё гузашт,
Гуфтам айёми шукуфтанхои гул,
Соли у дар сию хашт.
Мургакони шахри Ростов хамчу ман,
Хой-хой дар гирья шуд,
Чони додар айни гул-гул бишкуфй,
З-он хазонрезй чи суд?
Осмони софи Ростов з-он хабар,
Гашт огох тирагун шуд,
Раъду баркашро ба хам зад,
Доду афгонаш фузун шуд.
Кучахои шахри Ростов навхагар шуд,
Гуиё аз он хабар,
Хайфи умри навчавонии ту гуфт,
Хар кучо кардй гузар.
Абри найсонро чигар хун шуд магар,
Гиряхо бинмуд ба сар,
Бозрехтй хуни дилро аз дигар,
Хез фарзанди падар!
Додаратро хар касе дар куча дид,
Синааш пурох дид,
Бо дили решу гарибу бенаво,
Дар фироки мох дид.
Боз ой бар хонаат Курбоналй,
То ки мехмонат шавам,
Боз ой дар Иди Курбон чони ман,
То ки курбонат шавам.
Иди Курбон муборак шавад!
Бо ду чашми ашкбори худ
Рахсипорам бар диёри худ,бар миёни кухсори худ,
Сарзамини сабзазори худ,офтобруй навбахори худ.
Шодам аз он бо Ватан оям,булбулосо бо чаман оям,
Бар гулистон бо сухан оям,бар макони номдори худ.
Модари мехрубонро бинам,шодии чисму чонро бинам,
Хам замину замонро бинам,розй созам гамгусори худ.
Рох бигирам суи кабристон,бо дили реш,синаи бирён,
То ки хонам сураи Куръон,руи кабри шохсавори худ.
Ёд дорам калби бебокаш,комати хуш, чехраи покаш,
Нола созам дар сари хокаш,барнахезад хоксори худ.
Мебиёям бо сари кабраш,то бубинад ин чигарбандаш,
Сарпанохам аз дами маргаш,монд андар ихтиёри худ.
Рузгорам чу шом мегуям,дарди дил бо тамом мегуям,
Аз бародар салом мегуям,гар бипурсад Бахтиёри худ.
Дод гуям к-эй падарчонам,бингар охир бе ту гирёнам,
Бе ту имруз бесаробонам,бин ду чашми ашкбори худ.
Дар фироки ту хамесузам,дидагонам бо рахат дузам,
Чора бинмой ман сияхрузам,боз ой бар интизори худ.
Хохарам гуяд падар омад,сарпанохам аз дигар омад,
Не,бародар аз сафар омад,кай биёяд шахриёри худ.
Модарам гуяд,ки чон ояд,пайрави он мехрубон ояд,
Шохсутуни хонадон ояд,кай тавон хамчун баори худ.
Бачагони додарам хандон,мебиёянд суи ман хайрон,
Гуияндам чони бобочон,кай шавам чун гамбарори худ.
Мухаммас бар газали Абдурахмони Чомй
Гами даврон ба як сую гами гулгункафан як су,
Чигарбандон ба як су,рехлати гулпирахан як су,
Падар як су ба афгону фигони марду зан як су,
"Хама як су бувад,нолидани он гулбадан як су,
Фироки бекасй як су бувад,доги Ватан як су."
Хабар омад,равон гаштам,намондандам туро дидан,
Кучо меоядам бовар,пас аз марги ту бишнидан,
Дилам пурнола шуд,вакти ба сони лола хандидан,
"Сахар бар чониби гулзор,рафтам бахри гул чидан,
Фигони булбулон як су бувад,сайри чаман як су."
Маро бинвиштаанд андар чабин умри ду-серуза,
Басо гурбат чашидастам, аз ин умри ду-серуза,
Хамесузонадам чун шамъ,хамин умри ду-серуза,
"Ки хайфи одамизод аст,дар ин умри ду-серуза,
Ба зери хок меафтад,кафан як сую тан як су."
Дар ин мехнатсаро афрухтану сухтан ба души ман,
Чафою кулфати даврон,рабудаст аклу хуши ман,
Пас аз ман устухонам хам бурун орад хуруши ман,
"Зи кухи Бесутун ногах,садо омад ба гуши ман,
Ки зарби теша як су,зарби дасти Кухкан як су."
Намуд ашъори Мавлоно,хамин Максудалй аз бар,
Бишуд огах зи абёти хуши он шуълаи ахтар,
Сазад шояд газалхонон равад у хам ба он манзар,
"Тамоми шоиронро чамъ,агар созанд дар махшар,
Хама як су бувад,ин Чомии ширинсухан як су."

Мустафо- нури худованди карим
Дидани руи базебат орзуст,
Комати бас дилфиребат орзуст.
Хамчу хуршед ин сахар хуш омадй,
Чехраи сурхи чу себат орзуст.
Шод бошй доимо дар зиндагй,
Бозихои сахназебат орзуст.
Умри ту бодо дароз эй чони ман,
Шодихои бехисебат орзуст.
Офаридгорат мададгори ту аст,
Хандахои пуршикебат орзуст.
Мустафо-нури худованди карим,
Тобиши чун андалебат орзуст.

03-01-2012 16:12
(ссылка)
Марсия дар сугвории Маъруф Исоматов
Номзаде бар илми таърих бо чахон падруд гуфт,
Зиндагии ин чахони бевафоро шуд гуфт.
Точикистон аз забонаш Оли Сомонро шунид,
Оли Сомон точиконро шохи одил буд гуфт.
Бахри миллат карнхои кухнаашро вонамуд,
Таърихи шохони худро бо забони худ гуфт.
Давлати Сомониёнро гуфта меболид ба худ,
Зодгохи Рудакиро дехаи Панчруд гуфт.
Ёди ёри мехрубон карду Бухороро гузашт,
Номи Фирдавсй гирифту лаънати Махмуд гуфт.
Ин хама гуфту ба дасташ синаашро боздошт,
Пеши чашмаш тор гашту сина дардолуд гуфт.
Оху вохи додарону хохарон боло намуд,
Нолаву доду фигони халкро бесуд гуфт.
Айни пирй модари бечора андар навха шуд,
Во дарего, олими мо тарки дунё зуд гуфт.
Пеши донишгох ба хобам дидамаш симои у,
Бахри ёрон киссахои хазрати Довуд гуфт.
Чок-чок аст ин гиребон,алвидоъ эй дусти чон!
Во дарего,Маъруферо алвидоъ Максуд гуфт.
Маруф Мамаджанов,
22-08-2011 17:13
(ссылка)
"ОВОЗИ ТИЛЛОИ"
Хамдиёрони азиз!! Писари Рузимати артист НАВРУЗ, дар конкурси чумхурияви "Овози тиллои" ба гирифтани диплом ва чоиза ноил шудааст. Дар Понгоз будагихо ягон чиз наменависед, ки мо хам дар Россия будагихо ба шодии Рузимат хамрох шавем, тасодуфан дина 21.08.20011 с.такроран, дар телевизор дида мондам. Офарин садхо бори дигар офарин!! На ба хар марди хунар муяссар шуддааст,ки дар сахнаи №1и чумхури хунарнамои кунад. Бар падараш рахмат, як ситорае хам аз Понгоз дурахшон мешудааст. Рахматхои калон, ин обруи на факат ахли хонадонаш, балки тамоми Понгозихои чахон аст. О Ф А Р И Н ! ! !
Понгозам орзуст
Мардуми мехмоннавозам орзуст,
Куллахои сарфарозам орзуст.
Хар замон дар масчиди "Нури Имон",
Хондани панч вакт намозам орзуст.
Мепарастам хар вачаб хоки Ватан,
Хамдилу хамдарди розам орзуст.
Дар гулистони диёри нозанин,
Лолаву гулхои нозам орзуст.
Дар бари гул нолаи булбул хуш аст,
Кабки масти нагмасозам орзуст.
Дар баландй осмони софи он,
Парфишонй хамчу бозам орзуст.
Вах чй зебо чамбилу райхони бог,
Гунчахои сарвинозам орзуст.
Булбулосо андаруни гулшанам,
Нолахои чонгудозам орзуст.
Назми Маъдан орифи фарзонае,
Харчй хондастам бозам орзуст.
Хар кй бишнид шеъри ту Максудалй,
Гуфт бо худ Понгозам орзуст.
Фаридун Назмиддинов,
27-03-2012 11:23
(ссылка)
Ба ёдбуди шодравон Иншодчон Нурматов
|
МАҚСУДАЛӢ МАҲМАДАЛӢ,
10-04-2012 08:47
(ссылка)
Зодруз муборак бародари азиз!

Ба дустам Фаридун Назмиддинов
Хой ошно дй ба маконам хуш омадй!
Чах чах зада чун булбулаконам хуш омадй!
Чун мурги хумо омадй андар лаби бомам,
Хуш омадй чоно ба имонам хуш омадй!
Устоди ману ту хама устоди суханвар,
Эй хамсабаки дарси забонам хуш омадй!
Эй пайрави Саъдию Низомию Хилолй,
Хам Лоику Бозори замонам хуш омадй!
Атторй бувад шугли ману ту ба гарибй,
Аттори сухандони чахонам хуш омадй!
Дил дар хаваси шахри Душанбе ба фигон аст,
Куйи дили бо доду фигонам хуш омадй!
Бархез ки вакти сафар омад ба Ватан боз,
Бар гулшани сарсабз хамонам хуш омадй!
Бо шеъру газал омадй бар ошйони ман,
Бо базми газалхои равонам хуш омадй!
Эй кош бийоиву кушойи ту дари ман,
Максудалй гуяд ки чонам хуш омадй!

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу