Все игры
Запись
Это спам

Оцените?


Нравится

Вы не можете комментировать, т.к. не авторизованы.


Раънои Зоирдухт      20-11-2015 15:56 (ссылка)
Re: Оцените?
МУХАММАСИ РАЪНОИ ЗОИРДУХТ
БАР ГАЗАЛИ ТУГРАЛ

Сухтанхои дилам рушан кунад кошонаро,
Холи ман орад ба хотир гесуи бешонаро.
Дар рахат аз дида резам гавхари якдонаро,
Хар ки дар дашти љунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Мачнун ошно бегонаро.

Менахохам бингарам холи табохи ошикон,
Бе фарозу шеб бошад кош рохи ошикон.
Н-оядам бар гуш харгиз оху вохи ошикон,
Хусни хубонро чило бошад нигохи ошикон,
Эътиборе нест ин чо шамъи бепарвонаро.

Ранги лаълаш воачаб, монандаи хуни катил,
Лафзи ширинаш бувад хуштар зи оби Салсабил,
Мох пеши партави руяш шавад хар дам хичил,
Улфатй дорад хаёли мори гесуяш ба дил,
Ганчи бисёр аст гўё хоки ин вайронаро.

Чуз гами ишкаш ба дил хеч аст гамхои дигар,
Хор-хори ишки у хоре халида бар чигар.
Хастиям аз барки руяш тоб дорад ин кадар,
Аз сари савдои зулфи у чи сон созам гузар,
Эй фусунгар, бо ки мегуи ту ин афсонаро.

Дур гаштанхои ту бинмуд холамро забун,
Рехт гамхои ту аз чашмони ман борони хун,
Лахзае аз хонаи бемехрии худ шав бурун,
Бо нигохе ќулбаи эхсони мо обод кун,
Нест чуз мадди нигах меъмор ин кошонаро.

Ишкро маъни чи бошад, менадонад бебасар,
Аз шикастанхои ахди бевафоён алхазар,
Мубтадои ишк дидор асту бусидан хабар,
То тавони дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин ачоибхонаро.

Аз гудозишхои афзун маъдан охан мешавад,
Калбам аз тавлиди бикри маъни гулшан мешавад.
Чун тароват ёфт гул шоёни чидан мешавад,
Туграл, асрори адаб аз бода рушан мешавад,
Нест чуз пири тарикат муршиди майхонаро.