Все игры
Обсуждения
Сортировать: по обновлениям | по дате | по рейтингу Отображать записи: Полный текст | Заголовки
Firdavsi Azam, 21-09-2012 10:44 (ссылка)

Ғарб бо Мавлоно





Фирдавси АЪЗАМ (Хуҷаев)

nahzat.tj


Ба ифтихори мавлуди Мавлоно суфии покманиш

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари "Ҷалолиддин Руми" нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои "Зиндагии бузургон" тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс"- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби "Фиҳи мо фиҳи" зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909--2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: "Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти "Руше" дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин "Фиҳи мо фиҳи", "Рубоиёт", "Мукотибот" ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. "Рубоиёти Мавлоно" маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи "Ирфон дар ҳамаи адён" барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо "дарвешони муриди Мавлоно" ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ "Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ" (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти "Мавлавишиносӣ" ва "Иқболшиносӣ" аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. "Ман чу бодам, ту чу оташ" (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш - Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: "Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро "Куръон ба забони форсӣ" мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун "Рисолаи қашрия" ва "Эҳёи улуми дин" -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби "Шукуҳи Шамс" (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони "Ман ва Мавлоно" достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди "Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб" нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

Firdavsi Azam, 02-07-2012 05:57 (ссылка)

КОРБУРДИ САНЪАТИ ТАКРОР ДАР ГАЗАЛХОИ МАВЛОНО


Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо ғазалҳои шӯрангези худ, ки қарнҳо инҷониб дар дили шефтагони назми форсӣ шӯру шарар ба по мекунад, дар ташаккули тасвирофаринии ғазал низ саҳми боризе дорад.

Борҳо гуфта шуда, ки ба рӯзгору осори Мавлоно донишмандони варзида андешаҳои зиёдеро баён доштаанду адабиётшиносони ҷаҳон таҳиқиқоти гаронвазнеро дар ин самт ба анҷом расонидаанд. Хоса, асари оламшумули ӯ «Маснавӣ» зиёд таҳқиқ шудаву нуфузаш ба адабиёт ва диди шуарои ҷаҳон бозгӯ шудааст.

Гузашта аз ин ҳунар ва истеъдоди Мавлоно дар офариниши ғазал бо зеботарин тахайюл ва маънисозиҳои ҷолиб ва корбурди ҳунармандонаи санъати бадеӣ ҷараён гирифта, аз оғоз миёни ҳаводорон ва пажӯҳишгарон маҳбубияти вижаеро дорост. Чунончи ба андешаи Алии Муҳамадии Хуросонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ дар баробари шодоб гардидан аз андешаҳои ноби гузаштагони мутафаккирамон бо фарохии ҷаҳонбинии худ ҷозибаи оламиёнро ба худ кашида, андешаҳои амиқи зиндагисози фарҳангу маърифати мардуми Шарқро бештар аз пештар ба мардуми дигар, аз тариқи эҷоди асарҳои фалсафиву бадеӣ расонидааст. (1,114) Дар баробари ин адабиётшинос Абдуманнони Насриддин таъкид медорад, ки «барои Мавлоно ҷаҳоне фаротар аз воқеияти заминӣ писандида буд… ӯ ба моҳияти ашё нигоҳе ҳакимонаву орифона дӯхта, ба кашфи ҳақоиқи маънавӣ ноил гардид» (1,92).

Воқеан, андешаҳои зебои Мавлонои соҳибзавқ дар қолаби ғазал низ бо истифодаи дурусту ҳунарваронаи саноеии лафзиву маънавӣ ба дилҳои хонандагон менишинад ва зеҳнро завқи тоза мебахшад. Воқеан, бадеият аз вижагиҳои хоси осори адабӣ аст. Агар яке аз омили шӯҳрати беандозаи ғазалиёти Мавлоно дар маъниҳои бикр, мазмунҳои нозуку латифи он бошад, маъниофаринии Мавлоно ба василаи тасвирҳои дар хотир монданӣ ва ғайриинтизор дар ин росто шоиста ба таваҷҷӯҳ мебошанд. Зимнан бояд гуфт, истифодаи моҳирона аз санъатҳои адабӣ ҷониби ин шоири сухангустари форсу тоҷик хеле олӣ ҷараён гирифтааст.

Дар омӯзиши иҷмолии хеш пиромони тасвирофариниҳои осори Мавлоно, мо ба вижагии корбурди санъати такрор (такрир) таваҷҷӯҳ намуда, ба натиҷа расидем, ки ин санъат дар баробари таҷнис, тамсил талмеҳ дар тасовири ғазалҳои шоир мақоми хосаеро дорад.

Такрор аз ҷумлаи санъатҳои бадеие мебошад, ки дар каломи бадеъ барои дучанд намудани назокати гуфтор хидмат дорад. Такрор ғолибан суханро оростатар мекунад, сохтори манзумӣ ба шеър мебахшад ва мусиқии онро падид меоварад. Ҳамзамон барои оҳанги сухан аз такрор истифода мешавад.

Дар каломи бадеъ санъати такрор бар чанд гуна аст:

Содатарин навъи он шомили такрори як калима аст. Мавлоно аз чунин тарзи такрор хеле фаровон корбурд кардааст. Такрори дилкашу матлуби калима дар ғазалиёти Мавлоно мусиқияти баланди нигоштаро таъмин кардаааст.

Мушоҳида шуд, ки Мавлоно аксаран барои такрор калимоти «имрӯз», «чун», «биё», «гаҳе», «зи», «ман», «чӣ», нидоҳои «эй», «ё раб», «ало эй»-ро интихоб намуда, такрори ононро тавре ба ҷо овардааст, ки зеҳни хонанда аз такрори як калима дар саросари ғазал хаста намешавад, балки завқ мебарад. Тарзи офариниши такрорҳои гушнавоз аз маҳорати хоси гӯянда гувоҳӣ медиҳад. Такрори нидои «эй» дар ғазали «Эй ошиқон, эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам» ба ғазал дилрабоии вижа ва ҷаззобият ато намудааст. Дар ин ғазал мо нидои «эй» 22 маротиба такрор шудааст, аммо зиёд омаданаш ба ҳеч ваҷҳ мусиқии каломро вайрон накарда, зеҳни хонандаро навозиш мекунад. Дар як ғазал корбурди чанд навъи такрор низ шоистаи тавсиф аст:

Эй ошиқон,эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам,

Эй мутрибон, эй мутрбон, даффи шумо пурзар кунам.(4,94)


Ингуна такрорҳои ҷолиб дар ғазалҳои «Рав он рубобиро бигӯ, мастон саломат мекунанд», «Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат», «Маро гӯи: киройӣ? Ман чӣ донам?», «Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад» мушоҳида мешаванд:

Эй ҷони мо, эй ҷони мо,эй куфру эй имони мо,

Хоҳам, ки ин хармӯҳраро гавҳар кунӣ дар кони мо (4,32)

Такрори вожаи «гоҳе» бар байти камоли ҳунарварӣ дар ҷодаи такрор аст,мутаваҷҷеҳ мешавем:

Гаҳе дар тахту гаҳ фавқам, гаҳе дар шавқу гаҳе завқам,

Гаҳе ларзону гаҳе нолонам, туро хона куҷо бошад? (4,69)


Гоҳе шоирон калимаҳоеро дар оғози ҳар мисраь такрор мекунад, ки Мавлоно низ аз ин навъи такрор корбурди зебо дорад:

Зинда кӯшам дар шикори зиндагӣ,

Зинда бошам чун зи ҷон нагрехтам.(108)

Намунаи зер низ аз маҳорати тасвирофаринии Мавлоно гувоҳанд:



Биё, биё, ки маро бе ту зиндагонӣ нест,

Бубин, бубин, ки маро бе ту чашм Ҷайҳу нест. (4,51)


Ҷои дигар санъати такрор бадингуна зебоиофаринӣ дорад:


Зарра ба зарра чун гуҳар аз тафи офтоби ту,

Дил шудаст сар ба сар обу гили гарони ман (4,117)

Ва низ:

Биё, биёву халосам деҳ аз биёву бирав,

Биё чунон ки раҳад ҷонам аз чунону чунин. (4,122)

Ҷои дигар Мавлона маъниро бо такрори зер ҷолиб ба ҷилва меорад ва мегӯяд:

Гуфто, ки зарра -заррайи ту ошиқи мананд,

Рав-рав, ки ин матоъ барои муҳаққар аст. (4,46)

Зимнан бояд ёдрас шавем, ки дар нигоштаҳои Мавлоно такрор ҳамзамон омили таъсиринок сохтани маънӣ аст. Дар мисраъҳои боло «зарра-зарра» ва «рав-рав» дараҷаи таъсири маънӣ ва баёни матлабро баланд сохтааст.

Гоҳе дигар калимае, ки дар миёни мисраи аввал омадааст, дар миёни мисраи сонӣ такрор мешавад, ки навъи такрор низ офариншҳои зеборо ба миён овардааст:

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқи меҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Ва низ

Ақл омад, ошиқо худро бипӯш,

Войимову войи мо аз ақлу ҳуш. (4,8)


Калимаи дар мисраи ҳампаҳлӯ овардашуда дар мисраи дигари байти ҳамчун тафсиру табъин такрор мегардад, ки ин тасовир ҷолибияти хосеро ба худ ихтисос додаанд. Чунончи:

Бода бинӯшу мот шав, ҷумлайи тан ҳаёт шав,

Бодайи чун ақиқ бин, ёди ақиқи кон макун.

Бодайи ом аз бурун бодайи хос аз дарун,

Бӯйи даҳон баён кунад, ту ба забон баён макун (4,14)


Дар такрорҳои силсилавор охарин калимаи мисраъ дар оғози мисраи баъдӣ оварда мешавад, ки гоҳо калимае ҳам дар оғоз ва ҳам дар поёни ҷумла меояд монандӣ:


Ба дарвешӣ биё андар миёна,

Макун шӯхӣ, магӯ к-андар миёнам.

Миёни хонаат ҳамчун сутунам,

Зи бомат сарфурӯ чун новадонам.(4,12)



Навъи дигари такрор такрори савтҳост ба шакли пажвок дар шеьр ва қофия дида мешавад. Гоҳе низ такрор бар асли ҳамсонӣ ё эьтиноб устувор аст, ки аз ин навъ низ Мавлоно корбурди шоистаи таҳсин намудааст.

Такрорҳои Мавлоно воқеан диланишин ва дилангез ҳастанд ва дар хеш як ҷаҳон маъниро нуҳуфта дар қолаби тозаву ноб ба хонанда мерасонад.


Шод омадӣ, эй маҳрӯ, эй шодии ҷон, шод о,

То буд, чунин будӣ, то бод чунин бодо .

Эй сурати ҳар шодӣ, андар дили мо ёдӣ,

Эй сурати ишқи кулл андар дили мо ёд о(37)


Ва ҳамчунин мегуяд:


Сазойи он кӣ зияд бе рухи ту, з-ин батар аст,

Сазои бандайи бад, гарчи ӯ сазойи ту нест. (4,54)

Ё ҷое дигар :

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқимеҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)


Метавонем натиҷагирӣ кунем, ки ҷанбаи бадеии ашъори Мавлоно хеле пурқувват буда, шоир дар офариниши тасвир низ истеъдоди мунҳасир ба фардро дорад. Fазалҳои мондагораш ғояву мазмуни баландро дар перояи поэтикаи лоиқи таҳсин ба завқи хонандаи нозуктабъ мерасонад такрор дар тасвирҳояш мақоми садрнишиниро ихтиёр карда мӯъҷиби маъруфияти Мавлонои кабир гаштаанд.

Пайнавишт:
Маводи ҳамоиши байналмилалии «Румӣ-Гёте: Муколамаи фарҳангҳо».Хуҷанд, «Нури маърифат»,2007.-307 саҳ.
Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Ҷузъи ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. - Теҳрон, 1342. – 333 с.
Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с
Ҷалолидин Балхии Румӣ. Тӯфони ишқ.Fазалиёт(Гулчин). Душанбе. «Деваштиҷ»,2007.162саҳ.

.


Фирдавси Аъзам فردوس اعظم

Дилномаи Мавлави

           ДИЛНОМАИ  МАВЛАВИ


Бар раҳгўзари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ў пой кушодам дилро.
Аз бод маро бўи ту омад имрўз,
Шукронаи он ба бодам дилро!


Парвард ба нозу неъмат он дўст маро,
Бардўхт мураққаъ зи рагу пўст маро.
Тан хирқаву андар дили ман суфист,
Олам ҳама савмаасту теғ ўст маро.

То аз ту чудо шудаст оғўш маро,
Аз гиря касе надида хомўш маро.
Дар чону дилу дида фаромўш наи,
Аз баҳри худо макун фаромўш маро.

Эй дил, ду се рўз то саҳаргоҳ махусб,
Дар фурқати офтоб чун моҳ махусб.
Чун далв дар ин зулмат роҳи чаҳ мекун,
Бошад, ки барои ба сари чоҳ махусб.

Султони малоҳат маҳи мавзуни манаст,
Дар силсилааш ин дили мачнуни манаст.
Бар хоки дараш хуни чигар мерезам,
Ҳарчанд, ки хоки ў беҳ аз хуни манаст.

Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти боз бинҳод, бирафт.
Гуфтам ба такаллуф ду-се рўзе биншин,
Биншасту кунун рафтанаш аз ёд бирафт.

Ҳошо, ки ба олам аз хуштар ёрест!
Ё хубтар аз дидани рўят корест?
Андар ду чаҳон дилбару ёрам ту басе,
Ҳам партави туст, ҳар кучо дилдорест!

Мегиряму зору ёр гуяд зарқ аст,
Чун зарқ бувад, ки дида дар  хун ғарқ аст?
Ту пиндори, ки ҳар диле чун дили туст,
Ней-не санамо, миёни дилҳо фарқ аст!

Дилтангаму дидори ту дармони манаст,
Бе ранги рухат замона зиндони манаст.
Бар ҳеч диле мабоду бар ҳеч тане,
Он-ч аз ғами ҳичрони ту бар чони манаст.

То бо ғами ишқу ту маро кор афтод,
Бечора дилам дар ғами бисёр афтод.
Бисёр фитода буд дил дар ғами ишқ,
Аммо начунин зор, ки ин бор афтод!

Аз шабнами ишқ хоки одам гул шуд,
Сад фитанаву шўр дар чаҳон ҳосил шуд.
Сад ништари ишқ бар раги рўҳ заданд,
Як қатра аз ў чакиду номам дил шуд,


 


 


Мастони ғамат бори дигар шўриданд,


Девона дилонат сари маҳро диданд.


Омад сари моҳ, силсила чунбониданд,


Пероҳани сабру ақлро бидриданд,


 


Дар синаи ҳар касе ки заррае дил бошад,


Бей ишқи ту зиндагиш мушкил бошад.


Бо зулфи чу занчир гиреҳ дар гиреҳат,


Девона касе бувад, ки оқил бошад.


 


Ёди ту кунам дилам тапидан гирад,


Хуноба зи дидагон чакидан гирад.


Бо номи ту ором кунам з-ин пас ман,


То ғайри ту аз дилам рамидан гирад.


 


Онон, ки муҳаққиқони ин даргоҳанд,


Назди дили аҳли дил чу барги коҳанд.


Аҳли дили хосагон шоҳаншоҳанд,


Боқи ҳама ҳар чи ҳаст, ҳарчи роҳанд


.


Хун  дар дили ошиқон чу чайҳун гардад,


Ошиқ чу кафе бар сари он хун гардад.


Їисми ту чу осиёву обаш ошиқ аст,


Чун об набошад, осиё чун гардад?


 


Ҳар лаҳза, ки ғамза он диловез кунад,


Ошиқ зи бало чи гуна парҳез кунад?


Бод аст насиҳати чаҳон бар гўшам,


Аммо баде, ки оташам тез кунад!


 


Лабҳои ту он гаҳ, ки боситез бувад,


Дар ҳар ду чаҳон аз ту шакаррез бувад.


Гар дар дили танги худ ту моҳе бини,


Аз ман бишнав, ки Шамси Табрез бувад.


                      


Шўри ачабе дар сари мо мегардад,


Дил мурғ шудасту дар ҳаво мегардад.


Ҳар зарраи мо чудо-чудо мегардад,


Дилдор магар дар ҳама чо мегардад?!


                      


Рузе, ки хаёли дилситон рақс кунад,


Як чон чи кунад, ки сад чаҳон рақс кунад.


Ҳар парда, ки мезананд, дар хонаи дил,


Мискин ташнаи бенаво ҳамон рақс кунад.


                      


Сўзи дили ошиқон шарарҳо дорад,


Андар дили бедилон асарҳо дорад.


Нашнидасти, ки оҳи дилсўхтагон,


Бар ҳазрати раҳматаш гузарҳо дорад.


 


Он рўз, ки ишқ бо дилам бистезад,


Їон пойбараҳна аз миён бигрезад.


Девона, касе, ки оқилам пиндорад,


Ғофил  марде, ки ў зи ман парҳезад.


                      


Андар дили бевафо ғаму мотам бод,


Онро, ки вафо нест зи олам кам бод.


Диди, ки маро ҳеч касе ёд накард,


Чуз ғам, ки ҳазор офарин бар ғам бод.


 


Сад сол бақои он бути маҳваш бод!


Тири ғами ўро дили ман таркаш бод!


Бар хоки дарам бимурд хуш-хуш дили ман,


Ё Раб, ки дуо кард, ки хокаш х(в)аш бод!


                      


Ишқ аз азалисту то абад хоҳад буд,


Чуяндаи ишқ беадад хоҳад буд.


Фардо, ки қиёмат ошкоро гардад,


Ҳар дил, ки на ошиқ аст, рад хоҳад буд.


                    


Дил дўш дар ин ишқ ҳарифи мо буд,


Шаб то ба саҳаргоҳ нахуфту н-осуд.


Чун субҳ дамид, сўи ту омад зуд,


Бо чеҳраи зарду дидаи хунолуд.


                     


Ишқ аз азалисту то абад хоҳад буд,


Чуяндаи ишқ беадад хоҳад буд.


Фардо, ки қиёмат ошкоро гардад,


Ҳар дил, ки на ошиқ аст, рад хоҳад буд.


 


Дидам рухат аз ғам сари мўем намонд,


Чуз бандагии рўи ту рўем намонд.


Бо дил гуфтам, ки орзуе дархоҳ!


Дил гуфт, ки ҳеч орзўем  намонд.


 


Пайваста сарат сабзу лабат хандон бод,


Чону дили ошиқон зи ту шодон бод.


Он кас, ки туро бинаду шоди накунанд,

Монанди қалам сиёҳу саргардон бод.


 


Бедор шав, эй дил, ки чаҳон мегузарад,


В-ин мояи умр ройгон мегузарад.


Дар манзили тан махусбу ғофил манишин,


К-аз манзили умр корвон мегузарад.


 


Чун дид рухи зарди ман он шўҳранигор,


Гуфто, ки дигар ба васлам уммед мадор.


Зеро, ки туро зидди мо шуди дар дилдор,


Ту ранги хазон дорию ман ранги баҳор.


 


Гуфтам: Чашмам! Гуфт: Ба роҳаш медор,


Гуфтам: Їигарам! Гуфт: ба оҳаш медор!.


Гуфтам, ки дилам! Гуфт: чи дори дар дил?


Гуфтам: Ғами ту! Гуфт: Нигоҳаш медор!


 


Чоно сифати қадам зи абрут бипурс,


Ошуфтагиям зи зулфи ҳиндут бипурс.


Ҳоли дилам аз даҳони тангат биталаб,


Бемории ман зи чашми чодут бипурс.


 


Бечораи дилсўхтаи меҳнаткаш,


Дар оташи ишқи ту ҳамесўзад к-аш.


Ишқат ба мани сўхтадил афтод,


Оре ҳама дар сўхта гирад оташ.


 


Бар дил чу шугуфта гашт асрори ғамаш,


Надҳам ба гули ҳама чаҳон хори ғамаш.


Мо пушт сўви чаҳони шоди кардем,


З-ин пас рухи зарди мову девори ғамаш.


 


Дил ёди ту орад,  биравад ҳуш зи ҳуш,


Май бе лаби нўшини ту кай гардад нўш.


Дидори туро чашм ҳаме дорад чашм,


Овози туро гўш ҳаме дорад гўш.


 


Рафт он ки набуд кас ба хуби ёраш,


Бе он, ки дилам сер шуд аз дидораш.


Ў рафту намонд дар дилам темораш.


Оре, биравад гулу бемонад хораш.


 


Гуфтам: Чашмам? Гуфт, ки чайҳун кунамаш,


Гуфтам, ки дилам? Гуфт, ки пурхун кунамаш.


Гуфтам, ки танам гуфт, ки дар ин рўзе чанд,


Расво кунаму зи шаҳр берун кунамаш.


 


Он дил, ки ман они хеш пиндоштамаш,


Биллоҳ бар ҳеч дўст магзоштамаш.


Бигзошт маро бутову омад бар ту,


Неку дораш, ки ман накў доштамаш.

 


Умре ба ҳавас дар тагу тоз омад дил,


То маҳрами чон дилнавоз омад дил.


Дар охири кор рафту чон пок бисўхт,


Инсоф бедиҳ, ки покбоз омад дил.


 


Мушкин зи ту чун нест, ки бардорам дил,


Он беҳ, ки ба савдои ту биспорам дил.


В-ар ман ба ғами ишқи ту наспорам дил,


Дилро чи кунам ба ҳар чи медорам дил?


 


Навмид машав, умед медор, эй дил,


Дар ғайб ачоибаст бисёр, эй дил.


Гар чумла чаҳон қасд ба чони ту кунад,


Ту домани дўстро бимагзор, эй дил.


 


Ишқе ба камолу дилрабои ба чамол,


Дил пурсухану забон зи гуфтан шуда лол.


З-ин нодиратар кучо бувад ҳаргиз ҳол?


Ман ташнаю пеши ман равон оби зулол.


 


Дилдор чу дид хаставу ғамгинам,


Омад хандон нишаст бар болинам.


Хорид сарам, гуфт, ки эй мискинам,


Дил менаниҳад раҳ, ки чунинат бинам.


 


Душина ҳазор ном бар нанг задам,


Бар домани он аҳдшикан чанг задам.


Дил бар дили ў ниҳодам аз шавқи висол,


Ҳам оқибад обгина бар санг задам.


 


З-он дам, ки туро ба ишқ бишнохтаам,


Бас нарди ниҳон бо ту ман бохтаам.


Бихрош ту сармаст  ба хиргоҳи дилам,


К-аз баҳри ту ин хона бипардохтаам.


 


Дар кўи харобот нигоре дидам,


Ишқаш ба ҳазор чону дил бихридам.


Бўе зи сари ду зулфи ў бишнидам,


Дасти тамаъ аз ҳарду чаҳон бибридам.


                       


Аз булбули сармаст навое шунавам,


В-аз боди самоъ дилрабои шунавам.


Дар об ҳама хаёли ёре бинам,


В-аз гул ҳама бўи ошнои шунавам.


 


Мо кору дукону пешаро сўхтаем,


Шеъру ғазалу дубайтє омўхтаем.


Дар ишқ, ки ў чону дилу дидаи мост,


Їону дилу дида, ҳар се бардўхтаем.


 


Ман ошиқи аз камоли ту омўзаам,


Байту ғазал аз чамоли ту омўзам.


Дар пардаи дил хаёли ту рақс кунад,


Ман рақси хуш аз хаёли ту омўзам.


 


Ёр-ёр омада, ёр омада, раҳ бигшоям,


¯ўёни дил аст, дил  бад-ў бинмоем.


Мо наъразанон, ки он шикорат моем.


Ў хандакунон, ки мо туро  мепоем.


 


З-аввал, ки ҳадиси ошиқи бишнудам,


Чону дилу дида дар раҳаш фарсудам.


Гуфтам, ки магар ошиқу маъшуқ дуанд,


Худ ҳарду яке бувад, ман аҳвол будам.


 


Гоҳ аз ғами дилбарон бар оташ бошам,


Гоҳ аз пaйи дўстон мушавваш бошам


Охир ба чи хирмане занам роҳи нишот,


Охир ба кадом дилхушие х(в)аш бошам?


 


Гар дил талабам, дар хами мўят бинам,


В-ар чон талабам,бар сари кўят бинам.


Аз ғояти ташнаги агар об хўрам,


Дар оби ҳама хаёли рўят бинам.


 


Гуфтам дилу дин бар сари корат кардам,


Ҳар чиз, ки доштам, нисорат кардам.


Гуфто, Ту ки боши, ки кун, ё накуни?


Он ман будам, ки беқарорат кардам!


 


Сар дар сари хоки остони ту ниҳам,


Лаб дар хами зулфи дилситони ту ниҳам.


Чонам ба лаб омадаст, лаб пеши ман ор,


То чон ба баҳона дар дар даҳони ту ниҳам.


 


Бар зулфи ту гар дастдарози кардам,


Валоҳ, ки ҳақиқат на  мачози кардам.


Ман дар сари зулфи ту бидидам дили хеш,


Пас бо дили хеш ишқбози кардам.


          


Баҳри ту занам наво, чу пай баргирам,


Кўйи ту гузар кунам, чу пай баргирам.


Чандин караму лутф, ки бо ман карди,


Андар ду чаҳон дил аз ту кай баргирам.


        


Ман меҳри ту бар тораки афлок ниҳам,


Дасти ситамат бар дили ғамнок ниҳам.


Ҳар чой, ки бар рўи замин пой ниҳи,


Пинҳон биравам, дида бар он хок ниҳам.


 


Ман дарди туро зи даст осон надиҳам,


Дил барнаканам зи даст, то чон надиҳам.


Аз дўст ба ёдгор дарде дорам,


К-он дард ба сад ҳазор дармон надиҳам.


 


Эй, чу дил  бар ҳар касе нишини, чи кунам,


В-аз боғи фалоҳ гуле начини, чи кунам?


Олам ҳама аз чамоли ту равшан шуд,


Ту дида надори, ки  бубинӣ, чи кунам?


 


Шуд гулшани рўи ту тамошои дилам,


Шуд талхии чаврҳоят ҳалвои дилам.


Мо рози ғамат шикояте нест, вале


Завқе дорад, ки бишнавад вои дилам.


 


Эй дўст, қабулам куну чонам биситон,


Мастам куну аз ҳар ду  чаҳонам биситон.


Бо ҳар чи дилам қарор гирад бе ту,


Оташ ба ман андар зану онам биситон!


 


Ман ошиқи ишқу ишқ шуд ошиқи ман,


Тан ошиқи чон омаду  чон ошиқи тан.


Гаҳ ман орам ду даст дар гардани ў,


Гаҳ ў кашадам чу дилрабоён гардан.


 


Рафтеву нарафт, эй бути бигзидаи ман,


Меҳрат зи дилу хаёлат аз дидаи ман.


Мегардад ман,ки балки пешам афти,


Эй раҳнамои роҳи печидаи ман!


 


Їуз ман агарат ошиқи шайдост, бигў!


В-ар майли дилат ба чониби мост, бигў!


В-ар ҳеч маро дар дили ту чост, бигў!


Гар ҳаст, бигў, нест, бигў, рост бигў!


 


Эй дил, ба ҳар хаёл мағрур машав,


Парвонасифат куштаи ҳар нур машав.


Ту худ бини аз Худо дур шави,


Наздики худ ою аз Худо дур машав.


 


Эй зиндаги, тану тавонам ҳама ту,


Чонию дили, эй дилу чонам, ҳама ту


Ту ҳастии ман шуди, аз они ҳама ман,


Ман нест шудам дар ту, аз онам ҳама ту.


 


Гуфтам, ки кучо буд, маҳо, хонаи ту,


Гуфто, ки дили хароби мастонаи ту.


Ман хуршедам даруни вайронаи ту,


Эй, масту хароб бод кошонаи ту.


 


Имрўз надонам ба чи даст омадаи,


К-аз аввали бомдод маст омадаи.


Гар хуни дилам хури, зи дастат надиҳам,


Зеро, ки ба хуни дил ба даст омадаи.


 


Хуш-хуш санамо тоза зи чон омадаи,


Хандон ба ду лаб лаъли гарон омадаи.


Он рўз дилам зи сина бурди, бас нест,


К-имрўз дигар ба қасди чон омадаи.


 


Мастам зи майи ишқ хароб афтода,          


Бархоста дил аз хўру хароб афтода.


Дар дарёе, ки каву сар пайдо нест,


Їон рафтаву тан бар сари об афтода.


 


Ё Раб, ту яке ёри чафокораш деҳ,


Як дилбари бадхўйи чигархораш деҳ.


То бишносад, ки ошиқон дар чи ғаманд,


Ишқаш деҳу шавқаш деҳу бисёраш деҳ.


 


Аҳволи мани зори ҳазин мепурси,


З-ин беш мапурс, агар чунин мепурси.


Ман дар ғами ту домани дил чок задам,


В-он гоҳ маро ба остин мепурси.


 


Бо ёр ба гулзор шудам раҳгузари,


Бар гул назаре фикандам аз бехабари.


Дилдор ба ман гуфт, ки шармат бодо,


Рухсори ман ин чову ту бар гул нигари


.


Андар дили ман маҳо, дилафрўз туи,


Ёрон ҳастанду лек дилсўз тўи.


Шоданд чаҳониён ба Наврўзу ба ид,


Иди ману Наврўзи ман имрўз туи.


 


Эй дар дили ҳар касе зи меҳрат тобе,


В-эй аз ту тазарруъе ба ҳар меҳробе.


Їовид шабе бояду хуш маҳтобе,


То бо ту ғаме бигўям аз ҳар бобе.


 


Эй нури дилу дидаю чонам, чуни?


В-эй орзўйи ҳар ду чаҳонам, чуни?


Ман бе лаби лаъли ту чунонам, ки мапурс,


Ту бе рўхи зарди ман надонам чуни?!


 


Гуфтам ба табиб дорўе фармои,


Набзам бигирифт аз сари донои.


Гуфто, ки чи дард мекунад, бинмои,


Бурдам дасташ сўи дили савдои.


 


Эй дил, ту агар ҳазор дилбар дорє,


Воїиб набувад, ки дил зи мо бардорє.


Гар дил дорє, ки дил зи мо бардорє,


Аз ёри нават мабод бархўрдорє!


 


Ин шакли сафолини танам, ҷоми дил аст,


В-андешаи пухтаам маи хоми дил аст.


Ин донаи дониш ҳамагӣ доми дил аст,


Ин ман гуфтам, валек пайғоми дил аст.


 


Бо дил гуфтам: Зи дигарон беш мабош,


Рав марҳами лутф бош, чун неш мабош.


Хоҳӣ, ки зи ҳеҷ кас ба ту бад нарасад,


Бадгӯю, бадомезу, бадандеш мабош.


 


     Ё дилбари ман бояду ё дил бари ман,

Не дилбари ман бошаду не дил бари ман.

Эй дилбари ман, мабош бе дил бари ман,

Як дилбари ман
беҳ, ки дусад дил бари ман.


 


Бедил ману бедил туву бедил туву ман,


Сармаст ҳамешудем рўзе ба чаман.


Умрест, ки ман дар орзуи онам,


К-он аҳд ба ёд орє, эй аҳдшикан!


 

         Таҳияи Ж.Раҳмонов, донишчу

Боз як лугат

Аз муқаддимаи девони Хо¿а Ҳофиз


(Чопи сангº, Бамбай, 1277 ҳ.қ.)



         Фасли дуввум “Дар зикри Хо¿а Ҳофизи Шерозº.”Аз тазкираи “Оташкада” ба иборат марқум аст, ки Хо¿а Шамсиддин Муҳаммад Ҳофиз назар ба камолоти маънавии шоирº дуни (охар) мартабаи эшон аст, абёти дилкаш ва ашъори хуши он ¿аноб
ба мазоқи ошиқони ориф ва орифони ошиқ мувофиқ ва каломи эшонро ҳолатест, ки дар гуфтори ҳе¿ як аз устодон
нест ва ба каломи ҳе¿ кас муштабеҳ намешавад – ҳамоно воридоти ғайбист. Бо ин ¿иҳат аз бузургон “лисонулғайб” лақаб ёфта. Ғараз, орифе гуфта, ки Шайх Саъдº солики ма¿зуб ва хо¿аи машорун илайҳ ма¿зуби солик аст. Гўянд: Шоҳ Қосими Анвор, ки аз бузургон ва акобирони силсилаи “алийя” аст, мўътақиди каломи эшон буда ва аксар авқот ба суҳбати девони Хо¿а Ҳофиз ба сар мебурда, суханонаш аз такаллуфот холº ва абёти диловезаш ҳолº аст, риёзот кашида, то май аз соғари мурод чашида, дар замони Оли Музаффар буда, мутлақо эътиное ба захорифи (дороиҳо) дунявº накарда, бо дарвешон мусоҳиб ва ба либоси фақр муталаббис (пўшида) буда.

 Ва дар вақти вуруди Амир Темури Курагон ба Шероз ва қатли Шоҳ Мансур хо¿а дар ҳаёт буда, хо¿аро эҳзор карда гуфта, ки бо онки ман аксари рубъи маскунро ба зарби шамшер мусаххар кардаам, ту Самарқанду Бухороро, ки филҳақ ватани мавлуди ман аст, ба ҳиндуихоле бахшидаº? Хо¿а бадеҳатан гуфта, ки аз ин ғалатбахшиҳост, ки ба ин фақру масканат (тиҳидастº, беновоº, дарвешº) мегузаронам. Амирро хуш омада, ўро ба навозишоти хусравонº дарёфта ва Султон Аҳмади ¯алоир назар ба фарти ихлос мукаррар аз Бағдод хоҳиши идроки сўҳбати Хо¿а карда ва аз ў илтимоси рафтани Бағдод карда ва Хо¿а назар ба ҳиммати баланди дарвешº бар нони хушке ва пораи пашме қаноат карда, аз Шероз ҳаракат накарда, аз фунуни шеър майли куллº ба ғазалсароº дошта.

Ҳарчанд арбоби тазкира аз ¿аноби Хо¿а ба иллати ин ки тамоми каломи эшонро мунтахаб медонистанд ва филҳақиқа чунон аст, интихобе накарда. Аммо камтарин беадабº карда, чанд байте ба унвони таяммун
(ҳумоюну фархунда) ва табаррук аз каломи мўъ¿ази эшон дар ин рисола қаламе дошта.

Вафоти хо¿а дар санаи 791 ҳи¿рº
дар маҳрусаи (кишвар, нигоҳдошташуда) Шероз буда ва дар Мусаллои хори¿и шаҳр мадфун ва торихи вафоташро “хоки
Мусалло” ёфтаанд. Ва дар замоне, ки Султон Муҳаммад Бобур, ки Шерозро тасхир карда, Мавлоно Муҳаммад Муаммоº,
ки мударриси султон буд, иморате дар сари мазори касируланвор Хо¿а сохта, ки ҳол ҳам мав¿уд аст ва дарозминаи мухталифа таъмирот
низ ёфта ва фақир низ ба зиёрати эшон муташарриф шудам.


Фасли саввум дар истилоҳоти суфия. Бидон, ки аҳли ҳақ дар ин се гурўҳанд: яке уламои зоҳир; дуввум, аҳли шуҳуд аз суфияи киром; саввум, аҳли ву¿уд аз гурўҳи суфийя илайҳ. Уламои зоҳир
барои мумкини ву¿уди хори¿ии аслº собит мекунанд ва ву¿уди во¿иби таъоло шаънуҳуро қадим гўянд ва мумкинро ҳодис ва ву¿уди мумкин аз во¿ибулву¿уд
таъоло шаънуҳу медонанд ва аҳли шуҳуд мегўянд, ки ҳама аз ўст на айни ў таъоло шаънуҳу. Микарроне (тарафдорони найрангомез), ки мегўянд ву¿уди мумкинот ваҳмº аст, на ҳақиқº, адамотанд, ки ба сунъи ў таъоло сурати ваҳмº пайдо кардааст ҳамчун доираи нўқтаи ¿авволаи (бисёр гарданда) микарр, чун сунъи
ўст таъоло шаънуҳу ба рафъи ваҳм марфуъ намешавад; дар ҳақиқат инҳо ву¿уд надоранд, мав¿уд ҳамон як зоти воҳид аст таъоло шаънуҳу. Тафсили ин
аз кутуби марқум бояд ¿уст; ин мухтасар эҳтимоли баёни он надорад.

Чун Хо¿а раҳматуллоҳи алайҳ аксар дар каломи худ зикри
тавҳиди ву¿удº намудаанд, лиҳозо мухтасари ҳоли он аз мактуботи ҳазрати султонулорифин, асватуссоликин, қутбулақтоб, маҳбуби субҳонº, қутби раббонº, му¿аддади алфи сонº разияллоҳу таъоло анҳу менависад ва оне, ки Шайх Муҳиддини Аъробº ва
тобеъони ў раҳматуллоҳи алайҳ мефармоянд, ки асмо ва сифоти во¿ибии ¿алла ало айни зоти во¿ибанд таъоло ва тақаддус ва ҳамчунин айни якдигаранд. Масалан, илм ва қудрат чунонки айни зотанд таъоло шаънуҳу, айни якдигаранд, низ дар он мавтан ба ҳе¿ исму расм тааддуд ва такассур набошад ва тамоизу табоин набувад. Ғояти мо филбоб он асмову сифот ва шевану эътиборот дар ҳазрати илм тамоиз ва табоин пайдо
кардаанд, и¿молан ва тафсилан агар тамаййизи и¿молист, муътабар ба таъаййуни аввал аст ва агар тафсилº аст, мусаммо ба таъаййуни сонº.

Таъини аввалро ваҳдат меноманд ва онро ҳақиқати муҳаммадº медонанд ва таъини сониро воҳидият мегўянд ва ҳақоиқи соири мумкинот меангоранд ва ин
ҳақоиқи мумкинотро аъёни собит медонанд. Ин ду таъини илмº, ки ваҳдат ва воҳидиятанд, дар мартабаи
ву¿уби исбот менамоянд, мегўянд, ки ин аъён
бўе аз ву¿уди хори¿º наёфтаанд ва дар хори¿ низ аз аҳадияти му¿аррада ҳеч мав¿уд нест ва ин касрат, ки дар хори¿и мав¿уде нест ва ин касрат, ки дар хори¿ менамояд, акси он аъёни собит аст, ки дар мироти зоҳири ву¿уд, ки ¿уз ў дар хори¿ мав¿уде нест, мунъакис гаштааст ва ву¿уди
таҳайюние пайдо карда, дар ранги он ки дар мирот сурати шахсе мунакис гардад ва ву¿уди тахайюлº дар мирот пайдо кунад, ин аксро ву¿уде ¿уз дар тахайюл собит нест ва дар мирот амре ҳулул
накардааст ва дар рўи он мирот чизе мунтақаш (нигошта) нагашта, агарчи интиқош аст, дар тахайюл аст, ки дар рўи мирот мутаваҳҳим (акси хаёлº) шуда, ин мутахаййил ба таваҳҳум чун
сунъи худовандист ¿алла субҳонаҳу
итқони (устуворº) тамом дорад ба рафъи ваҳму тахайюл муртафеъ нагардад (бардошта нашавад) ва савобу азоби абадº бар он матараттиб бошад.

Ин касароте, ки дар хори¿ намуде пайдо кардааст, ба се қисм
мунқасим аст: қисми аввал таъини рўҳº аст ва қисми дуввум таъини мисолº ва қисми саввум таъини ¿асадº, ки ба шаҳодат тааллуқ дорад ва инки таъайюнро таъайюноти хори¿а мегўянд ва дар мартабаи имкон исбот
менамоянд, таназзулоти хамсаи иборат аз ин таъиноти пан¿гона аст ва ин таназзулоти хамсаро  ҳазароти хамс низ гўянд ва чун дар илму хори¿ ғайр аз зоти во¿иб таъоло ва ғайр аз асмо ва сифоти во¿иб ¿алла султонаҳу, ки айни зотанд таъоло ва тақаддус
назди эшон собит нашудааст ва сурати илмияро айни зисурат донистаанд, на шабеҳ ва мисоли он ва ҳамчунин сурати мунакисаи аъёни собитаро, ки дар мироти зоҳири ву¿уд намуде пайдо кардааст, айни он аъён
тасаввур кардаанд, на шабеҳи он, ночор ҳукм ба итттиҳод намуда ва ҳама ўст гуфтаанд.

Ва дар таҳқиқот марқум аст, ки тавҳидро се
манзил (марҳила) аст: аввал, ишқ аст
ва он ишораи ҳама мақомоти муҳаббати доимº аст, зеро ки ин мақомот ниҳояти мақомоти сайрун
илаллоҳ аст; манзили дуввум нестº аст, ки ишораба ҳама мақомоти сайрун фº аллоҳ субҳонаҳу аст, ки онро фано фº аллоҳ номанд ҳайсу ятаваллал ҳаққу азза ва ¿алла
бизотиҳи ам ъабдиҳи фа ло тасарруфа лилъабди аслан ва мақомотул фанои биядил муфн
º
яфъалу биъабдиҳи мо яшоу
; манзили саввум, ки ҳастº аст, ишора ба мақолоти бақо ё фано аст: вал мақомотуллатº яҳсул лилъабди баъдассулуки ва лайса
вароу ъибодан инна қурбуҳу.
Шеър:

Ба ҳаёти абад он рўз расонид маро,
Хати озодагº аз ҳусни мамотам доданд.


         Ал-маърифату
ﺍﻠﻤﻌﺮﻓﺔ - он шинохтани Худои таъоло (аст). Фа минал орифина ман лайса
лаҳу тариқун ило маърифатиллоҳи субҳонаҳу иллал истидлолу бифеълиҳи ъало
сифатиҳи ва бисифатиҳи, бисифатиҳи ъало исмиҳи ва биисмиҳи ъало зотиҳи улоика
юнодуна мин маконин баъидин маърифатиллоҳи субҳонаҳу –
ва  муштамал аст бар маърифати зот ва маърифати сифот ва маърифати афъол – аммо маърифатуззоти азяқбуҳо ма¿олан ва аъсаруҳо мақолан ва асъабуҳо ъалал
фикри ва баъдуҳо ъан қавлиззикри ва лизолика ло яштамилу лил Қур’они минҳо илло ъало талвиҳотин ва ишоротин ва яр
¿аъу аксаруҳо ило зикрит-тақдисил мутлақи кақавлиҳи таъоло лайса камислиҳи шайун ва
ҳувас-самиъул ъалим. Ва касуратил-ихлоси ва ило таъзимил-мутлақи кақавлиҳи таъоло субҳонаҳу ва таъоло ъаммо ясифуна. Ва аммо маърифатус-сифоти фал ми
¿олу фиҳо афсаҳу ва лизолика яксурул оётул
муштамалату ъало зикрил ъилми вал қудрати вал ҳайвоти вал каломи вал ҳикмати вас-самъи вал басари ва ғайриҳо ва аммо маърифатил афъоли фа
¿ара муттасиъу акнофуҳу фало юнолу бил истиқсои атрофуҳу – балки нест дар ву¿уд, магар ў субҳонаҳу ва афъоли ў ва кулли мосивои ў феъли ўст азза ва ¿алла. Баъзе суфияи қуддус сирруҳум гуфтаанд, ки аъёни мав¿удоти муроº (ёварикунандаи ҳамдигар, мутазоҳир) ва
мазоҳири ҳақ аст субҳонаҳу ва зоҳир нест дар мирот, магар айни нозир ва сурати
ў паси мав¿удот, ки мусаммо ба муҳаддасот аст, сури
тафосили ву¿уди ҳақ аст субҳонаҳу ва ин маънº ба ҳасби зуҳури зот ва сифот ва афъол
бошад. Пас аъёнро ду эътибор бувад: як эътибор онки муроии ву¿уди ҳақанд субҳонаҳу ва сифоту асмо ва
афъоли ў; дуввум онки ву¿уди ҳақ мироти он аъён аст, чи ву¿уди ҳама мав¿удот ба нури ў муроиву мав¿уданд. Ва ¯унайд мегўяд разияллоҳу ъанҳ, ки маърифат ду аст: маърифати таарруф ва маърифати таъриф – маънии таарруф он аст, ки ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бандаро ба худ шиносад ва ба таърифи худ ўро ориф гардонад ва ашёро ба худ маълум ва маъруфи ў созад, чунончи Иброҳими Халил салавотур-раҳмон ало набиййино ва ъалайҳи гуфт:

         Иннº ло уҳиббул офилина ва маънии таъриф он аст, ки осори қудрати хеш дар офоқ ва анфус (¿онҳо) бинамояд ва баъд аз он дар эшон лутфе аз алтофи худ эҳдос кунад (падид оварад), то ашё далолат кунад эшонро бар онки он ашёро сонеъ (офаранда) ҳаст ва ин маърифат аз они оммаи муъминон аст ва аввали маърифати хос ва Абубакри Варроқ гуфт разияллоҳу ъанҳу: Маърифат – сувар
(суратҳо, пайкарҳо, нақшҳо) ва симоти (нишонº ва аломатҳо) ашё ҳаст ва илм – дониши ҳақоиқи он...

         Ат-та¿аллº.
Бидон, ки чун нафси нотиқа бо ҳама қувои рўҳонº ва ¿исмонº мутава¿¿еҳи ҳазрати илоҳиййат шавад, ки ўро сафар (тава¿¿ўҳи дил ба сўи ҳақ) гўянд ва мулозими атабаи (паллаҳои нардбони болобаранда) убудият гардад ва мавонеъи (боздоранда) муртафеъ (болоравº) шавад ва маъодани му¿тамеъ гардад ва қобили файзи та¿аллии ¿алолº ва ¿амолии лоязолº шавад.


 – аввал та¿аллии афъолº зоҳир шавад ва солик чунон мушоҳида кунад, ки ҳе¿ феъл дар сувари он мазоҳир зоҳир намешавад, илло аз ҳақ субҳонаҳу ва дар мисол чунон донад, ки сувари олам ба масоиби (дара¿аву мақомот) лўъбатº чандон ки устоди комил ба ҳасби хаёли руқоқ (нозук) эшонро аз ботин таҳрик медиҳад ва аъъоли худ тамом менамояд ва айзан (низ) тавҳиди афъол гўянд.

- дуввум, та¿аллии осмонºва сифотии илоҳº зоҳир шавад, то солик чунон мушоҳида кунад ва муҳаққақаш гардад, ки сифати камол нест, илло ҳақ субҳонаҳу ва таъолоро ва дар мисол чунон донад, ки ҳаёту илм ва қудрату иродат ва соири сифоти камолия, ки аҳли оламрост, ¿умла аз они ҳақ аст ва нисбати онҳо ба аҳли олами ориятº аст ва таҳқиқ ба ин мақомро тавҳид ва сифот хонанд ва ҳар та¿аллии
собиқ нафсро истеъдоде мебахшад ба қабули та¿аллии лоҳиқ (расанда, пайванд шаванда), чунончи, ъиндат-таҳқиқу бит-та¿аллиюл афъолº мустаиди (сазовор, омода) та¿аллии сифотº мегардад ва ъиндат-таҳқиқу бит-та¿аллиюс-сифотº мустаъиди та¿аллии зотº мегардад.


- пас дар саввум мартаба анвори (нурҳо) та¿аллиёти зот зуҳур мекунад, чунончи, завоти (нафсҳо, ҳастиҳо, соҳибон) олам ва аҳли оламро зилли (соя)  зоти илоҳº донад ва ин маъниро дар худ мебояд дид ва дар худ хоҳад дид. Чун уру¿ (болоравº) ўро ба олами илоҳº воқеъ шавад ва та¿аллии зотº ўро муяссар шавад, чун ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба
сифати ваҳдат бар вай зоҳир шавад, ¿уз як зот набинад – алам тара ило раббика кайфа маддаз-зилла ишорат ба он аст ва боқº сифот, ки зиллу фурўғи сифоти илоҳианд, ба ¿умлагº фонº шавад ва зоти самадият ва ҳувиййати аҳадияти илоҳº боқº монад. Кулли шайин ҳоликун, илло ва¿ҳаҳу ҳаққул яқин
солик шавад, нидои ламинал маликун ба гўши ¿он дарёбад ба ҳақ, на ба худ, зеро ки таайюни ў фонº хоҳад шуд ва фонист ва аз ҳақ боз ба ҳақ шунавад, ки ба худ ¿авоб мегўяд: Оллоҳу воҳидул қаҳҳор ва инро сафари аввал гўянд минал халқи илал ҳақ, ки
он сафар аз манозили нафс аст то мунтаҳои мақоми қалб ва онро уфуқи мубаййин (возеҳ, баён кардашуда) низ гўянд.

         Илмуляқин – сайри офоқиро (дидани ¿аҳон, сайр дар беруни нафс) гўянд.

         Айнуляқин ва ҳаққуляқин – ду мартабаи сайри анфусº аст. 

         Сайри офоқº дидани  солик аҳволи сифотº ва адами кудурати (торикº, тирагº) худ, ки баъд аз тазкияи (покронº) нафс ва тасфияи (софронº) қалб ҳосили ў шуда дар олами мисол ва назди баъзе акобир дидани солик тағиру табдили ахлоқу авсофи худ ба ҳасби тараққии худ дар маротиби латоифи сабъа (маъниҳои нозуке, ки натавон ба зеҳн таъбир кард) дар мароёи (оинаҳо, манзарҳо) олами мисол ва айзан сайрун ило Аллоҳ низ гўянд.

         Сайри анфусº баъди  сайри офоқº воқеъ мешавад ва онро сайрун фº Аллоҳ низ мегўянд. Дар ин мақом ¿азабаи баъди сулук воқеъ мешавад ва ин сайрро сайри анфусº аз он мегўянд, ки анфаси мароёи зулол ва укуси асмо (аксҳои ҳақоиқ ва маориф) гаштааст.

         Куфр – тариқати иборат аз мақоми ¿амъ, ки маҳалли иститор (пўшида шудан, дар парда шудан) аст. Дар ин мақом тамайюзи (фарқ, чудо шудан) ҳақ аз ботил
намешавад, чи машҳуди солик дар ин мақом дар мароёи ¿амила ва разилаи ¿амоли ваҳдати маҳбуб аст. Пас хайру шарр ва камолу
нуқсро ¿уз мазоҳир ва зулоли он ваҳдат намеёбад.
ло¿арам назари ангор, ки ношº аз тамайюз аст дар ҳақ намуди махдум ночор дар сиқоми (нодурустиҳо) сулҳ аст ва ҳамаро бар Сироти мустақим меёбад ва ба ин карима тараннум менамояд: ва мо мин доббатин илло ҳува охадунбиносиятиҳо инна раббº ъало сиротин мустақим. Гоҳе мазҳарро айни зоҳир дониста, халқро айни ҳақ медонад. Ва онро ҳусни ислом ва қубҳи куфр дармонад, чунонки, исломро
мустаҳсин медонад ва куфрро низ он ¿о ҳусн меёбад ва ҳар дуро мазоҳири исмулҳодº вал музил (роҳнамун ва гумроҳº) дониста аз ҳар ду маҳзуз (баҳравар) мешавад ва мансур (нусратёфта) дар ин мақом буда ва бар он мурдааст. Иннал ҳаққу субҳонº
мо аъзама шон
º ва лайса фº ҳуббатº
сивоаллоҳ
ин ҳама шатаҳиёти (сухонони хилофи шаръ, ки аз сари ва¿д гуфта шудааст) машоих аз ин мақом аст, магар ин он
куфр аст, ки маҳбуб аст ва матлуб ва мамдуҳ.

         Ислом – тариқат. Ва он мақоми тамайюз аст баъди мақомул ¿амъ ва иститор ва инро исломи ҳақиқº низ гўянд. Баъд аз ин куфр нест.

         Аш-шайх – ва ҳува инсонул комилу. Яъне иборат аз инсони комил аст, ки дар илми шариат ва тариқат ва ҳақиқат комил бошад ва мартабаи такмил дошта бошад.

         Сурат-ул-ҳақ – Муҳаммад аст саллаллоҳу алайҳи ва саллам...

         Сурат-ул-илоҳ – ҳувал инсонул  комилу...

         Ал-қалбу – қалб чавҳари нуронº аст му¿аррад ва мутавассит байни рўҳ ва нафс, ки ҳукамо онро
нафси нотиқа ва рўҳи ботина меноманд ва нафси ҳайвонº мураккаби ўст.

         Ар-рўҳ – дар истилоҳот қавми рўҳ
латифаи инсонияи му¿аррада аст.

         Ал-мавт – мавт ба истилоҳи қавми қамеъ
ҳавои нафс аст, зеро ки зиндагии нафс ба ҳавои ўст ва нафс ба давоº (хоҳишу ирода) ва лаззатҳои худ майл
намекунад, илло ба ҳавои худ ва ҳар гоҳ нафс ба сўи асфал (пасттар) ру¿ўъ мекунад, қалбро, ки нафси нотиқа аст,
ба тарафи маркази худ мекашад. Пас мемирад. Қалб аз ҳаёти ҳақиқияи илмияи худ ба ¿ибал ва ҳар гоҳ нафс аз ҳавои худ бимирад ру¿ўъ мекунад қалб ба табъ ва муҳаббати аслº ба сўи олами худ, ки олами қудс ва нур
аст ва ҳаёти зотии худ, ки муқобили он мавт нест. Қолаллоҳу таъоло фаман кона маййитан фааҳяйноҳу, яъне маййитан бил ¿аҳли фааҳяйно бил илми ва ин мавтро мавти ¿омеъ меноманд аз раҳи гузари шумули мавтот.

         Ал-мавтул абязу (сафед) – (марги ногаҳонº) ¿ўъ (гуруснагº) аст, зеро ки мунаввар мешавад, ботин сафед мешавад, ва¿ҳи қалб мачмўъ.

         Ал-мавтул ахзару (сабз, обº) – он пўшидани мураққаъ (¿омаи суфиён, ки аз баҳам пайвастани
порчаҳои мухталиф ва гоҳо рангоганг омода мешавад) аст аз хирқаҳои ҳақири
беқимат. Ҳар гоҳ қаноат кард шахс аз либоси ¿амил бад-он ¿омаи мубаддал ва иқтисор (кўтоҳ) кард бар либосе, ки сатри аврат бипўшад (барои мардон аз ноф то ба зону) ва намоз саҳеҳ шавад. Фуқдот (нест шудан)  ба мавтул ахзар ло хазро раъиша
(ларза) бил қаноати.

         Ал-мавтул асвади (сиёҳ) он бардошт кардани изои халқ аст ва
ин аз мақоми фано фº аллоҳ аст аз
раҳгузари дидани ў азийятҳоро аз ў субҳонаҳу ва таъоло  ва ба мулоҳизаи фанои афъол дар феъли маҳбуби
худ, балки ба муоинаи фанои нафси худ ва аҳли изо дар маҳбуб-ул-олам  ҳуваз-зиллус-сонº ва лайса илло ву¿уд-ул-ҳаққиз-зоҳири бисуварил мумкинота
куллиҳо фализуҳуриҳи битаъайюнотиҳо сумийя биисмис-сиво вал ғайри исман.
Ва сифоти илоҳия, ки олами мазҳар ва мароº он аст, зилли ўст. Чун олами укус асмо ва
сифоти илоҳº аст, лиҳозо оламро зилли сонº мегўянд ба сурати як мумкинот ба ¿уз ву¿уди ҳақ ҳе¿ зоҳир нест аз раҳгузари зуҳури ў субҳонаҳу ва таъоло дар таайюноти олам олимро ба мосивоаллоҳ меноманд ба эътибори изофати ў субҳонаҳу ба мумкинот.

         Олам-ул-¿абарут(бузургу беинтиҳо)(олами зоти қадим, муқобили олами малакут) олимул асмои вас-сифотил илоҳийяти.

         Олам-ул-амр ва олам-ул-малакут ва олам-ул-ғуюб – олами арвоҳ ва рўҳониёт аст аз раҳгузари онки ва¿адту биамрил ҳаққи било воситатин моддатин ва муддатин.

         Ал-орифу – ман ашҳадуҳуллоҳу зотаҳу ва сифотиҳи ва асмоаҳу ва афъолаҳу лимаърифату ҳолун таҳдусу мин шуҳудиҳи.

         Ал-оламу – мин атлаъаҳуллоҳу ъало золика ло ъан шуҳудин бал ъан яқинин.

         Ал-ъомматин – касоне. Ки иқтисор карданд илми худро бар шариат ва уламояшонро уламои русум гўянд.

         Ат-тасаввуфу – ҳуват-тахаллуқу бил ахлоқил
илоҳийяти,
яъне мутахаллиқ шудан ба ахлоқи илоҳº.

         Ат-та¿аллº - мо язҳару лил қулуби мин анворил ғуюби,айнушшайъи оллоҳ таъоло аст.

         Ва¿ҳ-ул-Ҳақ – ҳува мо биҳиш-шайъу ҳаққан – чун ҳақиқати шайъ ба ў таъолост ва бе ў субҳонаҳу барои ашё ҳе¿ ҳақиқат нест. Пас онки ашё бад-ў қоими
ҳақ бошад, ўст субҳонаҳу таъоло ва ҳувал
машорун илайҳ биқавлуҳу таъоло субҳонаҳу.


         Ва¿ҳуллоҳ – ва ҳува айнул ҳаққил-муқимул ¿амиъил
ашёи фаҳуваллаз
º яро ва¿ҳул
Ҳаққи ф
º кулли шайин.


         Дар баъзе истилоҳоти суфия омадааст, ки майхонава буткада ва шаробхона гўянд ва мурод аз инҳо ботини орифи комил бошад, ки дар он ботин шавқу завқ ва маорифи илоҳº бисёр бошад.

         Тарсо – марди рўҳониро гўянд, ки сифоти замима ва нафси замимаи ў мубаддал шуда бошад ва ба сифоти ҳамида мавсуф шуда бошад.

         Тарсобача – вориди ғайбиро гўянд, ки бар дили солик фурўд ояд.

         Бут - та¿аллии шоҳиди маъониро гўянд, ки бар сифате моварои
сифате дигар бар дили солик зоҳир шавад.

         Дайру харобот – олами маънºва ботини орифи комил бошад.

         Габру кофарбача - якрангº дар олами ваҳдат бошад, китамомии рўи дил аз мосиво бартофта бошад ва дар саводи нестº ¿ой гирифта.

         Май – завқе бувад, ки аз дили солик барояд ва ўро хушвақт гардонад.

         Соғару пиёла – чизеро гўянд, ки дар вай мушоҳидаи анвори ғайбº кунанд ва идроки маъонº.

         Зуннор - якрангº ва як¿иҳатии солик бошад дар роҳи дин ва мутобиати роҳи яқин.

         Ёр ва дилдор – олами шуҳудро гўянд ва маҳбуб ва санам – ҳақиқати рўҳияро гўянд дар зуҳури та¿аллии сурати сифотº.

         Ғамза ва бўса – файз ва ¿азабаи ботинро гўянд, ки нисбати солик воқеъ шавад.

         Чашму абрў ва ¿амол – илҳоми ғайбº бошад, ки бар дили солик ворид шавад.

         Қаллош ва қаландар – аҳли тарк ва та¿ридро (орº шудани банда аз қайдҳои моддº ва ҳи¿обҳои зулмонº) гўянд, ки аз мақоми лаззати нафсонº гузашта бошад.

         Масту шайдо – аҳли ¿азаба ва шавқро гўянд.

         Хаммор ва бодафурўш – пирони муршидро гўянд.

         Соқºва мутриб – файзрасонандагон ва тарғибкунандагонро гўянд, ки ба кашфи рамуз ва баёни ҳақоиқ дилҳои орифонро маъмур доранд.

         Пири муғон ва пири харобот – комилони мукаммалро гўянд масалан агар гўянд, шеър:

Ҳар к-ў ба харобот нашуд, бедин аст,
Зеро ки харобот усули дин аст.

Аз ин харобот хароб шудан сифоти башарият бошад.


         Фонº шудан - ву¿уди ¿исмонº ва
рўҳонии ашиаи нури зот, ки усули дин аз барои ин ободонº аст, ки то ин харобº даст диҳад, ҳақиқати дин зоҳир шавад ва ончи дар гавҳари одамº
пинҳон кардаанд, бад-ин харобº
пайдо шавад. Он гоҳ одамº ба
ҳақиқати худ бино шавад ва шарҳи он дароз аст ва лоиқи ҳар фаҳм набошад ва
гурўҳе, ки ин маънº надонанду
ҳадиси зулфу холи санам шунаванд, парешон ангор кунанду аз ҳоли эшон бехабар буванд ва надонанд, ки олами маъонº латиф асту ву¿уди
рўҳонº модом ки аз сурати му¿аррад бошад, ба идроки басарº ба он роҳ натавон бурд. Пас ба ҳасби
иқтизои маъонº ҳар маъниро сурате хосе бояд, ки бад-ў
қоим бошаду мафҳум шавад сурати амсоли ғайбия дар олами кушуфº аз ин қабил дон. Пас аз ин ¿иҳат орифон ҳар маъониро ба сурате боз намуданд ва аз ҳар сурате маънии хос хостанд бад-ин тариқ. Масалан, агар маҳбуб гўянд, мурод ҳазрати ҳақ бошад, вақте ки мустағнº доранд, ўро аз дўстии мутлақан беқайд.

         Талаб – ¿устани ҳақро гўянд.

         Матлуб – омтар аз он ки дўст доранд ўро бештар аз роҳи убудийят ва абдийят.

         Ошиқ – шефтаи ¿амол ва ¿алоли Илоҳиро гўянд баъд аз талаб ва ¿идди тамом.

         Маъшўқ – Ҳақро гўянд баъд аз талаби ў субҳонаҳу ба ¿идди тамом аз он рўй, ки мустаҳиққи (шоиста) дўстº вай асту бас.

         Ҳусн - ¿амъийяти камолотро гўянд дар як зот  ва он ¿уз Ҳақро набошад.

         ¯амол – изҳори камоли маъшўқ аст ¿иҳати тарғиб ва матлаби ошиқ.

         ¯алол – изҳори истиғнои маъшўқ аст аз ишқу ошиқ ва он далел нафйи (дур кардани) ву¿уд
ва ғурўри ошиқ бувад ва изҳори бечорагии ў.

         Лиқо – зуҳури маъшўқ аст, чунонки
ошиқро яқин ҳосил шавад, ки ўст.

         Ву¿уд – ҳастии Ҳақро гўянд.

         Лутф – тарбияти маъшўқ мар ошиқро ба вақту мувосо, то қуввати тоби он ¿амолро ба камол ҳосил ояд.

         Малоҳат – бениҳоятии камоли Илоҳиро гўянд, ки ҳе¿ кас ба он нарасад.

         Ҳаловат – зуҳури анворро гўянд, ки аз роҳи мушоҳида ҳосил ояд.

         Му¿аррад – аз бода ба шўхº касароти илтифотро гўянд, ба изҳори сувари афъоли шефтагии таволеъ ва лавомеъи (намоён ва дурахши нурҳои рахшанда) анвори илоҳия дар модда.

         Шамоил - имтизо¿и (омезиш) ¿амолиёти ¿алолиётро гўянд.

         Шева – андаки ¿азабаро гўянд ва дар баъзи аҳвол, ки гоҳ бувад ва гоҳ набувад.

         Макр – ғурўр додани маъшўқро гўянд мар
маъшўқро гоҳ ба тариқи лутф ва қаҳр, то бебизоатии ошиқ мар ўро зоҳир шавад, то
яқин гардад, ки ҳақро ҳам ба ҳақ тавон ёфт ва ўро субҳонаҳу ҳам ба ў тавон дид.

         Фиреб - истидро¿и (андак-андак, поя-поя кашида наздик
кардани соликро ба сўи худ) илоҳиро гўянд.

         Вафо – инояти азалиро гўянд, ки бе воситаи амал хезад.

         ¯афо – пўшидани дили соликро гўянд аз маориф ва мушоҳидот, ки
ўро бад-онҳо тартиб мекардаанд.

         ¯авр – доштани соликро гўянд аз сари уру¿.

       Қудрат – ғизои ошиқ бувад аз дарёфти ¿амоли қидам (собиқае, ки Ҳақ бар банда барои комил
шудан ҳукм кардааст), ки идроки ҳе¿ кас бад-он муҳит (фарогир) нашавад.

         Хашм – зуҳури сифоти қаҳриро гўянд ва
ҳамчунин кинаи таслити (гумоштан) сифоти қаҳриро гўянд.

         ¯анг – имтиҳоноти илоҳиро гўянд.

         Сулҳ – қабули аъмол ва ибодотро гўянд.

         Парда – мавонеъеро гўянд, ки миёни ошиқ
ва маъшўқ бувад аз лавозими тариқ, на аз ¿иҳати ошиқ ва на аз ¿иҳати маъшўқ.


         Ҳи¿об – мавонеъеро гўянд, ки
ошиқро аз маъшўқ боздорад ба навъе аз анвоъи муомалаи ошиқ.

Ниқоб – мавонеъеро гўянд, ки ошиқро аз маъшўқ боз дорад ба ҳукми иродати маъшўқ, ки ошиқро ҳанўз истеъдоди
та¿аллº даст надода.


Султон - ¿араёни аъмол ва аҳволро гўянд бар ошиқ
чунонки ҳукму иродати илоҳº бувад.

Амирº – иродати худро ¿орº кардан бувад бар солик.

Тавоноºсифати фоъилии мухторº бувад.

Тавонгарº¿амъи сифоти камол бувад бо ву¿уди қудрат бар изҳори ҳар сифате.

Мутаворº(пўшида, пинҳон шудан) иҳотат ва истилои илоҳиро
гўянд.

Тохтан -  итёни (воридоти) авомири иолоҳиро гўянд.

Турктоз - ¿азабаи илоҳиро гўянд, ки солик му¿оҳида ва ран¿и бисёр мекашад ва кушод намеёбад. Ногоҳ ¿азабаи олоҳº даррасад ва ўро ба мақсуд расонад.


Ғорат - ¿азабаи илоҳиро гўянд, ки бевосита ба дил
расад, ки бар сулук ва аъмоли муқаддам бошад ва солик мақҳури (шикастхўрда) он бувад ва агарчи авомиру аъмоли зоҳириву ботинº ошноии тааллуқи дақиқаи рабубийят бувад, ки бо ҳама
махлуқот пайвастааст, чун тааллуқи холиқият ба махлуқият.

Бегонагº - истиғнои олами улуҳиятро гўянд, ки зарурии кофаи мав¿удот аст ва ҳе¿ исм мувофиқтар аз ин исм нест соликро.

Ғамгусор – асари сифати раҳмониро
гўянд, ки умум ва шумул дорад нисбат ба ҳама мав¿удот.

Меҳрубонº - сифати рабубийятро гўянд.


Дилдор – сифати боситиро (фарохгирандагº) гўянд.

         Дилкушой – сифати фаттоҳиро (кушояндагº) гўянд.

         ¯онон – сифати қайюмиро (пояндагº, устууворº) гўянд, ки қиёми ¿умла мав¿удот ба ўст, ки аз он дақиқаи пайваста ба мав¿удот ҳе¿ чиз дар мав¿удот бақо наёфтº.

         ¯онфизо – сифати бақоро гўянд, ки солик аз он сифат боқии абадº гардад ва фаноро бад-ў раҳ набувад.


         Дўстии сабақ – муҳаббати илоҳиро гўянд
бар муҳаббати солик.

         Қади истиво (мўътадил, миёна)истилои илоҳиро гўянд.

         Қомат – сарои парастишро гўянд, ки ҳе¿ касро ба ¿уз аз худои субҳонаҳу он сазоворº нест.

         Зулф – ғайби ҳувийятро гўянд, ки касеро бад-ў роҳ нест.

         Мў – зоҳири ҳувийятро гўянд, яъне ву¿удро, чи ҳама касро ба мў¿иби ву¿уд илм ҳосил аст.

         Гесу – тариқи талабро гўянд ба олами ҳувийят, ки ¿абал-ул-матин иборат аз ўст.

         Хами зулф – асрори илоҳиро гўянд.

         Печи зулф – ашколи илоҳиро гўянд, ки ҳар касро ба вай роҳ набувад.

         Чашм – сифати басарии илоҳиро гўянд.

         Дида – иттилоъи илоҳиро гўянд бар ¿амеъи аҳволи солик аз хайр ва шарр.

         Маст – шарриилоҳиро гўянд бар тақсире,
ки аз солик дар вучуд ояд.

         Чашми пурхумор – сайр кардани соликрост
аз солик, лекин кашфи он аҳвол назди аҳли камол зоҳир аст.

         Тараб – унс бувад бо Ҳақ субҳонаҳу ва
таъоло ва сурури дил дар он.

Айши мудом – ҳузур аст бо Ҳақ таъоло.

Шароби хом – айши махру¿ро гўянд, ки муқорини (муттасил ба,
наздикшуда) убудият бувад.

Шароби пухта – айши сирфро (холис, тамом) гўянд му¿аррад
аз эътибори убудият.

Шаробхона – олами малакутро гўянд.

Майхона – олами лоҳутро гўянд.

Майкада – қидами (дерина, қадима будан) муно¿отро гўянд.

Хумхона – олами та¿аллиётро гўянд, ки олами қалб аст.


Соқº сувари мисоли ¿амилийяро гўянд, ки аз дидани он соликро хумори Ҳақ пайдо шавад.

Қадаҳ – вақтро гўянд.

¯ом – аҳволро гўянд.

Суроҳºмақомро гўянд.

Хум – мавқуфро гўянд.

¯уръа – асрори мақомотро гўянд, ки дар сулуки солик пўшида
монда бувад.

Масти хароб – мустағироқи (аз ҳад
зиёд ғарқа шуданҳо, пайваста саргарми) ошиқ бувад дар ишқи маҳбуб.

Харобот – харобии олами башарият бувад.

Шамъ – нури аллоҳро гўянд.

Шоҳид – та¿аллиро гўянд.

Нақл – кашфи маъониро гўянд.  

Кабоб – парвариши дилро гўянд дар та¿аллиёти суварº.

Рўз – татобеъи (омезиши) анворро гўянд.

Шаб – олами аморо (амо - нобиноº, дар тасаввуф мартабаи ҳақиқатул ҳақоиқ
аст) гўянд. Ва олами ¿абарутро низ гўянд ва ин олами хатиб (сухан) аст мумтад (кашидашуда) миёни халқ ва олами рабубийят.

Шаби қадр – лиқои соликро гўянд дар айни истеҳлок (нест шудан) ба ву¿уди ҳақ.

Шаби ялдо – ниҳояти анворро гўянд, ки саводи (сиёҳ, ишора ба нури сиёҳ, ки нури зот ва олами ¿абарут аст) аъзам аст.

Ид – мақоми ¿амъро гўянд.

Наврўз – мақоми тафриқаро гўянд.

Тарсоº – дақоиқи ҳақоиқро гўянд.

Куфр – зулмати олами тафриқаро гўянд.

Калисо – олами ҳайвониро гўянд.

Чалипо – алами табииро гўянд.

Ноқус – ёдкарди мақоми тафриқаро гўянд.

Бут – мақсуд ва матлубро гўянд.

Тавба – бозгаштан аз чизе ноқису нозил ва рўй овардан ба чизе
комилу ҳолº.

Имон – миқдори донишро гўянд ба ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу.

Ислом – аъмоли мутобаатро гўянд ба анбиё алайҳиссалом (ва) дину эътиқодеро гўянд, ки аз олами тафриқа сар баркарда бувад.

Закот – тарк ва исорро (базл,ато, муқаддам доштани дигарон дар кулли умур) гўянд.

Каъба – мақоми васлатро гўянд.

Ҳа¿сулуки илаллоҳро гўянд.

         Биёбон – вақоеъи тариқро гўянд.

         Томмот (//томот) – маориферо гўянд, ки дар овони сулук ба забони солик гузар кунад.

         Абр - ҳи¿оберо гўянд, ки монеъи сабаби вусул бошад.

         Борон – нузули раҳматро гўянд.

         Насими бодовар – иноятро гўянд.

         Бўй – алоқаи дилро гўянд ба олами ҳақиқат дар мақоми ¿амъи аввал ва акнун дар ҳолати тафриқа афтода.

         Мутриб – огоҳкунандаро гўянд аз олами раббонº.

         Ной (//най) – майғоми маҳбубро гўянд.

         Даф – талаби маъшўқро гўянд.

         Тарона – оини муҳаббатро гўянд.

         Симоъ - ма¿лиси унсро гўянд.

         Чашми турк(она) – сатри маротиби олия бувад(,ки) аҳли камол онро пинҳон доранд ва ¿уз худойро субҳонаҳу бар он иттилоъ набошад.

         Рўй – маротиби та¿аллиётро гўянд аз маонº ва нуварº (равшании ғайбº, ки аз чониби Ҳақ таъоло ба сўи халқ ифоза шавад) ва суварº ва та¿аллº ба
завқе мунтаҳо гардад ва ҳувал бақоу маъаллоҳ субҳонаҳу.

         Моҳрўй - та¿аллиёти суратиро гўянд, ки соликро бар кайфияти он иттилоъ воқеъ мешавад.

         Рух - та¿аллиётеро гўянд, ки дар модда бувад.

         Чеҳраи гулгун - та¿аллиётеро гўянд, ки дар ғайри модда бувад дар хоб ё дар ҳолати бехудº.

         Холи сиёҳ – олами нестиро гўянд.

         Хат(т)и сиёҳ – олами ғайбро гўянд.

         Хат(т)и сабз – олами барзахро (ва олами бақоро) гўянд.

         Лаб – каломи маъшўқро гўянд.

         Лаби лаъл – бутуни каломи маъшўқро гўянд.

         Лаби шак(к)арин – каломи мунзалро (нозилшуда) гўянд, ки анбиёро ба
воситаи малак ҳосил аст ва авлиёро ба тасфияи (поку соф гардонидан) ботин ҳосил аст.

         Лаби ширин – каломи бевоситаро гўянд.

         Даҳони кўчак – сифати мутакаллимиро гўянд.

         Сухан – ишорат ба ошноиро гўянд ба олами ғайб.

         Сухани ширин – ишорати илоҳиро гўянд ба анбиё ба воситаи ваҳй ва ба авлиё ба воситаи илҳом.

         Сабаб - ран¿и мушоҳидаро гўянд(, ки) аз мутолааи ¿амол хезад.

         Баногўш – дақиқаи маҳбубро гўянд.

         Даст – сифати қудратро гўянд.

         Соид – сифати қувватро гўянд.

         Ангўшт – сифати иҳонатро гўянд.

         Бозу – сифати машийятро (хосту иродаи илоҳº) гўянд.

         Салом – дуруди Муҳаммадро (с.а.в) гўянд.

         Паём – авомир ва навоҳиро гўянд.

         Висол – мақоми ваҳдатро гўянд.

         Фироқ – ғайбатро гўянд аз мақоми ваҳдат.

         Ҳи¿рон – илтифот ба ғайрро гўянд.

         Ғамкада – мақоми мастуронро гўянд.

         Меҳнат - ран¿и ошиқро гўянд, ки аз маъшўқ дар роҳи ишқ бинад.

         Майдон – мақоми шуҳудро гўянд.

         Чавгон – мақодири (андозаҳо) аҳкомро гўянд нисбат ба ошиқ.

         Нола - муно¿оти ошиқро гўянд.

         Ошиқ – зиндагии қабули иқболи маҳбубро гўянд.

         Беҳушº мақоми тамсро (нопадид, рафтани ҳамаи сифоти башарият дар сифоти анвори рабубийят) маҳви сифот аст.

         Девонагº – мағлубии ошиқро гўянд.

         Бандагº - мақоми таклифро гўянд.

         Озодº мақоми маҳви зоти ошиқро гўянд дар тоби анвори зот.

         Фақирº адами ихтиёрро гўянд.

         Саодат – хондани азалиро гўянд.

         Шақоват – рондани азалиро гўянд.

         Наздикº  – шуур ба маорифи асмову сифот ва афъол бувад.

         Покбозº тава¿¿ўҳи хосро гўянд.

         Ҳузур – мақоми ваҳдатро гўянд.

         Гармº ҳарорати муҳаббатро гўянд.

         Сардº нафаси фориғро гўянд.

         Хоби фано – ихтиёриро гўянд дар афъоли башарият.

         Бедорº олами маҳвро гўянд ¿иҳати убудийят.

         Алаф – шаҳавот ва орзуҳои нафсро гўянд (дур шудани сафо
ва муҳаббат аз дили солик ба сабаби дур мондан аз иноёти марди комил).

         Риёзат – му¿оҳидаро гўянд.

         Сим – тасфияи зоҳирº ва ботинро гўянд.

         Гавҳар – маонии сифот ва асмои илоҳиро гўянд.


         Бас орифи зиракро ин ¿умла кифоят бошад, ки дар ҳар иборате лавозими маониро чº гуна риоят бояд кард. Ҳамчунин ҳар ҳарфе аз ҳуруфи ҳи¿о маънии хос гирифтаанд.

Лугати мухтасар барои дарки маъонии суфия

Мироти ушшоқ



      



      Оби ҳайвон ﺁﺐﺤﻴﻮﺍﻦ
- ву¿уди мутлақ ва таъини аввалро гўянд. Ва бар
му¿аллои та¿аллиёти улуҳияти Ҳақ ҳам итлоқ намоянд. Байт:

Мо оби равонему ту дарёи ҳаётº,
¯ўёи туем аз ҳама сў рў ба ту дорем.


 
Назм:

ﻘﻮﻩ ﻤﺄﺍﻠﺤﻴﺎﺓ ﺸﺎﺮﺒﻪ ٭ ﺤﻀﺮﻠﻢ ﻴﺼﻞﺍﻠﻰ ﺍﻠﻈﻠﻢ


 
       Оби равон ﺁﺐ ﺮﻮﺍﻦ - фараҳ ва сафои дилро гўянд, ки аз улум ва
маорифи ҳақиқº бошад, ба шарти он ки ширин ва соф бувад.
Байт:

То орази ¿онона ба мо кард та¿аллº,
Дар гулшани дилҳо ҳама чун оби равонем.


 
       Гоҳ
бошад, ки улуми ҳукмº ва
шаръº ба об мумассал гардад ва гоҳ бошад, ки
сафои дил ва масъалаи тавҳид ба он мусаррар (исроршаванда) гардад ва каломи
аҳли камол ҳам мусаввар (му¿ассам,
тасвир кардашуда) ба оби равон
шавад. Аммо агар об гарм бошад, каломи аҳли ¿азаба (ма¿зубия) ва сукр (ҳолати мастº) бошад. Ва агар сард бошад, каломи арбоби маҳв ва уқули салима бошад.


 
       Абад ﺍﺒﺪ - иборат аз имтидоди зуҳуроти маънº аст дар сувари асмои қобила ва сифоти
мунфаъила бар ва¿ҳе, ки масбуқ
(собиқадор) бошад ба мода ва муддат, лекин доиму боқº бувад ба та¿аддуди зуҳури аввалияти зоти ҳақ дар охирати ў.


 
        Абадулобод ﺍﺒﺪﺍﻵﺒﺍﺪ - ҳамон имтидод аст (назар: абад), аммо ба эътибори
суқути мулоҳизаи охирият ва адами эътибори ниҳоят ва ғояти аслан. Байт:


Моро сухан аз ёри қадим аст дар ин роҳ,
З-ин беш магўед ҳадиси ҳадасонро. (ёрони ¿авон)


       Абр ﺍﺒﺮ - ҳи¿оби дилро гўянд, ки аз зулмати афъоли нафсонº ва малакоти рўҳонº бошад ва монеъи мушоҳидаи офтоби та¿аллии асмоº ва зотº
гардад ва дар ҳар мартаба аз маротиб ва атвор бошад. Байт:


Фусурда чанд тавон буд, к-ў насими фано,
Ки абри пастем, аз пеши офтоб барад.


       Абрў
ﺍﺒﺮﻮ - эъви¿о¿и (ка¿иву норостº) соликро гўянд аз сироти мустақими шариат ва тариқат, ки му¿иби суқути дара¿от ва ҳо¿иби (пардадор, яъне абрў) камолоти ў гардад. Аз рўи кашф дар ҳоли шуҳуд
чеҳраи маънº мақсуд ва рухсори маъшуқ машҳуд. Байт:


Дар гўшаи уммед чу назорагони моҳ
Чашми талаб дар он хами абрў ниҳодаем.


       Иттисол
ﺍﺘﺼﺎﻞ - мулоҳиза ва шуҳуди орифро гўянд. Дар мартабаи таври
рўҳº ин маъниро, ки таъини ву¿уди ў дар ву¿уди мутлақ мустаҳлик (нестшаванда, фонº) аст. Ва ин ҳолат ба суқути изофот ва
қуюдот (андешаву хаёлот) муҳаққақ (собиту саҳеҳ) гардад, дар айни мушоҳидаи зот
қатъи назар аз муқаддамоти назарº ва
қуюдоти фикрº ва таҳсили илми шуҳудиву ҳузурº. Байт:


Гусастам аз ҳама фикреву дар ту пайвастам,
Чашида як қадаҳ аз лаъли ту чунин мастам.


       Аҳад
ﺍﺤﺪ - исми зоти баҳт (холису соф ва беолоиш) ва мутлақи
маънº аст ба эътибори суқути эътиборот ва
интифоъи (нафъу фаида, ҳосил) изофот аз асмову сифот.


       Аҳадият ﺍﺤﺪﻴﺖ - исми он мартаба аст, ки дар он ¿о эътибори итлоқи зот намоянд ва мулоҳизаи
адами тақайюди ў ба тааддуди (афзуншавº) нуъут (наътҳо, сифатҳо, номҳо) ва сифот кунанд.


       Аҳадиятул¿амъﺍﺤﺪﻴﺔﺍﻠﺠﻤﻊ - Исми
ҳамон мартабаи аҳадият аст, аммо ба
эътибори салоҳият эътибори насаб ва изофот дар зоти аҳадият ва иттисоф ба ¿омеъияти сифоти зотия. Назм:


Биёву бингар, агар чашми хурдабин дорº,
Ки сангрезаи батҳо (¿ои васеи ¿араёни об ақиқу мар¿он аст.


       Эҳсон
ﺍﺤﺴﺎﻦ - Камоли убудият (ибодат кардан) ва парастиши офаридгор
аст холисан лива¿ҳиллоҳ.
Чунончи, ҳамеша ба нури басират дар мушоҳидаи ¿амол бошад ва ба ¿ону дил дар мутораҳаи (машварату музокира) ан¿умани висол-ул-эҳсон инна таъбудуллоҳ конака тароҳа фаин лам такун тароҳа фаиннаҳу ярока. ( ﺍﻻﺤﺴﺎﻦ ﺍﻦ ﺘﻌﺒﺪ ﺍﻠﻠﻪ ﻜﺎﻨﻚ ﺘﺮﺍﻩ ﻔﺎﻦ ﻠﻢ ﺘﻜﻦ ﺘﺮﺍﻩ ﻔﺎﻨﻪ ﻴﺮﺍﻚ ﻮﺼﺎﻝ)


 


       Аҳвол ﺍﺤﻮﺍﻞ - он кайфияти файзест, ки аз мабдаъи олº бар дили солики ориф фуруд ояд, аммо
сареъ-уз-завол бошад ва қарор нагирад ва агар қарорпазир гардад, фуюзро (файзҳо) мақомот гўянд. Байт:


Парешонам чу зулфу ҳолам ин аст:
Бигуфтам мў ба мў аҳволам ин аст.

       Иродат
ﺍﺮﺍﺪﺖ - Ламъаи (дурахш, партав) муҳаббатро гўянд дар дил, ки
боиси тава¿¿ўҳ гардад ба матлуби ҳақиқº тавъан ва карҳан ва ин маъниро маротиб
аст: аввал мартаба он, ки боис бар тарки қуюд (андешаву хаёл) ва изофот ва ҳи¿рати русул ва одоти мурид бошад. Байт:


Аз одату расми аҳли тақлид
Чун шукр кунам, ки боз растам?

       Дуввум
он, ки бо ву¿уди тава¿¿ўҳ мурид ба муроди ҳақиқº бар тариқаи талаб бар истиқомату субот бошад ﻮ ﺍﻦ ﻟﻮ ﺍﺴﺘﻘﺎﻤﻮﺍ ﻋﻟﻰ ﺍﻟﻄﺮﻴﻗﺔ ﻻ ﺴﻘﻴﻨﺎﻜﻢ ﻤﺎﺀً ﻋﺮﻘﺎً - ва ин лав истиқому ал-ат-тариқата ло сақинокум моан арақан. Байт:


Раҳе намебараму чорае намеёбам,
Магар муҳаббати мардони мустақимаҳвол.

      
Мартабаи саввум зуҳули (ғафлату фаромўшº) мурид аст аз ғайри мурод ва мушоҳидаи
айни мурод аст, ҳам ба айни мурод. Байт:


Номуродии ¿аҳон бар дили худ хуш кардам,
Чун тавро аз мани дилхаста ҳамин буд мурод.

       Орзу
ﺁﺮﺰﻮ - майл аст ба аслу мабдаъи худ бо андак огоҳº аз мабдаъ ба ва¿ҳе аз ву¿ўҳ. Байт:


Ё раб, ин орзуи ман чº хуш аст!
Ту ба ин орзу маро бирасон!

       Арғунун
ﺍﺮﻏﻨﻮﻦ - Фарти (зиёдравº, аз ҳад гузаштан) тааллуқ ва муҳаббатро гўянд, ба
навъе ки аз ¿амеъи тааллуқот ва сувари касарот
мунқатеъу мунхалеъ гардад ва ин маънº дар таври хафº
даст диҳад. Байт:


Арғунун менавозаму ноқус,
¯ом хўрдам зи дасти нигор.


       Оз
ﺁﺰ - Орзуи нафсро гўянд, ки ба тариқаи ҳавову ҳавас ва
муқтазои нафс бошад. Байт:


Эй, зи ғафлат ғарқаи дарёи оз,
Менадонº к-аз чº мемонº ту боз?!


       Озодºﺁﺰﺍﺪﻯ - Халосии
орифро гўянд аз қуюди ¿амеъи
мосивоаллоҳ то ҳадди сифоту афъол ва осор. Байт:


Фош мегўяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ¿аҳонам озод,


       Азал
ﺍﺰﻞ - Имтидоди файзро гўянд аз мутлақи маънº ва зуҳури зоти аҳадият дар ма¿олии асмои феълº бар ва¿ҳе,
ки масбуқ ба моддаву мутлақ набошад. Ҳар оина азалияти зот зи сарҳади олами
мисол дар малакут ва ¿абарут
эътибор тавон намуд. Чаро ки дар модуни (ғайри) олами мисол, ки малик ва шаҳодат
аст зотро, та¿аллº дар асмои феълº аст ва мақрун аст он афъол ба модда ва муддат ва
бунёди зуҳури а¿сом (¿исмҳо) аст, ҳар оина замон, ки миқдори
ҳаракати фалаки ¿исмонº аст, мутақаддир ва мутаҳаққиқ гардад.
Байт:


Дар азал партави ҳуснаш зи та¿аллº дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.


       Азали озол
ﺍﺰﻞﺁﺰﺍﻞ - Иборат аз имтидоди зуҳури маънº аст бо сувари асмо ва сифот ба эътибори суқути изофот:


Эй мушкили ҳаллу ҳалли мушкил,
З-он сўи азал биҳишт манзил.

       Чаро ки мартабаи сифоти сабъаи зотия ва мартабаи зоти баҳт (ву¿уд) моварои рутбати азалият, ки мартабаи сифоти феълº(ст).


       Ислом ﺍﺴﻼﻢ - мутобаати аъмолро гўянд. Ин ҳам монанди имон ба се
қисм бошад: қисми аввал мутобаати аъмоли зоҳирии динº аст баъд аз маърифат ва шинохти он ва ин мартабаи ом
бошад: ﻭﺍﻠﻠﻪ ﻴﺪﻋﻭ ﺍﻠﻰ ﺍﻻﺴﻼﻢ ﻗﺴﻢ -валлоҳу ядъуу илал-исломе қасама; дуввум, мутобаати қавии ботина аст дар
аъмол монанди иффат ва шу¿оат
ва ҳикмат ва адолат ва фурўъи (шохаҳои аслº) ахлоқи ҳамидаи мазкура ва ин мартабаи арбоби тариқат
бошад, чунончи қисми аввал мартабаи аҳли шариат бувад; қисми саввум таҳаққуқ
аст ба ҳақиқати шариат ва ботини тариқат баъд аз фанои солик аз хусусияти афъол
ва ақвол. Ва лавоҳиқи (вобастагиҳо) ву¿уди ваҳмии (хаёлº, мавҳум) худи ин мартабаи исломи ҳақиқº(ро) гўянд, ﺍﻦ ﺍﻠﺪﻴﻦ ﻋﻨﺪ
ﺍﻠﻠﻪ ﺍﻻﺴﻼﻢ - ин-над-дина ъинд-ал-исломи. Дар ин мартаба қавлу феъл айни илм шавад ва илм айни маъниву маълум ва куфр айни ислом. Байт:


Зи исломи ма¿озº гашта безор,
Киро куфри ҳақиқи шуд падидор.


 
       Ҳосили
ислом ро¿еъ шавад ба се мартаба: тамаллуқ ва
тахаллуқ ва таҳаққуқ: тамаллуқ инқиёди қавº бошад, ﻘﻝ ﻠﻦ ﺗﻮﻤﻨﻮﺍ ﻮ ﻠﻜﻦ
ﻘﻮﻠﻮ ﺍﺴﻠﻤﻨﺎ ﻮ ﺗﺨﻠﻖ ﺍﻨﻘﻴﺎﺪ ﻔﻌﻠﻰ - қул
лан туумануу ва
лакун қавлуу асламно
ва тахаллуқ инқиёди феъл
ºаст. ﺍﻠﻤﺴﻠﻢ ﻤﻦ ﺴﻠﻢ ﺍﻠﻤﺴﻠﻤﻭﻦ ﻋﻦ ﻴﺪﻩ - ал-муслиму мин саламал муслимун ъан яддуҳу ва таҳаққуқ инқиёди зотº аст. ﻘﻝﻟﻟﻪﺍﻻﻤﺮﺠﻤﻴﻌﺎً -  қул лилоҳил амра ¿амиъан.


 
       Исм ﺍﺴﻢ - Иборат аз зот аст ба эътибори иттисоф ба васфе аз сифот ва наъте аз нуут.


 
       Исми аъзам ﺍﺴﻢﺍﻋﻈﻢ - Оллоҳ аст, ки исми зот ва ¿омеъи ¿амеъи
сифот аст аз нуути зотия ва афъолия ва осория.


 
       Асмои зотия ﺍﺴﻤﺄ
ﺬﺍﺘﻴﻪ - Иборат аз зоте аст ба васфе, ки эътибори иттисофи зот ба он васф мавқуфи амрº ба ғайр аз маҳзи зот набошад. Аммо шояд, ки ба тааллуқи ғайрº мавқуф бошад, ҳамчу сифати илм, ки мавқуф
аст ба эътибори маълум ва олими алоҳида, ё онки мавқуф ба эътибори ғайрº набошад, чун сифати ҳаёт, ки иттисофи зот
ба он мавқуф эътибори ғайри зоти ў нест. 
Байт:


 
Ба зеварҳо биёроянд ҳусни хубрўёнро,
Ту симинтан, чунон хубº, ки зеварҳо биёроº.


 
       Иштиёқ ﺍﺸﺘﻴﺎﻖ - Камоли инзио¿и (таҳарруки дил дар ҳоли ва¿д) дилро гўянд ба майли аслº ба сўи мабдаъи уло ва ин шавқро маротиб аст, чун майл (завқу ҳавас)
дил ба мартаба расад, ки ба ҳе¿ ва¿ҳ толиб дар сулуки талаб ба ҳе¿ чиз муқайяд нагардад ва тараддуди хотир ва
изтиробаш ҳамеша рўзафзун бошад ва ба найли (комёб шудан) ҳар марғубе ва ба
тааррузи ҳе¿ макрўҳе муқаййад нашавад. Аввал, муштоқии
аҳли сидқ бошад. Байт:


Куфру имон ҳар ду гар пеш оядаш,
Дарпазирад, то даре бикшоядаш.
Инчунин бояд талаб кард толибе,
Ту наº толиб, ба даъвº роғибе.


 
      Ва ин шавқу талаб ба мартабае расад, ки мулоҳизаи
рағбату шавқро дар ¿ониби маъшуқ ба
камол ёбад ва ин тавр шавқ гоҳе ба либоси ошиқº, гоҳе ба унвони маъшўқº зоҳир гардад ва дар мартабаи таври сиррº ва рўҳº бошад. Байт:


Ҳама шавқу орзуи ғалатам, ки дар латофат
Шуда беқарору ма¿нун зи ту шавқу орзу ҳам.


 
       Ва чун ин шавқ дар камоли худ ба ранги ишқ барояд, чунонки ошиқро васлу ҳи¿рон яксон бувад ва куфру имон ба як унвон
Ма¿нуну Лайлиро ҳамеша бо худ, балки як рўҳ
ба ду бадан мутааллиқ донад ва мутлақан ву¿уди худ ¿удо надонад ва ғайри маъшуқ дар саропои ву¿уди худ наёбад ва ин дар ниҳоят таври хафº бошад. Байт:


            ﻮﻤﺎﺒﻴﻦ ﺸﻮﻖ ﻮ ﺍﺸﺘﻴﺎﻖٍ ﻔﻨﻴﺖ ﻔﻰ ٭ ﺘﻮﻞﱟ ﺒﺨﺘﺮٍ ﺍﻮ ﺘﺠﻞ ﺒﺤﻀﺮﺓٍ


 
       Ошноº ﺁﺸﻨﺌﻰ - Тааллуқи иноёти уло ва робитаи раҳмати азалияро гўянд,
ки ба ҳама мав¿удот пайваста
аст. Байт:


З-ошноº чун дилат бегона аст,
Ҳарчи мегўям туро, афсона аст.


 
       Аъроф ﺍﻋﺮﺍﻒ - Мақоми шуҳуди зот гўянд дар мазоҳири ¿амеъи аъёни коинот ба навъе, ки ҳар ду ¿аниб тақаддº ва тақаййудро мулаҳиза намоянд ва ориф дар барзаху ҳола (байну давра) ва ﻋﻠﻰﺍﻻﻋﺮﺍﻒ ﺮﺠﺎﻞ ﻠﻤﻮﻠﻔﻪ  - ал-ал-аърофу...


Ориф, чу ба аъроф сари кўйи ту ояд,
Наззоракунон рўи туро сўйи ту ояд.


 
       Аъёни собита ﺍﻋﻴﺎﻦ ﺜﺎﺒﺘﻪ - ҳақоиқ ва моҳиёти мумкинотро гўянд, ки дар
ҳазрати илм собит аст. ﻻﻴﻐﺮﺐ ﻋﻦﻋﻠﻤﻪ ﻤﺜﻘﺎﻞ ﺬﺮﺓ ﻔﻰ ﺍﻟﺴﻤﻮﺍﺖ ﻮﺍﻻﺮﺾ  - ло яғриб ъан
ъилмуҳу мисқола зарратин фис-самовоти вал-арз.



        Афтодагº ﺍﻔﺘﺎﺪﮔﻰ
-
равийяти (фикру андеша) адами қудрати бандаро гўянд бар адои ҳаққи убудият, ки сазои ҳақ бошад. Мисол:


Фитодам бар сари роҳе, ки рўи ёри худ бинам,
Дар ин афтодагº як раҳ дилаш афгори худ бинам.


 
       Афсона ﺍﻔﺴﺍﻨﻪ - Мулоҳизаи аъмоли гузаштаро гўянд дар ҳине, ки
тава¿¿ўҳ ба такмили нафс дар хотир мутамаккин
шуда бошад. Байт:


Афсўс дил афсонаи ишқ аст, валекин
Боқº ба ¿амолат, ки фусун асту фасона.


        Афсурдагºﺍﻔﺴﺮﺪﮔﻰ - Ғалабаи бурудати моияи (моҳият, обакº будан) аҳкоми табиатро гўянд, ки оташи шавқи маорифи илоҳиро фурў нишонад.
Байт:


Та ба кай афсурдагº мемонадат,
Сад ¿аҳони мурдагº мемонадат.


       Афсўс
ﺍﻔﺴﻮﺲ - Таассуфи соликро гўянд бар фавти авқот ва азми тадоруки мофот. (фавтшуда, гумшуда)


 
       Уфуқи аъло ﺍﻔﻖ ﺍﻋﻟﻰ - ниҳояти саяронро (сайру гашт) гўянд бар фалаки ву¿уд ва мунтаҳои ин дар ҳазрати воҳидият ва
олами ¿абарут бошад.


       Уфуқи мобайн ﺍﻔﻖ ﻤﺎﺒﻴﻦ - ниҳояти такмили нафс аст дар улуми назарº ва малакоти илмº дар таври қалбº ба навъе, ки дили ориф ҳам мироти асрори ғайб бошад,
ва ҳам тамошогоҳи олами шаҳодат ва ин рутбат (мақому дара¿а) анбиё ва муршидонро зоҳир аст. ﻮ ﺍﻨﻚ ﺒﺎﻻﻔﻖﺍﻠﻤﺒﻴﻦ - ва иннака бил уфуқ-ил-мобайна.


 
        Олудагºﺁﻠﻮﺪﮔﻰ - Иттисофи дилро гўянд ба сифоти баҳимº (ҳаявонº) ва сабўъº (дарандагº) дар таври қолабº.
Байт:


Ё аз ин олудагº покам бикун,
Ё на дар хунам кашу хокам бикун.


 
       Илоҳ ва Оллоҳ ﺁﻠﻪ  ﻭ ﺍﻟﻟﻪ - исми зоти во¿ибулву¿уд аст ба эътибори ¿омеъияти сифоти зотия ва нуути камолия дар ҳазрати
илму айн ва дар мартабати афъолу осор.


 


       Умм-ул-китоб ﺍﻢ
ﺍﻟﻜﺘﺍﺐ - Ақли аввал ва қалами аълоро гўянд. ﻭﻋﻨﺪﻩ ﺍﻢ ﺍﻟﻜﺘﺍﺐ ﺍﻻﻴﻪ - ва ъиндаҳу умм-ул-китоб-ал-ояҳ.


       Имтидоди нафси раҳмонº - ﺍﻤﺘﺪﺍﺪ ﻨﻔﺲ
ﺮﺤﻤﺎﻨﻰ - Иборат аст аз истимрори та¿аллии зотº бар махори¿и маротиби ҳуруфи олия ва камолоти ву¿удия ва маротиботи томма бар ва¿ҳе, ки мутазаммини зуҳури шуунот (мартабаҳо) ва ба рўзи нишоти илоҳия ва аквони (ҳастиҳо) имкония гардад.  Камо қола салъам: ﺍﻨﻰ ﻻ ﺠﺪ ﻨﻔﺲ ﺍﻠﺮﺤﻤﻦ ﻤﻦ ﺠﺎﻨﺐ ﺍﻠﻴﻤﻦ - иннº ло ¿идда
нафс-ар-раҳмона мин ¿ониб-ил-ямн.


 
       Омадан ﺁﻤﺪﻦ - Ри¿ъати
(боз омадан) орифи восилро гўянд ба мақоми башарият ва мартабаи суварат аз
фазои олами рабубият (худовандº,
парвардигорº).


 
       Ал-умур-ул-омма  ﺍﻻﻤﻮﺮ ﺍﻠﻌﺎﻤﻪ - ﻫﻰ ﻤﺎ ﻻ ﻴﺤﺘﺺ ﺒﻘﺴﻢ ﻤﻦ ﺍﻘﺴﺎﻢ
ﺍﻠﻤﻮﺠﻮﺪﺍﺖ ﺍﻠﺘﻰ ﻫﻰ ﺍﻠﻮﺍﺠﺐ ﻮ ﺍﻠﺠﻮﻫﺮ ﻮ ﺍﻠﻌﺮﺾ  -Ҳия мо лоо яҳтаса
биқисми мин
ақсом-ал-мав¿удот-аллатº ҳия-ал- во¿ибу ва-ал-¿авҳару ва-л-арз.  


 


       Амирº ﺍﻤﻴﺮﻯ - И¿рои
соликро гўянд ҳукми султони рўҳро дар мамлакати бадан
бар риоёи қувои (риояти қувваҳои) табиº ва бар ¿унуду асокири табоеъи (лашкару аскарони сиришту ниҳодҳо)
нафси ҳаявонº. Назм:


Дар олами мулк беназирем,
В-андар малакут ҳам амирем.


            *         *         *

Гарчи мурғони ишқ бисёранд,
Ҳамчу анқо амири мурғонем.


 
       Амин ﺍﻤﻴﻦ - Орифи соликеро гўянд, ки дар таври (ҳолат) қалбº ба русухи (устувориву пойдорº ё субот) ихлос ба навъе истикмол (талаби камолот) пазируфта, ки ғайри ҳақ дар сирру алония (зоҳиру ошкорагº) махтури (менеъ, хатарнокшуда) хотири ў нагардад ва ғайри ахлоқи карима дар зоҳири аҳволи ў дигар амре муойин (намоён)
нашавад. Ва агарчи дар дидаи зоҳирбинон аҳволу аъмолаш маразе (нохушиву ран¿урº) набошад, чунончи ¿амоати маломия (маломатийя), ки дар сурат маҳалли инкор ва мазоми (мазамматшуда) умуманд ва  филвоқеъ мутава¿¿еҳи
ва¿ҳи ҳаққанд алалдавом. Байт:


Ишқ ҳолест, ки ¯абрил бар ў нест амин,
Соҳиби ҳол шиносад асари аҳли яқин.  


       Анонийят ﺍﻨﺍﻨﻴﺖ (олами маънº,хештанбинº) - Мулоҳизаи ву¿уди мутлақро гўянд дар маротиби маҳсусия (эҳсос) ё маъқулия (бо ақл дарк кардан), чаро ки мушорун илайҳ (ишора ба вай) бо ноғайри
зот ва ҳувият (ҳастº, ву¿уд,  борº таоло) мутлақа натавонад буд, аммо зоҳиран маҳфуф (гирдогирд фарогирифта) бувад ба сувари таъинот ва изофот. Байт:


Зи Ҳалло¿ он анонийят а¿аб нест,
К-аналҳақ гуфтани ў бесабаб нест.


       Андўҳ
ﺍﻨﺪﻮﻩ - ҳайрати соликро гўянд дар коре, ки сабаби ви¿дон (пайдо шудан) ва фиқдони (гум шудан) он пеши ў ма¿ҳул (номаълум) бошад. Байт:


То ба андўҳат ба сар мебурдаам,
Ҳар замон дарди дигар мех(в)ардаам.


 
       Ангушт ﺍﻨﮔﺸﺖ - Сифати иҳотаро гўянд ба ¿амеъи дара¿оти ву¿уд. ﻘﻟﺐ ﺍﻟﻤﻮٴﻤﻦ ﺒﻴﻦ ﺍﺼﺒﻌﻴﻦ
ﻤﻦ ﺍﺼﺎﺒﻊ ﺍﻟﺮﺤﻤﻦ - қалб-ул-му’мину байна асбаъайна мин асобиъ-ур-раҳмон.


 


       Улилалбоб //улулалбо ﺍﻮﻟﻮﺍﻻﻟﺒﺎﺐ
⁄⁄
ﺍﻮﻟﻰﺍﻻﻟﺒﺎﺐ - ҳум-ул-лазина йа’хазуна мин кулли қишрин
лаббаҳ ва йатлабуна мин зоҳир-ил-ҳадис (?), сир-ул-илтифота ва ҳув-ал-удула
мин-ал-мухотаба айй-ал-ғойиба ав бил-акси ав айй-ал-мутакал
       ﻫﻢ ﺍﻟﺬﻴﻦ ﻴﺎﺨﺬﻮﻦ ﻤﻦ ﻜﻞ ﻘﺸﺮ ﻟﺒﻪ ﻮﻴﺘﻟﺒﻮﻦ ﻤﻦ ﻈﺎﻫﺮ
ﺍﻟﺤﺪﻴﺚ(?) ﺴﺮﺍﻻﻟﺘﻔﺎﺖ ﻮﻫﻮ ﺍﻟﻌﺪﻮﻞ ﻤﻦﺍﻟﻤﺨﺎﻄﺐ ﺍﻯﺍﻟﻐﺎﻴﺐ ﺍﻮﺒﺎﺍﻟﻌﻛﺲ ﺍﻮﺍﻯﺍﻟﻤﺘﻛﻟﻢ



       Оҳ ﺁﻩ - Аломат ва нишонаи камоли ишқро гўянд, ки забон аз шарҳи тафсили он қосир бошад ва банони (сари ангуштон) баён аз расми (тасвир) ҳақиқати он муқассир (кўтоҳ) ва аз ғояти изтирор (дармондагиву парешонº) чиҳати дафъи карбат (ғуссаву ғам) ва рафъи за¿рат (тапиданҳои дилу нооромº аз андўҳи зиёд) ба ин оҳи ҳасрат мутавассил гардад, ки инна Иброҳима ло воҳҳа ҳалимун ва ин дар мартабаи таври рўҳº бувад. Байт:


Оҳ, агар аз ¿ои хос ояд падид,
Мардро ҳоле халос ояд падид.


 


       Имон ﺍﻴﻤﺎﻦ - Миқдори маърифатро гўянд, ки ба ҳазрат-ул-ваҳият ба
ҳасби тафовути дара¿от аъёни
мумкинот дар дониш бошад ва он ба се қисмат: имони яқинº ва имони ғайбº ва имони ҳаққº ва аввалро илмуляқин, дуввумро айнуляқин, саввумро
ҳаққуляқин (гўянд). Аввал, мартабаи авом аст ва ин ба ду навъ бошад: аввал
онаст, ки ба маҳзи тақлиди эътиқоди мутобиқ воқеъ дошта бошад дар маротиби
нафс, ки аммора ва лаввома ва мулҳама аст; навъи дуввум онаст, ки дар мартабаи
нафси мутмаъина ва таври қалбº ба
нури бурҳон эътиқоди саҳеҳ ба ҳаққу ҳақоиқи мав¿удот ҳосил ояд бар ва¿ҳе, ки малакаи айнуляқинро мустадъº (хостгор) гардад ва ин мартаба махсуси
арбоби ҳудуд ва русум бошад. Қисми дуввум аз имон онаст, ки чун мартабаи
қуввати назарº ба ғоят расад ва ба қуввати амалº айни басират ба нури кашфу шуҳуд мунаввар
гардад ва абвоби дара¿оти
¿анноти та¿аллиёт бар рўи солик бикшоянд ва ба хитоби ир¿аъº (ир¿оъ,
бозгаштан) мушарраф гардад ва ¿амоли
мутлақи маъниро чунончи паси пардаи инзор ва эъмол ва ақвол назар мекард, ба
айни аён дар маротиби сувари осор ва афъол ва сифот дар мартабаи таври сиррº ва рўҳº ва хафº
ҳам мушоҳида кунад. Қисми сайюм мартабаи ҳаққуляқин аст ва он дар мартабаи таври
хафº чун ву¿уди ваҳмии солик дар айни маънии мутлақ ва ву¿уд мустаҳлик гардад. Баъд аз он ба хилъати
бақои абадº ва ман қатлата фаинно диита мушарраф
гардад ва бар маснади рафеъи (баланд) ҳаққуляқин, ки рутбати ﻔﺎﺬﺍ ﺍﺤﺒﺒﺘﻪ ﻛﻨﺖ ﺴﻤﻌﻪ ﻮ ﺒﺼﺮ ﻓﺒﻰ ﻴﺴﻤﻊ ﻮ ﺒﻰ ﻴﺒﺴﺮ -
фаизо
аҳбабата кунту самъа ва басара фабиййа йасмаъу
ва
биййа йабсару мутамаккин
нишинад. Дар ин мартаба на имон мемонад, на куфр, балки куфр айни имон аст ва баракс.
Чаро ки насбу изофот билкул аз миён бархезад. Байт:


Мардро ин ¿о
шикоят шукр аст,



Куфр имон гашту имон куфр шуд.


 


       Оина ﺁﺌﻴﻨﻪ - Му¿аллои
та¿аллии ¿амоли ҳақиқиро гўянд, ки ба сурати аъёни собита ва
аквони ғайбия зоҳир шавад. Байт:


Эй, оинаи ¿амоли
шоҳ
º, ки туº


В-эй нусхаи номаи илоҳº,
ки ту
º.


     


       Бобулабвоб ﺒﺎﺐﺍﻻﺒﻮﺍﺐ - Тавбаро гўянд, ки мадхали солик аст ба ¿онибиқурб ва ру¿ўъ аст ба
иродати хеш ба мабдаъи аслº,
чунончи мавти табиº ҳамин ру¿ўъ ба мабдаъ аст, аммо бе иродат ва ихтиёр.
Пас ҳар ки аз ин мадхал оҳанги тақарруб ба мақом унс намояд, бояд ки аз ¿амеъи ҳу¿уб (пардаҳо) ва мавонеъи (монеъаҳо) хори¿º гузар кунад, ҳар ойина аввал аз
бобулабвоб бунёд дар ҳарими қурбат ва убур бар маротиби ҳо¿иён муонасат (ҳамсўҳбатº, унсгирº) бояд кард; бар ин тақрир (баён, муқаррар кардан) тавбаи ру¿ўъ аз мосивои (ғайр, ба ¿уз) Оллоҳ бошад ва уру¿ бар маори¿и (дара¿от)
  қурбун
л
º
маъаллоҳ
ва ин муво¿аати мутафовут-ул-маротиб
аст, чаро ки зунуб (хатову гуноҳҳо) ва маосº (¿урм,
ҳаракоти зидди амру наҳии оину шариат) ҳам мутафовут аст ва ба ҳадде расад, ки ву¿уди солик ҳам, ки ҳи¿оби роҳ бошад, ва ба масобаи (андоза,
мартаба) ¿урму гуноҳ тавба аз он ҳам бояд намуд, ки ﻮﺠﻮﺩﻚ ﺬﻨﺐ ﻻ ﻴﻘﺎﺲ ﺒﻪ ﺬﻨﺐ - ву¿удака зунуба ло йақосу биҳи зунуба, чаро ки ҳар ки ҳи¿оби толиб аст, аз лавоҳиқи (вобастагиҳо ва
тобеъот) ву¿уд ўст. Байт:


Ин чº
расмаст, ки бар рўй ниқоб андоз
º,


Чеҳра бикшою барандоз раҳи расму ниқоб.


 


       Бохтан ﺒﺎﺨﺗﻦ - инсирофи (муро¿аат ва бозгашт) дилро гўянд аз сувари аъён. Байт:


Ҳарчи гоҳе тохтº,
гаҳ бохт
º,


¯умла дар оби равон андохтº.  


      


       Бод ﺒﺎﺪ - тақаллуби (дигаргуншавº, баргаштан) дилро гўянд аз ҳоле ба ҳоле. Агар аз
машриқи олами ву¿уд ва кишвари
ваҳдат тақаллуб ёфта бошад, онро боди сабо гўянд ва агар аз ¿иҳаи мағриб дар олами касрат ва имкон
мутаҳаррик шуда бошад, онро дабур хонанд. Байт:


Боде, ки нест аз сари кўйи ту, нест бод!


Ман низ дил ба бод диҳам ҳарчи бод, бод!


 


       Бода ﺒﺎﺪﻩ - Ишқеро гўянд, ки ҳанўз иштидод (тундº, шиддат) наёфта бошад ва ин мартабаи
муҳаббати мубтадиён (навошиқон)  аст:


Сўфº,
ар бода ба андоза хўрад нўшаш бод,



В-арна андешаи ин кор фаромўшаш бод!


 


       Бодаи софºﺒﺎﺪۀ ﺼﺎﻓﻰ - Ишқе
бошад холис аз шавоиби (доғу олудагиҳо) нуқсон ва фориғ аз лаззати васл ва
оломи (дарду ран¿ҳо) баъд ва
ҳирмон (бенасибº, ноумедº) чи ин ҳарду ҳол мушъир (хабардиҳанда) аз
бақои ҳи¿оби ҳастии ошиқ аст, ки мустадъии
(дархосткунанда) идрок ва мулоҳизаи лаззату алам гашта ва тафриқа миёни авқоти
муҳо¿ират ва мувосилат намудааст. Байт:


Висоли аҳли ҳавас ¿ўянд
ошиқро, бас ин давлат,



Ки ў дар кўйи ту бадном, ¿амъе
бадгумон гардад.



 


       Ва ин
мартабаи ишқ толиби роғибро дар таври сиррº ва руҳº
даст диҳад ва сафои бода ба ҳасаби (мувофиқи) машориб бошад:


Андўҳи дилам чу ¿оми
рангин бибарад,



Ин бодаи соф ҳам дилу ҳам дин барад.


Озода шавам ба ¿оме
аз ҳастии хеш,



В-андўҳи ¿аҳон
зи
¿они
ғамгин барад.



 


       Боре гарон ﺒﺎﺮﻯ
ﮔﺮﺍﻦ - Аҳволи бадан ва аҳкоми нафсу танро номанд.
Байт:


Сар, ки на дар пойи азизон бувад,


Бори гарон аст кашидан ба дўш.


 


      Бозºﺒﺎﺰﻯ - таҳаввули нишоти илоҳияро гўянд. Байт:


Бозии чарх бишканад байза дар кулоҳ,


Зеро ки арзи шаъбада бо аҳли роз кард.


 


       Ботил ﺒﺎﻄﻞ - Бар мосиво итлоқ намоянд. Чун Ҳақ мазҳари мутлақи ву¿уд аст, ҳар оина хилофи Ҳақ, ки ботил аст,
пеши назари ҳақиқат ба ин эъдом хоҳад буд. Байт:


 


ﺍﻻ ﻜﻝ ﺸﻰ ﻤﺎ ﺨﻼ ﺍﷲ ﺒﺎﻄﻞ ٭  وﻜﻝ ﻨﻌﻴﻢ
ﻻ ﻤﺤﺎﻟﻪ ﺰﺍﻴﻝ 


 


Ило куллу шайин мо хало аллоҳ ботил


Ва куллу наъиим ло маҳолаҳу зоил.


 


       Бом ﺒﺎﻢ - му¿аллои
та¿аллиёти маъшўқро гўянд. Байт:


Бом бар ў ¿илва
деҳ моҳи тамом хешро,



Матлаъи офтоб кун гўшаи бом хешро.


 


      Бомдод ﺒﺎﻤﺪﺍﺪ - Мақоми гардиши аҳволро гўянд, ки мў¿иби тараққии солик бошад аз мартабаи
зулмати сифл (паст) ба нури улвийёт (баланд, осмонº). Байт:


Бомдодон, ки тафовут накунад лайлу наҳор,


Хуш бувад домани саҳрову тамошои баҳор.


    


        Бут ﺒﺖ - мақсуди аслº ва матлуби ҳақиқиро гўянд ба ҳар сурат ва ҳар пайкар, ки зоҳир гардад.
Байт:


Бут ин¿о
мазҳари ишқ асту ҳолат,



Бувад зуннор бастан ақди хидмат.


Мусалмон, гар бидонистº,
ки бут чист,



Бидонистº,
ки дин дар бутпарастист.



 


       Бидояти (ибтидо,
оғоз) ин мулоҳиза ва шуҳуд дар дидаи басират дар таври сиррº рух намояд, аммо ниҳояташ дар таври хафº бошад.


 


       Баҳр ﺒﺤﺮ -Ву¿уди мутлақро ва ҳастии Ҳақро гўянд. Байт:


Дар чунин баҳре, ки баҳри аъзам аст,


Оламе зарра-ст, зарра олам аст.


 


       Бадал кардан ﺒﺪﻞ
ﻜﺮﺪﻦ - удули (гузаштан, баргаштан) орифро гўянд
аз мақоме ба мақоме, аам (фарогиранда, шомил) аз он ки ¿иҳати тараққии нафси худ бошад ё ¿иҳати тараққии дигарон ва ﻮﻠﻬﺫﺍ ﺒﺪﻻ лиҳозо бадаланро абдол гўянд, ки ҳамеша абдоли
ҳоле ба ҳоле кунанд ва тава¿¿ўҳи
ботини эшон ба ислоҳи аҳволи халқ ва ¿азби нуфус му¿иби
табаддулоти атвори эшон гардад ва лиҳозо дар хабар аст аз ҳазрати саййидулбашар
салавотуллоҳи ва салома ъалайҳ ﺍﻦ ﺒﺪﻻ ﺍﻤﺘﻰ ﻻﻴﺪﺨﻠﻮﻦ
ﺍﻠﺠﻨﺔ ﺒﺼﻮﻢ ﻮﻻﺼﻠﻮﺓ ﻮ ﻠﻜﻦ ﺒﺴﻼﻤﺔ ﺍﻠﺼﺪﺮ ﻮ ﺴﺨﺄ ﺍﻠﻨﻔﺲ ﻮ ﻨﺼﻴﺤﺔ ﺍﻠﻤﺴﻠﻤﻴﻦ - инна
бадалан уммат
º
ло йадхулунал
¿анната
бисавмин ва ло салота ва лакун бисаломатис-садра ва сахо-ан-нафса ва
насиҳат-ал-муслимина
чун
табаддули аҳволи солик ¿иҳати
такмили нафс бошад дар силки аҳли табаддул ва талвин (ба рангу ҳолати дигар
даромадан) бошад, ки ба машраби абдоли ин муносиб аст ﺍﻮﻠﺌﻚ ﻴﺒﺪﻞ ﺍﻠﻠﻪ ﺴﻴﺎﺘﻬﻢ ﺤﺴﻨﺎﺖ -
авлоука йабдал-уллоҳа сайотуҳум ҳасанот.
Байт:


Аз мақомоти табаддул то фано,


Поя-поя то ба даргоҳи худо.


 


       Бар ﺒﺮ - сифати рубубиятро гўянд


      


       Бари симин ﺒﺮ ﺴﻤﻴﻦ - сифати тарбияти орифро гўянд, ба навъе ки мувофиқи
табъ бошад. Байт:


Бари чун сими худ манмо ба қалошони бозорº,


Ки дорам бо зари рухсори худ азми харидорº.


 


       Бархостан ﺒﺮﺨﺎﺴﺘﻦ - тава¿¿ўҳи
азимати сидқро гўянд ба мабдаъи ваҳдат ба навъе, ки му¿иби қатъи тааллуқоти суварº ва маънавº бувад. Байт:


Бархез, ки ин нишаст бархостанист,


Болову нишебу паст бигзоштанист.


 


        Барқ ﺒﺮﻖ - ламаоти (партаву рахшиданҳо) ишқ ва ламаҳоти (дамҳову
лаҳзаҳо) шавқро гўянд, ки аз зоти ақдас ва ҳазрати муқаддас бар дили солик лоеҳ
(ошкору ҳувайдо) гардад. Аммо онро суботу қароре набошад ва ин дар мабодии
сулуки ошиқон бошад. Байт:


Барқе аз манзали Лайлº
бидурахшид саҳар,



Ваҳ, ки бо хирмани Ма¿нуни
дилфигор ч
º
кард!?



 


       Ал-басиратун ﺍﻟﺒﺼﻴﺮﺓ - ﻗﻮﺓ ﺍﻟﻗﻟﺐ ﺍﻟﻤﻨﻮﺮ ﺒﻨﻮﺮ ﺍﻟﻗﺪﺲ ﻴﺮﻯ ﺒﻪ ﺼﻮﺮ ﺍﻻﺸﻴﺄ ﻮ ﻈﻬﻮﺮﻫﺎ ﻮ ﻫﻰ ﺍﻟﺘﻰ ﺘﺴﻤﻴﺘﻬﺎ ﺒﺎﻟﺤﻜﻤﺄ
ﺍﻟﻌﺎﻘﻟﺔ ﺍﻟﻨﻈﺮﻴﺔ ﻮﺍﻟﻘﻮﺓ ﺍﻟﻘﺪﺴﻴﺔ


 


 


 


      Бало ﺒﻼ - имтиҳоноти илоҳиро гўянд, ки ¿иҳати татҳири (поку тамиз кардан) нишоти солик бошад.
Байт:


Ҳар бало, к-ин қавмро Ҳақ додааст,


Зери он ган¿и
карам бинҳодааст.



 


Байт:


ﻮ ﻤﻨﻚ ﺸﻔﺎﺌﻰ ﺒﻞ ﺒﻼﺌﻰ ﻤﻨﺔ ٭ ﻮ ﻔﻴﻚ ﻠﺒﺎﺲ ﺍﻠﺒﻮﺲ ﺍﺴﺒﻊ ﻨﻌﻤﺔ


 


 


    


       Бало ﺒﻠﻰ - ﻮﻫﻮ ﺍﺜﺒﺎﺖ ﻠﻤﺎ ﺒﻌﺪ ﺍﻠﻨﻔﻰ ﻜﻤﺎ ﺍﻦ
ﻨﻌﻢ ﺘﻘﺮﻴﺮ ﻠﻤﺎ ﺴﺒﻖ ﻤﻦ ﺍﻠﻨﻔﻰ -
ва ҳува исботу лимо баъд-ан-наф
º
камо инна
       ...


 


 


 


 


 


       Баногўш ﺒﻨﺎﮔﻮﺶ - маноти (матлабу мақсад) силсилаи эътисомро (аз ¿урму гуноҳ парҳезгориҳо) гўянд дар
мулоҳизаи ҳақоиқ дар ҳазрати илоҳия ва сифоти ¿амолия бар сабили (роҳу тариқ) умум ва иштимол
(фарогирº, дарбаргирº). Байт:


Аз хату холу руху зулфу баногўшу ¿абин,


Лашкар овардаву бар қалби дили мо задаº.


 


       Бандагºﺒﻨﺪﮔﻰ - қабули
таколифи илоҳиро гўянд, аммо ба тариқи тавъу (майлу хоҳиш) рағбат, на аз хавфу
раҳбат (биму ҳарос). Байт:


Фош мегўяму аз гуфтаи худ дилшодам,


Бандаи ишқаму аз ҳар ду чашон озодам.


 


       Бунафша ﺒﻨﻔﺸﻪ - нуктаро (сухани покиза) гўянд, ки идроки башарº ба он роҳ набарад ва уқдаи (банду гиреҳ) он
ба назару фикр инҳилол (ҳаллу кушода шудан) напазирад. Байт:


Боғ аз хати хуби лаби ширин-ш хи¿ил
шуд,



К-ў ҳе¿
бунафша шакаролуда надорад.



 


       Бўстон ﺒﻮﺴﺘﺎﻦ - мақоми дилкушодагии орифро гўянд, аам аз он ки ба
мартаба ва мақоме махсус бошад. Байт:


Дўстон дар бўстон чун азми май хўрдан кунанд,


Аввал аз ёрони дурафтода ёди ман кунанд.


 


       Бўй ﺒﻮﻯ - огоҳии дилро гўянд аз алоқаи азалº ва пайвастагии уло (нахустин, аввалин),
ки дар мақоми ¿амъият буда
бошад ва акнун ба воситаи арўзи (зоҳиру ҳувайдо шудан) парешонº ҳавои нафсонº тафриқа ба он роҳ ёфта бошад. Байт:


Бўи сунбул зи дами боди сабо меояд,


Хушдилам ҳарчи аз он ёр ба мо меояд.


 


       Баҳор ﺒﻬﺎﺮ - фараҳу сурури соликро гўянд дар ҳини ғалабаи аҳкоми
шавқ бар ва¿ҳе, ки муфзº (бурдарасонанда би чизе) бувад ба тарки ибодат, ки аз
роҳи расму одат содир шуда бошад. Байт:


 


Баҳор омад, биёву тавба бишкан,


Ки дар вақти дигар суфº
тавон шуд.



Ва баҳор бар эътидоли мизо¿и солик, ки дили ў аз ихтилоти ахлоти фосида ва афкори
косида покиза шуда бошад ҳам итлоқ намоянд (ба¿о меоваранд).


 


       Биёбон ﺒﻴﺎﺒﺎﻦ - мақоми ҳайрати ваҳимонро гўянд. Байт:


Дар биёбоне, ки саълукони (дарвешон) роҳ,


Дар рикоб оранд пой он ¿ойгоҳ.


 


 


       Байтуллоҳ ва байтулҳаром ﺒﻴﺖ ﺍﻠﻠﻪ ﻮ ﺒﻴﺖ ﺍﻠﺤﺮﺍﻢ - дили орифи муқинро (боваринок) гўянд, ки
русуми мосивоаллоҳро дар ҳарими ў роҳ набошад ва манзилгоҳи маҳмили шавқ бошад
дар тариқи сайри илаллоҳ камо қолан-набº ъалайҳиссалом: қалб-ул-му’мину байтуллоҳ ва гоҳе ҳам дили соликро гўянд ба эътибори
инқитоъ (дуршавº, бурида шудан)
аз сувари ағёр ва аз чиҳати мазҳарияти (намоёншавº) та¿аллиёти
илоҳº дар сувари осор ва а¿роми унсурº ва ба ин ва¿ҳ ўро садр гўянд. Назм:


Нест мас¿ид,
чуз даруни сарварон,



Он ма¿оз
аст ин ҳақиқат, эй фалон!



Мас¿иди
Ақсо даруни авлиёст,



¯ои хоси Ҳақ бувад, он¿о Худост!


 


       Бедорºﺒﻴﺪﺍﺮﻯ - олами
саҳвро гўянд ¿иҳати такмили навоқис. Лимуаллифа:


Зи ҳад шуд нолаи шабҳову бедорº
хуш он рўзе,



Ки дар кўят кунам хоби а¿ал
дар пойдеворе.



 


       Берун ﺒﻴﺮﻮﻦ - олами мулку шаҳодатро гўянд. Байт:


Берун давид ёр зи хилватгаҳи шуҳуд,


Худро ба шакли ¿умла¿аҳон
ҳам ба худ намуд.



 


        Бекорº ﺒﻴﻜﺎﺮﻯ
-
иштиғоли дилро гўянд ба умури ҳасисаи дунявº ва таҳияи асбоби лаззоти ҳиссº. Байт:


Кори дунё чист? Бекорº
ҳама!



Чист бекорº?
Гирифтор
º
ҳама!



 


        Бегонагºﺒﻴﮕﺎﻨﮕﻰ - истиғнои
олам-ул-ваҳиятро гўянд, ки бар сувайдои (маркази) дили солик тобида бошад ва
чунончи он зоти ғании мутлақ ба ҳеч
чиз ифтиқоре (муҳто¿º ва ниёзмандº) надорад, ошиқро ҳам аз ҳама ағёр ва хешу
табор бегона созад. Байт:


Моро хаёли рўи ту девона мекунад,


В-аз хешу ошно ҳама бегона мекунад.


  


       Бенавоºﺒﻴﻨﻮﺍﺌﻰ - бўъду
ҳирмони (дуриву маҳрумº,
бенасибиву маҳ¿урº) дилро гўянд аз матлуби ҳақиқº ба воситаи мавонеъи башарият. Байт:


Ҳар ки шуд аз ҳамзабони худ ¿удо,


Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.


 


        Беҳудаﺒﻴﻬﻭﺪﻩ - сарфи ва¿ҳаи 
дилро гўянд аз зоти ақдас ва тава¿¿ўҳи хотир ба муштаҳаёти (хоҳишу орзуҳо) нафсонº. Байт:


¯онам олуда-ст аз беҳудагº,


Ман надорам тоқати олудагº.


 


       Беҳушº ﺒﻴﻬﻭﺸﻰ - мақоми тамси (нопадид, рафтани ҳамаи сифоти
башарият дар сифоти анвори рабубият) фаноро гўянд аз аҳкоми башарият ва интифои
(фурў нишондан) сифоти имконият. Байт:


Расми ин водº
фаромўш
º
бувад,



Гунгиву карриву беҳушº
бувад.



 


       Покбозº ﭙﺎﻚ ﺒﺎﺰﻯ
-
тава¿¿ўҳеро гўянд, ки холис бувад аз шавоиби
(гумону олудагиҳо) ағрози (ғаразҳо) нафсонº хоҳ амри зоҳирº бошад, хоҳ ботинº. Байт:


Андар қиморхонаи риндони покбоз,


Дарбоз ҳарчи ҳаст намозиву бенамоз.


 


       Пой ﭙﺎﻯ - муқаддамоти фикру назарро гўянд. Байт:


Пои
истидлолиён
(гурўҳе аз файласуфон, ки ба ҳар даъво
ва иддао далел талаб мекунанд) чўбин бувад,


Пои чўбин сахт бетамкин бувад.


 


       Пой кўфтан ﭙﺎﻯ
ﻜﻭﻓﺘﻦ - таво¿уди (шўру ва¿д) соликро гўянд, ки аз ви¿дони ҳолº дар ў ҳодис
шуда бошад, аммо бебақо бошад. Байт:


Шаккарфурўши мисрº
ҳоли магас ч
º
донад,



Ин дасти шавқ бар сару он пои завқ кўбон.


 


       Пойиз ﭙﺎﻴﻴﺰ - мақоми камоли зуҳури осори олами малакро гўянд ва
ҳарчи аз лавозими он зуҳур бошад.


 


       Падар ﭙﺪﺮ - мартабаи таъсир ва иллийяти (мартабаи баланд) фоилро
гўянд, чунончи модар мартабаи таъсир ва фавқи қобиларо гўянд. Байт:


Ба асли хеш якраҳ нек бингар,


Ки модарро падар шуд низ модар.


 


Ва бошад, ки падар гўянд ва нуфуси қудсия
хоҳанд.


 


       Парда ﭙﺮﺪﻩ - мавонеъеро гўянд, ки миёни ошиқ ва маъшуқ бошад ва аз
лавозими тариқ бувад, на аз ¿ониби
муҳиб ё маҳбуб. Байт:


Аъёну қавº¿умла
зуҳуроти илоҳ
º,


Он пардаи тақлид, ки шуд кўҳна, даридаст.


 


       Пўст ﭙﻭﺴﺖ - шариат ва зоҳири ву¿удро гўянд ва алфозу иборат нисбат бо маънº ва мадлул (мазмун) ро гўянд. Байт:


Шариат пўст, мағз омад ҳақиқат,


Миёни ину он бошад
тариқат.


 


       Пул ﭙﻭﻞ﴿ﭙﻞ﴾ - сифати сабру таҳаммулро гўянд. Байт:


Сабр чун Пули Сирот, он сў биҳишт,


Ҳаст бо ҳар хуб як лолои зишт.


 


       Пиёла ﭙﻴﺎﻠﻪ - ишқеро гўянд, ки ақво (устувортар) аз майли аввал ва мартабаи
риққати бода бошад, дар таври қалбº ношº (пайдо) шавад:


Шаробе хўр, ки ¿омаш
рўи ёр аст,



Пиёла чашми масти бодахор аст.


Ва гоҳе пиёла гўянду та¿аллии осорº хоҳанд, чунончи мисраи:


Пиёла гир, ки умри азиз бебадал аст...


      


       Паём ﭙﻴﺎﻢ - авомир ва навоҳии илоҳиро гўянд, ки амал бар он му¿иб ба тариқи ву¿уб бошад ва анбиёро ба ин эътибор пайғомбарон гўянд.
Байт, лимуаллифа:


Мужда, эй дил, ки паём аз лаби дилдор расид,


Мурдаи ҳа¿ри
туро муждаи дидор расид.



 


       Печи зулф ﭙﻴﭻ ﺰﻠﻒ - татаввури (тадри¿ан аз ҳоле ба ҳоле гузаштан) зуҳуроти сифати ¿алолиро гўянд, ки сабаби сатри рухсори
матлуб ва ¿амоли ваҳдат бошад. Назм:


Мапурс аз ман ҳадиси зулфи пурчин,


Ма¿унбонед
зан
¿ири
ма
¿онин.


 


       Пир ﭙﻴﺮ - инсони комилро гўянд, ки истикмол карда бошад фофақрро
(ба сўи фақр, нодорамº)
ва он ниҳояти идроки ҳақоиқ аст ва  раъйи
фақрро, ки он ниҳояти сайр бар атвори сабъаи (ҳафтгона) қалбия аст, ки собиқан,
муфассалан ба рутбат мазкур шуда ва бо ву¿уди ин фақри таъдия (гузаро) аз ў ба тариқи иршод ва
такмили ғайр намояд ва толибонро ба матлаб расонад:


Пир бояд, роҳро танҳо марав,


В-аз сари амё (курº) дар
ин дарё марав.



Пири
мо лобудди
(ногузир, аз
рўи зарурат) роҳ омад туро,


Дар ҳама коре паноҳ омад туро.


 


       Пешонºﭙﻴﺸﺎﻨﻰ - зуҳури
асрори ва¿ҳи боқиро гўянд. Байт лимуаллифа:


Ба шоми тарра бинмудº
маҳи бадре зи пешон
º,


Шаби қадрам та¿аллº шуд ба он ва¿ҳе, ки медонº.


 


       Тоби зулф ﺘﺎﺐ ﺰﻠﻒ - катмони (пўшида доштани) асрори илоҳиро гўянд дар
ҳолоти зоҳир ва ботин. Байт:


Ҳаст дар банди ту дилҳои чу мо шефтагон,


Эй басо дилбар, ки дар он зулфи пуртобу хам аст!


 


       Торо¿ﺘﺎﺮﺍﺝ - салби
(бартараф кардан, аз миён бурдан) ихтиёри соликро гўянд дар ҳолоти зоҳир ва
ботин. Байт:


Торо¿и хубрўй
дар
¿они
мо даромад,



Он дил, ки буд вақте, гўё набуд моро.


 


       Та¿аллº ﺘﺠﻠﻰ - зуҳури Ҳақро гўянд ба ҳар сурат ва ҳар кайфият ва ҳар
сифат, ки бошад, хоҳ дар мазоҳири аъёни улвº ва мақомоти маънавº бошад, хоҳ дар мазоҳири сифлº ва ма¿олии
ҳиссº бувад ва ин та¿аллº
чаҳор навъ бувад: аввал, та¿аллии
осоре, ки ¿амоли илоҳº дар аъёни малакº мункашиф гардад; дуввум, та¿аллии афъолº ва он дар сурати аъёни малакутº зоҳир шавад ва дар сурату ҳайати афъол ҳувайдо ояд;
сайюм, та¿аллии сифот аст ва он ¿илваи зот аст дар маротиби сифоти сабъаи
зотия; чаҳорум, та¿аллии зотº аст ва он зуҳури зоти фаҳасб бошад, ё та¿аллии зот, ё ¿амеъи сифоти зотия бар назари шуҳуди ориф ва дар ҳар
ду ҳол фанои ҳастии солик лозим аст. Аммо гоҳе му¿арради фано бошад бе шуҳуди амрº ва ин қаринаи ғалабаи сакраву мастии ишқ
аст, аммо гоҳе дигар мушоҳидаи амре намояд ва бар ин тақдир гоҳе фано зоҳир
шавад ва гоҳе бақо ба ву¿уди
ҳақиқº ва сифоти зотº ва шуҳуд дар ин ҳол мутасаввир бошад. Байт:


Эй, карда та¿аллº рухат аз чеҳраи ҳар хуб,


В-эй, ҳусну ¿амоли
ҳама хубон ба ту мансуб.



 


       Тарона ﺘﺮﺍﻨﻪ - оину роҳи муҳаббатро гўянд бар ва¿ҳе, ки му¿иби ашъор ба ғайри худ бувад. Байт:


Мутриб бисоз уд, ки кас беа¿ал
намурд,



В-онгаҳ на ин тарона сарояд, хото кунад.


 


       Тарсобача ﺘﺮﺴﺎ ﺒﭼﻪ - натои¿и та¿ридро (орº шудан аз қайдҳои моддº ва
ҳи¿обҳои рўҳонº ва тава¿¿ўҳ ба зоти аҳадият) гўянд аз шуҳуди та¿аллиёти илоҳия. Байт:


Му¿аррад
шав зи ҳар иқрору инкор,



Ба тарсозода деҳ дилро баякбор.


 


       Тарсоºﺘﺮﺴﺎﺌﻰ - та¿арруд ва тафриди (фард шудан, гўша
гирифтан) ботинро гўянд дар ҳолати тава¿¿ўҳ ба ҳақ аз сувари коинот ва насбу изофот. Шеър:


Зи тарсоº
ғараз та
¿рид
дидам,



Халос аз рибқаи(ҳалқа,
гарданбанд, юғ) тақлид дидам.


 


       Турк ﺘﺮﻚ - ¿азбаи илоҳиро гўянд, ки масбуқ ба риёзату сулуки бисёр
бошад ва дар охир ба матлуб расад. Байт:


Чу турки сархушам аз хоби ноз бархезад,


Ҳазор фитна зи ҳар гўшае барангезад.


 


       Турку та¿риду
тафрид
ﺘﺮﻚ ﻮ ﺘﺠﺮﻴ&#

Як газали Румиёнаи Фони

ФОНӢ  “РУМИЁНА”



Паймонаи май ҷӯён
Рафтам сӯи майхона,
Берун наравам з-он ҷо
Пур ношуда паймона.


 
Шайхони муноҷотӣ,
 Риндони хароботӣ
Ҷӯянд туро, ҷоно,
Дар Каъбаву бутхона.


 
Дар майкада сармастам,
Аз нанги худӣ растам,
Нӯшам қадаҳи бода
Бо наъраи мастона.


 
Шуд ҷому маям қотил,
 Чуз ин чӣ кунад ҳосил,
Чун ёр қадаҳ дорад
Бо ошиқи девона?!


 
Воиз ба сари минбар
Гӯяд ҳама аз Кавсар,
Ман масту барад хобам
З-ин булаҷаб афсонa.


 
Ту ҳам гули бӯстонӣ,
Ҳам шамъи шабистонӣ,
Ҳам рӯз манат булбул,
Ҳам шаб шуда парвона.


 
Фонӣ суханам бишнав,
Чӯёи харобӣ шав,
Дар ганҷ нашуд маъмур
 Кас ношуда вайрона.

Firdavsi Azam, 23-02-2012 08:32 (ссылка)

Таҳқиқи тарҷумаҳои мисраъи «Биш

Маҳбубияти Мавлоно дар арсаи ҷаҳон рӯзафзун аст. Воқеан, ҷаҳон ба ӯ ниёз дорад. ӯро шоирои ҷаҳонӣ шинохтанд. Шеъри ӯ, андешаи ӯ мақбули пиру барност. Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амиқи ҳадафу назару дидгоҳи Мавлоно ба онҳое, ки бахту иқболи хондани осори ӯро бо забони форсӣ надоранд муваффақ шуданд, то осори ӯро тарҷума намуда, манзури аҳли завқ намоянд.

Тарҷумаҳои англисии муосири Колман Баркс, тарҷумаҳои хонум Ива ба забони фаронсавӣ, корҳои Анемария Шиммел дар Олмон, тарҷумаҳои русии Сергей Сичев ва талошу кӯшиши зиёда нафарон тавонистанд, ки илҳому маъруфияти Мавлоноро ба миллионҳо одамон дастрас намояд. Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарҷумаи ашъори Мавлоно ба саҳна омадааст.
Ива тақрибан 30 китоб дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсавӣ тарҷума намудааст, ки ин муҳаббати беандозаи ӯро нишон медиҳад.
Зимнан бояд тазакур дод, ки бино ба хулосаҳои муҳаққиқи эронӣ Ризо Фаррухфол «Мавлоноро нахустинбор дар авохири садаи 19 шарқшиносони бритониёвӣ ба хонандагони англисзабон муаррифӣ карданд.» Ин муҳаққиқ таъкид мекунад, ки «Аз миёни онон (шарқшиносони бритониёвӣ Ф.А.) ва ба тартиби замонавӣ метавон ба Ҷеймс Редхавс ишора кард, ки дар соли 1888 баргардони мавзуне аз дафтари Маснавӣ мунташир кард». Пас Ҷеймс Редхавсро метавон чун аввалин мутарҷиме, ки Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ тарҷума кардааст шинохт. Баъдан А.Винфуд дар соли 1889 3500 байт аз Маснавии Мавлоноро тарҷума кард. ҳамзамон Вилсун низ аз мутарҷимоне аст, ки то оuози садаи ХХ ба осори гаронмояи Мавлоно таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд. Тарҷумаи густурдаву фаҳехта ва тавачҷӯҳи хоса ба осори Мавлоно баъдан дар ибтидои асри мозӣ аз ҷониби Николсон ва Арберӣ сурат гирифт, ки тарҷумаи Маснавӣ ва uазалиёти Шамс аз хидматҳои арзишманди онҳо мебошад.
Яъне, мутарҷимони барҷасте чун Редхаус, Вилсин, ва Винфилд (қарни нуздаҳ), Р.Николсон, Эдаврд Браун, (асри 20) аз нафароне ҳастанд, ки дар муаррифӣ ва шинохти Мавлоно ба ҷаҳон саҳми назаррас гузоштаанд. Николсон дар нимаи аввали қарни бистум ибтидо гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард ва сипас аз тариқи Девон ба Маснавиӣ роҳ ёфт. ҳамчунин метавон ба номҳои Вилиям Читик, Хелмински, Чеймс Мурис, Олен Вилиёмс, Роберт Блой, Колман Боркс ва даҳои дигар ишора кард, ки аз мутарҷимони осори Мавлоно шинохта шудаанд.

Аммо истиқболи густурдаи Мавлоно дар Fарб баъд аз интишори китоби «Зубдаи ашъори Румӣ» дар соли 1990 сурат гирифт, ки ин китобро Колман Баркс тарҷума ва омода намудааст.
Мувофиқи сарчашмаҳову нигоштаҳое, ки дастраси мо гардиданд Мавлоно то ибтидои асри ХХ дар Амрико ва умуман Fарб кам шӯҳрат дошт. Шурӯъ аз солҳои 1920 устоди Донишгоҳи бонуфузи Кембриҷ, профессор Рейнолд Николсон, мутарҷими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико профессор Колман Баркс ба тарҷумаи шеъри Мавлоно ва муаррифии густурдаи ӯ ба хонандагони англисзабон пардохт. Худи Баркс дар ин маврид мегӯяд Ашъори ӯ аз огоҳии амиқи баҳамваслии ҳаёту тамоми инсонҳову адён мебошад. Шӯҳрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар ақсои олам аст».
Бояд қайд кард, ки дар мавриди чигунагии тарҷумаҳои Колман Баркс низ муҳаққиқон ва мавлавишиносон ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла Ризо Фарухфол бар онанд, ки бовуҷуди он ки «Баркс Мавлоноро дар забони англисӣ аз қафаси танги маҳфили эроншиносӣ ва шарқшиносӣ озод кард (то ибтидои асри ХХ бо вуҷуди мавҷуд будани тарҷумаҳои осори Мавлоно хонандагони зиёд аз он бардошт надоштанд ва он ба ҷомеаи англисзабон бояду шояд муаррифӣ нашуда буд Ф.А.) , аммо ба ин кор ӯро гирифтори қафафси дигар кард, ҳамоно салиқаву тафсири шахсии худи Баркс аст». ҳамчунин Фарухфол хулоса мекунад, ки «Мавлоно дар тарҷумаи Баркс ба сурати маҳфуми маҷъул даромадааст, ки ба ҷои ҳолати рӯҳонӣ ва қудсӣ бештар ҳолати ҷисмонӣ ва заминиро ифода мекунад».
Ба андешаи иддаи дигари муҳаққиқин ба вижа дуктур Фахфурӣ тарҷумаи Колман Баркс аз беҳтарин тарҷумаҳои Мавлоно шинохта шудааст, ки тавонист Мавлоноро ба хонандагони uайр ба осонӣ муарифӣ кунад.
Шаҳром Шиво, шоир, олим, мутарҷими кутуби Мавлоно дар Амрико низ бар он назар аст, ки шӯҳрати Мавлоно беинтиҳост ӯ мегӯяд Шӯҳрати Мавлоно лаҳза ба лаҳза рӯ ба афзоиш аст. ӯ бо масоили иҷтимоии марбут ба инсону ҳаёти ӯ сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол қабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад. ҳарфу сухану шӯҳрати ӯ беинтҳост.
Ростӣ Мавлоно пуле миёни давлатҳову миллатҳову қавмият шинохта шудааст. Чунончи профессор Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноӣ бо осори гаронбаҳои Мавлоно ба дини мубини Ислом руй оварда, мусалмон гаштааст ва тамоми умр кӯшидааст Мавлоноро ба миллати хеш муаррифӣ намояд.
Пас чӣ омилу далоил боиси ин ҳама маҳбубият Мавлоно гашта аст?
Ба андешаи мо, маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталифи ҷомеа ин аст, ки Мавлоно хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. ҳама кешро эьтироф мекунад.
Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теьдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. ӯ тавонист дили миллионҳо одамони маҷрӯҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. Чунон чи Миша Рутенберг хунёгари ботаҷриба, аҳли Сан Франсискои иёлати Калифорняи Амрико бар ин бовар аст, ки маҳз сурудаҳои Мавлоно ӯро шӯҳрат додааст. Рутенберг мегӯяд Нахустин маротиба ҳамчун як хонум, ки ман бо Мавлоно бархурд намудам ин дар соли 1968 дар Мексико буд. Fарқоби дарёи андешаву хаёлот қад-қади роҳ қадам мезадам, ки иттифоқан нигоҳам ба китоб-фурушгоҳе бархӯрд, ки лифофаи китобе бо накшу нигори мохирона тасвиршуда таваччухамро ба худ кашид. Китоби Мавлоноро дарётам, ки саршор аз таронаву шеьрҳои ноб буд. Китобро харидам, сиапс аз ҳамон рӯз ба баьд шурӯь кардам ба тадқиқу омӯзиши ҳаёту осори ин шоири шаҳир. Роберт Блой шоир ва мунаққиди адабии машҳури Амрико дар мавриди шӯҳрати оламгири Мавлоно чунин мегӯяд: «Мавлоно дар чаҳони ислом ба ҳамон андоза маҳбуб, машҳур ва ягон аст, ки Вилиям Шекспир дар ҷаҳони адабиёти англис аст. Бетардид ҳар хонандаи uарбӣ бо хондани сурудаҳои вай шефтаи ҳаловат, умқи андешаи саршор аз ирфон ва маьнавияти Мавлоно мешавад. Дар ҳақиқат ашьори Мавлоно навъе аз афкорин ирфонӣ, динӣ ва фалсафӣ аст, ки бо кашиш ва дилрабоии хосе хонандаашро ба шӯр, ваҷд, ҳаяҷон ва нишот меоварад ва ба ӯ фурсати андешидан дар бораи зиндагӣ ва ҳастиро медиҳад. Агар имрӯз ҷаҳони Fарб то бадин ҳад шефтаи Мавлоно, сурудаҳо ва афкориирфонӣ ва нигариши хастишиносонаи вай шуда ба ин хотир аст, ки наҳваи баёни ӯ ба наҳваи шигифтангези мушикофона, мантиқпазир, саршор аз қареҳа ва озодандешона аст». Ирмо Горопин устоди донишгоҳи Охени Олмон бошад, ин нуктаро низ таъкид дорад, ки «Олмониҳо дилбастагӣ ва алоқаи фаровоне ба Мавлоно, сурудаҳо ва андешаҳои вай доранд. ӯ шоири сулҳу дӯстӣ аст. Зеро дар бештари ашъораш инсонҳоро ба мадоро, гуфтугӯ, ишқу маънавият фаро мехонад. ӯ дар сурудаҳояш, ки саршор аз навъе ҳисси дилнишин аст, хонандаашро ба сафари эҳсосӣ ва ирфонӣ даьват мекунад. Сафаре барои ибрози ишқ, сулҳ, ва дӯстӣ. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки Маснавии вай дар солҳои ахир, ҷузви пурфуруштарин китобҳо, дар Олмон будаст. Мавлоно, шоир, ориф, файласуф ва андешапардозест, ки назди бештари андешамандон, фархехтагон ва умуми мардуми олмон, ҷойгоҳе ба своло дорад». Олен Доглос устоди донишгоҳи Чорчиёи Амрико зимнан мегӯяд, «Мавлоно илова бар ин ки бар улуми исломӣ тасаллут ва чирагии хосе дорад, дар ироа ва баёни ақоиде, ки то ҳади зиёде ё идеяҳои хастишиносонаи Fарб ҳамхонӣ дорад, беҳамтост. Ба навъе метавон ӯро шоир, ҳаким ва файласуф донист, ки намоди озодандешии динӣ аст».
Албатта, ин ҳама маҳбубияти Мавлоно миёни хонандагони англисзабон ба василаи тарҷумаи осори ӯ сурат гирифтааст. Ин аст, ки тарҷумаи осори Мавлоно ва чигунагии ин тарҷумаҳо (осри Мавлоноро зиёда мутарҷимон ба англисӣ тарҷума кардаанд Ф.А.) таваҷҷӯҳи моро ба сӯи хеш кашид, зеро чи гуна сурат гирифтани қабули осор аз ҷониби хонандаи забони uайр ба мутарҷим сахт алоқамандӣ дорад.
Лизо барои рӯшан шудани аҳдофи омӯзиши ин масоил (яъне чигунгии тарҷумаи осори Мавлоно) ошноӣ ба худи мафҳуми тарҷума ва қавонини он низ аз аҳмият холӣ нахоҳад буд. Мо шоҳиди онем, ки имрӯз дар ҷаҳон осори Мавлоно ба бахши аъзами ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд ва ба унвони намуна метавон гуфт, ки танҳо дар соли 2000 беш аз 70 тарҷума аз Мавлоно ба забонҳои урупоӣ сурат гирифта буд. Воқеан, тарҷума кори басо душвор аст, зеро дарку тафсиру ташреҳи мутун, мавзуот, маъонӣ ва мафоҳими гуногун дар як забон ва интиқолу бозсозии он дар забони дигар кори бас масъулият талаб аст. Мусаллам аст, ки мутарҷим бояд нуктасанҷ бошад, бинобарон мо кӯшидаем то ҳадди имкон қиёсе дар тарҷумаҳои анҷомшудаи осори Мавлоно дошта бошем ва онро ба таври иҷмолӣ баррасӣ намоем.
Пас, тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфумеро ифода мекунад?
Агар ба тарзи содда ва диди аввалин хулосае дар мавриди тарҷума бигӯем тарҷума ин баргардонидани матлаб аз як забон ба забони дигар аст. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ низ ин вожа ба маънии гардонидани мазмуне аз як забон ба забони дигар маънӣ шудааст. Доктор Фулодонӣ муҳаққиқи риштаи тарҷума омӯзишҳои хешро чунин хулоса карда, мегӯяд «тарҷума интиқоли паёме аз як забон ба забони дигар аст. Бо ҳифзи рӯҳи матни аслӣ ва эҷод таъсири ҳамарз дар хонандаи забони мақсад». Ин муҳаққиқ илова мекунад, ки бояд тарҷума илова бар сатҳу амонат ва салосат, ба рӯҳ ва эҳсоси мутуни аслӣ вафодор бимонад ва онро ба хонандаи забони мақсад (забони мақсад истилоҳест, ки дар риштари тарҷимашиносӣ забонони ба он тарҷима шаванда фаҳмида мешавад масалан, агар аз форсӣ ба англисӣ тарҷума кунем англисӣ забони мақсад аст. Дар ин ҳол забони форсиро муҳаққиқон ба унвони забони мабда шинохтанд Ф.А. ) илқо кунад.
ҳамзамон аҳли таҳқиқ барон назаранд, ки тарҷумае, ки мутарҷим наздиктарин модули забони мақсадро ба матни забони мабда пайдо мекунад беҳтарин тарҷума аст. Дар чунин тарҷимаҳо дурустии маъно муҳимтарин омил мебошад ва риояти сабк дувумин унсурест, ки баъди тарҷума ба инобат гирифта мешавад. Воқеан, ба таърихи таҳаввули тарҷума назари иҷмолӣ намоем мувоҷеҳ мешавем, риояти сабк ва шеваи баёни матни мабда душвор аст. Риояти сабк низ дар тарҷума омили муҳим аст, аммо на бар он андоза, ки ба хотири сабк маъно фидо шавад.
Адабиётшиносони муосир тақсимбандии унвони тарҷумаро ба се даста саҳеҳ шуморида, тарҷумаи озод, тарҷумаи вожа ба вожа ва тарҷумаи таҳтуллафзиро аз ҳам фарқ мекунанд.
Дар маҷмӯъ бошад фановарии муосир чанд намуди тарҷумаро мушаххас кардааст, ки тарҷумаи маьмуриятӣ (Administtative translation), тарҷумаи тиҷорӣ (Commercial translation), тарҷумаи компютерӣ (Computer translation), тарҷумаи иқтисодӣ (ӯconomic tқanslation), тарҷумаи молӣ (Financial translation), тарҷумаи умумӣ (General translation ), тарҷумаи ҳуқуқӣ ё қонуни (Legal translation), тарҷумаи адабӣ ё бадеӣ, (Literary translation), тарҷумаи тиббӣ (Medical translation), тарҷумаи техникӣ (Technical translation), тарҷумаи илмӣ аз ҷумлаи ин гурӯҳбандиҳо мебошанд.
Албатта, тарҷумаи мавриди назари мо тарҷумаи адабӣ- бадеӣ аст. Тараҷумаи адабӣ ё бадеъӣ маълум аст, ки тарҷумаи асарҳои адабие чун новел, ашъор, намоишномаҳо ва китобҳо мебошанд.
Як мутарҷими осори адабиро лозим аст то ин иқтидорро дошта бошад, ки битавонад эҳсос, арзишҳои фарҳангӣ, ҳиссӣ юмор ва дигар элементҳои асарро тарҷума кунанд. Ба таври куллӣ, чунон ки зиёда нафарон бар ин ақида мӯътақиданд ба тарҷумаи осори Мавлоно дар Амрико аз се зовия метавон нигоҳ кард, яке ваҷҳи илмӣ, ки тавассути мутахассисон ва адибон ва шоирон сурат мегирад ва дигаре пажӯҳишҳое, ки тавассути гурӯҳҳои маънавӣ сурат гирифта аст. Гурӯҳҳои дигар бархурди умдатан тиҷорӣ бо осори Мавлоно доштаанд, ки ин гӯрҳҳо низ аз мақбулияти бисёр боло бархурдор ҳастанд.
Ин ҷо таваҷҷӯҳ мекунем ба тарҷумаҳое, ки аз ваҷҳи илмӣ тавассути аҳли адаб ва шоирон сурат гирифтааст.
То имрӯз uазалу рубоиҳо ва Маснавии Мавлоно аз ҷониби зиёда мутрҷимон ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума гаштаанд. Бешубҳа, тарҷумаҳо ба забони англисӣ дар ин миён хеле зиёд аст:
Бо ман туруш аст руи ёре кадре
Ширинтар аз ин туруш надидам шакаре
Безор шавад шакар зи ширини хеш
Гар з-он шакари туруш биояд хабаре
Рубоии шумораи 1795 аз Кулиёти Шамси Табрезӣ
The face she shows me is a little sour,
Though sugar has never tasted sweeter.
Sugar would be worded be its own sweetness
If it ever came to know that sour flavor.

Эй он ки зи ту мушкилам осон гардад
Сарву гулу ёс масти эхсон гардад
Гул сармасту хор бадмасту хумор
Чоме дар дех ки чумла яксон гардад
Рубоии шумораи 544 аз Кулиёти Шамси Табрезӣ

You, who make all my hardship easy
And the garden, trees, flowers, drunk with your gifts;
The rose is drunk, the thorn is lost in dream;
Pour one more cup, they’ll join in your wine’s stream.
(http://www.iranian.com/Arts...)
Воқеан, вақте тарҷумаҳои Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ, ки хеле фаровон ба чашм мерасанд, аз назар гузаронидем, мушоҳида намудем, ки ин тарҷумаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Зимнан барои он ки тафовути тарҷумаҳои Маснавӣ то андозае рӯшан гардад барои бори нахуст бо қиёси фақат як байти ин осори ҷаҳонии Мавлоно иктифо намудем, ки ин ҳам мисраи машҳуртарини Маснавӣ //Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад // мебошад.
Зикр гардид, ки беш аз 20 мутарҷим Маснваиро ба забони англисӣ тарҷума намудаанд. Яқинан чигунагии ин тарҷумаҳо ва то ба кадом андоза ба забони мабда наздик будани он, риоя шудан ва ё нашудани сабки нигориши муаллиф, ҳузури воқеии андешаҳои Мавлоно дар тарҷумаҳои мазкур аз муҳимтарин нукоте буданд, ки зимни омӯзиш ва қиёс мавриди назари мо буданд.
Таваҷҷӯҳ мекунем:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Listen to the song of the reed,
How it wails with the pain of separation: (Чонатон Стар)
***
Бишнав ба оҳанги най
Чигуна он аз дарди ҷудоӣ менолад (Ф.А.)
Тарҷумаи мазкур муталлиқ ба Ҷонатон Стар аст. Ва хонандаи англисзабон ба ҳангоми мутоилаи ин байт ҳамин маъниро, ки дар тарҷумаи хеш овардем пайдо мекунад. Мебинем, ки дар тарҷумаи Ч.Стар дар маҷмӯъ маънии байти Мавлавиро додаст, аммо ҳамон латофат ва ҷозибияти забони мабда дар забони мақсад эҳсос намешавад. Сабки нигориш низ риоят нашудааст.
Дар тарҷумаи дигар, ки ба қалами Иброҳим Гомард муталлиқ аст тамоман намуди дигари баёни маънии ин байти Маснавиро мушоҳида мекунем.
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
****
Listen* to the reed (flute),* how it is complaining!* It is
telling about separations,* ( Иброҳим Гомард)

****
Бишнав аз най (флут) ки чи гуна шикоят мекунад
ӯ достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А)
Тарҷумаи мазкур аз тарҷумаи Стар ба куллӣ фарқ мекунад. Дуруст аст, ки ҳамон маънӣ аст, аммо чигунагии баёни маънӣ хеле аз ҳам тафовут доранд. ҳамзамон бояд гуфт, ки тарҷумаи мазкур то андозаи ба рӯҳи Маснавӣ наздикӣ пайдо кардааст, албатта нисбат ба байти тарҷума шудаи Чонатон Стар. Аммо дар ин тарҷума ҳам, рӯҳи Маснавӣ ва андешаи воқеии Мавлоно, дар забони форсӣ, ки забони асли мабда аст ба таври бояду шояд эҳсос намешавад. Яъне, мутарҷим фақат вожаҳоро тарҷума кардааст ва ба риояти сабку рӯҳ аҳамияти дувумдараҷа додааст. Дуруст аст, ки дар тарҷума ҳадафи аслӣ ин расонидани маънӣ аст ва набояд мутарҷим ба хотири сабк ва риояти он маъниро ноқис баён созад. Дар ин ду тарҷима низ мутарҷимон бештар ба расонидани матлаби ин мисраҳо диққат додаанд.
– Намунаи зер бошад тарҷумаи Вилям Ҷонес мебошад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Hear, how yon reed in sadly pleasing tales
Departed bliss and present woe bewails! (Вилям Ҷонес)
***
Гуш кунед, ки най чи гуна аз достонҳои дилангези uамин мегӯяд
Аз маҳрумии саодат ва ҷудоию сӯгворӣ (Ф.А.)
( –Translated by Sir William Jones (1746-1794). Quoted in A.J.
Arberry, “Persian Poems,” London, 1954, pp. 118-119. (Perhaps
from “Poems, Consisting Chiefly of Translations from the Asiatick
Languages,” 1772.)
Бо баробари хондани ин мисраъҳо хонандаи нуктасанҷ эҳсос мекунад, ки дар ин тарҷума маънӣ бо тарз ва услуби дигар баён шудааст, дар ин ҷо мутарҷим маънии нусхаи аслро ба тарзи нисбатан дигар баён кардааст. Дар ин мисраъҳо мо мушоҳида мекунем, ки мутарҷим мехоҳад рӯҳ ва салолсат ва зебогии баёни байти Мавлоноро ба хонандаи англис расонад. Аммо мутарҷим дунболи вожаҳои зебо рафта, маъниро муuлақ баён кардааст. Дар баробари баёни зебои байти мазкур Чонес рӯҳи байтро нигоҳ дошта натавонистааст. Метавонем, гӯем, ки ба ин байт таъсири андеша ва қабули фаҳимши мутарҷим бештар дида мешавад. Сабки баён низ душвор аст.
Редҳавс дигар аз тарҷумони машҳури осори Мавлоно бошад ин байтро ба гунаи зер тарҷума кардааст
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Feom eeed-flute hear what tale it tells;
What plaint it makes of absence’ ills. (Ред ҳавс)
***
Аз най бишнав ки чи ҳикоят мекунад
Аз чи мушкилиҳое шикваву зорӣ мекунад (Ф.А.)

–Translated by James W. Redhouse. From “The Mesnevi of
Mevlвnв Jelвlu’d-dоn Muhammed ӯқ-Rыmо. book the First”
(London, 1881).
Мебинем, ки тарҷумаи Редҳавс низ аз кулли дигар тарҷмуаҳо тафавут дорад.

Тарҷумаи Николсон, ин гуна аст:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)

1. Listen to this reed how it complains: ***
it is telling a tale of separations. (Николсон)

***
Бишнав аз ин най, чи гуна шикоят мекунад
Он достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А.)
(–Translated ӣy Reynold A. Nicholson. From “The Mathnawy of
Jallu’ddМn Rumi” (London: Cambridge University Press, 1926).

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
Listen to this Ney (the reed-flutr) that is complaining
and narrating the story of srparation. (Э. Туркман)
***
Бишнав аз ин най (флут), ки шикоят мекунад
Ва қиссаи чудоиро накл мекунад.

Намунаи тарҷумаи Баркс ба ин шакл аст:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад (Мавлоно)
***
1. Listen to the story told by the reed,
of being separated. (Баркс)
***
Бишнав ба достоне, ки аз тарафи най гуфта шудааст
Ба достоне ҷудошуда (Ф.А.)
Албатта, он муқоисот ва хулосаҳое, ки дар омӯзиши кӯчаку шогирдонаи мо сурат гирифт дар ҳошияи тарҷмуаи ҳамин як байти Маснавии Мавлоно буд. Яъне, анешаҳои мо пиромуни чигунагии тарҷума ва бурду бохти мутарҷимон фақат мансубият ба як байт дорад, ҳоло он ки аз ҷониби ин мутарҷмон садҳо ва ҳазорҳо байти Маснавӣ тарҷума гаштааст. Ба ҳар ҳол, муқоисоти тарҷумаи ин мисраҳо ба мо имкон фароҳам меорад то самт ва сабки мутарҷимонро ташхис диҳем. Ва даричаи дунёи беканори ҷараёни омӯзиши тарҷумаи осори Мавлоноро боз намоем.
Пайнавишт:
1 Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон, 2001.-728
2 Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Љузъи Ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. – Теҳрон, 1342. – 333 с.
3 http://www.iranian.com/Arts...
4. http://rumi.tribe.net/threa...
5. http://www.dakhme.mihanblog...
6. http://soxan.blogfa.com/pos...
7. http://blog.sepehreftekhari...
8. http://jafarfazel.ir/showar...
9.http://www.nooronar.com/bes...


Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

Без заголовка


Базми Шамс


 


Дӣ бо дили девона


Рафтем ба майхона:


Ман дар паи паймона,


Дил дар паи ҷонона.


 


Ман маст шудам аз май


В-аз нолаи уду най,


Дил кард шаберо тай


Бо соқии майхона.


 


Фархунда шабу рӯзе


Бо нағмаи ҷонсӯзе,


Бо ишқи дилафрӯзе,


Бо соқию паймона.


 


Аз умри ману дил шуд,


Бас тай мароҳил шуд,


Осон ҳама мушкил шуд


З-он маҳфили риндона.


 


Хуш маҷлиси ҳоле буд,


Дарёи камоле буд,


Чун хобу хаёле буд


Аз олами афсона.


 


Шамъу гулу сунбул буд,


Парвонаву булбул буд,


Ҳам нағмаву ғулғул буд,


Ҳам наъраи мастона.


 


Ҳам бодаи гулгун буд,


Ҳам соғари дилхун буд,


Ҳам ошиқи мафтун буд,


Ҳам луъбати фаттона.


 


Мерехт дар он маҳфил


Чун шамъ сиришки дил,


Месӯхт дар он манзил


Болу пари парвона.


 


Гул буд ба нозе хуш,


Булбул ба ниёзе хуш,


Сунбул ба намозе хуш


Бар даргаҳи бутхона.


 


Соқӣ ҳама шаб аз ман,


Дил бурд ба рақсидан:


Гаҳ чун санам аз ман,


Гаҳ чун бути Фарғона.


 


Дилҳо ҳама дар пояш,


Ҷонҳо ҳама шайдояш,


Дар турраи зебояш


Ҳам силсилаи шона.


 


Мезад раҳи оинро,


Мебурд дилу динро,


Он гесуи зарринро


Мерехт чу бари шона.


 


Чун сина ба ҷӯш омад,


Дил раста зи ҳуш омад,


Ҷонам ба хурӯш омад,


К-эй шоҳиди бегона:


 


Бӯсе ба лабонам неҳ,


Коми дилу ҷонам деҳ,


К-аз лаъли ту бӯсе беҳ


Аз гавҳари якдона.


 


Шоҳид ба фиғон бархост,


Ҳангомаи ҷон бархост,


Пире ба миён бархост


З-он ҷамъ чу девона.


 


Чун раъд хурӯше зад


Бар ҷону дили Эзад,


Ки-т шӯр гузашт аз ҳад


Эй шоири фарзона.


 


Як рӯз барошуфтам,                                                             


Бас дурри сухан суфтам,


Сад бор туро гуфтам:


Кам хӯр ду-се паймона!


 


Гуфтам зи куҷоӣ ту,


Ошуфта чароӣ ту,


Чун мо зи чӣ оӣ ту


Ҳар рӯз ба майхона?!


 


Гуфто: Зи чӣ парҳезам,


З-ин хона чӣ бигрезам,


Шамсулҳақи Табрезам


Белонаву кошона.


 


Мегардаму мепӯям,


Мечинаму мебӯям,


То бӯи гуле ҷӯям


Чун ганҷ ба вайрона.





Чун партави маҳтобам,


Бар хокаму дар обам,


Чун меҳри ҷаҳонтобам


Бар ҳар дару дандона.


 


Ҳар ҷо, ки фуруд оям,


Ғоратгари дилҳоям:


Не ваҳшату парвоям,


Не рухсату парвона.


 


То сайд кунам бозе,


Шоистаи парвозе,


Сар медиҳам овозе


Аз равзани ҳар лона.


 


Аз аҳди Ҷалолиддин


То Эзади равшанбин


Шуд сайди дилам оин,


Он донаму ин дона!


ХОЧИ ЮСУФ-ТАБИБИ БЕМОРИХОИ АСАБ



ТАБОБАТИ БЕМОРИХОИ АСАБ


ХОЧИ ЮСУФ (ТАБИБ)


1.      
ГРЫЖА ПОЗВОНОЧНИКА


2.      
ПОЛИАРТРИТ


3.      
АРТРИТ


4.      
ОСТЕОХОНДРОЗ


МУХЛАТИ ТАБОБАТ 10 РУЗ


СУРОГА:  ШАХРИ ВАХДАТ.
ХУРОСОН-8 . ХУЧРАИ 20.


ТЕЛ: (8-3136) 2-63-76


         95-119-10-36



KUHISTONI _, 23-12-2011 21:50 (ссылка)

ЧУМЛА ХАШМ АЗ КИБР ХЕЗАД,АЗ ТАКАББУР ПОК ШАВ..

БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДА ВА МЕХРУБОН

ЧУМЛА ХАШМ АЗ КИБР ХЕЗАД,АЗ ТАКАББУР ПОК ШАВ,
ГАР НИГОХИ КИБРРО,РАВ,БЕ ТАКАББУР,ПОК ШАВ.
ХАШМ ХАРГИЗ БАРНАХЕЗАД ЧУЗ ЗИ КИБРИ МОВУ МАН,
Х,АР ДУРО ЧУ НАРДБОН ЗЕР ОРУ БАР АФЛОК ШАВ
Х,АР КУЧО ТУ ХАШМ ДИДИ,КИБРРО ДАР ХАШМ ЧУ,
ГАР ХУШИ БО ИН ДУ МОРАК, ХУД БИРАВ,ЗАХХОК ШАВ.
ГАР ЗИ КИБРУ ХАШМ БЕЗОРИ,БИРАВ,КУНЧЕ БИХУСБ,
В-АР ЗИ КИБРУ ХАШМ ДИЛШОДИ,БИРАВ,ГАМНОК ШАВ.
ХАШМИ САГСОРОН РАХО КУН,ХАШМ АЗ ШЕРОН БИБИН,
ХАШМ АЗ ШЕРОН ЧУ ДИДИ,САР БИНЕХ,ШИШОК ШАВ.
ЛУКМАИ ШИРИН,КИ АЗ ВАЙ ХАШМ АНГЕЗАД,МАХУР,
ЛУКМА АЗ ЛАВЛОК ГИРУ БАНДАИ ЛАВЛОК ШАВ.
РАВ,ТУ КАССОБИ ХАВО ШАВ,КИБРУ КИНРО ХУН БИРЕЗ,
ЧАНД БОШИ ХУФТА ЗЕРИ ИН ДУ САГ?!ЧОЛОК ШАВ!

ХУДОВАНДО МАХФИРАТ КУНЕД, МАВЛОНОИ ЧАЛОЛУДДИНИ БАЛХИРО ВА ХИДОЯТ КУНЕД, МО БАНДАГОНИ ГУНАХКОРО....

KUHISTONI _, 23-12-2011 21:48 (ссылка)

МУСАЛМОНОН,МУСАЛМОНОН,ЧИ БОЯД ГУФТ ЁРЕРО?

 БАНОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДА ВА МЕХРУБОН

Мусалмонон,мусалмонон,чи бояд гуфт ёреро?
Ки сад фирдавс месозад чамолаш ним хорер
Маконхо бе макон гардад,заминхо чумла кон гардад,
Чу ишки у дихад ташриф як лахза диёреро.
Худовандо,зихи,нуре,латофатбахши х,ар х,уре,
Ки оби зиндаги созад зи руйи лутф нореро.
Чу лутфашро бияфшорад,хазорон навбахор орад,
Чи нуксон,гар зи гайрат у занад бархам бахореро?
Чамолаш Офтоб омад,чахон уро никоб омад,
Валекин накш кай бинад ба чуз накшу нигореро?
Чамоли гул гувох омад,ки бахшишхо зи шох омад,
Агарчи гул бинашносад хавои созвореро.
Агар гулро хабар буди,хамеша сурху тар буди,
Азеро офате н-ояд хаёти хушёреро.
Ба даст овар нигоре ту,к-аз ин даст аст кори ту,
Чаро бояд супурдан чон нигоре, чонсупореро.
Зи Шамсуддини Табрези манам косид ба хунрези,
Ки ишке хаст дар дастам,ки монад зулфикоеро

KUHISTONI _, 30-11-2011 23:07 (ссылка)

ФАРЁД,МУСАЛМОНОН,АЗ ДАСТИ МУСАЛМОНЕ!!

АЗ ОТАШИ НОПАЙДО ДОРАМ ДИЛИ БИРЁНЕ,
ФАРЁД,МУСАЛМОНОН, АЗ ДАСТИ МУСАЛМОНЕ!
ШАХДУ ШАКАРАШ ГУЯМ,КОНИ ГУХАРАШ ГУЯМ?
ШАМЪУ САХАРАШ ХОНАМ Ё НОДИРАСУЛТОНЕ?
З-ИН ФИТНАВУ ГАВГОЕ ОТАШЗАДА ХАР ЧОЙЕ
В-АЗ ОТАШУ ДУДИ МО БАРХОСТА АЙВОНЕ.
БО ИН ХАМА СУЛТОНИ ОН ХАСМИ МУСАЛМОНИ
БИРБУД БА КАХР АЗ МАН ДАР РОХ ХУРУМДОНЕ.
БИКШОД ХУРУМДОНАМ,БИРБУД ДИЛУ ЧОНАМ,
ОН КАС,КИ БА ПЕШИ У ЧОНЕ БА ЯК НОНЕ.
МАН ДУШ БА БУИ У РАФТАМ САРИ КУЙИ У,
НОГОХ ПАДИД ОМАД БОГЕЮ ГУЛИСТОНЕ.
ОН ЧО ДИЛУ ДИЛДОРЕ,ХАМ ОЛАМИ АСРОРЕ,
ХАМ ВОКИФУ БЕДОРЕ,ХАМ ШУХРАВУ ПИНХОНЕ.

Firdavsi Azam, 26-10-2011 08:07 (ссылка)

МАВЛОНО ХУНАРМАНДТAРИН ШОИР

(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб, муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад. Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд.

Мусаллам аст, ки санъатҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои тасвирсоз дар шеър аст, зеро ҳунари шоир дар маҳорати тасвиргарӣ ҳувайдо мешавад ва ҷозибаи шеър новобаста аз он, ки дар кадом қолаби шеърӣ гуфта мешавад, дар тозагии тасвир ва эҳсос қобили таваҷҷӯҳ аст.

Донишварони клласик чун Шамси Қайси Розӣ, Унсуралмаолии Кайковус, Рашиди Ватвот, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва кулли муҳаққиқони муосир низ ҳузури санъати бадеиро манфиат ва асолати шеър муаррифӣкардаанд.
То имрӯз аз ҷониби пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ки ду навъ- санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд. Омӯзиши аҳли назар низ дар заминаи ҳамин ду навъи санъати бадеӣ сурат гирифтааст.

Тасвирро шоир дар аксар маврид ба василаи истифодаи ҳунармандона аз санъати бадеӣ ҷолиб месозад, ки мероси гаронвазну боарзиши адбиёти клоссикии мо ва нигоштаҳои ҳунармандони муосир далели раднопазир бар ин андеша ва хулосаҳост.

Дар ғазалҳову Маснавии Мавлоно низ ҷанбаи ҳунарии сурудаҳояшро истифодаи фаровону ҳунармандона аз саноеии бадеӣ таъмин намудааст. Роҷеъ ба ин вижагиҳои ҳунарии абёти Мавлоно теъдоди зиёде аз муҳиққиқон ибрози назар кардаанд. (Қаҳрамони Сулаймонӣ, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ, А.Ҳасанов, Мавҷуда Урунова, Шоира Пӯлотова).

Дар мавриди ҷозибаҳои ҳунарии шеъри ӯ ва маҳорати шоирии Мавлоно таҳиққиқоти комилу ҷолиб сурат гирифтааст ва омӯзиши аҳли таҳиқиқ дар ин росто ҳанӯзам идома дорад, зеро осори Мавлоно укёнуси бекарону бепаҳноест, ки саршор аз гавхару садафҳои маънист.

Дар заминаи омӯзиши мақолоту таҳқиқоти илмии муҳаққиқони номбурда ва омӯзиши бевоситаи осори гаронвазни Мавлоно, ба вижа куллиёни ғазалиёт «Девони кабир» мо низ ба хулоса расидем, ки вақеан, Мавлоно дар истифодаи санъатҳои бадеӣ ҳунар ва истеъдоди фавқуллода дорад.

Ба назари мо, дар осори ӯ тамоми навъи санъое бадеии ҳузури фаъол доранд. Дар ин баробар мушоҳида шуд, ки Мавлоно аз санъати такрор, талмеҳ, таҷнис ва тамсил барои офариниши тасвирҳои мондагораш зиёд истифода кардааст. Пуркорбурдтарин нави санъат дар ғазалиёти «Девони кабир» санъати такрор ва талмеҳ аст:

Талмеҳ – Дар адабиёти бадеӣ ишора кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи саромадони сухан (2,107) аст:

Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам ч-ин бӯйи х(в)аш

Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Муставо?! (8,32)

***

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,

Бишкуфта рӯи Юсуфон аз ашки афшорони мо!(8,35)

***

Аҷоиб Юсуфӣ чун мАҳ, ки акси ӯст дар сад чаҳ,

Аз ӯ афтода Яъкубон ба дому чоҳи миллатҳо. (8,43)

Такрор (Такрир)- мусиқии каломро ба вуҷуд меорад ва ё афзун мекунад, такрор аст- такрори ҳиҷо, вожа, иборот ё ҷумла ё мисра (4,60):

Хоча биё, хоҷа биё, хоҷа дигарбор биё,

Дафъ мадеҳ, дафъ мадеҳ, эй маҳи айёр биё!

***

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед,

Чӣ пинҳону чӣ пинҳону, чӣ пайдост худоё.(8,52)

Аммо дар ин мақолаи кӯчак мехоҳем роҷеъ ба санъати ирсолу масъал ё тамсил ва истифодаи ҳунармандонаи он дар ғазалҳои Мавлоно, ки таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ ҷалб кард, чанд сухани шогирдона гуфта бошем.

Санъати ирсоли масъал ё тамсил –шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалиёти ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоир ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. (2,110-111)

Муҳаққиқ Ғуломризои Ҳотифӣ тамсилро бадин гуна шарҳ медиҳад «Тамсил дар луғат ба маьнои масал овардан, ташбеҳ кардани чизе ба чизи дигар. Вақте гӯяндае барои мақсуди худ матлаби ҳакимонае ба кор барад, ки иддаои ӯро исбот кунад ӯ аз тамсил баҳра меҷӯяд. : Мисол » Олими беамал ба занбури беасал монанд»

Сирус Шамисо бошад, қайд кардааст, ки «тамсил ҳам ҳосили як иртиботи дугонае байни мушобеҳ ва мушобаба аст. Дар тамисл ҳам асл бар ин аст, ки фақат мушобаба (ки ҷумлаву каломи тӯлоние ва масалан ҳикояте аст на калима) зикр шавад ва аз он мутаваҷҷеҳи мушобеҳ шавем».

Бино ба хулосаҳои Ғуломризои Ҳотифӣ ваҷҳи шабоҳати тамсил ва ташбеҳ дар он аст, ки ҳар ду байни ду чиз муқоисавӣ ва шабоҳат сурат мегирад.( 9)

Зимнан бояд гуфт, ки ташбеҳ ин шабоҳати тахаюлӣ аст, аммо дар тамсил ин муқоиса бар асоси истидлоли (далел, бурҳон) хаёлӣ аз ҷониби гӯянда сурат мегирад.

Сабукмагзе, ки аз асбоби чахон бар хеш мебозад,

Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад (Соиб)

Дар назари аввал мисраи дувуми ин байт санъати ташбеҳро ба зеҳн наздик мекунад, аммо дар ин мисраъ шоир аз санъати тамсил корбурди ҳунармандона кардааст ва барои далели андешаҳои хеш таҷрибаи иҷтимоиро, ки байни мардум маъруф шудааст ба назм меорад ва мегӯяд //Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад// равшан аст, ки Соиб мисраи дувуми ин байтро ба хотири тақвияти мисраи аввал овардааст.

Ғуломризои Ҳотифӣ бар акси андешаҳои Турақул Зеҳнӣ иртиботи тамсил ва ирсолу масал маҳалли баҳс ва мавриди ихтилоф медонад.

Шамси Қайси Розӣ дар «Алмуачам» тамсилро аз шохаи истиора донистааст.

Аммо метавон гуфт, ирсоли масал ё тамсил як саньати бадеӣ аст ва аз ташбеҳу истиора ҷудост. Ин андеша аз ҷониби паӯҳишгарони варзидаи каломи бадеъ Сирус Шамисо, Ғуломризои Ҳотифӣ. Турақул Зеҳнӣ ва бисёр дигарон тасдиқи хешро пайдо кардааст.

Ирсоли масал ва тамсил аз ҷумлаи санъатҳое шеърие ба шумор меояд, ки дар осори адибони классикии форсу тоҷик бо касрати истифода имтиёз дорад.

Дар эҷоди шеър шоирони муосир низ аз масалу мақолҳо зиёд, гоҳе айнан ва гоҳе мазмунан истифода мекарданд, ки ин амал дар баробари вусъати ҷанбаи ҳунарии шеър бар муассирии мӯҳтаво бетаъсир набудааст.

Корбурди ҳунармандонаи анвои тамсил ва ирсоли масал аз ҷониби Мавлонои кабир, ки, бешак, ҳунар ва истеъдои шоириаш мунфсир ба фард аст, шоиста ба таваҷҷӯҳ, омӯзиш ва таҳсин аст.

Дар Маснавӣ ҳама намуди тамсил фаровон ба чашм мерасад. Зимнан бояд кайд намуд, ки қиссаҳои тамсилиро муҳаққиқон ба ду қисамт бахш кардаанд.Тамсилҳои инсонӣ ва тамсилҳои ҳайвонӣ. Қиссаҳое, ки аз забони ҳайвонот гуфта мешаванд, тамсилҳои ҳайвонӣ ҳастанд, «Мантиқ ут тайр»-и Аттор шӯҳратмандтарин намунаи ин санъати бадеӣ мебошад.

Дар Маснавии маънавии хеш Мавлоно аз услуби ҳикоя андар ҳикоя истифода кардааст. Мушоҳида мешавад, ки шоир барои тақвияти маънии як байт ҳикоятеро нақл мекунад ва ба риштаи тасвир мекашад ва гоҳе ҳам дар дохили ин ҳикоят ҳикояти дигаре меорад, зеботарин ва чолибтарин намунаҳои тамсилро метавон дар шаш дафтари Маснавӣ пайдо кард.

Муҳаққиқи варзидаи эронӣ, устод Дастғайб низ ба вижагии корбурди тамсил дар ашъори Мавлоно ишора дорад ва мефармояд « Яке аз вижагиҳои шеъри Мавлоно тамсил аст, ки ба сурати ҳикояҳои мухталиф дар Маснавӣ дида мешаванд». Рости Мавлоно ба василаи тамсил бисёр маҳфумҳои ахлоқиву адабиро ба самъи ҷаҳониён мерасонад.

Пас, бешак, метавон гуфт дар корбурди санъати тамсил ва ирсоли масал Мавлоно аз нафарони пешгом ва ҳунарманди иситисноӣ буд ва ба шеваи фавкулода ин санъатро корбурд кардааст.

Абдулҷаббори Кокоӣ бар ин андеша мӯътақид аст, ки «Мавлоно дар ҳавзаи тамсил истисноитарин шоир ва дар ҳавзаи маориф ва андеша рӯшанфикртарин ориф аст» (9). Кокоӣ бо ишора ба забони ҷаззоби Мавлоно идао дорад, ки «Мавлоно дарёи азиме аст, ки инсон аз ҳар гӯшае, ки ба самти он ҳаракат кунад масоил ва дастуроти боистидол, мантиқ ва тамсил метавонад биёбад.» ( 9 )

Дуруст аст, ки муассирии мӯҳтавои ашъори шоир ба василаи анвои тамсил ва ирсоли масал таъмин ва бозгӯ шудааст. Мавлоно мегӯяд:

Хираву саргаштаву бекор кун

Ин хиради пири ҳамакораро!

Тифли дурӯза чу зи ту бу барад,

Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро.

Тарк кунад дояву сад ширро,

Ай бадали равгану кунҷораро!(8,90)

Дар ин мисраъҳо Мавлоно барои тақвияти фикр ва муассири маъниву тасвири ғазал масали « Тифли дурӯза чу зи ту бу барад, Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро» -ро чун истидлоли хаёлӣ ба риштаи тасвир мекашад. Агар мутаваҷҷеҳ шавем, воқеан, дар зиндагӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ ин масъал вирди забонҳост, ки мегӯянд «мабодо, ки кӯдак бӯи бағал гирад». Фикр мекунем, ҳочат ба шарҳ ва тавзеҳи маънии абёти фавқ нест, зеро шоир хеле соддаву пурмӯҳтаво маъниро ба хонанда мерасонад.

Дар ғазали дигар Мавлоно масали маъмули ва хулосаҳои гузаштагон «ҳар оғозеро анҷомест»-ро баҳри тақвияти баёни андеша меорад ва мегӯяд:

Дилшикаста, ҳин чаройӣ, баршикан

Қалбҳову қалбҳову қалбҳо!

Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро

Мунаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! (8,68)

Дар ин суруда Мавлоно хоста аст то бо баҳарагирӣ аз ибороти мавриди қабули омма, таьсири суханашро дучандон кунад.// Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро, Мунтаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! //

Ин ҳама ҳунару маҳорат аз ҷониби Мавлоно бозгӯи истеъдоди фавкуллодаи ӯст.

Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё,

В-ар бирондӣ зи бом, аз дар биё! (8,69)

***

Фош шуд он роз, ки дар нимашаб,

Зери забон гуфта будам паст- паст.

Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб

Ишқ зи ман русту маро хаст, хаст.

Мавлоно барои тақвияти андешаҳояш ин ҷо низ аз санаьти тамсил корбурди ҳунармандона кардааст. Мисраи «Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб» ки маънии он аз таҷрибаи ҳазорсолаҳо андӯхтаи инсоният ва масали халқи об мехӯрад барои муассририи байти боло //Фош шуд он роз, ки дар нимашаб, Зери забон гуфта будам паст- паст// хизмат кардааст.

***

Мани зорам асири нолаи зер,

Напурсад рӯаке, к-он зор чун аст?

Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд

Аҷаб он дузди дуздафшор чу наст. (8,131)

***

З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯба лаҳад орӣ,

Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад (8,254)

Ҳамон тур, ки ишора фармудем, Мавлоно дар кулли ашъор ва осораш ва барои тақвият бахшидани маънӣ ва мӯҳтавои онҳо аз саноии бадеӣ корбурди зиёде намдуааст.Дар ин мисраи Мавлоно мусалламан масали маьруф «Пушаймони надорад окибат суд» ба зеҳн мерасад, ки шоир онро барои таьсирнокии каломаш зебову хотирмон ба тасвир мекашд. Мавлоно мегӯяд, ки инсон ҳамвора вақте бо мушкилие ё ба сарҳади марг мерасад он гоҳ рӯ ба суи Худо меорад ва ба илтиҷову зорӣ меафтад, дар ҳоле, ки дигар дер шуд. Мавлоно ҳушдор медиҳад ва мегӯяд // Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад//.


***

Ҳама асбоби ишқ ин ҷо ҳаст,

Лек бе ӯ тараб намешояд!

Модари фитнаҳо, ки май бошад,

Тарабе бе рухаш намезояд! (8,386)

Дар ин мисраъҳо бошад Мавлоно бо истифода аз санъати тамсилро хеле моҳирона мавриди корбурд қарор додааст. Ҳадиси Расули Акрам, фармуда «Шароб модари ҳамаи гуноҳост» (Алхамру уми хабоис) ва ин гуфтаҳо миёни мардум низ маъруф аст. Шоир бо истифода аз ин натиҷагириҳо тасиврро ҷолиб месозад .

Дар зимн бояд таъкид дошт, ки ин ҷо манзур аз май шароби ишқи илоҳист, ки рӯҳу равону андешаи Мавлоноро масту ҷунуномез кардааст. Яьне, Мавлоно МАЙ – ишқ ба Худовандро мояи тарабу шодмонӣ унвон мекунад.

Нуктаи ҷолиби бардошти мо аз ин омузиши кучаку шогирдона ин аст, ки мушоҳида намудем на танҳо Мавлоно аз масал ва қисаву таҷрибаҳои иҷтимоии замон истифода кардааст, балки иддае аз абёти Мавлоно ончунон ба зиндагӣ ва ҷаҳони иҷтимоъ пайванд хурдааст, ки мардум аз он чун масалҳои халқӣ истифода мекунанд.

Мутаваҷчеҳ мешавем:

Зи ҳамроҳон ҷудои маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшнои маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳи дида бош,

Пас аз шоҳи гадоӣ маслиҳат нест(8,123)

Ва ё

Дӣ шайх ба чароғ ҳамешгаш гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст (8,164)

Ва низ

Тадир кунад бандаву тақдир надонад

Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад? (8,169)

Ин байти Мавлоно низ вирди забонҳост:


Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дурр пошад

Кунун ман ҳам намгунҷам, к-аз ӯ хона пур бошад. (8, 43)

Пас, бо итминони комил метавон гуфт, Мавлнои кабир аз зумраи шоири номвар аст, ки қарнҳо дилбохтагони шеъру суханро шефтаву шайдои каломи сеҳрогини хеш месозад ва дар ин росто ҳунари шоирӣ ва андешаҳои хирадмандонааш муқаддаму муқаддастарин ҷанбаи маъруфияти шоир аст.

Воқеан, Мавлоно аз бузургтарин шоирони клоссики мост, ки ба шевае ҳунармандона афкору ақоиду андешаҳояшро дар тамоми қолабҳо ва саноии бадеь ғунҷоиш додаст.Ва дар хеч колабе ё шевае махдуд нашудааст. Ин аст, каломаш то ҷовидона пойдор хоҳад буд.

Пайнавишт:

1. Абдулманнони Насриддин. Бо корвони нур.-Хуҷанд: «Ганҷи сухан».-138 саҳ.

2. Зеҳнӣ Т. Санъати Сухан. Илми бадеъ ва мухтасари арӯз.-Душанбе: «Ирфон»,1978.-328 саҳ.

4. Сирус Шамисо. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

5. Сирус Шамисо. Баён ва маънӣ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс,1383.-254 саҳ.

6. Точибой Султонӣ. Калъаи Ҳушрабо.-Хуҷанд: Ношир,2011.144 саҳ.

7. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

8. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб.-Душанбе: Адиб, 2007.-856 саҳ.

9 http://www.aftabir.com/


Фирдавси Аъзам (ХӯҶАЕВ)

Firdavsi Azam, 30-09-2011 09:51 (ссылка)

ТАЧАЛЛИИ ИШКИ ОЛАМГИРИ МАВЛОНО

ТАҶАЛЛИ ИШҚИ ОЛАМГИРИ МАВЛОНО

Ба ифтихори зодрӯзи Мавлонои кабир

Маҳбубияти  Мавлоно  дар арсаи ҷаҳон рӯзафзун аст. Воқеан, ҷаҳон ба ӯниёз дорад. ӯро шоирои ҷаҳонӣшинохтаанд. Шеъри ӯ, андешаи ӯмақбули пиру барност.

Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амиқи ҳадафу назару дидгоҳи Мавлоно ба онҳое, ки бахту иқболи хондани осори ӯро бо забони форсӣнадоранд муваффақ шуданд, то осори ӯро тарҷума намуда, манзури аҳли завқ намоянд, инчунин дар нерумандии ишқи ӯба Худову ба инсоният.

Тарҷумаҳои инглисии муосири Колман Баркс, тарҷумахои хонум Ива ба забони фаронсавӣ, корҳои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кӯшиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илҳому маъруфияти ӯро ба миллионҳо одамон дастрас намояд. Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарҷумаи ашъори Мавлоно ба саҳна омадааст. Ива тақрибан 30 китоб дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсавӣтарҷума намудааст, ки ин муҳаббати беандозаи ӯро нишон медиҳад.

Бояд тазаккур дод,  ки бино бар хулосаҳои муҳаққиқи эронӣРизо Фаррухфол «Мавлоноро нахустинбор дар авохири садаи 19 шарқшиносони бритониёвӣ  ба хонандагони инглисзабон муаррифӣкарданд.» Ин муҳаққиқ таъкид мекунад, ки «Аз миёни онон (шарқшиносони бритониёвӣФ.А.) ва ба тартиби замонавӣметавон ба Ҷеймс Редҳавс ишора кард, ки дар соли 1888 баргардони мавзуне аз дафтари Маснавӣмунташир кард». Пас Ҷеймс Редҳавсро метавон чун аввалин мутарҷиме, ки Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣтарҷума кардааст шинохт. Баъдан А.Винфулд дар соли 1889  3500 байт аз Маснавии Мавлоноро тарҷума кард. Ҳамзамон Вилсун  низ аз мутарҷимоне аст, ки то оғози садаи ХХ ба осори гаронмояи Мавлоно таваҷҷӯҳ  зоҳир карда буд.  Тарҷумаи густурдаву фаҳехта ва таваҷҷӯҳи хоса ба  осори Мавлоно баъдан дар ибтидои асри мозӣ    аз ҷониби Николсон ва Арберӣсурат гирифт, ки тарҷумаи  Маснавӣва ғазалиёти Шамс аз хидматҳои арзишманнди онҳо мебошад.

Аммо  истиқболи густурдаи Мавлоно дар Fарб баъд аз интишори китоби «Забдаи ашъори Румӣ» дар соли 1990  сурат гирифт, ки ин китобро Колман Баркс  тарҷума ва омода намудааст.

Мувофиқи сарчашмаҳову нигоштаҳо Мавлоно то ибтидои асри ХХ дар Амрико ва умуман Fарб кам  шӯҳрат дошт. Шурӯъ аз солҳои 1920 устоди Донишгоҳи бонуфузи Кембриҷ, профессор Рейнолд Николсон, мутарҷими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико, профессор Колман Баркс ба  тарҷумаи шеъри Мавлоно ва муаррифии густурдаи ӯба хонандагони англисзаббон пардохт. Худи Баркс дар ин маврид мегӯяд “Ашъори ӯаз огоҳии амиқи баҳамваслии ҳаёту тамоми инсонҳову адён мебошад. Шӯҳрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар ақсои олам аст.

Бояд  қайд кард, ки дар мавриди чигунагии тарҷумаҳои Колман Баркс низ муҳаққиқон ва мавлавишиносон ихтилофи назар дорнд. Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла  Ризо Фарухфол бар онанд, ки бовуҷуди он ки «Баркс Мавлоноро дар забони англисӣаз қафаси танги маҳфили эроншиносӣва шарқ шиносӣозод кард (то ибтидои асри ХХ бо вуҷуди мавҷуд будани тарҷимаҳои осори Мавлоно хонандагони зиёд аз он бардошт надоштанд ва он ба ҷомеаи инглисзбон бояду шояд муаррифӣнашуда буд Ф.А.), аммо ба ин кор ӯро гирифтори қафаси дигар кард, ки ҳамоно салиқаву тафсири  шахсии худи Баркс аст». Ҳамчунин  Фарухфол  хулоса мекунад, ки «Мавлоно дар тарҷумаи Баркс ба сурати маҳфуми маҷъул даромадааст, ки ба ҷои ҳолати рӯҳонӣва қудсӣбештар ҳолати ҷисмонӣва заминиро ифода мекунад».

Ба андешаи иддаи дигари муҳаққиқин ба вижа дуктур Фағфурӣтарҷумаи Колман Баркс аз беҳтарин тарҷумаҳои Мавлоно шинохта шудааст, ки тавонист Мавлоноро ба хонандагони ғайр ба осонӣмуарифӣкунад.

 Метавон иддао намуд, ки Мавлонои кабир буд, ки Барксро соҳибному шаҳир гардонд ва уро ба даромадтарин шоири амрикои мубаддал кард.

Кукотос, бошад дар бораи тарҷумаҳои Баркс мегӯяд: «ҳеҷмутарҷиме беш аз Баркс ба осори Мавлавӣвафодор намондааст, дар тарҷумаи ӯрӯҳи ирфонии шеърҳои Румӣҳифз шудааст».

Воқеан, имрӯз танҳо яке аз китобҳои Мавлоно бо тарҷумаи Колман Баркс дар Амрико беш аз садҳазор нусха ба фурӯш рафта ва ҳоло Баркс ба барҷастатарин мутарҷими осори Мавлоно ба забони англисӣшинохта шудааст.

 Шаҳром Шиво, шоир, олим, мутарҷими кутуби Мавлоно дар Амрико низ  бар он назар аст, ки шӯҳрати Мавлоно беинтиҳост ӯмегӯяд ”Шӯҳрати Мавлоно лаҳза ба лаҳза рӯба афзоиш аст. Ӯ  бо масоили иҷтимоии марбут ба инсону ҳаёти ӯсару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол қабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад. Ҳарфу сухану шӯҳрати ӯбеинтҳост”.

  РостӣМавлоно пуле миёни давлатҳову миллатҳову қавмият шинохта шудааст.  Чунончи профессор Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноӣбо осори гаронбаҳои Мавлоно ба дини мубини Ислом руй оварда, мусалмон гаштааст ва  тамоми умр кӯшидааст Мавлоноро ба миллати хеш муаррифӣнамояд. 

Пас чӣомилу далоил боиси ин ҳама маҳбубият Мавлоно гашта аст?

Ба андешаи мо,  маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталифи ҷомеа ин аст, ки Мавлоно хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. Ҳама кешро эътироф мекунад. Дар ин маврид худи Мавлоно мегӯяд: “Ман ба парастишгоҳи яҳудон рафтам, ба калисо ҳам рафтам инчунин ба масҷид хам рафтам, аммо ҳамоно як хел меҳроб дидам, ки дар ҳар се парастишгоҳ вуҷуд дорад ва ман ҳам якхел рӯҳия доштам.” Бубинед, ин гуфта худ таҷассумгару тараннумгари рӯҳи оламгир аст, ки бидуни ин рӯҳ мо ҳеҷем.

 Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теъдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. Ӯтавонист дили миллионҳо одамони маҷрӯҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад.  Чунон чи Миша Рутенберг хунёгари ботаҷриба, аҳли Сан Франсискои иёлати Калифорняи Амрико бар ин бовар аст, ки маҳз сурудаҳои Мавлоно ӯро шӯҳрат додааст.

Вилиям Читик исломшинос ва ирфонпажӯҳ иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоноро дар  ташнагии ғарбиҳо ба маънавият донистааст. Ӯдар  мусоҳибаи тафсилияш бо МуҳаммадалӣНиёзӣдар ёдномае, ки «Анҷумани осори мавоҳири фарҳангӣ» гуфтааст: Алоқа ва таваҷҷӯҳи ғарбиёни имрӯза ба Мавлоно ҷаҳоди мутаадид дорад. Яке ташнагии онон ба маънавият ҳаст. Ин омили бисиёр муҳим аст. Агар аз лаҳози таърихи ба қазия таваҷҷӯҳ кунем, бояд гӯем Никлосон аз ин ҷаҳат хидмати бузурге ба ғарибён кардааст. Ӯҳудуди панҷоҳ сол пеш Маснавиро ба англисӣтарҷума кард ва дар шаш ҷилд ба чоп расонид ва ду ҷилди шарҳ низ бар он афзуд, ки тамоми онҳо ба форсӣтарҷума ва чоп шудаанд.

Муҳаққиқон бар он  назаранд, ки ба вуҷуди он ки Франклин Динклуис дар китоби арзишманди Мавлоно: Дирӯз то имрӯз, Шарқ то Fарб, (аз ин китоб ба форси ду тарҷума дар даст аст: 1 – Ҳасан Лоҳутӣ, нашри Номак 1383, 2 – Тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд нашри соли 1383) нахустин пажӯҳандаи Амрикоӣҳаст, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣва андешаҳои Шамси Табрезӣпардохтааст.  Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами мақолоти Шамсро ба англисӣтарҷума ва дар 2004 мунташир кард.

Воқеан, барои мо, порсизабонон ва ворисони Мавлонои кабир боиси ифтихор ва саодатмандӣбояд бошад, ки ҷаҳониён Мавлонои моро беҳтарин дӯсти хеш меҳисобанд. Ҷаҳониён дар шеъри ӯсулҳу оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи  қалбҳо, пайвандагари тамаддунҳо, пуле миёни миллатҳост ӯ. Китобаш дар руйхати пурфурӯштарин китобҳои дунёст.

 Тарҷумаҳои  ҷопонӣ, арабӣ, итолиёвӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, кирғизӣ, урду, туркӣ, лаҳистонӣ… -осори Мавлоно имрӯзҳо ба бозор меоянд ва мардумони дорои ақоиду кешҳои мухталифро ба самти худ мекашад.

 Ӯ имрӯзҳо бо гуфтору шеърҳои нобаш намояндаҳои тамоми миллати дунёро ба сӯи хеш мехонад ва исбот кардааст, ки ӯ-Мавлоно шоири ҳамаи халқҳост, новобаста ба мазҳабу кешу оину дин. Ӯшаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст. Танини шеъри ӯаз пушти қарнҳо ба гӯш мерасад, ки гуфта:

 На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям

 На аз кони табииям на аз афлоки гардонам

 На аз хокам, на аз обам, на аз бодам на аз оташ

 Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.

 На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.

Мавлоно дар ҳоли ҳозир лаҳза ба лаҳза, соат ба соат дар ҳоли фатҳи қалбҳову зеҳнҳост, дар ҳоли расидан ба ҳама мушкилоти инсонҳост, ӯмарзҳоро гузашта, то ба кулуби одамон мерасад. Рӯзе нест, ки матлаби  тозае аз ӯдарҷнагардад.

Ба ин маънӣниз суруда, ӯгуфтааст:

 Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам.

 Дар ман нигар дар ман нигар баҳри ту ғамхор омадам.

 Моро ба чашми сар мабин, моро ба чашми сар мабин

 Онҷо биё моро бубин, к-инҷо сабуксор омадам

Мӯҷиби ин ҳама маҳбубияту шӯҳрат ва шаҳиру номдор гардидани Мавлонову осораш дар соири мамолик ин, албатта аз як тараф афлокиву малакутӣбудани андешаи Мавлоно бошад, (андешаи ӯтавонист чаҳонро тағйир диҳад ва самти зиндагии миллионҳо омдамонро дигар намояд. Ф.А) аз тарафи дигар ӯба қавле орифест дилогоҳ, шоирест дардшинос, ваандешаварест беназир. Андешаҳои дурахшону ирфонию фалсафию афлокии баландеро соҳиб аст.

Рӯҳаш шод ва шӯҳраташ ҷовидон бод!

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

TU BO KHUDO ISHQ BOKHTI - MO BARAT MA`SHUQ SHUDEM


ХУДОРО дар дил андохтӣ, зодрӯзат пирӯз бодо!
Ай соҳибқирони сухан, заргари андешаҳо,
фарзанди волои олам. Шогирди ШАМС будӣ,
Хуршеди ҷаҳон шудӣ.
Гар бифармо, Ориёронро муборак, Балхи
Бустонро муборак, тамоми ҷаҳонро муборак!!!
ЗОДРӮЗ ПИРӮЗ БОДО,МАВЛОНОИ Хирадманд!!!
БОЗ ҲАЗОРҲО СОЛ, БИЗӢ!!!

Bib Duniya, 30-09-2011 07:32 (ссылка)

ИМРУЗ САЙЁРАХО ДАР ГИРДИ ЗАМИН РАКС ДОРАНД!


Имруз партави Хуршед дурахшону дар тачаллист!
Имруз махтоб гарми мебахшад!
Имруз ситорахо чашмак мезананд!
Имруз фариштахо мехмони омадаанд!
Имруз осмон хело ва хело наздик аст!
Имруз сайёрахо дар гирди Хуршед ракс доранд!
Имруз хафт осмон дар гирди Замин гардон аст!
Шафак дар осмони Куния лолагун месузад!
Ин лахзаву хар лахза…
Ин соату хар соат..
Имрузу хар руз..
Ин асру боз садхо асрхои дигар…
Оташи ишке, ки дар калби Мавлоно фурузон аст дар забона хохад буд!
Имруз рузи милоди МАВЛОНОСТ!
У зистан мехост, ва у БО МОСТ!!!
«Имруз чони ман бо ахтарони осмон ракс раксон гашта дар пахнои чарх!»

Имруз манам Ахмад, не Ахмади порина,
Имруз манам Симург, на мургакм харчина.
Шохе, ки хама шохон харбандаи он шоханд,
Имруз ман он шохам, не шохи парерина.
Ман киблаи чонхоям, ман Каъбаи дилхоям,
Ман масчиди он аршам, не масчиди одина.
Ман оинаи софам, не оинаи тира,
Ман синаи Синоям, не синаи пуркина.
Ман масти абад бошам, не масти богу раз.
Ман лукмаи чоннушам, не лукмаи тархина.
Дар хонакахи олам, дар мадрасаи дунё
Ман суфии дилсофам, не суфии пашмина…

Офтоби чамоли Мавлоно Чалолуддини Мухаммади Балхи чандин хазор мох аст, ки дар осмони завк ва маърифати илохи тулуъ карда ва хамчунон дар васат-ус-самои олами чон бар тахти нимруз нишаста ва аз мадху санои оламиён бениёз аст.
Чи ниёз аст, ки гуянд дар рабиулаввали соли 604-и хичрии камари дар Балх ба дунё омад? Он кас, ки нух садафи гардунро бар гавхари яктои хеш танг дида ва аз мазики чихот берун паридааст, дар Балху Бухоро кай гунчад?

ИН ЧАХОНУ ОН ЧАХОН МАРО МАТАЛАБ,
К-ИН ДУ ГУМ ШУД ДАР ОН ЧАХОН, КИ МАНАМ. Девони Шамс

ГУФТАМ: «ЗИ КУЧОИ ТУ?» ТАХСИР ЗАДУ ГУФТО: «МАН
НИМЕМ ЗИ ТУРКИСТОН, НИМЕМ ЗИ ФАРГОНА!
НИМЕМ ЗИ ОБУ ГИЛ, НИМЕМ ЗИ ЧОНУ ДИЛ,
НИМЕМ ЛАБИ ДАРЁ, НИМЕ ХАМА ДУРДОНА!» Девони Шамс

Ва ин ошики сармаст, ки зиндони замонро даршикаста ва дар шаби меърочи ишк ва лайлатулкадри гесуи дуст бо кофиласолори хеш – Мухаммад(с) дидор кардааст, ИШКРО, ИШКИ ПОКИ МАЪНАВИРО, КИ АЗ ХУДОВАНД НЕРУ МЕГИРАД дар шевотарин тасвирхо ва хаёлбандихо дар зиндагиномаи худ матрах гардонидааст!
Тасвири зеботарини Чалолуддини Руми дар заминаи мухаббат, чазбаи он бахри яксон гаштан, андар якдигар васл ёфтан ва дар айни хол имконпазир будани ин висол бунёд ёфтааст,ки вакте мепурсиданд, ки олами ХАК дар кучост, чавоб мегуфт: « АНДАР ДИЛИ ШУМО!»

Онхо, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.
Чизе, ки накардед гум аз бахри чи чуед,
В-андар талаби гумнашуда бахри чароед.
Исмеду харифеду каломеду китобед,
Чабраили аминеду расулони самоед.
Хам Мусиву хам маъчузу хам яди байзо,
Хам Исиву рахбону самовоти алоед.
Хам Махдиву Ходиву нихонеду аёнед,
Товил шумоед чун танзили Худоед.
Гах махзари лохуту гахе бахбари носут,
Гахе шуда дар руйю гахе айни сафоед.
Дар хона нишинеду магардед ба хар суй,
Зеро, ки шумо хонаву хам хонахудоед.
Зотеду сифотеду гахе аршу гахе фарш,
Дар айни бакоеду мубарро зи фаноед.
Он кас, ки назоиду назояд зи шумо кас,
Покеду каюмед зи тагйири Худоед,
Хохед, ки бинед рух андар дили маъшук,
Зангор зи оина ба сайкал бизудоед.
То буд, ки муллои Руми ба хакикат,
Худро ба худ аз кукввати оина намоед.
Ин чумла, ки гуфтем зи шумо ёфт вучуде,
Мавчуду вучудеду шумо чуду атоед.
Аз арши Худо то ба сари тахт шумоед,
З-он ру, ки шумо бар хама афзуну алоед.
Хар рамз, ки мулло бисарояд ба хакикат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед.
Шамсулхаки Табрез чу султони чахон аст,
Онхо, ки талабгори сахоед, кучоед.
То доманатон пурзар кунад он шох,
Эй бехабарон, аз карами шох биёед.
Онхо, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.

Бале, Мавлоно Мухаммад Чалолуддини Балхи шеърро бо овози баланд мегуфт. Оханги шеър ба у чазбаи осмони мебахшид. Дар пеши назари рухаш чархи гардун бо хама хастияш зухур менамуд: сайёрахо дар гирди Хуршед ва хафт осмон дар гирди Замин гардон аст. Ин гардиши мавзун вучуди уро саропо фаро мегирифт. Маст мешуд…, худ бо оханг хаюло меёфт, он оханге, ки коинотро фаро гирифтааст
ва шеъри уву садои рубоб…,
шеъри уву навои ной…,
шеъри уву овои зебои…,
шеъри уву мусикии фаслу васли кули ошикон, ки
аз калби туву дили ман огоз меёбад сояи хираи хамин оханг мебошад.

АЛО, ЭЙ МАВЛОИ РУМ!
ТУ БО ДИЛИ ШУРИДААТ!
БО ШЕЪРИ ВОЛОЯТ!
БО ПАЁМИ ОТАШИНИ ОШИКОНААТ!
БО ИШКИ ПОКУ ОСМОНИЯТ!
БО РАКСИ САМОЪ ДАР ФАЗОИ ЧОН!
БО ПАРВОЗХОИ МИНОЯТ!
БО САБАКХОИ ШУРИ МАЧНУНИЯТ!
МОРО БА КАЛАМРАВИ ИШКУ ЗЕБОИ МЕРАСОНИ!

Хар нафас овози ишк мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?
Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем,
Боз хамон чо равем хоча, ки он шахри мост!

Firdavsi Azam, 17-08-2011 09:21 (ссылка)

Чойгохи рубоиёти Мавлоно


Имрӯзҳо таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири тоҷику форс тавассути кӯшишу талоши пайгиронаи як гурӯҳ муҳаққиқон вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт. Воқеан, тасаввуф, ки бешак, фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.
Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд.
Мусаллам аст, ки миёни ин нафарон Ҷалолуди Румӣ (Мавлоно) низ чун нафари ориф ҷойгоҳи хос дошта, маҳбубияти ҷаҳониро соҳиб гаштааст. Омӯзиши бештари олимон ба моҳияти ҷаҳонбинӣ, ақидаҳои ирфонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии шахсияти маъруф, аҳли ирфону тасаввуф матраҳ шудааст.
Мавлоно шоири арҷиманде, ки мафҳуму мазмунҳои ирфони дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст. Ӯ миёни ирфон аз ҷумлаи пайравони тариқати Мавлавия ошиқони ориф ба шумор меравад. Маснавии маънавии ӯ дар адабиёти форсу тоҷик шоҳкори беназир шинохта шудааст. Бар иловаи ин ҳама Мавлоно соҳиби Девони кабирест, ки ғазалиёти динию фалсафиву ахлоқии ӯро фаро гирифтааст. Дар ин нигошта на фақат парвози хаёли шоирона, балки ҷаҳонбинию андешаҳои орифонаи шоир баён гардидаанд. Метавон гуфт дар нигоштаҳои ашъори орифона шоир ба дараҷаи ниҳоии камолоти маънавӣ расидааст. Ва ин ҳунармандӣ ҳам дар Маснавӣ, ҳам дар ғазалиёт ва рубоиёти Мавлоно мушоҳида мешавад.
Ин ҷо мехоҳем дар ин омӯзиши кӯчаки хеш таваҷҷӯҳи вижаро ба ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно дар ашъори ӯ ва минҷумла дар адабиёти классикӣ равона кунем.
Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно камтар аз ғазалиёт ва маснавиҳояш нест, бо ин ҳол мо мебинем, ки ин бахше аз ашъори Мавлоно (яъне рубоиёти ӯ) камтар мавриди пажӯҳишу омӯзиш қарор гирифтааст.
Рубоиёти Мавлоно, ки бахше аз китоби бузурги Девони Кабир аст ба таври алоҳида чандин маротиба аз сӯи нашриётҳои мухталиф ва бо теъдоду шаклҳои ҷудогона мунташир гаштааст. Дар Урупо ва умуман олами Ғарб низ теъдоди зиёде аз муҳаққикон ва пажӯҳишгарони осори гаронмояи Мавлоно гулчине аз беҳтарин ва олитарин рубоиёти ӯро тарҷума ва дар шакли китоб таҳия ва тадвин намудаанд.
Ба унвони мисол инҷо метавон аз шахсияти шинохтаи олами ғарб Иброҳим Гоморд равоншиноси мусалмони амрикоӣ ёд кард, ки пас аз чандин сол саранҷом муваффақ ба тарҷумаи тамоми рубоиёти Мавлоно ба забони инглисӣ шуд. Пажӯҳиши мавлоношиноси маъруфи амрикоӣ Колман Баркс низ дар ин замина беназир аст.
Дигар аз мутарҷимоне, ки даст ба тарҷумаи осор ва ба вижа рубоиёти Мавлоно задааст, ин Юҳон Кристоф Бургӯл устоди донишгоҳ, ироншинос ва исломшиноси аҳли Свис аст , ки муаллифи тарчумаҳои бисёре аз мутуни клоссики шарқӣ- хоса шоирони иронӣ аст, ки аз ҷониби ӯ таҳқиқҳои арзишманде мунташир шудааст.
Ю.Бургел соли 2003 тарҷумаи гузидаи ғазалиёт ва рубоиёти Девони Кабирро ба нашр расонид, ки он дар Олмон рӯи чоп омад. Профессор Ю.Бургел дар ин китоб ҳафтоду панҷ ғазал ва сию як рубоиро ба забони олмонӣ тарҷума карда, ҳамзамон тавзеҳот ва гоҳ тафсиру таъбирҳои ирфони низ оварда шудааст, ки ба дарку дарёфти сурудаҳои Мавлоно кӯмак мекунад.
Воқеан, Девони кабири Мавлоно наздик ду ҳазор рубоиётро дар бар мегирад. Бино ба хулосаҳои Арберри (соли 1950) онҳо шояд “ҳудуди 1.600 рубоиро” саҳеҳан дар бар бигирад. Яъне рубоиёт такрибан 4 фисади тамоми ашъори Девони кабирро фаро мегирад. Аммо гуфта мешавад, ки як вироиши дигар, ки соли 1896 дар шаҳри Истанбули Туркиё маншур гашта буд фарогири 1646 рубоӣ аст. Дар соли 1941 дар шаҳри Исфаҳони Эрон маҷмуаи дигари рубоиёти Мавлоно тавассути донишманд Муҳаммад Бокир Улфат интишор шуд, ки шомили 1994 рубоӣ буд. Имрузҳо аҳли таҳққиқ бар он назаранд, ки беҳтарин вироиши рубоиёт дар 8 ҷилд тавассути олими эронӣ, устод Бадеъузамон Фурузонфар таҳия шуда, ки фарогири 1983 рубоӣ мебошад. Ӯ тамоми дастнавиштҳо ва нусхаҳои кадимии тариқаи Мавлавияро дар Туркиё мутобиқ намуд. Як дастнавишти 50 сол қабл аз вафоти Мавлоноро дар китобхонаи Истанбул бо теъдоди 1937 рубоӣ ва як дастнавишти дигаре аз рубоиётро дар шаҳри Лондон бо теъдоди 1870 рубоӣ пайдо намудааст.
Аммо ҳамчунин гуфта мешавад, ки футур ё нуқси усули тадоруки устод Фурузонфар ин буд, ки ӯ дар китоби 8 ҷилдааш кулли дастнавиштҳои қаблии рубоиётро ҷой додааст, ки қисме аз ин рубоиёт на ин ки тавассути Мавлоно, балки аз сӯи дигар шуарои давр эҷод шудаанд ва ӯ ҷумла рубоиётро ба Мавлоно мансуб хондааст. Дар вироиши Фурузонфар тақрибан 70 рубоиро пайдо намудаанд, ки мансуби Мавлоно набуда, балки тавассути шоирони пеш аз Мавлоно суруда шудаанд.
Мавлоношинос А.Ҷ.Арберрӣ низ соли 1949 зери унвони “Рубоиёти Ҷалолиддини Румӣ», гузидаи тарҷумаи инглисии рубоиётро дар асоси вироиши Исфаҳон (соли 1941) нашр намуд, ки фарогири 359 рубоӣ мебошад. Тибқи иттилооте, ки пайдо кардем 12 фисад аз рубоиёти тарҷума намудаи Арберӣ дар нашри Фурузонфар пайдо нагардидааст. Аннемария Шиммел мавлонопажӯҳи олмонӣ низ якчанд рубоии Мавлоноро дар асоси вироиши саҳеҳи Фурузонфар дар шакли гулчин тарҷума намудааст. Уилиям Читтик бошад дар асоси ҳамин нашри Фурузонфар дар китоби худ “Масири ишки аҳли тариқат” ва “Таълимоти ирфонии Румӣ” (соли 1983) 7 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст .
Ризо Собирӣ дар китоби бо ду забон нашршудаи “Ҳазор соли рубоиёти форси” (2000) 120 рубоии Мавлоноро бо истифода аз вироиши Фурузонфар тарҷума намудааст, ки чаҳор рубоии тарҷуманамудаи ӯ дар нашри Фурузонфар пайдо нашудааст. Франклин Луиз ҳамагӣ 11 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст. ( Румӣ-ҳозира ва гузашта, Шарқ ва Fарб) Ҳаёт ва ашъори Ҷалолиддини Румӣ с 2000) ӯ низ аз вироиши Фурузонфар корбурд намудааст.
Ба хар сурат ин далоил ишора бар он доранд, ки дар шумори маснавиву ғазалҳо рубоиёти Мавлоно низ шӯҳрати ҷаҳонгир доранд.
Мусаллам аст, ки рубоисароӣ ҷаҳонбинӣ ва маҳорату малакаи махсусеро хоҳон аст бар он хотир, ки нафаре, ки рубоӣ месарояд бояд дар чаҳор мисраъ як фикри амиқи фалсафиро бо истеъдоди фавқуллода ғунҷоиш диҳанд, ки намунаи бетарини ин офаринишро аз рубоинависии классикони мо метавон пайдо кард.
Агар дар офариниши дигар шаклҳои шеърӣ шоир дар интихоби вазни шеър озод бошад (масалан ҳангоми сурудани ғазал метавонад аз вазнҳои гуногун истифода кунад), дар эҷоди рубоӣ ин амал ҷоиз нест, зеро дар шаҷараҳои бистучоргонаи ахрабу ахрами баҳри ҳазаҷ метавонад рубоӣ суруда мешавад ва дар акси ҳол осор рубоӣ ҳисобида намешавад. Рубоӣ жанрест, ки истиқлоли вазни худро то имрӯз нигоҳ доштааст. Рубоӣ ба маънои чаҳортоӣ ё чаҳоргонӣ яке аз қолабҳои шеъри форсӣ аст, ки дар форси ба он тарона низ мегӯянд. «Ин қолаб як қолаби шеъри форсӣ аст, ки дар забонҳои дигаре (аз ҷумла арабӣ, туркӣ ва урду) низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Вазни он ҳам вазни иборати Лоҳавла ва ло куватаиллоҳ аст. Аммо аруздонон ду ё як вазни аслиро қоиланд.
Мавлоно низ мисли зиёда шоирони маъруфи классики мо аз қолаби рубоӣ баҳраи комил бурдааст ва ба василаи ин қолаб низ шоҳкориҳо намуда, маъниҳои олиро барои мо мерос монда аст.
Ҳинни омӯзиши хеш мутаваҷҷӯҳ гаштем, ки рубоӣ қолабест, ки мӯҳтаво ё худ дарунмояи ин қисмат аз ашъори Мавлоноро фаро мегирад. Рубоиёти ӯ бештар фарогири мавзуоти ишқӣ, ирфонӣ, панду ахлоқӣ буда, шоир масоили гуногун минҷумла хештаншиносӣ, муносибати оламу одам ва Худою табиат ва ё ба ибораи дигар муносибати шуури одамӣ ва ҳастиву рӯҳ бо табиат чӣ дар таълимоти фалсафӣ ва чӣ дар афкори ирфонӣ, дӯстиву рафоқат, фанову бақоро ба риштаи тасвир мекашад, ки дар қолаби рубоӣ то имрӯз дӯстдорони шеъри нобиро шефтаву шайдо мекунад:

Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!

Пас метавон рубоиёти Мавлоноро аз лиҳози фарогирии мавзӯъву маънӣ ба гунаи зер табақабандӣ кард:
1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо
2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ
3 Андешаҳо ва таълимоти фалсафӣ, ҳастиву марг, оламу одам
4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор
5 Муносибати поку самимии байни инсонҳо

1 Ишқи ирфонӣ ва тараннуми Худо
Мавлоно пеш аз ҳама шоири ориф буд ва сӯфии покманиш. Ин нафарон мутақид буданд, ки фақат тавассути қалб ҷавҳари латифи рӯҳониро метавон дарк намуд. Ин навъи маърифатро дар тасаввуф бо номи «ишқи маънавӣ», «ишқи ирфонӣ», «ишқи илоҳӣ» ва ғайра ёд кардаанд.
Албатта, мавзӯи ирфону тасаввуф ва тараннуму парастиши Худо бештар дар осори классикон зуҳур мекард ва ин истифодаи касрат дар рубоиёти Мавлоно низ ба чашм мерасад:
Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,
Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дар боз маро
Дар ин рубои шоир аз ишқи иллоҳӣ мегӯяд. Ягона ҳамдаму ҳамрози хешро Мавлоно ишқи иллоҳӣ медонад ва дар ин раҳ ҷон бохтанро мояи саодату сарбаландӣ меҳисобад. Камоли ҳунари шоир аст, ки барои тасвири шаҳомати ин ишқ мегӯяд, «Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро», яъне дар ин раҳ худи ҷон мехоҳад хешро қурбон кунад, ки албатта тасвири бесобиқаву мондагор аст. Ва башорат аз садоқати орифу маҳорати шоир медиҳад.
Ҳамин гуна муҳаббату садоқати Мавлоноро метавон аз рубоии зер низ эҳсос кард, ки мегӯяд:
Ҳоҷат набувад мастии моро ба шароб Ё маҷлиси моро тараб аз чангу рубоб
Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май
Шуридаву мастем чу мастони хароб
Бе шакку гумон ин ишораи шоир ба ишқи илоҳӣ аст, ки бандагони шефтаро масту шайдо мекунад. Лаззати ҳастии ҳамин ишқро дар вуҷудаш таъкид намуда шоир хотирасон мешавад, ки «Бесоқиву бешоҳиду бе мутрибу май, Шӯридаву мастем чу мастони хароб».
Ҷолиб он аст, ки Мавлоно низ мисли аксари шоирони классики мо дар ашъори хеш, аз ҷумла дар рубоиёташ аз ояти Қуръон, ҳадис ва ривоёти динӣ зиёд истифода мекунад. Мутаваҷҷеҳ гаштем, ки истифода аз ин унсруҳо дар рубоиёти ирфони шоир ба маротиб болотар аст:
Чун гашт тилисми ҷисми одам чолок
Бо хок даромехта шуд гавҳари пок
Он ҷисм тилисмро чу бишкаст афлок
Хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок
Равшан аст, ки ин тасвирро шоир бо такя ба кадом ривоят ба қалам додаст. Яъне офриниши ҷисм аз хок ва ва ба ҷисм ворид намудани руҳ. Омил ва маънии дигаре, ки хонандаро дар ин рубоӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ин бозгӯи андешаи фалсафие аст, ки ҳама чи ба асли худ бар мегардад.
//хокӣ бари хок рафту покӣ бари пок //яъне, пас аз он ки рӯҳ ба навозиши най ба ҷисм ворид карда шуд ва муддате дар ин тилисм боз монд, баъди раҳо шудани руҳ аз ҷисм, яъне фаро расидани марг рӯҳ ба зоти пок пайваст, яъне пок буд ба покӣ расид ҷисм ки хок буд дубора хок гашт. Албатта ҳаводиси динӣ ва фалсафаи рӯзгор, ки яке аз дигаре об мехӯрад ба ҳам пайвастану тасвири нобу маънии мондагор офаридани шоир камоли иродат ва ҳунармандии ӯст.
Ҳамин гун андешаро метавон аз маънии рубоиии мазкур низ пайдо кард:
Аз ишқ дило на бар забон хоҳи шуд
Беҷон зи куҷо шавӣ ки ҷон хоҳи шуд
Аввал ба замин аз осмон омадаӣ
Охар зи замин бар осмон хоҳӣ шуд (5.524)
Ва низ :
Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,
Дар кӯҳи танат дурре биҷӯ он конро.
Сӯфийи раванда, гар ту он меҷӯйӣ,
Берун ту маҷӯ, зи худ биҷӯ ту, онро.
Бармало аст, ки дар ин нигошта Мавлоно мегуяд, Худо ва меҳри Худо дар туст, агар ба Худо пайваст шудан хоҳӣ аввал бояд худатро бишносӣ аз худат муҳаббати рузафзуни илоҳиро пайдо кунӣ гар ту он меҷӯӣ, яъне гар ту ба Худо расидан хоҳӣ аз худат ибтикор кун.

Дар рубои дигар Мавлоно мегӯяд:
Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,
Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.
Дар ин ҷо ҳам садоқат ва муҳаббати беандоза шоири ориф ҳувайдост.
Ҳамчунин ин рубоӣ низ аз ишқи илоҳи шоир бозгӯ аст:
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.
***
Бо ишқ равон шуд аз адам маркаби мо
Равшан зи шароби васл доим дили мо
З-он май ки ҳаром нест дар мазҳаби мо
То субҳи адам хушк наёби лаби мо (5.31)
Пайдост, ки он ишқе, ки дар ин рубоӣ Мавлоно ситоиш мекунад, ишқ бар Худованд аст Ишқе аст, ки васли он касро масту ҷунун месозад. Ҳамеша ба ёди Худо будан ва барои Худо зиндагӣ кардан барои Мавлоно мояи ифтихор буд. Ин маънӣ дар рубоии зер боз ҳам равшантар баён шудааст:
Ишқ аст тариқу роҳу пайғамбари мо
Мо зодаи ишқу ишк шуд модари мо
Эй модари мо нуҳуфта дар чодари мо
Пинҳон шуда аз табиати кофари мо (5.57)

Ё ҷои игар дар ситоиши ишқ мегӯяд:
Эй ишқ, ки ҷонҳо асари ҷони туянд
Эй ишқ, ки ҳуснҳо намакдони туянд
Эй ишқ, ки дуррҳо ҳама аз кони туянд
Пӯшида туйиву ҷумла урёни туянд (5.560)
Ба бовар метавон гуфт, ин ишқ низ ишқи илоҳист ва дар ин рубоӣ шоир зери маҳфуми ИШҚ ба Худованд муроҷиат намуда, ситоиши бузургии ишқи ӯро мекунад.
Ва мачмуан ба пиндори мо, аксари мавзуъҳои рубоиёти ин пири суханро мазомини ирфонӣ ташкил медиҳад. Шеьру мусиқию рақси самьо, ки Мавлоно ба онҳо дилбастагӣ ва тамоюли зиёд дорад, низ дигар мавзӯъҳоест, ки рубоиёти ирфонии ӯ фаро гирифтаанд.
Мавлоно ҳатто дар ин қолаби рубоӣ ҳам устодона чунин мазомини ирфониро ҷой дода аст.
2 Васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ

Муҳимтарин нукоте, ки осори Мавлоноро аз дигар нигоштаҳои ҳамзамонаш фардият мебахшад, ин мавзӯи вижа аст, ки он аз муҳаббат ва саммимияти Мавлоно нисбат ба Шамси Табрезӣ сарчашма мегирад. Яъне, мавзӯи васфи Шамси Табрезӣ ва ситоиши муҳаббат нисбат ба ӯ аз ибтикороти Мавлоност. Бо ҷурьат метавон зикр намуд, ки ҳамон гуна ки достони ишқи ирфонии Мавлоно бо Шамс дар ғазалиёти шуридаи ӯ матраҳ аст, дар рубоиёташ низ бозтоб дорад. Мавлоно мегӯяд:

Умрест надидаем гулзори туро
В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.
Мусаллам аст, ки дар ин рубоӣ шоир ба Шамс муроҷиат мекунад. Фикр мекунем , ки аз муҳимият ва нақши Шамс дар зиндагии Мавлоно ҳоҷат ба шарҳу баён нест ва ҳар касе, ки бо зинадгинома ва осори Мавлоно ошност, медонад, ки Шамс барои шоир кӣ буд ва дар зиндагияш чӣ нақше дошт. Қиссаҳое, ки дар мавриди рафоқат, садоқат ва муҳаббати Мавлоно нисбат ба Шамс ҳастанд аксар маврид дар осори Мавлоно бозгӯ мешаванд. Чунончи шоир аз ғайб задани Шамс, ки дар ин маврид зиёда ривоятҳо ҳастанд, зиёд навиштаасту ин дарду фироқро ба риштаи назм кашидааст Ин мавзу дар рубоиёти ӯ низ бозтоби худро пайдо кардаанд:
Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,
Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро

Ҷои дигар аз фироқи ӯ мегӯяд:
Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,
Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.
Ҳамчунин дар васфи Шамс гуфтааст:

Аз ишқи ту дарё ҳама шур ангезад
Дар пои ту абрҳо дур мерезад
Аз ишқи ту барқе бар замин афтодааст
Ин дуд ба осмон аз он мехезад (5.523)

3 Андешаҳо ва таълимоти фалсафӣ, ҳастиву марг, оламу одам
Мавлоно шинохти ҳақиқати азалиро дар ишқ мебинад ва тамоми олмаи ҳастиро дар ин маҳфум ҷой дода, роҳи кашфу завқро пеш мегирад. Таълимоти фалсфавӣ, ҳастиву марг, оламу одам низ аз ин дидгоҳи Мавлоно об мехӯрад. Намунаҳои рубоиёти зер ин анешаҳои моро тақвият мебахшанд.

Гоҳо аз ғами дилбар бар оташ бошем
Гоҳо аз паи дӯстон мушавваш бошем
Охир ба чӣ ҳараме занем роҳи нишот?
Охир ба кадом дилхушӣ хуш бошем? (5.1199)
****
Бе ёр намонд ҳар кӣ бо ёр бисохт
Муфлис нашуд он ки бо харидор бисохт
Маҳ нур а зон гирифт к-аз шаб нармид
Гул буй аз он гирифт ки бо хор бисохт (5.258)

Ин ман на манам он ки манам гуи кист?
Гуё на манам дар даханам гуи кист?
Ман пирахане беш наям сар то пой
Он кас ки манаш пираханам гуи кист? (5.216)

Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро
В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.
Андар сари ҳар касе ғурурест, валек
Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.

4 Андарз ва ҳикмати рӯзгор
Маълум аст, ки мероси классикии мо асосан хусусияти тарбиявӣ дошт, мавзӯъҳои панду ҳикмат, эҳсосоти баланди инсонӣро тараннум мекард. Аз қадим классикони мо барои ифодаи панду ҳикмат ва мазмунҳои фалсафӣ аз рубоиву дубайтӣ истифода намудаанд, рубоиву дубайтӣ ва ғазал аз фаъолтарин жанрҳо маҳсуб меёбанд. Мавлоно низ дар ин радиф барои баёни ҳикамтҳои андӯхта ва панду андарзи рӯзгор аз қолаби рубоӣ истифода кардааст:

Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,
Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.
***
Эй дода ба нон гавҳари имонеро,
Дода ба ҷаве қалб, яке конеро.
Намруд чу дилро ба Халиле насупурд,
Биспурд ба пашша лоҷарам ҷонеро.
Намунаи ингуна рубоиҳоро аз осори Мавлоно зиёд метавон пайдо кард.

5 Муносибати поку самимии байни инсонҳо
Шеъри классикии тоҷик аз ибтидои комёбиҳои худ, яъне аз асри Х бо воқеоти зиндагӣ, муносибати байни инсонҳо, дӯстиву рафоқат ва ишқу муҳаббат таваҷҷӯҳ дошт ва ағлаби нигоштаҳои шоирон бар ин маънӣ суруда мешуданд. Мавлоно дар баробари сурудани ишқи илоҳӣ ба дӯстиву рафоқат ва меҳру отифаи миёни инсонҳо низ бовар дошт. Ситоиши ин маънӣ низ дар осори Мавлоно ва ба вижа дар рубоиёташ ба чашм мерасанд:
Аз шабнами ишк хоки одам гил шуд
Сад фитнаву шур дар чахон хосил шуд
Сад наштари ишк бар рагу рух заданд
Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд (5.551)

Ҳамзамон омӯзиши рубоиёти Мавлоно моро бар он ақида мӯътақид сохт, ки шоир дар баробари инъикоси ғоя ва маънии баландарзиш ба бадеияти рубоиёт ва тасвирҳои ин қолаби шеърӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Бешубҳа, тасвир ва диди шоирона дар рубоиёти Мавлоно мавқеи муҳиму созанда пайдо карда, мӯҳтаво дар тасвири ноб бозгу шудааст. Тарзи баёни маънӣ, сувари хаёли шоир ва диду тасвирҳои шоирона гоҳе нохудогоҳона ва гоҳи дигар махсус вориди шеър гаштаанд, ки дар омӯзишҳои минбаъд мо ин вижагии рубоии Мавлоноро пайгирӣ хоҳем кард:
Ин оташи ишқ мепазонад моро,
Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.

Дар ин рубоиҳо такрори вожаҳо поэтикаи рубоиро хеле боло сохтаанд .
Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи Худо

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

Пас метавон гуфт, ки рубоиёти Мавлоно дар осори гаронарзиши ӯ ҷойгоҳи махсусеро соҳиб аст. Ва шоир дар сурудани ин қолаби суннатӣ низ истеъдоди мунҳасир ба фардро дорад. Рубоиёташ бо фарогирии ғояву мазмуни баланд ва поэтикаи ҷолибу шоистаи таваҷҷӯҳ тавонистанд то имрӯз дар рушди ин қолаби шеъри адбиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳиссагузор бошанд. Мусаллам аст, ки рубоиёти Мавлоно на камтар аз ғазалиёту маснавии шоир маъруфият доранду мӯъҷиби маҳбубияти муаллиф гаштаанд.

Пайнавишт:
1.Колман Баркс. Як сол бо Румӣ.- Нюёрк: «Ҳартер Санфрансиско», 2006.-426 саҳ.
2.Мусулмонқулов Р. Назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ.-Душанбе: Маориф, 1978
3.Насриддинов А. Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форсу тоҷик (иборат аз ду ҷилд). Хуҷанд, 2001.-354 с.
4.Саъдиев С. Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳр.-Душанбе: Дониш, 1980.-138 с.
5.Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

6.Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.
7.Шамисо С. Сайри рубоӣ.- Теҳрон
8.http:/mewlana.mihanblog.com/post/44

9.http:// faryad.epage.ir/fa/module.content_Page.27-06.html

10.http:// www.jawab.ir/qa


Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

Метки: Ҷойгоҳи рубоиёти Мав

Firdavsi Azam, 10-08-2011 08:32 (ссылка)

«Ракс» дар зиндаги ва осори Мавлоно


Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри ӯ, андешаи ӯ, пиндору гуфтору рафтори ӯ ин, албатта, бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз синну сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби динӣ. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Осори гаронмояи «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» аз ганҷинаҳои бебаҳои адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки бархе аз адибон ва Мавлонопажӯҳон Маснавии Маънавиро китоби осмонӣ хондаанд, бархеи дигар низ по фаротар ниҳода онро Қуръон низ хондаанд. Ҷомӣ низ онро Қуръон дар забони паҳлавӣ номидааст:
«Маснавии маънавӣ» – и Мавлавӣ
Ҳаст Куръон дар забони паҳлавӣ
Ман чи гуям васфи он Олиҷаноб?!
Нест Пайuамбар, вале дорад китоб!
Бузургии шахсияти Мавлоно дар эҷодиёти ӯст. Маснавӣ ҳам Сомонист ва ҳам осмонӣ, ҳам паҳлавист ва ҳам Куръонӣ, ҳам инҷаҳонист, ҳам он ҷаҳонӣ. Бар ҳак ӯро бузургтарин шоири орифи ислом шинохтаанд.
Бузургиву сутурги Мавлоно ва мондагории осори ӯро зиёда олимону орифони ҷаҳонӣ, муҳаққиқони жарфнигар қоил гаштаанд, аз ҷумла профессор Риналд Николсон, Онне Море Шиммел, Ева Ду Витре Мейерович, Атоуллоҳи Тадайюн, Муҳаммадалии Исломии Нудушан, Амири Неъматии Лимоӣ, Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Муҳаммади, Алии Даштӣ, Бадеузамони Фурузонфар, Расул Ҳодизода, Абдуманнони Насриддин, Алии Муҳаммади Хуросонӣ, Асрори Раҳмонфар, Саҳобиддин Сиддиқов, Аскар Раҷабов аз муҳаққиқини муосиранд, ки ба зиндагӣ ва осори Мавлоно таваxxӯҳ намудаанд.
Пас чӣ омилу далоил боиси ин ҳама маҳбубияти Мавлоно гашта аст?
Ба андешаи мо, маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталиф ин аст, ки ӯ хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. Ҳама кешро эътироф мекунад.
Мавлоно мегӯяд: “Ман ба парастишгоҳи яҳудон рафтам, ба калисо ҳам рафтам инчунин ба масҷид ҳам рафтам, аммо ҳамоно як хел меҳроб дидам, ки дар ҳер се парастишгоҳ вуҷуд дорад ва ман ҳам якхел руҳия доштам.” Бубинед, ин таҷассумгару тараннумгари руҳи оламгир аст, ки бидуни ин руҳ мо ҳечем.
Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теъдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. ӯ тавонист дили миллионҳо одамони маҷруҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. ӯ тавонист қалби ҳазорон касро бо ишқу сухани меҳрбори хеш шодоб намояд.
Муҳимтарин нукот дар зиндагиномаи Мавлавӣ ин асос гузоштани тариқати тасаввуфии «Мавлавия» аст, ки бино ба иттилои дар даст доштаи мо тақрибан соли 1240 асос гузошта шудааст. Ва «аъзои фирқа чунин меҳисобиданд, ки зарраи «Руҳи мутлақ», ки барои идроку ишрок дар дили инсон ҷойгузин шудааст, беҳтар аз ҳама дар давоми раксу танини мусики поку муҷалло мегардад», ( 3.7) яъне Мавлавиён бар он бовар буданд, ки барои якшави бо нахустасоси худ, барои баёни ишку алока ба Худо мусики ва ракс кумак мерасонад.
«Рақси Мавлавия» бо унвони Самоъ бештар маъруф шуда ва чунон ки профессор Онне Море Шимел мегуяд «рақси суфиёна (Самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтонӣ ва uайриахлоқӣ дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили Суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ василае барои висоли ирфонӣ, шуҳуди Худованд ва шури ирфонӣ талақӣ шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмонӣ орӣ аст».
Асрори Раҳмонфар низ мӯътақиди ҳамин андеша буда, таъкид мекунад, ки «аҳли Мавлавия дар ҷараёни самои Суфиён ва зикри орифона ба ширкати мусиқиву суруду рақс аҳамияти фавқуллода медоданд, ки чунин иктизо дар дигар ахавот ба мушоҳида намерасид ва аз талаботу мукаррароти урфиву одатии шариати анъанави ба кулли фарк мекард» (3.7).
Мусиқӣ ва рақси Самоъ ду унсури асосии ин тариқат мебошанд. Ин вижагии хосе аст, ки пайравони “Мавлавигари”-ро аз шарри уюн ҷудо месозад. Яке аз вқеаҳое, ки дар ин замина ривоят мегардад чунин аст, замоне, ки тобути шайхи бузурги Мавлоно аз муридонаш бар дӯш гирифта шуд, дар ҳоле, ки дар сӯе Қуръон тиловат мешуд, дар тарафи дигар низ садои мусиқи ба гӯш мерасид.
Яке аз уламои дин бо дидани ин мавқеият гуфт: “Ман ба андозаи як бори хар китоб хондам, вале дар мавриди ҳалол будани мусиқӣ калимае нахондам” Яке аз муридони Мавлави посух дод: ” Чӣ кунем, ки ҳамчун хар китоб хондаӣ”.
Бино ба нигоштаҳо ва иттилооте, ки ба даст дорем, рақс ва самоъ ду нардбон барои суъуд ба осмон, яъне меъроҷи ҳақиқӣ ҳастанд ва фариштагону ҷиниён низ дар ин уруҷ ширкат доранд. Рақси шохаҳои дарахтон ба воситаи вазиши насими баҳори мазҳаре аз он сарнамуни азалӣ аст.
Аввалин самоъхонаи маъруф ё ҷое барои рақсидан ва навохтани мусиқии мазҳабӣ дар нимаи дувуми қарни савуми ҳиҷрӣ баробар бо нуҳуми милодӣ дар Баuдод таъсис шуд, ҷое, ки суфиён маҷоли шунидани наuмаҳои оҳангинро меёфтанд ва бархе дар ҳалоли он ба чарх задан мепардохтанд. Гоҳе авқот ин ҳолати xаласа ба ҷое мерасид, ки хирқаҳояшонро,тика порчаҳое, ки бо диққат ба яқдигар дӯхта шуда буд, медариданд.
Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳӣ ба сӯи осмон дароз мекунанд.
Дар ин ҳангом чунин тасаввур мешуд, ки саршор аз баракати “нерӯи ҷодуӣ, муқаддас ва маънавӣ” шудаанд. Масъалаи мавриди ихтилоф ин буд, ки оё мубтадиёни тариқат-чунон, ки шайх Абусаиди Абулхайр муътақид буд боиста аст, ки дар маросими рақс ва самоъ ширкат кунанд, то муштаҳиёни нафсонии худро аз миён бардоранд ё ин, ки аз шикрт дар ин гуна маҷолис бояд барҳазар бошанд.
Масъалаи дигар ба ин гуна буд, ки оё навомухтагони тариқат ба воситаи пойкубии сармастона ва гӯш додан ба мусиқӣ метавонанд “аҳволи” ирфониашонро таолӣ бахшанд ё бояд аз намоиши чунин амале парҳез кунанд? Пойкубӣ ва дастафшони бахше аз чунин рақсҳое буд, ки мумкин буд ба чунун мунтаҳо шавад (чунон ки Xомӣ онро дар Силисилатулазҳаб тавсиф мекунад) минётурҳое, ки умдатан аз ҳавзаи фарҳанги эронӣ бар ҷой мондааст, суфиёни чархзанро бо остинҳои баланде, ки парандагонро тадои мекунад ба тасвир мекашанд. Рақс дар назди Мавлавия як амали шурмандона энони гусехта нест, балки рақси манзуми “бола” аст, ки дар он як дарвеш метавонад шаъафи сармастонаро таҷриба кунад. Аммо ин шаъафи сармастона роҳе барои парастиши “ӯ” ва дар ҳақиқат “рақс барои Худо” аст. Чарх задан ағлаб ба ҳаракати ситорагон ба даври хуршед ё рақси парвона ба даври шамъ барои “фано”- и дар он ташбеҳ мешавад. Ин таҷрибаи фано аст. ”Фано”-и дар Худо барои расидан ба сатҳи болотар аз басират.
Бояд зикр кард, ки самоъи суфиёна мутаваҷҷеҳи аҳдоми ҷисмонӣ нест, балки дар ин маросим шайх дар васати доира меистад. Қоличаи сурхранг (намоди иттиҳод бо олами шуҳуд) ба сӯи Макка густаронида мешавад. Маросим бо тиловати Қуръон ва наът (шеъре, ки дар санои наби суруда мешавад) огоз мешавад. Навозандагон рӯ ба рӯи шайх менишинанд ва сукуте, ки дар паи тиловати Қуръон ва наъти набӣ дар маҷлис соя афканда бо садои табл шикаста мешавад.
Пас аз он такнавозии най шурӯъ мешавад. Сипас, дарвешон ба дунболи шайх дар доираи толор меистанд ва ба як дигар сар фурӯ меоваранд. Рақс бо нахустин саломи як дарвеш оuоз мешавад. Дарвеш бо бӯсае бар дасти шайх аз ӯ барои самоъ рухсат металабд. Муршиди самоъ ӯро ба ҷои худ роҳнамоӣ мекунад.
Навозандагон ва хонандагон шурӯъ ба хондан мекунанд. Шайх дар ҷои худ истода ва дарвешон бар гирди ӯ боз мешаванд ва мечарханд ва оҳиста зикри Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ…ро зери лаб такрор мекунанд.
Ин бахш аз маросим тақрибан 10 дақиқа тӯл мекшад ва барои чаҳор бор такрор мешавад. Дар чаҳорумин саломи худ шайх низ ба рақс мулҳақ мешавад. Дар назми хуршедвори Мавлоно шайх намоди хуршед аст ва дарвешон ба монанди ситорагон ба даври худ ва ба даври шайх чарх мезананд.
Эшон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳӣ ба суи осмон дароз мекунанд то онро ба қалби худ мунтақил созанд ва аз қалб низ бо пойин овардани дасти чап ба суи замин онро аз раҳмати илоҳи сероб месозанд.
Ҳангоме, ки як нафар пои худро маҳкам ба замин мекубад, дигари дунболаи кори уро мегирад ва рақсро идома медиҳад. Фарозу фуруди пои рост доиман бо зикри оҳангини Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ… ҳамроҳ аст.
Дар поён , дарвешон ҳу-ҳукунон ба якдигар мулҳақ шуда ва бо зикри фотиҳа ва адои намоз барои Мавлоно ва Шамси Табрезӣ маросимро ба поён мерасонанд.
Чун мебинем рақс дар зиндагӣ ва тариқати Мавлоно мавқеи муҳиму боризро соҳиб буд, бегумон ба зеҳн ин андеша мерасад, ки оё ин маросим (самоъ) ба ашъори шоири шаҳири мо таъсиргузор буда ва ё на? Ва чӣ гуна таъсиргузор буд, зеро гуфта мешавад, ки Мавлоно дар зиёда маврид дар ҳолати самоъ шеър мегуфт.
Дар ҷустуxӯи посухи ин пурсиш сайре ба олами розу маънии Мавлоно доштем. Воқеан, самоъву рақс ба осори Мавлоно таъсири беҳудуд доштааст.
Муҳаққиқи шинохтаи Эрон Зиёи Муваҳҳид низ таъсири рақс ва самоъ ба осори Мавлавиро бозгӯ шудааст, ин муҳаққиқ ба натиҷа мерасад, ки «дар шеъри Мавлоно, бахусус, дар uазалҳояш зарбоҳанг ва шеъру самоъ аз ҳам қобили тафкик нестанд». Зиёи Муваҳҳид мегӯяд, ки ҳар кадом uазалҳои Мавлоно як маҷлиси самоъ аст, гуё он ки барои маҷлиси самоъ суруда шудааст.
Аввалин таваxxӯҳӣи мо ба вожаи «рақс» буд. Мусаллам аст, ки ҳар вожа дорои сурат ва маънӣ аст, яъне ба унвони сурат вижагиҳои савтиву лавзӣ фаҳмида мешавад ва ба унвони маънӣ бошад, ҳақиқате аст, ки тавассути вожа дарк карда мешавад.
Сурат ва маънии ҳар калима ба ҳам сахт марбутанд ва вожаи РАҚС. رقص дар фарҳанги забони тоҷикӣ мувофиқи оҳанги мусиқӣ иҷро кардани ҳаракати мавзун, дастафшонию пойкўбӣ, усул; рақс кардан мувофиқи оҳанг дастафшонию пойкўбӣ кардан маънӣ шудааст.
Калимаи РАҚСИДАН رقصيدن иҷро кардани ҳаракати мавзуни даст, по ва бадан мувофиқи оҳанги мусиқӣ ва суруд, пой куфтан, бозӣ кардан бо оҳанги мусиқӣ; ба доираи касе рақсидан маҷ. тобеи касе будан, бо нишондоди касе амал кардан мебошад.
Барои мо ҷолиб он буд, ки вожаи рақс дар ашъори Мавлоно аз калимоти серистифода аст ва воқеан Мавлоно бо истифодаи касрат бар ин вожа имтиёз додааст.
Чунончӣ Мавлоно мегӯяд:
Чу хаёли ту дарояд ба дилам рақскунон,
Чи хаёлоти дигар низ сар орад зи миён!
Гирд ба гирд, хаёлот хама дар рақс шаванд,
В-он хаёли чу мАҳи ту ба миён рақскунон.(5.760)

Мушоҳида шуд, ки дар ашъори Мавлоно вожаи «рақс» ба ду гуна тасвиркорӣ мешавад.
Аввалан ин ки шоир дар тасвирҳои хеш ба ин вожа бо касрати истифода симбулузми (рамз) ниҳон дар рақсу самоъи тариқаи Мавлавия ба ишқи осмонӣ ва шуури ирфонӣ ва ба иттиҳод бо Худо ишорат дорад. Ин гуна тасвирҳо дар uазалҳои ирфонии шоир зиёд ба чашм мехӯранд:

Рақсе кунед эй орифон, чархе занед эй мунсифон,
Дар давлати шоҳи ҷаҳон он шохи ҷонафзои мо (5.62)

Равшан аст, ки дар ин байт Мавлоно чӣ мегӯяд ва ба чӣ ишора дорад. Агар мутаваxxеҳ шавем, бармало аст, ки шоир инҷо ба рақси Самоъ даъват мекунад. Чунон ки ёдрас шудем, тариқати Мавлавия пайвасти комилро бо Худо тавассути рақс медонад, яъне инҷо шоир ҳамин uояи тариқатро тарuиб дорад. Шоҳи ҷахон ҳам ишора бар Худо аст.
Мавлоно рақсу самоъро аз натиҷаи зуҳури вуҷуд медонист. Ва зиёданд ривоят ва наклҳое, ки дар ин маврид гуфта мешаванд. Дар сарчашмаву навишторҳое, ки дар бораи зиндагӣ ва осори Мавлоно навишта шудаанд, гуфта мешавад, ки Мавлоно бо шунидани наuма ё навое ё сухани мавзуне, ба ваҷд меомад, замону маконро аз ёд мебаровард, дар шабу рӯз, дар ҳуҷра ё мадраса, дар кӯча ё бозор «ҳу» мегуфт ва пой бар замин мекӯфт ва ба ҳаво мечархид ва чархзанон ғазал месуруд. Гоҳ дар ҳоли самоъ ёрашро ба оғӯш мегирифт ва ба чарху самоъ во медошт, ва гоҳ ба танҳоӣ чарх мезад ва агар онҳое, ки дар атрофаш буданд ва ба ваҷд меомаданд ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар мисраи зер бошад, шоир боз ҳам рӯшантар ба рақси Самоъ ва маросими Мавлавия ишора мекунад:

Чун мисоли зарраем андар паи он офтоб
Рақс бошад ҳамчу зарра рӯзу шаб кирдори мо. (5.100)

Манзури Мавлоно аз офтоб Офаридгор аст ва дар мисраи дуввуми ин байт рақсро ба хотири Худо таъкид мекунад. Ҳамин маъниро дар мисраи зер низ пайдо карда метавонем:

Пеши рӯи моҳи мо мастона як рақсе кунед,
Мутрибо баҳри Худо, бар дафъ бизан зарби ҳазин (5.756)
Маънии ин байтҳо наздиканд, васлиаи тасвир бошад, гунонгун ва ҷолиб. Маъниҳои ба ҳам наздикро бо чандин пероҳани тасвир ба назм кашидани шоир, бешубха, далел аз ҳунари нигорандагии Мавлоност.
Чун рақс ва самоъ дар Мавлавия унсури муҳиму созанда буд, ана ҳамин унсур, яъне рақс дар осори Мавлоно зуҳур кардаст ва тасвири ин лаҳзаро зиёд дар сурудаҳои нобаш истифода карда. Дар ин байт манзури шоир рақси самоъ аст, ки барои Худо иҷро мешавад.

Дар чунбиш андар овар зулфи абахфишонро
Дар рақс андар овард ҷонҳои суфиёнро
Хуршеду моҳу ахтар раксон ба гарди чанбар
Мо дар миёни рақсем раксон кунон миёнро (5.120)

«Самоъ»- ки навое дар қолаби рақс, мусиқӣ, шеър ва овоз аст. Дар маъхазҳо қайд шуда, ки «Самоъ, ҳоле аст, ки бар асари овози хуш ё нағмаи дилкаш, сӯфиро даст медиҳад. Дар ин ҳол баъзе ҳаракот нохудогоҳона аз вай сар мезанад, ки мумкин аст бинанада онро навъи рақс пиндорад».
Худи Мавлавӣ дар мавриди Самоъ мегӯяд:
Мутриб чу парда сохт, ки дар пардаи Самъо
Бар аҳли вуҷуду ҳол дари ҳою ҳу бибасат.
Бояд ёдрас шуд, ки шӯҳрату таъсири самоъ ва тарикати Мавлавияро шоирони зиёди классики мо дар ашъорашон ишора кардаанд. Аттор, Хофиз ва зиёда нафарони дигар аз Самоъ илҳом гирифтаву шеър гуфтаанд. Чунончи Аттор гӯяд:
Дар ҳалқаи самоъ, ки дарёи ҳолат аст
Аз оташи самоъ диди бекарор ку?

Ҳофиз хам ба ин гуна маънӣ чунин гуфта:

Воиз макун насиҳати шӯридагони мо
Ба хоки куи дуст ба фирдавс нангарем
Чун суфиён ба ҳолати рақсанд муктадо
Мо низ ҳам ба шӯьбада дасте бароварем

Бешак, мадҳу ситоиш ва тасвири самоъро Мавлоно бештар ва зеботар аз ҳама шоирон гуфта, бар ин равиши тасвири зебо асос гузоштааст :

Пеши ӯ заррасифат хар саҳаре рақс кунем
Ин чунин одати хуршедпарастон бошад (5.326)

Дар ин байти шоир бори дигар мутмаин мешвем, ки рақси самоъ рақсе барои Худо аст. «Пеши ӯ заррасифат ҳар саҳаре рақс кунем», пеши «ӯ», яъне Худо, заррасифат (назди бузургиву сутурги парвардигори олам мо зарра Ҳастем) рақс кунем мебошад. Мисраи «ин чунин одати хуршедпарастон бошад» бори дигар ишора бар он мекунад, ки ин одати «хуршедпарастон» (Худоро ба хуршед ташбеҳ дода) хуршедпараст-(суфиён—дилбохтагони Худо) рақсидан барои Худо ва ба хотири Худо аст.

Дар тобиши хуршедаш рақсам ба чӣ мебояд
То зарра чу рақс ояд аз манаш ба ёд ояд (5. 265)

Ё дар uазали дигар мегӯяд:
Рақостар дарахт дар ин боuҳо манам
Зеро дарахти бахтаму андар сарам сабост (5. 207)

Дар мисраи зер низ Мавлоно ба рақсе, ки барои Худо аст ишорат мекунад:

ӯ раҳи хуш мезанад рақс бар он мекунад
Ҳар дам бозии нав ишқ барорад маро (5.125)
Гуфта мешавад, ки рақси самоъ нохудогоҳона аст ва дар он ҳоли самоъ иҷрокунандагон бехабар аз ин олам мебошанд. Ва ҳаракату чархиши онҳо низ нохудогоҳона ба миён меомад. Мисраи дувуми байти мазкур ҳамин далоилро тасдиқ мекунад. Мутаваҷҷеҳ мешавем: «Ҳардам бозии нав ишқ барорад маро» Ин xо шоир мегӯяд, ки ишқ бар Худованд аст, ки ҳар лаҳза рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва рақс онҳоро бар Худо наздик мекунад.
Мусаллам аст, ки дар самоъ хар кадом раққос бо ин зарбоҳанг ба шакли ҳаракати худашон ҷавоб медиҳанд. Яъне, бо зарбоҳанг дар як маҷлиси самоъ ба теъдоди касоне, ки дар он маҷлиси самоъ ҳастанд, фардият ҳаст, ҳуввият ҳаст, гоҳе афрод ҳамдигарро ҳам нигоҳ мекунанд, самоъи ҳамдигарро ҳам мепоянд, аммо гоҳ- гоҳе ҳам нигоҳ намекунанд. Гоҳе ҳам танҳо бо худ дар рақс хастанд. Ин лаҳзаи рақси самъо дар мисраҳои зер рӯнамо шудаанд:

Ҷунбиши калкон зи ишқу ҷунбиши ишқ аз азал
Рақси ҳаво аз фалак рақси дарахт аз ҳавост (5. 215)
ё
Ҷумлаи мастон хуш рақсон шуданд
Даст занед эй санамон даст даст (5. 231)

***
Яке хуби шакаррезе чу бода рақс ангезе
Яке масте хушомезе, ки васлаш ҷовидон бошад
Аз ин мисра метавон ба ду гуна маъни пайдо кард.
Маънии аввал:
Дар мисраи “Яке хуби шакаррезе чу бода ракс ангезе” ба андешаи мо, манзури Мавлоно ҳамон Шамси шӯридаву ошиқ аст, ки аҳли табрези шакаррез аст ва аз фироқаш нола мекунад, ҳамон Шамсе, ки аз даҳони гуҳаррезаш ҳамвора каломи хақ мерехт ва пайваста Мавлоноро бо гуфтани ҳарфҳо ва ҳақиқатҳое шигифтзада мекард, нафаре аст, ки чун бода инсонро масти қи илоҳӣ мекунад. Дар ин мисра Мавлоно ба Шамс ишора дорад.
Мисраи “Яке масте хушомезе, ки васлаш ҷовидон бошад” ишора ба худи Мавлоност ба маъшуқаи аслӣ, ки мурод ҳамон Худованд аст, ба василаи Шамс расидаву висолаш орзуи ҳамешагии Мавлоност. Ва агар ин uазали Мавлоноро комил бихонем мебинем, ки мисраҳои дигари ин uазал метавонанд ҳамин маънинро тасдиқ кунунд.
Маънии дувум:
Метавон натиҷагирӣ кард, ки мисраҳои ин uазал низ бозгӯи рафти маҷолиси Мавлавия ва тараннуму ситоиши баргузории рақси самоъ аст, ки аз ҷониби суфиёни ин тариқат ба ҷо оварда мешуд.
Ба ҳар сурат ин абёт аз uазали ирфонӣ ҳаст, ки аз садоқат ва муҳаббати шоир ба офаридгори ҳарду олам шаҳодат медиҳад.

Дар байти дигар Мавлоно мегӯяд:

Ёфта маъруфие ҳар тарафе суфие
Даст занон чун чанор рақс кунон чун сабо (5.126)

Ин ҳам тараннуми рақси самоъ ба зеҳни хонанда мерасад. Чунон чи ин маънӣ бар абёти зер кувват мегирад:

Чӣ само аст, ки ҷон рақс кунон мегардад
Чи сафирест, ки дил бол занон меояд (5.329)

Мавлоно дар ин байт аз вижагиҳо, бартариҳо ва шуридагиҳои ҳолати самоъ ҳхарф мезанад. Аз самоъе ҳарф мезанад, ки ҷонро ба ракс меорад, рӯҳро ба ваҷд меорад ва монанди намоз, ки даричае ба сӯи раҳмати Худованд аст, самоъро низ василае барои сабукии рӯҳ ва уруҷи рӯҳ талақӣ карда, онро ҳамчун ибодат бармешуморад ва аз ин ҳолат завқи рӯҳ ба даст меорад. Мавлоно аз самоъе ҳарф мезанад, ки инсони пойбанди ин олами хастиро берун кашида ва ба оламҳои дигар раҳнамун мекунад. Мавлоно аз ин навъи рақс ба ваҷд меомад ва даст меафшонду пой мекубид, ҷома пора мекарду чарх мезад ва ин василае буд барои расидан ба Хақ:

Бад душ бе ту тире шабу рушане надошт
Шамъу сабову маҷлиси мо чошнӣ надошт (5. 208)

Ё

Дил нури ҷаҳон бошад ҷон дар ламаъон бошад
Ин рақс кунон бошад он даст занон ояд (5. 264)

Мавлоно бо шӯридаҳолӣ ва иштиёқи ҷунуномез иддао мекунад, ки ҳамон гуна, ки инсон дар роҳи расидан ба Худо мекушад, Худо низ аз ин гуна ҳолати бандааш ба ваҷд меояд.

Онро ки бихандонад хуш даст барафшонад
В – онро ки битарсонад дандон ба дуо кубад
Ту пой ҳаме кубӣ в – ангур намебинӣ
Ки ин суфии ҷони ту дар муъсараҳо кубад
Аз зам замаи Юсуф Якуб ба рақс омад
В – он Юсуфи ширинлаб по кубаду по кубад (5. 266)

Дар зер низ ба тасдиқи ин маънӣ чанд намуна меорем:

Як ҳамлаи дигар ҳама дар рақс дароем
Мастонаву ёрона, ки он ёр даромад (5.273)

Дар пеши рухаш чу рақс мекард
В – аз оташи ишқ ҷон чи мешуд (5.287)

Он чанги тараб, ки бенаво буд
Раксе ки кунун ба соз омад (5.296)

Пар задан навъи дигар бошад агар низ бувад
Ракс нодир бувадад бар забари чархи кабуд (5.324)

Ҷони ман бо ахтарони осмон
Рақс рақсон гашта дар паҳнои чарх (5. 233)

Ҳамзамон мутаваҷҷеҳ гаштем, ки вожаи рақс дар осори Мавлоно бевосита ҳамчун василаи тасвири бадеӣ истифода шудаст, Мавлоно ба василаи ин вожа тасвирҳои нобу номутакарраро эҷод кардааст, ки ба шакли зоҳириву шакли зеҳнии аъшораш таъсири мусбат гузоштааст. Шоир бо истифодаи ҳунармандона аз калимаи «рақс» тасвриҳоеро ба қалам додаст, ки садсолаҳо таваҷҷӯҳи хонандаро ба хеш ҷалб месозад, тасвирхоеро офарида, ки дар поэтикаи шеърии клосикии мо таъсиргузор будааст:
Маънӣ ба саҷда ояд чун сурати ту бинад
Хар харф ракс орад чун бишнавад каломат (5. 202)
Инҷо Мавлоно аз вожаи рақс тасвири ноб эҷод мекунад ва мегӯяд ҳар «ҳарф рақс орад», ин тасвир, бешубҳа, тасвире аст, ки зеҳнро навозиш мекунад. Дар uазали дигар Мавлоно мегӯяд:
Аз латофат куҳҳоро дар ҳаво раксон кунанд
В – аз ҳаловат баҳрҳоро чун шакар ширин кунанд (5.304)
Дар байти мазкур маънӣ хеле соддаву самимӣ ба назм кашида шудааст, тасври мисраҳо низ ҷозибияти хосе доранд, ба вижа шоир ба истифодаи вожаи «рақс» тасвири uайримунтазираро пешорӯи хонанда мегузорад. Вокеан, хам таркиби «кӯҳҳоро дар ҳаво раксон кунад» маънии «аз латофат»-ро ҷону равон медиҳад. Бо он ки шоир бо тасвири ноб кӯҳҳоро дар ҳаво (!) рақсон мекунад, (тасвири uайриинтизор меофарад) аз паҳнои бузурги «латофат» ёдрас мешавад:

Суман бо сарв мегӯяд, ки мастона ҳаме рақсид
Ба гӯшаш сарв мегӯяд, ки ёри бурдбор омад (5. 250)
Вожаи «рақсид» ин ҷо василаи тасвир барои баёни маънӣ аст, дар мисраҳои зер низ «рақс» чун унсур ва воситаи тасвир хидмат кардааст.

Ки чун бинандаи ин нақшу маънист
Чу боде рақсҳои шохи бедист (5. 174)
***
Аз сарв гӯям ё чаман аз лола гӯям ё суман
Аз шам гӯям ё лаган, ё рақси гул пеши сабо (5.51)
***
Ин намунаҳо мушаххас мекунанд, ки дар осори Мавлоно вожаи «рақс» бо риояти хусусиятҳои лафзиву маънавияш барои офариниши тасвир хидмат кардааст:
Найҳо хоса найшакар бар тамъ ин баста камар
Рақсон шуда дар найситон, яъне таъузу ман ташо (5.52)
***
Офтоб имрӯз бар шакли тобон шудаст
Дар шуъояш ҳамчун зарра ҷони ман рақсон шудаст (5.188)
***

Омад бахори ҷонхо эй шохи тар ба ракс ой
Чун Юсуф андар омад мисру шакар ба ракс ой (5. 118)

Офтобе не зи шарку не зи карб аз ҷон битофт,
Заррабор омад ба рақс аз вай дару деворим (5.100)
***
Шакаи илми олам ҳар чанд ки мерақсад
Чашми ту алам бинад ҷони ту ҳаво донад сах. 264
Мусиқият ва ё оҳанги шеър ба назари Шафеи Кадканӣ чанд ҷилваву нишон дорад, ки ин ҷумлаанд:
1.Мусиқии берунӣ (вазни арӯзӣ)
2.Мусиқии канорӣ (қофияву радиф)
3 Мусиқии дохилӣ
4 Мусиқии маънавӣ
Бо такя бо хулосаҳои Кадканӣ дар мавриди мусиқият ва оҳанги шеър метавонем натиҷагирӣ кунем, ки истифодаи ҳунармандона аз вожаи «Рақс» дар ашъори Мавлоно дар мавзунии мусиқии берунӣ, канорӣ, дохилӣ ва маънавии калом мусоидат намуда, бадин васила барои мондагории ашъори ноби шоири шаҳири мо хидмат кардааст. Таъсиргузории вожаи рақсро ба мусиқияти калом дар ин намунаҳо метавонем мутаваҷҷӯҳ бошем:
Як даст ҷоми бодаву як даст зулфи ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст!
***
Ай басо шаб, ким ан аз оташашон ҳамчу сипанд
Будаам наъразанон, рақскунон бар дарашон!
Гар ту бу менабари, буй кун аҷзои маро,
Бу гирифтаст дилу ҷони ман аз анбарашон! (5.759)
**
Шохахо сармасту раккосанд аз боди бахор
Ай суман масти куну ай сарв бар савсан бизан! (5.750)
Бо таваҷҷўҳе иҷмолӣ ба андешаву ашъори Мавлоно бавижа ба ҷойгоҳи мафҳуми «рақс» дар офаридахои ин марди сухан ин нукта рушан гашт, ки вокеан хам «ракс» дар сурудаи ў тобиши мукаммали ирфонӣ пайдо намуда, барои тафсири ҳолатҳои равонӣ ва матлабҳои сўфиёна ба кор мераванд. Рақси Мавлоно амалест, ки бо пойкубӣ тасаввури по бар сари ҳавасҳои дунёӣ задан ва бо дастафшонӣ тафаккури раҳоӣ аз олами қуёдро бо воқеият бадал мекунад.

Пайнавишт:

1. Зарринкӯб А. Пилла- пилла то мулоқоти Худо.-394 саҳ.

2. Колман Баркс. Як сол бо Румӣ.- Нюёрк: «Ҳарпер Санфрансиско», 2006.-426 саҳ.

3. Мавлоно Чалулуддини Балхи. 800 газали дилошуб.-Душанбе:”Адиб”, 207,856 сах.

4. Муваҳҳид З. Шеър ва шинохт.-Теҳрон: Марворид, 1377.-292 с.

5. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

6. Ҳабибуллоҳ М. Маърифати шеър. Масъалаҳои таҳлили матни асари бадеӣ.-Хуҷанд, 1994.-64 с.

7. Ҳақиқат А. Мавлоно аз Балх то Қуния.-Теҳрон: Нашриёти Куниш,1384.-368 саҳ.

8. Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

9. Шокир Мухтор. Шeҳрати Румӣ дар фаронса.-Душанбе: «Сино». 2000.-240 саҳ.

10. Ҷонасон Стар. Румӣ дастони маъшуқ.- Нюёрк: «Пингвин»,1997.- 209 саҳ.

11. http://mewlana.mihanblog.co...

12. http://faryad.epage.ir/fa/m...

13. http://www.jawab.ir/qa

14. http://www.shanbe.ir/

15. http://www.zendagi.com/

16. http://www.dakhme.mihanblog...

17. http://www.ghadeer.org

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

Firdavsi Azam, 23-07-2011 07:24 (ссылка)

Бозсозии музейи Мавлоно огоз шуд.





Ба гузориши
хабаргузории донишҷуёни Ирон , ИСНО музейи Мавлоно саввумин расадхонаи пурбинандаи Туркиё
дар минтақаи Куня дар маркази ин кишвар аст ва аз муддати пеш шохиди иҷрои бузургтарин пружаи бозсозии иҷрошуда дар ин музей аст.


Расадхонаи Мавлоно дарбаргирандаи мақбараи Мавлоност, солона
ду милиён бозндидкунанда дорад.


Дар лоихаи таьмири расадхона ки аз худуди се мох пеш огоз
шудааст, бозсозии манораи мақбара комил мешавад ва утоқхои даровеш ба шакли
авалия дар қарни 16 милоди бозсози мешаванд. Коршиносон қасд доранд, кошихои қадимиро
бо кошихои ҷадид ҷойгузин ва кошихои сатхи  дохили гунбади мақбараро таьмир мекунанд.Хамчунин
намои хориҷии расадхона
навпардози ва фазои берунии он эхё мешавад.


Дар солхои ахир теьдоди боздидкунандагон аз музей ва мақбараи
Мавлоно чанд баробар шуда, албатта анҷоми
лоихаи тамиркуни хеҷ
таьсире дар теьдоди боздидкунандагон надошта аст.

Firdavsi Azam, 22-07-2011 12:13 (ссылка)

10000 ирони аз расадхонаи Мавлоно дидан карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории ИСНО дар Техрон, ба накл аз очонси иттилоотии Озоднигор, муовини мудири расадхонаи Мавлоно дар Куня, Носи Бакири дар мохи гузашта беш аз 10000 ирони аз расадхона ва харами Мавлоно Чалолиддини Балхи дар Куня боздид кардаанд.

Бино ба иттилои Носи Бакири беш аз 185000 боздидкунанда аз ин харам боздид ба амал овардаанд,ки аз миёни онхо 10000-ашон ирони будааст.
Дар расадхонаи мазкур беш аз 4000 дастхатхои мухталиф мавчуд буда, ки аз инхо 3000-тояш мутааллик ба Мавлоност.
Расадхонаи Мавлоно хамчунин ба унвони Оромгохи сабз ё Гунбади сабз шинохта мешавад,ки шомили оромгох ва харами хазрати Мавлоност.
Хамчунин дар ин расадхона 8 забони мухталиф барои туристхо дастрас мебошад.
Муовини мудири расадхонаи Мавлоно, Носи Бакири афзуд,ки ишк ва мухаббат нисбат ба Мавлоно ва чахони ирфонии у хар лахза дар тамоми манотики чахон дар холи рушд аст.

Firdavsi Azam, 19-07-2011 11:35 (ссылка)

Тарчумаи русии Маснавии Мавлави китоби баргузидаи сол

Тарҷумаи дафтари чаҳоргонаи Маснавии Мавлавӣ ба русӣ, ки тайи чанд соли гузашта ба ҳиммати Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии исломии Ирон ва тавассути интишороти шарқшиносии Санпитрбург мунташир шудааст. Аз сeи анҷумани ноширони китоби Русия ба унвони беҳтарин тарҷумаи соли 2010 дар бахши адабиёти классик, баргузида шуд ва ба дарёфти нишони дипломи ифтихорӣ ноил омад. Истифодаи шадиди алоқамандон аз ин асри мондагори адабиёти ирфонии Ирон ба ҳадде будааст, ки дар фосилаи кeтоҳ таҷдиди чоп шудааст. Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Русия бо иноят ба истиқболу алоқаи шадиди ҷомеаи китобхони Русия ба адабиёти машриқзамин, ба вижа адабиёти куҳани порсӣ, тарҷумаи осори мондагори адабиёти Иронро дар дастури кори худ қарор додаст. Тарҷумаи Маснавӣ- ки аз замони масъулияти оқои Имонипур ройзани пешини фарҳанги Ҷумҳури исломии Ирон дар Русия, оuоз шуда тарҷумаи чаҳоруми дафтари он то кунун мунташир гашта ва то дафтари шашум тадовум хоҳад дошт-аз ҷумлаи ин барномаҳо ба шумор меравад. Таҷдиди чоп, ҳамвора бо тасҳеҳу такмили тарҷумаи русии Гулистони Саъдӣ аз дигар барномаҳои ин ройзанӣ дар ҳавзаи муаррифӣ тарҷумаи адабиёти фаҳехтаи куҳини Иронии бузурги исломӣ аст, ки пешбинӣ мешавад бо истифодаву тавҷҷeҳи зиёди мухотибон Федератсияи Русия мувоҷеҳ шуд.

Bib Duniya, 13-06-2011 13:00 (ссылка)

Раккостар дарахт дар ин богхо манам




РАККОСТАР ДАРАХТ ДАР ИН БОГХО МАНАМ!!!
« Тоат, ки бе раксу вачду ишк аст,
Макбули даргахи Кибриё нест»

Мазори Мавлоно Чалолуддини Балхи дар саропардаи дили мост!
Бале, мазори Мавлоно дар саропардаи дили ошикон чой гирифтааст ва турбати Мавлоно ашъору суханони уст, ки аз вай дар олами хок ба чой мондааст. Ба ин хок бо маю мутриб бояд нишаст ва бо шавку масти, ихлосу иродат, фориг аз гавгои аклу хуш,ва ашъори уро бо овози хуш бихонд, то ки Мавлоно худ ракскунон аз миёнаи ашъор бархезаду сирри найро бигуяд:
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек касро диди чон мастур нест.
Сир пинхон аст андар зеру бам
Фош агар гуям, чахон бархам занам.

Салом, эй фарёдраси ДИЛХО!
Эй насими хуш,
Омадаи бо буи муаттари гулхо,
Аз он каламрави дур, аз мамлакати ишку зебои
Рози дили хамушат аз кучахои калбам гузар кард,
Зебоиро эхсос намудам,
Навои дилатро шунидам,
Садоят бо садоям хамоханг шуд ва месуруд:
«Султони саропардаи ишкаш чу назар кард,
Афрухт бо нури худ чумла чахонро.
Дар чумла чахон зохиру пинхон шуду чун чон
Аввал натвон дид чумла чахонро.»

Бале, ин овои Мавлоно Чалоллуддини Румист.
- Ало, эй Мавлои Рум!
Ту бо шеъри волову дили шурида,
Бо паёми зебову оташин,
Бо ишки поку осмоният,
Бо ракси самоъ дар фазои чон,
Бо он сабакхои шури мачнуният,
Чу шамъи беназир парвонавор сухта гудохтанат,
Ва бо боли кабутари чон дар фазои рух парвоз карданат
Моро ба фирдавси чон мерасони, ки хонаи Худост!!!

Онхо ки талабгори Худоед, Худоед
Берун зи Шумо нест шумоед, шумоед,
Чизе,ки накардед гум аз бахри чи чуед
В-ан дар талаби гумнашуда бахри чароед?!

Бо кироати шеърхои Мавлоно, мо дар дил як шарора аз ишки иллохи пайдо мекунем ва занг аз дилхо тоза мекунем.
Мавлоно моро ба иклими ишк мебарад, то чахонро саросар бихишт бинему он чо бо нури дидаи ошик хаёли маъшуки азалро дар пиёлаи олам мушохида кунем. Ва муддате бо ин хаёли хуш, ки дар оинаи маху хуршед ва дидаи мардумони мутачалли аст, ишк варзем ва хамрох бо он хаёл раксу пойкуби карда суруди мастона бихонем:

Чу хаёли ту дарояд ба дилам ракскунон,
Чи хаёлоти дигар низ сар орад зим иён!
Гирд ба гирд, хаёлот хама дар ракс шаванд,
Ва он хаёли чу махи ту ба миён ракскунон.

Илло, ки дар «Девони Шамс» ишк дар шуру гавгои масти суруди шайдои мехонад ва дастафшон пойкуби мекунад:
«бо дуст дастафшон, бо олам пойкубон»:

Ба зери пой бикубем харчи гайри вай аст,
Чаро ки шарт чунин шуд дар имтихони самоъ.

Ин самоъи абади, ки ба таъбири КУРЪОН «Намози доим» аст ва бо забони орифон «шурби мудом» аст дар пайи кади комати ишк ва бо ёди комати маъшуки олам, ки куброи ошикон аст бар по мешавад.

Комати ишк сало зад ки: Самоъ абади аст!
Чуз пайи комати у раксу хаёхуе макун!

Як даст чоми бодаву як даст зулфи ёр,
Раксе чунин миёнаи майдонам орзуст!

Дар ашъорм Мавлоно зеботарин тафсирхо аз оёти илохи чори шудааст. Ва филчумла он чахор чуи шаробу обу ширу асал,ки дар бихишт ба солехон ваъда кардаанд, дар боги газалиёти Мавлоно чорист, ки хам масти мебахшад, хам оби зиндагист, хам шири маърмфат ва гизои чон асту хам шахду шодии абадист, ки гам дар он рох надорад.
Бале, ашъори Мавлоно саххофи дилпорахои хуншори мост, ки дар ДИЛИСТОНИ У чори шудааст.

Эй гам аз ин чо бирав! Варна сарат шуд гарав,
Зон ки шаби тираро тоби махи ёр нест.
Халкаи гайни ту, мимат аз он тангтар,
Тунги матои туро ишк харидор нест!

Мавлоно хамаи мушкилоти зиндагиро, хамаи масоили фалсафиву каломи ва ирфониву ахлокиро бо калиди ИШК мекушояд:

Нидо баромад имшаб, ки чони кист фидо?
Бичаст чони ман аз чо, ки накд бистонед!
Хазор нукта навиштааст ишк ба руям,
Бо хуни дил, ки агар ошикед бихонед.
Ки ишк боги тамошост гар малул шавед,
Хавош маркаби тозист гар фуру монед.


ДИЛИ МАН ЧУ БИСУХТ, ФУЗУД АНБАРУ УД…
(Зебуннисо)

Мавлоно

илохи бандаи гумкарда рохам,
тарахум кун ба ин холи табохам.
гирифторам ба доми нафси гаддор,
саропо гарки ин дунеи мурдор.
гунахкорам ба сад холи табохе,
равам суи ту бо ин русиехи.
ба хакки хурмати зоти кадимат,
ба авсофу ба асмои каримат.
ба хаки нури поки кибриеи,
ба хакки азамати нури худои.
ба хакки одаму хаввои барно,
ба хакки тавбаи инно заламно.
ба хакки нуху навха гиряи у,
ба хкки резашки дидаи у.
ба хкки сабри иброхим дар нор,
ба он лутфе ки оташ гашт гулзор.
ба хаки чуди исмоилу исхок,
ки курбон кар чон бар холики ток.
ба хакки нолахои зори яъкуб,
ба ранчи гурбати юсуф зи ошуб.
ба хакки закариеи арра бар сар,
ба оби дидаи яхе паембар.
ба хакки юнус андар батни мохи,
ба он тавба надомат узрхохи.
ба хакки нолаи пурдарди довуд,
зи догаш вахшиен гардид нобуд.
ба хакки мусо нури тачалло,
ба он рози дилу нури муъалло.
ба хакки исову эхе дами у,
ба хакки мустафову хотами у.
ба хакки нури чамъи анбиехо,
ба хакки чуши файзи авлиехо.
ба хакки чор ери баргузида,
ба хакки ду имоми нури дида.
чунуниро бо чамъи муьминонат,
бикун сероб аз дареи рахмат.
ба чамъи ошикон андар висолат,
бикун мустагрики шавки висолат.

Мавлоно

илохи бандаи гумкарда рохам,
тарахум кун ба ин холи табохам.
гирифторам ба доми нафси гаддор,
саропо гарки ин дунеи мурдор.
гунахкорам ба сад холи табохе,
равам суи ту бо ин русиехи.
ба хакки хурмати зоти кадимат,
ба авсофу ба асмои каримат.
ба хаки нури поки кибриеи,
ба хакки азамати нури худои.
ба хакки одаму хаввои барно,
ба хакки тавбаи инно заламно.
ба хакки нуху навха гиряи у,
ба хкки резашки дидаи у.
ба хкки сабри иброхим дар нор,
ба он лутфе ки оташ гашт гулзор.
ба хаки чуди исмоилу исхок,
ки курбон кар чон бар холики ток.
ба хакки нолахои зори яъкуб,
ба ранчи гурбати юсуф зи ошуб.
ба хакки закариеи арра бар сар,
ба оби дидаи яхе паембар.
ба хакки юнус андар батни мохи,
ба он тавба надомат узрхохи.
ба хакки нолаи пурдарди довуд,
зи догаш вахшиен гардид нобуд.
ба хакки мусо нури тачалло,
ба он рози дилу нури муъалло.
ба хакки исову эхе дами у,
ба хакки мустафову хотами у.
ба хакки нури чамъи анбиехо,
ба хакки чуши файзи авлиехо.
ба хакки чор ери баргузида,
ба хакки ду имоми нури дида.
чунуниро бо чамъи муьминонат,
бикун сероб аз дареи рахмат.
ба чамъи ошикон андар висолат,
бикун мустагрики шавки висолат.

Firdavsi Azam, 08-04-2011 11:25 (ссылка)

Марги гурури Мавлоно



 Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад
Мавлоно Ҷалолидини Балхи  солҳо ва карнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфони ва  иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳонии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у, андешаи у, пиндору гуфтору рафтори у  ин албатта бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Осори  у лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумони дорои гуногунзаминаро ба самти худ мекашанд. Рости Мавлоноро чи чиз ё худ ки муҷиб гашта ба чунин як шахсияти ормони табдил ёбад? Шамси Табрези ки буд, ки инчунин Мавлоноро ошуфтаву шурида гардонда буд? Оё суфи кисту зоҳид кист? Ин ва дигар суолҳоро ин макола аз зовияи нависанда, рузноманигор, устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад накл мекунад. Мавсуф зода ва парваридаи рустои Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ буда, узви конфедератсияи байналхалкии журналистон, ҳамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур) ва “Касидаи ҷавонмарди” (дар ҳамкори бо Мирзоҳамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” сеюмин  асари у мебошад. Бо манзури рушани андохтан бо чанд суоле, ки дар боло зикрашон рафт, рокими ин сутур суҳбате оростам, ки манзури шумо хонандаи арҷманд мегардонам.
Устод мехостам суоли нахустро аз чи гуна ва бо кадом далоил Мавлоно шудани Ҷалолиддин бидонам?
Сина хоҳам шарҳа – шарҳа аз фирок

То бигуям шарҳи дарди иштиёк
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруд бар паёмбару оли у ва салом ба шумову хонандагони арҷманд. Ба ин суол аз ин ҷо ва аз ин нукта шуруъ мекунам. Ба иллати ваҳшонияти Чингиз, аз бими марг, аз бими он, ки таҷовуз ба номусу нанги аҳли хонавода нарасад, Ҷалолиддин дасти  хонаводаашро гирифта Балхро бо максади Куния тарк мекунад. Ва дар ин сафар уро ҷумла ёру дустон ҳамроҳи мекарданд ва тамоми балхиёнро барои ҳиҷрат даъват намуд. Дар ин сафар у бо  шайхи замон ва суфии шаҳири даврон Атторри Нишопури мулокот мекунад. Албатта дар аксари сарчашмаҳо чигуна сурат гирифтани бархурди ишон мазкур аст, инҷо тафсилоти нақли онро сарфи назар мекунам.
Вакте, ки Мавлоно дар шаҳри Куния машгули тадрису омузиш буд, дар шаҳри дур аз икоматгҳoи Мавлоно ҳотифе ба гуши шаҳсе бо инояти Худованд  башорат медиҳад, ки бархезу роҳ ҷониби Куния пеш гир ва Ҷалолиддинро Мавлоно гардон. Ин одам Тирмизро  бо максади  Куния тарк мекунад.
Маъзарат, устод, оё ин ҳотифро ном чи буда?
Ин  шахсро ном Саидбурҳониддини Сирдон буд.  Саидбурҳониддин муҳаккики Тирмизи муриди покдили падари Мавлоно буд ва нахустин касе буд, ки Мавлоноро ба водии тарикат роҳнамои кард. Бурҳониддин муҳаккики Тирмизи аз  иродатмандон ,шогирдон ва муҳиббону муридони содику устувори ҳазрати Султонулуламо мебошад. У бо истеъдод ва маърифате, ки соҳиб уд тавонист дар кучактарин замон ба дараҷоти болои сулук бирасад. Саидбурҳониддин Мавлоноро ба сулуки  бештар ва фаҳми беҳтари ҳакоики дину ирфон даъват намуд. Вай сафар кард то бо муршиди худ Султонулуламо дар Куния дидор намояд. Аммо чун ба Куния расид, мутавваҷеҳ шуд, ки у ҷон бохтааст. Пас назди Мавлоно рафт ва ба у гуфт: “Дар ботини ман улумест, ки аз падарат ба ман мерос монда. Ин маъониро аз ман биёмуз то халифи сидки падар шави”. Мавлоно сипас бо дастури у ба риёзат пардохт ва такрибан  9 сол бо у ҳамнишин буд.
Буд дар хидматаш ба ҳам нуҳ сол
То ки шуд мисли у ба колу ба ҳол
Бо омадани ин шайх омузишу тадриси Мавлоно ба зинаҳои болои роҳ ёфт. Бо таъкиду дархости пири худ Саидбурҳониддини Сирдон Ҷалолиддинро мебоист ба таври такрор китоби бузурги киблагоҳаш Султонулуламоро аз бар намояд. Баъд аз солҳо омузишу тадрис сипас пир ба мурид ру оварда башорат медиҳад, ки у аз илми имону зоҳир аз падари хеш пеш рафтааст, лекин дар илми асрор ҳануз зинаҳоеро мебоядаш  тай намояд. Яъне Мавлоноро лозим буд то ин ду илм асрору ҳолро аз пири худ Саидбурҳониддин биомузад. Ва ҳамчунин ҳам шуд. Аммо лозим ба ёворасит, ки Ҷалолиддин аз падари бузугвори хеш ба истилоҳ як чизеро ба мерос гирифта буд ва он гурур буд. Барои инсони комил шудан уро мебоист то гурури хешро курбон намояд. Саидбурҳониддин ин вижагиро дар у медид. Мавлоно билохира Саидбурҳониддинро ба масобаи пири хеш пазируфт. Бо дасти муриди додани Мавлоно ба муршиди хеш дигар ихтиёрро куллан ба пири худ бахшид.
Бояд гуфт ,ки дар он замонҳо   дар Куния чун боришот хеле зиёд шуда буд, ҷуйборе, ки аз паҳлуи масчид ё мадраса мегузашт хеле ифлосу касиф буд. Саидбурҳониддин Ҷалолиддинро мефармояд, то ин ҷойҳоро тамизу мураттаб намояд. Мавлоно шабона як чоҳро ки тозаву тамиз мекард ва чун саҳаргоҳон боз медид ки он чоҳ пур аз ифлосиву касифи шуда. Он ҳама бадбуиҳоро барканор мекард. Ҳатто ҷойҳое чун дастшуи (ҳоҷатхонаҳо)- ро тамизу мураттаб менамуд.
Сипас рузе Саидбурҳониддин ба дасти Ҷалолиддин кулборе дода аз у хост то ба бозор равад ва дарюза ҷамъ мекунад яъне каландари кунад барои аҳли мадраса, ин кор ва ин фармон бар шахсе чун Мавлоно хеле гарону сангин буд , аммо у ҳак надошт, ки аз ҳарфи пир ру тобад ва ногузир ба итоати фармони пири хеш буд.
 
 
Оё ин ҳама фармон аз тарафи Саибурҳониддинро ҳадаф чи буда?Пир Саидбурҳониддин мекушид то Ҷалолиддинро гурусна гузорад, чун медонист, ки дар роҳи расидан ба илм гуруснаги асарбор аст. Мегуянд гуруснаги чун сарпушест, агар сарпушро бардорем, барои омузиши илм масири тозае боз мешавад. Саидбурҳониддини Сирдон то ба он ҳадде муриди хеш Ҷалолиддинро дар гояти гуруснагию камхурдан мегузорад, ки ҷисму тани у комилан барои дарки ҳакоику асрори Худованд омода мешавад. Асосан шабзиндадорию таҳаҷҷуд, кам хуфтану кам гуфтану, кам хурдан аз хасоисис аҳли ирфон мебошад,ки нисбати ин чиз хеле сахт мегиранд.Аз диди орифон онон,ки аз ин хусусиятҳо ба дуранд аз аҳли орифон нестанд.Ҳатто Мавлоно дар Маснави ҳикояте дорад,ки дар он ошики хоболудро чун кудаку хом мешуморад.
Баъд аз он, ки пир муриди хеш Ҷалолиддинро дар улуми зоҳир ба камол дид аз у мехоҳад то замонеро сарфи улуми ботин намояд, улуме ки аз хилват ҳосил мешавад. Сипас Мавлоно ба гушаи хилват мепардозад яъне чилла мешинад. Гуянд гайр аз обу чанд курси ҷавин ҳеч чизи дигаре дар он хилват набуд. Баъд аз он, ки чиҳил руз бигзашт Саидбурҳониддин дари хилватгоҳро бикшод ва Мавлоноро дид ба ҳузури тамом дар гушаи тафаккур сар ба гиребони таҳайюр фуру бурдааст, яъне  ба олами ботин роҳ ёфта. Мавлоно ба намоз истода ниёз мекард. Мавлоно дар ин хилват ба сад ҷилват  саропо нур шуда буд:
Дар ду чашмаш бин хаёли ёри мо
Ракс раксон дар саводи он басар.
Ё
Онон, ки талабгори Худоед, Худоед
Берун зи шумо нест шумоед, шумоед.
Баъдуҳу Саидбурҳониддин шогирди хеш Ҷалолиддинро огуш гирифта уро табрик мекунад ва дуо намуда башорат медиҳад, ки ба илми ҳолу асрор сазовор шудааст. Саидбурҳонидин саҷдаи шукр ба ҷой овард, ҳазратро дар канор бигрифт, бар руи муборакаш бусаҳо рехт. Бо гузоштани салла бар сари Ҷалолиддин уро имом мехонанд. Баъд пирро лозим мешавад то бо ирода ва инояти Худованд аз мурди хеш ҷудо шавад. Аммо Мавлоно намегузошт. Вале чун рафтани Саидбурҳониддин иродаи Худованд буд, ногузир Мавлоноро тарк мекунад. Меравад ба шаҳре сипас баъд аз чанде ба гуши Мавлоно хабари гамини реҳлати уро мешунавад ва сахт андуҳгин мешавад. Аммо лозим ба ёдоварсист, ки Саидбурҳониддин кабл аз рафтанаш ба Мавлоно таъкид мекунад, ки замони будани ман сар омад пас аз ман каси дигар меояд, ки туро иршод шавад. Инҷо Мавлоно аслан аз ки будани шахсияте чун Мавлоно иттилое надорад. Мавлоно дар 37 солаги орифу донишманди даврони худ шуд ва муридону мардумон аз вуҷудаш баҳраманд буданд, то ин , ки рузе аз рузҳо дарвеше дар зиндагии у падидор гашт ва ба гуфти худи Мавлоно оташе дар бешаи андешаҳои Мавлоно афрухт.
У ки буд, ки ин гуна Мавлоноро шефтаву савдоии хеш бинмуда?! Ва Мавлавиро бар он медорад, ки девони шеъри бисёр боарзиши худро ба номи Шамс бисарояд ва ба вай такдим намояд?
Ин орифу шайхро ном Шамси Табрези буд. Албатта мо Шамси Табрезиро бештар  аз панҷараи сурудаҳо ва газалҳои шурдиаи вай аст, ки мешиносем.Аммо бо вуҷуди он ки Шамси Табрезиро комилан намедонем, аммо   он чи рушан аст, асарест, ки бар Мавлави мегузорад ва зиндагии Мавлавиро мамлу аз ишк, ирфон, хилват ва ворастаги менамояд ва у ҳамчун суфии софшудае ба истилоҳ  таваллуди дигар меёбад. Шамси Табрези ончунонон зери таъсири  худ карор медиҳад, ки уро то поёни зиндаги масту саргаштаву девонаву шурдиа мекунад. Инҷо Мавлоно ҳоли худро чунин шарҳ медиҳад:
Зоҳид будам таронагуям карди
Сарҳалкаи базму бодаҷуям карди
Саҷҷоданишини бовикоре будам,
Бозичаи кудакони куям карди.
Рузе Мавлоно аз роҳи бозор ҳамроҳи шогирдону муридони хеш бо саллае дар сар ба хона бармегашт ки обире ношинос савори хирчине назди у омад ва густохона пурсид аз у: “Муҳаммад бартар буд ё Боязид” Мавлоно бо лаҳне холи аз хашм посух дод: “Муҳаммад (сс) сарҳалкаи анбиёст Боязиди Бастомиро бо у чи нисбат?”. Дарвеш бонг бардошт:” Пас чаро он як субҳонак мо арафнок гуфт ва ин як субҳони мо аъзам шони ба забон ронд? “Мавлоно андешиду гуфт: “Боязид тангҳавсала буд ва бо як ҷуръа арбада кард ва зарфияти хешро пур дид, аммо Муҳаммад дарёниуш буд бо як ҷом аклу сукуни худро аз даст надод. Боязид вакте, ки палидиҳову бадиҳову наҷосатҳоро аз вуҷуди худ  дур карду тоза намуд,ба зоти Ҳак таоло бирасид. Ин маънии он дорад,ки бо он чи ки дар талаб буд,ҳамин буд ва бо ҳамин зарфият конеъ шуд, аммо ҳазрати паёмбар ҳар руз 70 макомро тай мекард ва пушаймони мекард, ки ҳануз андар ин 70 маком чизи каме бардошт намудааст.”. Пас аз ин гуфтор Шамс аз ҳайбати посухи бисёр дакики Мавлоно, ки у аз каси дигаре нашунида буд, беҳуш мешавад ва баъди чанде ба ҳуш меояд ва бегонагии онон ба ошноии рафокат табдил ёфт. Ба истилоҳ нигоҳи Шамс гуфта буд аз дури дурҳо ба ҷустуҷуят омадам, аммо бо ин бори гарони илм ва пиндорат чи гуна ба мулокоти Оллоҳ метавони бираси? Ва нигоҳи Мавлоно ба у посух дода буд: “Маро тарк макун дарвеш ва ин бори музоҳимро аз шонаҳоям бардор” Пайдони шудану ворид шудани Шамс дар зиндагии Мавлоно тавониста таҳаввулоти амикеро дар афкору андешаи у эҷод намояд. У бо Мавлоно пайваст ва уро чунон шефта намуд, ки дарсу ваъзро канор гузошт ва ба шеъру тарона пайваст ва ракси самоъ пардохт ва шоира гашт бемонанд. Аммо касе намедонад ки Шамс бо Мавлоно чи гуфту чи омухт ва Мавлоно чи шуниду чи гирифт
Оё Шамс чи таҳаввулоте дар андешаву зеҳни Мавлоно тавлид кард ва онҳоро суҳбат аз чи буд?Пас ин ду ба хилват менишинанд ва ҷамоати азиме дар интизори ин, ки пирашон Мавлоно ояду сухан аз ирфону  самоу имону зоҳиру нафсу ишку, гуяд, аммо Мавлоно гуи ҳамаро дар суҳбати Шамс омухт. Сипас  натоиҷи ин ҳама суҳбату гуфтугуҳо бо Шамс Мавлоноро билкул тагйир дод ва у дар чеҳраи Шамс Худоро дарёфт. Кулуби ишон он кадар бархурди ошикона намуд, ки дар суҳбати ишон ҷуз вожаҳои Ишк, Малак, Имон, Худо чизе намерехт. Ва дар хабар аст, ки Мавлоно аз бархурд бо Шамс сазовори инсони комил гашт. Аммо бояд мутазаккир шуд,ки ҳануз пас аз ҷилла нишастан пири нахустини Мавлоно Саидбурҳонидини Тирмизи хитоб ба Мавлоно чунин гуфта буд: “Муборакат бод, инсони комил шуди,акнун бирав роҳи башариятро ба суи худоои рушани бахш”.
Албатта муридони Мавлоно медиданд, ки пирашон муриди жандапуше гумномшуда ва таваҷҷуҳе ба ишон намекунад ба фитнаҷуиву бухл ру оварданд ва ба Шамс носазо мегуфтану мекарданд ва таҳкираш мекарданд. Шамс, албатта аз ин амалҳои ишон ранҷид ва дар ҳамон замоне,ки Мавлоно 39 сол дошт аз  Куния ба Димишк меравад. Албатта ин ба Мавлоно бетаъсир набуд, уро ором намегузошт дурии Шамс. Муридан чун мебинанд, ки рафтани Шамс рафтани Мавлоно ҳануз натавонист уро мутаваҷҷеҳи худашон кунад, пушаймон мешаванду аз пири худ пузиш металабанд:
Пеши шайх омаданд лобакунон
Ки бубахшо макун дигар ҳиҷрон
Тавбаи мо бикун аз лутф кабул,
Гарчи кардем ҷурмо аз фузул
Дар ин миён Мавлоно фарзанди худ Султон Валадро ба дунболи Шамс мефиристад, пайдо мекунаду меораду боз дубора ҳасодати муридон барангехта мешавад ва  таҳкир мекунад, боз меoварад, ва роҷеъ ба ин ҳолат дар хабар мазкур аст, ки ниёзе ба овардани онро ба таври муфассал намебинам. Аммо охирин маротибае, ки Шамс меравад ин бебозгашт буд ва гуруби ҳамешагии ин хуршеди тобноки ҷаҳони маърифат буд. Саранҷом бехабар аз Куния рафт ва нопадид шуд ва аз торихи сафар ва чигунагии он касе чизе намедонад. Мавлоно аз маргу реҳлати Шамс хабардор набуд ва ҳатто бовар ҳам намекард, ки Шамси у рафта бошад:
Ки гуфт, ки он зиндаи ҷовид бимурд?
Ки гуфт, ки офтоби уммед бимурд?
Он душмани хуршед баромад бар бом
Ду чашм бибасту гуфт: хуршед бимурд?
Ҳаминро бояд арз намоям, ки Мавлоно дар дуриву фироки ҷонсузи Шамс ноором буд ва рузу шаб ба самоъ пардохт ва ҳоли ошуфтааш дар ҳама ҷо бар сари зaбонҳо афтод:
Рузу шаб дар само раксон шуд
Бар замин ҳамчу чарх гардон шуд.
Мавлоно чун аз Шамс комилан маҳрум шуд, дур шуд ва чун дар ҳама ҷо уро меҷуст, аммо намеёфт. Аммо у ҳарчанд Шамсро пайдо накард, лек ҳакиакти Шамсро дар худ ёфт Яъне Мавлоно, ки дар пайи ҷустуҷӯи як нафар инсони ормонӣ буд ва дарёфт,ки он чи ки ба дунболаш аст, дар вуҷуди худаш ҳозир аст. У бо тамом ба ракси само мепардозад ва онро василае барои раҳои ва гурез  медид, ин василае буд,ки барои руҳи одами кумак мекунад то дуриҳоро фаромуш кунад ва пила пила ба боми олами кудсу малакути уруҷ кунад.
Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,
Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману  Худои ман

Устод бо як ҷумла бифармоед, ки Ишк аз дидгоҳи Мавлоно чист?
Танҳо ҳаминро мехоҳам зикр намоям, ки Ишки Мавлоно таърифбардор нест. У мефармояд
Дар нагунҷад ишк дар гуфтушунид
Ишк дарёест умкаш нопадид.
ё ҷои дигар мегуяд:
Шарҳи ишк ар ман биуям бар давом
Сад киёмат бигзарад в – он нотамом
Устод,  агар сухане чанд оиди вижагиҳо ва авомили башари шудани Мавлоно арз менамудед, хеле мамнун будаме?
Мавлоно чун дигар инсонҳо махлуки Худованд буд, у медонист, ки ҳама инсонҳо фарзандони Одаму Ҳаввоянд ва эҳтироми ҳамаро ба ҷой меовард. Мавлоно пас аз муддатҳо бемории дарднок чун ин ҷаҳонро матрук кард, дар он рузи пурсуз, Куния ранги сиёҳ бар тан дошт. Сели пурхуруши мардум, пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳию яҳуди, буддои, ҳамаги дар ин рузи пурсуз, дар ин мотам ширкат доштанд. Ҳама уро аз они худ медонистанд. Вижагии башари шудани Мавлоно низ ҳаминҷост, ки бо ҳар кадоме аз аҳли башар ҳамон тавр буд, ки буданд. Бо габр габр буду бо яҳуди аз руи суннатҳои Мусо амал мекард. Дар вокеъ ин донишу бинишу маърифати ирфонию суфиёнии Мавлоно муҷиб гашта то у ба унвони инсони комилу ормонии башари шинохта шавад. У шаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст. У мутааллик ба тамоми башарият аст, бе нишону ломакон аст.Зовияи у тафрикахоҳ нест, худ мефармояд:
Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.
Дигар вижагии Мавлоно дар он аст, ки тавониста дар осори хеш бо нодиртарин ва нозуктарин ва печидатарин мавзуот ва масоили марбут ба одмау табиату офариниш даст занад ва чун вакте як хонандаи масалан хориҷи ин осори уро мехонад дар он посухҳоеро, ки муддати тулони меҷуст,дармеёбад ва ниёзҳои хешро ба даст меорад. Дар ин бора яъне рузи даргузашти Мавлоно Афлоки мегуяд: ” Басе мустакбирон ва мункирон ки он руз, зуннор буриданд ва имон оварданд” ва 40 шабона ин азову суг бар по буд.
Баъди чиҳил руз суи хона шуданд,
Ҳама машгули ин фасона шуданд.
Рузу шаб буд гуфташон ҳама ин
Ки шуд он ганҷ зери хоки дафин.
Устод вокеан андешаи оли баён намудед ва чун Мавлоно суфии поксиришт буд, мехостам дидгоҳи шуморо оиди ки будани суфи ва тафовути у аз зоҳид бидонам?Суфиён офаринандаи ҳастиро дорои ҳеч як аз сифоте, ки мо мешиносем намедонанд ва уро болотар аз ҳар пиндору андешае медонанд. Агар аз лиҳози зоҳири бингарем чи суфи ва чи зоҳид яъне ҳардуро як чиз номидан дуруст аст, аммо дар ҳар сурат тафовут мавҷуд аст, тафовут аз равишҳост, ки бояд ба инобат гирифта шавад. Зоҳид метавонад Мавлависон узлат ихтиёр кунад, суфи аммо дар миёни мардум бештар аст ба истилоҳ  дил ба ёру даст ба кор. Суфи метавонад муртакиби хатову иштибоҳ шавад яъне агар аз нафс пируз набошад. Аммо бояд кайд намуд, ки танҳо суфии мавлависрате метавонад он ҳама рисолати суфигариро ба ҷой оварад.
Аз таъсиргузортарин суфиён метавон  ба Боязиди Бастоми, Абусаиди Абулхайр, Ҷунайди Багдоди, Ҳофиз, Мавлоно, Саъди, Аттор, Ҷоми ва дигарон ишора намуд.
Бузургтарин ҳадафи як суфи он аст, ки то ҳадди тавон ба Худо наздик шуда ва хости худро курбони хости худованд намояд. Ва бинобарин ба иттилои суфиён худовандро дар тасаввуф “маъшук” ё “маҳбуб” мехонанд ва шахси суфи ки дар паи худост,дустору “ошик” аст. Бинобар ин ҳастии аслии тасавуф ин аст, ки суфи “ошик” ба Худованд “маъшук” бипайвандад. Аз тарики ин ишки илоҳи аст,ки солик (суфи) дар ниҳоят мемирад (фано мешавад) ва ҳакикати у низ дар ҳамин нукта нуҳуфтааст, ки бо марги ихтиёри,ки ба вай даст медиҳад,ба бако мерасад ва он чи ба у ваъда дода шудааст, дар ҳамин дунё дармеёбад на дар дунёи дигар. Аммо зоҳид онест, ки дар хилват аст ва танҳо Худост дар андешаи у ва ёри у ҷуз худо касе нест. Яъне у касест, ки кудрату неру дошта бошад то  ки аз сарватҳову муваффакиятҳои дунё истифода кунад, аммо накунад. Инчунин мегуянд зоҳид касест, ки вакте ин муваффакиятҳо ва омилҳо ба дасташ меоянд ҳамашро бари Худо вадар роҳи Худо кор барад.
Сухане чанд оиди инсондустии Мавлоно?
Албатта  инсондусти ва гуманистии Мавлономавзуест, ки  руи он бояд тадкикотҳо ва пажуҳишҳои густурдаи вижае бояд анҷом дод. Аммо агар Мавлоноро яке аз бунёдгузорони диди демократия номем, хато нахоҳад шуд, чун маънои демократия  аз ҳукуки мардум дифо кардан, эҳтиром гузоштан ва фармудаҳои худовандро ба ҷо овардан аст. Инчунин ба инсонхо арҷ гузоштан, кадр кардан яъне ба ин шомил мешавад эҳтироми ҳайвонот, наботот, хоку сайёра ва  муҳимтар аз ҳама худи Инсон. Мавлоно яке аз пойгузорони ин истилоҳ аст, ки тавониста онро дар зиндагии худ ва дигарон пиёда намояд. Ҳамин гуманистии уст, ки бо марги хеш ҳазорон нафарро муттаҳид сохт ва садҳо инсонҳои мухталфадёнро ба суи хеш хонд. Зеро, ки гавҳари у осмони аст на хоки ва аз арш аст на фарш. Худ ин идаоро тасдик мекунад:
Мо зи болоем,боло меравем,
Мо зи дарёем дарё меравем
Мо аз онҷову аз инҷо нестем
Мо зи беҷоему беҷо меравем.
Худованд, ки дин офаридааст ва ин дин маҷмуаи конунҳои ахлоки аст, ки инсонҳо бояд риоя кунанд,дар масири каломи худову аҳодиси набави. Мавлоно аз он суфиёне буд, ки ҳама адён ва намояндаҳои онҳоро эҳтиром мекард ва касе барои гаравидан ба ин ё он дине таргиб наменамуд. Аммо ҳазорон тан аз аҳли башарият ҳануз дар замони дар ҳаёт буданаш тавассути таълимоту андешаи у ба дини Ислом гаравиданд. Ва уро ба масобаи як паёмбари иршоддеҳ эҳтиром мекарданд.
Дар интиҳои суҳбат ташаккур мекунам аз ин, ки фурсати гаронмояи хешро барои мо армугон доштед. Агар паёме дошта бошед, бифармоед.?
Икдомоти раисҷумҳур, ки бузургони миллатро арҷу эҳтиром мегузорад, кобили дастгирист. Ҳадафи у албатта талкин кардан дар масири хештаншиносист яъне моро бо гузаштагони хеш шиносонда тарбияти хештаншиноси медиҳад. Хуб, миллати мо ки миллати соҳибтамаддуну тамаддунэҷод аст, орзу мекунам,ки ҳамон суннатҳои ниёкони фарҳангпарвари гузаштаи мо дар ҷомеаи имрузаи мо муҳтарам бошанд. Мардум масири Мавлоноро баргузинад. Устод Лоик чи хуб фармуда:
То чанд ту  бо гузаштагон менози
Бо Рудакию ба Ҳофизи Шерози
Вакт аст сари минбари озоди сухан
Хаёми дигар Ҳофизи дигар сози
Ин ҳама ишора мешавад ба  самти тарбияи насли имруз дар руҳияи ватандустиву фарҳангпарвари. Орзу мекунам, ки дар васати ҷомеаи ҷавонони мо  Мавлонову Ҳофизу Рудакиву Хаёму Аттору садҳои нобигагони дигар ба вуҷуд ояд.
Саломат бошед.
http://mavloiman.wordpress.com/мусохиба/

Firdavsi Azam, 08-04-2011 11:17 (ссылка)

Рухе саршор аз маънавият


Ива Де Витрей Меэровитч пас аз дарёфти номзадии дарачаи оли аз илми Хукук ва Фалсафа тамоми омузишу такопу ва умуман метавон гуфт, ки самти куллии омузишашро  ба масоили марбут ба адабиёт, фалсафа ва тасаввуф равона намуд.У такрибан тамоми осори пургановати ду чехраи эътирофшудаи Шарк яъне Мавлоно ва Икболро ба забони модарии хеш -фаронсави тарчума намуда, пешкаши мардум намудааст.Ин корхои мухими тарчумахояш, маърузахои зиндаву радиоияш имкон дод то кисми аъзами сохибназарону мутаффакирони фаронсави як фахмишу идроки бехтар чадидеро дар мавриди Ислом ба даст оранд ва ин хадамоти беназири у дар ру ноходани бисёре аз одамон ба дини мубораки Ислом мусоидат кард. Хонум Ива дар сартосари чахон силсилаи маърузаву конфронсхо ва нишастхои илмию исломи гузаронидааст ва дар муаррифи намудани Мавлонову Икболу ислом накши бенихоят боризро ичро кардааст. У инчунин дар Донишгохи Ал-ахзари Миср маърузахо додааст.У Мавлоноро чун як рохбаладу рохнамо ва пири маънавии хеш мехонд.Ва дар хар кучое, ки сафар мекард аз у ба унвони ак рохбалад ва мурабию муршид ёд мекард.Чаро, ки рухи хонум Ива саршор аз шинохти маърифату маънавияти Мавлоно буд. Ва аз хамин ру худи  Ива де Витрей замоне гуфта буд: “Чи кадр хуб аст шогирди пире чун Мавлоно будан ва дар сояи маънавияту маърифати у панох бурдан”. Вокеан хар кас, ки ба у (Мавлоно) мурочиат мекунад, хатман аз укёнуси пургановати у бахрахо мебардорад.
 
Дар мавриди бархурдаш Ива бо Мавлоно чунин мефармояд:
“Замоне, ки ман пас аз хондани китоби Икбол барои нахустин бор суи Ислом кадам ниходам, медонед, ин албатта барои чун мане осон набуд ворид шудан ба дунёи ислом, чунки ман парвардаи хони оилаи насрони будам. Шавхарам яхуд буд. Маро эхсосхои девонае фаро мегирифт ва баъзан хеле ноумед мешудам, чаро , ки касе набуд то маро ташвику рухбаланд  намояд, сипас ман аз дуохоям гуфтам: Худоё ба ман бигу чи кор кунам, бароям аломате, ишорате бифирст”
Ва пас аз ин мушкилихову пас аз ин муночотхо, Ива посухи ин ниёишу дархосташро дар хоб мебинад ва кабул мекунад.Дар хоб мебинад,  дар кабре чой дорад, ки руи санги мазораш бо хуруфи араби ва форси номаш навишта шуда буд. Худи Ива мегуяд: “Хуб, ман аз худо талаби аломату ишорат кардам ва худо хам онро дар хоб ба ман эхдо намуд. Ва гуфт, ки ман бояд чун мусалмон ин чахонро матрук намоям.”

http://mavloiman.wordpress.com/

Firdavsi Azam, 08-04-2011 11:12 (ссылка)

Чаро Гарб хануз ба Мавлоно таваччух мекунад?


Муаллиф Иброҳим Оздемир
Мо огоҳ ҳастем, ки Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Руми яке аз серхонандатарин шоирони шарқ дар дунёи Ғарб махсуб меёбад.Тарҷумаҳои осори гаронбаҳои у дар мамолики Аврупо ва дунёи ғарб аз пурфуруштарин ва бестселертарин осори боарзиш ба шумор мераванд.
Ашъори ҷаҳонии Мавлоно дар расонаҳои электруники амсоли фиттаҳо ва DVD-ю CD-ҳо сабт гардида, дар дастраси умум қарор доранд.Машҳуртарин ва саршиностарин ситораҳо чун Мадона ва дигарон аз гулчини ашъори у шъерҳои ошиқонаро бо манзури такрим ва эҳтиром ба ақоиду низоми андешаронии Мавлоно ва инчунин ҳаводорони ин шоири шурида, месароянд.Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ақвоми муҳталифу гуногунмазҳабу гуногункеш ба уву осораш таваҷҷуҳу эътинои бештару беҳтар доранд.
Дар зарфи чанд муддати ахир , ҳануз уро танҳо соҳибназараону чеҳраҳои саршинос медонистанду халос.Аммо, имруз бошад уро ба унвони сарчашмаи устувори илҳом дар адабиёти Амрико медонанд.Муҳимтарин ҷанба ва манзари маъруфияту шиноҳти у ин қобилият ва салоҳияти у дар фаро гирифтани умум аст, ки Мавлоно бидуни он, ки ба касе озор ё шиканҷае бидаҳад,тавониста паёми хешро ба ҳама ироа намояд.Ва ба ҳамин далел Мавлоноро набояд ҳамчун як мусулмони одди, ҳинду,будист ё насрони хонд.У фаротар аз ин табақаҳост.У тавонист, ки талаботи потенсиали худро иҷро намуда ва ба як инсони комили ормони мубаддал гардад.Чунин инсонхо фарҳангу сарҳадоти хешро болотар мебаранд ва сабқат меҷуянд; онҳо ба кулли инсоният дастрас мешаванд.Ва ин худ далелу иллати он аст, ки чаро ашъори у дар калисою канисаю парастишгоҳҳои яҳуд ва дар марокизи ҳунарии шаҳри Ниё Ёрк қироат карда мешаванд.Ва бар ҳақ у воқеан Мавлоно яъне роҳнамою ҳодии кулли инсоният маҳсуб меёбад.
Хуб, чаро одамон ҳануз ба Мавлоно таваҷҷуҳ мекунанд?Онҳо чи чизе дар осори у пайдо намудаанд?Мавлоное, ки чандсад сол қабл дар қарни 13 милоди дар Куния зиндаги мекард, чи метавонад ба ин ҷаҳони куҳан ва  ба ин инсони модерн ироа намояд?
Ин суолот аз чандин нафар пурсида шуд; албатта посуҳи ин суолот дар асоси чанд далеле нишон дода мешавад.Онҳо муҳимтарин ақоиду назаротро пешниҳод карданд.Он зумра мусулмонҳое, ки дар Аврупо зиндаги мекунанд,эҳтимол аз ин посухҳо манфиате ба даст оранд.
Шаҳром Шиво мутарҷим,мавлонопажуҳ ва ҳунарманди ирони ки феълан дар Амрико кору зиндаги дорад,яке аз он нафаронест бо шигифт мепурсад, ки чаро амрикоиҳо ба Мавлоно  ва осори у таваҷҷуҳ доранд.Вақте,ки нахустин бор Шаҳром ашъори Мавлоноро мешунавад, ба ваҷд меояд ва дар натиҷа даст ба тарҷумаи шеърҳои у зада аксари ашъори уро ба инглиси тарҷума мекунад.У инчунин дар ҷаласаҳои манзуми ва барномаҳои фарҳанги аз ашъори Мавлоно шеърҳо мехонад.У инчунин ин гуна барномаҳояшро дар шакли фитта ва CD маншур кардааст.У як семинаре таҳти унвони чаро мардум Мавлоноро мехонанд,баргузор карда буд, ки аз ширкаткунандагон дархост намуд то инро рушанд намоянд, ки чаро ба Мавлоно таваҷҷуҳ доранд.Посухҳо сабт гардида ва бомулоҳизаву диққат аз назар гузаронида шудаанд.
Пас аз боздиду аз назаргузарони, Шаҳром мафрузоту иттилоотро ба 12 гуруҳ табақабанди мекунад.У 12 сабаб ва далели он ки чаро мардум ба Мавлоно таваҷҷуҳ мекунандро ба руйхат мегирад.
1.Мавлоно, шахси интелектуал набуд.
Дин риштаи  ҳавос ва эҳсосот аст. Ширкаткунандагон пай бурданд, ки Мавлоно мувофиқи  ҳавосу эҳсосот, ҷаҳони ботини ва қалби эшон ҳарф мезанад.
2.Сатҳҳои мухталифи маъно

Иштирокдорон ба дараҷаи мухталифи маъно дар осори Мавлоно руҷуъ карданд;онҳо дар шеъри у андозаи гуногунро кашф намуданд.Чун ба мутолиаи  бештари ашъори пардохтанд, бо умқи нигоҳи Мавлоно ошно гардиданд.Дар натиҷаи ин талошҳо эшон ба ваҷд омада бо дилгарми ба сарзамини андешаи Мавлоно сафари дури дурҳо намуданд.
3.Ваҳдат
Ваҳдат, иттиҳод,тамомият ва камолот дар осори мавлоно ба ширкаткварзидаҳо таъсири бориз бозид.
4.Дуст
Аксари ҳозирин Мавлоноро ба унвони дуст эътироф намуданд.
5.Иртиботи шахси ва муносибат.
Хондани осори Мавлоно раванд ва таҷоруби шахси мебошад. Ин таҷрибаи хастигароист.Ҳаводорони каломи у мекушанд то мафҳуми будани хеш ва кайҳонро иктишоф намоянд.Онҳо мекушанд, то ҳамроҳу ҳамкатори у бошанд.
6.Шавқат ва сулҳ
Мутолиагарони Мавлоно ҳини бархурд бо ашъори у оромию сулҳ ва марҳамату шавқатро пайдо карданд.
7.Майл ва ормон
Вақте, ки Мавлоноро мехонанд,дар шеъри у майлу хоҳиш, ормону ишқро мебинанд ва билофосила мекушанд, ки чунин эҳсоси румиёнаро дар худ таҷассум намоянд.
8.Ишқ
Баъзе аз аҳли ҳузаро тасдиқ намуданд, ки онҳо бо Мавлоно дилбастаанд.
 

9.Пуле миёни адён.
Теъдоди аъзами ширкаткунандаҳо иброз медоранд, ки Мавлоно пулест миёни муслимин ва ғайри муслимини муқими мамолики аврупои ва дигар кишварҳо. Бисёре аз мусулмонҳое, ки вориди Амрико мешаванд бино ба хотири шарифи Мавлоно аз эҳтироми вижае бархурдор мебошанд.Теъдоде аз ғарбиҳо, ки Мавлоноро мехонанд ва ошиқи у мешаванд, равобити ҳамаҷонибаи хешро бо мусулмонҳои кишвари хеш густариш медиҳанд.Ин ҳама бо шарофатии руҳи бузурги Мавлоност.Мавлоно ба андешаву дидгоҳи хеш тавониста гуруҳи гуногуни мардумро ба ҳам орад.У одамонро чунон бо ҳам қарин сохта, ки ҳама дар муҳити бисёрфарҳанги зиндаги бикунанд.
10.Онҳое, ки шеърро дуст намедоранд.
Баъзе аз ширкаткунандаҳо иброз намуданд, ки бо вуҷуди он, ки онҳо он қадар дустдори шеър нестанд, аммо қайд намуданд, ки мутолиаи шеъри Мавлоноро бениҳоят дуст медоранд.

11.Ширкат дар ҷараён.

Иштирокчиён ёдовар шуданд, ки Мавлоно дар ибрози ақида ва андешаи хеш бензаир аст,инчунин илова намуданд, ки онҳо маҳз дар ҳамин ҷараён ба у пайвастаанд.
12.Мавлоно-ҳидоятгари беҳамто.
Иштирокдорони ин маҳфил ибрози назар намуданд, ки онҳо Мавлоноро ҳамчун як нафар ҳидоятгару роҳбари маънавии хеш дарёфтанд.
Бо фаро хондан аз ин ки олами Ғарб дар дунболи чизе фаротар аз адёни расмии онҳост,Талет Ҳолмэн ин таваҷҷуҳро комилан ба таври оли хулоса мекунад ва ин эътиноиҳоро аз тарафи Ғарб  чун “Фасли Мавлоно” унвон мекунад”: “Аз он ки тасаввуф дар асоси равобити мустақими ишқ ва иртиботи маънави миёни Худо ва фард сурат мегирад, он тавониста шумораи зиёди тавачҷуҳи одамонро ҷалб намояд.Мо бояд одамгарои,ашъори шуридаги, бахшишу гузашт ва оини сулҳҷуии Мавлоноро ба назар бигирем, ки моро аз ин ҳаётии муқарарию одии хеш фаротар мебарад.Инчунин мо наметавонем ,ки қудрату азамати олии улавии Саморо (маросими рақси суфиёна) нодида бигирем. “
Ин коршинос иддао дорад,аз тарафи мардум мутолиа гардидани Мавлоно далоили мухталиф дорад ва ин далоил моро бо муҳимтарин  пайгом таъмин мекунанд. Мо ба таври ошкоро метавонем ба ақоиду андешаҳои у ва осораш  бо мақсади нигоҳ доштан ва ҳимоят аз  муколамаи байнуладёни ва  пайвастагиву иттиҳоди тамаддунҳо умед бубандем.
Суханҳои Кабир Ҳелмински, коршноси барҷастаи Ғарб дар осори Мавлоно ҳануз дар гуши ман танинандоз аст: “Мавлоно гуи аз қабри хеш бархеста то ин ки исломро  ба мардум тавзеҳ бидиҳад ва мебинем, ки у Исломро ба кулли оламу одам муаррифи карда истодааст. “
Аз инглиси тарҷумаи
Фирдавси Аъзам

Firdavsi Azam, 08-04-2011 11:08 (ссылка)

Чароги Мавлави


Киблагохи арчмандам, Аьзам Хучаста ,ки аз шефтагони калому сухани Мавлоноянд, шеьре бинвиштаанд бо номи Чароги Мавлави ,ки оварданашро ба ин сахфа ногузир медонам.
Чароги Мавлави.…
Ки тахти каёнро кунад орзу

Ман чароғи Мавлавиро шамьи раҳ кардам
То талоше карда бошам дар масири рушани додан ба зулмат
Зулмати ғафлат,чаҳолат,
Дур рафтан аз худу гум намудан хештанро.
Зулмате зоидаи ваҳми ҳубобй,
Зулмате ё манчалобе….
Он чунон танҳо шудам дар зулматистон
Гум намудам ман худамро ҳамчу инсон,
Дар хами куҳпораҳои Точикистон,
Дар дили вайронаҳои мулки Афғон,
Дар масири марзи Ирон.
Аз чи бошад?
Зулмате андар вучуди ман камин бигрифтааст
То маро дар коми худ чун нур балъад,
То маро дар ман кафанпечи адам созад
То адамро соябоне дар Хуросон барзанад,
Лаьлро аз ҳалқуми санги Бадахшон барканад,
Аз каёну родмардони Самангон пок созад ҳастии манро абад.
…..Зулмате аз моварои обҳо
Тирагун,олуда бо мурдобҳо,
Чодари дарюзаги бар Ховарон овардааст,
Чун шағоли пири гушна
Орзуи хочаги бар хитаи номоварон овардааст.
Ин шағоли пир,
Табли чанг бар мулки Рустам мезанад,
Дасти хунолуди худ бар ганчаи Чам мезанад…
Ҳаббазо!
Пардаи зулмат ҳамебояд дарид,
Бо шуьойе аз чароғи човидони Мавлавй,
То бимонад човидон ин ормони Мавлавй:
Ҳар касе к-у дур монд аз асли хеш,
Боз чуяд рузгори васли хеш.
Ин чароғи Мавлави акнун ғанисозй шуда,
Офтобе дар масири ишқу навсозй шуда.
Пас:
Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дустонро шод гардон, душманонро кур кун!!
Аъзам Хучаста

Firdavsi Azam, 30-03-2011 07:09 (ссылка)

Ракс барои Худо

Рақс барои Худо

 
Ин навишта аз профессор Онне Море Шимел мебошад. Дар ин мақола профессор Онне Море Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхи василае барои висоли ирфони,  шуҳуди худованд ва шури ирфони талақи шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст. Профессор Онне Мори Шиммел аз исломшиносон ва шарқшиносони ба ном рузгори муосир аст. Вай аз сари сидқу рости дар роҳи шинохти фарҳанг ва таърихи ислом гом ниҳода ва бо осораш на танҳо чашми гарбиёнро то андозае бар руи ҳақиқати фарҳанги машриқзамин гушуд, балки ба мо мусалмонон низ дар ошноии бештар ва беҳтар бо  мироси  илми ва фарҳангии ниёконамон ки ҳамон сунннати дини ва мазҳабии мусалмонон мебошад, ёри расонд. Дар мақолае, ки дар пай меояд, Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди баъзе тариқаҳои асили суфия ҳамчун тариқаи Мавлавия ва бархе машоиҳи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхи василае барои висоли ирфони шуҳуди Худованд ва шури ирфони талқи шуда аства яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст.
Дар халоли даҳаҳои ахир гоҳе навиштаҳое дар рузномаҳои Амрико дар бораи омузиши “рақси суфиёна” мехондем ва рақси суфиёна ба шеваи марсум барои парвариши нафс бадал шуда аст. Аммо рақс дар силом қабеҳ шмурда шудааст, чаро,ки ба таври куллирақс дар таърихи адён бо ваҷду ҳол дар иртибот аст ва инсонро аз ҳолати одии худ хориҷ мекунад ва метавон гуфт уро бар гирди як меҳвари хос ба чархиш во медорад. бегумон дар давраҳои миёнии исломи зиёфатҳои мусалмонони мутамаккин аглаб бо мусиқи ва рақс ба поён мерасид. Лекин дар бистари дин рақс,ки асосан як пи- падидори мусиқи ва нагмаи хушоҳанг аст, бо хасисаи шариати меҳвари ислом дар таоруз қарор мегирад,зеро мумкин аст фардро аз роҳе,ки худованд муқарар дошта шариат-ба пайроҳа кашад. Аз ин ру ислом ба мухолифат бо рақс бархоста аст ва мутобиқи Қуръон (Фотр , ояи  бо каф задану умуре аз ин даст мухолиф аст. Таи чандин қарн мақолот ва рисолоте алайҳи масъалаи рақс ба иллати вуҷуди таъсироти шайтонии он нигошта шуда аст.
Бадин ҷиҳат хунёгарон ва рақосон ҳаққи шаҳодат додан дар додоҳро надоштанд, ба унвони намуна метавон аз рисолаи мансуб ба ин  дар мавриди рақс ва самоъ ёд қард.У ин ду мақуларо ба андозаи табиат аз мугулҳо барои муъминони хатарноқ ва зиёнбор мешуморад. Баъдҳо як пажуҳишгар таъсир ё радпои шумнонаро дар рақс суфиёна мушоҳида мекунад.
Ҳатто касоне, ки рақсро вижагии аслии тасаввуф мешуморанд ва ҳудро ба ин ҷараён мансуб медоранд, мавриди накуҳиш қарор додаанд, чаро, ки  ҳадафи ишон бузургнамоии чунин таҷоруби халасаовари будааст. Ишон дар ин маворид бо Ҳиҷвири (қарни 5 қамаи-11 милоди) мувофиқ меоянд. Вай дар Кашф-ал-маҳбуб баён медорад. “Тоифае дидам аз авом,ки мепиндоштанд мазҳаби тасаввуф худ ҳеч нест ҷуз тасаввуф. (Кашфулмаҳбуб саҳ416, тарҷумаи Николсон).
Аввалин самоъхонаи маъруф ё ҷое барои рақсидан ва навохтани мусиқии мазҳаби дар нимаи дувуми қарзи савуми ҳиҷри баробар бо нуҳуми милоди дар Багдод таъсис шуд, ҷое, ки суфиён маҷоли шунидани нагмаҳои оҳангинро меёфтанд ва бархе дар халоли он  ба чарх задан мепардохтанд. Гоҳе авқот ин ҳолати халаса ба ҷое мерасид, ки хирқаҳояшон-тика порчаҳое, ки  бо диққат ба яқдигар духта шуда буд-ро медариданд.

Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳи ба суи осмон дароз мекунанд
Дар ин ҳангом чунин тасаввур мешуд, ки саршор аз баракати “неруи ҷодуи, муқаддас ва маънави” шудаанд. Масъалаи мавриди ихтилоф ин буд, ки оё мубтадиёни тариқат-чунон,ки шайх Абусаиди Абулхайр муътақид буд боиста аст,кид ар маросими рақс ва самоъ ширкат кунанд то муштаҳиёни нафсонии худро аз миён бардоранд ё ин ,ки аз шикрта дар ин гуна маҷолис бояд барҳазар бошанд.
Масъалаи дигар ба ин гуна буд, ки оё навомухтагони тариқат ба воситаи пойкубии сармастона ва гуш додан ба мусиқи метавонанд “аҳволи” ирфониашонро таоли бахшанд ё бояд аз намоиши чунин амале парҳез кунанд? Пойкуби ва дастафшони бахше аз чунин рақсҳое буд, ки мумкин буд ба чунун мунтаҳо шавад (чунон ки Ҷоми онро дар силисилатулазҳаб тавсиф мекунад) минётурҳое, ки умдатан аз ҳавзаи фарҳанги ирони бар ҷой мондааст, суфиёни чархзанро бо остинҳои баланде,ки парандагонро тадои мекунад ба тасвир мекашанд.
Истилоҳоте аз қабили “пойкуби” ва “дастафшони” ва назоири онҳо дар ашъори Ҷалолиднини Руми бахусус рубоиёт фаровон аст, чаро,ки рубои аглаб ба унвони қолаби манзум дар маҷолиси самоъ ба кор гирифта мешавад.Назди Мавлави тамоми ҷаҳон дар рақси шигифтовар дар ҳаракат аст. Аз замоне, ки адам, хитоби азалии Худованд: “Оё ман парвардигори шумо нестам”- ро шунид пойкубон по ба арсаи вуҷуд ниҳод. (Девони Шамс,шумораи 18365)
Ин ақида ба гуфтаҳои Ҷунайд ишора дорад. Рақс ва самоъ ду нардбон барои суъуд ба осмон- яъне меъроҷи ҳақиқи ҳастанд ва фариштагону чиниён низ дар ин уруҷ ширкат доранд. Рақси шохаҳои дарахтон ба воситаи вазиши насими баҳори мазҳаре аз он сарнамуни азали аст.
Фарзанди Мавлоно , Султон Валад, мусиқи ва рақсро, ки падараш бо илҳомоти худ онҳоро парваронда буд, сомон дод, ба ин маъно рақс дар назди Мавлавия як амали шурмандона энони гусехта нест, балки рақси манзуми “бола”аст, ки дар он як дарвеш метавонад шаъафи сармастонаро таҷриба кунад. Аммо ин шаъафи сармастона роҳе барои парастиши “У” ва дар ҳақиқат “рақс барои Худо” аст. Чарг задан аглаб ба ҳаракати ситорагон ба даври хуршед ё рақси парвона ба даври шамъ барои “фано”- и дар он ташбеҳ мешавад. Ин таҷрибаи фано аст.”Фано”-и дар Худо барои расидан ба сатҳи болотар аз басират.Шоирони баъди Мавлоно назири Галиб (мутавафи дар Истанбул ба соли 1213 қамари, 1799 м)ба монанди шоирони Ҳинд ва ирони албатта бо сароҳати бештареин симбулизмро дар ашъораш бо радифи рақс ба кор гирифт.
Дар миёни даровиш ба вижа Мавлавия маросими тадвин аглаб  бо пойкуби ҳамроҳ буд ва низ дар мавриди ҷашнҳое, ки барои накудошти як ориф мутавафи баргузор мешуд, вазъ бар ин минвол буд ва бинобар ин ҷои шигифте нест, ки аз рақси биҳишти сухан бамиён овардаанд. (Аз ин ру ёдовар бардошти гарби аз нақошиҳои Микеланжело аст) Ва Рузбаҳони Бакали , чунон,,ки иддао мекунад, худро дар рақс бо малоиқ ва паёмбар дид. Намоди поёни сафи сафари ирфонии у “рақс бо худо” аст.
Дар кишварҳои исломи маъмулан раксҳои маҳалли барои занон ва мардон ҷудогона тартиб меёфт ва чунон хи дар мавориди занон ва мардон бо ҳам дармеомеҳтанд ва ба пойкуби мепардохтанд ба монанди қабоили бар бар-ки тавассути аҳли зоҳир ва суфиёни мутанассик мавриди эътироз воқеъ мешуд. Ин амр,ки имруза ҳатто занон дар тариқаҳои “имрузи” ширкат меҷуянд бо тамоми суннати клосик дар тақобул аст. Чаро,ки самоъи суфиёна мутаваҷҷеҳи аҳдоми ҷисмони нест. Наққодони суннатии тасаввуф Ибни Ҷавзи рақсро ваҳъи шайтони ва феъли “хилофи ахлоқ” медонанд.
Наҳваи анҷоми рақси самоъ дар тариқаи Мавлавия
Дар ин маросим шайх дар васати доира меистад. Қоличаи сурхранг (намоди иттиҳод бо олами шуҳуд) ба суи Макка густаронида мешавад. Маросим бо тиловати Қуръон ва наът (шеъре, ки дар снаои наби суруда мешавад) огоз мешавад. Навозандагон ру ба руи  шайх менишинанд ва сукуте,ки дар паи тиловати Қуръон ва наъти наби дар маҷлис соя афланда бо садои табл шикаста мешавад.
Пас аз он такнавозии най шуруъ мешавад. Сипас дарвешон ба дунболи шайх дар доираи толор меистанд ва ба як дигар сар фуру меоваранд.  Рақс бо нахустин саломи як дарвеш огоз мешавад. Дарвеш бо бусае бар дасти шайх аз у барои самоъ рухсат металабд.Муршиди самоъ уро ба ҷои худ роҳнамои мекунад.
Навозандагон ва хонандагон шуруъ ба хондан  мекунанд. Шайх дар ҷои худ истода ва дарвешон бар гирди у боз мешаванд ва мечарханд ва оҳиста зикри Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ…ро зери лаб такрор мекунанд.
Ин бахш аз маросим тақрибан 10 дақиқа ба тул мекшад ва барои чаҳор бор такрор мешавад. Дар чаҳорумин саломи худ шайх низ ба рақс мулҳақ мешавад. Дар назми хуршедвори Мавлоно шайх намоди хуршед аст ва дарвешон ба монанди ситорагон ба даври худ ва ба даври шайх чарх мезананд.
Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳи ба суи осмон дароз мекунанд то онро ба қалби худ мунтақил созанд ва аз қалб низ бо пойин овардани дасти чап ба суи замин онро аз раҳмати илоҳи сероб месозанд.
Ҳангоме, ки як нафар пои худро маҳкам ба замин мекубад, дигари дунболаи кори уро мегирад ва рақсро идома медиҳад. Фарозу фуруди пои рост доиман бо зикри оҳангини Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ… ҳамроҳ аст.
Бадин тартиб симбулузми (рамз) ниҳон дар рақсу самоъи тариқаи Мавлавия ба ишқи осмони ва шури ирфони ва низ иттиҳод бо Худо ишорат дорад. Дар поён , дарвешон ҳу-ҳукунон ба якдигар мулҳақ шуда ва бо зикри фотиҳа ва адои намоз барои Мавлонова Шамси Табрези маросимро ба поён мерасонанд.
Фирдавси Аъзам Пойгохи "Мавлоно"
فردوس اعظم 

Firdavsi Azam, 30-03-2011 06:57 (ссылка)

Рӯбоиҳо

Рӯбоиҳо
 
Ҳон, эй сафарӣ, азми куҷо аст? Куҷо?
Ҳар ҷо ки равӣ, нишастаӣ дар дили мо.
Чандон ғами дарёст туро чун моҳӣ,
К-афшонд лаби хушки ту дурри дарё
 
Худро ба ҳиял дарафканам маст он ҷо,
То бингарам он ҷону ҷаҳон ҳаст он ҷо.
Ё пой расонадам ба мақсуду мурод,
Ё сар биниҳам ҳамчу дил аз даст он ҷо
 
Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!
 
Ошиқ ҳамасола масту шайдо бодо,
Девонаву шӯридаву расво бодо!
Бо ҳушёрӣ ғуссаи ҳар чиз хӯрем,
Чун маст шудем, ҳарчӣ бодо, бодо!
 
Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи худо.
 
Дидам дар хоб соқии зеборо,
Бар даст гирифта соғари саҳборо.
Гуфтам ба хаёлаш, ки: «Ғуломи ӯйӣ,
Шояд, ки ба ҷойи хоҷа бошӣ моро ».
Ин оташи ишқ мепазонад моро,

Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.
Эй боди саҳар, хабар бидеҳ мар моро,

Дар раҳ дидӣ он дили оташпоро?
Дидӣ дили пуроташи пурсавдоро,
К-аз оташи худ бисӯхт сад хороро?
Эй хоҷа, ба хоб дар, набинӣ моро,

То соли дигар, дигар набинӣ моро.
Эй шаб, ҳар дам, ки ҷониби мо нигарӣ,
Бе рӯшании саҳар набинӣ моро.
Эй он-к наёфт моҳи шаб, гарди туро,

Аз моҳи ту тӯҳфаҳост шабгарди туро.
Ҳарчанд, ки сурхрӯст атрофи шафақ,
Шаҳмот ҳамешаванд рухи зарди туро.
Умрест надидаем гулзори туро

В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.
Эй дӯст, ба дӯстӣ қаринем туро,

Ҳар ҷо, ки қадам ниҳӣ, заминем туро.
Дар мазҳаби ошиқӣ раво кай бошад,
Олам ба ту бинему набинем туро?!
Якчанд ба тақлид гузидам худро,

Нодида ҳаме ном шунидам худро.
Дар худ будам, з-он насазидам худро,
Аз худ чу бурун шудам, бидидам худро.
Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,

Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,

Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.
Он кас, ки бибастааст ӯ хоби маро,

Тар мехоҳад зи ашк меҳроби маро.
Хомӯш маро гирифту дар об афканд,
Обе, ки ҳаловате диҳад оби маро.
Он вақт, ки баҳри кулл шавад зоти маро,

Рӯшан гардад ҷамоли зарроти маро.
З-он месӯзам чу шамъ, то дар раҳи ишқ,
Як вақт шавад ҷумлаи авқоти маро.
Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,

Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро.
Дастони касе дасти занон кард маро,

Беҳашмату беақл равон кард маро.
Ҳосил, дили ӯ дили маро гардонид,
Ҳар шакл, ки хост, ончунон кард маро.
Гӯям, ки: «Кист рӯҳафроз маро? »,

Он кас, ки бидод ҷон аз оғоз маро.
Гаҳ чашми маро чу боз бармебандад,
Гаҳ бигшояд ба сайд, чун боз маро.
Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,

Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро.
Лоҳавла ва ло, суд кунад он ғамро,

К-аз дев расад ҷон банӣ одамро.
Он к-аз дами лоҳавла ва ло, ғамгин шуд,
Лоҳавла ва ло, фузун кунад он дамро.
Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,

Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.
Ошиқ шаби хилват аз пайе пайгумро,

Бисёр бувад, ки каж ниҳад анҷумро.
Зеро, ки шаби висол заҳмат бошад,
Аз дидаи дида дидаи мардумро.
Ман зарраву хуршедлиқойӣ ту, маро,

Бемори ғамам айни давойӣ ту, маро.
Бе болу пар андар пайи ту мепаррам,
Ман каҳ шудаам, чу каҳрабойӣ ту, маро.
Эй ашки равон, бигӯ дилафзойи маро,

Он боғу баҳору в-он тамошойи маро.
«Чун ёд кунӣ шабе ту шабҳойи маро,
Андеша макун беадабиҳойи маро».
Ин рӯза чу ғарбел бибезад ҷонро,

Пайдо орад қурозайи пинҳонро.
Ҷоме, ки кунад тира маҳи тобонро,
Бе парда шавад, нур диҳад кайвонро.
Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,

Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.
Эй дарёдил, ту гавҳару марҷонро

Дарбоз, ки роҳ нест камхарҷонро.
Тан ҳамчу садаф, даҳон кушодаст, ки: Оҳ,
Ман кай гунҷам, чу раҳ нашуд марҷонро?!
Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,

Пойгохи "Мавлоно"

Abdulmannon Sheraliev, 08-03-2011 07:48 (ссылка)

Тасният ба 8 март

Таснияти хохари азизи ман ба занони мусулмон: Хохарон ва модарони азиз. Хамаи шуморо ба фарорасии 8 март - рузи бардаги, рузи хорию зиллат, рузи беобру гардонидани миллионхо зани бономус, ки бо зуру зулму ситам хичоби иффат аз сари онхо бардошта шуд, он хам дар ин рузи шум, яъне рузи таваллуди яке аз палидтарин занони ин олам, ки палидтар аз худ фарзанде бо тахаллуси Ленин ба мерос гузошт, аз тахи дил бо сузи калб тасният мегуям. Албатта тамоми рузхо ва соатхову дакикахое ки Худо халк кардааст барои мо муборак ва ид аст. Аммо сад афсус ки кадамхои номубораке дар баъзе рузхо по ба хасти мегузоранду номи 1 рузро дар таърих сиёх мегардонанд, вале дар ин руз хар як калби боимон, нохудогох ба андух ва гусса пур мешавад. Ва хар як шахси огоху рушанфикр бо омадани чунин руз норохату мазхун мегардад. Бигзор ин рузи сиёх дар таърих боки бимонад, то ояндагони мо низ бидонанд, ки душманони Худо чи кадар беномусу золиму пасту залил буданд

Firdavsi Azam, 04-03-2011 06:19 (ссылка)

Худо дар кучост?

Инчо мехохам чанд гуфтору сухани зебое аз Мавлоноро ки дар чустучуи Худо хаст, биоварам бо ин умед, ки мо хам уро дар калби хеш ошкор ва пайдо кунем. Бояд арз намоям, ки ин гуфтахоро аз забони инглиси тарчума кардаам, умедворам ин тарчума дархури Шумо дустони азиз карор хохад гирифт.
“Ман талош кардам Уро дар салиби масехи пайдо кунам,аммо У ончо набуд; Ман ба маьбади хиндухо рафтам ва инчунин ба парастишгоххо, аммо нишоне ва асаре аз у ба даст наовардам; Куххову даррахоро чустучу кардам, аммо на дар иртифо ва на дар аьмок нишоне аз уро наёфтам; Инчунин ба Каьба ба шахри Макка рафтам ,аммо ончо низ набуд; Хамчунин файласуфон ва олимону донишмандонро суол кардам, ки у кучост, аммо у фаротар аз маьрифату дарки онхо буд;”Ва баьд билохира ба калби хеш нигаристам ки У ончо маскан гирифта буд, чуз инчо дар хеч чои дигар наметавон Худоро чуст.
Ба ёд дошта бошед, ки дари вуруд ба мехроб-чойгохи мукаддас дар ботини шумост.
Сабр калиди шоди аст
Ягона зебоии мондагор зебоии калб аст
Андухгин мабош агар чизеро аз даст додаи, он хатман дар дигар шакл бароят хохад омад.
Дар бархе мавокеь дустон душманонанд, аммо дар баьзе холат бараькс

Метки: Rumi

Firdavsi Azam, 04-03-2011 06:15 (ссылка)

Хафт панди Мавлоно

Суханхои Мавлоно суфии покманиш хамвора аз аьмоки калбу чонаш маншаь мегирифт ва у дар баён намудани манзуру максуди хеш бехтарин вачхро истифода кардааст.Рости яке аз мухимтарин далоили чазобияти суханхои Мавлоно у олитарин ва зеботарин матолибу суханро бе хеч бузургнамоию худнамои бо соддаги баён мекунад ва ба осони ба калбу чон рох меёбад.Далели мондагории у низ хамин забони соддаи мардумфахми уст.Дар зер мутаваччех бошед ба хафт панди ин сохибсухан.
1) Дар бахшидани хатои дигарон монанди Шаб бош
2) Дар фурутани монанди Замин бош
3) Дар мехру дусти монанди Хуршед бош
4) Хангоми хашму газаб монанди Кух бош
5) Дар саховату кумак ба дигарон монанди Руд бош
6) Дар хамохангию канор омадан бо дигарон монанди Дарё бош
7) Худат бош хамонгуна, ки менамои

Firdavsi Azam, 04-03-2011 06:04 (ссылка)

Профессор Онне Море Шиммел

 
Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ва аллома Мухаммад Икболи Лохури ду орифу мутафаккири барчастаи чахони Шарк, шахсиятхое хастанд, ки мавриди таваччух ва алокаи бисёри профессор Онне Море Шиммел карор доранд. Вай чанд асари мухиме аз осори манзум ва мансури ин ду хакими фарзонаро ба забонхои олмони, инглиси ва турки тарчума намудааст. Афзун бар ин дар миёни осори устод Шиммел тахкик ва таълифхои бисёре низ дар бораи шахсияти барчаста ва озори арзишманди Мавлави ва Икбол дида мешавад. Профессор Шимел яке аз  устодони мусаллами хавзаи мутолиоти “Мавлавишиноси” ва “Икболшиноси” аст.
“Забони тасовири Мавлоно Чалолиддини Руми” китобест, ки устод бо он дар давоми чихилу чанд сол пеш пажухиш дар бораи осори Мавлоноро огоз намуд. Аз он замон ба баъд Мавлави ва осораш яке аз мавзухои аслии тахкикоти бону Шиммелро ташкил дод. Тарчумаи китоби “Фихи мо фихи” ба забони олмони яке аз равшантарин ва зеботарин тарчумахоеаст, ки  то кунун аз мутуни клоссикии  форси мунтаншир шудааст. Дар ёддошти кутохи охари китоб мехонем ки тарчумаи олмонии китоб аз руи ду нусхаи чопи Техрон анчом гирифта,ки яке  хамон нусхаи маъруфи мархум Фурузонфар аст. Профессор Шиммел тасхехи Фурузонфарро бехтарин нусхаи чопии “Фихи мо фихи медонад ва аз он шодравон (Фурузонфар) ба унвони “мухаккики хастагинопазири осори Мавлоно ёд мекунад.
“Ман чу бодам ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва тахлили осори орифи бузург Мавлоно Чалолиддини Руми аст ва то кунун чандин маротиба тачдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шархи ахволи Мавлоно шахсияти вай азами шохкораш-Маснавии маънави мавриди барраси карор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд,ки бузургтарин малхами Мавлоно дар Маснавии Маънави китоби Куръон будааст аз ин ба Абдурахмони Чоми бояд хак дод,ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форси” мехонад. Бадехи аст,ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи кашрия” ва “Эхёи улуми дин” -и Имом Газзоли.
Китоби охар-Эхёи улуми дин-амин одоби ирфон аст ва чунин менамояд,ки Мавлави эхтиётан онро дар чанд маврид дакикан дунбол кардааст. У мебояд “хамрия”- и дилангези орифи мисрии хамасраш Умар ибни Форизро низ мешинохтааст, зеро базъе аз абёти Маснави хамчун  дуборанависи абёти “Хамрия” аст. Бад ин тарик шояд битавон манобеъи бисёри дигаре низ  барои шева ва сабки нигориши Мавлоно ёфт.(Гузашта аз суннатхои гуногуне,ки шеъри у бар онхо мутакки аст) Аммо он чи дар асоси кобили кабул аст,хамон аст,ки у дар бораи худаш мегуяд:
Фасонаи ошикон хондам шабу руз
Кунун дар ишки ту афсона гаштам.
 
“Назари Мавлоно дар бораи Худо ва чахон”, “Хубути одам“,”Уручи махлук“, “Муночот”, “Оташи ишк”, “Ракс ва самоъ“, ановини фаслхои дигари ин китобро ташкил меидханд.Дар таълифи ин китоб манобеъи бисёре  ба забони форси дар ихтиёри устод Шиммел карор дошта аст ки гузашта аз осори манзум ва мансури Мавлоно китоби “Рисола дар ахволи Чалолиддини Руми” ба калами Фаридун бини Ахмади Сипахсолор (Техрон 1325) ва китоби “Манокиб-бул-орифин” таълифи Ахмад ибни Ахмади Афлокиро метавон ном бурд. Афзун бар инхо китоби “Мактуботи Мавлоно” ки Абдулбокии  Гулпинори дар соли 1963 дар Истанбул ба забони турки тарчума ва мунтахшир кард, чузви манобеест,ки дар дастраси устод Шиммел буда аст. Аз миёни манобее,ки ба забонхои урупои барои таълифи ин китоб мавриди истифодаи  бону Шиммел карор гирифтааст,метавон чанч унвони зерро ном бурд;“Маснави ё дубайтхои шайх Мавлоно Чалолиддини Руми” навиштаи Георг Рузин (Олмони 1913), “Руми, шоир ва ориф” ба калами Ренолд Николсон (Англиси 1950), “Киссахои Маснави” навиштаи Артур Арбери (Инглиси, Лондон 1961) ва “Чалолиддин Руми хаким ва шоири бузурги ирони” навиштаи Саидхусайни Наср (Инглиси, Техрон 1974)
Яке  дигар аз китоби мухими бону Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукухи Шамс” (The Triumphal Sun )аст.Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба химмати устод Хасани Лохути ва бо мукадимаи аллома Чалолиддини Оштиёни ба забони форси низ тарчума шудааст.Бону Шиммел дар китоби зиндагиномаи худ ки дар соли 2001 мунташшир шудааст, аз хотироти нахустини сафари худ ба Ирон баъд аз инкил;об дар соли 1995  ёд мекунад ва  аз дидори ин ду устод дар шахри Машхад , у меависад: “Барои ман ифтихори бузурге буд,кид ар фурудгохи Машхад на танхо Хасани Лохути,ки китоби пурхачми ман -”Шукухи Шамс” -ро ба форси тарчума кардааст, балки аллома Оштиёни низ ки муккадима бар тарчумаи форсии ин китоб нигошта, ба истикболи ман омада буданд.Аллома Оштиёни яке аз барчастатарин уламои рухонии Ирон аст,инсоне саршор аз хикмати жарфи ирфони”
Гузидаи Девони Шамс ба забони олмони мачмуае аст аз газалиёт ва рубоиёти Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ки нахуснтин бор дар соли 1964 милоди мунташир шуд ва токунун чандин бор тачдиди чоп шудааст.”Паёми Машрик” ва “Забури Ачам” ду мачмуаи дигар аз Икбол хастанд,ки устод Шиммел ба забони олмони ба назм даровардааст.Ин китоб дар соли 1957 мунташир шуд.
Аз дигар таълифоти ин бонуи гаронкадр китобе аст бо унвони “Мухаммад с/с”,ки мавриди истифодаи донишомузони дабиристони ва донишчуён карор мегирад.Устод Шиммел теъдоде аз газалиёти Мавлоноро ба анзм даровард ва ба хуби пайдост,ки  дар ин рох бо устоди сармашки худ Фридриш Рукрд хамовози мекунад.
Профессор Шиммел аз хамон огози фаолиятхои илмии худ ба мувозоти мутолиа ва барраси дар осори ва афкори Мавлави ба тахкикоти доманадоре низ дар мавриди шахсияти Икбол ва андешахои вай пардохт.Яке аз нахустин тарчумахои манзуми устод Шиммел ба забони олмони китоби “Човиднома“-и Аллома Мухаммад Икболи Лохури аст, бо мукаддимае аз Хирмон Хиссе ки шомили зиндагинома ва пажухиш дар осор ва андешаи ичтимои ва сиёси ва дини Икбол аст.Пажухиш дар “Човиднома” яке аз фаслхои мухиму арзишманди китоб аст.

В этой группе, возможно, есть записи, доступные только её участникам.
Чтобы их читать, Вам нужно вступить в группу